Organisation mondiale de la santé (OMS) · Publications

Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. Қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ»

Organisation mondiale de la santé
Voir le document original

Le texte intégral est hébergé par l’organisation qui le publie. lawenc.com indexe les métadonnées et renvoie vers la source officielle.

Texte intégral

Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ.

1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.

Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.

© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.

Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.

Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.

Қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ» Мундариҷа Муқаддима...................................................................................... 3 Рушди малакаҳо............................................................................13 Бо шуғли даромаднок банд будан.............................................25 Меҳнати кироя...............................................................................39 Хизматҳои молиявӣ......................................................................49 Ҳифзи иҷтимоӣ.............................................................................59

Муқаддима Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ба одамони дорои маълулият ҳамон омилҳое таъсир мерасонанд, ки сабабгори камбизоатии дигар одамон мегарданд, вале онҳо боз ба як қатор маҳдудиятҳои дигар низ рӯ ба рӯ мешаванд. Кӯдакони дорои маълулият дар дастрасӣ ба таҳсилот, ҷавонони дорои маълулият ба омӯзишу маълумоти касбӣ, калонсолон бошанд, ба ҷои кори муносибу арзанда дастрас шудан ба монеаҳо дучор мешаванд. Аз ҳама маҳзункунанда он аст, ки аъзоёни оила ва ҷамоатҳо чунин ҳисоб мекунанд, ки одамони дорои маълулият барои омӯзиши малакаю маҳорат ё кор кардан қобилият надоранд. Меҳнат воситаи наҷот ёфтан аз камбизоатӣ ва қонеъ намудани талаботҳои ҳаётии одамон мебошад. Ҳуқуқи одамони дорои маълулият ба меҳнат дар созишномаҳои байналмилалӣ, ба монанди Конвенсия оид ба табъиз дар соҳаи меҳнат ва шуғл, ки аз тарафи Созмони Байналмилалии меҳнат дар соли 1958 қабул шудааст, (Конвенсияи № 111) (7); Конвенсияи СБМ-и соли 1983 оид ба барқарорсозии касбӣ ва шуғли одамони дорои маълулият (Конвенсия № 159) (2); ва Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият (3) қайд шудаанд. Аммо, ҳуқуқҳои онҳо ба меҳнат бисёр вақт риоя намешаванд ва одамони дорои маълулият ҳангоми кӯшиши дастрасӣ ёфтан ва нигоҳ доштани ҷои кор, ба монеаҳои зиёд дучор мегарданд. Ба воситаи тарғибу раҳнамоии меҳнати занону мардони дорои маълулият, Барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ) метавонанд ба шахсони алоҳида ва аъзоёни оилаи онҳо барои қонеъ намудани талаботҳои ҳаётӣ ва беҳгардонии вазъияти иқтисодию иҷтимоияшон ёрӣ расонанд. Ба назар гирифтани эҳтиёҷот ва ақидаҳои одамони дорои маълулият ва таъмини раванди фарогирии онҳо ба барномаи миллии паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва дигар барномаҳои соҳаҳои рушд, имконияти таҳсилот, азхудкунии малакаҳои меҳнатӣ ва таъминот бо кор низ ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо барои баромадан аз вартаи камбизоатӣ ёрӣ мерасонад. Имконияти дастрасӣ ба манбаъҳои даромад, яке аз омилҳои асосии нест кардани камбағалӣ мебошад. Воситаҳои зиндагӣ, қисми барномаҳои ТСҶ аст, зеро «дастрасӣ доштани ҳам ҷавонон ва ҳам калонсолони дорои маълулият ба имкониятҳои омодагии касбӣ ва меҳнат дар сатҳи ҷамоатҳо хеле муҳим аст» (4). Омӯзиши донишу малакаҳо дар оила аз синну соли барвақтии кӯдакон оғоз мегардад. Кӯдакон, раванди фаъолияти волидон ва дигар аъзоёни оиларо мушоҳида намуда, худ низ, иштирок мекунанд ва иҷроиши ин ё он амалҳоро меомӯзанд: Кӯдакони дорои маълулият низ барои омӯзиш, иштироку саҳмгузорӣ дар ҳаёти оилавӣ бояд рӯҳбаланд карда шаванд. Ҳамин тавр, ба аъзоёни оила, ки дорои маълулият буда, синну солашон қобили меҳнат аст, барои рушди малакаҳо ва инчунин барои оғоз ё аз нав барпо намудани фаъолияти меҳнатӣ, рӯҳбаланд намудан лозим аст. Барномаи ТСҶ, ки дар рӯзномаи он масъалаи рушди малакаҳо ва таъмини ҷавонон ва калонсолони дорои маълулият ба воситаҳои зиндагӣ, дар сатҳи ҷамоатҳо ворид нашуда бошад, нопурра буда, устувории дигар чорабиниҳоро маҳдуд менамояд. Қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ», ва дигар қисматҳои матритсаи ТСҶ бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Алоқаи байни кӯшишҳои тарғибу ташвиқ ва раҳнамоии раванди таъмини воситаҳои зиндагӣ, ки дар доираи барномаи ТСҶ амалӣ мешаванд ва тақвият додани фаъолиятҳо оид ба васеъ намудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, хизматрасониҳои таълимӣ- омӯзишӣ ва имкониятҳои иҷтимоиро, таъмин намудан зарур аст. Шахси дорои маълулият бояд солим бошад ва барои таъмини МУҚАДДИМА 3

фаъолиятнокӣ ба ӯ мумкин аст, дар оянда воситаҳои ёридиҳанда лозим шаванд. Имкониятҳои дастрасӣ ба ёфтани ҷои кор дар оянда, барои кӯдакон ва ҷавонони дорои маълумоти ибтидоӣ ва миёна, инчунин малакаҳои касбӣ дошта, хеле баланд мешаванд. Ҳамин тавр, ҷавони дорои маълулият, ки кор мекунад ҳуқуқу имкониятҳои нисбатан васеътар ва қобилияти қонеъ гардонидани талаботҳои ҳаётии худ ва оилаашро дошта, дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷамоати худ низ фаъолона иштирок менамояд.

ЗАМИМАИ 1

Давид барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии одамони дорои маълулият ёрӣ мерасонад Давид ба фалаҷи кӯдакӣ мубтало шуда, маълул гардидааст. Падараш бо сабаби маълулият аз кӯдак даст кашид, аммо модар барои фиристодани писараш ба мактаб истодагарӣ намуд. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ва мактаб-интернати шаҳри Кампала, пойтахти Уганда Давид ба коллеҷи васоятӣ дохил шуда, соҳиби шаҳодатномаи муҳосиб ва котиб гардид. Давид бисёр мехост, ки барои рушду нумӯи одамони дорои маълулият дар зодгоҳаш Масака ёрӣ расонад, вале вай имконияти расидан ба ин мақсадашро чун ҳисобчии шӯъбаи муҳосибот дар Кампала, намедид. Бинобар ин, вай даври омӯзишии таҳсилоти дистансиониро (таҳсилот ба воситаи мукотиба ё интернет) дар донишгоҳи Макерере, ки аз тарафи созмони маҳаллии ғайридавлатӣ маблағгузорӣ карда мешуд, хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати мутахассиси соҳаи байторӣ гардид. Соҳибкасб шуда, Давид соҳибкори хусусии байторӣ дар Масака гардид ва ба сафарбарнамоии одамони дорои маълулият оғоз намуд. Вай ба ноҳияҳои деҳотии музофоти худ сафар намуда, оилаҳоеро, ки дар онҳо одамони дорои маълулият буданд, муайян мекард. Вай на ба шахсони алоҳида, балки маҳз ба тамоми оила такя менамуд, чунки ҷалби тамоми оила имконият медиҳад, ки ба аъзои дорои маълулият, на ҳамчун бори гарон, балки ҳамчун қисми дороии оила муносибат намоянд. Давид ба парвариши зотҳои хубу сифатноки гов, буз, хук ва мурғи марҷон оғоз намуд ва ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо усулҳои самараноки чорводориро омӯзонд. Ӯ ба ин оилаҳо ҳайвонҳоро бо шарте медод, ки онҳо ба ӯ насли аввалро бармегардонанд, ки ӯ онро баъд ба дигар оилаҳо тақсим менамуд. Давид тез фаҳмид, ки барои омӯзонидани усулҳои пешқадами чорводорию паррандапарварӣ ба одамон ягон хоҷагии намунавӣ ва маркази таълимии хуб таҷҳизонидашуда, ки дар он одамон метавонанд барои гузаштани даври омӯзишӣ бевосита ба якчанд рӯз биёянд, лозим аст. Имрӯз дар фермаи намунавии ӯ говҳои фризианӣ, бузҳо ва хукҳои дурагашуда ва инчунин, мурғи марҷон ва мурғҳои хушзот, ки дар молхона ва мурғхонаҳои хуб таҷҳизонидашуда нигоҳ дошта мешаванд, ҳастанд. Дар шаҳри Кавул Давид Асотсиатсияи одамони дорои маълулият ва оилаи онҳоро таъсис дод. Пас аз 10 сол он дорои 500 аъзо шуд. Ҳамаи онҳо ҳаққи аъзогии ночизро, ки манбаи асосии даромади асотсиатсия мебошад, пардохт менамоянд. «Ман мехостам, ки бо таҷрибаи шахсии худ ба имкониятҳои маҳдуд, қолабӣ ва табъиз «не» гӯям», нақл менамояд Давид. «Ман мехостам исбот намоям, ки дар ноҳияҳои деҳотии Уганда рушди воқеии иштироки одамони дорои маълулият мумкин аст. Одатан ба одамони дорои маълулият агар умуман чизеро омӯзонанд, пас ҳунармандиро меомӯзонанд, вале дар минтақаҳои деҳотӣ бозори ҳунарҳои косибӣ хеле маҳдуд аст. Ман чунин фикр мекардам, ки ягона фаъолияти имконпазири таъмини воситаҳои зиндагӣ ин барпо намудани хоҷагии фермерӣ, махсусан соҳаи чорводорӣ мебошад». 4 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Уганда

Мақсад Шахсони дорои маълулият бо воситаҳои зиндагӣ таъмин буда, ба хизматрасониҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастрасанд. Онҳо барои бурдани ҳаёти арзанда даромади кифоя дошта, аз ҷиҳати иқтисодӣ ба оила ва ҷамоатҳои худ саҳмгузорӣ мекунанд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаи ТСҶ аз раҳнамоии раванди дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо ба омӯзишу азхудкунии малакаҳо ва таъмини воситаҳои зиндагӣ, ки иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷамоат ва имконияти татбиқи қобилиятҳояшонро осон мегардонад, иборат аст.

Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият ба имконияти рушди малакаҳо ва омӯзиш, ки тамоми умр истифода мебаранд дастрасанд. • Волидони кӯдакони дорои маълулият барои дастрасии онҳо ба таҳсилот, азхудкунии малакаҳо ва имкониятҳои шуғл, тарғибот мебаранд. • Одамони дорои маълулият ба имконияти меҳнати арзандаи бе табъиз дар муҳити бехатар ва орӣ аз истисмор дастрасанд. • Одамони дорои маълулият аз хизматрасониҳои молиявии хурд истифода мебаранд. • Занҳои дорои маълулият бо мардон дар соҳаи меҳнат ва шуғл аз имкониятҳои баробар баҳраваранд. • Оилаҳои одамони дорои маълулият, хусусан кӯдакон ва шахсони дорои навъҳои мураккаби маълулият аз воситаҳои беҳтари зиндагӣ истифода мебаранд. • Ҳамаи стратегияҳо ва барномаҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, одамони дорои маълулият ва оилаи онҳоро фаро гирифта ба онҳо манфиат мерасонанд. • Меҳнати одамони дорои маълулият сазовори эҳтиром ва аз тарафи роҳбарон ва аъзоёни ҷамоатҳо эътироф карда шудаанд. • Мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ чораҳои сиёсиро оид ба васеъ намудани дастрасии одамони дорои маълулият ба меҳнат, татбиқ ва амалӣ менамоянд. • Одамони дорои маълулият ба воситаҳои ҳифзи иҷтимоӣ чун чораҳои ҳуқуқӣ дастрасанд.

ЗАМИМАИ 2 Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, моддаи 27 Меҳнат ва шуғл (3). «Давлатҳо – иштирокчиён, ҳуқуқи одамони дорои маълулиятро ба меҳнат дар асоси баробарӣ бо дигарон эътироф менамоянд; ба ин ҳуқуқи ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ бо меҳнате, ки одами дорои маълулият онро аз бозори меҳнат озодона интихоб намудааст ё озодона ба он розӣ шудааст ва муҳити кории озод, фарогир ва барои одамони дорои маълулият дастрасро дар бар мегирад. Давлатҳо –иштирокчиён бояд ҳуқуқ ба меҳнатро, ки дар конвенсия кафолат дода шудааст, аз ҷумла барои шахсони ҳангоми фаъолияти меҳнатияшон маълулият гирифта, ба воситаи андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла бо тартиби қонунгузорӣ татбиқу ташвиқ намоянд.

МУҚАДДИМА

5

Мафҳумҳои асосӣ Меҳнат Меҳнат, фаъолияти муҳими ҳаёти инсон аст. Он ба дастгирии шахси алоҳида, оила ва хонаводаҳо ба воситаи таъмин намудани хизматрасониҳо ё маводҳо ба оила, ҷамоат ва ҷомеа дар умум ёрӣ мерасонад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки меҳнат барои иштироки иқтисодию иҷтимоӣ, ки ҳисси эҳтиромро нисбати малакаҳои татбики қобилият ва қурбу манзалати шахсро баланд менамояд, имконият фароҳам меоварад. Намудҳои зиёди меҳнат мавҷуданд. Масалан: • • • • • • • меҳнати хонагӣ; меҳнат дар фаъолияти соҳибкории оилавӣ; фаъолияти шахсии меҳнатӣ дар соҳаи истеҳсолот, хизматрасониҳо ё савдо; истеҳсолоти хурди шахсӣ ё корхонаи гурӯҳии хурд; меҳнати музднок барои ягон нафари дигар дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ; меҳнати кироя дар Созмони давлатӣ, хусусӣ ё ширкат дар иқтисодиёти расмӣ; намудҳои фаъолияти меҳнатии пардохтшаванда дар муҳити мутобиқшуда ё истеҳсолотҳои махсусгардонидашуда.

Меҳнат фаъолияти ҷисмонӣ ё фаъолияти пурра фикрӣ мешавад. Он метавонад малакаҳои ками техникӣ ё малакаҳои баланди касбиро талаб намояд. Баъзе намудҳои меҳнат ба истеҳсоли маҳсулоти анъанавии оилавӣ ё дигар намудҳои фаъолият, ки ба таъмини воситаҳои зиндагӣ равона шудаанд, такя менамоянд: баъзе фаъолиятҳо дар асоси технологияҳои нав ба роҳ монда мешаванд. Рушди технологияҳои муоширатӣ, ба монанди истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва компютерҳо, имкониятҳои фаъолияти меҳнатии одамони дорои маълулиятро васеъ менамояд, хусусан шахсоне, ки як ё якчанд навъҳои маълулияти вазнин доранд.

Меҳнати сазовор Ба одамон на ҳамаи намудҳои меҳнат маъқуланд; бояд фарқи байни меҳнати сазовору арзанда ва меҳнате, ки одамро истисмор намуда, камбизоатиро абадӣ ва қурбу манзалати ӯро паст мезанад, дуруст муайян карда шавад. Меҳнати сазовор – ин меҳнате мебошад, ки ҳиссиёти шахсӣ ва қурбу манзалати инсонро паст назада, балки баланд менамояд. Созмони Байналмилалии меҳнат меҳнати сазоворро чунин тавсиф додааст:

6

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

ЗАМИМАИ 3

Меҳнати сазовор: тавсифи муайяннамудаи Созмони Байналмилалии меҳнат «Меҳнати сазовор шакли ҷамъбасткардаи ормонҳои одамонро оид ба ҳаёти меҳнатиашон инъикос менамояд. Ба он имконият барои меҳнати самаранок, ки даромади кофӣ медиҳад; бехатарӣ дар ҷои кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ба хонаводаҳо; пешбинии дилпурона барои рушди шахсият ва ҳамбастагии иҷтимоӣ; озодӣ ба одамон барои ифшои нуқтаи назар ва ташвишҳои худ, таҳия ва иштирок дар қабули қарорҳое, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонад; ва инчунин, баробарии имконияту муносибат ба ҳама, ҳам мардон ва ҳам занон» дохил мешавад. (5). Норасоии ҷойҳои корӣ ин чунин маъно дорад, ки қисми зиёди камбизоатон аз имконияти интихоби роҳҳои дарёфти воситаҳои зиндагӣ маҳруманд ва иҷборан ба шароитҳои меҳнати ноодилона, розӣ мешаванд.

Дастрасии муҳити берунӣ Дастрасӣ ба муҳити беруна, яке аз монеаҳои ҷиддӣ барои одамони дорои маълулият дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, эътироф шудааст: дастнорас будани нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойҳои корӣ ва воситаҳои алоқа маънои онро дорад, ки ба одамони дорои маълулият барои расидан ба мавзеи кор ва иҷро намудани вазифаҳои худ шояд имконнопазир бошад.

Барпо намудани муҳиту воситаҳои мувофиқ «Барпо намудани муҳиту воситаҳои мувофиқ», ин мутобиқсозии ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва ҷои кор бо мақсади раҳнамоии раванди фаъолияти кории одамони дорои маълулият мебошад. Ба он мумкин аст, мутобиқсозӣ ва тағйирдиҳии мошину таҷҳизот, мазмуни кор, вақти корӣ ва ташкили он, инчунин мутобиқсозии муҳити корӣ зарур бошад Аксари одамони дорои маълулият ба ягон шакли чорабиниҳои мутобиқшавӣ мӯҳтоҷ нестанд. Барои онҳое, ки ба чунин чораҳо ниёз доранд, мумкин аст ин арзон ва осон бошад: масалан, сохтани пандус (раҳравҳои махсус барои аробачасаворон) танзими курсии нишаст, масалан баландтар кардани он, дароз намудани давраи омӯзишу шогирдӣ ё дигаргун намудани соатҳои корӣ. Дигар шаклҳои мутобиқсозӣ мумкин аст гаронтар бошад, масалан, харидани барномаи хондани мавод дар экран барои одамони дорои маълулияти биноӣ.

Интихоби шахсӣ ва вазъу шароити маҳаллӣ Бисёр вақт ба одамони дорои маълулият шаклҳои қолабии (стереотипии) меҳнатро пешниҳод менамоянд, масалан бофтани сабад ба одамони дорои маълулияти биноӣ ва кори дуредгарӣ ба одамони дорои маълулияти шунавоӣ, новобаста аз он, ки онҳо бо ин шуғл шавқмандӣ доранд ё не омӯзонда мешуданд. Вале, одамони дорои маълулият шавқҳо, қобилиятҳо ва хоҳишҳои гуногун доранд ва ба монанди одамони дорои маълулият набуда ҳуқуқи интихоби ҳама намуди фаъолиятро доранд. Интихоби онҳо аз шароити зиндагии онҳо, инчунин, баъзан аз сатҳу шакли маълулияташон низ вобастаанд. Шароитҳо метавонанд, ки хеле зиёд, аз он вобаста бошанд, ки инсони мушаххас дар куҷо зиндагӣ мекунад, дар деҳот, шаҳраки МУҚАДДИМА 7

маркази ноҳия ё дар шаҳри калон, инчунин вобаста аз он, ки дар ҷои зисти ӯ кадом соҳаи иқтисодиёт бартарӣ дорад – расмӣ ё ғайрирасмӣ.

Иқтисодиёти расмӣ ва ғайрирасмӣ Иқтисодиёти расмӣ аз тарафи давлат танзим карда мешавад ва аз шуғл дар соҳаи давлатӣ ва хусусӣ иборат аст, ки дар онҳо кормандон аз рӯи шартнома ба кор гирифта мешаванд, музди кор ва имтиёзҳо, ба монанди таъминоти нафақавӣ ва суғуртаи тиббӣ мегиранд. Иқтисодиёти ғайрирасмӣ соҳаи танзимнашавандаи хоҷагии халқ мебошад. Вай истеҳсоли майдаи хоҷагии қишлоқ, савдогарони хурд, корхонаҳои хонагӣ, корхонаҳои хурд бо якчанд кормандон ва фаъолияти дигари ба ин монанди сершуморро фаро мегирад. Дар бисёр давлатҳои сатҳи даромадашон паст, қисми зиёди аҳолии меҳнаткаш дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ банданд. Иқтисодиёти ғайрирасмӣ назар ба иқтисодиёти расмӣ ба одамони дорои маълулият, имкониятҳои нисбатан васеи шуғл ва таъмин буданро бо ҷойҳои корӣ пешниҳод менамояд. Дар баробари ин, дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ одатан қонунгузории зидди табъиз истифода бурда намешавад. Бо ҳамин сабаб, таъминот ба ҷои кор дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ, интихоби (ҳуқуқии автоматикӣ) ҳатмӣ ҳисоб карда намешавад ва аз одамони дорои маълулият ва аз шахсоне, ки бо онҳо кор мекунанд, дар ҳамдастӣ фаъолият намудан бо истифода намудани стратегияҳои дар дастури мазкур оварда тавсия дода мешавад.

Ноҳияҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ Ҷои зисти одамон аз рӯи андозаашон аз шаҳрҳои калон дар як гӯшаи мамлакат то деҳаҳои дурдасти хурд дар тарафи дигари он буда метавонад. Дар фосилаи байни онҳо қишлоқҳои калон, деҳаҳои типи шаҳрӣ, шаҳракҳои хурд, маҳалҳои нообод, ки қисми агломератсияи шаҳриро ташкил медиҳад ва атрофи шаҳр, минтақаҳои сераҳолӣ, ки на ҳама вақт ба таркиби маҳалҳои калон ё шаҳрҳо дохил мешаванд, воқеъ мебошанд. Дар дастури мазкур мафҳуми «шаҳрӣ» маънои «ба шаҳрҳои хурд ё калон ё ба атрофи онҳо дахлдор»-ро ифода менамояд, «деҳотӣ» бошад маънои «ба деҳаҳои одатан хурд дахлдор ва асосан вобаста ба хоҷагии қишлоқ»-ро дорад. Имкониятҳо барои гирифтани даромад дар ноҳияҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ ба таври қатъӣ фарқ мекунанд. Дар ноҳияҳои шаҳрӣ намудҳои гуногуни шуғл, ҳам дар сохтори расмӣ ва ҳам дар сохтори ғайрирасмӣ мавҷуд аст. Дар ноҳияҳои деҳотӣ, дар ҷое, ки иқтисодиёт ба истеҳсолоти аграрӣ такя менамояд, имконияти ёфтани ҷои кор хеле кам аст.

Арзиши маҳрумсозӣ Маҳрумсозии одамони дорои маълулият аз фаъолияти меҳнатӣ хароҷоти гаронарзиши молиявиро ба дӯши аъзоёни оила, ҷамоат ва дигар шахсону созмонҳои дастгирӣ ва нигоҳубини онҳоро ба ӯҳда дошта мегузорад, аз ҷумла қисми зиёди хароҷотҳо сарбории молиявии системаи таъмини некӯаҳволӣ ва ёрии иҷтимоиро зиёдтар мекунад. Чунин маҳрумсозӣ маънои гум кардани ҳаҷми калони маҳсулот ва даромадро дорад ва ҷуброну бартараф намудан, он маблағгузории иловагиро талаб мекунад. 8 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Таҳсил дар давоми тамоми умр Таҳсилот ва азхудкунии малакаҳо чизе нест, ки танҳо дар давраи кӯдакӣ ба амал меояд. Ҳам барои кӯдакон ва ҳам калонсолони дорои маълулият таҳсилоти давомнок ва такмили ихтисоси мунтазам бо мақсади созмон додан, пурқувватгардонӣ ва рушди воситаҳои зиндагӣ хеле муҳим аст, ки таҳсилро қатъ накарда, малакаҳоро такмил диҳанд. Зарурати таҳсилот барои ҳаёт ё таҳсилоти пай дар пай мафҳумест, ки ҳоло онро чун таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт ном мебаранд. Аҳамияти таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт, махсусан таҳсилоти ғайрирасмӣ дар муҳити гуногун барои одамони дорои маълулият, ки кӯшиши дарёфти воситаҳои ҳаётро доранд аз таҳсилоти расмӣ камтар нест. Ба курсҳои омӯзишӣ чун саҳмгузорандагон ба таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт нигоҳ кардан лозим аст, на ба маъракаи якмаротибаина. Ин ба ҷамоатҳо дар ҳар як сатҳҳои рушд тааллуқ дорад. Дар деҳаҳои қашшоқ ва маҳалҳои шаҳрии нообод омӯзишу саводбарории одамони калонсол воситаи асосии рушди ҳаёт аст; ин имкониятро на танҳо бо мақсади таълими хониш ва хатнависӣ истифода бурдан мумкин аст, балки барои он, ки онҳо оид ба маводи азхудкардаашон фикри худро баён намоянд ва вазъияту шароити зиндагии худро таҳлил намоянд. Дар тамоми ҷамоатҳо раванди ташкил намудани гурӯҳҳо ҳам барои одамони дорои маълулият ва ҳам дорои маълулият набуда дар рушду такомули маданияти таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт нақши муҳимро мебозад (ниг. Ба қисмати «Маориф»).

Дар маркази диққат доштани тамоми оила ва ҷамоат Дорои ягон навъи маълулият будан ин масъалаи инфиродӣ нест; он инчунин, ба тамоми оила ва ҷамоат низ таъсир мерасонад. Оилаҳои ҷамоатҳои камбизоат одатан ба шарофати якчанд манбаъҳои даромад умр ба сар мебаранд. Аъзои оила, ки дорои маълулият аст, метавонад ба ҳаёти оила ва некӯаҳволии он саҳм гузорад. Бинобар ин, ҳангоми фаъолиятҳои ба таъмини воситаҳои зиндагӣ вобаста бояд тамоми оила дар мадди назар гирифта шавад.

Серталабӣ нисбати худ ва истифодаи намунаи ибрату пайравӣ Баъзе одамони дорои маълулият дар сатҳи ғайри қобили қабули нобоварӣ ва камталабӣ нисбати худ қарор доранд. Онҳо аксар вақт, назди худ мақсадҳое ме гузоранд ё худро ба касбу коре банд месозанд, ки аз иқтидори шахсиашон пасттар аст ва ин бо сабаби тасаввуроти нопурра оид ба имконияту қобилиятҳо ва ба кадомҳо корҳо қодир будани худ доштан рух медиҳад. Ба ин нигоҳ накарда, дар ҷамоатҳо одамони дорои маълулият зиёданд, ки ба маҳдуд будани имкониятҳояшон диққат надода, дар татбиқи имконияту иқтидори худ хеле муваффақанд; чунин одамонро ҳамчун намунаи ибрат ва пайравӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шавқу рағбат ва боварии дигар одамони дорои маълулият истифода бурдан мумкин аст.

Бобҳои қисмати мазкури дастур. Рушди малакаҳо Барои кор кардан, доштани малакаҳо шарти асосианд. Чор намуди малакаҳо мавҷуд аст: малакаҳои заминавӣ; малакаҳои техникӣ ва касбӣ; малакаҳои идоМУҚАДДИМА 9

ракунии бизнес ва малакаҳои асосии ҳаётӣ. Малакаҳои номбурдаро дар доираи фаъолияти анъанавӣ ва таҳсил, дар марказҳои омӯзиши касбӣ ва чун фаъолияти шогирдӣ дар сатҳи ҷамоатҳо соҳиб шудан мумкин аст. Мавҷудияти ҳамаи чор намуди малакаҳо барои бомуваффақият ёфтани кори арзанда ва гирифтани даромад имконияти бештар фароҳам меоварад. Ба барномаҳои ТСҶ зарур аст, ки имкониятҳои мавҷударо бо мақсади ба одамони дорои маълулият омӯзонидани ҳамаи чор навъи малакаҳо муайян ва татбиқ намоянд.

Фаъолияти соҳибкорӣ Фаъолияти соҳибкорӣ барои одамони дорои маълулият дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст имконияти асосии бозёфт кардани воситаҳои зиндагонӣ мебошанд. Фаъолиятҳои соҳибкорӣ истеҳсоли маҳсулот, хизматрасонӣ ва савдои онро дарбар гирифта, метавонад хусусӣ ё дастаҷамъона бошад, дар реҷаи вақти кории пурра ё нопурра амалӣ шуда, ноҳияҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ, сохторҳои расмӣ ё ғайрирасмиро дарбар гирад. Фаъолияти соҳибкорӣ ба миқдори зиёди занону мардони дорои маълулият музди меҳнатро таъмин менамояд, инчунин барои расонидани ёрии иқтисодӣ ба оила ва ҷамоат имконият фароҳам меоварад. Барномаҳои ТСҶ дар дастгирии одамони дорои маълулият барои соҳибкор шудан ва дастрас намудани даромад, ба воситаи оғоз намудан ё васеъ намудани фаъолиятҳои соҳибкории хурд нақши муҳим доранд.

Меҳнати кироя Меҳнати кироя, ин ҳар намуди меҳнат мебошад, ки барои шахси дигар, ташкилот ё корхонаҳо иҷро мегардад ва мунтазам, мутобиқи созишномаи шифоҳӣ ё хаттӣ, пардохт карда мешавад. Одатан онро дар иқтисодиёти расмӣ истифода менамоянд, аммо онро дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ низ вохӯрдан мумкин аст. Одамони дорои маълулият ҳангоми кӯшиши ёфтани меҳнати кирояи арзанда, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Ба ин нигоҳ накарда, дар бисёр корхонаҳо тамоюлҳои умедворкунанда дида мешаванд: соҳибкорон фаъолона кӯшиш менамоянд, одамони дорои маълулиятро ба кор гиранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанддар бартараф ё кам намудани монеъаҳо дар роҳи меҳнати кироя ёрӣ расонанд.

Хизматрасониҳои молиявӣ Одамони дорои маълулият ба монанди дигар одамони маълулият надошта, ба хизматрасониҳои молиявӣ ниёз доранд, то соҳибкории худро оғоз ё инкишоф диҳанд ва умуман, ҳаёти худро идора намоянд. Вақте, ки сухан махсус, дар бораи қарзҳо ва талаботи мизоҷон ба қарз меравад, истилоҳи қарзи хурд (микрокредит) истифода бурда мешавад, истилоҳи микромолиявӣ бошад, маҷмӯи калонтари хизматрасониҳои молиявиро дар бар мегирад, масалан, пасандозҳои амонатӣ, суғурта, қарз барои манзил ва интиқоли маблағҳо. Барномаҳои хурди қарздиҳӣ аз тарафи кооперативҳо, бонкҳои деҳотӣ, ассотсиатсияҳои амонатӣ ва қарздиҳӣ, гурӯҳҳои худёрирасон, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилоти қарздиҳии хурд истифода бурда мешаванд. Дар сатҳи ҷамоатҳо гурӯҳи худёрирасон бо номи «Ассотсиатсияи пасандозҳои баргарданда ва қарзӣ» машҳур аст, аҳамияти муҳим дорад; дар як қатор мамлакатҳои дигар низ сохторҳои монанд мавҷуданд, (ҳарчанд зери дигар номҳо фаъолият кунанд ҳам,) ва аз ҳамин муносибат истифода менамоянд. Дар доираи гурӯҳҳои ёрирасон аъзоён ҳар ҳафта ё ҳар 10 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

моҳ ихтиёрӣ маблағи начандон калонро ба «деги» умумӣ ворид намуда, баъд ин маблағҳоро бо роҳи пардохти қарзи яквақта ё грант ба ҳар як иштирокчии гурӯҳ бо навбат тақсим менамоянд. Чунин система ба пурқувват намудани интизоми пасандозҳо мусоидат намуда, сатҳи эътимоднокию худбаҳодиҳии аъзоёнаш низ ба таври назаррас баланд мегардад. Ҳифзи иҷтимоӣ Чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ бояд Системаи таъмини бехатарии иқтисодиро пешниҳод намоянд, ки он одамонро аз қашшоқӣ, пастшавӣ ё гум кардани манбаъи даромад бо сабаби беморӣ, маълулият ё синну соли пирӣ ҳимоя намоянд. Одамони дорои маълулият чун одамони дорои маълулият набуда ба ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, ки ба ҳамаи одамон пешниҳод мегардад. Вале, азбаски онҳо ба гурӯҳҳои камбизоат ва бештар осебпазир (истисношуда) дохиланд, ба таври эътимоднок бояд ба тамоми барномаҳои дастгирии иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ёрии расмӣ аз тарафи давлат, созмонҳои калон, инчунин, чорабиниҳои ғайрирасмии дар сатҳи ҷамоатҳо пешниҳодшавандаро дар бар мегиранд. Ба чорабиниҳои расмӣ, барномаҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ барои гурӯҳҳои осебдида дар умум ва чораҳои новобастаи ба афроди алоҳида бахшида, ба монанди ёрии молиявӣ дохил мешаванд. Чораҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи ҷамоатҳо аз тарафи созмонҳои дар сатҳи ҷамоатҳо фаъолияткунанда ва махсусан гурӯҳҳои худёрирасон татбиқ карда мешаванд.

МУҚАДДИМА

11

ЗАМИМАИ 4

Лаҳзаи муҳими тағйирот дар ҳаёти Имад

Фаластин

Имад, аз шаҳри Яттаи музофоти Хеврони Фаластин, дар синни 13 солагӣ дар натиҷаи осеби сутунмӯҳра ба фалаҷи андомҳои поён гирифтор шудааст. Вай хоҳиши худро барои дастрас кардани маълумоти олӣ ё орзӯҳояшро ба монанди ҳамсинфон ва дигар рафиқонаш аз сабаби монеъаҳои иҷтимоӣ ва камбизоатии оила амалӣ карда натавонист. Барномаи ТСҶ бори аввал бо Имад дар соли 1994, ҳангоми гузаронидани арзёбии вазъият дар ҷамоати Ятта дар тамос шуд. Ҳамон вақт шароити зисти ӯ хеле вазнин буд. Хонаи падар ба талаботҳои ӯ мутобиқкарда набуданд ва ба иштироки ӯ дар чорабиниҳои оилавӣ ё дар сатҳи ҷамоат монеъ мешуданд. Вай имконият надошт, ки ба шаҳр баромада, гаштугузор намояд, бо одамони гуногун ошноӣ ва алоқа барқарор намояд, то ин ки ба омӯзиш ва имконияти ба ҷои кори мувофиқ, ки ба ӯ воситаҳои зиндагӣ ва мустақилият медиҳад, дастрас шавад. Кормандони барномаи ТСҶ Имадро бо аробача барои ҳаракат таъмин намуда, дар хонааш дигаргуниҳои зарурӣ, ба монанди аз нав таҷҳизонидани ҳоҷатхона гузарониданд. Ба онҳо инчунин, бо ёрии шӯрои шаҳрӣ ва созмонҳои маҳаллӣ хонаро бо кӯчаи калон пайваст намудан муяссар шуд. Баъди ин, ҳаёти Имад дигаргун шудан гирифт. Вай малакаҳои гуногун, аз дӯхтан сар карда, то омӯзиши компютерро азхуд намуд ва роҳбари иттифоқи одамони дорои маълулияти фаластинӣ дар шаҳри худ гардид. Баъдтар вай ҳамоҳангсозии лоиҳаи тавонбахшии одамони дорои маълулият дар шаҳри Яттаро ба ӯҳда гирифт. «То он лаҳзае, ки ман аз фаъолияти барномаи ТСҶ огоҳ набудам, – мегӯяд Имад, ман худро афсурдаҳол ва фаромӯшшуда ҳисобида, нисбати худ дилпурӣ ва боварӣ надоштам. Вале, имрӯз, ба ҳамаи мушкилоту монеаҳо нигоҳ накарда, ман ҳаёти мӯътадил дорам ва ҳатто барои одамони чун ман дорои маълулият, намунаи ибрату пайравӣ шудаам. Мавҷудияти маълулият иродаи маро суст накарда, баръакс бештар устувор намуд». Ҳоло (дар соли 2010) Имад 39 сола ва муҷаррад аст ва бо ҳамроҳии модару, бародар ва ду хоҳараш дар шароити мушкили иҷтимоию иқтисодӣ зиндагӣ мекунад, аммо музди меҳнати ӯ ба некӯаҳволии тамоми оила таъсир мерасонад. Имад се сабаби асосии муваффақияти худро номбар менамояд: • ба даст овардани дилпурӣ ва дарки ҳуқуқҳо бо шарофати фарогирӣ ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ; • дастрасӣ ба воситаҳои ёридиҳанда ва мутобиқкунии муҳит берунӣ, ки ҳаёти ӯро осон намуда ҳолати моддии оила ва баланд намудани сатҳи зиндагӣ; • дастрасӣ ба маводҳои кӯмакрасон ва мутобиқшавӣ ба муҳити беруна, ки шароити зиндагониро осон мекунад;

12

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Рушди малакаҳо Муқаддима Барои иштирок дар фаъолиятҳои ба худтаъминкунӣ вобаста, одамони дорои маълулият ба малакаҳо ниёз доранд. Аммо, аввал онҳо бо як қатор монеаҳо дучор мешаванд, зеро, мумкин аст аъзоёни оилаҳо ё ҷамоат дар чунин ақида бошанд, ки одамони дорои маълулият барои ҷалб шудан ба фаъолиятҳои таъмини воситаҳои зиндагӣ қобилият надоранд. Бисёр вақт одамони дорои маълулият ба таҳсилоти ибтидоӣ дастрасӣ надоранд ва ин онҳоро аз имконияти ҷалб шудан ба таҳсилоти касбӣ маҳрум месозад. Чунин маҳдудиятҳо бисёр вақт сабабгори маҳрумият аз малакаҳои меҳнатӣ ва паст шудани эътимоду дилпурии одамони дорои маълулият нисбати худ мегардад. Барои муваффақ будан дар кор як қатор маҳорату малакаҳо заруранд. Ба он: малакаҳои заминавӣ, ки дар раванди омӯзиш ва ҳаёт дар оила ба даст меоянд; малакаҳои техникӣ ва касбӣ, ки ба инсон имконияти иҷро намудани ягон кору вазифаи махсус ва малакаҳои корчаллонӣ, ки барои дастрас намудани ҷои кори сазовор мусоидат мекунанд, инчунин малакаҳои асосии ҳаётӣ аз ҷумла муносибат, дониш ва сифатҳои шахсӣ заруранд.

Мақсад Одамони дорои маълулият дониш, муносибат нисбати муҳит ва вазъияти атроф ва малакаҳои барои меҳнат заруриро соҳибанд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз пурқувватгардонии одамони дорои маълулият барои дастрас шудан ба ҷои кори сазовор ва ташвиқу раҳнамоии раванди дастрасӣ ба дониш ва малакаю муносибати мувофиқ иборат аст.

Натиҷаҳои чашмдошт • Ҷавонон ва калонсолони дорои маълулият, аз як қатор имкониятҳои дастрас намудани малакаҳои ба талаботи бозор ҷавобгӯй, ҷои кори сазовор (кори кироя бо маоши хуб ё соҳибкорӣ) фаъолона истифода менамоянд. • Занону духтарони дорои маълулият аз имкониятҳои баробари рушди малакаҳо бо ҷавонписарон ва мардон баҳраваранд. • Таъминкунандагони асосии рушди малакаҳо ва омӯзиши касбӣ усулу таҷрибаҳоеро истифода мебаранд, ки одамони дорои маълулият бемалол аз онҳо истифода менамоянд. • Одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои дастгирикунанда ба монанди, раҳнамоии раванди интихоби касби мувофиқ, муайянкунии ҷойҳои кории ба касб мувофиқ, воситаҳои ёрирасон ва таҷҳизоти мутобиқкардашуда таъмин буда, аз онҳо истифода менамоянд. • Одамони дорои маълулият аз имкониятҳои такмили малакаҳое, ки барои пешравӣ дар кор заруранд, истифода мебаранд. РУШДИ МАЛАКАҲО 13

ЗАМИМАИ 5

Ҳиндустон

Таълими малакаҳои асосии ҳаётӣ дар Миссияи зидди бемории ҷузом Дар Ҳиндустон Марказҳои омӯзиши касбӣ аз тарафи Миссияи зидди бемории ҷузом ташкил шудаанд, ки барои ҷавонони гирифтори бемории ҷузом номгӯи васеи малакаҳои техникиро ба монанди таъмир ва хизматрасониҳои техникии нақлиёт, дӯхтани либос, кафшергарӣ, таъмири воситаҳои электрикӣ, таъмири таҷҳизоти радио – ва телевизион, гилемчабофӣ, чопи офсетӣ ва кори компютерӣ таълим медиҳанд. Хонандагоне, ки малакаи татбиқи касбҳоро аз худ намуданд, ба шаҳодатнома сарфароз карда мешаванд, ки аз тарафи давлат эътироф шудааст. Ба ғайр аз ин, марказҳо ба рушду таълими дигар малакаҳо, махсусан дар соҳаи идоракунии корхона ё тиҷорати хурд ва малакаҳои асосии ҳаётӣ диққати хеле ҷиддӣ медиҳанд. Барномаи омӯзишии малакаҳои асосии ҳаётӣ се самтро дар бар мегиранд: рушди сифатҳои шахсӣ, малакаҳои худмуҳофизатӣ ва малакаҳои идора намудани таниши асаб (стресс) ва мувофиқатӣ ба ҷои кор. Ба мафҳуми «сифатҳои шахсӣ» малакаҳои худбаҳодиҳӣ, рушди шахсият, тафаккури мусбӣ, ҳавасмандӣ, муайян намудани мақсадҳо, бартараф намудани мушкилиҳо, қабули қарорҳо, идоракунии вақти шахсӣ ва идоракунии таниши асаб (стрессҳо) дохил мешаванд. Малакаҳои идора намудани таниши асаб (стресс) аз бартараф намудани майли табиӣ (инстинкти) ҷинсӣ, шармгинӣ, танҳоӣ, рӯҳафтодагӣ, тарс, ғазаб, сирояти ВНМО/БПНМ, майпарастӣ, ноӯҳдабароӣ, муносибати танқидӣ, низоъ ва дигаргуниҳо иборат мебошанд. Масъалаи мувофиқатӣ ба ҷои кор малакаҳои зеринро дар бар мегирад: пешоҳангӣ, кор карда тавонистан дар гурӯҳҳо, муайян, таҳқиқ ва таҷриба намудани имкониятҳои беҳтарини касб ва муҳити корӣ барои худ. Малакаҳои асосии ҳаётӣ бо се усул таълим дода мешавад: а) бо усули истифодаи реҷаи рӯз, ки риоя намудани тартиби муайяни фаъолиятҳоро ба монанди барвақт аз хоб хестан, риояи гигиенаи шахсӣ ва муҳити зиндагӣ, дақиқкорӣ ва масъулиятнокӣ, пешоҳангӣ ва ғамхорӣ нисбати дигаронро меомӯзонад; б) дар мисоли намунаҳои ибрат ва таҷрибаи кормандони марказ; в) бо усули ҳар ҳафта гузаронидани омӯзишҳо. Зиёда аз 95% хатмкунандагони марказҳои омӯзишӣ бо ҷои кор таъмин мешаванд. Чунин муваффақшавӣ бо се сабаб шарҳ дода мешавад. Якум, корфармоён номзадонеро интихоб менамоянд, ки ҳисси масъулиятнокиашон дар сатҳи баланд қарор дорад ва онҳо медонанд, ки хатмкунандагони марказҳои омӯзишии Миссияи зидди бемории ҷузом бо истифодаи малакаҳои ҳаётии заминавӣ таълим дода мешаванд. Дуюм, дар марказҳои омӯзишии Миссияи зидди бемории ҷузом кормандоне фаъолият менамоянд, ки масъалаи таъмин намудани хатмкунандагонро бо ҷойҳои кор ба ӯҳда доранд ва бо корхонаҳои маҳаллӣ муносибати хуб барқарор намудаанд.. Сеюм, дар назди марказҳои омӯзишӣ Миссияи зидди бемории ҷузом ассотсиатсияи пурқуввати хатмкунандагонро ташкил намудааст, онҳо алоқаи байниҳамдигариро таъмин намуда, ба хатмкунандагони нав дар ҷустуҷӯи кор ва барои кормандон нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ёрӣ мерасонад.

14

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Мафҳумҳои асосӣ

Намудҳои малакаҳо Малакаҳои заминавӣ дар ҷараёни таҳсилоти асосӣ ва дар оила азхуд карда мешаванд. Ба онҳо, масалан малакаҳои саводнокӣ ба монанди хондан, навиштан, ҳисоб, аз худ кардани дониш, мулоҳизаронии мантиқӣ ва ҳалли мушкилиҳо дохил мешаванд. Чунин малакаҳо барои иҷрои ҳар гуна корҳо, дар ҳар гуна шароитҳо ва фарҳангҳо, чӣ дар сохтори расмӣ ва чӣ дар сохтори ғайрирасмии иқтисодӣ, лозим мебошанд. Малакаҳои техникӣ ва касбӣ барои ҳалли масъалаҳои мушаххас имконият медиҳанд, масалан, тарзи истеҳсол ё таъмири ягон чиз ё пешниҳоди ягон навъи хизматрасонӣ. Ҳамчун намунаи ин гуна малакаҳо, касбҳои дуредгар, дӯзанда, бофанда, челонгар, харрот, сабадбоф, тунукасоз, мӯзадӯз шуда метавонад. Малакаҳои нисбатан мушкилтари техникӣ, ба монанди фаъолияти муҳандисӣ (инженер), тиббӣ, ба монанди духтури – физиотерапевт, муҳандиси таҷҳизоти компютерӣ одатан ба касбҳои меҳнати ақлонӣ дохил мешаванд. Ҳамчун қоида, ҳар чӣ қадаре, ки техника мушкил бошад, ҳамон қадар сатҳи зарурии омӯзиш баланд мешавад ва омӯзиш хосияти зоҳирӣ дорад, ки одатан дар муасиссаҳои таълимии техникӣ амалӣ шуда, бо додани дипломи расмӣ оид ба ихтисос анҷом меёбад. Малакаҳои корӣ (онро инчунин малакаҳои соҳибкорӣ низ меноманд) барои бурдани бизнес заруранд. Онҳо идоракунии маблағҳо ва кормандон, инчунин малакаҳои банақшагирӣ ва ташкилотчигиро дар бар мегиранд. Ба онҳо инчунин, арзёбии хавфҳо, таҳлили бозор ва ҷамъоварии иттилоот, тайёр намудани нақшаи бизнес, гузоштани масъалаҳо ва ҳалли мушкилот дохил мешаванд. Ин малакаҳо одатан маҳорати хондан, навиштан ва ҳисоб карданро талаб менамоянд. Барномаҳои омӯзишии ҳунарию касбӣ, ки ба худтаъминкунӣ имконият медиҳанд, ба монанди дуредгар, мутахассис оид ба асбобҳои радиоӣ ё устои воситаҳои дучархаи моторӣ, бофанда, албатта, вазифадоранд, ки натанҳо малакаҳои техникӣ, балки малакаҳои кордонӣ ва ташкили соҳибкориро ( бурдани бизнесро) низ омӯзонанд. Малакаҳои асосии ҳаётӣ муносибат, дониш ва сифатҳои шахсии барои дар ҷаҳони имрӯза зиндагӣ кардан зарурро дар бар мегиранд. Ба он малакаҳои хизмат намудан ба мизоҷон, муаррифӣ намудани худ, аз худ намудани дониш, бодиққат гӯш ва муошират намудан, тафаккури интиқодӣ ва ҳалли мушкилот, худидоракунӣ ва интизом, малакаҳои муносибатҳои байнишахсӣ ва иҷтимоӣ, ва инчунин қобилияти барпо намудани робитаи корӣ ва фаъолият намудан дар гурӯҳ ва риояи одоби меҳнат, дохил мешавад. Малакаҳои асосии ҳаётӣ ҳам ба одамони дорои маълулият ва ҳам онҳое, ки дорои маълулият нестанд, бо мақсади муваффақ шудан дар фаъолияти меҳнатӣ ва зиндагӣ заруранд. Аммо, барои одамони дорои маълулият онҳо аҳамияти махсус доранд, чунки барои ба даст овардани эътимод нисбати худ ва баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ, барпо намудани муносибат бо дигарон ва тағйир додани тасаввурот нисбати худ ва дигарон ёрӣ мерасонанд.

РУШДИ МАЛАКАҲО

15

Малакаҳои асосии ҳаётӣ дар натиҷаи муносибат дар оила ва ҷамоат ба даст омада, дар раванди таҳсилот (расмӣ ва ғайрирасмӣ), омӯзиши касбӣ, иштирок дар барномаҳои рушди ҷавонон ва ҷамоатҳо ва инчунин, дар ҷараёни меҳнат рушд меёбанд. Эътимоднокӣ нисбати худ ба шарофати рушди муносибати мусбӣ, аз худ кардани донишҳо ва омӯхтани малакаҳое, ки имконияти ноил гаштанро ба муваффақият дар ҳаёт ва меҳнат медиҳанд, ба даст меоянд. Агар барномаи омӯзишӣ танҳо ба ҷанбаҳои касбӣ такя намуда, рушди муносибату ҷаҳонбинӣ, дониш ва малакаҳои ҳаётиро ба эътибор нагиранд, пас гумон аст, ки шунавандагони он барои ёфтани машғулияти устувор ва ба таъмини воситаҳои зиндагӣ ҷавобгӯй муваффақ шаванд.

Интихоби шахсӣ ва имкониятҳои баробар Ҳангоми муайян намудани имкониятҳо барои рушди малакаҳо, кормандони барномаҳои ТСҶ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳар як шахс манфиат, истеъдод ва қобилияти мушаххас дорад. Ба ҷавонписарон ва ҷавондухтарон, занон ва мардон имкониятҳои баробар барои таҳсилот пешниҳод гардида ва он бояд бо нақшҳои анъанавии гендерӣ ё ҷудокунӣ маҳдуд набошад. Занон ва духтарони дорои маълулият мумкин аст барои дастрасӣ ба таҳсилот ба имконияту дастгирии иловагӣ ниёз дошта бошанд. Айни замон барои ҳама бояд маҷмӯи васеи усулҳои интихоб бе тасаввуроти беасос оид ба имконияту қобилиятҳои шахсии онҳо пешниҳод карда шаванд.

Тарзҳои азхудкунии малакаҳо Як қатор усулҳои таҳсил мавҷуданд, ки одамони дорои маълулият аз онҳо истифода намуда, метавонанд ба донишу малака ва муносибатҳои барои таъмини воситаҳои зиндагонӣ зарур ноил шаванд, ба монанди: • • • • • • • • • тақвияти сайъу кӯшишҳои шахсӣ; азхудкунии малакаҳо дар муҳити оила; таҳсилоти заминавӣ; таҳсилоти касбӣ дар мактаб; омӯзиш дар сатҳи ҷамоат, аз ҷумла шогирдӣ ва таҷрибаандӯзии расмӣ ё ғайрирасмӣ дар сатҳи ҷамоат; омӯзиш дар марказҳои таҳсилоти касбии умумӣ ё дар марказҳои барқарорсозии касбӣ; таҳсилот бе тарк намудани ҷои кор ё шогирдӣ; таҳсилот дар коллеҷ ё донишгоҳ; иштирок дар барномаҳои рушди корхонаҳои хурд, ки омӯзишро оид ба азхудкунии малакаҳои ибтидоии соҳибкорӣ, ташкили хизматрасониҳо бо мақсади рушди бизнес ва инчунин азхудкунии малакаҳои санҷишу раҳнамоии устодиро дар бар мегиранд; Омӯзишҳо аз тарафи соҳибкор ё дигар корфармоён пешниҳод карда мешаванд.

Интихоби усулу тарзҳои бештар мақбулу мувофиқи рушди малакаҳо аз манфиат, қобилияту захираҳои инфиродии дар назардошта ва инчунин аз имконияту дастгирии дар сатҳи ҷамоат мавҷуда вобастаанд.

16

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

ЗАМИМАИ 6

Хитой

Иродаи матин ва пойҳои бақуввати Зу Зу дар соли 1951 дар оилаи оддии деҳқони муҳоҷир аз Ичан, музофоти Хубэй, Хитой таваллуд шудааст. Азбаски Зу дорои маълулияти ҷиддии инкишоф буд, бо дастон ҳаракат карда наметавонист ва дар ҳаёти ҳаррӯзааш ноилоҷ танҳо аз пойҳо истифода мебурд. Ӯ ягон имконияти таҳсил намудан дар мактабро надошт. Зу малакаҳои гуногунро аз худ намуда бошад ҳам, аммо даромадаш барои зиндагӣ кифоя набуд. Зу машғулиятро оид ба таъмири соатҳо оғоз намуд. Барои ин ба ӯ зарур шуд, ки чолокии пойҳоро машқ ва мустаҳкам намояд. Вай ангуштони пойҳоро машқ медод, то бо онҳо ҳамчун бо ангуштони дастон ҳаракат карда тавонад. Зу шакарро мерезонд, то мӯрчаҳоро фирефта намояд ва баъд бо ангуштони пойҳояш онҳоро чида мегирифт. Баъди чанд соли хастакунанда, ӯ малакаҳои таъмири соатҳоро аз худ намуда, устохонаи таъмири соат кушод. Акнун Зу барои ҳаёт бо роҳи таъмири соатҳо пул кор мекунад ва ба буҷаи оила саҳми худро мегузорад. Духтари ӯ донишгоҳро хатм намуд ва ҳамшираи тиббӣ шуд. Зу бо шавқмандии том ба хизматрасониҳои ҷамоатӣ ба одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоат менигарад ва аз ҳисоби худ «телефони боварӣ»-ро бо мақсади хизматрасонии равонӣ ва машваратӣ ба одамони дорои маълулият кушод. Дар музофоти худ Зу барои шумораи зиёди одамони дорои маълулият намунаи ибрату пайравӣ мебошад. Вай мегӯяд: «Ман аз камбизоатӣ ва доштани маълулият наметарсам. Ман ба шарофати саъю кӯшиш, хирад ва қатъияти худ ба муваффақият ноил гардидам. Маълулият воҳиманок нест; аз ҳама воҳиманок ин ақибнишинӣ аз рӯи сустии иродаи ақлонӣ аст. Ман доимо худро пурқувват ҳис менамоям ва боварӣ дорам, ки ҳар гуна мушкилотро паси сар намуда метавонам». Вай инчунин қайд мекунад: «ҳарчанд мутахассисон дар роҳи тавонбахшӣ нақши асосӣ ва баъзан ҳалкунандаро мебозанд, натиҷаи интиҳоии муваффақшавӣ пеш аз ҳама, аз тафаккури шахси дорои маълулият ва хоҳиши ӯ оид ба баркандани ақидаҳои анъанавӣ оид ба имкониятҳои одамони дорои маълулият вобаста аст».

Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Тарғиби таҳсилоту омӯзиш дар хона Бисёр ҷавонон малакаҳои анъанавии касбӣ ва ҳаётиро дар шароити хона аз худ менамоянд, вақте, ки дониш, маҳорат ва муносибату рафтор аз волидон, бародару хоҳарон ва инчунин, аз дигар аъзоёни оила, ба онҳо мегузаранд. Муносибати «Омӯхтан ба воситаи иҷро кардан» дар хона шахсро барои азхудкунии доираи васеи малакаҳои таъмини воситаҳои зиндагӣ тайёр менамояд. Аммо, бисёр вақт кӯдакон ва ҷавонони дорои маълулият инчунин, одамони дорои маълулияти вазнин ё якчанд навъи маълулият аз ҷараёни «Омӯхтан ба воситаи иҷро кардан» дар хона бо сабаби хурофоти волидон ва аъзоёни оилаашон оид ба масъалаи он, ки кӯдак ё наврас кадом корҳоро иҷро карда метавонад ва кадом корҳоро иҷро карда наметавонад, хориҷ карда мешаванд. Баъзан волидон мумкин аст, аз озор додани кӯдаки маълулашон дар ҳарос буда, гӯё ӯро аз нохушӣ муҳофизат мекунанд, ё онҳо боварӣ доранд ки ӯ қобилияти омӯзиш, ёрӣ ё саҳмгузориро дар ҳаёти оила надорад, ё ин, ки ба таври оддӣ метавонанд ӯро аз фаъолият боздошта, аҳамият ва эътибор надиҳанд. Дар натиҷа, кӯдак малакаҳои фоиданоки РУШДИ МАЛАКАҲО 17

ҳаётиро ҳосил намуда натавониста, аз имконияти гузоштани саҳми худ ба ҳаёти хонавода ё ба соҳибкории оилавӣ маҳрум мемонад. Чунин беэътиноӣ сатҳи худбоварии кӯдакро паст намуда ва ба раванди иштироки фаъолонаи ӯ дар ҳаёти оила ва ҷамоат таъсири манфӣ мерасонад. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба волидон оид ба дарки қобилияту иқтидори аъзои оила, ки дорои маълулият аст ва азхудкунии малакаҳое, ки ӯ метавонад дар хонавода самарабахш истифода барад, ёрӣ расонида, нақши муҳим бозанд. Фаъолиятҳои имконпазир: • роҳҳои ҷалби кӯдакони дорои маълулиятро ба таъмини воситаҳои зиндагӣ ё саҳмгузории онҳоро дар иҷрои корҳои хона муайян ва истифода намоянд; • аъзоёни оиларо барои омӯзондан ва баъд истифода бурда тавонистани малакаҳои манфиатнок, ки барои фаъолияти пурмаҳсул дар хона ба кӯдаки дорои маълулият ёрӣ мерасонанд, рӯҳбаланд ва ташвиқ намоянд; • мунтазам сатҳи иштироки шахси дорои маълулиятро дар фаъолиятҳои ба таъмини воситаҳои зиндагӣ ва корҳои хонавода мушоҳида ва ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

ЗАМИМАИ 7

Модар ва писар матоъи умед мебофанд.

Филлипин

Дар минтақаи Биколи Филиппин корманди барномаи ТСҶ аз Созмони «Хазинаи Симон Кирин оид ба тавонбахшӣ ва рушди кӯдакон» бо зани шавҳарашро гум карда ва писари навраси ӯ, ки дорои маълулияти биноӣ буд, шинос шуд. Зан бофанда буда ду дастгоҳи бофандагӣ дошт, ки яке аз онҳо аз шавҳари фавтидааш мондааст. Писари ӯ ҳеҷ гоҳ ба мактаб нарафта буд ва бофта ҳам наметавонист. Корманди ТСҶ модарро бовар кунонд, ки ба писараш ҳунари бофандагиро омӯзонад. Дере нагузашта, аз ду дастгоҳи бофандагӣ, ки дар оила буданд, пурра истифода бурда, модар ва писар барои фурӯш матоъ истеҳсол мекардагӣ шуданд.

Таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти заминавӣ Таҳсилоти заминавӣ калиди муваффиқияти ҳамаи намудҳои меҳнат мебошад: он барои рушд ва такмили малакаҳои техникӣ ва ба даст овардани малакаҳои ҳаётӣ таҳкурсӣ мегузорад. Барои ба одамони дорои маълулият ба таври самаранок омода ва ҷалб шудан ба таъмини воситаҳои зиндагӣ, барномаҳои ТСҶ дастрасиро ба имкониятҳои гирифтани маълумоти расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳамчун афзалияти аввалиндараҷа, бояд ташвиқу тарғиб намоянд (ниг. ба қисми «Маориф»). Барномаҳои ТСҶ инчунин метавонанд раванди гузаришро аз мактаб ба фаъолияти меҳнатӣ бо мақсади ташкили шогирдӣ ва омӯзишҳои такмили ихтисос дар ҷои корро раҳнамоӣ намоянд.

Раҳнамоии раванди иштирок дар дар таҳсилоти касбӣ Баъзан мактабҳои миёна барномаҳои омӯзиши касбӣ, арзёбии касбҳо ва ёрӣ барои интихоби касбҳоро ташкил менамоянд ва машварату маслиҳатҳо медиҳанд. Ба хонандагони дорои маълулият бояд имконияти ҷалб шудан ба чунин барномаҳои омӯзишӣ ва баҳравар шудан аз хизматрасониҳо оид ба интихоби касб пешниҳод карда шавад. Онҳо инчунин, ба барномаҳое, ки ба гузариши ҷавонон аз таҳсилот ба фаъолияти меҳнатӣ бахшида шудаанд, бояд иштирок намоянд. 18 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Барномаҳои ТСҶ имкониятҳои муносибро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи маҳаллӣ таҳқиқ намуда, раванди иштироки хонандагон ва ҷавонони дорои маълулиятро дар чорабиниҳои мазкур раҳнамоӣ намоянд (ниг. ба қисми «Маориф», боби «Таҳсилоти миёна ва олӣ»). Фаъолиятҳои имконпазир: • муайян ва бартараф намудани мушкилиҳое, ки ба иштироки мактаббачагони дорои маълулият дар барномаҳои омӯзиши касбӣ, дар мактабҳои миёна ва инчунин дар барномаҳои гузариш аз таҳсилот ба фаъолияти меҳнатӣ монеъ мешаванд; • ёрӣ расонидан ба хонандагони дорои маълулият, то ин ки онҳо раванди иштироки худро дар барномаҳои омӯзишӣ ва таълимӣ раҳнамоӣ карда тавонанд; • ташкил намудани омӯзишҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии роҳбаладон-устоҳои дастурдиҳанда оид ба тайёр ва мутобиқ намудани шароит ва маводҳое, ки барои таҳсили одамони дорои шаклҳои гуногуни маълулият заруранд.

Ёрӣ барои ташкили омӯзишҳо дар сатҳи ҷамоат Пеш аз ҳама, имкониятҳои мавҷударо дар сатҳи ҷамоат барои рушди малакаҳо муайян намудан хеле муҳим аст. Ду тарзи татбиқи ин кор мавҷуд аст: якум, системаи таҳсилоти умумии амалкунанда ва дуюм бошандагони алоҳидаи мушаххас, ки бо истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасониҳо машғул буда, метавонанд малакаҳои худро дар шакли устодӣ ба шогирдони дорои маълулият омӯзонанд. Ба барномаҳои ТСҶ пеш аз ташкил намудани омӯзиш бо қувваи шахсоне, ки аллакай ба истеҳсоли маводу хизматрасониҳои зарурӣ машғуланд, муайян намудани ашхоси дорои маълулият, ки барои иштирок дар чорабиниҳои мазкур бо мақсади азхуд намудани малакаҳои касбӣ мароқ доранд, хеле муҳим аст ва баъд: • бо шахси мушаххас ва аъзоёни оилаи ӯ оид ба он ки оё шавқи таҳсил намуданро дорад, оё ба малакаҳои касбии дар ҷамоат мавҷуда соҳибанд ё не ва кадом шаклҳои ёрӣ аз тарафи оила аллакай пешниҳод гардидааст, мубоҳиса намудан муҳим аст; • пешниҳод намудани иттилооти кифоя оид ба мавҷудияти ҷойҳои корӣ ва таҳсилоти истеҳсолӣ; • дар сатҳи ҷамоат муайян намудани шахсоне, ки аллакай ба чунин касб машғуланд ва онро ба дигарон меомӯзонанд ва онҳоро барои гирифтани одамони дорои маълулият ҳамчун шогирдон тарғибу ташвиқ намудан; • мавод ё хизамтарсониҳоеро тавсия намудан лозим аст, ки дар сатҳи маҳал истеҳсоли онҳоро ба роҳ мондан мумкин буда, маҳсулоти онҳо талаботи мардумро қонеъ мекарда бошад; • мушкилиҳои имконпазирро, ки шогирди дорои маълулият бо он рӯ ба рӯ шуданаш мумкин аст, ба монанди арзиши таҳсилот, дастрасии ҷисмонӣ, муҳити ҳаракат ва мавҷудияти дастгирии зарурӣ (нақлиёт, тарҷумони забони имову ишора, воситаҳои ёридиҳанда ва ғайра); муайян ва инчунин роҳҳои ҳалли онҳоро ёфтан зарур аст; • ҳангоми зарурат ба роҳбаладон- устоҳои дастурдиҳанда ёрии молиявӣ ё моддӣ ва ба шогирдон ёрии гуногуни зарурӣ бояд расонида шавад; • кори роҳбаладон- устоҳои дастурдиҳанда ва шогирдон бояд таҳти назорату мушоҳида қарор дода шавад, то мутмаин бошед, ки омӯзишу таҷрибаи амалӣ дар ҳақиқат гузаронида шуда, мушкилиҳо дар раванди пайдоишашон муайян ва ҳал шуда истодаанд; • баъди бомуваффақият ба анҷом расидани таҳсилот ва таҷрибаи амалӣ ба шогирдон барои ёфтани ҷойҳои корӣ ва оғоз намудани фаъолияти меҳнатии мустақилона, ёрӣ расонидан лозим аст. РУШДИ МАЛАКАҲО 19

ЗАМИМАИ 8

Соҳиби касб шудан

Малави

Барномаи ТСҶ-и «Шӯрои кор бо одамони дорои маълулият» дар Малавӣ, системаи тайёрии касбиро таҳия намуд. Дар ҷамоатҳои деҳотии мақсаднок ҷавонон ва калонсолони дорои маълулият муайян карда шуда, талаботу эҳтиёҷоти онҳо барои азхудкунии малакаҳои касбӣ таҳти таҳқиқ қарор гирифтанд. Баъд, дар сатҳи ҷамоатҳо бо роҳбаладон, устоҳо вохӯриҳо ташкил карда, онҳоро барои таълиму тарбияи амалӣ ба як ё ду нафар шогирдон ба муддати як ё ду сол ташвиқу рӯҳбаланд намуданд. Ҳамчун воситаи ҳавасмандӣ, барномаи ТСҶ ба ҳар як роҳбалад– устоҳо маводҳоро барои истифодабарӣ дар раванди омӯзиш ва истеҳсоли маҳсулот пешниҳод намуд. Дар лоиҳа роҳбалад– устоҳои касбу кори гуногун иштирок намуданд, ба монанди: нонпазу дӯзанда, тунукасоз, дуредгару челонгар, устоҳои таъмири дучархаҳо, рангкунандаҳои матоъҳо ва бофандаҳо. Баъзе аз роҳбалад – устоҳо барои такмили ихтисос ба курсҳои омӯзишие, ки аз тарафи маркази такмили ихтисоси касбии «Шӯрои кор бо одамони дорои маълулият» ташкилкарда, фиристода шуданд. Баъди ба итмом расидани шогирдӣ, баъзе аз шунавандагон кори (бизнеси) хусусии худро кушоданд, дигарон бошанд, аз тарафи роҳбалад – устоҳои худ ба кор таъмин карда шуданд.

Расонидани ёрӣ дар рушди малакаҳои кори худ Барои қисми зиёди одамони дорои маълулият манбаи воқеии даромад, ҷалб будан ба кори худ (соҳибкории хурд) дар соҳаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ шуда метавонад. Агар, афроди алоҳида чунин муносибатро интихоб кунанд, пас ба онҳо омӯзиш оид ба малакаҳои зарурии корӣ бояд гузаронида шавад. Барномаҳои омӯзишӣ оид ба рушди соҳибкории (бизнеси) хурд дар бисёр мамлакатҳо мавҷуданд ва аксар вақт бо барномаҳои молиявии хурд алоқаманданд. Барномаҳои ТСҶ бояд курсҳои омӯзишии дар сатҳи маҳал мавҷударо муайян намоянд ва сатҳи огоҳии онҳоро оид ба иқтидору имкониятҳои имконпазири одамони дорои маълулият, ки ҳамчун соҳибкорон фаъолият карда метавонанд, иттилоот диҳанд. Бо ёрии роҳбарони барномаҳо ва роҳбаладон онҳо метавонанд усулҳои гуногунро, ки бо истифодаи онҳо одамони дорои маълулият дар омӯзишҳо иштирок карда метавонанд, таҳия намоянд. Барномаҳои ТСҶ инчунин, метавонанд, дар бартараф намудани ҳамаи монеаҳо дар ин роҳ, ёрии зарурӣ расонанд (нақлиёт, тарҷима бо истифодаи забони имову ишора ва маводу воситаҳои таълим).

Раҳнамоии раванди омӯзишҳо дар муассисаҳои таълимии фарогир. Рушди малакаҳои касбии одамони дорои маълулият бештар самаранок мешавад, агар он дар муҳити фарогир ба амал ояд яъне, одамони дорои маълулият дар он ҷо якҷоя бо ҳамсолони дорои маълулият набудаашон таҳсил мегиранд. Омӯзиш дар муассисаҳои касбии таҳсилоти умумӣ, одатан имкониятҳои бештари дастрасиро ба малакаҳои касбӣ, ба технологияҳо ва таҷҳизоти муосир, додани шаҳодатномаҳои расмӣ, пас аз хатми таҳсилот, раҳнамоӣ ба интихоби касб ва таъмин намудан ба ҷои корро дар назар дорад. Марказҳои расмии омӯзиши касбӣ одатан дар шаҳрҳои калон ва хурд, ки ба талаботҳои корхонаҳои калони шаҳрӣ мутобиқ шудаанд, ҷойгиранд; ба ин нигоҳ накарда, дар ноҳияҳои деҳотӣ инчунин, бисёр марказҳои омӯзишии касбӣ дар назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, дар созмонҳои дар сатҳи ҷамоатҳо ва маҳаллии хусусӣ фаъолияткунанда мавҷуданд, ки барномаҳои омӯзишии онҳо малакаҳои манфиатноки техникӣ ва амалии ҳаётиро меомӯзонанд. 20 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Барномаҳои БСҶ бояд дастрасиро ба имкониятҳои марказҳои омӯзишии касбӣ ба одамони дорои маълулият, ки одатан ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба монеъаю мушкилиҳои зиёд вомехӯранд, ташвиқу тарғиб намоянд. Монеаю мушкилиҳо ба монанди: талаботҳои калон барои дохилшавӣ, дастнорас будани биноҳо ва синфҳои омӯзишӣ барои одамони дорои маълулият, арзиши баланд барои таҳсилот ва фаъолиятҳои амалӣ, набудани воситаҳои ёрирасони мутобиқшуда ва дастгоҳҳо, набудани қоидаҳое, ки ба раванди дастгирии омӯзиши одамони дорои маълулият равона карда шудааст, сатҳи огоҳии паст оид ба таҳсилоти фарогир , инчунин, нарасидани раҳбаладону устодони аз муносибату усулҳои таълим бо одамони дорои маълулият огоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ҷавонони дорои маълулиятро ба пешниҳод намудани аризаҳо барои қабул ба марказҳои омӯзиши касбӣ бо истифодаи роҳҳои зерин рӯҳбаланд намоянд, масалан: • тарғибу ташвиқ намудани миқдори ҷойҳои холии мавҷуда дар мактабҳои маҳаллӣ, созмонҳои одамони дорои маълулият, ассотсиатсияҳои волидон, созмонҳои ғайридавлатӣ, ва созмонҳои занону ҷавонон барои хонандагони дорои маълулият; • баланд бардоштани сатҳи огоҳии волидон, гурӯҳҳои ҷамоатӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор оид ба муҳимияти таъмини омӯзиши касбӣ ба одамони дорои маълулият; • дастгирӣ намудани хонандагони дорои маълулият ҳангоми аризадиҳӣ барои қабул ба муассисаҳои таълимӣ ва мусоидат намудан барои дастрас кардани ёрии молиявӣ дар давраи таҳсил. Барномаҳои ТСҶ метавонанд раҳнамоии раванди фаъолиятҳои марказҳо ва курсҳои омӯзиши касбиро ба ӯҳда гирифта, онҳоро барои фарогирии шумораи бештари одамони дорои маълулият рӯҳбаланд намоянд. Дар зер, номгӯи тақрибии чорабиниҳое, ки барои иҷрои онҳо марказҳоро тарғибу ташвиқ намудан мумкин аст, оварда шудаанд: • сиёсати қабул намудани (шумораи мушаххаси) занон ва мардони дорои маълулият ба ҳар даври таҳсилро таҳия ва тасдиқ намоянд; • талаботҳои ба қобилиятҳо мутобиқкарда барои дохилшавандагони дорои маълулият муқаррар шаванд; • курсҳои омӯзишӣ барои такрори донишҳои дар давраи таҳсилоти заминавӣ азхудкарда, ташкил карда шаванд; • ба хонандагони дорои маълулият оид ба имкониятҳои гуногуни рушди малакаҳо машварату раҳнамоӣ намуда, аз истифодаи қолабҳои мавҷуда оид ба масъалаҳои маълулият ва муносибатҳои иҷтимоии гендерӣ (байни ҷинсҳо) худдорӣ намоянд; • барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии роҳбаладони омӯзишҳо оид ба масъалаҳои маълулият омӯзиш ташкил намуда, ба онҳо дар бораи эҳтиёҷоту талаботҳои махсуси хонандагони дорои навъҳои гуногуни маълулият варақаҳои иттилоотӣ тақсим намоянд. • талаботҳои мушаххаси хонандагон оид ба дастрасӣ ва мутобиқгардонии биноҳо ва синфхонаҳои таълимӣ муайян карда шаванд; масалан, шогирдони дорои маълулиятро, ки аз аробача чун воситаи ҳаракат истифода мебаранд, ба раванди таҳсил ҷалб намудан осон аст, яъне дарсҳоро дар ошёнаи якум ташкил намуда, ҳоҷатхонаҳоро низ барои одамони дорои маълулият мутобиқ намудан лозим аст; • дар раванди таҳсил ба одамони дорои маълулият барои ноил гардидан ба муваффақият ва ба роҳбаладону устодон дар ҳаллу фасли мушкилию нофаҳмиҳои бамиёномада ёрӣ расонанд. РУШДИ МАЛАКАҲО 21

ЗАМИМАИ 9

Нигерия

Ҳавасманд намудан барои даромад ва пасандоз намудан. Дар Ибадан, Ҷумҳурии Федеративии Нигерия барномаи барқарорсозии таҳсилоти касбӣ дар сатҳи ҷамоатҳо намояндагони созмонҳои гуногуни одамони дорои маълулият, хешу табори онҳо, кӯҳансолони ҷамоатҳо, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи рушд, намояндагони муассисаҳои молиявӣ, мансабдорони сатҳи федералӣ ва давлатиро фаро гирифтааст. Дар ҷамоатҳои мақсаднок як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади ҳавасманд намудани одамони дорои маълулият барои номнавис намудани худ ба омӯзишҳои ба рушди малакаҳои касбӣ бахшида гузаронида шуданд. Амалиётҳои таҳқиқӣ имконият доданд сатҳи қобилиятҳои одамони дорои маълулият, майлу ҳавасмандии касбии онҳо ва сатҳи мавҷудаи дастгирӣ аз тарафи оилаҳо арзёбӣ карда шавад. Шахсони интихобшуда ба марказҳои маҳалии омӯзиши касбӣ дохил карда шуданд. Дар давоми таҳсил барнома ба иштирокчиён ёрии молиявӣ мерасонд. Давраи таҳсилу омӯзиши малакаҳо аз 6 то 12 моҳ давом намуда, ба он корҳои дуредгарӣ, тайёр ва таъмири пойафзол, мурғпарварӣ, ранг намудани матоъҳо ва хизматрасониҳоро дар соҳаи тайёр ва таъмини хӯроки умумӣ дар бар мегирифт. Кумитаи барномаи барқарорсозии таҳсилоти касбӣ дар сатҳи ҷамоатҳо иштирокчиёни онро барои захира намудани як қисми ёрипулӣ ҳавасманд намуда, барои кушодани суратҳисоб ёрӣ мерасонд. Дар охири омӯзиш аксарияти хатмкунандагон ин захираҳоро барои дарёфт намудани маводҳо, ки барои оғози фаъолияти меҳнатиашон заруранд ва ба гирифтани даромад равона шудаанд, истифода бурданд. Дар муддати 2 соли аввали фаъолият, барнома бештар аз 200 нафар мутахассисонро тайёр намуд, ки қисми зиёди хатмкунандагони он чун раҳбаладу раҳнамои барнома фаъолияташонро давом медиҳанд.

Раҳнамоии раванди таҳсилот дар муассисаҳои махсусгардонидашуда Дар он ҷойҳое, ки имконияти омӯзиши малакаҳо дар марказҳои таълимии умумӣ мавҷуд нест, марказҳои омӯзишии махсусгардонидашуда барои одамони дорои маълулият ёрии худро пешниҳод намуда, метавонанд ба онҳо малакаҳои касбию ҳаётӣ ва таҷрибаи фоиданоки меҳнатиро дар чорчӯбаи фаъолияти истеҳсолии амалӣ омӯзонанд. Норасоии асосии ин марказҳо аз он иборат аст, ки ба ҷои мусоидат намудан ба раванди фарогирӣ, онҳо одамонро ҷудо менамоянд ва ақидаи анъанавиро дар бораи ҷалб шуда натавонистани одамони дорои маълулият ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ё иқтисодиёти миллӣ устувор мегардонанд. Аммо набояд ин хел шавад. Марказҳои бомуваффақияти махсусгардонидашуда барои бартараф намудани монеаҳо байни одамони дорои маълулият ва муҳити ҷамоатӣ ёрӣ мерасонанд. Кормандони баландихтисоси таҷрибаи зиёди корӣ бо одамони дорои маълулият дошта метавонанд чун манбаи захиравии ақидаҳо ва омӯзиши кормандони дигар марказҳои омӯзишӣ дар сатҳи ҷамоатҳо фаъолият намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба бештар қобили қабул ва мувофиқ будани ақидаи ташкили омӯзишҳо дар марказҳои махсус ва дар сатҳи маҳал саҳмгузорӣ намоянд. Бо ин мақсад онҳо ба марказҳо ба таври зерин ёрӣ расонида метавонанд: • муайян намоянд, ки кадом талаботу эҳтиёҷот барои истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо дар сатҳи ҷамоат татбиқ карда нашудаанд; • дар асоси машваратҳо бо корхонаҳои маҳаллӣ, барномаҳои омӯзишӣ, ва дигар воситаю таҷҳизоти дар раванди омӯзишҳо истифодашавандаро такмил диҳанд; • миқдор ва навъи омӯзишҳои пешниҳодшударо зиёд гардонанд; • омӯзишҳо на танҳо ба таъмини малакаҳои техникӣ, балки инчунин оид ба соҳиб22 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

корӣ (бизнес), идоракунӣ (менеҷмент) ва малакаҳои ҳаётӣ низ бахшида шаванд; • ба хатмкунандагоне, ки бомуваффақият таҳсилро хатм намуданд, дар таъмин намудан ба ҷои кор ё ташкил намудани корхонаи хурд (бизнеси) худ ёрӣ расонанд; • пайдо намудани имкониятҳои молиявӣ барои ташкили даврҳои омӯзишии нав, гирифтани таҷҳизот ё васеъ намудани фаъолиятҳои марказҳои мавҷуда.

ЗАМИМАИ 10

Урдун

Омӯзиши амалӣ Донишкадаи Ҳолли лэнд (Замини муқаддас) барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ дар шаҳри Салтаи Иордания воқеъ буда, дар он ба одамони дорои маълулияти шунавоӣ, касбҳои анъанавӣ таълим дода мешаванд: ба писарбачаҳо касбҳои дуредгар, челонгар ва таъмиргари автомашинаҳо; ба духтарбачаҳо ҳунарҳои халқии гулдӯзӣ ва бофтани қолинҳо, аммо тарзи омӯзиш ва алоқа бо бозори берунӣ анъанавӣ нестанд. Рӯи устохонаҳо на ба тарафи мактаб, балки ба тарафи роҳ нигарон аст. Устохонаҳо оид ба таъмири қисмҳои беруна ва муҳаррики нақлиёт (автомашинаҳои гуногун) ба устохонаи таъмири дучархаҳои дар шаҳр мавҷуда, монандӣ дорад. Шогирдон бевосита бо мизоҷон муроҷиат мекунанд ва онҳо ба кор кардан бо одамони дорои маълулияти шунавоӣ одат намудаанд ва худи одамони дорои маълулияти шунавоӣ, дар навбати худ робита намудан бо мизоҷон ва нозукиҳои фаъолияти соҳибкориро (бизнесро) меомӯзанд. Донишкада барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ, мувофиқати омӯзиши касбӣ ва истеҳсоли маҳсулот шуда метавонад. Устохонаи дуредгарӣ барои баровардани мебел барои мактабҳо ва корхонаҳо, шартномаҳо дорад. Устохонаи челонгарӣ барои нигоҳдории гӯсфандон асбобҳоро тарҳрезӣ ва истеҳсол менамояд (шустан, бар кашидан ва эмкунии онҳо). Маҳсулоти дӯзандагӣ, гулдӯзӣ ва бофандагӣ барои сайёҳон пешниҳод мегарданд. Мактаб сайёҳиро яке аз соҳаҳои мақсадноки асосӣ, ҳам барои маҳсулоти худ ва ҳам барои бо ҷои кор таъминкунии хатмкунандагон меҳисобад ва дар маҳалли калони сайёҳии водии дарёи Иордан, назди баҳри Мурда, нуқтаи фурӯши баъзе намудҳои маҳсулоти худро кушодааст.

РУШДИ МАЛАКАҲО

23

Бо шуғли даромадноки худ банд будан Муқаддима Дар бисёр мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст соҳаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ назар ба соҳаи иқтисодиёти расмӣ, имкониятҳои васеи даромадро пешниҳод менамояд, махсусан барои одамони дорои маълулият, ки аксар вақт дар соҳаи расмӣ бо сабаби надоштани маълумот ва касб ва инчунин, бо сабаби муносибати манфии кортаъминкунандагон нисбати онҳо, ҷойҳои кории сазовор ёфта наметавонанд. Дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ худ бо шуғле банд будан, яъне ба таври инфиродӣ ё дар гурӯҳ, яке аз усулҳои паҳншудаи дарёфти даромад ба ҳисоб меравад. Фаъолиятҳои худро бо кори даромаднок таъмин намудан аз истеҳсоли маҳсулот (масалан, картошкаи бирён, либос, мебел), хизматрасониҳо (масалан, сартарошӣ, масҳкунӣ, таъмири дучархаҳо, идораи Интернет-кафе) ва фурӯш (масалан, мағоза, ресторан ё дӯкон) иборатанд. Аммо, ҳарчанд бо шуғли даромадноки худ банд будан усули дастраси таъмини воситаҳои зиндагӣ барои одамони дорои маълулият дар ҷамоатҳои камбизоат бошад ҳам, он бо мушкилотҳои ҷиддӣ вобаста аст. Худро бо шуғли даромаднок банд намудан назар ба меҳнати кироя, ба одамони дорои маълулият тамоман дигар талаботҳоро, пешниҳод менамояд. Барои муваффақ шудан дар соҳаи таъминоти худ бо шуғли даромаднок, инсон бояд дорои сатҳи баланди ташаббускорӣ, ҷасурӣ ва матонат бошад. Ба ӯ малакаҳои инкишофёфтаи соҳибкорӣ, маҳорати робита бо мизоҷон, ӯҳдабароии корӣ (корчаллонӣ) ва консепсияи сифат заруранд. Чунин сифатҳоро дар раванди тайёрии махсус азхуд намудан мумкин аст, бинобар ин, ба барномаҳои ТСҶ раҳнамоии раванди омӯзишҳо ва ҳангоми зарурат ташкил намудани он хеле муҳим аст. Ба ғайр аз ин, барои муваффақ шудан дар шуғли даромаднок, шахси дорои маълулият мунтазам ба дастгирӣ аз тарафи оила ва ҷамоат ниёз дорад. Дар қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ки дар он дастурҳои махсус нисбати одамони дорои маълулият мавҷуданд, одатан танҳо ба иқтисодиёти расмӣ бахшида шудаанд ва онро аксар дар соҳаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ истифода бурда намешавад. Дар мамлакатҳое, ки аксари одамон танҳо дар иқтисодиёти расмӣ банд мебошанд, он танҳо ба ҳиссаи ками одамони дорои маълулият манфиатнок аст. Дигарон, ки аксариятро ташкил медиҳанд, дар гирдоби бекорӣ дар мемонанд ё бо тарсу хавф бе ягон дастурҳо ё қонунгузории махсус шино менамоянд. Бинобар ин ба онҳо омодагии хеле хуб зарур аст.

БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН

25

ЗАМИМАИ 11

Африқои Ҷанубӣ

Симои нави ҳаёти Эмфо Дар Соуэто, Африқои Ҷанубӣ, Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза курсҳои омӯзиширо барои соҳибкорони дорои маълулият ташкил намудааст. Қисматҳои асосии омӯзишҳо аз гузоштани мақсадҳо, муайян намудани шабакаҳои дастгирӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, омода будан барои шунидан ва дарки ақидаи дигар одамон, ҳалли мушкилот ва рушди малакаҳои эҷодкорӣ иборат мебошанд. Арзёбиҳо, аз сатҳи баланди фаъолиятҳои давомноки корхонаҳои аз тарафи хатмкунандагони курсҳои Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза ташкил карда, шаҳодат медиҳанд. Даромади ҳармоҳаи аксарияти корхонаҳои мазкур аз ёрипулии барои одамони дорои маълулият дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ таъиннамуда, ду маротиба зиёдтар аст. Эмфо, хатмкунандаи курси омӯзишии Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза, фаъолияти худро аз кушодани дӯкони таъмири пойафзол оғоз намуда, баъдтар соҳибкориро бо ду дӯкони дигар васеъ намуд. Вай инчунин, ба истеҳсол ё дӯхтани пойафзоли сабук низ машғул буд. Баъди як сол шабака маҳкам шуд, чунки хати нақлиёт, ки аз наздикии дӯкони вай мегузашт ба ҷои дигар кӯчонданд. Аммо, Эмфо истеҳсоли пойафзолро (шиппакҳо) давом медод ва дере нагузашта фаҳмид, ки талабот ба дигар шиппакҳои «этникӣ» масалан, аз пӯсти ҳайвоноти ваҳшӣ (зарофа) зиёд аст. Айни замон, вай 40 – 60 ҷуфт пойафзолро дар як рӯз истеҳсол намуда, ба Ботсвана, Намибия ва Свазиленд равон мекунад, ӯ шаш коргари кироя дорад ва талабот ба моли истеҳсолкардаи вай хеле зиёд аст. Сабабҳои муваффақияти омӯзиш дар Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза бо якчанд сабабҳо шарҳ дода мешавад: • ӯҳдадории хонандагон оид ба кушодани соҳибкории хурд, пас аз хатми омӯзиш (агар онҳо ин корро накунанд, бояд маблағи барои таҳсилот сарфшударо ба созмон баргардонанд); • интихоби иштирокчиёни омӯзиш, пас аз арзёбии хоҳишу қобилияташон; • дар марказ диққат гузоштани ҳам таълими малакаҳои ҳаётӣ ва ҳам хислатҳои кордонӣ (корчаллонӣ); • хусусияти қадам ба қадам ба роҳ мондани раванди таҳсилот бо назардошти дониш ва малакаҳои мавҷудаи шунавандагон; • Дар раванди таҳсил санҷишу мушоҳидаи ақидаи ҳар як шунаванда оид ба соҳибкории ояндааш (бизнес – консепсия) муфассал дида баромада мешавад;4 • Бо шарофати арзёбиҳои гузарондаи Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза шунавандагон аз сатҳи дониш ва малакаҳои шахсии худ огоҳ ва онро хуб дарк мекунанд. • муносибати ҳаматарафаи пурқувватгардонӣ ва фаъолкунанда, ки ба тарафҳои қавии шахсияти шунаванда нигаронида шудаанд, истифода мешавад.

26

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Мақсад Одамони дорои маълулият имконияти таъмини воситаҳои зиндагониро ба воситаи ба шуғли даромаднок ҷалб намудани худ доранд, меъёрҳои (нишондиҳандаҳои) сатҳи зиндагиашонро баланд намуда, ба некӯаҳволии оила ва ҷамоаташон саҳмгузоранд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз шуғли даромаднок ҷалб шудани одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ёрӣ расонда, дар ноил шудан ба рушди малакаҳо ва дастрасӣ ба захираҳои молиявию моддӣ ба таври инфиродӣ ё дар гурӯҳ мусоидат намудан иборат аст.

Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият аз шуғли иқтисодии интихобкардаашон, чун соҳибкори инфиродӣ ё дар гурӯҳ даромад мегиранд. • Барномаҳои асосии давлатӣ ва ғайридавлатии рушди корхонаҳои хурд стратегия ва амалияи худро барои дохил намудани одамони дорои маълулият ба доираи омӯзиш ва дастгирие, ки худашон пешниҳод менамоянд, иваз менамоянд. • Одамони дорои маълулият аз дастрасӣ ба хизматрасониҳои дастгирикунанда (ёрирасон) истифода мебаранд – махсусан омӯзиши малакаҳои заминавии кордонӣ, рушди бизнес ва хизматрасониҳои молиявӣ ва ин ба оғоз ё васеъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад. • Одамони дорои маълулият ба такмил додани малакаҳои кордонии худ барои инкишофи фаъолнокии соҳибкорӣ, дастрасӣ доранд. • Одамони дорои маълулият ҳамчун соҳибкорони муваффақ, аъзоёни фоиданок ва сермаҳсули ҷамоат эътироф шудаанд. • Одамони дорои маълулият барои рушди ҷамоатҳои фарогир бо истифодаи усулҳои инкишофи фаъолияти иқтисодӣ ва таъсири навъҳои гуногуни нақшҳои мусбӣ (намунаи ибрату пайравӣ будан), мусоидат менамоянд. • Одамони дорои маълулият, махсусан занҳо маблағҳои бозёфт шударо таҳти назорат доранд. • Одамони дорои маълулият – соҳибкорони муваффақ ба сифати устодони дигар одамони дорои маълулият баромад менамоянд.

Мафҳумҳои асосӣ Миқёс ва фосилаи соҳибшуғл будан «Соҳибшуғл будан» - истилоҳ барои истифодаи фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи расмӣ ва ғайрирасмӣ мебошад ва шахси алоҳида ё гурӯҳ ба он соҳиб буда, фаъолиятҳоро татбиқ ва идора менамоянд. Намудҳои гуногуни соҳибшуғл будан мавҷуд аст, ки аз рӯи мураккабӣ ва миқдори иштирокчиён фарқ менамоянд. Онҳо аз нигоҳдории якчанд чӯҷаҳо барои фурӯш дар бозори маҳаллӣ ва то идоракунии устохонаи калонро, ки маҳсулотро барои содирот (экспорт) истеҳсол менамояд, дар бар мегиранд. Дар байни намудҳои гуноБО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН 27

гуни корхонаҳо ҳудуди муайян вуҷуд надорад, аммо 3 гурӯҳи васеъро ҷудо намудан бамаврид аст: • фаъолияте, ки даромад меорад; • корхонаҳои хурд ва миёна; • гурӯҳҳои худёрирасон ва корхонаҳои умумӣ. Новобаста аз андозаи худ, ин корхонаҳо ба як ё зиёда аз се навъи фаъолият ҷалбанд: истеҳсол, пешниҳоди хизматрасониҳо ва савдо.

Фаъолияте, ки даромад меорад Намудҳои фаъолият ё барномаҳое, ки даромад меоранд, машғулияти хурдеро ифода менамоянд, ки манбаи ягонаи даромад барои одамони алоҳида ё гурӯҳҳои одамон мебошанд ё чун воситаи иловагии даромад, масалан шуғл дар соҳаи хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд. Чунин фаъолиятҳо дар шакли рӯзи пурра (ҷои пурраи корӣ), рӯзи кории нопурра ё мавсимӣ татбиқ шуда, одатан дар асоси технологияҳои анъанавӣ, воситаю мавод ва бозори маҳаллӣ ташкил мешавад. Онро бештар дар маҳалҳои дурдасти деҳот истифода мебаранд ва он одатан як қисми иқтисодиёти ғайрирасмӣ мебошад. Ташкилкунандагону иштирокчиёни асосии фаъолиятҳо бо мақсади дастрас намудани даромад, одатан занҳо мебошанд, чунки онҳо бояд барои таъмини воситаҳои зиндагии хонаводаи худ даромад ба даст оранд. Аммо, занҳои дорои маълулият бисёр вақт чун афроди қобилияти аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақилу сермаҳсул буданро надошта ба ҳисоб мераванд. Барномаҳои ТСҶ бояд диққати асосиро ба пайдо намудани имкониятҳое равона созанд, ки бо истифодаи онҳо занҳои дорои маълулият тавонанд сатҳи эътимоднокию бовариро нисбати худ баланд бардошта, бо ташаббусу фаъолиятҳои ба беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ ва мустақилии худ ва оилаҳояшон мусоидаткунанда машғул шаванд. Ба намунаи фаъолиятҳои истеҳсолӣ, ки барои даромад ба даст овардан ва ноил шудан ба мустақилияти иқтисодӣ мусоидат мекунанд, чорводорӣ, мурғпарварӣ, бофтан ва дигар ҳунарҳои анъанавии миллиро номбар намудан мумкин аст.

ЗАМИМАИ 12

Камбоҷа

Бофтани сабадҳо соҳибкории Лам Лам ҳангоми таркидани мина дар музофоти Сиемрип, Камбоҷа аз пояш маҳрум гаштааст. Ӯ дар хоҷагии наздиҳавлигияш кор карда, дар баробари ин сабад низ мебофад. Лам дар як рӯз метавонад то панҷ сабад бофад ва онҳоро ба даллол, ки ҳар ҳафта як маротиба ба наздаш меояд, мефурӯшад. Даромад аз савдои сабадҳо ва даромади аз хоҷагии наздиҳавлигӣ мегирифтааш, ки шуғли мавсимӣ аст, хароҷоти зиндагии ӯро мебарорад. Ба намунаи хизматрасониҳо ҳамчун фаъолият, ки даромад меорад: ба иҷора додани телефони мобилӣ, шустани воситаҳои нақлиёт, аз нав бо заряд пур намудани аккумуля­ торҳо ва нигоҳдории ошхонаро номбар намудан мумкин аст.

28

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

ЗАМИМАИ 13

Чойхонаи машҳури Энифа

Малави

Энифа, зани 43-солаи дорои маълулияти биноӣ буда, дар музофоти Балакаи Ҷумҳурии Малавӣ зиндагӣ мекунад. Ӯ оиладор аст ва ду писари 24 ва 17 сола дорад. Энифа дар натиҷаи бемории оби сабз (глаукома) дар синни 41-солагӣ қобилияти биноии худро гум кардааст. Дар аввал ӯ сахт афсурдахотир шуд, вале корманди ТСҶ ба ӯ малакаҳои худхизматрасонӣ ва ҳаракаткуниро омӯхт ва имрӯз ин ба ӯ хеле хуб муяссар мешавад. Энифа соҳиби чойхонаи сердаромад дар маркази савдои серодам мебошад. Шавҳараш ба ӯ дар дарёфти ҳезум ва дигар маводи зарурӣ ёрӣ мерасонад. Дар қаҳвахона фазои дӯстона ва ёрӣ ба ҳамдигар ҳукмфармост. Чойхона ба аъзоёни ҷамоат барои гузаронидани вохӯрию чорабиниҳои ҷамоатӣ ҷой пешниҳод мекунад. Ин ҷои барои муошират мувофиқ буда, мизоҷон метавонанд барои истироҳату муошират ҷамъ оянд. Энифа, аъзои шинохта ва боэҳтироми ҷамоат аст. Чойхона, воситаи иловагии таъминоти воситаҳои зиндагонии оилаи Энифа мебошад, ки қисми аввали он аз ҳисоби даромади се акр замини шахсии оила, ки дар он ҷуворримакка мепарваранд, пурра карда мешавад. Ба намунаи фаъолияти тиҷоратӣ, ки даромад меорад: нигоҳдории мағозаи на он қадар калон, савдои либосҳои истифода шуда ва инчунин, савдои китобро номбар намудан мумкин аст.

Корхонаҳои хурд ва миёна Корхонаҳои хурд ва миёна дар муқоиса бо фаъолиятҳои хурди бо мақсади гирифтани даромад татбиқшаванда, сатҳи васеътари фаъолиятҳоро дарбар мегиранд. Дар онҳо зиёда аз як нафар одамон кор мекунанд ва барои кормандони худ онҳо манбаи асосии даромад мебошанд. (Баъзан истилоҳи «микрокорхона» истифода бурда мешавад, аммо дар ҳақиқат бошад дар байни мафҳумҳои микрокорхона ва корхонаи хурд фарқияте дида намешавад). Он метавонад аз аъзоёни як ё якчанд оилаҳо ва инчунин, якчанд кормандони кироя ташкил шуда бошад. Дар чунин корхонаҳо мумкин аст усулу воситаҳои (технологияҳои) «муосир» (ғайрианъанавӣ) истифода шаванд. Молҳо ва хизматрасониҳои истеҳсолкардаи онҳо аз содда то мураккаб буда, баъзан дар бозорҳои берун аз ҷамоати онҳо ба савдо бароварда мешаванд. Ин гуна корхонаҳо одатан малакаҳои хуби техникӣ ва идоракуниро талаб менамоянд. Одатан, онҳо дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ фаъолият менамоянд, аммо дар ҳудуди байни сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳам, ҷойгир шуда метавонанд, масалан, онҳо метавонанд, қисмҳои алоҳидаи маводу воситаҳоро дар сохтори ғайрирасмӣ, масалан дар хона тайёр намуда, баъд онҳоро ба ягон корхонаи калон, дар сохтори расмӣ ба савдо бароранд. Ба намунаи фаъолияти истеҳсолӣ (ки ҳамчун корхонаҳои хурд ва миёна тасниф мешаванд), кори челонгарӣ, дуредгарӣ ва дӯзандагӣ, инчунин бофтани қолинҳо, дӯхтани либос дар хона, тайёр намудани сумкаю борхалтаҳо, хиштрезӣ ва парвариши замбӯруғҳоро ворид намудан мумкин аст.

БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН

29

ЗАМИМАИ 14

Ҳиндустон

Оғози бомуваффақият Дар иёлати Кералаи Ҳиндустони Ҷанубӣ, созмони ғайридавлатии «Маркази рушди умумӣ» татбиқи барномаи ТСҶ-ро оғоз намуда, корхонаи начандон калонро оид ба истеҳсоли вентиляторҳои ба шифти хона меовехтанӣ, ки сифатнокиаш ба маводи содиротӣ баробар аст кушоданд. Дар корхонам мазкур 40 нафар кормандон бо кор таъмин карда шуданд, ки нисфи онҳоро одамони дорои маълулият ташкил мекунанд. Ҳамаи ҷузъу гиреҳҳои вентиляторҳо, аз ҷумла электромоторҳо аз маводи хоми маҳаллӣ истеҳсол мешаванд. Молҳо дорои сифати баланд буда, бо ёрии як ширкат дар шаҳри Деҳлӣ ба мамлакатҳои халиҷи Форс содир (экспорт) карда мешаванд. Корхона дар деҳот ҷойгир аст, аммо барои кушодани он ҳамкории зич байни созмони ғайридавлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, бонкҳо ва бизнеси корпоративӣ зарур шуд. Ин корхонае, ки онро худи кормандон идора менамоянд, ҳамчун намунаи муваффақиятест, ки дар натиҷаи арзёбии муфассали бозор, интизориҳои хеле баланд, вале воқеӣ ва истифодаи самараноки робитаҳо ба даст омадааст. Ба намунаи хизматрасониҳо (дар сатҳи корхонаҳои хурд ва миёна): таъмири дучархаҳо, таъмири телевизорҳо ва радиоприёмникҳо, нусхабардорӣ ва равон намудани факсҳо, нигоҳ доштани дӯконҳо бо ғизои тайёр, осиёбҳо, хизматрасониҳои компютерӣ ва Интернетро номбар намудан мумкин аст.

ЗАМИМАИ 15

Комбоҷа

Татбиқи иқтидори бо хизматрасониҳо вобаста Ҷудокунии иттилооти рақамӣ, лоиҳаест дар Камбоҷа, ки ба омӯзиш ва бо кор таъмин намудани одамони дорои маълулият ва одамони дорои маълулият набуда машғул аст. Фаъолияти лоиҳа аз омода намудани иттилооти компютерӣ барои бозори амрикоӣ, махсусан, рақаммонии ҳуҷҷатгузории китобхонаҳои донишгоҳҳо мебошад. Лоиҳаи Ҷудокунии иттилооти рақамӣ ба одамони дорои маълулият малакаҳои кор бо компютерро омӯзонд, ки онҳо дар бозори байналмилалӣ бо дигарон рақобат карда метавонанд. Лоиҳа, ҷавононеро ҷалб менамояд, ки аз кори худ интизориҳои баланд ва барои татбиқи онҳо иқтидори зарурӣ доранд.

Гурӯҳҳои худёрирасон ва корхонаҳои гурӯҳӣ Чӣ тавре, ки аллакай қайд шуд, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ба одамони дорои маълулият одатан иқтисодиёти ғайрирасмӣ имкониятҳои зиёди дастрас намудани даромад ва таъмини воситаҳои зиндагониро медиҳад. Аммо, соҳибшуғл будан дар сохтори ғайрирасмӣ нафақа ё дигар намудҳои бехатарӣ ва ҳифзи иҷтимоиро таъмин наменамояд. Бинобар ин, кормандони соҳибшуғл бояд ягон тарзи таъмини ҳифзи ҳаёти худро ёбанд; роҳи беҳтарин дар ин ҷо аъзо ё ҷамъ шудан дар гурӯҳ мебошад. Ташкил намудани гурӯҳҳои худёрирасон дар баъзе мамлакатҳо, яке аз воситаҳои асосии рушди ҷамоат ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ гаштааст.

30

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Гурӯҳи худёрирасон маҳфуми умумӣ барои гурӯҳи шахсоне мебошад, ки барои татбиқи мақсади умумӣ муттаҳид шудаанд. Дар бисёр ҳолатҳо мақсади асосӣ, ҷамъоварии маблағ аз рӯи ҷадвали умумии суғуртавӣ мебошад. Маблағҳои ҷамъшударо барои расонидани ёрӣ ба аъзоёни гурӯҳ дар ташкил ё васеънамоии соҳибкорӣ истифода бурдан мумкин аст. Гурӯҳ инчунин, метавонад якҷоя корхонаро идора намояд, бо назардошти хавфҳо, фаъолиятро дар ҳудудҳое амалӣ намояд, ки як нафар аз ӯҳдаи татбиқи онҳо баромада наметавонад. Аммо, яке аз вазифаҳои муҳими ин гуна гурӯҳ аз он иборат аст, ки он одамонро барои иҷрои вазифаи умумӣ муттаҳид менамояд, робитаҳои иҷтимоиро пурзӯр ва рушди воқеии ҷамоатро таъмин менамояд. Одамони дорои маълулият метавонанд ба гурӯҳҳои одамони дорои маълулият набуда ҳамроҳ шаванд ё гурӯҳҳои алоҳидаи худро ташкил диҳанд. Ҳар дуи ин роҳҳо тарафҳои қавӣ ва заиф доранд. Баъзе одамони дорои маълулият, мумкин аст, мехоҳанд дар гурӯҳҳо фаъолият намуда тарафҳои қавии худро истифода намуда, дилпурона қобилиятҳои худро нишон диҳанд. Дигарон эҳтимол хоҳиши ҳамроҳ шудан бо одамони дорои маълулият набударо доранд, то ба татбиқи раванди фарогирӣ мусоидат намоянд. Барномаҳои ТСҶ бояд ин ҷанбаи мушкилотро ба назар гирифта, ҳассос бошанд ва ҳар ду тарзро дастгирӣ намоянд (ниг. ба қисми «Васеъшавии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо», боби «Гурӯҳҳои худёрирасон») .

ЗАМИМАИ 16

Малавӣ

Корхонаи бомуваффақият 25 нафар одамони дорои маълулият дар ноҳияи Лилонгвии Малавӣ, бо мақсади идоракунии корхонаи якҷоя гурӯҳи «Титикуку»-ро таъсис доданд. («Титикуку», чун «мо бояд худро такмил диҳем» тарҷума мешавад). Баъди арзёбии бодиққати бозори маҳаллӣ ва қобилиятҳои шахсии худ аъзоёни гурӯҳ қарор доданд бо парвариши занбӯруғ машғул шаванд. Барои чӣ? Чунки дар меҳмонхонаҳои маҳаллӣ ба онҳо талабот мавҷуд буд. Барои оғоз намудан ба онҳо гармхонаи оддӣ, пардаи селлофании ба чорчӯбаи таранг кашида шуда ва спораҳои занбӯруғ лозим буд. Технологияи парвариши онҳо хеле оддӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад; ягон намуди поруҳо ё дигар намуди химикатҳо истифода бурда намешаванд. Ин шуғли бисёр хуб барои одамони дорои маълулият мебошад, ки меҳнати вазнин ё коркарди байни ҷӯякҳоро талаб намекунад, тамоми амалҳоро дар аробачаи маълулият нишаста иҷро намудан мумкин аст. Вазни занбӯруғҳо хеле кам аст ва онҳоро ба осонӣ ба воситаи дучарха аз ҷое ба ҷое бурдан мумкин аст. Донишу малакаҳо албатта заруранд, вале онҳоро ба осонӣ азхуд намудан мумкин аст. Гурӯҳ маҳсулоти худро ба осонӣ савдо мекунад ва баъзан пешниҳод аз талабот ақиб мемонад.

Интихоби шаклҳои сохтори ташкилӣ барои гурӯҳҳои ҷамоатӣ, аз мақсадҳои онҳо вобаста аст. Гурӯҳҳои начандон калони маблағҳои баргарданда (худёрирасон) пурра ба боварии байни иштирокчиёни он, такя менамоянд. Барои пасандозҳо ва корхонаҳои хурд ба монанди гурӯҳи замбӯруғпарварон «Титикуку», сохтори ғайрирасмӣ бештар афзалиятнок аст. Аммо, барои корхонаҳои нисбатан мураккаб ва калон, даромад ва дороии бештар зери хавф қарор мегирад, бинобар ин интихоби шакли беҳтарин ин ташкил намудани гурӯҳи расмӣ ё кооператив мебошад, ки фаъолияташон аз тарафи қонун ба танзим дароварда мешавад ва аъзоёни онро аз, масалан дуздии молу маблағҳо эмин медорад. Чӣ қадаре, ки корхона калон бошад, ҳамон қадар танзими расмӣ барои он муҳим аст. БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН 31

Новобаста аз он, ки гурӯҳ расмӣ ё ғайрирасмӣ аст, асоси фаъолияти он ҳамон хел мемонад: ин бояд корхонае, бошад, ки ҳамаи аъзоён ба он ҳуқуқи якхела дошта, ба таври демократӣ идора шавад ва шартҳои ёрии дутарафа, баробарӣ ва ҳамфикрӣ риоя шаванд. Идоракунии босифат гузаронидани ҷаласаҳои мунтазам, интихоби роҳбарони офисҳо, бақайдгирии саривақтии мусоҳибавӣ ва бақайдгирии ҳамаи қарорҳоро дар назар дорад, ҳамаи ин қисми асосии рушди салоҳият, боварӣ ба қувваи худ ва боварию эътимод нисбати аъзоёни гурӯҳ мебошад, новобаста аз он ки гурӯҳ ё корхона начандон калон ва ғайрирасмӣ мебошад. Аксар вақт калимаи «кооператив» (ҳамкорона, якҷоя) барои муайян намудани гурӯҳе, ки бо соҳибкории якҷоя машғуланд,– баъзан дар шакли васеяш истифода бурда мешавад. Кооперативҳои расмӣ иттиҳодҳои кордон мебошанд, ки аз тарафи аъзоёни он идора шуда, аз тарафи қонун танзим карда мешаванд. Кооперативҳое мавҷуданд, ки аъзоёнашон танҳо одамони дорои маълулият мебошанд ва инчунин кооперативҳои таркибашон омехта, яъне аъзоёнашон ҳам одамони дорои маъюбият ва ҳам дорои маъюбият набуда мебошанд. Одамони дорои маълулияте, ки хоҳишманди ташкил намудани кооператив ҳастанд, бояд бо қонунгузорӣ оид ба фаъолиятҳои кооперативҳо шинос бошанд ва меъёру қоидаҳои дахлдорро риоя намоянд.

ЗАМИМАИ 17

Созише, ки ба ҳама маъқул аст

Филиппин

Қариб ҳамаи 650 нафар аъзоёни 12 кооперативҳои ибтидоӣ, ки ба федератсияи Миллии кооперативҳои Филиппин дохил мешаванд, дорои ягон навъи маълулияти ҷисмонӣ, ҳиссӣ (сенсорӣ) ё маълулияти ақлонӣ мебошанд. Федератсия аз тарафи Раёсат оид ба масъалаҳои рушди кооперативҳо ҳамчун кооперативи ягонаи филиппинии сатҳи дуюм барои одамони дорои маълулият, сертификатсия шуда аст. Самти асосии фаъолияти он – истеҳсоли курсиҳо ва партаҳо барои Вазорати маориф аст. Шиори Федератсия: «Мо намехоҳем, ки шумо маҳсулоти истеҳсолкардаи моро бо сабаби дилсӯзӣ харидорӣ намоед. Онҳоро барои он харидорӣ намоед, ки ин додугирифт, интихоби беҳтарин аст!» Баъзе намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки бо он коргарон-одамони дорои маълулият машғуланд, эҳтимол ба маънои том соҳибшуғл ҳисоб намешаванд. Устохонаҳо барои одамони дорои маълулият, устохонаҳои истеҳсолӣ ё корхонаҳои иҷтимоӣ, ки дар ҳақиқат ба худи кормандон тааллуқ надоранд ва аз тарафи онҳо идора карда намешаванд, ба гурӯҳи соҳибшуғлон дохил намешаванд.

Фаъолиятҳои тавсияшаванда Муайян кардани имкониятҳои бозор Миқёс ва хосияти шуғли пешниҳод гардида чӣ хеле, ки набошад ва новобаста аз шахсӣ ё гурӯҳӣ будани он, барномаҳои ТСҶ арзёбии мушаххаси бозорро бояд гузаронанд. Таҳлили бозор дар таркиби худ се ҷузъи асосӣ дорад: 32 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

1. Муайян намудани талаботҳои қонеъ нашуда ё нопурра қонеъшуда. 2. Омӯхтану таҳқиқи технологияҳое, ки ҳангоми истеҳсоли ягон маҳсулоти барои фурӯш истеҳсолшуда истифода бурда мешавад. 3. Интихоби маҳсулот ё хизматрасонӣ, ки ба манфиатҳо ва имкониятҳои шахс ё гурӯҳ мутобиқ мебошанд. Муайян намудани талаботҳои қонеъ нашуда қобилияти дида тавонистани он чизҳоест, ки ба чашм нонамоёнанд (тафаккури ғайримеъёрӣ). Гурӯҳи одамони дорои маълулият дар «Титикуку», ки бо парвариши занбӯруғҳо машғуланд (ниг. ба замимаи 16), муайян намуд, ки ба маҳсулоти онҳо дар меҳмонхонаҳо талабот ҳаст, аммо дар бозорҳои маҳаллӣ он фурӯхта намешуд. Гурӯҳ аз штати Керала, ки вентиля­ торҳои шифтӣ истеҳсол менамояд (ниг. ба замимаи 14), бо талаботи маҳаллӣ маҳдуд нашуд, ба хулосае омад, бозори нисбатан васеъ ва ба маҳсулоти онҳо талабгор, берун аз ҷамоат воқеъ аст. Ба он нигоҳ накарда, ки технологияи парвариши занбӯруғҳо хеле оддӣ аст, дар Малави то лаҳзае, ки гурӯҳи «Тикикуку» ба кор шурӯъ накард, он васеъ шинохта намешуд. Аъзоёни гурӯҳ оид ба масъалаи занбӯруғпарварӣ аз ходими калисои маҳаллӣ иттилоот гирифтанд ва дониши заруриро аз факултаи хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи Лилонгве дастрас намуданд. Истеҳсоли вентиля­ торҳои шифтӣ аз ҷиҳати технологӣ нисбатан мураккаб аст, вале барномаи ТСҶ омӯзиши заруриро оид ба малакаҳои техникӣ дар ширкате, ки корхона мехост маҳсулоти худро ба он фурӯшад, ташкил намуд. Маҳсулоте, ки онро гурӯҳи «Титикуку» интихоб намудааст, замбӯруғпарварӣ, барои одамони дорои маълулияти ҳаракат хеле муносиб аст, чунки он аз ҷиҳати экологӣ тоза, вазнаш сабук буда, меҳнати вазнинро талаб наменамояд. Вентиля­ торҳои шифтӣ ба он нигоҳ накарда, ки аз ҷиҳати техникӣ нисбатан мураккаб бошанд, ҳам аз тарафи одамони дорои маълулият бе ягон мушкилӣ истеҳсол карда мешаванд.

Вобаста намудани фаъолияти интихобшуда бо муҳити атроф махсусан дар маҳалли деҳот Дар шаҳрҳо нисбат ба деҳотҷойҳо имкониятҳои нисбатан бештари соҳиби шуғле, ки даромад меорад, дар сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии иқтисодиёт мавҷуданд. Қисмати зиёди аҳолии деҳот, аз ҷумла одамони дорои маълулият, аксар вақт ба шаҳрҳо ба муҳоҷират бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасониҳои беҳтар ва имкониятҳои ёфтани ҷои кор мераванд. Барномаҳои ТСҶ ҳам дар ноҳияҳои деҳотӣ ва ҳам дар шаҳрӣ бояд намудҳои бештари шуғлҳое, ки даромад меорад ва муҳити атроф мувофиқанд, муайян намоянд. Чунончи, дар ноҳияҳои деҳотӣ дар он ҷое, ки интихоб маҳдуд аст, махсусан роҳҳоеро ёфтан зарур аст, ки одамони дорои маълулият ба воситаҳои зиндагии оилаҳои худ саҳмгузорӣ карда тавонанд ва ба шаҳрҳо ба муҳоҷират нараванд. Масалан, бисёр оилаҳои деҳотӣ новобаста аз он, ки онҳо замин доранд ё не, ҳайвоноти хонагиро ба монанди, мурғ, хук, буз ва говро мепарваранд. Нигоҳубини самараноки онҳо метавонад сатҳи худтаъминкунии ин гуна оилаҳоро беҳтар намояд, чунки одамони дорои маълулият метавонанд вазифаҳои асосиро оид ба нигоҳубини ҳайвонот дар шароитҳои хонагӣ, ба ӯҳдаи худ гиранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бозорҳои фурӯши маҳсулоти дар хона истеҳсол шударо муайян намоянд.

БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН

33

ЗАМИМАИ 18

Филиппин

Велорикша ба Санди даромад меорад Санди аз оилаи камбизоат буда, дар шаҳри Табако-Ситии музофоти Албай, Филиппин зиндагӣ мекунад. Бо сабаби ақибмонии инкишофи ақлӣ вай аз овони кӯдакӣ дар парастории оила ва махсусан модараш буд. Дар соли 1997 вақте ки ӯ 10 сола буд, кормандони барномаи ТСҶ-и ҳукумати шаҳри Табако бо ӯ дар алоқа шуданд ва аз ҳамон лаҳза ҳаёти ӯ дигаргун шудан гирифт. Ба шарофати барномаи ТСҶ модари Санди аз чӣ иборат будани маълулияти писараш ва барои беҳтар намудани сифати ҳаёти писарча кадом корҳоро амалӣ кардан зарур аст дарк намуд. Ба мушкилоти зиёд ва табъиз нигоҳ накарда, Санди мактаби ибтидоиро хатм намуд ва баъд таҳсилро дар шӯъбаи махсуси мактаби таҳсилоти умумии Миллии Сан-Лоренцо давом дод. Дар давраи таҳсил дар мактаб Санди пухтани хӯроки осон, бозорӣ кардан, истифодаи компютер, тайёр намудани шамъҳо ва дигар ҳунарҳои дастиро азхуд намуд. Аммо таҳсил дар мактаб барои ӯ раванди дилгиркунанда буд. Дар синни 17 солагӣ ӯ ба кофтукови имкониятҳо барои дастрас намудани даромади худ, оғоз намуд. Чун ҳамаи наврасоне, ки вақтхуширо дӯст медоранд, Санди низ дучархасавориро бисёр дӯст медошт ва ин ӯро ба фикр оид ба он, ки чӣ тавр пул кор карданро оғоз намудан мумкин аст, овард. Вай аз волидонаш хоҳиш намуд, ки ба ӯ велорикшаро дастрас намоянд. Онҳо барои ин харид пул надоштанд, аммо ӯ онҳоро бовар кунонд, ки велорикшаро бо қарз гиранд ва ваъда дод, ки худаш ҳар моҳ маблағи муайянро пардохт менамояд. Ҷавон ба ваъдаи худ вафо намуд. Дар ихтиёри худ велорикша дошта, ӯ қобилияти гирифтани даромади зарурӣ барои қонеъ намудани талаботҳои асосии худ, пардохти маблағҳо барои маводи тиббӣ ва саҳмгузориро ба буҷаи хонаводааш дорад. Вазъи нави ӯ ба муносибати аъзоёни ҷамоат нисбати ӯ таъсир расонид. Ҷавон дигар ба табъиз гирифтор намешуд; баръакс, ӯро барои иштирок дар корҳои ҷамоат таклиф менамуданд. Санди нақл менамояд: «Ман одаме ҳастам, ки ба ман таълим гирифтан душвор аст. Бинобар ин, барои ман хеле муҳим аст, ки мустақил бошам, ҳаёти сермаҳсул барам, аз дастгирии оила ва ҷамоат, ки дар он ҷо маълулияти ман боиси табъиз намегардад, истифода барам ва албатта ояндаи дурахшон дошта бошам».

Интихоби шахсиро таъмин намудан Интихоби фаъолияти корие, ки шахс мехоҳад бо он машғул шавад, қарори инфиродии худи ӯ мебошад ва бояд ба манфиатҳо, малакаҳо ва захираҳои ӯ такя намояд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • ба шахс дар муайян намудани манфиату шавқмандиҳои худ ёрӣ расонанд; • муайян намоянд, ки аз тарафи аъзоёни оила чӣ гуна дастгирӣ мавҷуд аст; • ба шахс дар муайян намудани малакаҳо ва имкониятҳое, ки ӯ барои гирифтани даромад истифода бурда метавонад, ёрӣ расонанд; • дар ҳолати мавҷуд будани имконият, шахс ё волидони кӯдакони дорои маълулиятро ба гурӯҳе, ки барои ба даст даровардани даромад фаъолият менамояд ҳавасманд намоянд. • ба занҳои дорои маълулият бо мақсади ҷалб намудани онҳо ба гурӯҳҳое, ки барои дастрас намудани даромад фаъолият мекунанд, диққати махсус додан лозим аст. • ба соҳибкорони бомуваффақият, аз ҳисоби одамони дорои маълулият барои роҳбалади дигар одамони дорои маълулият шудан, ёрӣ расонидан лозим аст. 34 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

ЗАМИМАИ 19

Фикрронии соҳибкоронаи Педро

Ангола

Педро ҷавони дорои маълулият аз Ангола буда, соҳиби фикру ақидаҳои хеле зиёд мебошад. Вай дорои маълулият аст, ки ба он дар давраи кӯдакӣ пас аз бемории фалаҷ гирифтор шудааст. Вале, фикрронии хеле солим ва дастони ҳунарманд дорад. Ӯ ба қарор омад, ки аквариумҳои моҳиҳои ороиширо созад. Ӯ аквариумҳои хеле хуб месозад ва онҳо хеле хуб ба савдо мераванд. Вале, барои сохтани аквариуми нисбатан калонтар ва ба бозорӣ бештар ҷолиб баромадан, ба ӯ насосҳо ва обполо (филтрҳо) лозим шуданд, ки дар Ангола онҳоро ёфтан хеле мушкил буд. Кормандони лоиҳаи ТСҶ ба қобилияти соҳибкории ӯ баҳо дода, қарор доданд, ки иштироки ӯро дар соли 2008 дар ярмаркаи соҳибкории хусусӣ ва хурд дар шаҳри Уила маблағгузорӣ намоянд. Баъди намоиш додани маҳсулоти худ дар ярмарка, Педро бо якчанд мағозаҳо, ки изҳори таъмин намудани ӯро бо насосоҳо ва филтрҳои зарурӣ намуданд ва инчунин пешниҳод намуданд, ки маҳсулоташро фурӯшанд, робитаро барқарор намуд. Ба ғайр аз ин, гурӯҳи ТСҶ ба ӯ машваратҳои хуқуқӣ медиҳад ва иштироки ӯро дар барномаи омӯзишӣ оид ба менеҷмент ва ҳисобот маблағгузорӣ менамояд. Педро, азбаски бизнеси ӯ равнақ ёфт, ваъда дод, ки дигар одамони дорои маълулиятро ба кор таъмин намуда ба онҳо малакаҳои заруриро меомӯзонад.

Муайян намудани намунаҳо барои ибрату пайравӣ Барои одамони дорои маълулият намунаҳои мусбӣ барои ибрат лозиманд, ки барои бо шуғли даромаднок машғул шудан рӯҳбаланд намоянд. Дар бисёр ҷамоатҳо соҳибкорони дорои маълулият, ки дар кори худ муваффақанд, хеле зиёданд; агар онҳо ба шабакаи барномаи ТСҶ шомил бошанд, пас онҳо на танҳо ҳамчун намунаи пайравӣ барои дигар одамони дорои маълулият мешаванд, балки метавонанд, ки муносибатро дар ҷамоат нисбати одамони дорои маълулият дигаргун намоянд. Рӯҳбаланд ва дастгирӣ намудани занҳои дорои маълулият. Намудҳои фаъолият, ки даромад меоранд, метавонанд ба занҳои дорои маълулият имконият диҳанд, ки воситаҳои иловагиро барои саҳмгузорӣ намудан ба буҷети оилаашон зиёд намоянд. Аммо, чунин занҳои дорои маълулият дар роҳи иштирок дар фаъолияти корӣ ба монеаҳо дучор мешаванд. Ин монеаҳо бо сабаби зарурати нигоҳубини кӯдак ва иҷрои ӯҳдадориҳои хонагӣ, норасоии дониш ё малакаҳои касбӣ, анъанаҳои маданӣ, ки имконияти бо чӣ шуғл шудани занро муайян менамоянд ва набудани захираҳо, пайдо шуданашон мумкин аст. Барномаҳои ТСҶ бояд барои расонидани ёрӣ ба занҳои дорои маълулият оид ба ташкил ё васеъ намудани фаъолияте, ки дар шароитҳои хона ё ҷамоат иҷро шуда даромад меорад, инчунин иштирок дар гурӯҳҳои худёрирасон ва корхонаҳои коллективӣ кӯшишҳои иловагиро ба харҷ диҳанд. Барои ин, дастгирии иловагӣ зарур шуданаш мумкин аст, аз ҷумла ташкили нигоҳубини кӯдакон, омӯзиш оид ба малакаҳои касбии заминавӣ ва малакаҳои дастгирии бизнес ва инчунин, ташкили гурӯҳҳои худёрирасон барои занҳои дорои маълулият. БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН 35

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва созмонҳои дар соҳаи рушд фаъол Паст кардани сатҳи камбизоатӣ афзалияти аниқ ифодаёфтаи фаъолияти ҳукуматҳо, агентиҳо оид ба рушд ва барномаҳои ТСҶ мебошад. Барномаҳои ТСҶ аз ҳама бештар қобилияти беҳтар намудани вазъияти иқтисодии одамони дорои маълулият, бо роҳи ташкил намудани ҳамкориҳо бо шӯъбаҳои мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва созмонҳои дар соҳаи рушд фаъолияткунанда, ки барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатиро татбиқ менамоянд ва соҳиби таҷриба дар ин соҳа мебошанд, доранд. Ба стратегияҳои мазкур инҳо дохил мешаванд: • ташвиқу рӯҳбаланд намудани барномаҳои умумии давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба рушди соҳибкории хурд барои қабули муносибату сиёсати фарогир бо мақсади фарогирии одамони дорои маълулият ба хизматрасонӣ ва ёрие, ки онҳо пешниҳод менамоянд; • расонидани ёрӣ дар дохил намудани одамони дорои маълулият ба барномаҳои умумии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушд.

ЗАМИМАИ 20

Паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо ёрии сарфаи маблағҳо ва қарзҳо Лоиҳаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар аёлати Андхра Прадеши Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки аз тарафи агентии гурӯҳи маблағгузорон (мултидонорӣ) маблағгузорӣ карда мешавад, ба пурқувватгардонӣ ва беҳтар намудани мавқеи занон бо ёрии баланд бардоштани даромадҳои онҳо ва зиёд намудани назорати онҳо равона карда шудааст. Стратегия ба сарфаи маблағҳо ва қарзҳои хурд асос меёбад. Ба барнома одамони дорои маълулият низ дохил карда шудаанд. Як қатор барномаҳои ТСҶ дар ин аёлат аллакай муносибатҳои дӯстона бо лоиҳаи зикргардида барқарор намудаанд. Ҳавасманд ва дастгирӣ намудани созмонҳои одамони дорои маълулият ва ҷалб намудани онҳо ба эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият ва ташвиқи онҳо ба иқдомҳои маҳаллӣ дар соҳаи рушди иқтисодӣ.

Ҳиндустон

ЗАМИМАИ 21

Хитой

Мутобиқкунии бомуваффақият ва таъсиррасонӣ Дар музофоти Хэйлунтсзяни, Ҷумҳурии Хитой, Федератсияи одамони дорои маълулият ҳукумати маҳаллиро барои қабули сиёсати дохил намудани одамони дорои маълулият ба марказҳои таълими якҷоя (омехта) ва барномаҳо, баромад намуда, бомуваффақият ба натиҷаи мусбӣ ноил гардид. Дар натиҷа иқдоми асосӣ дар соҳаи таълими асосҳои хоҷагии қишлоқ, ки бо номи сертификати Сабз маълум аст, омӯзишу хизматрасониҳоро оид ба бизнес барои ҳазорон одамони дорои маълулият таъмин менамояд. Аз хазинаи барқарорсозӣ (ки ба системаи квотаҳо такя менамояд) қарзҳоро гирифта, ҳазорон одамони дорои маълулият кори шахсии худро оғоз намудаанд. 36 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

• Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои соҳаи рушд, ки ба хизматрасониҳо оид ба таҳияи бизнес хизмат мерасонанд.

ЗАМИМАИ 22

Эфиопия

Тарғибу ташвиқи фаъолияти соҳибкории занҳо Дар Эфиопия барномаи рушди соҳибкорӣ дар байни занҳо ҳамеша занҳои дорои маълулиятро низ ба фаъолиятҳо фаро мегирад. Барнома омӯзиши малакаҳои ибтидоии корӣ, хизматрасониҳоро оид ба таҳия ва рушди бизнес ташкил медиҳад, дастрасиро ба қарзҳо таъмин намуда, ба пурзӯр намудани ассотсиатсияҳои занҳои соҳибкор мусоидат менамояд. Яке аз чунин занҳо, ки дорои маълулият аст, роҳбари иттиҳоди минтақавии занҳои соҳибкор таъин шудааст.

Осон намудани дастрасӣ ба сармояи ибтидоӣ Новобаста аз он ки, кадом шакли соҳибкорӣ бо мақсади даромад ба нақша гирифта шуда бошад, ба капитали ибтидоӣ талабот пайдо мешавад. Чор манбаи он мавҷуд аст: захираҳои шахсӣ ё оилавӣ, пасандозҳо, қарзҳо ва грантҳо. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба одамони дорои маълулият дар пайдо намудани малакаҳои сафарбарии захираҳо ёрӣ расонанд ва ба капитали ибтидоӣ дастрас шаванд (нигаред ба боби Хизматрасониҳои молиявӣ).

ЗАМИМАИ 23

Кафе-ошхонаи Акуа

Гана

Акуаи шасту панҷ сола аз Борае, Гана мебошад. Тақрибан 40 сол пеш бо сабаби бемории оби марворид (глаукома) ӯ дорои маълулияти биноӣ гардидааст. Мегӯянд, ки дар оилаи онҳо гум кардани қобилияти биноӣ бемории модарзодӣ аст, чунки боқимонда шаш нафар аъзоёни оила тахминан бо ҳамин сабаб қобилияти биноии худро гум кардаанд. Акуа оиладор аст, вай соҳиби шаш фарзанд, ду духтар ва чор писар мебошад. Айни замон фарзандон калон шуда ва бо оилаҳои худ зиндагӣ мекунанд. То беморӣ, Акуа сартарош буд ва шавҳараш бошад, маҳсулоти ғизоӣ савдо мекард. Пас аз гум кардани қобилияти биноӣ ӯ бо истисноӣ набудани ягон ҷои кор, табъиз, ва бепарасторию қашоқӣ дучор гардид. Дар доираи барномаи маҳаллии ТСҶ Акуа даври тавонбахшии саломатиро гузашт, ки ба ӯ имконияти мутобиқ шудан ба вазъияти рухдода, барқарор намудани боварӣ ба худ ва қобилияти идоракунии амалҳои худро дод ва малакаҳои навро азхуд намуд, то ба шуғли даромаднок банд шавад. Дере нагузашта, Акуа ба ҳаёти фаъолонаи иҷтимоӣ баргашт ва кафе – ошхонаро кушод, ки дар он кенкей (хӯроки машҳури маҳаллӣ, ки аз ҷуворимакка омода шуда, бо моҳии бирён ва қаланфури тез истеъмол карда мешавад) тайёр намуда, мефурӯшад. Барои гирифтани қарз бо мақсади ташкили соҳибкории (бизнеси) нав Акуа бо иттиҳоди маҳаллии қарзӣ дар алоқа шуд ва ёрии молиявиро дастрас намуд. Ҳар саҳар, хусусан дар рӯзҳои бозории деҳаҳо дар назди ошхонаи Акуа навбати мизоҷонро дидан мумкин аст, ки хоҳиши истеъмоли кенкейи ӯ бо моҳии бирёнро доранд. Акуа ба воситаҳои зиндагии оилаи худ ва ҷамоат саҳмгузор аст. БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН 37

Меҳнати кироя Муқаддима Ҳар як инсон ҳуқуқ ба меҳнати арзандаро дорад. Одамони дорои маълулият ҳар як намуди шуғлро истифода мебаранд, дар ҳама намудҳои соҳибкорӣ ва ҳамаи сохторҳо фаъолият менамоянд. Чунин фаъолияте нест, ки «танҳо барои одамони дорои маълулият кашф карда шуда бошад». Ҳар як шахси дорои маълулият, ки дар ҷустуҷӯи ҷои кор аст, шахсияти дорои манфиатҳои шахсӣ, мақсадҳо, малакаю маҳоратҳо, қобилият ва сатҳи муайяни дониш мебошад. Ин ҷиҳатҳои шахсӣ, инчунин талаботҳои бозори меҳнат ва мавҷуд будани дастгирӣ, омилҳои асосӣ мебошанд, ки онҳоро ҳангоми расонидани ёрӣ ба одамони дорои маълулият барои таъминкунӣ ба ҷои кор ба назар гирифтан лозим аст. Дастрасӣ ба меҳнати музднок ҳамеша бояд чун яке аз намудҳои интихоб барои шахсоне, ки дорои маълулиятанд ва кор мекобанд, дида баромада шавад. Қобилияти меҳнатии одамони дорои маълулиятро бояд аз нигоҳи малакаҳои меҳнатии онҳо ва он фоидае, ки онҳо метавонанд биёранд, ба назар бояд гирифт, на бо ягон андешаҳои хайриявӣ. Бинобар ин, дониш ва омодагии ҳаматарафа дар ин ҷо нақши хеле муҳимро мебозад. Меҳнати кироя барои музди муқарраршуда одатан дар иқтисодиёти расмӣ вомехӯрад, бинобар ин, дар мамлакатҳое, ки ин соҳа хуб тараққӣ намудааст, бахши мазкур беҳад фоиданок мешавад. Аммо, меҳнати кироя инчунин, дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ низ вомехӯрад.

ЗАМИМАИ 24

Филиппин

Адвокат Айрин Айрин дар ҷазираи Палавани Филиппин дар соли 1980 таваллуд шудааст. Ӯ бо бемории тангнои сутунмӯҳра таваллуд шудааст, ки ба вайроншавии ҷиддии қобилияти ҳаракат оварда мерасонад. Ҳар сол онҳо бо модараш маҷбур буданд, ки ба Манила ба сафари дурудароз ва гаронарзиш барои устувор ё иваз кардани миёнбанд (корсет)-и махсуси тахтапушт, бароянд. Вақте, ки лоиҳаи ТСҶ «Баҳатала» дар Палаван фаъолияти худро оғоз намуд, дар доираи он ҳуҷраи гузоштани узви сунъӣ (протезмонӣ) ва раддодӣ ташкил гардид. Ин ба сафарҳои тез- тез ва дурудароз ба Манила хотима гузошт. Барномаи ТСҶ ба аъзоёни оилаи духтарча дастгирии маънавӣ расонд ва тавсия дод, ки мағозаи начандон калони баққолии оилавиро барои баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддӣ, рушд ва васеъ намоянд. Ин ба Айрин барои хатм намудани мактаб бо баҳоҳои хуб ёрӣ расонд ва баъд ба ӯ грант барои хониш дар донишгоҳ ҷудо шуд. Айрин дипломи аълоро оид ба политология гирифт ва баъд омӯхтани ҳуқуқро оғоз намуд. Дар соли 2006 вай мактаби ҳуқуқшиносиро аъло хатм кард ва боз як гранте гирифт, ки ба ӯ имконияти супоридани имтиҳон барои фаъолияти ҳимоячиро дод. Айни замон Айрин ҳамчун ҳимоячӣ дар суди Олии Филиппин фаъолият менамояд ва аз рӯи ихтисоси худ аз ягон ҳуқуқшиноси дигари судӣ камӣ надорад.

МЕҲНАТИ КИРОЯ

39

ЗАМИМАИ 25

Раҳнамоии раванди бо кор таъминнамоии одамони дорои маълулият ва иваз намудани муносибат нисбати онҳо. Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, дар Ҷумҳурии Лубнон бо кор таъмин намудани одамони дорои маълулияти ҷисмониро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад; дар Лубнон соҳаи расмии иқтисодиёт хеле пешрафта ва меҳнати кироя намуди беҳтарин барои одамони дорои маълулият ҳисоб мешавад. Директори Иттиҳод чунин мегӯяд: «Талаботҳои ҳамаи мо ҳар гуна мебошанд, аммо ҳуқуқҳо якхелаанд». Лоиҳаҳои Иттиҳод дар соҳаи шуғл барои дастрас шудан ба се натиҷаи асосӣ равона шудаанд: 1. Иваз намудани муносибат нисбати одамони дорои маълулият дар сектори хусусӣ, ки дар он бо кор таъминкунандагон онҳоро ҳамчун кормандони имконпазири дорои иқтидори истеҳсолкунанда ва қобилияти харидан дошта эътироф намоянд. Дар ин ҷо нишондиҳандаи асосӣ - баланд бардоштани фоизи бо кор таъминбудагони дорои маълулият дар корхонаҳои хусусӣ мебошад. 2. Баланд бардоштани иқтидори одамони дорои маълулият ба воситаи масалан, пешниҳоди дастрасӣ ба барномаҳои асосии омӯзиши касбӣ ва техникӣ, ки ба талаботҳо ва вазъияти одамони дорои маълулият ва инчунин, ба воқеияти бозори меҳнат, мутобиқ шудаанд. 3. Иваз намудани сиёсат ва амалияи давлат бо роҳи масалан, амалӣ намудани чорабиниҳои зерин: муассисаҳои давлатӣ қонунҳоро оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият самаранок иҷро менамоянд; стратегияҳои миллӣ аз муносибат дар асоси хайрия ба одамони дорои маълулият, ба муносибати фарогир мегузаранд; марказҳои миллии шуғли аҳолӣ барои беҳтар ҷавобгӯй будан ба эҳтиёҷоту талаботҳо ва бо кор таъмин шудани одамони дорои маълулият бо донишу малакаҳои кор бо чунин одамон муҷаззаҳ карда мешаванд. Барои расидан ба ин натиҷаҳо, Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, дар Ҷумҳурии Лубнон таҳқиқ менамояд, ки дар куҷо ва дар кадом вазъият одамони дорои маълулият бо кор таъмин мегарданд; бо кортаъминкунандагони имконпазир муносибат барқарор менамояд; омӯзонидани одамони дорои маълулиятро ташкил менамояд, то ки онҳо ба талаботҳои бо кор таъминкунандагон мувофиқат намоянд. Иттиҳод барои одамони дорои маълулият марказҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои бо кор таъминкуниро таъсис дод. Ин марказҳо ҳамчун сохторҳои дастраскунии иттиоолот фаъолият менамоянд ва ҳам бо кор таъминкунандагон ва ҳам ба коркобон аз ҳисоби одамони дорои маълулият хизмат мерасонанд. Мақсади онҳо робита намудан бо шахсони бо кор таъминкунанда аст, то аниқ намоянд, ки кормандони кадом касбҳо ба онҳо лозиманд ва баъд ба одамони дорои маълулият дар пайдо намудани малакаҳои зарурӣ ёрӣ расонанд. Ба ғайр аз ин, Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, дар Ҷумҳурии Лубнон веб-сайтро барои коркобон аз ҳисоби одамони дорои маълулият бо мақсади муайян намудани ҷойҳои корӣ ва дар алоқа шудан бо кортаъминкунандагон фаъол намудааст. Тони, мизоҷи маркази машваратии шуғл дар назди Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ мебошад, ки дар киноархив кор мекунад ва бо барқароркунии кинофилмҳо машғул аст, ӯ мегӯяд: «Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ ба ман хеле ёрӣ расонданд. Онҳо бо ширкатҳои хеле зиёд дар алоқа ҳастанд ва ба шарофати, махсусан ҳамин робитаҳо онҳо ба ман шуғли шавқовар ва эҷодӣ пайдо намуданд». 40 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Лубнон

Мақсад Одамони дорои маълулият ба меҳнати кироя дастрасии баробар дошта, дар дарёфти воситаҳои зиндагии худ аз он истифода мебаранд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Вазифаи барномаҳои ТСҶ аз пурқувват намудани одамони дорои маълулият барои дастрасӣ ва нигоҳ доштани ҷои кор дар соҳаи меҳнати кироя, бо истифодаи усули таъмини дастрасии баробар ва муносибат нисбати онҳо дар ҷои кор, инчунин, дастрасӣ ба хизматрасониҳое, ки ба ёфтани шуғли кироя мусоидат менамоянд, иборат мебошад.

Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият дар соҳаҳои иқтисодиёти расмӣ ва ғайрирасмӣ ба меҳнати кироя машғул буда, воситаҳои зиндагонияшонро таъмин карда истодаанд; • корфармоён одамони дорои маълулиятро бо роҳи ташкил намудани муҳити фарогир ва дастраси корӣ, ба кор гирифта ва нигоҳ медоранд. • роҳбарон ва ҳамкорони одамони дорои маълулият оид ба мушкилиҳои онҳо тасаввуроти кифоя ва муносибати мусбӣ доранд • сохторҳои асосии шуғл дар соҳаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ одамони дорои маълулиятро фаро гирифтаанд. • ба воситаи дастрас намудани ҷойҳои кории музднок малакаҳои худбаҳодиҳӣ, ҳисси ҳимояи шахсӣ ва эътибору манзалати одамони дорои маълулият дар оила ва ҷамоат, баланд шудааст. • ба шарофати дастрас намудани меҳнати кироя одамони дорои маълулият ба ҳаёти оила ва рушди иқтисодии ҷамоат саҳмгузоранд.

Мафҳумҳои асосӣ Чорабиниҳои ба ҷои кор таъминнамоӣ Бисёр мамлакатҳо қонунҳо ва чорабиниҳои сиёсие қабул намудаанд, ки ба тарғибу ташвиқи фарогирии одамони дорои маълулият ба ҷойҳои кории муқаррарӣ ба монанди квотаҳо, қоидаҳои зиддитабъиз, чораҳои бо кортаъминкунии воқеӣ, нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва баргаштан ба онҳо, инчунин чораҳои бо кортаъминкунии алетрнативиро пешбинӣ менамоянд.

Намудҳои меҳнати кироя Се намуди асосии меҳнати кироя, ки барои одамони дорои маълулият дастрасанд, аз инҳо иборатанд: Меҳнати кироя дар заминаҳои умумӣ Одамони дорои маълулият ҳуқуқ доранд, ки дар бозори меҳнати рақобатӣ бо ҳамон манфиатҳо ва музди меҳнате, ки дигар коргарон мегиранд, иштирок намоянд. Имкониятҳои бо кор таъминкунӣ дар соҳаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хусусӣ, аз МЕҲНАТИ КИРОЯ 41

ҷумла дар ширкатҳои байналмилалӣ ва корхонаҳои расмӣ ва ғайрирасмии иқтисодӣ мавҷуданд.

Меҳнати кирояи дастгиришаванда Баъзе одамони дорои маълулият мумкин аст, ба дастгирии доимӣ ниёз дошта бошанд, то ин ки дар ҷараёни меҳнат иштирок карда тавонанд. Ду намуди шуғли дастгиришаванда мавҷуд аст: 1. бо кор таъминкунии инфиродӣ, вақте ки корманди ёрирасон дар ҷои корӣ ба коргари дорои маълулият омӯзиш мегузаронад ва инчунин, барои самаранок иҷро намудани вазифаҳояш ба ӯ ёрӣ мерасонад; 2. ташкили кори гурӯҳӣ (бригадавӣ), ки дар он ба гурӯҳи одамони дорои маълулият шароитҳо барои кори якҷоя дар асосҳои умумӣ ё ба сифати бригадаи сайёр муҳайё шуда, доимо дастгирӣ карда мешаванд. Онҳо барои ҷамоат хизматрасониҳоро ба тариқи шартномавӣ иҷро мекунанд, масалан, рӯбучини идораҳо, боғдорӣ, корҳо оид ба ободонии замин ва шустани мошинҳо.

Корхонаҳои махсусгардонидашуда барои одамони дорои маълулият Баъзе одамони дорои маълулият, ки ҳангоми кирояи рақобатӣ ё кушода, қобилияти ёфтан ё нигоҳ доштани ҷои корро надоранд, бо дастгирӣ ё бе он, дар шароитҳои махсус ва одатан муҳофизатдоштаи системаи шуғли махсусгардонидашуда, одатан дар устохонаи махсус таҷҳизонида шуда, кор карда метавонанд. Чунин устохонаҳо одатан, танҳо одамони дорои маълулиятро киро менамоянд. Музди меҳнат ва шароитҳои корӣ аз ҷойҳои муқаррарӣ фарқ карданашон мумкин аст. Баъзе устохонаҳои махсусгардонидашуда бештар корҳои сатҳи ҷамоатӣ доштаро иҷро менамоянд ва қисмҳои махсусгардонидашуда шароитҳои умумӣ доранд ё усулу тарзҳои соҳибкорӣ ва корхонаҳои иҷтимоиро чун намуна истифода мебаранд. Баъзе аз онҳо инчунин, музди меҳнати хуб ва имтиёзҳоро пешниҳод менамоянд ва корҳои дорои арзиши баланд ва ба ҷойҳои доимии корӣ мувофиқро, ки дар ҷамоат вуҷуд доранд, анҷом медиҳанд.

Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ оид ба иқтидор ва ҳуқуқи одамони дорои маълулият ба меҳнат Фаъолияти баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ оид ба иқтидори одамони дорои маълулият ба меҳнат бо мақсади додани имконият ба онҳо барои ёфтани ҷойҳои корӣ аз рӯи киро, аҳамияти калон дорад. Барои татбиқи фаъолияти мазкур бештар ба корфармоён ва созмонҳои онҳо, одамони дорои маълулият ва созмонҳои онҳо, корхонаҳои давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, кормандон ва созмонҳои онҳо, аъзоёни оилаҳо ва ҷамоатҳо, диққат дода, саъю кӯшишҳои мувофиқро татбиқ намуд. Ҷалб ва иштироки мансабдорони давлатӣ ба фаъолияти мазкур манфиатнок аст. 42 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

ЗАМИМАИ 26

Барбадос

Тарғиби васеъ намудани имкониятҳои шуғл ба воситаи татбиқи чорабиниҳои сиёсӣ Бо мақсади фаро гирифтани одамони дорои маълулият бо фаъолиятҳои муқаррарӣ (шуғли мунтазам) дар асосҳои умумӣ, Конфедератсияи бо кор таъминкунандагони Барбадос ҳуҷҷати сиёсиро таҳти сарлавҳаи «Расонидани ёрӣ барои таъмини шуғли одамони дорои маълулият» таҳия намуд. Дар раванди муаррифии ҳуҷҷати мазкур вазири рушди иҷтимоии Барбадос ҷаноби Тревор Прескод қайд намуд, ки татбиқи стратегияҳое, ки дар ҳуҷҷат ифода ёфтааст, муносибати ҳамоҳангсозонаи байнисоҳавиро талаб менамояд. «Бинобар ин, бисёр сохторҳои давлатӣ, шахсӣ ва ғайридавлатӣ, бояд барои таъмин намудани иҷроиши саривақти барномаҳо хеле боғайрат бошанд». Вазир инчунин қайд намуд, ки барои раҳнамоии беҳтари ҳамкориҳо Ҳайати вазирон ва барномаи миллӣ дар соҳаи кор бо одамони дорои маълулият корҳои зиёдеро анҷом доданд, аз ҷумла ба воситаи ташкили Шӯрои миллии машваратӣ оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият таъсис дода шуд, ки бояд дар баробари дигар вазифаҳо, боз санҷишҳо гузаронида, оид ба дигаргун шудани вазъияти онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳисобот пешниҳод намоянд. Дарк намудани муҳите, ки дар он чорабиниҳои сиёсӣ амалӣ мешаванд Пеш аз оғози ҳар гуна маъракаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, барномаҳои ТСҶ бояд оид ба ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ки бо кор таъминкунии одамони дорои маълулият ва вазифаҳои бо кортаъминкунандагон дар матни маҳаллӣ вобаста аст, тасаввурот гиранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бо одамони дорои маълулият ва созмонҳои онҳо бо мақсади шинос шудан бо стратегияҳои миллӣ ва маҳалӣ дар соҳаи шуғл кор кунанд ва агар чунин стратегияҳо мавҷуд набошанд, пас барои таҳияи онҳо баромад намоянд. Хеле муҳим аст, ки худи бо кор таъминкунандагон ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро дуруст дарк намоянд. Муайян намудани стратегияи аз ҳама самараноки беҳтар намудани сатҳи иттилоотнокӣ Стратегияи чорабинии баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ҷузъиётҳои зеринро дар бар мегирад: • ҷамъ намудани иттилоот оид ба вазъи ҳуқуқии ҳозира ва ифодаи он дар намуди дастрас ва осон; • муайян намудани корхонаҳое, ки аллакай ҳозир одамони дорои маълулиятро фаъол киро менамоянд ва истифодабарии онҳо ҳамчун намунаҳо барои ибрату пайравӣ; • ҳамкорӣ бо ташкилотҳо ва фаъолони ҳаракатҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва истифодабарии «намунаи муаваффақият аз таҷриба»-и шахсиятҳои барҷаста, ки дорои маълулиятанд, ҳамчун намунаи ибрат барои дигарон. Ифода намудани бартариҳо барои соҳибкорӣ (бизнес) Бартарии ба кор қабул намудани одамони дорои маълулият барои бо кор таъминкунандагон дар чист? МЕҲНАТИ КИРОЯ 43

• Бо кор таъминкунандагони одамони дорои маълулият мунтазам қайд менамоянд, ки онҳо дар муқоиса бо ҳамкасбони худ, ки дорои маълулият нестанд, ба натиҷаҳои якхела ё нисбатан баландтар оид ба маҳсулнокӣ, саривақт омадан ба кор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ноил мегарданд. Паст шудани сатҳи ивазшавии кадрҳо мушоҳида мешавад: одатан одамони дорои маълулият ба иваз кардани ҷои кор назар ба онҳое, ки дорои маълулият нестанд, камтар майл доранд. • одамони дорои маълулият малакаю маҳоратҳои ба соҳибкорон заруриро доранд, ҳам малакаҳои техникӣ оид ба касб ва ҳам малакаҳои гузарандаи ҳалли мушкилот, ки дар раванди ҳаёти ҳаррӯзаашон ба даст омадаанд. • барои бисёр ширкатҳо масъулияти умумии (корпоративии) иҷтимоӣ аҳамияти бештар пайдо карда истодааст ва онҳо чунин меҳисобанд, ки бояд ба ҷамоат ва мизоҷон барои муваффақ гардидани корашон мусоидат намудан «миннатдорӣ» баён намоянд.

ЗАМИМАИ 27

Россия

Дастгирӣ ва омӯзиш Созмони ғайридавлатии «Аспектус», аз кишвари Перми Россия буда фаъолияти асосиаш ба дастгирии раванди фарогирии иҷтимоӣ ва касбии одамони дорои маълулият, ки дар қаламрави кишвари мазкур кор мекунанд, бахшида шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Созмони «Ҳэндикэп интернешнл» ва Агентии шуғли аҳолии кишвари Перм, Маркази асосии иттилоотӣ бо чор шӯъбаҳои минтақавӣ ва инчунин, веб-сайт ташкил шуданд, ки вазифаашон аз ташвиқу дастгирии раванди бо ҷои кор таъминнамоӣ ва ташкили омӯзишҳо барои одамони дорои маълулият иборат мебошад.

Пурқувватгардонӣ ва дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади дастрас намудани ҷои кор Таъмин намудани робита бо сохторҳои равонасозӣ ва дастгирӣ Ба барномаҳои ТСҶ зарур аст, ки ба иттилооти навтарин оид ба сохторҳое, ки ба одамони дорои маълулият дар ёфтани кори кироя ёрӣ мерасонанд, дастрасӣ дошта бошанд. Ба чунин сохторҳо масалан: хизматрасониҳои махсусгардонидашуда ва фарогири таълими касбӣ ва шогирдӣ, марказҳои тиббӣ ва марказҳои барқарорсозии касб, хизматрасониҳои молиявӣ, сохторҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои рушди касб ва шуғл (давлатӣ ва хусусӣ) дохил мешаванд. Барномаҳои ТСҶ инчунин метавонанд хоҳишмандони дорои маълулиятро, ки барои дастрас намудани ҷои кор ба онҳо муроҷиат мекунанд, ба ин сохторҳо равона намоянд ва дар он ҷое, ки ин сохторҳо нестанд, оид ба расондани хизматрасониҳои мазкур чораҷӯӣ намоянд. Омӯхтан ва арзёбии вазъияти бозори меҳнат Барои он, ки ба одамони дорои маълулият дар дарёфти кор ёрӣ расонида шавад, иттилооти дақиқ ва саривақтӣ зарур аст. Баъзе маълумотҳо мумкин аллакай мавҷуд бошанд, масалан аз палатаи маҳаллии савдо ё сохтори махсуси давлатӣ, ба монанди Вазорати меҳнат гирифта шаванд. Имкониятҳои бо кор таъминкуниро инчунин, бо роҳи гузаронидани тадқиқоти оддӣ, ки аз арзёбии талаботҳои корхонаҳо, талаботҳои онҳо ба қувваи корӣ ва инчунин, пешниҳоди кормандони касбҳои мувофиқро пешбинӣ менамояд, муайян намудан мумкин аст. 44 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Арзёбӣ ва дастгирии одамони дорои маълулияте, ки ба ҷои кор ниёз доранд. Пеш аз шахсони дорои маълулияти ба ҷои корӣ ниёздоштаро бо кор таъмин намудан, бояд муайян намоед, ки ӯ бо кадом кор машғул шудан мехоҳад. Шавқмандӣ, мақсадҳо, малакаю маҳоратҳо, истеъдодҳо ва шаклҳои дастгириро (масалан, аз оила) фаҳмида гиред. Инро ҳангоми сӯҳбат бо ӯ масалан, сатҳи маълумотнокӣ, сатҳи омодагӣ ва собиқаи меҳнатиаш, машғулиятҳои ҳаррӯза, мақсаду шавқмандиҳо, инчунин, мушоҳида намудан ҳангоми кори ҳаррӯза ё ташкил намудани санҷиш барои ӯ фаҳмидан мумкин аст. Расонидани ёрӣ дар муайян намудани мувофиқатии корманд ба талаботҳои тахассусӣ Яке аз элементҳои муҳими ёрӣ ба одамони дорои маълулият, ки ба ҷои кор ниёз доранд муқоиса намудани имкониятҳои онҳо бо тавсифи кор (ва дастури хизматӣ) мебошад (масалан, малакаю, истеъдодҳо, зарурати дастгирӣ дар ҷои корӣ). Барои дуруст муайян намудани кори мувофиқ барои онҳо, таҳлили вазифаҳои хизматӣ ё ҷои корӣ лозим шуда метавонад, ки таҳлили вазифаи мавҷударо дар бар мегирад ва муайян менамояд, ки корманд бо чӣ машғул аст, чӣ тавр ва дар кадом шароитҳо фаъолият менамояд ва чӣ гуна малакаҳо ва қобилиятҳо талаб карда мешаванд. Муайян намудани талаботу эҳтиёҷот ба дастгирӣ Фаҳмидани он, ки чӣ тавр норасоии ҷисмонии одамон ба онҳо дар ҷои кор таъсир мерасонад, хеле муҳим аст. Ин корро ба роҳи рӯирост аз одами дорои маълулият пурсидан, амалӣ кардан мумкин аст. Инчунин, назорату мушоҳидаи шахс дар ҷои кораш ё ҳангоми иҷро намудани фаъолиятҳои ҳаётии ҳаррӯза манфиатнок аст. Дар асоси ин маълумот муайян намудани намуди ёрӣ ё мутобиқшавӣ ба шахси дорои маълулият дар муҳити корӣ зарур аст, масалан, вақти иловагӣ барои ба итмом расонидани супориш, тарҷимон, таҷҳизоти махсус, ёрӣ бо нақлиёт имконпазир аст. Гузаронидани омӯзиш оид ба малакаҳои ҷустуҷӯи кор Бисёр одамони дорои маълулият барои худашон қобилияти ҷустуҷӯй намудани корро доранд. Аммо, барои рушди ин малакаҳо дар худ ба онҳо омӯзиш гузаронидан зарур аст, масалан, оид ба маҳорати тартиб додани тарҷимаи ҳол, ёфтани кор аз рӯи эълони рӯзномаҳо, бо ёрии аъзоёни оила ва хешовандон пур кардани саволномаҳо, гуфтугӯ бо телефон ё тартиб додани мактубҳо ва инчунин, ҳангоми сӯҳбат таассуроти хуб гузоштан. Инчунин, ба ҷӯяндагон пешниҳод намудани дастрасӣ ба таҷҳизоте, ки ҷустуҷӯи корро осон менамояд, муҳим аст, масалан, телефон, компютер, мизи корӣ.

МЕҲНАТИ КИРОЯ

45

ЗАМИМАИ 28

Камбоҷа

Мувофиқати ҷӯяндагон ба ҷойҳои кории холӣ Шӯрои кории машваратӣ аз Камбоҷа гурӯҳи ихтиёрӣ буда, роҳбарони бизнес (соҳибкоронро) муттаҳид менамояд, ки якҷоя барои васеъ намудани имконияту дастрасии одамони дорои маълулият ба ҷои кор, ёрӣ расонанд. Яке аз вазифаҳои Шӯро, аз ҷумла, ин муайян намудани ҷойҳои холии корӣ бо ёрии аъзоёни худ мебошад ва баъд аз он, бо Созмони ғайридавлатӣ маҳаллӣ ва Маркази миллии одамони дорои маълулият робита намуда, чӯяндагони корро муайян менамояд, ки то кадом дараҷа ба ҷойҳои холӣ мувофиқ мебошанд.

Расонидани ёрӣ ба кормандон – одамони дорои маълулият дар нигоҳ доштани ҷои кор Истифодабарии алоқаҳои мавҷуда Оила ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба баъзе одамони дорои маълулият дар ёфтан ва нигоҳ доштани кори кироя ёрӣ расонанд. Масалан, ҳангоме, ки ёфтани ҷои кор осон нест, хешовандони наздик ва рафиқонро барои расонидани ёрӣ даъват намудан мумкин аст. Одами дорои маълулият инчунин, метавонад аз шабакаю робитаҳои онҳо шаклҳои амалии ёриро дастрас намояд: масалан, аз ҳамсояаш илтимос намояд, ки ӯро ба кор бурда расонад ё маълу мотро оид ба ҷойҳои холӣ аз рафиқони кор мекардагӣ ва аъзоёни дигари оила, ки кор мекунанд, ҷустуҷӯ намояд. Таъмини дастгирии доимӣ бо ёрии роҳбаладон, раҳнамоёни соҳаи соҳибкорӣ ва шарикон Ҳамин, ки ягон шахси дорои маълулият ба кор гирифта шуд, барномаи ТСҶ метавонад ба ӯ барои дастрас намудани коргари ёрирасон, дастурдиҳанда оид ба кори нав, корманди корхонаи мазкур, ихтиёрӣ аз ассотсиатсия ё шахсеро, ки ба ӯ мунтазам барои ислоҳҳои зарурӣ ё мутобиқкунии ҷои корӣ ёрӣ расонад, то ин ки ба кортаъминкунанда ва коргар дар ҳалли мушкилиҳои имконпазир ёрӣ расонида ва иҷрои мувофиқи вазифаҳои хизматиро таъмин намояд. Чунин хизматрасониҳои иловагиро одатан созмонҳои ғайридавлатӣ ё сохторҳои соҳаи шуғл таъмин мекунанд; эҳтимол барои он, ки кормандони барномаи ТСҶ мунтазам одамони дорои маълулиятро дар ҷои корӣ хабар гиранд ва муайян намоянд, ки корҳои ӯ чӣ тавр рафта истодаанд ва оё ӯ ба ёрӣ мӯҳтоҷ аст ё не.

46

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

ЗАМИМАИ 29

Ҳиндустон

Расидан ба натиҷаҳо бо ёрии истодагарӣ ва дастгирӣ Срини дар яке аз ширкатҳои калони Ҳиндустон, Випро, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият намуда 44 ҳазор нафар кормандон дорад, кор мекунад. Ҷавон гирифтори фалаҷи майнаи сар (серебралӣ) буда мавқеи имрӯзаашро ба воситаи ҷуръату истодагарии худ ва ёрии волидон ба даст овардааст. Вақте, ки Срини кӯдак буд, падару модари ӯ қарор доданд, ки ба ӯ аз рӯи ҳама кӯшишҳои имконпазир ҳаёти беҳтарин пешниҳод намоянд. Тарбияи ӯ лоиҳаи ҷолиби диққати якҷоя бо иштироки худи Срини, волидон ва дигар шахсони ба ӯ боваридошта шуд. Вақте, ки Срини 12 сола буд, падараш ба ӯ мошини хатнависиро харид, ки писарча дар он зуд чопкуниро омӯхт ва вазифаҳои мактабиро иҷро менамуд. Мактабро хатм намуда, ӯ ба курсҳои омӯзиши компютерии 6 моҳа дохил шуд ва дар он ҷо тамоми малакаҳои заминавиро азхуд намуд. Ҳамон вақт вай ҳамчун ихтиёрӣ дар «Ҷамъияти одамони фалаҷи майнаи сар» ба кор шурӯъ намуд ва ба дигар талабагон истифодаи компютерро омӯзонд. Дар ин ҷо қисмати хушбахт ба ӯ насиб гардид. Вақте, ки ноиб - президенти ширкати Випро ба ширкат ташриф овард, кори Сриниро дида монд ва ба ӯ ҷой таклиф намуд. Срини дар ширкат аллакай ҳафт сол боз меҳнат менамояд. Ӯ бо масъалаҳои маъмурӣ, таъмини техникии конфронсҳо ва семинарҳо, инчунин даровардани иттилоот ва дигар супоришҳоро дар компютер машғул аст. Ба он нигоҳ накарда, ки Срини аз маълулияти нуқсони нутқ азият мекашад, ӯ бо кормандон, махсусан бо почтаи электронӣ, робитаи хуб дорад.

Ташкил намудани шарикӣ ва шабакаҳои хамкориҳо бо сохтори шуғл. Ҳангоми расонидани ёрӣ ба одамони дорои маълулият дар ҷустуҷӯи кор, барномаҳои ТСҶ набояд танҳо фаъолият намоянд. Дар бисёр мамлакатҳо муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мавҷуданд, ки ба онҳо метавонанд ёрӣ расонанд. Ҳатто сохторҳои касбӣ, махсусан асотсиатсияҳои табибони ба воситаи меҳнат табобаткунанда (трудотерапевтҳо) метавонанд дар ёфтан ва нигоҳ доштани ҷои кор ба одамони дорои маълулият, ёрӣ расонанд. Созмонҳои бо кор таъминкунандаро барои ба кор гирифтани одамони дорои маълулият ҳавасманд намудан Созмонҳои бо кор таъминкунанда, махсусан палатаҳои савдо, клубҳои одамони ӯҳдабаро (Ротари – клубҳо), асотсиатсияҳои собиқ ҳатмкунандагони марказҳои таълимӣ ва дигарон метавонанд иттилооти манфиатнокро оид ба талабот ба қувваи корӣ, ҷойҳои холӣ, талаботҳои бозор, норасоиҳо дар омода намудани кадрҳо ва дигар маълумотро оид ба масъалаҳои шуғл пешниҳод намоянд. Барномаҳои ТСҶ якҷоя бо созмонҳои одамони дорои маълулият метавонанд аксияҳои тарғиботиро ба нақша гиранд, ки мақсади онҳо – ин водор намудани ҳамаи бо кор таъминкунандагон, аз бизнеси хурд, миёна ва калон – имконияти киро намудани одамони дорои маълулиятро дида баромадан аст ва такя намудан ба мисолҳои дар боло зикр гардида ва таҷрибаи иттиҳодҳои шахсии худ, зарурати онро фаҳмонда диҳанд. Баъзе бо кор таъминкунандагон барои таъмин намудани одамони дорои маълулият бо кор, фаъолона иштирок менамоянд. МЕҲНАТИ КИРОЯ 47

ЗАМИМАИ 30

Шри-Ланка

Бартараф намудани монеаҳо барои шуғл Бо иқдоми Федератсияи бо кор таъминкунандагони Сейлон шабакаи Шри-ланкии бо кор таъминкунандагон оид ба мушкилотҳои маълулият ташкил шудааст, ки дар он гурӯҳи соҳибкорон бо масъалаҳои бартараф намудани монеаҳо, ки одамони дорои маълулият бо онҳо во мехӯранд, машғул мебошанд. Он бо созмони байналмилалии ғайридавлатии «Ҳавасмандкунӣ» бо мақсади ташкил намудани якчанд ярмаркаҳои ҷойҳои холӣ барои одамони дорои маълулият дар алоқа шуд. «Ҳавасмандкунӣ» номзадҳоро мувофиқи талаботҳои бо кор таъминкунандагон интихоб менамояд ва ба онҳо имконият медиҳад, ки баъди гирифтани омӯзиш оид ба малакаҳои бо кор таъминшавӣ, худро ба бозор пешниҳод намоянд ва дар ярамаркаҳои ҷойҳои холӣ иштирок намоянд. Шабакаи Шри-ланкии бо кор таъминкунандагон дар бисёр дигар чорабиниҳо иштирок намуданд, баъзан танҳо, баъзан бо ёрии сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ. Дар қатори ин чорабиниҳо – семинарҳо барои бо кор таъминкунандагон, аксияҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ, таҳияи CD-ROM барои омӯзиши менеҷерони забони имову ишора ва инчунин, таҳия ва паҳнкунии «Кодекси амалияи бо кор таъминкунандагони Шри-Ланка, ки дар он оид ба чӣ тавр киро ва ҷалб намудани одамони дорои маълулият дар ҷои кор маълумот дода шудааст.

Ташкил намудани ҳамкориҳо бо иттифоқи касаба ва созмонҳои меҳнаткашон Барномаҳои ТСҶ ҳамчунин, метавонанд ҳамкориҳоро бо иттифоқҳои касаба ва созмонҳои меҳнаткашон ташкил намоянд. Азбаски ин сохторҳо тарафдори ақидаҳои баробарӣ, ҳамфикрӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошанд, онҳо дорои имконияти беназир барои ташвиқу раҳнамоии имкониятҳои баробар ва муносибат нисбати кормандони дорои маълулият мебошанд. Иттифоқҳои касаба метавонанд ҳуқуқҳои одамони дорои маълулиятро тарафдорӣ намоянд, барои ёфтани ҷои кор ташвиқу ёрӣ расонда ва дар ҷои кор дастгирӣ намоянд. Расонидани ёрӣ барои бо кор таъмин намудани одамони дорои маълулият дар созмонҳои ғайридавлатӣ Созмонҳо, махсусан, онҳое ки бо мушкилиҳои одамони дорои маълулият, тавонбахшӣ ва рушд машғуланд, бояд рафтори ба таъминкунии одамони дорои маълулият ё аъзоёни оилаи онҳоро дар ҷои кор, намоиш диҳанд. Барномаҳои ТСҶ бояд дар қатори афзалият, одамони дорои маълулият, махсусан занонро ҳамчун кормандони фаврӣ ё менеҷерон киро намоянд. Ин обрӯи созмонро баланд намуда, бовариро ба он ва барномаи ТСҶ-ро зиёд менамояд ва онҳоро барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни онҳо бештар қабулшаванда мекунад. Азбаски таҷрибаи зиёд доранд, ин одамон мушкилотҳои одамони дорои маълулиятро хуб дарк менамоянд ва барои онҳое, ки барнома онҳоро бояд фаро гирад, ҳамчун намуна мебошанд.

48

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Хизматрасониҳои молиявӣ Муқаддима Ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҷамъоварии маблағ, додани қарзҳо ва грантҳо, суғурта ва амалиётҳои интиқоли маблағҳо дохил мешаванд. Мафҳуми «қарзҳои хурд» мушаххас ба қарзҳои ҳаҷмашон хурд ва талаботҳои қарзии муштариён дахл дорад, дар сурате, ки маблағгузории хурд маҷмӯи калони хизматрасониҳоро фаро мегирад, масалан, пасандозҳо, суғурта, гаравҳо ва интиқоли маблағҳое, ки аз онҳо одамони дорои маълулият ва корхонаҳои хурд истифода мебаранд. Муассисаи маҳалии маблағгузории хурд метавонад маблағгузорӣ ва инчунин, фаъолиятҳои ба рушд нигарондаро ба монанди, омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ ва ҳаётӣ, машваратҳо нисбати ҳар гуна масъалаҳо, масалан саломатӣ, ғизо, беҳдошт, беҳтар намудани шароитҳои зист, таълими кӯдаконро пешниҳод намояд. Дастгирии ғайрирасмии молиявӣ аз дохили ҷамоат, масалан, аз аъзоёни оила, созмонҳои динӣ, ҳамсояҳо, дӯстон, гурӯҳҳои худёрирасон – ҳамеша нишонаи махсуси ҷамоатҳои камбизоат буда, шарти асосии зиндамонии онҳо мемонад. Намудҳои нисбатан ғайрирасмии таъминкунандагон аз кооперативҳо, бонкҳои деҳотӣ, созмонҳои суғуртавӣ ва қарздиҳӣ, фоидахӯрони анъанавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои микромолиявӣ иборатанд. Ин хизматрасониҳо ба камбизоатон ёрӣ мерасонанд, ки бо судхӯрони хусусӣ ва қарз диҳандагон ҳамкорӣ нанамоянд, ки онҳо маблағҳоро бо гарав кам менамоянд ва одатан фоизҳои калон мегиранд, ва ниҳоят оиларо маҷбур менамоянд, ки ба камбизоатӣ ҳар чӣ зиёдтар ғӯтида раванд. Бисёр оилаҳои камбизоат аз дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, бо сабаби набудани таъминоти гаравӣ ё кафолатдиҳанда, истифода намебаранд, қисми зиёди одамони дорои маълулият бошанд, ҳатто ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳуқуқи онҳоро ба моликият ё ҳуқуқро ба минтақае, ки дар он зиндагӣ менамоянд, надоранд ва ин ба онҳо имконияти гирифтани ёрии молиявиро маҳдуд мегардонад. Вазифаи барномаи ТСҶ аз расонидани ёрӣ, дар ҳолати зарурӣ, ва ҳамчун миёнрав баромад намудан иборат аст.

ЗАМИМАИ 31

Хизматрасониҳои молиявӣ барои дастгирии фаъолияте, ки даромад меорад Одамони дорои маълулият одатан ҳангоми кӯшиши ба даст овардани хизматрасониҳои молиявӣ барои дастгирии манбаъҳои даромади худ, ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Инро ба назар гирифта, лоиҳаи ТСҶ дар ноҳияи дурдасти музофоти Саваннакхетии Ҷумҳурии халқӣ демократии Лаос барои ташкил намудани Хазинаи деҳотии суғуртавӣ чун имконият барои одамони дорои маълулият, дар қатори дигар аъзоёни ҷамоат барои бартараф намудани мушкилот мусоидат менамояд. Дар деҳаи Фоксай, ноҳияи Сепон, Кумитаи молиявии деҳот таъсис дода шудааст, ки ба он ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам одамони дорои маълулият набуда, дохил мешаванд. Гурӯҳи кормандони ТСҶ омӯзиши аҳолии деҳотро оид ба малакаҳои пасандозҳо, идоракунӣ ва шӯъбаи ҳисобу китоб, ташкил намудааст. Аъзогӣ дар хазина фарогир буда, барои ҳамаи аҳолии деҳот кушода аст, ки ин ба одамони дорои маълулият имконияти иштирок намудан дар қабули қарорҳои асосӣ дар ҷамоатҳои худро медиҳад. Ҳар як аъзои хазина ҳар моҳ маблағи муайянро ба он ворид менамояд ва аз ин маблағҳо қарзҳои баргарданда дода мешаванд. Одамони дорои маълулият аз ҳуқуқи афзалиятноки гирифтани маблағҳо, ки барои дастгирии фаъолияти даромаднок зарур аст, истифода мебаранд. ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ 49

Лаос

ЗАМИМАИ 32

Ҳиндустон

Ташкил намудани гурӯҳҳо барои ҷамъоварии маблағҳои коллективӣ Дар Ҳиндустон ҳазорон гурӯҳҳои худёрирасон мавҷуданд, ки ҳаҷми умумии ҷамъовариҳои коллективии онҳо ба миллионҳо рупияҳо баробар аст. Соҳиби чунин маблағҳо, гурӯҳҳо метавонанд ба бонкҳо бо истифодаи пасандозҳои худ ба сифати таъминоти гаравӣ барои қарзҳои калон муроҷиат намоянд, ки ин ба онҳо барои иҷрои лоиҳаҳои нисбатан калонтар ва раҳо шудан аз камбизоатӣ имконият медиҳад. Яке аз чунин гурӯҳҳои худёрирасон аз 12 нафар одамони дорои маълулият (нӯҳ мард ва се зан), аз онҳо 10 нафар аз оқибатҳои бемории фалаҷ азият мекашанд, як нафар дорои маълулияти шунавоӣ ва ба яктоашон таҳсил гирифтан хеле мушкил аст. Ҳар як аъзои гурӯҳ ҳар моҳ 30 рупияро сарфа менамояд (0,66 доллари ИМА). Маблағи умумии сарфашуда ба 360 рупия дар як моҳ баробар аст (8 долл. ИМА) ва ба ҳисоби амонатӣ дар банк дохил мешавад. Аъзоёни гурӯҳ метавонанд аз қарзҳои маблағи пасандозҳо истифода баранд. Пардохтҳо барои бартараф намудани қарзҳо аз маоши фоизии баробар ба 2% дар як моҳ (24% дар як сол), иборат аст. Одатан пардохт дар тӯли 6 моҳ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо якчанд намунаи қарзҳое, ки аз маблағи пасандози коллективӣ гирифта шудаанд, оварда шудааст: • Зане 1000 рупияро (22,2 долл. ИМА) барои гирифтани мавод баҳри тайёр намудани хушбӯйҳои динӣ қарз гирифт. Ба маблағе, ки аз фурӯши ин маводҳо ба даст омаданд, ӯ модари худро нигоҳубин менамояд. • Дигар зан 1000 рупияро (22,2 долл. ИМА) баҳри харидани маводҳо барои гулдӯзӣ сарф кардааст. Вай тақрибан 300 рупия (6,6 долл. ИМА) дар як ҳафта даромад дорад ва модари кӯҳансоли худро нигоҳубин менамояд. Ба шарофати иштирок дар барномаи омӯзишии давлатӣ ӯ малакаҳои гулдӯзиро азхуд намуд. • Ҷавоне аз гурӯҳ 500 рупияро (11 долл. ИМА) барои пардохти таълим дар коллеҷ қарз гирифт. Ӯ иқтисодиёт ва асосҳои ҳуқуқҳои шаҳрвандиро меомӯзад ва мехоҳад, ки омӯзгор шавад. Аз давлат ӯ стипендия мегирад, аммо он танҳо дар охири сол пардохт карда мешавад ва то он лаҳза ӯ ба маблағ мӯҳтоҷ аст. Вай қарзи худро дар назди гурӯҳ баъди гирифтани стипендия адо менамояд. Гурӯҳ худаш андозаи фоизи қарзро муайян менамояд ва ҳисоб мекунад, ки ин пардохт даромади гурӯҳро тартиб медиҳад, бинобар ин, барои аъзоёни он зарар ҳисоб намешавад.

50

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Мақсад Одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ дастрасии баробар доранд ва ба туфайли ин, рушди иқтисодиёти худ ва дигар фаъолиятро дастгирӣ менамоянд ва сатҳи зиндагонии худро беҳтар мекунанд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз муайян, осон ва васеъ намудани имкониятҳои дастрасии одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои молиявӣ иборат аст.

Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият аз дастрасӣ ба маблағҳои бебозгашт, қарз ҳо ва дигар нақшаҳои ёрии молиявӣ аз сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ, мутобиқи мафҳумҳои камбизоатӣ, истифода мебаранд. • Дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ба одамони дорои маълулият имконият медиҳад, ки талаботҳои худро қонеъ намоянд, бизнеси хурдро, ки ба онҳо даромад меорад, ташкил ва рушд диҳанд. • Одамони дорои маълулият, махсусан занҳо назорати худро аз болои маблағҳо беҳтар намуда, қобилияти беҳтар идоракунии онҳоро доранд. • Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ қоидаҳои худ, сохторҳо ва муҳитро чунон мутобиқ менамоянд, ки аз онҳо одамони дорои маълулият истифода бурда тавонанд.

Мафҳумҳои асосӣ Намудҳои хизматрасониҳои молиявӣ Панҷ намуди асосии хизматрасониҳои молиявӣ мавҷуданд: пасандозҳо, қарзҳо, грантҳо, суғурта ва хизматрасониҳо оид ба интиқоли маблағҳо. Пасандозҳо Пасандоз, ин одате мебошад, ки дар асоси системаи эътимод ба қувваи худ асос меёбад. Пасандози мунтазам, то ҳатто маблағҳои начандон калон, барои одамоне, ки барои зиндамонӣ мубориза мебаранд, имконияти амалӣ медиҳад, ки идоракунии маблағҳоро омӯзанд. Он сармояи капитали молиявиро ташкил медиҳад, ҳисси аҳамиятнокии худ ва ҳамфикрии гурӯҳиро баланд менамояд, қобилияти қарздиҳиро барои гирифтани хизматрасониҳои молиявӣ, ташкил менамояд. Ҳеҷ кас хеле қашшоқ барои сарфа намудан, ҳисоб карда намешавад ва мавҷудияти маълулият низ набояд сабаби рад кардани пасандозҳо шавад, шахсони дорои имконияташон маҳдуд бошанд, набояд маълулиашонро ҳамчун баҳонаи сарфа накардан дида бароянд. Пасандозҳоро барои таҳсилот, омӯзиш ё баланд бардоштани сатҳи соҳибкорӣ сарф кардан мумкин аст. Бисёр намудҳои соҳибкорӣ (фаъолнокии корӣ) сармоягузории шахсиро дар ин ё он намуд металабад. Муассисаҳои қарзӣ одатан на он қадар ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ 51

хайрхоҳона ба аъзоёни нав, ки қобилияти сарфа карданро дар намуди пулӣ ё аслӣ (табиӣ) нишон надодаанд, муносибат менамоянд. Қарз Кредит, қарзе мебошад, ки одатан бо фоизҳояш дар вақти муайяншуда баргардонида шавад. Қарзҳо бо ҳар гуна роҳҳо пешниҳод карда мешаванд, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои худёрирасон, кооперативҳои қарзӣ ва амонатӣ, сохторҳои маблағгузории хурд ва бонкҳои тиҷоратӣ. Грантҳо Грантҳо дар намуди нақд ё аслӣ пешниҳод карда мешаванд, масалан дар намуди асбобу анҷом ва таҷҳизот, ҳайвонот ё маводҳои хоҷагии қишлоқ. Бисёр вақт онҳо аз тарафи барномаҳои давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, хазинаю ассотсиатсияҳо ё сохторҳои маҳаллӣ, ки барои расонидани ёрӣ ба гурӯҳҳои осебпазир ташкил шудаанд, пешниҳод мешаванд. Суғурта Ҳар гуна намудҳои суғурта мавҷуданд, ба монанди суғуртаи ҳосил, ҳаёт ё саломатӣ. Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баъзан суғуртаро ҳамчун илова ба қарз таъмин менамоянд. Баъзеҳо инчунин, суғуртаро аз навъҳои гуногуни маълулият пешниҳод менамоянд, ки механизми муҳими пешгирӣ мебошад ва барои наҷот ёфтан аз бенавоии иқтисодӣ ҳангоми гирифтани корношоямии эҳтимолӣ, мусоидат менамояд. Системаи интиқоли маблағ Барои он одамоне, ки кор карда наметавонанд ва аз дастгирии дигар шахсон вобастаанд, берун аз ҷамоати худ қарор доранд, дастрасӣ ба системаи самаранок ва оддии интиқоли маблағҳо аҳамияти муҳим доштанаш мумкин аст. Дар баъзе давлатҳо системаи ғайрирасмӣ, ки бо бонкҳо вобаста нестанд, истифода бурда мешаванд. Дастрасӣ ба амалиётҳои интиқолӣ инчунин, метавонад ҳангоми кушодани соҳибкорӣ (бизнес) зарур шавад.

Намудҳои таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар умум метавонанд ба се гурӯҳ тақсим карда шаванд: таъминкунандагони махсусгардонидашуда, ғайрирасмӣ ва ғайримахсусгардонидашуда. Таъминкунандагони махсусгардонидашуда Муассисаю созмонҳои гуногун хизматрасониҳои молиявии гуногунро пешниҳод менамоянд. Масалан, ширкатҳои суғуртавӣ суғуртаро таъмин менамоянд, ширкатҳо оид ба пардохти интиқолӣ бошад, ба монанди «Вестерн юнион», бо маблағгузаронӣ машғуланд. Одатан бонкҳои ба танзим дароварда шудаи тиҷоратӣ ҳар гуна намудҳои хизматрасониҳои молиявиро пешниҳод менамоянд, бонкҳои почтавӣ бошанд, бештар танҳо суратҳисобҳои амонатиро пешниҳод менамоянд. Сохторҳои махсусгардонидашудаи молиявии хурд, як қисми созмонҳои ғайридавлатӣ, ширкатҳои молиявӣ ва ҳатто бонкҳо мебошанд, ки ба пешниҳод наму-

дани қарзҳо машғуланд ва айни замон, бештар пешниҳод намудани амалиётҳои амонатӣ, интиқоли маблағ ва хизматрасониҳои суғуртавиро низ оғоз намудаанд. Кооперативҳои амонатӣ ва қарзӣ ба аъзоёни худ хизматрасониҳоро дар соҳаи амонатгузорӣ ва қарздиҳии маблағҳо татбиқ мекунанд. Таъминкунандагони ғайрирасмӣ Дар байни гурӯҳҳои худидорашаванда маблағгузориҳои баргарданда бештар паҳн шудаанд; дар баъзе давлатҳо онҳо ҳамчун системаҳои «чархуфалакӣ» маълуманд, дар дигар мавридҳо бошад, номҳои дигар доранд. Дар системаи мазкур як гурӯҳ одамон ихтиёран, дар ҳар ҳафта ё моҳ ҳаққи муайян ба «деги» умумӣ ворид менамоянд ва баъд маблағи ҷамъшуда якбора ба ягон нафар аз иштирокчиён дар намуди қарз ё грант, дода мешавад. Ин система ва гурӯҳ боз бо номи «Ассотсиатсияи пасандозҳои қарзии баргарданда» машҳур аст. Ин яке аз намудҳои хеле васеъ паҳншудаи фаъолияти бисёр гурӯҳҳои худёрирасон мебошад (ниг. ба қисми «Бо шуғли даромаднок банд будан» дар ҳамин қисм ва инчунин боби «Гурӯҳҳои худёрирасон» дар қисми «Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо»). Чунин намудҳои анъанавӣ тарзи самараноки кори бонкиро дар сатҳи ҷамоатҳо ифода менамоянд, ки аъзоёнаш метавонанд ба осонӣ маблағҳои яквақтаро ҷамъ намоянд ва барои эҳтиёҷоти мушаххас, онро дастрас намоянд. Системаҳои ғайрирасмии мазкур дар ҷамоатҳо пасандозҳои маҳалиро сафарбар ва нигоҳ медоранд ва бештар дар асоси боварӣ фаъолият намуда, ба рушди ҳамфикрии пурзӯри гурӯҳӣ ва сармояи иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Таъминкунандагони ғайримахсусгардонидашуда Бисёр вақт созмонҳои ғайримахсусгардонидашудаи ғайридавлатӣ, созмонҳои динӣ, созмонҳои одамони дорои маълулият ва муассисаҳои давлатӣ хизматрасониҳои молиявиро дар намуди грантҳо ва қарзҳо пешниҳод менамоянд. Фаъолияти асосии созмонҳои ғайримахсусгардонидашуда аз расонидани хизматрасониҳои молиявӣ иборат набуда, хизматрасониҳои молиявиро чун фаъолияти иловагӣ амалӣ мекунанд. Тарафҳои қавии фаъолияти таъминкунандагони ғайримахсусгардонидашуда чунинанд: • қарзҳо дар маҷмӯъ бо омӯзиши малакаҳои техникӣ ва соҳибкорӣ пешниҳод карда мешаванд; • хизматрасониҳо дар намуди нақдӣ ё аслӣ пешниҳод шуданашон мумкин аст, масалан, дар охири омӯзиши касбомӯзӣ ба шунавандагон метавонанд ҷамъи қисмҳои эҳтиётӣ, мошинаи дарздӯзӣ ё воситаҳои ёридиҳанда, аз ҷумла, аробачаи маълулиро тақсим намоянд. Тарафҳои заифи фаъолияти таъминкунандагони ғайримахсус гардонида шуда чунинанд: • вақт ва таҷрибаи касбӣ, ки барои пешниҳод намудани хизматрасониҳои қарзӣ заруранд, одатан ба таври кифоя ба эътибор гирифта намешаванд; ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ 53

• раванди арзёбии пешакии мизоҷони дорои маълулият баъзан саҳлгирона гузаронида шуда, ба он оварда мерасонад, ки шахсони шавқ ё майлу рағбати сарфаи самараноки маблағҳоро надошта онро дастрас мекунанд; • фоизи қарзӣ одатан дотатсия мешавад ва адо намудани қарз хеле суст меравад; • хароҷотҳои идоракунии қарз дар муқоиса бо натиҷаҳои ба даст омада метавонанд мутаносибан хеле баланд бошанд; аз ҷумла дуруст истифода накар дани маблағи қарз бо сабаби суст пардохт намудани фоизи қарз метавонад ба ноустувории тамоми фаъолиятҳо оварда расонад.

Фаъолиятҳои пешниҳодгардида Ташвиқи рушди одат бо мақсади пасандози маблағ Пасандозҳо яке аз воситаҳои асосии бомуваффақияти рушди манбаъҳои зиндагӣ, махсусан барои одамони камбизоат ва осебпазир мебошанд. Агар одам сарфа карданро наомӯхта бошад, ба ӯ қарз гирифтан маслиҳат дода намешавад. Эҳтиёткорӣ ба одамон ягон чизро қурбонӣ кардан ва барои оянда пасандоз карданро ёд медиҳад. Ин дониш ва малакаҳо барои бомуваффақият кандани ҳар кадом қарзи оянда, аҳамияти муҳим доранд. Айни замон, ташкил намудани маблағҳо тавассути ҷамъовариҳо одамро барои гирифтани маблағҳои хурд ва сарфаи самараноки қарзҳои хурдро дар ҳолати беҳтар мегузорад. Аъзогӣ дар гурӯҳҳои амонатии ғайрирасмӣ ба монанди «Ассотсиатсияи пасандозҳои қарзии баргарданда» метавонанд ба хизматрасониҳои молиявӣ роҳ кушоянд. Аммо, иштирок дар чунин гурӯҳҳо дар назар дорад, ки одамони дорои маълулият ҳар ҳафта ё ҳар моҳ маблағҳои қайд карда шударо, пардохт намоянд. Ин инчунин, дар назар дорад, ки худи гурӯҳҳо тайёранд, ки ба сафҳои худ одамони дорои маълулиятро қабул намоянд. Ин одатан кори мушкил мебошад, чунки ин гурӯҳҳо ба монанди ҷамоат дар умум, майли ихтисорнамудани одамони дорои маълулиятро доранд. Дар ҷавоб ба муносибати мазкур, баъзе одамони дорои маълулият гурӯҳҳои шахсии «пасандозҳои қарзии баргарданда» -и худро ташкил намуданд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулият ва оилаи онҳоро оид ба пасандоз намудани маблағҳо бо намудҳои зерин, ба таври далелнок омӯзонанд: • ташкили гурӯҳҳои амонатиро дар байни одамони дорои маълулият раҳнамоӣ намоянд; • ба шахсони алоҳида барои кушодани суратҳисобҳо дар сохторҳои бонкии боэътимод ёрӣ расонанд; • ба одамони дорои маълулият барои аъзо шудан ба гурӯҳҳои худёрирасон ва гурӯҳҳои монанди амонатӣ ёрӣ расонанд; • пурқувватгардонӣ ва рушди иқтидори аъзоёни гурӯҳҳоро дар соҳаи маъмурӣ ва менеҷменти молиявӣ таъмин намоянд.

54

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

ЗАМИМАИ 33

Ҳиндустон

Гурӯҳҳои фарогири худёрирасон ҳаётро ба самти беҳбудӣ тағйир медиҳанд Созмони ғайридавлатии «Четаналя», ки дар шаш минтақаҳои ноободи Деҳлӣ, Ҷумҳрии Ҳиндустон фаъолият менамояд, камбизоатонро, аз ҷумла одамони дорои маълулиятро барои ташкил намудани гурӯҳҳои худёрирасони худ, тарғиб менамоянд. Бузургӣ ва андозаи сармояҳои аз тарафи чунин иттиҳодияҳо чамъшуда, ҳаёти чандин камбизоатонро ба таври қатъӣ дигаргун намудааст. Созмони «Четаналя» зери сарпарастии худ 578 гурӯҳҳои худёрирасонро, ки дар ҳамаи 6 минтақаҳо фаъолият менамоянд ва пасандозҳои онҳо хеле калон мебошанд, дастгирӣ менамояд. Маблағҳое, ки гурӯҳи хос ҷамъоварӣ менамояд, барои таъмири хона, пардохти қарзҳо, пардохти ҳисобҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ, маълумотгирӣ, сафарҳо, тӯй, бизнес, таъмири воситаҳои нақлиёт, пардохти хизматрасониҳои тиббӣ, маросими дафн, харидани велорикша, қабули меҳмонон, кушодани мағозаи начандон калон, кушодани ҳисоби бонкӣ, харидани баллонҳои газ, китобҳои дарсӣ ва телевизор, истифода бурда шуданд. Дар ин барномаҳо одамони дорои маълулият ва модарони кӯдакони дорои маълулият гурӯҳҳои худёрирасони шахсии худро ташкил намедиҳанд, балки ба гурӯҳҳои омехта якҷоя мешаванд (бо одамони дорои маълулият набуда). Дар таркиби онҳо тақрибан 6 фоиз аъзоён одамони дорои маълулият мебошанд.

Расонидани ёрӣ дар амалиётҳои зидди худканорагирӣ Таҷрибаи такроршаванди истисно ё нодида гирифтан ва инчунин, васояти беандоза дар синни кӯдакӣ метавонанд дар инсон сатҳи худбаҳодиҳии паст ва беэътимодиро нисбати худ тақвият диҳанд. Ин метавонад ба осонӣ ба худистисноии ӯ аз соҳаи хизматрасониҳо ба монанди дастрасӣ ба қарзҳои хурд, оварда расонад. Дигар намуди худистисноӣ, ин эътимоднокӣ дар байни баъзе гурӯҳҳои одамони дорои маъюбият ва аъзоёни оилаҳои онҳо мебошад, ки онҳо бояд ҳамеша объекти ёрию хайрия бошанд. Бартараф намудани монеаҳои худистисноӣ мушкил аст, аммо то он даме, ки одамони дорои маълулият аз ӯҳдаи ин даъват набароянд, эҳтимол онҳо аз фоидаи дигар намудҳои дахолат истифода бурда натавонанд. Бартараф намудани худистисноӣ, пеш аз ҳама вазифаи худи одами дорои маълулият ва аъзоёни оилаи ӯ мебошад. Созмонҳои одамони дорои маълулият ва барномаҳои ТСҶ ба чунин одамони дорои маълулият дар бартараф намудани худистисноӣ бо роҳи пешниҳоди маслиҳату машваратҳои бодиққат ва нозук нақши асосиро мебозанд.

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ

55

ЗАМИМАИ 34

Уганда

Осак устохонаи таъмири дучархаҳоро мекушояд Осак аз Уганда дар кӯдакиаш ба бемории фалаҷ гирифтор шуда буд, ки ин ба вайроншавии ҷиддии функсияҳои узвҳои такяву ҳаракат оварда расонд ва боварӣ ба худашро хеле паст намуд. Ба назари ӯ чунин менамуд, ки ӯ дигар ҳеҷ вақт барои оилаи худ такягоҳ шуда наметавонад. Ба ин нигоҳ накарда, дар доираи барномаи ТСҶ ӯ таҳти назорати челонгари таҷрибанок, таъмир намудани дучархаҳоро омӯхт. Баъди се моҳ Осак на фақат малакаҳои заруриро аз худ намуд, балки маблағи заруриро барои харидории маҷмӯи асбобу қисмҳои эҳтиётӣ ҷамъ намуд. Имрӯз Осак бо соҳибкории даромаднок машғул шуда, нуқтаи таъмирро дар таги дарахт кушодааст. Вай ҳамеша мизоҷони зиёд дорад ва чор шогирд гирифтааст, ки аз онҳо ду нафарашон дорои маълулият мебошанд. Ба ғайр ин, Осак анбори қисмҳои эҳтиётиро ташкил намуд. Вай кушодани суратҳисобро дар Созмони молиявии хурд ба нақша гирифтааст ва умедвор аст, ки барои ташкили устохонаи доимӣ, қарз гирад.

Муайян намудани намунаҳо барои ибрат Ба одамони дорои маълулият мисолҳои мусбӣ чун намунаи ибрат заруранд, ки онҳоро барои машғул шудан бо меҳнати ҳаваскорона рӯҳбаланд менамояд. Соҳибкорони бомуваффақият аз ҳисоби одамони дорои маълулият дар бисёр ҷамоатҳо ҳастанд; агар онҳоро ба системаи барномаҳои ТСҶ ворид намоянд, онҳо на фақат дигар одамони дорои маълулиятро ҳидоят менамоянд, балки барои дигаргун шудани муносибат нисбати онҳо, дар умум ҳам аз тарафи ҷамоатҳо ва ҳам аз тарафи сохторҳои молиявии хурд мусоидат менамоянд.

ЗАМИМАИ 35

Хитой

Ванг барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ аст Ванг, дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳии Хитой зиндагӣ мекунад ва дар натиҷаи як ҳодисаи фавқулодда аз қобилияти биноӣ маҳрум гардидааст. Ин барои оилаи вай бадбахтии калон буд, зеро Ванг дигар бо меҳнати фермерӣ машғул шуда наметавонад ва оилаашро низ таъмин карда наметавонад. Аммо, ба шарофати барномаи маҳаллии ТСҶ Ванг малакаҳои ҳаракат карданро омӯхт ва мустақилият ба даст овард. Вай масҳкуниро омӯхта, барои кушодани соҳибкории хусусӣ дар шаҳри наздиктарин қарз гирифт. Имрӯз вай салони масҳкунии тез инкишофёбандаро идора менамояд, ки дар он боз 10 нафар одамони сатҳи биноияшон паст фаъолият менамоянд, Даромади ӯ барои таъмини оила ва додани маълумот ба духтарони дугоникаш даромади кифояро медиҳад. Инчунин, ӯ боз ба 60 нафар одамони сатҳи биноияшон паст малакаҳои масҳ карданро омӯзонд ва айни замон ҳамчун намунаи ибрат барои одамони дорои маълулият дар ноҳияи худ ба ҳисоб меравад.

Раҳнамоии раванди дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявии умумӣ Одамони дорои маълулият дар баробари одамони дорои маълулият надошта бояд ба хизматрасониҳои молиявӣ дастрас бошанд. Кормандон таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бо сабаби монеаҳои ҷисмонӣ ё фарҳангӣ ё муносибати манфӣ нисбати одамони дорои маълулият аз тарафи онҳо барои ихтисор намудани 56 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

одамони дорои маълулият, майл доранд. Барномаҳои ТСҶ дастрасиро бо роҳҳои зерин раҳнамоӣ карда метавонанд: • барои дастрасии баробари одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои молиявии умумӣ баромад намоянд; • ба таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ пешниҳод намудани соҳибкорони дорои маълулият ҳамчун мизоҷони имконпазир; • ба таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ барои ҳассос ва хушмуомила будан нисбати одамони дорои маълулият ёрӣ расонанд, то ин ки аз ҳисоби фарогирии одамони дорои маълулият онҳо тавонанд шумораи мизоҷони худро васеъ намоянд; • пеш бурдани ақидаи бо кор таъминкунии кормандони ихтисосманди дорои маълулият ба сохторҳои таъминкунандагони молиявӣ; • таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявиро барои дар хотир доштани эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият рӯҳбаланд намоянд; кормандон оид ба огоҳ будан аз талаботу эҳтиёҷотҳои гуногуни онҳо, инчунин оид ба тайёр ва мутобиқ намудани муҳит ба талаботҳои одамони дорои маълулият омӯзонида шудаанд; • ба одамони дорои маълулият чӣ тавр бо таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ муносибат кардан лозим аст ва ҳангоме, ки сухан оид ба хизматрасониҳо ва ӯҳдадориҳо равад, чиро бояд мунтазир шуд омӯзиш гузаронанд; • ба занҳои дорои маълулият барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ёрӣ расонанд; • занҳои дорои маълулият одатан хонаводаашонро худ идора менамоянд, барои тарбияи фарзандон ва дастгирии волидони кӯҳансолашон ҷавобгӯ мебошанд, бинобар ин, барои беҳтар таъмин намудани талаботҳои оилаашон, онҳо бояд имконияти назорат ва идоракунии маблағҳои худро дошта бошанд.

ЗАМИМАИ 36

Эфиопия

Ёрӣ барои дастрас намудани қарз Дар Эфиопия занҳои дорои маълулият, ки бо соҳибкории (бизнеси) хурд машғуланд, ба қарзҳои аз тарафи созмонҳои молиявии умумӣ Гаша («Gasha MFI»), ки бо маблағгузории хурд машғуланд, дастрасӣ доранд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Созмони Умумиҷаҳонии Меҳнат татбиқ мешавад. Дар доираи ин лоиҳаи якҷоя СУМ бо Гаша ба созиш омаданд, ки талабот ба қарзҳо аз тарафи соҳибкорон, занҳои дорои маълулият дар асоси ҳамон меъёрҳое, ки аз дигар дархосткунандагони дорои маълулият набуда меоянд, дида баромада ва тасдиқ шаванд. Барои бартараф намудани бемайлии созмонҳои бо маблағгузориҳои хурд машғул оид ба пешниҳод намудани қарз ба ин гурӯҳҳои «дар сатҳи баланди хавф қарордошта», хазинаи қарзҳои ҳатмӣ таъсис дода шуд. Дар доираи лоиҳа, ба ғайр аз ин, дар байни кормандони Созмони молиявӣ маъракаи баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият гузаронида шуд. Бештар аз 150 занҳои дорои маълулият то имрӯз аллакай қарзҳоро аз муассисаи маблағгузории хурд дастрас намудаанд.

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ

57

Ҳифзи иҷтимоӣ Муқаддима Чораҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақсади пешниҳоди системаи таъмини бехатарии иқтисодӣ мебошад, ки бояд аҳолиро аз камбизоатӣ, надоштан ё гум кардани манбаи даромад бо сабаби беморӣ, маълулият ё пиронсолӣ ҳимоя намоянд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд, аксари зиёди аҳолӣ аз хизматра сониҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар намуди ёрипулӣ ё нафақае, ки аз тарафи давлат ва ё барномаҳои соҳаи хусусӣ пардохт мешавад, истифода мебаранд. Аксарияти одамон инчунин, ба ёрии тиббию санитарӣ дастрасанд, ки аз ҳисоби андозҳо ё суғуртаи тиббӣ маблағгузорӣ мешаванд. Дар ин мамлакатҳо одамоне, ки кор карда наметавонанд, аз камбизоатӣ тавассути гирифтани ёрипулӣ оид ба бекорӣ, маълулият ё дигар намудҳои дастгирӣ, ҳимоя шудаанд. Барои одамоне, ки дар натиҷаи фалокат дар истеҳсолот ё беморӣ маълул шудаанд, чораҳои иҷтимоӣ, ба монанди ҷубронпулӣ, нигоҳдории даромад ва пардохти табобатро дар бар мегиранд. Одамони дорои маълулият метавонанд намудҳои ёрии гуногуни молиявиро гиранд, ба монанди ёрипулӣ барои хароҷоти нақлиёт ё барои корношоямӣ. Дар ин мамлакатҳо чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба он равона шудаанд, ки дастрасӣ ба молҳо ва хизматрасониҳое, ки барои ҳаёти сазовор заруранд, кафолат дода мешаванд. Вазъият дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст аз сатҳи рушди иқтисодиёт ва захираҳои давлатӣ вобастааст, аммо дар умум аз хизматрасониҳои ҳифзи иҷтимоӣ на ҳама истифода бурда метавонанд. Одамоне, ки ба меҳнати кироя дар иқтисодиёти расмӣ машғуланд, метавонанд ба нафақа ва дигар намудҳои таъминоти иҷтимоӣ умед банданд, аммо аксарияти аҳолӣ барои зиндамонӣ дар сохтори ғайрирасмӣ, ки дар он ҳифзи расмӣ дар натиҷаи гум кардани даромад дар пиронсолӣ ё бо сабаби беморӣ ё маълулият дар назар дошта нашудааст, мубориза мебаранд. Хизматрасониҳои соҳаи тандурустии давлатӣ мумкин аст қайриқаноатбахш бошанд, хизматрасониҳои хусусӣ бошад, ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ бо сабаби гаронарзишӣ дастнорасанд. Барои одамони дорои маълулият қисми зиёди воситаю маводи ёридиҳанда, ки ҳаёти бештар арзандаро имконпазир мегардонанд, дастнорасанд. Бинобар ин, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, аксарияти аҳолӣ, ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам одамоне, ки дорои маълулият нестанд, ба системаҳои ғайрирасмии ҳифзи иҷтимоии дар сатҳи оила ва ҷамоат асосёфта такя менамоянд. Барои одамоне, ки бо сабаби мураккабии маълулияташон кор карда наметавонанд, роҳи ягонаи халосӣ аз вартаи камбизоатӣ, ин дастрасӣ ба таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ шуда метавонад. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият (3) аз давлатҳо эътирофи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулиятро ба ҳифзи иҷтимоӣ ва истифодабарии ин ҳуқуқҳо бе табъиз аз рӯи аломати маълулият талаб менамояд (Моддаи 28). Дар он қайд шудааст, ки барои ба одамони дорои маълулият пурра манфиат бардоштан аз ҳуқуқҳои мазкур, чӣ зарур мебошад, масалан: дастрасӣ ба ғизои кифоя, сару либос, дастрасӣ ба оби тоза, хизматрасониҳои қобили қабул, восита ва маводи ёрирасон ва дигар дастгириҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷотҳои бо маълулият вобаста, ба ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 59

барномаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ, омӯзиш мувофиқ, машваратдиҳии зарурӣ, ёрии молиявӣ ва нигоҳубини муваққатӣ таҳти назорати табибон (патронажӣ), барномаҳои манзили давлатӣ, барномаҳо таъминоти нафақа мебошанд.

ЗАМИМАИ 37

Зимбабве

Офа нисбат ба ҷузъиёти хурд бодиққат аст Офа зани дорои маълулият аз шаҳри Булавайои Зимбабве буда бо аробача ҳаракат мекунад. Вай дар бозор меваю сабзавот мефурӯшад ва аъзои чор гурӯҳҳои гуногуни амонатӣ (гурӯҳи занҳо як миқдор даромади худро ҷамъ мекунанд ва он барои ҳалли ягон мушкилоти иқтисодии онҳо сарф карда мешавад) мебошад: • дар гурӯҳи занон, ки аз тарафи созмони ғайридавлаии маҳаллии одамони дорои маълулият ташкил карда шудааст; • дар гурӯҳи назди калисо фаъолияткунанда; • дар гурӯҳи амонатҳои начандон калон; • дар ассотсиатсияи истиқоматкунандагон. Дар ҳамаи ин гурӯҳҳо ӯ ягон намуди пардохт менамояд: • дар гурӯҳи занҳо Офа ба як намуди амонати суғуртавӣ саҳм мегузорад,-«ин маблағ барои маросими дафн» мебошад. Пас аз вафоти вай, хоҳарзодааш, ки зери сарпарастии ӯ зиндагӣ мекунад, ёрии як маротибаинаи молиявиро барои пардохти маросими дафн ё дигар хизматҳо дастрас менамояд; • дар калисои маҳаллӣ ӯ ба гурӯҳе саҳмгузорӣ мекунад, ки амонатҳои он барои эҳтиёҷоти хонаводагӣ, сарф карда мешавад; • гурӯҳи сеюм - ин «Ассотсиатсияи маблағҳои амонатӣ ва қарзии баргарданда» (ниг. ба боби «Хизматрасониҳои молиявӣ») байни 5 нафар дӯстон ташкил карда шудааст; Офа бо навбат маблағи чамъшударо дастрас намуда, ба таври яклухт меваю сабзавотро барои савдо харид менамояд, ки ин ба ӯ имконияти баланд бардоштани гардиши мол (ва даромади бештарро) медиҳад; • ассотсиатсияи истиқоматкунандагон, ки ӯ ба он дохил мешавад, дуруст ҳисоб намудани маблағи иҷора ва коммуналиро назорат намуда, барои таъмири бино ва ҳуҷрае, ки ҳоло Офа дар он иҷоранишин аст, маблағ ҷамъ менамояд. Ба он нигоҳ накарда, ки савдои меваю сабзавот даромади калон намеоранд, Офа бо мисоли худ нишон медиҳад, ки даромади кам ба камбағалии шахсӣ оварда намерасонад. Эҳтиёткорӣ ва иштирок дар гурӯҳҳои ҷамъоварии амонатҳо ба ӯ имконияти идоракунии ҳаёти худ ва расонидани ёрӣ ба таҳсилоти хоҳарзодааш дар мактаб шароит фароҳам меоварад. Ҳангоми дастрас набудани ягон системаи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ, механизмҳои дастгирӣ дар сатҳи ҷамоатҳо барои миллионҳо одамони дорои маълулият дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст, хеле муҳим аст. Офа мегӯяд: «Ман аз худо метарсам. Ман пулҳоро бемулоҳиза сарф наменамоям. Ман нисбати ҳар як ҷузъиёт хеле бодиққат мебошам. Ман бо харидоронам дӯстам. Шояд, бо ҳамин сабаб ҳама маро муваффақ меҳисобанд».

60

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

Мақсад Одамони дорои маълулият, ки ҷои кор надоранд, фаъолият карда наметавонанд ё даромадашон барои таъмини рӯзғорашон нокифоя аст, аз чораҳои ҳадди ақали ҳифзи иҷтимоӣ баҳраваранд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз раҳнамоии раванди дастрасии одамони дорои маълулият ба ҷалбшавӣ ё ёрипулии иҷтимоии умумӣ ё махсус ва тарғиби чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат намудан иборат аст.

Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият, ҳамчун дигар одамони дорои маълулият набуда ба тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ, дар натиҷаи гум кардани соҳаи даромад бо сабаби пиронсолӣ, беморӣ ё маълулият ҳуқуқи дастрасии якхела дошта, аз он истифода мебаранд. • Одамони дорои маълулият, ки ҷои кор гум кардаанд, даромадашон барои таъмини рӯзғори сазовор нокифоя аст, ё корношоям мебошанд, ба чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии мавҷуда дастрасӣ дошта, аз он истифода мебаранд. • Таъминкунандагони хизматарсониҳои иҷтимоии амалкунанда, аз мушкилиҳои махсуси одамони дорои маълулият огоҳ буда, нисбати онҳо мушфиқанд ва хизматрасонии худро ба таври мувофиқ мутобиқ намудаанд. • Таъминкунандагони ҳифзи иҷтимоӣ робитаҳои ҳамкориро бо одамони дорои маълулият ва ташкилоту таъминкунандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба онҳо мустаҳкам намуда, фаъолияташонро ба талаботҳои мушаххаси онҳо мутобиқ намудаанд.

Мафҳумҳои асосӣ Барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ мақсад доранд, ки шахсони ба барномаҳояшон ҷалб (яъне истифодабарандагон) аз меъёрҳои ҳади ақали зиндагии сазовор баҳравар бошанд. Дар умум, барномаҳои ҳифзи иҷтимоиро ба шакли расмӣ, (ки аз тарафи давлат ва созмонҳои калон амалӣ мешаванд) ва ғайрирасмӣ (механизмҳое, ки дар сатҳи ҷамоатҳо амалӣ мешаванд), ҷудо намудан мумкин аст.

Барномаҳои расмӣ Ба одамони дорои маълулият ягон намуди ҳифзи иҷтимоии расмӣ расонида мешавад ё не, асосан аз иқтисодиёт ва захираҳои давлатӣ вобастаанд. Барномаҳои расмии ёрии иҷтимоӣ метавонанд ба табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, ба воситаи барномаҳои паст ё кам кардани сатҳи камбизоатӣ умуман, ё бевосита ба одамони дорои маълулият равона карда бошанд.

Барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ҳамчун мисолҳои чорабиниҳо дар доираи барномаҳои мазкур, ки одатан аз тарафи давлат ё созмонҳои калон амалӣ мешаванд, ёрии озуқаворӣ, ёрии камарзиши ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 61

моддии манзилӣ, барномаҳои шартии бо интиқоли молиявӣ вобаста ва барномаҳои корҳои ҷамъиятӣ, ки дар онҳо меҳнати кирояи камбизоатон аз рӯи усули «ғизо ба ивази кор» ё «маблағ ба ивази кор» истифода бурда мешаванд, шуда метавонанд. Чунин нақшаҳо дар бисёр мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст вуҷуд доранд ва ба он мумкин аст, одамони дорои маълулият низ фаро гирифта шаванд ё фаро гирифта нашаванд.

ЗАМИМАИ 38

Ҳиндустон

Барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъмин намудан ба ҷойҳои кориро кафолат намедиҳад Дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Қонун оид ба одамони дорои маълулият ҳукуматҳои иёлатҳоро вазифадор менамояд, ки на камтар аз 3%-и одамони дорои маълулият ба тамоми Барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ фаро гирифта шаванд. Аммо, ҷалби одамони дорои маълулият ба ин гуна барномаҳо, дар воқеъ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Дар соли 2005 Ҳиндустон Қонун оид ба нақшаи миллии кафолати шуғлро дар ноҳияҳои деҳотӣ қабул намуд, ки он ба ҳар як хонаводаи деҳотӣ ҳуқуқи 100 рӯзи кафолатии кор карданро аз рӯи воҳидҳои қонунии музди меҳнат ё барои гирифтани ёрипулӣ, агар кор дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи бақайдгирӣ пешниҳод нагардад, медиҳад. Ба шарофати ҳамин кафолатҳои меҳнати кироя қонуни мазкур бояд «ҳуқуқ ба меҳнат»-ро, ки дар Конститутсия қайд шудааст, ҳифз намояд ва ин худ элементи марказии амалишавии «ҳуқуқ ба ғизо» ба ҳисоб меравад. Аммо, дар ин қонун эзоҳот оид ба фарогирии ҳатмии 3%-и шахсони дорои маълулият, ки дар Қонун оид ба одамони дорои маълулият инъикос ёфтааст дода нашудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки ҳангоми татбиқи Қонун оид ба нақшаи миллӣ ба табъизи ҷиддӣ аз рӯи нишонаҳои табақа, ҷинс ва маълулият роҳ дода мешавад (6).

Барномаҳои дастгирии иҷтимоӣ Чорабиниҳои дастгирии иҷтимоӣ расонидани ёрии иҷтимоии асосиро барои онҳое, ки дар бозори кушод барои ҳаёти худ пул кор карда наметавонанд, ифода намуда, ёриро дар сурати бекорӣ, ёрипулӣ барои маълулият ва пардохти нафақаро дар бар мегирад. Ҳамчун, чорабиниҳои таъминоти бехатарии иҷтимоӣ, дастгирии иҷтимоӣ дар давлатҳои сатҳи даромадашон баланд пешниҳод мегардад, аммо дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст, чунин муносибат хеле кам таҳти татбиқ қарор мегирад. Ба ҳамин монанд, дар давлатҳои сатҳи даромадашон баланд дар доираи чорабиниҳои дастгирии иҷтимоӣ, хароҷотҳои иловагии вобаста ба маълулият метавонанд ҷуброн карда шаванд (пардохти меҳнати шахсоне, ки нигоҳубин менамоянд, пардохти хароҷоти нақлиёт, хароҷоти мутобиқкунии ҷои истиқомат ва диг.), дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст бошад, чунин муносибат хеле кам таҳти татбиқ қарор мегирад. Дар баъзе давлатҳои хеле камбағал дастгирии бевоситаи одамони дорои маълулият пешниҳод карда намешавад, дар дигар давлатҳо бошад, ба баъзе гурӯҳҳои одамони дорои маълулият интиқоли рамзии пулӣ пардохт карда мешаванд. Аз тарафи дигар, давлатҳои дорои иқтисодиёти азими расмӣ ва заминаи хуби андоз дошта, метавонанд маблағҳои кифояро барои зиндамонии оила пардохт намоянд. Ҳангоми татбиқи чунин нақшаҳо дар давлатҳои сатҳи даромадашон хеле паст мушкилотҳои зерин ба вуҷуд меоянд: 62 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

• Омор дар бораи одамони дорои маълулият дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст, одатан эътимоднок нест ва бештари ҳукуматҳое, ки чунин ёриро мерасонанд, тақрибан 1% ё шумораи аз ин камтарро истифода мебаранд, ки ин аз ҳиссаи воқеии одамони дорои маълулият хеле паст аст. • Маблағи ёрипулӣ аз хароҷоти сафар барои гирифтани он метавонад хеле камтар бошад. • Бисёр одамони дорои маълулият, ки дар ноҳияҳои дурдасти деҳотӣ зиндагӣ менамоянд, оид ба мавҷуд будани нақшаҳои дастгирии иҷтимоӣ хабар надоранд ё метавонанд ба ёрипулиҳои пешбинишуда дастрасӣ надошта бошанд.

ЗАМИМАИ 39

Яман

Механизми интиқоли пул Хазинаи некӯаҳволии иҷтимоии Яман, ки зертобеи Вазорати корҳои иҷтимоӣ ва меҳнат аст, механизми пардохти пулиро барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба хонаводаҳое, ки аз тарафи занҳо сардорӣ карда мешаванд, ба одамони дорои маълулият ва ятимон ба роҳ мондааст. Ба таври назариявӣ, чунин шакли ёрӣ ба ҳамаи одамони гурӯҳҳои мазкур, ки ҳар моҳ барои пардохти маблағҳо муроҷиат мекунанд, дастрасанд. Айни замон, қайд намудан ҷоиз аст, ки аз чунин имкониятҳо шумораи ками одамон огаҳанд ва пардохтҳои шахсӣ низ хеле маҳдуданд. Пардохти маблағҳо дар нуқтаҳои шаҳрӣ амалӣ мешаванд, ва ба он ҷой расидани истиқоматкунандагони деҳот хеле мушкил аст.

Накшаҳои ҷубронии «корфармо - корманд» Барои миқдори ками вазифаҳо дар иқтисодиёти расмӣ ҷубронҳо ба кормандони кироя, ки дар натиҷаи фалокат дар ҷои кор ё бемории касбӣ дорои маълулият гаштаанд, пешбинӣ шудаанд. Одатан ин ҷубронҳо аз тарафи суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ пардохт мешаванд. Дар баъзе мамлакатҳо иловапулиҳо ба системаи бехатарии суғуртаи иҷтимоӣ аз хазинаҳои ҳатмии ғуншавандаи миллии суғуртавӣ барои кормандон як қатор имтиёзҳоро оид ба пардохти хароҷоти масъалаҳои корношоямӣ, маълулият, пиронсолӣ ва дигар хатарҳо муайян намудааст. Дар мавриди нақшаҳои суғуртаи иҷтимоӣ бошад, онҳо ҳамон вақт, пардохт карда мешаванд, ки агар корманд дар соҳаи расмӣ кор мекарда бошад.

Нақшаҳои ғайрирасмӣ Азбаски дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, танҳо ҳиссаи хурди аҳолӣ дар соҳаи расмӣ ба кор машғул аст, онҳо танҳо ба нақшаҳои некӯаҳволии иҷтимоии мавҷуда, ки асосан хосияти рамзӣ дошта нокифояанд, аксарияти кормандон ба нақшаҳои ғайрирасмии истодагарӣ барои зиндамонӣ дар марҳилаҳои хатарноки беморӣ, маълулият, пиронсолӣ ва гум кардани ҷои кор, такя менамоянд. Ба монанди: • • • • дастгирии инфиродӣ ё дастгирӣ аз тарафи оила; гурӯҳҳои ҷамоатӣ (ё ассотсиатсияҳои) ёрирасон; гурӯҳҳои худёрирасон; барномаҳои суғуртавии хурд. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 63

Дастгирӣ аз тарафи оила Барои аксарияти аҳолии мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст оила воситаи асосии дастгирӣ дар тӯли тамоми ҳаёт мебошад. Он бештар ҳамчун воҳиди иқтисодӣ, дар муқоиса бо мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд фаъолият менамояд, Аммо, азбаски ҳиссаи иқтисодӣ аҳамияти калон дорад, одамони дорои маълулият метавонанд дар оила ба табъиз дучор шаванд, махсусан, агар қобилияти ба он саҳм гузоштанро надошта бошанд. Азбаски, барномаҳои ТСҶ бо оилаҳо фаъолият менамоянд, бояд ба одамони дорои маълулият ва хешовандони онҳо дар муайян намудани он, ки чӣ тавр саҳмгузорӣ намудан лозим аст, ёрӣ расонанд. Гурӯҳҳои ҷамоатӣ ва ассотсиатсияҳои ёрирасон Гурӯҳҳои хайриявӣ, созмонҳои динӣ ва ҷамоатӣ ба одамони осебдида, аз ҷумла одамони дорои маълулият метавонанд ёрии яккарата ё мунтазам расонанд. Онҳо метавонанд дар хариди аробача ва дигар воситаҳои ёрирасони мутобиқкардашуда ба онҳо ёрӣ расонанд ва чун иттифоқчии имконпазир ва захираҳои самараноки барномаҳои ТСҶ фаъолият намоянд. Гурӯҳҳои худёрирасон Гурӯҳҳои худёрирасон, ки бо мақсади захира намудани маблағ ва расонидани дигар намудҳои дастгирии ҳамдигар таъсис дода шудаанд, шакли самараноки ҳифзи иҷтимоӣ барои одамони дорои маълулият дар ҷамоатҳои камбизоат мебошанд. Шакли «Ассотсиатсияи маблағҳои амонатӣ ва қарзии баргарданда» аз ҳама бештар паҳн шуда мебошад (ниг. ба боби «Хизматарасониҳои молиявӣ»). Дигар намудҳои гурӯҳҳои амонатӣ (захиравӣ) мақсадҳои бештар маҳдуд доранд. Баъзе занон метавонанд гурӯҳро барои ҷамъ намудани маблағ барои харидории ашёи рӯзғор, иваз намудани бом ё барои ҷамъоварии «маблағҳо барои дафн» таъсис намоянд. Чунин гурӯҳҳо, одатан пурра захираҳои худро идора менамоянд. Афзалияти чунин гурӯҳҳои худёрирасон дар он аст, ки ҳамаи маблағҳо на аз берун, балки аз тарафи аъзоёни он ворид мешаванд. Ин гурӯҳҳо воситаи самараноки баланд бардоштани боварӣ ба қувваи худ ва сармояи иҷтимоӣ мебошанд. Барномаҳои ТСҶ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ташкилёбии гурӯҳҳо ҳамчун стратегияи асосии фарогирии одамони дорои маълулият барои расонидани ёрӣ ба онҳо дар баромадан аз вартаи камбизоатӣ, аҳамияти махсус медиҳанд. Дар дигар мамлакатҳо гурӯҳҳои худёрирасон камтар инкишоф ёфтаанд ва барномаҳои ТСҶ метавонанд дар ташкили онҳо нақши асосиро бозанд. Барномаҳои суғуртавии хурд. Ҳангоми набудани барномаҳои расмии ҳифзи иҷтимоӣ бисёр ҷамоатҳо дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст Барномаҳои суғуртавии хурдро ташкил намуданд, ки бояд талаботи онҳоро барои таъмин ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва идоранамоии хавфҳо қонеъ намоянд. Ин барномаҳои ихтиёрӣ аз тарафи иттифоқи касаба, хадамоти шаҳрӣ, ширкатҳои шахсии суғуртавӣ, сохторҳои молиявии хурд, таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамоатии солимгардонӣ таъсис дода мешаванд; дар ин маврид хоҷагиҳо ҳаққи начандон калонро барои қисман пӯшидани зарар ҳангоми гум кардани воситаҳои зиндагӣ, бемориҳо, фалокатҳо ва маълулшавӣ пардохт менамоянд. Онҳо метавонанд ҳамчун барномаҳои инфиродии суғуртавӣ фаъолият намоянд, аммо аксар 64 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

вақт нақшаҳои гурӯҳие мебошанд, ки дар доираи онҳо хатарҳои умумӣ ҷамъбаст шуда, дар вазъияти зарурӣ аъзоёни ба ёрӣ ниёз дошта аз тарафи онҳое, ки дар ин марҳила ба ёрӣ ниёз надоранд, дастгирӣ карда мешаванд. Одатан аъзоёни гурӯҳ дар қабули қарорҳо иштирок намуда, ба интихоб ва татбиқи амалиётҳои барнома таъсир мерасонанд. Баъзан, ба ин гуна барномаҳо давлат ёрӣ мерасонад, ки он дар шакли саҳмгузорӣ озод намудан аз андоз ё қабули қонунгузории мусоидаткунанда татбиқ мегардад.

ЗАМИМАИ 40

Бенин

Ширкати молиявии хурд барои занҳо Ассотсиатсияи ёрии ҳамдигарии байни занҳо ширкати молиявии хурд мебошад, ки ба занҳои дорои даромади паст аз ноҳияҳои камбизоати пойтахт ва наздикии он, хизмат мерасонад. Суғуртаи хурди тиббӣ, ки ширкат пешниҳод менамояд, барои мизоҷон хеле манфиатнок аст, чунки онҳо ба таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ, ки фаъолияташон шартномавӣ мебошад, муроҷиат менамоянд; дар ин сурат ба ҳамаи хизматҳо якбора пардохт намудан зарур мешавад.

Мушкилот дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ Кадом шакли ҳифзи иҷтимоие, ки мавриди муҳокима қарор нагирад, ҳамеша баҳсу мунозираҳои шадид дар атрофи киро муҳофизат намудан лозим аст ва чӣ тавр, рух медиҳад. Саволҳои кадом ашхосро дорои маълулият ҳисоб намудан лозим аст ва кӣ барои гирифтани ёрии махсуси иҷтимоӣ бештар ниёз дорад, пайдо мешаванд. Дар вазъияти рухдода фарқи байни ҳуқуқҳо ва ёрии хайриявӣ дар чист? Оё ҳифзи иҷтимоӣ бо ақидаи олии мустақилияти моддӣ мутобиқат менамояд? Барномаҳои ТСҶ вазифадоранд ба ин масъалаҳо дахолат намоянд ва ба натиҷаҳо таъсир бахшанд; онҳо ба монанди созмонҳои одамони дорои маълулият бояд ба сифати пешбарандаҳо, маълумотдиҳандаҳо, ҳимоякунандаҳо ва устодон амал намоянд. Агар онҳо ин корро накунанд, ба одамони дорои маълулият хатари бе нақшаҳои ҳифзи иҷтимоӣ мондан таҳдид менамояд.

Фаъолиятҳои пешниҳодшуда Барномаҳои ТСҶ бояд дар ҳамкорӣ бо одамони дорои маълулият ва ташкилотҳое, ки онҳоро намояндагӣ менамоянд, дар чорабиниҳои дар зер оварда, фаъолият намоянд.

Ноил шудан ба он, ки одамони дорои маълулият бо чорабиниҳои мавҷуда фаро гирифта шудаанд Таъмини ҳифзи иҷтимоӣ – ин ҷузъи ҷудонопазири муносибати ҳамаҷониба нисбати масъалаҳои маълулият аст. Барномаҳои ТСҶ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият фаъолият менамоянд, то мутмаин бошанд, ки онҳо, новобаста аз аз он, ки хизматрасониҳои мазкур ба воситаи системаи суғуртаи иҷтимоӣ, барномаҳои ёрии иҷтимоӣ ё сохторҳои ғайрирасмӣ расонида мешаванд, ба чорабиҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 65

ниҳои мавҷудаи ҳифзи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Барои татбиқи самараноки ин барномаҳо ТСҶ бояд: • оид ба бандҳои дахлдори қонун, ба монанди ҳуқуқҳои кормандон ва ҳар гуна ҳуқуқҳои дигаре, ки одамони дорои маълулият метавонанд талаб намоянд, масалан, дастрасӣ ба хизматрасонии нақлиёт, таълим дар мактаб, таълими касбӣ ва воситаю маводи ёрирасон маълумоти пурра дошта бошанд; • ноил шудан ба он, ки ҳамаи одамони дорои маълулият, ки бо онҳо кор карда истодаанд, бо ҳуқуқҳои мазкур ва чӣ тавр онҳоро ба даст овардан мумкин аст шинос бошанд; • ташкил намудани захираи иттилоотӣ оид ба ҳамаи шаклҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ мавҷуданд ва ноил шудан ба он, ки ҳамаи одамони дорои маълулият ба ин иттилоот дастрасанд; захираи иттилоотӣ бояд меъёрҳои интихоб, қоидаҳои тартиб додани талабот ва манфиатҳои пешниҳодшавандаро дар бар гирад; • раҳнамоии созмонҳои одамони дорои маълулият ва созмонҳои волидон, барои барпо намудани робита ва ҳамкориҳо бо сохторҳои асосии таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои мавҷуда ва мутмаин будан, ки онҳо вазъияти одамони дорои маълулиятро дуруст дарк карда, фаъолиятҳояшонро ба эҳтиёҷоту талаботҳои махсуси одамони дорои маълулият мутобиқ намудаанд. • Ҷалб ва муттаҳид намудани тарғиботчиён ва фаъолон бо мақсади таъмин ва муҳофизати ҳуқуқҳои ба одамони дорои маълулият додашуда дар он ҷойҳое, ки таъмини ҳуқуқҳои мазкур риоя намешаванд.

Мусоидат намудан ба васеъшавии дастрасии одамони дорои маълулият ба ғизо, об ва системаи корезӣ (махсусан ҳоҷатхонаҳо) Барномаҳои ТСҶ бояд оид ба барномаҳои амалкунанда ва сохторҳои мавҷуда иттилоот дошта бошанд, то оилаҳо бо ғизо ва об таъмин бошанд ва махсусан масъалаи эҳтёҷоту талаботҳои махсуси одамони дорои ҳар гуна шаклҳои маълулият ба таври зарурӣ ба инобат гирифта шаванд. Ин корҳоро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият иҷро кардан қобили қабул аст. Дар бисёр минтақаҳои тараққикардаистодаи дунё яке аз мушкилоти калон набудани ҳоҷатхонаҳо мебошад, набудани онҳо дар бисёр хонаводаҳо одамонро маҷбур месозанд, ки қазои ҳоҷатро дар ҳавои кушод бароранд. Ба одамони дорои маълулият, махсусан занҳо ин хеле душвор аст. Барномаҳои ТСҶ бояд дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳукумати маҳаллӣ дар ин самт ва инчунин, дар соҳаи бо об таъминкунӣ, вазъиятро беҳтар намоянд.

Расонидани ёрӣ дар ҳалли мушкилии таъминот бо манзил ва дастрасии он Барои одамони дорои маълулият дар муқоиса бо одамоне, ки дорои маълулият нестанд, иҷора гирифтани манзил метавонад хеле гарон афтад (чунки, масалан, ба шахси дорои маълулият хона дар ошёнаи якум лозим шуданаш мумкин аст) ва ин хароҷоти одамонеро, ки даромади ҳаррӯзаашон бе ин ҳам хеле кам аст, зиёд менамояд. Одамони дорои маълулият бисёр вақт ҳангоми иҷора гирифтани хона ба табъиз дучор мешаванд. Барномаҳои ТСҶ бояд оид ба масъалаи мазкур иттилоот 66 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

дошта бошанд ва ҳангоми дар робита шудан бо идораҳои дахлдори ҳукуматӣбарои ҳалли он ва таъмини имкониятҳои баробар истодагарӣ намоянд. Дастрасии манзил низ барои одамони дорои маълулият мушкилот шуда метавонад, махсусан ҳангоми аз хона ба ҷои дигар бо мақсади иштирок дар омӯзиш сафар кардан, ёфтани ҷои кори ба манзил наздик ва ё кори хусусии худро кушодан. Одамони дорои маълулият баъзан аз манзили худ бо сабаби ҷойгиршавии ноқулай, дуруст истифода бурда наметавонанд. Барномаҳои ТСҶ бояд аз талаботҳои одамони дорои маълулият оид ба дастрасӣ огоҳ бошанд ва дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдори давлатӣ ва хусусӣ ба онҳо барои ёфтани манзили муносиб ёрӣ расонанд. Агар, дар ягон ҷой сохтмони давлатии манзил ба нақша гирифта шавад, бояд кӯшиш намуд, ки ин манзил барои одамони дорои маълулият аз рӯи ҷойгиршавӣ ва арзиш пурра дастрас бошад ва чунон тарҳрезӣ карда шавад, ки барои иштироки пурраи одамони дорои маълулият дар ҳаёти ҷамоати худ мусоидат намояд.

Таъмини дастрасӣ ба ёрии тиббию санитарӣ ва воситаҳои ёрирасон Барои одамони дорои маълулият дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ бояд дар асоси баробар бо одамони дорои маълулият набуда пешниҳод гардад. Ба баъзе одамони дорои маълулият ёрии тиббию санитарӣ вобаста аз бемориашон зарур шуда метавонад (масалан, доруҳо аз бемории саръ). Ба онҳо инчунин, воситаҳои ёрирасон зарур шуда метавонанд (ниг. ба қисми «Саломатӣ»). Барномаҳои ТСҶ бояд мавзеи ҷойгиршавии нуқтаҳои тиббӣ ва нуқтаҳои пешниҳод намудани воситаҳои ёрирасонро муайян намуда, иттилооти мазкурро ба одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо расонанд. Дар баъзе мавридҳо барномаҳои ТСҶ метавонанд бевосита, нигоҳубини заруриро ташкил ва пешниҳоди воситаҳои ёрирасонро осон намоянд. Агар воситаҳои ёрирасон аз тарафи созмонҳои давлатӣ ё ғайридавлатӣ пешниҳод гарданд, пас бо ин иттилоот одамони дорои маълулиятро ҳаматарафа шинос намудан лозим аст.

ЗАМИМАИ 41

Перу

Ёрӣ ба модарон дар дохил намудани кӯдаконашон ба барномаҳои тандурустӣ Барномаи ТСҶ дар ноҳияҳои деҳотии Перу муайян намуд, ки аксарияти модарони кӯдакони дорои маълулият ба марказҳои тиббӣ барои ташхис ё дар ҳолати бемор шудани онҳо муроҷиат наменамоянд. Барномаи ТСҶ ба барои фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба барномаи ройгони тандурустӣ ба модарон ёрӣ расонд. Ин иқдоми ТСҶ дар байни таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва оилаҳои кӯдакони дорои маълулият робитаи хуб барқарор намуд.

ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

67

Ташкил намудани ёрии инфиродӣ ҳангоми зарурат Баъзе одамони дорои маълулият ба ёрии инфиродӣ дар шакли нигоҳубини ҳаррӯза ва дастгирӣ ниёз доранд. Чунин ёрӣ дар сатҳи ҷамоатҳо метавонад аз тарафи ихтиёриён расонида шавад, аксар вақт ин аъзоёни оила мебошанд, ки барои татбиқи чунин фаъолиятҳо махсус омӯзонда шудаанд. Дар он ҷойҳое, ки созмонҳои одамони дорои маълулият ё созмонҳои ғайридавлатӣ чунин омӯзишро пешниҳод намекунанд, нақши асосиро дар ин самт метавонанд кормандони ТСҶ бозанд. Ҳангоми пешниҳод намудани ёрии инфиродӣ шарти асосӣ, аз эътироф намудани он аст, ки шахси дорои маълулият бояд воситаҳои ёрирасонро худ интихоб намояд (ниг. ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ», боби «Ёрии инфиродӣ») .

Ҳангоми зарурат пардохт намудани хароҷотҳои бо маълулият вобаста Дар баъзе мамлакатҳо давлат ба одамони дорои маълулият ёрипулӣ барои пардохти хароҷотҳои бо маълулият вобастаро пешниҳод менамояд, ки он ҳамчун илова ба меъёри хароҷоти ҳаррӯзаи ҳаёти онҳо ба ҳисоб меравад. Ин хароҷотҳои иловагӣ метавонанд бо нақлиёт, манзили дастрас, воситаҳои ёрирасон ё мутобиқсозӣ барои истифодабарии маводҳои ҳаррӯза ва таҷҳизот вобаста бошанд. Онҳо инчунин, ҷуброни гум шудани музди меҳнатро барои онҳое, ки ихтиёран ба одамони дорои маълулият нигоҳубин менамоянд, ва аксар занҳо мебошанд, пардохт менамоянд. Ин хароҷотҳо дар сурате ҷуброн карда мешаванд, ки агар одамони дорои маълулият дар ҳаёти оила ва ҷамоат пурра иштирок намоянд, аммо дар сурати одамони дорои маълулият ва оилаи онҳо дар қашшоқӣ ҳаёт ба сар мебаранд, масусан хеле мушкил ҷуброн намудан мумкин аст. Дар он ҷое, ки чунин қарорҳои ташкилотчигӣ татбиқ мешаванд, барномаҳои ТСҶ бояд оид ба онҳо иттилоот дошта бошад, онро дастрас намояд ва барои истифода бурдан аз ин имтиёзҳо ба одамони дорои маълулият мусоидат намоянд. Ба шарофати дастрасӣ ба ин гуна дастгирӣ бояд гузариш аз истисноӣ ба ҷалбшавӣ ва аз иштироки нопурра дар ҳаёти ҷамоат ва ҷомеа ба ба иштироки пурра табдил гардад.

Библиография 1. Конвенсия оид ба табъиз дар соҳаи меҳнат ва шуғл [Конвенсия 111]. Женева, Созмони Байналмилалии меҳнат, 1958 (http://www. un. org/ru/documents/decl_ conv/ conventions/labour.shtml, санаи дастрасӣ: 15 маи с. 2010). 2. Конвенсия оид бабарқарорсозии касбӣ ва шуғли одамони дорои маълулият [Конвенсия 159]. Женева, Созмони Байналмилалии меҳнат, 1983 (http://www.ilo .org/ilolex/russian/docs/conv159. htm, санаи дастрасӣ: 15 маи с. 2010). 3. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 2006. (Error! Hyperlink reference not valid.www.un.org/ru/documents/ decl_conv/conventions/disability.shtml, санаи дастрасӣ: 30 марти с.2010). 68 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

4. CBR: A strategy for rehabilitation, equalization of opportunities, poverty reduction and social inclusion of people with disabilities (ILO, UNESCO, WHO Joint Position Papers). ILO/UNESCO/WHO, 1994-2004 (2004 paper available at: www.who. int/ disabilities/publications/cbr/en/index.html, accessed 30 March 2010). 5. Decent work. Geneva, International Labour Organization (undated) (www.ilo.org/ global/Themes/ Decentwork/lang - en/index .htm, accessed 15 May 2010) . 6. India’s rural job scheme plagued by discrimination. One World South Asia, 2006 (http://southasia. oneworld .net/, accessed 15 May 2010).

Адабиёти тавсияшаванда Achieving equal employment opportunities for people with disabilities through legislation. Guidelines. Geneva, International Labour Organization, 2007. Albu M. Economic empowerment of disabled people: lessons from northern Uganda about developing the market for enterprise-based skills development services. Moretonin-Marsh, APT Enterprise Development, 2005. Assisting people with disabilities in finding employment: a resource book for trainers of employment service personnel. Geneva, International Labour Organization, 2004. Carney D. Sustainable livelihoods approaches: Progress and possibilities for change. London, Department for International Development, 2002 (www.eldis.org/vfile/upload/1/ document/0812/SLA_Progress.pdf, accessed 22 May 2010). CGAP Microfinance Gateway: (www.microfinancegateway.org, accessed 22 May 2010). Churchill C, Frankiewicz C. Making microfinance work: managing for improved performance. Geneva, International Labour Organization, 2006. Decent work and poverty reduction strategies (PRS): A reference manual for ILO staff and constituents . Geneva, International Labour Organization, 2005 (www.ilo.org/dyn/ infoecon/docs/627/F286029509/DecentWork-PRSstextpdf, accessed 22 May 2010). Doing business in Addis Ababa: case studies of women entrepreneurs with disabilities in Ethiopia Geneva, International Labour Organization, 2003 (www.ilo.org/wcmsp5/groups/ public/—ed_emp/—ifpskills/documents/publication/wcms_106562.pdf, accessed 22 May 2010). Doing business in Tigray: case studies of women entrepreneurs with disabilities in Ethiopia. Geneva, International Labour Organization, 2003 (www.ilo.org/wcmsp5/groups/ public/—ed_emp/—ifpskills/ documents/publication/wcms_106563.pdf, accessed 22 May 2010). Dudzik P, McLeod D Including the most vulnerable: social funds and people with disabilities (Social Protection Discussion Paper No. 0023). Washington, DC, World Bank, 2000 (http://siteresources.worldbank.org/ SOCIALPROTECTION/Resources/SPDiscussion-papers/Disability-DP/0023.pdf, accessed 22 May 2010). Good practices for the economic inclusion of people with disabilities in developing countries: funding mechanisms for self-employment. London, Handicap International, 2006 (www.handicap-international . org/uploads/media/goodpractices-GB-2coul .PDF, accessed 22 May 2010). Guarantee funds for small enterprises: a manual for guarantee fund managers Geneva, International Labour Organization, 2004 (www.ilo. org/public/libdoc/ilo/2004/104B09_435_ engl .pdf, accessed 22 May 2010) . ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 69

Harris C . Self-employment of disabled people in developing countries . Disability World, 2003, 21:Nov-Dec (www.disabilityworld .org/11-12_03/employment/selfemployment. shtml, accessed 22 May 2010) . Heron R. Job and work analysis: guidelines on identifying jobs for persons with disabilities. Geneva, International Labour Organization, 2005 (www.ilo.org/wcmsp5/groups/public/— ed_emp/—ifp skills/ documents/publication/wcms_111484.pdf, accessed 22 May 2010). Heron R, Murray B . Assisting disabled persons in finding employment: a practical guide - Asian and Pacific edition, 2nd ed. Bangkok, International Labour Office, 2003 (www. ilo. org/skills/what/pubs/lang - en/ docName - WCMS_106577/index.htm, accessed 22 May 2010). Human Resources Development Recommendation, 2004 (No. 195). Geneva, International Labour Organization, 2005 (www.ilo . org/ilolex/cgi-lex/convde.pl?R195, accessed 22 May 2010). Hussein K. Livelihoods approaches compared: A multi-agency review of current practice. London, Department for International Development, 2002 (www.eldis.org/vfile/upload/1/ document/0812/LAC .pdf, accessed 22 May 2010). Johanson R, Adams A. Skills development in sub-Saharan Africa. Washington, DC, World Bank, 2004 (Error! Hyperlink reference not valid.info.worldbank.org/etools/docs/ library/235731/Skills%20Development%20in%20Sub%20Saharan%20 Africa.pdf, accessed 22 May 2010) . Karlsson L . How to start a small business: a manual for community workers assisting persons with disabilities . Geneva, International Labour Office, 1992 (available to purchase at www.ilo .org/global/What_we_do/ Publications/ILOBookstore/Orderonline/ Books/lang - en/docName - WCMS_PUBL_9221096092_EN/ index.htm, accessed 22 May 2010. Photocopy available from Skills and Employability Department, ILO, Geneva). Mersland R. Microcredit for self-employed disabled persons in developing countries . Social Science Research Network (SSRN), 2005 (http://ssrn.com/abstract=970519, accessed 22 May 2010). MicroInsurance Centre: (www.microinsurancecentre.org, accessed 22 May 2010). Mitra S . Disability and social safety nets in developing countries (Social Protection Discussion Paper No. 0509). Washington, DC, World Bank, 2005 (http://siteresources .worldbank.org/SOCIALPROTECTION/ Resources/0509.pdf, accessed 22 May 2010). Moving forward: toward decent work for people with disabilities. Examples of good practices in vocational training and employment from Asia and the Pacific. Geneva, International Labour Organization, 2003 (www. ilo. org/public/libdoc/ilo/2003/103B09_417_engl .pdf, accessed 22 May 2010) . Murray B, Heron R. Assisting disabled persons in finding employment: a practical guide - Caribbean edition, 2nd ed. Port of Spain, International Labour Office, 2003 (www.ilo. org/wcmsp5/groups/public/-ed_emp/---ifp_skills/documents/publication/wcms_113832. pdf, accessed 22 May 2010). Optional Protocol to the Convention on the Rights of Persons with Disabilities . New York, United Nations, 2006 (www.un.org/disabilities/convention/optprotocol .shtml, accessed 22 May 2010) . O’Reilly A. The right to decent work of persons with disabilities. Geneva, International Labour Office, 2007 (www.ilo . org/public/english/region/ampro/cinterfor/news/rightto. pdf, accessed 22 May 2010) . 70 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»

People with disabilities. Pathways to decent work. Report of a Tripartite Workshop, Malawi, Lilongwe, 16-17 May 2006. Geneva, International Labour Office, 2007 (www. ilo. org/wcmsp5/groups/public/-ed_emp/---ifp_skills/documents/publication/wcms_107785. pdf, accessed 22 May 2010). Perry DA. EmployAbility: a resource guide on disability for employers in Asia and the Pacific. Bangkok, International Labour Office, 2007 (http://bravo. ilo.org/wcmsp5/groups/ public/—asia/—ro-bangkok/ documents/publication/wcms_bk_pb_98_en.pdf, accessed 22 May 2010). Resolution and conclusions concerning decent work and the informal economy (document ILC90-PR25-292-En. Doc). Geneva, International Labour Organization, 2002 (www.ilo. org/wcmsp5/groups/public/-ed_norm/---relconf/documents/meetingdocument/wcms_ gb_298_esp_4_en .pdf, accessed 22 May 2010). Roth J, McCord M, Liber D. The landscape of microinsurance in the world’s 100poorest countries. Appleton, WI, Microinsurance Centre, 2007 (www.microinsurancecentre.org/ UploadDocuments/Landscape%20 study°%20paper.pdf, accessed 22 May 2010) . Skills development through community based rehabilitation (CBR). A good practice guide. Geneva, International Labour Organization, 2008 (www.ilo . org/skills/what/pubs/ lang - en/nextRow - 41/index. htm, accessed 22 May 2010). Strategies for skills acquisition and work for persons with disabilities in Southern Africa. Synthesis report -Malawi, South Africa, Zambia. Geneva, International Labour Organization, 2007 (www. ilo.org/wcmsp5/ groups/public/—ed_emp/—ifp_skills/ documents/publication/wcms_107784.pdf, accessed 22 May 2010). Technical and vocational education and training forthe twenty-first century: UNESCO and ILO Recommendations. Paris, UNESCO/ILO, 2002 (http://unesdoc.unesco.org/ images/0012/001260/126050e.pdf, accessed 22 May 2010). Training and skills acquisition in the informal sector: A literature review (InFocus Programme on Skills, Knowledge and Employability Working Paper No. 9) . Geneva, International Labour Organization, 2002 (www. ilo.org/wcmsp5/groups/public/—ed_ emp/—ifp_skills/documents/publication/wcms_104010.pdf, accessed 22 May 2010). Training for work in the informal sector: new evidence from Kenya, Tanzania and Uganda (InFocus Programme on Skills, Knowledge and Employability Working Paper No. 11). Geneva, International Labour Organization, 2002 (www.ilo .org/wcmsp5/groups/public/— ed_emp/—ifp_skills/documents/publication/ wcms_103995.pdf, accessed 22 May 2010) Van Adams A, Middleton J, Ziderman A. Skills for productivity: vocational education and training in developing countries . New York, Oxford University Press/World Bank, 1993 (www-wds .worldbank.org/external/default/ WDSContentServer/WDSP/IB/2000/07/19/0 00009265_3970128105228/Rendered/PDF/multi_page.pdf, accessed 22 May 2010). Vargas Zuniga F. Key competencies and lifelong learning: three perspectives on these subjects in Latin America and the Caribbean. Montevideo, International Labour Office/ CINTERFOR, 2005 (www.ilo .org/public/ english/region/ampro/cinterfor/publ/vargas/ index.htm, accessed 22 May 2010).

ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

71

Барои қайдҳо

ТОҶИКӢ

МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо

Идоракунии саломатӣ

Кӯдакии бармаҳал

Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила

Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон

Пешгирӣ

Ибтидоӣ

Худшуғлбудан

Кӯмаки тиббӣ

Миёна ва олӣ

Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ

Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия

Барқарорсозӣ

Ғайрирасмӣ

Асбобҳои ёрирасон

Таҳсил дар давоми ҳаёт

Ҳифзи иҷтимоӣ

Ташкилотҳои маълулон

Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон

Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72

Informations clés
Type de document Publications
Date d'adoption
Source Organisation mondiale de la santé