Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ.
1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.
Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.
© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.
Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.
Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.
Дар роҳи рушди
Иттилооти заминавӣ Мундариҷа Сарсухан.............................................................................................................5 Арзи сипос.........................................................................................................7 Оид ба «Дастурҳои ТСҶ»...............................................................................13 Муқаддима.......................................................................................................17 Идоракунӣ.........................................................................................................35 Сарсухан .........................................................................................................35 Марҳала 1: Таҳлили вазъият.........................................................................42 Марҳала 2: Банақшагирӣ ва таҳия...............................................................49 Марҳала 3: Татбиқ ва санҷиш .......................................................................56 Марҳала 4: Арзёбӣ..........................................................................................63 Замима: Намунаҳои сохтори идоракунии барномаҳои ТСҶ.............................................................................................71
Сарсухан Барномаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ) бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳони тандурустӣ, дар соли 1978 баъди қабули изҳороти Алма-Ато пешниҳод шудааст. Он чун стратегияи беҳтар намудани сатҳи дастрасии одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ё миёна, бо истифодаи мувофиқи захираҳои маҳаллӣ дар назар дошта шудааст. Дар 30 соли охир дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), созмонҳои ғайридавлатӣ ва одамони дорои маълулият, барномаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ) ба стратегияи бисёрсоҳавӣ мубаддал шуд, ки ба қонеъ намудани талаботҳои нисбатан васеи одамони дорои маълулият равона шуда, барои таъмини иштирок, фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати ҳаёти онҳо кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Дар давоми панҷ соли охир роҳбарони ТСҶ дар омода намудани «Дастур оид ба ТСҶ» якҷоя меҳнат намуданд, ки он дар асоси тавсияҳои асосӣ, пас аз машварати Байналмилалӣ оид ба арзёбии масъалаҳои вобаста ба тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат, ки соли 2003 дар Хелсинки гузаронида шуд ва ҳуҷҷати якҷояи дар соли 2004 қабулкардаи Созмони байналмилалии меҳнат, Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва ТУТ нисбати ТСҶ қабул шуда буд, таҳия гардидааст. Дар «Дастури» мазкур ТСҶ ҳамчун стратегияе дида баромада мешавад, ки ба татбиқу амалигардонии Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва талаботи қонунгузории миллӣ оид ба масъалаҳои маълулият бахшида шуда, ба рушди фарогирии одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоату ҷомеа мусоидат менамояд Дар дастур ба роҳбарони ТСҶ ва дигар мутахассисон маслиҳатҳои амалӣ оид ба чӣ тавр таҳия ё пурқувват намудани барномаҳои ТСҶ, инчунин оид ба чӣ тавр таъмин намудани дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба хизматрасониҳои тандурустӣ, маориф, худтаъминкунӣ ва соҳаи иҷтимоӣ кафолат додан мумкин аст, пешниход карда мешавад. Дар дастур диққати асосӣ ба васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаи онҳо ва ҷамоатҳо, бо роҳи осон намудани фарогирӣ ва иштироки онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои рушд ва қабули қарорҳо, дода шудааст. Ба ғайр аз ин, дар дастур зарурати арзёбии барномаҳои ТСҶ, инчунин, гузарондани тадқиқотҳои минбаъда, ки ба таҳлили самарабахш ва таъсирбахшии иқтисодии ТСҶ дар шароитҳои гуногун, қайд карда шудааст. Ҳуҷҷати мазкур дар ҳамкории зич аз тарафи ТУТ, СБМ, ЮНЕ СКО ва консорсиуми Байналмиллалӣ оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият ва рушд, махсусан аъзоёни гурӯҳи мақсаднок оид ба ТСҶ – СВМ, Ҳендикэп Интернейшнал, ассотсиатсияи итолиёвии АЙФО, Равшанӣ ба ҷаҳон», ассотсиатсияи Норвегии одамони дорои маълулият ва созмони Сайтсейверз, таҳия гардидааст. Ба ғайр аз ин, дар ин фаъолият зиёда аз 180 мутахассисон ва 300 ташкилот, бештар аз мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст иштирок намуданд. Мо ба онҳо миннатдории самимонаи худро барои саҳми арзанда ва дастгирӣ, изҳор менамоем. Доктор Али Алвон, Муовини директори генералӣ оид ба бемориҳои ғайрисироятӣ ва ҳифзи саломатии равонии Ташкилоти Умумиҷаҳоии Тандурустӣ
5
Арзи сипос Ба саҳмгузорон Алиризо Аҳмадиев, Суман Аҳмед, Анупам Аҳуҷа, Флавиа Естер Анау, Марта Аоки, Шитаи Аставес, Луис Фернандо Асторга, Рума Бенерҷӣ, Анҷело Барбато, Алсида Перез Барриоз, Дениз Диас Баррос, Мари Басинда, Рэйман Беатриз, Беверли Беклз, Ҳерве Бернард, Ҷозе М. Бертолот, Франсуаз Боивон, Йоҳан Борг, Вим Ван Бракел, Вианни Брайенд, Рон Броиллет, Лиссен Брус, Ҷил Ван ден Брул, Стефани Люсиен Брун, Сезар Камповерде, Ҷоан Карей, Лорензо Карраро, Бланка Кастро, Маҳеш Чандрасехар, Готэм Чодҳурӣ, Парк Чул-Ву, Денис Компингт, Ҳуиб Корниелҷӣ, Энрике Коронел, Ҳаннаҳ Корпс, Аҷит Далал, Тулика Дас, Нан Денгкун, Бишу Майа Дунгана, Паскал Дрейер, Сервиос Дюб, Марсиа Дуган, Ливиа Елвира Енрикуез, Дэниэл Есси ЕтяЭл, Эйми Фаркас, Ҳерри Финкелфлугел, Ҷонатан Фловер, Руиз Аликс Солангел Гарсиа, Рита Гиакаман, Сюзан Гироис, Алока Гуҳа, Ғада Ҳарамӣ, Сэлли Ҳартли, Пиет Ван Ҳаззелт, Санаи Ҳейаши, Дэмиен Ҳазард, Елс Ҳейҷнен, Сепп Ҳейм, Емма Ҳоувелл, Патрик Ҳюберт, Шая А.Ибраҳим, Женана Ҷаловкик, Н. Ҷаҳардҳан, Иво де Ҷесус, Жанг Ҷинминг, Донатила Канаямба, Анита Келлер, Ҷаҳурул Алам Хандакер, Чарлз Килибо, Калле Конкола, Пим Куиперс, Эммануэл Лаерте, Силва Латис, Крис Лейви, Су Чу Лӣ, Тирза Лейбовитс, Эн Леймат, Ян Лин, Йоҳан Линдеберг, Анна Линдстром, Гразиелла Липполис, Бетти Маккдоналд, Жералдин Мэйсон-Ҳаллз, М.Н.Ҷ. Мани, Стив Маннион, Ензо Мартинеллӣ, Глория Мартинез, Фиталис Вере Масахви, Рой Мермленд, Раҷанаякам Моҳанраҷ, Ашис К.Мухерчӣ, Розалин Мванги-Вабуг, Ҷеймс Мвесҷай, Маргарет Наеҷелӣ, Д.М. Найду, Алекс Ндизӣ, Алис Нганва, Тран Ти Нҳую, Стела Марис Николау, Ҳенри Мвизегва Нямуби, Лоренс Офори -Аддо, Ҷоан Окун, Фатима Корреа Оливер, Франсеска Орталӣ, Парвин Ортогол, Ҷибрил Оуедригоу, Р. Парараҷасегарам, Истван Паткаи, Карол Патерсон, Ахил С.Паул, Норгрове Пени, Ҳернан Сото Перал, Дебра Перри, Катарина Пфортнер, Эрик Плантиер, Фиона Пост, Грант Престон, Бҳушан Пунанӣ, Шейла Пурвез Нандини Равал, Еладио Рекабаррен, Чен Рейз, Рамин Ризоӣ, Алина Роберт, Силвиа Родригез, Дезире Роман, Гонна Рота, Тереза Роугер, Ҷоҳаннес Саннесмоен, Мэри Скот, Алаа Сабеҳ, Том Шекспир, Албина Шанкар, Валери Шеррер, Эндрю Смит, Шон Тесни, Онголо Томас, Флоренс Тюн, Ҳайнз Треббин, Даниел Тзенгу, Вероника Умеасигбу, Клоди Унг, Изабел Урсео, Гирт Ванесте, Йоҳан Вилма, Ренс Верстаппен, Ҷон Виктор, Мэри Кеннеди Вамбуӣ, Шейла Варенбург, Патрик Васукира, Терҷе Ваттердал, Марк Ветз, Мари Викенден, Ҳю Сянганг, Мигел Ябер, Веда Закарияҳ, Дэниэл Заппала, Тизун Жао ва Тулинг Жу.
Тақризгарон Камала Ачу, Розанҷела Берман-Билер, Рома Бҳаттачарҷӣ, Дэн Блока, Жан- Лук Бориз, Вим Ван Бракел, Маттиас Браубах, Свейн Бродкорб, Руди Конинкс, Ҳюиб Корнелҷи, Кеннет Еклиндҳ, Гаспар Фаҷс, Ҳетти Франсен, Бес Фуллер, Кристина Каллегос, Донна Гудман, Демет Гулалдӣ, Правина Гунаратнам, Сэлли Ҳартли, СаАРЗИ СИПОС 7
нае Ҳейашӣ, Саид Ҷаффар Ҳуссейн, Ҷенана Ҷаловкик, Абӯбакр Кампо, Этиен Круг, Гаррен Лумпкин, Чив Луо, Шарлотт Макклейн-Нилапо, Асиш Кумар Мукерҷӣ, Барбара Муррей, Бренда Майерс, Козю Кей Нагата, Алис Нганва, Кики Нордстром, Алана Оффисер, Ҳисаши Огава, Макколм Пиит, Люис А. Плофф, Фиона Пост, Франсеска Расиоппи, Пиа Рокҳолд, Ҳала Шакр, Чамайпарн Сантикарн, Бенедитто Сарасено, Шехар Саксена, Ҳелен Шулте, Кит Синклер, Ҷоу Убиедо, Нурпер Улкиер, Армандо Васкес и Александра Йастер.
Тақризгарони маҳаллӣ БАНГЛАДЕШ Маркази маълулият дар соҳаи рушд ва Форуми миллии созмонҳои бо одамони дорои маълулият фаъолияткунанда.
БУРКИНА-ФАСО Маркази бемориҳои чашм дар Зорго ва Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳои Кворгайи ва Гарнаго.
КАМБОҶА Ҳайати Камбоҷа оид ба масъалаҳои маълулият ва Маркази миллии одамони дорои маълулият.
ХИТОЙ Беморхонаи донишгоҳи Анҳуй, Беморхонаи якуми шаҳри Пекин, Ассотсиатсияи тибби тавонбахшии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи одамони дорои маълулияти Ҷумҳурии Халқии Хитой (Маркази раҳнамоии хизматрасониҳои иҷтимоӣ), Маркази таҳқиқотӣ тавонбахшии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷамъияти хитоии тибби ҷисмонӣ ва тавонбахшӣ, Федератсияи одамони дорои маълулияти шаҳри Дунгуань, Федератсияи одамони дорои маълулияти вилояти Гуангдонг, - Федератсияи одамони дорои маълулияти вилояти Ҳубей, Федератсияи одамони дорои маълулияти ҷумҳурии Нанпи, Федератсияи одамони дорои маълулияти, шаҳри Вуҳан, Федератсияи одамони дорои маълулият ва Ассотсиатсияи тавонбахшии музофоти Гуангдонг, Маркази хизматрасониҳо ба одамони дорои маълулият, Шенжен, Маркази хизматрасониҳо ба одамони дорои маълулияти музофоти Шунде, Беморхонаи Ҳуашани донишгоҳи Фудан, Ассотсиатсияи тиббӣ тавонбахшии Гуангдонг, Маркази тавонбахшии коргарони Гуангдонг, Маркази хазинавии оилаи Ликангҳо аз Гуангжу, Беморхонаи № 1, шаҳри Гуангжу, Ши Ҷиа Зуанг; Донишгоҳи илмӣ ва технологии Ҳуа Жонг, Маркази саломатии ҷамоатии Кӯчаи Шимолии Ҷиангмен; Беморхонаи №2, коллеҷи тиббии Кумминг, Нанпи, деҳаи Ҷин Яа; деҳаи Юу Шан Те, Наҷоти кӯдакони Британияи Кабир; Беморхонаи мардумии № 2, Шенжен, Беморхонаи, мардумии № 9, Шенжен; Маркази хазинавии шаҳри Шенжен оид ба технологияҳои ёрирасон барои одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, Маркази ҳамкорӣ оид ба тавонбахшии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ҷамъияти тавонбахшии Гонконг; Маркази ҳамкорӣ оид ба тавонбахшии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Донишгоҳи илмҳои тиббии Сун Ят Сен; Маркази ҳамкорӣ оид ба омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои тавонбахшӣ дар Беморхонаи Тонгҷӣ; Мактаби тандурустии ҷамъиятии Сянинг, Беморхонаи вилоятии Жеҷиянҷ ва беморхонаи №3 Донишгоҳи Жонгшан. 8 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
МИСР Маркази дастгирӣ, таҳсилот, омӯзиш ва фарогирӣ дар шаҳри Қоҳира.
ЭФИОПИЯ Маркази тавонбахшии Арба Минч, CBM Эфиопия, Шабакаи барномаҳои тавонбахшии саломатӣ дар Эфиопия, Фонди Чешир, Эфиопия – Аддис Абаба, Фонди Чешир, Эфиопия - Ҷимма, Хизматрасониҳои Чешир – Дайа Дава, Хизматрасониҳои созмони ғайридавлатии Чешир - Ҳарар, Хизматрасониҳои созмони ғайридавлатии Чешир- Эфиопия, Ассотсиатсияи миллии одамони дорои маълулияти шунавоӣ доштаи Эфиопия, Шабакаи миллии фаъолиятҳо бо одамони дорои маълулият, ТСҶ-и шаҳри Фикке; ТСҶ-и Донишгоҳи Гондер, Донишгоҳи Гондер (Факултаи физиотерапӣ), Ёрирасонандагони Мэари, ТСҶ-и шаҳри Сакоу, Мубаллиғони тиббии Мэари, Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Ассотсиатсияи миллии кӯдакон ва наврасони дорои маълулияти ақлонӣ, ТСҶ-и шаҳри Некемте, ТСҶ-и шаҳри Адама ва хизматрасониҳои тавонбахшӣ барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ.
ГАНА Амалиёт оид ба масъалаҳои маълулият ва рушд, Ҷамъияти музофоти Агона, беморхонаи Бавку (шӯъбаҳои аудиологӣ (соҳаи илм ва тиб, ки масъалаҳои шунавоиро меомӯзад), физиотерапивӣ ва ортопедӣ); Шӯъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳияи Агона, Шӯъбаи таъминоти иҷтимоии минтақаи Волта, Шӯъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳияи Виннеба, Ҷамъияти ноҳияи Нкванта, Маъмурияти тандурустии ноҳияи Сведра, Екоинг Ҳиллз, ТСҶ-и шаҳри Гару, Ассотсиатсияи ганагии одамони дорои маълулияти биноӣ – ГаАдангме, Хизматрасонии соҳаи маорифи Гана, Федератсияи ганагии одамони дорои маълулият, Ассотсиатсияи ганагии одамони дорои маълулияти шунавоӣ, Ҷамъияти ганагии одамони дорои маълулияти биноӣ – музофоти Бронг Аҳафо, Ҷамъияти ганагии одамони дорои маълулияти биноӣ, ТСҶ-и шаҳри Крачӣ, Вазорати маориф, Комиссияи миллии таҳсилоти шаҳрвандӣ, Волидон ва оилаҳои одамони дорои маълулият, ТСҶ-и пресвитери калисои Гару, Қӯшуни наҷотдиҳии Дунква, Қӯшуни наҷотдиҳии Бегоро, Қӯшуни наҷотдиҳӣ (лоиҳаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат), Қӯшуни наҷотдиҳӣ (Мактаби фарогир барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ), Қӯшуни наҷотдиҳӣ (Хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ) Аккра, ТСҶ-и Сандема – музофоти Аппер Вест, Сайтсейверс, корхонаи асосӣ, Сайтсейверс - Қарочӣ, Сайтсейверс - Нкванта, Корманди калони шӯъбаи банақшагирии Сведру, пешвоёни анъанавӣ ва динии Дуаква ва донишгоҳи таҳсилоти Виннеба.
ГАЙАНА Шӯрои Кариб оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулияти биноӣ, Барномаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) дар Гайана, Вазорати тандурустӣ, Комиссияи миллӣ ва гурӯҳи ёрирасон оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулияти шунавоӣ.
ҲИНДУСТОН Айна, фаъолиятҳо оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият ва рушд дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, АЙФО Ҷумҳурии Ҳиндустон, эҳтиёҷотҳои асосӣ- Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти биноӣ, Ҷумҳурии Ҳиндустон, CBM, форуми ТСҶ, Шабакаи ТСҶ-и Бангалор, хонаҳои Созмони байналмилалии Леонард Чешири Ҳиндустон - Курге, Шабакаи ҳуқуқҳои инсон, Созмони байналмилалии Леонард Чешир, Созмони байналмилалии Леонард Чешир дар Бангалор, Вазорати рушди манбаъҳои инсонӣ, Вазорати адолати иҷтимоӣ ва ва васеъгардоАРЗИ СИПОС 9
нии ҳуқуқу имкониятҳо, Тағйирпазирӣ (зудҳаракатӣ) дар Ҳиндустон, Ҳаракати озодӣ ба ноҳияҳои деҳот, фонди Наренда, идораи ваколатдори давлатӣ барои одамони дорои маълулият, Хазинаи хайриявии паллиативӣ (таскиндиҳии дард) Ҷумҳурии Ҳиндустон, (Хазинаи хайриявии паллиативӣ (таскиндиҳии дард) Ҷумҳурии Ҳиндустон, Донишгоҳи пас аз дипломии таҳсилот ва таҳқиқотии тиббӣ- Чандигар, Шӯрои тавонбахшии ҶҲ, донишгоҳи Роҳилханд (донишкадаи таҳқиқотҳои перспективӣ дар соҳаи таҳсилот), фонди Саҳа, Сенс интернешнал ҶҲ, SEVA дар амал, Академия оид ба масъалаҳои биноӣ Шри Рамана Маҳариши, ҷамъияти спастикӣ (рагкашии) Карнатака, ҷамъияти спастикӣ (рагкашии) Тамил Наду, Ассотсиатсияи одамони дорои маълулият ва Викланг Кендра.
ИНДОНЕЗИЯ Маркази таҳияи барномаҳои тавонбахшии саломатӣ ва омӯзишҳо дар сатҳи ҷамоат ва ТСҶ дар музофоти ҷанубии Сулавеси.
КЕНИЯ Ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ дар Кения, Ассотсиатсияи миллии одамони дорои маълулияти шунавоӣ дар Кения, коллеҷи тиббии Keния, Ҷамъияти кениягии одамони дорои маълулияти биноӣ, Иттиҳоди кениягии одамони дорои маълулияти биноӣ, Созмони хайриявии Леонард Чешир оид ба масъалаҳои маълулият – корхонаи минтақавии Африкаи Шимолӣ, Барномаи рушди фарогир оид ба таҳсилоти барвақти кӯдак Литл Рок, Вазорати тандурустӣ, Сенс интернешал – Африкаи Шарқӣ ва Хизматрасониҳои ихтиёриён дар хориҷ- Кения.
ҶУМҲУРИИ ХАЛҚӢ – ДЕМОКРАТИИ ЛАОС Намояндагии Ҳэндикеп интернешенли Белгия дар Ҷумҳурии Ҳиндустон
ЛУБНОН Арк ен Сиел, Ассотсиатсияи одамони дорои маълулият, Диакония (хизматрасонӣ ба мардум бо мақсади дигар кардани ҳаёти онҳо), Иттиҳоди умумии занҳои Фаластин, Ёрии тиббӣ ба фаластиниҳо, Ассотсиатсияи Наҳда, Ёрии халқи Норвегия, Наҷоти кӯдакони Шветсия ва Ассотсиатсияи одамони дорои маълулият, Норвегия.
МАЛАВӢ Федератсияи Созмонҳои кор бо одамони дорои маълулият дар Малавӣ, Кӯдакони Малавиро бо ғизо таъмин намоед, Шӯрои одамони дорои маълулият дар Малавӣ. (Котиботи барномаи миллии ТСҶ барои Малавӣ), Вазорати маориф, илм ва технология, Вазорат оид ба масъалаҳои гендерӣ ва рушди кӯдакон, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати меҳнат.
МЕКСИКА Пина Палмера Маркази тавонбахшӣ ва фарогирии иҷтимоӣ барои одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ ва ақлонӣ
МУҒУЛИСТОН АЙФО – намояндагӣ дар мамлакат, Барномаи Миллии ТСҶ ва маркази тавонбахшии саломатӣ дар Муғӯлистон
10
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
МЬЯНМА Имкониятҳои асосии рушди ҷаҳонӣ - намояндагӣ дар мамлакат.
НИКАРАГУА Барномаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат дар Ҷуигалпа.
ФАЛАСТИН Маркази Ал-Нур, Ҷамъияти хайриявии Аль-Вафо, Беморхонаи Ал-Вафо, Ҷамъияти Ал-Видад, Ҷамъияти Атфлалуна оид ба кор бо кӯдакони дорои маълулияти шунавоӣ, Ҷамъияти Байтуна, Бесилҳем, ҷамъияти арабии тавонбахшӣ, Донишгоҳи Бирзеит (донишкадаи ҷамоат ва тандурустии аҳолӣ), Барномаи ТСҶ – Соҳили Марказӣ Ғарбӣ, Барномаи ТСҶ – Соҳили Шимолу Ғарбӣ, Барномаи ТСҶ – Соҳили Ҷанубу Ғарбӣ, Коллеҷи ҷамоатӣ, Диакония ва Ассотсиатсияи норвегиявии одамони дорои маълулият, Барномаи саломатии ақлонӣ дар Газа, Иттиҳоди умумии фаластиниёни дорои маълулият, Клуби байналмилалии одамони дорои маълулияти шунавоӣ, Ёрии исломӣ дар Хеврон, Ҷамъияти Ҷабалия, Ҷамъияти тавонбахшии саломатӣ дар Иерусалим, Донишкадаи Воситаҳои Афкори Омма (ВАО), Ёрии тиббӣ барои фаластиниён, Британияи Кабир, Вазорати маориф ва Вазорати мактабҳои олӣ (Шӯъбаи таҳсилоти махсус), Вазорати тандурустӣ (Шӯъбаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода), Вазорати худидоракунии ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати корҳои иҷтимоӣ, Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази миллии тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат, Ҷамъияти миллии тавонбахшӣ дар Газа, Комиссияи фаластиниён оид ба риояи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, Ҷамъияти фаластиниён оид ба ёрии тиббӣ, Иттиҳоди нунчакбозони фаластинӣ, Духтурон бе сарҳад, радиои А-Ирода (овози одамони дорои маълулият), Созмони Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъияти ҳуқуқ ба ҳаёт, Наҷоти кӯдакони Фаластин, Маркази Шамс оид ба нигоҳубин ва расонидани ёрӣ ба одамони дорои маълулият, Ҷамъияти одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, Иттиҳоди варзишӣ барои одамони дорои маълулият, Ҷамъияти Ситораҳои умед, Хазинаи кӯдакони Созмони миллали муттаҳид, Агентии СММ оид ба ёрии башардӯстона (барномаи тавонбахшӣ) ТУТ ва Ҷамъияти Вифақ барои расонидани ёрӣ ва рушд.
ПАПУА – ГВИНЕЯИ НАВ Хизматрасониҳои Каллан ба одамони дорои маълулият.
ФИЛИППИН CBM (Корхонаи ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ТСҶ), Хазинаи Симон Киринеянин оид ба рушд ва тавонбахшии саломатӣ, Донишгоҳ ва беморхонаҳои Филиппин (шӯъбаи тавонбахшии саломатӣ).
АФРИҚОИ ҶАНУБӢ Созмони хайриявии Леонард Чешир оид ба масъалаҳои маълулият корхонаи минтақавӣ дар Африқои ҷанубӣ, АҶҲБ (Агентии Ҷопон оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ) – корхонаи минтақавии созмони ғайридавлатии Леонард Чешир оид ба масъалаҳои маълулият ва шабакаи созмонҳои ғайридавлатӣ, дар Африқои Ҷанубӣ
АРЗИ СИПОС
11
ТАИЛАНД Маркази рушди масъалаҳои ба маълулият вобастаи мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси ором, Созмони байналмиллалии одамони дорои маълулият (Ҳендикэп интернешал) дар Тайланд, корхонаи минтақавии Созмони байналмилалии меҳнат дар Тайланд, Донишгоҳи Хон Каён (факултаи муттаҳид кардашудаи илмҳои тиб), Маркази миллии тавонбахшии тиббӣ (Вазорати тандурустӣ) ва Идораи миллии васеънамоии ҳуқуқу имкониятҳои одамони дорои маълулият
УГАНДА Амалиётҳо оид ба масъалаҳои маълулият ва рушд дар Уганда, барномаи ТСҶ – дар музофоти Бусиа, CBM, Шабакаи барномаҳои ТСҶ дар Африқо, Иттиҳоди барномаҳои тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат, Ассотсиатсияи дастгирии одамони дорои бемории ҷузом, Германия, GOAL– агентии гуманитарии байналмилалӣ дар Уганда, донишгоҳи Кямбого, Созмони ғайридавлатии Леонард Чешир оид ба масъалаҳои маълулият дар Уганда, Мактаби миёнаи (синфҳои болоӣ) Лузира, Системаи саломатии равонии Уганда, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф ва варзиш, Вазорати кор оид ба масъалаҳои гендерӣ, меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, Ассотсиатсияи миллии одамони дорои маълулияти шунавоӣ ва биноӣ, Уганда, Иттиҳоди миллии одамони дорои маълулият дар Уганда, Сенс интернешнал, Сайтсейверс интернешнал, Уганда, Созмонҳои мубориза зидди ВНМО дар Уганда, Ассотсиатсияи миллии одамони дорои маълулияти шунавоӣ, фонди одамони дорои маълулияти биноӣ, Уганда, Ҷамъияти кӯдакони дорои маълулият дар Уганда.
ВЕТНАМ CBM, шифохонаи табобатию тавонбахшии Дананг, шифохонаи Бах Май (шӯъбаи тавонбахшии саломатӣ), Кумитаи тиббии Нидерландия, Ветнам ва Имкониятҳои ҷаҳонии рушд (World Vision International) Ветнам.
ЗИМБАБВЕ Донишкадаи африқоии тавонбахшии саломатӣ, фонди Чешир, шӯъбаи таҳқиқотҳои илмӣ-амалии клиникӣ, фонди дастгирии беморони саръ, Вазорати тандурустӣ, Ассотсиатсияи миллии ҷамъияти дастгирии нигоҳубини одамони дорои маълулият ва Шӯрои миллии одамони дорои маълулият дар Зимбабве, Донишгоҳи Зимбабве, ТУТ ва донишгоҳи кушодаи Зимбабве
12
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Оид ба Дастури ТСҶ Маълумотнома оид ба "Дастурҳо" Аз рӯи натиҷаи арзёбиҳо одамони дорои маълулият 10%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд (7). Аксарияти зиёди онҳо дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ, дар шароити камбизоатӣ зиндагӣ менамояд. Одамони дорои маълулият ба қатори гурӯҳҳои аз ҳама осебпазири аҳолӣ ва дорои ҳуқуқ ва имкониятҳои камтарин дохил мебошанд. Аксар вақт онҳо бо тамғагузорӣ ва табъиз дучор мешаванд. Одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои тиббӣ, маориф ва манбаъҳои ҳаётӣ дастрасии маҳдуд доранд. Барномаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ) нахустин маротиба аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баъд аз гузарондани конфронси Байналмилалӣ оид ба ёрии аввалии тиббию санитарӣ дар соли 1978 ва қабули изҳороти (декларатсияи) Алма – Ато дар он пешниҳод шудааст (2). ТСҶ ҳамчун стратегияи беҳтар намудани дастрасии одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ дида баромада шуд. Аммо дар 30 соли минбаъда ҳудудҳои он беҳад васеъ шуданд. Дар соли 2003 дар машварати Байналмилалие, ки дар Хельсинки оид ба баррасии масъалаҳои вобаста бо тавонбахши саломатӣ дар сатҳи ҷамоат баргузор гардид, як қатор тавсияҳои муҳим қабул карда шуданд (3). Дертар, дар ҳуҷҷат оид ба мавқеи якҷояи созмони Байналмилалии меҳнат, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва ТУТ, тавсифи нави ТСҶ дода шуд, ки он ҳамчун стратегияи умумии рушди ҷамоатҳо амалӣ шуда, ба тавонбахшии саломатӣ, ташкили имкониятҳои баробар, бартараф намудани камбизоатӣ ва фарогирии иҷтимоии одамони дорои маълулият равонашуда тавсиф ёфт (4). Дар соли 2005 бошад, ассамблеяи Умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳороти 58.23-ро қабул намуд, ки дар он давлатҳо –иштирокчиён ба пешгирӣ ва тавонбахшии саломатии одамони дорои маълулият, ва «рушду пурқувват намудани барномаҳои тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоатҳо…» даъват шудаанд (5). Айни замон ТСҶ дар зиёда аз 90 мамлакатҳои ҷаҳон амалӣ мешавад. «Дастури» мазкур ба бисёр саволҳои аз тарафҳои манфиатдор дар мамлакатҳои ҷаҳон оид ба он ки минбаъд барномаҳои ТСҶ-ро дар кадом самт бояд тараққӣ дода шавад, ҷавоб медиҳад. Ба ғайр аз ин, дар «Дастур» дар асоси таҷрибаи 30 – сола, фаҳмиши умумӣ ва консепсияи ТСҶ, ки дар он ҳамаи иттилоот оид ба татбиқи ТСҶ дар ҷаҳон маълум аст, ҷамъбаст шуда, таркиби нави амалиёт ва маслиҳатҳои амалӣ оид ба татбиқи он пешниҳод шудаанд. Муқаррароти Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва протоколи Факултативии он (б) ҳангоми омода намудани дастур васеъ истифода шуда, ба нусхаи интиҳоии он таъсири калон расонданд.
ОИД БА ДАСТУРҲОИ ТСҶ
13
Мақсадҳои умумии "Дастурҳо" • дастурҳои роҳбарикунанда оид ба таҳия ва пурқувват намудани барномаҳои ТСҶ мутобиқи Ҳуҷҷат оид ба мавқеи муштарак нисбати ТСҶ ва Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, пешниҳод ва мавриди истифода қарор дода шудааст. • ТСҶ ҳамчун стратегияи рушди фарогир дар сатҳи ҷамоат бо мақсади ҷалби одамони дорои маълулият дар ташаббусҳои ба соҳаи рушд, махсусан ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ, равонашуда таблиғ ва истифода шуда истодааст. • раванди дастгирии тарафҳои манфиатдор бо мақсади таъмину қонеъ намудани эҳтиёҷоту талаботи асосӣ ва ва баланд бардоштани сифати ҳаёти одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо ба воситаи раҳнамоии дастрасӣ ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, худтаъминкунӣ ва инчунин, ба соҳаи иҷтимоӣ татбиқ ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. • тарафҳои манфиатдор барои роҳнамоии раванди васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо ба воситаи фарогирӣ ва иштирок дар ҷараёни рушд ва қабули қарорҳо рӯҳбаланд карда шуда, онро фаъолона татбиқ мекунанд.
Истифодабарандагони мақсадноки "Дастурҳо" Истифодабарандагони аввалин ва мақсадноки дастурҳо инҳо мебошанд: • роҳбарони ТСҶ. Истифодабарандагони дуюмин ва мақсадноки дастурҳо инҳо мебошанд: • кормандони ТСҶ; • кормандони системаи ёрии аввалии тиббию санитарӣ, омӯзгорони мактабҳо, кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва дигар кормандон, ки бо масъалаҳои рушди ҷамоатҳо сару кор доранд; • одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо; • созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон; • мансабдорони давлатӣ, ки ба татбиқи барномаҳои ба масъалаҳои маълулият вобастаро масъуланд, махсусан кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва пешсафони маҳаллӣ; • кормандони ташкилотҳо оид ба масъалаҳои рушд, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ; • таҳқиқотчиён ва мутахассисони мактабҳои таҳсилоти олӣ.
Соҳаҳои истифодаи дастурҳо Дар дастур ба шарҳи консепсияҳои асосӣ, муайян намудани мақсад ва натиҷаҳои чашмдошт, ки фаъолияти барномаҳои ТСҶ ба таъмини онҳо равона карда шудаанд ва фаъолиятҳои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда пешниҳод мешаванд. (Дастур хосияти директивӣ надорад: он барои додани ҷавоб ба саволҳои мушаххаси ба ягон норасоии ҷисмонӣ ё равонии конкретӣ тааллуқ дошта, пешниҳоди тавсияҳо оид ба амалишавии дахолатҳои тиббӣ (техникӣ) ё ҳамчун дастури марҳилавӣ, ки оид ба таҳия ва татбиқи барнома хизмат кунад, муқаррар нашудааст. Дастур дар шакли ҳафт китобчаи (брошюраи) алоҳида пешниҳод мегардад: • Қисми 1. Маълумотнома: таснифоти умумиро оид ба мушкилоти одамони дорои маълулият, Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, таҳияи бар14 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
номаҳои ТСҶ ва матритсаи ТСҶ, пешниҳод менамояд. Боби «Идоракунӣ»: як даври идоракунӣ ва он ба таҳия ва пурзӯр намудани барномаҳои ТСҶ, чӣ тавр алоқаманд аст муҳокима менамояд. • Қисмҳои 2-6. Дар ҳар як китоб яке аз панҷ элементҳои матритсаи ТСҶ санҷида мешавад (масъалаҳои саломатӣ, маориф, воситаҳои зиндагонӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ ва васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо). • Қисми 7. Дастури иловагӣ: чор масъалаҳои алоҳида ва махсусро дар бар мегирад: саломатии равонӣ, ВНМО/БНММ,бемории ҷузом ва бӯҳронҳои гуманитарӣ, ки пештар дар барномаҳои ТСҶ ба онҳо диққати кифоя дода намешуд.
Раванди таҳияи "Дастурҳо" Моҳи ноябри соли 2004 ТБМ, ЮНЕСКО ва ТУТ 65 нафар мутахассисони соҳаи кор бо масъалаҳои маълулият, рушд ва ТСҶ- ро бо ташаббуси таҳияи дастурҳо, таклиф намуданд. Ин гурӯҳ аз ашхоси ташаббускори ТСҶ ва мутахассисони таҷрибанок, шахсони таҷрибаи шахсии маълулият дошта, намояндагони созмонҳои СММ, давлатҳо – аъзоён, созмонҳои ғайридавлатии пешбари байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои одамони дорои маълулият, созмонҳои касбӣ ва дигарон иборат буд. Вохӯрӣ бо таҳияи намунаи сиёҳнависи Матритсаи ТСҶ, ки дар он ҳудудҳо ва сохтори дастурҳои оянда муайян шуданд, ба анҷом расид. Корҳои минбаъда таҳти роҳбарии Кумитаи машваратӣ ва Гурӯҳи асосӣ давом ёфтанд. Бо мақсади дар дастурҳо амалияи муосири пешбар ва донишу таҷрибаи дар тӯли 30 соли мавҷудияти садҳо барномаҳои ТСҶ дар тамоми ҷаҳон ҷамъшударо инъикос намудан, гурӯҳи Асосӣ раванди эҷодии фарогир, васеъҳудуд ва иштироки васеъро интихоб намудааст, ки дар он намояндагии давлатҳои сатҳи даромадашон паст, занҳо ва одамони дорои маълулият низ ворид карда шудаанд. Барои ҳар як қисм на кам аз ду муаллиф интихоб гардиданд, ки онҳо дар навбати худ бо дигар мушовирони тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, намунаи сиёҳнависи дастурҳоро таҳия карданд Дар умум, зиёда аз 150 нафар ба омодагии мазмуни дастурҳо саҳми худро гузоштанд. Мазмуни дастурҳо ба доираи васеи манбаъҳои нашршуда ва нашрнашуда такя менамояд, ки ба таҷрибаи пешқадами рушди байналмилалӣ ва ҷамоат асос ёфта, бевосита дар шароитҳои мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст қобили татбиқанд ва ба осонӣ ба шахсони манфиатдори ТСҶ дар ин мамлакатҳо дастрас мебошанд. Намунаи мисолҳо аз таҷриба ва тавсифҳои ҳодисаҳои мушаххас ба ҳуҷҷат ворид шудаанд, ки аз ҷониби татбиқгарони барномаҳои ТСҶ пешниҳод гардидаанд ва онҳо вазъияти баёнгардидаро тасвир менамоянд. Азбаски қисми муҳими асоси собитшудаи ТСҶ аз таҷрибаи шахсии одамони дорои маълулият иборат аст, ба дастурҳо инчунин, миқдори зиёди ҳикояҳои воқеӣ, ки бевосита аз таҷриба гирифта шудаанд, ворид гаштанд ва аҳамият ва фоиданокии амалии консепсияҳои ТСҶ-ро тасдиқ менамоянд. Лоиҳа аз раванди санҷиш ва тасдиқи васеъ дар мавзеъҳои амалишудаи ТСҶ, дар 29 мамлакат, ки тамоми минтақаҳои ТУТ фаъолияткунандаро дарбар гирифтааст, гузашт. Дар умум зиёда аз 300 нафар роҳбарон ва ташкилотҳои дар татбиқи барномаҳои ТСҶ иштирок намуда, бо таклифу пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи дастурҳо баромад намуданд. Дар асоси ин, лоиҳаи ҳуҷҷат аз тарафи Гурӯҳи асосӣ такмил дода шуд ва баъд барои тақриз ба гурӯҳи мушовирони барномаҳои ТСҶ, одамони дорои маълулият, муассисаҳои сохтори СММ ва мутахассисони созмонҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва таълимӣ, равона карда шуд ва баъди ин боз як маротиба аз тарафи Гурӯҳи асосӣ такмилу таҷдид гардид. ОИД БА ДАСТУРҲОИ ТСҶ 15
Дастурҳо барои нашр рӯзи 19 маи соли 2010 тасдиқ карда шуданд. Дар назар дошта шудааст, ки матни маводҳо то соли 2020 эътибор дошта, баъди он Шӯъбаи ТУТ оид ба пешгирии осеббинӣ, зӯроварӣ ва одамони дорои маълулият, дар корхонаи асосии ТУТ дар Женева барои такмилу таҷдиди он ташаббус нишон диҳад.
Адабиётҳои истифодашуда 1. Disability prevention and rehabilitation: report of the WHO expert committee on disability prevention and rehabilitation. Geneva, World Health Organization, 1981 (http://whqlibdoc.who.int/trs/WHO_ TRS_668.pdf, accessed 10 August 2010). 2. Изҳороти Алма-Ато. Конфронси байналмилалӣ оид ба ёрии тиббӣ – санитарӣ. Алма-Ато, СССР, 6-12 сентябри соли 1978. (http://www.euro.who.int/__data/ assets/pdf_file/0007/113875/ E93944R.pdf, санаи дастрасӣ: 28 марти соли 2012). 3. International consultation to review community-based rehabilitation (CBR). Geneva, World Health Organization, 2003 (http://whqlibdoc.who.int/hq/2003/who_ dar_03.2.pdf, accessed 10 August 2010). 4. International Labour Organization, United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization, World Health Organization. CBR: A strategy for rehabilitation, equalization of opportunities, poverty reduction and social inclusion of people with disabilities. Joint Position Paper2004. Geneva, World Health Organization, 2004 (www.who.int/disabilities/publications/cbr/en/index.html, accessed 10 August 2010). 5. Резолютсия WHA58.23. Одамони дорои маълулият, аз ҷумла пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии саломатӣ. Сессияи панҷоҳу ҳаштуми ассамблеяи Умумиҷаҳонии тандурустӣ, Женева, 25 маи соли 2005. (https://apps.who.int/gb/ebwha/pdf_ files/WHA58/WHA58_23-ru.pdf, санаи дастрасӣ: 28 марти соли 2012). 6. Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 2006. (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/ disability.shtml, санаи дастрасӣ: 28 марти соли 2012).
16
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Муқаддима Одамони дорои маълулият
Таҳаввули (эволютсияи) консепсия Барои фаҳмидани он, ки имрӯз одамони дорои маълулиятро чӣ тавр қабул мекунанд, мушоҳида кардани он, ки чӣ тавр консепсияи одамони дорои маълулият бо гузашти вақт иваз мешавад, манфиатнок аст. Таърихан, одамони дорои маълулият асосан аз нуқтаи назари мифологӣ ё динӣ арзёбӣ мешуданд, яъне одамони дорои маълулияти гуногун ҳамчун гирифтори иблисҳо ё арвоҳҳо фаҳмида мешуданд; ба ғайр аз ин, ба одамони дорои маълулият бисёр вақт ҳамчун ҷазо барои рафтори нодуруст дар гузашта баҳо медоданд. Чунин ақидаҳо то имрӯз дар бисёр ҷамъиятҳои анъанавӣ вуҷуд доранд. Дар асрҳои XIX ва XX тарққиёти илм ва амалияи тиббӣ барои пайдо шудани фаҳмише, ки мутобиқи он маълулият асоси биологӣ ва тиббӣ дорад, ёрӣ расонд, ноқисии сохтори бадан бошад, бо ҳолатҳои гуногуни тиббӣ вобастаанд. Ин намунаи тиббӣ бошад, маълулиятро чун мушкилоти шахсӣ ҳисобида, ва дар навбати аввал ба табобат ва расонидани ёрии тиббӣ аз тарафи мутахассисон равона шудааст. Баъдтар, дар солҳои 1960-ум ва 1970-ум шарҳи шахсӣ будан ва муносибати тиббӣ ба одамони дорои маълулият зери мубоҳисаҳо қарор дода шуда, як қатор ақидаҳои иҷтимоӣ, яъне намунаи иҷтимоии маълулият таҳия карда шуд. Ин ақидаҳо диққатро аз ҷанбаҳои тиббии маълулият дур намуда, ба монеаҳои иҷтимоӣ ва табъиз, ки одамони дорои маълулият ба он дучор мешаванд, диққат медодагӣ шуданд. Ба маълулият таснифоти нав, ҳамчун мушкилоти ҷамъиятӣ, на мушкилоти шахсӣ баҳо медодагӣ шуданд роҳҳои ҳалли он бошад дар барҳам додани монеъаҳо ва тағйироти иҷтимоӣ, на танҳо табобати тиббӣ дида мешавад. Нақши асосиро дар дигаргуншавии фаҳмиш оид ба маълулият ҳаракати одамони дорои маълулият бозид, ки дар охири солҳои 1960-ум дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо оғоз шуда буд ва аз ҳамон вақт дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст. Рамзи таъсири ин ҳаракат, шиори хеле хуби машҳур, шуда метавонад: «Ҳеҷ чиз дар бораи мо бе иштироки мо». Диққати асосии созмонҳои одамони дорои маълулият ба таъмин намудани иштироки ҳақиқӣ дар ҳаёти ҷамъият ва расидан ба баробарии имкониятҳо бо қувва ва ёрирасонӣ ба худи одамони дорои маълулият, равона шудаанд. Ин ташкилотҳо дар таҳияи «Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият» нақши муҳимро бозиданд (1), ки ин чун гувоҳи гузаштан ба намунаи муҳофизаткунандаи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият аст. МУҚАДДИМА 17
ЗАМИМАИ 1
Васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамон бо роҳи пурзӯр намудани ҳамкориҳо Соли 1992 ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду ноҳияи мамлакат раванди татбиқи барномаи таҷрибавии тавонбахшии саломатиро дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ) оғоз намуд. Барнома дар татбиқи мақсадҳо муваффақ шуд ва дар соли 1994 онро дар шаш ноҳияи шаш музофоти дигар паҳн намуданд. То соли 2006 барнома аллакай ҳамаи 30 музофоти мамлакатро фаро мегирифт. Идоракунии ТСҶ дар ҳудуди мамлакат ба Созмони таъмини иҷтимоӣ, ки ба Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ тобеъ аст, вогузор шудааст. Дар амалишавии барнома зиёда аз 6 ҳазор одамон, аз ҷумла кормандон дар сатҳи ҷамоатҳо, кормандони миёнаи ТСҶ, табибон, мушовирон ва роҳбарони ТСҶ иштирок менамоянд. Вазифаи барномаи миллии ТСҶ аз он иборат аст, ки «ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо ва ҷамоатҳо, новобаста аз ранг ва тобишҳои пӯст, эътиқод, ақоиди динӣ, ҷинс, синну сол, намуд ва сабабҳои маълулият, бо роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, ёрӣ дар фарогирӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бартараф намудани тамғагузорӣ, қонеъ намудани талаботҳои асосӣ ва осон намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ, маориф ва имкониятҳои худтаъминкунӣ васеъ карда шаванд». Барнома дар сатҳи ҷамоат ғайримарказӣ гардонда шудааст ва чорабиниҳои зиёд дар соҳаи ТСҶ аз тарафи «Марказҳои шаҳрии ТСҶ» амалӣ мешаванд. Ин марказҳо дар робитаи зич бо муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият мебаранд, аз ҷумла бо «Бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳот» дар ноҳияҳои деҳотӣ ва нуқтаҳои тиббӣ дар ноҳияҳои шаҳрӣ. Ба кормандони тиббӣ дар ин муассисаҳо дар тӯли як – ду ҳафта омӯзишҳо гузаронида мешавад, ки дар он оид ба стратегия ва барномаи миллии ТСҶ маълумот пешниҳод шуда, он имконият медиҳад, ки одамони дорои маълулият муайян ва ба маркази наздиктарини шаҳрии ТСҶ ҷалб намоянд. Чорабиниҳои асосии барномаи ТСҶ аз инҳо иборат мебошанд: • Ташкил намудани омӯзиш барои аъзоёни оила ва аъзоёни ҷамоатҳо оид ба мушкилоти одамони дорои маълулият ва ТСҶ, бо истифодаи дастури таълимии ТУТ-ТСҶ чун намуна; • расонидани ёрӣ дар соҳаи маориф ва раҳнамоии раванди таҳсилоти фарогир бо истифодаи усулҳои рушди малакаҳои ҳайати омӯзгорон ва хонандагон ва таъмини дастрасии ҷисмонӣ; • равонасозии одамони дорои маълулият ба назди мутахассисон ба монанди: физиотерапевтҳо, логопедҳо ва профпатологҳо масалан, ба муассисаҳои расонидани хизматрасониҳои ҷарроҳӣ ва тавонбахшии саломатӣ; • пешниҳод намудани воситаҳои ёридиҳанда, аз ҷумла асоҳо барои роҳ рафтан, чигасҳо, курсиҳо – аробачаҳои одамони дорои маълулият, воситаҳои шунавоӣ, айнакҳо ва ғайра; • дарёфти ҷойҳои кории холӣ ва таъмин намудан ба кор ба воситаи дастрасӣ ба омӯзиш, тарбиятгарию устодӣ ва дастгирии молиявии фаъолият, ки ба гирифтани даромад равона шудааст; • расонидани ёрӣ дар татбиқу дастрасӣ ба фаъолияти иҷтимоӣ, аз ҷумла истироҳат ва машғулияти варзишӣ; • пешниҳод намудани дастгирии молиявӣ барои воридсозии дигаргуниҳо дар ҳаёт, таҳсилот ва муҳити зист Зиёда аз 229 ҳазор одамони дорои маълулият дар чорчубаи барномаи миллии ТСҶ аз соли 1992 ёрӣ гирифтанд. Айни замон 51% ноҳияҳои деҳотӣ ба барнома фаро гирифта шудаанд ва мақсад аз пурра фаро гирифтани деҳотҳо дар соли 2011 дар назар буд. Бо мақсади беҳтар намудани ҳамкорӣ байни ҳамаи соҳаҳои рушд ва инчунин пешравии бомуваффақияти Ҷумҳурии Эрон дар роҳи амалишавии барномаи ТСҶ, дар мамлакат шӯроҳо оид ба ТСҶ ташкил карда шудаанд. 18 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Эрон
Таснифоти муосир Якчанд таснифоти одамони дорои маълулият мавҷуданд, ки баъзе аз онҳо дар боло зикр гардидаанд. Таснифи навтарини одамони дорои маълулият дар маводи зер қайд гардидааст: • дар таснифи байналмилалии амалкунӣ, маълулият ва саломатӣ, изҳор карда мешавад, ки маълулият «мафҳуми ҷамъбасткунанда барои ишора намудани осебрасӣ, маҳдудшавии фаъолият ё иштирок» мебошад (2), ки дар натиҷаи таъсири тарафайн байни одаме, ки дорои ин ё он вазъияти саломатӣ буда ва аз тарафи дигар омилҳои муҳит (масалан муҳити ҷисмонӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ - равонӣ) ва омилҳои шахсӣ (масалан, синну сол ё ҷинс) мебошанд; • дар Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият изҳор карда мешавад, ки маълулият – ин мафҳуми эволютсионӣ (рушткунанда) буда, «натиҷаи таъсири тарафайн байни одамоне, ки дорои ин ё он вазъи саломатӣ, муносибат ва муҳитанд, ки ба иштироки пурра ва самараноки онҳо дар ҷомеа дар асоси имкониятҳои баробар бо дигарон монеъ мешаванд» (1); Таҷрибаи ҳаётии одамон оид ба маълулият хеле ҳам гуногун аст. Шаклҳои гуногуни норасоӣ ва иллатҳо дар саломатӣ мавҷуданд ва одамон таъсири онҳоро ҳар хел аз сар мегузаронанд. Баъзе одамон танҳо як шакли иллат ё норасоӣ доранд, дигарон бошанд якчандто; баъзе одамон бо ягон навъи маълулият таваллуд мешаванд, дигарон метавонанд дар давоми ҳаёташон ба ягон иллат гирифтор шаванд. Масалан, кӯдаки бо бемории модарзодӣ таваллудшуда, ба монанди фалаҷи майна, аскари ҷавон, ки ҳангоми таркидани минаи рӯи заминӣ аз пояш маҳрум гаштааст, зани миёнасол, ки қобилияти биноиро бо сабаби инкишофи бемории диабети қанд гум карда истодааст ва марди калонсол, ки аз камақлии пиронсолӣ азият мекашад, - ҳамаи ин одамон метавонанд дорои маълулият номида шаванд. Мутобиқи Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият: «ба одамони маълул шахсони дорои иллат ё норасоии дарозмуддати ҷисмонӣ, равонӣ, ақлонӣ ё ҳиссӣ дохил мешаванд».
Тамоюлҳои глобалӣ Дар тамоми дунё сабабҳои умумии бештар паҳншудаи одамони дорои маълулият инҳо мебошанд: бемориҳои музмин (масалан, диабет, бемориҳои дилу рагҳо ва саратон), осебҳо (масалан, дар натиҷаи фалокат дар роҳу нақлиёт, низоъ ва задухӯрдҳо, афтидан аз баландӣ ё таркиши минаҳо); мушкилоти саломатии равонӣ; нуқсону иллатҳои модарзодӣ; камғизоӣ ва ВНМО/БНММ ва дигар бемориҳои сироятӣ (3). Аниқ муайян намудани шумораи умумии одамони дорои маълулият дар тамоми дунё, хеле мушкил аст, ҳарчанд миқдори онҳо тамоюли зиёдшавӣ дорад, ки сабабгори он таъсири чунин омилҳо ба монанди зиёдшавии аҳолӣ, баландшавии сатҳи бемориҳои музмин, кӯҳансолшавии аҳолӣ ва пешравии илми тиб, ки саломатиро нигоҳ дошта, ба дарозумрӣ мусоидат менамояд, мебошанд . (3). Бисёр мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна масъулияти дутарафаро ба ӯҳда доранд, яъне андешидани чорабиниҳо оид ба бартараф намудани на фақат мушкилиҳои анъанавӣ, ба монанди норасогии ғизо ва бемориҳои сироятӣ, балки мушкилоти нав, ба монанди бемориҳои музмин, мӯҳтоҷ мебошанд.
МУҚАДДИМА
19
ЗАМИМАИ 2 Омори ҷаҳонӣ оид ба одамони дорои маълулият • Тақрибан 10% -и аҳолии ҷаҳон бо ягон навъи маълулият зиндагӣ менамоянд (4). • одамони дорои маълулият аққалияти калонтарини аҳолии ҷаҳонро ташкил менамоянд (5). • аз рӯи натиҷаҳои арзёбиҳо 80%-и одамони дорои маълулият дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ истиқомат менамоянд (5). • аз рӯи натиҷаҳои арзёбиҳо, 15-20%-и аҳолии камбизоаттарини сайёра дорои ягон навъи маълулият мебошанд (б). • дар 62 мамлакати дунё ягон навъи хизматрасониҳои тавонбахшии саломатӣ барои одамони дорои маълулият мавҷуд нестанд (7). • танҳо 5-15% -и одамони дорои маълулият дар мамлакатҳои рӯ ба тарақӣ ба воситаҳои ёрирасон дастрасӣ доранд (8). • эҳтимолияти ба мактаб рафтани кӯдакони дорои маълулият назар ба кӯдакони дорои маълулият набуда хеле пасттар аст. Масалан, дар Малавӣ ва Ҷумҳурии Танзания эҳтимолияти ҳеҷ вақт ба мактаб нарафтани кӯдакон дар сурати дорои маълулият будани онҳо ду маротиба зиёдтар аст (9). • Дар байни одамони дорои маълулият сатҳи бекорӣ хеле баланд буда, музди меҳнати онҳо дар муқоиса бо одамони дорои маълулият набуда, пасттар аст (70).
Рушд Камбизоатӣ ва маълулият Камбизоатӣ ҷанбаҳои зиёд дорад: ин на танҳо набудани пул ё воситаи даромад мебошад. «Камбизоатӣ чунин ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба монанди ҳуқуқ ба саломатӣ, ба манзили муносиб, ғизо ва оби тоза, инчун ҳуқуқ ба таҳсилотро ба нестӣ мебарад. Ҳамин ҳолат ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ дахл дорад, ба монанди ҳуқуқ ба суди беғаразона, иштирок дар идоракунии давлат ва дахлнопазирии шахсӣ...» (1 1). «Ҳар вақте, ки одамро аз камбизоатӣ раҳо менамоем, мо ҳуқуқҳои ӯро ҳимоя менамоем. Ва ҳар замоне, ки ин ба мо муяссар намешавад, мо ҳуқуқҳои одамро вайрон мекунем». Кофи Ананд— Собиқ Котиби Генералии СММ. Камбизоатӣ, ҳам сабаб ва ҳам оқибати маълулият мебошад (72): камбизоатон бо эҳтимолияти калон метавонанд дорои ягон навъи маълулият гарданд ва одамони дорои маълулият бештар камбизоат мешаванд. Ба он нигоҳ накарда, ки на ҳамаи одамони дорои маълулият камбизоат мебошанд, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст онҳо фоизи номутаносиби аҳолии қашшоқро ташкил медиҳанд. Онҳоро аксар вақт ба назар намегиранд, онҳо зери табъиз қарор доранд, онҳоро аз иштирок дар ташаббусҳои асосӣ дар соҳаи рушд маҳрум мекунанд ва онҳо бо мушкилоти зиёд ба хизматрасониҳои тандурустӣ, маориф, манзил ва воситаҳои зиндагонӣ дастрас мешаванд. Ин ба қашшоқшавӣ ё камбизоатии музмин, ҷудошавӣ ва ҳатто марги бармаҳал, оварда мерасонад. Арзиши табобати тиббӣ, тавонбахшии ҷисмонӣ ва воситаҳои ёрирасон низ ба инкишофи камбизоатии қисмати зиёди одамони дорои маълулият мусоидат менамоянд. Ҳал намудани мушкилоти камбизоатӣ, қадами мушаххас барои паст намудани хавфи камбизоатӣ дар ҳар мамлакати дунё мебошад. Инчунин, ҳал намудани мушкилоти камбизоатӣ барои кам намудани шумораи одамони дорои маълулият мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, барои расидан ба сифати баланди ҳаёт барои одамони дорои маълулият, камбизоатӣ бояд барҳам дода шавад. Аз ин рӯ, яке аз мақсадҳои асосии ҳар гуна барномаҳои тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамо20 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
атҳо (ТСҶ) бояд паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба воситаи таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, маориф ва манбаю воситаҳои зиндагонӣ барои одамони дорои маълулият бошад.
ЗАМИМАИ 3 Селам ба ҳаёти нав роҳхат мегирад Аз синни ҳашт солагӣ сар карда, Селам аз дарди сар шикоят мекард. Оилаи духтарча намедонист, ки чӣ кор кунад ва якчанд маротиба ӯро ба ибодатхона барои дастрас намудани оби муқаддас равон карда буд. Оби муқаддас ёрӣ нарасонд ва оҳиста - оҳиста сатҳи биноии Селам паст шудан гирифт. Як рӯз ӯ ба маркази тиббии маҳаллӣ, ки шӯъбаи бемориҳои чашм (офтальмологӣ) дошт, омад. Табибон қарор доданд, ки ҳодисаи ӯ хеле мураккаб аст ва ӯро ба беморхонаи калони бемориҳои чашми пойтахт равон намуданд. Дар он ҷо духтарчаро ба рӯйхати интизорони амалиёти ҷарроҳӣ ворид намуданд. Баъд аз гузаштани зиёдтар аз як сол ҳанӯз навбати духтарча нарасидааст. Бо сабаби камбизоатӣ, оилаи духтарча ба беморхонаи шахсии ҷарроҳӣ муроҷиат карда наметавонист. Вақте, ки Селам ба рӯйхати интизорон ворид карда шуд, чашмонаш ҳанӯз медиданд, аммо бо гузаштани вақт, вазъият бадтар шуд. Бо сабаби маълулият ва камбизоатӣ духтарча таҳсилро дар мактаб давом дода натавонист ва дар натиҷа рӯҳафтодагии зиёдро аз сар мегузаронд. Селан дар худ маҳдуд шуда монд, дар хона менишаст ва дигар бо дӯстонаш рафтуомад намекард. Вай барои оилаи худ, ки намедонистанд бо ӯ чӣ кор кунанд, як бори гарон буд. Дарди сари ӯ зиёд шуда, тез-тез дилбеҳузур шуда қайъ мекард ва дигар мувозинати баданашро нигоҳ дошта наметавонист. Духтарча дар дами марг буд. Кормандони ТСҶ тавонистанд барои Селам ташрифи мутахассис – нейроҷарроҳро ташкил намоянд, ки ӯ дар духтарча омоси хушсифат - менингиомаро муайян намуд. Ба духтарча амалиёти ҷарроҳӣ гузаронда, омос бурида партофта шуд. Роҳбарияти беморхона ва хазинаи иҷтимоӣ, ки табибро ташкил намуда буданд, арзиши 75%, амалиёти ҷарроҳӣ ва барномаи ТСҶ бошад, 25%-и боқимондаро пардохт намуданд. Оилаи духтарча пардохти маблағи нақлиёт, ғизо ва ҷои хобро ба ӯҳдаи худ гирифтанд. Айни замон мушкилоти Селам ҳал шудааст, аммо бо сабаби камбизоатӣ, системаи мавҷуда ва амалиёти ҷарроҳии дермонда, чашмони духтарак қариб нобино шуданд. Ба ин нигоҳ накарда, бо шарофати серҳаракатӣ, ки аз тарафи кормандони ТСҶ ташкил карда шуда буд, духтарча ҳоло ба қадри кифоя мустақил аст ва дар ҷамоат озодона ҳаракат менамояд. Вай инчунин, алифбои Брайлро омӯхта истодааст, то ба мактаб баргардад. Баъди дахолати барномаи ТСҶ сифати ҳаёти Селам сахт дигаргун шуд ва акнун вай барои оилаи худ бори гарон нест Ҳамаи ин ба шарофати дастгирӣ ва ҳамкории худи Селам ва аъзоёни оилаи ӯ, робита бо марказҳои тиббии равонасозӣ ва ёрию дастгирии мутахассисон ва роҳбарияти муассиса муяссар гардид.
Ҳадафҳои рушди ҳазорсола Дар моҳи сентябри соли 2000 давлатҳо – аъзоёни СММ ҳашт Ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо қабул намуданд, ки вазифаҳои зиёдеро дар бар мегиранд, аз нест кардани қашшоқӣ ва гуруснагӣ то таъмини маълумоти ибтидоии умумӣ ва то соли МУҚАДДИМА 21
2015 бояд татбиқ шаванд (73). Ин мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мутобиқ ва қабулшуда нуқтаи ибтидоии соҳаи инкишоф мебошанд, ки дар аввали асри XXI муайян шуданд. Ба он нигоҳ накарда, ки дар номгӯи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мушкилоти одамони дорои маълулият махсус оварда нашудаанд, ҳар як мақсад бо он алоқаи фундаменталӣ дорад ва наметавонад, ки бе баҳисоб гирифтани он расида шавад (74). Бинобар ин, дар моҳи ноябри соли 2009 сессияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ изҳороти «Амалишавии мақсадҳо дар соҳаи рушдро, ба манфиати одамони дорои маълулият» (A/RES/64/131) қабул намуд (15).
ЗАМИМАИ 4 Фарогирии одамони дорои маълулият, Бонки Умумиҷаҳонӣ «То он вақте, ки одамони дорои маълулият бо чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи рушд фаро гирифта нашаванд, то соли 2015 ду баробар паст намудани сатҳи камбизоатӣ ё ин, ки то ҳамон сана ба ҳар як духтар ва писар имконияти гирифтани маълумоти ибтидоӣ, яъне расидан ба мақсадҳое (дар баробари дигар мақсадҳо), ки зиёда аз 180 роҳбарони мамлакатҳои ҷаҳон дар Саммити ҳазорсолаи нав, СММ дар моҳи сентябри соли 2000 маъқул донистанд, ғайриимкон аст». —Джеймс Вулфенсон, собиқ президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ. Маҷаллаи «Вашингтон пост», 3 декабри соли 2002.
Рушде, ки фарогирии одамони дорои маълулиятро мақсад қарор додааст Рушди фарогир ҳамонест, ки ҷалби ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ, махсусан гурӯҳҳои осебпазир ва зери табъиз қарордоштаро дар назар дорад. (16). Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо, махсусан онҳое, ки дар ҷамоатҳои деҳоти дурдаст ё дар ҷойҳои ноободи шаҳрӣ истиқомат менамоянд, одатан аз чорабиниҳои соҳаи рушд баҳравар намешаванд, бинобар ин, рушди фарогири одамони дорои маълулият ва таъмини иштироки пурмаҳсули онҳо дар раванд ва чорабиниҳои сиёсӣ дар соҳаи рушд аҳамияти муҳим дорад (17). Воридсозии (ё инъикоси) ҳаматарафаи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият дар рӯзномаи соҳаи рушд, воситаи таъмини баробарӣ барои онҳо мебошад (18). Пурқувватнамоии одамони дорои маълулият бо мақсади саҳмгузории онҳо дар рушди имкониятҳои нав, бо ҳам дидани самараҳои рушд ва иштирок дар қабули қарорҳо, истифодаи муносибати (иҷроиши) ду амал дар як вақт лозим мешавад. Чунин муносибат имконият медиҳад, ки: 1) масъалаҳои одамони дорои маълулият дар фаъолиятҳои асосӣ дар соҳаи рушд ба назар гирифта шаванд; ва 2) дар он ҷое, ки зарур аст, чорабиниҳои бештари мақсаднок ва маҳз ба одамони дорои маълулият бахшида гузаронида шаванд (12). Фаъолиятҳои тавсияшуда барои барномаҳои ТСҶ дар асос ва назардошти муносибати қайдшуда, яъне иҷроиши ду амал дар як вақт ба таври муфассал дар Дастури мазкур дида баромада шудаанд.
Муносибат ба рушд дар сатҳи ҷамоат Иқдомҳо дар соҳаи рушд одатан «аз боло ба поён» амалӣ шуда, аз тарафи таҳиягарони сиёсат, ки дар мавзеъҳои аз сатҳи ҷамоатҳо хеле дур қарор доранд, бе иштироки аъзоёни ҷамоатҳо таҳия ва пешниҳод мешуданд. Имрӯз эътироф шуда22 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
аст, ки яке аз ҷузъҳои муҳими рушд иштироки аъзоёни ҷамоатҳо чун шахсиятҳои алоҳида, гурӯҳҳо ё созмонҳо, ё бо роҳи намояндагӣ, дар ҳамаи марҳилаҳои раванди рушд, аз ҷумла банақшагирӣ, татбиқ ва санҷиши (мониторинги) чорабиниҳо мебошад (19). Муносибати фарогирии ҷамоат барои ноил гардидан ба он, ки фаъолиятҳои ба рушд равонашуда то камбизоатон ва осебдидагон расад, ёрӣ мерасонад ва ба истифодабарии иқдомҳои бештари фарогир, воқеӣ ва устувор мусоидат менамояд. Қисми зиёди созмону агентиҳо ва ташкилотҳо ба тарғибу татбиқи фаъолиятҳои ба рушд равонашуда дар сатҳи ҷамоатҳо мусоидат менамоянд. Масалан, Бонки Умумиҷаҳонӣ консепсияи «рушд дар асоси иқдомҳои ҷамоатҳои маҳаллӣ»-ро тарғиб менамояд (20), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бошад, «иқдомҳо дар сатҳи ҷамоатҳо»-ро дастгирӣ менамояд (27).
Ҳуқуқҳои инсон Ҳуқуқҳои инсон чист? Ҳуқуқҳои инсон, меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ қабул гардида мебошанд, ки ба ҳамаи инсонҳо тааллуқ доранд (22); ба ҳар як шахс дар дараҷаи якхела бояд ҳуқуқҳои ӯ – ҳамчун инсон, масалан ҳуқуқ ба маориф, ғизои кифоя, манзил ва таъминоти иҷтимоӣ– новобаста аз миллат, ҷои истиқомат, ҷинс, асли миллӣ ё этникӣ, ранги пӯст, дин ё дигар вазъият кафолат дода шавад (23). Ин хуқуқҳо дар Декларатсияи ҳуқуқҳои инсон, ки дар соли 1948 аз тарафи давлатҳо – аъзоёни СММ қабул гардидааст, тасдиқ шудаанд (24), он инчунин дар дигар созишномаҳо оид ба хуқуқҳои инсон, диққати асосӣ дар онҳо ба гурӯҳҳо ё категорияҳои алоҳидаи аҳолӣ, аз ҷумла ба одамони дорои маълулият инъикос гардидааст (22).
Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият Рӯзи 13 декабри соли 2006 Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулиятро қабул намуд (1). Ин конвенсия натиҷаи амалҳои чандинсола барои дастгирии одамони дорои маълулият буда, дар асоси «Қоидаҳои меъёрии таъмини имкониятҳои якхела барои одамони дорои маълулият» (1993) (25) ва «Барномаи умумиҷаҳонии амалҳо марбут ба одамони дорои маълулият» (соли 1982 (26) таҳия шудааст, ки бастҳои мавҷударо дар соҳаи хуқуқҳои инсон пурра менамояд. Конвенсияи номбурда аз тарафи кумита бо намояндагии аъзоёни ҳукуматҳо, муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои одамони дорои маълулият таҳия шудааст. Мақсади он аз «тарғиб, муҳофизат, пурра ва якхела татбиқшавии ҳуқуқҳои инсонӣ ва озодиҳои асосӣ барои ҳамаи одамони дорои маълулият, инчунин аз тарғибу ташвиқи эҳтиром нисбат ба қурбу манзалати муносиб нисбати онҳо» иборат аст» (1 [Моддаи 1]).
МУҚАДДИМА
23
ЗАМИМАИ 5
Давраи нав дар соҳаи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият «Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият аз ибтидои давраи нав барои тақрибан 650 миллион нафар одамон, ки бо ягон навъи маълулият дар тамоми ҷаҳон ҳаёт ба сар мебаранд, шаҳодат медиҳад». —Кофи Аннан, собиқ котиби Генералии СММ
Конвенсия як қатор соҳаҳои муҳимро, ба монанди дастрасӣ, ҳаракати шахсӣ, таҳсилот, саломатӣ, тавонбахшӣ ва банд буданро дар бар гирифтааст. Дар он чорабиниҳое, ки давлатҳо – аъзоён барои татбиқи амалии ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият вазифадоранд, ба нақша гиранд, номбар шудаанд. Конвенсия ягон ҳуқуқҳои навро барои одамони дорои маълулият ташкил намедиҳад, чунки онҳо дорои ҳамон ҳуқуқҳое мебошанд, ки дигар аъзоёни ҷомеа ба онҳо соҳибанд, вале ҳуқуқҳои мавҷударо барои одамони дорои маълулият фарогир ва дастрас менамоянд.
Муносибати муҳофизати ҳуқуқ ба рушд Ҳуқуқҳои инсон ва раванди рушд дар байни худ зич алоқаманд мебошанд: зеро ҳуқуқҳои инсон қисми ҷудонашавандаи рушд ва рушд бошад усули татбиқи ин ҳуқуқҳоро ифода менамояд (27). Дар натиҷа бисёр агентӣ ва ташкилотҳо одатан муносибати муҳофизати ҳуқуқҳоро дар барномаҳои рушди худ васеъ истифода мебаранд. Ба он нигоҳ накарда, ки барои истифодаи чунин муносибат ба масъалаҳои рушд ягон маслиҳати тайёр нест, СММ як қатор хусусиятҳои махсуси (28) онро муайян намудааст: • амалӣ намудани ҳуқуқҳои инсон. Мақсади асосии барномаҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ дар соҳаи рушд бояд татбиқи амалии ҳуқуқҳои инсон бошад; • риоя намудани принсипҳо ва меъёрҳои мушаххас. Принсипҳо ва меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон аксёфта, бояд ҳамчун дастур барои ҳамаи фаъолиятҳо оид ба ҳамкорӣ ва таҳияи барномаҳо дар соҳаи рушди ҳамаи соҳаҳо хизмат намоянд (масалан, дар соҳаи тандурустӣ ва таҳсилот) ва дар ҳамаи марҳилаҳои раванди таҳияи барномаҳо (масалан, дар марҳилаҳои таҳлили вазъият, банақшагирӣ ва таҳия, татбиқ ва санҷишу арзёбӣ) (ниг. ба Замимаи 6 оид ба принсипҳои умумӣ, ки ба Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ворид карда шудааст); • фаро гирифтани соҳибҳуқуқҳо ва таъминкунандагони ҳуқуқҳо. Соҳибҳуқуқҳо одамоне мебошанд, ки соҳиби ҳуқуқҳо ҳастанд; масалан кӯдакон соҳибҳуқуқ мебошанд, чунки соҳиби ҳуқуқи гирифтани маълумот ҳастанд; таъминкунандагони ҳуқуқҳо одамон ё созмонҳое, мебошанд, ки барои аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда тавонистани соҳибҳуқуқҳо масъуланд. Масалан, Вазорати маориф таъминкунандаи ҳуқуқҳо мебошад, чунки бояд ба кӯдакон дастрасиро ба таҳсилот таъмин намояд, волидон низ таъминкунандагони ҳуқуқҳоянд, чунки барои таъмини ташрифи мунтазами кӯдакон ба мактаб масъуланд. 24 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ)
Марҳилаи ибтидоӣ Декларатсияи дар соли 1978 (29) дар шаҳри Алма-Ато қабулкарда изҳороти аввалини байналмилалӣ оид ба дастгирии ёрии аввалини тиббию санитарӣ буд, ки ба сифати стратегияи асосии расидан ба мақсади таъмини «саломатӣ барои ҳама», ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон намуда буд, дида баромада мешавад. (30) Ёрии аввалини тиббию санитарӣ ба он равона шудааст, ки ҳар як инсон, новобаста аз он, ки вай бой аст ё камбизоат – имконияти дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва шароитҳои зарурӣ барои таъмин намудани сатҳи баланди имконпазири саломатӣ пешниҳод карда шавад. Бо мақсади татбиқи изҳороти дар Алма-Ато қабулшуда, ТУТ консепсияи ТСҶ-ро пешниҳод намуд. Дар ибтидо ТСҶ пеш аз ҳама, як намуди хизматрасониҳо буд, ки истифодабарии мувофиқи ёрии аввалии тиббию санитарӣ ва захираҳои ҷамоатро таъмин менамуд ва ба баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои ёрии аввалини тиббию санитарӣ ва барқарорсозии саломатӣ барои одамони дорои маълулият, махсусан дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, равона шуда буд. Вазоратҳои тандурустии бисёр мамлакатҳо (масалан, дар Ветнам, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Африқои Ҷанубӣ) ба кормандони ёрии аввалини тиббию санитарии худ такя намуда, татбиқи барномаҳои ТСҶ–ро оғоз намуданд. Дар барномаҳои якум ба физиотерапия, воситаҳои ёрирасон ва чораҳои тиббӣ ё амалиётҳои ҷарроҳӣ диққати асосӣ дода мешуд. Баъзе барномаҳо инчунин, чорабиниҳоро дар соҳаи омӯзиш ва ташкили манбаъҳои воситаҳои зиндагонӣ бо роҳи омӯзиши касбӣ ё татбиқи барномаҳо дар соҳаи гирифтани даромадро, пешбинӣ менамуданд. Дар соли 1989 ТУТ маводи таълимии «Омӯзишҳо барои одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоат» –ро (37) бо мақсади пешниҳод намудани дастури роҳнамоӣ ва дастгирии барномаҳои ТСҶ ва тарафҳои дар татбиқи он манфиатдор, аз ҷумла одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаи онҳо, омӯзгорони мактабҳо, роҳбарони маҳаллӣ ва аъзоёни кумитаҳои ҷамоатӣ оид ба тавонбахшии саломатӣ таҳия намуд. Мавод ба бештар аз 50 забонҳо тарҷима шуда, то ҳол ҳуҷҷати муҳим дар соҳаи ТСҶ ба ҳисоб меравад ва дар бисёр мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст истифода бурда мешавад. Ба ғайр аз ин, ба рушди барномаҳои ТСҶ, махсусан дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, нашри мавод «Кӯдакони дорои маълулият дар деҳот: дастур барои кормандони тиббии ҷамоатҳо, кормандони соҳаи тавонбахшии саломатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо» (32), саҳми калон гузошт. Дар солҳои 1990-ум дар баробари зиёд шудани миқдори барномаҳо, дар фаҳмиши ТСҶ низ дигаргуниҳо ба амал омаданд. Ба раванди фаъолиятҳо дигар муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ, ба монанди созмони Байналмилалии меҳнат, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Барномаи рушди СММ (ПРООН) ва Хазинаи кӯдакони СММ) ҳамроҳ шуданд, ки ин эътирофи зарурати муносибати бисёрсоҳавӣ буд. Дар соли 1994 ТБМ, ЮНЕСКО ва ТУТ намунаи аввали Ҳуҷҷат оид ба мавқеи якхела нисбати ТСҶ -ро нашр намуд.
МУҚАДДИМА
25
Шарҳи таҷрибаи ТСҶ дар 25 сол Дар моҳи маи соли 2003 ТУТ дар якҷоягӣ бо дигар созмонҳои системаи СММ, намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ, аз ҷумла ассотсиатсияҳои касбӣ ва созмонҳои одамони дорои маълулият, бо мақсади арзёбии таҷрибаи ТСҶ (33) машварати байналмилалиро дар шаҳри Хелсинки, Финляндия ташкил намуд. Ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои арзёбӣ таҳия шуда, дар он зарурати диққат додани барномаҳои ТСҶ ба масъалаҳои зерин қайд карда шуд: • паст намудани сатҳи камбизоатӣ, бо назардошти он, ки камбизоатӣ - ин омили асосии муайянкунанда ва натиҷаи маълулият мебошад; • мусоидат намудан ба иштироки ҷамоат дар таҳия ва татбиқи барномаҳои ТСҶ ва эътироф намудани ҳуқуқи ҷамоатҳо ба натиҷаҳои бадастомада • рушд ва пурзӯркунии ҳамкории байнисоҳавӣ; • ҷалб намудани созмонҳои одамони дорои маълулият барои иштирок дар барномаҳо; • васеъ намудани миқёси татбиқи барномаҳо; • тарғиби таҷрибаи пешқадам дар асоси далелҳо.
Ҳуҷҷат оид ба мавқеи якхела нисбати ТСҶ Дар соли 2004 Созмони байналмилалии меҳнат, ЮНЕСКО ва ТУТ бо назардошти тавсияҳои Хелсинки ба нусхаи аввали «Ҳуҷҷат оид ба мавқеи якхела нисбати ТСҶ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Нусхаи таҳрири охирини ҳуҷҷат, эволютсияи консепсияи барномаҳои ТСҶ-ро аз пешниҳоди хизматрасониҳо гузаштан ба рушди ҷамоатҳо, инъикос менамояд. Дар он таснифоти нави ТСҶ-ро чун «стратегия дар чорчӯбаи рушди умумии ҷамоатҳо, ки ба тавонбахшии саломатӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини имкониятҳои якхела ва фарогирии иҷтимоии ҳамаи одамони дорои маълулият равона шудааст», дода мешавад. Дар ҳуҷҷат нишон дода шудааст, ки барномаҳои ТСҶ бояд «....бо роҳи кӯшишҳои якҷояи худи одамони дорои маълулият, оилаҳои онҳо, ташкилотҳо ва ҷамоатҳо, инчунин, сохторҳои салоҳиятноки давлатӣ ва ғайридавлатии тиббӣ, таълимӣ, касбӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои дигар» амалӣ шаванд (34). Дар «Ҳуҷҷат оид ба мавқеи якхела нисбати ТСҶ» қайд шудааст, ки одамони дорои маълулият бояд ба ҳамаи хизматрасониҳое, ки дигар аъзоёни ҷамоатҳо аз онҳо истифода мебаранд, дастрас бошанд, ба монанди хизматрасониҳои тиббӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, барномаҳои ҳифзи саломатии кӯдакон, таъминоти иҷтимоӣ ва таҳсилот. Дар он инчунин, муҳимияти ҳуқуқҳои инсон қайд шуда ва даъват ба амалҳои зидди камбизоатӣ равона шуда, барои пешниҳод намудани дастгирии давлатӣ ва таҳияи стратегияҳои умумимиллӣ, қайд шудааст.
ТСҶ имрӯз Матритсаи ТСҶ Бо назардошти табдил додани ТСҶ ба стратегияи рушди бисёрсоҳавӣ, дар соли 2004 бо мақсади таъмини барномаҳои ТСҶ, матритса таҳия гардид (расми 1). Вай аз панҷ қисми асосӣ иборат аст: саломатӣ; таҳсилот; худтаъминкунӣ; масъалаҳои иҷтимоӣ; васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо. Дар таркиби ҳар як қисм панҷ боб мавҷуд аст. Чор боби аввал бо сохторҳои рушди асосӣ вобастаанд, ки 26 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
хусусияти бисёрсоҳавӣ будани ТСҶ-ро инъикос менамояд. Боби панҷум бо васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҷамоатҳо вобаста аст, ки дар таъмини дастрасӣ ба ҳар як сохтори рушд, баланд бардоштани сифати ҳаёт ва амалишавии ҳуқуқҳои инсонии одамони дорои маълулият, аҳамияти муҳимтарин дорад. Набояд интизор шуд, ки дар доираи барномаҳои ТСҶ татбиқ намудани ҳар як қисм ва ҳар як ҷузъи матритсаи ТСҶ муяссар мегардад. Баръакс, матритса чунон таҳия шудааст, ки ба таҳиягарони барнома имконияти интихоби намудҳои имконпазирро, ки ба талаботҳои маҳаллӣ, афзалиятҳо ва захираҳо мувофиқанд, иҷозат медиҳад. Дар баробари амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххас барои одамони дорои маълулият, барномаҳои ТСҶ бояд ҳамкорӣ ва иттиҳодҳоро бо дигар соҳаҳо, ки бевосита бо ин барномаҳо фаро гирифта нашудаанд, пурзӯр намоянд, то ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо имконияти дастрасиро ба афзалиятҳои ин соҳаҳоро таъмин намоянд. Дар боби «Идоракунӣ» оид ба матритсаи ТСҶ иттилооти иловагӣ дода мешавад. Расми 1 Матритсаи ТСҶ САЛОМАТӢ Пурзӯркунии саломатӣ Пешгирӣ
таҳсилот
ХУДТАЪМИНКУНӢ
МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
ВАСЕЪ НАМУДАНИ ҲУҚУҚҲО ВА ИМКОНИЯТҲО
Кӯдакии бармаҳал Ибтидоӣ
Рушди малакаҳо Худшуғлбудан
Ёрии инфиродӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Таблиғу муошират Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳҳои худёрирасон Созмонҳои одамони дорои маълулият
Ёрии тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати кироя Хизматрасониҳои молиявӣ Ҳифзи иҷтимоӣ
Тавонбахшӣ Воситаҳои ёрирасон
Ғайрирасмӣ Омӯзиш дар давоми ҳаёт
Принсипҳои ТСҶ Принсипҳои ТСҶ ба принсипҳои Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият асос меёбад (7), ки дар зер оварда мешаванд. Боз ду принсипи дигар ба таври илова пешниҳод шудаанд: ин васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо, аз ҷумла масъалаи тарғибу ташвиқ (ниг. ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо») ва устуворӣ (ниг. ба қисми «Идоракунӣ»). Ин принсипҳо ҳангоми идоракунии ҳамаи ҷанбаҳои кор дар соҳаи ТСҶ бояд истифода бурда шаванд.
МУҚАДДИМА
27
ЗАМИМАИ 6
Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият. Моддаи 3 «Принсипҳои умумӣ», банди 1 Принсипҳои Конвенсияи мазкур инҳо мебошанд: a) эҳтироми қурбу манзалати хоси инсонӣ, мустақилияти шахсии ӯ, аз ҷумла озодии интихоб ва соҳибихтиёрии шахсӣ; b) роҳ надодан ба табъиз; c) фарогирӣ ва иштироки пурра ва самаранок дар ҳаёти ҷамъият; d) эҳтироми хусусиятҳои гуногун ва эътирофи одамони дорои маълулият чун қисми гуногунии инсонӣ; e) имкониятҳои баробар; f) дастрасӣ; g) баробарии байни мард ва зан; h) эҳтироми қобилиятҳои рушдёбандаи кӯдакони дорои маълулият ва эътирофи ҳуқуқи онҳо ба нигоҳ доштани фардияти худ.
Роҳ ба пеш Дастур оид ба ТСҶ барои пеш бурдани барномаҳои ТСҶ роҳ мекушояд ва намоиш медиҳад, ки ТСҶ стратегияи амалии татбиқи Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият буда, (1) ба рушди фарогир дар заминаи ҷамоатҳо ёрӣ мерасонад. ТСҶ стратегияи бисёрсоҳае мебошад, ки бо муносибати «аз поён ба боло» сохта шудааст ва қобилияти таъмини таъсири мусбии Конвенсияро дар сатҳи ҷамоатҳо доро аст. Дар ин раванд Конвенсия заминаи фалсафӣ ва сиёсиро таъмин намуда, барномаи ТСҶ стратегияи татбиқи амалӣ мебошад. Фаъолият дар чорчӯбаи ТСҶ қонеъ намудани талаботи одамони дорои маълулият, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва дастрасӣ ба имкониятҳо дар соҳаи тандурустӣ, маориф, худтаъминкунӣ ва рушди иҷтимоӣ даъват менамояд. Ҳамаи ин самтҳои фаъолият барои дар ҳаёт татбиқ намудани мақсадҳои Конвенсия мусоидат менамоянд. Барномаҳои ТСҶ робитаро байни одамони дорои маълулият ва иқдомҳо дар соҳаи рушд таъмин менамоянд. Дастур оид ба ТСҶ ба соҳаҳои асосии рушди фарогирравона карда шудааст, то ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо васеъ шаванд. Ин барои ташкили ҷамоати фарогир ё «ҷамоат барои ҳама» мусоидат менамояд. Азбаски иштироки ҷамоатҳо қисми ҷудонопазири раванди рушд аст, дар дастур зарурати устуворона ба пеш ба сӯи татбиқ намудани барномаҳои ТСҶ ба мақсади таъмини фарогирӣ ва иштироки васеътари ҷамоатҳо қайд карда мешавад.
28
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
ЗАМИМАИ 7
Барномаҳои ТСҶ барои таъмини тағйирот ва беҳбудӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд Барномаҳои ТСҶ метавонанд, ки дар сатҳи маҳаллӣ ба одамони дорои маълулият дар таъмини имконияти истифодабарии афзалиятҳои Конвенсия ёрӣ расонанд. Ба ин бо истифодаи усулҳои зерин ноил шудан мумкин аст: • шинос намудани одамон бо Конвенсия –тарғиби фаъолона ва баланд намудани сатҳи огоҳии одамон оид ба Конвенсия; • ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор – кор бо созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла созмонҳои одамони дорои маълулият ва ҳуқуматҳои иҷроияи маҳаллӣ оид ба татбиқи Конвенсия; • таблиғи фаъол– иштирок дар чорабиниҳои таблиғотӣ, ки ба таҳия ва пурзӯркунии қонунгузории зиддитабъиз ва стратегияҳои фарогири миллӣ ва маҳаллӣ равона шудаанд, махсусан нисбати чунин соҳаҳо ба монанди тандурустӣ, маориф ва таъмин будан бо ҷои кор; • ҳамоҳангсозии амалҳо байни сатҳҳои маҳаллӣ ва миллӣ – рушд ва дастгирии машваратҳо байни сатҳҳои маҳаллӣ ва миллӣ; пурзӯр намудани гурӯҳҳо ё созмонҳои маҳаллии одамони дорои маълулият бо мақсади нақши муҳим бозидани онҳо дар сатҳҳои маҳаллӣ ва миллӣ; • расонидани ёрӣ дар таҳия ва мониторинги нақшаҳои амалисозии маҳаллӣ – саҳмгузорӣ ба раванди таҳияи нақшаҳои рушд дар сатҳи маҳал ва расонидани ёрӣ дар таҳияи нақшаҳои амиқи амалисозӣ дар сатҳи ҷамоат, ки мақсадҳои мушаххас ва захираҳои заруриро барои ворид намудани масъалаҳои одамони дорои маълулият ба стратегияҳои маҳалии давлатӣ ва таъмини ҳамкории байнисоҳавиро пешбинӣ менамоянд; • чорабиниҳои барномавӣ – татбиқи чорабиниҳое, ки ба васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, таҳсилот, манбаҳои худтаъминкунӣ ва хизматрасониҳои ҷамоатӣ ба ҳамаи одамони дорои маълулият, аз ҷумла ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ ва аҳолии ноҳияҳои деҳотӣ ёрӣ мерасонанд.
Тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаи амалӣ Чӣ тавре, дар дастури мазкур қайд шудааст, ТСҶ стратегияи бисёрсоҳаи ҷалб ва таъмини иштироки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дар иқдомҳои соҳаи рушд мебошад. Азбаски далелҳо оид ба натиҷаҳо ва самаранокии иқтисодии барномаҳои ТСҶ каманд, ин барои тадқиқотчиён мушкилӣ меоварад. Аммо, бо гузашти вақт ҳаҷми иттилооти далелнок оид ба таҷрибаи амалӣ зиёд мешавад. Манбаъҳои онҳо - корҳои расмии илмӣ – тадқиқотӣ, таҷрибаи зиёд дар соҳаи кор бо одамони дорои маълулият ва ТСҶ, арзёбии барномаҳои ТСҶ ва истифодабарии амалияи пешқадам, ки аз таҷрибаи муносибатҳои монанд дар соҳаи рушди байналмилалӣ гирифта шудааст, мебошанд. Дар солҳои охир тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ТСҶ дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст ҳам аз рӯи миқдор ва ҳам аз рӯи сифат ба таври ҷиддӣ хеле зиёд шудаанд (35). Дар асоси ҳисоботҳои аз натиҷаи арзёбиҳои нашргардидаи тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ТСҶ, инчунин дигар адабиёт, хулосаҳои зеринро пешниҳод намудан мумкин аст: • Барномаҳои ТСҶ ва ба он монанд чун самаранок (36, 37) ва ҳатто хеле самараноку таъсирбахш арзёбӣ шудаанд (38). Натиҷаҳо баландшавии мустақилият, МУҚАДДИМА 29
•
•
• • •
ҳаракат ва беҳтар шудани малакаҳои муоширатии одамони дорои маълулиятро дар бар мегиранд (39), ҳатто намунаҳои алоҳида оид ба самаранокии иқтисодии ТСҶ мавҷуд аст (36, 37,38). арзёбиҳои мунтазами тадқиқотҳои илмӣ, ки ба муносибати тавонбахшии баъди осеби майна дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд гузаронидашуда, нишон медиҳанд, ки манфиати ин муносибатҳо нисбати муносибатҳои анъанавӣ камтар набуда, дар баъзе мавридҳо бештар самараноканд, манфиати равонии бештар медиҳанд ва аз тарафи одамони дорои маълулият ва оилаи онҳо мусбӣ қабул карда мешаванд (40,41,42,43). чорабиниҳои дахолати бо ТСҶ вобаста дар соҳаи беҳтар намудани воситаҳои зиндагӣ ба баланд шудани даромади одамони дорои маълулият ва оилаи онҳо мусоидат намуда (39), ба баландшавии сатҳи хударзёбӣ ва фарогирии бештари иҷтимоии онҳо алоқаманданд (44). чӣ тавре, ки маълум гашт, дар муассисаҳои таълимӣ ТСҶ барои беҳтар мутобиқшавӣ ва фарогирии одамони дорои маълулият – хоҳ кӯдакон ва хоҳ калонсолон, мусоидат намудааст (36, 38, 39). муайян гашт, ки кормандони барномаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат раванди омӯзишҳои кормандони ҷамоатҳоро дар соҳаи хизматрасониҳо, эҷодкорона раҳнамоӣ намудаанд (38). чӣ тавре, тадқиқоти илмии монанд, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд гузаронда шуда нишон дод, фаъолият дар доираи барномаҳои ТСҶ ба муносибати ҷамоат таъсир расонда, ба оқибатҳои иҷтимоии мусбӣ ноил шудааст, инчунин сатҳи фарогирӣ ва мутобиқшавии одамони дорои маълулият ба ҳаёти ҷамоат беҳтар гардидааст (36, 38, 39).
Адабиёти тавсияшаванда 1. Конвенсия ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, с.2006. (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/ disability.shtml, дата доступа: 18 июни с. 2010). 2. International classification of functioning, disability and health (ICF). Geneva, World Health Organization, 2001 (www.who.int/classifications/icf/en/, accessed 18 June 2010). 3. Disability and rehabilitation: WHO action plan 2006-2011. Geneva, World Health Organization, 2006 (www.who.int/disabilities/publications/dar_action_ plan_2006to2011.pdf, accessed 18 June 2010). 4. Disability prevention and rehabilitation: report of the WHO expert committee on disability prevention and rehabilitation. Geneva, World Health Organization, 1981 (www.who.int/disabilities/publications/care/ en/index.html, accessed 18 June 2010). 5. Convention on the Rights of Persons with Disabilities: some facts about disability. New York, United Nations, 2006 (www.un.org/disabilities/convention/facts.shtml, accessed 18 June 2010). 6. Elwan A. Poverty and disability: a survey of the literature. Washington, DC, The World Bank, 1999 (http://siteresources.worldbank.org/DISABILITY/ Resources/280658-1172608138489/PovertyDisabElwan. pdf, accessed 18 June 2010), accessed 18 June 2010). 7. Global survey on government action on the implementation of the Standard Rules on the Equalization of Opportunities for Persons with Disabilities. UN Special Rapporteur 30 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
on Disability, 2006 (www.escwa. un.org/divisions/sdd/news/GlobalSurvey_Report_ Jan30_07_ReadOnly.pdf). 8. Assistive devices/technologies: what WHO is doing. Geneva, World Health Organization (undated) (www. who.int/disabilities/technology/activities/en/, accessed 18 June 2010). 9. EFA global monitoring report: reaching the marginalized. Paris, United Nations Educational Scientific and Cultural Organization, 2009 (http://unesdoc.unesco.org/ images/0018/001866/186606E.pdf, accessed 18 June 2010). 10. Facts on disability in the world of work. Geneva, International Labour Organization, 2007 (www.ilo.org/ public/english/region/asro/bangkok/ability/download/facts.pdf, accessed 18 June 2010). 11. Human rights dimension of poverty. Geneva, Office of the High Commissioner for Human Rights (undated) (www2.ohchr.org/english/issues/poverty/index.htm, accessed 18 June 2010). 12. Disability, poverty and development. UK, Department for International Development, 2000 (www. make-development-inclusive.org/docsen/DFIDdisabilityPovertyDev. pdf, accessed 18 June 2010). 13. Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, с. 2000 (http://www. un.org/russian/millenniumgoals/, санаи дастрасӣ: 18 июни с. 2010) 14. Disability and the MDGs. Brussels, International Disability and Development Consortium, 2009 (www. includeeverybody.org/disability.php, accessed 18 June 2010). 15. Realizing the millennium development goals for persons with disabilities (UN General Assembly Resolution A/RES/64/131). New York, United Nations, 2009 (www.un.org/disabilities/default.asp?id=36).Inclusive development. New York, United Nations Development Programme (undated) (www.undp. org/poverty/focus_ 16. Inclusive_development.shtml, accessed 18 June 2010). 17. Inclusive development and the comprehensive and integral international convention on the protection and promotion of the rights and dignity of persons with disabilities (International disability and development consortium reflection paper: Contribution for the 5th Session of the Ad Hoc Committee, January 2005). International Disability and Development Consortium, 2005. (http://hpod.pmhclients.com/ pdf/lordinclusive-development.pdf, accessed 18 June 2010). 18. Mainstreaming disability in the development agenda. New York, United Nations, 2008 (www.un.org/ disabilities/default.asp?id=708, accessed 18 June 2010). 19. A guidance paper for an inclusive local development policy. Handicap International, Swedish Organisations’ of Persons with Disabilities International Aid Association, and the Swedish Disability Federation, 2008 (www.make-development-inclusive. org/toolsen/inclusivedevelopmentweben.pdf, accessed 18 June 2010). 20. Community driven development: overview. Washington, DC, The World Bank (undated) (http://web. worldbank.org/WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/ EXTSOCIALDEVELOPMENT/EXTCDD/0,,contentMDK:2025 0804~menuPK:5357 70~pagePK:148956~piPK:216618~theSitePK:430161,00.html, accessed 18 June 2010). 21. Community-based initiative (CBI). Cairo, WHO Regional Office for the Eastern Mediterranean, 2009 (http://www.emro.who.int/cbi/, accessed 18 June 2010). 22. Human rights, health and poverty reduction strategies. Geneva, World Health Organization, 2008. (http://www.ohchr.org/Documents/Publications/HHR_ PovertyReductionsStrategies_WHO_EN.pdf, accessed 18 June 2010). 23. Your human rights. Geneva, Office of the High Commissioner for Human Rights (undated) (www.ohchr. org/en/issues/Pages/WhatareHumanRights.aspx, accessed 18 June 2010). 24. Всеобщая декларация прав человека. Организация Объединенных Наций, 1948 (http://www. un.org/ru/documents/decl_conv/declarations/declhr.shtml, дата доступа: 18 июня 2010 г.) 25. Қоидаҳои меъёрии таъмини имкониятҳояи якхела барои одамони дорои маъМУҚАДДИМА 31
лулият. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, с.1993 (http://www.un.org/ru/ documents/decl_conv/ conventions/disabled.shtml, санаи дастрасӣ: 18 июни с. 2010) 26. World Programme of Action Concerning Disabled Persons. New York, United Nations, 1982 (http://www. un.org/disabilities/default.asp?id=23, accessed 18 June 2010). 27. Human development report 2000: Human rights and human development. New York, United Nations Development Programme, 2000 (http://hdr.undp.org/en/ reports/global/hdr2000/, accessed 18 June 2010). 28. Frequently asked questions on a human rights-based approach to development cooperation. Geneva, Office of the High Commissioner for Human Rights, 2006 (www.un.org/depts/dhl/humanrights/toc/ toc9.pdf, accessed 18 June 2010). 29. Изҳороти Алма - ато. Конфронси байналмилалӣ оид ба ёрии тиббию санитарӣ. Алма-Ато, СССР, 6-12 сентябри соли 1978. (http://www.euro.who.int/__data/ assets/pdf_file/0007/113875/ E93944R.pdf, санаи дастрасӣ: 18 июни с. 2010) 30. Primary health care. Geneva, World Health Organization (undated) (www.who.int/ topics/primary_ health_care/en/, accessed 18 June 2010). 31. Helander et al. Training in the community for people with disabilities. Geneva, World Health Organization, 1989 (www.who.int/disabilities/publications/cbr/training/en/ index.html, accessed 18 June 2010). 32. Werner D. Disabled village children. Berkeley, CA, Hesperian Foundation, 2009 (www.hesperian.org/ publications_download_DVC.php, accessed 30 May 2010). 33. International consultation to review community-based rehabilitation (Report of a meeting held in Helsinki, Finland, 2003). Geneva, World Health Organization, 2003 (http://whqlibdoc.who.int/hq/2003/ WHO_DAR_03.2.pdf, accessed 18 June 2010). 34. CBR: A strategy for rehabilitation, equalization ofopportunities, poverty reduction and social inclusion of people with disabilities (Joint Position Paper 2004). Geneva, International Labour Organization, United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization, and World Health Organization, 2004 (www. who.int/ disabilities/publications/cbr/en/index.html, accessed 18 June 2010). 35. Finkenflugel H, Wolffers I, Huijsman R. The evidence base for community-based rehabilitation: a literature review. International Journal of Rehabilitation Research, 2005, 28:187-201. 36. Mitchell R. The research base of community based rehabilitation. Disability and Rehabilitation, 1999, 21(10-11):459-468. 37. Wiley-Exley E. Evaluations of community mental health care in low- and middleincome countries: a 10-year review of the literature. Social Science and Medicine, 2007, 64:1231-1241. 38. Mannan H, Turnbull A. A review of community based rehabilitation evaluations: Quality of life as an outcome measure for future evaluations. Asia Pacific Disability Rehabilitation Journal, 2007, 18(1):29-45. 39. Velema JP, Ebenso B, Fuzikawa PL. Evidence for the effectiveness of rehabilitationin-the-community programmes. Leprosy Review, 2008, 79:65-82. 40. Barnes MP, Radermacher H. Neurological rehabilitation in the community. Journal of Rehabilitation Medicine, 2001, 33(6):244-248. 41. Chard SE. Community neurorehabilitation: A synthesis of current evidence and future research directions. NeuroRx, 2006, 3(4):525-534. 42. Evans L, Brewis C. The efficacy of community-based rehabilitation programmes for adults with TBI. International Journal of Therapy and Rehabilitation, 2008, 15(10):446-458. 43. Doig E et al (under review). Comparison of rehabilitation outcomes in day hospital and home settings for people with acquired brain injury: a systematic review. Neurorehabilitation and Neural Repair. 44. De Klerk T. Funding for self-employment of people with disabilities. Grants, loans, revolving funds or linkage with microfinance programmes. Leprosy Review, 2008, 79(1):92-109.
32
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Адабиёти тавсияшаванда A handbook on mainstreaming disability. London, Voluntary Service Overseas, 2006 (www.asksource.info/ pdf/33903_vsomainstreamingdisability_2006.pdf, accessed 18 June 2010). ABC: teaching human rights (Practical activities for primary and secondary schools). Geneva, Office of the High Commissioner for Human Rights, 2003. (http://www.ohchr. org/EN/PUBLICATIONSRESOURCES/ Pages/TrainingEducation.aspx, accessed 18 June 2010). Biwako Millennium Framework for Action towards an Inclusive, Barrier-free and Rightsbased Society for Persons with Disabilities in Asia and the Pacific. Bangkok, Economic and Social Commission for Asia and the Pacific, 2003 (http://www.unescap.org/esid/psis/ disability/, accessed 18 June 2010). Convention on the Rights of Persons with Disabilities (A teaching kit and complementary resources). Lyon, Handicap International, 2007 (www.handicap-international.fr/kitpedagogique/indexen.html, accessed 18 June 2010). Disability, including prevention, management and rehabilitation (World Health Assembly Resolution 58.23). Geneva, World Health Organization, 2005 (http://www.who.int/ disabilities/WHA5823_resolution_ en.pdf, accessed 18 June 2010). [Ба забони руссӣ: Қарордод WHA58.23. Одамони дорои маълулият, аз ҷумла пешгирӣ, табобат ва тавонбахшӣ. Сессияи панҷоҳу ҳаштуми ассамблеяи Умумиҷаҳонии тандурустӣ, Женева, 25 маи с. 2005. (https://apps.who.int/gb/ebwha/pdf_files/WHA58/ WHA58_23-ru. pdf, санаи дастрасӣ: 18 июни с. 2010)] Disability Knowledge and Research (KaR) website. (www.disabilitykar.net/index.html, accessed 18 June2010). Griffo G, Ortali F. Training manual on the human rights of persons with disabilities. Bologna, AIFO, 2007 (www.aifo.it/english/resources/online/books/cbr/manual_human_ rights-disability-eng07.pdf, accessed 18 June 2010). Hartley S (Ed). CBR as part of community development - a poverty reduction strategy. University College London, 2006. Helander E. Prejudice and dignity: An introduction to community-based rehabilitation. United Nations Development Programme, 2nd edition, 1999 (www.einarhelander.com/ PD-overview.pdf, accessed 18 June 2010). Italian Association Amici di Raoul Follereau (AIFO) website. (www.aifo.it/english/ resources/online/books/ cbr/cbr.htm, accessed 18 June 2010). Making PRSP inclusive website. (www.making-prsp-inclusive.org/fr/accueil.html, accessed 18 June 2010). Poverty Reduction Strategy Papers (PRSP). Washington, DC, International Monetary Fund, 2010 (www.imf. org/external/np/exr/facts/prsp.htm, accessed 18 June 2010). The build-for-all reference manual. Luxembourg, Build-for All, 2006 (www.build-for-all. net/en/documents/, accessed 18 June 2010).
МУҚАДДИМА
33
Идоракунӣ Муқаддима Матритсаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ), ки дар боби пеш тавсиф шуд, аз 5 қисм (саломатӣ, таҳсилот, худтаъминкунӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ, васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо) ва ҷузъҳои бо онҳо вобаста иборат аст. Вай қолиби заминавиро, ки барои таҳияи барномаҳои нави ТСҶ истифода бурдан мумкин аст, таъмин менамояд. Вале, ба мавҷуд будани матритсаи умумӣ нигоҳ накарда, ҳар як барномаи ТСҶ дорои фарқиятҳои беҳамто буданашро ҳар чӣ бештар намоиш дода истодааст, зеро ба он як қатор омилҳо ба монанди, омилҳои ҷисмонӣ, иҷтимоию – иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ таъсир мекунанд. Боби мазкур дастури раҳнамо барои роҳбарони барномаҳо буда, дар он тасаввуроти асосӣ оид ба тарзи интихоби қисмат ва ҷузъҳои барномаи ТСҶ, ки ба талаботҳои маҳаллӣ, афзалиятҳо ва захираҳои муҳим, мувофиқ ва мутобиқанд пешниҳод мешавад. Ҳарчанд барномаҳои ТСҶ аз якдигар фарқ кунанд ҳам, пайдарҳамии умумии марҳилаҳо мавҷуданд, ки барои рушду таҳияи онҳо ёрӣ расонда, раванди татбиқи онҳоро раҳнамоӣ мекунанд. Маҷмӯи ин марҳилаҳоро одатан силсилаи идоракунӣ меноманд. Ба таркиби он, таҳлили вазъ (марҳилаи 1); таҳияи барнома ва дизайн (марҳилаи 2); татбиқ ва санҷиш (мони торинг) (марҳилаи 3); ва арзёбӣ (марҳилаи 4) дохил мешаванд. Дар боби мазкур даври идоракуниро ба таври муфассал тавсиф намуда, ба роҳбарони барномаҳо оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳар марҳила тасаввуроти нисбатан пурра дода, ба онҳо дар таҳияи чорабиниҳои самарабахши фарогир бо иштироки ҳама тарафҳои мутассадӣ, ёрӣ расонанд ва дар натиҷа талаботҳои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳоро қонеъ гардонанд. Хоҳишмандем, қайд намоед, ки дар боби мазкур ягон усули меъёрӣ баён карда намешавад, ки ба он ҳатман бояд ҳар як барномаи ТСҶ пайравӣ намояд. Азбаски ин барномаҳо одатан дар ҳамкорӣ бо дигар тарафҳо таҳия карда мешаванд – масалан, бо созмонҳои давлатӣ ё молиявӣ, - ин тарафҳо метавонанд оид ба тарзи таҳия намудани барномаҳои монанд дастур диҳанд. Ба ғайр аз ин, ба он нигоҳ накарда, ки боби мазкур ба барномаҳои нави ТСҶ бахшида мешавад, инчунин барои такмил додани барномаҳои мавҷуда манфиатнок мебошад.
ИДОРАКУНӢ
35
ЗАМИМАИ 8
Ҳиндустон
Сафарбарнамоии ҷамоати фарогир Созмони «Мобилити эйд Ҳиндустон» сохтори ғайридавлатӣ буда, корхонаи асосии он дар Бангалори (Ҳиндустон) воқеъ мебошад. Вай барномаҳои ТСҶ-ро аз соли 1999 бо мақсади барпо намудани ҷамоати фарогир, тарғиб менамояд, ки дар он одамони дорои маълулият ҳуқуқҳои баробар ва сифати хуби ҳаёт доранд. «Мобилити эйд Ҳиндустон» дар се ноҳияҳои гуногун барномаҳои ТСҶ-ро татбиқ менамояд: 1) дар маҳалҳои ноободи шаҳрии Бангалор; 2) дар минтақаи беруни шаҳрӣ Анекал Талук, тақрибан дар 35 км аз Бангалор; 3) дар деҳотҷойҳо (музофоти Чамраҷданагар), тақрибан дар 210 км дуртар аз Бангалор. Ба он нигоҳ накарда, ки барномаҳои ТСҶ дар ин ноҳияҳо бисёр чорабиниҳои монандро дар бар мегиранд – ба монанди ёрӣ дар ташкили гурӯҳҳои худёрирасон, беҳтар намудани дастрасӣ ба имкониятҳо дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилот, худтаъминкунӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, сафарбарии ҷамоатҳо, онҳо инчунин фарқиятҳои беҳамторо намоиш медиҳанд, чунки дар ҳар хел шароитҳо амалӣ мешаванд. Арзёбии чорабиниҳои якчандсоларо гузаронда, созмони «Мобилити эйд Ҳиндустон» як қатор хулосаҳоро оид ба идоракунии барномаҳо ба даст овард, ки аҳамияти муҳим доранд, аз ҷумла: • ҷалб намудани роҳбарони зинаҳои гуногун барои иштирок дар раванди даври идоракунии барнома; • пеш аз оғози барномаи ТСҶ гузарондани таҳлили вазъ; • сарф намудани маблағҳои кифоя барои банақшагирии авввалин ва таҳияи нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) аниқ; • рушди ҳамкориҳо бо тарафҳои асосии манфиатдор, таҳияи нақшу масъулиятҳои возеҳ, фаъолиятҳои шарикона бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ махсусан муҳим аст; • ташаббуси чорабиниҳое, ки на фақат ба гурӯҳи хурди одамони дорои маълулият, балки ба тамоми аъзоёни ҷамоат мафиатноканд; • таъмини барномаҳои ТСҶ бо кормандон аз ҳисоби аҳолии ҷамоатҳои маҳаллӣ, бо додани афзалият ба одамони дорои маълулият, махсусан ба занҳо: • таъмини ҷараёни пай дар паи рушди иқтидор ва такмили малакаҳои касбӣ, ки бояд ҳамаро фаро гирад - масалан одамони дорои маълулият ва оилаи онҳо, дигар аъзоёни ҷамоат, таъминкунандагони хизматрасониҳо ва фаъолони маҳаллӣ ё шахсони барои қабули қарорҳо масъул; • омода будан ва бо ҳам дидани муваффақият ва бохтҳо
36
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Мафҳумҳои асосӣ Фарқи байни лоиҳаи ТСҶ ва барномаи ТСҶ дар чист? Лоиҳаҳо ва барномаҳои ТСҶ дар тамоми ҷаҳон амалӣ мешаванд ва бисёр одамон фарқи байни онҳоро дуруст эҳсос намекунанд. Аммо лоиҳаҳои ТСҶ одатан аз рӯи миқёс калон нестанд ва метавонанд ба расидани натиҷаҳои хеле мушаххас дар ягон қисми матритса равона шуда бошанд: масалан, дар соҳаи тандурустӣ. Онҳо хусусияти кӯтоҳмӯҳлат дошта, таърихи оғоз ва анҷомро доранд. Дар он ҷое, ки дастгирии системаи ТСҶ аз тарафи давлат маҳдуд аст, чунин лоиҳаҳо одатан бо иқдоми гурӯҳҳои ҷамоатӣ ё созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия ва татбиқ мешаванд, масалан, дар Аргентина, Бутан, Колумбия, Уганда ва Шри-Ланка. Агар онҳо муваффақият бошанд, пас то сатҳи барнома васеъ карда мешаванд: масалан, дар Хитой, Миср ва Ҷумҳурии Исломии Эрон лоиҳаҳои таҷрибавӣ ба барномаҳои миллӣ мубадал шуданд. Барномаҳои ТСҶ – ин маҷмӯи лоиҳаҳои ба ҳамдигар монанд буда, идоракунии онҳо ҳамоҳанг шудааст. Одатан, онҳо хусусияти дарозмӯҳлат дошта, таърихи анҷомёбии аниқ надоранд ва назар ба лоиҳа, мавзеи бештарро дарбар гирифта, мураккаб мебошанд. Ба он нигоҳ накарда, ки лоиҳаҳо ва барномаҳо дорои хусусиятҳои гуногун мебошанд, дар боби мазкур дар ҳар ду маврид истилоҳи «барнома» истифода бурда мешавад. Даври идоракуние, ки дар ин боб дида мешавад ва инчунин, муҳокимаи натиҷаҳо дар дигар қисмҳои «Дастурҳо оид ба ТСҶ», мафҳумҳои асосӣ ва фаъолиятҳои тавсияшаванда оид ба дигар қисмҳои ТСҶ дар ҳар ду маврид ба осонӣ истифода шаванда мебошанд.
Ибтидои роҳ Омили аввалини барои амалишавии барномаи ТСҶ, водоркунанда одатан қароре мебошад, ки берун аз ҳудуди ҷамоат қабул карда мешавад, масалан дар сатҳи вазорат ё дар созмони ғайридавлатӣ (1). Новобаста аз он, ки дар куҷо ҳавасмандӣ зоҳир мешавад, дар дохили ҷамоат ё берун аз он, хеле зарур аст, ки захираҳои зарурӣ ва имконияти муваффақ шудан ба омодагии ҷамоат барои таҳия ва амалишавии барнома мавҷуд бошанд (ниг. ба боби «Идоракунӣ бо иштироки васеъ»). Аз вазорат, раёсат, мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ё ташкилоте, ки иқдоми татбиқи барномаро пешниҳод намудааст, интизор шудан зарур нест, ки онҳо ҳамаи қисмҳои матритсаи ТСҶ-ро татбиқ намоянд, ин ҳатто ғайриимкон аст. Асос он аст, ки барои таҳияи барномаи ҳаматарафа, рушди муносибатҳои шарикона бо тарафҳои манфиатдор, ки ба ҳар як қисми он ҷавобгӯ бошанд, зарур аст. Инчунин, ҳар як сохтор барои фарогир будани барномаҳои худ ва ҷавобгӯй будани хизматрасониҳо ва мувофиқатии онҳо ба талаботу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият, оилаҳои онҳо ва ҷамоатҳо масъул аст. Масалан, тавсия карда мешавад, ки вазорати тандурустӣ ё созмонҳои ғайридавлатӣ, ки дар ин соҳа фаъолият менамоянд, барои қисми «Саломатӣ» масъулиятро ба дӯши худ гиранд, вазорати маориф ё созмонҳои ғайридавлатии ин соҳа барои татбиқи қисми Маориф ва таҳсилот масъул бошанд ва ғайра.
Фарогирии ҷуғрофӣ Барномаҳои ТСҶ метавонанд, ки маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ бошанд. Шакли фарогирӣ аз сохтор ё созмони татбиқи барномаро ба дӯш гирифта, вобаста аст, ИДОРАКУНӢ 37
яъне доираи амалишавии чорабиниҳои дахолат ва захираҳои мавҷуда чӣ гунаанд. Дар хотир доштан муҳим аст, ки дастгирии зарурӣ ба одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо бояд ба қадри имкон ба ҷамоати онҳо наздиктар пешниҳод гардад, махсусан дар ноҳияҳои деҳотӣ. Дар аксарияти мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст захираҳо маҳдуд мебошанд, бинобар ин дар пойтахт ё шаҳрҳои калон ҷамъ мешаванд. Вазифаи банақшагирандагони ТСҶ аз ёфтани роҳҳои қобили қабули расонидани хизматрасониҳои сифатноки беҳтарин ва ба қадри имкон ба манзили манфиатбарандагон наздик, бо назардошти талаботҳои воқеии онҳо ва захираҳои мавҷудаи маҳаллӣ мебошад (ниг. Марҳилаи 1. «Таҳлили вазъ»).
Сохтори идоракунии барномаи ТСҶ Ҳар як барномаи ТСҶ худ нақшаи чӣ тавр идора намудани барномаашро ҳал менамояд. Бинобар ин, дар қисмати мазкур пешниҳод намудани сохтори ягонаи идоракунии ҳамаи қисмҳои барномаи ТСҶ ғайриимкон аст. Ба ин нигоҳ накарда, якчанд намунаи сохторҳои идоракунӣ, ки дар асоси барномаҳои монанди дар мамлакатҳои ҷаҳон татбиқшуда таҳия шудаанд, дар охири дастур пешниҳод мегарданд (ниг. ба Замима). Дар бисёр мавридҳо кумитаҳои ёрирасони барои идоракунии барномаҳои ТСҶ ташкил кардашуда раванди татбиқро дастгирӣ менамоянд. Ба ҳайати кумитаҳо одатан одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаҳои онҳо, аъзоёни ба масъала шавқманди ҷамоат ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дохил мешаванд. Чунин кумитаҳо барои фаъолиятҳои зерин манфиатнок мебошанд: • муайян намудани мақсаду вазифаҳои барномаи ТСҶ; • муайян намудани талаботу эҳтиёҷот ва захираҳои маҳалии дастрас; • муайян намудани вазифаҳо ва масъулияти кормандони барномаҳои ТСҶ ва тарафҳои манфиатдор; • таҳияи нақшаи фаъолият; • сафарбарнамоии захираҳо барои татбиқи барнома; • расонидани ёрӣ ва раҳнамоӣ ба роҳбарони барномаҳои ТСҶ.
Идоракунӣ бо иштироки васеъ Яке аз мавзӯҳои асосӣ, ки дар давоми тамоми барномаҳои ТСҶ мунтазам муҳокима мешавад, таъмини иштироки васеи тарафҳо мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо масъулини қабули қарорҳои ниҳоӣ роҳбарони барномаҳо мебошанд, аммо хеле муҳим аст, ки ҳамаи тарафҳои асосии манфиатдор, махсусан одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дар ҳамаи марҳилаҳои даври идоракунӣ, ҷалб карда шаванд. Тарафҳои манфиатдор метавонанд саҳми арзандаи худро ба воситаи табодули таҷриба, мушоҳида ва тавсияҳо гузоранд. Иштироки онҳо дар тӯли тамоми давраи идоракунӣ барои ҷавобгӯ будани фаъолиятҳои барнома ба эҳтиёҷоту талаботи аъзоёни ҷамоат ёрӣ мерасонад ва ба муваффақияту устувории барнома дар ояндаи дарозмӯҳлат мусоидат менамояд (ниг. ба Марҳилаи 1, боби «Таҳлили тарафҳои манфиатдор»). 38 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Таъмин намудани устувории барномаҳои ТСҶ Ба он нигоҳ накарда, ки ниятҳои нек барои оғози барномаҳои ТСҶ ёрӣ мерасонанд, онҳо ҳеҷ вақт барои идоракунии ин барномаҳо ва ёфтани роҳҳои таъмини устувории онҳо, кофӣ нестанд. Умуман, чӣ тавре, таҷриба нишон медиҳад, барномаҳои аз тарафи давлат ташкил ё дастгиришаванда назар ба барномаҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба захираҳои бештар дастрасӣ дошта, мавзеъҳои васеътарро низ дарбар мегирад ва устуворию дарозмӯҳлатиаш кафолатнок аст. Аммо, барномаҳое, ки аз тарафи ҷамъияти шаҳрвандӣ татбиқ мешаванд, одатан мақсади фаъолияташонро мувофиқтар намуда, дар шароитҳои мураккаб кор мекунанд, иштироки бештар васеи ҷамоатҳо ва саҳмгузории бевоситаро дар ноилшавӣ ба натиҷаҳо таъмин намуда, ҳисси соҳибиятро рушд медиҳанд. Барномаҳои ТСҶ дар он ҷое муваффақ мешаванд, ки дастгирӣ аз тарафи давлат мавҷуд буда, ба омилҳои маҳаллӣ, ба монанди маданият, маблағ, захираҳои инсонӣ ва пешниҳоди дастгирӣ аз тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва созмонҳои одамони дорои маълулият, такя карда метавонанд. Дар зер баъзе аз ҷузъҳои муҳими ба устуворӣ мусоидаткунанда номбар карда мешаванд, ки бояд дар барномаҳои ТСҶ ба назар гирифта шаванд: • Роҳбарии самаранок. Устувории барномаҳоро бе роҳбарӣ ва идоракунии самаранок таъмин намудан мушкил аст. Роҳбарони барномаҳои ТСҶ барои расидан ба мақсаду натиҷаҳои мусбӣ, бояд тарафҳои манфиатдорро ҳавасманд, рӯҳбаланд, ва раҳнамоию дастгирӣ намоянд. Бинобар ин интихоби роҳбарони боқувват, ки ба кори худ содиқ, дорои малакаҳои беҳтарини муоширатӣ ва аз тарафҳои манфиатдор ва ҷамоат эҳтирому эътибори баланд дошта, муҳимияти махсус дорад. • Ҳамкорӣ. Агар барномаҳои ТСҶ дар алоҳидагӣ фаъолият намоянд, онҳо зери хавфи бо дигар барномаҳо дар ҷамоат рақобат намудан, ки ба такрорнамоии хизматрасониҳо ва сарфкунии беҳудаи захираҳои қимматбаҳо оварда мерасонад қарор мегиранд. Ҳамкориҳо барои беҳтар истифода бурдани маблағу захираҳои мавҷуда ёрӣ расонида, устувории барномаҳои ТСҶ-ро ба воситаи истифодаи имкониятҳои иловагӣ, доираи васеътари донишу малакаҳо, захираҳои молиявӣ, инчунин, фаъолиятҳои иловагӣ бо мақсади таъсир расонидан ба сиёсат ва қонунгузории давлатӣ, ки ба одамони дорои маълулият тааллуқ доранд, таъмин мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо, созишҳои расмӣ, ба монанди шартнома оид ба хизматрасониҳо, Меморандуми ҳусни тафоҳум, ва шартномаҳои меҳнатӣ метавонанд бехатарӣ ва устувории ҷалби ҳамкоронро таъмин намоянд. • Ҳисси соҳибият аз тарафи ҷамоат. Барномаҳои муваффақи ТСҶ 4 одатан ҳисси баланди соҳибиятро аз тарафи ҷамоат дороанд. Инро ба воситаи иштироки тарафҳои асосии манфиатдор дар ҳамаи марҳилаҳои даври идоракунӣ, ноил шудан мумкин аст. (Ниг. ба боби «Сафарбарнамоии ҷамоатҳо» дар қисми «Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо»). • Истифодаи захираҳои маҳаллӣ. Паст кардани сатҳи вобастагии барнома аз маводу захираҳои берунии инсонӣ, молиявӣ ва моддӣ ба он устувории бештарро таъмин менамояд. Бинобар ин, ҷамоатҳоро барои истифодаи захираҳои маҳаллии ватанӣ дар ҳалли мушкилоташон рӯҳбаланд намудан лозим аст. Ба истифодаи захираҳои маҳаллии худӣ, ба ҷои истифодаи захираҳои миллӣ афзалият додан беҳтар аст; ва ба ҷои истифодаи захираҳои дигар мамлакатҳо ба захираҳои ватанӣ бояд афзалият дода шавад.
ИДОРАКУНӢ
39
• Ба назар гирифтани омилҳои маданӣ. Маданиятҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва он чизе, ки аз нуқтаи назари маданият барои як гурӯҳи одамон қобили қабул аст, барои дигар гурӯҳ шояд қобили қабул набошад. Барои таъмини устувории барномаҳои ТСҶ дар шароитҳои гуногун бояд он чизро ба назар гирифт, ки иқдомҳои мазкур ба урфу одатҳои маҳаллӣ чӣ тавр таъсир мебахшанд, ба кадом муқовимат рӯ ба рӯ шуда метавонанд ва ин муқовиматро чӣ гуна бартараф намудан мумкин аст. Хеле муҳим аст, ки мувозинати байни тағйир додани эътиқодҳои носаҳеҳ ва рафтор нисбати одамони дорои маълулият ва мутобиқкунии барномаю фаъолиятҳо ба шароити маҳаллӣ нигоҳ дошта шавад. • Рушди қобилият. Рушди қобилияти тарафҳои манфиатдор дар банақшагирӣ, татбиқ, санҷиш (мониторинг) ва арзёбии барномаҳои ТСҶ ба таъмини устуворӣ саҳм мегузорад. Барои расонидани ёрӣ дар рушди қобилиятҳо, барномаҳои ТСҶ бояд дар рӯйхати фаъолиятҳои худ қисмҳои бақуввати баланд кардани сатҳи огоҳӣ ва таълимиро дошта бошанд. Масалан, рушди қобилият дар байни одамони дорои маълулият, ба онҳо малакаҳои заруриро барои тарғиби фарогириашон ба иқдомҳои асосӣ, таъмин менамояд. • Дастгирии молиявӣ. Хеле муҳим аст, ки ҳамаи барномаҳои ТСҶ дорои манбаъҳои молиявии устувор бошанд. Як қатор манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ метавонанд, ки дастрас бошанд, бо иловаи дастгирии молиявии давлатӣ (масалан, маблағгузории бевосита ё грантҳо), хазинаҳои донорӣ (масалан, пешниҳодҳо оид ба лоиҳаҳо ба донорони миллӣ ва байналмиллалӣ барои ҷудо намудани маблағ ва инчунин расонидани ёрӣ дар пардохтҳои молӣ ё спонсорӣ) ва даромадҳо, ки бо қувваи худ пайдо мекунанд (масалан, аз фурӯши молҳо, гирифтани музд ва маблағ барои хизматрасониҳо бо роҳи истифодабарии механизми маблағгузориҳои хурд). • Дастгирии сиёсӣ. Сиёсати миллӣ оид ба барномаҳои ТСҶ, барномаи миллии ТСҶ, системаи шабакавии ТСҶ ва дастгирии зарурии буҷавӣ, барои муяссар шудан ба бартарии истифодабарии Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият мусоидат менамоянд (2) ва расидани иқдомҳо дар соҳаи рушд ба ҳар як одами дорои маълулият ва аъзои оилаи онҳо ёрӣ мерасонанд. Дохил намудани масъалаҳои маълулият ба фаъолияти қонунгузорӣ ва маъмурии мақомоти давлатӣ инчунин, таъмини ёрии дарозмӯҳлат ба одамони дорои маълулият ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳо ва имкониятҳо дар соҳаи саломатӣ, маориф, худтаъминкунӣ ва ёрии иҷтимоиро таъмин менамояд.
Васеъ намудани маҳалли фарогирии барномаҳои ТСҶ Васеъ намудани маҳалли фарогирии барномаҳои ТСҶ маънои зиёд шудани доираи таъсиррасонии барномаи муваффақро дорад. Ин як қатор бартарият меорад: масалан, барномаи ТСҶ миқдори зиёдтари одамони дорои маълулиятро, ки талаботҳояшон то ҳол қонеъ нашудаанд, фаро мегирад. Он метавонад ба баландшавии сатҳи огоҳии одамон оид ба масъалаҳои маълулият дар ҷамоат саҳм гузорад, инчунин барои тағйир додани сиёсат ва ҷудо намудани захираҳои ба масъалаҳои маълулият вобастаро дастгирӣ намояд. Васеъ намудани миқёси барномаҳои ТСҶ талаб менамояд, ки: 1) самаранокии барномаҳо намоиш дода шавад; 2) барнома аз тарафи одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо эътироф шавад; 3) аз тарафи ҷамоат эътироф шавад; 4) захираҳои зарурии молиявӣ мавҷуд бошанд; 5) бояд қонунгузорӣ ва сиёсат мушаххас ва фаҳмо бошад. Роҳҳои зиёди васеъ намудани барномаҳои ТСҶ мавҷуданд. Яке аз роҳҳо ин васеъ намудани фарогирии ҷуғрофии барнома мебошад, яъне васеъ намудани барнома аз як ҷамоат ба якчанд ҷамоатҳо, васеъ намудан дар саҳи миллӣ ё дар сатҳи минтақа ва ҳатто миллӣ. Умуман, бо сабаби осон будани дастрасӣ аз мавзеи хурд оғоз намудани Барномаҳои ТСҶ маслиҳат дода мешавад ва пас аз намоиш додани на-
тиҷаҳои дилхоҳ онро миқёси фарогириро васеъ намудан мумкин аст. Азбаски барномаҳои зиёди ТСҶ диққати асосиро ба навъҳои алоҳидаи маълулият медиҳанд, роҳи дигари васеъгардонӣ аз ҷалби одамони дорои навъҳои гуногуни маълулият иборат аст.
Даври идоракунӣ Ҳангоми мулоҳиза намудан оид ба таҳия ва пурзӯркунии барномаи ТСҶ, дар намуди доира тасаввур намудани ҳамаи ҷараёни идоракунӣ хеле манфиатнок аст (расми 2). Ин барои ба назар гирифтани ҳамаи ҷанбаҳои асосии он имконият дода, мувофиқ ва вобаста будани онҳоро бо ҳамдигар нишон медиҳад. Дар дастури мазкур даври идоракунӣ чор марҳилаи зеринро дар бар мегирад: 1. Таҳлили вазъ. Дар ин марҳила вазъи кунунии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ҷамоатҳо омӯхта шуда, масъалаю мушкилоте, ки ҳал намудан лозим аст, муайян мегарданд. Расми 2. Даври идоракунӣ
4. Арзёбӣ
1. Таҳлили вазъ
3.Татбиқ ва мониторинг
2.Таҳияи нақша ва дизайн
2. Таҳияи нақша ва дизайн. Ин марҳила масъалаи қабули қарорро оид ба он, ки чӣ тавр барномаи ТСҶ мушкилӣ ва масъалаҳоро ҳал менамояд ва инчунин, таҳияи нақшаи чорабиниҳоро дар бар мегирад.
ИДОРАКУНӢ
41
3.Татбиқ ва мониторинг (санҷиш). Дар ин марҳила, татбиқи барнома амалӣ шуда, барои таъмини ҳаракат ба самти дуруст, санҷишу арзёбиҳо мунтазам гузаронида мешаванд. 4. Арзёбӣ. Ин марҳила барои муайян намудани он, ки оё натиҷаҳои чашмдошт иҷро шудаанд ва таъсири умумии барномаро таҳқиқ намудан, ки масалан кадом тағйирот дар натиҷаи татбиқ намудани барнома ба амал омаданд, яъне, дар ин марҳила муқоисакунии натиҷаҳои ноилшуда бо мақсадҳои банақшагирифташуда гузаронда мешавад.
Марҳилаи 1. Таҳлили вазъият Муқаддима Зарур аст, ки барномаҳои ТСҶ дар асоси иттилооти мувофиқ ва хеле махсуси ҳар як ҷамоат таҳия шаванд, то ин ки ба эҳтиёҷоту талаботи воқеӣ ҷавобгӯй, аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок ва ҳақиқӣ бошанд. Одатан, пеш аз оғози татбиқи барномаҳои ТСҶ банақшагирандагон фикр менамоянд, ки онҳо дорои иттилооти кифоя оид ба он ки чӣ кор кардан даркор аст ва онҳо чӣ кор бояд кунанд мебошанд. Аммо, дар бисёр мавридҳо ин иттилоот нопурра мебошад, бинобар ин марҳилаи якуми давр бояд таҳлили вазъ шавад. 4. Арзёбӣ 1. Таҳлили вазъ
3.Татбиқ ва мониторинг
2.Таҳияи нақша ва дизайн
1.Таҳлили вазъ; 2. Банақшагирӣ ва дизайн, 3. Татбиқу санҷиш 4. Арзёбӣ Мақсади таҳлили вазъ, аз ҷавоб додан ба саволи зерин иборат аст: «Мо айни замон дар куҷо қарор дорем?» Ин ба банақшагирандагон барои фаҳмидани шароит (ё вазъе), ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дар он ҳаёт ба сар мебаранд ва самтҳои аз ҳама мувофиқи амалро муайян менамояд. Раванди мазкур ҷамъоварии иттилоот, муайян намудани тарафҳои манфиатдор ва таъсири онҳо, муайян намудани мушкилиҳо ва вазифаҳои барнома инчунин, захираҳои ҷамоатро, дар бар мегирад. Ин марҳилаи муҳими даври идоракунӣ мебошад, зеро он барои банақшагирӣ ва таҳияи барномаи ТСҶ иттилоотро таъмин менамояд (ниг. ба Марҳилаи 2. Таҳияи нақша ва дизайн).
Қадамҳои зарурӣ Таҳлили вазъ қадамҳои зеринро дар бар мегирад: 1. Ҷамъ намудани далелҳо ва рақамҳо. 2. Таҳлили тарафҳои манфиатдор (ба масъала ҳавасманд). 3. Таҳлили мушкилиҳо. 4. Таҳлили мақсадҳо. 5. Таҳлили захираҳо.
42
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Ҷамъ намудани далелҳо ва рақамҳо Ҷамъ намудани далелҳо ва маълумоти рақамӣ барои мушаххаскунии маълумоте, ки аллакай оид ба одамони дорои маълулият ва шароити зисти онҳо маълум аст, ёрӣ мерасонад. Инчунин, он маълумотро оид ба сатҳи заминавӣ, ки барои арзёбии оянда зарур шуда метавонад, пешниҳод менамояд (ниг. ба Марҳилаи 4. Арзёбӣ). Ҷамъ намудани далелҳо ва рақамҳоро оид ба вазъияти муҳит, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва/ё маҳаллӣ гузарондан мумкин аст. Масалан, иттилоотро дар мавзӯъҳои зерин ҷамъ кардан мумкин аст: • аҳолӣ: масалан, шумораи одамони дорои маълулият, синну сол, ҷинс, шаклҳои маълулияти онҳо; • шароити зист: масалан, шаклҳои манзили зист, об таъминкунӣ, системаи коррезӣ; • саломатӣ: нишондиҳандаҳои фавт, сабабҳои беморӣ ва фавт, сатҳи хизматрасониҳои тиббию санитарии маҳаллӣ; • маориф: масалан, шумораи кӯдакони дорои маълулият, ки ба мактаб мераванд; нишондиҳандаҳои саводнокӣ; • иқтисодиёт: масалан, манбаъҳои даромад, музди миёнаи меҳнати ҳаррӯза; • давлат: масалан, сиёсат ва қонунгузорӣ, дараҷаи диққат ба одамони дорои маълулият, тасдиқ намудан ва вазъи истифодабарии Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият; дастрасии меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ; • фарҳанг: гурӯҳҳои фарҳангӣ, забон, амалия ва нишондиҳандаҳои рафтор нисбати одамони дорои маълулият; • дин: масалан, ақидаҳои динӣ ва гурӯҳҳо; • география ва иқлим. Ҷамъ намудани далелҳо метавонад сӯҳбатҳо бо одамонро дар бар гирад - масалан, ташриф ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё омӯзиши ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳое, ки дар шабакаи интернет, нашрияҳои ҳукуматӣ ва корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дарёфт шуда метавонанд.
Таҳлили тарафҳои ба масъала ҳавасманд Хеле муҳим аст, ки аз оғози даври идоракунӣ тамоми тарафҳои ба масъала ҳавасманд муайян ва ҷалби онҳо ба иштирок ва расонидани ёрӣ ба ҷамоат бо мақсади рушди ҳисси соҳибияти барнома аз тарафи ҷамоат таъмин карда шавад. Таҳлили тарафҳои ба масъала ҳавасманд имконият медиҳад, ки ҳамонҳоеро (фардҳо, гурӯҳҳо ё ташкилотҳоро), ҳаммонанд намоянд, ки метавонанд манфиат бинанд, саҳмгузорӣ намоянд, ё ба барномаҳои ТСҶ таъсир расонда метавонанд. Воситаҳои гуногуне мавҷуданд, ки онҳоро барои муайян намудани тарафҳои ҳавасманд, муайянкунии сатҳи таъсири онҳо ва самтҳои фаъолият истифода бурдан мумкин аст. Яке аз ин воситаҳо, таҳлили SWOT мебошад («Тарафҳои қавӣ, тарафҳои заиф, имкониятҳо ва хатарҳо»), ки онро барои арзёбии тарафҳои қавӣ ва заифи тарафҳои ИДОРАКУНӢ 43
манфиатдор ва имкониятҳои беруна ва хатарҳое, ки онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, истифода бурдан мумкин аст. Нақш ва масъулияти тарафҳои ҳавасманди асосӣ Дар ҷараёни гузарондани таҳлил миқдори зиёди тарафҳои гуногуни ҳавасманд муайян шуда метавонанд. Ба ин шумора инҳо дохил мешаванд: одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо, аъзоёни ҷамоатҳо (аз он ҷумла, сарварони онҳо, муаллимон ва дигарон), ҷамъияти шаҳрвандӣ (масалан, созмонҳои ғайридавлатӣ ва динӣ, гурӯҳҳои занон), созмонҳои одамони дорои маълулият ва мақомотҳои ҳукуматӣ (расми 3). Дар хотир доштан муҳим аст, ки кормандон ва роҳбарони барномаҳои ТСҶ инчунин, тарафҳои ҳавасманд мебошанд. Ҳар яке аз тарафҳои ҳавасманд малакаҳо, дониш, захираҳо ва шабакаҳои худро меоваранд ва нақшу масъулияти махсусро дар таҳия ва татбиқи барномаҳои ТСҶ мебозанд.
Рис. 3. Тарафҳои ҳавасманди барномаҳои ТСҶ
Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дар барномаҳои ТСҶ нақши фавқулодда муҳим мебозанд. Вазифаҳо ва ӯҳдадориҳо дар ҳамаи бобҳои «Дастур оид ба ТСҶ» фаҳмонида мешаванд, вале дар умум аз инҳо иборатанд: • • • • иштироки фаъолона дар татбиқи қисмҳои идоракунии барномаи ТСҶ; иштирок дар кумитаҳои маҳаллии барномаҳои ТСҶ; иштирок чун ихтиёрӣ ва кор ҳамчун кормандони расмии ин барномаҳо; баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои маълулият дар ҷамоатҳои худ, масалан, бо роҳи ҷалб намудани диққат ба ин ё он монеаҳо ва талаботи бартараф намудани онҳо.
44
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Аъзоёни ҷамоатҳо Барномаи ТСҶ нафақат барои одамони дорои маълулият, балки ба тамоми аъзоёни ҷамоат манфиат мерасонад. Барномаҳои ТСҶ бояд аъзоёни ҷамоатҳоро барои иҷрои нақшу ӯҳдадориҳои зерин рӯҳбаланд намоянд: • иштирок дар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, бо мақсади дастрас намудани иттилоот оид ба масъалаҳои маълулият; • тағйир додани ақидаҳо ва муносибате, ки имкониятҳои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳоро маҳдуд карда метавонанд; • бартараф намудани дигар монеаҳо, ки метавонанд, ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо барои иштирок намудан дар ҳаёти ҷамоат халал расонанд; • ҷалб намудани одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо ба фаъолиятҳо дар намунаи шахсии худ; • саҳмгузорӣ ба воситаи захираю маводҳо (масалан, вақт, маблағ, таҷҳизот ба барномаҳои ТСҶ; • муҳофизат намудани аъзоёни ҷамоат ва мусоидат намудан ба бартарафсозии сабабҳои пайдоиши маълулият; • ҳангоми зарурат дастгирӣ намудани одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо.
Ҷамъияти шаҳрвандӣ Нақшҳо ва масъулияти созмону гурӯҳҳои ҷамъиятӣ аз сатҳи онҳо– байналмиллалӣ, миллӣ, минтақавӣ ё ҷамоатӣ будан вобастаанд. Нақшҳо ва масъулияти онҳо инчунин, аз сатҳи таҷриба ва ҷалб будани онҳо ба масъалаҳои маълулият ва татбиқи барномаи ТСҶ, вобастаанд. Дар умум, вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои онҳо метавонанд инҳоро дар бар гиранд: • таҳия ва татбиқи барномаҳои ТСҶ дар он ҷое, ки дастгирӣ аз тарафи ҳукумат маҳдуд мебошад; • пешниҳод намудани ёрии техникӣ, захираҳо ва омӯзиш ба барномаҳои ТСҶ; • дастгирӣ намудани рушди шабакаи равонасозӣ ба назди мутахассисон байни тарафҳои ҳавасманд; • дастгирии барномаҳои ТСҶ бо мақсади рушди қобилияту малакаҳои дигар тарафҳои ҳавасманд; • фарогирии одамони дорои маълулият ба барномаҳо ва хизматрасониҳои мавҷуда; • дастгирии раванди арзёбӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва таҳияи барномаҳои ТСҶ.
Созмонҳои одамони дорои маълулият Созмонҳои одамони дорои маълулият захираи калон барои пурзӯр намудани барномаҳои ТСҶ мебошанд ва бисёре аз онҳо айни замон нақши муҳимро дар ин барномаҳо ишғол менамоянд (ниг. инчунин ба қисми «Васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо»). Вазифаҳо ва доираи масъулияташон метавонанд инҳоро дар бар гиранд: • ифода намудани манфиатҳои одамони дорои маълулият; • пешниҳод намудани маслиҳатҳо оид ба эҳтиёҷоту талаботи одамони дорои маълулият; • баланд бардоштани сатҳи огоҳии одамони дорои маълулият оид ба ҳуқуқҳояшон; • тарғибу ташвиқ ва мубодилаи афкор бо мақсади ҷалб намудани диққати муассисаҳои мувофиқи давлатӣ ва таъминкунандагони хизматрасониҳо, ки ИДОРАКУНӢ 45
барои таъмини ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият масъуланд: масалан, татбиқи барномаҳо дар мутобиқат бо Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият; • ба одамони дорои маълулият пешниҳод намудани иттилоот оид ба хизматрасониҳои мавҷуда; • иштироки бевосита дар идоракунии барномаҳои ТСҶ.
Мақомоти давлатӣ Масъалаҳои ба одамони дорои маълулият вобаста бояд таҳти диққати тамоми мақомотҳои ҳукуматӣ, дар ҳамаи сатҳҳо ва соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, таъминот бо ҷойҳои корӣ ва соҳаи иҷтимоӣ бошанд. Нақшу масъулиятҳо инҳоро дар бар мегиранд: • роҳбарии раванди идоракунӣ ва татбиқи барномаҳои миллии ТСҶ; • таъмини қонунгузории мувофиқ ва механизмҳои сиёсӣ бо мақсади дастгирии ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият; • таҳияи сиёсати миллӣ оид ба барномаҳои ТСҶ ё ворид намудани ТСҶ ба сифати стратегия ба сиёсати мувофиқ, масалан дар соҳаи тавонбахшии саломатӣ ва рушд; • таъмин намудани барномаҳои ТСҶ бо захираҳои кадрӣ, моддӣ ва молиявӣ; • ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо таъмин намудани дастрасӣ ба ҳамаи барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳо ва воситаҳои ёрирасон (таҷҳизот); • рушди ТСҶ ҳамчун методологияи амалӣ ё механизми татбиқи хизматрасониҳо оид ба тавонбахшии саломатӣ дар миқёси мамлакат.
Роҳбарони барномаҳои ТСҶ Вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои роҳбарон аз он вобаста мебошанд, ки барои таҳия ва татбиқи барномаи ТСҶ кӣ масъул мебошад ва дараҷаи ғайримарказӣ будани он дар кадом сатҳ қарор дорад, масалан – миллӣ, минтақавӣ ё маҳаллӣ. Дар умум, баъзе вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои роҳбари барнома метавонанд инҳоро дар бар гиранд: • раҳнамоии ҳар як марҳилаи даври идоракунӣ; • таъмини сиёсат, системаҳо ва тартибҳои идоракунии барномаҳо; • ташкил ва дастгирии сохторҳои шабакавӣ ва ҳамкориҳо дар дохил ва берун аз ҷамоатҳо; • таъмин намудани ҷалби тарафҳои асосии ҳавасманд ба ҳамаи марҳилаҳои даври идоракунӣ; ва таъмини иттилооти муносиб дар бораи муваффақият ва нобарориҳо; • сафарбарнамоӣ ва идоракунии захираҳо, масалан, молиявӣ, кадрӣ ва моддӣ; • мусоидат намудан ба рушди малакаю қобилиятҳои ҷамоатҳо ва ворид намудани масъалаҳои ба маълулият вобаста ба фаъолиятҳои соҳаи рушд; • дастгирӣ ва идоракунии корҳои ҳаррӯза бо роҳи тақсимоти супоришҳо ва ваколатҳо; • дастгирӣ ва роҳнамоии кормандони барномаҳои ТСҶ ва назорати онҳо, мутмаин будан, ки онҳо аз нақшу вазифаҳои худр хуб огоҳанд: масалан, ба воситаи ташкили вохӯриҳои мунтазам бо мақсади таҷдиди тавсифҳои корӣ ва сифати татбиқи фаъолиятҳо ва натиҷаҳои ба даст омада; ташкили барномаҳои омӯзишӣ. • идоракунии системаҳои иттилоотӣ бо мақсади гузарондани мониторинги раванд ва натиҷаҳои кор.
46
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Кормандони ТСҶ Кормандон – ин асоси барномаи ТСҶ ва манбаъи алоқа барои одамони дорои маълулият, оилаи онҳо ва аъзоёни ҷамоатҳо мебошанд. Вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои кормандон дар ҳамаи бобҳои «Дастур оид ба ТСҶ» дида мешаванд ва дар умум фаъолиятҳои зеринро дар бар мегиранд: • муайян намудани одамони дорои маълулият, гузарондани арзёбии ибтидоӣ оид ба навъҳои маълулияти онҳо ва пешниҳоди дахолати оддии табобатӣ; • ба аъзоёни оила гузаронидани омӯзиш ва таълими роҳҳои дастгирию ёрирасонӣ ба одамони дорои маълулият; • пешниҳод намудани иттилоот оид ба сохторҳо ва хизматрасониҳои дар сатҳи ҷамоатҳо мавҷуда, барқарор намудани алоқа байни одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо, бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасониҳо, масалан додани роҳхат ба назди мутахассисон ва муоинаю назорати минбаъда; • дастгирии одамони дорои маълулият барои ҷамъомадҳои якҷоя ва ташкили гурӯҳҳои худёрирасон; • тарғибу ташвиқи дастрасии беҳтар кардашуда ва ҷалби фаъол ва фарогирии одамони дорои маълулият, бо роҳи барқарор намудани алоқаҳо бо марказҳои тиббӣ, мактабҳо ва ҷойҳои корӣ; • баланд бардоштани сатҳи огоҳии аъзоёни ҷамоат оид ба масъалаҳои маълулият ва ҳавасмандкунии онҳо барои фарогирии одамони дорои маълулият ба ҳаёти оила ва ҷамоат. Ҷадвали 1. Барномаи миллии ТСҶ-и Ветнам: вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои тарафҳои асосии ҳавасманд Сатҳ Деҳот
Тарафҳои ҳавасманд Одамони дорои маълулият ва оилаи онҳо
Вазифаҳо ва ӯҳдадориҳо Гузаронидани тавонбахшии саломатӣ дар хона, мутобиқсозии муҳити хона, муттаҳид шудан ба ассотсиатсия, кор ба сифати ёрдамчӣ (ихтиёрӣ) Муайянкунии барвақти одамони дорои маълулият, равонасозӣ ба назди мутахассисон ва санҷиши доимӣ, ҷамъоварии маълумот ва таҳияи ҳисобот, корҳои фаҳмондадиҳӣ , ҳавасмандсозӣ, тарғиби манфиатҳои одамони дорои маълулият, оилаи онҳо ва љамоатҳо, барпо намудани алоқа бо дигар соҳаҳо Идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ёрдамчиён, ҳисоботҳо, сафарбарӣ ва тақсимоти захираҳо, тавонбахшии саломатӣ дар хона, раҳнамоии созмонҳои одамони дорои маълулият
Деҳот
Ихтиёриони ТСҶ
Ҷамоатҳо (гурӯҳҳои деҳот
Кумитаҳои идоракунӣ, кормандони ТСҶ
Ноҳия
Кумитаҳои идоракунӣ, роҳбари Идоракунӣ ва ҳамоҳангсозӣ, мониторинг, ҳиТСҶ, котиби ТСҶ, тренерон ва му- соботдиҳӣ, тавонбахшии саломатӣ дар хона, тахассисони ТСҶ ташхис, арзёбӣ, омӯзиш, ҷудо намудани захираҳо Кумитаҳои идоракунӣ, роҳбари Таҳияи сиёсат, ҷудо намудани захираҳо, чораТСҶ, котиби ТСҶ, тренерон ва му- биниҳо дар сатҳи донишкадаҳо, ҳамоҳангсотахассисони ТСҶ зии умумӣ ва идоракунӣ , мониторинг ва арзёбӣ, дастгирии тавонбахшии саломатӣ дар хона, ташхис, арзёбӣ ва омӯзиш Гурӯҳи дастурдиҳандаҳои калон, мушовирон, таҳиягарони сиёсат Таҳияи сиёсат, рушди моддӣ, чорабиниҳо дар сатҳи донишкадаҳо, омӯзиш, тадқиқот
Вилоят
Сатҳи миллӣ
ИДОРАКУНӢ
47
Таҳлили мушкилиҳо Барномаҳои ТСҶ барои ҳалли мушкилиҳои мавҷудаи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо, ки дар ҷамоатҳо вуҷуд доранд, таҳия ва татбиқ карда мешаванд. Таҳлили мушкилиҳо барои муайян намудани мушкилиҳо, асоси пайдошавии онҳо ва таъсиру оқибатҳои он ёрӣ мерасонад. Баъд аз ин, аз ҳама мушкилии ҷиддии муайяншуда, бояд мақсади асосии таҳияи барномаи ТСҶ шавад (ниг. ба боби «Омода намудани нақшаи барнома»). Дар ҳар як қисм ё боби «Дастур оид ба ТСҶ» Мақсади имконпазири барнома дар боби «Нақши ТСҶ»-и ҳар як дастур дида мешавад. Таҳлили мушкилиҳо бояд бо иштироки гурӯҳҳои асосии тарафҳои ҳавасманд, ки дар боло номбар шудаанд, амалӣ шавад. Бе нуқтаи назари онҳо оид ба мушкилӣ, хусусияти он, талаботҳо ва роҳҳои ҳал аниқ ва равшан намешаванд. Усули самараноки гузарондани таҳлили мушкилиҳо, ин ташкили омӯзиш бо иштироки тарафҳои ҳавасманд, мебошад, ки барои пайдо намудани фаҳмиши ягонаи мушкилӣ, ба нақшагирии мақсад ва чорабиниҳои амалӣ ёрӣ мерасонад. Қайд бояд намуд, ки баъзан гузарондани силсилаи омӯзишҳо бо намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҳавасманд лозим мешавад то намояндагони гурӯҳҳои бештар осебпазир имконияти озодона изҳор намудани ақидаи худро дошта бошанд. Усулҳои зиёд ва гуногуни таҳлили мушкилиҳо мавҷуданд, ки дар раванди таҳлил истифода бурдан мумкин аст, масалан «дарахти мушкилиҳо», яке аз усулҳои маъмул ва бештар истифода шаванда мебошад (3, 4). Усули «дарахти мушкилиҳо», ин инъикоси вазъият ва мушкилии мавҷуда дар шакли графикӣ мебошад. Он худи вазъият ва таъсиру оқибатҳои онро дар қисми болоии «дарахт» ва сабабҳои пайдоиши мушкилиҳоро дар қисми поёнии он нишон медиҳад.
Таҳлили мақсадҳо Таҳлили мақсадҳо –ин нуқтаи ибтидоӣ барои муайян намудани қарорҳои эҳтимолӣ оид ба роҳҳои ҳалли мушкилиҳои майяншуда аст. Воситаи хуби татбиқи таҳлили мазкур, яъне «дарахти мақсадҳо» шуда метавонад – нақшае, ки ба «дарахти мушкилиҳо» монанд аст, фақат бо он фарқият, ки дар он на мушкилиҳо, балки мақсадҳо дида баромада 48 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
мешаванд (3, 4). Агар, ин гуна нақша таҳия шуда бошад, «дарахти мушкилиҳо» ба осонӣ ба «дарахти мақсадҳо» табдил дода мешавад; барои пурра кардани «Дарахти мақсадҳо», сабабҳои дар дарахти мушкилиҳо нишондодашуда (тарафҳои манфӣ), ба мақсадҳои дар раванди таҳлил муайяншуда иваз мешаванд (тарафҳои мусбӣ). Мақсадҳои дар раванди таҳлили мазкур муайяншуда барои марҳилаи таҳияи нақша ва дизайн аҳамияти калон доранд, чунки онҳо асоси нақшаи барномаро ташкил медиҳанд. Азбаски, дар ин марҳилаи давраи барнома одатан мушкилиҳо ва масъалаҳо хеле зиёд муайян мегарданд, бинобар ин масъалаҳои дар мадди аввал ҳалталаб низ муайян ва дар маркази диққат барои воридсозӣ ба барнома дида баромада мешаванд. (ниг. ба Марҳилаи 2. «Таҳияи нақша ва дизайн»).
Таҳлили захираҳо Ҳамаи ҷамоатҳо, бо иловаи аз ҳама камбизоатарин низ дорои захираҳо мебошанд. Мақсад аз таҳлили захираҳо, муайян намудани захираҳои айни замон дар ҷамоатҳо мавҷуда мебошад, ки барномаи ТСҶ тавонад онҳоро истифода намояд ё барои афзудани он кӯшишҳо ба харҷ диҳад. Дар раванди омӯзиш, инчунин муайян намудани иқтидору қобилиятҳои захираҳои мазкур (яъне тарафҳои қавӣ ва заифӣ) онҳо бо мақсади қонеъ намудани эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият хеле муҳим аст. Таҳлил бояд инҳоро муайян намояд: захираҳои кадрӣ, захираҳои моддӣ (инфраструктура, нақлиёт, таҷҳизот, захираҳои молиявӣ ва системаҳои иҷтимоии мавҷуда) ва сохторҳо, ба монанди созмону, гурӯҳҳо ва сохторҳои сиёсӣ. Дар бисёр мавридҳо кашидани харитаи маҳал ва онҳоро ба қайд гирифтан мувофиқи мақсад аст.
Марҳилаи 2. Таҳияи нақша ва дизайн Муқаддима Марҳилаи 1, бояд ба нақша гирандагони ТСҶ иттилооти заруриро барои татбиқ намудани таҳияи нақша ва дизайни Марҳилаи 2, имконият диҳад. Банақшагирандагон ҳангоми оғоз намудани ин марҳила бояд сурати аниқи вазъи одамони дорои маълулият ва шароитҳое, ки дар он барномаи ТСҶ амалӣ мешавад, дошта бошанд; онҳо бояд шумораи одамони дорои маълулият, эҳтиёҷоту талаботи онҳо ва аъзоёни оилаи онҳоро бо роҳҳои эҳтимолии ҳалли проблемаҳо ва мавҷудияти захираҳоро дар ҷамоатҳо, донанд.
4. Арзёбӣ
1. Таҳлили вазъ
3.Татбиқ ва мониторинг
2.Таҳияи нақша ва дизайн
Таҳияи нақша барои нигоҳ кардан ба пеш ва тайёрӣ намудан ба оянда ёрӣ мерасонад ва гузаришро ба марҳилаи навбатии давраи идоракунӣ таъмин менамояд (Марҳилаи 3 «Татбиқ ва мониторинг»). Бо ҳамин бақайдгирии ҳамаи ҷанбаҳои барномаи ТСҶ кафолат дода мешавад: талаботҳои афзалиятнок муайян шудаанд, нақшаи мушаххаси расидан ба мақсади гузошташуда, системаҳои мониторинг ва арзёбӣ андешида шуданд, захираҳое, ки барои амалишавии барнома заруранд, муайян карда шуданд.
ИДОРАКУНӢ
49
Қадамҳои зарурӣ Ба нақшагирӣ дар якҷоягӣ бо тарафҳои асосии ҳавасманд Гузарондани форуми тарафҳои ҳавасманд як воситаи хуб барои дида баромадан ва муҳокимаи натиҷаҳои Марҳилаи 1 мебошад, ки барои муайян намудани афзалиятҳо, таҳияи нақшаи барнома ва омода намудани сметаи хароҷот лозим аст. Муҳим аст, ки дар марҳилаи банақшагирӣ одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо ба қадри кифоя фаро гирифта шаванд, бинобар дуруст андешидан лозим аст, ки чӣ тавр иштироки самараноки онҳоро дар форум таъмин намудан дуруст аст. Масалан, иттилоот бояд дар шакле, ки барои одамони дорои ҳар гуна маълулиятҳо қобили қабул аст, пешниҳод гардад. Чӣ тавре, ки дар боби ба Марҳилаи 1 бахшидашуда зикр гардидааст, мумкин аст гузарондани вохӯриҳо бо гурӯҳҳои алоҳидаи тарафҳои ҳавасманд зарур шавад, масалан бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо, то ба онҳо имконияти ба осонӣ ва озодона ифшо намудани ақидаҳо фароҳам оварда шавад.
Муайян намудани афзалиятҳо Чунин ба назар мерасад, ки дар раванди Марҳилаи 1 талаботу эҳтиёҷоти зиёди гуногун муайян карда шавад, ки барномаи ТСҶ онро ба таври воқеӣ бояд фаро гирифта, ҳал намояд. Мутаасифона, захираҳо бепоён нестанд, бинобар ин, вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян намудан лозим аст. Ҳангоми муайян намудани афзалиятҳо дида баромадани он, ки кадоме аз талабот ҳалли таъҷилиро металабад, дар куҷо иқтидори зиёдтар барои ноил шудан ба тағйироти дилхоҳ мавҷуд буда; ҳаҷми захираҳои мавҷуда чӣ қадар аст, зарур мебошад. Иштироки шарикони асосӣ дар ин раванд зарур аст, чунки ин ба он кафолат медиҳад, ки барнома қобили қабул ва ба талаботҳои онҳо ҷавобгӯ мешавад. Муайян намудани афзалиятҳо дониш, малака ва дарки воқеиятро металабад: баъзан раҳнамоёни беруна метавонанд, тамоюли дур нашуданро аз мақсади асосии барнома пешгирӣ намоянд.
Омода намудани нақшаи барнома Барои омода намудани нақшаи барномаи ТСҶ аз чунин воситаи банақшагирӣ ба монанди таҳияи чорчӯбаи мантиқӣ истифода бурдан мумкин аст. Чорчӯбаи мантиқӣ барои расидан ба он, ки ҳамаи ҷанбаҳои барои бомуваффақият шудани барнома зарур, ба инобат гирифта шаванд, ёрӣ мерасонад. Мақсади нақша – ин ҷавоб додан ба саволҳои зерин аст: • барнома ба кадом дастовардҳо ноил шуданӣ аст (мақсаду вазифаҳо)? • барнома чӣ тавр ба мақсаду вазифаҳои гузоштааш дастрас шуданӣ аст (натиҷаҳои чашмдошт ва фаъолиятҳо)? • мо чӣ тавр мефаҳмем,ки барнома ба натиҷаҳои чашмдошт ноил шудааст (нишондиҳандаҳо)? • мо чӣ тавр санҷида, тасдиқ карда метавонем, ки лоиҳа ба мақсад ноил гаштааст (воситаҳои санҷиш)? • Кадом мушкилиҳо, дар раванди татбиқи барномаҳо эҳтимоли рух додан доранд (хавф хатарҳо)? Барои таҳияи накшаи барномаи ТСҶ дар асоси чорчӯбаи мантиқӣ фаҳмиши марҳилаҳои оянда муҳим аст. Нигаред ба ҷадвали 2, ки сохтори умумии нақшаро (чорчӯбаи мантиқӣ) нишон медиҳад ва ба ҷадвали 3, ки намунаи нақшаи (чорчӯбаи мантиқӣ) тайёри сохтор бояд чӣ гуна бошад, намоиш медиҳад. Дар назар доред, ки истилоҳҳои нақшаи мантиқӣ, ки дар зер оварда шудаанд, аз онҳое, ки аз тарафи дигар созмон, муассисаҳои молиявӣ ва дигарон истифода бурда шаванда, метавонанд фарқ кунанд. 50 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Ҷадвали 2. Нақшаи мантиқӣ Шарҳи кӯтоҳ Мақсад Вазифаҳо Натиҷаҳои чашмдошт Фаъолиятҳо Захираҳои зарурӣ Хароҷотҳо Воситаҳои Нишондиҳандаҳо асосноккунӣ Эҳтимолиятҳо
Муайян намудани мақсад Пеш аз андешидани он, ки кадом корҳо бояд иҷро шаванд, аввал муайян намудан лозим, ки барнома дар нақшаи дарозмӯҳлат ба кадом муваффақиятҳо ноил шуданӣ аст, яъне мақсад (мақсади интиҳоӣ дар назар аст) чӣ аст. Мақсад ноил шуданро ба таъсири имконпазири (интиҳоии) барномаи ТСҶ-ро тавсиф менамояд, натиҷаи дилхоҳ, вақте ки мушкилӣ ё талабот, дигар вуҷуд надорад ё ҳангоме, ки вазъ ба таври қатъӣ ба эътидол омадааст (ниг. ба Марҳилаи 1 «Таҳлили мушкилиҳо»). Масъаларо мухтасар ифода кардан Вазифа ин тағйирот ё дигаргуниеро тавсиф мекунад, ки мутобиқи хоҳиши шумо барнома бояд дар раванди расидан ба мақсад амалӣ намояд. Одатан танҳо як вазифа гузошта мешавад, чунки ин идоракунии барномаро осон менамояд. Аммо баъзе барномаҳои ТСҶ метавонанд якчанд вазифа дошта бошанд ва дар якчанд ҷузъҳои матритсаи ТСҶ ҷойгир карда шаванд, масалан дар соҳаи саломатӣ ва маориф. Дар ин маврид якчанд нақшаҳои мантиқӣ лозим мешаванд, вале онҳоро як мақсад бояд муттаҳид намояд (ниг. ба Марҳилаи 1«Таҳлили мушкилиҳо»). Муайян намудани натиҷаҳои интиҳоӣ Натиҷа, ин тағйирот (ё дигаргуниест), ки барнома барои ноил шудан ба мақсади интиҳоӣ бояд ба амал барорад. Онҳо соҳаҳои умумии амалиёт мебошанд. Ҳангоми таҳияи нақшаҳои корӣ одатан аз се то шаш натиҷаи интиҳоӣ муайян мегарданд (ниг. ба Марҳилаи 1 «Таҳлили мақсадҳо»). Эҳтимолиятҳоро муайян намоед Эҳтимолиятҳо– барои пур кардани сутунчаи эҳтимолиятҳо дар нақшаи мантиқӣ, хавфҳо ва корҳое, ки мумкин аст дар барнома ба таври дилхоҳ сурат нагиранд, бояд дар назар дошта шаванд. Хавфҳое мавҷуданд, ки ба ҳар як барномаи ТСҶ хосанд, вале сари вақт муайян намудани намуди корҳо ё чораҳои дахолат, ки онҳоро барои татбиқи ақидаҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳо амалӣ намудан зарур аст. Дар нақшаи мантиқӣ танҳо амалҳои оддии асосӣ оварда мешаванд. Муфассалтар чорабиниҳо дар марҳилаҳои дигари давраи идоракунӣ дида мешаванд, масалан ҳангоми таҳияи нақшаҳои корӣ (ниг. ба Марҳилаи 3 «Таҳияи нақшаҳои кории муафассал»). ИДОРАКУНӢ 51
Муайян намудани нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) мақсадест, ки пешрафтро барои ноил шудан ба натиҷаҳои интиҳоии барои барномаи ТСҶ муқарраргардидаро нишон дода барои санҷиши он аҳамияти калон доранд (ниг. ба Марҳилаи 3 «Татбиқ ва санҷиш (мониторинг») ва арзёбӣ (ниг. ба Марҳилаи 4 «Арзёбӣ»). Нишондиҳандаҳои барномаҳои ТСҶ метавонанд: • сифатнок ва саривақт таъмин намудани хизматрасониҳо; • то кадом андоза чорабиниҳои барнома ба манфиатбарандагони он дастрасанд; • дастрасии хизматрасониҳо ва истифодаи воқеии онҳо; • хароҷотҳои ба раванди татбиқи барнома вобаста; • то чӣ андоза татбиқи воқеии барнома ба нақшаи татбиқи он мутобиқат менамояд; • пешравии умумӣ ва раванди татбиқи барнома ва инчунин, монеаҳои мавҷударо чен кунанд. Ҳангоми муайян намудани нишондиҳандаҳо дар хотир доштан зарур аст, ки онҳо бояд ба талаботи зерин мувофиқ бошанд (аббревиатураи англисии SMART («боақл»), яъне чунин бошанд: • махсус (амиқ) – вақте, ки нишондиҳандаҳо таҳия мешаванд, бояд сифатҳои тағйироти дар назар доштаро аниқ инъикос намоянд, яъне миқдор (масалан, чӣ қадар, дар кадом ҳаҷм), сифати дилхоҳ (масалан, қонеъ шудан ба ақидаҳо, қобилияти қабули қарорҳо ё дигаргунӣ дар муносибату рафтор) ва мӯҳлатҳои барои тағйирот ё дигаргуннамоӣ муайяншуда, яъне вақт (масалан кадом вақт ва чӣ қадар тез тез); • ченшаванда – оё ба таври воқеӣ нишондиҳандаҳоро чен кардан имконпазир аст? • амалишаванда – оё ба нишондиҳандаҳои муайяншуда бо хароҷоти қобили қабул расидан имконпазир аст? • мувофиқ –оё нишондиҳандаҳои муайяншуда бо он чизе, ки чен мекунанд, мувофиқанд? • саривақтӣ (вақти амиқ муайяншуда) –оё дар ҳолати зарурӣ имконияти саривақт ҷамъ овардани иттилоот оид ба нишондиҳандаҳо имконпазир аст? Муайян намудани воситаҳои асосноккунӣ (санҷиш) Баъд аз таҳияи нишондиҳандаҳо майян намудани он, ки кадом навъи иттилоотро ҳар яки онҳо чен (санҷиш) мекунанд зарур аст, яне воситаҳои асосноккунӣ, бояд аниқ карда шавад. Ба он метавонад ҳисоботҳо, протоколҳои вохӯриҳо, дафтари қайди омаду рафт, ҳисоботҳои молиявӣ, омори давлатӣ, тадқиқотҳо, мусоҳибаҳо, мавод ва ҳуҷҷатҳои омӯзишӣ, мукотиба ё сӯҳбатҳо, намунаҳо аз таҷриба ё воқеаҳои бо татбиқи барнома вобаста, ҳисоботҳои ҳарҳафтаина, ҳармоҳа ё ҳар чоряки сол оид ба амалишавии барнома дохил мешаванд. Ба он инчунин натиҷаҳои арзёбии ибтидоӣ, миёнамӯҳлат ва интиҳоии татбиқи барнома низ дохил мешаванд. Баъди муайян намудани воситаҳои асосноккунӣ, масъалаи аз тарафи кӣ, аз куҷо ва кадом вақт иттилоот ҷам оварда мешавад, низ бояд таҳти муҳокима қарор гирад.
52
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Ба назаргирифтани эҳтимолиятҳо Барои он, ки сутунчаҳои иҷозатдиҳиро дар нақшаи мантиқӣ пур кунем, бояд хатарҳо ва корҳоеро, ки дар раванди татбиқ мувофиқи мақсад амалӣ нашаванд, дар назар доштан лозим аст. Хатарҳое, ҳастанд, ки дар раванди татбиқи барномаҳои ТСҶ пайдо мешаванд, бинобар ин барвақт муайян намудани онҳо мувофиқи мақсад аст, то ин ки масъалаи пайдо шудани хатар ё нодуруст амалӣ гаштани ягон фаъолияти зарурӣ барои касе ногаҳонӣ набошад. Ҳамин, ки хатарҳо муайян шуданд, онҳоро ба воситаи даровардани тағйирот ба нақшаи барнома идора карда, сатҳи таъсири онҳоро кам ё бартараф намудан мумкин аст. Он гоҳ хавфҳо ба тасвияҳои мусбии эҳтимолиятҳои имконпазир мубаддал шуда, ба нақшаи мантиқӣ ворид карда мешаванд.
Таҳияи нақшаи санҷиш (мониторинг) ва арзёбӣ Тамоми барномаҳо бояд бо системаҳои санҷиш (мониторинг) ва арзёбӣ таъмин бошанд. Таҳияи чунин системаҳо бояд дар марҳилаи банақшагирӣ дида баромада шаванд, зеро ҷамъоварии иттилоот аз рӯзҳои аввали амалишавии барнома оғоз меёбад. Нишондиҳандаҳо ва воситаҳои асосноккунии аллакай ба нақшаи барнома даровардашуда, чун асоси ибтидоии системаи санҷиш (мониторинг) ва арзёбӣ истифода мешаванд. (ниг. ба Марҳилаи 3 «Татбиқ ва санҷиш (мониторинг)» ва Марҳилаи 4 «Арзёбӣ»).
Муайян намудани захираҳои зарурӣ Ҳарчанд, дар лаҳзаи оғози барномаҳои ТСҶ на ҳамаи захираҳои зарурӣ дастрас мебошанд, андеша намудан сари он ки, кадом захираҳо дар умум барои татбиқи он заруранд ва онҳоро чӣ тавр дарёфт кардан мумкин аст, лозим мешавад. Барои муайян намудани он, ки аз маводи зарурӣ кадомҳояш мавҷуданд, ба таҳлили захираҳои зарурӣ, ки дар «Марҳилаи 1» оварда шудааст, баргаштанро аз хотир набароред, (ниг. ба Марҳилаи 1 «Таҳлили захираҳо»). Захираҳои зарурии зеринро бояд ба назар гирифт: Захираҳои кадрӣ Гурӯҳи мутахассисон, ки барои татбиқи барнома лозиманд: масалан, роҳбари барнома, кормандони ТСҶ, кормандони маъмурӣ, ронандагон. Захираҳои моддӣ Биноҳо ва таҷҳизотҳо, ки барои татбиқи барнома лозиманд, масалан, бинои ҷойгиршавӣ, мебел, компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, воситаҳои нақлиёт, системаҳои ауди овизуалӣ, таҷҳизоти тавонбахшии саломатӣ ва ғайра. Омода намудани захираҳои молиявӣ Омили молиявӣ метавонад барои барномаҳои нав монеаи асосӣ шавад, бинобар ин, бояд ҷиддӣ фикр кард, ки чӣ қадар маблағ зарур мешавад. Беҳтар аст, ки он дар шакли сметаи хароҷот тартиб дода шавад. Новобаста аз он, ки барномаи ТСҶ маблағҳои мавҷуда ё маблағҳои донориро истифода мебарад, тайёр намудани буҷа ҳамавақт лозим аст.
ИДОРАКУНӢ
53
Омода намудани буҷа. Буҷа миқдори маблағҳоро нишон медиҳад, ки барнома дарёфт ва сарфаи онҳоро барои фаъолияти худ дар давоми мӯҳлати муайян ба нақша гирифтааст. Вай барои идоракунии шаффофи маблағҳо, банақшагирӣ (масалан, оид ба мабалағи умумии татбиқи барнома тасаввурот медиҳад), ҷамъ намудани маблағ (масалан, ба донорон оид ба сарфаи миқдори маблағҳое, ки онҳо ҷудо намудаанд, иттилоот медиҳад), татбиқ, санҷиш (мониторинг) (масалан, имконият медиҳад, ки хароҷоти воқеӣ бо буҷети банақшагирифта муқоиса шаванд) ва арзёбӣ аҳамияти калон дорад. Буҷа бояд хароҷоти мавод ва воситаҳои дар боби «Захираҳои заруриро муайян намоед», дар боло нишон дода шудаанд вобастаро инъикос намояд. Онро хеле бодиққат тартиб додан лозим аст: агар шумо маблағи заруриро надошта бошед, эҳтимол баъзе чорабиниҳои банақшагирифтаро иҷро намуда натавонед ва агар шумо баъзе аз хароҷотро хеле зиёд нишон диҳед, донорон метавонанд аз маблағгузории барнома, даст кашанд.
54
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Ҷадвали 3. Мисоли нақшаи мантиқӣ барои қисми «Саломатӣ» Индикаторҳо Нишондодҳои фавт ва беморшавӣ дар байни одамони дорои маълулият ба Х% паст мешаванд Масалан, маҳаллӣ омори марказҳои тиббии Воситаҳои асосноккунӣ Иҷозат додан
Ифодаи кӯтоҳ
Мақсад
Одамони дорои маълулият ба сатҳи имконпазири саломатӣ расидаанд
Вазифа
Ба одамони дорои маълулият, ба монанди дигар аъзоёни ҷамоатҳо хизматрасониҳои муассисаҳои тиббӣ дастрас аст
Миқдори одамони дорои маълулият , ки ба марказҳои Масалан, омори марказҳои тиббии Сохторҳои маҳаллии ҳукуматӣ тиббии маҳаллӣ ташриф меоранд, дар охири соли X ба маҳаллӣ, арзёбии иҷрошавии қисман ва мавҷуданд Х% зиёд мешавад. пурраи барнома Х% одамони дорои маълулият аз кори сохторҳои тиббию санитарии маҳаллӣ хеле қаноатманд мебошанд Х% одамони дорои маълулият дар охири соли X дар гурӯҳҳои маҳалии худёрирасон фаъолона иштирок менамоянд. Шумораи шахсоне, ки бо шиддат ё авҷгирии такрорӣ муроҷиат мекунанд дар охири соли X ба Х% кам шудааст Фоизи кормандони тиб, ки ба даврҳои омӯзишӣ оид ба таъминоти баробарии одамони дорои маълулият дар охири соли X ташриф меоранд Масалан, мушоҳидаҳо, маълумоти одамони дорои маълулият ва оилаи онҳо Одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дастрасӣ доранд
Натиҷаҳо
1. Одамони дорои маълулият тасаввуроти беҳтарро оид ба саломатиашон дастрас карда фаъолона ба раванди тавонбахшии он иштирок мен
Амалҳо (чорабиниҳо)
2. Соҳаи тандурустӣ сатҳи дониши худро оид ба масъалаҳои маълулия баланд намудааст
Марказҳои маҳаллии тиббии давлатӣ Иқтидори комилан мувофиқ доранд
3. Монеаҳои ҷисмонӣ дар дохили марказҳои саломатӣ камтар шудааст 1.1. Иттилоот додан ба одамони дорои маълулият оид ба ҷойгиршавии иншоотҳои тиббӣ ва сохторҳо
Фоизи сохторҳои тиббию санитарӣ, ки ба ОДМ дар охи- Масалан, санҷиши иншоотҳои тиббӣ, ри соли X дастрас мебошанд назорат, арзёбии барномаи анҷомёфта Хароҷотҳо Дар ин ҷо арзиши ҳамаи захираҳои зарурӣ оварда мешаванд
1.1. Иттилоот додан ба одамони дорои маълулият оид ба ҷойгиршавии иншоотҳои тиббӣ ва сохторҳо
Одамони дорои маълулият иттилооти гирифтаашонро барои ташриф овардан ба сохторҳои тиббию санитарӣ истифода мебаранд. Хароҷотҳо Дар ин ҷо арзиши ҳамаи захираҳои зарурӣ оварда мешаванд Одамони дорои маълулият сабабҳои муттаҳид шудан ва сардорӣ кардани гурӯҳи худёрирасонро доранд Кормандони тиб дониши гирифтаашонро истифода мебаранд Вазорати тандурустӣ барои мутобиқсозии биноҳо ва корхонаҳо захираҳо ҷудо менамояд
1.2. Ташкили гурӯҳҳои худёрирасон оид ба саволҳои мушаххаси саломатӣ
ИДОРАКУНӢ
55
Заҳираҳои зарурӣ Захираҳои кадрӣ • як менеҷери барнома • ду корманди ТСҶ • як раҳнамои ТСҶ 2.1. Ба кормандони сохторҳои тиббию санитарии маҳалӣ фаҳмонидани масъаМаводҳо лаҳои маълулият • маводи иттилоотӣ 3.1. Санҷиши иншоотҳои тиббӣ оид ба • маводҳои омӯзиш дастрасии ҷисмонии онҳо • синфҳои омӯзишӣ 3.2. Вохӯириҳо бо роҳбарони маҳалии • воситаҳои санҷиш тандрустӣ барои муҳокимаи саволҳои • нақлиёт бартараф намдани монеаҳои ҷисмонӣ
Марҳилаи 3. Татбиқ ва санҷиш (мониторинг)
Муқаддима Марҳилаи сеюм – татбиқ ва санҷиш (мониторинг), татбиқи нақшаҳои Марҳилаи 2-ро мутобиқи ҷадвали амалисозии ҳамаи чорабиниҳо, ки бояд натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оваранд, пешбинӣ менамояд. Дар марҳилаи татбиқ бояд ҳамеша раванди пешравии барномаи ТСҶ таҳти санҷишу назорат қарор гирад. Санҷиш (мониторинг), ба роҳбарон барои қабул намудани қарорҳо ва ворид намудани тағйирот ба нақшаҳои кӯтоҳмӯҳлат, бо мақсади ҳалли вазифаҳо ва таъмини натиҷаҳо, инчунин, ба таври самарабахш ноил шудан ба мақсади интиҳоии барнома иттилоот пешниҳод менамояд. Дар Марҳилаи 2 бояд системаҳои санҷиш (мониторинг), таҳия ва нишондиҳандаҳою воситаҳои асосноккунӣ муайян карда шаванд. Дар раванди Марҳилаи 3 ин системаҳои санҷиш (мониторинг) бояд амалишавиро оғоз намоянд, то ин ки ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ ва таҳлили иттилоотӣ гузаронида шуда ҳисоботҳо тайёр ва барои идоракунии барномаи ТСҶ истифода карда шаванд.
Қадамҳои зарурӣ Хоҳишмандем ба назар гирифта шавад, ки татбиқи чорабиниҳои дар зер номбар шуда, маънои ҳатман аз рӯи тартиби оварда шуда татбиқ шуданро надоранд.
Таҳияи нақшаҳои мушаххаси корӣ Дар қисми аввали марҳилаи татбиқ бо ёрии гурӯҳи кормандони худ ва тарафҳои ҳавасманд дар асоси барнома, нақшаҳои нисбатан мушаххаси корӣ таҳия намудан, ки дар он фаъолиятҳои дар зер оварда низ бояд нишон дода шаванд: • Ба ҳар як фаъолияти банақшагирифта кадом вазифаҳои мушаххасро татбиқ кардан зарур аст; • ҳар як вазифа кадом вақт бо нишон додани санаи оғоз ва анҷом бояд иҷро карда шавад; • кӣ барои расонидани ёрӣ дар татбиқи ҳар як вазифа мутасаддӣ аст аст. Ҷамъбаст намудани тамоми иттилооти мавҷуда оид ба нақшаи корӣ дар шакли ҷадвал манфиатнок аст. Ин инъикоси равшан ё мушаххаси маълумотро дар шакли ҷадвал намоиш медиҳад ва барои ин одатан ҷадвали Гантт истифода бурда мешавад (3).
56
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Сафарбарнамоӣ ва идораи захираҳо Захираҳои молиявӣ Ҷалб намудани маблағҳо. Дарёфт намудани захираҳои молиявӣ барои рушди барномаҳои нав ё таъмини давомнокии барномаҳои мавҷуда аҳамияти калон дорад. Барои барномаҳои ТСҶ маблағҳоро аз манбаъҳои зиёди гуногун ҷалб кардан мумкин аст. Аз рӯи имкониятҳо, бояд ба маблағгузории ҷамоатӣ такя кард, чунки ин ба устуворию дарозмӯҳлатии барномаҳоро саҳм мегузорад. Баъзе аз манбаъҳои эҳтимолии маблағҳо дар сатҳи ҷамоатҳо инҳо буда метавонанд: • • • • маблағҳои бебозгашт (грантҳо) ё ёрии моддии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ; иловапулиҳо аз соҳибкорони маҳаллӣ ё сармоягузорони иттиҳодиявӣ; созмонҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, масалан, «Ротари-клуб», клуби «Лайонс»; пардохти хизматрасониҳо ё хароҷотҳои истифодашавандаи одамони дорои маълулият, ки барои ин маблағҳои зарурӣ доранд; • лотереяҳо, чорабиниҳои ҷамъиятӣ, варзишӣ ва дигар намуди чорабиниҳо; • намуди фаъолиятҳое, ки даромад меоранд; • маблағгузориҳои (қарзҳои) хурд ё маблағҳои баргарданда дар сатҳи ҷамоатҳо. Дар сатҳи маҳаллӣ на ҳама вақт захираҳои заруриро дарёфт намудан мумкин аст. Он гоҳ барои таҳия ва татбиқи барномаҳои ТСҶ ҷалби маблағҳо дар сатҳҳои минтақавӣ, миллӣ ва байналмилаллӣ дархост шуда метавонанд. Идоракунии маблағҳо. Барои идоракунии маблағҳо барқарор намудани системаи шаффофият хеле аҳамияти калон дорад. Ин имконият медиҳад, ки барнома ба тарафҳои манфиатдор, шахсони маблағгзор, инчунин ба хазинаҳои молиявӣ, аъзоёни ҷамоатҳо ва худи одамони дорои маълулият ҳисобот диҳад. Дар идоракунии маблағҳо нақши асосӣ ба роҳбари барнома тааллуқ дорад, аммо ба ин кор инчунин, дигар тарафҳо шомил шуда метавонанд, махсусан ҳангоме, ки барнома хеле васеъ аст ва ба ҳаҷми калони маблағҳо дастрас аст. Идоракунии маблағҳо инҳоро пешбинӣ менамояд: • мавҷудияти тартиб ё механизми санҷиши хароҷотҳои фаъолияти барнома вобаста, ки дар давраи банақшагирӣ ворид карда шуда буданд ё бо роҳбари барнома мувофиқат кунонда шудаанд; • дуруст ба роҳ мондани масъалаи бақайдгирии молиявӣ; • воридсозии маълумоти нав оид ба хароҷоти маблағҳо бо мақсади омодаи истифодабарии ҳаррӯза бошанд; • таҳияи системаи мувофиқи санҷиши хароҷот ва ташхиси ҳолати молиявии барнома; • мунтазам огоҳ намудани тарафҳои манфиатдор оид ба вазъияти молиявии барнома. Захираҳо инсонӣ (кадрӣ) Қабули кадрҳо. Роҳбарон ва дигар кормандони барномаи ТСҶ-ро ба қадри имконият, аз ҳисоби намояндагони ҷамоати маҳаллӣ қабул намудан беҳтар аст, чунки онҳо маданият ва забони маҳаллиро хубтар медонанд ва бо аҳолии ҷамоат низ дастрасӣ ва робитаи хуб доранд. Инчунин, барномаҳо бояд ба таври ҷиддӣ ба кор гирифтани одамони дорои маълулият ё аъзоёни оилаи онҳоро мадди назар доранд, зеро чунин муносибат, пайравии онҳоро ба принсипҳои ТСҶ шаҳодат медиҳад (ниг. ба қисми «Иттилооти муқаддимавӣ», боби «ТСҶ дар рӯзҳои мо») ва барои васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои гурӯҳи аҳолии мазкур мусоидат менамояд. Дар ҳамаи ҳолатҳо одамон бояд ба кор дар асоси дониш, малакаҳо ва сифатҳои кордониашон қабул карда шаванд. То оғози қабули кормандон, омода намудани тавсифи корӣ ва ИДОРАКУНӢ 57
дастурҳоро оид ба иҷрои вазифаҳо зарур аст, ки дар он одатан нақшу ӯҳдадориҳо ва таҷрибаи зарурӣ оид ба вазифаи мазкур қайд гардидааст. Дар баъзе барномаҳои ТСҶ инчунин, интихоб ва ҷалби ихтиёриён истифода шуда метавонанд, махсусан агар захираҳо маҳдуд бошанд. Ҳаққи кори онҳо пардохт карда намешавад, аммо онҳо ҳавасманд карда шуда, захираҳоеро мегиранд, ки барои иҷрои барнома ба онҳо ёрӣ мерасонад. Дар ҷамоат бисёр одамоне ёфт мешаванд, ки барои барномаи ТСҶ тайёранд, ки ихтиёран меҳнат намоянд, масалан одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаи онҳо, донишҷӯён, мутахассисон. Тарафҳои қавӣ ва заифи ҷалби ихтиёриёнро баҳо додан хеле муҳим аст. Чунончи, онҳо одатан ҳаёти маҳалӣ ва манфиатро аз нуқтаи назари даромаднокӣ хуб медонанд, аммо бисёр вақт дар муайян намудани мӯҳлат маҳдуданд, бо ин сабаб дар байни онҳо сатҳи баланди тарк намудани ҷои корӣ мушоҳида мешавад. Омӯзиш. Барои иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои худ ба роҳбарон ва кормандони барномаҳои ТСҶ дониш ва малакаҳои васеъ заруранд (ниг. инчунин ба Марҳилаи 1, боби «Тахлили тарафҳои манфиатдор»). Дар матритсаи таҳияшудаи ТСҶ (ниг. ба қисми «Иттилооти заминавӣ», боби «ТСҶ дар рӯзҳои мо») ва «Дастур оид ба ТСҶ» барои пайдо шудани талаботҳои нав ба омӯзиш мусоидат менамояд. Ба барномаҳои ТСҶ азнавсозӣ ё такмили барномаҳои омӯзишии мавҷуда ё таҳияи ташаббусҳои нав дар ин соҳа лозим шуда метавонанд. Дар саросари ҷаҳон маҷмӯаи васеи барномаҳои омӯзишии ТСҶ ҳам барои роҳбарон ва ҳам барои кормандон мавҷуд аст. Онҳо аз рӯи таркиб ва давомнокӣ фарқ мекунанд ва аз тарафи ҳар гуна сохторҳо ташкил карда мешаванд. Масалан, дар як қатор мамлакатҳо мактабҳои олии дараҷаи сеюм корҳои дипломиро ба кормандони ТСҶ пешниҳод менамоянд, дар дигар мамлакатҳо бошад, барномаҳои омӯзишӣ метавонанд, ки аккредитатсия надошта бошанд ва танҳо якчанд ҳафта ё моҳҳо истифода шаванд. Омӯзиши кормандон барои иштирок дар барномаҳои ТСҶ бо мақсади баланд бардоштани қобилияти гузаронидани хизматрасониҳои баландсифат ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо гузаронда мешавад. Омӯзиш метавонад доираи васеи самтҳоро дар бар гирад, аз он ҷумла: ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, рушди ҷамоат ва амалияи фарогирӣ, муошират, малакаҳои заминавии тавонбахшӣ (масалан, муайян намудани ноқисиҳо, ташхиси умумӣ ва арзёбӣ, табобати заминавӣ) ва амалиётҳои гурӯҳӣ (масалан, ташкил намудани гурӯҳҳои худёрирасон). Ҳангоми таҳияи барномаҳои омӯзишӣ барои кормандони ТСҶ мазмун ва мувофиқатии онро бодиққат санҷидан зарур аст. Бисёр вақт ҳамин хел мешавад, ки онҳо дар асоси барномаҳое, ки барои мутахассисон дар соҳаи тавонбахшӣ, масалан барои физиотерапевтҳо ё мутахассисони эрготерапия (табобат бо меҳнат) муқаррар гардида, таҳия шудаанд. Дар натиҷа, одатан ин гуна омӯзишҳо камфоида ва ғайриҳақиқӣ мешаванд, чунки диққати асосӣ дар онҳо ба омӯзиши малакаҳо барои рушди ҷамоатҳо зарурӣ дода нашуда, балки ба баланд намудани донишҳои клиникӣ ва техникии мутахассисони баландихтисос дода мешавад. Тайёр намудан омӯзишҳо барои роҳбарони барномаи ТСҶ ба рушди 58 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
иқтидори самаранок ва пурмаҳсули идоракунии чорабиниҳои дар доираи ин барномаҳо таҳияшуда равона карда шудааст. Зарур аст, ки роҳбарони барномаҳо бо чор зинаи доираи идоракунӣ, ки барои муваффақияти барнома аҳамияти муҳим доранд, шинос бошанд. Аз онҳо инчунин, фаҳмиши масъалаҳои одамони дорои маълулият ва стратегияҳои ТСҶ талаб карда мешавад.
ЗАМИМАИ 9
Ҷазираҳои Соломон
Таҳсилоти касбӣ бо мақсади беҳтар намудани ёрии тиббию санитарӣ Дар соли 2010 коллеҷи таҳсилоти олии ҷазираҳои Соломон таҳсилоти мутахассисонро дар соҳаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат дар заминаи стратегияи ТСҶ бо додани диплом оғоз намуд. Мақсади ин чорабинӣ аз таъмин намудани хатмкунандагон бо дониш ва малакаҳои барои амалӣ намудани стратегияҳои ТСҶ дар сатҳи минтақавӣ иборат аст. Таҳсилоти дусола соҳаҳои зеринро дар бар мегирад: Малакаҳои расонидани ёрии тиббӣ ба одамони дорои маълулият дар хона – дониш оид ба шаклҳои гуногуни маълулият ва малакаҳои амалӣ дар соҳаи физиотерапия, табобат ба воситаи меҳнат ва логопедия (ислоҳи нутқ); Малакаҳои тавонбахшии саломатӣ дар шароитҳои ҷамоат –малакаи кор бо ҷамоат, аз ҷумла, расонидани ёрӣ ба аҳолии ҷамоат бо роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои маълулият ва таъмини имкониятҳои баробар барои одамони дорои маълулият; Малакаи мусоидат намудан ба рушди ҷамоат – малакаи пешниҳод намудани лоиҳаҳо дар сатҳи ҷамоат ва ташкили гурӯҳе, ки барои ҳалли мушкилиҳои одамони дорои маълулият мусоидат менамояд; Дар амал истифода бурдани малакаҳои ТСҶ – истифодаи воқеии дониш ва малакаҳои дар раванди кор бо аҳолии ҷамоат ҳосилкарда. Дар назар дошта шудааст, ки пас аз хатми таҳсилот, хатмкунандагон дорои дониш ва малакаҳои зарурӣ барои фаъолият дар шӯъбаи Тавонбахшии саломатии Вазорати тандурустӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ ба ҳайси кормандон дар деҳот ё ҳамшираҳои доимии ёрирасон дар беморхонаҳо фаъолият карда метавонанд. Ба ғайр аз соҳаи тандурустӣ, онҳо инчунин метавонанд дар дигар соҳаҳо, ба монанди системаи маориф ва созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолият намоянд. Такмили ихтисоси кормандон, дастгирӣ ва идоракунӣ. Такмили ихтисос (масалан, омӯзишҳои муттасил бо мақсади такмил ва рушди малакаҳо) ба менеҷерон ва кормандони ТСҶ имконият медиҳад, ки дониши худро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд ва ҳангоми зарурат онҳоро нав кунанд. Одатан, дар ҷамоатҳои маҳаллӣ захираҳое ҳастанд, ки барои таҳсилоти муттасил истифода бурдан мумкин аст, масалан, курсҳои такмили ихтисоси мавҷуда, маводҳои таълимӣ аз дигар муассисаҳо ва мутахассисону мушовирон аз соҳаҳои дахлдор. Баъзе барномаҳои ТСҶ мумкин аст муваффақ нашаванд, чунки онҳо ба кормандононашон дар раванди фаъолиятҳои барнома ёрию дастгирии заруриро намерасонанд. Кормандон такягоҳи асосии барномаҳои ТСҶ мебошанд, бинобар ин роҳбарон бояд кӯшиш намоянд, ки бо кормандон вохӯранд, нуқтаи назари онҳоро ИДОРАКУНӢ 59
шунаванд ва ба онҳо ёрӣ расонанд. Расонидани ёрӣ ва роҳбарияти бевосита ва ташкили шабакаи аниқи робитаю муоширатӣ ва механизми ҳисоботдиҳӣ имконият медиҳад, ки кормандон аз нақшу ӯҳдадориҳои худ хуб огоҳ буда бошанд ва бо онҳо мунтазам муҳокимаи натиҷаҳои фаъолият ва санҷиши мутобиқати ба ҷои кор гузаронида мешавад. Муҳим аст, ки роҳбарон аз «синдроми сӯхтан дар ҷои кор, яъне мондашавии зиёд»-и кормандон ҳамеша бохабар бошанд, чунин ҳолат дар сурати аз тарафи ягон корманд бе истироҳат ва дар муддати дароз ба дӯш гирифтани кори зиёд рух доданаш мумкин аст.
ЗАМИМАИ 10
Паупа – Гвинеяи Нав
Пурзӯр намудани боварӣ ба кормандони барномаҳои ТСҶ ва баланд бардоштани вазъияти он Дар Папуа - Гвинеяи Нав баъди анҷоми омӯзишҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ кормандони барномаҳои ТСҶ дорои дониш ва малакаҳои зарурӣ барои гузарондани ташхиси (скриниги) кӯдакон оид ба фарбеҳшавии ангуштони пойҳо ва калонсолон оид ба бемории оби марворид (катаракта) мешаванд ва баъд ба онҳо роҳхат ба назди мутахассисон барои гузаштани табобати зарурӣ медиҳанд. Ин чорабиниҳо барои одамони дорои ин бемориҳо ва аъзоёни оилаи онҳо хеле бомуваффақият будааст, ки ин барои баланд бардоштани мавқеи кормандони барномаҳои ТСҶ дар ҷамоатҳо ва инчунин, зиёд шудани боварӣ ба онҳо, мусоидат намудааст.
Татбиқ намудани фаъолиятҳои ба нақша гирифташуда. Роҳбари барнома бояд бо нақшаҳои корӣ хуб ошно буда ва корҳои зарурии тайёриро ташкил намояд ва мутмаин бошад, ки ҳамаи фаъолиятҳо, чуноне, ки ба нақша гирифта шудаанд, ҳамон хел татбиқ шуда истодаанд. Дар ин ҷо мо тавсифи муфассали чорабиниҳои ТСҶ-ро намеорем, чунки онҳо дар қисматҳои алоҳидаи дастур ворид шудаанд (ниг. ба қисматҳои 2- 6) ва инчунин ба қисмати иловагии 7. Ин чорабиниҳо одатан дар соҳаҳои зерин амалӣ мешаванд.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ Фаъолияти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, ки дар ТСҶ истифода мешавад, ба тарафҳои манфиатдори асосӣ нигаронида шудааст, то ин ки бо пешниҳод намудани иттилоот оид ба мушкилиҳои одамони дорои маълулият ба тағйир додани муносибат ва рафтори одамон дар раванди татбиқи барнома мусоидат намоянд. Онҳо инчунин, барои ноил шудан ба стратегияҳо ва барномаҳои ТСҶ ва ташвиқ намудани тарафҳои манфиатдор барои ҷалбшавӣ ва иштироки бештар дар раванди татбиқи барнома ба нақша гирифта шудаанд. 60 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Хамоҳангсозӣ ва ташкили шабакаҳои ҳамкорӣ Чорабиниҳои ҳамоҳангсозӣ ва ташикили шабакаҳои ҳамкориҳо барои рушди муносибатҳои хуб ва шарикӣ бо тарафҳои манфиатдори барномаҳои ТСҶ зурур мебошанд. Онҳо инчунин, барои мубодилаи донишу захираҳо, пешгирии такроршавии фаъолиятҳо ва барои сафарбарнамоии кӯшишҳои ҷамоатҳо, аҳамияти калон доранд. Фарогирии масъалаҳои маълулият дар дигар соҳаҳои рушд Чораҳои фарогирии масъалаҳои маълулият дар дигар соҳаҳои рушд ба одамони дорои маълулият иштироки баробарҳуқуқ ва дастгириро дар ҳар як соҳаи рушд таъмин менамоянд, масалан дар соҳаи саломатӣ, маориф, худтаъминкунӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ. Чораҳои фарогирии масъалаҳои маълулият дар дигар соҳаҳои рушд бо амалҳои мушаххас, масалан, бо пешниҳод намудани воситаҳои мувофиқ барои дастрасӣ ба имкониятҳои баробар, татбиқ мешаванд. Хизматрасонӣ Ҳар як барномаи ТСҶ маҷмӯи хизматрасониҳои худро вобаста аз он, ки ба татбиқи кадом қисмати матритса диққати асосӣ дода мешавад, интихоб менамояд. Қисми зиёди фаъолиятҳои хизматрасонӣ новобаста аз тарафи кормандони барномаҳои ТСҶ амалӣ мешаванд. Фаъолиятҳо метавонанд дар доираи васеъ, аз муайянкунии одамони дорои маълулият сар карда, то равонасозӣ ба сохторҳои фарогири махсусгардонидашуда бо мақсади гузаштани тавонбахшии саломатӣ ва таъмин намудани воситаҳои ёридиҳандаи оддӣ пешниҳод карда шаванд. Масъалаҳои таблиғу фаҳмондадиҳӣ Дар гузашта барномаҳои ТСҶ масъалаи таблиғу фаҳмондадиҳиро ба эътибор нагирифа, диққати асосиро ба хизматрасониҳо ба одамони дорои маълулият ҷалб менамуданд. Шаклҳои зиёди фаъолиятҳои таблиғу фаҳмондадиҳӣ мавҷуданд, ки барои таъмин намудани имкониятҳо ва ҳуқуқҳои баробар дар соҳаҳои тандурустӣ, таҳсилот, худтаъминкунӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба одамони дорои маълулият ва инчунин, дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷамоат, истифода бурда мешаванд. Рушди қобилияту малакаҳои корбарӣ Рушди қобилияту малакаҳои корбарии тарафҳои асосии манфиатдор кафолати он аст, ки онҳо аз ӯҳдаи татбиқи вазифаю ӯҳдадориҳояшон мебароянд. (ниг. инчунин ба Марҳилаи 1 «Таҳлили тарафҳои манфиатдор»). Омӯзиш яке аз роҳҳои чунин пурқувватгардонӣ мебошад, ки ҳамчун чораи зарурӣ дар ҳамаи бобҳои дастур пешниҳод карда мешавад. На ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба навъ ё сатҳи омӯзиши якхела эҳтиёҷ доранд; омӯзиш бояд дар асоси нақшу масъулият ва талабот аз корманди мазкур таҳия ва ташкил карда шавад. Ба баъзе тарафҳои манфиатдор шояд омӯзишҳои кӯтоҳмуддат, семинарҳо ё брифингҳои кӯтоҳ кифоя бошанд, ки онҳоро аз мушкилиҳои одамони дорои маълулият хабардор намуда, оид ба стратегияи ТСҶ тасаввуроти умумӣ медиҳанд. Ба дигарон эҳтимол, иштирок дар барномаҳои таълимии расмӣ манфиатноктар бошад. Барномаҳои ТСҶ бояд барномаҳои таълимиеро, ки дар ҷамоатҳо мавҷуданд, бо мақсади нигоҳ доштан ва камтар намудани хароҷот, муайян намоянд. Барои гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ мумкин аст, манбаъҳои муассисаҳои давлатӣ, созИДОРАКУНӢ 61
монҳои соҳаи рушд ва ғайридавлатӣ, ки фарогирии одамони дорои маълулиятро асоси фаъолиятҳои худ қарор дода, таҷрибаи амалӣ доранд, ҷалб намудан мумкин аст. Инчунин, масъалаи гузаронидани омӯзиш оид ба ТСҶ ва тайёр намудани тренер барои гузаронидани он хеле муҳим аст, зеро ин барои таъмин намудани шумораи зарурии одамон дар сатҳи маҳал, ки дониши хуби ТСҶ ва малакаи ба дигарон омӯзондани онро дороанд, мусоидат менамояд.
Мониторинг (Санҷиш) Ин чӣ аст? Мониторинг, сари вақт ва аз рӯи нақша амалигардии барномаро таҳти санҷиш қарор медиҳад. Ин имконияти мунтазам ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоотро дар марҳилаи татбиқкунӣ фароҳам меоварад. Мониторинг вазифаи дохилии барнома мебошад (яъне аз тарафи роҳбарон ва кормандони он амалӣ мешавад), ки ба гурӯҳи ташаббускор дар муайян намудани тарафҳои қавӣ ва заифи фаъолиятҳо ёрӣ мерасонад ва дигаргуниҳои заруриро ворид менамояд. Агар системаи хуб ва самараноки мониторинг таҳия ва ба таври мувофиқ амалӣ шавад, пас он раванди арзёбии барномаро хеле осон менамояд (ниг. ба Марҳилаи 4 «Арзёбӣ»). Марҳилаҳои мониторинг Муайян намудани нишондиҳандаҳо. Нишондиҳандаҳо бояд дар Марҳилаи 2 «Таҳияи нақша ва дизайн» муайян карда шаванд. Қабули қарор оид ба усули ҷамъ намудани иттилоот. Қарорҳо оид ба чӣ тавр ҷамъ овардани иттилоот барои мониторинг низ бояд дар Марҳилаи 2 (оид ба Воситаҳои асосноккунӣ) қабул шаванд. Ҷамоварӣ ва бақайдгирии иттилоот. Барои ҷамъоварӣ ва бақайдгирии иттилоот бояд системаҳои расмӣ вуҷуд дошта бошанд. Хеле муҳим аст, ки онҳо ниҳоят оддӣ буда, танҳо маълумоти заруриро ҷамъ оваранд. Ба тамоми кормандон бояд оид ба истифодабарии ин системаҳо омӯзиш гузаронида шавад: масалан, онҳо бояд донанд, ки чӣ тавр гунаҳои (саволнома ё форма) бақайдгирии маълумотҳоро пур кардан лозим аст. Системаҳои ғайрирасмӣ низ манфиатноканд, масалан аз, кормандони ТСҶ хоҳиш намудан мумкин аст, ки дар дафтар ё рӯзнома оид ба кори худ сабтҳои мушаххас намоянд. Реҷаи мунтазами ҷамъоварии иттилоотро таҳия намудан низ аҳамияти муҳим дорад. Онро ҳар рӯз, ҳар ҳафта, ҳар моҳ ё ҳар семоҳа, вобаста аз талабот ба пешниҳоди ҳисобот тайёр кардан мумкин аст. Таҳлили маълумот. Ҷамъоварӣ ва бақайдгирии маълумот, одатан аз таҳлили он дида хеле осонтар аст. Аммо, агар роҳбарони барномаи ТСҶ иттилоотҳои ба даст омадаро чиддӣ наомӯзанд, онҳо пешравиҳоро дар чорабиниҳои барнома дида, ё мушкилиҳои эҳтимолиро муайян карда наметавонанд. Баъд аз таҳлили иттилоот, барои муқаррар намудани он, ки дар ҳақиқат фаъолиятҳо дар кадом сатҳ қарор доранд, гузаронидани таҳқиқоти иловагӣ лозим шавад. Тартиб додани ҳисобот ва мубодилаи иттилоот. Пешниҳоди ҳисобот ва табодули иттилоот оид ба натиҷаҳои мониторинг бо тарафҳои манфиатдор аз шаффофияти фаъолиятҳо ва масъулиятнокии кормандони молиявии барнома шаҳодат медиҳанд. Ҳисоботҳо оид ба мониторинг бояд маълумот дар бораи фаъолияте, ки дар бораи он ҳисобот дода мешавад, чорабиниҳои дар марҳилаи мазкур ба нақшагирифта ва ба анҷомрасида, пешравиҳо аз рӯи натиҷаҳои чашмдошт, таносуби хароҷоти банақшагирифта ва хароҷоти воқеӣ, дастовардҳо, монеъаҳою мушкилиҳо ва қарорҳои қабулкарда ё тавсия додашуда ва таҷрибаи андӯхташуда ва хулосаҳои пешниҳодшударо дар бар гиранд. Талабот ба ҳисобот вобаста аз сохтори идора62 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
кунии барномаи ТСҶ фарқ мекунад. Ҳамин тариқ, дар сатҳи маҳаллӣ кормандони ТСҶ эҳтимол, дар назди роҳбари барнома ҳар ҳафта ҳисобот диҳанд, дар навбати худ роҳбар бошад, ҳар моҳ ба роҳбарияти болоӣ маълумот медиҳад ва ғайра. Идоракунии иттилоот: миқдори зиёди иттилоот аз рӯи барномаи ТСҶ ҷамъоварӣ мешавад, ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҳисоботҳо, мукотиба, иттилоот оид ба фаъолиятҳои молиявӣ. Яке аз тарзҳои самараноки идоракунии иттилоот ин таҳияи системаи хуби бо тартиби муайян ҷойгирнамоӣ ва нигаҳдории он мебошад, ки вақтро сарфа карда, нофаҳмиҳоро дар раванди мониторинг пешгирӣ менамояд. Дар сурати ҷамъоварии иттилооти махфӣ, нигоҳдории бехатари онро таъмин намудан зарур аст.
Марҳилаи 4. Арзёбӣ
Муқаддима 4. Арзёбӣ 1. Таҳлили Марҳилаи хотимавии даври идоракунӣ, арзёбӣ, вазъ таҳқиқи натиҷаҳои барномаи ТСҶ-и таҳти татбиқ қарордошта ё ба анҷом расидаро пешбинӣ менамояд. Он барои муайян намудани татбиқи натиҷаҳои ниҳоии чашдошт, ки дар нақшаи кории барнома пешбинӣ шуда буданд, (ниг. ба Марҳилаи 2 «Таҳияи нақша ва дизайн») ва ҳо- 3.Татбиқ ва 2.Таҳияи лати ибтидоӣ чӣ тавр дигаргун шудааст (ниг. ба мониторинг нақша ва дизайн Марҳилаи 1 «Таҳлили вазъ») ёрӣ мерасонад. Арзёбӣ ба қабули қарор оид ба давом додан, даровардани дигаргунӣ ё қатъ намудани барнома, инчунин пешниҳоди далелҳои муҳим барои исботи стратегияи хуб будани ТСҶ, дар масъалаи баробарнамоии имкониятҳо, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини фарогирии иҷтимоии одамони дорои маълулият мусоидат менамояд.
Баъзе роҳбарони барномаҳои ТСҶ шояд, аз гузаронидани арзёбӣ изҳори ташвиш намоянд, зеро аз ошкор гардидани норасоиҳо ва тарафҳои заифи фаъолияташон ҳарос доранд. Эътироф намудан муҳим аст, ки ягон барнома бе камбудию норасоии пурра татбиқ намешавад ва ҳатто ташаббусҳои хеле муваффақ низ дар раванди татбиқ бо ин ё он монеа дучор мешаванд. Барномаҳои муваффақ бояд албатта ақидаҳои худро оид ба норасоиҳои барномаашон изҳор намоянд, аз он омӯзанд ва донишу таҷрибаи андӯхтаашонро ҳангоми банақшагирии чорабиниҳои оянда истифода баранд. Аксарият гузарондани арзёбиро кори мушкил меҳисобанд, чунки дар дастурҳо одатан тавсифҳои мураккаби усулҳо ва тарзҳои гуногун пешниҳод мешаванд. Дар натиҷа, аксар барномаҳои ТСҶ фикр мекунанд, ки барои гузарондани арзёбӣ бояд дар ин соҳа мутахассис будан лозим аст. Аммо, дар сурати интихоби сатҳи дурусти банақшагирӣ ва омодабошӣ, ҳатто амалҳои оддии арзёбӣ барои дастрас намудани иттилооти зиёди манфиатнок мусоидат менамоянд.
ИДОРАКУНӢ
63
Арзёбӣ Арзёбӣ чист? Арзёбӣ, ин раванди таҳқиқ аст. Мувофиқатӣ, самаранокӣ, маҳсулнокӣ, таъсирнокӣ ва устувории барномаҳо ҷамъи омилҳое мебошанд, ки ҳангоми гузарондани арзёбӣ онҳоро дар назар доштан зарур аст. Ба шарофати гузарондани арзёбӣ кормандони барномаҳои ТСҶ аз таҷрибаи худ омӯхта, онро барои такмили фаъолиятҳои ҷорӣ ва тарғиби банақшагирии беҳтар бо интихоби ҷиддӣ барои амалҳои оянда истифода баранд.
Кӣ арзёбиро мегузаронад? Арзёбӣ аз тарафи кормандони барномаҳои ТСҶ гузаронида шуда метавонад (арзёбии дохилӣ) ё аз тарафи шахси мустақил ё агентӣ (арзёбии берунӣ) иҷро шавад. Ҳар як нақша тарафҳои қавӣ ва заифи худро дорад, бинобар ин муносибат ба арзёбӣ аз барнома ба барнома тағйир меёбад. Дар шакли олияш арзёбӣ дар асоси мувофиқатии ҳарду муносибат гузаронда мешавад.
Арзёбиро дар кадом вақт гузаронидан мумкин аст? Арзёбӣ аз мониторинг бо он фарқ менамояд, ки мунтазам амалӣ намешавад. Онро танҳо дар марҳилаҳои муайяни даври барнома, масалан, арзёбӣ пас аз татбиқи нисфи барнома (ё дарҳол, пас аз анҷомёбии он ё пас аз гузаштани ягон мӯҳлати муайян (масалан, баъди ду сол) мегузаронанд.
64
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Марҳилаҳои арзёбӣ Усули гузарондани арзёбии барномаи ТСҶ аз он вобаста аст, ки ба чӣ баҳо дода мешавад, кӣ инро талаб намудааст ва кӣ ин корро иҷро менамояд. Дар умумият раванд аз қадамҳои зерин иборат аст:
Муайян намудани мавзӯи арзёбӣ Қадами аввал муайян намудани мавзӯи баҳодиҳиро пешбинӣ менамояд, яъне қабули қарор оид ба он, ки барои чӣ арзёбӣ гузаронида мешавад (мақсадаш чист) ва ба кадом саволҳо бояд ҷавоб диҳад. Бо як арзёбӣ тамоми ҷанбаҳои барномаро таҳлил намудан ғайриимкон аст, бинобар ин, мақсади он бояд бодиққат ҳаматарафа андешида шавад. Вай метавонад, ки: • таҳқиқ намояд, ки оё кормандони ТСҶ қобилияти пурра иҷро намудани вазифа ва ӯҳдадориҳои худро доранд ва оё ба онҳо омӯзиши иловагӣ лозим аст ё не; • таҳқиқ намояд, ки кадом фаъолияту чорабиниҳо аз ҳама беҳтар иҷро шудаанд, ва кадом элементҳои барномаро бояд давом дод ё баръакс қатъ кард; • таҳқиқ намояд, ки оё барнома ба таъсири банақшагирифта ноил шудааст ва қабули қарор барои дар ҷои дигар истифода бурдани он; • муайян намояд, ки оё захираҳо бо тарзи муносиб сарф шудаанд, ба натиҷаҳои чашмдошт ноил гардиданд ё не ва қабули қарор оид ба ояндаи барнома ёрӣ мерасонад. Вақте, ки мақсади арзёбӣ тасдиқ шуд, ба таҳияи саволҳое, ки арзёбӣ ба онҳо бояд ҷавоб ёбад, гузаштан мумкин аст. Ин саволҳо на он қадар осон мебошанд, ки ба онҳо оддӣ ҷавоби «ҳа» ё «не» додан мумкин бошад. Ба саволҳои зиёд оид ба мувофиқатӣ, самаранокӣ, маҳсулнокӣ, таъсирбахшӣ ва устувории барнома (ниг. ба Ҷадвали 4 «Қисмҳои арзёбӣ») ҷавоб ёфтан зарур аст. Ҷадвали 4. Қисмҳои арзёбӣ Мувофиқатӣ Самаранокӣ Маҳсулнокӣ Таъсирнокӣ Оё, барнома ба талаботҳои одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаи онҳо ва ҷамоат ҷавобгӯй аст ё не? Оё захираҳо дуруст истифода бурда шуданд ё не (инсонӣ, молиявӣ ва моддӣ)? Оё барнома аз ҷиҳати сифат, миқдор ва мӯҳлатҳо ба натиҷаҳои худ ноил гардид ё не? Оё барнома ба мақсади интиҳоӣ ноил гардид ё не? Дар кадом ҷанбаҳо барнома ҳаёти одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳоро дигаргун намуд? Ба аъзоёни ҷамоатҳо оид ба тағйири рафтор ва муносибати онҳо нисбати одамони дорои маълулият чӣ таъсир бахшид? Оё барнома ҳангоми кам ё қатъ шудани дастгирии берунӣ, қобилияти давом дода ни фаъолиятро дорад?
Устуворӣ
ИДОРАКУНӢ
65
Ҷамъоварии иттилоот Қадами дуюм барои муайян намудани роҳи беҳтарини гирифтани ҷавобҳо ба саволҳои арзёбӣ ва андеша намудан оид ба гуфтаҳо зерин мебошад: • Кӣ иттилооти заруриро пешниҳод карда метавонад? Манбаъҳои хеле фоиданоки маълумот тарафҳои манфиатдори барнома мебошанд. Маълумотро аз одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо, дигар барномаҳои ҷамоатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (масалан, муассисаи миллӣ оид ба омор) ва ғайра гирифтан мумкин аст. Манбаъҳои фоиданок ҳамчунин, кормандони барномаҳои ТСҶ ва дигар мутахассисон мебошанд, чунки асосан онҳо оид ба кори худ ва инчунин, оид ба натиҷаҳои ноилгардида қайдҳо мекунанд. • Иттилоот чӣ тарз ҷамъоварӣ мешавад? Якчанд намуди гуногуни ҷамъоварии маълумот мавҷуд аст, ки ҳар яки он, тарафҳои қавӣ ва заифи худро дорад. Одатан, барои ҷамъоварии иттилооти оид барои арзёбӣ зарур якчанд усулҳоро истифода мебаранд (ниг. ба Ҷадвали 5 «Тарзҳои ҷамъоварии иттилоот»). • Кадом вақт иттилоотро ҷамъ овардан лозим аст? Ҷамъоварии маълумотро дар марҳилаҳои гуногун гузаронидан мумкин аст. Маълумоти ибтидоӣ, ки пеш аз оғози барнома ҷамъ оварда шудааст, (ниг. ба Марҳилаи 1 «Таҳлили вазъият»). Маълумоти ибтидоӣ ҳангоми ченкунии таъсири барномаи ТСҶ муҳим аст: агар вазъият то оғози амалишавии он номаълум бошад, пас ягон самарии онро муайян намудан мушкил мешавад. Маълумотро ҳамчунин, дар раванди татбиқи барнома ё дар охири он ҷамъ меоваранд (ниг. ба Марҳилаи 3 «Мониторинг»).
66
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Ҷадвали 5. Тарзҳои ҷамъоварии иттилоот Усул Сифатӣ Миқдорӣ Вазифаи умумӣ (мақсад) Гирифтани маълумот оид ба як қатор саволҳои банақшагирифташуда ва ҷиддӣ ифодашуда аз маъюбон, волидайни онҳо ва дигар тарафҳои манфиатдори асосӣ. Муайян намудани сатҳи имрӯзаи некӯаҳволӣ, саломатӣ, фаъолияти ҳаррӯза ва диг. Натиҷаҳоро бо маълумоти ибтидоии тадқиқотҳои мавзӯӣ муқоиса намудан мумкин аст. Дигаргуниҳо дар рафтор ва сифати ҳаёт арзёбӣ шаванд (хуб мешуд, ки бо маълумоти ибтидоӣ муқоиса карда шавад). Фаҳмидани он, ки кадом чораҳои маъмурӣ дар асоси барнома ҳастанд ва чӣ тавр таъсир мерасонанд (масалан, гузаронидани тавсифи сиёсат, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартибҳо ва инчунин идоракунии молиявӣ ва маъмурӣ). Дарёфти маълумот оид ба миқдор ва хусусиятҳои мизоҷон, ки да ассоси тадбиқи чорабиниҳои барнома ба даст омада аст, таносуби натиҷаҳо бо маълумоти ибтидои, ки аз тарафи кормандони тавонбахши ворид шудаанд. Дарки амиқи назар, ҳиссиёт ва таҷрибаи шахсони мушаххас ё аниқ сохтани ҷавобҳои онҳо дар саволнома. Гирифтани маълумоти мушаххас дар бораи чи тарз фаъолият кардани барнома, бахусус, дар масъалаҳои марбут ба ҳамкори ва раванди он. Омӯзиши амиқи масълаҳо тавассути мубоҳисаи гурӯҳи. Масалан, инъкоси таҷрибаи шахсӣ ё тавсияҳо барои таҳияи ақидаи ягона оид ба масъала ё саволи мушаххас.
Саволномаҳо
Х
Х
Арзёбии фардӣ
Х
Х
Пурсиш
Х
Кор бо ҳуҷҷатҳо
Х
Х
Таҳлили қайдҳо
Х
Мусоҳиба
Х
Мушоҳида
Х
Х
Мубоҳисаи гурӯҳӣ
Х
ИДОРАКУНӢ
67
Таҳлили хулоса ва иттилоот Пас аз ҷамъоварии маълумот онро фаҳмидан лозим аст. Таҳлили маълумот метавонад намунаҳо ё тамоюлҳои ғайричашмдоштро муайян намояд, ки барои оё саволҳои лоиҳанатиҷаҳои ногаҳонӣ биёрад ва барои муайян намудани он, ки оё ба саволҳои арзёбӣ ҷавоб медиҳад ё не, ва агар ҳа бошад, пас то чӣ андоза, ёрӣ расонанд. Намудҳои гуногуни маълумот бо усулҳои гуногун таҳлил карда мешаванд. Масалан, иттилооти рақамӣ (миқдорӣ) аз саволномаҳо, тестҳо ё сабтҳо, одатан бо истифодаи усулҳои оморӣ ва барномаҳо дида баромада мешаванд. Иттилооти сифатиро, ки аз натиҷаи мусоҳиба ё аз вохӯрӣ бо гурӯҳҳои мақсаднок гирифта мешавад, ба воситаи ба батартибдарорӣ аз рӯи категорияҳо ва мавзӯъҳои асосӣ таҳлил менамоянд. Баъди таҳлили иттилоот хулосаю тавсияҳоро оид ба барнома таҳия намудан мумкин аст. Мубодилаи натиҷаҳо ва таҳияи чорабиниҳо Арзёбӣ ягон манфиат надорад, агар дар асоси хулоса ва тавсияҳои он чораҳои зарурӣ андешида нашавад. Бинобар ин, пешниҳоди фикру ақида оид ба ҳисобот ва табодули бозёфтҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Тарзҳои гуногуни иҷрои ин масъала мавҷуд аст, масалан: навиштани ҳисоботи расмӣ оид ба арзёбӣ, пешниҳод ва баррасии натиҷаҳо дар ҷаласаи аъзоёни ҷамоатҳо, навиштани мақолаҳо барои рӯзномаи маҳаллӣ, навиштани намунаи мисолҳои мусбӣ аз таҷрибаи татбиқи барнома барои варақаи хабарӣ, ки дар байни дигар муассисаҳо паҳн карда мешавад, навиштани мақолаҳо дар маҷаллаи илмӣ ё пешниҳод намудани мавод ба конфронс имконпазир аст. Баъд аз гузарондани арзёбӣ инчунин, ифшо намудани нуқтаи назари худ оид ба тарафҳои қавӣ ва заифи муносибат, рафтор ва усулҳои истифодашуда, ва кадом корҳо дуруст буданд ва кадомашон такмилу таҳлилро талаб мекарданд аҳамияти калон дорад. Натиҷаҳои арзёбӣ ба қабули қарорҳое, ки ба ҷанбаҳои гуногуни барнома тааллуқ доранд, бояд таъсир намоянд: кадоме аз онҳо бояд давом дода шаванд, кадомашон тағйир дода ё қатъ карда шаванд, кадом таҷрибаи мусбиро васеъ паҳн кардан мумкин аст ва ба кадом соҳаҳо ва афзалиятҳои нави ҷамоат диққати бештар дода шавад.
Эзоҳ 1. CBR: A strategy for rehabilitation, equalization ofopportunities, poverty reduction and social inclusion of people with disabilities (Joint Position Paper2004). International Labour Organization, United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization, and World Health Organization, 2004 (www.who. int/disabilities/publications/cbr/en/ index.html, accessed 30 March 2010). 2. Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 2006. (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability. shtml, санаи дастрасӣ: 18 июни с.2010). 3. Blackman R. Project cycle management. Teddington, Tearfund, 2003 (http://tilz. tearfund.org/ Publications/ROOTS/Project+cycle+management.htm, accessed 5 May 2010). 4. 4 Australian Agency for International Development. AusGuideline: 3.3: The logical framework approach. Canberra, Commonwealth of Australia, 2005 (http://www. ausaid.gov.au/ausguide/pdf/ ausguideline3.3.pdf, accessed 5 May 2010).
68
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Адабиёти тавсияшаванда ARC resource pack: a capacity-building tool for child protection in and after emergencies. London, Action on Rights for Children, 2009 (http://www.arc-online.org/using/index.html, accessed 5 May 2010). Community based initiatives series. Cairo, World Health Organization Regional Office for the Eastern Mediterranean, 2003 (http://www.emro.who.int/publications/series.asp?RelSub=Community-Based%20 Initiatives%20Series, accessed 5 May 2010). Community-based rehabilitation and the health care referral services: a guide for programme managers. Geneva, World Health Organization, 1994 (http://whqlibdoc.who.int/hq/1994/WHO_RHB_94.Lpdf, accessed 5 May 2010). Cornielje H, Velema JP, Finkenflugel H. Community based rehabilitation programmes: monitoring and evaluation in order to measure results. Leprosy Review, 2008, 79(1):36-49 (http://www.leprosy-review.org. uk/, accessed 5 May 2010). During I, ed. Disability in development: experiences in inclusive practices. Lyon, Handicap International, 2006 (http://www.cbm.org/en/general/CBM_EV_EN_general_article_46088.html, accessed 5 May 2010). FAO Socio-Economic and Gender Analysis Programme. Project cycle management technical guide. Rome, Food and Agriculture Organization of the United Nations, 2001 (http://www.fao.org/sd/Seaga/downloads/ En/projecten.pdf, accessed 5 May 2010). Guidance Note 5: Tools for mainstreaming disaster risk reduction - project cycle management. European Commission, 2004 (http://www.proventionconsortium.org/themes/default/pdfs/tools_for_ mainstreaming_ GN5.pdf, accessed 5 May 2010). Guidelines for conducting, monitoring and self-assessment of community based rehabilitation programmes: using evaluation information to improve programmes. Geneva, World Health Organization, 1996 (http:// whqlibdoc.who.int/hq/1996/WHO_RHB_96.3.pdf, accessed 5 May 2010). Handicap International/ Swedish Organisations’ of Persons with Disabilities International Aid Association (SHIA)/ Swedish Disability Federation (HSO). A guidance paper for an inclusive local development policy. Make Development Inclusive, 2009 (www.make-development-inclusive.org/toolsen/ inclusivedevelopmentweben. pdf, accessed 5 May 2010). Helander E. Prejudice and dignity: an introduction to community-based rehabilitation, 2nd ed. New York, United Nations Development Programme, 1999 (http://www.einarhelander.com/books.html, accessed 5 May 2010). Make development inclusive: how to include the perspectives of persons with disabilities in the project cycle management guidelines of the EC - concepts and guiding principles. Make Development Inclusive (undated) (http://www.inclusive-development.org/cbmtools/, accessed 5 May 2010). Managing the project cycle. Network Learning, 2009 (http://www.networklearning.org/index. php?option=com_ docman&Itemid=52, accessed 5 May 2010). Manual project cycle management. European Commission Directorate-General for Humanitarian Aid (ECHO), 2005 (http://ec.europa.eu/echo/files/about/actors/fpa/2003/guidelines/project_cycle_mngmt_ en.pdf, accessed 5 May 2010). McGlade B, Mendorza VE, eds. Philippine CBR manual: an inclusive development strategy. Bensheim, CBM/ National Council on Disability Affairs (NCDA), 2009. Ojwang VP, Hartley S. Community based rehabilitation training in Uganda: an overview. (http://www. asksource.info/cbr-book/cbr04.pdf, accessed 5 May 2010).
Shapiro J. Monitoring and evaluation. Johannesburg, World Alliance for Citizen Participation (CIVICUS) (undated) (http://www.civicus.org/new/media/Monitoring%20and%20Evaluation.pdf, accessed 5 May 2010). Thomas M. Evaluation of CBR programmes (http://www.aifo.it/english/resources/online/books/cbr/ workshop95/CBR%20evaluation.pdf, accessed 5 May 2010). Thomas M, Thomas MJ, eds. Manual for CBR planners. Bangalore, Asia Pacific Disability Rehabilitation Journal Group, 2003 (http://www.aifo.it/english/resources/online/apdrj7Manual%20for%20cbr_planners. pdf, accessed 5 May 2010). WWF standards of conservation project and programme management. WWF, 2007 (http://www.panda.org/ what_we_do/how_we_work/programme_standards/, accessed 5 May 2010). Zhao T, Kwok J. Evaluating community based rehabilitation: guidelines for accountable practice. Rehabilitation International Regional Secretariat for Asia and the Pacific/ Regional NGO Network for Asia and the Pacific Decade of Disabled Persons 1993 -2002/ Rehabilitation Action Network for Asia and the Pacific Region, 1999 (http://www.dinf.ne.Jp/doc/english/resource/z00021/z0002101.html#contents, accessed 5 May 2010).
70
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Замима. Намунаҳои структураи идоракунии барномаҳои ТСҶ Барномаи ТСҶ дар сатҳи маҳаллӣ
Кумитаи ТСҶ
Ҳукумати маҳаллӣ
Роҳбарияти мактаб
Мудирони барномаи ТСҶ
Маркази саломатӣ/ ёрии тиббӣ - санитарӣ/беморхона
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва асосӣ
Мудирони зинаи миёнаи барномаҳои ТСҶ Кормандони барномаи ТСҶ Бунгоҳҳои тиббии маҳаллӣ, кормандони тиб, ки дар бунгоҳ ё хона хизмати тиббӣ мерасона
Ёрдамчиён ё ихтиёриёни ҷомеа/ роҳбарони гурӯҳи худ ёрирасон.
ЗАМИМА. НАМУНАҲОИ СТРУКТУРАИ ИДОРАКУНИИ БАРНОМАҲОИ ТСҶ
71
Барномаи ТСҶ-и мақомоти ҳокимияти маҳалӣ ё созмони ғайридавлатӣ дар сатҳи минтақа/ноҳия
Директор ё роҳбари муассиса Мудири барномаи ТСҶ Ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои тандурустӣ Ҳамоҳангсози масъалаҳои таҳсилот
Ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои худидоракунӣ
Ҳамоҳангсози масъалаҳои иҷтимоӣ
Васеъ намудани салоҳият ва имкониятҳо
Мудири барномаи ТСҶ зинаи миёна Кормандони барномаи ТСҶ
Ёвар ё шахси ихтиёрӣ аз маҳал
72
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Барномаи ТСҶ дар асоси ҳамкориҳои давлатӣ - шахсӣ
Директор ё роҳбари муассиса Мудири барномаи ТСҶ Ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои тандурустӣ Ҳамоҳангсози масъалаҳои таҳсилот
Сохтори давлатӣ
Ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои худидоракунӣ
Ҳамоҳангсози масъалаҳои иҷтимоӣ
Ташкилоти ғайридавлатии ташкилоти маълулон
Васеъ намудани салоҳият ва имкониятҳо
Мудири барномаи ТСҶ зинаи миёна Кормандони барномаи ТСҶ
Ёвар ё шахси ихтиёрӣ аз маҳал
ЗАМИМА. НАМУНАҲОИ СТРУКТУРАИ ИДОРАКУНИИ БАРНОМАҲОИ ТСҶ
73
Барномаи ТСҶ-и Вазорати тандурустӣ
Кумитаи ТСҶ
Маркази саломатии ҷамоати деҳот/ ноҳия
Маъмурияти мактаб
Ёрии таъҷилии тиббӣ-санитарӣ ва менеҷери барномаи ТСҶ
Маркази қайдҳо ва додани роҳхат барои муоинаи мутахассис Роҳбароне, ки бо масъалаҳои худтаъминкунӣ шахсони маълул
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна
Маркази саломатӣ бо воҳидҳои кории кормандони тиббӣ ва ҳайати кории барномаи ТСҶ
Ёрдамчиён ё ихтиёриёни ҷомеа/ роҳбарони гурӯҳи худ ёрирасон
Барномаҳои худтаъминкунӣ, таҳсилоти касбӣ, такмили ихтисос, аз худ кардани малакаҳои касбӣ
74
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 1.ИТТИЛООТИ ЗАМИНАВӢ
Барои қайдҳо
Барои қайдҳо
ТОҶИКӢ
МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо
Идоракунии саломатӣ
Кӯдакии бармаҳал
Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила
Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон
Пешгирӣ
Ибтидоӣ
Худшуғлбудан
Кӯмаки тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ
Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Барқарорсозӣ
Ғайрирасмӣ
Асбобҳои ёрирасон
Таҳсил дар давоми ҳаёт
Ҳифзи иҷтимоӣ
Ташкилотҳои маълулон
Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон
Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72
Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.
1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо.
Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.
© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.
Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.
Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.
Дастур оид ба ТСЉ
Қисми «Саломатӣ» Мундариҷа Муқаддима..........................................................1 Пурқувватгардонии саломатӣ..........................11 Пешгирӣ...............................................................21 Ёрии тиббӣ..........................................................33 Тавонбахшӣ........................................................45 Воситаҳои ёрирасон..........................................59
Муќаддима Њуќуќ ба саломатї бе табъиз дар як қатор њуљљатњои њуќуќии байналмиллалї муқаррар шудааст. Низомнома (Конститутсия)-и Ташкилоти умумиљањонии тандурустї (ТУТ) эълон менамояд, ки «соњиби сатњи баланди имконпазири саломатї будан яке аз њуќуќњои асосии њар як одам бе фарќияти нажод, дин, аќидањои сиёсї ва вазъи иќтисодию иљтимої мебошад» (7). Мавзўи конвенсияи СММ оид ба њуќуќњои одамони дорои маълулят ин њуќуќњои маълулон ба саломатї мебошад. Моддаи 25 аз давлатњо – иштирокчиён талаб менамояд, эътироф намоянд, ки «одамони дорои маълулият барои баҳравар шудан аз меъёрҳои баландтарини имконпазири тандурустӣ бе поймолкунии ҳуқуқҳо аз рўи аломати маълулият ҳуќуќ доранд» ва дар якљоягї бо Моддаи 20 («Ҳаракати инфиродӣ») ва Моддаи 26 («Тандурустӣ ва тавонбахшӣ»), чорањои асосиеро, ки давлатњо – иштирокчиён бо мақсади таъмини дастрасии маълулон ба хизматрасонињои якхелаи тиббї, бо назардошти махсусиятҳои гендерї, аз он љумла оид ба тавонбахшии њолати саломатї бояд ќабул кунанд, муайян менамоянд (2) . Мутаассифона, таљриба нишон медињад, ки ба одамони дорои маълулият нисбат ба шумораи асосии ањолї (3), хизматрасонињои тиббии сифаташон пасттар пешниҳод шуда, инчунин, њангоми тадбиқи њуќуќи худ ба саломатї, бо њар гуна мушкилот дучор мешаванд (4) . Њуќуќ ба саломатї на танњо ба дастрасї ба хизматрасонињои тиббї, балки ба дастрасии муайянкунандањои омилњои саломатї, ба монанди оби нўшокии бехатар, шароитњои мувофиќи санитарї ва манзилї низ дахл дорад. Њуќуќ ба саломатї, инчунин, дигар гурӯҳи њуќуќу озодињоро дар бар мегирад. Ба ин озод будан аз табобати бо бемор мувофиќанашуда, аз љумла, аз таљрибаю тадќиќотњо озод будан аз шиканља ё дигар муомилаи золимона, ғайриинсонӣ ё обрўйро паст кунанда, дохил мешаванд. Ба ҳуќуќњои бо саломатї вобаста, њуќуќи дастрасӣ ба системаи ҳифзи саломатї, ҳуқуқ ба пешгирї, табобат ва назорати бемориҳо, дастрасї ба дорувориҳои асосӣ, инчунин иштирок намудан дар ќабули ќарорњое, ки бо саломатї вобастаанд, дохил мешаванд (4). Барномањои тавонбахшӣ дар сатњи љомеа (ТСҶ) одамони дорои маълулятро барои ноил шудан ба сатњи болотари имконпазири саломатї дастгирї менамоянд. Онњо дар 5 самти асосї амалї мешаванд: пурқувватгардонии саломатї, пешгирї, ёрии тиббӣ – санитарї, тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон. Барномањои ТСҶ раванди таъмини фарогирии тандурустиро дар ҳамкорӣ бо соҳаи тандурустї бо маќсади таъмини дастрасї ба њамаи одамони дорои маълулят раҳнамоӣ намуда, риоя намудани њуќуќњои онҳоро аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустї фаъолона тарғиб менамоянд (5), ба эњтиёљоти онњо диќќат дода, иштироки онҳоро дар сатњи љамоат таъмин менамоянд (6). Таърихан, барномањои ТСҶ дар фаъолияташон ба соњаи тандурустӣ диќќати асосӣ медоданд, зеро омилњои зиёд ба саломатї таъсир мерасонанд, бинобар ин ба барномаҳои ТСҶ зарурати њамкорӣ байни соҳаҳои гуногун (мултисекторӣ) ва фарогирӣ (7) ба миён меояд ба монанди соҳаи маориф ва таъмин будан ба ҷойҳои корӣ. Бузургии мавзўи саломатиро ба назар гирифта, дар ќисми мазкур ба он фаъолиятҳои ТСҶ диќќати асосї дода мешавад, ки дар чорчӯбаи соњаи тандурустї тадбиқу амалӣ мешаванд.
МУҚАДДИМА
1
ЗАМИМАИ 1
Тайланд дар таъмини хизматрасонињои аввалини тиббию санитарї дар сатҳи ҷамоат таърихи дурудароз ва пуршараф дошта, дар тӯли ин солҳо стратегияњои зиёди нав ва чорабинињои гуногунро амалї кардааст. Дар бисёр музофотњои мамлакат хизматрасонињои тиббию санитарї ба шабакаи ягонаи радифӣ (спутникӣ), ки онҳоро нуќтањои кӯмаки аввалияи тиббию санитарї (НКАТС) меномиданд, пайваст буданд, ки он дар навбати худ ба беморхонаҳои калони марказӣ пайваст буда, аз онњо ёрӣ мегирифтанд. Дар соли 2006 яке аз ин беморхонањо дар шањри Сичон дар шабакаи НКАТС-и худ барномаи тавонбахшию саломатиро дар сатњи љамоат (ТСҶ ) љорї кардааст. Нуќтаи тиббии Тха-Хин низ, аъзои ин шабака мебошад. Он дар ноњияи дењотї љойгир буда, дар воњидњои кории он табиби оилавї, фармасевт, њамширањои тиббї ва кормандони миёнаи тиб шомиланд. То љорї намудани барномаи ТСҶ ин гурӯҳ асосан бо масъалањои умумии пурқувватгардонии сатхи саломатї ва масъалахои пешгирї банд буданд. Аммо, пас аз ворид намудани барномаи ТСҶ, ба ҳайати кормандон масъулияти муайян намудани одамони дорои маълулият ва ҳалли талаботњои умумї ва махсуси онњо ба ёрии тиббию санитарї ба дӯши кормандони нуќтаи тиббї во гузошта шуд. Диќќати асосї, дар барномаи ТСҶ ба таъмини хизматрасонињои тиббию санитарї ба одамони дорои маълулият «дар назди дари хонаашон», дода шуда буд. Наќшаи расонидани хизматњои тиббї дар хона (ки барои одамони калонсол ва беморони гирифтори беморињои музмин муќаррар шудааст) тањия карда шуда, он бо беморхонаи Сичон алоќаи бевоситаро барпо намуд. Ташрифи кормандони нуќтаи тиббии Тха – Ҳин, инчунин ташрифи физиотерапевт аз беморхонаи Сичон мунтазам амалї мешуд, ки одамонро аз сафарњои нодаркор ва гаронарзиш халос намуд. Инчунин, протоколи тавонбахшию саломатї дар хона тањия карда шуд. Барои ихтиёриёни мањаллї ва аъзоёни оилањои одамони дорои маълулият аз рӯи усулњои оддии тавонбахшӣ (яъне малакањои њаррўзаи њаётӣ) омўзишҳо гузаронида ва барои таҳсилоти фарогир ҷалб намудани кӯдакони дорои маълулият онҳоро рӯҳбаланд мекарданд. Ба шарофти истифодаи муносибати ёрии ҳаматарафа (бисёрсоҳа) тамоми одамони дорои маълулият ба хизматрасонињои тиббию санитарї ва тавонбахшӣ дар љамоатњои худ дастрас гардиданд ва њангоми зарурат барои ташхису ёрии иловагӣ ба мутахассисони беморхонаи Сичон роњхат мегирифтанд. Натиҷаҳои арзёбии соли 2008 нишон медињад, ки барномаи ТСҶ ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо маљмўи васеи хизматрасонињои тиббию санитариро хеле самарнок таъмин намудааст, аз љумла барваќт муайян намудани одамони дорои маълулят, дахолати саривақтӣ, баланд бардоштани донишу малакаҳо оид ба нигаҳдории тандурустӣ ва масъалаҳои тавонбахшӣ ва таъмини воситаҳои ёрирасон. Дар умум, сифати њаёти њамаи одамони дорои маълулият баланд шуда, бартариҳо дар сатҳи мустаќилият, серњаракатӣ ва малакаҳои муоширатии онҳо хеле назаррас буданд. Волидони кӯдакони дорои маълулият низ аз ёрию дастгирии сифатноктар баҳравар гардиданд. Муносибатњои хуби корї байни тарафњои асосии њавасманд (беморхонаи Сичон, нуќтањои ёрии аввалияи тиббї ва љамоат) барпо шуда, фарогирии (ҷалби) ихтиёрони мањаллї ва сафарбарии захирањои иловагӣ ба васеъшавии њуќуќу салоњият ва ҳисси соҳибияти аҳолии ҷамоат мусоидат намуд.
Тайланд
2
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Маќсад Одамони дорои маълулият ба сатњи болотарини меъёрҳои тандурустӣ ноил шудаанд.
Наќши барномањои ТСҶ Наќши барномањои ТСҶ, аз њамкории зич бо соњаи тандурустї бо мақсади таъмин намудани талаботњои кафолатии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо ба пурќувватгардонии сатҳи тандурустӣ, ба пешгирї, ёрии тиббӣ, тавонбахшӣ ва ба воситаҳои ёрирасон иборат аст. Ба барномањои ТСҶ, инчунин бо шахсони алоҳида ва аъзоёни оилањои онњо бо маќсади раҳнамоии раванди дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ фаъолият намуда, дар ҳамкорӣ бо дигар соњањо ёфтани роҳи халли ҳамаи масъалаҳои ба саломатӣ вобастаи одамони дорои маълулият зарур аст.
Натиљањои чашмдошт
Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онҳо сатҳи огоҳӣ ва дониши худро оид ба саломатї такмил дода, барои ноил шудан ба сатҳи баланди саломатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Соњаи тандурустї огоҳ аст, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо метавонанд ба сатҳи баланди саломатї ноил шаванд; бинобар ин, ба табъиз аз рўи нишонаҳои маълулият ё дигар омилҳо ба монанди зӯроварӣ аз рӯи мансубияти љинсӣ роҳ намедиҳанд. Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онҳо аз хизматрасонињои тиббїсанитарї ва тавонбахшӣ, бо додани афзалият дар худи љамоат ё дар наздикии он ва бо арзиши дастрас, истифода мебаранд. Чорањои дахолат дар соњаи тандурустї ва тавонбахшӣ ба одамони дорои маълулият имконият фарохам овардааст, ки дар њаёти оила ва љамоат фаъолона иштирок намоянд . Бо мақсади ноил шудан ба сатҳи хуби саломатӣ барои одамони дорои маълулият, ҳамкориҳо дар байни њамаи соњањои рушд аз љумла маориф, дарёфти васоити рӯзғор ва соҳаи иљтимої, хеле беҳтар шудааст.
Мафњумњои асосї Саломатї Саломатї чист? Ба таври анъанавӣ саломатї чун набудани беморию ранҷурӣ муќаррар мегардад. Аммо муќаррароти ТУТ ин мафњумро пурратар ифода менамояд: - ин «њолати бењбудии пурраи љисмонї, рўњї ва иљтимої буда, мавҷудияти ягон нишонаи беморињо ё иллатњо мушоҳида намешаванд» (1). Саломатї яке аз захирањои пурќиммате мебошад, ки ба инсон имконияти бурдани њаёти инфиродї, иљтимої ва иќтисодии самаранок, инчунин имконияту шароити озодона мењнат кардан, хондан ва дар њаёти оила ва љамоат фаъолона иштирок намуданро фароҳам меоварад.
МУҚАДДИМА
3
ЗАМИМАИ 2 Хуршеда
Ҳиндустон
Хуршеда бо иллати биноӣ ва шунавоӣ, дар дењаи хурдакаки минтаќаи Барабанки, штати Уттар-Прадеши Ҳиндустон таваллуд шудааст. Ваќте, ки корманди барномаи ТСҶ Сатябҳама, ки аз омӯзишҳои Ташкилоти Sense International India, гузаштааст, бо ӯ вохӯрд, Хуршеда 10 сола буда ќисми зиёди умри худро дар кунљи торики хонаашон , дур аз ҳаёти ҷамоат дароз кашида гузаронида буд. Вай барои ҳама талаботҳояш пурра аз модараш вобаста буда ќобилияти муошират намуданро надошт. Сатябҳама бо ў бисёр кор карда, малакањои њаррўзаи њаётї ва муоширатро омӯзонд. Хуршеда, оҳиста оҳиста натиљањои мусбатро ба монанди нишастан, қабули ғизо бо ҳамроҳии аъзоёни оилаашон ва бо бозичањо бозї карданро азхуд намуд. Вай забони ламс кардан (даст-даст кардан)-ро аз худ кард, масалан, фањмид, ки агар сарии (куртаи њиндии) модарро кашола намояд, ин маънои онро дорад, ки ў илтимос дорад, то модар аз наздаш наравад. Бо гузаштани ваќт Сатябҳама тавонист аз дасти Хуршеда гирифта ўро водор созад, то ќадамњои аввалинро берун аз хонаи падар монад. Эњтимол, духтарча сурудхонии паррандањоро намешунид ва офтобро намедид, вале ќиёфаи рўяш ифода мекард, ки шамоли ба рўяш расида истода ба ў маъќул аст. Барномаи ТСҶ ба оилаи Хуршеда дар гирифтани шањодатномаи маълулият ёрӣ расонид, ки дастрасӣ ба хизматрасонињои зиёдро барои ӯ имконпазир гардонд. Барнома, инчунин, ба модари Хуршеда барои табобат гирифтан аз бемории сил ёрӣ расонд. Сатябҳама корро бо Хуршеда давом дода, айни замон ба ў забони имову ишораро омўзонда истодааст. Ба Хуршеда ва оилаи ў њоло роњи дуру дарозро тай намудан лозим аст, аммо бо дастгирии барномаи ТСҶ онњо кўшиш намуда истодаанд, ки Хуршеда пурра ба њаёти љамоаташ ҷалб гардад. Муайянкунандаҳои (детерминанта) саломатї Ба њолати саломатии инсон маљмўи васеи омилњои инфиродї, иќтисодї, иљтимої ва муњитї таъсир мерасонанд. Ин омилњо одатан муайянкунандањои саломатї номида шуда дар зер оварда мешаванд (аз (8) мутобиќ карда шудаанд): Омили генетикї: ирсият ба давомнокии њаёт, сатњи саломатї ва эњтимолияти инкишофи баъзе беморињо таъсир мебахшад. Рафтори инфиродї ва тарзи њаёт: ѓизо, фаъолнокї, тамокукашї, истеъмоли машрубот ва ќобилияти мубориза бо таниши асаб (стрессњо) – њамаи инњо ба вазъияти саломатї таъсир мерасонанд. Даромад ва вазъи иљтимої: чӣ ќадаре, ки байни сарватмандон ва камбизоатон тафовут зиёд бошад, њамон ќадар мухолифат дар њолати саломатии онњо дида мешавад. Бо кор таъмин будан ва шароитњои мењнатї: инсонњои бо кор таъмин буда дорои саломатии бењтар мебошанд, хусусан онњое, ки имконияти бештари назорати риояи шароитњои корї доранд. Маориф: сатњи пасти маълумотнокӣ бо сатњи пасти саломатї, таниши асаб (стрессњои) нисбатан зиёдтар ва боварии камтар ба худ мувофиќат менамояд. Шабакаи дастгирии иљтимої: дастгирии бештар аз тарафи оила, дўстон ва љамоат бо сатњи нисбатан баланди саломатї мувофиќат менамояд. Маданият: анъана, урфу одат ва эътиқоди оила ва љамоат ба саломатї таъсир мерасонанд. Љинс: мардон ва занон аз намудњои гуногуни беморињо дар синну соли гуногун
4
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Муњити табиї: оби бехатар, њавои тоза, шароити солими мењнат, манзили бехатар, љамоатњо ва роњњои бехатар – њамаи инњо барои бењтар намудани њолати саломатї мусоидат менамоянд. Хизматрасонињои тиббию санитарї: дастрасї ва истифодабарии хизматрасонињо ба њолати саломатї таъсир мерасонад.
Баъзе аз омилњои овардашударо назорат кардан мумкин аст: масалан, ин ё он инсон метавонад рафтори солим ё носолимро интихоб намояд. Аммо дигар омилњо, ба монанди омилњои генетикӣ назорат карда намешаванд.
Маълулият ва тандурустї Дар конфронсе, ки дар шаҳри Алма -Ато дар соли 1978 оид ба ёрии аввалии тиббию санитарї баргузор гардида буд, ТУТ маќсади глобалиро дар соњаи тандурустї эълон намуд: «Саломатї барои њама». Баъди сї сол њам ин маќсад дар назди љомеаи љањонӣ истодааст ва вазъи саломатии ќисми зиёди гурўњњои ањолї, аз љумла одамони дорои маълулият, то њол назар ба дигарон бадтар мебошад. Барои мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият сатњи болотарини имконпазири саломатиро ба даст меоваранд, изҳороти зеринро дар хотир доштан муҳим аст:
Одамони дорои маълулият, ба монанди дигар гурӯҳҳои аҳолӣ ба хизматрасонињои талаботи тиббию санитарии умумиро таъмин кунанда ниёз доранд (ба монанди пурқувватгардонии саломатї, пешгирї ва ёрии тиббию санитарї), аз он љумла талаботњои гуногун дар марњилањои гуногуни њаёт. Ҳарчанд на ҳамаи мушкилоти саломатии одамони дорои маълулият, ба мушкилоти ноқисиҳои онҳо вобастаанд, аксарияти онњо ба хизматрасонињои тиббию санитарии махсус, аз он љумла тавонбахшии мунтазам ё даврї, дар ягон марњилањои алоњида ё дар тўли тамоми умр, ниёз доранд.
Ёрии тиббӣ Расонидани ёрии тиббӣ Ёрии тиббӣ дар њудуди њар як мамлакат ба воситаи системаи соњаи тандурустї, ки ба таркиби он њамаи муассисањо, захирањо ва инсонњое, ки маќсади асосии онњо пурқувватгардонӣ, барќарорсозӣ ё устуворгардонии сатҳи саломатї мебошад, расонида мешавад. Ба он нигоњ накарда, ки масъулияти ниҳоӣ оид ба соњаи тандурустї ба дўши давлат гузошта шудааст, ќисми зиёди ёрии тиббӣ дар якљоягї бо соњањои љамъиятї, хусусї, анъанавї ва ѓайрирасмї расонида мешавад (9). Дар «Маърўза оид ба њолати тандурустї» барои соли 2008 наќши хизматрасонињои аввалияи тиббию санитарї (ХАТС) барои њар як фард дода мешавад (10). ХАТС – шакли асосии ёрии тиббию санитарї буда, дар њама љо барои њамаи одамон ва оилањо бо нархи арзони иќтисодї бояд дастрас бошад. Ин сатњи аввалияи њамкории одамон, оилањо ва љамоатњо бо системаи тандурустии миллї мебошад, ки хизматрасонии тиббиро ба қадри имкон ба љои кор ва истиќомати одамон наздик менамояд (11).
МУҚАДДИМА
5
Монеањо барои хизматрасонињои маълулият
тиббию санитарӣ ба одамони дорои
Сатњи пасти саломатии одамони дорои маълулият на њама ваќт оќибати бевоситаи маълулияти онҳо мебошад, вале метавонад бо мушкилоти дастрасї ба хизматрасонињо ва барномањо вобаста бошад (12). Арзёбиҳо нишон медиҳанд, ки танҳо фоизи ками одамони дорои маълулият дар мамлакатњои сатҳи даромади аҳолиашон паст, дастрасї ба тавонбахшӣ ва хизматрасонињои асосӣ ва мувофиқи тиббию санитарї доранд (5). Ба ќатори монеањо барои иљрошавии хизматрасонињои тиббию санитарї, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо вомехўранд, инњо дохил мешаванд: Набудан ё нарасидани сиёсат ва ќонунгузории мувофиқ: дар он љое, ки сиёсат ва ќонунгузорї мављуданд, мумкин аст таҳти истифода набошанд, механизми истифодабарии маљбурї надошта бошанд ё нисбати расонидани хизматрасонињои тиббию санитарї ба одамони дорои маълулият, хусусияти табъизї ё манъкунанда дошта бошанд. Монеањои иќтисодї: чорањои дахолат дар соњаи тандурустї, ба монанди ташхис, табобати доругї ва дигар шаклҳои табобат аксар ваќт пардохтро аз аз њисоби маблаѓи худи бемор металабад, ки ин барои одамони дорои маълулият ва оилањои онњо, ки дар дарёфти маблаѓ мањдуд мебошанд, мушкилоти иловагӣ меофарад (нигаред ба: Сарсухан, фасли «Камбизоатї ва маълулият»); монеањои љисмонї ва географї: њамчун мисоли монеањои васеъ пањншуда, ин набудани наќлиёти дастрас, биноњо ва таљњизоти тиббии номувофиќ, захирањои нокифоя барои тандурустӣ дар дењотљойњо (ки одамони дорои маълулият бештар дар он љо зиндагї мекунанд) ва инчунин, зарурати гузаштани масофањои зиёд то шањрњои калон, ки дар он љо хизматрасонињои тиббї ба одамони дорои маълулият расонида мешаванд, шуда метавонанд; монеањои муоширатию иттилоотї: њангоми муошират бо кормандони тиб мушкилот пайдо шуданаш мумкин аст; масалан, ба шахси мушкилоти шунавоӣ дошта наќл кардани аломатњои беморї ба табиб хеле душвор аст, вале иттилооти ба саломатї вобаста аксар ваќт дар шакли дастнорас мављуд аст, масалан дар намуди суратњо, ки барои беморони дорои иллати рушди зеҳнӣ муайян шудаанд; муносибати нодуруст ва нарасидани дониши кормандони тиб оид ба тарзҳои муносибат нисбати одамони дорои маълулият: кормандони тиб метавонанд нисбати одамони дорои маълулият муносибати нодуруст, ғаразнок ё бепарвоёна дошта бошанд, ки аксар ваќт ба надоштани дониши кофї, фањмиш ва малакаи зарурї барои њалли мушкилоти одамони дорои маълулият вобаста аст; набудани дониш ва муносибати бошуурона аз тарафи одамони дорои маълулият нисбати системаи тандурустї ва хизматрасонињои тиббию санитарї; одамони дорои маълулият метавонанд аз истифодаи хизматрасонињои тиббї саркашӣ намоянд; аксари зиёди онҳо дар бораи њуќуќњо ва масъалаҳои ба саломатиашон вобаста ва умуман, кадом навъи хизматрасониҳо дастрасанд, маълумоти кофӣ надоранд. Баъзе одамони дорои маълулият мумкин аст, назар ба дигарон ба табъиз ва назарногирӣ бештар осебпазир бошанд. Онњо метавонанд аз таъсири якчанд омилњои номусоид азият кашанд, масалан, вобаста аз навъи маълулият, синну сол, љинс ё вазъи иљтимої (13) ва дар натиља барои дастрасї ба хизматрасонињои тиббї бо мушкилотњои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Барномањои ТСҶ бояд ба гурўњњои зерини ањолї диќќати махсус дињанд: занњо, кўдакон ва калонсолони дорои маълулият; шахсони дорои якчанд навъи маълулият, масалан онҳое, ки ҳам иллати биноӣ ва ҳам иллати шунавоӣ доранд, ё мушкилоти ақлию зеҳнӣ доранд, бо ВНМИ/БНММ сироятшудаанд; аќибмонии инкишофи аќлонї доранд; гирифтори бемории љузом (лепра) ё албинизманд (сафедии ғайриоддии пӯст ва мӯй) (ниг. ба маводи иловагї).
6
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Тандурустии фарогир Консепсияи тањсилоти фарогир (инклюзивї) сазовори эътирофи васеъ гардидааст ва дар системањои маорифи тамоми дунё бештар истифода шуда истодааст. Дар он сухан оид ба тањсилоте меравад, ки ба њамагон, аз љумла ба одамони дорои маълулият гузаштани даври пурраро дар мактабњои љамоатї ё марказњои таълимии гурўњи умумї пешнињод менамояд (14) (нигаред ба ќисми «Маориф»). Њамин тавр, консепсияи тандурустии фарогир, имрӯзҳо аз ҷониби барномањои ТСҶ, чун кафолати эътироф ва баназаргирии талаботњои одамони дорои маълулият аз тарафи системаи тандурустї ва инъикоси он дар сиёсат, банаќшагирї ва таъмини ёрии тиббӣ, тарѓиб шуда истодааст. Он дар асоси ташаббуси «Саломатї барои њама» сохта шуда, дар он «хизматрасонињои тиббї, .... њам ба шахсони алоњида ва њам ба оилањо дар љамоатњо ба воситаи иштироки њаматарафаи онњо дар ин кор, ва бо арзише, ки љамоат ва давлат аз ӯҳдаи пардохти он бароянд, бояд татбиқ шавад» (11). Тандурустии фарогир маънои онро дорад, ки њамаи одамон метавонанд, новобаста аз навъи беморї, љинс, ранги пўст, нажод, дин ва мавќеи иљтимоию иќтисодї ба ёрии тиббию санитарї дастрасӣ дошта бошанд. Барои таъмину кафолати ин гуна дастрасї, муассисањои тиббию санитарї бояд нисбати маълулият ва одамони дорои маълулият муносибати хайрхоњона дошта, мутахассисон ва кормандонашон малакањои зарурии ќонеъ намудани талаботи одамони дорои маълулияти гуногунро доро бошанд, масалан малакаҳои муошират бо мақсади мутобиқ намудани эҳтиёҷоти одамони иллатнокиҳои гуногун дошта. Бояд тамоми муњити атрофро тағйир дод, то ягон нафар ба таври фаъол ё ғайрифаъол ба табъиз гирифтор нашавад; Яке аз роњњои расидан ба ин мақсад аз таъмин намудани иштироки пурраи одамони дорои маълулият ва ташкилотҳои онњо ба раванди банаќшагирї ва пурқувватгардонии хизматрасонињои тиббию санитарї ва тавонбахшӣ мебошад.
МУҚАДДИМА
7
ЗАМИМАИ 3
Покистон
Ҷасорат барои бартараф намудани монеањо. Муњаммад Акрам аз музофоти Синди Покистон аст. Дар натиљаи беморї дар синни наврасї ў аз қобилияти шунавоӣ маҳрум мегардад. Қиссаи дар зер оварда ин аз хотироти ӯст, ки чї тавр хешовандонаш ўро ба муоинаи духтур бурда буданд: «Азбаски қобилияти шунавоӣ надоштам, ман њељ гоњ намедонистам, ки атрофиён чињо мегӯянд. Агар ман ба духтур бо савол муроҷиат мекардам, ӯ дар ҷавоб мегуфт, ки ҳама чизро ба хешовандонам фаҳмондааст. Агар ман бо савол ба хешовандонам муроҷиат мекардам, онњо љавоб медоданд, ки «Ташвиш накаш, њељ гапи махсус нест» ё «Мо ба ту баъдтар наќл мекунем». Дар њаќиќат, њељ кас ба ман чизе намегуфт – ман танњо ҳабњоро ќабул менамудам. Њељ кас забони имову ишораро истифода намебурд, њељ кас ваќт ё хоњиш надошт, ки бо ман тавассути қалам ва коѓаз муошират намояд. Бо мурури замон боварї ба худам аз даст мерафт ва аз атрофиён вобастагии калон пайдо намудам. Пас аз ҷалб шудан ба барномаи ТСҶ ман оњиста – оњиста аз сари нав ба худ боварї пайдо карда, ҷасорату тобовариро ба мушкилињо омўхтам. Ман њамроњӣ намудани хешовандонро ҳангоми ба назди духтур рафтан рад кардам. Ин духтурро водор сохт, ки бо ман рўирост дар шакли хаттї муошират намояд. Баъзе духтурон то њол исрор мекунанд, ки дафъаи оянда ба наздашон бо раҳнамоии хешовандон оям, вале ман њамеша љавоб медињам, ки ман инсони ба балоғат расидаам. Ман худро хуб њис менамоям, зеро малакаи худбовариро азхуд намуда, инчунин, савияи дониши мутахассисони тиббро оид ба бемории худ васеъ намудам».
ТСҶ ва соњаи тандурустї Барномањои ТСҶ метавонанд раванди дастрасии одамони дорои маълулиятро ба воситаи ҳамкорӣ ва алоқаманд намудани одамони дорои маълулият ва системаи хизматрасонињои аввалини тиббӣ дар сатҳи ҷамоат раҳнамоӣ намоянд. Дар бисёр мамлакатњо, ба монанди Аргентина, Ветнам, Индонезия ва Муғулистон барномањои ТСҶ новобаста, бо системаи њифзи саломатї алоќаманд мебошанд: онњо аз тарафи Вазорати тандурустї идора шуда, аз тарафи сохторњои ёрии аввалияи тиббию санитарї татбиќ мешаванд. Дар дигар мамлакатњо бошад, барномањои ТСҶ аз тарафи созмонњои ѓайридавлатї ё дигар вазоратҳо идора карда мешаванд, масалан вазорати њифзи иљтимої ва дар ин њолат њамкории зичи онњоро бо сохторњои ёрии аввали тиббию санитарї дастгирї намудан зарур аст, то ин ки одамони дорои маълулият кафолати дастрасиро ба хизматрасонињои тиббї ва ёрии тавонбахшӣ дошта бошанд.
Қисматҳои дастури мазкур Барномањои ТСҶ як ќатор љанбањои асосии ёрии тиббию санитариро барои одамони дорои маълулият эътироф, дастгирї ва тарғиб менамоянд. Ин љанбањо ба таљрибаи пешќадам мувофиќ буда, (5, 15) дар зер мухтасар шарҳ дода мешаванд.
Пурқувватгардонии сатҳи саломатӣ Маќсади пурқувватгардонии сатҳи саломатӣ, таҳти назорат доштани саломатӣ ва муайянкунандаҳои он мебошад. Силсилаи васеи стратегияњои дастрас ва чорањои дахолат мавҷуданд, ки ба рушди малакаҳои одамон ва тағйир додани вазъияту шароити иҷтимоӣ, иќтисодї ва экологї бо мақсади паст кардани таъсири онҳо ба саломатӣ равона шудаанд.
8
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Пешгирї Пешгирї бо тарғиби пурқувватгардонии сатҳи саломатӣ зич алоќаманд аст. Пешгирии њолатњои ғайримуқаррарии саломатӣ чорабиниҳои (масалан, беморињо, осеббинӣ ва зарбахӯрию садамаҳо), аввалия (дурї љустан), дуюмдараља (ташхису муайянкунии барваќтӣ ва табобат) ва сеюмдараља (тавонбахшӣ)-ро дар бар мегиранд. Дар ин қисмати дастур асосан ба пешгирии аввалия диќќати љиддї дода мешавад.
Ёрии тиббӣ Ёрии тиббӣ ба ташхису муайянкунии саривақтӣ, арзёбӣї ва табобати њолатњои ғайримуқаррарии саломатӣ ва иллатњои бо онҳо вобаста, бо мақсади табобат ё маҳдуд намудани сатҳи таъсири онњо равона шудааст. Ёрии тиббӣ метавонад дар сатњњои якум, дуюм ва сеюми системаи тандурустї тадбиқ карда шавад.
Тавонбахшӣ Тавонбахшӣ – ин маљмўи чорабинињое, мебошад, ки ба одамони дорои маълулият имконият медињад, то ба сатњи мувофиқ амал намудан дар муњити худ расанд ва ин сатњро нигоњ доранд; ин ҳам нисбати шахсони дорои маълулияти баъд пайдошуда, ҳам онҳое, ки маълулияти модарзодӣ доранд дуруст аст. Хизматрасонињои тавонбахшӣ аз тарзҳои хеле оддӣ сар карда, то тавонбахшии махсусгардонидашударо фаро гирифта онро дар мавзеъњои гуногун, масалан дар беморхона, манзили зист ё сатҳи љамоатњо пешнињод мегарданд. Аксар ваќт, тавонбахшӣ бо ташаббуси соњаи тандурустї гузаронида мешавад, вале њамкории байни соњањои гуногунро талаб мекунад.
Воситаҳои ёрирасон Тақҳизот ё дастгоње, ки барои расонидани ёрӣ ба шахс дар иљрои ягон фаъолият сохта, ё мутобиқ карда шудаанд - воситаҳои ёрирасон номида мешаванд. Аксари одамони дорои маълулият аз як ё якчанд воситаҳои ёрирасон истифода мебаранд. Баъзе намудњои васеъ пањншудаи чунин дастгоњњо воситањои њаракат мебошанд, масалан (асобағал, курсї, аробачањо), узви сунъї - протезњо (масалан, пойњои сунъї), ортезњо (масалан, тахтачаи шикастабандӣ барои мустањкам намудани даст), воситањо барои одамони сатҳи биноияшон паст (масалан, айнак ё асои сафед) ё сатҳи шунавоияшон паст (воситаҳои шунавої). Барои мутмаин будан, ки воситаҳои ёрирасон самаранок истифода шуда истодаанд, қисмати асосии раванди тақсимоти воситаҳои ёридиҳанда, аз омӯзиш барои истифодабаранда, таъмир ва ивазкунии қисмҳои он, инчунин мутобиќкунии онҳо ба муњити атроф, ки асосан дар хона ё љамоат гузаронида мешаванд, иборат аст.
МУҚАДДИМА
9
Пурќувватгардонии саломатї Муќаддима Изҳорот оид ба тарғиби пурқувватгардонии саломатӣ, ки соли 1986 дар шаҳри Оттава қабул шудааст, пурќувват намудани саломатиро њамчун раванди таъсир расонидан ба саломатии худ ва бењтар намудани он, тавсиф менамояд (16). Пурќувват намудани саломатї диќќати асосиро ба он омилњои муайянкунандае љалб менамояд, ки дигаргун шудани онњо имконпазир аст, ба монанди рафтори фардии бо саломатї вобаста ва тарзи њаёт; даромад ва вазъи иљтимої; таъмин будан бо ҷои кор ва шароити мењнат, таҳсилот, дастрасї ба хизматрасонињои муносиби тандурустї ва муњити атроф(17). Пурќувват намудани саломатї истифодаи дорую технологияњои мураккабу гаронарзишро талаб наменамояд; ба љои ин, чорањои иљтимоии дахолат истифода мешаванд, ки онњо дар сатњи ибтидоии худ танҳо истифодаи ваќт ва ќувваро металабанд (18), масалан иштирок намудан дар чорабинињои тарѓиботии санитарию бењдоштї. Иќтидори саломатии одамони дорои маълулият, аксар ваќт ба њисоб гирифта намешавад, дар натиља, онњо аз чорабиниҳои ба пурќувватгардонии саломатї бахшида берун мемонанд. Қисмати мазкур ба муњимияти тарғиби пурќувват гардонии саломатї барои одамони дорои маълулият бахшида мешавад. Дар он тавсияњо ба барномањои ТСҶ оид ба раҳнамоии раванди дастрасии одамони дорои маълулят ба чорабинињои тарғиботии ба пурќувватгардонии саломатї бахшидашуда ва татбиқи фаъолиятҳои умумӣ дар ҳолатҳои зарурӣ, пешнињод карда мешаванд. Дар хотир доштан зарур, ки тарғиби пурќувватгардонии саломатї ба тағйир додани як қатор нишондиҳандаҳои саломатӣ равона шудааст, бинобар ин ба он на танҳо соҳаи тандурустӣ, балки соҳаҳои зиёди дигар низ ҷалб мешаванд.
ПУРЌУВВАТГАРДОНИИ САЛОМАТЇ
11
ЗАМИМАИ 4
Кения
Бартараф намудани табъиз ва хурофот Дар баъзе маданиятњои африќої албинизмро (норасоии пигментатсияи муқаррарӣ дар одам, ранги мӯй, пардаи чашм ва ғайра) њамчун натиљаи “алоќаи љинсӣ”-и модар бо рӯҳи ҳаром дар давраи њомиладорї, маънидод менамоянд. Соњиби кўдаки дорои аломатњои албинизм будан, бадахлоќӣ њисоб шуда, дар љамоат бошад, чунин кўдак ва аъзоёни оилааш ба табъиз ва тамғагузорӣ (стигматизатсия) гирифтор мешаванд. Кўдакони гирифтори бемории албинизмро пинњон мекунанд, њуќуќњои асосии онњо бошад, аз љумла њуќуќ ба саломатї поймол карда мешавад. Дар Маркази бемориҳои чашми (офталмологии) минтаќаи Квалеи Кения, барномаи ТСҶ татбиќ мешавад, ки маќсади он аз паст гардонидани сатҳи табъиз ва тағмагузории (стигматизатсияи) кўдакони гирифтори бемории албинизм дар хона, мактаб ва љамоат мебошад. Барои таъмин намудани сатњи баландтари саломатї ба ин кўдакон, барномаи ТСҶ як ќатор чорабинињо ва амалњоро оид ба пурќувватгардонии саломатї истифода мебарад, аз љумла: баланд бардоштани сатњи дониши аъзоён ва фаъолони љамоатњо, кумитањои дењот оид ба масъалањои саломатї, омўзгорони мактабњо ва гурўњњои занон бо маќсади тағйир додани одатњои рафтор ва муносибат нисбати одамони гирифтори бемории албинизм; баланд бадоштани сатҳи маърифатнокии волидон, то ки онњо саломатии фарзандонашонро ҳифз ва пурқувват карда тавонанд; масалан, бо сабаби баланд будани хавфи зарар аз нурњои офтоб барои одамони гирифтори бемории албинизм Маркази бемориҳои чашм ба онҳо омӯзиш мегузаронад, ки марњамҳои аз нури офтоб ҳифзкунанда, истифода намуда, ба чунин кӯдакон куртаи остиндароз ва шим пӯшонанд; бо мењмонхонањои мањаллї њамкорї намудан, то онҳо аз меҳмонон хоҳиш намоянд, ки пеш аз баргаштан марҳам ва либоси аз нурҳои офтоб муҳофизаткунандаашонро барои тақсим намудан ба мўњтољон ба меҳмонхона супорида раванд; гузаронидани ташхисњои офталмологї бо маќсади дарёфт намудани иллатњои биної, ки дар байни ањолии гирифтори бемории албинизм пањн гаштааст ва њангоми зарурат айнак ё дигар воситањои ислоҳу муҳофизатиро пешнињод намудан. Муваффаќияти барномаи ТСЉ натиҷаи њамкории зич, ки байни Маркази бемориҳои чашм ва соњањои тандурустию маориф барпо шудааст, мебошад. Имрўзҳо кўдакони гирифтори албинизм ба мактабњои миёнаи умумї ҷалб шудаанд.
12
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Мақсад Иќтидору имкониятҳои саломатии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо эътироф гардида, ва онњо барои бењтар намудан ё нигоњ доштани сатњи мављудаи саломаташон пурқувват ва тарғиб карда мешаванд.
Наќши ТСҶ Наќши ТСҶ аз муайян намудани чорабинињо оид ба тарғиби пурқувватгардонии саломатї дар сатњњои мањаллї, минтаќавї ва миллї, инчунин кор бо тарафњои њавасманд (масалан, вазорати тандурустї ва њокимияти иљроияи мањаллї) бо маќсади таъмин намудани дастрасї ба хизматрасонињои тиббї ва фарогирии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онњо, иборат аст. Наќши дигари ТСҶ аз он иборат аст, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо аз муҳимияти нигоњдории сатњи хуби саломатї огоҳанд ва дар чорабинињои тарғибӣ оид ба пурќувватггардонии саломатӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Натиљањои чашмдошт
Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо оид ба пурќувватгардонии сатҳи саломатиашон њамон маводу иттилоотро, ки ба дигар аъзоёни љамоатњо пешкаш мешавад, низ дастрас менамоянд. Маводи тарғибӣ ва барномањо оид ба пурќувватгардонии саломатї бо назардошти талаботњои махсуси одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо тањия ё мутобиќ карда шудааст. Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо дониш, малака ва дастгирии заруриро, ки ба онҳо барои ноил шудан ба сатњи болотарини саломатї ёрӣ мерасонад, доранд. Кормандони соҳаи тандурустї сатҳи огоҳии худро оид ба талаботњои умумї ва махсуси одамони дорои маълулият бењтар кардаанд ва бо воситаи ташкили чорабиниҳои махсус оид ба пурќувватгардонии саломатї онњоро ќонеъ мегардонанд. Бо мақсади таъмини иштироки одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои ба пурќувватгардонии саломатї бахшидашуда, ҷамоат муњити мусоиди кӯмаккунандаро фароњам овардааст. Барномањои ТСҶ муҳиммияти саломатии хубро қадр менамоянд, бинобар ин чорабинињои тарғибии солимгардониро дар љойи кор барои кормандони худ ташкил менамоянд.
ПУРЌУВВАТГАРДОНИИ САЛОМАТЇ
13
Мафњумњои асосї Тарғиби пурќувватгардонии сатҳи саломатии одамони дорои маълулият Тарғиби пурќувватгардонии сатҳи саломатӣ аксар ваќт њамчун стратегияи пешгирӣ намудани њолатњои патологї дида мешавад; он на ҳама вақт ба одамони дорои маълулият алоқаманд карда мешавад, чунки маълулият њамчун натиљаи даст кашидан аз пурќувватгардонии саломатї ба њисоб меравад (79). Масалан инсоне, ки аз фалаҷи пойҳо ва қисмати поёнии бадан пас аз дучор шудан ба ба садамаи њарромаѓз азият мекашад, метавонад њамчун номзади мувофиќ барои пурќувват намудани саломатї ќабул карда нашавад, чунки саломатии вай аллакай дар натиљаи садама осеб дидааст. Аксари одамони дорои маълулият назар ба дигар одамон ва ҳатто гуфтан мумкин аст, аз онҳо бештар ба пурќувватгардонии саломатї мўњтољ мебошанд (3). Одамони дорои маълулият баробари одамони дигар, зери хавфи пайдо шудани мушкилот бо саломатӣ қарор доранд, вале онҳо метавонанд ба дигар мушкилоти саломатӣ бо сабаби ҳассосии вазъияташон дучор шаванд (он мумкин аст бо маълулият вобаста бошад ё вобаста набошад) (20). Дар бисёр њолатњо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо оид ба чорабинињои пурќувватгардонии саломатї ё нигоњдории он хеле кам иттилоот доранд.
Монеањо дар роњи пурќувватгардонии саломатї Одамони дорои маълулият назар ба қисмати умумии ањолї аксар ваќт бо сатњи пасти хизматрасонињои тиббї фаро гирифта мешаванд. Онҳо, махсусан њангоми бо мақсади бењтар намудани њолати саломатиашон ба табибон муроҷиат намудан, ба монеъаҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд (ниг. ба ќисми дар боло овардашудаи «Монеањо дар дастрас намудани хизматрасонињои тиббӣ барои одамони дорои маълулият»). Ёфтани роҳҳои бартараф намудани ин монеањо, иштироки одамони дорои маълулиятро дар чорабиниҳои ба тарғиби солимгардонї бахшидашуда осон мегардонад.
Пурќувватгардонии саломатии аъзоёни оила Ќисми зиёди одамони дорои маълулият ба дастгирии атрофиён, махсусан аъзоёни оилањои худ мўњтољ мебошанд. Аъзоёни оила ҳангоми нигоњубини маълулон, мумкин аст ба мушкилоте, ки ба маълулияти онҳо вобаста аст дучор шаванд, аз он љумла пайдо шудани иллатњои бадан ва ҳиссї, ки ба таниши асаб вобастаанд; паст шудани ќобилият барои ѓамхорї нисбати дигар кўдакон; кам шудани ваќт ва ќувва барои кор; паст шудани имконият барои фаъолияти иҷтимоӣ ва роҳ надодан ба тамғагузорӣ (21) Пурқувватгардонии сатҳи саломатии аъзоёни оила вазифаи хеле муњим аст (ниг. ба ќисми «Масъалањои иљтимої», боби «Ёрии фардї»).
Чорабинињо оид ба пурќувватгардонии саломатї Изҳороти (хартияи) Оттавї 5 доираи фаъолиятро људо менамояд, ки онњоро барои таҳия ва тадбиқи стратегияњои пурќувватгардонии саломатї истифода бурдан мумкин аст (16): 1.Таҳияи сиёсати давлатї, ки манфиатњои саломатиро ба назар мегирад Тањия намудани њуљљатњои њуќуќии меъёрї, ки таъминоти мол, хизматрасониҳои бехатар ва ба солимӣ мусоидаткунанда, хизматрасониҳои солимӣ дар сатҳи ҷамоат, инчунин муҳити тозаю хурсандкунандаи зистро дар назар дошта бошад.
14
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
2.Ташкили муњити барои саломатї мусоид Тағйиротҳо ворид сохтан ба муњити корӣ ва иљтимої бо мақсади таъмини шароитњои њаётї ва мењнатии бехатар, њавасмандкунанда, ва ќаноатмандкунанда. 3.Дастгирии амалњо дар сатњи љамоатњо Муносибатҳоеро дар сатҳи ҷамоат бо мақсади ҳалли мушкилоти ба саломатӣ вобаста интихоб намоед, ки қисматҳои мустањками экологї, иљтимоию иќтисодї ва сиёсї доранд. Пурқувватгардонии ҷамоатҳо бо мақсади муайян намудани масъалаҳои аввалиндараҷа, қабули қарорҳо, банақшагирӣ ва тадбиқи стратегияњои ноил шудан ба сатњи нисбатан баландтари саломатї. 4.Рушди малакањои фардӣ Рушди малакањои ањолї ба воситаи таъмин намудан ба иттилоот ва маърифатнокии санитарї бо мақсади таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии худ ва муњити зист, инчунин интихоби беҳтар бо мақсади ноил шудан ба сатҳи нисбатан баландтари саломатӣ. 5.Таѓйири самти хизматрасонињои тандурустї Соњаи тандурустї бояд њар чї зиёдтар ба ташвиқи пурќувватгардонии саломатї тамоюл намуда ва аз доираи хизматрасонињои тиббию ташхисии анъанавї, берун барояд. Стратегияњои пурќувватгардонии саломатї дар чунин самтҳо истифода бурда мешаванд, ба монанди: гурўњњои ањолї, масалан кўдакон, наврасон, пиронсолон; омилњои хавф, масалан, тамокукашї, тарзи камњаракати њаёт, ѓизои номувофиқ, алоқаи ҷинсии хатарнок; маќсадњои афзалиятнок дар соњаи саломатї ё мубориза бо беморињо, масалан мубориза зидди бемории қанд (диабет, ВНМО/БНММ, беморињои дилу рагњо, бењдошти ковокии дањон); муҳити атроф: масалан, марказњои љамоатї, клиникањо, беморхонањо, мактабњо, љойњои корї. Одамон иќтидори бузурги таъсир расонданро ба натиљањои чашмдошти њифзи саломатӣ доранд ва муносибатҳои иштироки якҷоя, дар ташвиқи саломатӣ хеле муҳиманд, зеро онҳо ба одамон имконият медињанд, ки дар соњаи пурзўргардонии саломатї, омилњоеро, ки ба саломатиашон таъсир мебахшанд, пурратар назорат намоянд. Масъалањои саломатї бояд нафаќат бо роњи расонидани ёрӣ ба ањолї, балки бо роњи якҷоя фаъолият намудан бо онњо њал карда шаванд.
Чорабинињои тавсияшаванда Чорабинињои ба ташвиқи пурқувватгардонии соњаи саломатї бахшида аз мушкилию афзалиятњои мањаллї вобастагии калон доранд, бинобар ин, чорабинињои дар ин љо пешнињод шуда, хусусияти тавсиявї доранд. Кормандони барномањои ТСҶ бояд дар бораи ҷамоатҳое, ки бо онҳо фаъолият мекунанд фаҳмиши кифоя дошта бошанд, инро бошад танҳо ба воситаи барқарор намудани алоқа бо аҳолии ҷамоатҳо ва гурўњњое, ки аллакай бо онҳо оид ба баланд бардоштани назорати омилњои ба саломатӣ таъсиркунанда, кор бурда истодаанд ноил шудан мумкин аст. ПУРЌУВВАТГАРДОНИИ САЛОМАТЇ
15
Дастгирии чорабиниҳо оид ба пурқувватгардонии сатҳи саломатї Чорабиниҳо оид ба пурқувватгардонии саломатї метавонанд ба саломатии шахсони алоҳида, љамоатњо ва дигар гурўњњои ањолї таъсири мусбї расонанд онњо иттилоот пешниҳод мекунанд, тарғиб мекунанд ва барои тағйир додани рафтор њавасманд мекунанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бо мақсади бењтаршавии сатҳи саломатии одамони дорои маълулият бо тарзњои зерин ташвиқ ва мусоидат намоянд:
муайян кардани чорабиниҳо оид ба пурқувватгардонии саломатї, ки то имрӯз дар сатњи љамоат, минтаќа ё дар сатњи миллї амалї шуда истодаанд ва мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият аллакай ба назар гирифта ба чорабиниҳои мазкур ҷалб шудаанд; фаъолона дар чорабиниҳои ба ташвиқу пурқувватгардонии саломатӣ ва дигар чорабиниҳои монанд, ки бо мақсади баланд бардоштани ањамияти љамъиятии мушкилоти одамони дорои маълулият ва сатҳи огоҳии одамон оид ба масъалаҳои маълулият иштирок менамоянд; дар доираи чорабиниҳои ба пурқувватгардонии саломатї бахшидашуда, тарѓиб намудани наќши мусбии одамони дорои маълулият, масалан ба воситаи ҷойгир намудани расми онҳо дар овезаю лавњањои иттилоотї, то чунин иттилоот ба њамаи ањолї дастрас гардад; мутмаин будан, ки дар чорабиниҳои мавҷуда оид ба пурқувватгардонии саломатї, иттилоот барои одамони дорои маълулият дар шакли дастрас истифода бурда шавад, масалан, эълонњо оид ба хизматрасониҳои љамоатї барои одамони дорои иллати шунавої дошта мутобиќ бошанд, навиштаҳо зери расмҳо, истифодаи забони имову ишора ва ғайра; муайян намудани захирањои мављудаи худи љамоат (масалан, баромадкунандагон, рўзномаю радио ва телевизион) ва ташвиқ намудани онҳо барои васеътар инъикос намудани масъалањои ба саломатии одамони дорои маълулият вобаста; бо кафолати он, ки њангоми тавзењи њар гуна маълумот, њуќуќњо ва шаъни одамони дорои маълулият эҳтиром карда шаванд, зеро ин хеле муњим аст; дастгирии таҳия ва гузаронидани чорабиниҳои ташвиқу пурқувватгардонии сатҳи саломатӣ бо маќсади њалли мушкилоти ба маълулият вобаста, ки ҳанӯз ба дигар чорабиниҳо ворид карда нашудаанд.
Такмилу мустаҳкамгардонии дониш ва малакањои шахсї Иттилоот ва маърифатнокї дар соњаи саломатї ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо имконияти ташаккули дониш ва малакањои њаётиро, ки барои дастгирї ва пурқувватгардонии саломатиашон зарур аст, медињад. Дар омӯзишҳои махсус ташкил карда шуда, онњо метавонанд оид ба омилњои хатарноки беморињо, ќоидањои бењдошт, рељаи ѓизои солим, зарурати фаъолнокии љисмонї ва дигар омилњои муњофизатї шинос шаванд (дар вохӯриҳои алоҳида ё дар гурўњњои хурд). Кормандони барномањои ТСҶ метавонанд: ба хонаи одамони дорои маълулият ва оилањои онњо ташриф оварда, оид ба рушди тарзи њаёти солим бо онњо сўњбатњо гузаронанд ва маслињатњои амалї дињанд; маводи ба тарѓиби пурқувватгардонии саломатӣ бахшидашуда (масалан, вараќаю брошюрањо) љамъ оварда ба одамони дорои маълулият ва оилањои онњо тақсим намоянд; маводи ба тарѓиби пурқувватгардонии саломатӣ бахшида шударо бо маќсади дастрас намудани онњо ба одамони дорои маълулият ва оилањои онњо тањия ва мутобиќ намоянд; масалан, барои одамони гирифтори иллати аќлонї маводи бо забони содда навишта шуда бо расму тасвирњои мувофиқ лозим аст;
16
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ба одамони дорои маълулият ва оилањои онњо иттилоотро оид ба барномањои мањаллї ва хизматрасонињои пурқувватгардонии саломатї, бо мақсади азхудкунии донишу малакањои нав, ки барои солим нигоҳ доштани худ ёрӣ медиҳад, пешниҳод намоянд; дар ҳолатҳои зарурӣ омўзишҳои махсусро барои он одамони дорои маълулият, ки талаботу эҳтиёҷоти онҳо аз тарафи барномаҳои ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ равонашуда ќаноатманд нашудаанд, ташкил намоянд; усулу маводи гуногунро барои дастгирии раванди омўзиш таъмин намоянд, ки ба бозомӯзӣ ва азхудкунии донишҳои пешниҳодшуда ёрӣ мерасонад, масалан истифодаи намоиши саҳначаҳо, нақшбозї, муњокима, наќлњо, машќњо бо мақсади ҳалли мушкилињо ва ғайра; ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онҳо барои боҷуръат ва нисбати худ эътимоду дилпурии бештар пайдо намудан ёрӣ расонанд, то онњо дар њузури кормандони тиб худро озод њис намуда, саволњо дињанд ва оид ба масъалаҳои саломатии худ қарорҳо қабул намоянд; дар њамкорї бо соњаи тандурустї ба шахсони алоҳида, ки дорои маълулиятанд бо мақсади тайёр намудани тарғиботчиёни пурқувватгардонии саломатӣ омӯзишҳо гузаронанд.
Муттањид намудани одамон ба гурўњњои худёрирасон Гурўњњои худёрирасон ба одамон имконият медињанд, ки якљоя дар гурӯҳҳои хурд љамъ омада, аз таљрибаи фаъолият ва њар гуна вазъияту мушкилӣ бо якдигар муњокима намоянд (ниг. ба ќисми «Васеъ намудани њуќуќу салоҳиятҳо», боби «Гурўњњои худёрирасон»). Барои аксарият имконияти дастгирї ва маслињатҳои амалӣ аз тарафи одамоне, ки мушкилии монанд доранд, назар ба имконияти гирифтани машварат аз корманди тиб, хеле манфиатноктар аст. (22). Номи гурўњњои худёрирасон дар ин қисмати Дастур зиёд зикр карда мешаванд, зеро онҳо метавонанд ба пурқувватгардонии саломатии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо таъсир бахшанд. Барномањои ТСҶ метавонанд: байни одамони дорои маълулият ва оилањои онњо дар барќарор намудани алоќа бо гурўњњои худёрирасон, ки аллакай дар љамоаташон мављуданд, масалан бо мақсади таъмин намудани талаботи мушаххаси онҳо дар соњаи саломатї бо гурўњњои одамоне, ки масалан, осебњои њароммаѓз доранд, беморони гирифтори љузом, ё одамоне, ки бо сирояти ВНМО/БНММ зиндагї менамоянд ё волидайни кўдаконе, ки бемории фалаљи майнаи сар доранд, ёрӣ расонанд; одамонеро, ки маълулияти монанд доранд, як ҷой ҷамъ оварда, барои гурўњњои нави худёрирасон ташкил намудан рӯҳбаланд намоянд, махсусан дар он мавзеъҳое, ки чунин гурӯҳҳо ҳанӯз ташкил нашудаанд. Дар деҳаҳои хурд ташкил намудани чунин гурӯҳҳо шояд мушкилтар бошад, бинобар ин роҳбаладии инфиродӣ (як ба як), аз тарафи ҳамсолон бамаврид мебошад; гурўњњои худёрирасонро барои бо дигар гурўњњо фаъолона њамкорї ва иштирок намудан дар чорабиниҳои пурқувватгардонии саломатї дар љамоатњои худ рӯҳбаланд намоянд, масалан, тавассути ташкил намудани «лагерњои саломатї» ва ташкили маъракањои мутобиќ ба Рўзи умумиљањонии саломатї, Рўзи умумиљањонии саломатии рўњї ва Рўзи байналмилалии одамони дорои маълулият.
ПУРЌУВВАТГАРДОНИИ САЛОМАТЇ
17
ЗАМИМАИ 5
Коломбия
Нигоҳдории (идоракунии) сатҳи саломатї дар гурўњњои худёрирасон Дар шањри Педеквестаи Коломбия бо дастгирии барномаи ТСҶ одамони гирифтори осебњои њароммаѓз гурўњи худёрирасонро ташкил намуданд. Онњо њис менамуданд, ки ба онҳо дар беморхонањои тањти назорат қарор доштаашон, оид ба худёрирасонӣ, пешгирии ярашавї ва пешобкунї инчунин дигар мушкилињо иттилооти номувофиқ медиҳанд. Аъзоёни ботаҷрибаи гурӯҳҳо нисбати аъзоёни нав, ки ба наздикӣ осеби њароммаѓз гирифтаанд, муносибати хуб намуда, ба онҳо барои ташаккули роҳҳои паст кардани азобашон ва чӣ тавр истифода бурдани қобилиятҳои кам осебдида ва воситаҳои ёрирасон маслиҳатҳои амалӣ медоданд.Барномаи ТСҶ вохӯрии якҷояи аъзоёни гурӯх ва мутахассисони беморхонаро бо истифодаи усулҳои фаъоли муошират ташкил намуданд ва онҳо имконият доштанд аз мутахассисон саволҳои барояшон муҳимро пурсанд ва барои бартараф кардани гумонҳояшон муҳокимаронӣ намоянд.
Омўзиш барои онҳое, ки ба хизматрасониҳои тиббӣ машғуланд Кормандони соҳаи тиб манбаи бовариноки иттилоот оид ба саломатї буда ва иќтидори таъсири мусбї расонданро ба саломатии дигарон доранд. Барномањои ТСҶ бояд бо кормандони тиб њамкорї намуда, мутмаин бошанд, ки онҳо дар бораи масъалаҳои маълулият дониши мувофиқу кофӣ доранд ва одамони дорои маълулият ба њамаи чорабиниҳо оид ба ташвиқи пурқувватгардонии саломатӣ фаро гирифта шудаанд. Тавсия дода мешавад, ки барномаҳои саломатӣ: ҷалб намудани диққати кормандони соҳаи тиб (масалан, кормандони ёриии аввалияи тиббиро) ба масъалаи маълулият ва ошно намудани онҳо ба мушкилиҳое, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ба роҳ монанд; ба кормандони соҳаи тиб муҳимияти боэҳтиромона ва бе роҳ додан ба поймолкунии ҳуқуқ муошират намуданро бо одамони дорои маълулия таъкид намуда, ба воситаи намоиш додан дар амал, раванди азхудкунии онро мустаҳкам намоянд. ба кормандони соҳаи тиб намоиш диҳанд, ки чӣ тавр онҳо метавонанд тарзҳои дахолатро каме мутобиқ намоянд, то ин ки иттилоот ва ақидаҳои пешниҳод намудаи онҳо аз тарафи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дуруст қабул карда шавад. Кормандони соҳаи тибро барои васеъ истифода намудани воситаҳои техникӣ ва афкори умум (ВАО) ҳангоми банақшагирӣ ва таҳияи барномаҳои иттилоотӣ, ва барномаҳои ба соҳаи тандурустӣ бахшида, ки ба одамони дорои маълулият нигаронида шудаанд, рӯҳбаланд намоянд.
18
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ЗАМИМАИ 6
Африка
Омӯзиш барои тренерон Барномањои ТСҶ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият якҷоя фаъолият намуда, бо мақсади ба одамони нобино ё қобилияти биноияшон паст оид ба сирояти ВНМО/БНММ иттилоот додан, инчунин пешниҳоди иттилоот оид ба талаботу эҳтиёҷоти махсуси ин гурўњи ањолї ба кормандони соҳаи тандурустӣ метавонанд мавод ва усулҳои омӯзишии мувофиқро таҳия намоянд. Масалан, иттифоќи одамони нобинои Африка дастури омўзиширо барои «омўзонидани тренерон» оид ба масъалаҳои сирояти ВНМО/БНММ тањия намудааст, ки он роҳнамоии раванди фарогирӣ ва иштироки нобиноён ё шахсони сатҳи биноияшон пастро дар барномањои омўзишї оид ба ВНМО/БНММ осон менамояд.
Ташкил намудани муњити кӯмаккунанда ва мувофиќ Барномаҳои ТСҶ метавонанд дар якҷоягӣ бо марказҳои саломатӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, беморхонаҳо, мактабҳо, мавзеҳои корӣ ва муассисаҳои дилхушию фароғатӣ ва бо дигар тарафҳои асосии шавқманд, бо мақсади барпо намудани муҳити кӯмаккунандаи табиӣ (ранг, бӯй, мусиқии форам) ва иҷтимоӣ барои одамони дорои маълулият фаъолият намоянд. Инчунин, барои тайёр ва муваффақ шудан ба сатҳи мувофиқи саломатӣ татбиқи амалиётҳои зерин низ заруранд:
Мутмаин будан, ки муҳити мавҷуда барои бурдани тарзи ҳаёти солим мувофиқ ва барномаҳои махсус ва хизматрасониҳои ба ташвиқи пурқуввтгардонии саломатӣ бахшидашуда фарогир буда, ба одамони дорои маъюбият дастрасанд; Барпо намудани ҳамкориҳо байни хадамоти шаҳрӣ, иҷтимоӣ ва соҳаи тандурустӣ ва одамони дорои маълулият бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба муҳит ва сохти меъморӣ (роҳравҳои барои аробачаҳо мутобиқкардашуда ва ғайра). Фароҳам овардани имконият, то ин ки одамони дорои маълулият тавонанд дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ иштирок намоянд, масалан ба онҳое, ки ба воситаи аробача ҳаракат мекунанд, бозии футболро бо тими бо аробача ҳаракат мекардагиҳо дар майдончаи варзишии маҳаллашон ташкил намоянд (нигаред ба Кисмати иҷтимоӣ: Истироҳату фароғат ва варзиш). таъмини нақлиёти ҷамъиятии дастрас ва бехатар, зеро мушкилот бо нақлиёт барои одамони дорои маълулият сабабгори рӯ ба рӯ шудан ба канораҷӯӣ (гӯшанишинӣ), танҳоӣ ва берун мондан аз ҷамоат мегардад. Ба воситаи ташкил намудани омӯзишу чорабиниҳои маърифатӣ, барҳам задани нофаҳмиҳо, муносибати манфӣ ва тағмагузорӣ, ки дар дохили худи соҳаи тандурустӣ ва ҷамоат нисбати одамони дорои маълӯлият ва аъзоёни оилаи онҳо мавҷуд аст; Ташкили чорабиниҳои маданӣ маърифатӣ бо мақсади барҳам додани мушкилоти саломатӣ дар дохили ҷамоат ба воситаи рақсу бозӣ, саҳначаҳо, сурудхонӣ, намоиши филмҳо ва намоишҳои театри лӯхтак.
ПУРЌУВВАТГАРДОНИИ САЛОМАТЇ
19
ЗАМИМАИ 7
Миср
Тарғиби тарзи хаёти солим Барномаи ТСҶ, ки дар шаҳри Александрияи Миср ҷойгир аст, њамасола лагери тобистона ташкил менамояд, ки ба он кўдакони дорои маълулият, аъзоёни оилањои онњо ва ихтиёриёни љамоатӣ ба истироњати гурўњї ҷамъ меоянд. Мақсади асосӣ аз истироҳати бофароғат, бењтар намудани сатҳи саломатї, бозињо ва гузаронидани якљояи ваќт ба сифати оилаи калон ё гурўњи дўстон, иборат аст. Барномаи ТСҶ инчунин, бо кумитаи маҳаллии Параолимпї, ташкилоти волидон ва ташкилоти одамони дорои маълулият ҳамкорӣ намуда, ҳар сол дар майдони варзишии шањрї, мусобиқаҳои ба пурқувватгардонии саломатӣ бахшидаро мегузаронанд.
Чӣ тавр ташкилоте шудан лозим, ки саломатиро тарѓиб намояд Пурқувватгардонии саломатї дар љойи кор дорои иќтидори беҳгардонии сатҳи маънавиёт ва малакањои кории кормандон, баланд бардоштани њосилнокии мењнат ва дар натиља бењтар намудани њолати саломатї, мебошад. Ташкилотњое, ки барномањои ТСҶ-ро татбиќ менамоянд, бояд ба пурқувватгардонии саломатии коргарон диќќати махсус диҳанд, аз љумла: ташкили омўзиш ва пешниҳоди иттилоот ба њамаи кормандон, новобаста аз он ки дар кадом вазифа фаъолият мекунанд, оид ба роҳҳои пурқувватгардонӣ ва нигоњдории саломатӣ; таъмин намудани муњити бехатар ва солим, масалан бо роњи даст кашидан аз тамокукашї, пешнињоди ѓизои солим, системањои обтаъминкунї ва коррезии бехатар, давомнокии қобили қабули ваќти корї, воситањои бехатари наќлиёт ва ғайра; дар доираи ташкилот ташаккули сиёсат ва амалиёте, ки ба пурқувватгардонии саломатї, масалан зидди табъиз, хурофот ва тамғагузорӣ (стигматизатсия), азиятдиҳӣ, инчунин зидди тамокукашї, истеъмоли машрубот ва нашъа, равона карда шудааст; кормандонро барои намунаи ибрат будан дар љамоатњои худ, ва умуман дар ҷамъият рӯҳбаланд намудан ба воситаи аз худ кардани меъёрњои тарзи њаёти солим.
20
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Пешгирї Муќаддима Љанбаи асосии пешгирї – ин пешгирии пайдошавии њолатњои патологї (ғайримуқаррарӣ) мебошад (пешгирии аввалия). Аммо, пешгирї њамчунин, ташхиси барваќт ва табобати бемориро бо маќсади ќатъ намудани рушди њолати патологї (пешгирии дуюмдараља) ва табобати бемор бо маќсади паст намудани оќибатњои њолати ғайримуқаррарии мављуда (пешгирии сеюмдараља)-ро дар бар мегирад. Дар дастури мазкур, диќќати асосї ба пешгирии аввалия дода мешавад. Пешгирии аввалия инњоро дар бар мегирад: кӯмаки аввалияи тиббию санитарї (КАТС); нигоњубини то давраи таваллуд ва баъди таваллуд; таълими ѓизодињии солим; маъракањои эмкунї зидди беморињои сироятї; чорабинињои назоратии беморињои эндемикї (бемориҳое, ки дар байни ягон гурӯҳи муайяни одамон ё мавзеи муайян вомехӯрад); татбиќи ќоидањои бехатарї; барномањои пешгирии њолатњои фавќулодда дар шароитњои гуногун, аз љумла, бо маќсади пешгирии осеббинии истењсолї ва беморињои касбї - мутобиќкунии љойњои корї; инчунин пешгирии маълулият, ки бо ифлос шудани муњити зист ё низои њарбї вобаста аст (23) . Аз рўи хулосаи арзёбиҳо маълум аст, ки дар натиљаи баланд шудани сифати фаъолияти пешгирии аввалия ва ташвиқи пурқувватгардонии саломатї, бори гарони беморињоро дар саросари дунё то 70% паст намудан мумкин аст (10). Ҳатто дар чунин ҳолат, аксар ваќт чунин њисоб карда мешавад, ки пешгирї (яъне, чорабинињои ба пурқувватгардонии саломатї равона шуда), дар идоракунии сатҳи саломатии одамони дорои маълулият нақшу таъсири ночиз мебахшад. Хизматарсонињои тиббию санитарї барои одамони дорои маълулият, одатан ба ёрии махсус гардонидашудаи тиббї ва тавонбахшӣ асос меёбад. Аммо, тавре дар боло зикр намудем, одамони дорои маълулият зери хавфи пайдо шудани дигар њолатњои ғайримуқаррарӣ ва инчунин, хавфи оризањои дубора, ки натиљаи њолатњои ғайримуқаррарии (патологии) аввалия мебошанд, қарор доранд (24). Чун ташвиқи пуқувватгардонии саломатӣ, пешгирї низ ҷалби соҳаҳои гуногунро дар назар дорад. Дар доираи соњаи тандурустї наќши асосиро ёрии аввалияи тиббию санитарї мебозад ва азбаски барномањои ТСҶ ба ёрии аввалияи тиббию санитарї алоқаи зич доранд, метавонанд дар ташвиқ ва дастгирии чорабиниҳои ба пешгирии бемориҳои одамони дорои маълулият бахшидашуда наќши муњим бозанд.
ПЕШГИРӢ
21
ЗАМИМАИ 8 Зиндагии арзанда
Ҳиндустон
Дар Чамараљнагар, яке аз ноњияњои камбизоаттарини Карнатакаи Ҳиндустон, сифтаи зиндагї хеле паст аст, махсусан барои одамони дорои маълулият. Вақте, ки Созмони ғайридавлатии Мобилити Индия бо дастгирии ташкилоти Маълулият ва ҳамкорӣ оид ба рушди БК (Британияи Кабир) барномаи ТСҶ татбиқ мекарданд маълум шуд, ки аксари аъзоёни љамоат ба системањои асосии коррезї дастрасї надоранд. Ќисми зиёди ањолї маљбур буданд, ки дуртар ба сањро рафта, амали табиии талаботашонро ба љо оранд. Барои одамони дорои маълулият, хусусан занњои дорои маълулият хеле мушкил буд. Њукумати Њиндустон ба оилањо барои сохтмони њољатхонањо маблағ људо намуд, ташкилоти МҲ бошад, дар Чамараљнагар сохтани њољатхонањои ба одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо дастрас оғоз намуд. Дар ин лоињаи нав шабакаи алоќањои байниљамоатии вуљуддошта ва гурўњњои худёририрасонро (ГХЁ) истифода бурда, ташкилоти МҲ бо маќсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ањолї оид ба бењдошт ва он наќше, ки таъминоту обу ҳочатхонаҳо дар пешгирии мушкилоти саломатї мебозад, намоишњои кўчагии театрї ва сураткашӣ дар деворњоро ташкил намуд. Ҳамин, ки одамон ба масъала шавқмандию рӯҳбаландӣ зоњир намуданд, ташкилоти MҲ тасмим гирифт, ки бо маќсади бењтар намудани дастрасї ба системаи тозагии санитарӣ бо онњо кор кунад. Маблаѓи умумии сохтмони як њољатхона мутобиќи ташхису арзёбӣ тақрибан ба 150 доллари амрикої баробар буд. Ба он нигоњ накарда, ки Њукумати Њиндустон ба њар як оила маблағи ройгон пешнињод намуд, барои аксарияти ањолї, махсусан одамони дорои маълулият дарёфт намудани маблаѓи боќимонда хеле мушкил буд. Бо дастгирии молиявии ташкилоти MIBLOU Шветсария ва бо истифодаи саҳмҳои (хайриявии) мањаллї ташкилоти МҲ тавонист, ки маводи заруриро барои сохтмони 50 њољатхонањои сифатнок, ки ба одамони дорои маълулият дастрас буданд, пайдо намояд. Аъзоёни ГХЁ ро хоњиш намуданд, то рўйхати хонаводањои камбизоати ба њољатхона аз њама зиёд мўњтољро, ки аъзои дорои маълулият доштанд, тартиб диҳанд. Инчунин, аъзоёни ГХЁ корњои сохтмониро дар њамкорї бо оилањо њамоњангсозї намуда, масрафи маќсадноки маблаѓњоро таъмин менамуданд. Айни замон, ќисми зиёди одамони дорои маълулият аз зарурати хазида рафтани худ ё хоњиш намудани ягон нафар, ки онњоро ба масофањои дур барои ќаноат намудани талаботњои табиї баранд, озод мебошанд. Онњо мустаќил шуданд ва аз њама муњимаш, имконияти аз нав пайдо намудани ќадру ќиммати инсониро ба даст оварданд. Хатари пайдо шудани њолатњои ғайримуқаррарӣ (патологї), ки аз дастрасӣ надоштан ба воситаҳои санитарӣ вобаста аст, инчунин ба таври ќатъї, пасттар шуд. Муваффаќияти лоињаи ташкилоти MҲ-ро дида, Њукумати Њиндустон андозаи грантњоро зиёд намуда, ба њукуматњои иљроияи мањаллї супориш дод, ки маблаѓњоро фавран људо намоянд. Одамони дорои маълулият ва маълулият надошта аз ин лоиња манфиати баробар мебинанд ва оњиста – оњиста он ба лоињаи сатњи минтаќавї табдил меёбад. Чамараљнагар ба наздикї минтаќае мешавад, ки дар он одамон дар хона ё аќќалан дар наздикињои хонаашон њољатхонањо доранд.
22
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Маќсад Паст кардани сатҳи эњтимолияти инкишофи њолатњои ғайримуқаррарӣ (патологї), дар одамони дорои маълулият, ки ба маълулияти мавҷудаи онҳо вобаста ё вобаста набуда ба фаъолияти онњо, инчунин умуман ба саломатӣ ва некӯаҳволии онҳо таъсир мерасонад; ва аъзоёни оила ва дигар аъзоёни ҷамоат ба гумон аст, ки вазъияти саломатӣ ё осебҳоеро пайдо кунанд, ки ба маълулият алоқаманд бошад.
Наќши ТСҶ Нақши ТСҶ аз мусоидат намудан ба он аст, ки љамоатњо ва соњањои мувофиқи рушд диққати асосиро ба гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ (профлактикї) барои одамони дорои маълулият ва онҳое, ки маълулият надоранд, равона созанд. Барномањои ТСҶ ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо дастрас намудани хизматрасониҳое, ки ба бењтар намудани саломатии онњо ёрӣ мерасонад мусоидат намуда, инкишофи оризаҳои саломатии умумї ё дубораро пешгирї менамоянд.
Натиљањои чашмдошт
одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба иттилоот ва хизматрасониҳои бо мақсади пешгирии харобшавии саломатї равона шудааст, дастрасї доранд; одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба паст намудани сатҳи хавфи харобшавии саломатӣ ба воситаи азхудкунї ва риояи пай дар паи ќоидањои рафтор ва тарзи њаёти солим, ноил мешаванд; одамони дорои маълулият ба чорабинињо оид ба пешгирии аввалия, масалан барномањои эмкунї фаро гирифта шуда, бо маќсади паст намудани хатари инкишофи њолати ғайримуқаррарӣ (патологӣ) ё гирифтор нашудан ба иллатнокиҳои иловагї фаъолона иштирок мекунанд; тамоми аъзоёни љамоат дар чорабинињои пешгирии аввалия, масалан дар барномањои эмкунї бо маќсади паст намудани хатари инкишофи њолатњои ғайримуқаррарӣ (патологӣ), ки ба маълулият оварда мерасонад, иштирок менамоянд; барномањои ТСҶ бо соњаи тандурустї ва дигар соњањо њамкорї менамояд, масалан, бо соњаи маориф бо маќсади њалли мушкилиҳои ба саломатӣ вобаста, инчунин, таъмини ёрию дастгирї дар гузаронидани чорабиниҳои пешгирї.
Мафњумњои асосї Хатарњо барои саломатї Омилњои хавфнок ба саломатии одамон таъсир намуда эњтимолияти пайдо шудани осебу зарба, харобшавӣ ё беморињоро муайян менамоянд. Дар тўли њаёт одамон бо хатарњои зиёд барои саломатї дучор мешаванд. Баъзе аз омилњои асосии хатарнок инњоянд: камвазнӣ (харобшавӣ), алоқаи ҷинсии хавфнок; фишори баланди хун; кашидани тамоку; истеъмоли машрубот; оби ифлос, ҳоҷатхона ва шароитњои бењдоштї; норасоии оњан дар бадан; ва таъсири дуд аз маводи сўхти сахт дар дохили манзил (25). ПЕШГИРӢ
23
Чорабинињои пешгирї – сатҳи хатарро ба саломатии одамон ва љамоатњо паст менамояд. Баъзе омилњои хатар, масалан анамнези (маълумот оид ба шароити зиндагӣ, таърихи бемориҳои) оилавї зери назорати инсон нестанд, вале дигар омилњоро ба монанди, тарзи њаёт, муњити табиӣ ва иљтимоиро дигаргун кардан мумкин аст, ки онро бо дастгирии имконпазир пурқувват ва бењтар намудани вазъи саломатии одамон мусоидат менамояд. Соњаи тандурустї дар ҳал намудани омилњои хатар метавонад наќши муњим дошта бошад.
Се сатњи пешгирї Чорабинињои пешгирикунандаро дар се сатњ гузаронидан мумкин аст. 1. Пешгирии аввалин. Маънои пешгирии аввалинро бо чунин ибора ифода намудан мумкин аст «бемориро аз табобат дида, пешгирї намудан осонтар аст», ки ба аксарияти одамон шинос аст. Пешгирии аввалин ба содир нашудани ягон беморӣ равона аст ва чорањои дахолатеро истифода мебарад, ки инкишофи њолатњои патологиро пешгирї намоянд (17). Ин чорањои дахолат одатан ба одамон, (масалан, тағйир додани рафтор, ки бо саломатї вобаста аст; эмкунї, ѓизои солим) ва муњити зисти онњо (манбаъњои бехатари об, системаи ҳочатхонаҳо, шароитњои хуби њаёт ва мењнат) тааллуќ дорад. Пешгирии аввалин ба як андоза њам ба маълулон ва њам ба дигар одамон муњим аст ва дар дастури мазкур ба вай диќќати асосї дода мешавад. 2 . Пешгирии дуюмдараља ин муайянкунї ва табобати барваќтии њолатњои патологї бо маќсади бартараф ё паст намудани таъсири онњо мебошад. Ба муайянкунии барвақтӣ, мамограммањое, ки бо маќсади дарёфт намудани саратони сина гузаронида мешаванд ё санљиши биної бо маќсади дарёфт намудани катаракта дохил мешавад; ба мисолњои табобати барваќтӣ намунаҳои зерин дохил мешаванд: табобати трахома бо ёрии антибиотикњо барои пешгирии гум накардани биноӣ; табобати бисёрмарњилавии љузом бо маќсади пешгирии инкишофи беморї; ва табобату ёрии тиббӣ њангоми шикастани ягон узви бадан, барои ёрї дар табобати дуруст ва пешгирии шаклтағйирдиҳї. Стратегияњои пешгирии дуюмдараља барои беморон – маълулон ва дигар одамон дар боби «Хизматарасонињои тиббї» дида баромада шуданд. 3. Пешгирии сеюмдараља дар пеши худ маќсади мањдудкунї ё бартараф намудани оризањои њолатњо ва харобшавии аллакай мављударо мегузорад. Он хизматрасонињои тавонбахшӣ ва чорањои дахолатро дар бар мегирад, ки маќсади онњо – пешгирии мањдудшавии фаъолнокии шахс, ташвиқи мустаќилият, иштирок ва фарогирии ӯ ёрӣ расонидан мебошад. Стратегияњои пешгирии сеюмдараља дар қисмати «Тавонбахшӣ» ва «Воситаҳои ёрирасон» муњокима карда мешаванд.
24
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ЗАМИМАИ 9
Анита устуворона мушкилињоро бартараф менамояд Анита, зани панљоњсола буда, дар дењаи Хандал, ки он дар минтаќаи теппадори ноњияи Райгад (штати Махараштра, Њиндустон) љойгир аст, зиндагї менамояд. Як рўз кафи пои рости Анита зарбаи на он қадар калон гирифт. Дард тез пањн шуда, баъди якчанд рўз пояш сиёњ шуд. Писараш ўро ба беморхонаи шањри Алибоѓ, ки 15 км аз дењааш дуртар воќеъ аст, бурд ва дар он љо ба вай маслињат доданд, ки ба беморхонаи махсусгардонидашудаи воќеъ дар Мумбаи, ки 100 км аз хонааш дуртар аст, мурољиат намояд. Дар он љо кормандони тиб дарњол дар ў диабети ќандро ташхис намуда, пои ўро поёнтар аз зонуяш бурида партофтанд, чунки пояш ба гангрена гирифтор шуда буд. Бевосита баъди амалиёти љарроњї оилаи Анита ўро ба хонааш бурданд, чунки имконияти иқтисодии онҳо барои истодан дар шањр ва давом додани табобатро намедоданд. Анита роњ гашта наметавонист ва писараш ўро дар тахтапушташ бор карда мебурд. Корманди тиббии дењот ба оилаи Анита хабар дод, ки барномаи ТСҶ вуљуд дорад ва ба одамоне, ки аз андомњояшон мањрум гаштаанд, хизматрасонињои тиббию санитарии ройгонро таъмин менамояд. Анита ба барномаи ТСҶ дар маркази тиббї, ки дар наздикии дењааш буд, ташриф овард. Мунчаи пои ўро барои сињатшавї ташхис намуда, пои чапашро ба дигаргуншавињои барваќти хунгардї ва ќобилияти эњсос санљида диданд. Ба Анита оид ба бемории қанд ( диабет) ва дар бораи он, ки чї тавр њолати худро бо ёрии доруњо назорат кардан мумкин аст, оид ба машќњои мунтазам ва парњез фањмонида доданд. Вай инчунин оид ба дуруст назорат намудани пойњо, ки дар оянда андоми чапро гум накунад, иттилоот гирифт. Ба Анита асобағал дода, тарзи истифодабарии онро омўзонданд. Дертар гурўњи мутахассисон ба маркази саломатї ташриф оварда, ба Анита протез (узви сунъї) ва пойафзоли хуб, то муњофизати пои чапашро аз осеббинї таъмин намояд, интихоб намуданд. Ба зан роњгардиро бо протез омўзониданд ва боварї њосил намуданд, ки ў мустаќилона роњ рафта метавонад, кормандони барномаи ТСҶ бошанд, дар назди хонаи ў чўбњои махсуси параллелї гузоштанд, то ки ў мустаќилона малакањои роњгардиро такмил дињад. Оњиста – оњиста Анита худро чунон дилпурона њис намуд, ки мустаќилона бо протез роњ мегашт ва аз нав корњои хона ва сањроро иљро мекард. Ў мунтазам ќабули доруњоро давом дода истода, ташхисњо мегузарад. Анита мегўяд, ки сифати зиндагиаш баланд шудааст. Бо ёрии барномаи ТСҶ ва атрофиён вай санҷиши бадтар нашудани њолати саломатии ояндаашро дар натиљаи бемории қанд (диабет), бомуваффаќият давом дода истодааст.
Ҳиндустон
Пешгирї барои одамони дорои маълулият чї маъно дорад? Одамони дорои маълумият ба монанди дигар одамон зери таъсири омилњои хатарнок буда метавонанд, бинобар ин ба ёрии мунтазами пешгирии тиббию санитарӣ, масалан эмкунї ниёз доранд. Аммо, ба онњо чорањои дахолати махсус ва маќсаднок зарур шуда метавонанд, чунки одатан ин хел одамон ба хатарњои саломатї, ки дар љамоатњо вуљуд доранд, бештар ҳассосанд. Масалан, дар шароити камбизоатї маълулон ба системањои бехатари обтаъминкунї ва ҳочатхонаҳо дастрасии камтарин доранд. Дастрасии ѓайриќаноатбахш ба ин системањо, баъзан онњоро маљбур месозад, ки бењдоштро риоя нанамоянд, ки саломатиашонро ба зери хатар мегузорад, камбизоатиро шиддат медињад ва ба бењтар намудани шароитњои њаёт имконият намедињад (26). Дар ин вазъият ба онњо мумкин аст, ин ё ПЕШГИРӢ
25
Одамони дорои маълулият инчунин, ба хатари инкишофи њолатњои патологии дубора гирифтор шуда метавонанд (яъне мушкилоти саломатї ё оризињое, ки бо њолати аввалаи ғайримуқаррарии (патологии) он вобаста аст). Њамчун мисол инњоро овардан мумкин аст: захмњо, сироятњои роњњои пешоброн, шахшавии (контрактураи) буѓумњо, дардњо, фарбењї, остеопороз ва рўњафтодагї. Ба ин њолатњои дубора ба туфайли дахолати барваќт таъсир расонидан мумкин аст, ќисми бештари онњо бошанд метавонанд дар маљмўъ бартараф карда шаванд. Масалан, бемори гирифтори фалаҷи пой ва қисмҳои поёнии пой (параплегия) метавонад пайдо шудани захмњоро бо роҳи нигоњубини хуби пўст пешгирї намояд, ва сироятњои роњњои пешобронро ба туфайли назорати самараноки њолати пешобдон бартараф намояд.
ЗАМИМАИ 10
Ташкилоти Ҳэндикэп Интернэшенал барои ташкил намудани шўъбаи осеббинии њароммаѓз дар беморхонаи шањри Хо Ши Мин (Ветнам) ёрӣ расонд. Кормандони барномаи ТСҶ, ки дар ин шўъба кор мекунанд вазифадор карда шудаанд, бо маќсади бартараф намудани њолатњои такроршавии патологӣ беморони љавобшударо таҳти назорату мушоҳида қарор дода, мутмаин бошанд, ки муҳити ҳамаи қисматҳои хонаи маълулони аз аробача истифодабаранда барояшон дастрас аст; кормандони барномаи ТСҶ, кӯшиш намуданд, ки беморони љавобшударо таҳти назорату мушоҳида қарор диҳанд, вале мутаасифона бо сабаби мањдуд будани захирањои кадрї ва калон будани минтаќаи фарогирї, танњо 25%-и њамаи љавобшудагон таҳти назорат қарор гирифта шуданд, бисёр ваќт онњое, ки бештар ба ёрӣ мўњтољ буданд, фаро гирифта намешуданд. Кормандони тиб ва кормандони барномаи ТСҶ ќарор доданд, ки системаи навро ворид намоянд, ки дар он афзалият ба беморон дода мешавад: барои беморон аз гурўњи баланди хатар ташриф ба хона, барои беморони хатари паст дошта – машваратњои телефонї ва таќсимоти маводи омўзишї пешбинї шуд. Дар натиља, дар беморхонаи тавонбахшӣ паст шудани миќдори бистарикунонињои такрорї ќайд карда шуд. Барои кормандони барномаи ТСҶ ин иќдом аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва то андозае шиддатпасткунанда шуд.
Баланд бардоштани дастрасӣ ба муњити хонагї
Ветнам
Пешгирї барои одамоне, ки маълул нестанд, чї маъно дорад? Пешгирї њам барои одамони дорои маълулият ва ҳам онҳое, ки маълулият надоранд, якхела муњим мебошад. Бисёр њолатњои ғаримуқаррарӣ (патологї), ки бо иллатнокӣ, ва маълулият вобастаанд, пешгирї шавандаанд. Масалан, 80%-и њамаи њодисањои нобиноии калонсолонро пешгирї ва табобат кардан мумкин аст, дар кўдакон бошад, таќрибан нисфи њодисањои нобиноиро дар натиљаи табобати барваќт ва бартарафкунии норасоињо, пас аз таваллуд бартараф намудан мумкин буд, масалан, чашмпарда (катаракта) ва глаукома, пас аз таваллуд халос кардан мумкин аст. (27). Резолютсияи сессияи 58-уми ассамблеяи Умумиљањонии тандурустї оид ба «Маълулият, аз љумла пешгирї, табобат ва тавонбахшии он» (WHA58.23) (28) давлатњо – иштирокчиёнро даъват менамояд, ки сатҳи огоҳии љомеаро оид ба муњимияти масъалаҳои маълулият баланд бардоранд ва ба њамоњангсозии кўшишњои њамаи гурўњњои ањолӣ, ки ба иштирок дар чорабинињои пешгирии маълулият равона карда шудааст, мусоидат намоянд.
26
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Њангоми амалї намудани барнома ё иќдомњои ба пешгирии њолатњои патологї ва беморињои бо маълулият вобаста, равона шуда, ҳассосияти масъаларо риоя намудан ҳатмист, зеро бисёр одамони дорои маълулият аз худи љамоат метавонанд ин амалњоро тањдидкунанда ва тањќиромез дарёфта ва онро чун кўшиши монеа шудан умуман, ба мављудияти одамони дорои маълулият арзёбӣ намоянд. Ягон навъи низоъ байни дахолати профилактикӣ (пешгирӣ), ки кӯшиши паст намудани мушкилиҳои саломатии ба маъюбӣ вобастаро дорад ва он кӯшишҳои ба беҳтар намудани сатҳи саломатии одамони дорои маълулият вобаста, набояд ҷой дошта бошад. (29).
Чорабиниҳои тавсияшаванда Азбаски, тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳо бо пурқувватгардонии саломатӣ ва ёрии тиббию санитарї зич алоќаманданд, ќайд намудан ҷоиз аст, ки фаъолиятҳои тавсияшаванда дар се боби гузашта номбаршуда қисман мувофиқанд, бинобар ин, дар як ваќт омўхта шудани и мавзӯҳо тавсия карда мешавад. Дар боби мазкур диќќати асосї ба тадбирҳои аввалини пешгирӣ аз бемориҳо дода мешавад, вале масъалаҳои сирояти ВНМО ва зўроварї дида баромада намешаванд, чунки онњо дар ќисми «Масъалањои иљтимої» ва инчунин, дар бобе, ки ба ТСҶ ва ВНМО/БНММ, дар дастури Иловагї, бахшида мешавад, оварда шудаанд.
Раҳнамоии раванди дастрасї ба тадбирҳои пешгирии мављуда Барномањои ТСҶ , метавонанд иттилоотро оид ба тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳои мављуда, дар љамоатњои таҳти фаъолияташон буда љамъ намоянд ва бо барномањои пешгирї бо маќсади фарогирии одамони дорои маълулият ҳамкорӣ намуда, бо ҳамин фарогирии бештари васеи ањолиро таъмин намоянд. Барномањои ТСҶ метавонанд: сатҳи огоҳии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњоро оид ба тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳо, ки дар љамоатњо дастрас мебошанд, баланд бардоранд; кормандони муассисањои тандурустиро бо иттилоот оид ба талаботу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият таъмин намоянд; дастрасї ва шакли мувофиќи иттилоотро оид ба тадбир ҳ ои пешгир ӣ аз бемори ҳ о, инчунин љойгиркунии онро дар нуќтањои ба љои истиќомати одамон наздик, таъмин намоянд; муайян намоянд, ки оё мавзеи гузаронидани тадбирњои пешгирӣ аз бемориҳо (профилактикї) дастрасанд ё не, ва агар не бошад, пас фикру ақида ва ќарорњои амалиро оид ба таъмини дастрасї пешнињод намоянд; муайян намоянд, ки тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳо дар дигар љойњои имконпазир низ гузаронида шаванд, масалан дар хона, агар дастрасї ба љойњои гузаронидани онњо мушкил бошад.
ЗАМИМАИ 11
Кения
Ќонеъ намудани талаботи он маълулоне, ки аз аробача истифода мебаранд Маркази тиббии яке аз ташкилотњои ѓайридавлатї дар мањаллаи камбизоати Корогочои шањри Найроби фаъолият мекард, барои одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, ки танҳо ба воситаи аробача ҳаракат карда метавонанд, бо сабаби набудани роҳрави махсус, дастнорас буд. Дар натиља, ба одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ маъракаи эмкунӣ дастнорас буд (масалан, барои кўдакони гирифтори фалаљи мағзи сар ( серебралї)) бинобар ин кормандони марказ онњоро ба маркази шањрии тавонбахшӣ равона менамуданд. Барномаи ТСҶ барои муњокимаи ин мушкилӣ бо кормандони соҳаи тандурустї вохўрї ташкил намуда, роҳи осони ҳалли масъаларо муайян намуданд: кормандони марказ розї шуданд, ки ба кўдакони дорои маълулияти ҷисмонӣ дошта, маъракаи эмкунӣ дар ошёнаи якуми бино гузаронида шавад. ПЕШГИРӢ
27
Тарѓиби рушди малакањои рафтор ва тарзи њаёти солим Рушди малакањои рафтор ва тарзи њаёти солим, аз љумла қатъ кардани тамокукашї, истеъмоли миќдори ками машрубот, ѓизои солим, машќњои мунтазами љисмонї ва истифодаи маводњои контрасептивї њангоми муносибати ҷисмонӣ метавонад хатари инкишофи мушкилињои саломатиро пасттар намояд. Дар барномањои профилактикї бисёр ваќт стратегияњои тарѓиби тиббию санитарї барои дастгирии рушди рафтор ватарзи њаёти солим истифода бурда мешаванд; масалан, тадбирҳо оид ба баланд бардоштани маърифати санитарї бо маќсади муҳокимаи иттилоот оид ба тадбирҳои пешгирии бемориҳо дар љамоатњо, инчунин, ташкилу гузаронидани омӯзиш ба шахсони алоҳида. Нигаред, ба тадбирњои тавсияшуда оид ба тарѓиби рушди рафтор ва тарзи њаёти солим, ки дар дастури мазкур дар боби «Пурқуввтгардонии саломатї» номбар шудаанд.
Ташвиқу дастгирии эмкунї Дар њар як љамоат бояд барномањои эмкунї зидди беморињои мушаххас ё барои гурўњњои хатари баланд, масалан, эмкунии кўдакони синни то 1 сола, инчунин дигар кўдакони хурдсол аз фалаљ, гулўзиндонак, кузоз ва сурхча, инчунин эмкунии занони њомиладор зидди бемории кузоз, дастрас бошанд. Барномањои ТСҶ метавонанд:
дар чорабинињои баланд кардани сатҳи огоҳӣ ва тарѓиби эмкунї барои њамаи аъзоёни љамоат, аз одамони дорои маълулият, фаъолона иштирок намоянд; бо кормандони муассисањои ёрии аввалияи тиббию санитарї дар тамос шуда, ба онњо оид ба муњимияти эмкунии одамони дорои маълулият, махсусан кўдакон, новобаста аз иллатњои функсионалии мавҷудаи онҳо, сўњбатњо гузаронанд; бо сохторњои ёрии аввалияи тиббию санитарї њамкорї намуда, дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњоро ба барномањои эмкунї дар љамоатњо таъмин намоянд; мутмаин бошанд, ки одамони аз тарафи барномањои ТСҶ дастгирї шаванда, ҳамаи эмҳои тавсияшударо гирифтаанд, масалан, кўдакони дорои маълулият, бародарон ва хоњарони онњо, модарони њомиладор, ки кўдакони дорои маълулият доранд; ба одамоне, ки эмњои заруриро нагирифтанд, оид ба макони пешнињод намудани хизматрасонињои бехатар ва боэътимод иттилоот дода, дар њолати зарурї, ба онњо барои дарёфт намудани дастрасї ба ин хизматрасонињо ёрӣ расонанд; бо сохторњои ёрии аввалияи тиббию санитарї бо маќсади ташкил намудани имкониятњои иловагӣ барои одамони ќобилияти дастрасиро ба барномањои мављудаи эмкунӣ надошта, масалан, барои кўдакони дорои маълулият, ки аз мактаб дур мондаанд, њамкорї намоянд.
ЗАМИМАИ 12
Малайзия
Наљоти њаётњои љавон Барномаи миллии ТСҶ дар Малайзия бо сохторњои ёрии аввалияи тиббию санитарї бо мақсади таъмин намудани дастрасии одамони дорои маълулият ба чорабинињои аз тарафи кормандони ин сохторњо гузаронида шаванда, аз љумла эмкунї бар зидди сурхакон барои модарони љавон ва барномањои эмкунии кўдакон њамкорї зич дорад.
28
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Таъмин намудан ба ѓизои мувофиќ Норасоии ѓизо (камғизоӣ) одатан оќибати кам будани маводи ғизоӣ, инчунин, одатҳои бади ғизохӯрӣ буда, сабаби пањншудаи мушкилињои саломатї мебошад. Таъмини озуќаи сифатнок ва серѓизои зарурї масъулияти соҳаҳои зиёди рушд мебошад ва барномањои ТСҶ бояд бо онҳо њамкорї намоянд. Баъзе тадбирҳо дар соњаи тандурустї, ки ба барномањои ТСҶ тавсия карда мешаванд, дар зер оварда шудаанд:
мутмаин будан, ки кормандони барномањои ТСҶ барои муайян намудани шахсони (дорои маълулият ва маълулият надоштаро) аз рӯи аломатњои камѓизої ва равона намудани онњо ба назди кормандони тиб барои ташхис ва табобати зарурї донишу ќобилияти заруриро доранд; тарғиби истифодаи ѓизои мањаллии дастрас, ки аз оњан ва витаминњо бой аст, масалан испаноќ, баргњои кассияи бандчагї, мањсулоти донагӣ, папайя; яке аз роњњои водор намудани одамон барои қабули ѓизои фоиданок – ин намоиши тарзҳои гуногуни тайёр намудани таомњои арзон мебошад; таъмин намудани дастрасии кўдакони дорои маълулият ба миќдори зарурии ѓизои мувофиқ; ба ин кўдакон бисёр ваќт диќќати кофї људо карда намешавад, махсусан ба онњое, ки дар қабули ғизо мушкилӣ доранд; муайян намудани одамони дорои маълулият, ки дар қабули ғизо мушкилӣ доранд, масалан, барои кўдакони дорои фалаљи майна масъалаи хоидан ва фурўбарї хеле душвор аст; - ва вобаста аз шароит ба назди мутахассиси иллати нутқ ва забон (логопед) равона сохтани чунин кӯдакон равон кардани онњо; ба оилањо пешнињод намудани тавсияњои оддӣ оид ба роҳҳои ғизо ва нӯшокӣ додан ба кӯдакони дорои маълулият, масалан ба интихоби њолати дуруст, ки ѓизогириро то андозае бехатар ва осон менамояд; муайян намудани иќдомњо дар соњаи ѓизои солим, ки дар љамоатњои мазкур дастрас мебошанд ва таъмини дастрасии маълулон ба он, масалан фаъолона шомил сохтани кўдакони маълул ба барномањое, ки мониторинги рушд ва пешнињоди ѓизои иловагї ва иловагињои ѓизоиро пешбинї менамоянд; тарѓиби синамаконї ва водор сохтани њомиладорон барои ташриф овардан ба машваратгоњњои занона барои гирифтани иловагињои ѓизої, ки дар таркибашон оњан ва кислотаи фолио доранд. (ниг. поёнтар ба ќисми «Раҳнамоии дастрасӣ ба чорабинињо оид ба њифзи саломатии модарону кўдакон»).
ПЕШГИРӢ
29
ЗАМИМАИ 13
Пурқувватгардонии саломатӣ ба воситаи ғизогирӣ Дар шањри Бангалор, Њиндустон хазинаи хайриявии «Санљивини траст» зиёда аз 10 сол боз бо кўдакону занњо кор мекунад. Яке аз чорабинињои асосии он – ин њалли мушкилоти норасоии ѓизои кўдакон мебошад, хусусан кӯдакони синни то 5 сола. Хазина боварї дорад, ки дар бисёр кўдакони оилањои камбизоат норасоии ѓизо њангоми гузаштан аз синамаконї ба ѓизои аввали мањлул ва баъд ба ѓизои сахт бо сабаби набудани мањсулоти ѓизоии мувофиќ пайдо мешавад, бинобар Хазина њар моњ ба њамаи кўдакони гирифтори камғизоӣ иловагии ѓизоиро, ки дар шакли хокаи аз сафеда бой тайёр шудааст, таќсим менамоянд. Ба гурӯҳи ихтиёриён оид ба тарзи тайёр ва тақсим намудани иловагињо омӯзиш гузаронида шуда, пас аз муайян намудани камғизоӣ дар байни онҳо тақсим карда мешавад. Ба модарон принсипњои ѓизои солимро омўзонида, тарзи тайёр намудани ѓизои арзон ва ѓизонокро бо истифодаи ѓалладонањои мањаллї ва мевањо, намоиш медињанд. Хазинаи Санҷивини инчунин, бо дигар ташкилотњое, ки ба кўдакони дорои маълулият хизмати тавонбахшию пурқувватгардонии саломатӣ мерасонанд њамкорї намуда онҳоро бо иловагињои ѓизоии мазкур таъмин менамоняд. Кўдакони талаботу эҳтиёҷоти махсус дошта (масалан, онњое, ки дар қабули ѓизо мушкилӣ доранд), мунтазам аз иловагињои ѓизої истеъмол менамуданд, бењтаршавии нишондиҳандаҳои сатҳи саломатиро нишон доданд. Африни нўњсола мубталои фалаљи мағзи сар (серебралї) мебошад. Вай бо волидон ва ду хоњараш дар мањалли ноободи камбизоати Иляснагари Бангалор зиндагї мекунад. Волидонаш дар фабрикаи мањаллї барои 70 рупия дар як рўз мењнат менамоянд. Ваќте, ки Африн шашсола буд, оилаи Африн ба Бангалор кўчида омад. Бо сабаби оризањо њангоми таваллуд, Африн ба фалаљи мағзи сар (серебралї) дучор шудааст. Ба ӯ танњо ѓизои обакї медоданд, дар натиља ў ба камғизоӣ гирифтор шуд. Духтарча ба бистар афтода шуда буд, инкишофи суст дошт ва тез - тез дарунрав ва рагкашї мешуд. Корманди ТСҶ бо сабаби ҳолати саломатиаш ба ў ягон шакли табобатро пешнињод карда натавонист, бинобар ин ба духтарча ѓизои иловагї пешнињод карда шуд ва дар тўли як сол саломатии Африн оњиста – оњиста бењтар ва худаш пурқувваттар гардид. Њоло ў ба маркази машқӣ бо мақсади табобат ва иштирок дар чорабиниҳои шавқангез меравад. Оилаи ў бо сабаби бењтар шудани њолати кўдак хеле хушбахт мебошад, модараш бошад, имконияти ворид намудани дигар ѓизоро ба реҷаи ғизои кўдак, пайдо кардааст.
Ҳиндустон
Раҳнамоӣ бо мақсади дастрасӣ ба тадбирҳои њифзи саломатии модарону кўдакон. Назорати тифл дар батни модар, ёрии ҳамшираҳои боихтисос њангоми таваллуд ва нигоњубини баъди таваллуд хавфи инкишофи њолати патологї ва мушкилоти ба маълулият гирифтор шудани кӯдаконро хеле паст мегардонад. Барномањои ТСҶ бояд: хизматрасонињои дастрасро дар доираи љамоат оид ба њифзи саломатии модарон, масалан оид ба нигоњубини тифл дар батни модар муайян намоянд; ба њамаи занњо оид ба хизматрасонињои дар сатҳи ҷамоат мавҷудбуда иттилоот дода, онҳоро барои муроҷиат ва дастрас намудани он рӯҳбаланд намоянд; ба занњои дорои маълулият, ки барои мурољиат намудан ба хизматрасонињои њифзи саломатии модарон мушкилӣ мекашанд, масалан таъмини муҳофизат дар ҳолати рух додани истисмору табъиз дар соњаи тандурустї дастгирии иловагї пешниҳод намудан;
30
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
занњо ва аъзоёни оилањои онњоро ба машварати генетикї равона намудан дар ҳолате, ки онҳо оид ба њомиладории њозира ё оянда, саволњои махсус, масалан оид ба эњтимолияти пайдоиши иллат ё беморӣ дар кўдакони оянда, дошта бошанд, масалан оилае, ки кўдаки дорои маълулият дорад метавонад дар бораи он ки оё кӯдаки оянда, низ иллати кӯдаки пешинаро ба мерос мегирифта бошад, савол пешниҳод намояд; ба сохторњои тандурустї оид ба дастрасии занњои њомиладори дорои маълулият тавсияњо пешниҳод намоянд, масалан дар бораи усулњои мувофиќи алоќа ва тарзњои дастрас намудани роҳхат ба беморхонаю њуљрањои таваллуд; муайян намоянд, ки оё барномаҳои омўзишї барои момодояҳои мањаллї, ки њангоми таваллуд дар љамоатњо иштирок менамоянд, вуљуд доранд ва ворид намудани иттилоот оид ба маълулият ва муайянкунии барваќтии иллатҳои саломатї ба ин барномањоро таъмин намоянд; оилањоро барои кӯдакони бо ягон навъи маълулият таваллудшударо ба қайд гирифтан дар њокимияти иљроияи маҳаллӣ рӯҳбаланд намоянд.
ЗАМИМАИ 14
Паст намудани сатҳи таниши асаб, ки бо њомиладорї вобаста аст Дар баъзе дењоти Муѓулистони шимолу ѓарбї дар бисёр занњо баромадани рон дида мешавад. Њангоми њомиладорї дар ин занњо муайян карда мешавад, ки вазни иловагї зиёд ба ронњои онњо фишор оварда, дарду маълуляташонро зиёдтар ва шиддатноктар менамояд. Барномаи миллии ТСҶ -и Муѓулистон бо ин занњо кор бурда, оид ба фосилањои банаќшагирифтаи байни њомиладорї ва истироњати зарурї дар моҳҳои охири њомиладорї, машварат медињанд.
Муғулистон
Ёрӣ барои истифодаи оби тоза ва системаи коррезї
Тадбирҳо оид ба соњаи таъмини об ва беҳдошти ҳолати санитарӣ барои бењтар намудани сатҳи саломатӣ ва паст шудани миќдори њодисањои маълулшавї мусоидат менамоянд. Барномањои ТСҶ метавонанд, барои љалб намудани диќќат ба талаботи одамони дорои маълулият ба таври зер, ёрӣ расонанд: гузаронидани сўњбатњо бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онњо оид ба монеъаҳое, ки онњо дар раванди истифодабарии системаи обтаъминкунї ва беҳдошти ҳолати санитарӣ (ҳоҷатхонаҳо) дучор мешаванд; масалан, одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо метавонанд, аз дастрасї ба манбаъњои об бо сабаби дур будани љои зист ё мураккаб будани релефи мањал ва/ё усули гирифтани об аз чоњ, мањрум бошанд; хабардор намудани њукуматњои иљроияи мањаллї ва сохторњои системаи обтаъминкунї ва беҳдошти ҳолати санитарӣ оид ба ин мушкилињо ва пешнињод намудани тавсияњо оид ба бартараф намудани монеањои мављуда дар њамкорӣ бо худи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо; дида баромадан ва амалї намудани корњо бо њукуматњои иљроияи мањаллї дар самти мутобиќкунии сохторњои мављуда ва ташкили сохторҳои нав, масалан, гузоштани курсињои болошаванда ва дастќапак дар њољатхонањо барои таъмини ёрӣ ба одамоне, ки ќобилияти истифодабарии њољатхонањоро надоранд ва диккак нишаста наметавонанд; аъзоёни љамоатњоро ба расонидани мадад ва ёрӣ ба одамони дорои маълулият дар мавриди зарурӣ ташвиқу тарғиб намудан; масалан, хоҳиш намудан аз њамсояњо, ки њангоми барои об рафтани одами дорои маълулият ӯро њамроњї намоянд. ПЕШГИРӢ
31
Ёрӣ дар пешгирӣ ва бартараф намудани осебњо Бисёр њодисањои маълулият бо сабаби фалокат дар хона, дар љои кор ё дар љамоат пайдо мешаванд. Одатан калонсолон ва кўдакони дорои маълулият, бештар зери хавфи осеббинї қарор доранд. Барномањои ТСҶ метавонанд ба пешгирии осеббинї дар љамоатњояшон бо истифодаи роњу усулҳои зерин наќши муњим дошта бошанд: муайян намудани сабабњои асосии осеббинї дар хона ва љамоат (масалан, сўхтан, ѓарќшавї, њодисањои роњу наќлиётї); ва инчунин муайян намудани гурўњњои одамони аз ҳама бештар зери хавфи осеббинӣ қарор дошта (масалан, кўдакон); баланд бардоштани сатҳи огоҳии одамон оид ба сабабњои маъмули осеббинї ва роњњои пешгирии он; ба он чорабинӣ оид ба ташвиқу тарғиби саломатиро дохил намудан мумкин аст (ниг. ба ќисми «Пурқувватгардонии саломатї»); њамкорї бо њукуматњои иљроияи мањаллї ва гурўњњои љамоатї бо маќсади гузаронидани чорабинињои зарурї бо мақсади пешгирии осеббинї дар хона ва дар сатҳи љамоат, масалан, пешгирии осеббинї њангоми гузаронидани идњои калон; пешнињод намудани тавсияњо ба оилањо оид ба пешгирии осеббинї дар хона, масалан, оид ба нигоњубини кўдакон њангоме, ки онњо дар наздикии об ё оташи кушода мебошанд; дар ҷои ба кӯдакон дастнорас гузоштани моддањои зањрнок; эҳтиёт намудани кӯдакон дар балкон, канори бому марзаҳои хона; манъ намудани бозињо бо чизњои нўгтез; ташкили омўзишҳо барои корфармоён ва кормандон оид ба усулњои пешгирии осеббинињои истењсолї, масалан, ба шарофати истифода бурдани воситањои муњофизаткунандаи шахсї дар иншоотњои сохтмонї (пойафзоли муњофизаткунанда, кулоњњои махсус, дастпўшакњо, воситањои њифзи шунавої); ташкили омўзишҳо барои мактаббачагон оид ба риояи ќоидањои бехатарии њаракат дар роњ, масалан, дар намуди сўњбатњо оид ба зарурати риоя намудани эњтиёткорї њангоми гузаштан аз роњ, истифодабарии тасмаи бехатарї њангоми истифодаи воситањои наќлиёт ва инчунин, зарурати пўшидани кулоњи махсус (шлем) њангоми рондани дучархањо.
Ёрӣ расонидан дар пешгирии њолатњои такрории патологї Новобаста аз синну сол ҳамаи одамони дорои маълулият таҳти хавфи дубора гирифтор шудан ба ҳолати патологї қарор доранд. Барномањои ТСҶ бо маќсади кам намудани эњтимолияти инкишофи онњо дар одамони дорои маълулият, барои дар амал тадбиқ намудани стратегияњои пешгирии аввалияи чунин њолатњо, ёрӣ расонида метавонанд. Дар доираи барномањои ТСҶ фаъолияти зерин тавсия мешаванд: ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо оид ба њолати дубораи патологї, ки онро бештар бо шакли маълулияти онњо вобаста меҳисобанд, маълумот ва дониши кифоя пешниҳод намудан. Масалан, одамони осеби њароммаѓз ё чураи сутунмӯҳра дошта ва аъзоёни оилањои онњо, бояд оид ба хатари баланди инкишофи сироятњои системаи пешоброн дар онњо, воќиф бошанд; ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо дар муайянкунии стратегияњои пешгирии инкишофи њолатњои дубораи патологї ёрӣ расонидан, масалан, рушди тарзи њаёти солим, ки ба он машќњои љисмонї ва ѓизои солим, мунтазам гузаронидани ташхису муоинањои тиббӣ, рушд ва риояи қоидаҳои бењдошт ва аъзо шудан ба гурўњњои худёрирасон дохил мешаванд; мутмаин будан, ки воситаҳои ёрирасони ба одамони дорои маълулият тақсимкарда хатари инкишофи њолатњои дубораи патологиро ба вуљуд наоранд, масалан, протезњо бояд ба таври мувофиқ интихоб карда шаванд, то ба сурх ва варамшавии пўст роҳ дода нашавад, зеро он ба азнавтозашавии захмњо оварда мерасонад.
32
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Ёрии тиббӣ Муќаддима Ёрии тиббиро, чун ташхис, арзёбї ва табобати њолатњои патологї ё иллатҳои дар натиљаи чунин ҳолатҳо пайдошудаи саломатї муайян намудан мумкин аст. Ёрии тиббӣ метавонад, ки: раванди табобатро таъмин намояд (масалан, табобати љузом ё вараља), таъсири бемориро паст намояд (масалан, њангоми табобати бемории саръ); инкишофи иллатнокшавиеро, ки бартарафшавии он имконпазир аст, пешгирї намояд (масалан, табобати бемории қанд (диабет) бо маќсади пешгирии нобиної). Дастрасї ба ёрии тиббии сифатнок, ҳар вақт ва чӣ қадар, ки лозим бошад, барои мустаҳкамгардонӣ ва нигоҳдории саломатии хуб, (30), махсусан барои одамони дорои маълулият ки сатњи саломатиашон паст аст наќши асосӣ мебозад. Дар Сарсухан мо боби 25-и «Конвенсия оид ба њуќуќњои маълулон»-ро чун далел оварда, он чорањое, ки давлатњо – иштирокчиён бояд нисбати хизматрасонињои тиббї барои чунин одамон ќабул намоянд, аз љумла, таъмин намудани одамони дорои маълулият ба маљмўи сифатнок ва сатњи баланди хизматњои ройгон ё арзон ва барномањои њифзи саломатї ба монанди дигар одамон; расонидани хизматрасонињои тиббие, ки ба одамони дорои маълулият бо сабаби маълулиашон заруранд, аз љумла ташхиси барваќт ва дар мавридњои мувофиќ, чорањои дахолат ва ташкили ин хизматрасонињо дар љамоат ва мавзеи зисти ин одамон наздик номбар намудем (2). Дар «Ќоидањои меъёрии таъмини имкониятњои якхела ба маълулон» (23) инчунин номгўи вазифањое, ки давлатњо онњоро дар соњаи тандурустї бояд иљро намоянд, оварда мешавад ва ќайд шудааст, ки иљроиши ин вазифањо барои иштироки баробарњуќуќи маълулон дар тамоми намудњои фаъолиятњо, заминаи зарурї мебошад. «Конвенсия оид ба њуќуќњои маълулон» ва «Ќоидањои меъёрї»-ро чун асоси роҳнамоӣ интихоб намуда, кормандони барномањои ТСҶ метавонанд дар љамоатњои худ кор баранд, ба одамони дорои маълулият дастрасиро ба ёрии тиббии фарогир, зарурї ва сариваќтї таъмин намоянд.
ЁРИИ ТИББӢ
33
ЗАМИМАИ 15
Танзания
Таѓйиротњои калон дар њаёти Аднан Ирэн ва Муњаммад дар Љумњурии Муттањидаи Танзания зиндагї менамоянд. Ваќте, ки писари онҳо Аднан таваллуд шуд, онњо хеле хурсанд шуданд, чунки онњо, аллакай духтарчаи шашсола доштанд ва дер боз фарзанди дуюмро интизор буданд. Њангоме, ки Аднан таќрибан ду сола буд, волидон пай бурданд, ки сари ў хурдтар шудааст. Онњо Аднанро барои ташхис ва ёрии тиббӣ ба беморхонаи мањалї бурданд. Баъди гузаронидани ташхиси рентгенї, табиб арз намуд, ки сабаби хавотир шудан нест. Аммо, чї ќадаре, ки Аднан калон мешуд, аён мешуд, ки ў ќобилияти иљрои њатто амалњои осонро надорад, ба талаботњои асосї итоат карда наметавонад ва рафтори ў волидонро зери ташвиш монда буд. Ба ѓайр аз ин, ў мунтазам рагкашї дошт. Ирэн шарњ медињад: «Вай гап намезад ва умуман ягон садо њам намебароварад, бинобар ман њамеша хаёл мекардам, ки ў њељ чизро намефањмад ва асосан ман бо ў гап намезадам. Маълум набуд, ки сабаб дар чист. Вале њолаташ рўз аз рўз бадтар мешуд». Аднан танњо дар синни чор солагї ба роњгардї даромад. Як рўз, ваќте, ки ў дар берун бозї мекард, яке аз роњгузарњо, ки аќибмонии инкишофи рўњии кўдакро пай бурда буд, ба Ирэн ва Муњаммад оид ба барномаи мањаллии «Тавонбахшии ҳаматарафа дар сатњи љамоатњо дар Танзания)», ки аз тарафи ташкилоти ѓайридавлатї амалї мешуд, наќл кард. Волидони Аднан бо ин ташкилот дар тамос шуда, хоњиш намуданд, ки ба онҳо маслиҳат ва ёрӣ диҳанд. Модари Китенге, ки корманди барномаи ТСҶ мебошад, мунтазам ба хонаи онњо ташриф меовард, омўзиш мегузаронд ва ёрии тиббӣ мерасонд. Вай инчунин, ба оилаи Аднан дар гирифтани дастрасї ба табобати зарурии зидди рагкашї ёрӣ медод. Дар натиља, њоло Аднан мунтазам доруњои барои табобати бемории саръ заруриро мегирад. Ирэн чунин наќл менамояд: «Пеш аз он, ки мо дар барнома иштирок намуданро оѓоз намудем, Аднан ќобилияти мустаќилона иљро намудани ягон корро надошт. Вай мустаќилона хўрок хўрда, либос пўшида ё дастонашро шуста наметавонист. Вай кўдаки ботамкин ва хушбахт набуд. Вай рўзи дароз танҳо сайру гашт менамуд ва мо маљбур будем, ки ўро тез –тез кофта истем. Ман намедонистам, ки бо ў чї кор кунам. Омўзиш фоидаи воќеї овард, махсусан он чизе, ки ба дастурњо дахл дорад. Акнун ман фаќат бо Аднан гап мезанам ва ў маро мефањмад. Вай об оварда метавонад, мустаќилона хўрок хўрда метавонад ва дастурўй мешӯяд. Ман њамаваќт ба як нишонањо диќќат дода, якчанд маро-тиба ба ў роњи аз сутунчаи обљу-дошаванда то хонаро нишон медодам ва акнун ў медонад, ки агар ногањон гум шавад, чї тавр то хона расидан мумкин аст. Писарча мунтазам доруњои зидди саръро ќабул менамояд ва хурўљњои беморї низ нест шуданд. Њамаи ин – дар муќоиса бо гузашта, дигаргунињои калон мебошанд».
34
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Маќсад Одамони дорои маълулият ба ёрии тиббӣ, хоњ дар шакли умумї бошад ва хоњ махсусгардонидашуда, вобаста аз талаботњои худ дастрасӣ дошта аз он истифода мебаранд.
Наќши ТСҶ Наќши ТСҶ аз њамкорї бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо ва соњаи хизматрасонии тандурустї иборат мебошад ва маќсади асосии он, аз таъмин намудани дастрасї ба хизматрасонињои ба муайянкунї, пешгирї камшавї ва/ё бартарафнамоии њолатњои патологї ва иллатнокии саломатї иборат аст.
Натиљањои чашмдошт
Кормандони ТСҶ дар бораи хизматрасонињои ёрии тиббии мавҷуда маълумоти муфассал дошта, метавонанд одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњоро барои гирифтани хизматрасонињои умумї ва махсусгардонидашудаии тиббї раҳнамоӣ намоянд. одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо ба чорабинињое, ки бо мақсади муайянкунии барваќтии њолатњои патологї ва бадшавии вазъи саломатї (хизматрасонињои ташхисї ва скринингї) равона шудаанд, дастрасї доранд. усулу воситаҳои муассисањои ёрии тиббӣ табиати фарогир дошта, барои одамони дорои маълулият хизматрасониҳои бењтар карда шударо пешниҳод мекунанд. одамони дорои маълулият бо маќсади паст ё бартараф намудани иллатҳо, ки ба бењтар гардидани вазъи саломатӣ ва фаъолияташон мусоидат менамояд, аз хизматрасониҳои ҷарроҳӣ истифода мебаранд. одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онњо дар худ малакањои идоракунии мустаќилонаи саломатиро такмил дода, дар натиља, метавонанд саволњо пурсида, ба онҳо ҷавоб мегиранд, дар муњокимаи усулњои табобат иштирок мекунанд, ќарорњои хуб муҳокимашударо оид ба тарзҳои ёрии тиббӣ ва мустаќилона идоракунии ҳолати саломатии худро қабул менамоянд. Кормандои тиб сатҳи огоҳии худро оид ба талабу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият баланд намудаанд, њуќуќњо ва ќадру ќиммати онњоро њурмат мекунанд ва хизмати баландсифат мерасонанд.
Мафњумњои асосї Навъњои ёрии тиббӣ Системањои тандурустї дар бисёр мамлакатњои сатҳи даромадашон паст сохтори се сатњї доранд, ки аз сатњи аввалия, дуюмдараља ва сеюмдараљаи ёрии тиббӣ иборат аст. Ин сатњњо одатан бо якдигар бо системаи равонакунї ба мутахассисон, алоќаманданд: масалан кормандони ёрии аввалияи тиббию санитарї њангоми зарурат беморонро ба сатњи дигари (дуюмдараљаи) ёрӣ равон менамоянд. Ба он нигоњ накарда, ки сатњњо ќисман ба якдигар «гузошта» мешаванд – масалан, ёрии аввалияи тиббию санитарї дар муассисае расонида шуданаш мумкин аст, ки одатан ёрии дуюмдараљаро мерасонанд, - ба кормандони барномањои ТСҶ дарк намудани фарќияти заминавї байни сатњњои ёрӣ хеле муњим аст, то ин ки ба дастрасии одамони дорои маълулият ва оилањои онњо ба хизматрасонињо мусоидат намоянд.
ЁРИИ ТИББӢ
35
Сатњи аввалияи ёрии тиббӣ бо чорањои заминавии дастгирии саломатї вобаста аст. Дар ин сатњ хизматрасонињо аз тарафи марказњои саломатї ва клиникањо расонида мешаванд ва одатан барои беморон алоќаи аввал бо соњаи тандурустї мебошад. Ёрии тиббие, ки дар ин сатњ расонида мешавад, табобати оддї ва кўтоњмўњлати њолатњои шадидро дар бар мегирад (масалан, сироятњо) ва табобати профилактикии беморињои музмин (масалан, љузом, саръ, сил, бемории қанд (диабет)). Барномањои ТСҶ дар сатњи љамоатњо фаъолият мебаранд ва бинобар ин, бо сохторњои тандурустї њамкории зич доранд (14). Сатњи дуюмдараљаи ёрии тиббӣ аз хизматрасонињои бештар махсусгардонидашудаи тиббї иборат аст, ки аз тарафи клиникањои калон ва беморхонањо расонида мешаванд ва дар сатњи ноҳия фаъолият менамоянд. Ёрии аввалияи тиббию санитарї ба туфайли тартиби равон намудани беморон ба мутахассисон сатњи дуюмдараљаи алоќаро таъмин менамояд. Сатњи сеюмдараљаи ёрии тиббӣ - ин хизматрасонии мутахассисони баландихтисоси тиббї мебошад. Аз тарафи табибони касбии махсус дар якљоягї бо кормандони миёнаи тиб таъмин карда шуда, аз истифодабарии тарзњои махсусгардонидашудаи табобат иборат аст. Чунин хизматрасонињо дар сатњњои умумимиллї ё минтаќавї аз тарафи беморхонањои калон, ки дар шањрњои калон љойгиранд, пешнињод мегарданд. Ёрии тиббие, ки дар сатњи сеюмдараља расонида мешавад, метавонад аз дахолати љарроњї асаб, табобати зидди саратон ё љарроњии раддодї (ортопедӣ) иборат бошад.
Ёрии тиббӣ ба одамони дорои маълулият Кормандони тиббї тез - тез одамони дорои маълулиятро, ки ба онњо ёрии умумии тиббї зарур аст, ба ҷои дар муассисањои ёрии аввалияи тиббию санитарї табобат намудан ба муассисањои тавонбахшӣ равона менамоянд. Ин бо сабаби огоҳ набудани онҳо, аз он ки одамони дорои маълулият низ, чун ҳамаи дигар қисмҳои ањолї метавонанд, ба табобати умумии саломатӣ дар њар кадом марњилаи њаёт ниёз дошта бошанд, рух медиҳад. Масалан, ба онњо њангоми гирифтор шудан ба беморињои сирояти роҳҳои нафас, зуком, њангоми фишори баланди хун, сироятњои гўши миёна, бемории қанд (диабет), сил ё вараља ёрии тиббӣ зарур шуданаш мумкин аст. Кормандони муассисањои тиб дар муайянкунии барваќти беморињо ё нуќсонњое, ки сабабгори маълулият мешаванд, наќши асосї мебозанд. Барваќт муайян ва табобат намудани тамоми иллатҳои пайдошудаи саломатӣ, ањамияти калон дорад (пешгирии дуюмдараља). Баъзе мушкилоти саломатї, дар ҳолати сари вақт табобат нашудан, ё таҳти назорат қарор нагирифтан, метавонанд ба нуќсонњои нав оварда расонанд ё нуќсони вуљуддоштаи одамони дорои маълулиятро шиддат дињанд. Дахолати тиббии барваќтӣ, сатҳи осеббиниро пасттар намуда, аз љињати иќтисодї самараноктар аст ва натиљањо низ қаноатмандкунандаанд. Бисёр одамони дорои маълулият, инчунин, эҳтиёҷоти махсуси тиббї ба ягон муддати кӯтоҳи вақт ё дар раванди тамоми њаёт доранд; масалан, шахсони гирифтори бемории саръ, ё одамони мушкилоти ақлонӣ дошта метавонанд дар муддати хеле зиёд ба ќабули љиддии маводњои доруворї, мўњтољ бошанд. Баъзе одамони дорои маълулият, мумкин аст ба табобати љарроњї, бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ба маълулияташон вобаста ниёз дошта бошанд.
36
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ЗАМИМАИ 16 Бемории саръ Саръ (рагкашї), бемории музмини асаб мебошад, ки одатан ба маълулият бурда мерасонад, махсусан дар минтаќаи давлатҳои тарақќикардаистода. Одамон ва аъзоёни оилањои онњо, ки ба бемории саръ гирифторанд, одатан аз хурофот ва табъиз азоб мекашанд. Тассавурот ва ривоятњои зиёди бардурўѓ оид ба бемории саръ ва чї тавр онро табобат кардан лозим аст, мављуд аст. Тадќиќотњои ба наздикї дар мамлакатњои сатҳи даромадашон баланд ва њам даромади паст дошта гузаронида шуда, нишон доданд, ки то 70% калонсолон ва кўдаконе, ки ба ќарибї бемории саръ дар онњо ташхис шудааст, бо ёрии маводи дорувории зидди саръї бомуваффаќият табобатшавандаанд, (яъне рагкаширо пурра таҳти назорат гирифтан имконпазир аст). Пас аз ду ё панҷ соли табобати бомуваффақият, қабули ҳабҳоро ба 70% кӯдакон ва 60% калонсолон қатъ (лағв) кардан мумкин аст ва беморӣ дигар хурӯҷ намекунад. Аммо, мутаасифона таќрибан 3/4 беморони саръ дар мамлакатњои даромадашон паст табобати заруриро дастрас карда наметавонанд (31).
Табобат бо роҳи љарроњї Табобати љарроњї, як ќисми ёрии тиббӣ буда, одатан дар сатњњои дуюм ва сеюми системаи тандурустї расонида мешаванд. Баъзе намудњои ёрии љарроњї нуќсонњоро бартараф ё шаклдигаркунию оризањоеро, ки бо нуќсонњои мављуда вобастаанд, пешгирї ва кам карда метавонанд. Њамчун, мисоли чунин ёрӣ бартараф намудани пардаи чашм, ки ба нуќсони биноӣ сабаб шуда метавонад; љарроњии раддодї (ортопедӣ), ки ба бартараф намудани ҷойҳои шикаста ё шаклтағйирдодаи сутунмўњра; ва инчунин, љарроњии таҷдидӣ (реконструктивї) дар њолати кафидани лаб ё ком, изҳои сўхта ё љузом њам мисол шуда метавонанд. Пеш аз гузаронидани ёрии љарроњї бисёр омилњоро ба назар гирифтан зарур аст. Оилањо метавонанд дониш ва фањмиши кофї оид ба моњияти чорањои љарроњї надошта бошанд, бинобар ин ба онњо иттилооти дуруст дар бораи манфиат ва оќибатњои дахолатњо пешнињод намудан лозим аст. Ёрии љарроњї одатан гаронарзиш буда, дар њолати набудани њифзи иљтимої ё суѓуртаи тиббї ба табаќаи камбизоати ањолї дастнорас мегардад. Натиљаи бомуваффаќияти дахолат аз назорати минбаъдаи маљмўї вобаста аст (чорањои љарроњии минбаъда). Ба ѓайр аз ин, беморон метавонанд ба ёрии тиббии оянда, табобат ва воситаҳои ёрирасон мўњтољ бошанд, бинобар ин, байни кормандони тиб ва мутахассисон оид ба тавонбахшӣ њамкории зич барпо намудан зарур аст. Дар хотир доштан муњим аст, ки як худи дахолати љарроњї дар алоҳидагӣ наметавонад њамаи мушкилињои бо нуқсонҳои саломатї ва маълулият вобастаро њал намояд.
ЁРИИ ТИББӢ
37
ЗАМИМАИ 17
Кения
Бохабар шудан аз имкониятњои нав Патрик, истиќоматкунандаи минтаќаи Кеениоҷо, Кения дар соли 1987 бо нуқсони каҷпоӣ таваллуд шудааст. Хоњари ў Сара низ бо њамин гуна нуќсон таваллуд шудааст. Патрик нақл мекунад, ки дар синни 17 солагї ӯ тавассути радио эълонро дар бораи он, ки њамаи кўдакони дорои маълулият ба шањри Камвенҷай таклиф карда мешаванд, мешунавад. «Њамаи ин солњо, - наќлашро давом медиҳад Патрик, - ман доимо аз њамсолонам људо будам. Ваќте, ки эълонро аз радио шунидам, маро як њиссиёти аҷоиб фаро гирифт. Ман боварї надоштам, ки бо пойҳои ман ягон кор кардан мумкин аст, вале бо вуҷуди ҳамаи ин ман ниҳоят ба Маркази ёрии Камвенҷай омадам. Ман бисёр кўдакони дорои маълулиятро дар он ҷо дидам. То ин лањза, ман намедонистам, ки дигар одамон низ, аз мушкилиҳои ба мушкилоти ман монанд азият мекашанд. Баъди гузаронидани ду љарроњї кафњои пои ман рост шуданд ва пеш аз њама, ман аз имконияти пӯшида тавонистани пойафзоли муқаррарӣ, ки ин пештар ба ман як орзуи амалинашаванда менамуд, хурсанд будам. Њар рўз роњгардї осонтар шуда истодааст. Ба хоњари хурдии ман низ, ки њоло 14 сола аст, амалиёти љарроњї гузаронида шуд. Барои њамаи љамоатњо донистан хеле муњим аст, ки барои кўдакони дорои маълулият хизматрасонињои тиббї ва тавонбахшӣ мавҷуд ва дастрас мебошанд. Дар минтаќаи мо одамон оид ба ин хизматрасонињо иттилоот надоранд. Сара ва ман хеле кўшиш намуда истодаем, ки дар бораи хизматрасонињои мазкур ба оилањоямон, дўстонамон ва љамоатамон иттилоот дињем. Якљоя бо дигар кўдакони дорои маълулият мо як ќисми љомеа буда, мехоњем, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи ибодатхонањо, мактабњо ва дигар гурўњњо иштирок намоем. Аз њамон замоне, ки ман ва њоњарам љарроњї шудем, бисёр одамон боварӣ њосил намуданд, ки дигар кўдакони дорои маълулият низ умеди гумкардаашонро оид ба солимшавї баргардонда метавонанд».
Худидоракунӣ Идоракунии мустаќили саломатї (одатан худёрирасонӣ ё идоракунии худхизматрасонї номида мешавад) маънои идоракунии саломатии худ бе истифодаи дахолати тиббиро надорад. Идоракунии мустаќил одамонро ба раванди назорати саломатии худ ҷалб менамояд. Онњо барои интихоби имконият ва қарорҳои хуб муҳокимашуда оид ба хизматрасониҳои тиббӣ масъул буда, дар таҳияи нақшаҳо оид ба беҳтару пурқувватгардонии саломатии хеш нақши муҳим мебозанд. Њамаи ин, дар алоқамандӣ ва ҳамкории байни шахсони алоҳида ва кормандони соҳаи тандурустӣ, барои ноил шудан ба натиљањои дилхоҳ мусоидат менамояд. Одамоне, ки саломатии худро мустаќилона идора менамоянд: мунтазам ва самаранок бо кормандони тиб њамкорї менамоянд; дар раванди ќабул намудани ќарорњо ва банаќшагирии чорабинињои тиббї иштирок менамоянд; иттилоотро оид ба саломатї фармоиш дода, онро дастрас менамоянд ва ба мӯҳтавои вай дуруст сарфаҳм мераванд; рељаи кормандони тиб муайян намударо, риоя менамоянд; чорабинињои зарурии худёрирасониро, ки дар мутобиқат бо кормандони тиб оид ба назорати мустаќили беморї, ба нақша гирифта шудаанд, дар амал тадбиқ менамоянд. Идоракунии мустаќили саломатї ба одамоне, ки маълулияти якумра доранд, хеле муњим аст, масалан онҳое, ки ба фалаҷи пой ва қисмҳои поёнии бадан (параплегия) ё бемории музмин, ба монанди диабет гирифторанд.
38
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Кормандони тиб метавонанд, наќши одамони дорои маълулият ва оилањои онњоро дар идоракунии саломатии худ ба эътибор нагиранд. Ҳамин тавр, шахсони алоҳида низ мумкин аст малакаҳои ба таври пурра таъмин намудани масъулиятнокиро нисбати саломатии худ надошта бошанд. Гурўњњои худёрирасон метавонанд ба одамони дорои маълулият имконияти хуби омўхтани идоракунии мустаќили саломатии худро ба воситаи мубодилаи таљриба бо дигар иштирокчиёни гурўњ, пешнињод намоянд. Бисёр ваќт иттилооти муњим оид ба ёрии тиббӣ ва маводу манбаи мавҷуда, тавассути манбаъњои дастраси иттилоот оид ба он, ки чї тавр бо системаи тандурустї самаранок њамкорї намудан ва нуќсонњои мављудаи саломатиро бартараф намудан мумкин аст, аз худ карда мешавад.
ЗАМИМАИ 18
Эл Салвадор
Миќдор ба сифат мегузарад Ассотсиатсияи итолиёии «Дӯстони Раул Фоллеро» (АЙФО/Италия) дар якҷоягӣ бо гурўњи Маълулон ва тавонбахшии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ташкилоти Байналмилалии одамони дорои маълулият дар як қатор мамлакатҳо бо мақсади муайян кардан, ки оё одамон малакањои мустаќилона идоракунии саломатиро аз худ карда метавонанд ва дар расонидани ёрии тиббӣ ба худашон нақши фаъолтарро бо мақсади беҳтар намудани нигоҳубини тиббии худ иҷро карда метавонанд; махсусан њангоме, ки онњо чун гурўњи одамони дорои маълулият бо талаботњои якхела ба ёрии тиббӣ ҷамъ оянд, тадќиќот гузарониданд. Тадќиќотчиён бо дархост ба лоињањои таљрибавї мурољиат намуданд: муайян ва ташкил намудани гурўњи одамони дорои маълулият, ки талаботњои якхела ба ёрии тиббӣ доранд; муайян намудани талаботњои асосӣ ба ёрии тиббї; дар њамкорї бо мутахассисони касбии соҳаи тиб пешнињод намудани дониш ва малакањои худёрирасонї бо мақсади қонеъ намудани талаботњои муайяншуда; таҳқиқ ва муайян намоед, ки оё сифати худёрирасонї ва ёрии тиббии ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо расонида мешавад, беҳтар шудааст ё не; муайян намудани он, ки оё донишу малакањои одамони дорои маълулият аз тарафи системаи тандурустӣ эътироф шудаанд ё не ва оё дар системаи хизматрасонињои тиббї ба онњо ягон нақш (ё мавқеъ) дода шудааст ё не. Лоињаи таљрибавї дар Эл Салвадор ба мушкилињои осеббинии њароммаѓз бахшида шудааст. АЙФО/Италия дар њамкорї бо Донишгоњи Дон Боско ва Донишкадаи тавонбахшию саломатии одамони дорои маълулият дар Салвадор бо гурўњи 30 нафараи беморони осеби ҳароммағз дошта ва аъзоёни оилањои онњо аз якчанд ноњияњои Сан-Салвадор ва дењоти Тонакатепек, ки осебњои њароммаѓз доранд, кор карданд. Чор гурўњи худёрирасон ташкил карда шуда, бо онњо мунтазам омӯзишу машваратҳо гузаронида шуданд. Аъзоёни ин гурўњњо эҳтиёҷотњои асосии худро ба ёрии тиббӣ муайян намуданд, ки ба он аз љумла масъалањои пешоббарорї, њолати масона (пешобдон) ва гурдањо, захмњо аз зарби фишор, камњаракатии буѓумњо, масъалаҳои ба алоқаи чинсӣ ва иљрои вазифањои падарӣ вобаста. Табибон, мутахассисони касбӣ, ки ба лоиња шомил буданд, омўзишњоро оид ба малакањои худёрирасонї, мувофиќи номгӯи мушкилињои муайянгашта, ташкил намуданд. Баъд аз якчанд ваќт, аќидаи аъзоёни гурўњи худёрирасонї ва иштирокчиёни лоиња дигар шудан гирифт. Маълум гашт, ки њангоми дуруст гузаронидани омўзиш ва мављуд будани дастгирї, аъзоёни гурўњњои худёрирасонии осебњои њароммаѓз дошта, ќобилияти нисбати саломатии худ ѓамхорї намудан ва сифати онро бењтар намуданро дороянд. Инчунин, маълум гашт, ки мутахассисони тиббї бояд аз доираи наќши анъанавии тиббии худ баромада, ба ташвиқу тарғиб ва раҳнамоии раванди худёрирасонӣ дар чорчўбаи консепсияи масъулиятҳои якљоя, машѓӯл шаванд. Аъзоёни гурўњњои худёрирасон бо иќдоми ташкил намудани ассотсиатсияи худ, ки Асотсиатсияи одамони дорои маълулияти осеби хароммаѓздошта аз Салвадор ном дорад, баромад намуданд.
ЁРИИ ТИББӢ
39
Чорабинињои тавсияшаванда Барномањои ТСҶ метавонанд аз фаъолиятҳо зерин бо мақсади тарғибу ташвиқ ва васеъгардонии сатҳи дастрасии одамони дорои маълулият ба ёрии тиббӣ, амалї намоянд.
Љамъоварии иттилоот оид ба хизматрасонињои тиббї Дониши зарурӣ оид ба хизматрасониҳои тиббӣ дар сатњњои аввал, дуюм ва сеюми системаи тандурустї мавҷуд буда, барои осон намудани дастрасии одамони дорои маълулият ва оилањои онњо ба ёрии тиббӣ ва дастгирї, ањамияти калон дорад. Барномањои ТСҶ метавонанд, ки: хизматрасонињои мављудаи тиббиро дар сатњњои мањаллї, минтаќавї ва ҷумҳуриявӣ муайян намуда, мутмаин бошанд, ки хизматрасонандагони давлатӣ, шахсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, инчунин дар сурати мувофиқ будан хизматрасонандагони тибби анъанавӣ низ муайян карда шудаанд; бо таъминкунандагони хизматрасонињои тиббї алоќа барќарор намоянд ва маълумотро оид ба намудњои ёрии тиббии аз тарафи онњо пешниҳодшаванда, дастрасии он, арзиш, љадвал ва тартиби равон намудани беморон ба дигар муассисањои тиббї, љамъ намоянд; ҷадвали номгуи хизматрасонињоро тартиб дињанд, то тамоми иттилоот ба кормандони барномањои ТСҶ, шахсони алоҳида ва љамоатњо, дастрас бошад; дастрасии ҷадвали номгӯӣ хизматрасонињоро бо забонњои мањаллї ва андозаи мувофиќ дар љойњои расонидани ёрии тиббӣ, таъмин намоянд.
Расонидани ёрӣ дар ташхиси барваќт Барномањои ТСҶ метавонанд: дар якљоягї бо кормандони муассисањои аввалияи тиббию санитарї тартиби муайянкунии ҳолати саломатӣ ва иллатнокиҳои ба маълулият вобастаро ба роҳ монанд; чорабиниҳои ташхисӣ (скринингї)-ро бо мақсади муайянкунии беморињои сироятї ва ѓайрисироятї, ба монанди сил, љузом, филяриатоз, онхотсеркоз, диабет ва саратон гузаронанд; ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо иттилоотро оид ба ваќт ва љои баргузории чорабинињои скринингї ва таъмин намудани дастрасиро ба чорабинињои мазкур пешнињод намоянд. ба аъзоёни оилањое, ки дар ҳаёташон (анамнез) беморињои генетикї ва ирсї доранд, масалан дистрофия (харобшавии) мушакҳо, гирифтани роњхат ба муассисањои дахлдори тиббї барои ташхис ва машварат ёрӣ расонанд; оид ба эњтимолияти инкишофи њолатњои патологии дубора, ки бо намудњои мушаххаси маълулият вобастаанд, маълумот пешниҳод намоянд (масалан, захмњое, ки дар натиҷаи дуру дароз дар як ҳолат хобидан пайдо мешаванд), ва њангоми кор бо одамони дорои маълулият ташхису муоинаи мувофиқро гузаронанд. шахсони иллатнокиҳои ба воситаи амалиёти љарроњї бартарафшаванда доштаро дар ҷамоат муайян намуда ба онҳо ёрӣ расонанд.
40
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ЗАМИМАИ 19 Кўшишњои якҷоя оид ба хизматрасонињои тиббї Дар минтаќаи Мандияи Ҳиндустон барномањои ТСҶ аз тарафи ду созмони ѓайридавлатї дар якҷоягӣ бо барномаи Миллии табобати љузом фаъолият менамоянд. Онњо дар чорабинии баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳӣ оид ба аломату нишонаҳои муайянкунии барваќтии бемории љузом иштирок менамоянд. Ба одамоне, ки зери гумони осеббинӣ қарор доранд, ташхиси «љузом» таъин намуда, даври 6 – 12 моњаи ройгони табобат, ки аз тарафи сохторњои ёрии аввалияи тиббї – санитарї гузаронида мешаванд, пешнињод карда мешавад. Агар беморон табобатро ќатъ намоянд, сохторњои ёрии аввалияи тиббї – санитарї ба барномањои ТСҶ маслиҳат медиҳанд, ки беморони мазкур зери назорати минбаъда қарор дода шаванд.
Ҳиндустон
Таъмин намудани дастрасї ба табобати барваќт Барномањои ТСҶ метавонанд њамкориро байни одамони дорои маълулият, аъзоёни оилањои онњо ва кормандони муассисањои тиббӣ бо маќсади васеъ намудани дастрасї ба хизматрасониҳои тиббӣ дар њамаи сатњњо, ташвиқу тарғиб намоянд. Чорабинињои пешнињодшаванда инњоро дар бар мегиранд:
хизматрасонињои тиббї ба одамони дорои маъ-лулият ва якљоя бо онњо ва аъзоёни оилаашон, инчунин кормандони тиб ва тањиягарони сиёсат омўхтани усулњои паст ё бартараф намудани ин камбудињо.
бо кормандони тиб вохӯрда, аз натиҷаҳои ташхиси (скрининг) гузаронидаи онҳо бо одамони дорои маълулият огоҳ шуда муайян намоянд, ки пас аз гузаронидани ташхисҳо раванди расонидани ёрии тиббӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва оё назорати минбаъда дар назар аст; бо кормандони тиб вохӯрда, муайян намоянд, ки одамони дорои маълулияти ба хизматрасониҳои тиббӣ дар сатњи дуюм ва сеюм мўњтољ, ба назди мутахассисони касбӣ роҳхат гирифтаанд; ёрӣ барои амалӣ намудани ҳуқуқҳо: масалан, кормандони барномањои ТСҶ , ки забони имову ишораро медонанд, метавонанд, беморони қобилияти шунавоияшон паст ё тамоман намешунавидагиро дар муассисањои тиббї њамроњї намоянд, то ки дар баён намудани талаботњои онњо ва фањмиши иттилооти ба онњо пешнињодшуда ёрӣ расонанд, ё ба онҳо барои дастрас намудани табобати мувофиќ ёрӣ расонанд; баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо оид ба мушкилиҳое, ки барои ноил шудан ба ёрии тиббӣ монеъ мешаванд ва якҷоя бартараф намудани чунин мушкилињо; мумкин аст барои бартараф намудани баъзе мушкилиҳо, масалан, барои пардохти маблаѓњое, ки бо расонидани ёрии тиббӣ вобастаанд, механизмњои навро кор карда баровардан зарур бошад; муайян намудани камбудию нораҲамаро даъват менамоем! соиҳо дар масъалаи расонидани
ЁРИИ ТИББӢ
41
ЗАМИМАИ 20
Такя ба муваффаќият
Белиз
Дар мамлакатњои сатҳи даромадашон паст, чунин нуќсон ба монанди каљпої ё таѓйирёбии модарзодии шакли кафи пой, бештар ба маълулият оварда мерасонад. Агентии љамоатї оид ба тавонбахшии саломатї ва омўзиши одамони дорои маълулият (Ташкилоти Ёрӣ-Белиз) эътироф менамояд, ки барои кўдакони Белиз бемории мазкур масъалаи хеле љиддї аст. Дар њамкорї бо беморхонаи байналмилалии кўдакон ва Вазорати тандурустии Белиз, Ташкилоти Ёрӣ-Белиз барномаи муайянкунӣ ва табобати барваќтии каљпої дар кўдаконро тањия намуд. Ба табибони мањаллию касбӣ ва мутахассиони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал аз рӯи усули Понсети омўзишҳо гузаронида шуданд, яъне бо истифода аз дахолати ғайриҷарроҳӣ ислоњ намудани каҷпоӣ дар марҳилаи барвақтии ҳаёти кӯдакон. Барои ин аз усулҳои ҳаракатҳои нозук, бастан ва тахтабандиҳо (шинагузорӣ) истифода намудан. Бо ёрии кормандони ТСҶ Ташкилоти Ёрӣ-Белиз кўдакони синну соли бармањалро муайян намуда, ба муассисањои тиббї барои бартараф намудани каљпої равон мекард. Ба он нигоњ накарда, ки аз аввал ин иќдоми ѓайридавлатї дар сатњи мањаллї буд, муваффаќияти он барои тањияи Барномаи миллии табобати каљпої асос гузошт.
Раҳнамоии раванди дастрасӣ ба ёрии љарроњї Ба баъзе одамони дорои маълулият дахолати љарроњї зарур шуданаш мумкин аст. Дар якљоягї бо нигоњубини баъдиљарроњї ва тавонбахшию саломатї, амалиёти љарроњї метавонад иллатњоро ислоњ, бадшавии њолати беморро пешгирї ва барои бењтар намудани фаъолият мусоидат намояд. Барномањои ТСҶ метавонанд: тадќиќ намоянд, ки кадом намудњои табобати љарроњї барои одамони дорои маълулият дастрасанд, ва кадом имконияти маблаѓгузорї мављуданд; пеш аз оѓози љарроњї таҳқиқ ва муайян намоянд, ки оё одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онњо оид ба хавфу манфиати амалиёти љарроњї иттилооти дуруст доранд ва оё оид ба нарху наво ва аз давомнокии нақшаи амалиёти љарроњї ва раванди табобат огоҳанд; баъд аз гузаронидани амалиёти љарроњї боз вазъиятро таҳқиқ намуда, боварӣ ҳосил намудан лозим аст, ки оё нигоњубини зарурӣ ва мувофиқи баъди љарроњї аз тарафи гурӯҳи љарроњон ва кормандони миёнаи тиб, инчунин мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ (масалан, физиотерапевтњои касбӣ, протезистҳо/ортезистњо, мутахассисон оиди табобат бо мењнат) ба беморон бо маќсади пурра намудани муваффаќияти амалиёти љарроњї, амалӣ карда мешавад; Кормандони ТСҶ бошанд, барои аз дахолати тиббӣ мунтазам гузаштан ба раванди тавонбахшию саломатї ёрӣ мерасонанд.
Мусоидат намудан ба идоракунии мустаќили њолатњои музмин Барномањои ТСҶ ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо барои баланд намудани сатҳи огоҳии онҳо оид ба хуќуќњои худ ба хизматрасонињои тиббї ва азхудкунии малакањои зарурии худидоракунӣ дар вазъияти гирифтор будан ба беморињои музмин, мусоидат намоянд. Тавсия карда мешавад, ки барномањои ТСҶ метавонанд:
бевосита бо одамони дорои маълулият кор баранд, онњоро барои масъул будан ба саломатии худ ба воситаи дарёфт намудани табобату нигоҳубини мувофиқи тиббӣ, интихоби роҳу усулҳои бурдани тарзи њаёти солим, ќобилияти дурусти идрок ва иљро намудани тавсияњои табибон тарғибу ташвиқ намоянд;
42
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
маводу адабиётҳои мавҷударо, ки дар онҳо иттилоот тиббӣ оид ба њолатњои ғайримуқаррарӣ (патологї) дода шуда, барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо мувофиќ аст, мутобиқ намуда инчунин маводи нав тањия намоянд, (масалан, ифода бо забони соддаю фаҳмо, бо расм ва суратњои на он ќадар мураккаб, бо тарљима намудани суханҳои зери расмҳо ба забони мањаллї); одамони дорои маълулиятро барои иштирок дар гурўњњои худёрирасон љалб намоянд, ин ба онҳо имконияти омӯхтани маълумоти арзишнокро оид ба худидоракунӣ ба воситаи табодули таҷриба ва малакаҳо фароҳам меоварад. Онҳо инчунин метавонанд оид ба захираҳои мавҷудаи дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, усулњои самараноки гуфтушунидњо бо сохторњои тандурустї ва усулњои идоракунии њолатњои ғайримуқаррариро (патологї), маълумот ва дониши заруриро азхуд намоянд.
ЗАМИМАИ 21 Њамкорї бо мақсади воридсозии тағйирот Дар Никарагуа «гурӯҳҳои» (клубҳои) алоҳидаи одамони гирифтори беморињои музмин, масалан, бо фишори баланди хун ё бемории қанд (диабет) мављуданд. Ин гурўњњои ёрирасон ба фаъолиятҳои системаи тандурустї, саҳмгузорӣ менамоянд, то ин ки, онҳо тавонанд масъулияти идоракунии саломатии худ ва пешгирии пайдоиши њолатњои патологии навро ба дӯши худ гирифтанро азхуд намоянд. Дар вохӯриҳо одамон дар бораи мушкилиҳои худ наќл менамоянд, чӣ тавр мустақилона назорат намудани вазъи саломатии худро меомўзанд, инчунин роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилиҳоро дида мебароянд, масалан бурдани тарзи њаёти солим. Кумитањои идоракунии клубњо, бо мақсади пардохти маблағи баъзе аз доруворӣ ва ташхисњое, ки аз тарафи системаи тандурустї ройгон таъмин карда намешаванд, чорабинињои гуногунро барои ба даст овардани маблағ мегузаронанд. Барномаи ТСҶ бо гурўњњои ёрирасон бо мақсади таъмини иштирок ва ҷалби одамони дорои маълулият ба гурӯҳҳои (клубҳои) мазкур њамкорї менамояд.
Никарагуа
Ташаккули муносибат бо таъминкунандагони хизматрасонињои тиббї Кормандони соҳаи тиб бисёр ваќт дар бораи мушкилиҳои одамони дорои маълулият ва усулњои аз ҳама мувофиқи таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ маълумоти хеле кам доранд. Бо шарофати барќарор намудани алоќа бо ин сохторњо ва кормандони онњо, барномањои ТСҶ метавонанд шабакае ташкил дињанд, ки раванди равонасозии одамони дорои маълулиятро ба назди мутахассисони касбии алоҳида ва дастрасии онҳоро ба хизматрасонињои тиббии њамаљониба раҳнамоӣ намоянд. Барномањои ТСҶ метавонанд: сатњи огоњии кормандони тибро оид ба талабу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онҳо ба масъалаҳои саломатӣ баланд бардоранд; байни одамони алоҳида ва гурӯҳҳои дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо (агар мувофиқ бошад) бо кормандони тиб вохӯриҳоро бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим бо маќсади муњокимаи масъалањои асосї, ки бо маълулият вобастаанд, масалан оид ба дастрасї ба хизматрасонињо ва мубодилаи таљриба, ташкил намоянд;
ЁРИИ ТИББӢ
43
кормандони тибро барои ҷалб намудани одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба раванди таҳияи нақшаҳои табобат тарғибу ташвиқ намоянд. аз сохторњои тиббї хоњиш намоянд, ки барои кормандони барномањои ТСҶ омўзиши зарурї ва такмили ихтисос гузаронанд, то ки онњо тавонанд дар муайянкунии барвақтии беморон дар љамоатњо, навиштани роҳхат ва равонасозӣ ба назди мутахассисони касбӣ ва назорати минбаъда, ёрӣ расонанд; бо барномањои саломатии дар сатҳи ҷамоат амалкунанда дар якҷоягӣ фаъолият намоянд, то ин ки одамони дорои маълулият ба афзалиятњои барномањои мазкур дастрасї дошта бошанд.
ЗАМИМАИ 22
Индонезия
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ањолӣ дар Индонезия Дар байни кормандони барномањои ТСҶ, ки дар ќисми љанубии љазираи Сулавеси амалї мешавад, як гурӯҳ намояндагони соҳаҳои гуногун ба монанди кормандони тиббии дењот, муаллимони синфњои ибтидої ва ихтиёрон фаъолият мекунанд, ки ќисми зиёди онњо худашон дорои маълулиятанд ё ягон аъзои оилаашон маълулият доранд. Гурўњи ТСҶ бо кормандони тамоми сатњњои системаи тандурустї мунтазам омӯзишҳо мегузаронанд. Омӯзишҳои мазкур барои рушди шабакаи њамкорињо имкониятњои васеъ мекушояд, масалан тарғиби ќонеъ намудани талаботу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият ба хизматрасонињои тиббї ва тарғиби наќши барномањои ТСҶ ва сохторњои ба хизматрасониҳои тиббї вобастаро баланд мебардоранд.
44
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Тавонбахшӣ Муќаддима Чї тавре, ки дар сарсухан ќайд карда шудааст, дастрасї ба тавонбахшӣ барои ноил шудани одамони дорои маълулият ба сатњи баландтари саломатї, ањамияти муњим дорад. Моддаи 26-и Конвенсия оид ба њуќуќњои одамони дорои маълулият даъват менамояд, ки «чорањои самаранок ва зарурї бо иловаи дастгирии ҳаммаслакон, барои расидан ба ва нигоҳдории мустақилият, ќобилиятњои пурраи љисмонї, равонӣ, иљтимої, инчунин касбомӯзӣ ва иштироки пурра дар њамаи љанбањои њаёт барои одамони дорои маълулият . .» андешида шаванд (2). Ќоидањои меъёрии таъминоти имкониятњои якхела барои одамони дорои маълулият пешбинӣ менамояд, ки ба чорабинињои тавонбахшӣ бояд он воситаҳое ворид карда шаванд, ки ба барқарорнамоии ҳаракат (функсия) ё иваз намудани он дар ҳолати гум кардан ё маҳдуд будани фаъолият мусоидат намоянд (23). Тавонбахшӣ дар ҳар як марҳилаи ҳаёти одам рух дода метавонад, вале одатан дар муддати мањдуди ваќт ва аз як ё якчанд тарзҳои дахолат иборат аст. Тавонбахшӣ метавонад аз чорабинињои заминавї, ба монанди онҳое, ки аз аз тарафи кормандони марказњои љамоатї ва аъзоёни оилањои одамони дорои маълулят пешнињод мешаванд, оғоз гардида, то чорабинињои нисбатан мураккаб, ки дахолати махсуси мутахассисони касбии алоҳидаро (терапевтњоро) талаб менамояд, гузаронида шавад. Тавонбахшии саломатии самаранок ҷалби тамоми соњањои рушдро талаб менамояд, аз љумла соҳаи тандурустї, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва њифзи иљтимої. Дар қисмати мазкур диќќати асосї ба он чорањои бењтарсозии фаъолият дода мешавад, ки дар доираи системаи тандурустї пешнињод мегарданд. Ќайд намудан муњим аст, ки хизматрасонињои ба тавонбахшии саломатӣ вобаста ва таъмин намудан ба воситаҳои ёрирасон, зурур нест, ки дар зери ваколати сохтори Вазорати тандурустї бошанд (ба ќисми «Хизматарсонињои тавонбахшӣ» нигаред).
ТАВОНБАХШӢ
45
ЗАМИМАИ 23
Кения
Танзими њамкорињои давлатї – хусусї Дар давоми 50 соли охир Ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ дар Кения (АОДМ) ба шањрвандони мамлакат хизматрасонињои ҳаматарафаи тавонбахшии саломатї мерасонад, ки аз ҷумла бештар аз 500 њазор одамони дорои маълулиятро дарбар мегирад. Дар натиљаи амалї намудани якчанд барномањои њамкорї, ба Ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ (АОДМ) муяссар гардид, ки шабакаи Миллиро оид ба тавонбахшии саломатӣ ташкил намояд. Шабакаи мазкур аз нўњ шўъбаҳои асосї, 280 марказҳои ба ҳамдигар пайвасти хизматрасонињои сайёр ва барномањои зиёд оид ба тавонбахшии саломатї дар сатњи љамоатњо, иборатанд. Механизмҳои номбурда, ба мизоҷон хизматрасониҳоро аз тарафи мутахассисони касбии алоҳида (терапевтҳо), таъминот бо воситаҳои ёрирасон ва дастгирї њангоми амалиётњои љарроњиро пешнињод менамоянд. Яке аз намунаҳои њамкории бомуваффаќият бо иштироки Ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, бо Вазорати тандурустї аст. Дар тўли 30 соли охир АОДМ бо ин вазорат њамкории зич дошта ва дар таъмини хизматрасонињои баландсифати дастрас дар соњаи тавонбахшӣ ба теъдоди калони беморон хизмати назаррас кардааст. Аз нўњ шаш шўъбаи АОДМ дар назди беморхонањои давлатї фаъолият намуда, Вазорати тандурустї ба онҳо зиёда аз 50 кормандони тиб, хусусан мутахассисони касбии алоҳида (терапевтҳо) ва кормандони миёнаи тибро људо намудааст. Вазорати тандурустї барои ќисми бештари кормандон тиббӣ маош таъин намудааст, АОДМ бошад хароҷоти барномаҳоро пардохт менамояд. Ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ (АОДМ) барномаи аввалини ТСҶ-ро дар шӯъбаи Момбас будаи худ соли 1992 оғоз намуданд. Аз соли 2000 барнома ба маҳалҳои нообод ва камбағалнишини Найробї бо мақсади воридсозии одамони дорои маълулият, ки аз ҳама осебпазиранд, пањн гардидааст. Барномаи ТСҶ хизматрасониҳои тавонбахшии саломатиро дар хона пешбинї менамояд ва чун ҳалқаи пайвасткунандаи муњим байни марказњои хизматрасонињои сайёр ва шўъбањои АОДМ фаъолият менамояд. Бо дасгирии молиявии ташкилотњои хайриявии ёрӣ ба одамони дорои маълулият (БК) ва Киндернотҳил, АОДМ ба фаъолият дар ин барномањо 32 корманди ТСҶ -ро љалб намудааст. Аз тарафи худ њукумат якчанд барномаи ҷалби мутахассисони касбии алоҳидаро (терапевтҳо) маблаѓгузорї менамояд. АОДМ намунаи бомуваффаќияти њамкории ниҳодҳои давлатию хусусӣ шуда метавонад ва нишон медињад, ки тавонбахшии саломатиро дар сатҳи марказњои саломатӣ ва дар сатҳи љамоатњо ҳам дар минтақаҳои шаҳрӣ ва ҳам деҳотӣ татбиқ намудан имконпазир аст. Танњо дар соли 2008 таќрибан 52 њазор кениягињо ба хизматрасонињои тавонбахшии саломатӣ бо дастгирии АОДМ фаро гирифта шуданд.
46
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Маќсад Одамони дорои маълулият ба хизматрасонињои тавонбахшии саломатї дастрасӣ доранд, ки он ба некӯаҳволии умумӣ, фарогирӣ ва иштироки онҳо дар њаёти љамъиятї ёрӣ мерасонад.
Наќши ТСҶ Наќши ТСҶ аз ташвиқу њавасмандкунї, дастгирї ва татбиќи чорабинињои тавонбахшї дар сатњи љамоатњо; ва раҳнамоии раванди равонасозӣ бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасонињои тавонбахшӣ аз тарафи мутахассисони касбӣ иборат аст.
Натиљањои чашмдошт
Ба одамони дорои маълулият арзёбии алоҳида гузаронида шуда, худи онҳо ба раванди таҳияи нақшаи тавонбахшӣ ва хизматрасониҳое, ки ба онҳо пешниҳод карда мешавад иштирок менамоянд. одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо наќш ва вазифањои тавонбахшии саломатиро мефањманд ва иттилооти боэътимодро оид ба хизматрасонињои дар соњаи тандурустї мавҷударо дастрас менамоянд. одамони дорои маълулият ба хизматрасонињои махсуси касбии тавонбахшии саломатї ва инчунин назорати минбаъда равон карда мешаванд ва мақсад аз муайян намудани он иборат аст, ки хизматрасониҳои гузаронида шуда талаботҳоро қонеъ гардонидаанд; хизматрасонињои тавонбахшии саломатї дар сатњи љамоатњо дастрас мебошанд. кормандони барномањои ТСҶ, одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба воситаю маводи мавҷуда, ки барои амалї гардонидани барномањои тавонбахшии саломатї дар љамоатњо таҳия шуда буданд дастрасӣ доранд. ба кормандони барномањои ТСҶ омодагї, омўзиш ва дастгирии зарурӣ, барои гузаронидани чорабинињои тавонбахшӣ ёрӣ мерасонад, пешниҳод карда мешавад.
Мафњумњои асосї Тавонбахшӣ Тавонбахшӣ ба шахсоне мувофиқ аст, ки аз рўи маљмўи васеи њолатњои ғайримуқаррарӣ (патологї) ба маълулият дучор шудаанд. Бинобар ин, дар «Конвенсия оид ба њуќуќњои одамони дорои маълулият» њам оид ба «абилитатсия–тайёр намудан ба ягони навъи фаъолият», ва њам оид ба «тавонбахшӣ–барқарорсозии малака ё ҳаракатҳои гумкарда» истинод карда шудааст. Абилитатсия ба расонидани ёрӣ ба одамони дорои маълулияти модарзодӣ ё ба онњое, ки ба маълулият дар синни барвақти кӯдакӣ дучор шудаанд ва таҷрибаи бе маълулият зиндагӣ карданро надоранд, нигаронида шудааст. Тавонбахшӣ ба расонидани ёрӣ ба он одамоне, ки имкониятњои функсионалии худро дар натиљаи осебњо ё беморињо гум кардаанд ва ба онњо аз сари нав малакањои фаъолияти њаррўзаро омўхтан лозим аст, нигаронида шудааст. Абилитатсия истилоњи нав буда, одатан дар мамлакатњои сатҳи даромадашон паст истифода бурда намешавад, бинобар ин, дар Дастури мазкур истилоњи «тавонбахшӣ» њам ба маънои тавонбахшӣ ва њам маънои абилитатсия истифода мешавад. ТАВОНБАХШӢ
47
Чорабинињои тавонбахшӣ Дар чорчўбаи системаи тандурустї чорабинињои зиёди тавонбахширо амалї намудан мумкин аст. Мисолњои зеринро дида мебароем. Тавонбахшӣ барои духтарчае, ки бо фалаљи майнаи сар таваллуд (модарзод) шудааст, аз ташкили бозиҳои ҳаракатӣ, њиссӣ ва рушди малакањои забонӣ оғоз намудан мувофиқи мақсад аст, инчунин барномаи машқӣ бо мақсади пешгирии шахшавии мушакњо ва инкишофи шаклтаѓйирдињї, масалан бо роњи таъмин намудан бо аробачаи маълулӣ, ки механизмҳои махсусро барои дуруст љойгир намудани бадан дорад, гузаронидан мумкин аст. Тавонбахшӣ ба писарбачаи қобилияти биноӣ ва гапзаниро гумкарда метавонад кор бо волидонро дар бар гирад, то ки онњо фаъолиятҳои шавќмандкунандаро, ки ба рушди инкишоф ва тезњаракатии функсионалии кўдакро бо ёрии омўзиши махсус оид ба воситањои махсуси алоќа, ба монанди ламс ва нишонањое, ки ба кўдак бо муњити зист дар даруни хона ва берун аз он иљозат медињанд, њавасманд мекунад, таъмин намоянд. Тавонбахшии духтарчаи навраси аќибмонии зењнї доштаро аз омўзиши тарзњои бењдошти шахсӣ оғоз намудан лозим аст (масалан, риояи усулҳои нигоҳдории тозагӣ њангоми ҳайз), якљоя бо аъзоёни оилааш тањия намудани роҳҳои њалли мушкилоти рафтор бо мақсади таъмин намудани дастрасии бехатар ба муњити иљтимої шаклҳои дигари тавонбахшӣ буда метавонанд. Тавонбахшии љавони ба афсурдаҳолӣ гирифторшударо аз мулоқотҳои як ба як (1:1) бо мақсади машваратдињї оид ба саволњои њалталаби асосї, ки сабабгори афсурдаҳолӣ мешаванд, омўзиши механизмҳои пасткунии сатҳи шиддатнокӣ ва фишор барои бартараф намудани њолатњои шиддати асаб (стресс) ва изтироб, инчунин ҷалбнамоӣ ба гурўњи ёрирасон бо мақсади баланд бардоштани сатњи њамкории иљтимої бо атрофиён оғоз намудан мувофиқи мақсад аст. Тавонбахшӣ ба зани калонсол, ки ба сактаи майна гирифтор шудааст, аз ташкили машќњои ќувватдињанда барои қисмҳои поёнии бадан, омўзиши малакањои роњравї, омӯзиши ҳаракаткунӣ, ки ӯро барои мустаќилона либос пўшидан, хўрокхўрї ва оббозикунї рӯҳбаланд месозад, инчунин таъмин намудан бо асо барои нигоҳ доштани мувозинат ҳангоми роҳравӣ ва гузаронидани машқҳо бо мақсади роҳнамоии раванди азнавбарқароркунии нутқ, иборат мебошад. Тавонбахшӣ ба одами калонсол, ки бемории қанд (диабет) дошта ба наздикӣ ҳарду пояш аз зону поёнтар ҷарроҳӣ шудаанд, метавонад аз пурқувватгардонии саломатӣ, протезшинонї ё пешнињод намудани аробачаи маълулї ва инчунин омӯзишҳо бо мақсади азхудкунии малакањои њаракат ва худхизматрасониро дар бар гирад.
Хизматрасонињои тавонбахшї Хизматрасонињои тавонбахшї аз тарафи муассисаҳои давлатӣ, сохторњои хусусї ва ѓайритиљоратї ташкил ва идора карда мешаванд. Дар бисёр мамлакатњо хизматрасонињои тавонбахширо Вазорати тандурустї идора менамоянд, дар мамлакатњои дигар бошад, расонидани ин намуди хизматрасонињо дар тобеияти дигар вазоратњо, ба монанди Вазорати мењнат ва Вазорати маълулони љанг ва масъалањои иљтимої дар Ветнам ё Вазорати њифзи иљтимоӣ дар Гана, Њиндустон ва Эфиопия мебошанд. Дар баъзе мамлакатњои дигар бошад, ба монанди Љумњурии Исломии Эрон, Кения ва Хитой идоракунии хизматрасонињои тавонбахшї бо усулҳои ҳамкории байни вазоратҳо ва созмонҳои ѓайридавлатї амалї мешаванд.
48
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Хизматрасонињои тавонбахшии саломатї аз тарафи доираи васеи мутахассисон, аз љумла кормандони тиб (њамширањои тиббї, физиотерапевтњо), терапевтњо (мутахассисон оид ба табобат бо мењнат, физиотерапевтњо, логопедњо) ва мутахассисони техникї (раддодњо ва протезистњо) ва инчунин мутахассисон оид ба тавонбахшии саломатї (ёрдамчињо оид ба тавонбахшї, кормандони марказњои тавонбахшии љамоатї) расонида мешавад. Хизматрасонињои тавонбахшї дар мавзеъҳои гуногун, ба монанди беморхонањо, клиникањо, марказњои махсусгардонидашуда ё шӯъбаҳо, муассисањои љамоатї ва дар хона гузаронида мешавад. Макони гузаронидани чорабинињои тавонбахшии саломатї бо назардошти марњилаи тавонбахшӣ (масалан марњилаи шадид баъди садамаи наќлиёт ва осеббинӣ), ва вобаста аз дараљаи зарурии дахолат, муайян карда мешавад. Дар мамлакатњои сатҳи даромадашон паст, махсусан дар минтақаҳои дењот њаљми хизматрасонињои тавонбахшии љисмонї ва аз ҷиҳати иќтисодї дастрас, хеле мањдуд аст. Масалан, дар он љо метавонад танҳо, як маркази тавонбахшӣ, ки дар пойтахти давлат љойгир аст, фаъолият намояд, терапевтњо бошанд, танњо дар беморхонањо ва клиникањои калон дастрасанд. Бинобар ин, стратегияњо дар сатҳи љамоатњо амалї мешаванд, ба монанди ТСҶ, ки дар таъмини алоқамандӣ ва дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо ба хизматрасонињои тавонбахшї, нақши калон доранд. Хизматрасонињо дар сатҳи љамоатњо Таърихан, барномањои ТСҶ воситаи хизматрасонињои ба тавонбахшӣ нигаронидашуда барои одамоне аст, ки дар мамлакатњои сатҳи даромадашон паст зиндагї менамоянд ва ба воситаи истифодабарии захирањои љамоатњои мањаллї, амалӣ карда мешаванд. Ба он нигоњ накарда, ки консепсияи аввалаи ТСҶ бо гузаштани ваќт ба стратегияи васеи инкишоф мубаддал гашт, барномањои хизматрасонињои тавонбахшии саломатї дар сатњи љамоатњо, чун њарваќта зарур ва таркиби асосии барномањои ТСҶ , боќї мемонанд. Тавонбахшї дар марказњои махсусгардонидашуда, на њама ваќт зарур ё мувофиқ аст, махсусан барои онҳое, ки дар дењот истиќомат менамоянд, муњимияти амалї мумкин надошта бошад ва бисёр чорабинињои тавонбахшӣ метавонанд дар љамоатњо амалї шаванд. Дастури ТУТ оид ба Омӯзишҳо дар сатҳи ҷамоат барои одамони дорои маълулитят , ин дастур оид ба гузаронидани чорабинињои тавонбахшӣ мебошад, ки дар љамоатњо бо истифода аз захирањои мањаллї, амалї шуда метавонанд (32). Хизматрасонињои тавонбахш ӣ дар сатњи љамоатњо инчунин, тавонбахшии минбаъдаро дар марказњои махсусгардонидашуда талаб, карда метавонад. Дар ин маврид ба бемор дастгирї ва ёрии дурудароз њангоми истифодаи малакањои нав азхудкарда дар хона ва љамоат баъди баргаштан аз маркази тавонбахшӣ, зарур мешавад. Барномаи ТСҶ ба одамон тавассути ташрифњо ба хона ёрӣ расонида онҳоро барои давом додани фаъолиятҳои тавонбахшӣ дар мавриди зарурӣ рӯҳбаланд менамояд. ТАВОНБАХШӢ
49
Дар љамоатњое, ки хизматрасонињои тавонбахшї ба роҳ монда шудаанд, њамкории зич бояд бо марказњои тиббии махсусгардонидашуда ки бо системаи равонасозӣ, таъмин карда шудааст ва хизматрасониҳоро аз тарафи мутахассисони касбии алоҳидаи тавонбахшӣ пешниход мекунад, барқарор карда шавад. Эҳтиёҷоти одамони зиёди дорои маълулият бо мурури вақт метавонанд дигаргун шаванд; дар ин ваќт ба беморон дастгирии даврї ба муддати дароз, зарур шуда метавонад. Муваффаќияти чорабинињои тавонбахшӣ аз муносибати мустањками ҳамкорӣ байни одамони дорои маълулият, мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ ва кормандони дар сатҳи чамоат фаъолияткунанда вобаста аст.
ЗАМИМАИ 24 Ҷумҳурии Роњи Ли ба мустаќилї
Халқии Хитой
Ли, зани миёнасоли танҳо, бо њамроњии модари кӯҳансол ва се фарзандаш дар вилояти Синхай, Ҷумҳурии халқии Хитой зиндагї мекунад. То рух додани фалокат, дар моњи октябри соли 2003, ў ягона таъминкунандаи тамоми оила буд. Њангоми таъмири хона, Ли аз бом афтод ва дар натиља сутунумўњрааш шикаста, пойњояш аз њаракат монданд, њиссиёташон низ гум шуд. Баъди љавоб шудан аз беморхона, Ли бистарӣ шуд. Пойњояш тез варам мекардагї шуданд ва бе ёрии кўдаконаш вай дар бистар пањлў гаштан, оббозӣ кардан, либосашро иваз кардан ва аз њољатхона истифода бурдан наметавонист. Ли бовариро нисбати худ аз даст дода, якчанд маротиба кўшиши худкушї кардааст, аммо хушбахтона ин кўшишњо бе муваффаќият анҷомиданд. Корманди тавонбахшии барномаи ТСҶ ба назди Ли омада, даври пурраи тавонбахшӣ дар хонаро гузаронд. Ли бо назардошти имкониятњои мављудааш, як қатор малакаҳои худхизматрасонии ҳаётиро омўхт. Ба вай дар бораи маълулияташ ва пешгирии захмњо ва сирояти узвњои пешобдон маълумот пешниҳод намуданд. Ба аъзоёни оила ва дўстони ӯ оид ба омода намудани «роњравакњо»-и оддї, ки бо ёрии онњо Ли метавонад, рост истад ва роњ гардад, омўзонданд. Инчунин, онњо сатили оддиро мувофиқ сохта, масъалаи мушкилоти ташрифи њољатхонаро барои Ли ҳал намуданд. Маркази тавонбахшии саломатии мањаллї ба ў асобағал ва курсї - аробачаи маълулиро пешнињод намуд. Бо гузаштани ваќт, Ли хестан, роњ гаштан бо асобағал ва истифодаи курсї - аробачаи маълулиро барои ба масофањои дур рафтан, азхуд намуд. Ќадам ба ќадам Ли ба тавоноии худ боварї њосил намуд. Дере нагузашта, ў ќобилияти иљрокунии вазифањои њаррўзаашро пайдо намуд, аз љумла пухтани хўрок барои тамоми оила ва фаъолнокиаш бошад, хеле баланд шуд. Вай осиёби хурдеро ташкил намуд, ки даромад аз он дар якљоягї бо нафаќаи начандон калони њармоњааш аз Вазорати корҳои шаҳрвандӣ, ба ў имконият медињад, ки аз нав барои оилаи худ ѓамхорї намуда, ба оянда дилпурона назар намояд.
Наќшањои тавонбахшии саломатї Наќшаи тавонбахшии саломатї бояд фардишуда, маќсаднок ва дурандешона бошад. Њангоми тањияи наќша бояд афзалиятњои одам, синну сол, љинс, вазъи иљтимоию иќтисодї ва муњити оилавї, ба назар гирифта шаванд. Одатан тавонбахшии саломатї раванди дурудароз мебошад, бинобар ин, дар баробари гузоштани вазифањо оид ба расидан ба маќсадњои кўтоњмўњлат, банақшагирии дарозмўњлат низ зарур аст. Дар сурати дурандешона таҳия накардани нақшаи тавонбахшии саломатӣ захирањои пурќиммат метавонанд бењуда сарф шаванд. Бисёре аз наќшањои тавонбахшї бо сабаби он, ки њангоми тањияи онњо бо худи одамони дорои маълулият маслињат накардаанд, бемуваффаќият ба анҷом расиданд.
50
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Хеле муњим аст, ки њангоми тањияи наќшаи тавонбахшӣ фикру афзалиятњои одамони дорои маълулият инчунин, хусусиятњои тарзи њаёт, масалан камбизоатї ба назар гирифта шаванд. Масалан, наќшае, ки аз рўи он шахси камбизоати дар дењот истиќомат мекарда, бояд тез – тез ба маркази минтаќавии тавонбахшї барои гузаштани даври физиотерапевтї равад, бемуваффаќият мебошад. Кормандони соҳаи тавонбахшї бояд эљодкорона фикр намоянд ва барномањои барќаросозиеро тањия намоянд, ки дар љои зисти одамони дорои маълулият, аз љумла дар дењотљойњо дастрас бошанд. Эҳтиёҷот ба соњаи тавонбахшӣ бо мурури ваќт метавонанд, ки тағйир ёбанд, махсусан дар марњилањои гузариш, масалан њангоми рафтани кўдак ба мактаб, ба кор дохил шудани љавон, шахси калонсол бошад пас аз гузаштани раванди тавонбахшӣ ба хонааш ба љамоат бармегардад. Дар давоми чунин гузаришҳо ба наќшаи тавонбахшї бояд дигаргунињои дахлдор, бо назардошти хусусиятњои марњилаи гузариш дароварда шаванд, то ин ки фаъолияти ба наќша гирифта бамаврид ва мувофиқ бошанд.
Чорабинињои тавсияшаванда Муайян намудани эҳтиёҷот Пеш аз оѓози тањияи наќшаи тавонбахшӣ ва амалишавии он, хеле муњим аст, ки кормандони барномањои ТСҶ арзёбии ибтидоиро барои муайян намудани талаботу афзалиятњо дар якљоягї бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо гузаронанд. Гузаронидани арзёбї малакаҳои зиёдро металабад, бинобар ин кормандони ТСҶ бояд пешакӣ аз омўзишњо ва назорати сатҳи азхудкунии онро гузаранд, то ин ки салоњиятро дар ин соња таъмин намоянд. Њангоми муайян намудани талаботњои маълулон дида баромадани саволњои зерин хеле муњим аст: Кадом амалиётро онњо иљро карда метавонанд, кадомашро не? Кадом амалиётро онњо аз худ карданиянд? Бо кадом мушкилот онњо вомехўранд? Мушкилоти мазкур чї тавр ва кадом вақт ба вуљуд омадаанд? Кадом соњањои фаъолияти њаётї таъсир додааст, масалан бадан, узвњои њиссиёт, ќобилияти аќлї, воситаҳои муошират, рафтор? Кадом мушкилоти дуюмбора дар оянда ба вуљуд омаданаш мумкин аст? Вазъият дар хона ва љамоати онњо чї гуна аст? Чї тавр онҳо дар хона ва љамоат ба маълулияташон мутобиќ мешаванд? Иттилооти даќиќ оид ба саволњои номбаршуда бо роњи тањлили њуљљатњои тиббї, назорати шахс, муоинаи тиббии ӯ ва инчунин, бо роњи муњокимаи мушкилотњои асосї бо худи шахс ва аъзоёни оилаи вай бо иштироки кормандони (соњањои) тандурустї ба даст оварда мешавад. Хеле муњим аст, ки арзёбии ибтидоӣ ва натиљањои машваратњои минбаъда бо маќсади назорати бењбудии тадриҷии шахс ба назар гирифта шаванд. Дар доираи барномањои зиёди ТСҶ гунањои махсуси арзёбї ва назорати бењбудї барои осон намудани кори кормандон, тањия шудаанд.
ТАВОНБАХШӢ
51
Раҳнамоии раванди равонасозӣ ба назди мутахассисон ва ташкили назорати минбаъда Агар дар раванди арзёбии ибтидоӣ, кормандони ТСҶ талабот ба хизматарасонињои махсусгардонидашудаи тавонбахширо муайян намоянд, масалан, дар соњаи табобати физиотерапия, табобат бо мењнат, аудиология, логопедия, пас онњо метавонанд, ки дастрасиро ба ин хизматрасонињо ба маълулон бо роњи додани роњхатҳо ба мутахассисон, осон намоянд. Чорабинињои зерин тавсия мешаванд: муайян намудани дастрасии равонасозии одамони дорои маълулият ба чорабинињои тавонбахшӣ дар њамаи сатњњои системаи тандурустї; ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо пешнињод намудани иттилоот оид ба хизматрасонињои дастрас, аз љумла маълумот дар бораи мавзеъҳои хизматрасонињо, манфиати эњтимолї ва пардохтњои имконпазир; одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳоро барои пурсидани саволҳо оид ба раванди равонасозӣ ба назди мутахассиони касбӣ рӯҳбаланд намудан. Дар ҳолатҳои зарурӣ муроҷиат намудан барои пешниҳоди маълумоти иловагӣ ва барќарор намудани алоќа бо дигар одамони дорои маълулият, ки дар њамон љамоат истиќомат мекунанд, бо мушкилоти якхела дучор мегарданд ва аз њамин хизматрасонињо истифода бурдаанд; мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо, пеш аз навиштани роњхат, розигии худро, пас аз пурра ошно гаштан ба амалиёти тиббї ифшо намоянд; пас аз тайёр намудани роҳхати равонасозӣ алоќањои мунтазамро бо соњањо дастгирї намоянд ва ашхоси мутасаддӣ боварї њосил намоянд, ки њамаи чорањои зарурии амалиётї таъин ва иљро шудаанд; муайян намоянд, ки кадом намуди дастгирї ба одамони дорои маълулият барои дастрасї ба хизматрасонињо зарур аст (масалан, ёрии молиявї, таъмини наќлиёт, баланд намудани сатҳи огоҳӣ) ва чї тавр онро расонидан мумкин аст. Масалан, агар баланд намудани сатҳи огоҳӣ, яъне аз ҷиҳати ҳуқуқӣ фаҳмонидани ягон амал зарур бошад, кормандони ТСҶ метавонанд шахсро то макони расонидани хизмати тавонбахшӣ њамроњї намоянд; амалї намудани назорати минбаъда баъди таъин намудани хизматрасонии тавонбахшӣ бо мақсади муайян намудани зарурати дастгирии иловагї (масалан, давом додани чорабинињои тавонбахшӣ дар хона лозим шуданаш мумкин аст). Хизматрасонињои махсусгардонидашуда оид ба тавонбахшӣ аксар ваќт дар марказњои калони шањрї пешнињод мегарданд ва ин метавонад, ки дастрасии маълулонеро, ки дар дењот ва мавзеъҳои дурдаст истиќомат менамоянд, мањдуд намояд. Бо њамин маќсад бояд ба харољотњои вобаста бо ташриф ба марказњои тавонбахшӣ дар шањр ањамияти калон дода шавад, аз љумла пардохти наќлиёт, ѓизо, ҷои истиќомат ва баназаргирии аз даст додани музди кор; ба ѓайр аз ин бисёр хизматрасонињо пардохти наќдро талаб мекунанд. Барномањои ТСҶ бояд мањдудияти молиявиро ба назар гирифта, дида баромадани доираи васеи имкониятњои гуногунро таъмин намоянд, аз љумла љадвалњои маблаѓгузорї аз тарафи ташкилотњои давлатї ва ѓайридавлатї, ќарзњои бонкї ва дастгирї аз тарафи љамоатњо.
52
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ЗАМИМАИ 25 Ягон навъи хизматрасонињо набояд дар масофаи дур воқеъ бошанд Барномаи ТСҶ дар Ҷумҳурии исломии Эрон кормандони тиббии дењот ва кормандони барномањои ТСҶ-ро барои сари вақт муайян намудани одамони дорои маълулият ва равона сохтани онҳо барои гирифтани ёрии ибтидоии тиббию санитарї бевосита дар љамоаташон водор месозад. Дар асоси роњхат гурўњи мобилии мутахассисон оид ба тавонбахшӣ, барои расонидани хизматњои тавонбахшӣ ба одамони дорои маълулият ба хонаашон ташриф меоварад. Агар ба бемор табобати махсусгардонидашуда зарур бошад, роњхат ба муассисаи тиббии сатњи сеюм, ки одатан дар маркази ноњия ё пойтахт воќеъ аст, дода мешавад. Баъди тавонбахшӣ дар маркази махсусгардонидашуда ба шахси дорои маълулият дар ҳолати зарурӣ роњхат ба хизматрасонї дар муассисаи сохтори ёрии аввалияи тиббию санитарї, ки бо барномаи ТСҶ њамкорї менамояд барои давом додани чорабинињои тавонбахшӣ дода мешавад. Гурўњи мобилии мутахассисон оид ба тавонбахшӣ назорати минбаъдаи чорабинињои амалишавандаи тавонбахширо татбиќ менамояд ва дар ҳолати зарурӣ ёрӣ мерасонад.
Ҷумҳурии исломии Эрон
Раҳнамоии раванди татбиқи тавонбахшӣ Барномањои ТСҶ метавонанд, хизматрасонињои мутахассисони касбиро (терпевтиро) дар хона ё дар љамоатњо раҳнамоӣ намоянд ва ба беморони иллатњои зиёди гуногун дошта ёрӣ расонанд, ки ин ба онњо имконияти ҳарчӣ бештар такмил додани қувваашон барои ҳаракат ва фаъолият намудан дар хона ва љамоатњо фароҳам меоварад. Амалї намудани чорабинињои дахолати барваќт бо мақсади рушди кўдакон Њар як кўдак раванди омўзишро мегузарад ва ин барои азхудкунии малакаҳои барои њаёти оянда муњим замина мегузорад. Самтњои асосии рушди кўдак инњо мебошанд: инкишофи љисмонї, нутќї ва забонї, инкишофи когнитивї, иљтимої ва ҳиссӣ. Аќибмонии рушд њамон ваќте пайдо мешавад, ки кўдак ба нуќтањои муњими инкишоф, ки ба гурўњи синну солии ў мутобиќ аст, расида наметавонад. Бо ёрии дахолати бармањал кўдакон аз гурўњи хатарнок ё аќибмонии рушд њар чї барваќттар муайян мегарданд ва чорањои мушаххаси дахолати тавонбахширо барои пешгирї ё паст шудани сатҳи аќибмонии рушд дастрас менамоянд. Мавҷудияти маълулият, масалан фалаљи майнаи сари кўдакона, бемориҳои иллати биноӣ ва шунавоӣ метавонад ба аќибмонии инкишоф оварда расонад ва ќобилияти иштирок намудани кўдак дар њаракатњои мунтазам, ба монанди бозињо бо дигар кўдакон ва ташрифи мактабро мањдуд намояд. Кормандони ТСҶ метавонанд чорањои дахолати барваќтро одатан дар хона барои амалї намудани чорабинињои ба рушд вобаста ва дар шакли омўзишии оддї ва дилписанд барои кўдак, гузаронад. Ба ѓайр аз ин, кормандони ТСҶ метавонанд волидайнро водор намоянд, ки барои мубодилаи таљриба ва аќидањо дар соњаи чорабинињои омўзишї, вохўрињо намоянд ва ташкил намудани гурўњњои бозиро осон намоянд, ки дар он љо кўдакони онњо метавонанд бо дигар кўдакон бозї карданро омўзанд, малакањои нав пайдо намоянд ва дар њамаи љанбањои инкишоф такмил ёбанд. ТАВОНБАХШӢ
53
ЗАМИМАИ 26
Миср
Хурсандї барои тамоми оила Дар шањри Александрия (Миср) барномаи ТСҶ якчанд клубҳо кушод, ки аъзоёни онњо њар њафта дар ќисмњои гуногуни шањр вомехўранд, аз љумла дар майдони варзишии мањаллї ва масҷид. Волидон бо њамроњии кўдакони маълули худ меоянд, то ин ки дар чорабинињои кормандони ТСҶ ва ихтиёрон аз љамоатњо ташкил намуда, иштирок кунанд. Ба кўдакон тамошои зиёд, масалан озмунњои раќсу сурудњо, ба волидон, имконияти муошират бо якдигар бо маќсади мубодилаи таљриба ва иштирок намудан дар омӯзишҳо пешнињод мегардад.
Дастгирї намудани мустаќилияти ҳаракатҳо Чорабинињои дахолати хусусияти функсионалї дошта ба баланд бардоштани сатњи мустаќилияти шахс дар истифодабарии малакањои њаётии њаррўза равона шудааст, масалан њаракат, муошират, оббозикунї, истифодаи њољатхона, либос-пўшї, ќабул ва пухтани ѓизо, нўшидан ва кор кардан дар хона. Чорањои дахолат аз синну сол, љинси одам ва шароитњои мањаллии муњит вобастаанд ва бо гузаштани ваќт њангоме, ки шахс аз як марњила ба марњилаи дигари њаёт мегузарад, дигаргун мешаванд. Кормандони ТСҶ метавонанд чорабинињои зеринро таъмин намоянд: гузаронидани омӯзиш барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба љанбањои гуногуни амалишавии фаъолияти њаётї; гузаронидани омӯзиш барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба фаъолиятҳои ҳаракатӣ бо мақсади таъмини ҳарчӣ пурраи мустаќилияти онҳо; такмилдињии малакањои истифодабарии воситаҳои ёрирасон, масалан воситањои њаракат бо мақсади осон намудани фаъолияти њаррўзаи њаётӣ; истифодаи омўзишҳо ва дастурдињї оид ба усулњои мушаххас, ки дар бартарафнамоии иллатњо, ба монанди сустии мушакњо, вайроншавии мувозинат ва аз њад кашидашавии мушакњо, ки фаъолияти њаётии њаррўзаро ба инсон мушкил менамояд, ёрӣ мерасонанд (дар ин њолатњо амалиётњои пурқувватгардонӣ, масњкунӣ (кашида дарозкунанда) ва барномањои машқҳои гуногуни шавқмандкунандаро (фитнессро) истифода бурдан мумкин аст).
54
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ЗАМИМАИ 27
Ба њаёт бо тарзи дигар нигоњ карданро омӯхтан Ширли дар яке аз дењаҳои Гайана зиндагї мекунад. Ў нобино аст ва бо ин сабаб модараш ўро аз хона берун баромадан иҷозат намедод, зеро аз ногаҳон осеб бардоштани духтараш метарсид. Ихтиёрони ТСҶ ба хонаи Ширли ташриф оварда, бо модараш дар бораи чӣ тавр ба Ширли берун аз хона мустаќилона њаракат намуданро омўзондан мумкин аст, сўњбат намуданд. Бовар кунонидани модари духтарча хеле душвор буд. Ихтиёрони ТСҶ аз Паулина, њамоњангсози шўъбаи минтаќавии барнома илтимос намуданд, ки ба хонаи Ширли ташриф оварда, боз бо модараш сўњбат намояд. Азбаски худи Паулина низ нобино буд, ихтиёрони ТСҶ ќарор доданд, ки намунаи ў ба Ширли ва модараш боиси ибрат мешавад. Модари Ширли розї шуд ва нақшаи тавонбахшии ба васеъ намудани мустаќилияти ҳаракатҳои (функсионалии) духтарча равонашуда, тањия карда шуд. Ширли тез ба муваффаќиятњо ноил гардид ва њоло мустаќилона дар дењот бо ёрии асочаи сафед ҳаракат мекунад. Вай аъзои фаъоли кумитаи мањаллии ТСҶ буда, аъзои ташкилоти одамони дорои маълулият низ мебошад.
Гайана
Раҳнамоии раванди мутобиқнамоии муњити атроф Барои баланд бардоштани сатҳи мустаќилияти ҳаракатии (функсионалии) одамони дорои маълулият мутобиқ намудани муњити атроф зарур шуданаш мумкин аст. Кормандони ТСҶ метавонанд дигаргуншавии муњити атрофро дар сатњи фардї (дар хона), масалан роҳрав барои ҳаракат намудан бо аробача, панљара дар ду тарафи зина (марзаҳо), аз нав таљњизонидани њољатхона, васеъ намудани љои дарњо ва њамчунин дар сатњи љамоатњо, масалан бо роњи дигаргункунии муњит дар мактаб, биноњои љамъиятї ё љойњои корї, ба амал бароранд (нигаред ба ќисми «Воситаҳои ёрирасон »).
ЗАМИМАИ 28 Модаркалон роњро меёбад
Ветнам
Модаркалони кӯҳансол аз дењоти Тхай Бини Ветнам гирифтори бемории қанд мебошад ва илова бар ин сатҳи биноияш суст аст. Вай бояд тез – тез ба њољатхона равад, махсусан шабњо, аммо хољатхона дар њавлї воќеъ аст ва ба модаркалон зарур меояд, ки ягон нафар аз аъзоёни оила ўро њамроњї намоянд. Ихтиёрие аз шӯъбаи мањалии ТСҶ маслињат дод, ки арѓамчинро аз кати хоби ӯ то њољатхона кашида таранг карда шавад, то пиразан шабона тавонад, ки арѓамчинро дошта ба њољатхона равад ва хешонашро бедор нанамояд. Њамин тариќ, дигаркунии оддии муњити зист барои баланд бардоштани мустаќилияти пиразан мусоидат намуд.
ТАВОНБАХШӢ
55
Барќарор намудани алоќа бо гурўњњои худёрирасон Барномањои ТСҶ ба раванди ташкили гурўњњои худёрирасон аз ҳисоби одамони иллатҳо ё талаботу эҳтиёҷоти якхела ба тавонбахшӣ дошта мусоидат мекунанд, то ин ки онҳо бо мақсади мубодилаи иттилоот, аќидањо ва таљриба якљо љамъ шуда тавонанд. Барномањои ТСҶ гурўњњои худёрирасон ва мутахассисони касбии соњаи тавонбахширо барои якдигарфањмї ва рушди њамкориҳо њавасманд менамоянд.
ЗАМИМАИ 29 Эътирофи ёрии беморхонаҳо Барномаи ТСҶ дар яке аз ноњияҳои камбизоати Мумбаи Калон (Њиндустон) фаъолият намуда, одатан кормандони муассисањои тавонбахширо чун тренерон ва омўзгорон барои кормандони барномаи худ ҷалб менамояд. Кормандон, ТСҶ ошкор намуданд, ки бисёр оилањои аъзои дорои маълулят дошта метарсанд, ки ба беморхона бо роњхат раванд, масалан барои ташриф ба назди духтури касбии гӯш, гулӯ ва бинӣ (отоларинголог), ё духтури чашм (офталмолог), раванд. Бинобар ин, аз тарафи гурўњњои хурди маълулон ва аъзоёни оилањои онхо ташрифњо ба беморхонањо ташкил карда шуданд, то ки ба маълулон дар бораи чӣ тавр ин беморхонањо кор мекунанд ва одамон чї тавр метавонанд ба хизматрасонињои гуногун дастрас бошанд, фањмонида дињанд. Баъзе кормандони беморхонањо ба чорабинињои маданї, ки аз тарафи барномањои ТСҶ ташкил карда шуда буданд, таклиф шуданд ва дар он љо ба онњо миннатдории љамоат барои ёрии расонидашуда, изњор карда шуд. Бисёр беморхонањои махсусгардонидашуда розї шуданд, ки чорабинињои якљоя бо барномањои ТСҶ –ро маблаѓгузорї намоянд.
Ҳиндустон
Тањия ва пањнкунии маводи иттилоотї Аз буклетњо ва дастурњои ба масъалаҳои одамони дорои маълулият бахшидашуда, чун маводу воситаи самараноки омўзиши тавонбахшӣ истифода бурдан мукин аст. Истифодаи маводи мазкур аз тарафи кормандони ТСҶ ва одамони дорои маълулият ва аъзоёри оилаҳои онҳо барои раҳнамоии раванди тавонбахшӣ, махсусан дар он мавзеъҳое, ки дастрасӣ ба кормандони касбии соҳаи тавонбахшӣ маҳдуд аст, манфиатнок мебошад. Маводи мазкур, маълумоти муњимро барои аҳолии васеи љамоат, оид ба хизматрасониҳои гуногуни соҳаҳои ба раванди тавонбахшӣ ҷалб пешниҳод мекунанд. Фаъолиятҳои зерин барои барномаҳои ТСҶ пешнињод мешаванд: муайян намудани захирањои мављудаи иттилоотї. Онњоро аз тарафи вазоратҳо, ташкилотҳои Созмони Милали Муттањид, ассотсиатсияњои одамони дорои маълулият, инчунин, ташкилотњои миллї ва байналмилалии ѓайридавлатї дастрас намудан имконпазир аст, қисмати зиёди онҳоро аз интернет низ дастрас намудан мумкин аст, масалан нашрияњои ТУТ «Омўзиш барои одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоат» (32) ва «Кўдакони дорои маълулият дар дењот» (33); мутобиќкунии маводњо ба талаботњои мањаллї бо гузоштани диққати асосӣ ба фарќияти маданї; тарљимаи маводњои мављуда ба забони давлатї ё ба забонњои мањаллї; дар он ҷойњое, ки маводу захирањои мављуда дастнорас мебошанд, таҳия намудани маводњои нав, ки бо забони содда ифода шуда талаботњои мањаллӣ ба назар гирифта шудаанд;
56
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
дастрас намудани маводњои иттилоотї ба њамаи кормандони барномањои ТСҶ, ки ин маводњоро њангоми ташриф бурдан ба назди одамони дорои маълулият бо мақсади тавонбахшӣ бо худ гирифта тавонанд; ташкил намудани марказњои захиравї, ки дар онњо маводњо барои одамони дорои маълулият, аъзоёни оилањои онњо ва дигар аъзоёни љамоатњо ба таври васеъ дастрасанд. Марказњои мазкур дар шӯъбаҳои мањаллии рушд, маркази саломатии ҷамоат ё марказњои махсусгардонидашуда барои одамони дорои маълулият ташкил карда шаванд.
ЗАМИМАИ 30
Ветнам
Тарљимаи маводњо ба забони ветнамї Барномаи ТСҶ дар Ветнам маводҳои иттилоотии мавҷударо аз љумла Дастури ТУТ оид ба ТСҶ барои истифода дар сатњи мањаллї ба забони ветнамӣ тарљима намудааст. Ба ѓайр аз ин, онҳо маводњои худро оид ба масъалаҳои махсус, ки боиси ташвиши одамони дорои маълулият ва шахсони ба онҳо нигоњубин кунанда гаштаанд, таҳия ва чоп намудаанд. Кормандони тиб ҳамеша бо ду нусха аз маводњои гуногуни иттилоотї, ҳангоми ташриф ба назди мизоҷон таъмин карда мешаванд, яктоаш барои корбарӣ ва дигараш барои мизоҷонашон.
Такмили ихтисос гузаронидан Кормандони барномањои ТСҶ мунтазам ба омӯзиш ниёз доранд, то ин ки раҳнамоии дастрасиро ба хизматрасонињои зарурии тавонбахшӣ ва ба таври мувофиқ амалӣ намудани онро дар сатҳи маҳал таъмин намоянд. Дар бисёр ташкилотњо барномањои махсус ва мувофиқи омўзишї тањия карда шудаанд. Аз кормандони ТСҶ хеле хуб дарк намудани наќши гурўњњои кормандони соҳаи тавонбахшӣ, масалан, физиотерапевтњо, мутахассисон оид ба табобат бо мењнат, логопедњо, аудиологњо, дастурдиҳандагон дар бораи омўзиши малакаҳои њаракат, протезистњо (раддодонортезистњо), кормандони тиб ва парамедикњо ва инчунин чӣ тавр ин мутахассисон ба одамони дорои иллату маълулияти гуногундошта манфиат расонида метавонанд, талаб карда мешавад. Барномањои ТСҶ инчунин, метавонанд барои кормандони соњаи тавонбахшӣ бо маќсади фањмондадињии наќши барномањои ТСҶ ва чї тавр ин барномањо метавонанд сифати хизматрасонињоро баланд намоянд, омӯзишҳо мегузаронанд (ниг. ба ќисми «Идоракунї»).
ТАВОНБАХШӢ
57
Воситаҳои ёрирасон Муќќаддима Воситаҳои ёрирасон , дастгоњҳои ҷудогонае мебошанд, ки бо мақсади ёрӣ расонидан ба одамон њангоми иљрои вазифањои муайян тањия, сохта ё мутобиќ карда шудаанд. Аксари одамони дорои маълулият аз воситаҳои ёрирасон вобастагї доранд, зеро ин воситаҳо барои амалї намудани фаъолияти њаррўза ва инчунин, дар њаёти љамъиятӣ фаъолона иштирок намудани онҳо имконият медињанд. Моддањои 4, 20 ва 26-и «Конвенсия оид ба њуќуќњои одамони дорои маълулият» давлатњоро даъват менамояд, ки ба дастрасии воситаҳои мувофиќ ва воситаҳои њаракат, инчунин, пешнињоди иттилооти дастрас ба онњо, ёрӣ расонанд (2). Аз тарафи худ, «Ќоидањои меъёрии таъмини имкониятњои баробар барои одамони дорои маълулият» давлатњоро даъват менамоянд, ки тањия, истењсол, пањнкунї ва хизматрасониҳо бо мақсади нигоҳубину таъмири воситаҳои ёрирасон ва таљњизотњо, инчунин паҳнкунии иттилоотро дар бораи онҳо, дастгирї намоянд (23). Дар аксари давлатњои сатҳи даромадашон паст ва миёна танњо аз 5 то 15% одамони ба воситаҳо ва технологияњои ёрирасон мўњтољанд, ба онњо дастрасї доранд (34). Дар ин мамлакатњо сатњи истењсолот ва аксар вақт сифати молҳои мебароварда паст ва маҳдуд буда, шумораи кормандони баландихтисос кам ва нархњо нигаронкунандаанд. Дастрасї ба воситаҳои ёрирасон дар њаёти қисми зиёди одамони дорои маълулият ањамияти калон дорад ва он ќисми муњими стратегияи рушд мебошад. Бе воситаҳои ёрирасон одамони дорои маълулият метавонанд, ки њељ гоњ дониш нагиранд ё имконияти кор карданро пайдо карда наметавонанд, ки ин сатҳи камбизоатиро пасттар менамояд. Имрӯзҳо, манфиати истифодаи воситаҳои ёрирасон аз тарафи одамони калонсол чун воситаи пешгирии беморињо ва пурқувватгардонии саломатї ба таври васеъ эътироф шудааст
ВОСИТАҲОИ ЁРИРАСОН
59
ЗАМИМАИ 31
Барқарорсозии ќобилияти мењнатї «Тавонбахшӣ дар сатњи љамоати Биратнагар» (ТСҶБ) – созмони ѓайридавлатї буда, фаъолияти худро дар соли 1990 дар ќисми шарќии Непал оғоз намудааст. Айни замон ташкилот ба 41 дењоти минтаќаи Моранг ва субмунисипалитети Биратнагар хизмат мерасонад, дар натиља зиёда аз 3 њазор одамони дорои маълулият, њам кўдакон ва њам калонсолон бо хизматрасонињои тавонбахшӣ фаро гирифта мешаванд. Дар соли 1997 ТСҶБ устохонаи начандон калони раддодиро, бо мақсади таъмири хурди воситаҳои ёрирасон ташкил намуд. То ин замон аксарияти одамони дорои маълулият маљбур буданд барои таъмири воситаҳои ёрирасон ба пойтахти мамлакат шаҳри Катманду ё ба Њиндустони њамсоя раванд. Баъди якчанд ваќт ТСҶБ устохонаи пурра таљњизонидашудаи раддодиро ташкил намуд. Дар њамкорї бо шўъбаи непалии ташкилоти Ҳандикен Интернешнел, вай силсилаи пурраи хизматрасонињо, аз љумла сохтан, пешнињод намудан ва таъмири воситаҳои ёрирасонро ба кор андохт. Аҳолии мањаллї (занњо ва мардњо, њам одамони дорои маълулият ва одамони маълулият надошта) ба сифати устои техникӣ дар Непал ва Њиндустон омўзиш гузаштанд ва ба ањли кормандони ТСҶБ якљоя шуданд. Айни замон ТСҶБ бо ортезњои баландсифат (суппортњо, њалќањо, шинањо) ва инчунин бо протезњо (масалан, пойњо ва дастњои сунъї) ва воситањои њаракати одамони дорои маълулият (асоњо, велосипедњои сечарха, курсї- аробачањои маълулї), ки дар 16 минтаќаи шарќии Непал зиндагї мекунанд, таъмин менамояд. Кормандони ТСҶБ, табибон ва техникњои устохона – њама дастаљамъона бо маќсади бењтар намудани сифати њаёти одамони дорои маълулият фаъолият менамоянд. Чандесвар – яке аз он нафароне мебошад, ки аз хизматрасонињои устохонаи ортопедї истифода бурдааст. Вай ронандаи велорикша буда, аз тањти дил мењнат мекард, аммо баъди њодисаи садама пои рости ўро буриданд. Азбаски акнун њамчун ронандаи велорикша кор карда наметавонист, ў даромади худро аз даст дод. Вай инчунин, захирањои худро гум кард, чунки вай бояд барои ёрии тиббӣ маблағи зиёд пардохт менамуд. Рӯзе, гурўњи кормандони ТСҶБ, ки дар дењоти Чандесвар фаъолият менамуданд, ӯро мебинанд ва ба лоиҳа ҷалб мекунанд. Онњо барои Чандесвар пои сунъи (протези) аз зону поёнтар сохтанд ва даври тавонбахширо низ гузаронданд. Дар раванди тавонбахшӣ Чандесвар роњгардиро бо пои сунъї омўхт ва боз мањорати чархзанонии педалњои велорикша низ азхуд намуд. Акнун Чандесвар боз дар кўчањои серодами Биратнагар њамчун ронандаи велорикша кор мекунад ва воситаи рӯзғорашро аз ҳамин ҳисоб таъмин месозад. Муваффаќияти чунин шахсон, ба монанди Чандесварро дида, президетни ТСҶБ мегўяд: «Мо бо барномањои ТСҶ дар тўли чандин солњо кор кардем, аммо аз он замоне, ки ба одамон воситаҳои ёрирасони сифатнок месозем, фаъолияти мо самарабахштар шуда обрӯи ТСҶБ дар байни аҳолии гирду атроф баланд ва фаъолияти онҳо ба эътирофи умум ноил гардидааст»
Непал
60
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Маќсад Одамони дорои маълулият аз воситаҳои ёрирасони мувофиқ ва сифаташон баланд истифода мебаранд ва онҳо дар њаёти хона, дар ҷои кор ва фаъолиятҳо дар сатҳи љамоат пурра иштирок менамоянд.
Наќши ТСҶ Наќши барномањои ТСҶ аз фаъолият намудан бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онҳо бо мақсади муайян намудани талаботу эҳтиёҷоти онњо ба воситаҳои ёрирасон, раҳнамоии раванди дастрасӣ ба воситаҳои ёрирасон, инчунин таъмини нигоҳдорӣ, таъмир ва иваз намудани онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ иборат аст.
Натиљањои чашмдошт
Кормандони ТСҶ оид ба воситаҳои ёрирасон маълумоти кофї доранд, аз љумла, оид ба навъу шаклҳои дастраси он, коршоямии онњо ва мувофиқатии онҳо барои одамони дорои маълулияташон гуногун, асосҳои тайёркунии онҳо (аз чӣ ва чӣ тавр тайёр намудани онҳо), дастрасї дар љамоатњо ва механизми додани роњхатњо барои гирифтани воситаҳои алоҳидаи махсус; одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо оид ба воситаҳои ёрирасон иттилооти хуб доранд ва ќарорњои салоњиятнокро оид ба роҳҳои дастрас намудани воситаҳои мазкур ва истифодаи онҳо ќабул менамоянд. ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилањои онњо оид ба дуруст истифодабарии воситаҳои ёрирасон ва тарзҳои нигоҳдории онҳо омўзишҳо гузаронида шуда, санҷишу назорати минбаъда пешнињод мегардад. ањолии мањаллї, аз љумла одамони дорои маълулият ва оилањои онњо аз ӯҳдаи сохтану тайёр намудани воситаҳои ёрирасони оддитарин ва роҳҳои таъмири оддию хизматрасониҳои техникии онњоро медонанд. мушкилиҳои барои дастрасї ба воситаҳои ёрирасон монеъшаванда, ба монанди иттилооти нокифоя, мањдудияти молиявї ва расонидани хизматрасонињои марказонидашуда, қисман бартараф карда шудаанд. омилҳои ба муҳити дастрасӣ таъсиркунанда дида баромада ба қадри имкон ҳал карда шудаанд, ва одамони дорои маълулият аз воситаҳои ёрирасони хеш дар ҳама мавзеъеҳои ба онҳо зарур истифода карда метавонанд.
Мафњумњои асосї Навъњои асосии воситаҳои ёрирасон Доираи воситаҳои ёрирасон гуногун буда, аз воситањои оддии сатҳи технологияшон паст (ба монанди асоњо ё косаю пиёлаҳои махсус) то воситањои мураккаби технологияшон мураккаб (масалан, таљњизоти махсугардонидашудаи компютерї ва таъминоти барномавї ё курсињо – аробачањои мотордор) иборатанд. Рӯихати васеи воситаҳои ёрирасонро аз рўи ќисмњои алоњида дида баромадан хеле манфиатнок аст.
ВОСИТАҲОИ ЁРИРАСОН
61
Воситањои њаракат Воситањои њаракат ба одамон барои роњ гаштан ё аз љое ба љое гузаштан ёрӣ мерасонанд, ва аз инњо иборатанд:
курсињо – аробачањои маълулї; аробачањои сечарха; асобаѓал; асоњо барои роњ рафтан; чорчўбањо (такягоњ) барои роњгардї (роњравакњо).
Воситањои њаракат барои қонеъ намудани талаботи истифодабаранда метавонанд бо хусусияту таркиби махсус таъмин бошанд. Масалан, шахси гирифтори фалаљи майна барои курсї – аробачааш нигоҳдорандаи бадан (сар)-ро барои мавќеи дурусти нишастан, фармуда метавонад. Дастурҳои ТУТ оид ба пешнињоди курсї – аробачањои бо даст ба ҳаркат даровардашаванда дар минтақаҳои камбизоат ва шароити норасоии захираҳо» (35), барои онҳое, ки ба лоињакашї, истењсол ва пањнкунии курсї – аробачањо барои одамони дорои маълулият ҷалбанд, њамчун маводи фоиданок тавсия карда мешавад. Воситаҳои ёрирасон барои таъмини мавқеи дуруст Одамони дорои маълулияти љисмонї, бисёр ваќт њангоми интихоби мавқеи мувофиқ, масалан хобида (дароз кашида), рост истода ё дар ҳолати нишастан қарор доштани бадан ҳангоми фаъолнокии ҳаракатӣ ба мушкилињо вомехўранд ва зери хавфи шаклтаѓйирдињї бо сабаби мавқеи дуруст надоштани бадан гирифтор мешаванд. Воситањои зерин метавонанд, ки барои бартараф кардани баъзе аз ин мушкилињо ёрӣ расонанд: тагмонакњои фонашакл; курсињо (курсињое, ки дар як кунљ гузошта мешаванд, нишастгоњњои курсињои махсус); чорчўбањо (такягоњ) барои истодан. Протезњо, ортезњо, пойафзоли ортопедї Њамчун ќоида, ин воситањое мебошанд, ки бо супориш, барои мукаммал, дастгирї ва ислоњ кардани ќисмҳои бадан, тайёр карда шудаанд. Онњоро дар устохонањои махсусгардонидашуда тањия намуда месозанд ё дар марказњо, аз тарафи кормандони ихтисоснок оид ба протезкунї ва ортопедия мутобиќ карда мешаванд, ба монанди: протезњо, масалан, андомњои сунъї; ортезњо, масалан, миёнбандњо (корсетњо)-и ислоњкунанда барои сутунмўњра, шинањо ё бандажњо барои дасту пойњо; пойафзоли ортопедї. Воситањои ёрирасон барои њаёти њаррўза Ин воситањо ба одамони дорои маълулият имконияти иљрои фаъолияти њаррўзаро медињанд, ки бо худхизматрасонї вобаста аст (масалан, ѓизо, оббозї, либоспўшї, истифодаи њољатхона, нигоњубини макони зист). Теъдоди зиёди чунин воситањо мављуд аст, аз љумла: лавозимоти мутобиќшудаи ошхона ва пиёлањо; нишастгоњи курсї дар ҳаммом ва курсињо; нишастгоњи курсї дар њочатхона ва чорчўбањо барои нишастан; креслоњои фардӣ барои нишастан дар ҳоҷатхона мутобиқкарда; чўбњо барои либоспўшї .
62
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
Воситаҳои ёрирасон барои шахсони дорои норасоии биноӣ Сатҳи биноии паст ё нобиної ба ќобилияти иљро намудани њаракатњои њаррўзаи муњими одам таъсири калон мерасонад. Барои зиёд кардани иштирок ва баланд шудани мустаќилият як ќатор асбобњо истифода бурда мешаванд (аз оддї оѓоз намуда, бо мураккаб анљом меёбад), аз љумла: китобњо, бо њарфњои калон чоп шудаанд; пурбинњо (лупы); линзањо/айнакњо; асоњои сафед; алифбои Брайл барои хондан ва навиштан; дастгоњњои аудиоӣ, масалан, радиоприемникњо, аудиокитобњо, телефонњои мобилї; барномањои компютерӣ, ки дар зкран навиштаҳо пайдо мешавад, масалан, JAWS Дастрасӣ ба ҷои кор ва нутқ, барномаи аз навиштаҳои дар экран пайдошаванда иборат аст. Воситаҳои ёрирасон барои шахсони сатҳи шунавоияшон паст Гум шудани ҳисси шунавої ба имконияти инсон барои муошират ва њамкорї бо дигар одамон, таъсир мерасонад. Вай метавонад ба бисёр љанбањои инкишоф, ба монанди нутќ ва забон таъсир расонад ва имконияти гирифтани илму дониш ва бо кор таъминкуниро мањдуд намояд, ки ба табъизи иљтимої ва танҳоӣ оварда мерасонад. Чунин воситаҳоро номбар намудан мумкин аст: воситаҳои шунавої; гўшпўшакњо барои телевизион; телефонњо бо пурќувваткунанда; воситаҳои алоќа барои одамони сатҳи шунавоияшон паст. (TTY /TTD); системањои мушоҳидашаванда барои ишора намудан (масалан, даргирифтани чароѓак њангоми занг задан ба дар).
ЗАМИМАИ 32
Бењтарин дар синф
Папуа - Гвинеяи Нав
Анна модарест, ки дар музофоти Сепики Шарќї, Папуа - Гвинеяи Нав зиндагї мекунад. Духтари ӯ Корис бо ноқисии шунавоӣ таваллуд шудааст. Анна қатъи қарор дода буд, ки духтарашро ба мактаб мебарад. Корманди барномаи ТСҶ , ки дар созмони ѓайридавлатии миллии «Каллан – хизматрасонињо барои одамони дорои маълулият» аз омўзиш гузашта буд, ба ў дар бораи боѓчаи кўдакон барои кўдакони ноқисии шунавоӣ дошта наќл намуд. Пеш аз он, ки духтарча ба ин муассисаи томактабї ворид гардид, ташкилоти «Каллан» ба ў асбоби шунавої фармуд. Аз Корис ќолабњои суфраи гўш гирифта шуданд ва ваќте, ки асбоби шунавої тайёр шуд, барои мутобиќ намудани он духтарчаро ба Порт-Морсби ба ќабули аудиолог бурданд. Корис ба боѓча рафтанро оѓоз намуд ва ба ѓайр аз ин, ба омўзиши забони имову ишора шурўъ намуд. Дере нагузашта, дар натиљаи истифодабарии воситаҳои ёрирасон ва дастгирии омўзгорон, Корис яке аз толибањои бењтарини гурўњ гардид.
ВОСИТАҲОИ ЁРИРАСОН
63
Воситаҳои муошират Асбобњое, ки нутќро шиддат ё дигаргун менамоянд, метавонанд ба одамоне, ки мушкилии фањмиш ва суханронї доранд, ёрӣ мерасонанд. Онњо барои дастгирии нутќ (воситаҳои шиддатдињанда) ё барои ислоњи нуќсонњо (асбобњое, ки нутќро дигаргун менамоянд) муќаррар шудаанд. Ба ин асбобњои зеринро дохил намудан мумкин аст: тахтачањои муошират ба воситаи суратњо, нишонањо ё њарфњои алифбо; вараќањо бо савол ё талабот; воситаҳои электронии нутќ; компютерњо бо таљњизот ва барномањои махсус. Воситаҳои маърифатї (когнитивӣ) Ќобилияти маърифатї – ин маҳорати фањмидан ва коркарди иттилоот мебошад. Он ба вазифањои равонии маѓзи сар, ба монанди хотира, банаќшагирї ва њалли мушкилињо вобастагӣ дорад. Осебњои маѓзи сар, иллатњои зењнї, камаќлї ва беморињои равонӣ он њолатњое ҳастанд, ки ба ќобилияти маърифатии инсон таъсир расонида метавонанд. Аз воситаҳои зерин бо мақсади дар хотир доштани масъалањои (њодисањои) муњим, идоракунии ваќти худ истифода намудан манфиатнок аст: рўйхатњо; рўзномањо; таќвимњо; љадвалњо; воситаҳои электронї, масалан, телефонњои мобилї, пейљерњо, органайзерњои шахсї.
Интихоби воситаҳои ёрирасон Технологияњое, ки ба шароитњои мављуда мувофиќ мебошанд Навъҳои зиёди технологияњо ба ноњияњои дурдаст ё дењотї ва инчунин барои мамлакатњои сатҳи даромадашон паст, мувофиќ намеоянд. Ба ин нигоњ накарда, бо назардошти омилњои экологї, фарњангї ва иљтимоию иќтисодї, ки ба љамоатњо ва шахсони алоњида таъсир мерасонанд, «технологияњои ба шароитњои мављуда мувофиќ» тањия карда мешаванд. Ин технологияњо ба ќаноат намудани талаботњои одамон равона карда шудаанд, малакањои мањаллї, таҷҳизот ва маводњоро истифода мебаранд, инчунин барои истифодабарандагони худ оддї, самаранок, дастрас ва ќобили ќабул мебошанд. Воситаҳои ёрирасон – ин технологияњое мебошанд, ки бояд љиддї тањия, сохта ва интихоб шаванд ва ба ин талаботњои меъёрӣ мувофиќ бошанд.
64
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ЗАМИМАИ 33
Ҳиндустон
Пўшидани њамон пойафзоле, ки дигарон мепўшанд Кормандони табобатхонаи љузом «Ассизи» ва барномањои ТСҶ дар штати Андхра Прадеши Ҳиндустон ба беморони гирифтори љузом, ки њассосияти андомњоро гум карда, зери хатари пайдоиши захмњо дар пойњо шуданд, пойафзоли (шиппакњои) махсус аз резинаи микроковоки сиёњ таќсим мекарданд. Маълум гардид, ки бисёр одамон, ки ба онњо пойафзол људо карда шуда буд, аз он пойафзол истифода намебаранд. Њангоми сўњбат кормандони тиб муайян карданд, ки онњое, ки пойафзоли махсусро пўшида мегарданд, ба тамғагузории иљтимої (стигматизатсия) гирифтор шуданд: барои одамони љамоат пойафзоли сиёњ нишонаи доштани бемории љузом гардид. Баъди ин, кормандони барнома ќарор доданд, ки пойафзоли оддиро истифода баранд, ки дар бозори мањаллї дастрас мебошанд ва њангоми зарурат ба талаботи беморони гирифтори љузом мутобиќ менамуданд. Одамон ин пойафзолро мепўшиданд, чунки ин пойафзол аз он пойафзоле, ки дигар аъзоёни љамоат мепўшиданд, ягон фарќе надошт.
Арзёбї Воситаҳои ёрирасон бояд бодиќќат интихоб карда шаванд ва аксар ваќт махсус сохта шуда, мутобиќ карда шуда бошанд, то ки талаботњои шахси мушаххасро ќонеъ намоянд. Интихоби номувофиқ ва беороиш метавонад ба пайдоиши мушкилињои зиёд, ба монанди, нороҳатӣ ва инкишофи њолатњои дубораи ғайримуқаррарӣ (патологї) оварда расонад. Масалан, дар бисёр мамлакатњо истифодабарии аробачањои маълулии истифодашуда, ки њамчун тўњфа ё хайр ба даст омадаанд, метавонад васеъ пањн шавад. Ба он нигоњ накарда, ки шояд ин таљриба афзалиятњои худро дошта бошад, аммо ба истифодабарандагон инчунин, метавонад зарар расонад: масалан, пешнињод намудани аробачаи маълулии бе болишти махсус ба маълули гирифтори осеби њароммаѓз метавонад ба пайдоиши минтаќаи фишор, ки барои њаёт хатарнок мебошад, оварда расонад (ниг. ба ќисми «Пешгирї») . Барои он, ки воситаҳои ёрирасон дар хона, мактаб, корхона ва љамоат талаботи одамонро ќонеъ намоянд, арзёбии њаматарфа лозим аст. Чунин арзёбӣ метавонад љамъ намудани иттилоотро оид ба вазъияти умумии бемор (бемориҳои дар кӯдакӣ аз сар гузаронда, иллатҳои ирсӣ ва ғайра) ва инчунин, вазъияти имрӯзаи беморро муайян намояд, ба он арзёбии воситаҳои мавҷудаи ёрирасон ва муоинаи тиббӣ низ бояд дохил карда шавад. Муносибат ба арзёбї аз рўи имконият, бояд соњаҳои гуногунро дарбар гирифта, иштироки доираи васеи одамон бо иловаи одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаҳои онҳо, табибони касбии соҳаҳои алоҳида, устоҳои техникӣ ва омӯзгорону кормандони ТСҶ–ро пешбинї намояд.
Истифодаи воситаҳои ёрирасон Муњити бе монеа Аксар одамон воситаҳои ёрирасон ро дар шароитњои гуногун истифода мебаранд бинобар ин, таъмини муњити «бемонеа» хеле муҳим аст, то ба одамон ќобилияти кории ҳадди олӣ ва мустаќилият расидан имконпазир гардад. Масалан, зани љавони аробачаро истифодабаранда, бояд имкон дошта бошад, ки онро барои даромадан ва баромадан аз хона, озодона дар хона њаракат намудан ва ба минтаќањои муњим дастрас будан (масалан, ба њољатхона) истифода бурда тавонад, инчунин бояд дар њудуди љамоати худ њаракат намуда, ба љои кории худ дастрас бошад. ВОСИТАҲОИ ЁРИРАСОН
65
Мутобиќкунї (модификатсия)-и муњити љисмонї аз барќароркунии пандус дар љойњое, ки зинапоя доранд, васеъ намудани дарҳо ва инчунин, дигар намудани љои ҷиҳози хона бо маќсади васеъ намудани фазо барои њаракат, иборат аст. Инчунин, ба инобат гирифтани дигар љанбањои муњити атроф, чунончи нишондодњои иљтимої ва системаи дастгирї, ки метавонанд ба ќобилияти маълулон оид ба истифодабарии воситаҳои ёрирасон таъсир расонанд, хеле муњим аст. Масалан писарбачае, ки барои ислоњи нутќ аз тахтаи муоширатӣ мебарад, ба он њам дар хона ва њам дар мактаб мўњтољ аст; бинобар ин, хеле муњим аст, ки аъзоёни оилаи ў, муаллимон ва дўстон мусбї ва дўстона рафтор намоянд ва тавонанд, ки якљоя бо ў аз ин тахта истифода баранд. Њангоми дида баромадани имконияти дигаргунсозии муњит, махсусан дар сатҳи љамоат, баррасии «нақшаҳои такмилдиҳии њаматарафа» манфиатнок аст (36), нақшаҳои такмилдиҳии њаматарафа маънои онро дорад, ки банақшагирии мањсулот, муњити атроф, барномањо ва хизматрасонињо барои истифодабарии умум (2), њам одамони дорои маълулият ва ҳам онҳое, ки маълулият надоранд, дар назар дошта шудааст.
ЗАМИМАИ 34
Ветнам
Чї тавр кўпрук љамоатро ба њам пайваст Дар яке аз дењањои минтаќаи Тхай Бин дар Ветнам ихтиёрони барномаи ТСҶ аъзоёни љамоатро, барои азнавсозии кўпруки мањаллӣ ташвиқу тарғиб намуданд, то ин ки ҳаракат намудан аз болои он барои одамони бо аробачањои маълулї њаракат кунанда, чун барои ҳамаи дигар аъзоёни ҷамоат қулай ва бароҳат бошад.
Чорабинињои тавсияшаванда Омўзишҳо барои кормандони барномањои ТСҶ Ташкил намудани омӯзиш барои ка кормандони ТСҶ оид ба истифодабарии воситаҳои ёрирасон зарур аст, то ки онњо ба мизоҷонашон иттилооти даќиќ пешнињод намуда, ба назди мутахассисони касбӣ равона намудани онҳоро азхуд намоянд. Омӯзиш бояд махсус ба ягон масъала ё чун як ќисми даври омўзиш ба пурқувватгардонии саломатӣ бахшида шуда бошад. Ба кормандони ТСҶ маълумотњо оид ба масъалањои зерин зарур аст:
намудњои асосии воситаҳои ёрирасон ; вазифањо ва имкониятњои функсионалии воситаҳои ёрирасон ; кадом воситаҳои ёрирасони асосиро бо ќувваи љамоатњо (масалан чигасњо) истењсол карда шаванд; дар куљо воситаҳои ёрирасонро дарёфт намудан мумкин аст, масалан протезњо ва воситаҳои шунавої; механизмњои додани роњхат барои гирифтани дастрасї ба воситаҳои махсусгардонидашуда; намудњои маблаѓгузории дастрас ба воситаҳои ёрирасон барои одамони дорои маълулият, ки худ хароҷоти воситаҳои ёрирасонро пардохт карда наметавонанд.
Ба ѓайр аз ин, ташкили омӯзиши амалї низ барои кормандони ТСҶ, ки дар ноњияњои дењотї ва дурдаст фаъолият менамоянд, ањамияти калон дорад, зеро онҳо мустаќилона сохтани воситаҳои ёрирасони оддиро азхуд намуда, малакањои муоширати корӣ ва бовариро бо одамони ба ин асбобњо мўњтољ, такмил дињанд. Масалан, кормандони ТСҶ метавонанд:
66
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ба аъзоёни оила чї тавр ба курсии тахтагин тасмаи махсусро, ки ба кўдаки гирифтори ноқисии узви мувозинат барои дуруст нишастан ёрӣ мерасонад, пайваст кардан мумкин аст, омӯзонанд; ба аъзоёни оила чї тавр дар хона чўбњоро ба таври параллелӣ рост намудан, ки он барои такмилдињии малакањои роњгардї ёрӣ мерасонад, омӯзонанд; ба аъзоёни оила чӣ тавр аз чӯб асои оддиро барои бемори осеби майна дида, ки давраи барқароршавиро гузашта истодааст ва њангоми роњгардї ба вай ёрӣ мерасонад, сохтан мумкин аст, нишон диҳанд; ба кўдаки гирифтори фалаљи майна, ки нутќ ё қобилияти ба таври мувофиқ њаракат додани дастонро надорад, чӣ тавр аз тахтаи коммуникатсионии суратдор бо ёрии њаракати чашмон истифода бурданро омӯзонанд; ба одами маълулияти биноӣ дошта, чӣ тавр аз асои сафед истифода бурданро омӯзонанд.
ЗАМИМАИ 35
Дастрас будани иттилоот ҳангоми зарурат Кормандони барномањои ТСҶ дар љануби љазираи Сулавеси, Индонезия рўйихати захирањои воситаҳои ёрирасон ро омода намуданд, ки дар он истеҳсолкунандагони асосии воситаҳои ёридиҳанда, ки ҳар навъи воситаҳоро таъмин ва таъмир менамоянд,. номбар шудаанд. Ин руйхат ба њамаи кормандони ТСҶ дастрас шудааст ва ба одамони дорои маълулият, махсусан онҳое, ки дар дењот зиндагӣ мекунанд, имкон медиҳад оид ба дастрасии воситаҳои ёридиҳанда, доимо иттилооти даќиќ дошта бошанд.
Индонезия
Рушди иќтидори ашхоси алоҳида ва оилањо Ба кормандони барномањои ТСҶ зарур аст, дар алоќамандии зич бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онњо фаъолият намоянд, то ки онњо: оид ба намудњои гуногуни воситаҳои ёрирасон ва чї тавр онҳо ба одамон барои расидан ба мустаќилият ва иштирок ёрӣ мерасонанд, огоњ бошанд; ба љараёни ќабули ќарорњо барои интихоб ва тарзи сохтани намудњои гуногуни воситаҳои ёрирасон ҷалб бошанд; ба одамон имконияти мушоҳида ва дар амал санҷидани онҳоро пешнињод намоянд, то интихоби онњо қонеъкунанда ва дуруст дарккарда бошад; воситаҳои ёрирасонро дуруст ва бо риояи техникаи бехатарї истифода бурдан, инчунин, таъмини истифодабарии дарозмўњлат, таъмир ва хизмати техникии онњоро низ қонеъ карда тавонанд; сохторњои махсусгардонидашударо оид ба њар гуна мушкилињои пайдошуда сари вақт огоҳ намоянд, то ин ки ислоњ ё тағйирот даровардан ба воситаҳои ёридиҳанда, инчунин роҳҳои дигари (вариантҳои алтернативӣ) имконпазир дида баромада шаванд. Дар қисмати саломатӣ ќайд карда шудааст, ки иштирок дар гурўњњои худёрирасон ба одамон имконият медињад, ки табодули иттилооти муњим ва малакаю таљрибаи пурарзиш намоянд. Гурўњњои худёрирасон дар њамон маврид махсусан манфиатоваранд, ки агар ягон шахс дар дастрасї ба кормандони касбии раванди тавонбахшӣ маҳдудият дошта бошад. Гурўњњои худёрирасон ба ашхоси алоҳида барои мутобиқ шудан ба воситаҳои ёрирасон, ки ба ќарибї ба даст оварда шудаанд, ёрӣ дода, малакањои нигоњубин ва хизмати техникиро меомўзонанд, дар масълањои худёрирасонї машварат медињанд, масалан, чї тавр рушди њолатњои дубораи патологиро пешгирӣ намуда, ба фаъолияти қонеъкунандаи ҳаёти ҳаррӯза ноил шудан мумкин аст.
ВОСИТАҲОИ ЁРИРАСОН
67
Омўзишҳо барои њунармандони мањаллї Аз эњтимол дур аст, ки истиќоматкунандагони ноњияњои дењотї барои таъмири восита ҳои ёрирасон ба марказњои махсусгардонидашуда раванд. Аксари онњо ба таври оддї, њангоми пайдо шудани мушкилињо дар онњо, аз истифодабарии ин воситаҳо даст мекашанд. Њунармандони мањаллиро оид ба таъмири хурди воситаҳои ёрирасон омўзонидан мумкин аст, махсусан таъмири протезњо, ортезњо ва курсињо – аробачањо, масалан, чї тавр ортезро бо роњи иваз намудани тасмањо, винтњо ва парчинмехњо таъмир намудан мумкин аст. Барномањои ТСҶ метавонанд њунармандњои мањаллиро муайян намуда, якљоя бо мутахассисони техникї омўзиши онњоро ташкил намоянд. Инчунин, бо ќувваи њунармандони мањаллї, чунин намудњои воситаҳои ёрирасонро ба монанди асоњо, чигасњо, роњравакњо (ходунки), чорчўбањо барои истодан ва курсињои оддиро бо истифода аз маводу захираҳои маҳаллӣ сохтан мумкин аст. Барномањои ТСҶ метавонанд њунармандони мањаллиро, ки дар истењсоли чунин воситаҳои ёрирасон њавасманд мебошанд, муайян намуда, барои омўзиши онњо мусоидат намоянд.
ЗАМИМАИ 36
Муғулистон
Омўзиши истењсоли воситаҳои ёрирасон Дар соли 2000, барномаи ТСҶ-и миллии Муѓулистон барои кормандони ташхисгоњи Миллии раддодї дар шаҳри Улан-Батор бо маќсади истењсоли тахтачӯбҳои (шинањои) оддї, воситаҳои барои нишаст мувофиқ ( курсиҳои гуногун) ва воситањои њаракат бо истифодаи маводњои мањаллї ва технологияњои ёрирасон, даври омўзишӣ ташкил намуд. Айни замон, дар оғози барномаи ТСҶ дар ягон музофоти Муѓулистон, кормандони он, ду њунарманди мањаллиро интихоб намуда ба ташхисгоњи Миллии раддодї барои омўзиш равон менамоянд.
Раҳнамоии дастрасї ба воситаҳои ёрирасон Дастрасї ба воситаҳои ёрирасон бо сабаби иттилооти носањењ, камбизоатї, дур воќеъ будан ва хизматрасонии муттамарказ, мањдуд шуданаш мумкин аст. Кормандони ТСҶ бояд дар алоқамандии зич бо маќсади раҳнамоии раванди дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онњо ба воситаҳои ёрирасон бо: муайян намудани таъминкунандагони хизматрасонињо, ки теъдоди зиёди воситаҳои ёрирасон (оддї ва мураккаб) - ро дар сатњи мањаллї, минтаќавї ва миллї таъмин ё истењсол менамоянд ҳамкорӣ намоянд; иттилооти муфассалро оид ба њар як таъминкунандагони хизматрасонињо, аз љумла роҳҳои равонасозӣ ба назди онњо, арзиши хизматрасонї, ќоидањои зарурї (аз љумла, маъмурї), усулҳои арзёбӣ, миќдори зарурии ташрифњо барои гирифтани андозањо, мувофиќгардонӣ ва инчунин, ваќт барои тайёр намудани воситаҳои ёрирасон ҷамъ оваранд;
68
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
мутмаин будан, ки иттиллоти љамъоварда дар шаклу андозаи мувофиќ барои пешнињод намудан ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо мавҷуд буда, онҳо низ аз ин огоҳанд; муайян намудани имкониятњои алтернативии маблаѓгузорї барои шахсоне, ки шароити пардохти маблаѓи воситаҳои ёрирасонро надоранд. Барномањои ТСҶ метавонанд, ки дастрасиро ба наќшањои давлатї ва ѓайридавлатї осон намоянд, инчунин, аз хазинањои хусусӣ, алоњида ва хайрияи љамоатї истифода баранд; расонидани ёрӣ барои љамъбаст намудани баъзе амалњои зарурии маъмурї, масалан барои гирифтани шањодатномаи маълулият, ки мављудияти он дар бисёр мамлакатњо дастрасии ройгонро ба воситаҳои ёрирасон имконпазир мегардонад; њамкорї бо марказњои тиббї, њукуматњои иљроияи мањаллї ва дигар ташкилотњо барои муайян намудани намудњои хизматрасонињои ѓайримарказї, ки бо воситаҳои ёрирасон вобастаанд, масалан воситаҳои ҳаракатӣ; таъмин намудани наќлиёт барои гурўњњои начандон калони одамон аз ноњияњои дурдасти дењот бо маќсади равонасозӣ ба марказњои тиббии касбии махсус ва пешакӣ огоҳ намудани марказҳо дар бораи ташриф; ташкили хизматрасонињо оид ба таъмири воситаҳои ёрирасон дар хона ё дар љамоатњо барои одамоне, ки дар ноњияњои дурдасти дењот истиќомат менамоянд, масалан, бо роњи созмон додани марказњои мобилии хизматрасонӣ ё муайян намудани мавзеи вохӯрӣ дар љамоатњо, ки одамони дорои маълулияти ба таъмири воситаҳои ёрирасон мўњтољ, мурољиат карда метавонанд.
ВОСИТАҲОИ ЁРИРАСОН
69
ЗАМИМАИ 37
Лубнон
Дастрасии воситаҳои ёрирасон Ташкилоти миллии одамони дорои маълулият дар Лубнон истењсоли љузъњои аробачањои маълулӣ ва дигар воситаҳоро ба монанди асобағал, роњравакњо, курсињои њољатхона, пойафзоли ортопедї ва курсињои махсусро ташкил намуд. Онҳо, инчунин, 5 устохонањои тақсимотӣ, таъмирї ва нигоҳдориро дар саросари мамлакат ба мақсади беҳгардонии таъмину дастрасии одамони дорои маълулият ба воситаҳои ёрирасон ташкил карданд. Дар устохонањои истењсолї ва таъмирї худи одамони дорои маълулият фаъолият менамоянд. Ташкилоти миллии одамони дорои маълулият, инчунин, маблаѓгузории зарурии буљавиро барои воситаҳои ёрирасон таъмин намуд. Айни замон, барномањои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулиятро, ки ба воситаҳои ёрирасон эҳтиёҷ доранд, ба марказњои мазкур равона созанд. Ташкил намудани устохонањои начандон калон Њангоми дастрас набудани хизматрасонињои равонасозӣ, ё пайдо шудани монеањо ба монанди арзиши баланд ё масофањои дур, ки бартараф кардани онҳо имконнопазир аст, барномањои ТСҶ метавонанд, ки дар ташкил ва дастгирии устохонањои хурд барои ќонеъ намудани талаботњои мањаллї, мусоидат намоянд. Воситаҳои ёрирасони оддиро метавонанд сокинони мањаллии махсус барои ин кор омўзонидашуда тайёр намоянд. Дар дастури ТУТ оид ба ТСҶ (32) ва дар дастури «Кўдакони дорои маълулият дар дењот» (33) тавсияњои оид баташкил намудани истењсоли воситаҳои ёрирасон бо истифодаи захирањои мањаллї мављуданд.
ЗАМИМАИ 38
Гвинея Биссау
Њалли мушкилињо бо ќувваи худ Дар назди беморхонаи шањри Кумура, Гвинея-Бисау як устохонаи начандон калон оид ба истењсоли ортезњо ташкил шудааст. Ду нафар одамони дорои маълулият чун «техник-ортопед» таълим дода шуда, дар устохонаи мазкур ба кор оғоз намуданд. Дарёфт намудани маводу воситаҳои зарурї аксар ваќт хеле мушкил аст ва воридоти ин гуна маводњо хеле гаронбаҳо аст. Бо ҳамин сабаб, техникњо кўшиш менамоянд, ки ба коркарди дигар устохонањоро роҳи ҳалли масъалаҳоро ёбанд. Масалан, онњо истењсоли шинањои пўстї ва пластикиро барои одамоне, ки пойњои худро гум кардаанд, оѓоз намуданд. Бо малакањои истењсоли воситаҳои ёрирасон инчунин худи маълулонро омўзонидан мумкин аст. Дар натиља, онњо даромад мегиранд, ки ба баланд шудани эътирофи онњо ба сифати иштирокчиёни баробарњуќуќи њаёти љамоат, рушди шабакаи иљтимої ва дар хотима ба васеъ шудани њуќуќњо ва шароиттњои онњо, оварда мерасонад.
70
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ЗАМИМАИ 39
Муваффаќ шудан ба рушди тиҷорати (бизнеси) хурд Кормандони якчанд барномањои ТСҶ дар шањри Бангалори Ҷумҳурии Њиндустон гурўњи даҳнафараи занњои љавони дорои маълулиятро дарёфт намуданд. Њамаи онњо ба норасоӣ ва табъиз дучор шуда буданд, зеро камбизоат буданд, саводу маълумот надоштанд, зан буданд ва илова бар ин дорои маълулият буданд, бинобар ин, њам дар оила ва њам дар љомеа њамчун бори гарон њисоб мешуданд. Дар соли 1998 њамаи ин 10 зан аз омўзиш оид ба ихтисоси «корманди техникӣортопед» гузаштанд ва дар чорчўбаи яке аз барномањои ТСҶ ба онњо ќарз барои ташкили устохонаи тиљоратї дода шуд. Бо ташкили бизнеси хусусӣ «Устохонаи истењсоли маводњои тавонбахшии занњои дорои маълулият» њаёти ин занњо комилан тағйир ёфт. Аз соли дуюми фаъолият устохона даромад оварданро оѓоз намуд ва дар охири соли чорум бошад, занњо ќарзњоро пурра супориданд. Онњо фаъолияти тиҷоратии худро чун намояндагони якчанд ширкатњои калони истењсолкунандаи таљњизоти ортопедї, воситаҳои ёрирасон ва маҳсулоти табобатӣ васеъ намуданд ва инчунин, бо беморхонањои калони хусусии шањр њамкорї барќарор намуданд. Акнун ин занњо даромади хуб ба даст меоваранд, ба сатњи баланди зиндагӣ расиданд ва њамчун саҳмгузорон ба ҳаёти ҷамоаташон шинохта шудаанд. Онњо ба шавњар баромада, таъминкунандаи оилањои худ ба ҳисоб мераванд, ва барои дигар одамони дорои маълулият намунаи ибратанд.
Ҳиндустон
Муошират ва њамкорї Дар баъзе мамлакатњо ташкил намудани хизматрасонињо оид ба истеҳсол ва таъмин намудан бо воситаҳои гуногуни ёрирасон хеле душвор аст. Ин аз афзалиятњои давлатї, мањдудияти манбаю захирањо ё камшумории ањолї вобаста аст. Аммо, воситаҳои ёрирасони зиёдро дар мамлакатњои њамсоя, ки арзишашон он љо дастрасттар аст, дарёфт намудан назар бо арзиши зиёд аз мамлакатњои даромадашон баланд ворид намудан осонтар аст. Ба барномањои ТСҶ муайян намудани он ки дар мамлакатњои њамсоя кадом захирањо дастрасанд ва аз рўи имкониятњо бо онњо њамкорї барќарор намоянд. Ба ѓайр аз ин, ба барномањои ТСҶ зарур аст, ки муошират ва робитањои зичро бо созмонҳои давлатї, байналмилалӣ ва миллии ѓайридавлатї, ки одатан дар истењсол ва таъмини воситаҳои ёрирасон хеле фаъолоанд, бо маќсади рушди устувори хизматрасонниҳо барќарор намоянд.
Бартараф намудани монеаҳо дар муҳити атроф Аксар ваќт дар хона, мактаб, кор ё дар љамоат монеањое мављуданд, ки истифодабарии воситаҳои ёрирасонро барои одамони дорои маълулият мушкил менамоянд. Кормандони ТСҶ оид ба ин монеањо бояд маълумоти кофии амалӣ дошта бошанд, то якљоя бо шахсони алоҳида, одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онњо, љамоатњо ва њукуматњои иљроияи мањњалї нисбати дарёфт ва бартарафнамоии ин гуна монеањо, кор баранд. ВОСИТАҲОИ ЁРИРАСОН
71
Эзоњњо 1.Constitution of the World Health Organization. Geneva, 2006 (www.who . int/governance/eb/who_ constitution_en.pdf, accessed 30 May 2010). 2.Конвенсия оид ба њуќуќњои маълул он. Ню-Йорк, Созмони Миллали Муттањид, 2006. (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability. shtml, санаи дастрасї: 30 марти с.2010). 3.Becker H. Measuring health among people with disabilities . Community Health, 2005, 29(1S):70S-77S . 4. The right to health (Fact Sheet No. 31). Geneva, Office of the United Nations High Commissioner for Human Rights/World Health Organization, 2008 (www.ohchr.org/Documents/Publications/ Factsheet31 .pdf, accessed 30 May 2010). 5.Disability, poverty and development. London, Department for International Development, 2000 (www.dfid .gov.uk/Documents/publications/disabilitypovertydevelopment.pdf, accessed 30 May 2010). 6.Access to basic services for the poor: The importance of good governance (Asia Pacific MDG Study Series). Bangkok, United Nations Economic and Social Commission for Asia and the Pacific/UNDP/ADB, 2007 (www.unescap. org/pdd/prs/ProjectActivities/Ongoing/gg/access-to-basic-services .asp, accessed 30 May 2010). 7. From exclusion to equality: realizing the rights of persons with disabilities Geneva, United Nations -DESA/OHCHR/IPU, 2007 (www.ohchr.org/Documents/Publications/training14en.pdf, accessed 30 May 2010). 8. The determinants of health. Geneva, World Health Organization, 2010 (www who int/hia/evidence/ doh/en/, accessed 30 May 2010) . 9. Health systems. Geneva, World Health Organization, 2010 (www.who. int/topics/health_systems/en/, accessed 30 May 2010) . 10 . Маърўза оид ба њолати тандурустї дар љањон, с.2008. Ёрии аввалияи тиббию санитарї: имрўз хеле муњим, нисбати дигар ваќт. Женева, 2008 (http://www.who. int/whr/2008/ru/, санаи дастрасї: 30 апрели с. 2010). 11.Декларатсияи Алма-Ато. Конфронси Байналмилалї оид ба ёрии тиббию санитарї. Алма-Ато, СССР, 6-12 сентябри с.1978. (http://www. euro . who . int/ data/assets/pdf_ file/0007/113875/E93944R.pdf , санаи дастрасї: 18 июни с. 2010). 12.Rimmer JH, Rowland JL. Health promotion for people with disabilities: Implications for empowering the person and promoting disability-friendly environments . Journal of Lifestyle Medicine, 2008, 2(5):409-420 . 13 . International Norms & Standards Related to Disability, Section V - Rights of special groups with disabilities. New York, United Nations, 2003-2004 (www.un.org/esa/socdev/enable/discom500.htm, accessed 30 May 2010). 14. CBR: A strategy for rehabilitation, equalization ofopportunities, poverty reduction and social inclusion of people with disabilities (Joint position paper 2004). Geneva, International Labour Organization, United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization, and World Health Organization, 2004 (www. who . int/disabilities/publications/cbr/en/index.html, accessed 30 May 2010) . 15. Understanding community-based rehabilitation. Bangkok, United Nations Economic and Social Commission for Asia and the Pacific, 2009 (www.unescap .org/esid/psis/disability/decade/publications/ cbr. asp, accessed 30 May 2010). 16. Ottawa Charter for Health Promotion. Geneva, World Health Organization, 1986 (www. who . int/hpr/NPH/docs/ottawa_charter_hp.pdf, accessed 30 May 2010). 17. Health promotion glossary. Geneva, World Health Organization, 1998 (www.who.int/hpr/NPH/docs/ hp_glossary_en.pdf, accessed 30 May 2010).
72
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
18.Regional framework for health promotion 2002-2005. Manila, World Health Organization Regional Office for the Western Pacific, 2002 (www. wpro. who .int/publications/pub_9290810328.htm, accessed 30 May 2010) . 19.Harrison T. Health promotion for persons with disabilities: what does the literature reveal? Family Community Health, 2005, 29(1S):12S-19S . 20 . The Surgeon General's call to action to improve the health and wellness of people with disabilities. Washington, DC, United States Department of Health and Human Services, Office of the Surgeon General, 2005 (www.surgeongeneral.gov/library/disabilities/calltoaction/index.html, accessed 30 May 2010) . 21.Smith RD. Promoting the health of people with physical disabilities: a discussion of the financing and organization of public health services in Australia. Health Promotion International, 2000, 15(1):79-86 (http://heapro.oxfordjournals.org/cgi/content/abstract/15/1/79, accessed 30 May 2010). 22.Hubley J. Communicating health: an action guide to health education and health promotion, 2nd ed . Oxford, Macmillan Education, 2004. 23.Ќоидањои меъёрии таъмини имкониятњои якхела ба маълул он. Ню-Йорк, Созмони Миллали Муттањид, 1993 (http://www. un.org/ru/documents/decl_conv/ conventions/disabled .shtml, санаи дастрасї: 18 июни с. 2010). 24.Patrick DL Rethinking prevention for people with disabilities Part 1: a conceptual model for promoting health. American Journal of Health Promotion, 1997, 11(4):257260. 25. World health report2002: reducing risks, promoting healthy life. Geneva, World Health Organization, 2002 (www.who. int/whr/2002/en/, accessed 30 May 2010) [Ба забони русї ниг.: Маърўза оид ба њолати тандурустї с. 2002. Паст намудани хатар, ёрӣ ба ташаккули тарзи хаёти солим [Тавсиф]. Женева, 2001 (http://www.who.int/whr/previous/ru/, санаи дастрасї: 30 апрели с. 2010)]. 26. Jones H, Reed B . Water and sanitation for people with disabilities and other vulnerable groups: designing services to improve accessibility. Loughborough, Water Engineering and Development Centre, 2005. 27. Visual impairment and blindness (Fact Sheet No . 282). Geneva, World Health Organization, 2009 (www. who. int/mediacentre/factsheets/fs282/en/index.html, accessed 30 May 2010). 28. Резолютсия WHA58.23. Маълул ї, аз љумла пешгирї, табобат ва тавонбахшӣ. Љаласаи панљоњу њаштуми аУмумиљањонии тандурустї, Женева, 25 маи с. 2005. (https://apps .who.int/gb/ebwha/pdf_files/WHA58/WHA58_23-ru .pdf, санаи дастрасї: 18 июни с. 2010)] 29. Albrecht GL et al ., eds. Encyclopedia of disability, Vol . 2 . Thousand Oaks, CA, Sage Publications, 2006. 30.Drum CD et al . Recognizing and responding to the health disparities of people with disabilities. Californian Journal of Health Promotion, 2005, 3(3):29-42 (www. csuchico. edu/cjhp/3/3/29-42-drum. pdf, accessed 30 May 2010) . 31.Саръ. Женева, Ташкилоти умумиљањонии тандурустї, 2009 (http://www.who.int/ mediacentre/factsheets/fs999/ru/index.html, санаи дастрасї: 21 сентябри с. 2012). 32. Training in the community for people with disabilities . Geneva, World Health Organization, 1989 (www.who .int/disabilities/publications/cbr/training/en/index.html, accessed 30 May 2010). 33. Werner D. Disabled village children. Berkeley, CA, Hesperian Foundation, 2009 (www.hesperian . org/publications_download_DVC .php, accessed 30 May 2010). 34. Assistive devices/technologies. Geneva, World Health Organization, 2010 (www. who .int/disabilities/ technology/en/, accessed 30 May 2010). 35 . Guidelines on the provision of manual wheelchairs in less resourced settings. Geneva, World Health Organization, 2008 (www.who.int/disabilities/publications/technology/English%20Wheelchair%20 Guidelines%20(EN%20for%20the%20web).pdf, accessed 30 May 2010) . ВОСИТАҲОИ ЁРИРАСОН
73
Рўйхати адабиёти тавсияшаванда A health handbook for women with disabilities. Berkeley, CA, Hesperian Foundation, 2007 (www.hesperian. org/publications_download .php, accessed 30 May 2010). Guideline for the prevention of deformities in polio. Geneva, World Health Organization, 1990 (www.who. int/disabilities/publications/care/en/, accessed 30 May 2010) . Hartley S (ed.). CBR as part of community development: a poverty reduction strategy. London, University College London Centre for International Child Health, 2006. Hartley S, Okune J (eds.). CBR: inclusive policy development and implementation. Norwich, University of East Anglia, 2008. Heinicke-Motsch K, Sygall S (eds.). Building an inclusive development community: a manual on including people with disabilities in international development programmes . Eugene, OR, Mobility International, 2003. Helping children who are blind. Berkeley, CA, Hesperian Foundation, 2000 (www.hesperian.org/publications_ download .php, accessed 30 May 2010). Helping children who are deaf Berkeley, CA, Hesperian Foundation, 2004 (www.hesperian.org/publications_ download .php, accessed 30 May 2010). Integrating mental health into primary care: a global perspective. Geneva, World Health Organization/World Organization of Family Doctors (Wonca), 2008 (www.who. int/mental_health/resources/mentalhealth_ PHC_2008.pdf, accessed 30 May 2010). Let's communicate: a handbook for people working with children with communication difficulties. Geneva, World Health Organization, 1997 (www.who .int/disabilities/publications/care/en/, accessed 30 May 2010). Promoting independence following a spinal cord injury: a manual for mid-level rehabilitation workers. Geneva, World Health Organization, 1996 (www.who .int/disabilities/publications/care/en/, accessed 30 May 2010). Promoting independence following a stroke: a guide for therapists and professionals working in primary health care. Geneva, World Health Organization, 1999 (www.who. int/disabilities/publications/care/en/, accessed 30 May 2010). Promoting the development of infants and young children with spina bifida and hydrocephalus: a guide for mid-level rehabilitation workers. Geneva, World Health Organization, 1996 (www.who. int/disabilities/ publications/care/en/, accessed 30 May 2010). Promoting the development of young children with cerebral palsy: a guide for mid-level rehabilitation workers. Geneva, World Health Organization, 1993 (www. who .int/disabilities/publications/care/en/, accessed 30 May 2010). Rehabilitation for persons with traumatic brain injuries. Geneva, World Health Organization, 2004 (www. who. int/disabilities/publications/care/en/, accessed 30 May 2010). Where there is no doctor. Berkeley, CA, Hesperian Foundation, 1992 (www.hesperian.org/publications_ download .php, accessed 30 May 2010). The relationship between prosthetics and orthotics services and community based rehabilitation (CBR): a joint ISPO/WHO statement. Geneva, WHO/International Society for Prosthetics and Orthotics (ISPO), 2003 (www. who. int/disabilities/technology/po_services_cbr.pdf, accessed 30 May 2010).
74
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > ҚИСМИ САЛОМАТӢ
ТОҶИКӢ
МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо
Идоракунии саломатӣ
Кӯдакии бармаҳал
Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила
Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон
Пешгирӣ
Ибтидоӣ
Худшуғлбудан
Кӯмаки тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ
Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Барқарорсозӣ
Ғайрирасмӣ
Асбобҳои ёрирасон
Таҳсил дар давоми ҳаёт
Ҳифзи иҷтимоӣ
Ташкилотҳои маълулон
Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон
Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72
Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.
1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо.
Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.
© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.
Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.
Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.
Қисмати «Маориф» Мундариҷа Сарсухан..........................................................3 Нигоҳубини кӯдаки синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ…………………………12 Таҳсилоти ибтидоӣ.......................................27 Таҳсилоти миёна ва олӣ..............................45 Таҳсилоти ғайрирасмӣ.................................55 Таҳсилот дар давоми ҳаёт...........................67
Сарсухан Таълим ҷараёнест, ки дар он ҳамаи одамон имконият доранд дар тӯли ҳаёт барои қонеъ кардани талабот ва хоҳишашон ва мувофиқи қобилияташон чизеро омӯзанд. Ҷараёни мазкур «омӯхтан бо мақсади донистан, иҷро карда тавонистан ва якҷоя бо дигарон зиндагӣ карда тавонистан»-ро фаро мегирад. (1). Таълим дар оила, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва умуман дар ҷамъият сурат мегирад. Ҳуқуқи умумӣ ба таҳсилот дар созишномаҳои байналмилалие, ки дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд, қатъиян муқаррар гардидааст: Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, (Моддаи 26 (2)) ва Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдак (Моддаи 28 (3)) . Ҳарчанд, дар созишномаҳои байналмилалӣ таъмини таҳсилоти ибтидоӣ ба таври ройгон, ҳатмӣ ва бе табъиз барои ҳамаи кӯдакон, эълон шуда бошад ҳам, дар амал ин тавр нест. Бинобар ин, созишномаҳои ба наздиқӣ қабулгардида зарурати татбиқи талаботи зеринро таъкид менамоянд: • васеъ намудан ва такмил додани нигоҳубин ва таҳсилоти томактабии кӯдакони хурдсол; • ба таъмини таҳсилоти ибтидоии ройгон, ҳатмӣ ва сифатнок барои ҳама комёб шудан; • таъмини дастрасии баробар ба гирифтани таҳсилоти муносиб, барномаҳои омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ, таъмини таҳсилоти асосӣ ва давомнок барои ҳамаи калонсолон; • баробарии гендериро таъмин намудан; • ба роҳ мондани ҷараёни фарогирии гурӯҳҳои дар канормонда, осебпазир ва табъизшаванда дар ҳамаи сатҳҳо. Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият (4) ҳуқуқҳои номбаршударо бори дигар тасдиқ менамояд ва ҳуҷҷати якуми қонунии ваколатдоре мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба таҳсилоти фарогир махсус қайд мегардад: давлатҳои иштироккунанда бояд «системаи таҳсилоти фарогирро дар ҳамаи сатҳҳо» таъмин намоянд (Моддаи 24, боби 1); ва давлатҳо иштироккунанда инчунин, вазифадоранд «чорабиниҳои самараноки фардикунонидашуда ва дастгириро дар шароит ва муҳите, ки барои гирифтани маълумот ва рушди иҷтимоӣ мусоидат менамояд, андешанд» (Моддаи 24, боби 2(e)). Ба ин омӯзиши алифбои Брайл, забони имову ишора, усулҳои гуногун ва воситаю тарзҳои муошират ва инчунин, малакаҳои муайянкунии мавқеи худ ва ҳаракат дохил мешавад. Камбизоатӣ, дар канор мондан ва табъиз – монеаҳои асосии таҳсилоти фарогир мебошанд (5). Аз рӯи арзёбии Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи маориф, илм ва маданият (ЮНЕСКО), зиёда аз 90% кӯдакони дорои маълулият дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, ба мактаб намераванд, тақрибан 30%-и кӯдакони бепарастор дар ҷаҳон дорои маълулият мебошанд. Дар байни калонсолони дорои маълулият сатҳи саводнокӣ танҳо 3%-ро ташкил медиҳад, дар байни занҳои дорои маълулият бошад дар баъзе мамлакатҳо ин нишондиҳанда аз 1% зиёд нест (6). Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки зарурати андешидани чораҳо ва таъмини дастрасии таҳсилот ба ҳамаи кӯдакони дорои маълулият ба миён омадааст. Ҳадафҳои СММ дар соҳаи рушд ба шакли возеҳ дар Мақсади 2, таъмини таҳсилоти умумии ибтидоӣ дар тамоми дунё ифода ёфтааст (7). Мақсад аз он иборат аст, ки то соли 2015 дар тамоми ҷаҳон кӯдакон, ҳам писарбачагон ва ҳам духтарон ба таҳсилоти пурраи ибтидоӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамин тариқ, тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) бояд барои расидан ба ин нишондиҳандаи мақсаднок мусоидат намояд. САРСУХАН 3
ЗАМИМАИ 1
Муғулистон
Афзалияти таҳсилоти фарогир барои кӯдакон Барномаи давлатии таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии МУҒУЛИСТОН дар асоси ҳамкорӣ байни ҳукумат, Ассотсиатсияи волидон, созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ва муассисаҳои ёрирасон аз мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо фаъолият менамояд. То соли 1989 дар Муғулистон ба одамони дорои маълулият – ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон – ҷойҳо дар мактабҳои махсус ва нигоҳубини хонагӣ пешниҳод мегардид. Ин система талаботҳои асосиро ба ҳаёт қонеъ менамуд, аммо одамони дорои маълулият аз ҳуқуқҳои дигар, ба монанди фарогирӣ дар сатҳи ҷамоат маҳрум мегардиданд. Баста шудани мактабҳои махсус ва муассисаҳо дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар мамлакат ба муносибати нав роҳ кушод. Дар соли 1998 бо дастгирии як созмони ғайридавлатии байналмилалӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маълулият Ассотсиатсияи волидони кӯдакони дорои маълулият ташкил карда шуд. Ассотсиатсия чорабиниҳои зеринро амалӣ намуд: таҳлили қонуну қоидаҳо; омӯзишҳо оид ба таҳсилоти фарогир бо мақсади омӯхтани таҷрибаи дигар мамлакатҳо; фаъолияти якҷоя бо Вазорати маориф оид ба ислоҳоти сиёсат ва амалияи он ва муайян намудани хизматарасониҳои гуногуни ёрирасон, ки барои зиёд намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои кӯдакони дорои маълулият ва фарогирии онҳо ба таҳсилот зарур аст. Тавонбахшии саломатӣ дар шароитҳои ҷамоат ҳамчун қисми ҷудонашавандаи стратегияи умумии таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маълулият дида баромада мешуд. Дар соли 2003 дар Вазорати маориф шӯъбаи таҳсилоти фарогир таъсис дода шуд, инчунин, дар натиҷаи амалиёти якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Вазорати меҳнат кумитаи татбиқи барнома ташкил карда шуд. Дар марказҳо дар назди ҷамоатҳои маҳаллӣ сохторҳои муайянкунии барвақт, табобат ва тавонбахшии саломатии кӯдакони дорои маълулият ташкил карда шуданд. Аз аввал диққати асосӣ ба таҳсилоти фарогири томактабӣ дода мешуд, баъд миқёси фаъолият то сатҳи мактабҳои ибтидоӣ васеъ гардид. Ба боғчаҳои кӯдакона зиёда аз 1 ҳазор кӯдакони дорои маълулият қабул шуданд, омӯзгорон ба омӯзиши усулҳои таълими фарогирро гузаштанд. Ассотсиатсияи волидони кӯдакони дорои маълулият ҳамкориро бо дигар гурӯҳҳо ва шабакаҳои мамлакат ва берун аз он бо мақсади мусоидат ба риояи ҳуқуқҳои кӯдакон, вусъат дода истодаанд.
4
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Мақсад Одамони дорои маълулият ба таҳсилот ва омӯзиш дар тамоми ҳаёт дастрасӣ доранд, ки барои рушди нерӯи онҳо, тақвияти қадру манзалат, худбаҳодиҳӣ ва иштироки самаранок дар ҳаёти иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз ҳамкорӣ бо соҳаи маориф бо мақсади фарогир намудани таҳсилот дар ҳамаи сатҳҳо ва роҳнамоии дастрасӣ ба таҳсилот ва омӯзиш дар тӯли ҳаёт барои одамони дорои маълулият иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Ҳамаи одамони дорои маълулият ба таҳсилот ва захираҳое, ки талаботҳои онҳоро қонеъ гардонида, риояи ҳуқуқҳои онҳоро таъмин менамоянд, дастрасӣ доранд. • Мактабҳои маҳаллӣ ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои маълулиятро бо мақсади таъмини таҳсил ва бозӣ бо ҳамсолонашон фаро мегиранд. • Мактабҳои маҳаллӣ дастрас ва самимианд, онҳо барномаҳои таълимии тағйирёбанда, муаллимони чунин мактабҳо аз аз курсҳои такмили ихтисос мунтазам мегузаранд ва ёрии методӣ мегиранд ва бо оила ва ҷомеа алоқаи хеле хуб дошта, инчунин бо системаи мувофиқи обтаъминкунӣ ва коррезӣ таъмин мебошанд. . • Одамони дорои маълулият чун намуна барои ибрат гирифтану пайравӣ кардан, шахсони дар қабули қарорҳо фаъол ва саҳмгузорандагон ба раванди таълим фаро гирифта шудаанд. • Муҳити хона рӯҳбаландкунанда буда, ҷараёни таълимро дастгирӣ менамояд. • Аҳолии ҷамоатҳо медонанд, ки одамони дорои маълулият таҳсил карда метавонанд, аз ин лиҳоз онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ ва рӯҳбаланд менамоянд. • Байни соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар сохторҳо ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. • Дар ҳамаи сатҳҳо тарғибу ташвиқи мунтазам бо мақсади муфассал ва пурра намудани сиёсати миллӣ ва раҳнамоии таҳсилоти фарогир, амалӣ мегардад.
ЗАМИМАИ 2 Раҳнамоии раванди дастрасӣ ба масъалаҳои таҳсилоти фарогир. Бинои мактаб мумкин аст барои дастрасии ҳамаи кӯдакон мутобиқ карда шуда ва бо муаллимон асосҳои фаъолият намуданро бо ҳар гуна гурӯҳи кӯдакон омӯхта, пурра таъмин бошад, вале ба ҳамаи имкониятҳои номбаршуда нигоҳ накарда, иштироки кӯдакони дорои маълулият дар раванди таҳсилот маҳдуд мемонад. Онҳо мумкин аст дар хона аз назарҳо ниҳон нигоҳ дошта шаванд, ба оила аз ягон тараф ёрие нарасад ва мумкин аст, чунин кӯдакон ба воситаҳои ёрирасон ва тавонбахшии саломатӣ ниёз дошта бошанд. Барномаи ТСҶ имконият дорад, ки ҳалли ҳамаи ин мушкилотро ба дӯши худ гирад ва ҳамчун ҳалқаи байни сохторҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва Тањсилот барои њама созмонҳои одамони дорои маълулият баромад намояд. Ба кормандони барномаи ТСҶ мумкин аст, ташкил намудани сӯҳбату муколамаҳо бо волидон бо мақсади бовар кунондани онҳо, ки таҳсилот барои кӯдаки дорои маълулият зарур ва манфиатнок аст, махсусан агар ин кӯдак, духтарча ё худи волидон бесавод бошанд.
САРСУХАН
5
Мафҳумҳои асосӣ Таҳсилот Таҳсилот – назар ба маҳфуми таҳсил дар мактаб, мазмуни хеле васеътарро дарбар мегирад. Таҳсил дар мактаб хеле муҳим аст, вале онро бояд дар чорчӯбаи ҷараёни таҳсил дар давоми ҳаёт дида баромадан лозим аст. Раванди таҳсил аз лаҳзаи таваллуд дар хона оғоз меёбад ва дар доираи тамоми ҳаёти калонсолӣ давом мекунад; он таҳсилоти расмӣ, ғайрирасмӣ (фаъолияти муташаккили таълимӣ ва фаъолияти ғайри муташаккили таълимӣ) дар хона, дар сатҳи ҷамоат ва давлатиро дар бар мегирад. Ин мафҳумҳо касро ба иштибоҳ оварда метавонанд ва дар маданияту шароитҳои гуногун маъниҳои гуногун доштанашон мумкин аст. Дар умумият «Таҳсилоти расмӣ» маънои таълим дар муассисаҳои махсуси аккредитатсияшударо дорад, масалан дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо, одатан – бо додани диплом ва соҳиб шудан ба ихтисос; ба «Таҳсилоти ғайрирасмӣ» берун аз доираи системаи расмӣ татбиқ мешавад; тарзи дигари «таҳсилоти ғайрирасмӣ» маънои ҳар гуна таълимро дорад, ки дар давоми ҳаёт ба вуқӯъ меояд – дар оила, дар байни дӯстон ё дар ҷамоат – ва дар муқоиса бо таҳсилоти расмӣ ва ғайрирасмӣ одатан махсус ташкилкарда нест.
Ҳуқуқҳои инсон Ба он нигоҳ накарда, ки ҳар як инсон ҳуқуқ ба таҳсилотро дорад, баъзан эҳтимолиятҳои хато мавҷуданд, ки гӯе одамони дорои маълулият аз ин қоидаҳо истисно мебошанд. Аъзоёни оилаҳо, ҷамоат ва ҳатто худи одамони дорои маълулият аксар вақт дарк намекунанд, ки онҳо низ баробари дигар одамон ҳуқуқ ба таҳсилотро доранд. Барномаҳои ТСҶ, ки бо созмонҳои одамони дорои маълулият кор мекунанд, метавонанд ба васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳои одамони дорои маълулият мусоидат намуда, дастрасиро ба иттилоот оид ба ҳар гуна ҳуқуқҳои ба таҳсилот дахл дошта таъмин намоянд. Ин метавонад барои таъсир расонидан ба мақомоти ҳукуматӣ, ки аз рӯи қонун вазифадоранд таҳсилотро ба ҳама таъмин намоянд, ёрӣ расонад. Ҳуқуқ ба таҳсилотро бояд дар доираи муносибати ҳифзи ҳуқуқ ба рушд фаҳмидан даркор аст. Инчунин, дар назар аст, ки ҳуқуқҳоро бояд дар умумият дида бароем, на дар алоҳидагӣ. (Ниг: ба қисми «Иттилооти заминавӣ», боби «Ҳуқуқҳои инсон»).
Камбизоатӣ ва таҳсилот Робитаи байни камбизоатӣ, маълулият ва таҳсилот маънои онро дорад, ки муносибат ба рушд дар сатҳи ҷамоат аҳамияти хоса дорад. «Надоштани маълумоти ба талабот ҷавобгӯй омили асосии хатари камбизоатӣ ва канорамонӣ барои ҳамаи кӯдакони ҳам дорои маълулият ва ҳам дорои маълулият набуда боқӣ мемонад. Аммо, ба кӯдакони дорои маълулият назар ба кӯдакони дорои маълулият набуда хатари камбизоатӣ, бо сабаби надоштани савод бештар таҳдид менамояд. Кӯдакони дорои маълулият, ки аз раванди таълим хориҷ мондаанд, аниқ аст ба камбизоатии дарозмӯҳлат ва умрбод маҳкум мебошанд» (8). Камбизоатон низ мумкин аст, дар таъмини таҳсилот барои кӯдакони дорои маълулияти худ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шаванд, махсусан, дар сурати зарурати пардохти маблағҳо барои таҳсил. Ҳатто дар он ҷойҳое, ки таълим ройгон аст, хароҷотҳои иловагӣ барои хариди китобҳои дарсӣ ва либоси мактабӣ, пардохти нақлиёт ва гирифтани воситаҳои ёрирасон зарур мешавад. Ҳамин тариқ кӯдакони дорои маълулият аз оилаҳои камбизоат бесавод мемонанд ва даври камбизоатӣ давом мекунад.
6
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Таҳсилоти фарогир Намунаи иҷтимоии маълулият аз муносибат ба халалдоршавии фаъолияти инфиродӣ асосёфта даст кашида, диққати асосиро ба бартараф намудани монеаҳо дар ҷамъият равона намудааст, то ин ки ба одамони дорои маълулият, ҳамон имкониятҳое пешниҳод гардад, ки дигар аъзоёни ҷомеа аз онҳо баҳраваранд, яъне аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд. Илова бар ин, таҳсилоти фарогир тамоми диққати худро ба он равона сохтааст, ки системаро ба хонанда мутобиқ намояд, на хонандаро ба система. Чунин, тағйирот ва майл ба сӯи таҳсилоти фарогир барои барномаҳои ТСҶ, ки дар гузашта бештар дар сатҳи шахсӣ, (яъне бо шахсони алоҳида) фаъолият доштанд, зарур аст (ниг. ба қисми «Иттилооти заминавӣ», боби «Рушди консепсия»).
ЗАМИМАИ 3 Бартараф намудани монеаҳое, ки ба иштироки духтари дорои маълулият монеъ мешаванд Барномаи ТСҶ, дар тайёр намудани духтари дорои маълулият барои таҳсил дар мактаби маҳаллӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Ба мактаб омада, духтарча бо заҳмати зиёд дар бинои номутобиқ ҳаракат менамуд ва аз тарафи дигар зери масхараи доимии кӯдакон қарор дошт. Ниҳоят муаллимон волидони ӯро розӣ намуданд, ки духтарчаро дигар ба мактаб наоранд, зеро вай аз ӯҳдаи иҷро намудани вазифаҳо намебарояд. Муносибати фарогир бошад, диққати асосиро ба мактаб ва бартараф намудани монеаҳои барои иштироки духтарча монеъшаванда мебахшад, масалан, ба бештар дастрас будани бинои мактаб, тайёр намудани муаллимон, барпо намудани муҳити дӯстонаи мусоид ва ба дигар кӯдакон омӯзонидани малакаҳои дар якҷоягӣ ва меҳрубонона таҳсилу зиндагӣ намудан. Агар кӯдакони дорои маълулият дар мактаб бо мушкилӣ рӯ ба рӯ шаванд, пас ба мактаб, оила ва барномаҳои ТСҶ зарур аст, ки аз муайян намудани монеаҳо дар роҳи фарогирӣ ва иштироки кӯдак дар раванди таълим оғоз намоянд. Таҳсилоти фарогир– ин «раванди таъсир ва ҷавобгӯй будан ба талаботҳои гуногуни ҳамаи хонандагон бо роҳи тақвияти бештари иштироки онҳо дар омӯзишҳо, фаъолиятҳои маданӣ ва ҷамоатӣ ва паст намудани сатҳи канорамонӣ дар раванд ва дохили муассисаи таълимӣ аст» (9). Таҳсилоти фарогир: • аз системаи таҳсилоти расмӣ дар мактаб васеътар аст; ба он инчунин хона, ҷамоат, системаҳои ғайрирасмии муташаккил ё ғайримуташаккил низ дохил мешаванд; • аз эътирофи, он ки ҳамаи кӯдакон омӯхта метавонанд, асос ёфтааст; • ба сохторҳои таълимӣ, системаҳо ва усулҳои таълим имконият медиҳад, ки талаботу эҳтиёҷоти ҳамаи кӯдаконро қонеъ намоянд; • дар асоси эътироф ва ҳурмати фарқияти байни кӯдакон, масалан, аз рӯи синну сол, ҷинс, мансубияти этникӣ, дину мазҳаб, забон, маълулият, ҳолати саломатӣ рушд меёбад; • муносибати иштироки васеъ, воситаҳои дастрас ва фарогири санҷишу (мониторинг) арзёбиро тарғиб менамояд; • ҷараёни динамикӣ мебошад, ки доимо мувофиқи хусусиятҳои маданӣ ва вазъият тадриҷан инкишоф меёбад; • як қисми стратегияи васеътари тарғибу ташвиқи ҷамъияти фарогир мебошад.
САРСУХАН
7
Барномаҳои ТСҶ бояд: • илова намудани таҳсилоти хонагӣ ва забони имову ишораро барои гурӯҳҳои кӯдакон ё калонсолони дорои маълулияти шунавоӣ, дар назар дошта бошанд, чунки маънои таҳсилоти фарогир аз таҳсилот дар мактаб хеле васеътар мебошад; ва • таҳсилоти фарогир маънои ҷалб намудани танҳо кӯдакони дорои маълулиятро не, балки, ҷалби ҳамаи кӯдаконро дорад. Он дар бораи ба харҷ додани кӯшишҳои махсус, бо мақсади муайян намудани ҳар як кӯдаки ҳуқуқҳояш истисношуда ё канормонда мебошад.
Таҳсилоти ҳамбаста Ба он нигоҳ накарда, ки истилоҳи «Таҳсилоти ҳамбаста» баъзан бо «Таҳсилоти фарогир» бо як мазмун истифода бурда мешавад, ин ду истилоҳ маънои ҳархела доранд. Таҳсилоти ҳамбаста маънои ҷалби кӯдакони дорои маълулият дар мактабҳои муқаррариро дорад ва диққати худро на ба системаи мактабӣ, балки асосан ба шахсияти кӯдак ҷалб менамояд. Норасоии ин муносибат аз он иборат аст, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилӣ, онро ҳамчун хатоии кӯдак арзёбӣ менамоянд. Ба ғайр аз ин, муваффақият ва устувории муносибати мазкур маҳдуданд, зеро муваффақият на аз сиёсати мактаб ё дастгирӣ аз тарафи ҷамоат, балки аз хайрхоҳии муаллимон ё кӯшишҳои кормандони барномаи ТСҶ вобаста аст.
Таҳсилоти махсус «Таҳсилоти махсус» - истилоҳи васеъ буда, маънои пешниҳоди ёрии иловагӣ, барномаҳои мутобиқшуда, муҳити омӯзиш ё таҷҳизоти махсус, мавод ё усулҳои таълим, (ба монанди алифбои Брайл, дастгоҳи аудиоӣ, воситаҳои ёрирасон, забони имову ишораро), дорад, ки раванди дастрасии кӯдаконро ба таҳсилот дастгирӣ менамояд. Истилоҳи «талаботҳои махсуси омӯзишӣ» барои нишон додани талаботҳо дар таълими ҳар гуна кӯдаке, ки ҳангоми таълим ба мушкилиҳо дучор мешавад, истифода бурда мешавад; бинобар ин, таҳсилоти махсус на танҳо барои кӯдакони дорои маълулият муқаррар шудааст. Усулҳои гуногуне мавҷуданд, ки таҳсилоти махсусро ба кӯдакони талаботи махсуси омӯзишӣ дошта таълим додан мумкин аст. Аксари зиёди вақт, кӯдакони ба дастгирӣ ниёздошта, ба мактабҳои махсус мераванд, ки аз мактабҳои муқаррарӣ ҷудо фаъолият менамоянд. Ҳарчанд, дар «Дастур оид ба ТСҶ» диққати асосӣ ба таҳсилоти фарогир дода мешавад, мактабҳои махсус барои аксар кӯдакон ва оилаҳои онҳо воқеӣ мемонанд: дар шароитҳои муайян онҳо метавонанд ягона имконияти гирифтани маълумот бошанд, ки ба кӯдакони маълулияти шунавоӣ, биноӣ ва кӯдакони дорои ақибмонии инкишофи ақлӣ дошта, дастрас мебошанд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст мактабҳои махсус – интернатҳое мебошанд, ки дар онҳо кӯдакон одатан аз оилаҳо ва ҷамоатҳои худ дур зиндагӣ мекунанд. Мутассифона, истилоҳи «махсус» муддати зиёд чунон истифода бурда мешуд, ки ба паҳншавии таҳсилоти фарогир мусоидат намекард. Масалан, истилоҳи «кӯдаки дорои талаботи махсус» муқаррароти аниқ надорад ва аксар вақт ҳангоми нишон додани ҳар гуна кӯдаки дорои маълулият, новобаста аз он, ки ӯ дар донишандӯзӣ мушкилот дорад ё не, истифода бурда мешавад. Истилоҳи «махсус»-ро эҳтиёткорона истифода бурдан лозим аст, чунки он кӯдакони дорои маълулиятро аз дигар кӯдакон ҷудо менамояд. Дар хотир доштан хеле муҳим аст, ки ҳамаи кӯдакон ҳар хел мехонанд ва дар давраҳои гуногуни ҳаёт таҳсил ба онҳо ё осон ё мушкилтар дода мешавад. Фикри он, 8 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ки кӯдакони дорои маълулият талаботҳои «махсуси» омӯзишӣ доранд, асоснок нест, чунки он мушаххас нест ва ба кӯдакон лақаб мегузорад. Кӯдаконе, ки дорои маълулият нестанд, ҳамчунин метавонанд дар хондан бо мушкилӣ дучор шаванд, истисно ва канорамонии худро дар муассисаҳои таълимӣ эҳсос намоянд. Дар ҳолати мавҷуд будани усулҳои самараноки таълим, захираҳои зарурӣ ва дар шароитҳои муҳити фарогир ҳамаи кӯдакон таҳсил карда метавонанд.
Масъалаҳои ба ҷинс вобаста (гендерӣ) ва таҳсилот Кормандони барномаи ТСҶ оид ба мушкилиҳои гендерии ба таҳсилоти кӯдакон вобаста, бояд донишу иттилооти кифоя дошта бошанд. Баъзе намунаҳои чунин мушкилиҳо дар зер оварда шудаанд: • Духтарҳо метавонанд аз имконияти рафтан ба мактаб дар ҳолати масъул будан барои нигоҳубини аъзои оилаашон, ки дорои ягон навъи маълулият аст, маҳрум шаванд. • Дар баъзе вазъиятҳо барои дастгирии оила ва таъмини воситаҳои зиндагӣ, писарҳои хонавода метавонанд аз таҳсил дар мактаб даст кашанд.
ЗАМИМАИ 4
Ҷумҳурии Ҳиндустон
Рупа қатъӣ қарор дод, ки маълумот мегирад Рупа Кумари, ки дар шаҳри Ҳазорибоғи қисмати шимоли Ҷумҳурии Ҳиндустон зиндагӣ мекунад, барои тамоми оила ғамхорӣ менамояд, зеро модари ӯ бемории равонӣ дошта, падараш вафот кардааст ва дар оила ба ғайр аз ӯ боз ду кӯдаки хурдсол, бародар ва хоҳараш ҳастанд. Барои он, ки аз дарсҳо ақиб намонад, Рупа хоҳари хурдиашро бо худ ба мактаб мебарад ва ба он нигоҳ накарда, ки дар синф шумораи кӯдакон хеле зиёданд ва муаллимон норозигӣ баён намоянд ҳам, духтарча тавонист онҳоро бовар кунонад, ки барои ӯ ин имконияти ягона барои давом додани таҳсил аст. • Дар вазъияти низои мусаллаҳона писаронро метавонанд барои иштирок дар амалиётҳои ҳарбӣ чун аскар ҷалб намоянд ва ҳамин тариқ онҳо аз имконияти гирифтани маълумот маҳрум мегарданд. Пас, аз ин ҳадди ақал 5%-и ин писарҳо дорои маълулият мегарданд (10) ва аксар вақт ба хона дар синну соле бармегарданд, ки аллакай барои таҳсил дар мактаби ибтидоӣ хеле дер шудааст. • Кормандони барномаи ТСҶ шояд интизор бошанд, ки модар ё дигар хеши ҷинси зани кӯдаки дорои маълулият ба ӯҳдаи худ масъулияти муаллимиро низ гиранд ва сарбории бе ин ҳам вазнини худро боз вазнинтар намоянд. • Оилаҳо ва ҷамоатҳо бисёр вақт гирифтани маълумотро барои духтарон ва занони дорои маълулият, масъалаи афзалиятнок намеҳисобанд, ки дар натиҷа онҳо гирифтори табъизи дучанд мегарданд, • Духтарон, махсусан духтарони дорои маълулият, эҳтимол бо сабаби набудани ҳоҷатхонаҳои мувофиқ ва муҳити бехатар мактабро тарк мекунанд. • Нақши падарон дар оила калон аст, вале аксар вақт ба эътибор гирифта намешавад; падар метавонад намунаи хуб барои ибрату пайравӣ бошад ва дар сурати дастгирӣ аз тарафи барномаи ТСҶ, метавонад ба фарзандон барои гирифтани маълумот ёрӣ расонад.
САРСУХАН
9
ЗАМИМАИ 5
ШОҲИГАРИИ ЛЕСОТО
Фарқияти гендерӣ Дар мактабҳои ибтидоии Шоҳигарии Лесото писарон нисбати духтарон камтаранд ва онҳо мактабро бештар тарк менамоянд, зеро барои молчаронӣ масъул буда, худро барои иштирок дар маросими анъанавии мардшавӣ, ки кӯшишҳои зиёдро металабад, тайёр менамоянд.
Бобҳои дастури мазкур Ҳар як боб мафҳум ва чорабиниҳои пешниҳодшаванда дорад, ки барои ҳамаи ҷанбаҳои таҳсилот умумӣ мебошанд. Инчунин, ҷанбаҳои ҷудошудаи мушкилиҳо ва мисолҳои овардашуда такрор намешаванд; ҳамин тариқ, ҳатто дар сурати танҳо ягон боби мушаххас диққати шуморо чалб карда бошад, ҳам омӯзиши тамоми мавод маслиҳат дода мешавад.
Нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ Мафҳуми мазкур таҳсилоти кӯдакро аз таваллуд то ба мактаб рафтанро дарбар мегирад. Таҳсилот дар шаклҳои расмӣ, ғайрирасмӣ (махсус ташкилкарда ва ғайри муташаккил сурат мегирад) ва ба масъалаҳои зиндамонии кӯдак, инкишоф ва омӯзиши ӯ, бо иловаи масъалаҳои тандурустӣ, ғизо ва беҳдошти саломатӣ бахшида мешавад. Ин давраро бисёр вақт ба дараҷаҳои синну солии зерин ҷудо менамоянд: аз таваллуд то се солагӣ ва аз се солагӣ то шаш, ҳафт ё ҳашт солагӣ, ҳамон вақте, ки кӯдак ба мактаб меравад. Дар ин боби китоб диққати асосӣ ба синни аз сесолагӣ ва аз ин зиёд дода шудааст.
Сайќал додани мањорати мењнат Машѓулияти 4 ї
Саг
б Гур
а
10
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Таҳсилоти ибтидоӣ Ин марҳилаи якуми таҳсил дар мактаб, барои ҳамаи кӯдакон бояд ройгон ва ҳатмӣ бошад. Он дар асоси ташаббусе, ки ЮНЕСКО тешниҳод намудааст «Таҳсилот барои ҳама», гузошта шудааст (11) ва мақсади асосии маблағгузорӣ барои маориф мебошад. Кӯдакони дорои маълулият ба монанди дигар кӯдакон бояд дар мактабҳои ибтидоии маҳалӣ ба таҳсил фаро гирифта шаванд, то имконияти хондан ва бозӣ кардан бо ҳамсолонашонро дошта бошанд.
Таҳсилоти миёна ва олӣ Таҳсилоти миёна ва олӣ, таҳсилоти расмӣ буда, пас аз сатҳи «ҳатмӣ» рух медиҳад. Барои наврасони дорои маълулият он таҳсилоти оянда метавонад ба ҳаёти сермаҳсул ва пурмазмун роҳ кушояд, аммо аксар вақт ин ҳуқуқи онҳо истисно мешавад.
Таҳсилоти ғайрирасмӣ Таҳсилоти ғайрирасмӣ номгӯи васеи ташаббусҳои омӯзиши таълимиро дар сатҳи ҷамоат дар бар мегирад: омӯзиш дар хона, барномаҳои давлатӣ ва ташаббусҳои ҷамоатӣ. Ба гурӯҳҳои мушаххаси камбизоати аҳолӣ равона шудааст ва мақсадҳои мушаххас дорад. Барои баъзе хонандагон таҳсилоти ғайрирасмӣ назар ба системаи таҳсилоти расмӣ бештар мувофиқ ва самаранок мебошад, зеро таҳсилоти расмӣ чандир, набуда талаботи зиёд пешниҳод менамояд ва мумкин аст, аз ӯҳдаи таъмини таҳсилоти самаранок ба ҳама баромада натавонад. Аммо таҳсилоти ғайрирасмӣ бояд иловагӣ бошад ва набояд ҳамчун ивазкунандаи системаи фарогири таҳсилоти расмӣ дида баромада шавад. Баъзан таҳсилоти ғайрирасмӣ ҳамчун шакли дуюми таҳсилоти «беҳтарин» барои кӯдакони дорои маълулият пешниҳод мегардад, ки нодуруст буда, онҳоро аз ҳуқуқи қонуниашон ба таҳсилоти расмӣ маҳрум менамояд. Дар қисми мазкур диққати асосӣ ба таҳсилоти ғайрирасмии кӯдакон, на калонсолон, дода мешавад.
Таҳсилот дар давоми ҳаёт Ҳар гуна омӯзишро, ки дар давоми тамоми ҳаёт амалӣ мешавад, дар бар мегирад, махсусан он имкониятҳои таҳсилоти калонсолоне, ки дар бобҳои дигар фаро гирифта нашудаанд. Ба он донишу малакаҳои барои бо кор таъминшавӣ, таълими савод ба калонсолон ва инчунин, ҳамаи дигар намудҳои таҳсилот, ки барои рушди шахсӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъият мусоидат менамояд, дохил мешавад. Дар ин боб диққати асосӣ ба кӯдакон на ба калонсолон равона шудааст. ЗАМИМАИ 6
Ҳуқуқ ба таҳсил барои одамони дорои маълулият
«Давлатҳо бояд ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, таҳсилоти касбӣ, омӯзиши калонсолон ва омӯзиш дар давоми ҳаёт дастрасии баробарро кафолат диҳанд. Дар таҳсилот бояд маводҳои мувофиқ, усулҳо ва намудҳои гуногуни муошират истифода бурда шаванд. Хонандагоне, ки ба ёрӣ ниёз доранд, бояд бо чорабиниҳои дастгирикунанда таъмин карда шаванд, ба хонандагони дорои маълулияти биноӣ ё шунавоӣ, ё ҳам шунавоию ҳам биноӣ, таҳсилот бояд ба таври аз ҳама мувофиқи муошират аз тарафи муаллимоне, ки забони имову ишора ва алифбои Брайлро ба таври комил медонанд, пешниҳод карда шавад. Таҳсилоти кӯдакони дорои маълулият бояд барои иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъият, ҳисси қурбу манзалат ва эҳтиром нисбати худ, инчунин ба рушди шахсият ва қобилияту эҷодкорӣ мусоидат намояд » (п). САРСУХАН 11
Нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ Муқаддима Синни барвақт марҳилаи инкишофи кӯдакро аз давраи таваллуд то синни ҳаштсолагӣ дар бар мегирад (13). Васеъкунӣ ва такмили чорабиниҳо оид ба нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва тарбияи онҳо, яке аз шаш мақсадҳои ҳазорсолаи нав «Таҳсилот барои ҳама» мебошад (11). Муносибати нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ чорабиниҳо ва маблағгузориҳои зиёдро дар бар мегирад. Азбаски ҷанбаҳои зиёди нигоҳубини кӯдакон дар қисми «Саломатӣ» дида баромада шуданд, боби мазкур асосан ба таҳсилоти кӯдакони синни барвақт бахшида мешавад ва дастурҳо оид ба дахолати барвақт ва таъминоти воситаҳои ба таҳсилоти томактабӣ заруриро дар бар мегирад. Таҳсилот дар синни барвақт бо сабаби таъсири он ба рушди ояндаи кӯдакон хеле муҳим аст, зеро маҳз дар се соли аввали ҳаёт, майнаи сари одам махсусан тез инкишоф меёбад (13) ва агар дар ин марҳила ба ӯ шавқу рағбати зарурӣ таълим дода нашавад, рушди ӯ баъзан ақиб мемонад, ки он метавонад якумрӣ бошад. Солҳои аввали ҳаёт ба «тирезаи имкониятҳо» монанд аст, ки дар он таҳкурсӣ барои рушди инкишофи мукаммали забон, қобилиятҳои иҷтимоӣ, тафаккур ва малакаҳои ҷисмонӣ гузошта мешавад. Таҳсилот дар синни барвақт поягузори асоси ҷамъияти фарогир мебошад, чунки маҳз дар он кӯдакони дорои маълулият ва онҳое, ки дорои маълулият нестанд, метавонанд якҷоя таҳсил намоянд, бозӣ кунанд ва ба балоғат расанд. Ба ғайр аз ин, таҳсилот дар синни барвақт ба кӯдак имконияти ба итмомрасонии таҳсилоти асосиро зиёд намуда, барои ёфтани роҳи баромадан аз камбизоатӣ ва бенавоӣ мусоидат намояд (13). Азбаски таҳсилот дар синни барвақт умуман ҳатмӣ нест, он назар ба таҳсилоти ибтидоӣ бештар чандир (барои даровардани дигаргунӣ ё тағйири муносибат имконияти бештар мавҷуд аст) буда, имкониятҳои беҳтаринро барои фаъолият намудан бо тарафҳои манфиатдори гуногун ба монанди: муассисаю созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, соҳаи хусусӣ ва созмонҳои динӣ фароҳам меоварад.
ЗАМИМАИ 7
НЕПАЛ
Муваффақиятҳои таҳсилоти барвақт Дар яке аз ноҳияҳои камбизоати Ҷумҳурии Федеративӣ Демократии Непал зиёда аз 95% кӯдаконе, ки дар «Барномаи нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ» иштирок доштанд, ба мактаби ибтидоӣ ҷалб шуданд. Барои муқоиса, дар байни кӯдаконе, ки бо ин барнома фаро гирифта нашудаанд, ба мактаб танҳо 75% фаро гирифта шуданд. Дар байни иштирокчиёни барнома миқдори кӯдаконе, ки дар синфашон мононда шуданд, назар ба кӯдаконе, ки дар барнома иштирок накардаанд, ҳафт баробар кам буданд. Иштирокчиёни барнома инчунин дар санҷишҳои ҷамъбастӣ баҳои баландтар гирифтанд (14). 12 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ЗАМИМАИ 8
ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
Хаёти нави Четна Дар аёлати Гуҷарат, Ҷумҳурии Ҳиндустон, барномаҳои ТСҶ, ки ба кӯдакони синни барвақти мактабӣ равона шудаанд, фаъолияти худро дар солҳои 1980-ум дар миқёси маҳдуд оғоз намуданд. Дастрасӣ ба таҳсилот ва таҷрибаи ҳаётии кӯдакони дорои маълулият дар солҳои аввали ҳаёт аксар вақт маҳдуд мебошад, аммо дар солҳои охир маълум гардид, ки маҳз дар ҳамин солҳо ба кӯдак бояд барои фаҳмиш ва дарки олам, барқарор намудан ва рушди муносибатҳои иҷтимоӣ, ташаккули мафҳумҳо ва дастрас кардани омӯзишҳои заминавии барои тамоми ҳаёт зарурӣ ёрӣ расонида шавад. Имрӯз нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ қисми ҷудонопазири бисёр барномаҳои ТСҶ дар аёлати Гуҷарат мебошанд. Духтарчаеро бо номи Четна, ки дар яке аз ноҳияҳои деҳотии Гуҷарат зиндагӣ мекунад, кормандони барномаҳои ТСҶ ҳангоми сесолагиаш бо сабаби ақибмонӣ аз рушд муайян намуданд: масалан, ба ӯ нигоҳ доштани сар мушкил буд. Барномаи ТСҶ барои Четна роҳхат ба маркази ташхису арзёбии саломатӣ, ки аз зодгоҳаш дур воқеъ аст, ташкил намуданд. Ташхиси Четна мушкилоти вазнини гум кардани шунавоӣ ва биноӣ ва бо ин мушкилиҳо вобаста, мушкилӣ дар фаҳмишро ошкор намуд. Пас аз муайян шудани мушкилиҳои номбурда ба Четна шаҳодатномаи шахси дорои маълулят дода шуд. Четна доимо дар хона, дар иҳотаи чор девор ё дар зонуи модар менишаст. Ҳамин тариқ, кормандони барномаи ТСҶ ва аъзоёни оила бояд ба чунин саволҳо ҷавоб медоданд: талаботу эҳтиёҷоти Четна кадомҳоянд? Дар куҷо талаботу эҳтиёҷоти мазкур аз ҳама беҳтар қонеъ гардонда мешаванд? Кӣ бо ӯ кор мебарад? Бо ӯ кормандони барномаи ТСҶ чӣ тавр кор мебаранд? Барномаи ТСҶ ба дуредгари маҳаллӣ курсии махсусро фармуд ва Четна дар болои он дар айвони хонаи худ менишаст; акнун ӯро дигар аъзоёни ҷамоат дида метавонистанд. Баъд аз ин, муносибати ӯ бо оила ва ҳамсояҳо беҳтар гардид. Ӯ ҳар рӯз малакаҳои худхизматрасониро машқ мекард, ба ӯ дастгоҳи шунавоӣ ва айнаки махсус барои беҳтар намудани сатҳи биноӣ доданд. Ба духтарча инчунин, оид ба малакаҳои ҳаётии ҳаррӯза ва навъҳои гуногуни муошират омӯзишҳо гузаронида шуд. Акнун Четна ба модараш дар паҳн кардани дастархон, шуштан ва хушк кардани зарфҳо ёрӣ мерасонад ва ба мағозаи маҳаллӣ барои харидани маводи озуқаворӣ меравад. Волидони Четна айни ҳол ӯро беҳтар мефаҳмидагӣ шудаанд ва дар оила муносибатҳои мусбӣ ва хайрхоҳона барқарор шудааст. Ҳоло Четна ба боғчаи кӯдаконаи маҳаллӣ меравад як қисми гурӯҳи калони кӯдакон гардидааст. Кӯдакон ӯро ҳамчун шахси баробар қабул намуда, бо забони ба худашон хос муошират менамоянд. Ӯ ҳамон ҳуҷраҳоеро, ки дигар кӯдакон истифода мебаранд, низ истифода мебарад ва ғайр аз ин аз як қатор хизматрасониҳои иловагӣ дар доираи барномаи ТСҶ бархӯрдор аст, ки ба оила барои гирифтани нафақаи таъминоти иҷтимоӣ ва бо таҳсилоти давлатӣ фаро гирифтани Четна дар баробари дигар кӯдакон ёрӣ расонд.
НИГОҲУБИНИ КӮДАКОНИ СИННИ БАРМАҲАЛ ВА ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
13
Мақсад Ҳамаи кӯдакони дорои маълулият, имконияти беҳтарини оғози ҳаётро доранд ва дар раванди рушди худ бо муҳити фарогири таҳсилот дастгирӣ карда мешаванд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз муайян намудани оилаҳое, ки кӯдакони дорои маълулият доранд, ҳамкории зич ва кор кардан бо онҳо, инчунин расонидани ёрӣ бо мақсади гузоштани таҳкурсӣ барои рушди ҳамаи фаъолияти ҳаётии кӯдак, иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Ҳамаи кӯдакон имкониятҳои бештари мусоид барои зиндамонӣ ва ҳолати хуби саломатӣ доранд. • Малакаҳои ҷисмонӣ, иҷтимоӣ, забонӣ ва идрокӣ маърифатии ҳамаи кӯдакон дар сатҳи имконияту қобилияташон рушд ёфтааст. • Таҳсилоти томактабии расмӣ ва ғайрирасмӣ барои ҳамаи кӯдакон мусоид ва фарогир аст. • Кӯдакони дорои маълулият ва одамоне, ки ба онҳо ёрӣ мерасонанд, қисми оила ва ҷамоат мебошанд ва ба таври мувофиқ дастгирӣ мешаванд. • Кӯдакон якҷоя бозӣ кардан, фарқиятҳои байни ҳамдигарро бо таҳаммул қабул ва ба якдигар ёрӣ расониданро меомӯзанд. • Таъсири иллат ё ноқисиҳо дар фаъолият маҳдуд ва натиҷаҳои он назаррасанд. • Кӯдакони дорои маълулият ботадриҷ ва якҷоя бо ҳамсолони худ ба таҳсилоти ибтидоӣ мегузаранд.
ЗАМИМАИ 9 Оғози барвақт
САЛВАДОР
Дар шаҳри Санто-Томас, Салвадор, дар оилаи директори мактаби ибтидоии фарогир, ки дар барномаи ТСҶ иштирок мекард, се моҳ пеш аз мӯҳлат кӯдаке таваллуд шуд, ки аз норасоии ҳаво (гипоксия) азият мекашид. Духтур ба модар гуфт, ки дар кӯдак метавонад иллати равонӣ, ҷисмонӣ ё дигар намуди маълулият пайдо гардад. Аз рӯи таҷрибаи ҳамкории худ бо барномаи ТСҶ дар сатҳи ҷамоат, зан аз муҳимияти нигоҳубини барвақти кӯдакон огоҳ буд. Бинобар ин, ӯ духтарчаашро ба муассисаи тавонбахшии саломатии давлатӣ барои ташхису арзёбии саломатӣ ва мудохилаи барвақт дар давоми ду соли аввали ҳаёт бурд. Ҳам модар ва ҳам кӯдак бисёр чизҳоро омӯхтанд. Дар синни чор солагӣ духтарча ҳамроҳи дигар кӯдакони ҳамсоя ба муассисаи томактабӣ рафт.
Мафҳумҳои асосӣ Синни барвақти кӯдакӣ Дар синни барвақти кӯдакӣ, таҳкурсии асосии ҳаёт гузошта мешавад (5). Ба кормандони барномаи ТСҶ оид ба мавҷудияти фаҳмишҳои гуногун дар бораи солҳои аввали ҳаёти кӯдак, вобаста аз анъанаҳои маҳаллӣ, эътиқоди динӣ, маданӣ, сохтори оилавӣ ва роҳу усулҳои ташкили таҳсилоти ибтидоӣ иттилооти кифоя пешниҳод намудан зарур аст. Чунин гуногуншаклиро эътироф ва қадр намудан хеле муҳим аст. 14 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Рушди кӯдак • рушди кӯдак, ин раванди омӯзиш мебошад, ки ҳар як кӯдак аз он мегузарад ва мақсад аз он азхуд кардани малакаҳои ҳаётан муҳим мебошад, (ки онро марҳилаҳои рушд меноманд). Соҳаҳои асосии рушди кӯдак инҳоро дар бар мегиранд: • рушди иҷтимоӣ ва ҳиссӣ, масалан, табассум кардан ё барпо намудани алоқа ба воситаи чашм; • рушди идрок (омӯзиш), масалан, истифодабарии даст ва чашмон бо мақсади таҳқиқи муҳити атроф ва иҷро намудани вазифаҳои оддӣ; • рушди нутқ ва забон, масалан, муоширати лафзӣ ё имову ишора; • рушди ҷисмонӣ, масалан, нишастан, рост истодан, роҳ гаштан ва давида тавонистан ва инчунин, қобилияти бо дастон ва ангуштон бардоштани чизҳо ё расм кашида тавонистан. Марҳилаҳои рушд, малакаҳое мебошанд, ки кӯдак бо як тартиб ва чорчӯбаи муайяни вақт соҳиб мегардад; масалан, роҳ рафта тавонистан, малакае мебошад, ки аксари кӯдакон дар синни аз 9 то 15 моҳагӣ ба он соҳиб мешаванд. Истилоҳи «ақибмонии рушд» дар он сурат истифода бурда мешавад, ки агар кӯдак дар рушд ба марҳилаҳои зарурӣ, ки ба синну соли ӯ мувофиқ аст, намерасад. Ақибмонӣ метавонад ба як ё якчанд соҳаҳои рушди дар боло зикр гардида, тааллуқ дошта бошад. Агар ақибмонии рушд барвақт муайян карда шавад, чорабиниҳоеро андешидан мумкин аст, ки ба кӯдак барои бартараф намудани ақибмонӣ ёрӣ мерасонад. Кормандони барномаи ТСҶ бояд таваҷҷӯҳи худро ба тарафҳои қавии кӯдаки дорои маълулият ҷалб намоянд. Хеле муҳим аст, ки онҳо ба марҳилаҳои рушди кӯдакони дорои маълулият диққати зиёд надиҳанд, чунки дар сурати ҷиддӣ (дағал) амал намудан барои татбиқи марҳилаҳо, пайдо шудани мушкилҳо мумкин аст. • Мафҳуми ақибмонии рушд дар асоси он чизҳое, ки маълум (меъёрӣ) аст, пайдо шудааст. Бинобар ин, истифодаи он метавонад ба лақабгузорӣ ва маҳкумкунӣ оварда расонад. • Кӯдакони дорои маълулият на ҳама вақт ба модели рушди «меъёрӣ» мувофиқат мекунанд. Аммо, ин ба онҳо барои ҳаёти комил ва хушбахтона бурдан халал намерасонад, то он вақте, ки онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ фаро гирифта ва дастгирӣ карда мешаванд. • Марҳилаҳои рушд, ин ақидаҳои умумианд, дар ҳақиқат бошад, марҳилаҳои хеле зиёди дигар мавҷуданд, ки мумкин аст аз маданият, муносибатҳои гендерӣ, этникӣ ва инчунин, шароитҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ вобаста бошанд. Ба рушди кӯдак бисёр омилҳо таъсир мерасонанд, аз ҷумла сатҳи тандурстӣ, ғизо, нигоҳубин ва таълим. Бинобар ин, муносибат низ нисбати рушди кӯдак бояд бисёрсоҳа бошад. Масалан, барномаҳое, ки дар худ масъалаҳои таъмини ғизо ва таълимро дар якҷоягӣ дарбар мегиранд, назар ба барномаҳое, ки танҳо ба яке аз соҳаҳо бахшида шудаанд, ба самаранокии бештар ноил гардидаанд (15).
Бозиҳо, омӯзиш дар асоси фаъолият ва ҳавасмандкунӣ Кӯдакони хурдсол ба таври табиӣ ва самаранок дар раванди бозӣ ва дигар фаъолиятҳои ҳаррӯзаашон меомӯзанд. Бозиҳоро на дар ҳамаи маданиятҳо ва шароитҳо чун воситаи омӯзиш эътироф менамоянд, махсусан дар шароити камбизоатии мутлақ ва дар он ҷойҳое ки ҷамоатҳо бештар ба фаъолиятҳои барои зиндамонӣ мусоидаткунанда машғӯл мешаванд. Дар ин шароитҳо бозиҳо метавонанд ҳамчун фаъолияти бемаъно ва бефоида маънидод карда шаванд. Омӯзиш дар асоси намудҳои мушаххаси фаъолият метавонад ҳамчун муносибати самараноки таълим бошад, махсусан дар вазъияти кам будани захираҳо ва вақт. Он ба маҳфуми ҳанНИГОҲУБИНИ КӮДАКОНИ СИННИ БАРМАҲАЛ ВА ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
15
гоми бевосита ба фаъолияти фоиданок ва сермаҳсул ҷалб намудан, кӯдакон чӣ тавр меомӯзанд, дахл дорад. Ба ин фаъолиятҳои риояи беҳдошти шахсӣ, масалан шустани дасту рӯй, пӯшидани либос, қабули ғизо, ёрӣ дар фаъолиятҳои хонавода ё дигар корҳо дохил мешаванд. Ҳавасмандкунӣ, маънои таъмин намудани шароит ва намудҳои фаъолиятест, ки ба рушди кӯдак мусоидат менамояд. Хеле муҳим аст, ки кормандони барномаи ТСҶ нуқтаҳои зеринро фаҳманд. • Омӯзиш дар асоси бозиҳо ё намудҳои мушаххаси фаъолият барои кӯдакон бисёр муҳим аст, махсусан барои кӯдакони дорои маълулият. Онҳо барои рушди малакаҳои ҳаёти ҳаррӯза ёрӣ расонда, таъсири маълулиятро пасттар мекунанд. • Одамони зиёд дар чунин ақида ҳастанд, ки кӯдакони дорои маълулият бозӣ карда наметавонанд, махсусан агар онҳо мустақилона бозӣ ташкил карда натавонанд. Инчунин, волидон низ метавонанд манфиати бозиро нафаҳманд, ё аз ҳад зиёд нисбати чунин кӯдакон эҳтиёткор бошанд ва ҳатто баъзеҳо аз пайдошавии кӯдаки дорои маълулият дар назди одамон шарм кунанд. • Бозӣ метавонад ҳам махсус ташкилкарда ва ҳам ғайри муташаккил бошад (бозии озод), ва бо ташаббуси худи кӯдак ё бо дастгирии калонсолон гузаронида шавад. • Барои кӯдакони дорои маълулияти ҷиддӣ ё яканд намудҳои маълулият дошта бозиҳо ва фаъолияти шавқмандкунанда, махсусан муҳиманд. Ҳарчанд, натиҷаҳои омӯзиш на ҳама вақт назаррасанд ин маънои онро надорад, ки кӯдакон ягон манфиат надидаанд. • Баъзан волидон аз бозиҳо ва фаъолияти шавқмандкунанда хеле зиёд истифода менамоянд, махсусан дар шароитҳои фишори иҷтимоии баланд барои ноилшавии кӯдак ба «рушди мӯътадил» ва хониши хуб. Ин имкониятҳоро барои бозӣ маҳдуд намуда, ба рушди иҷтимоӣ ва ҳиссии кӯдак зарар расонида метавонад.
Чорабиниҳои ба синну сол мувофиқ Бисёр вақт, дар фаъолиятҳо барои кӯдакони хурдсол иштироки кӯдакони дорои маълулияти синну соли нисбатан калонтар мушоҳида карда мешавад. Ин бо як қатор сабабҳо ба вуқӯъ меояд: дар ин хел кӯдакон иллатҳои зеҳнӣ ё ақибмонии рушд дида мешавад ва ин маънои онро дорад, ки онҳо малакаҳоро оҳиста – оҳиста аз худ менамоянд; волидон мумкин аст онҳоро дар хона руст намуда будаанд ё аз ҳад зиёд нисбати чунин кӯдакон ғамхорӣ менамоянд, дар натиҷа кӯдакон имконияти оғози пештари омӯзишро аз даст медиҳанд; мактабҳои ибтидоӣ мумкин аст барои кӯдакони дорои маълулият дастнорас ё муносибати фарогир ва дӯстона нисбати чунин кӯдакон истифода нашавад. Умуман, тавсия карда мешавад, ки синну соли аслии кӯдакро ба эътибор гирифтан лозим аст ва роҳҳоеро ёфтан зарур аст, ки ба кӯдак таҳсилоти ба синну сол мувофиқро бо гурӯҳи ҳамсолонаш таъмин намояд. Вале, баъзан ба созиш омадан зарур аст ва роҳи асосии ҳалли масъалаи мазкур бояд риояи манфиатҳои беҳтарини кӯдак бошад.
Имконияти интихоб ва гузашт карда тавонистан Ҳар як кӯдак, оила, ҷамоат ва маданият аз якдигар фарқ менамоянд. Муассисаҳои расмӣ, масалан муассисаҳои томактабӣ ба баъзе кӯдакон мувофиқ, ба дигарашон мувофиқ нестанд. Барномаҳои ТСҶ ба оилаҳо барои озодона дар асоси донишу иттилооти кифоя интихоб намудани шакли дастгирӣ ва муҳити мусоидаткунанда ба таҳсил ёрӣ расонида метавонанд ва ба таври мусолиҳатомезона ба талаботи онҳо ҷавоб мегӯянд. Кор оид ба мубаддал намудани (тағйир додани) таҳсилоти томактабии мавҷуда ба механизми фарогир ва дастрас бояд вазифаи афзалиятнок ва аввалиндараҷа бошад. 16 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Барномаҳои ТСҶ инчунин метавонанд бо оилаҳо кор бурда волидонро мутмаин созанд, ки интихоби онҳо на дар асоси шарм ё ташвиши зарари иловагӣ расонидан ба кӯдакони маъюб, балки таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакро ифода менамоянд. Ин интихоб инчунин, дар асоси эҳтироми ҳуқуқҳои кӯдак, масалан, хуқуқ ба гирифтани таълиму тарбия дар оила ва дар сатҳи ҷамоат мебошад.
ЗАМИМАИ 10
МЕКСИКА
Марказҳои таҳсилоти барвақт Дар яке аз ноҳияҳои Мексика дар қарибии Кулякана мардуми таҳҷоӣ зиндагӣ менамоянд, ки ҳамасола аз деҳаҳои кӯҳии худ фаромада, дар давоми чор моҳ дар бинои муваққатӣ, ки аз тарафи корхонаҳои хоҷагии қишлоқ ба онҳо пешниҳод мегарданд, зиндагӣ менамоянд. Барномаи ТСҶ бо соҳибони корхонаҳо маслиҳат карданд, ки дар ҳар як бинои муваққатӣ маркази таҳсилоти барвақтро ташкил медиҳанд ва аз модарони кӯдакони дорои маълулият розигӣ гирифтанд, ки дар як моҳ ду маротиба бо ҳамроҳии кӯдаконашон дар омӯзишҳо оид ба дахолати барвақт иштирок намоянд. Кӯдакони калонтарро (аз синни чор солагӣ) бо дастгирии кормандони барномаи ТСҶ ба боғчаҳои назди корхонаҳо ҷойгир намуданд. Акнун оилаҳое, ки кӯдакони дорои маълулият доранд ҳар сол ба як ноҳия барои таъмин намудани нигоҳубини сифатнок ба кӯдаконашон ва гирифтани иттилоот оид ба он, ки чӣ тавр ба рушди кӯдак дар солҳои аввали ҳаёт мусоидат намудан мумкин аст, меоянд. Баъд онҳо ба деҳаҳои худ бармегарданд ва дониши гирифтаи худро бо дигар оилаҳо мубодила менамоянд.
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Муайян намудани талаботи кӯдакони синни барвақт Одатан, тарзи беҳтарини ёрӣ ба фарогирӣ амали дусамта мебошад, ки дар нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ истифода бурда мешавад. «Ду самтҳо» инҳо мебошанд. 1. Дар маркази диққат гузоштани система: вазъи воқеиро оид ба нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ дар ҷамоат арзёбӣ намуда, муайян намоед, кӣ ба системаи таҳсилот ҷалб шудааст ва кӣ аз он дар канор мондааст, тарафҳои қавӣ ва заифи он кадомҳояд. Ин фаъолият, бояд дар ҳамкорӣ бо оилаҳо, сарварони ҷамоатҳо, кормандони тиббию – санитарӣ ва омӯзгорон, инчунин дигар тарафҳои манфиатдор гузаронида шавад. 2. Дар маркази диққат гузоштани кӯдак: системаи муайян намудан ва дастгирии кӯдаконе, ки зери хавфи канорамонӣ қарор доранд ё ба ёрии иловагӣ ниёз доранд, таҳия намоед. Инро одатан муайяннамоии барвақт меноманд. Аксар вақт сиёсат «яксамта» мешавад, дар натиҷа мақсади он танҳо ҷалби шахсони алоҳида мегардад. Дар натиҷа қисми ками кӯдакон манфиат мебинанд, система бошад дастнорас мемонад. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ҳам ба система ва ҳам ба кӯдак диққати асосӣ диҳанд, бо назардошти: • • рушди робита ва ҳамкориҳо бо кормандони тиббию санитарӣ бо мақсади таъмин намудани нигоҳубини мувофиқ ба кӯдакони дорои маълулият (ниг. ба қисми «Саломатӣ»); мутмаин будан, ки барномаҳои муайянкунии барвақт таъмини дастгирии кӯдаНИГОҲУБИНИ КӮДАКОНИ СИННИ БАРМАҲАЛ ВА ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
17
• • •
•
кони дорои маълулият ва оилаҳои онҳоро дар рӯномаашон ворид сохтаанд; бо оилаҳо зич ҳамкорӣ намуда, барвақттар муайян намудани кӯдакони дорои маълулияти модарзодӣ ё дар синни барвақт дорои маълулият гардида; ба барвақттар ҷавоб гуфтани волидон ба маълулиятҳои муайяншуда дар саломатии кӯдакон мусоидат намудан; додани роҳхат ба муассисаҳои тиббӣ ва раҳнамоӣ намудани волидон ба муассисаҳои тиббӣ; расонидани ёрӣ дар ташаккули муносибати мусбӣ нисбати кӯдакони дорои маълулият, бо гузоштани диққати асосӣ ба имконияту қобилияти онҳо ба омӯзиш; дар ин маврид дахолати барвақт аз муайян намудани монеаҳо дар роҳи таҳсилот ва рушди кӯдакон, инчунин кор бо оилаҳо, соҳаҳои гуногун ва ҷамоатро бо мақсади бартараф намудани монеаҳои муайяншударо дар бар мегирад; расонидани таъсир ба сиёсати мақомотҳои маҳалии давлатӣ бо мақсади фарогир ва барои кӯдакони дорои маълулият дастрас гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда.
Барои ба кӯдакони ба таври худ инкишофёбанда бор накардани меъёрҳои дурушти «мӯътадил будан», чораҳо андешидан дуруст аст. Кормандони барномаҳои ТСҶ бояд волидонро дар сурати сари вақт ягон марҳилаҳои рушдро азхуд накардани кӯдак, зери ташвишу изтироб намонанд. Баъзан, муоинаҳои тиббӣ ба ҷои муайян намудани он, ки кадом намуди дастгирӣ ба кӯдакон зарур аст, истисношавии онҳоро бештар менамоянд. Фарогирии кормандони тиббӣ бо чорабиниҳои таълимӣ дар доираи барномаҳои ТСҶ метавонад сатҳи огоҳӣ ва иттилоотнокии онҳоро оид ба масъалаҳои маълулият баланд намуда, аз истисношавӣ ва канорамонии имконпазир наҷот диҳад.
ЗАМИМАИ 11
ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ
Монеаҳо дар роҳи таҳсилоти томактабӣ Дар яке аз давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ тамоми кӯдакони синни то панҷсола муоинаи тиббии мунтазамро мегузаштанд, аммо кӯдакони чун дорои маълулият муайяншуда ягон ёрии иловагӣ намегирифтанд. Муаллимони муассисаҳои томактабӣ онҳоро бо се сабаб бо дили нохоҳам ба синфҳои худ қабул мекарданд: онҳо барномаи серталабу мушкил доштанд, аммо кӯдакони дорои ақибмонии рушд вақти иловагиро талаб менамуданд; муаллимон метавонистанд аз мукофотпулии моҳонаи худ маҳрум гарданд, агар кӯдак дар хондан ба муваффақиятҳо ноил нагардад ё вазн нагирад; ва ниҳоят дар назар дошта мешуд, ки ба муассисаҳои томактабӣ бояд танҳо кӯдакони «солим» қабул гарданд, аммо кӯдакони дорои маълулият бемор ҳисобида мешуданд.
18
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Ба таҳсилоти барвақт дар хона мусоидат намудан Ҷалб намудани оилаҳо Нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ дар хона оғоз мешавад, бинобар ин, иштироки аъзоёни оила дар он аҳамияти калон дорад. Дар солҳои аввали ҳаёт нақши муҳими махсусро волидон, махсусан модар мебозад, чунки ӯ метавонад ба рушди кӯдак бо муносибат ва рафтори худ таъсир расонад масалан, ҳангоми синамаконӣ ва ҳамроҳ вақтгузаронӣ, кӯдакро ба ҳаракату амалҳо водор намуда бо ӯ бозӣ мекунад. Падарон набояд бетараф бошанд, иштироки онҳо низ муҳим буда, ҳамчунин бояд ҳавасманд карда шаванд. Чорабиниҳои пешниҳодшаванда фаъолиятҳои зеринро дар бар мегиранд: • Дастгирии аъзоёни оила оид ба табодули дониш оид ба кӯдакон чун волидон, бародарон ва хоҳарон, бобою бибиён бо муаллимони онҳо ва кормандони тиббӣ. Оилаҳо метавонанд ба кормандони барномаи ТСҶ захираи калони иттилоотӣ барои омӯзиш пешниҳод намоянд. Дастгирии оилаҳо ба воситаи ташкили омӯзишҳо, то онҳо тавонанд нисбати кӯдакони дорои маълулияти худ ғамхорӣ намуда, имкониятҳои мусбӣ ва мусоидро барои таълиму омӯзиши онҳо фароҳам оваранд. Ба оилаҳо барои дастрасӣ ба таҳсилоти махсусгардонидашуда дар ҳолатҳои зарурӣ ёрӣ расонда шавад (масалан, ба омӯзиши забони имову ишора, барои осон намудани муошират бо кӯдакони маълулияти шунавоӣ дошта) ё хизматрасониҳои махсусгардонидашуда (масалан, табобат бо меҳнат, бо воситаҳои физиотерапевтӣ ё ёрӣ барои беҳтар намудани нутқ), ки ба рушди малакаҳо мусоидат менамоянд. Таҳияи нақшаҳои фардии омӯзиш барои кӯдакони дорои маълулият дар якҷоягӣ бо оилаҳо, бо истифодаи дониши чуқури шахсии онҳо ва инчунин, дониши кормандони барномаи ТСҶ оид ба рушд ва арзёбии кӯдак. Дар ҳолатҳои мувофиқ будан ин нақшаҳоро дар якҷоягӣ бо муаллимон амалӣ намудан мумкин аст. Ташкил намудани гурӯҳҳои худёрирасон ё дастгирии онҳо барои аъзо шудан ба гурӯҳҳо ё ассотсиатсияҳои мавҷудаи фаъол. Баъзан волидон аъзоёни созмонҳои одамони дорои маълулият мебошанд. Созмон додани шабакаи дастгирӣ ва ҳамкорӣ байни аъзоёни оилаҳо бо намояндагони ҷамоат ва сармоягузорони Аввалин имову ишорати кўдак маҳаллӣ. Падар Модар Эътино намудан ба мушкилиҳои гендерӣ, ки дар оилаҳо мавҷуданд; масалан, барои иҷозат додан ба иштироки духтарчаҳои дорои маълулият ба имкониятҳои донишандӯзӣ.
• •
•
• •
•
НИГОҲУБИНИ КӮДАКОНИ СИННИ БАРМАҲАЛ ВА ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
19
ЗАМИМАИ 12
ҶУМҲУРИИ БОЛИВИЯ
Иштироки падар дар таҳсилоти писар Дар шаҳри Эл-Алтои Ҷумҳурии Боливия барномаи ТСҶ раванди фарогирии кӯдакони дорои маълулиятро ба мактабҳои маҳаллӣ раҳнамоӣ менамояд. Ба қарибӣ як кӯдаки шашсола бо синдроми Даун ба боғчаи кӯдаконаи назди мактаби маҳаллӣ ҷалб гардид. Падари кӯдак аз рӯзҳои аввали ба мактаб фиристодани кӯдакаш дар ташвишу изтироб буд. Ҳар рӯз ӯ худ кӯдакашро ба мактаб оварда, пас аз дарсҳо омада ӯро ба хона мебурд, ба назди роҳбари синф ва директори мактаб медаромад. Директори мактаб аз иштироки падар дар раванди таҳсилоти писараш чунон ба ҳаяҷон омада буд, ки ӯро барои баромад намудан дар маҷлиси ассотсиатсияи волидон даъват намуд. Мақсади чунин вохӯрӣ аз даъват намудани волидони дигар барои иштирок дар таҳсилоти кӯдакони худ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои фарогирӣ, иборат буд. Тарғиби татбиқи фаъолиятҳои таълимӣ дар хона Барпо намудани муҳити мусоид барои таълими кӯдакон дар хона яке аз самтҳои асосии фаъолияти барномаҳои ТСҶ мебошад. Фарогирӣ дар оила бо роҳи рушди худбоварӣ ва малакаҳо, инчунин, роҳнамоии ҳавасмандии барвақти кӯдак ба амал меояд. Фаъолиятҳои тавсияшаванда барои кормандони барномаи ТСҶ дар зер оварда шудаанд: • ҳавасманд намудани волидон барои ҷалби кӯдакон ба омӯзиш бо истифодаи усулҳои мушаххаси эҷодкорона ва шавқовар; • нишон додани истифодабарии ҷисм ва асбобҳои рӯзгор дар хона ва муҳити маҳаллӣ барои бозиҳо ва чӣ тарз таҷҳизоти бозиро бо дастони худ сохтан мумкин аст; ҳатто кӯдакони маълулияти ҷиддӣ дошта, низ на ҳама вақт ба таҷҳизоти «махсус» аз тарафи мутахассисони касбӣ сохташуда ниёз доранд; • ба аъзоёни оила нишон додани он, ки чӣ тавр аз маводи дар зери даст буда воситаҳои ёрирасони барои нишастан ё ҳаракат намудан мусоидаткунандаро сохтан мумкин аст; • диққати зиёд надодан ба маълулият ва талаботи ҷисмонии кӯдак; масалан, ба кӯдаки дорои маълулияти ҷисмонӣ имкониятҳои зиёдро пешниҳод намудан мумкин аст, омӯзишу дониши бо ҳаракатҳои гуногун вобаста, вале дар баробари ин, бояд малакаҳои иҷтимоии ӯро низ инкишоф додан зарур аст (масалан, қобилияти бозикунӣ ва хондан якҷоя бо ҳамсолоне, ки дорои маълулият нестанд). Бисёр маводҳои таҷрибаи амалӣ вуҷуд доранд, ки ба аъзоёни оила дар рушди муҳити мусоид барои таҳсилот ёрӣ расонда метавонанд. Баъзе намунаҳоро дар зер меоварем: • • • • Дастури «Кӯдакони деҳотии дорои маълулият » (16); Дастури ТУТ «Омӯзишҳо дар сатҳи ҷамоат барои одамони дорои маълулият» (17); «Биёед муколама (муошират) мекунем»; маводи таълимӣ барои онҳое, ки бо кӯдакони дорои маълулияти муоширатӣ кор мекунанд) (18); Системаи «Портаҷ», барои ба оилаҳо таълим додани масъалаи ҷудо намудани вазифаҳои оддӣ ба марҳилаҳои хурд истифода мешавад, масалан, пӯшидани либос, қабули ғизо, истифодаи ҳоҷатхона ва шустушӯй. Ин бошад ба кӯдакон ва ҳатто онҳое, ки маълулияти хеле ҷиддӣ доранд барои ҳис намудани пешравӣ ва муваффақият ёрӣ мерасонад (19).
20
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ЗАМИМАИ 13
Хизматрасониҳои таълимӣ дар хона Мураббияи яке аз муассисаҳои томактабӣ, ки тарзҳои фарогирии кӯдакони дорои маълулиятро омӯхтааст, ошкор намуд, ки се нафар кӯдакони дорои якчанд навъҳои маълулият ба дарсҳо намеоянд. Ӯ ба хонаи онҳо равон шуд, ки бо оилаҳои онҳо кор кунад. Мураббия барномаи омӯзиши фосилавиро барои гузаронидани дарсҳо дар хона таҳия намуд ва акнун волидон ба назди ӯ барои машварат оид ба чӣ тавр кӯдаконро дар шароитҳои хона омӯзонидан мумкин аст, меоянд. Баъзан кӯдакон худашон ба маркази таълимӣ меоянд.
Дастгирии омӯзиш дар ҷамоатҳо Дар ҷамоатҳо ҳар гуна имкониятҳо барои таҳсилоти томактабӣ дастрас шуда метавонанд, масалан, гурӯҳҳои бозӣ, марказҳои буду боши рӯзона, гурӯҳҳои модару кӯдак ва гурӯҳҳои занонаи дастгирии ҳамдигар бо боғчаҳои кӯдакона (нигоҳубини кӯдак). Барои фарогирии кӯдакони дорои маълулият дар ҷамоатҳои онҳо бо амалӣ намудани чорабиниҳои оддии мавҷудбудаи зерин мусоидат намудан мумкин аст: • оилаҳоро барои гирифтани кӯдакон бо худ ба саёҳат дар доираи ҷамоат, ба монанди чорабиниҳои динӣ ва шавқангез, ташриф ба мағоза ва ғайра тарғибу ташвиқ намудан; • тавсия намудани он, ки оилаҳо ба кӯдакон барои бозӣ кардан берун аз ҳавлӣ, ҳангоми зарурат, бо истифода аз курсии паҳлӯдори махсус ё воситаҳои ёридиҳанда, ки дар тайёр намудани он ҷамоат ёрӣ расонида метавонад, иҷозат диҳанд; • кӯдакони дорои маълулият ва онҳое, ки дорои маълулият нестанд барои якҷоя бозӣ кардан, ташвиқ намоянд, зеро омӯзиши дутарафаи бародарону хоҳарон ё кӯдакони ҳамсоя хеле муҳим ва манфиатнок аст; • ҷалб намудани ҷамоати маҳаллӣ ба ободонии муҳит, аз ҷумла майдончаҳои бозӣ дар назди муассисаҳои томактабӣ ва дар ҳавлиҳо (бо роҳи сохтани пандусҳо, ҳоҷатхонаҳо, беҳтар намудани равшанӣ, баланд кардани сатҳи бехатарӣ, нигоҳ доштани тозагӣ).
Мусоидат намудан ба рушди муассисаҳои фарогири томактабӣ Ба барномаҳои ТСҶ созмон додани ҳамкориҳо бо соҳаи маориф, барои дастгирии гузариш ба таҳсилоти чандир, ки ба талаботҳои кӯдак равона шудааст, зарур аст. Дар маркази диққат бояд чорабиниҳое бошанд, ки ба ҳамаи кӯдакон барои таҳсили самаранок имконият медиҳанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд дар ташкили омӯзишҳо барои кормандони боғчаҳои кӯдакона ва дигар муассисаҳои томактабӣ оид ба таълими усулҳои тайёр намудани муҳит барои таълим, ки ба тарзу суръати азхудкунии кӯдакон мувофиқат менамояд, ёрӣ расонанд. Ба чорабиниҳои ба рушди муносибати мазкур мусоидаткунанда, фаъолиятҳои зерин дохил мешаванд: • омӯзиш бо ёрии бозиҳои махсус ва аз рӯи сохтори муайян банақшагирифта ва ҳам ғайрирасмӣ; • кор дар гурӯҳҳои на чандон калон; • омода кардани васоити бозӣ ва омӯзишӣ аз маводи дастрас; НИГОҲУБИНИ КӮДАКОНИ СИННИ БАРМАҲАЛ ВА ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
21
• фароҳам намудани шароити берун, ки барои ҳама қулай бошад, амсоли сохтмони пандусу ҳоҷатхонаҳои махсус таҷҳизонидашуда, истифодаи рамзҳои ранга ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои гуногун барои кӯдакони дорои маълулияти биноӣ ва инчунин риояи меъёрҳои давлатии дастрасии иншоотҳо бо назардошти маълулияти кӯдакон; • қабули ёрӣ аз тарафи аъзоёни оилаҳо ва шахсони ихтиёрӣ дар синф; дар ин самт ба он таваҷҷӯҳ кардан лозим аст, ки ёрӣ на танҳо ба кӯдакони дорои маълулият, балки ба аҳли синф нигаронида шуда бошад; • мушоҳидаи шавқмандии кӯдакон ба омӯзиш ва муҳокимаи якҷоя барои муайян намудани ҷиҳатҳои қавии кӯдакон ва гузоштани мақсадҳои дастраси таълимӣ.
ЗАМИМАИ 14
ЗАНЗИБАР
Писарак суруди умед месарояд Дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Халқии Занзибар мураббияҳо дар муошират бо писараки дорои маълулияти шунавоӣ ҷадвали имову ишораро истифода мебаранд. Барои рақамҳои арабӣ писарак ҳисоби ангуштиро кор фармуда, барои муошират ва баёни фикр ба суратҳо ишора менамояд. Омӯзгорон иҷрои сурудро бо амалҳо якҷоя намуданд, ки ин ба писарак имконияти бо аҳли синф якҷоя хондани сурудро дод. Ҳоло ӯ имконияти муносибат намудан бо калонсолони дорои маълулияти шунавоиро надорад, зеро забони имову ишора дар Занзибар хуб инкишоф наёфтааст, вале ин оғози кор аст. Директори муассисаи томактабӣ мутмаин аст, ки забони имову ишораи писарак такмил ёфтааст ва ӯ бисёр малакаҳои иҷтимоиро аз худ намудааст. Дар баъзе шароитҳо ва фарҳангҳо муассисаҳои томактабии расмии мавҷуда аз рӯи тарҳсозии таҳсилоти ибтидоӣ, бе назардошти талаботи кӯдакони хурдсол сохта шудаанд. Дар ин намуна омӯзгор дар маркази диққат аст, шароит барои бозӣ мавҷуд нест, синфхона аз рӯи меъёр таҷҳизонида шуда, омӯзиш ба таври таҳтуллафзӣ (тарзи қориазёд кардан бо роҳи такрори чандинкарата, вале на фаҳмиши амиқи масъала) ба роҳ монда шуда, малакаҳои академикӣ ва дарсҳои бардавом истифода бурда мешаванд. Ин гуна шароит барои бисёр кӯдакон дуруст намеояд, махсусан барои кӯдакони дорои маъулулият. Таъмин ва воридсозии дигаргуниҳои дарозмуддат дар низоми маориф вазифаи Вазорати маориф мебошад, аммо кормандони барномаҳои ТСҶ метавонанд, барои аз нав муҳайё кардани шароитҳо, барномаҳо ва тарзҳои омӯзиш дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат намоянд, ки ҳамаи кӯдакон самаранок таҳсил карда тавонанд. Барномаҳои ТСҶ дар таъмини фарогирии кӯдакони дорои маълулият дар муассисаҳои томактабӣ нақши муҳим мебозанд, онҳо барои таъмин намудани кӯдак бо воситаҳои асосии ёрирасон ва хизматрасониҳои зарурии тавонбахшии саломатӣ ёрӣ мерасонанд. Барномаи ТСҶ инЊУЌУЌ чунин, метавонад мутахассисро ба муассисаҳои ба тањсилот томактабӣ барои ҳал намудани мушкилиҳои мушаххас сафарбар намояд ва нишон диҳад, ки истифодаи усулу воситаҳои оддӣ, аз ҷумла захираҳо ва сокинони маҳал, барои ҳама манфиатноканд. Дар ин маврид омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ метавонанд раванди амалигардонии муносибати фарогирро, ки ба кӯдак нигаронида шудааст, роҳнамоӣ намоянд. 22 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ЗАМИМАИ 15
ХИТОЙ
Тадқиқи роҳу усулҳои имконпазир барои муваффақшавӣ Анхой, яке аз музофотҳои қашшоқ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, ки дар он 56 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. То ба наздикӣ ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ кӯдаконро қатор мешинонданд, омӯзгорон дарсҳои дурудароз мегузарониданд ва талаб мекарданд, ки кӯдакон ором шинанд. Барои таҳсили муваффақ ё номуваффақ ҷавобгарӣ ба дӯши кӯдак вогузор мешуд. Сабаби дастгирӣ ва эҳтиром ба низоми мазкур, аз ҷалб ва дастрасии шумораи зиёди кӯдакон ба раванди таҳсилот вобаста буд. Дар бисёр боғчаҳо теъдоди кӯдакон аз 1000 нафарӣ зиёд буд, аммо омӯзгорон ба кори худ хеле содиқ ва меҳнатдӯст буданд. Натиҷаи амалишавии барномаи таҷрибавӣ тағйиротҳоеро ба миён оварданд, ки кӯдаконро барои расонидани ёрӣ дар хониши фаъол даъват менамуданд, аз қабили кори мунтазам дар гурӯҳҳои на чандон калон; омӯзиш дар ҷараёни бозӣ; истифодабарии дастурҳои таълимӣ, ки аз маводҳои дастрас омода шудаанд; такмили мунтазами ихтисоси омӯзгорон; муносибати умумимактабӣ, ки ҳамкории бештари байни оилаҳо, омӯзгорон, кормандони маъмурият ва ҷамоатро бо роҳи созмон додани кумитаҳои маҳаллӣ талаб менамуданд; илова бар ин ду кӯдаки ақибмонии рушди ақлонӣ дошта дар ҳар синф таҳсил мекарданд. Натиҷаҳо назаррас ва таъсирбахш буданд: идораҳои маориф эътироф намуданд, ки муносибати мазкур сатҳи маърифатнокии ҳамаи кӯдаконро баланд намудааст; муносибати мақомоти маориф тағйир ёфт, ки ин муносибат (алтернативӣ) на ҳамчун муносибати «арзон», балки ҳамчун муносибати «беҳтарин» дар муқоиса ба муносибати ҷудонамоии кӯдакон арзёбӣ шуд; кӯдакони дорои маълулият ба мактаби ибтидоӣ қабул шуда, таҳсилотро бомуваффақият идома медоданд.
Таъмин ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои махсус Бисёр кӯдакони дорои маълулият метавонанд ба таҳсилоти томактабии талаботи чандир ва ба кӯдак нигаронидашуда фаро гирифта шаванд. Баъзан барои омода намудан ва фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба муассисаҳои томактабии умумӣ ёрии мутахассис зарур аст. Масалан, ба кӯдакони дорои маълулияти шунавоӣ омӯхтани забони имову ишора лозим аст, ба кӯдакони дорои маълулияти шунавоӣ аз худ кардани малакаҳои ҳаракат дар мухит, таҳқиқи ламс ва омӯхтани алифбои Брайл зарур аст. Кормандони барномаи ТСҶ метавонанд кӯдакони дорои маълулиятро бо маводу воситаҳои ба навъҳои маълулият махсус мутобиқкарда таъмин намоянд ва дастгирии таъминкунандагони хизматрасониҳои махсусгардонидашударо дар ҳамкорӣ бо кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кафолат диҳанд.
Ҷалб ва таъмини иштироки шахсони дорои маълулият (калонсолон ва кӯдакон) дар чорабиниҳо Тарғибу ташвиқ намудани иштироки бевоситаи одамони дорои маълулият дар фаъолиятҳои нигоҳубини кӯдакони синни барвақт ва таҳсилоти томактабӣ дар вазифаҳои машваратчӣ, дастурдиҳанда, роҳбар ва корманди барои қабули қарорҳои масъул, чун намунаи ибрату пайравӣ хеле муҳим мебошад. Дар хотир доред, ки принсипи «ҳар он чи, ки дар бораи мост- бо ҳамроҳии мо бояд бошад» ҳамчун шиор барои кор бо кӯдакони синни барвақт низ бояд мавриди истифода қарор гирад. Тамоми чорабиниҳои пешниҳодшаванда ҳамон вақт бештар унвонӣ ва самаранок шуда метавонанд, ки агар барои татбиқи амалии онҳо худи одамони дорои НИГОҲУБИНИ КӮДАКОНИ СИННИ БАРМАҲАЛ ВА ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
23
маълулият ҷалб карда шаванд. Кӯдакони дорои маълулияти синну соли калонтар метавонанд иштирокчиёни чорабиниҳоро дастгирӣ ва рӯҳбаланд намоянд ва дар ҷавоб ба талаботи кӯдакони хурдсоли дорои маълулият таклифҳои эҷодкорона пешниҳод намоянд.
ЗАМИМАИ 16
ҲИНДУСТОН
Созмон додани Иттиҳоди одамони дорои маълулияти шунавоӣ Дар шаҳри Коимбатури Ҷумҳурии Ҳиндустон маркази дахолати барвақт ва боғча барои кӯдакони дорои маълулияти шунавоӣ боз гардиданд. Мутахассисе, ки дар марказ фаъолият дошт, арзёбӣ гузаронд ва ошкор намуд, ки дар ноҳияи мазкур миқдори хеле ками кӯдакони дорои маълулияти шунавоӣ зиндагӣ мекунанд. Аммо баъди ду моҳи кушодашавии марказ ду нафар корманди барномаи ТСҶ, ки худ дорои маълулияти шунавоӣ буда, ба лоиҳа вобастаанд, тавассути дӯстон ва шиносҳояшон боз шаш нафар кӯдакони синну соли то 5 -сола, ки қисман ё пурра шунавоиашонро гум карда буДарси забони англисї данд, муайян намуданд. Ба одамони дорои маълулияти шунавоӣ муайян намудани суроғаҳои нав ба нави аъзоёни ҷамоат муяссар гардид: дар давоми шаш моҳи навбатӣ барнома аллакай 13 нафар талабагонро фаро мегирифт, соли минбаъда шумораи кӯдакон боз ҳам зиёд гардид. Қисми зиёди онҳоро калонсолони дорои маълулияти шунавоӣ оварданд, ки айни замон ба боғча омада, ба кормандони он ёрии беғаразона мерасонанд.
Гузаронидани омӯзиш ва баланд намудани сатҳи огоҳӣ Гузаронидани омӯзиш ва баланд намудани сатҳи огоҳӣ барои бисёр гурӯҳҳои аҳолӣ зарур аст; ин чорабиниҳо бояд аз рӯи шакл ва мазмун чандир бошанд, яъне дар таҳия ва татбиқи онҳо худи одамони дорои маълулият ва созмонҳои онҳо ҷалб карда шаванд. Баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, муносибат ба масъалаҳои маълулият аз нуқтаи назари намунаҳои иҷтимоӣ ва инчунин, барномаи омӯзиш дар синни барвақт нақши муҳимро мебозад. Кормандони барномаи ТСҶ низ ба омӯзишҳо оид ба муносибатҳо ва усулҳои татбиқи чорабиниҳои дахолат дар синни барвақт ниёз доранд. Кормандони системаи таҳсилоти томактабӣ (омӯзгорон, кормандони ёрирасон ва маъмурии марказҳои буду боши рӯзона, муассисаҳои томактабӣ, гурӯҳҳои бозӣ ва дигарон) бояд ба иттилооти кифоя оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият ва раванди фарогирӣ таъмин карда шаванд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо онҳое, ки метавонанд ёрии молиявӣ ё техникиро пешниҳод намоянд низ бояд доимо дар мадди назар бошад. Аксар вақт, манбаи боэътимоди чунин дастгирӣ созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ мебошанд.
24
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ЗАМИМАИ 17
ШРИ ЛАНКА
Маблағгузории омӯзишҳо оид ба усулҳои таҳсилоти фарогир ба омӯзгорон Дар музофоти Хамбантотаи Ҷумҳурии Демократӣ - Сотсиалистии Шри-Ланка бисёр кӯдакони синни томактабӣ муайян карда шуданд, ки иллати қобилияти омӯзишӣ доштанд. Ҳангоми таҳлили хизматрасониҳои мавҷуда ошкор гардид, ки дар музофот созмони байналмилалии ғайридавлатӣ, барномаи таҳсилоти томактабиро татбиқ менамояд. Созмон нисбати фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба хизматрасониҳои томактабии худ шавқмандӣ зоҳир намуд, аммо изҳори таассуф намуд, ки омӯзгорони онҳо таҷрибаи фарогирии чунин кӯдаконро ба раванди таълим надоранд. Барномаи ТСҶ барои гузаронидани омӯзиши усулҳои таҳсилоти фарогир маблағи кифояро дарёфт намуда, тасилоти омӯзгорони муассисаҳои томактабии созмонҳои байналмилалиро пардохт намуд. Баъди гузаронидани таҳсилот омӯзгорон ва кормандони барномаи ТСҶ бо волидон ва кӯдакон вохӯрда, якҷоя нақшаи фарогириро таҳия намуданд. Барои он, ки волидон ҳам иштирокчиёни ҷараёни фарогирӣ шаванд, бисёр кӯшишҳо ба харҷ дода шуданд; бар замми ин ба дӯши онҳо масъулият нисбати муваффақияти фарзандон вогузор шуда буд. Кӯдаконе, ки аллакай ба муассасҳои томактабӣ омада буданд,волидони онҳо оид ба мушкилиҳои ба маълулият вобаста маълумот гирифта, ба ҷараёни фарогирӣ ҷалб шудаанд.
Ҳалли мушкилоти паст намудани камбизоатӣ Дар шароитие, ки ҷамоату оила барои рафъи камбизоатӣ ва қаноатмандии талаботҳои зарурӣ мубориза мебаранд, кӯдакон чун ёрирасони рӯзгор ё ҳамчун бори гарон (бо сабаби нарасидани маблағ) фаҳмида мешаванд. Ба кӯдакони гурусна ё бемор аз оилаҳои камбизоат хондан ва бозӣ кардан мушкил аст. Бинобар ин, ба кормандони барномаҳои ТСҶ дар баробари ёрӣ ба таҳсилоти томактабӣ, бо мушкилотҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ машғул шудан зарур аст (инчунин ниг. ба қисми «Худтаъминкунӣ»). Дар зер чорабиниҳои имконпазир оварда шудаанд. • Гузаронидани фаъолияти фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо, ки чӣ қадар барвақт ба кӯдакони дорои маълулият малакаю маҳорати худхизматрасонӣ таълим дода шавад, ҳамон қадар онҳо мустақил мешаванд ва чун бори гарон барои оила камтар эҳсос мешавад. Ба рушди гурӯҳҳои ёрии ҳамдигарӣ барои занон ва волидони кӯдакони дорои маълулият кӯдакони дорои маълулият ва созмонҳои онҳо мусоидат намоед (инчунин ниг. ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо»). Ба оилаҳо барои гирифтани грантҳои давлатӣ, ёрӣ аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ, донорон ва корхонаҳои маҳаллӣ ва инчунин бо ҳамаи дигар манбаъҳои дастгирӣ ва маблағгузорӣ ёрӣ расонед. Ба тадбирҳое, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи оила андешида мешаванд, диққати асосӣ диҳед ва нишон диҳед, ки кӯдакон ҳангоми иҷрои онҳо чӣ тавр таҳсил мегиранд ва қисми ҷудонопазири хаёти оилавӣ мешаванд. Дар шароити қашшоқӣ оилаҳо ва хусусан модарон на ба масъулияти иловагӣ, балки ба ёрии иловагӣ НИГОҲУБИНИ КӮДАКОНИ СИННИ БАРМАҲАЛ ВА ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
• • •
25
•
муҳтоҷанд. Бинобар ин, муносибати бодиққати кормандони барномаи ТСҶ дар ин ҷо нақши муҳим мебозад. Барои таъмини чандирӣ (дар ҳолатҳои зарурӣ онро тағйир ё такмил додан имконпазир бошад) ва мутобиқатии барномаҳои таҳсилоти томактабӣ ба шароити ҳаёти оилаҳои камбизоат, ки аз ҷумла оилаҳое, ки кӯдакони дорои якчанд навъи маълулият, ёрӣ расонед.
ЗАМИМАИ 18
МУҒУЛИСТОН
Таҳсилот дар мактабҳои сайёр
Дар Ҷумҳурии Халқии Муғулистон кӯдакони чорводорони кӯчманчӣ метавонанд ба боғчаҳои кӯдакон дар гэрҳо (юртаҳо) қабул шаванд. Ин муассисаҳои сайёр тамоми сол мутобиқи талаботҳои ҷамоатҳои дурдаст фаъолият менамоянд. Боғчаҳои кӯдакон ба оилаҳое, ки кӯдакони худро бо либос ва ғизо таъмин карда наметавонанд ё тарбияи пурарзиш дода наметавонанд, хизмат мерасонанд. Фаъолияти онҳо мувофиқи барномаҳои омӯзишӣ ва пешниҳоде, ки имконияти қабули кӯдакро дар давоми рӯзи нопурра пешбинӣ менамояд, ба роҳ монда шудааст. Волидон ва ҷамоатҳо дар таъмиру интиқоли ин муассисаҳои томактабии сайёр ёрӣ мерасонанд, чунки кори онҳоро қадр менамоянд. Фарогирии кӯдакон бо муассисаҳои томактабӣ, инчунин миқдори кӯдакон аз табақаи аҳолии дар канормонда, зиёд шуда истодааст.
Васеъ намудани сатҳи тарғибу ташвиқи таҳсилоти фарогир Барои амалӣ гаштани фарогирӣ системаро бояд дигар кард, аммо барномаҳои ТСҶ системаи таҳсилотро тағйир дода наметавонанд. Кормандони барномаҳои ТСҶ бояд шарикон ва иттифоқчиёнро ҷустуҷӯ намоянд. Дар ҳамкорӣ бо дигар тарафҳои манфиатдор (дар сатҳҳои маҳаллӣ ва умумимиллӣ) барномаҳои ТСҶ метавонанд ба ҳифзи мубаддал намудани муассисаҳои томактабӣ ба фарогир баромад намоянд. Аксар вақт таъминкунандагони хизматрасониҳо медонанд, ки сиёсати фарогир ё ҳатто қонунгузории мувофиқ мавҷуд аст, аммо барои амаликунии онҳо ёрӣ ва дастгирии молиявӣ намегиранд. Барномаҳои ТСҶ бояд дар ҷое ки имкон аст, мубаддал гардонидани муассисаҳои мавҷударо ба муассисаҳои фарогир амалӣ намоянд, на муассисаҳои махсусгардонидашуда созмон диҳанд.
Омодабошӣ ба ҳолатҳои фавқулода, ихтилофу низоъ ва зиёдшавии гурезаҳо Таъмини беҳбудии кӯдаки хурдсол дар ҳар гуна ҳолатҳои фавқулода, дар шароитҳои низоъ ё офати табиӣ муҳим аст. Таълими томактабӣ бо сабаби чандирии табиати худ яке аз намунаҳои асосиест, ки онро дар вазъияти фавқулода низ ташкил кардан имконпазир аст. Бозиҳо барои беҳбудӣ ва зиндамонӣ ёрӣ мерасонанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба кӯдакон таъмини муҳити фарогири мувофиқ ва имкониятҳоро барои фаъолияти бозӣ фароҳам оваранд; аксар вақт ин маънои ҳамкорӣ бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ғайридавлатӣ ва сохторҳои давлатиро дорад (ниг. ба дастури Иловагӣ, қисми «ТСҶ ва бӯҳрони гуманитарӣ») .
26
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Таҳсилоти ибтидоӣ Муқаддима Таҳсилоти аввалин (ибтидоӣ) аксар вақт дар синну соли шаш – ҳафтсолагӣ оғоз гардида, то синни наврасии барвақт идома меёбад. Он ба сатҳи нисбатан баландтари маърифат роҳ кушода, аз вазифаҳои муҳими рушд ба ҳисоб меравад. Таъминоти таҳсилоти умумии ибтидоӣ – ин мақсади дуюм аз Ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид, мебошад, ки дар Изҳороти ҳазорсолаи нав ифода ёфтааст. Мақсади он то соли 2015 дар тамоми ҷаҳон фароҳам овардани имконият, ки кӯдакон –писарону духтарон даври пурраи таҳсилоти ибтидоиро гузаранд (7). Барои он ки системаҳои таҳсилот ба ин мақсад расанд, такмили ихтисоси омӯзгорон, сохтмони мактабҳо, такмили сифати таҳсилот, бартараф намудани монеаҳо барои иштирок, ба монанди пардохти таҳсил ва набудани нақлиёт, кам кардани ташвиши волидон оид ба бехатарии кӯдаконашон зарур аст (20). Аксар вақт, аз доираи назар дур мемонад, ки ба мақсади мазкур бе фарогирии кӯдакони дорои маълулият ноил шудан маҳол аст. Аз рӯи арзёбии ба наздикӣ гузаронидаи ЮНЕСКО, зиёда аз 90%-и кӯдакони дорои маълулият дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст ба мактаб ташриф намеоранд (6). Аз он миқдоре, ки ба мактаб ташриф меоранд, аксарият пеш аз гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ мактабро тарк мекунанд, дигарон бошанд аксар вақт дар амал намехонанд ё дар ҷараёни таълим иштирок намекунанд. Таҳсилоти ибтидоӣ фарогир ва бояд ба ҳама дастрас бошад. Ягон муассисаи давлатии таълимӣ набояд аз рӯи ҷинс, мансубияти этникӣ, забон, дин, эътиқод, маълулӣ, пайдоиши иҷтимоӣ ё мавқеи амволӣ ба табъиз роҳ диҳад (5). Таҳсилоти ибтидоӣ ба қатори ҳуқуқҳои асосии инсон дохил мешавад. Дар моддаи 24-и «Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият» зикр шудааст, ки кӯдакони дорои маълулият набояд аз системаи таҳсилоти ройгон ва ҳатмӣ ихтисор шаванд (4). Таҳсилоти ибтидоӣ бояд фарогир бошад, таҳсилоти сифатнок ва дастрасии баробарро ба ҳама таъмин намояд ва дар ҷамоатҳои маҳаллӣ барои кӯдакони дорои маълулият дастрас бошад.
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
27
ЗАМИМАИ 19
ҶУМҲУРИИ МАЛИ
Таҳсилоти ибтидоӣ барои ҳамаи кӯдакон Дар гирду атрофи шаҳри Дуэнсаи Ҷумҳурии Мали, дар яке аз ноҳияҳои камбизоаттарини ҷаҳон аъзоёни ҷамоати маҳаллии яке аз деҳотҳо таҳсилоти кӯдаконро чун вазифаи афзалиятнок мешуморанд. Қарор қабул карда шуд, ки дар ин ҷо мактаб сохта шавад, ки барномаи он ба шароитҳои маҳаллии ҳаёти деҳот мувофиқ буда ва кӯдаконро барои кор ва зиндагӣ дар ҷамоат омода намояд. Созмонҳои маблағгузор, ки дар лоиҳа иштирок менамуданд омӯзиш ва дастгириро пешниҳод намуда, талаб намуданд, ки ба шӯрои мактаб зане дохил карда шавад, ки вазифааш аз қабули духтарон ва кӯдакони дорои маълулият иборат бошад. Ҷамоат бо қувваи худ аз ҳисоби пардохтҳои падару модарон мактаб сохт ва бо ин масъулияти худ ва хуқуқи моликият ба натиҷаҳои ин лоиҳаро таъкиду таъмин намуд. Созмони ғайридавлатӣ, ки ба расонидани ёрӣ ба одамони дорои маълулият банд аст, чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба мушкилиҳои одамони дорои маълулиятро амалӣ намуд ва ба шӯрои мактаб дар муайян намудани кӯдакон барои таҳсил, ёрӣ расонд. Созмони ғайридавлатӣ ба баъзе кӯдакон аробачаи сечархаи маълулӣ пешниҳод намуд. Театри маҳаллӣ ва гурӯҳҳои мусиқачиён барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи духтарон ва кӯдакони дорои маълулият ба таҳсилот чорабиниҳо гузарониданд. Вақте ки фаъолони ҷамоат фаҳмиданд, ки дар деҳоти онҳо кӯдакони дорои маълулият зиёданд, онҳо аз он ба ҳайрат омаданд, ки аъзоёни оилаҳои одамони дорои маълулият барои расонидани ёрӣ ба ин кӯдакон дар рушд ва иштирок дар ҳаёти ҷамоат кор карда метавонанд. Пештар маълулият ҳамчун мушкилӣ ҳисоб намешуд, чунки дар ҷамоат намедонистанд, ки он ҳалшавандааст. Аввал аъзоёни ҷамоат ва омӯзгорон нисбати фарогирии кӯдакони дорои маълулият нобоварона муносибат менамуданд. «Аввал мо ҷиддӣ мехостем кӯдакони дорои маълулиятро ба ҷараёни таҳсилот ҷалб намоем, аммо дар асл боварӣ надоштем, ки онҳо метавонанд ба мактаб ташриф оранд. Акнун мо ба ин дар таҷрибаи худ боварӣ ҳосил намудем ва тарафдории мо эътиқоди мо шуд !” Ба шарофати ҳамкории байни оилаҳо, ҷамоат, созмони одамони дорои маълулият ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба рушди фарогир, ҳатто дар шароити қашшоқӣ имконпазир мешавад. Аз рӯи гуфтаҳои роҳбари барномаи маҳаллӣ барои он, ки ба фарогирӣ ёрӣ расонида шавад, бояд эътиқоди комил дар мӯҳлати дуру дароз нигоҳ дошта шавад.
28
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Мақсад Дар ҷамоати маҳаллӣ системаи ҷолиби диққат ва фарогири таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамояд, ки мактабҳои маҳаллӣ дар маркази фаъолияти таълимии он қарор доранд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз ҳамкорӣ бо системаи таҳсилоти ибтидоӣ барои созмон додани мактабҳои фарогири маҳаллӣ; дастгирии оилаҳо ва кӯдакони дорои маълулият, барои дастрасӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ дар ҷамоати худ; инчунин, рушди муносибату робита байни оилаҳо, ҷамоат ва мактабҳо иборат аст
Натиҷаҳои чашмдошт • • • • • • • • • • Тамоми ҷамоат барои рушди таҳсилоти ибтидоии фарогир сафарбар шудааст. Оилаҳо таҳсилоти ибтидоии фарогирро маъқул дониста, дастгирӣ менамоянд ва ба он шомиланд. Ҳамаи кӯдакони дорои маълулият дар ҳаҷми пурра таҳсилоти ибтидоии сифатнокро мегиранд. Барои дастгирии раванди фарогирӣ воситаҳои ёрирасон аз рӯи арзиш мувофиқ ва дастрас, намудҳои табобат ва дигар ёрии зарурӣ, мавҷуданд. Дар шароитҳои мактаб мушкилиҳои дастрас муайян ва ҳал мешаванд. Омӯзгорон дастгириро ҳис менамоянд ва ба қобилияти худ нисбати омӯзонидани кӯдакони дорои маълулият боварӣ доранд. Барномаҳои омӯзишӣ, системаҳои санҷишӣ ва арзёбии дониш, муносибат ба таҳсилот ва дарсҳои факултативӣ (масалан, варзиш, мусиқӣ, клубҳо) ба кӯдакон нигаронида шуда, хосияти фарогирӣ доранд. Омӯзгорони маҳаллӣ ва мутахассисон ба тарзи муносиб сафарбар шудаанд. Кӯдакони дорои маълулият аз оилаҳои камбизоат дар мактаби ибтидоӣ таҳсил мегиранд. Барои таъмини пешравии таҳсилоти ибтидоии фарогир дар сатҳи миллӣ, ҳамкориҳо бо иштироки тарафҳои мувофиқи манфиатдор созмон дода шудаанд ва фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғибро дар тамоми сатҳҳо амалӣ менамоянд.
Мафҳумҳои асосӣ Муносибати ҳаматарафа дар сатҳи ҷамоат Мусоидат намудан ба раванди таҳсилоти фарогир ва дастгирии он вазифаи аҳли ҷамоат аст, мактабҳои ибтидоии маҳаллӣ бошанд, вазифаю шартҳои асосиеро таъмин менамоянд, ки барои татбиқу намоиш додани натиҷаҳо имконият медиҳанд. Кормандони барномаҳои ТСҶ вазифаҳои зиёдро иҷро менамоянд, вале мутахассиси соҳаи таҳсилот нестанд, бинобар ин барои онҳо ҳамкорӣ бо ҷамоатҳо (мактабҳо, оилаҳо, одамони дорои маълулият, фаъолони маҳаллӣ) зарур аст ва онҳо бештар ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳуқуқ, фарогирӣ ва намунаи (модели) иҷтимоӣ бояд диққати ҷиддӣ диҳанд, инчунин ҳамаи онҳоеро, ки ба ин ҷараён шомиланд, сафарбар ва дастгирӣ намоянд. Волидон кӯдаки худро медонанд ва метавонанд маълумоти хеле заруриро ба омӯзгорон пешниҳод намоянд. Омӯзгорон бошанд ба волидон дар таҳсилоти хонагӣ ёрӣ мерасонанд. Идораи маорифи ноҳия бояд ҷараёни фарогириро дастгирӣ намояд, то ки он хусусияти устуворӣ пайдо ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ 29
кунад. Сохторҳои тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ ба ин ҷараён шомил шуда, ҳамкорӣ менамоянд. Омӯзгорони сайёр (сафаркунанда) метавонанд вазифаҳои гуногунро иҷро намоянд, робитаҳоро мустаҳкам ва намудҳои гуногуни дастгириро пешниҳод намоянд. Онҳо соҳиби малакаҳои махсус буда, масалан омӯзондани алифбои Брайл ё забони имову ишора, ба мактабҳо пешниҳод намудани машварати тахассусӣ, тақсимоти захираҳо ва ёрӣ ба хонандагони дорои маълулият, волидон ва омӯзгорони онҳо ба вазифаҳои асосии чунин омӯзгорон дохил мешаванд.
ЗАМИМАИ 20
ҶУМҲУРИИ ПЕРУ
Роҳи нави Юри ба таҳсилот Юри ҳамроҳи модар ва хоҳаронаш дар Андҳои Ҷумҳурии Перу истиқомат мекунад. Писарак аз бемории фалаҷи майнаи сар азият мекашад ва роҳ гашта наметавонад. Ӯ, ба монанди хоҳаронаш мехост ба мактаби ибтидоӣ дохил шавад, аммо ба як қатор душвориҳо дучор шуд. Аз хонаи ӯ то роҳи калон роҳи мувофиқ набуд, нақлиёти дастрас барои одамони дорои маълулият низ набуд, омӯзгорони мактаби ибтидоии маҳаллӣ алҳол аз бозомӯзӣ оид ба проблемаҳои одамони дорои маълулият нагузашта буданд. Кормандони барномаи ТСҶ диққати худро ба васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои модари Юри ҷалб намуданд, ки ӯ ба ҷамоат бо хоҳиши сохтмони роҳ аз хонааш то шоссе муроҷиат намуда буд. Барномаи ТСҶ ба Юри аробачаи сечархаи маълулиро бо идоракунии дастӣ пешниҳод намуд ва ба омӯзгорон дастурҳои зарурӣ дод. Юри дар мактаби ибтидоӣ таҳсилотро оғоз намуд, хонандагони мактаб ба ифтихори ӯ шабнишинии идона оростанд.
Муносибати ҳаматарафа дар сатҳи мактаб Ба шарофати муносибати ҳаматарафа дар сатҳи мактаб роҳбарон, директорони мактабҳо, омӯзгорон, маъмурият, шахсоне, ки ба кӯдакон нигоҳубин менамоянд, кӯдакони дорои маълулият ва кӯдаконе, ки дорои маълулият нестанд ва инчунин шахсоне, ки бо мактаб алоқаманданд, якҷоя сатҳи огоҳиашонро оид ба масъалаҳои маълулият баланд мебардоранд ва инчунин монеаҳоро муайян ва бартараф менамоянд, то ки фарогирии кӯдакони дорои маълулиятро ба мактаби маҳаллӣ осон намоянд.
ЗАМИМАИ 21
СУРИЯ
Дигаргуниҳо дар роҳи таҳсилоти фарогир Дар яке аз мавзеъҳои атрофи шаҳри Димишқ, пойтахти Ҷумҳурии Араби Сурия кормандони барномаи ТСҶ аз Агентии Ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ якҷоя бо маъмурияти мактабҳо, фаъолони маҳаллӣ ва мақомотҳои маъмурӣ, омӯзгорон ва мактаббачагон фаъолият менамуданд, то ки мактабҳои маҳаллии ибтидоӣ фарогир ва дастрас шаванд ва кафолат диҳанд, ки кӯдакони дорои маълулият ба онҳо ташриф оварда метавонанд. Онҳо тахтаҳои синфиро иваз намуданд, мизҳоро аз сари нав гузоштанд, ҷои дарҳо, ҳоҷатхонаҳо ва майдончаҳоро дигархел карданд. Ихтиёриёни маҳаллӣ ва омӯзгорон дар Димишқ таҳсил карда, соҳиби малакаҳои омӯзонидани забони имову ишора шуданд. Кӯдакон, волидони онҳо, омӯзгорон ва инчунин мақомоти маҳаллӣ зарурат ва бартарияти омӯзонидани кӯдакони дорои маълулиятро дар мактабҳои маҳаллӣ мефаҳманд.
30
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Фарогирии иҷтимоӣ Таълими малакаҳои ҳамзистӣ бо дигарон, муносибат бо одамоне, ки аз дигарон фарқ менамоянд, шаффофият, расонидани ёрӣ ва изҳори эҳтиром нисбати дигарон ба монанди таҳсилоти малакаҳои академӣ хеле муҳим аст. Кӯдаконе, ки дар гирифтани малакаҳои академӣ азият мекашанд, ба ҳар ҳол метавонанд, аз дохилшавии иҷтимоӣ ба муҳити маҳалии мактабӣ манфиат бинанд. Ин ҷараён ҳамаи кӯдаконро ба аъзои ҷамъияти фарогир шудан омода менамояд.
Таассур ба гуногунӣ Ҳамаи кӯдакон гуногунанд ва ҳар хел маомӯзанд. Мактабҳо бояд ба гуногунӣ эътино намоянд ва чандирии барномаҳои омӯзишӣ, усулҳо ва шартҳои омӯзишро ба эҳтиёҷоти ҳамаи талабагон мувофиқ намуда, таъмин намоянд. Системаи чандири омӯзишӣ бо назардошти талаботи ҳар кас ислоҳро талаб мекунад, на фақат ягон гурӯҳи алоҳидаро. Агар иттиҳод бо дигар гурӯҳҳои дар канормонда созмон дода шаванд, тарғиби фарогириро шиддат додан мумкин аст. Мактабе, ки барои кӯдакони дорои маълулият хуб аст, барои ҳамаи кӯдакони дигар низ хуб мешавад ва дигар кӯдаконро аз гурӯҳҳои камшумор ва истисношуда фаро мегирад. Таҳаммули гуногунӣ маънои эътирофи онро дорад, ки кӯдакони дорои маълулият ҳатто агар маълулияти якхела дошта бошанд ҳам, аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Масалан, талабагони дорои биноии паст метавонанд ба нақшаи омӯзишӣ ҳар хел дастрас шаванд: ба яке аз онҳо сабти овоз ба диктофон фоиданоктар бошад, ба дигаре – алифбои Брайл ба осонӣ азхуд мешавад. Баъзе кӯдакони дорои маълулияти шунавоӣ аз рӯи лабҳо хонда метавонанд, аммо ба дигарон забони имову ишора лозим мешавад.
Фазои мусоид ва дастрас Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар умум таъмини дастрасӣ ба паст шудани арзиши фарогирӣ меорад (21). Муҳити мактаб бояд барои ҳамаи кӯдакон дастрас бошад; диққати махсус ба он дода шавад, ки ҳоҷатхонаҳо ба кӯдакони дорои маълулият дастрас бошанд. Ғамхорӣ ба намуди зоҳирӣ ва фазои мактаб кафолат медиҳад, ки шароитҳо барои ҳама мусоид шаванд. Мактаби тоза (масалан, системаҳои муносиб) авзоъ ва рафтори мусбати кӯдакон, омӯзгорон ва дигар кормандон - ҳамаи ин барои ташкил намудани муҳити муносиб мусоидат менамояд.
Муносибате, ки ба талаба равона шудааст Вазъияти мусоид баробари дастрасӣ дар мактабҳо хеле муҳим аст. Муносибате, ки ба талаба равона шудааст (ба кӯдак равона шудааст), маънои онро дорад, ки ҳамаи ҷараёнҳо ва сохторҳо дар мактаб ба дастгирии таҳсилот ва иштироки ҳар як кӯдак нигаронида шудааст. Аксар вақт новобаста аз муваффақияти хондани кӯдак шахсияти омӯзгор, нақшаи сахти таълимӣ ё ҷадвали муқарраршудаи машғулият, дар маркази диққат мешавад. Дар назар доштани кӯдак инчунин, маънои мувофиқат ба синну солро дорад. Баъзан кӯдаки дорои маълулият сари вақт муайян карда намешавад, то ин ки имконияти барвақт оғоз намудани таҳсили асосӣ дар баробари ҳамсолони худ дошта бошанд. Кӯдак бо ақибмонии инкишофи ақлонӣ метавонад аз рӯи синну сол калонтар бошад, вале аз рӯи сатҳи инкишофи физиологӣ ҷавонтар бошад. Эътирофи синну соли воқеӣ низ хеле муҳим аст.
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
31
Таҳсилоти ибтидоии чандир Таҳсилоти ибтидоӣ одатан дар бинои алоҳида сурат мегирад, аммо ин маънои ягон хусусияти махсусро дар назар надорад. Муҳим аст, ки ақидаи тағйирнопазир оид ба нақши мактаб тарафдорӣ карда нашавад. Баъзе кӯдакон, масалан кӯдакони дорои маълулияти ҷиддӣ метавонанд бо системаи таҳсилоти ибтидоӣ фаро гирифта шаванд, агар дар хона таҳсил гиранд ҳам. (нигаред ба қисми «Таҳсилоти ғайрирасмӣ»). Таҳсилоти фарогир маънои онро надорад, ки ҳар як кӯдаки дорои маълулият бояд ба синф оварда шавад. Аммо мактабҳо набояд инро ҳамчун асос барои тағйир наёфтан истифода баранд; муҳим аст, ки онҳо барои фарогир шудан кӯшиш намоянд. Мактаб бо сабаби маълулияти кӯдак ҳуқуқи хориҷ намудани ӯро аз таҳсилот надорад (4).
ЗАМИМАИ 22
ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
Баланд бардоштани ҳассосияти ҷамоатҳо ба рушди таҳсилоти фарогир «Сарва Шикша Абхийян» - барномаи маҷмӯӣ, ҳамбаста, намунавӣ буда, бо мақсади ноил шудан ба таҳсилоти умумии ибтидоӣ дар саросари мамлакат, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон амалӣ мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани ҳассосияти волидон, омӯзгорон ва ҷамоатҳо ба масъалаҳои таҳсилоти фарогир дар доираи барнома якчанд лагерҳо дар сатҳи ноҳия ташкил шуданд. Барои созмон додани шабакаи созмонҳои маҳаллии ғайридавлатӣ ва беморхонаҳои тавонбахшӣ ва пешниҳоди воситаҳои ёрирасон кӯшишҳои маҷмӯӣ карда шуданд. Пандусҳо, ки дар чорчӯбаи ин барномаҳо сохта мешаванд, қисми ҷудонашавандаи ҳамаи биноҳои мактабӣ мешаванд. Дигар чорабиниҳо аз ташкили омӯзишҳо оид ба идоракунии рафтор дар синф, истифодабарии маводҳои махсуси омӯзишӣ ва инчунин таҳияи маълумотнома оид ба таҳсилоти фарогир, иборат мебошанд. Дар чорчӯбаи барнома ҳукумати маҳаллӣ диққати махсусро ба он медиҳад, ки бо қувваи омӯзгорони меомадагӣ ба кӯдакон бо бемориҳои мураккаб ва вазнин таҳсилотро дар хона таъмин намоянд. Барои ҳар се – панҷ кӯдакони дорои маълулияти мураккаб, ки ба мактаб мунтазам ташриф оварда наметавонанд, омӯзгори хонагиро ҷудо менамоянд, ки ӯ ба ғайр аз таҳсилоти асосӣ, ҳангоми зарурат, ба кӯдак ва волидон малакаҳои асосии табобат ва худхизматрасониро меомӯзонад.
Дастгирӣ бо манбаъҳои захиравӣ ва ёрии мутахассисон Аксар вақт ду ақидаи нодуруст ҷараёни фарогириро бадном менамоянд: 1) фарогирӣ танҳо ҳангоми истифодаи хизматрасонии махсусгардонидашудаи қимат самаранок аст; 2) барои фарогирӣ захираҳои дигари иловагӣ лозим нестанд. Таҳсилоти фарогири ибтидоӣ метавонад аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок бошад. Аммо одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо дар ҳақиқат аз он дар ташвишанд, ки ҳукуматҳо ҷараёни фарогириро ҳамчун алтернативаи арзон ба муасисаҳои таълимии махсус дида мебароянд ва кӯдакони дорои маълулиятро ба мактабҳое, ки дастгирии иловагӣ ё захира надоранд, ҷойгир менамоянд. Дар зер, ду консепсияи муҳим, ки бо захираҳо ва дастгирӣ вобастаанд, тавсия мешаванд: • истифодаи захираҳои маҳаллӣ. Қисми зиёди намудҳои дастгирӣ бо захираҳо ё дигар тарзи дастгирӣ, ки барои гирифтани таҳсилот ба кӯдакон ёрӣ мерасонад, «махсусгардонидашуда» нестанд. Бояд захираҳои маҳаллӣ истифода бурда шаванд (моддӣ, молӣ ё кадрӣ). • ба баъзе кӯдакони дорои маълулият пешниҳод намудани дастгирии махсусгар32 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
донидашуда зарур аст. Барои осон намудани ҷараёни фарогирии онҳо шояд, ёрии мутахассис низ лозим шавад. Малакаҳои махсусгардонидашуда, дастгирӣ бо таҷҳизот барои азхудкунии алифбои Брайл ё барои омӯзонидани истифодабарии намудҳои алтернативӣ ва иловагии муошират дар ҷараёни нутқ, лозим шуданашон мумкин аст, масалан нишонаҳо, ҷадвалҳо, имову ишора, асбобҳои электронӣ, суратҳо (ниг. инчунин ба қисми «Саломатӣ», боби «Воситаҳои ёрирасон»).
ЗАМИМАИ 23 Ташвиқу тарғиби муносибатҳои чандир «... Шумо тасаввуроти манфӣ оид ба ҷараёни фарогирӣ доред ва ин дар шумо тасаввуроти манфӣ оид ба захираҳо эҷод менамояд. Агар тасаввуроти шумо оид ба фарогирӣ хайрхоҳона бошад, пас муносибати шумо ба захираҳо метавонад бештар хайрхоҳона бошад». — Иштирокчии симпозиуми «Бартараф намудани монеаҳои норасоии захираҳо», ки дар соли 2000 аз тарафи шабакаи ёрӣ ба таҳсилот, ташкил шуда буд (EENET) (22).
Чорабиниҳои пешниҳодшаванда Сафарбарнамоии ҷамоат Дар ҳар як ҷамоат вазъияти таҳсилоти ибтидоӣ махсус аст. Эҳтимол, баъзе мактабҳои ибтидоии маҳаллӣ таҳсилоти фарогириро дастгирӣ мекунанд, дигарашон бошанд дастгирӣ намекунанд Дар баъзе ҷамоатҳо мактаби ибтидоӣ мумкин аст, ки тамоман набошад. Баъзе ҷамоатҳо аз рӯи анъана кӯдакони дорои маълулиятро ба мактабҳои махсус ё синфҳои махсусгардонидашуда равон менамоянд. Вазъият чӣ хел, ки набошад, дар мадди аввал бояд баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷамоатҳо оид ба масъалаҳои таҳсилоти фарогир ва дастрас намудани дастгирии онҳо хеле муҳим аст, чорабиниҳои зерин пешниҳод мегарданд: • Истифода бурдани радио, маҷлисҳо, овезаҳо, намоишҳои театрии кӯчагӣ, телевизион, интернет ва чорабиниҳои махсус, ба монанди рӯзи байналмилалии одамони дорои маълулият, барои огоҳнамоии ҷамоат оид ба муҳимияти фарогирӣ ва ҳуқуқи таҳсилот барои ҳама, • Созмонҳои одамони дорои маълулият ва ассотсиатсияҳои волидонро барои гузаронидани муҳокимаҳо оид ба СЕМИНАРИ монеаҳое, ки барои ба мактаб КОРМАНДОНИ ТИБ (Мавзўъ: Монеањо барои рафтани кӯдакони дорои маъкўдакони биноишаш паст лулият халал мерасонанд, ҷалб намоед. • Чорабиниҳои кӯдаконаро, ки дар мактабҳо гузаронида мешаванд, бо мақсади баланд намудани сатҳи огоҳии кӯдакон оид ба масъалаҳои ба маълулият вобаста истифода намоед. • Маълумотро оид ба чорабиниҳои сиёсӣ ва захираҳои истифодашаванда дар сатҳи ҷамоат, ки ба рушди таҳсилоти ибтидоии фарогир мусоидат карда метавонанд, ҷамъ намоед. ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ 33
ЗАМИМАИ 24
ШОҲИГАРИИ СВАЗИЛЕНД
Баланд намудани сатҳи огоҳӣ бо ҷалб намудани кӯдакон Дар Свазиленд барномаи ТСҶ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ амалӣ мешавад, чорабиниҳои кӯдаконаро, ки ба васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо ва иттилоотнокии кӯдакон оид ба мушкилотҳои одамони дорои маълулият равона шудааст, дастгирӣ менамояд. Кӯдакон тавассути эҷод намудани суруд ва гузоштани намоишҳо иттилоотнокии одамонро дар мактаб ва ҷамоат баланд мебардоранд. Онҳо масъалаҳои ба бехатарӣ дар роҳҳо, ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои маълулият вобастаро баррасӣ намуда,барои сохтани пандусҳо, аз нав таҷҳизонидани ҳоҷатхонаҳо ва таҳияи таҷҳизоти бозӣ ёрӣ мерасонанд.
Дастгирӣ ва ҷалби оилаҳо Кормандони барномаҳои ТСҶ метавонанд дар дастгирӣ ва ҷалби оилаҳо ба ҷараёни муҳайё кардани шароитҳо барои табдил додани мактаби маҳаллӣ ба фарогир нақши асосиро бозанд. Ба омӯзгорон зарур меояд, ки волидонро чун шарик ва ҳамкор дар ҷараёни таълим қабул намоянд.
ЗАМИМАИ 25
ШОҲИГАРИИ МАРОКАШ
Фаъолияти якҷоя баҳри беҳбудии кӯдакон «Пештар мо волидонро душман меҳисобидем. Акнун мо дида истодаем, ки онҳо тарафдори мо мебошанд. Ҳамаи мо барои кӯдаконамон беҳтаринро хоҳонем». — Омӯзгор (Шоҳигарии Марокаш, Лоиҳаи татбиқи фарогирӣ) (23). Дар поён намунаҳои чорабиниҳои пешниҳодшаванда оварда мешавад. • Бо аъзоёни оилаи кӯдаки дорои маълулият сӯҳбат намоед ва ақидаи онҳоро ба назар гиред. Аниқ намоед, ки онҳо оид ба кӯдаки дорои маълулияти худ чиро медонанд, масалан, тарафҳои қавии ӯ кадомҳоянд ва бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад ва инчунин оила ба кадом тарзи дастгирӣ ниёз дорад. Дар байни оила ва мактаб занҷири пайвасткунанда шавед, ба омӯзгорон ва аъзоёни оила барои шунидани якдигар ёрӣ расонед. Дар шароити хона кӯдакро мушоҳида намуда муайян кунед, ки чӣ тавр таҳсилоти мактабӣ метавонад дар хонаи кӯдак давом ва дастгирӣ ёбад. Барои таъмини он ки ҳамаи қарорҳои қабулшаванда ба манфиатҳои беҳтарини кӯдак ҷавобгӯ бошанд ва ҳамаи ҳуқуқҳои кӯдак ҳифз ва амалӣ шудан, ёрӣ расонед (масалан, баъзан волидон аз ҳад зиёд кӯдакро сарпарастӣ менамоянд, ба қобилиятҳои ӯ на он қадар боварӣ доранд ё диққати асосиро ба талаботҳои кӯдакони дигарашон медиҳанд). Ба фарогирӣ бо дастгирии волидон мусоидат намоед. Волидон нақши муҳимро бозида метавонанд: бисёр мисолҳо мавҷуданд, ки волидон муттаҳид шуда, муносибат ва намудҳои фаъолияти омӯзгорони мактабҳои маҳаллиро иваз менамоянд ва дар натиҷа фарогирӣ ба кӯдакони онҳо паҳн мегардад. Бо волидоне, ки кӯдаконашон дорои маълулият нестанд, кор баред, то ки онҳо низ фарогириро дастгирӣ намоянд. Ин волидон ҳар хел ба таҳсилоти фарогир муносибат менамоянд: баъзеҳо қарори овардани кӯдакони дорои маълулиятро ба синф дастгирӣ менамоянд, чунки ин ба кӯдаконашон дар рушди масъулияти 34 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
• • •
•
•
иҷтимоӣ дар худ ёрӣ менамояд, дигарон баръакс метавонанд ҳис намоянд, ки кӯдакони онҳо аз диққат маҳрум мегарданд.
ЗАМИМАИ 26
ЛЕСОТО
Шарикии баробар дар соҳаи таҳсилот Дар Лесото волидон дар кори пешбурди таҳсилоти фарогир ҳамкории зич доранд. Онҳо фаҳмиданд, ки «шарикони баробарҳуқуқи» омӯзгорон мебошанд. Саҳми онҳо аз ёрӣ ба омӯзгорон ва машварат додан ба онҳо оид ба масъалаҳои чӣ тавр идора намудани кӯдакони онҳо, гузаронидани сӯҳбатҳо ва мубодилаи таҷриба дар ҷараёни такмили ихтисоси омӯзгорон. Волидон – дастурдиҳанда ва волидон – машваратчиён бо мактабҳо ва гурӯҳҳои асосӣ, ба монанди федератсияи Миллии одамони дорои маълулият ҳамкорӣ менамоянд. Ба ғайр аз ин, волидон ҳис менамоянд, ки аз барнома мнфиат гирифтаанд ва оид ба талаботҳои кӯдаконашон иттиллоти зиёд гирифтанд. Ҳуқуқҳо ва имкониятҳои онҳо васеъ гардида, боварӣ ба қувваи худ, зиёд шуда истодааст.
Дастгирӣ намудани кӯдаки дорои маълулият Бисёр кӯдакони дорои маълулият бо сабаби саломатии суст ва монеаҳои муҳит аз дастрасӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ маҳрум мебошанд, масалан ба сабаби масофаи калон байни хона ва мактаб ва набудани нақлиёти ҷамъиятӣ. Беҳтаршавии ҳолати саломатӣ ва баландшавии дастрасии ҷисмонӣ дар натиҷаи хизматрасониҳои тиббии мувофиқ, чорабиниҳои тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон ба амал меоянд (ниг. инчунин ба қисми «Саломатӣ»). Кормандони барномаҳои ТСҶ бояд ба кӯдакон дастрасиро ба ин хизматрасониҳо таъмин намоянд, ки ин аксар вақт қадами аввалин дар роҳи пешниҳод намудани имконияти баромадан аз хона, расидан то мактаб ва гирифтани дастрасӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ ба кӯдакони дорои маълулият мебошад.
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
35
ЗАМИМАИ 27
ҶУМҲУРИИ КЕНИЯ
Блэз дастгирии зарурӣ мегирад Блэз дар маҳалли ноободи камбағалон дар пойтахти Ҷумҳурии Кения, шаҳри Найроби зиндагӣ менамояд. Ӯ бо иллати сутунмуҳра таваллуд шудааст, ки ба фалаҷи ҳар ду пойҳо, гум кардани назорат аз болои масона ва рӯда оварда расонидааст. То кормандони барномаи ТСҶ Иттиҳоди одамони дорои маълулияти Кения Блэзро муайян намуданд, ки ӯ дар хона буд. Онҳо барои ҷарроҳӣ намудани писарак ёрӣ расониданд, чорабиниҳои тавонбахширо таъмин намуда, дар мактаби маҳаллии ибтидоӣ, ки дар он беш аз як ҳазор талабагон таҳсил мегиранд, ӯро ба қайд гирифтанд. Вақтҳои аввал дӯстони Блэз ӯро ҳар пагоҳӣ ва ҳар бегоҳ аз хона то ба мактаб ва баръакс дар болои тахтапушташон мебурданд, ҳатто уребчаҳоро иваз менамуданд. Шароитҳои берунӣ барои ташрифи мактаб ба Блэз халал намерасониданд. Ҳамсояҳо баъди фаҳмидани гузаранда набудани бемории ӯ муносибаташонро нисбати ӯ беҳтар намуданд. Айни ҳол Блэз дар синфи ҳафтум мехонад ва дар аробачаи сечархаи барои одамони дорои маълулият, ки аз тарафи барномаи ТСҶ ба ӯ пешниҳод гардидааст, ба мактаб меравад. Инчунин, ӯро оид ба худкатетеризатсия омӯзонидаанд. Дӯстон ҳамеша барои расонидани ёрӣ ба ӯ омодаанд. Ӯ баҳоҳои хуб мегирад ва орзуи духтур шудан дорад.
Расонидани ёрӣ барои он, ки мактаб боз ҳам диққатҷалбкунанда ва дастрас бошад Кормандони барномаи ТСҶ метавонанд омӯзгорон, талабагон ва аъзоёни оилаҳоро барои муайян ва ҳал намудани мушкилоти дастрасии муҳити мактаб ҷалб намоянд. Фаҳмиши дастрасии мактаб барои одамони дорои маълулият на фақат аз мавҷудияти роҳравҳои махсус (пандусҳо) иборат аст, ки барои кӯдакони аз аробачаҳои маълулӣ истифодабаранда муҳим аст. Ба саволҳои зерин ҷавоб додан зарур аст. • • • • • • Муҳити мактаб то кадом андоза хайрхоҳ аст? Дар он кӯдакони дорои маълулияти ҳаракатӣ дошта таҳсил карда метавонанд? Оё хонандагони сатҳи биноии заиф дошта ба осонӣ ҳаракат карда метавонанд? Оё мактаб нисбати волидон ва ташрифоварандагон боилтифот аст? Ҳолати умумии биноҳо ва таҷҳизот чӣ гуна аст? Оё дар мактаб тозагӣ риоя мешавад, назорати ҳолати ҳуҷраҳо ҳаст? Оё таъмир зарур аст? Ҳоҷатхонаҳо дар кадом ҳолатанд? Дар ҳоҷатҳонаҳо ҳуҷраҳои алоҳида мавҷуданд? Онҳо озодаанд,таҷҳизонида шудаанд, то ба талаботи ҳама, аз ҷумла духтарон ва одамони дорои маълулият ҷавобгӯ бошанд? Оё дар мактаб оби тоза барои шустани дасту рӯй ва нӯшидан ҳаст? Оё синфхонаҳо равшании хуб доранд? Оё дар гирду атрофи мактаб нишона ва аломатҳои раҳнамо ҳастанд?
Мактаб ҳамон вақт бештар ҷолиби диққат шуда метавонад:агар дар он овезаҳо ва суратҳоро овезанд, ки онҳо талабагони дорои маълулият ва талабагони дорои маълулият набударо аз табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, аз тарафи мусбат нишон диҳанд. Сиёсатеро, ки ба таҳаммулпазирӣ ва маҳкумкунии рафтори бади авбошона мусоидат менамояд, таҳия намудан мумкин аст; агар талабагонро оташин кунанд ё барои онҳо лақаб гузоранд, кормандони барномаҳои ТСҶ метавонанд чунин ҳолатҳоро муҳокима намоянд, то ба ҳалли мушкилии бамиёномада ёрӣ расонанд. 36 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Ёрӣ дар ташкили муҳити таҳсилот Ин тавсия барои ҳамаи чорабиниҳо ва муносибатҳое тааллуқ дорад, ки бо истифодаи онҳо кӯдакон барои пурра амалишавии иқтидори худ имконият дошта бошанд ва дастгирӣ ёбанд. Маводҳои амалӣ ва дастурҳои муфассалтарро оид ба ташкили муҳити таҳсилот дар рӯйхати адабиёти тавсияшаванда дар охири ин дастур ёфтан мумкин аст. Аз мактаб оғоз намоед Оид ба вазъияти дар мактаби ибтидоии маҳаллӣ ба вуҷуд омада, иттилоот ҷамъ намуда, барои омӯзгорон, кормандони мактаб, волидон, фаъолони ҷамоат ва хонандагон даври омӯзишӣ ташкил намоед. Дар поён намунаҳои масъалаҳо барои муҳокима оварда мешаванд. • • • • • • Муносибати директори мактаб, омӯзгорон ва талабагон ба кӯдакони дорои маълулият чӣ гуна аст? Оё дар мактаб кӯдакони дорои маълулият ҳастанд? Таносуби духтарон ба писарон дар мактаб чӣ гуна аст? Ҳиссаи талабагоне, ки аз мактаб хориҷ шудаанд, ба соли дуюм монда шуданд ва таҳсили пурра гирифтанд, чӣ гуна аст? Сифати таълим ва омӯзиш чӣ гуна аст? Оё дар мактаб омӯзгорони дорои маълулият фаъолият мекунанд?
Барномаҳои ТСҶ ба низоми мактабӣ умуман ҷалб шуда, ба омӯзгорон дар бораи дарки муносибат ба фарогирӣ аз нуқтаи назари намунаи иҷтимоӣ, метавонанд ба таври амалӣ ёрӣ расонанд.
ЗАМИМАИ 28
ДАВЛАТИ МИСР
Тағйири нуқтаи назар «Пештар мо ҳама вақт мегуфтем: «Рафтори ин кӯдак бад аст», ва фикр мекардем, ки сабабгори ҳамаи мушкилихо кӯдакон мебошанд. Мо пай намебурдем, ки мушкилӣ аз мо, калонсолон ё аз чораҳои мо ба вуҷуд омада метавонад». — Омӯзгор аз Миср (23). Ба сифат диққати асосӣ дода шавад Кор оид ба таъмини дастрасии баробар барои кӯдакони дорои маълулият – ин танҳо яке аз ҷанбаҳои ҷараёни фарогирӣ мебошад. Инчунин, хеле муҳим аст, ки дар синфхона чӣ рӯй медиҳад (диққат додан ба сифати таҳсилот). Таълими пастсифат хеле васеъ паҳн гардидааст ва аксар вақт миқдори зиёди кӯдакон таҳсил намегиранд ё дар ҷараёни таҳсил иштирок наменамоянд. Кори якҷоя, ки барои расонидани ёрӣ ба кӯдакони дорои маълулият равона шудааст, шароитҳои дарс додан ва таҳсилро барои ҳамаи кӯдакон метавонад беҳтар намояд. Барномаҳои ТСҶ бояд омӯзгоронро барои нишон додани муносибати эҷодкорона, якҷоя ҳал намудани мушкилиҳо, дуруст истифода бурдани захираҳои мавҷуда тарғиб намуда, мушоҳида намоянд, ки дар гирду атроф чӣ рӯй медиҳад, ба ақидаи кӯдакон гӯш диҳанд ва ба тарафҳои қавии хонандагон такя кунанд (24). Муносибати ҳаматарафа дар сатҳи мактаб назар ба таваҷҷӯҳ ба омӯзгори мушаххас, бештар самаранок аст. Нақши асосиро дар раванди мазкур дастгирии директори мактаб мебозад.
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
37
Таъмин намудани такмили ихтисос ва дастгирии омӯзгорон Баъзан омӯзгорон оид ба кӯдакони дорои маълулият дониши кофӣ надоранд. Усули хуби таълими омӯзгорон такмили ихтисоси онҳо дар ҷойи кор мебошад, яъне дар мактаб, на дар муассисаҳои такмили ихтисос ё донишгоҳҳо. Барномаи ТСҶ имконият дорад, ки оид ба масъалаҳои зерин маводи таълимию методӣ таҳия намояд, инчунин курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро ба роҳ монад: • • • • • нуқсони саломатӣ ва таъсири он ба раванди таҳсили хуб; усулҳо, воситаҳо ва намудҳои муошират; малакаҳои худхизматрасонӣ, муайянкунӣ ва ҳаракат дар муҳит; воситаҳои ёрирасон, маводи таълим ва таҷҳизот; мониторинг ва арзёбии таҳсилоти ибтидоии фарогир бо иштироки фаъоли кӯдакон.
ЗАМИМАИ 29
САЛВАДОР
Омӯзиш аз намунаи ибрату пайравӣ Дар Салвадор барномаи ТСҶ мушкилии хонандагонеро, ки аз мактаб хориҷ шуда истода буданд, ба соли дуюм монда шуда буданд ва кӯдаконеро, ки лақаби «ақибмонда» доштанд, афзалияти аввалиндараҷа интихоб намуданд. Бегоҳиҳо кормандони барнома ва ихтиёриён аз ҳисоби талабагони синфҳои миёнаи мактабҳо бо ин кӯдакон бо усулҳои ба талаба нигаронидашуда, аз он ҷумла бозиҳо, хонданро оғоз намуданд. Баъди як сол омӯзгорон натиҷаҳои мусбатро қайд намуданд ва боварӣ ҳосил намуданд, ки фарогирӣ он вақт натиҷа медиҳад, ки усулҳои омӯзиши мувофиқ истифода бурда шаванд. Ҳамон вақт барномаи ТСҶ пешниҳод намуд, ки такмили ихтисоси омӯзгорон гузаронида шавад ва барои пардохти меҳнати омӯзгори хонагӣ маблағ ҷудо намуд. Мактаб системаи нахустини таҳсилоти фарогириро дар мамлакат ташкил намуд ва диққати Вазорати маорифро ба шарофати нашри мақола оид ба кори худ ҷалб намуд. Дар натиҷа, вазорат барои музди кори се омӯзгори хонагӣ бо мақсади дастгирии фарогирӣ дар ҳамаи мактабҳои ибтидоии музофот, маблағ ҷудо намуд. Ҳавасманд намудан барои воридсозии дигаргуниҳо дар нақшаҳои омӯзишӣ ва усулҳои таълимӣ Барномаҳои ТСҶ метавонанд фаъолияти мактабҳои маҳаллии ибтидоӣ, ҷамоатҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва идораи маорифро ҳамоҳанг намоянд, то барои омӯзгорон барномаҳои омӯзишии чандир (ба воридсозии дигаргуниҳо мусоидаткунанда) ёрӣ расонанд ва аз усулҳои омӯзиши ба хонанда равонашуда истифода намоянд. Ин ба ҳамаи кӯдакон манфиатовар аст.
ЗАМИМАИ 30
ЛЕСОТО
Накофтани ҷавоб аз китобҳо Дар Лесото омӯзгороне, ки ба фарогирӣ мусоидат менамуданд, ҳис намуданд, ки «ғуломи барнома» будаанд. Барнома қатъӣ буда, танҳо ба он такя намудан талаби асосӣ буд, талаботҳои воқеиро инъикос наменамуд ва ба хонандагон равона нашуда буд. Аз рӯи иқрори омӯзгорон он ба ҳеҷ кас манфиатнок набуд. «Барои кӣ ин барнома вуҷуд дорад? Мо наметавонем кӯдаконро ба хиҷолат гузорем, танҳо аз он сабаб, ки бояд то охир «Барнома»-ро варақ занем —Мусоҳиба бо омӯзгор (25) . 38 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Одатан мактабҳои маҳалии ибтидоӣ ва барномаҳои ТСҶ барои мутобиқгардонии барномаҳо ва усулҳои омӯзиш имкониятҳои маҳдуд доранд – дар аксар давлатҳо назорати сахти давлатӣ мавҷуд аст. Аммо дар сатҳи маҳаллӣ дигаргуниҳои на чандон калон ва ғайримураккаб вомехӯранд, ки дар сатҳи музофотӣ ва умумимиллӣ мутобиқ кардан мумкин аст. Мисолҳои он, ки чӣ тавр барномаҳо ва усулҳои омӯзиш бештар иҷрошаванда шуда метавонанд бояд инҳоро дар бар гиранд: • • • • • • • кор бо кӯдакон дар гурӯҳҳои на чандон калон; татбиқи системаи «ҳамкорон», ки бо мақсади дастгирии якдигар кӯдаконро ба гурӯҳхои дунафарӣ тақсим менамояд: масалан, ҳамкори кӯдаке, ки дар омӯзиш мушкилӣ дорад, дигар кӯдаке, ки осонтар мехонад, интихоб мешавад; омӯзиш дар гурӯҳ; ин метавонад калонсолро аз зарурати роҳ рафтан дар синф озод намояд ва ба онҳое, ки мушкилӣ доранд, ёрӣ расонад; истеҳсоли маводи омӯзишӣ ва таҷҳизот аз маводҳои дар зери даст буда, масалан аз чӯбҳо, сангҳо, сарпӯшҳои шишаҳо, тухмӣ; ин метавонад ба мактаббачагоне, ки дар таҳсилот мушкилӣ доранд, ёрӣ расонад; кӯшиш намудан ба ба ҷалбу иштироки фаъоли хонандагон, хусусан кӯдакони дорои маълулият, духтарон ва онҳое, ки камтар ҷалбшуда ба назар менамоянд; такя намудан ба тарафҳои қавии хонандагон, инчунин таъриф ва дастгирӣ барои муваффақиятҳо, ҳатто начандон калон ҳам бошанд; ҷалб намудани оилаҳо, хонандагон ва фаъолони ҷамоатҳо ба омӯзиши мазмуни нақшаи таълим ва арзёбии мувофиқатии он ба шароити ҳаёти хонандагон; даровардани дигаргуниҳо ва иловагиҳо барои таъмини алоқамандӣ бо ҳаёти воқеӣ; истифодаи сурудҳо, саҳнаҳои театрӣ, бозиҳо ва тасвирҳо барои дастгирии ҷараёни омӯзиш; истифодаи забони фаҳмо ва дастгирии истифодабарии забони модарӣ; дастур додан ба омӯзгорон:ҳангоми сӯҳбат бо кӯдакон чунон истанд, ки рӯяшон хуб равшан бошад ва ба кӯдакон нигоҳ кунанд, на ба тахтаи синф.
• • •
Муносибати нарм ва дастгирикунанда ҳангоми гузаронидани имтиҳонҳо ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳо Ин яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ мебошад, ки бо фарогирӣ вобаста аст. Баъзан мактабҳо намехоҳанд, ки кӯдакони дар хондан мушкилӣ дошта дар имтиҳонҳо иштирок намоянд, чунки ин метавонад холҳои миёнаи мактабиро кам намояд. Системаҳои имтиҳонҳо ва баҳодиҳӣ аксар вақт қолабӣ ва дастнорас мешаванд. Аммо мисолҳои зиёд мавҷуданд, ки кӯдакони дорои маълулият ва дар таҳсилот мушкилӣ дошта имтиҳонҳоро бомуваффақият супоридаанд. Хусусан, агар омилҳои зерин ба назар гирифта шаванд: • истифодабарии шахси ёрирасон ва инчунин, аудиокассетаҳо ё дигар аудиодастгоҳҳо; • зиёд намудани вақти барои супоридани имтиҳон пешниҳодшуда; • баҳогузорӣ дар асоси тарафҳои қавии хонанда; • истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ – муоширатӣ ; • истифодабарии тарҷумонҳои забони имову ишора ва инчунин алифбои Брайл ё ҳарфҳои калон. Аксар вақт кӯдакони хеле боақли дорои маълулиятро аз иштирок дар имтиҳонҳо ва баҳодиҳӣ дур менамоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бо мақсади таъсир намудан ба омӯзгорон ва дигар кормандон дар сатҳи гуногуни таҳсилот дар созмон додани гурӯҳҳои мубоҳисавӣ ва тарғибу фаҳмондадиҳӣ ёрӣ расонанд; бо ҳамин ба ҳуқуқи кӯдакони дорои маълулият барои супоридани имтиҳон бе табъиз диққати махсус дода мешавад. Мақсади охирин таҳияи усулҳои хайрандешона, мутобиқ ва дастрасӣ гузаронидани баҳодиҳӣ ва имтиҳонҳо аст. Ин ба ҳамаи кӯдакон ёрӣ мерасонад. ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ 39
Мусоидат намудан ба ҳамкорӣ ва дастгирӣ Барномаҳои ТСҶ метавонанд ҳамкорӣ ва дастгириро бо роҳи баргузор намудани робитаҳо байни мактабҳо ва омӯзгорон, ки таҳсилоти фарогирро метавонанд инкишоф ва татбиқ намоянд, ҳавасманд намоянд. Чорабиниҳои пешниҳодгардида инчунин, инҳоро дар бар мегиранд: • ҳавасманд намудани ихтиёриён, масалан омӯзгороне, ки дар нафақа мебошанд ё хешон, ки барои таҳияи нақшаҳои омӯзишии чандир, маводҳои методӣ ва омӯзишӣ ёрӣ мерасонанд ва бо ҳамин рушди таҳсилоти ибтидоии фарогирро осон менамоянд; ҳавасманд намудани директорони мактабҳо ё ассотсиатсияҳои омӯзгорон барои таҷрибаомӯзӣ ва дастгирии фарогирӣ; ҳавасманд намудан барои васеъ намдани чорабиниҳои ғайритаълимӣ ва клубҳо барои ташкили корҳои тарбиявӣ ва таҳияи чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани иттилоотнокӣ оид ба мушкилиҳои ба маълулият вобаста; муайян намудани намунаҳои нақшҳое, ки барои ибрату пайравӣ дар раванди кор бо мактаббачагон аз тарафи созмонҳои одамони дорои маълулият истифода мешаванд.
• • •
Истифода бурдани захираҳои дастрас ва рушди дастрасӣ Тавсия инҳоро дар бар мегирад: 1) созмон додани муҳити самараноки таҳсил бо роҳи истифодаи захираҳои маҳаллии дастрас барои ҳамаи кӯдакон; 2) таъмини дастрасии захираҳои махсусгардонидашуда, ки баъзе кӯдакони дорои маълулият барои иштирок намудан дар ҷараёни таҳсил ва омӯзиш ба чунин воситаҳо ниёз доранд. Ҷалб намудани захираҳои маҳаллӣ ва воситаҳои дастгирӣ • Ҷамъоварии иттилоот ва истифодабарии дониш ва таҷрибаи кӯдакон, омӯзгорон, одамони дорои маълулият , оилаҳо, аъзоёни ҷамоат. • Ҳавасманд намудан барои таҳияи маводҳои таълимӣ ва сохтани таҷҳизот аз масолеҳи маҳаллӣ, чӣ тавре, ки дар боло гуфта шудааст. • Ҳавасманд намудани қабули омӯзгорони хонагӣ; ин кор аз тарафи ихтиёриён гузаронида шуда метавонад, масалан омӯзгороне, ки ба нафақа баромадаанд ё аз ҳисоби маблағҳои барномаҳои ТСҶ ё аз тарафи Вазорати маориф ташкил карда шавад; чунин омӯзгорон нақши хеле манфиатнок барои ба танзим овардани робитаҳо байни оилаҳо, мактабҳо ва ҷамоатҳоро дошта метавонанд; онҳо метавонанд ба мушкилиҳои мушаххас, ба монанди баланд бардоштани сифати таҳсилот (масалан, ҳавасмандии омӯзиш дар гурӯҳҳо) ва инчунин,ёрӣ дар таҳсили на фақат кӯдакони дорои маълулият, балки ҳамаи кӯдакон саҳм гузоранд. • ба рассомон, мусиқанавозон ва гӯяндаҳои маҳалӣ пешниҳод карда шавад, ки дар созмон додани муҳити таҳсили ҳаётӣ ва шавқовар барои кӯдакон иштирок намоянд. 40 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Осон намудани дастрасӣ ба захираҳои махсусгардонидашуда ва дастгирӣ • • • • • • Барномаҳои ТСҶ бояд ба захираҳои махсусгардонидашуда ва дастгирӣ намудани кӯдакон дар мавриди зарурӣ кафолат диҳанд, ки: ҷойи нишасти мувофиқ имконият медиҳад, ки мавқеъҳои функсионалӣ ҳангоми кор дар синф нигоҳ дошта шаванд; ҳарфҳои калон, пурбин, ҷойи нишасти танзимшаванда ва равшании хуб барои кӯдакони сатҳи биноияшон заиф; воситаҳои барои муошират мусоидаткунанда, масалан суратҳо, рамзҳо, тахтаҳо; воситаҳое, ки ҳаракатро осон менамоянд, масалан курсиҳои паҳлудори маълулӣ, ортезҳо, протезҳо, асои сафед; табобат, масалан физиодармон, хизматрасониҳои логопед.
Барномаҳои ТСҶ бо роҳҳои зерин метавонанд ёрӣ расонанд: • • ҷойгиркунии захираҳо – онҳоро ба осонӣ ҳангоми кор бо созмонҳои маҳаллии одамони дорои маълулият , кормандони мактабҳои махсус ва кӯдакони дорои маълулият ёфтан мумкин аст; миёнаравӣ байни хона ва мактаб бо мақсади расонидани ёрӣ ба кӯдаконе, ки воситаҳои ёрирасонро истифода мебаранд ва таъмин намудани он, ки ин воситаҳо муосир бошанд, дуруст интихоб шаванд, дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта шаванд ва дуруст истифода бурда шаванд; таъмини мувофиқакунии усулҳои муоширатӣ, ки дар хона, мактаб ва ҷамоат истифода бурда мешаванд; масалан, агар забони имову ишора ё ҳуруфи Брайл истифода бурда шавад, барои волидон, бародарон ва хоҳарон, дигар мактаббачагон, омӯзгорон ва ҳамсояҳо эҳтимол, зарур мешавад, ки асосҳои забони имову ишора ё алифбои Брайлро азхуд намоянд; мусоидат намудан дар созмон додани гурӯҳҳои ёрии ҳамдигарӣ барои он, ки кӯдакони дорои маълулият ба дигарон малакаҳои худро омӯзонанд, масалан ба кӯдаки дорои маълулияти шунавоӣ муносибат бо дигар кӯдакони ва калонсолони дорои маълулияти шунавоӣ барои рушди истифодабарии малакаҳои забони имову ишора зарур мешавад.
•
•
Ҳавасмандии истифодабарии самараноки ҳуҷраҳои махсус Ҳуҷраҳои махсус (инчунин, онҳо синфҳои захиравӣ низ номида мешаванд) ҳуҷраҳое мебошанд, ки одатан ба бинои мактаби ибтидоии ҷараёни умумӣ пайваст мебошанд ва махсусан барои мусоидат намудан ба фарогирии кӯдакони дорои маълулият сохта ё ҷудо карда шудаанд. Мутаассифона, онҳо аксар вақт ба ҷудошавӣ мусоидат менамуданд, вақте ки онҳоро барои ҷудо намудани кӯдакони дорои маълулият ё кӯдаконе, ки дар таҳсил мушкилӣ мекашанд аз синфҳои оддӣ истифода мебурданд. Ҳуҷраҳои махсус агар онҳоро дуруст истифода баранд ,захираҳои махсус шуда метавонанд. Онҳоро барои нигоҳ доштани мавод ва таҷҳизоти ба кӯдакон нигаронидашуда, барои дастгирии муваққатии гурӯҳҳои на чандон калон ё шахсони алоҳида, ки ба ин дастгирӣ муҳтоҷанд, истифода бурдан мумкин аст, барои омӯзонидани он, ки чӣ тавр нақшаи омӯзиш дастрастар шавад, барои дастгирии волидон ва барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳое, ки ба фарогирӣ мусоидат менамоянд. Аммо онҳо набояд ҳамчун ҳуҷраҳои синфии доимӣ ва алоҳида барои кӯдакони дорои маълулият ва кӯдаконе, ки дар таҳсил мушкилӣ доранд, ки яке аз намудҳои канорамонӣ аст, истифода бурда шаванд.
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
41
ЗАМИМАИ 31
ЗАМБИЯ
Захира барои ҳамаи кӯдакон ва омӯзгорон Дар Замбия ҳуҷраҳои махсус барои ташкил намудани муҳити ҷудошуда мусоидат намуданд, ки дар он ҷо «омӯзгорон ба аҳмақон» дарс медоданд. Вақте, ки мактабҳо дар ҳақиқат ба мушкилиҳои хориҷшавии мактаббачагон, ду сол дар як синф мондан, ҳуқуқҳои кӯдак, демократия дар синф ва фарогирӣ рӯ оварданд, ҳуҷраҳои махсус ба синфҳои захиравӣ барои ҳамаи кӯдакон ва ҳамаи омӯзгорон мубаддал шуданд (26). Расонидани ёрӣ барои фарогир намудани мактабҳои махсус Дар он ҷойҳое, ки мактабҳои махсус мавҷуданд, барномаҳои ТСҶ метавонанд истифодабарии онҳоро ҳамчун захираҳо барои фарогирӣ ҳавасманд намоянд. Масалан, кормандони мактабҳои махсус ба мактабҳои оддӣ метавонанд дар беҳтар намудани барномаҳои омӯзишӣ ёрӣ расонанд. Мактабҳои махсус метавонанд дониш, малака, маводҳои омӯзишӣ ва таҷҳизоте, ки ба бисёр кӯдакон манфиат меорад, дошта бошанд. Агар кӯдакони дорои маълулият дар мактабҳои махсус таҳсил гиранд, нақши барномаҳои ТСҶ аз он иборат аст, ки байни оилаҳо ва ҷамоат робита таъмин карда шавад, ҳуқуқҳои кӯдакон риоя шаванд ва инчунин, фаъолияти минбаъда барои табдил додани мактаби маҳаллӣ ба фарогир равона шавад. Омӯзгорони хонагӣ ва ихтиёриён аз ҷамоат метавонанд нақши муҳими силсилаи муоширатиро байни мактабҳои муқаррарӣ ва махсус, инчунин, оилаҳо ва ҷамоатҳоро бозанд. Мактабҳои махсус метавонанд ба таҳсилот кӯдаконеро, ки дорои маълулият нестанд, қабул намоянд.
Ҳалли мушкилиҳои камбизоатӣ Кӯдакон аз оилаҳои қашшоқ ба қатори онҳое, ки бештар аз системаи таҳсилоти ибтидоӣ хориҷ мешаванд, дохиланд, аммо ҳамчун қоида, бештар дар ҳамин гуна оилаҳо кӯдакони дорои маълулият ҳастанд. Аммо ба он нигоҳ накарда, ки камбизоатӣ дар роҳи таҳсилоти ибтидоӣ монеаи ҷиддӣ мебошад, таҷриба нишон медиҳад, ки барои фарогирӣ монеаи хеле калон нисбати камбизоатӣ – ин муносибати бадбинона аст. Баъзан фарогирӣ дар ҷамоатҳои камбизоат бомуваффақияттар мегузарад, чунки истиқоматкунандагони он барои бартараф намудани мушкилиҳо якҷоя амал кардан ва ба якдигар ғамхорӣ намудан одат кардаанд. Барномаҳои ТСҶ дар ҳалли мушкилоти камбизоатӣ бо роҳҳои зерин ёрӣ расонида метавонанд: • таъмин намудани он, ки оилаҳо бо маводҳои хӯрока барои кӯдакон дастгирӣ карда шаванд ё ин, ки мактабҳо ё ҷамоат дар умум ҳамарӯза ба мактаббачагон ғизо пешниҳод намоянд; рушди робитаҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, хазинаҳои хайрия, корхонаҳо ё созмонҳои ғайридавлатӣ барои ҳавасманд намудани пешниҳоди маводҳои хӯрокаи ройгон, либоси мактабӣ ва ма42 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
•
•
• •
водҳои омӯзишӣ; кор бо оилаҳо, ки ба муайян намудани мушкилотҳои воқеии онҳо равона шудааст ва сафарбарии минбаъдаи ҷамоат бо мақсади расонидани дастгирӣ; осон намудани иштироки оила дар гирифтани даромад барои пешниҳод намудани имконияти хондани кӯдакон дар мактаб ва озод намудани онҳо аз зарурати расонидани ёрӣ ба оила дар пул кор кардан барои ҳаёт ниг. инчунин ба қисми «Худтаъминкунӣ»); қайд намудани фарогирӣ, ҳатто дар шароитҳои маҳдуд будани захираҳо: ҳангоми набудани бинои мактаб, хонандагон ба дарс дар зери дарахт ҷамъ мешаванд, кӯдакони дорои маълулият бошанд, метавонанд ба онҳо ҳамроҳ шаванд; расонидани ёрӣ дар дарёфти қарорҳои дуруст оид ба интиқоли кӯдакони дорои маълулият, ки мустақилона ба мактаб рафта наметавонанд ва волидонашон вақт надоранд, ки онҳоро ҳамроҳӣ намоянд; барнома метавонад дигар талабагон (ҳамсолон), модаркалонҳо ва бобоҳо, ҳамсояҳо ва дигар аъзоёни ҷамоатро ҳавасманд намояд, ки кӯдаконро ба мактаб гусел намоянд ва аз мактаб пешвоз гиранд, созмонҳои маҳаллӣ ё ғайридавлатӣ бошанд, бо нақлиёт ёрӣ расонида метавонанд.
ЗАМИМАИ 32
ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
Дарки мушкилиҳои иҷтимоӣ Корманди барномаи ТСҶ дар Ҳиндустон аз модари кӯдаки ҳаштсола, ки дорои маълулияти шунавоӣ дорад, пурсид: «Барои чӣ шумо кӯдакатонро ба мактаби ибтидоӣ дар назди маркази худёрӣрасонӣ намефиристед? Охир ин аз хонаи шумо на он қадар дур аст» Модар ҷавоб дод: «Писари ман кори бисёр дорад. Ӯ ба ман дар баровардани бузҳо аз молхона ба чарогоҳ ёрӣ мерасонад. Ман метавонам ӯро ба мактаб танҳо он вақт ҷавоб диҳам, ки ӯ дар хона ягон кор надощта бошад» (27) .
Ташкил намудани ҷамъиятҳои шабакавӣ, кор бо адвокатсия ва мубодилаи иттилоот Барои дастгирӣ намудани таҳсилоти фарогир ислоҳоти соҳаи маориф дар сатҳҳои ҷамоатӣ, музофотӣ ва умумимиллӣ зарур аст. Фарогирӣ бе чорабиниҳои дастгирикунандаи сиёсӣ, буҷаҳо, сохторҳо ва менеҷерон устувор намешавад. Барномаҳои ТСҶ дар ин кор метавонанд бо роҳи созмон додани ҷамъиятҳои шабакавӣ ва иттиҳодҳо, гурӯҳҳои музокирот ва инчунин ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳои директорони мактаб, созмонҳои одамони дорои маълулият ва волидон, гурӯҳҳое, ки манфиатҳои дигар гурӯҳҳои истисношударо ифода менамоянд (занҳо, ақаллияти этникӣ), кормандони муассисаҳои таҳсилоти махсус, гурӯҳҳои динӣ, корхонаҳои маҳаллӣ, ВАУ, кормандони тиббӣ – санитарӣ, табибон ва инчунин, созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ғайридавлатӣ ёрӣ расонанд. Барои музокирот шунавандаҳои зиёди гуногуни мақсаднок мавҷуданд, чунки таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ барои созмонҳои ёрирасон, ҳукуматҳо ва муассисаҳое, ки бо масъалаҳои рушд сару кор доранд, мебошад. Ба қатори шунавандаҳои мақсаднок барои ташвиқу тарғиб инҳо дохил мешаванд: намояндагии миллии созмонҳои ёрирасон, ба монанди Бонки умумиҷаҳонӣ ва иттиҳоди Аврупо, созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ, ки бо масъалаҳои таҳсилот кор мекунанд, хукуматҳои маҳаллӣ дар сатҳҳои музофотӣ ва марказӣ, ва шуъбаҳои маориф. Аҳамияти иттилоотро қайд накардан мушкил аст. Барномаҳои ТСҶ дар паҳнкунии маводҳои иттилоотӣ ва маводҳо оид ба таҳсилоти фарогир нақши асосиро метавонанд бозанд. ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ 43
ЗАМИМАИ 33
ҶУМҲРИИ ЗАМБИЯ
Дар синфи муқаррарӣ ҳам хуб таълим гирифтан мумкин аст Бюллетени Шабакаи табодули иттилоот оид ба таҳсилоти фарогир (EENET)- ро хонда, омӯзгор аз Замбия фаҳмид, ки қарор оид ба дохилнамоии кӯдакон ба синфи махсус нодуруст аст. «Ман онҳоро ба синфҳои муқаррарӣ гузаронидам ва онҳо ба муваффақиятҳо ноил гардиданд... бюллетени иттилоотӣ чашмони маро кушод. Мо ҳисоб мекардем, ки кӯдакон барномаи таълимро аз худ карда наметавонанд». Омӯзгор бюллетени иттилоотиро барои он истифода мебарад, ки дар ҳақ будани худ дигар омӯзгоронро бовар кунонад, чунки онҳо таъкид менамоянд, ки кӯдакони дорои маълулият хуб таҳсил карда наметавонанд (28) .
44
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Таҳсилоти миёна ва олӣ Муқаддима Дар бисёр ҷамоатҳои камбизоат танҳо қисми ками кӯдакон ба таҳсилоти миёна ва аз он баландтар дастрасӣ доранд, яъне ба таҳсилоте, ки аз сатҳи ҳатмӣ баландтар аст, хонандагони дорои маълулият пурра аз ҷараёни таҳсилот хориҷ карда шудаанд ё ҳама вақт маҷбуранд, ки қобилияти зарурӣ доштанашонро исбот намоянд . Ҳуқуқи хонандагони дорои маълулият ба таҳсилоти миёна ва олӣ дар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият эълон шудааст (Моддаи 24, бандҳои 2(a), 2(b) ва 5) (4). Таҳсилоти миёна ва олӣ барномаҳои академикӣ ва таҳсилоти касбӣ - техникиро дар бар мегирад. Ба мушкилот ва хурофот нигоҳ накарда, айни замон мисолҳои он, ки хонандагони дорои маълулият, аз он ҷумла онҳое, ки маълулияти ақлонию зеҳнӣ доранд мувофиқи шавқ ва қобилиятҳои худ таҳсилоти олӣ мегиранд, кам нестанд. Чӣ қадаре, ки дараҷаи бенавоии одам баланд бошад, ҳамон қадар ӯ воқеан ба таҳсилоте, ки аз сатҳи ҳатмӣ баландтар аст, барои бо кор таъмин шудан ва иштироки пурра ба ҳаёти ҷамоат ниёз дорад. Ин ба он вобаста аст, ки одамон аз гурӯҳҳои бештар истисношудаи аҳолӣ сатҳи баланди малакаҳо, дониш ва ихтисосмандиро барои расидан ба сатҳи хуби зиндагӣ, шуғл ва фарогирӣ, нишон диҳанд. Барои хонандагони дорои маълулият таҳсилоти миёна ва олӣ метавонад заминаи муҳим барои ҳаёти пурра ва сермаҳсул шавад. Айни замон дар баъзе мамлакатҳо қонунгузорӣ талаб менамояд, ки муассисаҳои таълимӣ ба одамони дорои маълулият дастрас бошанд; «такмил имконпазири донишҳо вобаста аз қобилиятҳо» -ро ба амал оранд; дар таҳсилот ёрӣ расонанд ва нақшаҳои омӯзишӣ ва амалиётҳои баҳодиҳиро мутобиқ намоянд, то одамони дорои маълулият тавонанд, ки ба таҳсилоти миёна ва олӣ дастрас бошанд.
ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛӢ
45
ЗАМИМАИ 34
ҶУМҲУРИИ РУАНДА
Тарғиби ҳуқуқҳо ба сатҳи баландтари таҳсилот Дар солҳои 1990-ум зиёда аз як миллион аҳолии Ҷумҳурии Руанда қурбонии генотсид шудааст. Баъди ин бисёр кӯдакон ятим монданд ва мушкилоти азими иҷтимоию иқтисодӣ ба вуҷуд омад. Соли 1997 дар натиҷаи гуфтушуниди бошиддат байни иттиҳоди одамони дорои маълулияти биноӣ Эварист Карангва (директори мактаби миёнаи «Гаини») ва Вазорати маориф хонандагони дорои маъллияти биноӣ бори аввал дар Руанда ба мактаби миёна қабул шуданд. Дар давоми панҷ соли минбаъда ба мактаб умуман 33 нафар талабагони дорои маълулияти биноӣ қабул гардиданд. Барои дастгирии таҳсилоти чунин хонандагон кумитаи волидон оид ба ҷамъоварии маблағ созмон дода шуд. Ин кумита барномаи фаъолиятро амалӣ менамуданд, ки ба гирифтани фоида равона шудааст. Дар кори он аъзоёни парламент, фаъолони дин, пешсафони ҷамоати маҳаллӣ, волидон, омӯзгорон ва талабагон, ки намоишҳои хайриявӣ мегузарониданд, бо намоишномаҳои театрӣ ва рақсӣ ва маҳсулоти фермерӣ иштирок намуданд. Оқибат маблағҳои ҷамъшуда имконият доданд, ки синфи захиравӣ, хобгоҳ барои кормандону ихтиёриён ва толори китобхонӣ созмон дода шавад. Пас аз якчанд сол хонандагони дорои маъллияти биноӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба таҳсилот дар донишгоҳ маъракаи таблиғотиро оғоз намуданд. Директори навовар Эварист Карангва дар он вақт дар Донишкадаи маориф кор мекард ва ба ӯ бо пешниҳод барои сардорӣ намудани гурӯҳи иқдомии иборат аз 12 мутахассис дар соҳаи маориф ва фаъолон барои мусоидат намудан ба фарогирии ин талабагон муроҷиат намуданд. Пештар рӯзномаҳои маҳаллӣ оид ба қабул намудани қонун, ки донишгоҳҳоро барои қабули донишҷӯён – одамони дорои маълулият вазифадор менамуданд, хабар дода буданд. Федератсияи миллии одамони дорои маълулият рӯйхати бештар аз 250 талабагон – одамони дорои маълулият ро тартиб дод, ки онҳо шаҳодатномаи хатми мактаб доштанд, вале ба таҳсилоти донишгоҳ дастрасӣ надоштанд. Нақшаи пай дар пай тартиб дода шуд ва соли дигар хонандагони дорои маълулияти шунавоӣ, биноӣ ва узвҳои такяву ҳаракат ба факултаҳои ҳуқуқ, забоншиносӣ, рӯзноманигорӣ, тадқиқотҳои тиббӣ ва таълиму тарбияи донишгоҳ қабул намуданд. Барои кормандони донишгоҳ рӯзҳои иттилоотӣ, ки иштирок дар онҳо ҳатмӣ буд, ташкил карда шуданд. Оид ба алифбои Брайл семинар гузаронида шуд. Ассотсиатсияи талабагони дорои маълулият намоишнома оид ба «инкор кардани ҳуқуқи мо ба таҳсилот ва оид ба таъсири ин инкор ба саҳми мо ба ҷамъият» омода намуд. Дар намоишнома собиқ вазири маориф, ки масъалаи фарогириро таблиғ менамуд, иштирок намуд. Ҳамаи тамошобинон дар тааҷҷуб буданд, вақте, ки донишҷӯёни дорои маълулият ҳамчун ҳимоячӣ, котиб, наворбардорон ва дигарон кор мекарданд, диданд. Одамони дорои маълулият дар Руанда муҳофизат намудани ҳуқуқи қонунии худ оид ба гирифтани таҳсилоти олиро давом дода истодаанд.
46
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Мақсад Донишҷӯёни дорои маълулият метавонанд ҳамроҳи дигар донишҷӯён таҳсил намуда, ихтисос, малака ва таҷриба гиранд, ки барои худтаъминкунии онҳо дар оянда имконияти мусоид медиҳад, ҳуқуқҳо ва имкониятҳояшонро васеъ ва ба фарогирӣ мусоидат менамояд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ дар соҳаи таҳсилоти миёна ва олӣ аз осон намудани фарогирӣ, васеъкунии дастрасӣ, иштирок ва дастовардҳои донишҷӯёни дорои маълулият, инчунин, ҳамкорӣ бо маъмурияти мактабҳо бо мақсади дастрас намудани муҳити мактабӣ барои одамони дорои маълулият ва беҳтар намудани нақшаи омӯзишӣ иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • • • • • Зиёд шудани миқдори одамони дорои маълулият, ки ба муассисаҳои миёна ва олӣ дохил мешаванд ва инчунин, таҳсилро дар ин муассисаҳо давом медиҳанд ва ба анҷом мерасонанд. Донишҷӯён – одамони дорои маълулият ба грантҳо, стипендияҳо ва дигар манбаъҳои молиявӣ дастрасӣ доранд, волидон ва ҷамоатҳо бошанд, дорои дониш ва малакаҳое, ки барои гирифтани чунин ёрӣ зарур аст, мебошанд. Ҷамоатҳо ба гурӯҳҳои мутобиқшаванда ва маъракаҳои тарғиботӣ барои дастрасии баробар ба таҳсилот ёрӣ мерасонанд. Оилаҳо ва ҷамоатҳо кӯдакон, аз ҷумла одамони дорои маълулиятро барои гирифтани таҳсилоти миёна ва олӣ тарғиб менамоянд. Барномаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ аз ҷиҳати муҳит ва усулҳои таҳсилот, нақшаҳои омӯзишӣ, чорабиниҳои ғайритаълимӣ (масалан, варзишӣ, танаффусӣ ва мусиқӣ) инчунин, системаҳои баҳодиҳии дониш ва гузаронидани имтиҳонҳо дастрас ва фарогир мебошанд Мактабҳои миёна рангорангӣ ва фарогириро дар таҷрибаи одамони дорои маълулият меомӯзанд ва малакаҳоро, ки барои ҳаёт дар ҷамоати фарогир заруранд, такмил медиҳанд. Захираҳои махсусгардонидашуда ва дастгирӣ бо мақсади баланд бардоштани фарогирии хонандагони дорои маълулият дуруст истифода бурда мешаванд. Дастгирии самараноки гузариш аз барномаҳои омӯзишии таҳсилоти миёна ва олӣ ба ҳаёти калонсол амалӣ мешавад, тамоюли рушди касбӣ бошад дастрас ва фарогир аст.
• • •
Мафҳумҳои асосӣ Тағйир додани система Чун дар дигар зинаҳои системаи таҳсилот, дар зинаи мазкур консепсияи кор оид ба дигаргун намудани система бо мақсади мувофиқ намудани он ба талаботи хонандаи мушаххас хеле муҳим аст. Аммо системаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ метавонанд хеле карахт ва дар сатҳи давлатӣ назоратшаванда бошанд, ки барои ҷамоатҳо ва барномаҳои ТСҶ ҳар гуна таъсиррасониро мушкил менамояд. Ба дигаргуниҳои калон ва дарозмӯҳлати зарурӣ, танҳо бо кӯшишҳои кормандони барномаҳои ТСҶ, ноил шуда намешавад, ки ба ҷои ин бояд иттиҳодияҳо, структураҳои шабакавӣ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛӢ 47
созмон диҳанд ва инчунин, дар музокираҳо оид ба таблиғу таъмини афзалият ба хонандагони мушаххаси дорои маълулият иштирок намоянд. Таҳсилоти миёна ва олӣ дар дараҷаи умумии зиёдшаванда хусусӣ шуда истодаанд, ки аз барномаҳои ТСҶ вазифаи иловагиро талаб мекунад, яъне кафолати таъмини дастрасии таҳсилот ба хонандагони камбизоат ва дорои маълулият.
Монеаи пасти интизорӣ Монеаи ҷиддӣ дар роҳи таҳсилоти ояндаи хонандагони дорои маълулият интизории дигар одамон мебошад, ки дар муқоиса бо манфиатҳо, қобилиятҳо ва шавқу рағбати худи одамони дорои маълулият, паст ва маҳдуд мебошанд. Масалан, барои кормандони барномаҳои ТСҶ одамони дорои маълулият аксар вақт бо малакаҳои муайян ё намудҳои фаъолияти меҳнатии муайян тасаввур карда мешаванд. Баъзе мутахассисон дар соҳаи ТСҶ инро ҶСБ меноманд – «ҷорӯб, сатил ва бел» (тасаввурот оид ба фаъолиятҳои одамони дорои маълулият, ки гӯё танҳо қобилияти кор бо ин се маводро доранд). Интизорӣ ва тасаввурот оиди одамони дорои маълулият бояд дигаргун карда шаванд. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон одамони дорои маълулият дар миқёси хеле васеи касбҳо ба дараҷаҳои баланд ноил мегарданд.
ЗАМИМАИ 35
ҶУМҲУРИИ ЧИЛИ
Ҳамсинфони Давид Дар пойтахти Ҷумҳурии Чили, шаҳри Сантяго дар баъзе синфҳои мактабӣ кӯдаконе, ки дорои маълулият нестанд, нисбати ҳамсинфонашон, ки дорои маълулият буданд, хеле зиёд ғамхорӣ менамуданд, онҳоро нигоҳубин ва ҳама вақт ба онҳо ёрӣ мерасониданд. Ёрии беандоза ба ин хонандагон барои рушди малакаҳои ҷисмонию иқтидори онҳо монеъ мешуд. Дар дигар синф ҳамсинфони Давид, хонандаи дорои синдром Даун, аз он огоҳ буданд, вале ӯро аз ҳад зиёд ғамхорӣ наменамуданд. Вақте ки Давид ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар хондан бо овози баланд ба муваффақиятҳо ноил гардид, ҳамсинфонаш аз ӯ кӯшиши бештарро талаб намуданд. Давид ба мактаб рафтанро дӯст медорад ва ҳамеша ба дарсҳо меравад. Дар як ҳафта се маротиба баъди дарсҳо вай ба маркази омӯзишӣ меравад, ки дар он ҷо ёрии равонӣ мегирад ва дар омӯзишҳои ба малакаҳои иҷтимоӣ ва рушди касбӣ бахшида иштирок менамояд (29).
Дастовардҳо ва баҳодиҳӣ Дастовардҳо вобаста аз қобилиятҳо ва иқтидори ҳар як хонанда фарқ мекунанд. Масалан, барои хонандаи дорои маълулият дар рушди ақлонӣ ҳамчун дастовард – ноил шудан ба малакаҳои худхизматрасонӣ, маҳорати иҷтимоӣ ва малакаҳои амалии ҳисоб ва хониш мебошанд, аммо барои дигарон бошад, дастовард мумкин аст, ки бо ҳалли масъалаи академикӣ вобаста бошад. Малакаҳои техникӣ, касбӣ, ҳунармандӣ ва эҷодӣ бояд ҳачун муваффақиятҳои фанҳои таълимӣ баланд баҳо дода шаванд. Монеаи ҷиддӣ барои фарогирии одамони дорои маълулият дар соҳаи таҳсилоти миёна ва олӣ аксар вақт набудани чандирӣ ва танг будани муайянкунии системаи баҳодиҳии дониш ва гузаронидани имтиҳонҳо мебошад. Аҳамияти воқеии баҳодиҳӣ аз он иборат аст, ки ба хонандагон дар муайян намудани тарафҳои қавии худ ва чен кардани дастовардҳои худ, ёрӣ расонида шавад. Барои баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба истифодаи бештари қобилият ва рушди истеъдоду малакаҳо, истифодаи муносибати эҷодкорона ва чандир мусоидат мекунад. Кормандони бар48 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
номаҳои ТСҶ метавонанд барои дар маркази диққат нигоҳ доштани манфиатҳо ва қобилиятҳои воқеии хонандагони дорои маълулият, ёрӣ расонанд.
Омӯзиш дар синну соли гуногун Давраи гирифтани таҳсилоти миёна ба синну соли наврасӣ рост меояд, марҳилае, ки бо хусусиятҳои дигаргуншавии якбораи ҷисмонӣ ва ҳиссии кӯдакон маълум аст. Таҷрибаи кӯдакони синну соли наврасӣ дар ҳар гуна фарҳангу адабиёт фарқ менамояд. Хонандагони дорои маълулият бо мушкилиҳои гуногуни иловагӣ дар давраи наврасӣ метавонанд рӯ ба рӯ шаванд, ки метавонад ба таҳсил таъсири сахт расонад. Кормандони барномаҳои ТСҶ ин мушкилотҳоро бояд донанд, нисбати онҳо ҳассос бошанд ва хонандагонро бо шахсони намунаи ибрату пайравӣ ва ҳамсолонашон, ки ягон навъи маълулият доранд, шинос намоянд. Марҳилаи гирифтани таҳсилоти олӣ ва давраи гузариш ба давраи балоғат рост меояд. Дар ин марҳила ба хонандагони дорои маълулият дастгирӣ лозим мешавад, вале муҳим аст, ки ба онҳо ҳамчун ба ҷавонони калонсол бо ҳурмат муносибат намоянд ва қарорҳои мустақилонаи онҳоро оид ба таҳсилот дастгирӣ намоянд.
Чорабиниҳои пешниҳодшаванда Ҷалб намудани ҷамоат Иҷроиши ин тавсия метавонад мушкил бошад, чунки аксар вақт муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ аз ҷамоат хеле дур ҷойгиранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ёрии зеринро расонанд: • ҳавасманд намудани ҷамоат ва маъмурияти муассисаи таълимӣ барои таъмин намудан бо нақлиёт; ин метавонад ёрии молиявиро аз тарафи гурӯҳҳои қарзӣ талаб намояд (ниг. ба қисми «Худтаъминкунӣ») ва инчунин, дастгирии амалӣ аз тарафи гурӯҳҳои худёрирасон ва худтаблиғнамоӣ; сафарбар намудани ҷамоат ба ҷамъ намудани маблағ барои пардохти арзиши таҳсилот, дарёфти либоси мактабӣ, воситаҳои ёрирасон ва инчунин, дастгирии иловагӣ ва водор намудани ҷамоат ба эътирофи хонандагони дорои маълулият ҳамчун захираи худ; ба грантҳо, қарзҳои давлатӣ ва маблағҳои созмонҳои донорӣ дастрас шудан; аксар вақт захираҳои давлатӣ бо сабаби иттилооти нокифоя ва бехабарӣ истифода намешаванд; созмон додани гурӯҳҳои таблиғотӣ бо иштироки гурӯҳҳои маҳалии дорои маълулият, ки онҳо барои муҳофизати ҳуқуқҳои хонандагони дорои маълулият ба гирифтани таҳсилоти миёна ва олӣ баромад мекунанд .
•
•
•
ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛӢ
49
ЗАМИМАИ 36
НЕПАЛ
Маблағгузории таҳсилоти фарогир Барои татбиқи таҳсилоти фарогир дар Непал маблағ барои созмон додани синфи омӯзишӣ; хариди маводи захиравӣ, мебел ва ташкили ҷои зист; пардохти ғизои хонандагони дорои маълулият; такмили ихтисоси як омӯзгор дар соҳаи таҳсилоти фарогир ва ду ёрдамчӣ, ҷудо карда шуд. Шӯро оид ба масъалаҳои таҳсилоти фарогир барои пардохти меҳнати панҷ корманди саҳроӣ маблағ пешниҳод намуд. Гурӯҳи хусусии молиявӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ хонандагони дорои маълулиятро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамоянд.
Расонидани ёрӣ ба оила Базе оилаҳо ба ақидаи гирифтани таҳсилоти миёна ва олии кӯдакони дорои маълулият метавонанд бо сабаби васояти аз ҳад зиёд ё боварии нокифоя ба қобилияти онҳо, хоҳиш надоштани ранҷондани дигар кӯдакон ва нисбати духтарон – камаҳамаятӣ ба нақши таҳсилоти онҳо муқобилият нишон диҳанд. Эҳтимол ба оилаҳо бартараф намудани шубҳаҳои сершумор, мушкилиҳо ва ба дигаргуниҳо мутобиқ шудан лозим мешавад. Кормандони ТСҶ метавонанд ба аъзоёни оилаҳо бо мақсади дар давоми ҳам таҳсилот ва ҳам дар давраҳои гузариш, дастгирӣ намудани хонандагони дорои маълулият омӯзишҳо гузаронанд.
ЗАМИМАИ 37 Ҷалби волидон
ҶУМҲУРИИ УКРАИНА
Дар Украина волидон дар фаъолияти мактаби миёнаи фарогир, ки дар он 1000 хонанда таҳсил мекунанд, фаъолона иштирок менамоянд. Фаъолияти онҳо аз ташкил намудани клубҳо барои волидони хонандагони дорои маълулият, ки ба дигар волидон ёрӣ мерасонанд ва буклетҳоро оиди зарурат ва фоидаи таҳсилот нашр менамоянд, дар бар мегирад. Ҳар моҳ рӯзи волидонро бо намоишномаи театрӣ баргузор менамоянд, маҷлисҳои волидонро дар синфҳои фарогир ташкил медиҳанд ва ҷаласаҳои гурӯҳӣ, ки дар онҳо волидон бо мутахассисон дар соҳаи тавонбахшии саломатӣ, роҳбарони мактаб ва омӯзгорон барои муҳокимаи муваффақиятҳои хонандагон ҷамъ меоянд, мегузаронанд.
Расонидани ёрӣ дар ташкили муҳити фарогир барои таҳсилот Аксар чорабиниҳое, ки дар қисми таҳсилоти ибтидоӣ номбар шудаанд, барои таҳсилотҳои миёна ва олӣ баробар хос мебошанд. Ба ин нигоҳ накарда, таҳсилотҳои миёна ва олӣ хусусияти худро доранд. Муҳити беруна ва ҷойгиршавӣ Муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ аксар вақт аз мактабҳои ибтидоӣ калонта50
ранд ва дар минтақаҳои калон ҷойгиранд. Ҳаракат дар мактаб мушкил шуданаш мумкин аст, ба монанди дастрасии синфхонаҳо – масалан, озмоишгоҳҳо ва синфҳои компютерӣ - барои одамони дорои маълулият. Дар поён баъзе аз чорабиниҳои пешниҳодшаванда номбар карда мешаванд: • • • бо роҳбарони муассисаи таълимӣ оид ба дигар намудани ҷойгиршавии синфхонаҳо маслиҳат намоед, масалан оид ба гузаронидани онҳо ба ошёнаи якум; ба хонандагони маълул оид ба ҷустуҷӯи қарорҳои ғайристандартии мушкилиҳои дастрасӣ ёрӣ расонед; ба духтарони хурдсол ва калон дастрасиро ба ҳуҷраҳои алоҳидаи ҳоҷатхонаҳо ва оби тоза таъмин намоед.
Нақшаи омӯзишӣ ва усулҳои таълимӣ Омӯзгорон мӯҳтоҷи такмили ихтисос ва дастгирианд ва муҳите ба онҳо лозим аст, ки дар он ҷо тавонанд муваффақиятҳо ва мушкилоти худро вобаста ба таҳсилоти одамони дорои маълулият муҳокима намоянд. Барномаҳои ТСҶ бо омӯзгорон ва дигар мутахассисони соҳаи маориф бояд ҳамкорӣ намоянд ва аз рӯи имконият ба онҳо машварат ва маводҳои захиравиро пешниҳод намоянд. Дар поён баъзе аз чорабиниҳои пешниҳодшаванда номбар карда мешаванд: • • • Барои мутобиқ намудан ва таҳияи нақшаҳои омӯзишӣ ёрӣ расонед, ки ба одамони дорои маълулият муҳим ва дастрас бошанд. Оид ба ҷиҳозонидани ҳуҷраҳои синфӣ машварат гузаронед, аз он ҷумла оид ба ҷойҳои таълимӣ, равшанӣ ва ҷойгиршавии хонандагон, кори коллективӣ ва омӯзиши гурӯҳиро дастгирӣ намоед. Дар ташкил намудани андозаҳо ва системаҳои робитавии дастрас ба одамони дорои маълулият ёрӣ расонед ва боварӣ ҳосил намоед, ки ҳуруфи калон, алифбои Брайл, аломатҳо, тарҷума ба забони имову ишора, наворҳо, аудиодастгоҳҳо, ёрдамчиён ва хизматрасониҳои тарҷума (ниг. инчунин ба қисми «Саломатӣ», боби «Асбобҳои ёридиҳанда») дастрас бошанд. Истифодаи ҷадвалҳои омӯзишии мувофиқро ҳавасманд намоед, масалан ба монанди онҳое, ки ба иҷрои амалҳо вақти бештарро сарфа менамоянд, имкониятҳои таҳсилотро дар ҳар гуна вақт ва омӯзиши модулиро таъмин менамоянд, то ин, ки нақшаи омӯзиширо дар муҳлати зиёдтар иҷро кардан мумкин шавад. Иштироки хонандагони дорои маълулиятро дар баҳсҳо оид ба таҳсилашон, дастгирии зарурӣ ва муваффақиятҳои комёбшаванда, аз ҷумла мубодилаи андешаҳо оид ба он, ки чӣ тавр ва чиро меомӯзанд ва қобилияти ҳар як хонандаро бо роҳи пешниҳоди машварат ва огоҳии касбӣ таъмин намоед.
•
•
Имтиҳонҳо ва баҳодиҳии дониш Системаҳои гузаронидани имтиҳонҳо ва баҳодиҳии донишро ба талаботи ҳамаи хонандагон мувофиқ гардонидан мумкин аст.
ЗАМИМАИ 38
НЕПАЛ
Таъмин намудани системаҳои чандири имтиҳонот Ба яке аз мактабҳои миёнаи Непал хонандагони дорои маълулияти биноӣ ташриф меоранд. Онҳо ҳамроҳи дигар мактаббачагон имтиҳон месупоранд. Билетҳои имтиҳонҳо дар ҳуруфи Брайл дастрас мебошанд, ба хонандагони дорои маълулият ёрдамчиён ва ним соати иловагӣ барои анҷом додани супориши имтиҳон пешниҳод мегарданд. ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛӢ 51
Технологияҳои иттилоотию муоширатӣ Технологияҳои компютерӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ махсусан воситаи самаранок ва эҷодии таҳсил ва иҷрои нақшаи омӯзиш шуданашон мумкин аст. Барномаҳои ТСҶ метавонанд имконияти гирифтани грантҳоро аз ҷамоатҳои маҳаллӣ, корхонаҳо, мақомотҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ омӯзанд, то ки ба хонандагони дорои маълулият компютерҳоро, аз рӯи имконият бо дастрасӣ ба Интернет, пешниҳод намоянд. Дастгирӣ аз тарафи ҳамсолон ва намунаҳои ибрату пайравии нақшӣ Бисёр хонандагон эҳтимол то ин лаҳза ҳамроҳи одамони дорои маълулият нахонда бошанд. Дар натиҷа муносибат ва таасури онҳо метавонанд мухталиф бошанд: ҳамсинфон метавонанд хайрхоҳӣ ва баркамолиро вонамуд намоянд, вале бо амалҳои худ метавонанд хонандагони дорои маълулиятро ҷудо намоянд. Барномаи ТСҶ метавонад: • мактабҳоро водор намояд, ки ба хонандагон нисбати ҳамсинфони дорои маълулият муносибати ғамхоронаро тарбия намоянд, беҳтараш таҳти роҳбарии мутахассисони калонсол, ки худ дорои маълулиятанд; • ҳавасманд намудан барои таҳияи чорабиниҳои маъмурӣ ва фаъолиятҳое, ки ба пешгирии табъиз, амалҳои авбошона ва масхараҳои омӯзгорон ва ҳамсинфон равона шудаанд; • дастгирӣ аз тарафи ҳамсолон ва ҷорӣ намудани системаи устод-тарбиятгар; • мактабҳо ва коллеҷҳоро барои ба кор гирифтани кормандон ва омӯзгорон аз ҳисоби одамони дорои маълулият таблиғ намудан, чунки мисолҳои мусбат барои ҷавонписарон ва духтарон аз одамони дорои маълулият хеле муҳим мебошад.
ЗАМИМАИ 39
АФРИҚОИ ҶАНУБӢ
Барои донишҷӯён намунаи ибрат шудан Дар донишгоҳи Кейптаун зани дорои маълулият ба шуъбаи дастгирии хонандагони дорои маълулият роҳбарӣ мекард. Азбаски худаш дорои маълулият буд, талаботҳои донишҷӯёни дорои маълулиятро ба осонӣ мефаҳмид, дар ҳифзи манфиатҳои онҳо нақши муҳим мебозид ва намунаи ибрат буд.
Ҳавасманд намудани истифодабарии самараноки ёрӣ ва захираҳои махсусгардонидашуда Барномаҳои ТСҶ метавонанд мактабҳо ва коллеҷҳоро ба дуруст истифода бурдани захираҳои махсусгардонидашуда водор намоянд ва бо ҳамин на лақабгузорӣ ё ҷудошавиро, балки фарогирии донишҷӯёни дорои маълулиятро пурқувват намо52 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
янд. Онҳо метавонанд аз фаъолиятҳои зерин истифода намоянд: • • • шахси ёрирасони шахсӣ - масалан барои ҳамроҳӣ, хондан, хатнависӣ, тарҷума; омӯзгорони хонагӣ, ки мунтазам ба мактаб барои машварат ва расонидани ёрӣ ташриф меоранд; дастгирии иловагӣ берун аз мактаби умумӣ, масалан барои аз худ намудани малакаҳои кор бо компютер ё дигар малакаҳои касбию техникӣ ё барои расонидани ёрии тиббӣ - тавонбахшӣ.
ЗАМИМАИ 40
НЕПАЛ
Омода намудани мактаббачагон ба таҳсил дар синфҳои умумӣ Вақте ки дар Непал хонандагони дорои маълулият ба мактаб дохил мешаванд, онҳоро аввал ба синфи захиравӣ менависанд. Дар ин ҷо онҳо малакаҳои иҷтимоӣ, ҳаракат ва таълимии асосиро, ки барои ташриф ба синфҳои умумӣ заруранд, такмил медиҳанд. Одатан онҳо дар синфи захиравӣ дар давоми як сол вобаста ба суръати хониш мехонанд ва баъд ба ҳамсолони худ дар синфҳои ҷараёни умумӣ, ки дар онҳо омӯзгорони муқаррарӣ дарс меомӯзанд, якҷоя мешаванд. Омӯзгоре, ки тайёрии махсусро гузаштааст, ба хонандагони дорои маълулият дар гирифтани китобҳои зарурӣ, аз ҷумла тарҷума ба ҳуруфи Брайл ёрӣ медиҳад, ҳангоми зарурат дастгирии молиявиро пешниҳод менамояд ва ҳамчун устоди шахсӣ дар ҷараёни таҳсилоти расмӣ баромад менамояд. Ин омӯзгорон бо омӯзгорони синфҳои умумӣ ҳангоми ҳалли ҳар мушкилоте, ки мактаббачагони дорои маълулият ба онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ҳамкорӣ менамоянд.
Мактабҳои махсус Қарори равон намудани кӯдакон ба мактабҳои махсус, масалан ба мактабҳо барои кӯдакон бо нуксонҳои биноӣ ё шунавоӣ, аз тарафи хонандагон ва оилаҳои онҳо бояд бо эҳтиёткорӣ қабул карда шаванд. Шарт нест, ки таҳсил дар чунин мактабҳо мувофиқ ё бо сифати баланд бошад. Муҳим он аст, ки мактабҳои махсус чӣ тавр хонандагони дорои маълулият ро ба ҳаёти калонсолӣ, бо кор таъминкунӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамоат омода менамоянд. Азбаски мактабҳои махсус сатҳи баланди захираҳо ва инчунин, мавҷудияти сохтори омӯзишӣ ва дастгирикунандаро талаб менамоянд, дар давлатҳои камбизоат аксар вақт онҳо намерасанд. Аммо дар он ҷойҳое, ки онҳо мавҷуданд, андешаи хонандаро бояд ба назар гирифт. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ин мактабҳоро ҳамчун марҳилаи гузариш ё тайёрӣ то он лаҳзае истифода баранд, ки мактабҳои маҳаллӣ барои пешниҳод намудани таҳсилоти сифатнок ба хонандагони дорои маълулият омода шаванд. Дар хотир доштан муҳим аст, чӣ қадаре, ки тезтар фарогирӣ ба амал ояд, ҳамон қадар он осонтар мегузарад ва ҳамон қадар ба кӯдакон ояндаи дарозмӯҳлат беҳтар аст.
Расонидани ёрӣ барои осон намудани давраҳои гузариш Ин масъалаи хеле муҳим аксар вақт аз назар берун мемонад. Марҳилаҳои гузариш аз таҳсилоти ибтидоӣ ба миёна, аз миёна ба олӣ ва аз олӣ ба пул кор кардани устувор барои умр ба сар бурдан, иборат аст. Аксар вақт ба хонандагони дорои маълулият зарур мешавад, ки аз ҷамоати худ барои гирифтани таҳсилоти олӣ баромада раванд. Дар натиҷа, марҳилаи гузариш метавонад душвор шавад ва бе дастгирии оила ва ҷамоат он ба мушкилии ҷиддӣ мубаддал мешавад. ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛӢ 53
ЗАМИМАИ 41 Осон намудани давраи гузариш баҳри рафъи хориҷ шудани хонандагон аз мактаб Чӣ тавре, ки тадқиқотҳо нишон медиҳанд, дар байни хонандагоне, ки бо сабаби мушкилиҳои давраи гузариш дар коллеҷ таҳсилро давом дода наметавонанд, одамони дорои маълулият назар ба ҳамсолоне, ки дорои маълулият нестанд, ду маротиба зиёданд (30). Барои кафолат додани ташкил ва нигоҳдории фазои дастгирӣ дар давоми марҳилаи гузариш барномаҳои ТСҶ бо хонандагон, оилаҳои онҳо, аъзоёни ҷамоат ва муассисаҳои таҳсилотӣ метавонанд кор баранд. Мисоли Руанда, ки дар аввали боби мазкур оварда шудааст, нишон медиҳад, ки чӣ тавр ҳамкорӣ ва мутобиқшавӣ барои таъминоти гузариши бомуваффақияти хонандагон аз як марҳилаи таҳсилот ба марҳилаи дигар ёрӣ мерасонад.
ЗАМИМАИ 42
ФИЛЛИПИН
Мисоли Черри боиси эҳтиром аст Черри Мансано дар оилаи фермери хеле камбизоат дар Филиппин таваллуд шуда, гирифтори каҷпоӣ аст. Бо дастгирии шахси некӯкор ва барномаи ТСҶ амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида, пойафзоли махсус пешниҳод намуданд. Вакте ки духтарча ба мактаб рафт, ӯро ба ғазаб меоварданд ва барои иштирок намудан дар чорабиниҳои мактабӣ ҷалб намекарданд. Бо ёрии аъзоёни оила кормандони ТСҶ ва ба шарофати собитқадамиаш, Черри ба табъиз нигоҳ накарда, хонданро давом медод. Дар мактаби ибтидоӣ ба ӯ беҳтар муносибат менамуданд ва созмони маҳаллии ғайридавлатии «Хазинаи Симон Киринеянин» маблағи таҳсилоти ӯро, аз ҷумла хароҷоти нақлиётӣ, лавозимоти мактабӣ ва то ҳатто хизматрасониҳои тиббию санитариро, пардохт намуд. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ Черри барои гузаштани даври дусола оид ба омӯхтани барномаҳои компютерии амалӣ дар коллеҷ стипендия гирифт. Ҳоло Черри ба монанди ҳамсолонаш, дар бозори озоди меҳнат кор мекунад. Черри мегӯяд: «Айни замон ман бо натиҷаи кори худ, хеле фахр менамоям. Ман ба оилаи худ бо маблағ ёрӣ мерасонам ва талаботи асосии худро қонеъ менамоям. Истиқоматкунандагони ҷамоати мо, ки пештар ба ман нигоҳ мекарданду механдиданд, муносибати худро ба ман иваз карданд. Акнун оид ба он, ки ман ҳатто бо имкониятҳои маҳдуди саломатӣ тавонистам он чизеро, ки ҳоло дороям, ноил гардам, дар чашмони онҳо ман ҳасадро мебинам. Худбаҳодиҳӣ ва боварӣ ба қувваам баланд шуданд ва ин ба ман қувват медиҳад, ки ба мушкилиҳое, ки метавонанд пайдо шаванд, муқобилият нишон диҳам».
54
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Таҳсилоти ғайрирасмӣ Муқаддима Таҳсилоти ғайрирасмӣ таҳсиле, ки берун аз системаи расмии таҳсилот ба амал меояд, мебошад. Истилоҳи «таҳсили ғайрирасмӣ» аксар вақт ҳамчун синоними чунин истилоҳҳо «таҳсилот дар ҷамоат», «таҳсилоти калонсолон», «таҳсилот дар давоми ҳаёт» ва «имконияти дуюм барои таҳсилот» истифода бурда мешавад. Он даври васеи ташаббуси таҳсилотиро дар ҷамоат дар бар мегирад, аз таҳсилоти хонагӣ оғоз намуда, бо барномаҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ ба итмом мерасад. Вай даврҳои аккредитатсияшудаи муассисаҳои машҳури таҳсилотӣ ва инчунин, чорабиниҳои маҳаллии маблағгузориаш на чандон калонро дар бар мегирад. Азбаски таҳсилоти ғайрирасмӣ гуногуншакл аст, он ба дигар намудҳои таҳсилот, аз ҷумла ба таҳсилот дар давоми ҳаёт монандӣ дорад. Барои мақсадҳои дастури мазкур диққати асосӣ дар ин боб ба таҳсилоти ғайрирасмии кӯдакон ва ҷавонон берун аз чорчӯбаи системаи мактабии умумӣ дода мешавад. Аммо, кормандони барномаҳои ТСҶ бояд дар хотир дошта бошанд, ки таҳсилоти ғайрирасмӣ дарканормонӣ ва лақабмониро шиддат медиҳад, бинобар ин, аз рӯи имконият барои кӯдакони дорои маълулият набояд шакли ягонаи таҳсилот шавад. Фарогирӣ ба мактаби одӣ бояд ҳуқуқи афзалиятноки ҳар як кӯдак бошад. Ба он нигоҳ накарда, ки таҳсилоти ғайрирасмӣ аксар вақт ҳамчун «таҳсилоти беҳтарини дуюм» ба таҳсилоти расмии алтернативӣ ба ҳисоб меравад, бояд қайд карда шавад, ки он метавонад назар ба мактабҳои таҳсилоташ умумӣ, таҳсилоти сифаташ баландтарро таъмин намояд. Таҳсилоти ғайрирасмӣ метавонад хосияти тайёрӣ ё иловагӣ дошта бошад ё (дар он ҷое, ки ин зарур аст) ба таҳсилоти расмӣ алтернативаи хеле хуб барои ҳамаи кӯдакон бошад.
ТАҲСИЛОТИ ҒАЙРИРАСМӢ
55
ЗАМИМАИ 43
БАНГЛАДЕШ
Созмон додани шароитҳои хурсандона ва мавзун барои таҳсилот Ба кумита оид ба рушди ноҳияҳои деҳотии Бангладеш 50 ҳазор боғчаҳо ва мактабҳои ибтидоӣ дар тамоми мамлакат дохил мешаванд, ки дар онҳо ба зиёда аз 1,5 миллион кӯдак хизмат расонида мешавад. Мактабҳо одатан сохтмонҳои якҳуҷрагӣ аз бамбук ё лой буда, аз хонаи хонандагон дар масофаи аз 1 км камтар ҷойгиранд. Ҳамчун қоида онҳо дар соатҳои барои мактаббачагон қулай кор мекунанд; баъзе мактабҳо дар соати 6.00-и пагоҳӣ кушода мешаванд ва дар ду баст фаъолият менамоянд. Аз соли 2003 мактабҳои ноҳияҳои деҳотии Бангладеш дар асоси фарогирӣ фаъолият менамоянд: «Фарогирӣ муносибате мебошад, ки барои қаноат намудани талаботи ҳамаи хонандагон ба шароитҳои стандартии синф, аз ҷумла хонандагони дорои талаботҳои махсус, намояндагони миллатҳои маҳаллӣ, кӯдакони дорои маълулият , духтарон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, равона шудааст». Дар мактабҳои ноҳияҳои деҳотии Бангладеш реҷаи махсуси таҳсилот, ки бо ҳаёти аҳолии деҳотӣ мувофиқат менамояд, истифода бурда мешавад. Мактабҳо омӯзгоронро аз ҳисоби истиқоматкунандагони маҳаллӣ ба кор мегиранд ва ҷамоатро ба таҳияи нақшаи омӯзишӣ, интихоби ҷой барои сохтмони мактаб, инчунин, барои пешниҳод намудани қувваи корӣ ва маводҳо барои сохтмони синфҳои омӯзишӣ ҷалб менамоянд. Усулҳои иштироккунандаи таҳсил, ки ба мактаббачагон бо истифодаи мусиқӣ, рақсҳо, санъати тасвирӣ, бозиҳо ва нақли қиссаҳо равона шудааст, истифода бурда мешаванд. Баъзе мактабҳо барои кӯдаконе, ки ҳеҷ вақт ба муассисаҳои таҳсилоташ умумӣ ташриф намеоварданд, муқаррар шуда, дигар мактабҳо бошанд, ба кӯдаконе, ки мактабро партофтанд, равона шудаанд. Ҳангоми анҷоми дарсҳо дар мактабҳои ноҳияҳои деҳотии Бангладеш кӯдакон ба мактабҳои таҳсилоташ умумӣ бармегарданд. Давлат ва созмонҳои махсусгардонидашудаи ғайридавлатӣ, ки ба кӯдакони дорои маълулият ёрӣ мерасонанд, ба ноҳияҳои деҳотии Бангладеш барои бартараф намудани монеаҳо дар роҳи фарогирӣ ёрӣ мерасонанд. Онҳо мактабҳоро ба одамони дорои маълулият дастрас менамоянд: пандусҳо месозанд, ҷои холии дару тирезаҳоро васеъ менамоянд ё тирезаҳои иловагӣ месозанд; ихтисоси омӯзгорон ва дигар кормандонро такмил медиҳанд; асбобҳои ёридиҳандаи арзонро пешниҳод менамоянд, масалан, асбобҳои шунавоӣ, айнакҳо, курсӣ, аробачаҳои маълулӣ , маводи омӯзишӣ ва усулҳои омӯзишие, ки ба хонандагон равона шудаанд, аз ҷумла овезаҳо ва маҷмӯи ҳикояҳо, ки иттилоотнокии аҳолиро баланд мекунанд, таҳия менамоянд. Ба шарофати ин муҳити берунӣ, ки ба одамони дорои маълулият муносибати некбинона дорад, тартиб дода мешавад.
56
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Мақсад Одамони дорои маълулият дониш ва малакаҳоеро рушд медиҳанд, ки ба онҳо барои беҳтар намудани сифати ҳаёт ёрӣ мерасонанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз ҳамкорӣ бо барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ ки мақсади он – таъмин намудани одамони дорои маълулият бо дастрасӣ ба имкониятҳои таҳсилотӣ ки ба талаботҳо ва манфиатҳои онҳо дар муҳити фарогир мувофиқ мебошанд иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият дар барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ иштирок намуда, хониш, навиштан, ҳисоб ва дигар малакаҳоро, ки барои беҳтар намудани шароитҳои ҳаёт мусоидат менамоянд, меомӯзанд. • Барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ одамони дорои маълулиятро фаро гирифта, талаботҳои онҳоро дар марҳилаи таҳияи ин барномаҳо ба назар мегиранд. • Одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаҳои онҳо, созмонҳои одамони дорои маълулият ва ассотсиатсияҳои волидон ба ҷараёни қабули қарорҳо ва татбиқи барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ ҷалб карда шудаанд. • Таҳсилоти хонагӣ ҳамчун илова ба таҳсилоти ғайрирасмӣ дастрас аст, марҳилаи тайёрии он ё алтернатива ба таҳсилоти ғайрирасмӣ мебошад. • Муттаҳидшавии иҷтимоӣ дар ҷараёни ҳамкорӣ ва ба роҳ - монии муносибатҳои дӯстона байни хонандагони дорои маълулият ва хонандагоне, ки дорои маълулият нестанд, мустаҳкам мешавад.
Мафҳумҳои асосӣ Таҳсилоти ғайрирасмӣ принсипҳои асосиеро, ки дар асоси ҳар кадом таҳсилоти баландсифат бояд бошанд, ифода менамояд. Таҳсилоти ғайрирасмӣ аломатҳои зерин дорад. Зич пайваста аст бо шароитҳои зиндагонии хонанда ва талаботҳои ҷамоат ва ҳамин гуна дар оянда мемонад. Механизмҳои ҷалби кӯдакон, волидон ва ҷамоатҳои маҳаллӣ ва инчунин, омӯзгорон ба қабули қарорҳо оид ба он, ки чиро бояд омӯзонид кафолат медиҳад, ки таҳсилоти ғайрирасмӣ талаботҳои ҷамоатро ба назар гирифта, захира ва кадрҳои маҳаллиро истифода мебарад. Мувофиқ аст ба сатҳи рушди хонанда, дар баробари ин, маводҳои нав ва таҷрибаи амалӣ барои омӯхтан танҳо ҳамон вақт пешниҳод мегарданд, ки хонанда барои дарки он омода аст. Таҳсилот ба хонандагон ҷалб шудааст ва ба онҳо нигаронида шудааст. Уҳдабаро мебошад нисбати он, ки чӣ ва чӣ гуна омӯзонида мешавад ва инчунин, нисбати талаботи хонандагони категорияҳои гуногун, ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон – масалан, коргарон, бехонагон, беморон, маҳбусон, одамони дорои маълулият, қурбониёни низоъ ё ҳолати фавқулодда, - ва инчунин, нисбати истифодабарии усулҳои омӯзишӣ, ки аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ё аслӣ ба кор бурда мешаванд. ТАҲСИЛОТИ ҒАЙРИРАСМӢ 57
Хосияти ширкатварзӣ дорад, яъне хонандагон иштирокчиёни фаъоли ҷараёни омӯзиш мебошанд; онҳо, оилаҳои онҳо ва ҷамоат ба амалишавии барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ ҷалб шудаанд. Муҳофизат менамояд, яъне аз расонидани зарар ва ҳуқуқи онҳоро ба ҳаёт ва рушд ҳимоя менамояд. Дар ҷойҳое, ки таҳсилоти ғайрирасмӣ гузаронида мешавад бояд тоза, бехатар бошанд ва дар онҳо бояд ғизои мувофиқ, шароитҳои санитарӣ ва ҳимоя аз зарар таъмин бошанд. Фарогир мебошад барои ҳамаи кӯдакон, новобаста аз пайдоиши иҷтимоӣ ё қобилиятҳояшон; Пасандозњо, воњидњои фоизї, тафовути байни онҳоро ҳамчун захира барои хопардохти зайём нандагон ва омӯзгорон истифода мебарад ва ҳурмат мекунад. Таҳсилоти ғайрирасмӣ аксар вақт ба гурӯҳҳои дарканормонда равона шудаанд, масалан ба ҷамоатҳои кӯчманчӣ, духтарон, одамони дорои маълулият, мактаббачагоне, ки мактабро партофтаанд ва кӯдаконе, ки кор мекунанд. Таҳсилоти ғайрирасмӣ ба хонандагони дорои маълулият ва ба дигар гурӯҳҳои дарканормонда ёрии зиёд мерасонад, талаботҳои онҳоро қонеъ менамояд ва ба онҳо мутобиқ мешавад. Сифатнок мебошад. Барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ барои расидан ба сифати беҳад баланд иқтидори зарурӣ доранд, чунки онҳо метавонанд ба талаботҳои шахсон ва гурӯҳҳои мушаххаси аҳолӣ дар ҷамоат мувофиқ бошанд.
Чорабиниҳои пешниҳодшаванда Мусоидат намудан ба фарогир намудани барномаҳои мавҷудаи ғайрирасмии таҳсилотӣ Эҳтимол дар ҷамоат барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотии зиёд татбиқ шаванд. Ин барномаҳо метавонанд ба омӯзиши хондан ва навиштан ва таҳсилоти асосӣ, маърифатнокии санитарӣ (масъалаҳои солимии репродуктивӣ; бемориҳое, ки бо роҳи ҷинсӣ мегузаранд; ВНМО/БПНМ), проблемаҳои ҳифзи муҳити атроф, кишоварзӣ, моҳидорӣ, рушди ноҳияҳои деҳотӣ ва/ё рушди ҷамоатҳо, равона шуда бошанд. Барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ имконияти хеле хубро ба одамони дорои маълулият медиҳанд, ки якҷоя бо ҳамсолоне, ки дорои маълулият нестанд маълумот гиранд. Барномаҳои ТСҶ барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотиро на барои созмон додани барномаҳои параллелӣ барои одамони дорои маълулият метавонанд муайян намоянд, балки ба мубаддалшавии онҳо ба фарогирӣ мусоидат намоянд. Мубаддалшавии барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ ба фарогир барои ҷалби одамони дорои маълулият ба ҳамаи намудҳои барномаҳо мусоидат менамояд ва гузаронидани дарсҳоро дар ҷойҳои ба одамони дорои маълулият дастрас ва ба андозаи барои онҳо маъқул таъмин менамояд Барномаҳои давлатӣ Аксар вақт масъулияти татбиқи барномаҳои ғайрирасмии таҳсилотӣ ба мақомотҳои давлатӣ гузошта мешаванд, масалан, ба вазорати таъминоти иҷтимоӣ, вазорати маориф ё мақомот оиди кор бо ҷавонон. Одатан ин барномаҳо ба гирифтани саводнокӣ, таҳсилоти калонсолон ва омӯзиши касбӣ равона шудаанд. Барномаҳои 58 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ТСҶ бояд маълумот оиди чораҳои сиёсӣ дар соҳаи таҳсилоти ғайрирасмиро ҷамъ намоянд: кӣ барои татбиқи ин сиёсат масъул аст, мақсади асосии таҳсилоти ғайрирасмӣ айни замон кадом аст, оё одамони дорои маълулият фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо грантҳо ё қарзҳо ҷудо шудаанд барои он, ки ба онҳо дастрасӣ ба таҳсилот таъмин карда шавад. Ин ба барномаҳои ТСҶ барои тартиб додани стратегияи фарогирии одамони дорои маълулият бо барномаҳои мавҷудаи таҳсилоти ғайрирасмӣ, ёрӣ мерасонад.
ЗАМИМАИ 44
НЕПАЛ
Дастрасӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ Дар ҳуҷҷати «Сиёсати Непал дар соҳаи таҳсилоти ғайрирасмӣ» (37) гуфта мешавад: «Маркази таҳсилоти ғайрирасмӣ кӯшиш менамояд, ба одамони мушкилиҳои ба мансубияти этникӣ, забон, ҷинс ва норасоиҳои ҷисмонӣ вобаста вохӯрад, ба онҳо диққати махсус ҷудо намуда, барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмиро фарогир намоянд». Сиёсати 8 . Барои таъмини дастрасӣ, сифат ва ҳамзистӣ ба ҳаёт сиёсати фарогири таҳсилотӣ гузаронида мешавад. Барои татбиқи сиёсати мазкур чорабиниҳои зерин амалӣ мешаванд: • Чораҳои махсуси таҳсилотӣ ва омӯзгорӣ бо мақсади бартараф намудани табъиз аз рӯи аломати мансубияти табақавӣ ё этникӣ, ҷинс, забон ва дорои маълулият андешида мешаванд. • Тартиби махсус, ки дастрасиро ба таҳсилоти баландсифати ғайрирасмӣ ба кӯдакони дорои маълулияти гуногун, кӯдакон ва калонсолоне, ки дар натиҷаи низоъ зарар диданд; инчунин барои кормандони ноболиғ кафолат медиҳад, созмон дода мешаванд. Иқдомҳо дар соҳаи таҳсилоти ғайрирасмӣ дар сатҳи ҷамоат Бо ин гуна иқдомҳо инҳо баромад намуда метавонанд: созмонҳои ғайридавлатӣ, ки дар соҳаи рушд чорабиниҳои гуногун ё маъракаҳои иттилоотиро амалӣ менамоянд; мактабҳои динӣ; яслиҳои кӯдакона ё марказҳои будубоши рӯзона; мактабҳои рушди таҳсилот барои духтарон; ва мактабҳо барои кӯдакони дорои маълулият и синну соли калон (ки пештар муайян карда нашуда буданд ё бо таҳсилоти ибтидоӣ фаро гирифта шудаанд) ва инчунин, барои кӯдакони аз мактаб хориҷ шуда ё кормандони ноболиғ. Барномаҳои ТСҶ метавонанд шаклҳои гуногуни иқдомҳои дастрасро дар соҳаи таҳсилоти ғайрирасмӣ дар сатҳи ҷамоатҳо муайян намоянд ва фарогирии дорои маълулият онро, аз ҷумла кӯдаконро осон намоянд. Кормандони ТСҶ метавонанд бо созмончиёни таҳсилоти ғайрирасмӣ, бо роҳи таъмин намудани дастрасии маводҳои омӯзишӣ ҳамкорӣ намоянд (масалан, матнҳое, ки бо ҳарфҳои калон чинда шудаанд, алифбои Брайл, наворҳои магнитофонӣ, аудио-дастгоҳҳо) барои он, ки муҳит барои маълул он дастрас ва мусоид бошад ва хонандагон дар ҷараёни таҳсилот дастгирӣ ёбанд.
ТАҲСИЛОТИ ҒАЙРИРАСМӢ
59
Таъмин намудани мувофиқӣ ва муҳимияти нақшаи омӯзишӣ Азбаски нақшаҳои омӯзишии таҳсилоти ғайрирасмӣ ба маҳдудиятҳои сахте, ки ба муассисаҳои расмии таҳсилотӣ мансубанд, алоқа надоранд, онҳо бештар чандир буда, ба талаботҳои фардӣ осонтар мутобиқ мешаванд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд, ки таҳсилоти ғайрирасмӣ дар таъмин намудани инҳо ёрӣ расонад: • ба омӯзонидани малакаҳои хониш, навиштан ва ҳисоб афзалият дода шавад; • ба гирифтани малакаҳои амалӣ, малакаҳои худхизматрасонӣ ва инчунин, рушди шахсият равона шуда бошад; • ҳангоми омӯзиши малакаҳои қабули қарорҳо самаранок бошад; • ба малакаҳои касбӣ – техникӣ, фаъолияте, ки ба гирифтани даромад равона шудааст ва инчунин, ташкили ҷойҳои корӣ, аҳамият дода шавад; • ҳуқуқҳо ва имкониятҳои хонандагонро бо роҳи инкишофи боварӣ ба худ ва ҳисси хусусиятӣ оид ба натиҷаҳои барномаҳо ва лоиҳаҳо васеъ намояд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ҷалби созмонҳои дорои маълулият онро барои мусоидати васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои хонандагони дорои маълулият , таъмин намоянд; • ба робитаи самараноки байни хонандагони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо, ҳамсолон ва ҷамоатҳо мусоидат намоянд, масалан бо ёрии асосҳои забони имову ишора, алифбои Брайл, талаффузи буррои калимаҳо.
60
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ЗАМИМАИ 45
БАНГЛАДЕШ
Имконияти дуюм барои гирифтани таҳсилот Яке аз барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмӣ дар Бангладеш дар ҷамоатҳои шаҳрҳои калон, ба монанди Дакка, Читтагонг ва Раҷшахи амалӣ мешаванд. Барнома ба кӯдаконе, ки дар сохтори ғайрирасмӣ фаъолият менамоянд, диққати махсус медиҳад (аксар вақт дар корҳои хатарнок) ва инчунин, кормандони бехонаи ноболиғ ва кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногунро фаро мегирад. Он аз барномаи кӯтоҳкардашудаи таҳсилоти ибтидоӣ иборат аст, ки барои омӯзонидани он назар ба мактаби таҳсилоти умумӣ, ду баробар камтар вақт сарф мешавад ва он ба талаботи гурӯҳи нисбатан калонсолтар мувофиқ аст – ҳамин гуна кӯдакон ба барнома қабул мешаванд. Барои аксари хонандагон ин имконияти дуюм барои гирифтани таҳсилот мебошад. Барои дохил шудан ба барнома писарон ва духтарони синни 10 сола ва аз ин зиёд таклиф карда мешаванд. Дарсҳо дар се баст гузаронида мешаванд, барои он ки миқдори ками синф нигоҳ дошта шавад ва ба кӯдакон имконияти давом додани кор ва гузоштани саҳм дар даромади оила, дода шавад. Дар анҷоми барномаи таҳсилоти ибтидоӣ кӯдакон метавонанд аз рӯи интихоби худ таҳсилоти касбиро дар марказҳои таълимӣ дар даврҳои давомнокиашон тақрибан 6 моҳ бо рӯзи омӯзишии нопурра, ё омӯзиши техникиеро, ки як – ду солро дар бар мегирад, гузаранд. Дар барномаи таҳсилоти ғайрирасмӣ инчунин, кормандоне, ки барои бо кортаъминкунӣ масъуланд, иштирок менамоянд ва ба хонандагони дорои маълулият ва хонандагоне, ки дорои маълулият нестанд барои ёфтани кор баъди анҷоми барнома ёрӣ мерасонанд.
Расонидани ёрӣ ба таҳсилоти хонагӣ Таҳсилоти хонагӣ метавонад хосияти иловагӣ ё тайёрӣ дошта бошад ё барои таҳсилоти расмӣ алтернатива бошад. Он метавонад барои хонандагони дорои талаботҳои васеъ муқаррар бошад, ки барои онҳо ба даст овардани малакаҳои асосии худхизматрасонӣ, робитаҳо ва фаъолиятнокӣ афзалиятнок аст. Ин малакаҳоро на дар муҳити сунъӣ созмон додашуда, балки дар муҳите, ки онҳо истифода бурда мешаванд, аз худ кардан осонтар аст. Кормандони ТСҶ бо аъзоёни оилаҳо, омӯзгорон ва хонандагон зич ҳамкорӣ менамоянд, мунтазам ба хонаи хонандагон ташриф меоранд ва барои таъмини муваффақияти таҳсилоти хонагӣ бо тамоми оила кор мебаранд. Чунин таҳсилот ҳамчун қисми стратегияи ҳамаҷониба самаранок аст. Аммо ҳангоми ҷудокунӣ аз дигар намудҳои таҳсилот он метавонад ба истисно ва ҷудошавии кӯдакони дорои маълулият мусоидат намояд, ба ҳамкории зич бо аъзоёни оила ва баъзан бо омӯзгорон, нигоҳ накарда, чуноне, ки мисоли дар поён оварда шуда нишон медиҳад (27).
ТАҲСИЛОТИ ҒАЙРИРАСМӢ
61
Мисоли истиснои иҷтимоии кӯдаки дорои маълулияти вазнин ё бисёр, ки доимо дар хона мебошад • Аз лаҳзаи таваллуди кӯдак оила ба лақабгузорӣ гирифтор аст. • Хоҳари калон мактабро тарк менамояд, ки ба кӯдак ғамхорӣ намояд. • Дигар кӯдакон ва инчунин ҳамсоягон аз ташрифи кӯдак худдорӣ менамоянд ва аз ӯ метарсанд. • Кӯдакро дар хонаи маҳкам дар ҳолати хобонида нигоҳ медоранд, ки дар натиҷа ӯ тадриҷан вобаста мешавад ва дар ӯ атрофияи патологӣ инкишоф меёбад.
Мисоли фарогирии кӯдаки дорои маълулияти вазнин ё бисёр, ки ӯ бояд доимо дар хона бошад • Барномаи ТСҶ оила ва кӯдакро аз лаҳзаи таваллуд дастгирӣ менамояд. • Ихтиёриён ва дигар кӯдакон дар хона ба кӯдак ташриф меоранд, ба ӯ барои ба даст овардани малакаҳои худхизматрасонӣ ёрӣ мерасонанд. • Кӯдакро ба берун мебароранд ва барои иштирок дар ҳаёти ҷамоат, чорабиниҳои динӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб менамоянд. • Омӯзгор ба оила ташриф меорад ва мақсадҳои мувофиқи омӯзишро якҷоя бо кормандони ТСҶ ва аъзоёни оилаи кӯдак, таҳия менамояд.
• Оила маблағ барои истифодаи воситаҳои табобат сарф менамояд, ки • Кӯдак ба гурӯҳи бозӣ, ки ба синну ёрӣ намерасонад. солаш мувофиқ аст, ташриф меорад. • Падар ҳисси хиҷолатро эҳсос • Комиссияи ноҳиявӣ оид ба менамояд, дар ҳамааш модарро масъалаҳои маориф ба нақшаи гунаҳкор менамояд ва ниҳоят аз оила кории худ ва инчунин, ба нақшаҳои баромада меравад. пешниҳод ва тақсимоти захираҳо, кӯдакро ворид менамояд. • Модар худро бо кор банд менамояд ва намедонад, ки ба кӯдак чӣ тавр • Волидон аъзоёни фаъоли гурӯҳи ёрӣ расонад. маҳалии волидон/дорои маълулият он мебошанд ва имконияти • Модар ба кӯдак адоват менамояд банақшагирӣ/музокироти ояндаи ва ӯро хафа мекунад, чунки кӯдак кӯдакро доранд. барои ӯ вазнинии иловагӣ мешавад. • Бародарон/хоҳарони аз як падару модар ҳаёти шахсиашонро барпо карда наметавонанд ё кор ёфта наметавонанд, чунки дар онҳо нишонаи бадномӣ мавҷуд аст.
Дастгирии кори гурӯҳи таҳсилоти махсусгардонидашуда Баъзан талабот дар таҳсилоти махсусгардонидашуда ба вуҷуд меояд (масалан, забони имову ишора, алифбои Брайл) ва талаб менамояд, ки хонандагони дорои маълулият алоҳида барои дарсҳои якҷоя ҷамъ шаванд. Кормандони ТСҶ метавонанд дар созмон додани ин гурӯҳҳо ва таъмини онҳо бо дарсҳо ёрӣ расонанд ва инчунин, ба хонандагони дорои маълулият ёрӣ расонанд, ки бо созмонҳои дорои маълулият он робита пайдо намоянд, то барои онҳо захираи фоиданок шаванд ва таҳсилотро осон намоянд. Истифодабарандагони забони имову ишора забони таълимиро дар муассисаҳои расмии таълимӣ душвор меҳисобанд. Бисёре аз одамони қобилияти шунавоиро гумкарда, худро дорои маълулият нею, балки ақаллияти забонӣ меҳисобанд. Таҷрибаи созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст нишон медиҳад, ки таълими забони имову ишора ба хонандагони қобилияти шунавоиро гумкарда гоҳ – гоҳ бо забони модариашон гузаронида меша62 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
вад ва аксар вақт ба забони хориҷӣ (даҳонӣ) гузаронида мешавад. Барномаҳои таълимии забони имову ишора дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ метавонанд ба одамони шунавоиашон паст ва оилаҳои онҳо ёрии муҳим расонад, хусусан ҳангоми дар сифати омӯзгорон худи одамони қобилияти шунавоиро гумкарда баромад намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд, ки инҳоро таъмин намоянд: • • ҳуқуқҳо ва ақидаҳои хонандагони қобилияти шунавоиро гумкарда бояд ҳурмат карда шаванд; шароитҳои махсуси таҳсилот ба зиёд шудани истиснои иҷтимоӣ ва ҷудошавӣ аз оила ва ҷамоат нашаванд, балки баръакс ба қӯдакон имконият диҳанд, ки дар ҳаёти оила ва ҷамоат фаъолона иштирок намоянд.
ЗАМИМАИ 46
ВЕТНАМ
Зунг дониши худро ба дигарон медиҳад Зунг – ҷавони қобилиятнок аз яке аз деҳаҳои атрофи шаҳри Хошимини Ветнам мебошад. Ӯ бо маълулияти шунавоӣ таваллуд шуд ва аз синни барвақт забони имову ишораро меомӯхт ва инчунин, хондан ва навиштан ба забони англисиро меомӯхт. Дар синни 25 солагӣ ӯ кори пурарзиш ва ҳаёти сазовор дошт. Аъзоёни клуби шаҳрии одамони дорои маълулияти шунавоии Хошимин ва роҳбарони лоиҳаи ТСҶ аз Зунг илтимос намуданд, ки ба онҳо забони англисиро омӯзонад, ки ин барои онҳо ҷаҳони адабиётро мекушояд ва ба хатнависии фонетикӣ ба забони ветнамӣ алтернатива пешниҳод менамояд. Бо дастгирии лоиҳаи ТСҶ, созмони хайриявии маҳаллӣ ва мақомоти мунитсипалии ҳокимият 30 нафар ҷавонони дорои маълулияти шунавоӣ ба дарсҳои шабона 2 маротиба дар як ҳафта ташриф меоварданд. Зунг барномаи стандартӣ ва маводҳои методиро барои омӯзонидани забони англисӣ ҳамчун забони дуюм, истифода мебурд. Ҳар як хонанда, ки мунтазам ба дарсҳо ташриф меоварданд, тақрибан 1 доллари амрикоӣ дар арзиши маҳаллӣ ба Зунг пардохт менамуданд. Дар тӯли 2 сол онҳо асоси забони англисиро аз худ карданд ва баъд барои азхудкунӣ ва такмилдиҳии забони имову ишораи азизи худ оғоз намуданд.
Таъмин намудани сифати қобили қабули кори марказҳои будубоши рӯзона дар ҷамоатҳо Аксар вақт дар ҷамоатҳо марказҳои буду боши рӯзона барои осон намудани ҳаёти волидон, ки кӯдакони дорои маълулияте, ки муҳтоҷи нигоҳубини шабонарӯзӣ мебошанд, доранд, ташкил медиҳанд. Ин марказҳо метавонанд ба волидон ёрии муҳим расонанд, аммо аксар вақт сифати чорабиниҳое, ки онҳо амалӣ менамоянд ва таҳсили кӯдакон чандон хуб нест. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба ин марказҳо дар таъмини гузаронидани чорабиниҳои бозӣ ва омӯзишӣ, ки ба синну солашон мувофиқ аст, ёрӣ расонанд ва барои он, ки риояи «манфиатҳои кӯдак» вазифаи афзалиятнок шавад. Ба ғайр аз ин, марказҳо бояд аз рӯи имконият фарогир бошанд ва инчунин, ба кӯдакони маҳаллие, ки дорои маълулият нестанд ва волидони онҳо, хизмат расонанд.
ТАҲСИЛОТИ ҒАЙРИРАСМӢ
63
Беҳтарсозии робита бо таҳсилоти расмӣ Дар системаҳои миллии маорифи бисёр давлатҳо ба таҳсилоти ғайрирасмӣ чунин аҳамияти калон ба монанди таҳсилоти расмӣ дода намешавад. Дар барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмӣ нақшаҳои омӯзишӣ ва усулҳои таҳсилотии гуногун ва чандир истифода бурда мешаванд, ки метавонанд ба хонандагон фоида оранд, аммо инчунин, метавонанд гузариши донишҷӯро ба системаи миллии маориф зери хатар гузоранд. Бе робитаи зич байни ду системаҳо таҳсилоти ғайрирасмӣ метавонад ба ҷудошавии одамони дорои маълулият мусоидат намояд.
ЗАМИМАИ 47
ҲИНДУСТОН
Барномаҳои давлатии хизматрасониҳо дар ҷои истиқомат Таҳсилоти хонагӣ барои кӯдакони дорои маълулият аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчун усули алтернативии таҳсилоти кӯдакони барои ба мактад рафтан мушкилӣ дошта ё бо ягон сабаб бо системаи таҳсилот фаро гирифта нашуда, эътироф шудааст. Барномаи давлатӣ инчунин, ба волидон ёрии машваратӣ ва чорабиниҳои баланд намудани сатҳи огоҳии онҳоро оид ба муҳимияти ба мактаб рафтани кӯдакон мегузаронанд. Вазифаи дарёфти ихтиёрон дар сатҳи ҷамоати маҳаллӣ бо дастгирӣ ва ҳамоҳангсозии созмонҳои маҳаллии ғайридавлатӣ ба дӯши раёсати маориф гузошта шудааст. Ҳар як ихтиёрӣ бо се кӯдак кор мебарад. Роҳбарияти мактаб ба ихтиёриён мукофотпулӣ медиҳад. Баъди шомил шудан ба системаи таҳсилоти хонагӣ, кӯдак ба мактаби наздиктарин қабул карда мешавад, ки маъмурияти ин мактаб масъулияти кӯдакро ба дӯши худ мегирад. Ба шарофати ин барнома давлат онҳоеро, ки ба мактаб рафта наметавонанд фаро мегирад ва бо кӯдакон дар шароити хона кор мебарад, то он лаҳзае, ки онҳо ба фарогирӣ омода ё дорои малакаҳои худхизматрсонӣ гарданд. Ин иқдоми ҳукуматӣ робитаи самаранокро байни барномаҳои таҳсилоти расмӣ ва ғайрирасмӣ барпо намуда, раванди фарогириро раҳнамоӣ ва имкониятҳои навро барои таҳсил таъмин менамояд. Ҳарчанд, соҳаҳои таҳсилоти расмӣ ва ғайрирасмӣ алоҳида вуҷуд доранд ва ғояҳои фарқкунанда доранд, онҳо метавонанд якдигарро пурра намуда, фаъолона ба ҳамдигар бо усулҳои гуногун ёрӣ расонанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд барои ба роҳ мондани робита байни ду система чунин мусоидат намоянд: • • • • • • • ҷалб намудани роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои таҳсилоти расмӣ ва ғайрирасмӣ барои иштирок дар барномаҳои ТСҶ ва таҳияи стратегияҳои фарогир; мустаҳкам намудани таҳсилоти расмӣ бо роҳи омӯзиши волидон ва омӯзгорон оид ба усулҳои рушди мактабҳои фарогир ва барпо намудани робитаҳои зич байни хона ва мактаб; дастгирии раванди гузариш аз барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмӣ ба таҳсилоти расмӣ; таҳияи барномаҳои таҳсилоти иловагии ғайрирасмӣ, ки бояд ба хонандагони дорои маълулият барои муваффақ шудан дар таҳсилоти расмӣ ёрӣ расонанд; дастгирии раванди гузариш ба зинаҳои навбатии таҳсилот, воситаҳои зиндагии дарозмуддат ва курсҳои омӯзишӣ, ки аз тарафи соҳаҳои ғайрирасмӣ пешниҳод мешаванд; ҳавасмандкунӣ барои истифодаи якҷояи биноҳо ва ҳуҷраҳо; масалан, барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмӣ метавонанд биноҳои мактабиро ҳангоми банд набудани онҳо истифода баранд; ҳавасманд намудани кормандони барномаҳои таҳсилоти расмӣ ва ғайрирасмӣ барои мубодилаи таҷриба ва хизматрасониҳо. 64 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ЗАМИМАИ 48
ГОНДУРАС
Машғулиятҳои берун аз дарс ҳамчун омил мешаванд Кормандони барномаҳои ТСҶ дар шаҳри Эл-Порвенири Гондурас, баъди ба итмом расидани рӯзи мактабӣ бо кӯдакони дорои маълулият ва кӯдакони дорои маълулият набуда, ки зери хавфи такрор кардани синфи якум қарор доштанд, машғулиятҳои иловагӣ мегузарониданд. Дар охири соли хониш кӯдакон имтиҳон супориданд. Ҳукумати маҳаллӣ хабар дод, ки дар соли мазкур сатҳи такрори таҳсил дар як синф, дар мактаби мазкур то 75% пастш удааст. Паст рафтани сатҳи такрори таҳсил дар як синф, ҳавасмандии аҳолиро барои ҳамкорӣ бо барномаи ТСҶ ва фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба мактабҳои ибтидоӣ баланд намуд.
ТАҲСИЛОТИ ҒАЙРИРАСМӢ
65
66
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Таҳсилот дар давоми ҳаёт Муқаддима Ҳуқуқ ба таҳсилот дар давоми ҳаёт дар Моддаи 24 –и Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият оварда шудааст (4). Таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт ин чорабиниҳои мақсадноки омӯзишӣ мебошанд, ки дар асоси доимӣ дар давоми ҳаёти инсон бо мақсади такмили дониш, малакаҳои умумӣ ва касбӣ амалӣ мешаванд. Таҳсилро акнун аз рӯи вақт ва ҷои гирифтани дониш (яъне муассисаи таълимӣ) ва аз рӯи вақт ва ҷои истифодабарии дониш (яъне дар ҷои кор) ҷудо карда намешавад. Қобилияти одамон ва ҷамоатҳо бе таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт, барои таҷдиди донишҳо ва малакаҳои худ ва ба дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ мувофиқ шудан, нокифоя мешавад (32). Таҳсилот дар давоми ҳаёт метавонад дар шароитҳои гуногун, ҳам дар системаи таҳсилоти расмӣ ва ҳам дар системаи таҳсилоти ғайрирасмӣ амалӣ шавад. Он дигар намудҳои таҳсилотро пурра менамояд ва ҳатто ҳангоми набудани имкониятҳо барои таҳсилоти расмӣ ё такмили ихтисос давом меёбад. Азбаски таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт ҳаматарафа мебошад, бо дигар бахшҳои дастури мазкур, махсусан бо бахш оиди таҳсилоти ғайрирасмӣ умумияти зиёд дорад. Барои мақсадҳои Дастури мазкур дар ин бахш диққати асосӣ ба имкониятҳои таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт барои одамони дорои маълулият дода мешавад – ҳам барои ҷавонон ва ҳам барои калонсолон, ки берун аз доираи системаи мунтазами таҳсилот мавҷуданд.
ЗАМИМАИ 49 Таҳсилот – ҷараёни беохир аст Ширли – духтараки хеле боақл ва қобилиятнок буда, гирифтори фалаҷи майнаи сар аст. Ба он нигоҳ накарда, ки аз бештари фанҳо баҳоҳои баланд дошт, ӯ маҷбур шуд, ки аз мактаб равад. Дар натиҷаи он, ки ӯ дар донишгоҳи кушода таҳсил мекард, ӯ дараҷаи магистрро дар соҳаи маъмуриятчигии амалӣ гирифт ва айни замон менеҷери касбӣ мебошад. Ширли гирифтани дониш ва малакаҳои гуногунро, ки ба онҳо мӯҳтоҷ аст, давом дода истодааст, аз ҷумла такмили пай дар пайи малакаҳои кор бо компютер. Ӯ таҳсилро ҳамчун ҷараёни беохир дида мебарояд. Дар оламе, ки табъиз ва истисно вуҷуд доранд, имкониятҳое, ки дониш ба ӯ дар давоми тамоми ҳаёт пешниҳод менамояд, барои давом додани пешравии мансабӣ ва бартараф намудани монеаҳо дар ҷамоат ба ӯ мадад мерасонад.
ТАҲСИЛОТ ДАР ДАВОМИ ҲАЁТ
67
ЗАМИМАИ 50
ҶУМҲУРИИ АФРИҚОИ ҶАНУБӢ
Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои калонсолон, ки ба онҳо мустақил ва дилпур дар қувваҳои худ буданро имконият медиҳад Инэйбл – барномае мебошад, ки якҷоя бо ассотсиатсияи одамони дорои маълулият ва яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар деҳоти наздикиҳои Дурбан (Африқои Ҷанубӣ) татбиқ мешавад. Омӯзгори дорои маълулият Фунделва Гамбуше ба калонсолони дорои маълулият малакаҳои хондан, навиштан ва ҳисоб кардан меомӯзонад. Синфи таълимии ӯ контейнери махсус таҷҳизонидашуда мебошад, ки аз тарафи ҷавонони деҳот таъмир карда шудааст. Мақсади барномаи Инэйбл васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои маълулони калонсол аст, ки ба онҳо барои мустақил ва нисбати қувваҳои худ дилпур шудан, ёрӣ мерасонад. Дар даврҳои омӯзишии Инэйбл ҳуқуқҳои одамони маълулият омӯзонда шуда, маълумот оид ба чӣ тавр дастрас намудани грантҳо ва фаъолият бо мақсади гирифтани даромад пешниҳод мегардад. Инчунин, лоиҳаи фарогир оид ба омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ амалӣ мешавад, ки иштирокчиёни он сарфаи маводҳо, буридан, муайян намудани арзиши аслии маводҳо ва истеҳсоли маводҳо барои фурӯшро меомӯзанд. Шунавандагони калонсол ба дарсҳо бо мақсадҳои гуногун меоянд: дар ин ҷо онҳо метавонанд оид ба систамаи хароҷот ва рӯйхати харид ёрӣ гиранд ё забони англисиро омӯзанд, то ки бо духтурон осон робита намоянд ё дастурҳо оид ба истифодаи дорувориҳоро хонанд. Фунделва, ки худ дорои маълулият аст, мефаҳмад, ки барои хонандагон дарсҳои ӯ намунаи ибрату пайравӣ аст. Лоиҳаи Инэйбл дар асоси иштироки васеъ татбиқ мешавад ва шиори байналмилалии ҳаракати одамони дорои маълулият онро инъикос менамояд: «Бе иштироки мо ҳеҷ чиз дар бораи мо». Барнома чунон созмон дода шудааст, ки одамони дорои маълулият ба ҳамаи марҳилаҳои ҷараёни қабул ва татбиқи қарорҳо шомиланд.
68
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Мақсад Одамони дорои маълулият – ҷавонон ва калонсолон - аз дастрасӣ ба имкониятҳои таҳсилоти сифаташ баланд дар давоми тамоми ҳаёт ва доираи васеи омӯзишҳои амалӣ баҳраваранд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз пешниҳод намудани имкониятҳо ба одамони дорои маълулият барои таҳсил дар давоми ҳаёт ва истиснои иҷтимоии онҳо, инчунин дарканормонӣ ва бекориро пешгирӣ намудан, иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Ба ҷавонони дорои маълулият, ки бо системаи таҳсилоти расмӣ фаро гирифта шудаанд барои гузаштан ба олами меҳнат ё азхудкунии малакаҳои меҳнатӣ ба воситаи пешниҳоди омӯзишҳо, машваратдиҳӣ, баланд намудани сатҳи огоҳии касбӣ ё пешравӣ дар мансаб ва маслиҳати ҳамсолон, ёрӣ расонида мешавад. Калонсолони дорои маълулият аз дастрасӣ ба имкониятҳои ба талаботҳои онҳо мутобиқкарда, таҳсилоти чандир ва босамар, ки дар давоми ҳаёт истифода мебаранд, ба монанди, малакаҳои хониш ва навиштан дар мактабҳои кушода ва гирифтани Таҳсилоти олӣ ба туфайли барномаҳои омӯзишии фосилавӣ манфиат мебинанд. Шахсони алоҳида ва гурӯҳи одамони дорои маълулияти сатҳи вазниниаш гуногун ва талаботи махсус ва шахсони онҳоро нигоҳубин менамоянд ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба имкониятҳои таҳсилоти бефосила дастрасӣ доранд Ҷавонон ва калонсолони дорои маълулият ба таҳсилоти бефосила дастрасӣ доранд, ки он ба азхудкунии малакаҳои худхизматрасонӣ ва зиндамонӣ, пайдо кардани иттилоот оид ба солимии репродуктивӣ, ВНМО/БПНМ бахшида шудааст. Омӯзгорон аз мактабҳои давлатию хусусӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи ҷамоатҳо барои фарогирии ҷавонон ва калонсолони дорои маълулият бо роҳи пешниҳоди имконият барои гирифтани таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт фаъолона мусоидат менамоянд.
•
• •
•
Мафҳумҳои асосӣ Таҳсилот дар давоми ҳаёт ё таҳсилоти бефосила ба дарки маъмули он, ки дар давоми ҳаёт ҳамаи мо таҳсил мегирем, асос меёбад; ин дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи имрӯза ва ниҳоят мураккаб хеле муҳим аст. Аммо имкониятҳои омӯзиш аксар вақт бо гурӯҳҳои мушаххаси синну солӣ, муассисаҳо ё мавҷудияти имконияти молиявӣ ё ҷисмонӣ барои гирифтани дастрасӣ ба муассисаи таълимӣ маҳдуд мебошанд. Аз тарафи худ калонсолони дорои маълулият аксар вақт истисно ё бенавоиро дар шароитҳои системаи расмии таҳсилот ҳис менамоянд. Таҳсилот дар давоми ҳаёт ҳамаи асосҳоеро, ки дар бахши «Таҳсилоти ғайрирасмӣ» кӯтоҳ пешниҳод шудааст, дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин, консепсияҳое, ки дар поён оварда шудаанд, нақши муҳим мебозанд.
ТАҲСИЛОТ ДАР ДАВОМИ ҲАЁТ
69
Таҳсилоти калонсолон Таҳсилоти калонсолон қисми муҳими ҳаётии таҳсилот дар давоми ҳаёт мебошад ва барои бо кор бомуваффақият,таъмин шудан фарогирии иҷтимоӣ, мавқеи шаҳрвандии фаъол ва рушди шахсият аҳамияти муҳим дорад. Таҳсилоти калонсолон назар ба кӯдакон дигар хел ба амал меояд, талаботҳои махсуси онҳо ва азхудкунии донишро бошад, ҳангоми таҳияи усулҳои таҳсилот ва маводҳои методӣ ба назар гирифтан лозим аст. Имкониятҳои таҳсилот дар давоми ҳаёт бояд ба хонанда равона шуда бошанд; дар ин сурат диққати махсус бояд ба мақсадҳои шахсӣ, таҷрибаи ҳаётӣ ва баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ дода шавад. Калонсолон иқтидор ва хоҳиши идоракунии таҳсилоти худро доранд, ба худ иқдом гирифтан ва қабул намудани қарорҳоро оид ба чиро, чӣ тавр ва кай онҳо омӯхтан мехоҳанд ва кадом дастгирии иловагӣ ба онҳо зарур аст, доранд. Онҳоро барои гирифтани нақши пешбарӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои банақшагирӣ ва татбиқи имкониятҳои таҳсилот таблиғ намудан лозим аст. Бояд усулҳои таҳсилоти калонсолон чандир ва эҷодкорона бошанд; онҳо бояд гуногун бошанд, ба талаботҳои хонандагон бодиққат таасур нишон дода, барои ҷавоб ёфтан аз маводҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма ва технологияҳои ёридиҳанда истифода баранд.
Намудҳои имкониятҳо барои таҳсилот дар давоми ҳаёт Намудҳои бештар паҳншудаи имкониятҳои таҳсилот дар давоми ҳаёт инҳоро дар бар мегиранд: • • • • таҳсилоти калонсолон (азхудкунии малакаҳо ё дараҷанокии касбӣ бо додани диплом); таҳсилоти бефосила (даврҳо – бо додан ё надодани диплом, - аз тарафи муассисаҳои расмии таълимӣ, аксар вақт бо мақсади рушди шахсият, пешниҳод мешаванд); рушди касбӣ (азхудкунии дараҷанокии касбиро аксар вақт дар доираи таҳсилоте, ки аз тарафи соҳибкор дар ҷои корӣ ташкил шудааст, дар бар мегирад); худомӯзӣ (муҳити шахсии таҳсил метавонад захираҳо ва асбобҳои зиёди омӯзиширо дар бар гирад, аз он ҷумла интернет – захираҳо ва китобхонаҳо).
Имкониятҳои таҳсилот дар давоми ҳаёт инчунин, даврҳои омӯзишии калонсолонро оид ба хониш, навиштан, структураҳои чандири омӯзиши дигар малакаҳои асосӣ, аксар вақт ба воситаи «мактабҳои кушода», таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва такмили ихтисос, рушди шахсият дар давоми тамоми ҳаёт, омӯзиши малакаҳои зиндамонӣ ва инчунин, малакаҳои муоширатро дар бар мегиранд. Ба қатори ин чорабиниҳои омӯзишӣ даврҳои омӯзишӣ барои гурӯҳҳои худёрирасон ва созмонҳои волидон, инчунин, таҳсилоти бефосилаи гурӯҳҳои ақаллият, аз ҷумла одамони дорои маълулият, ки худашон қобилияти барои ҳаёт пул коркуниро надоранд, дохил мешаванд.
Таҳсилоти кушода Таҳсилоти кушода аксар вақт дар «мактабҳои кушода» амалӣ мешавад ва имконияти таҳсилотро дар он ҷой ва тавре, ки ба хонанда зарур аст, медиҳад. Нақшаҳои омӯзишии он бо назардошти талаботи хонандагони синну соли калон, ки ягон вақт имконияти ба мактаб рафтан ё гирифтани таҳсилоти расмӣ надоштанд, тасҳеҳ карда шудаанд. Усулҳои омӯзишӣ одатан ғайрирасмӣ ва эҷодкорона мебошанд ва истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ – муоширатиро дар бар мегиранд. Аксар вақт шунавандагон маводҳои махсус таҳияшудаи омӯзиширо дар хона, дар 70 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ҷои кор ё дар он ҷое, ки барои онҳо мувофиқ бошад, бо суръати ба онҳо мувофиқ меомӯзанд. Аксар вақт ҷавонон ва калонсолон қобилияти азхудкунии малакаҳои касбиро бо роҳи худомӯзӣ ё бе тарки истеҳсолот доранд.
ЗАМИМАИ 51
ҲИНДУСТОН
Ҳавасмандкунӣ ба таҳсилоти кушода Чӣ тавре, ки дар ҳуҷҷати барномавии донишкадаи миллии таҳсилоти кушодаи Ҷумҳурии Ҳиндустон нишон дода шудааст, «хонандагон метавонанд мувофиқатии фанҳои омӯзиширо озодона, мувофиқи талабот ва мақсадҳои худ интихоб намоянд. Онҳо бо ба таври инфиродӣ аз рӯи маводҳои махсус таҳия шуда, барои худомӯзӣ таҳсил мегиранд. Чунин омӯзиш бо маводҳои аудио, видео ва инчунин, бо дарсҳои инфиродӣ бо омӯзгороне, ки дар марказҳои омӯзишӣ дар рӯзҳои ид ва истироҳат гузаронида мешаванд, пурра карда шудаанд. Хонандагон аз фанҳое, ки омӯхтаанд, бо тартиби ихтиёрӣ ҳангоми омода шудан имтиҳон месупоранд. Тартиби ҷамъшавии холҳои санҷишӣ пешбинӣ шудааст. Бақайдгирии хонандагон ба давраи панҷ сол ҳақиқӣ аст» (33).
Малакаҳои худхизматрасонӣ ва зиндамонӣ Малакаҳои худхизматрасонӣ ва зиндамонӣ ин донишҳо ва малакаҳое мебошанд, ки барои ҳамаи одамон барои фаъолият ва иштироки самаранок дар ҳаёти оила, ҷамоат ва ҷамъият дар умумият зарур мебошанд. Бо сабаби ҷудокунӣ ва табъиз одамони дорои маълулият ба ин малакаҳо ниёз доранд ва дастгирии рушди онҳо қисми ҷудонопазири таҳсилот дар давоми ҳаёт дар ҳамаи марҳилаҳо мебошад. Аз ҷумла, ба одамони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, ҳиссӣӣ дастрасӣ ба имкониятҳои омӯзиши малакаҳои худхизматрасонӣ ва зиндамонӣ лозим шуда метавонад.
Чорабиниҳои пешниҳодшаванда Таъмини дастгирӣ дар марҳилаҳои гузариш Кормандони ТСҶ имкониятҳои мусоид барои иҷро намудани робита байни хонандагони маълул, оилаҳои онҳо, бо кор таъминкунандагон, омӯзгорон ва гурӯҳҳои худтаблиғнамоӣ, доранд. Гузариш аз омӯзиш дар мактаб ба меҳнат ё таҳсилоти касбии минбаъда ва мустақилияти баланд, ҳангоми набудани дастгирӣ метавонад мураккаб бошад. Кормандони ТСҶ метавонанд самтҳои дастраси фаъолияти касбиро муайян ва машварат диҳанд, Мактаби бегоњї имконияти гирифтани машваратро аз барои кормандони сехњои дўзандагї ҳамсолон диҳанд ва дастрасӣ, муҳимиБАРЊАМ ят ва самаранокии ин хизматрасониҳоДОДАНИ БЕСАВОДЇ ро кафолат диҳанд. Аксар вақт ҷалб кардани созмонҳои одамони дорои маълулият ба машваратдиҳӣ ва расонидани ёрӣ ба ҷавонон барои рушди боварӣ ба худ ва азхудкунии малакаҳое, ки ба интихоби мустақил ва идоракунии омӯзиши худ имконият медиҳад, манфиатнок аст.
ТАҲСИЛОТ ДАР ДАВОМИ ҲАЁТ
71
Муайян намудани имкониятҳо барои бартараф намудани бесаводии калонсолон ва барои таҳсили калонсолон Бисёре аз калонсолони дорои маълулият ба мактаб намераванд ё аз сабаби монеаҳои зиёд, аз ҷумла надоштани қобилияти мувофиқ будан ба шартҳои дохилшавӣ, номувофиқатии биноҳои таълимӣ, набудани маблағ барои пардохти таҳсилот, хоҳиш надоштани муассисаи таълимӣ барои қабул намудани шахси дорои маълулият ё зарурати кор кардан ҳангоми дарсҳои мактабӣ, қобилияти дастрас шудан ба таҳсилоти расмӣ ё бефосиларо надоранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд имкониятҳоро барои бартараф намудани бесаводӣ ва барои таҳсилоти калонсолон бо ёрии таҳсилоти кушода дар сатҳи ҷамоат пайдо ва ташкил намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд мактабҳои кушодаи мавҷуда ва барномаҳои таълими калонсолонро барои қабул намудани одамони дорои маълулият таблиғ намуда, кафолат диҳанд, ки маводҳои таълимӣ ва усулҳои муоширатӣ барои одамони дорои маълулият мутобиқ ва дастрас бошанд.
ЗАМИМАИ 52
Муваффақиятҳои Майя Майя се синфи аввали мактабро бомуваффақият хатм намуд, чунки ба ӯ имтиҳонҳои хаттӣ супоридан лозим набуд. Вақте ки роҳбарияти мактаб ӯро дар синни 10- солагиаш бо сабаби дорои маълулият будан маҷбур кард, ки мактабро тарк намояд (Майя маълулияти биноӣ ва мушкилии рушди асаб ва ҷисмонӣ дошт), ӯ барои маслиҳат ба ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти биноӣ муроҷиат намуд. Ассотсиатсия барои дохил шудан ба мактаби кушода ба ӯ ёрӣ расонид. Дар муддати 13 сол Майя таҳсилоти миёна гирифт. Сонӣ ӯ омӯзиши касбиро гузашт, даврҳои компютерӣ ва даври омӯзишии малакаҳои иҷтимоиро анҷом дод. Имрӯз Майя ҳунари икебана ва сохтани гулҳои сунъиро меомӯзад. Ӯ то ҳол дар мактаби кушода мувофиқи талабот ва шавқҳои худ таҳсилро давом дода истодааст.
Муайян намудани имкониятҳо барои таҳсилоти бефосила Имкониятҳо ба туфайли муассисаҳои таълимии маҳаллӣ ва инчунин, омӯзиши фосилавӣ ва барномаҳои омӯзишӣ дар Интернет барои таҳсилоти бефосила дастрас шуда истодаанд. Таҳсилоти фосилавӣ аксаран қобилияти бартараф намудани чунин монеаҳо, ба монанди масофаҳои калон, набудани нақлиёти дастрас ва муҳити берунии душманонаро дорад ва ба одамони дорои маълулият дар ҳамроҳ шудан ба таҳсилоти олӣ ёрӣ мерасонад. Кормандони ТСҶ бояд оид ба ин намуди таҳсилот иттилоот ва дониши зарурию таҷҳизот дошта бошанд, то ба одамони дорои маълулият барои истифодабарии афзалияташ ёрӣ расонанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд имкониятҳоро барои таҳсилоти бефосила, махсусан дар доираи таҳсилоти фосилавӣ пайдо намоянд ва метавонанд бо муассисаҳои таълимӣ оид ба хизматрасониҳо ба хонандагони дорои маълулият кор кунанд. Барномаҳои ТСҶ инчунин, метавонанд ба маълули калонсол барои гирифтани дастгирии зарурӣ ёрӣ расонанд (масалан, дастрасӣ ба Интернет ё ба таъминоти барномавӣ барои хониши электронӣ) ва боварӣ ба қувваи худ ва малакаҳои аз таҳсилоти фосилавӣ истифода бурданро дар онҳо инкишоф диҳанд
72
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ЗАМИМАИ 53
МАЛАЙЗИЯ
Таҳсилоти фосилавӣ Юсоф зани 27-сола мебошад, ки дар шаҳри Ҷорҷтауни Шоҳигарии Малайзия зиндагӣ менамояд. Чордаҳ сол пеш ӯ гирифтори бемории фалаҷ шудааст. Ӯ ба барномаи донишгоҳи таҳсилоти фосилавӣ шомил шуда, адабиётро аз худ менамояд. Юсоф мегӯяд, ки ҳамеша мехост диплом оид ба таҳсилот гирад ва бо ҳамин ба ҳафт бародару хоҳаронаш намуна шавад. Ӯ дар реҷаи онлайн бо ёрии видеомодулҳо ва маводҳо барои худомӯзӣ мехонад.
Мусоидат намудан ба омӯзиши фардҳо ва гурӯҳи одамон бо талаботҳои махсус Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба одамон ё гурӯҳи одамон бо талаботҳои махсус дар гирифтани дастрасӣ ба имкониятҳои омӯзишии ба онҳо мувофиқ ёрӣ расонанд ва малакаҳоеро ба даст оранд, ки онҳо ҳавасманданд ё ба он ниёз доранд. Кормандони ТСҶ метавонанд барои одамони дорои намудҳои вазнини маълулият имконияти ташриф ба мактаб, гузаштани омӯзиш ё гирифтани дастрасӣ ба таҳсилоти фосилавиро пайдо намоянд ё ташкил диҳанд. Инчунин, онҳо метавонанд ба намояндагони ақалияти этникӣ барои омӯхтани забон ва гирифтани тамоюли фарҳангӣ ёрӣ расонанд.
Таъмини имконият барои азхудкунии малакаҳои худхизматрасонӣ ва зиндамонӣ Барномаҳои ТСҶ бо созмонҳо ва гурӯҳҳои ҷамоатӣ метавонанд ҳамкорӣ намоянд. Мақсади онҳо ба одамони дорои маълулияти ҷавон ва калонсол пешниҳод намудани имкониятҳои рушди малакаҳо, ки дар зиндагӣ ва барои иштирок дар ҳаёти ҷамъият заруранд, ба монанди худхизматрасонӣ, ҳаракат дар нақлиёт, сафар барои харид, қоидаҳои рафтор дар ҷамъият, истодагарӣ ва иззати нафс, издивоҷ ва тарбияи фарзандон, иттилоотнокӣ оид ба ВНМО/БПНМ, ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволӣ, идоракунии буҷет, мавқеи шаҳрванди фаъол ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ мебошад. Принсипи асосӣ ба кор андохтани барномаҳои параллелӣ набуда, балки муайян намудани барномаҳои мавҷудаи таълимӣ ва фаъолият оид ба табдил додани онҳо ба фарогир мебошад. Баъзе гурӯҳҳои бештар осебпазири аҳолӣ, масалан духтарони ҷавони дорои маълулият ва одамон бо нуқсонҳои зеҳнӣ ё бемориҳои музмини рӯҳӣ метавонанд ба рушди малакаҳои худмуҳофизатнамоӣ аз зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ муҳтоҷ бошанд.
Ҳамкорӣ бо кормандони маориф дар ҷамоатҳо барои мусоидат намудан ба фарогирӣ Истисноӣ аксар вақт натиҷаи таъсири на омилҳои шахсӣ, балки омилҳои берунӣ мебошад. Кормандон дар сатҳи ҷамоатҳо, ки бо масъалаҳои маориф сару кор доранд, дар мақомотҳои давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла мактабҳои хусусӣ ва пулакӣ метавонанд ба фарогирӣ ва иштироки фаъоли одамони дорои маълулият дар чорабиниҳо дар соҳаи ТАҲСИЛОТ ДАР ДАВОМИ ҲАЁТ 73
маориф дар давоми ҳаёт, мусоидат намоянд. Барномаҳои ТСҶ бо созмонҳои ҷамоатӣ метавонанд махсусан бо ассотсиатсияҳои волидон бо мақсади мубодилаи таҷриба ва дониш барои баланд намудани иттилоотнокии ҷамъият оид ба мушкилиҳои ба маълулият вобаста ва рушди фарогирӣ дар намудҳои дастраси таҳсилот дар давоми ҳаёт, ҳамкорӣ намоянд. Ба муносибатҳои одамон чорабиниҳои иттилоотӣ дар сатҳи ҷамоат метавонанд таъсири мусбат расонанд, ки таҳсилотро барои ҳамаи гурӯҳҳои дарканормонда, аз ҷумла одамони дорои маълулият тарғиб намоянд. Бо истисноӣ ва табъиз муборизаи бомуваффақият бурдан мумкин аст, ҳамзамон диққати махсусро ба рангорангии васеи дониш ва малакаҳое додан лозим аст, ки барои истифодаи якҷоя дар ҷамоат дастрас мебошанд ва ба аъзоёни ҷамоат дар вохӯриҳо ва ҳамкорӣ бо одамони дорои маълулият, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ёрӣ мерасонанд.
Эзоҳҳо 1. Чорчӯбаи Дакарии амалҳо. Таҳсилот барои ҳама. Париж, ЮНЕСКО, 2000 (http:// www.un.org/ russian/events/literacy/dakar.htm, санаи дастрасӣ: 5 маи с. 2010). 2. Изҳороти умумии ҳуқуқҳои инсон. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 1948 (http://www.un.org/ru/documents/decl_conv/declarations/declhr.shtml, санаи дастрасӣ: 5 маи с. 2010). 3. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 1989 (http://www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/childcon. shtml, санаи дастрасӣ: 5 маи с. 2010) 4. Конвенция о правах инвалидов. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 2006 (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability. shtml, санаи дастрасӣ: 30 марти с.2010). 5. Education for all by 2015. Will we make it? Education for All global monitoring report2008. Paris, UNESCO, 2007 (http://unesdoc .unesco.org/images/0015/001548/154820e. pdf, accessed 5 May 2010) . 6. Children with disabilities. Paris, UNESCO (undated) (www.unesco.org/en/inclusiveeducation/children-with-disabilities, accessed 5 May 2010). 7. Ҳадафҳои рушди ҳазорсола. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 2000 (http:// www.un. org/russian/millenniumgoals/, санаи дастрасӣ: 5 маи с. 2010) 8. Jonsson T, Wiman R . Education, poverty and disability in developing countries. In: Poverty reductionsourcebook. Washington, DC, World Bank, 2001. 9. Guidelines for inclusion: ensuring access to Education for All. Paris, UNESCO, 2005 (http://unesdoc .unesco.org/images/0014/001402/140224e.pdf, accessed 5 May 2010). 10. Paez E . Child soldiers in Colombia. Enabling Education Newsletter, No. 7, 2003 (www. eenet. org.uk/resources/eenet_newsletter/news7/index.php, accessed 5 May 2010). 11. The Convention in brief, Article 24. New York, United Nations Enable (undated) (www. un . org/disabilities/ default.asp?id=162, accessed 5 May 2010). 12. Education for All by 2015. Paris, UNESCO (undated) (http://portal.unesco.org/ education/en/ev.php-URL_ID=42579&URL_DO=DO_TOPIC&URL_SECTION=201. html, accessed 5 May 2010). 13. Education for All global monitoring report. Strong foundations: early childhood care and education. Paris, UNESCO, 2007 (http://unesdoc.unesco.org/ images/0014/001477/147794e.pdf, accessed 5 May 2010) . 14. Arnold C et al . 2000. Bringing up children in a changing world: Who’s right? Whose rights? Kathmandu, UNICEF/Save the Children, 2000. 15. Watanabe K et al . Early childhood development interventions and cognitive development of young children in rural Vietnam. Journal of Nutrition, 2005, 135(8):1918-25. 16. Werner D . Disabled village children: a guide for community health workers, rehabilitation workers,and families, 2nd ed . Berkeley, CA, Hesperian Foundation, 1988 (www.hesperian. org/publications_ download_DVC .php, accessed 5 May 2010) . 17. Training in the community for people with disabilities. Geneva, World Health Organization, 1989 (www.who. int/disabilities/publications/cbr/training/en/index.html, accessed 5 May 2010). 18. Let’s communicate, a handbook for people working with children with communication 74 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
difficulties.Geneva, World Health Organization, 1997 (www.who.int/disabilities/ publications/care/en/index.html, accessed 5 May 2010) . 19. National Portage Association (www.portage .org .uk/, accessed 5 May 2010) . 20. Achieve universal primary education. New York, World Bank (undated) (http://ddpext.worldbank.org/ ext/GMIS/gdmis . do?siteId=2&goalId=6&menuId=LNAV01GO AL2, accessed 5 May 2010). 21. Steinfeld E Education for all: the cost of accessibility In: Education notes ashington, DC, WorldBank Education Advisory Service, 2005 (http://iteresources.worldbank. org/EDUCATION/Resources/Education-Notes/EdNotes_CostOfAccess_2 .pdf, accessed 5 May 2010). 22. Miles S . Overcoming resource barriers (Paper presented at the International Special Education Congress(ISEC), Manchester, 24-28 July 2000) (www. isec2000.org.uk/ abstracts/papers_m/miles_1.htm, accessed 5 May 2010) . 23. Enabling Education Network. Newsletter No. 9, 2005 (www.eenet.org.uk/resources/ docs/EENET%20newsletter%209%20FINAL .pdf, accessed 5 May 2010). 24. Enabling Education Network. Newsletter No. 10, 2006 (www.eenet.org .uk/resources/ eenet_newsletter/ news10/index.php, accessed 5 May 2010). 25. Stubbs S . Lessons from the South: pioneers of the future (Paper presented at the International Special Education Congress, Birmingham, 1995). 26. Miles S . Overcoming resource barriers: the challenge of implementing inclusive education in rural areas .Enabling Education Network, 2006 (www.eenet.org.uk/ resources/docs/bonn_1.php, accessed 5 May 2010). 27. Stubbs S . Inclusive education: where there are few resources. Oslo, Norway, Atlas Alliance, 2002. 28. Enabling Education Network. Newsletter No. 7, 2003 fwww.eenet.org .uk/resources/ eenet_newsletter/news7/index.php, accessed 5 May 2010). 29. Magrab P. Towards inclusive practices in secondary education. Paris, UNESCO, 2003 (http://unesdoc.unesco .org/images/0013/001322/132278e.pdf, accessed 5 May 2010) . 30. Lederman D. College and the disabled student. Inside Higher Ed, 2005 (www. insidehighered .com/ news/2005/07/29/disabled, accessed 5 May 2010). 31. Government of Nepal . Non-formal education policy. Kathmandu, Ministry of Education and Sports Non-formal Education Center (NFEC), 2007 (www. doe.gov. np/download/download_722241686.pdf, accessed 5 May 2010) . 32. Lifelong learning in the twenty-first century: the changing roles of education personnel. Geneva, International Labour Office, 2000 (www. ilo .org/public/english/dialogue/ sector/techmeet/jmep2000/ jmepr1.htm, accessed 5 May 2010) . 33. National Institute of Open Schooling, India. Frequently asked questions (www.nios. ac. in/FAQ.htm, accessed 5 May 2010) .
Адабиёти тавсияшаванда Access for all: how to make participatory processes accessible to everyone. London, Save the Children UK, 2000 (http://www. savethechildren.org.uk/en/54_5093.htm, accessed 10 May 2010). Arab Resource Collective (www.mawared .org, accessed 10 May 2010). Australian Government, Department of Education, Employment and Workplace Relations (www.dest. gov. au/sectors/higher_education/publications_resources/eip/disability_ service_provision/default .htm, accessed 10 May 2010). Bernard Van Leer Foundation (www.bernardvanleer.org/, accessed 10 May 2010). Booth T. A perspective on inclusion from England. Cambridge Journal of Education, 1996, 26(1):87-99. Changing teaching practices: using curriculum differentiation to respond to student diversity. Paris, UNESCO, 2004 (http://unesdoc .unesco. org/images/0013/001365/136583e.pdf, accessed 10 May 2010) . Child to Child (www.child-to-child . org/, accessed 10 May 2010) . Community Networks for Developing Countries (http://diac.cpsr.org/cgi-bin/diac02/ pattern.cgi/ public?mode=public&pattern_id=12, accessed 10 May 2010). ТАҲСИЛОТ ДАР ДАВОМИ ҲАЁТ 75
Enabling Education Network (EENET) (www. eenet. org .uk, accessed 10 May 2010). European Association on Early Childhood Intervention (www. eurlyaid .net/, accessed 10 May 2010) . Finding out about people’s disabilities: a good practice guide for further and higher education institutions. London, United Kingdom Department of Education and Science (undated) (http://www.lifelonglearning . co .uk/findingout/finding .pdf, accessed 10 May 2010). Foundation for People with Learning Disabilities (http://www.learningdisabilities.org.uk/, accessed 10 May 2010). Giffard-Lindsay K. Inclusive education in India: interpretation, implementation, and issues. Brighton, Consortium for Research on Educational Access, Transitions and Equity (CREATE), 2007 (http://www.create-rpc . org/pdf_documents/PTA15 .pdf, accessed 10 May 2010) . Handbook for literacy and non-formal education facilitators in Africa . Paris, UNESCO, 2006 (http://unesdoc . unesco.org/images/0014/001446/144656e.pdf, accessed 10 May 2010). Higher education institutions (www.lifelonglearning . co .uk/findingout/index.htm, accessed 10 May 2010). How Kids Develop - resources on child development (www howkidsdevelop com/index html, accessed10 May 2010) . Informal Education (IFED) (www infed org/lifelonglearning/b-life htm, accessed 10 May 2010) . International Information Support Centre (SOURCE) (www asksource info/index htm, accessed 10 May 2010) . Kaplan I, Lewis I, Mumba P. Students’ perspectives and health and safety in schools: using photography to address issues of health and safety in Indonesian, UK and Zambian schools . Manchester, Enabling Education Network (EENET), 2006 (http://www.eenet. org.uk/resources/docs/health_safety_schools.pdf, accessed 10 May 2010) . Kielland A, Rosati F. Broadening the approach to education for all: including working and other hard-to-reach children . Oslo, FAFO, 2008 (www.fafo .no/pub/rapp/20090/20090. pdf, accessed 10 May 2010). Lindeman E. The meaning of adult education. New York, New Republic, 1926. Making a difference: training materials to promote diversity and tackle discrimination. London, Save the Children UK, 2005. Making schools inclusive: how change can happen. London, Save the Children UK, 2008 (www. savethechildren.org .uk/en/docs/making-schools-inclusive.pdf, accessed 10 May 2010). Mariga L, Phachaka L. Integrating children with special needs into regular primary schools. Manchester, Enabling Education Network (EENET), 1993 (www.eenet.org .uk/ resources/docs/lesotho_feasibility.pdf, accessed 10 May 2010). Mumba P. Twinning for inclusion: a child to child project in Zambia . Enabling Education Newsletter No. 3, 1999 (www.eenet.org.uk/resources/eenet_newsletter/news3/page8. php, accessed 10 May 2010). Overcoming exclusion through inclusive approaches in education: a challenge and a vision. Conceptual paper. Paris, UNESCO, 2003 (http://unesdoc.unesco.org/ images/0013/001347/134785e.pdf, accessed 10 May 2010) . Peters SJ . Inclusive education: An EFA strategy for all children. Washington, 76 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
DC, World Bank, 2004 (http:// siteresources.worldbank.org/EDUCATION/Resourc es/278200-1099079877269/547664-1099079993288/ InclusiveEdu_efa_strategy_for_ children.pdf, accessed 10 May 2010). Providing work placements for disabled students: A good practice guide for further and higher education institutions. London, United Kingdom Department of Education and Science (undated) (www . lifelonglearning .co.uk/placements/placeme1.pdf, accessed 10 May 2010) . Researching our experience: A collection of writings by teachers from Zambia . Manchester, Enabling Education Network (EENET), 2003 (www.eenet.org.uk/resources/ docs/rsrching_experience.pdf, www.mawared . orgaccessed 10 May 2010). Schools for all: including disabled children in education. London, Save the Children UK, 2002 (www. savethechildren.org .uk/en/docs/schools_for_all .pdf, accessed 10 May 2010). Soboh N Promoting inclusive education through child-to-child activities. Manchester, Enabling Education Network (EENET), 1997 (www.eenet .org.uk/resources/docs/ promote.php, accessed 10 May 2010) . Understanding and responding to children’s needs in inclusive classrooms: A guide for teachers . Paris, UNESCO, 2001 (http://unesdoc .unesco .org/ images/0012/001243/124394e.pdf, accessed 10 May 2010) . White paper. Special needs education: building an inclusive education and training system (Section 1 4 1) . Pretoria, South African Ministry of Education, 2001 (www.polity. org.za/polity/govdocs/white_papers/ cover.pdf, accessed 10 May 2010). World Declaration on Education for All. Paris, UNESCO, 1990. (www.unesco.org/ education/pdf/JOMTIE_E. PDF, accessed 10 May 2010) . World review of distance education and open learning. Vancouver, Commonwealth of Learning (annual review with case-studies from a wide range of countries) (www.col .org/ resources/publications/monographs/ worldReview/Pages/default. aspx/volume6 .htm, accessed 10 May 2010) .
ТАҲСИЛОТ ДАР ДАВОМИ ҲАЁТ
77
Барои қайдҳо ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ..........................................................................................................
78
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
Барои қайдҳо .................................................................................................... ................................................................................................... ................................................................................................... ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ........................................................................................................ ....................................................................................................... ....................................................................................................... ..........................................................................................................
79
Барои қайдҳо ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ....................................................................................................... ..........................................................................................................
80
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 3. ҚИСМИ «ТАҲСИЛОТ»
ТОҶИКӢ
МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо
Идоракунии саломатӣ
Кӯдакии бармаҳал
Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила
Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон
Пешгирӣ
Ибтидоӣ
Худшуғлбудан
Кӯмаки тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ
Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Барқарорсозӣ
Ғайрирасмӣ
Асбобҳои ёрирасон
Таҳсил дар давоми ҳаёт
Ҳифзи иҷтимоӣ
Ташкилотҳои маълулон
Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон
Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72
Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.
1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо.
Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.
© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.
Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.
Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.
Қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ» Мундариҷа Муқаддима...................................................................................... 3 Рушди малакаҳо............................................................................13 Бо шуғли даромаднок банд будан.............................................25 Меҳнати кироя...............................................................................39 Хизматҳои молиявӣ......................................................................49 Ҳифзи иҷтимоӣ.............................................................................59
Муқаддима Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ба одамони дорои маълулият ҳамон омилҳое таъсир мерасонанд, ки сабабгори камбизоатии дигар одамон мегарданд, вале онҳо боз ба як қатор маҳдудиятҳои дигар низ рӯ ба рӯ мешаванд. Кӯдакони дорои маълулият дар дастрасӣ ба таҳсилот, ҷавонони дорои маълулият ба омӯзишу маълумоти касбӣ, калонсолон бошанд, ба ҷои кори муносибу арзанда дастрас шудан ба монеаҳо дучор мешаванд. Аз ҳама маҳзункунанда он аст, ки аъзоёни оила ва ҷамоатҳо чунин ҳисоб мекунанд, ки одамони дорои маълулият барои омӯзиши малакаю маҳорат ё кор кардан қобилият надоранд. Меҳнат воситаи наҷот ёфтан аз камбизоатӣ ва қонеъ намудани талаботҳои ҳаётии одамон мебошад. Ҳуқуқи одамони дорои маълулият ба меҳнат дар созишномаҳои байналмилалӣ, ба монанди Конвенсия оид ба табъиз дар соҳаи меҳнат ва шуғл, ки аз тарафи Созмони Байналмилалии меҳнат дар соли 1958 қабул шудааст, (Конвенсияи № 111) (7); Конвенсияи СБМ-и соли 1983 оид ба барқарорсозии касбӣ ва шуғли одамони дорои маълулият (Конвенсия № 159) (2); ва Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият (3) қайд шудаанд. Аммо, ҳуқуқҳои онҳо ба меҳнат бисёр вақт риоя намешаванд ва одамони дорои маълулият ҳангоми кӯшиши дастрасӣ ёфтан ва нигоҳ доштани ҷои кор, ба монеаҳои зиёд дучор мегарданд. Ба воситаи тарғибу раҳнамоии меҳнати занону мардони дорои маълулият, Барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ) метавонанд ба шахсони алоҳида ва аъзоёни оилаи онҳо барои қонеъ намудани талаботҳои ҳаётӣ ва беҳгардонии вазъияти иқтисодию иҷтимоияшон ёрӣ расонанд. Ба назар гирифтани эҳтиёҷот ва ақидаҳои одамони дорои маълулият ва таъмини раванди фарогирии онҳо ба барномаи миллии паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва дигар барномаҳои соҳаҳои рушд, имконияти таҳсилот, азхудкунии малакаҳои меҳнатӣ ва таъминот бо кор низ ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо барои баромадан аз вартаи камбизоатӣ ёрӣ мерасонад. Имконияти дастрасӣ ба манбаъҳои даромад, яке аз омилҳои асосии нест кардани камбағалӣ мебошад. Воситаҳои зиндагӣ, қисми барномаҳои ТСҶ аст, зеро «дастрасӣ доштани ҳам ҷавонон ва ҳам калонсолони дорои маълулият ба имкониятҳои омодагии касбӣ ва меҳнат дар сатҳи ҷамоатҳо хеле муҳим аст» (4). Омӯзиши донишу малакаҳо дар оила аз синну соли барвақтии кӯдакон оғоз мегардад. Кӯдакон, раванди фаъолияти волидон ва дигар аъзоёни оиларо мушоҳида намуда, худ низ, иштирок мекунанд ва иҷроиши ин ё он амалҳоро меомӯзанд: Кӯдакони дорои маълулият низ барои омӯзиш, иштироку саҳмгузорӣ дар ҳаёти оилавӣ бояд рӯҳбаланд карда шаванд. Ҳамин тавр, ба аъзоёни оила, ки дорои маълулият буда, синну солашон қобили меҳнат аст, барои рушди малакаҳо ва инчунин барои оғоз ё аз нав барпо намудани фаъолияти меҳнатӣ, рӯҳбаланд намудан лозим аст. Барномаи ТСҶ, ки дар рӯзномаи он масъалаи рушди малакаҳо ва таъмини ҷавонон ва калонсолони дорои маълулият ба воситаҳои зиндагӣ, дар сатҳи ҷамоатҳо ворид нашуда бошад, нопурра буда, устувории дигар чорабиниҳоро маҳдуд менамояд. Қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ», ва дигар қисматҳои матритсаи ТСҶ бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Алоқаи байни кӯшишҳои тарғибу ташвиқ ва раҳнамоии раванди таъмини воситаҳои зиндагӣ, ки дар доираи барномаи ТСҶ амалӣ мешаванд ва тақвият додани фаъолиятҳо оид ба васеъ намудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, хизматрасониҳои таълимӣ- омӯзишӣ ва имкониятҳои иҷтимоиро, таъмин намудан зарур аст. Шахси дорои маълулият бояд солим бошад ва барои таъмини МУҚАДДИМА 3
фаъолиятнокӣ ба ӯ мумкин аст, дар оянда воситаҳои ёридиҳанда лозим шаванд. Имкониятҳои дастрасӣ ба ёфтани ҷои кор дар оянда, барои кӯдакон ва ҷавонони дорои маълумоти ибтидоӣ ва миёна, инчунин малакаҳои касбӣ дошта, хеле баланд мешаванд. Ҳамин тавр, ҷавони дорои маълулият, ки кор мекунад ҳуқуқу имкониятҳои нисбатан васеътар ва қобилияти қонеъ гардонидани талаботҳои ҳаётии худ ва оилаашро дошта, дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷамоати худ низ фаъолона иштирок менамояд.
ЗАМИМАИ 1
Давид барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии одамони дорои маълулият ёрӣ мерасонад Давид ба фалаҷи кӯдакӣ мубтало шуда, маълул гардидааст. Падараш бо сабаби маълулият аз кӯдак даст кашид, аммо модар барои фиристодани писараш ба мактаб истодагарӣ намуд. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ва мактаб-интернати шаҳри Кампала, пойтахти Уганда Давид ба коллеҷи васоятӣ дохил шуда, соҳиби шаҳодатномаи муҳосиб ва котиб гардид. Давид бисёр мехост, ки барои рушду нумӯи одамони дорои маълулият дар зодгоҳаш Масака ёрӣ расонад, вале вай имконияти расидан ба ин мақсадашро чун ҳисобчии шӯъбаи муҳосибот дар Кампала, намедид. Бинобар ин, вай даври омӯзишии таҳсилоти дистансиониро (таҳсилот ба воситаи мукотиба ё интернет) дар донишгоҳи Макерере, ки аз тарафи созмони маҳаллии ғайридавлатӣ маблағгузорӣ карда мешуд, хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати мутахассиси соҳаи байторӣ гардид. Соҳибкасб шуда, Давид соҳибкори хусусии байторӣ дар Масака гардид ва ба сафарбарнамоии одамони дорои маълулият оғоз намуд. Вай ба ноҳияҳои деҳотии музофоти худ сафар намуда, оилаҳоеро, ки дар онҳо одамони дорои маълулият буданд, муайян мекард. Вай на ба шахсони алоҳида, балки маҳз ба тамоми оила такя менамуд, чунки ҷалби тамоми оила имконият медиҳад, ки ба аъзои дорои маълулият, на ҳамчун бори гарон, балки ҳамчун қисми дороии оила муносибат намоянд. Давид ба парвариши зотҳои хубу сифатноки гов, буз, хук ва мурғи марҷон оғоз намуд ва ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо усулҳои самараноки чорводориро омӯзонд. Ӯ ба ин оилаҳо ҳайвонҳоро бо шарте медод, ки онҳо ба ӯ насли аввалро бармегардонанд, ки ӯ онро баъд ба дигар оилаҳо тақсим менамуд. Давид тез фаҳмид, ки барои омӯзонидани усулҳои пешқадами чорводорию паррандапарварӣ ба одамон ягон хоҷагии намунавӣ ва маркази таълимии хуб таҷҳизонидашуда, ки дар он одамон метавонанд барои гузаштани даври омӯзишӣ бевосита ба якчанд рӯз биёянд, лозим аст. Имрӯз дар фермаи намунавии ӯ говҳои фризианӣ, бузҳо ва хукҳои дурагашуда ва инчунин, мурғи марҷон ва мурғҳои хушзот, ки дар молхона ва мурғхонаҳои хуб таҷҳизонидашуда нигоҳ дошта мешаванд, ҳастанд. Дар шаҳри Кавул Давид Асотсиатсияи одамони дорои маълулият ва оилаи онҳоро таъсис дод. Пас аз 10 сол он дорои 500 аъзо шуд. Ҳамаи онҳо ҳаққи аъзогии ночизро, ки манбаи асосии даромади асотсиатсия мебошад, пардохт менамоянд. «Ман мехостам, ки бо таҷрибаи шахсии худ ба имкониятҳои маҳдуд, қолабӣ ва табъиз «не» гӯям», нақл менамояд Давид. «Ман мехостам исбот намоям, ки дар ноҳияҳои деҳотии Уганда рушди воқеии иштироки одамони дорои маълулият мумкин аст. Одатан ба одамони дорои маълулият агар умуман чизеро омӯзонанд, пас ҳунармандиро меомӯзонанд, вале дар минтақаҳои деҳотӣ бозори ҳунарҳои косибӣ хеле маҳдуд аст. Ман чунин фикр мекардам, ки ягона фаъолияти имконпазири таъмини воситаҳои зиндагӣ ин барпо намудани хоҷагии фермерӣ, махсусан соҳаи чорводорӣ мебошад». 4 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Уганда
Мақсад Шахсони дорои маълулият бо воситаҳои зиндагӣ таъмин буда, ба хизматрасониҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастрасанд. Онҳо барои бурдани ҳаёти арзанда даромади кифоя дошта, аз ҷиҳати иқтисодӣ ба оила ва ҷамоатҳои худ саҳмгузорӣ мекунанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаи ТСҶ аз раҳнамоии раванди дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо ба омӯзишу азхудкунии малакаҳо ва таъмини воситаҳои зиндагӣ, ки иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷамоат ва имконияти татбиқи қобилиятҳояшонро осон мегардонад, иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият ба имконияти рушди малакаҳо ва омӯзиш, ки тамоми умр истифода мебаранд дастрасанд. • Волидони кӯдакони дорои маълулият барои дастрасии онҳо ба таҳсилот, азхудкунии малакаҳо ва имкониятҳои шуғл, тарғибот мебаранд. • Одамони дорои маълулият ба имконияти меҳнати арзандаи бе табъиз дар муҳити бехатар ва орӣ аз истисмор дастрасанд. • Одамони дорои маълулият аз хизматрасониҳои молиявии хурд истифода мебаранд. • Занҳои дорои маълулият бо мардон дар соҳаи меҳнат ва шуғл аз имкониятҳои баробар баҳраваранд. • Оилаҳои одамони дорои маълулият, хусусан кӯдакон ва шахсони дорои навъҳои мураккаби маълулият аз воситаҳои беҳтари зиндагӣ истифода мебаранд. • Ҳамаи стратегияҳо ва барномаҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, одамони дорои маълулият ва оилаи онҳоро фаро гирифта ба онҳо манфиат мерасонанд. • Меҳнати одамони дорои маълулият сазовори эҳтиром ва аз тарафи роҳбарон ва аъзоёни ҷамоатҳо эътироф карда шудаанд. • Мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ чораҳои сиёсиро оид ба васеъ намудани дастрасии одамони дорои маълулият ба меҳнат, татбиқ ва амалӣ менамоянд. • Одамони дорои маълулият ба воситаҳои ҳифзи иҷтимоӣ чун чораҳои ҳуқуқӣ дастрасанд.
ЗАМИМАИ 2 Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, моддаи 27 Меҳнат ва шуғл (3). «Давлатҳо – иштирокчиён, ҳуқуқи одамони дорои маълулиятро ба меҳнат дар асоси баробарӣ бо дигарон эътироф менамоянд; ба ин ҳуқуқи ба даст овардани воситаҳои зиндагӣ бо меҳнате, ки одами дорои маълулият онро аз бозори меҳнат озодона интихоб намудааст ё озодона ба он розӣ шудааст ва муҳити кории озод, фарогир ва барои одамони дорои маълулият дастрасро дар бар мегирад. Давлатҳо –иштирокчиён бояд ҳуқуқ ба меҳнатро, ки дар конвенсия кафолат дода шудааст, аз ҷумла барои шахсони ҳангоми фаъолияти меҳнатияшон маълулият гирифта, ба воситаи андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла бо тартиби қонунгузорӣ татбиқу ташвиқ намоянд.
МУҚАДДИМА
5
Мафҳумҳои асосӣ Меҳнат Меҳнат, фаъолияти муҳими ҳаёти инсон аст. Он ба дастгирии шахси алоҳида, оила ва хонаводаҳо ба воситаи таъмин намудани хизматрасониҳо ё маводҳо ба оила, ҷамоат ва ҷомеа дар умум ёрӣ мерасонад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки меҳнат барои иштироки иқтисодию иҷтимоӣ, ки ҳисси эҳтиромро нисбати малакаҳои татбики қобилият ва қурбу манзалати шахсро баланд менамояд, имконият фароҳам меоварад. Намудҳои зиёди меҳнат мавҷуданд. Масалан: • • • • • • • меҳнати хонагӣ; меҳнат дар фаъолияти соҳибкории оилавӣ; фаъолияти шахсии меҳнатӣ дар соҳаи истеҳсолот, хизматрасониҳо ё савдо; истеҳсолоти хурди шахсӣ ё корхонаи гурӯҳии хурд; меҳнати музднок барои ягон нафари дигар дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ; меҳнати кироя дар Созмони давлатӣ, хусусӣ ё ширкат дар иқтисодиёти расмӣ; намудҳои фаъолияти меҳнатии пардохтшаванда дар муҳити мутобиқшуда ё истеҳсолотҳои махсусгардонидашуда.
Меҳнат фаъолияти ҷисмонӣ ё фаъолияти пурра фикрӣ мешавад. Он метавонад малакаҳои ками техникӣ ё малакаҳои баланди касбиро талаб намояд. Баъзе намудҳои меҳнат ба истеҳсоли маҳсулоти анъанавии оилавӣ ё дигар намудҳои фаъолият, ки ба таъмини воситаҳои зиндагӣ равона шудаанд, такя менамоянд: баъзе фаъолиятҳо дар асоси технологияҳои нав ба роҳ монда мешаванд. Рушди технологияҳои муоширатӣ, ба монанди истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва компютерҳо, имкониятҳои фаъолияти меҳнатии одамони дорои маълулиятро васеъ менамояд, хусусан шахсоне, ки як ё якчанд навъҳои маълулияти вазнин доранд.
Меҳнати сазовор Ба одамон на ҳамаи намудҳои меҳнат маъқуланд; бояд фарқи байни меҳнати сазовору арзанда ва меҳнате, ки одамро истисмор намуда, камбизоатиро абадӣ ва қурбу манзалати ӯро паст мезанад, дуруст муайян карда шавад. Меҳнати сазовор – ин меҳнате мебошад, ки ҳиссиёти шахсӣ ва қурбу манзалати инсонро паст назада, балки баланд менамояд. Созмони Байналмилалии меҳнат меҳнати сазоворро чунин тавсиф додааст:
6
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
ЗАМИМАИ 3
Меҳнати сазовор: тавсифи муайяннамудаи Созмони Байналмилалии меҳнат «Меҳнати сазовор шакли ҷамъбасткардаи ормонҳои одамонро оид ба ҳаёти меҳнатиашон инъикос менамояд. Ба он имконият барои меҳнати самаранок, ки даромади кофӣ медиҳад; бехатарӣ дар ҷои кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ба хонаводаҳо; пешбинии дилпурона барои рушди шахсият ва ҳамбастагии иҷтимоӣ; озодӣ ба одамон барои ифшои нуқтаи назар ва ташвишҳои худ, таҳия ва иштирок дар қабули қарорҳое, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонад; ва инчунин, баробарии имконияту муносибат ба ҳама, ҳам мардон ва ҳам занон» дохил мешавад. (5). Норасоии ҷойҳои корӣ ин чунин маъно дорад, ки қисми зиёди камбизоатон аз имконияти интихоби роҳҳои дарёфти воситаҳои зиндагӣ маҳруманд ва иҷборан ба шароитҳои меҳнати ноодилона, розӣ мешаванд.
Дастрасии муҳити берунӣ Дастрасӣ ба муҳити беруна, яке аз монеаҳои ҷиддӣ барои одамони дорои маълулият дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, эътироф шудааст: дастнорас будани нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойҳои корӣ ва воситаҳои алоқа маънои онро дорад, ки ба одамони дорои маълулият барои расидан ба мавзеи кор ва иҷро намудани вазифаҳои худ шояд имконнопазир бошад.
Барпо намудани муҳиту воситаҳои мувофиқ «Барпо намудани муҳиту воситаҳои мувофиқ», ин мутобиқсозии ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва ҷои кор бо мақсади раҳнамоии раванди фаъолияти кории одамони дорои маълулият мебошад. Ба он мумкин аст, мутобиқсозӣ ва тағйирдиҳии мошину таҷҳизот, мазмуни кор, вақти корӣ ва ташкили он, инчунин мутобиқсозии муҳити корӣ зарур бошад Аксари одамони дорои маълулият ба ягон шакли чорабиниҳои мутобиқшавӣ мӯҳтоҷ нестанд. Барои онҳое, ки ба чунин чораҳо ниёз доранд, мумкин аст ин арзон ва осон бошад: масалан, сохтани пандус (раҳравҳои махсус барои аробачасаворон) танзими курсии нишаст, масалан баландтар кардани он, дароз намудани давраи омӯзишу шогирдӣ ё дигаргун намудани соатҳои корӣ. Дигар шаклҳои мутобиқсозӣ мумкин аст гаронтар бошад, масалан, харидани барномаи хондани мавод дар экран барои одамони дорои маълулияти биноӣ.
Интихоби шахсӣ ва вазъу шароити маҳаллӣ Бисёр вақт ба одамони дорои маълулият шаклҳои қолабии (стереотипии) меҳнатро пешниҳод менамоянд, масалан бофтани сабад ба одамони дорои маълулияти биноӣ ва кори дуредгарӣ ба одамони дорои маълулияти шунавоӣ, новобаста аз он, ки онҳо бо ин шуғл шавқмандӣ доранд ё не омӯзонда мешуданд. Вале, одамони дорои маълулият шавқҳо, қобилиятҳо ва хоҳишҳои гуногун доранд ва ба монанди одамони дорои маълулият набуда ҳуқуқи интихоби ҳама намуди фаъолиятро доранд. Интихоби онҳо аз шароити зиндагии онҳо, инчунин, баъзан аз сатҳу шакли маълулияташон низ вобастаанд. Шароитҳо метавонанд, ки хеле зиёд, аз он вобаста бошанд, ки инсони мушаххас дар куҷо зиндагӣ мекунад, дар деҳот, шаҳраки МУҚАДДИМА 7
маркази ноҳия ё дар шаҳри калон, инчунин вобаста аз он, ки дар ҷои зисти ӯ кадом соҳаи иқтисодиёт бартарӣ дорад – расмӣ ё ғайрирасмӣ.
Иқтисодиёти расмӣ ва ғайрирасмӣ Иқтисодиёти расмӣ аз тарафи давлат танзим карда мешавад ва аз шуғл дар соҳаи давлатӣ ва хусусӣ иборат аст, ки дар онҳо кормандон аз рӯи шартнома ба кор гирифта мешаванд, музди кор ва имтиёзҳо, ба монанди таъминоти нафақавӣ ва суғуртаи тиббӣ мегиранд. Иқтисодиёти ғайрирасмӣ соҳаи танзимнашавандаи хоҷагии халқ мебошад. Вай истеҳсоли майдаи хоҷагии қишлоқ, савдогарони хурд, корхонаҳои хонагӣ, корхонаҳои хурд бо якчанд кормандон ва фаъолияти дигари ба ин монанди сершуморро фаро мегирад. Дар бисёр давлатҳои сатҳи даромадашон паст, қисми зиёди аҳолии меҳнаткаш дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ банданд. Иқтисодиёти ғайрирасмӣ назар ба иқтисодиёти расмӣ ба одамони дорои маълулият, имкониятҳои нисбатан васеи шуғл ва таъмин буданро бо ҷойҳои корӣ пешниҳод менамояд. Дар баробари ин, дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ одатан қонунгузории зидди табъиз истифода бурда намешавад. Бо ҳамин сабаб, таъминот ба ҷои кор дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ, интихоби (ҳуқуқии автоматикӣ) ҳатмӣ ҳисоб карда намешавад ва аз одамони дорои маълулият ва аз шахсоне, ки бо онҳо кор мекунанд, дар ҳамдастӣ фаъолият намудан бо истифода намудани стратегияҳои дар дастури мазкур оварда тавсия дода мешавад.
Ноҳияҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ Ҷои зисти одамон аз рӯи андозаашон аз шаҳрҳои калон дар як гӯшаи мамлакат то деҳаҳои дурдасти хурд дар тарафи дигари он буда метавонад. Дар фосилаи байни онҳо қишлоқҳои калон, деҳаҳои типи шаҳрӣ, шаҳракҳои хурд, маҳалҳои нообод, ки қисми агломератсияи шаҳриро ташкил медиҳад ва атрофи шаҳр, минтақаҳои сераҳолӣ, ки на ҳама вақт ба таркиби маҳалҳои калон ё шаҳрҳо дохил мешаванд, воқеъ мебошанд. Дар дастури мазкур мафҳуми «шаҳрӣ» маънои «ба шаҳрҳои хурд ё калон ё ба атрофи онҳо дахлдор»-ро ифода менамояд, «деҳотӣ» бошад маънои «ба деҳаҳои одатан хурд дахлдор ва асосан вобаста ба хоҷагии қишлоқ»-ро дорад. Имкониятҳо барои гирифтани даромад дар ноҳияҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ ба таври қатъӣ фарқ мекунанд. Дар ноҳияҳои шаҳрӣ намудҳои гуногуни шуғл, ҳам дар сохтори расмӣ ва ҳам дар сохтори ғайрирасмӣ мавҷуд аст. Дар ноҳияҳои деҳотӣ, дар ҷое, ки иқтисодиёт ба истеҳсолоти аграрӣ такя менамояд, имконияти ёфтани ҷои кор хеле кам аст.
Арзиши маҳрумсозӣ Маҳрумсозии одамони дорои маълулият аз фаъолияти меҳнатӣ хароҷоти гаронарзиши молиявиро ба дӯши аъзоёни оила, ҷамоат ва дигар шахсону созмонҳои дастгирӣ ва нигоҳубини онҳоро ба ӯҳда дошта мегузорад, аз ҷумла қисми зиёди хароҷотҳо сарбории молиявии системаи таъмини некӯаҳволӣ ва ёрии иҷтимоиро зиёдтар мекунад. Чунин маҳрумсозӣ маънои гум кардани ҳаҷми калони маҳсулот ва даромадро дорад ва ҷуброну бартараф намудан, он маблағгузории иловагиро талаб мекунад. 8 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Таҳсил дар давоми тамоми умр Таҳсилот ва азхудкунии малакаҳо чизе нест, ки танҳо дар давраи кӯдакӣ ба амал меояд. Ҳам барои кӯдакон ва ҳам калонсолони дорои маълулият таҳсилоти давомнок ва такмили ихтисоси мунтазам бо мақсади созмон додан, пурқувватгардонӣ ва рушди воситаҳои зиндагӣ хеле муҳим аст, ки таҳсилро қатъ накарда, малакаҳоро такмил диҳанд. Зарурати таҳсилот барои ҳаёт ё таҳсилоти пай дар пай мафҳумест, ки ҳоло онро чун таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт ном мебаранд. Аҳамияти таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт, махсусан таҳсилоти ғайрирасмӣ дар муҳити гуногун барои одамони дорои маълулият, ки кӯшиши дарёфти воситаҳои ҳаётро доранд аз таҳсилоти расмӣ камтар нест. Ба курсҳои омӯзишӣ чун саҳмгузорандагон ба таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт нигоҳ кардан лозим аст, на ба маъракаи якмаротибаина. Ин ба ҷамоатҳо дар ҳар як сатҳҳои рушд тааллуқ дорад. Дар деҳаҳои қашшоқ ва маҳалҳои шаҳрии нообод омӯзишу саводбарории одамони калонсол воситаи асосии рушди ҳаёт аст; ин имкониятро на танҳо бо мақсади таълими хониш ва хатнависӣ истифода бурдан мумкин аст, балки барои он, ки онҳо оид ба маводи азхудкардаашон фикри худро баён намоянд ва вазъияту шароити зиндагии худро таҳлил намоянд. Дар тамоми ҷамоатҳо раванди ташкил намудани гурӯҳҳо ҳам барои одамони дорои маълулият ва ҳам дорои маълулият набуда дар рушду такомули маданияти таҳсилот дар давоми тамоми ҳаёт нақши муҳимро мебозад (ниг. Ба қисмати «Маориф»).
Дар маркази диққат доштани тамоми оила ва ҷамоат Дорои ягон навъи маълулият будан ин масъалаи инфиродӣ нест; он инчунин, ба тамоми оила ва ҷамоат низ таъсир мерасонад. Оилаҳои ҷамоатҳои камбизоат одатан ба шарофати якчанд манбаъҳои даромад умр ба сар мебаранд. Аъзои оила, ки дорои маълулият аст, метавонад ба ҳаёти оила ва некӯаҳволии он саҳм гузорад. Бинобар ин, ҳангоми фаъолиятҳои ба таъмини воситаҳои зиндагӣ вобаста бояд тамоми оила дар мадди назар гирифта шавад.
Серталабӣ нисбати худ ва истифодаи намунаи ибрату пайравӣ Баъзе одамони дорои маълулият дар сатҳи ғайри қобили қабули нобоварӣ ва камталабӣ нисбати худ қарор доранд. Онҳо аксар вақт, назди худ мақсадҳое ме гузоранд ё худро ба касбу коре банд месозанд, ки аз иқтидори шахсиашон пасттар аст ва ин бо сабаби тасаввуроти нопурра оид ба имконияту қобилиятҳо ва ба кадомҳо корҳо қодир будани худ доштан рух медиҳад. Ба ин нигоҳ накарда, дар ҷамоатҳо одамони дорои маълулият зиёданд, ки ба маҳдуд будани имкониятҳояшон диққат надода, дар татбиқи имконияту иқтидори худ хеле муваффақанд; чунин одамонро ҳамчун намунаи ибрат ва пайравӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шавқу рағбат ва боварии дигар одамони дорои маълулият истифода бурдан мумкин аст.
Бобҳои қисмати мазкури дастур. Рушди малакаҳо Барои кор кардан, доштани малакаҳо шарти асосианд. Чор намуди малакаҳо мавҷуд аст: малакаҳои заминавӣ; малакаҳои техникӣ ва касбӣ; малакаҳои идоМУҚАДДИМА 9
ракунии бизнес ва малакаҳои асосии ҳаётӣ. Малакаҳои номбурдаро дар доираи фаъолияти анъанавӣ ва таҳсил, дар марказҳои омӯзиши касбӣ ва чун фаъолияти шогирдӣ дар сатҳи ҷамоатҳо соҳиб шудан мумкин аст. Мавҷудияти ҳамаи чор намуди малакаҳо барои бомуваффақият ёфтани кори арзанда ва гирифтани даромад имконияти бештар фароҳам меоварад. Ба барномаҳои ТСҶ зарур аст, ки имкониятҳои мавҷударо бо мақсади ба одамони дорои маълулият омӯзонидани ҳамаи чор навъи малакаҳо муайян ва татбиқ намоянд.
Фаъолияти соҳибкорӣ Фаъолияти соҳибкорӣ барои одамони дорои маълулият дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст имконияти асосии бозёфт кардани воситаҳои зиндагонӣ мебошанд. Фаъолиятҳои соҳибкорӣ истеҳсоли маҳсулот, хизматрасонӣ ва савдои онро дарбар гирифта, метавонад хусусӣ ё дастаҷамъона бошад, дар реҷаи вақти кории пурра ё нопурра амалӣ шуда, ноҳияҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ, сохторҳои расмӣ ё ғайрирасмиро дарбар гирад. Фаъолияти соҳибкорӣ ба миқдори зиёди занону мардони дорои маълулият музди меҳнатро таъмин менамояд, инчунин барои расонидани ёрии иқтисодӣ ба оила ва ҷамоат имконият фароҳам меоварад. Барномаҳои ТСҶ дар дастгирии одамони дорои маълулият барои соҳибкор шудан ва дастрас намудани даромад, ба воситаи оғоз намудан ё васеъ намудани фаъолиятҳои соҳибкории хурд нақши муҳим доранд.
Меҳнати кироя Меҳнати кироя, ин ҳар намуди меҳнат мебошад, ки барои шахси дигар, ташкилот ё корхонаҳо иҷро мегардад ва мунтазам, мутобиқи созишномаи шифоҳӣ ё хаттӣ, пардохт карда мешавад. Одатан онро дар иқтисодиёти расмӣ истифода менамоянд, аммо онро дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ низ вохӯрдан мумкин аст. Одамони дорои маълулият ҳангоми кӯшиши ёфтани меҳнати кирояи арзанда, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Ба ин нигоҳ накарда, дар бисёр корхонаҳо тамоюлҳои умедворкунанда дида мешаванд: соҳибкорон фаъолона кӯшиш менамоянд, одамони дорои маълулиятро ба кор гиранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанддар бартараф ё кам намудани монеъаҳо дар роҳи меҳнати кироя ёрӣ расонанд.
Хизматрасониҳои молиявӣ Одамони дорои маълулият ба монанди дигар одамони маълулият надошта, ба хизматрасониҳои молиявӣ ниёз доранд, то соҳибкории худро оғоз ё инкишоф диҳанд ва умуман, ҳаёти худро идора намоянд. Вақте, ки сухан махсус, дар бораи қарзҳо ва талаботи мизоҷон ба қарз меравад, истилоҳи қарзи хурд (микрокредит) истифода бурда мешавад, истилоҳи микромолиявӣ бошад, маҷмӯи калонтари хизматрасониҳои молиявиро дар бар мегирад, масалан, пасандозҳои амонатӣ, суғурта, қарз барои манзил ва интиқоли маблағҳо. Барномаҳои хурди қарздиҳӣ аз тарафи кооперативҳо, бонкҳои деҳотӣ, ассотсиатсияҳои амонатӣ ва қарздиҳӣ, гурӯҳҳои худёрирасон, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилоти қарздиҳии хурд истифода бурда мешаванд. Дар сатҳи ҷамоатҳо гурӯҳи худёрирасон бо номи «Ассотсиатсияи пасандозҳои баргарданда ва қарзӣ» машҳур аст, аҳамияти муҳим дорад; дар як қатор мамлакатҳои дигар низ сохторҳои монанд мавҷуданд, (ҳарчанд зери дигар номҳо фаъолият кунанд ҳам,) ва аз ҳамин муносибат истифода менамоянд. Дар доираи гурӯҳҳои ёрирасон аъзоён ҳар ҳафта ё ҳар 10 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
моҳ ихтиёрӣ маблағи начандон калонро ба «деги» умумӣ ворид намуда, баъд ин маблағҳоро бо роҳи пардохти қарзи яквақта ё грант ба ҳар як иштирокчии гурӯҳ бо навбат тақсим менамоянд. Чунин система ба пурқувват намудани интизоми пасандозҳо мусоидат намуда, сатҳи эътимоднокию худбаҳодиҳии аъзоёнаш низ ба таври назаррас баланд мегардад. Ҳифзи иҷтимоӣ Чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ бояд Системаи таъмини бехатарии иқтисодиро пешниҳод намоянд, ки он одамонро аз қашшоқӣ, пастшавӣ ё гум кардани манбаъи даромад бо сабаби беморӣ, маълулият ё синну соли пирӣ ҳимоя намоянд. Одамони дорои маълулият чун одамони дорои маълулият набуда ба ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, ки ба ҳамаи одамон пешниҳод мегардад. Вале, азбаски онҳо ба гурӯҳҳои камбизоат ва бештар осебпазир (истисношуда) дохиланд, ба таври эътимоднок бояд ба тамоми барномаҳои дастгирии иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ёрии расмӣ аз тарафи давлат, созмонҳои калон, инчунин, чорабиниҳои ғайрирасмии дар сатҳи ҷамоатҳо пешниҳодшавандаро дар бар мегиранд. Ба чорабиниҳои расмӣ, барномаҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ барои гурӯҳҳои осебдида дар умум ва чораҳои новобастаи ба афроди алоҳида бахшида, ба монанди ёрии молиявӣ дохил мешаванд. Чораҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи ҷамоатҳо аз тарафи созмонҳои дар сатҳи ҷамоатҳо фаъолияткунанда ва махсусан гурӯҳҳои худёрирасон татбиқ карда мешаванд.
МУҚАДДИМА
11
ЗАМИМАИ 4
Лаҳзаи муҳими тағйирот дар ҳаёти Имад
Фаластин
Имад, аз шаҳри Яттаи музофоти Хеврони Фаластин, дар синни 13 солагӣ дар натиҷаи осеби сутунмӯҳра ба фалаҷи андомҳои поён гирифтор шудааст. Вай хоҳиши худро барои дастрас кардани маълумоти олӣ ё орзӯҳояшро ба монанди ҳамсинфон ва дигар рафиқонаш аз сабаби монеъаҳои иҷтимоӣ ва камбизоатии оила амалӣ карда натавонист. Барномаи ТСҶ бори аввал бо Имад дар соли 1994, ҳангоми гузаронидани арзёбии вазъият дар ҷамоати Ятта дар тамос шуд. Ҳамон вақт шароити зисти ӯ хеле вазнин буд. Хонаи падар ба талаботҳои ӯ мутобиқкарда набуданд ва ба иштироки ӯ дар чорабиниҳои оилавӣ ё дар сатҳи ҷамоат монеъ мешуданд. Вай имконият надошт, ки ба шаҳр баромада, гаштугузор намояд, бо одамони гуногун ошноӣ ва алоқа барқарор намояд, то ин ки ба омӯзиш ва имконияти ба ҷои кори мувофиқ, ки ба ӯ воситаҳои зиндагӣ ва мустақилият медиҳад, дастрас шавад. Кормандони барномаи ТСҶ Имадро бо аробача барои ҳаракат таъмин намуда, дар хонааш дигаргуниҳои зарурӣ, ба монанди аз нав таҷҳизонидани ҳоҷатхона гузарониданд. Ба онҳо инчунин, бо ёрии шӯрои шаҳрӣ ва созмонҳои маҳаллӣ хонаро бо кӯчаи калон пайваст намудан муяссар шуд. Баъди ин, ҳаёти Имад дигаргун шудан гирифт. Вай малакаҳои гуногун, аз дӯхтан сар карда, то омӯзиши компютерро азхуд намуд ва роҳбари иттифоқи одамони дорои маълулияти фаластинӣ дар шаҳри худ гардид. Баъдтар вай ҳамоҳангсозии лоиҳаи тавонбахшии одамони дорои маълулият дар шаҳри Яттаро ба ӯҳда гирифт. «То он лаҳзае, ки ман аз фаъолияти барномаи ТСҶ огоҳ набудам, – мегӯяд Имад, ман худро афсурдаҳол ва фаромӯшшуда ҳисобида, нисбати худ дилпурӣ ва боварӣ надоштам. Вале, имрӯз, ба ҳамаи мушкилоту монеаҳо нигоҳ накарда, ман ҳаёти мӯътадил дорам ва ҳатто барои одамони чун ман дорои маълулият, намунаи ибрату пайравӣ шудаам. Мавҷудияти маълулият иродаи маро суст накарда, баръакс бештар устувор намуд». Ҳоло (дар соли 2010) Имад 39 сола ва муҷаррад аст ва бо ҳамроҳии модару, бародар ва ду хоҳараш дар шароити мушкили иҷтимоию иқтисодӣ зиндагӣ мекунад, аммо музди меҳнати ӯ ба некӯаҳволии тамоми оила таъсир мерасонад. Имад се сабаби асосии муваффақияти худро номбар менамояд: • ба даст овардани дилпурӣ ва дарки ҳуқуқҳо бо шарофати фарогирӣ ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ; • дастрасӣ ба воситаҳои ёридиҳанда ва мутобиқкунии муҳит берунӣ, ки ҳаёти ӯро осон намуда ҳолати моддии оила ва баланд намудани сатҳи зиндагӣ; • дастрасӣ ба маводҳои кӯмакрасон ва мутобиқшавӣ ба муҳити беруна, ки шароити зиндагониро осон мекунад;
12
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Рушди малакаҳо Муқаддима Барои иштирок дар фаъолиятҳои ба худтаъминкунӣ вобаста, одамони дорои маълулият ба малакаҳо ниёз доранд. Аммо, аввал онҳо бо як қатор монеаҳо дучор мешаванд, зеро, мумкин аст аъзоёни оилаҳо ё ҷамоат дар чунин ақида бошанд, ки одамони дорои маълулият барои ҷалб шудан ба фаъолиятҳои таъмини воситаҳои зиндагӣ қобилият надоранд. Бисёр вақт одамони дорои маълулият ба таҳсилоти ибтидоӣ дастрасӣ надоранд ва ин онҳоро аз имконияти ҷалб шудан ба таҳсилоти касбӣ маҳрум месозад. Чунин маҳдудиятҳо бисёр вақт сабабгори маҳрумият аз малакаҳои меҳнатӣ ва паст шудани эътимоду дилпурии одамони дорои маълулият нисбати худ мегардад. Барои муваффақ будан дар кор як қатор маҳорату малакаҳо заруранд. Ба он: малакаҳои заминавӣ, ки дар раванди омӯзиш ва ҳаёт дар оила ба даст меоянд; малакаҳои техникӣ ва касбӣ, ки ба инсон имконияти иҷро намудани ягон кору вазифаи махсус ва малакаҳои корчаллонӣ, ки барои дастрас намудани ҷои кори сазовор мусоидат мекунанд, инчунин малакаҳои асосии ҳаётӣ аз ҷумла муносибат, дониш ва сифатҳои шахсӣ заруранд.
Мақсад Одамони дорои маълулият дониш, муносибат нисбати муҳит ва вазъияти атроф ва малакаҳои барои меҳнат заруриро соҳибанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз пурқувватгардонии одамони дорои маълулият барои дастрас шудан ба ҷои кори сазовор ва ташвиқу раҳнамоии раванди дастрасӣ ба дониш ва малакаю муносибати мувофиқ иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Ҷавонон ва калонсолони дорои маълулият, аз як қатор имкониятҳои дастрас намудани малакаҳои ба талаботи бозор ҷавобгӯй, ҷои кори сазовор (кори кироя бо маоши хуб ё соҳибкорӣ) фаъолона истифода менамоянд. • Занону духтарони дорои маълулият аз имкониятҳои баробари рушди малакаҳо бо ҷавонписарон ва мардон баҳраваранд. • Таъминкунандагони асосии рушди малакаҳо ва омӯзиши касбӣ усулу таҷрибаҳоеро истифода мебаранд, ки одамони дорои маълулият бемалол аз онҳо истифода менамоянд. • Одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои дастгирикунанда ба монанди, раҳнамоии раванди интихоби касби мувофиқ, муайянкунии ҷойҳои кории ба касб мувофиқ, воситаҳои ёрирасон ва таҷҳизоти мутобиқкардашуда таъмин буда, аз онҳо истифода менамоянд. • Одамони дорои маълулият аз имкониятҳои такмили малакаҳое, ки барои пешравӣ дар кор заруранд, истифода мебаранд. РУШДИ МАЛАКАҲО 13
ЗАМИМАИ 5
Ҳиндустон
Таълими малакаҳои асосии ҳаётӣ дар Миссияи зидди бемории ҷузом Дар Ҳиндустон Марказҳои омӯзиши касбӣ аз тарафи Миссияи зидди бемории ҷузом ташкил шудаанд, ки барои ҷавонони гирифтори бемории ҷузом номгӯи васеи малакаҳои техникиро ба монанди таъмир ва хизматрасониҳои техникии нақлиёт, дӯхтани либос, кафшергарӣ, таъмири воситаҳои электрикӣ, таъмири таҷҳизоти радио – ва телевизион, гилемчабофӣ, чопи офсетӣ ва кори компютерӣ таълим медиҳанд. Хонандагоне, ки малакаи татбиқи касбҳоро аз худ намуданд, ба шаҳодатнома сарфароз карда мешаванд, ки аз тарафи давлат эътироф шудааст. Ба ғайр аз ин, марказҳо ба рушду таълими дигар малакаҳо, махсусан дар соҳаи идоракунии корхона ё тиҷорати хурд ва малакаҳои асосии ҳаётӣ диққати хеле ҷиддӣ медиҳанд. Барномаи омӯзишии малакаҳои асосии ҳаётӣ се самтро дар бар мегиранд: рушди сифатҳои шахсӣ, малакаҳои худмуҳофизатӣ ва малакаҳои идора намудани таниши асаб (стресс) ва мувофиқатӣ ба ҷои кор. Ба мафҳуми «сифатҳои шахсӣ» малакаҳои худбаҳодиҳӣ, рушди шахсият, тафаккури мусбӣ, ҳавасмандӣ, муайян намудани мақсадҳо, бартараф намудани мушкилиҳо, қабули қарорҳо, идоракунии вақти шахсӣ ва идоракунии таниши асаб (стрессҳо) дохил мешаванд. Малакаҳои идора намудани таниши асаб (стресс) аз бартараф намудани майли табиӣ (инстинкти) ҷинсӣ, шармгинӣ, танҳоӣ, рӯҳафтодагӣ, тарс, ғазаб, сирояти ВНМО/БПНМ, майпарастӣ, ноӯҳдабароӣ, муносибати танқидӣ, низоъ ва дигаргуниҳо иборат мебошанд. Масъалаи мувофиқатӣ ба ҷои кор малакаҳои зеринро дар бар мегирад: пешоҳангӣ, кор карда тавонистан дар гурӯҳҳо, муайян, таҳқиқ ва таҷриба намудани имкониятҳои беҳтарини касб ва муҳити корӣ барои худ. Малакаҳои асосии ҳаётӣ бо се усул таълим дода мешавад: а) бо усули истифодаи реҷаи рӯз, ки риоя намудани тартиби муайяни фаъолиятҳоро ба монанди барвақт аз хоб хестан, риояи гигиенаи шахсӣ ва муҳити зиндагӣ, дақиқкорӣ ва масъулиятнокӣ, пешоҳангӣ ва ғамхорӣ нисбати дигаронро меомӯзонад; б) дар мисоли намунаҳои ибрат ва таҷрибаи кормандони марказ; в) бо усули ҳар ҳафта гузаронидани омӯзишҳо. Зиёда аз 95% хатмкунандагони марказҳои омӯзишӣ бо ҷои кор таъмин мешаванд. Чунин муваффақшавӣ бо се сабаб шарҳ дода мешавад. Якум, корфармоён номзадонеро интихоб менамоянд, ки ҳисси масъулиятнокиашон дар сатҳи баланд қарор дорад ва онҳо медонанд, ки хатмкунандагони марказҳои омӯзишии Миссияи зидди бемории ҷузом бо истифодаи малакаҳои ҳаётии заминавӣ таълим дода мешаванд. Дуюм, дар марказҳои омӯзишии Миссияи зидди бемории ҷузом кормандоне фаъолият менамоянд, ки масъалаи таъмин намудани хатмкунандагонро бо ҷойҳои кор ба ӯҳда доранд ва бо корхонаҳои маҳаллӣ муносибати хуб барқарор намудаанд.. Сеюм, дар назди марказҳои омӯзишӣ Миссияи зидди бемории ҷузом ассотсиатсияи пурқуввати хатмкунандагонро ташкил намудааст, онҳо алоқаи байниҳамдигариро таъмин намуда, ба хатмкунандагони нав дар ҷустуҷӯи кор ва барои кормандон нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ёрӣ мерасонад.
14
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Мафҳумҳои асосӣ
Намудҳои малакаҳо Малакаҳои заминавӣ дар ҷараёни таҳсилоти асосӣ ва дар оила азхуд карда мешаванд. Ба онҳо, масалан малакаҳои саводнокӣ ба монанди хондан, навиштан, ҳисоб, аз худ кардани дониш, мулоҳизаронии мантиқӣ ва ҳалли мушкилиҳо дохил мешаванд. Чунин малакаҳо барои иҷрои ҳар гуна корҳо, дар ҳар гуна шароитҳо ва фарҳангҳо, чӣ дар сохтори расмӣ ва чӣ дар сохтори ғайрирасмии иқтисодӣ, лозим мебошанд. Малакаҳои техникӣ ва касбӣ барои ҳалли масъалаҳои мушаххас имконият медиҳанд, масалан, тарзи истеҳсол ё таъмири ягон чиз ё пешниҳоди ягон навъи хизматрасонӣ. Ҳамчун намунаи ин гуна малакаҳо, касбҳои дуредгар, дӯзанда, бофанда, челонгар, харрот, сабадбоф, тунукасоз, мӯзадӯз шуда метавонад. Малакаҳои нисбатан мушкилтари техникӣ, ба монанди фаъолияти муҳандисӣ (инженер), тиббӣ, ба монанди духтури – физиотерапевт, муҳандиси таҷҳизоти компютерӣ одатан ба касбҳои меҳнати ақлонӣ дохил мешаванд. Ҳамчун қоида, ҳар чӣ қадаре, ки техника мушкил бошад, ҳамон қадар сатҳи зарурии омӯзиш баланд мешавад ва омӯзиш хосияти зоҳирӣ дорад, ки одатан дар муасиссаҳои таълимии техникӣ амалӣ шуда, бо додани дипломи расмӣ оид ба ихтисос анҷом меёбад. Малакаҳои корӣ (онро инчунин малакаҳои соҳибкорӣ низ меноманд) барои бурдани бизнес заруранд. Онҳо идоракунии маблағҳо ва кормандон, инчунин малакаҳои банақшагирӣ ва ташкилотчигиро дар бар мегиранд. Ба онҳо инчунин, арзёбии хавфҳо, таҳлили бозор ва ҷамъоварии иттилоот, тайёр намудани нақшаи бизнес, гузоштани масъалаҳо ва ҳалли мушкилот дохил мешаванд. Ин малакаҳо одатан маҳорати хондан, навиштан ва ҳисоб карданро талаб менамоянд. Барномаҳои омӯзишии ҳунарию касбӣ, ки ба худтаъминкунӣ имконият медиҳанд, ба монанди дуредгар, мутахассис оид ба асбобҳои радиоӣ ё устои воситаҳои дучархаи моторӣ, бофанда, албатта, вазифадоранд, ки натанҳо малакаҳои техникӣ, балки малакаҳои кордонӣ ва ташкили соҳибкориро ( бурдани бизнесро) низ омӯзонанд. Малакаҳои асосии ҳаётӣ муносибат, дониш ва сифатҳои шахсии барои дар ҷаҳони имрӯза зиндагӣ кардан зарурро дар бар мегиранд. Ба он малакаҳои хизмат намудан ба мизоҷон, муаррифӣ намудани худ, аз худ намудани дониш, бодиққат гӯш ва муошират намудан, тафаккури интиқодӣ ва ҳалли мушкилот, худидоракунӣ ва интизом, малакаҳои муносибатҳои байнишахсӣ ва иҷтимоӣ, ва инчунин қобилияти барпо намудани робитаи корӣ ва фаъолият намудан дар гурӯҳ ва риояи одоби меҳнат, дохил мешавад. Малакаҳои асосии ҳаётӣ ҳам ба одамони дорои маълулият ва ҳам онҳое, ки дорои маълулият нестанд, бо мақсади муваффақ шудан дар фаъолияти меҳнатӣ ва зиндагӣ заруранд. Аммо, барои одамони дорои маълулият онҳо аҳамияти махсус доранд, чунки барои ба даст овардани эътимод нисбати худ ва баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ, барпо намудани муносибат бо дигарон ва тағйир додани тасаввурот нисбати худ ва дигарон ёрӣ мерасонанд.
РУШДИ МАЛАКАҲО
15
Малакаҳои асосии ҳаётӣ дар натиҷаи муносибат дар оила ва ҷамоат ба даст омада, дар раванди таҳсилот (расмӣ ва ғайрирасмӣ), омӯзиши касбӣ, иштирок дар барномаҳои рушди ҷавонон ва ҷамоатҳо ва инчунин, дар ҷараёни меҳнат рушд меёбанд. Эътимоднокӣ нисбати худ ба шарофати рушди муносибати мусбӣ, аз худ кардани донишҳо ва омӯхтани малакаҳое, ки имконияти ноил гаштанро ба муваффақият дар ҳаёт ва меҳнат медиҳанд, ба даст меоянд. Агар барномаи омӯзишӣ танҳо ба ҷанбаҳои касбӣ такя намуда, рушди муносибату ҷаҳонбинӣ, дониш ва малакаҳои ҳаётиро ба эътибор нагиранд, пас гумон аст, ки шунавандагони он барои ёфтани машғулияти устувор ва ба таъмини воситаҳои зиндагӣ ҷавобгӯй муваффақ шаванд.
Интихоби шахсӣ ва имкониятҳои баробар Ҳангоми муайян намудани имкониятҳо барои рушди малакаҳо, кормандони барномаҳои ТСҶ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳар як шахс манфиат, истеъдод ва қобилияти мушаххас дорад. Ба ҷавонписарон ва ҷавондухтарон, занон ва мардон имкониятҳои баробар барои таҳсилот пешниҳод гардида ва он бояд бо нақшҳои анъанавии гендерӣ ё ҷудокунӣ маҳдуд набошад. Занон ва духтарони дорои маълулият мумкин аст барои дастрасӣ ба таҳсилот ба имконияту дастгирии иловагӣ ниёз дошта бошанд. Айни замон барои ҳама бояд маҷмӯи васеи усулҳои интихоб бе тасаввуроти беасос оид ба имконияту қобилиятҳои шахсии онҳо пешниҳод карда шаванд.
Тарзҳои азхудкунии малакаҳо Як қатор усулҳои таҳсил мавҷуданд, ки одамони дорои маълулият аз онҳо истифода намуда, метавонанд ба донишу малака ва муносибатҳои барои таъмини воситаҳои зиндагонӣ зарур ноил шаванд, ба монанди: • • • • • • • • • тақвияти сайъу кӯшишҳои шахсӣ; азхудкунии малакаҳо дар муҳити оила; таҳсилоти заминавӣ; таҳсилоти касбӣ дар мактаб; омӯзиш дар сатҳи ҷамоат, аз ҷумла шогирдӣ ва таҷрибаандӯзии расмӣ ё ғайрирасмӣ дар сатҳи ҷамоат; омӯзиш дар марказҳои таҳсилоти касбии умумӣ ё дар марказҳои барқарорсозии касбӣ; таҳсилот бе тарк намудани ҷои кор ё шогирдӣ; таҳсилот дар коллеҷ ё донишгоҳ; иштирок дар барномаҳои рушди корхонаҳои хурд, ки омӯзишро оид ба азхудкунии малакаҳои ибтидоии соҳибкорӣ, ташкили хизматрасониҳо бо мақсади рушди бизнес ва инчунин азхудкунии малакаҳои санҷишу раҳнамоии устодиро дар бар мегиранд; Омӯзишҳо аз тарафи соҳибкор ё дигар корфармоён пешниҳод карда мешаванд.
•
Интихоби усулу тарзҳои бештар мақбулу мувофиқи рушди малакаҳо аз манфиат, қобилияту захираҳои инфиродии дар назардошта ва инчунин аз имконияту дастгирии дар сатҳи ҷамоат мавҷуда вобастаанд.
16
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
ЗАМИМАИ 6
Хитой
Иродаи матин ва пойҳои бақуввати Зу Зу дар соли 1951 дар оилаи оддии деҳқони муҳоҷир аз Ичан, музофоти Хубэй, Хитой таваллуд шудааст. Азбаски Зу дорои маълулияти ҷиддии инкишоф буд, бо дастон ҳаракат карда наметавонист ва дар ҳаёти ҳаррӯзааш ноилоҷ танҳо аз пойҳо истифода мебурд. Ӯ ягон имконияти таҳсил намудан дар мактабро надошт. Зу малакаҳои гуногунро аз худ намуда бошад ҳам, аммо даромадаш барои зиндагӣ кифоя набуд. Зу машғулиятро оид ба таъмири соатҳо оғоз намуд. Барои ин ба ӯ зарур шуд, ки чолокии пойҳоро машқ ва мустаҳкам намояд. Вай ангуштони пойҳоро машқ медод, то бо онҳо ҳамчун бо ангуштони дастон ҳаракат карда тавонад. Зу шакарро мерезонд, то мӯрчаҳоро фирефта намояд ва баъд бо ангуштони пойҳояш онҳоро чида мегирифт. Баъди чанд соли хастакунанда, ӯ малакаҳои таъмири соатҳоро аз худ намуда, устохонаи таъмири соат кушод. Акнун Зу барои ҳаёт бо роҳи таъмири соатҳо пул кор мекунад ва ба буҷаи оила саҳми худро мегузорад. Духтари ӯ донишгоҳро хатм намуд ва ҳамшираи тиббӣ шуд. Зу бо шавқмандии том ба хизматрасониҳои ҷамоатӣ ба одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоат менигарад ва аз ҳисоби худ «телефони боварӣ»-ро бо мақсади хизматрасонии равонӣ ва машваратӣ ба одамони дорои маълулият кушод. Дар музофоти худ Зу барои шумораи зиёди одамони дорои маълулият намунаи ибрату пайравӣ мебошад. Вай мегӯяд: «Ман аз камбизоатӣ ва доштани маълулият наметарсам. Ман ба шарофати саъю кӯшиш, хирад ва қатъияти худ ба муваффақият ноил гардидам. Маълулият воҳиманок нест; аз ҳама воҳиманок ин ақибнишинӣ аз рӯи сустии иродаи ақлонӣ аст. Ман доимо худро пурқувват ҳис менамоям ва боварӣ дорам, ки ҳар гуна мушкилотро паси сар намуда метавонам». Вай инчунин қайд мекунад: «ҳарчанд мутахассисон дар роҳи тавонбахшӣ нақши асосӣ ва баъзан ҳалкунандаро мебозанд, натиҷаи интиҳоии муваффақшавӣ пеш аз ҳама, аз тафаккури шахси дорои маълулият ва хоҳиши ӯ оид ба баркандани ақидаҳои анъанавӣ оид ба имкониятҳои одамони дорои маълулият вобаста аст».
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Тарғиби таҳсилоту омӯзиш дар хона Бисёр ҷавонон малакаҳои анъанавии касбӣ ва ҳаётиро дар шароити хона аз худ менамоянд, вақте, ки дониш, маҳорат ва муносибату рафтор аз волидон, бародару хоҳарон ва инчунин, аз дигар аъзоёни оила, ба онҳо мегузаранд. Муносибати «Омӯхтан ба воситаи иҷро кардан» дар хона шахсро барои азхудкунии доираи васеи малакаҳои таъмини воситаҳои зиндагӣ тайёр менамояд. Аммо, бисёр вақт кӯдакон ва ҷавонони дорои маълулият инчунин, одамони дорои маълулияти вазнин ё якчанд навъи маълулият аз ҷараёни «Омӯхтан ба воситаи иҷро кардан» дар хона бо сабаби хурофоти волидон ва аъзоёни оилаашон оид ба масъалаи он, ки кӯдак ё наврас кадом корҳоро иҷро карда метавонад ва кадом корҳоро иҷро карда наметавонад, хориҷ карда мешаванд. Баъзан волидон мумкин аст, аз озор додани кӯдаки маълулашон дар ҳарос буда, гӯё ӯро аз нохушӣ муҳофизат мекунанд, ё онҳо боварӣ доранд ки ӯ қобилияти омӯзиш, ёрӣ ё саҳмгузориро дар ҳаёти оила надорад, ё ин, ки ба таври оддӣ метавонанд ӯро аз фаъолият боздошта, аҳамият ва эътибор надиҳанд. Дар натиҷа, кӯдак малакаҳои фоиданоки РУШДИ МАЛАКАҲО 17
ҳаётиро ҳосил намуда натавониста, аз имконияти гузоштани саҳми худ ба ҳаёти хонавода ё ба соҳибкории оилавӣ маҳрум мемонад. Чунин беэътиноӣ сатҳи худбоварии кӯдакро паст намуда ва ба раванди иштироки фаъолонаи ӯ дар ҳаёти оила ва ҷамоат таъсири манфӣ мерасонад. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба волидон оид ба дарки қобилияту иқтидори аъзои оила, ки дорои маълулият аст ва азхудкунии малакаҳое, ки ӯ метавонад дар хонавода самарабахш истифода барад, ёрӣ расонида, нақши муҳим бозанд. Фаъолиятҳои имконпазир: • роҳҳои ҷалби кӯдакони дорои маълулиятро ба таъмини воситаҳои зиндагӣ ё саҳмгузории онҳоро дар иҷрои корҳои хона муайян ва истифода намоянд; • аъзоёни оиларо барои омӯзондан ва баъд истифода бурда тавонистани малакаҳои манфиатнок, ки барои фаъолияти пурмаҳсул дар хона ба кӯдаки дорои маълулият ёрӣ мерасонанд, рӯҳбаланд ва ташвиқ намоянд; • мунтазам сатҳи иштироки шахси дорои маълулиятро дар фаъолиятҳои ба таъмини воситаҳои зиндагӣ ва корҳои хонавода мушоҳида ва ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
ЗАМИМАИ 7
Модар ва писар матоъи умед мебофанд.
Филлипин
Дар минтақаи Биколи Филиппин корманди барномаи ТСҶ аз Созмони «Хазинаи Симон Кирин оид ба тавонбахшӣ ва рушди кӯдакон» бо зани шавҳарашро гум карда ва писари навраси ӯ, ки дорои маълулияти биноӣ буд, шинос шуд. Зан бофанда буда ду дастгоҳи бофандагӣ дошт, ки яке аз онҳо аз шавҳари фавтидааш мондааст. Писари ӯ ҳеҷ гоҳ ба мактаб нарафта буд ва бофта ҳам наметавонист. Корманди ТСҶ модарро бовар кунонд, ки ба писараш ҳунари бофандагиро омӯзонад. Дере нагузашта, аз ду дастгоҳи бофандагӣ, ки дар оила буданд, пурра истифода бурда, модар ва писар барои фурӯш матоъ истеҳсол мекардагӣ шуданд.
Таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти заминавӣ Таҳсилоти заминавӣ калиди муваффиқияти ҳамаи намудҳои меҳнат мебошад: он барои рушд ва такмили малакаҳои техникӣ ва ба даст овардани малакаҳои ҳаётӣ таҳкурсӣ мегузорад. Барои ба одамони дорои маълулият ба таври самаранок омода ва ҷалб шудан ба таъмини воситаҳои зиндагӣ, барномаҳои ТСҶ дастрасиро ба имкониятҳои гирифтани маълумоти расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳамчун афзалияти аввалиндараҷа, бояд ташвиқу тарғиб намоянд (ниг. ба қисми «Маориф»). Барномаҳои ТСҶ инчунин метавонанд раванди гузаришро аз мактаб ба фаъолияти меҳнатӣ бо мақсади ташкили шогирдӣ ва омӯзишҳои такмили ихтисос дар ҷои корро раҳнамоӣ намоянд.
Раҳнамоии раванди иштирок дар дар таҳсилоти касбӣ Баъзан мактабҳои миёна барномаҳои омӯзиши касбӣ, арзёбии касбҳо ва ёрӣ барои интихоби касбҳоро ташкил менамоянд ва машварату маслиҳатҳо медиҳанд. Ба хонандагони дорои маълулият бояд имконияти ҷалб шудан ба чунин барномаҳои омӯзишӣ ва баҳравар шудан аз хизматрасониҳо оид ба интихоби касб пешниҳод карда шавад. Онҳо инчунин, ба барномаҳое, ки ба гузариши ҷавонон аз таҳсилот ба фаъолияти меҳнатӣ бахшида шудаанд, бояд иштирок намоянд. 18 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Барномаҳои ТСҶ имкониятҳои муносибро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи маҳаллӣ таҳқиқ намуда, раванди иштироки хонандагон ва ҷавонони дорои маълулиятро дар чорабиниҳои мазкур раҳнамоӣ намоянд (ниг. ба қисми «Маориф», боби «Таҳсилоти миёна ва олӣ»). Фаъолиятҳои имконпазир: • муайян ва бартараф намудани мушкилиҳое, ки ба иштироки мактаббачагони дорои маълулият дар барномаҳои омӯзиши касбӣ, дар мактабҳои миёна ва инчунин дар барномаҳои гузариш аз таҳсилот ба фаъолияти меҳнатӣ монеъ мешаванд; • ёрӣ расонидан ба хонандагони дорои маълулият, то ин ки онҳо раванди иштироки худро дар барномаҳои омӯзишӣ ва таълимӣ раҳнамоӣ карда тавонанд; • ташкил намудани омӯзишҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии роҳбаладон-устоҳои дастурдиҳанда оид ба тайёр ва мутобиқ намудани шароит ва маводҳое, ки барои таҳсили одамони дорои шаклҳои гуногуни маълулият заруранд.
Ёрӣ барои ташкили омӯзишҳо дар сатҳи ҷамоат Пеш аз ҳама, имкониятҳои мавҷударо дар сатҳи ҷамоат барои рушди малакаҳо муайян намудан хеле муҳим аст. Ду тарзи татбиқи ин кор мавҷуд аст: якум, системаи таҳсилоти умумии амалкунанда ва дуюм бошандагони алоҳидаи мушаххас, ки бо истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасониҳо машғул буда, метавонанд малакаҳои худро дар шакли устодӣ ба шогирдони дорои маълулият омӯзонанд. Ба барномаҳои ТСҶ пеш аз ташкил намудани омӯзиш бо қувваи шахсоне, ки аллакай ба истеҳсоли маводу хизматрасониҳои зарурӣ машғуланд, муайян намудани ашхоси дорои маълулият, ки барои иштирок дар чорабиниҳои мазкур бо мақсади азхуд намудани малакаҳои касбӣ мароқ доранд, хеле муҳим аст ва баъд: • бо шахси мушаххас ва аъзоёни оилаи ӯ оид ба он ки оё шавқи таҳсил намуданро дорад, оё ба малакаҳои касбии дар ҷамоат мавҷуда соҳибанд ё не ва кадом шаклҳои ёрӣ аз тарафи оила аллакай пешниҳод гардидааст, мубоҳиса намудан муҳим аст; • пешниҳод намудани иттилооти кифоя оид ба мавҷудияти ҷойҳои корӣ ва таҳсилоти истеҳсолӣ; • дар сатҳи ҷамоат муайян намудани шахсоне, ки аллакай ба чунин касб машғуланд ва онро ба дигарон меомӯзонанд ва онҳоро барои гирифтани одамони дорои маълулият ҳамчун шогирдон тарғибу ташвиқ намудан; • мавод ё хизамтарсониҳоеро тавсия намудан лозим аст, ки дар сатҳи маҳал истеҳсоли онҳоро ба роҳ мондан мумкин буда, маҳсулоти онҳо талаботи мардумро қонеъ мекарда бошад; • мушкилиҳои имконпазирро, ки шогирди дорои маълулият бо он рӯ ба рӯ шуданаш мумкин аст, ба монанди арзиши таҳсилот, дастрасии ҷисмонӣ, муҳити ҳаракат ва мавҷудияти дастгирии зарурӣ (нақлиёт, тарҷумони забони имову ишора, воситаҳои ёридиҳанда ва ғайра); муайян ва инчунин роҳҳои ҳалли онҳоро ёфтан зарур аст; • ҳангоми зарурат ба роҳбаладон- устоҳои дастурдиҳанда ёрии молиявӣ ё моддӣ ва ба шогирдон ёрии гуногуни зарурӣ бояд расонида шавад; • кори роҳбаладон- устоҳои дастурдиҳанда ва шогирдон бояд таҳти назорату мушоҳида қарор дода шавад, то мутмаин бошед, ки омӯзишу таҷрибаи амалӣ дар ҳақиқат гузаронида шуда, мушкилиҳо дар раванди пайдоишашон муайян ва ҳал шуда истодаанд; • баъди бомуваффақият ба анҷом расидани таҳсилот ва таҷрибаи амалӣ ба шогирдон барои ёфтани ҷойҳои корӣ ва оғоз намудани фаъолияти меҳнатии мустақилона, ёрӣ расонидан лозим аст. РУШДИ МАЛАКАҲО 19
ЗАМИМАИ 8
Соҳиби касб шудан
Малави
Барномаи ТСҶ-и «Шӯрои кор бо одамони дорои маълулият» дар Малавӣ, системаи тайёрии касбиро таҳия намуд. Дар ҷамоатҳои деҳотии мақсаднок ҷавонон ва калонсолони дорои маълулият муайян карда шуда, талаботу эҳтиёҷоти онҳо барои азхудкунии малакаҳои касбӣ таҳти таҳқиқ қарор гирифтанд. Баъд, дар сатҳи ҷамоатҳо бо роҳбаладон, устоҳо вохӯриҳо ташкил карда, онҳоро барои таълиму тарбияи амалӣ ба як ё ду нафар шогирдон ба муддати як ё ду сол ташвиқу рӯҳбаланд намуданд. Ҳамчун воситаи ҳавасмандӣ, барномаи ТСҶ ба ҳар як роҳбалад– устоҳо маводҳоро барои истифодабарӣ дар раванди омӯзиш ва истеҳсоли маҳсулот пешниҳод намуд. Дар лоиҳа роҳбалад– устоҳои касбу кори гуногун иштирок намуданд, ба монанди: нонпазу дӯзанда, тунукасоз, дуредгару челонгар, устоҳои таъмири дучархаҳо, рангкунандаҳои матоъҳо ва бофандаҳо. Баъзе аз роҳбалад – устоҳо барои такмили ихтисос ба курсҳои омӯзишие, ки аз тарафи маркази такмили ихтисоси касбии «Шӯрои кор бо одамони дорои маълулият» ташкилкарда, фиристода шуданд. Баъди ба итмом расидани шогирдӣ, баъзе аз шунавандагон кори (бизнеси) хусусии худро кушоданд, дигарон бошанд, аз тарафи роҳбалад – устоҳои худ ба кор таъмин карда шуданд.
Расонидани ёрӣ дар рушди малакаҳои кори худ Барои қисми зиёди одамони дорои маълулият манбаи воқеии даромад, ҷалб будан ба кори худ (соҳибкории хурд) дар соҳаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ шуда метавонад. Агар, афроди алоҳида чунин муносибатро интихоб кунанд, пас ба онҳо омӯзиш оид ба малакаҳои зарурии корӣ бояд гузаронида шавад. Барномаҳои омӯзишӣ оид ба рушди соҳибкории (бизнеси) хурд дар бисёр мамлакатҳо мавҷуданд ва аксар вақт бо барномаҳои молиявии хурд алоқаманданд. Барномаҳои ТСҶ бояд курсҳои омӯзишии дар сатҳи маҳал мавҷударо муайян намоянд ва сатҳи огоҳии онҳоро оид ба иқтидору имкониятҳои имконпазири одамони дорои маълулият, ки ҳамчун соҳибкорон фаъолият карда метавонанд, иттилоот диҳанд. Бо ёрии роҳбарони барномаҳо ва роҳбаладон онҳо метавонанд усулҳои гуногунро, ки бо истифодаи онҳо одамони дорои маълулият дар омӯзишҳо иштирок карда метавонанд, таҳия намоянд. Барномаҳои ТСҶ инчунин, метавонанд, дар бартараф намудани ҳамаи монеаҳо дар ин роҳ, ёрии зарурӣ расонанд (нақлиёт, тарҷима бо истифодаи забони имову ишора ва маводу воситаҳои таълим).
Раҳнамоии раванди омӯзишҳо дар муассисаҳои таълимии фарогир. Рушди малакаҳои касбии одамони дорои маълулият бештар самаранок мешавад, агар он дар муҳити фарогир ба амал ояд яъне, одамони дорои маълулият дар он ҷо якҷоя бо ҳамсолони дорои маълулият набудаашон таҳсил мегиранд. Омӯзиш дар муассисаҳои касбии таҳсилоти умумӣ, одатан имкониятҳои бештари дастрасиро ба малакаҳои касбӣ, ба технологияҳо ва таҷҳизоти муосир, додани шаҳодатномаҳои расмӣ, пас аз хатми таҳсилот, раҳнамоӣ ба интихоби касб ва таъмин намудан ба ҷои корро дар назар дорад. Марказҳои расмии омӯзиши касбӣ одатан дар шаҳрҳои калон ва хурд, ки ба талаботҳои корхонаҳои калони шаҳрӣ мутобиқ шудаанд, ҷойгиранд; ба ин нигоҳ накарда, дар ноҳияҳои деҳотӣ инчунин, бисёр марказҳои омӯзишии касбӣ дар назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, дар созмонҳои дар сатҳи ҷамоатҳо ва маҳаллии хусусӣ фаъолияткунанда мавҷуданд, ки барномаҳои омӯзишии онҳо малакаҳои манфиатноки техникӣ ва амалии ҳаётиро меомӯзонанд. 20 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Барномаҳои БСҶ бояд дастрасиро ба имкониятҳои марказҳои омӯзишии касбӣ ба одамони дорои маълулият, ки одатан ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба монеъаю мушкилиҳои зиёд вомехӯранд, ташвиқу тарғиб намоянд. Монеаю мушкилиҳо ба монанди: талаботҳои калон барои дохилшавӣ, дастнорас будани биноҳо ва синфҳои омӯзишӣ барои одамони дорои маълулият, арзиши баланд барои таҳсилот ва фаъолиятҳои амалӣ, набудани воситаҳои ёрирасони мутобиқшуда ва дастгоҳҳо, набудани қоидаҳое, ки ба раванди дастгирии омӯзиши одамони дорои маълулият равона карда шудааст, сатҳи огоҳии паст оид ба таҳсилоти фарогир , инчунин, нарасидани раҳбаладону устодони аз муносибату усулҳои таълим бо одамони дорои маълулият огоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ҷавонони дорои маълулиятро ба пешниҳод намудани аризаҳо барои қабул ба марказҳои омӯзиши касбӣ бо истифодаи роҳҳои зерин рӯҳбаланд намоянд, масалан: • тарғибу ташвиқ намудани миқдори ҷойҳои холии мавҷуда дар мактабҳои маҳаллӣ, созмонҳои одамони дорои маълулият, ассотсиатсияҳои волидон, созмонҳои ғайридавлатӣ, ва созмонҳои занону ҷавонон барои хонандагони дорои маълулият; • баланд бардоштани сатҳи огоҳии волидон, гурӯҳҳои ҷамоатӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор оид ба муҳимияти таъмини омӯзиши касбӣ ба одамони дорои маълулият; • дастгирӣ намудани хонандагони дорои маълулият ҳангоми аризадиҳӣ барои қабул ба муассисаҳои таълимӣ ва мусоидат намудан барои дастрас кардани ёрии молиявӣ дар давраи таҳсил. Барномаҳои ТСҶ метавонанд раҳнамоии раванди фаъолиятҳои марказҳо ва курсҳои омӯзиши касбиро ба ӯҳда гирифта, онҳоро барои фарогирии шумораи бештари одамони дорои маълулият рӯҳбаланд намоянд. Дар зер, номгӯи тақрибии чорабиниҳое, ки барои иҷрои онҳо марказҳоро тарғибу ташвиқ намудан мумкин аст, оварда шудаанд: • сиёсати қабул намудани (шумораи мушаххаси) занон ва мардони дорои маълулият ба ҳар даври таҳсилро таҳия ва тасдиқ намоянд; • талаботҳои ба қобилиятҳо мутобиқкарда барои дохилшавандагони дорои маълулият муқаррар шаванд; • курсҳои омӯзишӣ барои такрори донишҳои дар давраи таҳсилоти заминавӣ азхудкарда, ташкил карда шаванд; • ба хонандагони дорои маълулият оид ба имкониятҳои гуногуни рушди малакаҳо машварату раҳнамоӣ намуда, аз истифодаи қолабҳои мавҷуда оид ба масъалаҳои маълулият ва муносибатҳои иҷтимоии гендерӣ (байни ҷинсҳо) худдорӣ намоянд; • барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии роҳбаладони омӯзишҳо оид ба масъалаҳои маълулият омӯзиш ташкил намуда, ба онҳо дар бораи эҳтиёҷоту талаботҳои махсуси хонандагони дорои навъҳои гуногуни маълулият варақаҳои иттилоотӣ тақсим намоянд. • талаботҳои мушаххаси хонандагон оид ба дастрасӣ ва мутобиқгардонии биноҳо ва синфхонаҳои таълимӣ муайян карда шаванд; масалан, шогирдони дорои маълулиятро, ки аз аробача чун воситаи ҳаракат истифода мебаранд, ба раванди таҳсил ҷалб намудан осон аст, яъне дарсҳоро дар ошёнаи якум ташкил намуда, ҳоҷатхонаҳоро низ барои одамони дорои маълулият мутобиқ намудан лозим аст; • дар раванди таҳсил ба одамони дорои маълулият барои ноил гардидан ба муваффақият ва ба роҳбаладону устодон дар ҳаллу фасли мушкилию нофаҳмиҳои бамиёномада ёрӣ расонанд. РУШДИ МАЛАКАҲО 21
ЗАМИМАИ 9
Нигерия
Ҳавасманд намудан барои даромад ва пасандоз намудан. Дар Ибадан, Ҷумҳурии Федеративии Нигерия барномаи барқарорсозии таҳсилоти касбӣ дар сатҳи ҷамоатҳо намояндагони созмонҳои гуногуни одамони дорои маълулият, хешу табори онҳо, кӯҳансолони ҷамоатҳо, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи рушд, намояндагони муассисаҳои молиявӣ, мансабдорони сатҳи федералӣ ва давлатиро фаро гирифтааст. Дар ҷамоатҳои мақсаднок як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади ҳавасманд намудани одамони дорои маълулият барои номнавис намудани худ ба омӯзишҳои ба рушди малакаҳои касбӣ бахшида гузаронида шуданд. Амалиётҳои таҳқиқӣ имконият доданд сатҳи қобилиятҳои одамони дорои маълулият, майлу ҳавасмандии касбии онҳо ва сатҳи мавҷудаи дастгирӣ аз тарафи оилаҳо арзёбӣ карда шавад. Шахсони интихобшуда ба марказҳои маҳалии омӯзиши касбӣ дохил карда шуданд. Дар давоми таҳсил барнома ба иштирокчиён ёрии молиявӣ мерасонд. Давраи таҳсилу омӯзиши малакаҳо аз 6 то 12 моҳ давом намуда, ба он корҳои дуредгарӣ, тайёр ва таъмири пойафзол, мурғпарварӣ, ранг намудани матоъҳо ва хизматрасониҳоро дар соҳаи тайёр ва таъмини хӯроки умумӣ дар бар мегирифт. Кумитаи барномаи барқарорсозии таҳсилоти касбӣ дар сатҳи ҷамоатҳо иштирокчиёни онро барои захира намудани як қисми ёрипулӣ ҳавасманд намуда, барои кушодани суратҳисоб ёрӣ мерасонд. Дар охири омӯзиш аксарияти хатмкунандагон ин захираҳоро барои дарёфт намудани маводҳо, ки барои оғози фаъолияти меҳнатиашон заруранд ва ба гирифтани даромад равона шудаанд, истифода бурданд. Дар муддати 2 соли аввали фаъолият, барнома бештар аз 200 нафар мутахассисонро тайёр намуд, ки қисми зиёди хатмкунандагони он чун раҳбаладу раҳнамои барнома фаъолияташонро давом медиҳанд.
Раҳнамоии раванди таҳсилот дар муассисаҳои махсусгардонидашуда Дар он ҷойҳое, ки имконияти омӯзиши малакаҳо дар марказҳои таълимии умумӣ мавҷуд нест, марказҳои омӯзишии махсусгардонидашуда барои одамони дорои маълулият ёрии худро пешниҳод намуда, метавонанд ба онҳо малакаҳои касбию ҳаётӣ ва таҷрибаи фоиданоки меҳнатиро дар чорчӯбаи фаъолияти истеҳсолии амалӣ омӯзонанд. Норасоии асосии ин марказҳо аз он иборат аст, ки ба ҷои мусоидат намудан ба раванди фарогирӣ, онҳо одамонро ҷудо менамоянд ва ақидаи анъанавиро дар бораи ҷалб шуда натавонистани одамони дорои маълулият ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ё иқтисодиёти миллӣ устувор мегардонанд. Аммо набояд ин хел шавад. Марказҳои бомуваффақияти махсусгардонидашуда барои бартараф намудани монеаҳо байни одамони дорои маълулият ва муҳити ҷамоатӣ ёрӣ мерасонанд. Кормандони баландихтисоси таҷрибаи зиёди корӣ бо одамони дорои маълулият дошта метавонанд чун манбаи захиравии ақидаҳо ва омӯзиши кормандони дигар марказҳои омӯзишӣ дар сатҳи ҷамоатҳо фаъолият намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба бештар қобили қабул ва мувофиқ будани ақидаи ташкили омӯзишҳо дар марказҳои махсус ва дар сатҳи маҳал саҳмгузорӣ намоянд. Бо ин мақсад онҳо ба марказҳо ба таври зерин ёрӣ расонида метавонанд: • муайян намоянд, ки кадом талаботу эҳтиёҷот барои истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо дар сатҳи ҷамоат татбиқ карда нашудаанд; • дар асоси машваратҳо бо корхонаҳои маҳаллӣ, барномаҳои омӯзишӣ, ва дигар воситаю таҷҳизоти дар раванди омӯзишҳо истифодашавандаро такмил диҳанд; • миқдор ва навъи омӯзишҳои пешниҳодшударо зиёд гардонанд; • омӯзишҳо на танҳо ба таъмини малакаҳои техникӣ, балки инчунин оид ба соҳиб22 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
корӣ (бизнес), идоракунӣ (менеҷмент) ва малакаҳои ҳаётӣ низ бахшида шаванд; • ба хатмкунандагоне, ки бомуваффақият таҳсилро хатм намуданд, дар таъмин намудан ба ҷои кор ё ташкил намудани корхонаи хурд (бизнеси) худ ёрӣ расонанд; • пайдо намудани имкониятҳои молиявӣ барои ташкили даврҳои омӯзишии нав, гирифтани таҷҳизот ё васеъ намудани фаъолиятҳои марказҳои мавҷуда.
ЗАМИМАИ 10
Урдун
Омӯзиши амалӣ Донишкадаи Ҳолли лэнд (Замини муқаддас) барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ дар шаҳри Салтаи Иордания воқеъ буда, дар он ба одамони дорои маълулияти шунавоӣ, касбҳои анъанавӣ таълим дода мешаванд: ба писарбачаҳо касбҳои дуредгар, челонгар ва таъмиргари автомашинаҳо; ба духтарбачаҳо ҳунарҳои халқии гулдӯзӣ ва бофтани қолинҳо, аммо тарзи омӯзиш ва алоқа бо бозори берунӣ анъанавӣ нестанд. Рӯи устохонаҳо на ба тарафи мактаб, балки ба тарафи роҳ нигарон аст. Устохонаҳо оид ба таъмири қисмҳои беруна ва муҳаррики нақлиёт (автомашинаҳои гуногун) ба устохонаи таъмири дучархаҳои дар шаҳр мавҷуда, монандӣ дорад. Шогирдон бевосита бо мизоҷон муроҷиат мекунанд ва онҳо ба кор кардан бо одамони дорои маълулияти шунавоӣ одат намудаанд ва худи одамони дорои маълулияти шунавоӣ, дар навбати худ робита намудан бо мизоҷон ва нозукиҳои фаъолияти соҳибкориро (бизнесро) меомӯзанд. Донишкада барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ, мувофиқати омӯзиши касбӣ ва истеҳсоли маҳсулот шуда метавонад. Устохонаи дуредгарӣ барои баровардани мебел барои мактабҳо ва корхонаҳо, шартномаҳо дорад. Устохонаи челонгарӣ барои нигоҳдории гӯсфандон асбобҳоро тарҳрезӣ ва истеҳсол менамояд (шустан, бар кашидан ва эмкунии онҳо). Маҳсулоти дӯзандагӣ, гулдӯзӣ ва бофандагӣ барои сайёҳон пешниҳод мегарданд. Мактаб сайёҳиро яке аз соҳаҳои мақсадноки асосӣ, ҳам барои маҳсулоти худ ва ҳам барои бо ҷои кор таъминкунии хатмкунандагон меҳисобад ва дар маҳалли калони сайёҳии водии дарёи Иордан, назди баҳри Мурда, нуқтаи фурӯши баъзе намудҳои маҳсулоти худро кушодааст.
РУШДИ МАЛАКАҲО
23
Бо шуғли даромадноки худ банд будан Муқаддима Дар бисёр мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст соҳаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ назар ба соҳаи иқтисодиёти расмӣ, имкониятҳои васеи даромадро пешниҳод менамояд, махсусан барои одамони дорои маълулият, ки аксар вақт дар соҳаи расмӣ бо сабаби надоштани маълумот ва касб ва инчунин, бо сабаби муносибати манфии кортаъминкунандагон нисбати онҳо, ҷойҳои кории сазовор ёфта наметавонанд. Дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ худ бо шуғле банд будан, яъне ба таври инфиродӣ ё дар гурӯҳ, яке аз усулҳои паҳншудаи дарёфти даромад ба ҳисоб меравад. Фаъолиятҳои худро бо кори даромаднок таъмин намудан аз истеҳсоли маҳсулот (масалан, картошкаи бирён, либос, мебел), хизматрасониҳо (масалан, сартарошӣ, масҳкунӣ, таъмири дучархаҳо, идораи Интернет-кафе) ва фурӯш (масалан, мағоза, ресторан ё дӯкон) иборатанд. Аммо, ҳарчанд бо шуғли даромадноки худ банд будан усули дастраси таъмини воситаҳои зиндагӣ барои одамони дорои маълулият дар ҷамоатҳои камбизоат бошад ҳам, он бо мушкилотҳои ҷиддӣ вобаста аст. Худро бо шуғли даромаднок банд намудан назар ба меҳнати кироя, ба одамони дорои маълулият тамоман дигар талаботҳоро, пешниҳод менамояд. Барои муваффақ шудан дар соҳаи таъминоти худ бо шуғли даромаднок, инсон бояд дорои сатҳи баланди ташаббускорӣ, ҷасурӣ ва матонат бошад. Ба ӯ малакаҳои инкишофёфтаи соҳибкорӣ, маҳорати робита бо мизоҷон, ӯҳдабароии корӣ (корчаллонӣ) ва консепсияи сифат заруранд. Чунин сифатҳоро дар раванди тайёрии махсус азхуд намудан мумкин аст, бинобар ин, ба барномаҳои ТСҶ раҳнамоии раванди омӯзишҳо ва ҳангоми зарурат ташкил намудани он хеле муҳим аст. Ба ғайр аз ин, барои муваффақ шудан дар шуғли даромаднок, шахси дорои маълулият мунтазам ба дастгирӣ аз тарафи оила ва ҷамоат ниёз дорад. Дар қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ки дар он дастурҳои махсус нисбати одамони дорои маълулият мавҷуданд, одатан танҳо ба иқтисодиёти расмӣ бахшида шудаанд ва онро аксар дар соҳаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ истифода бурда намешавад. Дар мамлакатҳое, ки аксари одамон танҳо дар иқтисодиёти расмӣ банд мебошанд, он танҳо ба ҳиссаи ками одамони дорои маълулият манфиатнок аст. Дигарон, ки аксариятро ташкил медиҳанд, дар гирдоби бекорӣ дар мемонанд ё бо тарсу хавф бе ягон дастурҳо ё қонунгузории махсус шино менамоянд. Бинобар ин ба онҳо омодагии хеле хуб зарур аст.
БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН
25
ЗАМИМАИ 11
Африқои Ҷанубӣ
Симои нави ҳаёти Эмфо Дар Соуэто, Африқои Ҷанубӣ, Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза курсҳои омӯзиширо барои соҳибкорони дорои маълулият ташкил намудааст. Қисматҳои асосии омӯзишҳо аз гузоштани мақсадҳо, муайян намудани шабакаҳои дастгирӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, омода будан барои шунидан ва дарки ақидаи дигар одамон, ҳалли мушкилот ва рушди малакаҳои эҷодкорӣ иборат мебошанд. Арзёбиҳо, аз сатҳи баланди фаъолиятҳои давомноки корхонаҳои аз тарафи хатмкунандагони курсҳои Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза ташкил карда, шаҳодат медиҳанд. Даромади ҳармоҳаи аксарияти корхонаҳои мазкур аз ёрипулии барои одамони дорои маълулият дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ таъиннамуда, ду маротиба зиёдтар аст. Эмфо, хатмкунандаи курси омӯзишии Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза, фаъолияти худро аз кушодани дӯкони таъмири пойафзол оғоз намуда, баъдтар соҳибкориро бо ду дӯкони дигар васеъ намуд. Вай инчунин, ба истеҳсол ё дӯхтани пойафзоли сабук низ машғул буд. Баъди як сол шабака маҳкам шуд, чунки хати нақлиёт, ки аз наздикии дӯкони вай мегузашт ба ҷои дигар кӯчонданд. Аммо, Эмфо истеҳсоли пойафзолро (шиппакҳо) давом медод ва дере нагузашта фаҳмид, ки талабот ба дигар шиппакҳои «этникӣ» масалан, аз пӯсти ҳайвоноти ваҳшӣ (зарофа) зиёд аст. Айни замон, вай 40 – 60 ҷуфт пойафзолро дар як рӯз истеҳсол намуда, ба Ботсвана, Намибия ва Свазиленд равон мекунад, ӯ шаш коргари кироя дорад ва талабот ба моли истеҳсолкардаи вай хеле зиёд аст. Сабабҳои муваффақияти омӯзиш дар Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза бо якчанд сабабҳо шарҳ дода мешавад: • ӯҳдадории хонандагон оид ба кушодани соҳибкории хурд, пас аз хатми омӯзиш (агар онҳо ин корро накунанд, бояд маблағи барои таҳсилот сарфшударо ба созмон баргардонанд); • интихоби иштирокчиёни омӯзиш, пас аз арзёбии хоҳишу қобилияташон; • дар марказ диққат гузоштани ҳам таълими малакаҳои ҳаётӣ ва ҳам хислатҳои кордонӣ (корчаллонӣ); • хусусияти қадам ба қадам ба роҳ мондани раванди таҳсилот бо назардошти дониш ва малакаҳои мавҷудаи шунавандагон; • Дар раванди таҳсил санҷишу мушоҳидаи ақидаи ҳар як шунаванда оид ба соҳибкории ояндааш (бизнес – консепсия) муфассал дида баромада мешавад;4 • Бо шарофати арзёбиҳои гузарондаи Созмони соҳибкорони дорои маълулияти Медунза шунавандагон аз сатҳи дониш ва малакаҳои шахсии худ огоҳ ва онро хуб дарк мекунанд. • муносибати ҳаматарафаи пурқувватгардонӣ ва фаъолкунанда, ки ба тарафҳои қавии шахсияти шунаванда нигаронида шудаанд, истифода мешавад.
26
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Мақсад Одамони дорои маълулият имконияти таъмини воситаҳои зиндагониро ба воситаи ба шуғли даромаднок ҷалб намудани худ доранд, меъёрҳои (нишондиҳандаҳои) сатҳи зиндагиашонро баланд намуда, ба некӯаҳволии оила ва ҷамоаташон саҳмгузоранд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз шуғли даромаднок ҷалб шудани одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ёрӣ расонда, дар ноил шудан ба рушди малакаҳо ва дастрасӣ ба захираҳои молиявию моддӣ ба таври инфиродӣ ё дар гурӯҳ мусоидат намудан иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият аз шуғли иқтисодии интихобкардаашон, чун соҳибкори инфиродӣ ё дар гурӯҳ даромад мегиранд. • Барномаҳои асосии давлатӣ ва ғайридавлатии рушди корхонаҳои хурд стратегия ва амалияи худро барои дохил намудани одамони дорои маълулият ба доираи омӯзиш ва дастгирие, ки худашон пешниҳод менамоянд, иваз менамоянд. • Одамони дорои маълулият аз дастрасӣ ба хизматрасониҳои дастгирикунанда (ёрирасон) истифода мебаранд – махсусан омӯзиши малакаҳои заминавии кордонӣ, рушди бизнес ва хизматрасониҳои молиявӣ ва ин ба оғоз ё васеъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад. • Одамони дорои маълулият ба такмил додани малакаҳои кордонии худ барои инкишофи фаъолнокии соҳибкорӣ, дастрасӣ доранд. • Одамони дорои маълулият ҳамчун соҳибкорони муваффақ, аъзоёни фоиданок ва сермаҳсули ҷамоат эътироф шудаанд. • Одамони дорои маълулият барои рушди ҷамоатҳои фарогир бо истифодаи усулҳои инкишофи фаъолияти иқтисодӣ ва таъсири навъҳои гуногуни нақшҳои мусбӣ (намунаи ибрату пайравӣ будан), мусоидат менамоянд. • Одамони дорои маълулият, махсусан занҳо маблағҳои бозёфт шударо таҳти назорат доранд. • Одамони дорои маълулият – соҳибкорони муваффақ ба сифати устодони дигар одамони дорои маълулият баромад менамоянд.
Мафҳумҳои асосӣ Миқёс ва фосилаи соҳибшуғл будан «Соҳибшуғл будан» - истилоҳ барои истифодаи фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи расмӣ ва ғайрирасмӣ мебошад ва шахси алоҳида ё гурӯҳ ба он соҳиб буда, фаъолиятҳоро татбиқ ва идора менамоянд. Намудҳои гуногуни соҳибшуғл будан мавҷуд аст, ки аз рӯи мураккабӣ ва миқдори иштирокчиён фарқ менамоянд. Онҳо аз нигоҳдории якчанд чӯҷаҳо барои фурӯш дар бозори маҳаллӣ ва то идоракунии устохонаи калонро, ки маҳсулотро барои содирот (экспорт) истеҳсол менамояд, дар бар мегиранд. Дар байни намудҳои гуноБО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН 27
гуни корхонаҳо ҳудуди муайян вуҷуд надорад, аммо 3 гурӯҳи васеъро ҷудо намудан бамаврид аст: • фаъолияте, ки даромад меорад; • корхонаҳои хурд ва миёна; • гурӯҳҳои худёрирасон ва корхонаҳои умумӣ. Новобаста аз андозаи худ, ин корхонаҳо ба як ё зиёда аз се навъи фаъолият ҷалбанд: истеҳсол, пешниҳоди хизматрасониҳо ва савдо.
Фаъолияте, ки даромад меорад Намудҳои фаъолият ё барномаҳое, ки даромад меоранд, машғулияти хурдеро ифода менамоянд, ки манбаи ягонаи даромад барои одамони алоҳида ё гурӯҳҳои одамон мебошанд ё чун воситаи иловагии даромад, масалан шуғл дар соҳаи хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд. Чунин фаъолиятҳо дар шакли рӯзи пурра (ҷои пурраи корӣ), рӯзи кории нопурра ё мавсимӣ татбиқ шуда, одатан дар асоси технологияҳои анъанавӣ, воситаю мавод ва бозори маҳаллӣ ташкил мешавад. Онро бештар дар маҳалҳои дурдасти деҳот истифода мебаранд ва он одатан як қисми иқтисодиёти ғайрирасмӣ мебошад. Ташкилкунандагону иштирокчиёни асосии фаъолиятҳо бо мақсади дастрас намудани даромад, одатан занҳо мебошанд, чунки онҳо бояд барои таъмини воситаҳои зиндагии хонаводаи худ даромад ба даст оранд. Аммо, занҳои дорои маълулият бисёр вақт чун афроди қобилияти аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақилу сермаҳсул буданро надошта ба ҳисоб мераванд. Барномаҳои ТСҶ бояд диққати асосиро ба пайдо намудани имкониятҳое равона созанд, ки бо истифодаи онҳо занҳои дорои маълулият тавонанд сатҳи эътимоднокию бовариро нисбати худ баланд бардошта, бо ташаббусу фаъолиятҳои ба беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ ва мустақилии худ ва оилаҳояшон мусоидаткунанда машғул шаванд. Ба намунаи фаъолиятҳои истеҳсолӣ, ки барои даромад ба даст овардан ва ноил шудан ба мустақилияти иқтисодӣ мусоидат мекунанд, чорводорӣ, мурғпарварӣ, бофтан ва дигар ҳунарҳои анъанавии миллиро номбар намудан мумкин аст.
ЗАМИМАИ 12
Камбоҷа
Бофтани сабадҳо соҳибкории Лам Лам ҳангоми таркидани мина дар музофоти Сиемрип, Камбоҷа аз пояш маҳрум гаштааст. Ӯ дар хоҷагии наздиҳавлигияш кор карда, дар баробари ин сабад низ мебофад. Лам дар як рӯз метавонад то панҷ сабад бофад ва онҳоро ба даллол, ки ҳар ҳафта як маротиба ба наздаш меояд, мефурӯшад. Даромад аз савдои сабадҳо ва даромади аз хоҷагии наздиҳавлигӣ мегирифтааш, ки шуғли мавсимӣ аст, хароҷоти зиндагии ӯро мебарорад. Ба намунаи хизматрасониҳо ҳамчун фаъолият, ки даромад меорад: ба иҷора додани телефони мобилӣ, шустани воситаҳои нақлиёт, аз нав бо заряд пур намудани аккумуля торҳо ва нигоҳдории ошхонаро номбар намудан мумкин аст.
28
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
ЗАМИМАИ 13
Чойхонаи машҳури Энифа
Малави
Энифа, зани 43-солаи дорои маълулияти биноӣ буда, дар музофоти Балакаи Ҷумҳурии Малавӣ зиндагӣ мекунад. Ӯ оиладор аст ва ду писари 24 ва 17 сола дорад. Энифа дар натиҷаи бемории оби сабз (глаукома) дар синни 41-солагӣ қобилияти биноии худро гум кардааст. Дар аввал ӯ сахт афсурдахотир шуд, вале корманди ТСҶ ба ӯ малакаҳои худхизматрасонӣ ва ҳаракаткуниро омӯхт ва имрӯз ин ба ӯ хеле хуб муяссар мешавад. Энифа соҳиби чойхонаи сердаромад дар маркази савдои серодам мебошад. Шавҳараш ба ӯ дар дарёфти ҳезум ва дигар маводи зарурӣ ёрӣ мерасонад. Дар қаҳвахона фазои дӯстона ва ёрӣ ба ҳамдигар ҳукмфармост. Чойхона ба аъзоёни ҷамоат барои гузаронидани вохӯрию чорабиниҳои ҷамоатӣ ҷой пешниҳод мекунад. Ин ҷои барои муошират мувофиқ буда, мизоҷон метавонанд барои истироҳату муошират ҷамъ оянд. Энифа, аъзои шинохта ва боэҳтироми ҷамоат аст. Чойхона, воситаи иловагии таъминоти воситаҳои зиндагонии оилаи Энифа мебошад, ки қисми аввали он аз ҳисоби даромади се акр замини шахсии оила, ки дар он ҷуворримакка мепарваранд, пурра карда мешавад. Ба намунаи фаъолияти тиҷоратӣ, ки даромад меорад: нигоҳдории мағозаи на он қадар калон, савдои либосҳои истифода шуда ва инчунин, савдои китобро номбар намудан мумкин аст.
Корхонаҳои хурд ва миёна Корхонаҳои хурд ва миёна дар муқоиса бо фаъолиятҳои хурди бо мақсади гирифтани даромад татбиқшаванда, сатҳи васеътари фаъолиятҳоро дарбар мегиранд. Дар онҳо зиёда аз як нафар одамон кор мекунанд ва барои кормандони худ онҳо манбаи асосии даромад мебошанд. (Баъзан истилоҳи «микрокорхона» истифода бурда мешавад, аммо дар ҳақиқат бошад дар байни мафҳумҳои микрокорхона ва корхонаи хурд фарқияте дида намешавад). Он метавонад аз аъзоёни як ё якчанд оилаҳо ва инчунин, якчанд кормандони кироя ташкил шуда бошад. Дар чунин корхонаҳо мумкин аст усулу воситаҳои (технологияҳои) «муосир» (ғайрианъанавӣ) истифода шаванд. Молҳо ва хизматрасониҳои истеҳсолкардаи онҳо аз содда то мураккаб буда, баъзан дар бозорҳои берун аз ҷамоати онҳо ба савдо бароварда мешаванд. Ин гуна корхонаҳо одатан малакаҳои хуби техникӣ ва идоракуниро талаб менамоянд. Одатан, онҳо дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ фаъолият менамоянд, аммо дар ҳудуди байни сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳам, ҷойгир шуда метавонанд, масалан, онҳо метавонанд, қисмҳои алоҳидаи маводу воситаҳоро дар сохтори ғайрирасмӣ, масалан дар хона тайёр намуда, баъд онҳоро ба ягон корхонаи калон, дар сохтори расмӣ ба савдо бароранд. Ба намунаи фаъолияти истеҳсолӣ (ки ҳамчун корхонаҳои хурд ва миёна тасниф мешаванд), кори челонгарӣ, дуредгарӣ ва дӯзандагӣ, инчунин бофтани қолинҳо, дӯхтани либос дар хона, тайёр намудани сумкаю борхалтаҳо, хиштрезӣ ва парвариши замбӯруғҳоро ворид намудан мумкин аст.
БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН
29
ЗАМИМАИ 14
Ҳиндустон
Оғози бомуваффақият Дар иёлати Кералаи Ҳиндустони Ҷанубӣ, созмони ғайридавлатии «Маркази рушди умумӣ» татбиқи барномаи ТСҶ-ро оғоз намуда, корхонаи начандон калонро оид ба истеҳсоли вентиляторҳои ба шифти хона меовехтанӣ, ки сифатнокиаш ба маводи содиротӣ баробар аст кушоданд. Дар корхонам мазкур 40 нафар кормандон бо кор таъмин карда шуданд, ки нисфи онҳоро одамони дорои маълулият ташкил мекунанд. Ҳамаи ҷузъу гиреҳҳои вентиляторҳо, аз ҷумла электромоторҳо аз маводи хоми маҳаллӣ истеҳсол мешаванд. Молҳо дорои сифати баланд буда, бо ёрии як ширкат дар шаҳри Деҳлӣ ба мамлакатҳои халиҷи Форс содир (экспорт) карда мешаванд. Корхона дар деҳот ҷойгир аст, аммо барои кушодани он ҳамкории зич байни созмони ғайридавлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, бонкҳо ва бизнеси корпоративӣ зарур шуд. Ин корхонае, ки онро худи кормандон идора менамоянд, ҳамчун намунаи муваффақиятест, ки дар натиҷаи арзёбии муфассали бозор, интизориҳои хеле баланд, вале воқеӣ ва истифодаи самараноки робитаҳо ба даст омадааст. Ба намунаи хизматрасониҳо (дар сатҳи корхонаҳои хурд ва миёна): таъмири дучархаҳо, таъмири телевизорҳо ва радиоприёмникҳо, нусхабардорӣ ва равон намудани факсҳо, нигоҳ доштани дӯконҳо бо ғизои тайёр, осиёбҳо, хизматрасониҳои компютерӣ ва Интернетро номбар намудан мумкин аст.
ЗАМИМАИ 15
Комбоҷа
Татбиқи иқтидори бо хизматрасониҳо вобаста Ҷудокунии иттилооти рақамӣ, лоиҳаест дар Камбоҷа, ки ба омӯзиш ва бо кор таъмин намудани одамони дорои маълулият ва одамони дорои маълулият набуда машғул аст. Фаъолияти лоиҳа аз омода намудани иттилооти компютерӣ барои бозори амрикоӣ, махсусан, рақаммонии ҳуҷҷатгузории китобхонаҳои донишгоҳҳо мебошад. Лоиҳаи Ҷудокунии иттилооти рақамӣ ба одамони дорои маълулият малакаҳои кор бо компютерро омӯзонд, ки онҳо дар бозори байналмилалӣ бо дигарон рақобат карда метавонанд. Лоиҳа, ҷавононеро ҷалб менамояд, ки аз кори худ интизориҳои баланд ва барои татбиқи онҳо иқтидори зарурӣ доранд.
Гурӯҳҳои худёрирасон ва корхонаҳои гурӯҳӣ Чӣ тавре, ки аллакай қайд шуд, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ба одамони дорои маълулият одатан иқтисодиёти ғайрирасмӣ имкониятҳои зиёди дастрас намудани даромад ва таъмини воситаҳои зиндагониро медиҳад. Аммо, соҳибшуғл будан дар сохтори ғайрирасмӣ нафақа ё дигар намудҳои бехатарӣ ва ҳифзи иҷтимоиро таъмин наменамояд. Бинобар ин, кормандони соҳибшуғл бояд ягон тарзи таъмини ҳифзи ҳаёти худро ёбанд; роҳи беҳтарин дар ин ҷо аъзо ё ҷамъ шудан дар гурӯҳ мебошад. Ташкил намудани гурӯҳҳои худёрирасон дар баъзе мамлакатҳо, яке аз воситаҳои асосии рушди ҷамоат ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ гаштааст.
30
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Гурӯҳи худёрирасон маҳфуми умумӣ барои гурӯҳи шахсоне мебошад, ки барои татбиқи мақсади умумӣ муттаҳид шудаанд. Дар бисёр ҳолатҳо мақсади асосӣ, ҷамъоварии маблағ аз рӯи ҷадвали умумии суғуртавӣ мебошад. Маблағҳои ҷамъшударо барои расонидани ёрӣ ба аъзоёни гурӯҳ дар ташкил ё васеънамоии соҳибкорӣ истифода бурдан мумкин аст. Гурӯҳ инчунин, метавонад якҷоя корхонаро идора намояд, бо назардошти хавфҳо, фаъолиятро дар ҳудудҳое амалӣ намояд, ки як нафар аз ӯҳдаи татбиқи онҳо баромада наметавонад. Аммо, яке аз вазифаҳои муҳими ин гуна гурӯҳ аз он иборат аст, ки он одамонро барои иҷрои вазифаи умумӣ муттаҳид менамояд, робитаҳои иҷтимоиро пурзӯр ва рушди воқеии ҷамоатро таъмин менамояд. Одамони дорои маълулият метавонанд ба гурӯҳҳои одамони дорои маълулият набуда ҳамроҳ шаванд ё гурӯҳҳои алоҳидаи худро ташкил диҳанд. Ҳар дуи ин роҳҳо тарафҳои қавӣ ва заиф доранд. Баъзе одамони дорои маълулият, мумкин аст, мехоҳанд дар гурӯҳҳо фаъолият намуда тарафҳои қавии худро истифода намуда, дилпурона қобилиятҳои худро нишон диҳанд. Дигарон эҳтимол хоҳиши ҳамроҳ шудан бо одамони дорои маълулият набударо доранд, то ба татбиқи раванди фарогирӣ мусоидат намоянд. Барномаҳои ТСҶ бояд ин ҷанбаи мушкилотро ба назар гирифта, ҳассос бошанд ва ҳар ду тарзро дастгирӣ намоянд (ниг. ба қисми «Васеъшавии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо», боби «Гурӯҳҳои худёрирасон») .
ЗАМИМАИ 16
Малавӣ
Корхонаи бомуваффақият 25 нафар одамони дорои маълулият дар ноҳияи Лилонгвии Малавӣ, бо мақсади идоракунии корхонаи якҷоя гурӯҳи «Титикуку»-ро таъсис доданд. («Титикуку», чун «мо бояд худро такмил диҳем» тарҷума мешавад). Баъди арзёбии бодиққати бозори маҳаллӣ ва қобилиятҳои шахсии худ аъзоёни гурӯҳ қарор доданд бо парвариши занбӯруғ машғул шаванд. Барои чӣ? Чунки дар меҳмонхонаҳои маҳаллӣ ба онҳо талабот мавҷуд буд. Барои оғоз намудан ба онҳо гармхонаи оддӣ, пардаи селлофании ба чорчӯбаи таранг кашида шуда ва спораҳои занбӯруғ лозим буд. Технологияи парвариши онҳо хеле оддӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад; ягон намуди поруҳо ё дигар намуди химикатҳо истифода бурда намешаванд. Ин шуғли бисёр хуб барои одамони дорои маълулият мебошад, ки меҳнати вазнин ё коркарди байни ҷӯякҳоро талаб намекунад, тамоми амалҳоро дар аробачаи маълулият нишаста иҷро намудан мумкин аст. Вазни занбӯруғҳо хеле кам аст ва онҳоро ба осонӣ ба воситаи дучарха аз ҷое ба ҷое бурдан мумкин аст. Донишу малакаҳо албатта заруранд, вале онҳоро ба осонӣ азхуд намудан мумкин аст. Гурӯҳ маҳсулоти худро ба осонӣ савдо мекунад ва баъзан пешниҳод аз талабот ақиб мемонад.
Интихоби шаклҳои сохтори ташкилӣ барои гурӯҳҳои ҷамоатӣ, аз мақсадҳои онҳо вобаста аст. Гурӯҳҳои начандон калони маблағҳои баргарданда (худёрирасон) пурра ба боварии байни иштирокчиёни он, такя менамоянд. Барои пасандозҳо ва корхонаҳои хурд ба монанди гурӯҳи замбӯруғпарварон «Титикуку», сохтори ғайрирасмӣ бештар афзалиятнок аст. Аммо, барои корхонаҳои нисбатан мураккаб ва калон, даромад ва дороии бештар зери хавф қарор мегирад, бинобар ин интихоби шакли беҳтарин ин ташкил намудани гурӯҳи расмӣ ё кооператив мебошад, ки фаъолияташон аз тарафи қонун ба танзим дароварда мешавад ва аъзоёни онро аз, масалан дуздии молу маблағҳо эмин медорад. Чӣ қадаре, ки корхона калон бошад, ҳамон қадар танзими расмӣ барои он муҳим аст. БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН 31
Новобаста аз он, ки гурӯҳ расмӣ ё ғайрирасмӣ аст, асоси фаъолияти он ҳамон хел мемонад: ин бояд корхонае, бошад, ки ҳамаи аъзоён ба он ҳуқуқи якхела дошта, ба таври демократӣ идора шавад ва шартҳои ёрии дутарафа, баробарӣ ва ҳамфикрӣ риоя шаванд. Идоракунии босифат гузаронидани ҷаласаҳои мунтазам, интихоби роҳбарони офисҳо, бақайдгирии саривақтии мусоҳибавӣ ва бақайдгирии ҳамаи қарорҳоро дар назар дорад, ҳамаи ин қисми асосии рушди салоҳият, боварӣ ба қувваи худ ва боварию эътимод нисбати аъзоёни гурӯҳ мебошад, новобаста аз он ки гурӯҳ ё корхона начандон калон ва ғайрирасмӣ мебошад. Аксар вақт калимаи «кооператив» (ҳамкорона, якҷоя) барои муайян намудани гурӯҳе, ки бо соҳибкории якҷоя машғуланд,– баъзан дар шакли васеяш истифода бурда мешавад. Кооперативҳои расмӣ иттиҳодҳои кордон мебошанд, ки аз тарафи аъзоёни он идора шуда, аз тарафи қонун танзим карда мешаванд. Кооперативҳое мавҷуданд, ки аъзоёнашон танҳо одамони дорои маълулият мебошанд ва инчунин кооперативҳои таркибашон омехта, яъне аъзоёнашон ҳам одамони дорои маъюбият ва ҳам дорои маъюбият набуда мебошанд. Одамони дорои маълулияте, ки хоҳишманди ташкил намудани кооператив ҳастанд, бояд бо қонунгузорӣ оид ба фаъолиятҳои кооперативҳо шинос бошанд ва меъёру қоидаҳои дахлдорро риоя намоянд.
ЗАМИМАИ 17
Созише, ки ба ҳама маъқул аст
Филиппин
Қариб ҳамаи 650 нафар аъзоёни 12 кооперативҳои ибтидоӣ, ки ба федератсияи Миллии кооперативҳои Филиппин дохил мешаванд, дорои ягон навъи маълулияти ҷисмонӣ, ҳиссӣ (сенсорӣ) ё маълулияти ақлонӣ мебошанд. Федератсия аз тарафи Раёсат оид ба масъалаҳои рушди кооперативҳо ҳамчун кооперативи ягонаи филиппинии сатҳи дуюм барои одамони дорои маълулият, сертификатсия шуда аст. Самти асосии фаъолияти он – истеҳсоли курсиҳо ва партаҳо барои Вазорати маориф аст. Шиори Федератсия: «Мо намехоҳем, ки шумо маҳсулоти истеҳсолкардаи моро бо сабаби дилсӯзӣ харидорӣ намоед. Онҳоро барои он харидорӣ намоед, ки ин додугирифт, интихоби беҳтарин аст!» Баъзе намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки бо он коргарон-одамони дорои маълулият машғуланд, эҳтимол ба маънои том соҳибшуғл ҳисоб намешаванд. Устохонаҳо барои одамони дорои маълулият, устохонаҳои истеҳсолӣ ё корхонаҳои иҷтимоӣ, ки дар ҳақиқат ба худи кормандон тааллуқ надоранд ва аз тарафи онҳо идора карда намешаванд, ба гурӯҳи соҳибшуғлон дохил намешаванд.
Фаъолиятҳои тавсияшаванда Муайян кардани имкониятҳои бозор Миқёс ва хосияти шуғли пешниҳод гардида чӣ хеле, ки набошад ва новобаста аз шахсӣ ё гурӯҳӣ будани он, барномаҳои ТСҶ арзёбии мушаххаси бозорро бояд гузаронанд. Таҳлили бозор дар таркиби худ се ҷузъи асосӣ дорад: 32 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
1. Муайян намудани талаботҳои қонеъ нашуда ё нопурра қонеъшуда. 2. Омӯхтану таҳқиқи технологияҳое, ки ҳангоми истеҳсоли ягон маҳсулоти барои фурӯш истеҳсолшуда истифода бурда мешавад. 3. Интихоби маҳсулот ё хизматрасонӣ, ки ба манфиатҳо ва имкониятҳои шахс ё гурӯҳ мутобиқ мебошанд. Муайян намудани талаботҳои қонеъ нашуда қобилияти дида тавонистани он чизҳоест, ки ба чашм нонамоёнанд (тафаккури ғайримеъёрӣ). Гурӯҳи одамони дорои маълулият дар «Титикуку», ки бо парвариши занбӯруғҳо машғуланд (ниг. ба замимаи 16), муайян намуд, ки ба маҳсулоти онҳо дар меҳмонхонаҳо талабот ҳаст, аммо дар бозорҳои маҳаллӣ он фурӯхта намешуд. Гурӯҳ аз штати Керала, ки вентиля торҳои шифтӣ истеҳсол менамояд (ниг. ба замимаи 14), бо талаботи маҳаллӣ маҳдуд нашуд, ба хулосае омад, бозори нисбатан васеъ ва ба маҳсулоти онҳо талабгор, берун аз ҷамоат воқеъ аст. Ба он нигоҳ накарда, ки технологияи парвариши занбӯруғҳо хеле оддӣ аст, дар Малави то лаҳзае, ки гурӯҳи «Тикикуку» ба кор шурӯъ накард, он васеъ шинохта намешуд. Аъзоёни гурӯҳ оид ба масъалаи занбӯруғпарварӣ аз ходими калисои маҳаллӣ иттилоот гирифтанд ва дониши заруриро аз факултаи хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи Лилонгве дастрас намуданд. Истеҳсоли вентиля торҳои шифтӣ аз ҷиҳати технологӣ нисбатан мураккаб аст, вале барномаи ТСҶ омӯзиши заруриро оид ба малакаҳои техникӣ дар ширкате, ки корхона мехост маҳсулоти худро ба он фурӯшад, ташкил намуд. Маҳсулоте, ки онро гурӯҳи «Титикуку» интихоб намудааст, замбӯруғпарварӣ, барои одамони дорои маълулияти ҳаракат хеле муносиб аст, чунки он аз ҷиҳати экологӣ тоза, вазнаш сабук буда, меҳнати вазнинро талаб наменамояд. Вентиля торҳои шифтӣ ба он нигоҳ накарда, ки аз ҷиҳати техникӣ нисбатан мураккаб бошанд, ҳам аз тарафи одамони дорои маълулият бе ягон мушкилӣ истеҳсол карда мешаванд.
Вобаста намудани фаъолияти интихобшуда бо муҳити атроф махсусан дар маҳалли деҳот Дар шаҳрҳо нисбат ба деҳотҷойҳо имкониятҳои нисбатан бештари соҳиби шуғле, ки даромад меорад, дар сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии иқтисодиёт мавҷуданд. Қисмати зиёди аҳолии деҳот, аз ҷумла одамони дорои маълулият, аксар вақт ба шаҳрҳо ба муҳоҷират бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасониҳои беҳтар ва имкониятҳои ёфтани ҷои кор мераванд. Барномаҳои ТСҶ ҳам дар ноҳияҳои деҳотӣ ва ҳам дар шаҳрӣ бояд намудҳои бештари шуғлҳое, ки даромад меорад ва муҳити атроф мувофиқанд, муайян намоянд. Чунончи, дар ноҳияҳои деҳотӣ дар он ҷое, ки интихоб маҳдуд аст, махсусан роҳҳоеро ёфтан зарур аст, ки одамони дорои маълулият ба воситаҳои зиндагии оилаҳои худ саҳмгузорӣ карда тавонанд ва ба шаҳрҳо ба муҳоҷират нараванд. Масалан, бисёр оилаҳои деҳотӣ новобаста аз он, ки онҳо замин доранд ё не, ҳайвоноти хонагиро ба монанди, мурғ, хук, буз ва говро мепарваранд. Нигоҳубини самараноки онҳо метавонад сатҳи худтаъминкунии ин гуна оилаҳоро беҳтар намояд, чунки одамони дорои маълулият метавонанд вазифаҳои асосиро оид ба нигоҳубини ҳайвонот дар шароитҳои хонагӣ, ба ӯҳдаи худ гиранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бозорҳои фурӯши маҳсулоти дар хона истеҳсол шударо муайян намоянд.
БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН
33
ЗАМИМАИ 18
Филиппин
Велорикша ба Санди даромад меорад Санди аз оилаи камбизоат буда, дар шаҳри Табако-Ситии музофоти Албай, Филиппин зиндагӣ мекунад. Бо сабаби ақибмонии инкишофи ақлӣ вай аз овони кӯдакӣ дар парастории оила ва махсусан модараш буд. Дар соли 1997 вақте ки ӯ 10 сола буд, кормандони барномаи ТСҶ-и ҳукумати шаҳри Табако бо ӯ дар алоқа шуданд ва аз ҳамон лаҳза ҳаёти ӯ дигаргун шудан гирифт. Ба шарофати барномаи ТСҶ модари Санди аз чӣ иборат будани маълулияти писараш ва барои беҳтар намудани сифати ҳаёти писарча кадом корҳоро амалӣ кардан зарур аст дарк намуд. Ба мушкилоти зиёд ва табъиз нигоҳ накарда, Санди мактаби ибтидоиро хатм намуд ва баъд таҳсилро дар шӯъбаи махсуси мактаби таҳсилоти умумии Миллии Сан-Лоренцо давом дод. Дар давраи таҳсил дар мактаб Санди пухтани хӯроки осон, бозорӣ кардан, истифодаи компютер, тайёр намудани шамъҳо ва дигар ҳунарҳои дастиро азхуд намуд. Аммо таҳсил дар мактаб барои ӯ раванди дилгиркунанда буд. Дар синни 17 солагӣ ӯ ба кофтукови имкониятҳо барои дастрас намудани даромади худ, оғоз намуд. Чун ҳамаи наврасоне, ки вақтхуширо дӯст медоранд, Санди низ дучархасавориро бисёр дӯст медошт ва ин ӯро ба фикр оид ба он, ки чӣ тавр пул кор карданро оғоз намудан мумкин аст, овард. Вай аз волидонаш хоҳиш намуд, ки ба ӯ велорикшаро дастрас намоянд. Онҳо барои ин харид пул надоштанд, аммо ӯ онҳоро бовар кунонд, ки велорикшаро бо қарз гиранд ва ваъда дод, ки худаш ҳар моҳ маблағи муайянро пардохт менамояд. Ҷавон ба ваъдаи худ вафо намуд. Дар ихтиёри худ велорикша дошта, ӯ қобилияти гирифтани даромади зарурӣ барои қонеъ намудани талаботҳои асосии худ, пардохти маблағҳо барои маводи тиббӣ ва саҳмгузориро ба буҷаи хонаводааш дорад. Вазъи нави ӯ ба муносибати аъзоёни ҷамоат нисбати ӯ таъсир расонид. Ҷавон дигар ба табъиз гирифтор намешуд; баръакс, ӯро барои иштирок дар корҳои ҷамоат таклиф менамуданд. Санди нақл менамояд: «Ман одаме ҳастам, ки ба ман таълим гирифтан душвор аст. Бинобар ин, барои ман хеле муҳим аст, ки мустақил бошам, ҳаёти сермаҳсул барам, аз дастгирии оила ва ҷамоат, ки дар он ҷо маълулияти ман боиси табъиз намегардад, истифода барам ва албатта ояндаи дурахшон дошта бошам».
Интихоби шахсиро таъмин намудан Интихоби фаъолияти корие, ки шахс мехоҳад бо он машғул шавад, қарори инфиродии худи ӯ мебошад ва бояд ба манфиатҳо, малакаҳо ва захираҳои ӯ такя намояд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • ба шахс дар муайян намудани манфиату шавқмандиҳои худ ёрӣ расонанд; • муайян намоянд, ки аз тарафи аъзоёни оила чӣ гуна дастгирӣ мавҷуд аст; • ба шахс дар муайян намудани малакаҳо ва имкониятҳое, ки ӯ барои гирифтани даромад истифода бурда метавонад, ёрӣ расонанд; • дар ҳолати мавҷуд будани имконият, шахс ё волидони кӯдакони дорои маълулиятро ба гурӯҳе, ки барои ба даст даровардани даромад фаъолият менамояд ҳавасманд намоянд. • ба занҳои дорои маълулият бо мақсади ҷалб намудани онҳо ба гурӯҳҳое, ки барои дастрас намудани даромад фаъолият мекунанд, диққати махсус додан лозим аст. • ба соҳибкорони бомуваффақият, аз ҳисоби одамони дорои маълулият барои роҳбалади дигар одамони дорои маълулият шудан, ёрӣ расонидан лозим аст. 34 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
ЗАМИМАИ 19
Фикрронии соҳибкоронаи Педро
Ангола
Педро ҷавони дорои маълулият аз Ангола буда, соҳиби фикру ақидаҳои хеле зиёд мебошад. Вай дорои маълулият аст, ки ба он дар давраи кӯдакӣ пас аз бемории фалаҷ гирифтор шудааст. Вале, фикрронии хеле солим ва дастони ҳунарманд дорад. Ӯ ба қарор омад, ки аквариумҳои моҳиҳои ороиширо созад. Ӯ аквариумҳои хеле хуб месозад ва онҳо хеле хуб ба савдо мераванд. Вале, барои сохтани аквариуми нисбатан калонтар ва ба бозорӣ бештар ҷолиб баромадан, ба ӯ насосҳо ва обполо (филтрҳо) лозим шуданд, ки дар Ангола онҳоро ёфтан хеле мушкил буд. Кормандони лоиҳаи ТСҶ ба қобилияти соҳибкории ӯ баҳо дода, қарор доданд, ки иштироки ӯро дар соли 2008 дар ярмаркаи соҳибкории хусусӣ ва хурд дар шаҳри Уила маблағгузорӣ намоянд. Баъди намоиш додани маҳсулоти худ дар ярмарка, Педро бо якчанд мағозаҳо, ки изҳори таъмин намудани ӯро бо насосоҳо ва филтрҳои зарурӣ намуданд ва инчунин пешниҳод намуданд, ки маҳсулоташро фурӯшанд, робитаро барқарор намуд. Ба ғайр аз ин, гурӯҳи ТСҶ ба ӯ машваратҳои хуқуқӣ медиҳад ва иштироки ӯро дар барномаи омӯзишӣ оид ба менеҷмент ва ҳисобот маблағгузорӣ менамояд. Педро, азбаски бизнеси ӯ равнақ ёфт, ваъда дод, ки дигар одамони дорои маълулиятро ба кор таъмин намуда ба онҳо малакаҳои заруриро меомӯзонад.
Муайян намудани намунаҳо барои ибрату пайравӣ Барои одамони дорои маълулият намунаҳои мусбӣ барои ибрат лозиманд, ки барои бо шуғли даромаднок машғул шудан рӯҳбаланд намоянд. Дар бисёр ҷамоатҳо соҳибкорони дорои маълулият, ки дар кори худ муваффақанд, хеле зиёданд; агар онҳо ба шабакаи барномаи ТСҶ шомил бошанд, пас онҳо на танҳо ҳамчун намунаи пайравӣ барои дигар одамони дорои маълулият мешаванд, балки метавонанд, ки муносибатро дар ҷамоат нисбати одамони дорои маълулият дигаргун намоянд. Рӯҳбаланд ва дастгирӣ намудани занҳои дорои маълулият. Намудҳои фаъолият, ки даромад меоранд, метавонанд ба занҳои дорои маълулият имконият диҳанд, ки воситаҳои иловагиро барои саҳмгузорӣ намудан ба буҷети оилаашон зиёд намоянд. Аммо, чунин занҳои дорои маълулият дар роҳи иштирок дар фаъолияти корӣ ба монеаҳо дучор мешаванд. Ин монеаҳо бо сабаби зарурати нигоҳубини кӯдак ва иҷрои ӯҳдадориҳои хонагӣ, норасоии дониш ё малакаҳои касбӣ, анъанаҳои маданӣ, ки имконияти бо чӣ шуғл шудани занро муайян менамоянд ва набудани захираҳо, пайдо шуданашон мумкин аст. Барномаҳои ТСҶ бояд барои расонидани ёрӣ ба занҳои дорои маълулият оид ба ташкил ё васеъ намудани фаъолияте, ки дар шароитҳои хона ё ҷамоат иҷро шуда даромад меорад, инчунин иштирок дар гурӯҳҳои худёрирасон ва корхонаҳои коллективӣ кӯшишҳои иловагиро ба харҷ диҳанд. Барои ин, дастгирии иловагӣ зарур шуданаш мумкин аст, аз ҷумла ташкили нигоҳубини кӯдакон, омӯзиш оид ба малакаҳои касбии заминавӣ ва малакаҳои дастгирии бизнес ва инчунин, ташкили гурӯҳҳои худёрирасон барои занҳои дорои маълулият. БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН 35
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва созмонҳои дар соҳаи рушд фаъол Паст кардани сатҳи камбизоатӣ афзалияти аниқ ифодаёфтаи фаъолияти ҳукуматҳо, агентиҳо оид ба рушд ва барномаҳои ТСҶ мебошад. Барномаҳои ТСҶ аз ҳама бештар қобилияти беҳтар намудани вазъияти иқтисодии одамони дорои маълулият, бо роҳи ташкил намудани ҳамкориҳо бо шӯъбаҳои мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва созмонҳои дар соҳаи рушд фаъолияткунанда, ки барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатиро татбиқ менамоянд ва соҳиби таҷриба дар ин соҳа мебошанд, доранд. Ба стратегияҳои мазкур инҳо дохил мешаванд: • ташвиқу рӯҳбаланд намудани барномаҳои умумии давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба рушди соҳибкории хурд барои қабули муносибату сиёсати фарогир бо мақсади фарогирии одамони дорои маълулият ба хизматрасонӣ ва ёрие, ки онҳо пешниҳод менамоянд; • расонидани ёрӣ дар дохил намудани одамони дорои маълулият ба барномаҳои умумии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушд.
ЗАМИМАИ 20
Паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо ёрии сарфаи маблағҳо ва қарзҳо Лоиҳаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар аёлати Андхра Прадеши Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки аз тарафи агентии гурӯҳи маблағгузорон (мултидонорӣ) маблағгузорӣ карда мешавад, ба пурқувватгардонӣ ва беҳтар намудани мавқеи занон бо ёрии баланд бардоштани даромадҳои онҳо ва зиёд намудани назорати онҳо равона карда шудааст. Стратегия ба сарфаи маблағҳо ва қарзҳои хурд асос меёбад. Ба барнома одамони дорои маълулият низ дохил карда шудаанд. Як қатор барномаҳои ТСҶ дар ин аёлат аллакай муносибатҳои дӯстона бо лоиҳаи зикргардида барқарор намудаанд. Ҳавасманд ва дастгирӣ намудани созмонҳои одамони дорои маълулият ва ҷалб намудани онҳо ба эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият ва ташвиқи онҳо ба иқдомҳои маҳаллӣ дар соҳаи рушди иқтисодӣ.
Ҳиндустон
ЗАМИМАИ 21
Хитой
Мутобиқкунии бомуваффақият ва таъсиррасонӣ Дар музофоти Хэйлунтсзяни, Ҷумҳурии Хитой, Федератсияи одамони дорои маълулият ҳукумати маҳаллиро барои қабули сиёсати дохил намудани одамони дорои маълулият ба марказҳои таълими якҷоя (омехта) ва барномаҳо, баромад намуда, бомуваффақият ба натиҷаи мусбӣ ноил гардид. Дар натиҷа иқдоми асосӣ дар соҳаи таълими асосҳои хоҷагии қишлоқ, ки бо номи сертификати Сабз маълум аст, омӯзишу хизматрасониҳоро оид ба бизнес барои ҳазорон одамони дорои маълулият таъмин менамояд. Аз хазинаи барқарорсозӣ (ки ба системаи квотаҳо такя менамояд) қарзҳоро гирифта, ҳазорон одамони дорои маълулият кори шахсии худро оғоз намудаанд. 36 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
• Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои соҳаи рушд, ки ба хизматрасониҳо оид ба таҳияи бизнес хизмат мерасонанд.
ЗАМИМАИ 22
Эфиопия
Тарғибу ташвиқи фаъолияти соҳибкории занҳо Дар Эфиопия барномаи рушди соҳибкорӣ дар байни занҳо ҳамеша занҳои дорои маълулиятро низ ба фаъолиятҳо фаро мегирад. Барнома омӯзиши малакаҳои ибтидоии корӣ, хизматрасониҳоро оид ба таҳия ва рушди бизнес ташкил медиҳад, дастрасиро ба қарзҳо таъмин намуда, ба пурзӯр намудани ассотсиатсияҳои занҳои соҳибкор мусоидат менамояд. Яке аз чунин занҳо, ки дорои маълулият аст, роҳбари иттиҳоди минтақавии занҳои соҳибкор таъин шудааст.
Осон намудани дастрасӣ ба сармояи ибтидоӣ Новобаста аз он ки, кадом шакли соҳибкорӣ бо мақсади даромад ба нақша гирифта шуда бошад, ба капитали ибтидоӣ талабот пайдо мешавад. Чор манбаи он мавҷуд аст: захираҳои шахсӣ ё оилавӣ, пасандозҳо, қарзҳо ва грантҳо. Барномаҳои ТСҶ метавонанд ба одамони дорои маълулият дар пайдо намудани малакаҳои сафарбарии захираҳо ёрӣ расонанд ва ба капитали ибтидоӣ дастрас шаванд (нигаред ба боби Хизматрасониҳои молиявӣ).
ЗАМИМАИ 23
Кафе-ошхонаи Акуа
Гана
Акуаи шасту панҷ сола аз Борае, Гана мебошад. Тақрибан 40 сол пеш бо сабаби бемории оби марворид (глаукома) ӯ дорои маълулияти биноӣ гардидааст. Мегӯянд, ки дар оилаи онҳо гум кардани қобилияти биноӣ бемории модарзодӣ аст, чунки боқимонда шаш нафар аъзоёни оила тахминан бо ҳамин сабаб қобилияти биноии худро гум кардаанд. Акуа оиладор аст, вай соҳиби шаш фарзанд, ду духтар ва чор писар мебошад. Айни замон фарзандон калон шуда ва бо оилаҳои худ зиндагӣ мекунанд. То беморӣ, Акуа сартарош буд ва шавҳараш бошад, маҳсулоти ғизоӣ савдо мекард. Пас аз гум кардани қобилияти биноӣ ӯ бо истисноӣ набудани ягон ҷои кор, табъиз, ва бепарасторию қашоқӣ дучор гардид. Дар доираи барномаи маҳаллии ТСҶ Акуа даври тавонбахшии саломатиро гузашт, ки ба ӯ имконияти мутобиқ шудан ба вазъияти рухдода, барқарор намудани боварӣ ба худ ва қобилияти идоракунии амалҳои худро дод ва малакаҳои навро азхуд намуд, то ба шуғли даромаднок банд шавад. Дере нагузашта, Акуа ба ҳаёти фаъолонаи иҷтимоӣ баргашт ва кафе – ошхонаро кушод, ки дар он кенкей (хӯроки машҳури маҳаллӣ, ки аз ҷуворимакка омода шуда, бо моҳии бирён ва қаланфури тез истеъмол карда мешавад) тайёр намуда, мефурӯшад. Барои гирифтани қарз бо мақсади ташкили соҳибкории (бизнеси) нав Акуа бо иттиҳоди маҳаллии қарзӣ дар алоқа шуд ва ёрии молиявиро дастрас намуд. Ҳар саҳар, хусусан дар рӯзҳои бозории деҳаҳо дар назди ошхонаи Акуа навбати мизоҷонро дидан мумкин аст, ки хоҳиши истеъмоли кенкейи ӯ бо моҳии бирёнро доранд. Акуа ба воситаҳои зиндагии оилаи худ ва ҷамоат саҳмгузор аст. БО ШУҒЛИ ДАРОМАДНОКИ ХУД БАНД БУДАН 37
Меҳнати кироя Муқаддима Ҳар як инсон ҳуқуқ ба меҳнати арзандаро дорад. Одамони дорои маълулият ҳар як намуди шуғлро истифода мебаранд, дар ҳама намудҳои соҳибкорӣ ва ҳамаи сохторҳо фаъолият менамоянд. Чунин фаъолияте нест, ки «танҳо барои одамони дорои маълулият кашф карда шуда бошад». Ҳар як шахси дорои маълулият, ки дар ҷустуҷӯи ҷои кор аст, шахсияти дорои манфиатҳои шахсӣ, мақсадҳо, малакаю маҳоратҳо, қобилият ва сатҳи муайяни дониш мебошад. Ин ҷиҳатҳои шахсӣ, инчунин талаботҳои бозори меҳнат ва мавҷуд будани дастгирӣ, омилҳои асосӣ мебошанд, ки онҳоро ҳангоми расонидани ёрӣ ба одамони дорои маълулият барои таъминкунӣ ба ҷои кор ба назар гирифтан лозим аст. Дастрасӣ ба меҳнати музднок ҳамеша бояд чун яке аз намудҳои интихоб барои шахсоне, ки дорои маълулиятанд ва кор мекобанд, дида баромада шавад. Қобилияти меҳнатии одамони дорои маълулиятро бояд аз нигоҳи малакаҳои меҳнатии онҳо ва он фоидае, ки онҳо метавонанд биёранд, ба назар бояд гирифт, на бо ягон андешаҳои хайриявӣ. Бинобар ин, дониш ва омодагии ҳаматарафа дар ин ҷо нақши хеле муҳимро мебозад. Меҳнати кироя барои музди муқарраршуда одатан дар иқтисодиёти расмӣ вомехӯрад, бинобар ин, дар мамлакатҳое, ки ин соҳа хуб тараққӣ намудааст, бахши мазкур беҳад фоиданок мешавад. Аммо, меҳнати кироя инчунин, дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ низ вомехӯрад.
ЗАМИМАИ 24
Филиппин
Адвокат Айрин Айрин дар ҷазираи Палавани Филиппин дар соли 1980 таваллуд шудааст. Ӯ бо бемории тангнои сутунмӯҳра таваллуд шудааст, ки ба вайроншавии ҷиддии қобилияти ҳаракат оварда мерасонад. Ҳар сол онҳо бо модараш маҷбур буданд, ки ба Манила ба сафари дурудароз ва гаронарзиш барои устувор ё иваз кардани миёнбанд (корсет)-и махсуси тахтапушт, бароянд. Вақте, ки лоиҳаи ТСҶ «Баҳатала» дар Палаван фаъолияти худро оғоз намуд, дар доираи он ҳуҷраи гузоштани узви сунъӣ (протезмонӣ) ва раддодӣ ташкил гардид. Ин ба сафарҳои тез- тез ва дурудароз ба Манила хотима гузошт. Барномаи ТСҶ ба аъзоёни оилаи духтарча дастгирии маънавӣ расонд ва тавсия дод, ки мағозаи начандон калони баққолии оилавиро барои баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддӣ, рушд ва васеъ намоянд. Ин ба Айрин барои хатм намудани мактаб бо баҳоҳои хуб ёрӣ расонд ва баъд ба ӯ грант барои хониш дар донишгоҳ ҷудо шуд. Айрин дипломи аълоро оид ба политология гирифт ва баъд омӯхтани ҳуқуқро оғоз намуд. Дар соли 2006 вай мактаби ҳуқуқшиносиро аъло хатм кард ва боз як гранте гирифт, ки ба ӯ имконияти супоридани имтиҳон барои фаъолияти ҳимоячиро дод. Айни замон Айрин ҳамчун ҳимоячӣ дар суди Олии Филиппин фаъолият менамояд ва аз рӯи ихтисоси худ аз ягон ҳуқуқшиноси дигари судӣ камӣ надорад.
МЕҲНАТИ КИРОЯ
39
ЗАМИМАИ 25
Раҳнамоии раванди бо кор таъминнамоии одамони дорои маълулият ва иваз намудани муносибат нисбати онҳо. Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, дар Ҷумҳурии Лубнон бо кор таъмин намудани одамони дорои маълулияти ҷисмониро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад; дар Лубнон соҳаи расмии иқтисодиёт хеле пешрафта ва меҳнати кироя намуди беҳтарин барои одамони дорои маълулият ҳисоб мешавад. Директори Иттиҳод чунин мегӯяд: «Талаботҳои ҳамаи мо ҳар гуна мебошанд, аммо ҳуқуқҳо якхелаанд». Лоиҳаҳои Иттиҳод дар соҳаи шуғл барои дастрас шудан ба се натиҷаи асосӣ равона шудаанд: 1. Иваз намудани муносибат нисбати одамони дорои маълулият дар сектори хусусӣ, ки дар он бо кор таъминкунандагон онҳоро ҳамчун кормандони имконпазири дорои иқтидори истеҳсолкунанда ва қобилияти харидан дошта эътироф намоянд. Дар ин ҷо нишондиҳандаи асосӣ - баланд бардоштани фоизи бо кор таъминбудагони дорои маълулият дар корхонаҳои хусусӣ мебошад. 2. Баланд бардоштани иқтидори одамони дорои маълулият ба воситаи масалан, пешниҳоди дастрасӣ ба барномаҳои асосии омӯзиши касбӣ ва техникӣ, ки ба талаботҳо ва вазъияти одамони дорои маълулият ва инчунин, ба воқеияти бозори меҳнат, мутобиқ шудаанд. 3. Иваз намудани сиёсат ва амалияи давлат бо роҳи масалан, амалӣ намудани чорабиниҳои зерин: муассисаҳои давлатӣ қонунҳоро оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият самаранок иҷро менамоянд; стратегияҳои миллӣ аз муносибат дар асоси хайрия ба одамони дорои маълулият, ба муносибати фарогир мегузаранд; марказҳои миллии шуғли аҳолӣ барои беҳтар ҷавобгӯй будан ба эҳтиёҷоту талаботҳо ва бо кор таъмин шудани одамони дорои маълулият бо донишу малакаҳои кор бо чунин одамон муҷаззаҳ карда мешаванд. Барои расидан ба ин натиҷаҳо, Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, дар Ҷумҳурии Лубнон таҳқиқ менамояд, ки дар куҷо ва дар кадом вазъият одамони дорои маълулият бо кор таъмин мегарданд; бо кортаъминкунандагони имконпазир муносибат барқарор менамояд; омӯзонидани одамони дорои маълулиятро ташкил менамояд, то ки онҳо ба талаботҳои бо кор таъминкунандагон мувофиқат намоянд. Иттиҳод барои одамони дорои маълулият марказҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои бо кор таъминкуниро таъсис дод. Ин марказҳо ҳамчун сохторҳои дастраскунии иттиоолот фаъолият менамоянд ва ҳам бо кор таъминкунандагон ва ҳам ба коркобон аз ҳисоби одамони дорои маълулият хизмат мерасонанд. Мақсади онҳо робита намудан бо шахсони бо кор таъминкунанда аст, то аниқ намоянд, ки кормандони кадом касбҳо ба онҳо лозиманд ва баъд ба одамони дорои маълулият дар пайдо намудани малакаҳои зарурӣ ёрӣ расонанд. Ба ғайр аз ин, Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, дар Ҷумҳурии Лубнон веб-сайтро барои коркобон аз ҳисоби одамони дорои маълулият бо мақсади муайян намудани ҷойҳои корӣ ва дар алоқа шудан бо кортаъминкунандагон фаъол намудааст. Тони, мизоҷи маркази машваратии шуғл дар назди Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ мебошад, ки дар киноархив кор мекунад ва бо барқароркунии кинофилмҳо машғул аст, ӯ мегӯяд: «Иттиҳоди одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ ба ман хеле ёрӣ расонданд. Онҳо бо ширкатҳои хеле зиёд дар алоқа ҳастанд ва ба шарофати, махсусан ҳамин робитаҳо онҳо ба ман шуғли шавқовар ва эҷодӣ пайдо намуданд». 40 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Лубнон
Мақсад Одамони дорои маълулият ба меҳнати кироя дастрасии баробар дошта, дар дарёфти воситаҳои зиндагии худ аз он истифода мебаранд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Вазифаи барномаҳои ТСҶ аз пурқувват намудани одамони дорои маълулият барои дастрасӣ ва нигоҳ доштани ҷои кор дар соҳаи меҳнати кироя, бо истифодаи усули таъмини дастрасии баробар ва муносибат нисбати онҳо дар ҷои кор, инчунин, дастрасӣ ба хизматрасониҳое, ки ба ёфтани шуғли кироя мусоидат менамоянд, иборат мебошад.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият дар соҳаҳои иқтисодиёти расмӣ ва ғайрирасмӣ ба меҳнати кироя машғул буда, воситаҳои зиндагонияшонро таъмин карда истодаанд; • корфармоён одамони дорои маълулиятро бо роҳи ташкил намудани муҳити фарогир ва дастраси корӣ, ба кор гирифта ва нигоҳ медоранд. • роҳбарон ва ҳамкорони одамони дорои маълулият оид ба мушкилиҳои онҳо тасаввуроти кифоя ва муносибати мусбӣ доранд • сохторҳои асосии шуғл дар соҳаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ одамони дорои маълулиятро фаро гирифтаанд. • ба воситаи дастрас намудани ҷойҳои кории музднок малакаҳои худбаҳодиҳӣ, ҳисси ҳимояи шахсӣ ва эътибору манзалати одамони дорои маълулият дар оила ва ҷамоат, баланд шудааст. • ба шарофати дастрас намудани меҳнати кироя одамони дорои маълулият ба ҳаёти оила ва рушди иқтисодии ҷамоат саҳмгузоранд.
Мафҳумҳои асосӣ Чорабиниҳои ба ҷои кор таъминнамоӣ Бисёр мамлакатҳо қонунҳо ва чорабиниҳои сиёсие қабул намудаанд, ки ба тарғибу ташвиқи фарогирии одамони дорои маълулият ба ҷойҳои кории муқаррарӣ ба монанди квотаҳо, қоидаҳои зиддитабъиз, чораҳои бо кортаъминкунии воқеӣ, нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва баргаштан ба онҳо, инчунин чораҳои бо кортаъминкунии алетрнативиро пешбинӣ менамоянд.
Намудҳои меҳнати кироя Се намуди асосии меҳнати кироя, ки барои одамони дорои маълулият дастрасанд, аз инҳо иборатанд: Меҳнати кироя дар заминаҳои умумӣ Одамони дорои маълулият ҳуқуқ доранд, ки дар бозори меҳнати рақобатӣ бо ҳамон манфиатҳо ва музди меҳнате, ки дигар коргарон мегиранд, иштирок намоянд. Имкониятҳои бо кор таъминкунӣ дар соҳаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хусусӣ, аз МЕҲНАТИ КИРОЯ 41
ҷумла дар ширкатҳои байналмилалӣ ва корхонаҳои расмӣ ва ғайрирасмии иқтисодӣ мавҷуданд.
Меҳнати кирояи дастгиришаванда Баъзе одамони дорои маълулият мумкин аст, ба дастгирии доимӣ ниёз дошта бошанд, то ин ки дар ҷараёни меҳнат иштирок карда тавонанд. Ду намуди шуғли дастгиришаванда мавҷуд аст: 1. бо кор таъминкунии инфиродӣ, вақте ки корманди ёрирасон дар ҷои корӣ ба коргари дорои маълулият омӯзиш мегузаронад ва инчунин, барои самаранок иҷро намудани вазифаҳояш ба ӯ ёрӣ мерасонад; 2. ташкили кори гурӯҳӣ (бригадавӣ), ки дар он ба гурӯҳи одамони дорои маълулият шароитҳо барои кори якҷоя дар асосҳои умумӣ ё ба сифати бригадаи сайёр муҳайё шуда, доимо дастгирӣ карда мешаванд. Онҳо барои ҷамоат хизматрасониҳоро ба тариқи шартномавӣ иҷро мекунанд, масалан, рӯбучини идораҳо, боғдорӣ, корҳо оид ба ободонии замин ва шустани мошинҳо.
Корхонаҳои махсусгардонидашуда барои одамони дорои маълулият Баъзе одамони дорои маълулият, ки ҳангоми кирояи рақобатӣ ё кушода, қобилияти ёфтан ё нигоҳ доштани ҷои корро надоранд, бо дастгирӣ ё бе он, дар шароитҳои махсус ва одатан муҳофизатдоштаи системаи шуғли махсусгардонидашуда, одатан дар устохонаи махсус таҷҳизонида шуда, кор карда метавонанд. Чунин устохонаҳо одатан, танҳо одамони дорои маълулиятро киро менамоянд. Музди меҳнат ва шароитҳои корӣ аз ҷойҳои муқаррарӣ фарқ карданашон мумкин аст. Баъзе устохонаҳои махсусгардонидашуда бештар корҳои сатҳи ҷамоатӣ доштаро иҷро менамоянд ва қисмҳои махсусгардонидашуда шароитҳои умумӣ доранд ё усулу тарзҳои соҳибкорӣ ва корхонаҳои иҷтимоиро чун намуна истифода мебаранд. Баъзе аз онҳо инчунин, музди меҳнати хуб ва имтиёзҳоро пешниҳод менамоянд ва корҳои дорои арзиши баланд ва ба ҷойҳои доимии корӣ мувофиқро, ки дар ҷамоат вуҷуд доранд, анҷом медиҳанд.
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ оид ба иқтидор ва ҳуқуқи одамони дорои маълулият ба меҳнат Фаъолияти баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ оид ба иқтидори одамони дорои маълулият ба меҳнат бо мақсади додани имконият ба онҳо барои ёфтани ҷойҳои корӣ аз рӯи киро, аҳамияти калон дорад. Барои татбиқи фаъолияти мазкур бештар ба корфармоён ва созмонҳои онҳо, одамони дорои маълулият ва созмонҳои онҳо, корхонаҳои давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, кормандон ва созмонҳои онҳо, аъзоёни оилаҳо ва ҷамоатҳо, диққат дода, саъю кӯшишҳои мувофиқро татбиқ намуд. Ҷалб ва иштироки мансабдорони давлатӣ ба фаъолияти мазкур манфиатнок аст. 42 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
ЗАМИМАИ 26
Барбадос
Тарғиби васеъ намудани имкониятҳои шуғл ба воситаи татбиқи чорабиниҳои сиёсӣ Бо мақсади фаро гирифтани одамони дорои маълулият бо фаъолиятҳои муқаррарӣ (шуғли мунтазам) дар асосҳои умумӣ, Конфедератсияи бо кор таъминкунандагони Барбадос ҳуҷҷати сиёсиро таҳти сарлавҳаи «Расонидани ёрӣ барои таъмини шуғли одамони дорои маълулият» таҳия намуд. Дар раванди муаррифии ҳуҷҷати мазкур вазири рушди иҷтимоии Барбадос ҷаноби Тревор Прескод қайд намуд, ки татбиқи стратегияҳое, ки дар ҳуҷҷат ифода ёфтааст, муносибати ҳамоҳангсозонаи байнисоҳавиро талаб менамояд. «Бинобар ин, бисёр сохторҳои давлатӣ, шахсӣ ва ғайридавлатӣ, бояд барои таъмин намудани иҷроиши саривақти барномаҳо хеле боғайрат бошанд». Вазир инчунин қайд намуд, ки барои раҳнамоии беҳтари ҳамкориҳо Ҳайати вазирон ва барномаи миллӣ дар соҳаи кор бо одамони дорои маълулият корҳои зиёдеро анҷом доданд, аз ҷумла ба воситаи ташкили Шӯрои миллии машваратӣ оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият таъсис дода шуд, ки бояд дар баробари дигар вазифаҳо, боз санҷишҳо гузаронида, оид ба дигаргун шудани вазъияти онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳисобот пешниҳод намоянд. Дарк намудани муҳите, ки дар он чорабиниҳои сиёсӣ амалӣ мешаванд Пеш аз оғози ҳар гуна маъракаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, барномаҳои ТСҶ бояд оид ба ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ки бо кор таъминкунии одамони дорои маълулият ва вазифаҳои бо кортаъминкунандагон дар матни маҳаллӣ вобаста аст, тасаввурот гиранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бо одамони дорои маълулият ва созмонҳои онҳо бо мақсади шинос шудан бо стратегияҳои миллӣ ва маҳалӣ дар соҳаи шуғл кор кунанд ва агар чунин стратегияҳо мавҷуд набошанд, пас барои таҳияи онҳо баромад намоянд. Хеле муҳим аст, ки худи бо кор таъминкунандагон ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро дуруст дарк намоянд. Муайян намудани стратегияи аз ҳама самараноки беҳтар намудани сатҳи иттилоотнокӣ Стратегияи чорабинии баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ҷузъиётҳои зеринро дар бар мегирад: • ҷамъ намудани иттилоот оид ба вазъи ҳуқуқии ҳозира ва ифодаи он дар намуди дастрас ва осон; • муайян намудани корхонаҳое, ки аллакай ҳозир одамони дорои маълулиятро фаъол киро менамоянд ва истифодабарии онҳо ҳамчун намунаҳо барои ибрату пайравӣ; • ҳамкорӣ бо ташкилотҳо ва фаъолони ҳаракатҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва истифодабарии «намунаи муаваффақият аз таҷриба»-и шахсиятҳои барҷаста, ки дорои маълулиятанд, ҳамчун намунаи ибрат барои дигарон. Ифода намудани бартариҳо барои соҳибкорӣ (бизнес) Бартарии ба кор қабул намудани одамони дорои маълулият барои бо кор таъминкунандагон дар чист? МЕҲНАТИ КИРОЯ 43
• Бо кор таъминкунандагони одамони дорои маълулият мунтазам қайд менамоянд, ки онҳо дар муқоиса бо ҳамкасбони худ, ки дорои маълулият нестанд, ба натиҷаҳои якхела ё нисбатан баландтар оид ба маҳсулнокӣ, саривақт омадан ба кор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ноил мегарданд. Паст шудани сатҳи ивазшавии кадрҳо мушоҳида мешавад: одатан одамони дорои маълулият ба иваз кардани ҷои кор назар ба онҳое, ки дорои маълулият нестанд, камтар майл доранд. • одамони дорои маълулият малакаю маҳоратҳои ба соҳибкорон заруриро доранд, ҳам малакаҳои техникӣ оид ба касб ва ҳам малакаҳои гузарандаи ҳалли мушкилот, ки дар раванди ҳаёти ҳаррӯзаашон ба даст омадаанд. • барои бисёр ширкатҳо масъулияти умумии (корпоративии) иҷтимоӣ аҳамияти бештар пайдо карда истодааст ва онҳо чунин меҳисобанд, ки бояд ба ҷамоат ва мизоҷон барои муваффақ гардидани корашон мусоидат намудан «миннатдорӣ» баён намоянд.
ЗАМИМАИ 27
Россия
Дастгирӣ ва омӯзиш Созмони ғайридавлатии «Аспектус», аз кишвари Перми Россия буда фаъолияти асосиаш ба дастгирии раванди фарогирии иҷтимоӣ ва касбии одамони дорои маълулият, ки дар қаламрави кишвари мазкур кор мекунанд, бахшида шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Созмони «Ҳэндикэп интернешнл» ва Агентии шуғли аҳолии кишвари Перм, Маркази асосии иттилоотӣ бо чор шӯъбаҳои минтақавӣ ва инчунин, веб-сайт ташкил шуданд, ки вазифаашон аз ташвиқу дастгирии раванди бо ҷои кор таъминнамоӣ ва ташкили омӯзишҳо барои одамони дорои маълулият иборат мебошад.
Пурқувватгардонӣ ва дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади дастрас намудани ҷои кор Таъмин намудани робита бо сохторҳои равонасозӣ ва дастгирӣ Ба барномаҳои ТСҶ зарур аст, ки ба иттилооти навтарин оид ба сохторҳое, ки ба одамони дорои маълулият дар ёфтани кори кироя ёрӣ мерасонанд, дастрасӣ дошта бошанд. Ба чунин сохторҳо масалан: хизматрасониҳои махсусгардонидашуда ва фарогири таълими касбӣ ва шогирдӣ, марказҳои тиббӣ ва марказҳои барқарорсозии касб, хизматрасониҳои молиявӣ, сохторҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои рушди касб ва шуғл (давлатӣ ва хусусӣ) дохил мешаванд. Барномаҳои ТСҶ инчунин метавонанд хоҳишмандони дорои маълулиятро, ки барои дастрас намудани ҷои кор ба онҳо муроҷиат мекунанд, ба ин сохторҳо равона намоянд ва дар он ҷое, ки ин сохторҳо нестанд, оид ба расондани хизматрасониҳои мазкур чораҷӯӣ намоянд. Омӯхтан ва арзёбии вазъияти бозори меҳнат Барои он, ки ба одамони дорои маълулият дар дарёфти кор ёрӣ расонида шавад, иттилооти дақиқ ва саривақтӣ зарур аст. Баъзе маълумотҳо мумкин аллакай мавҷуд бошанд, масалан аз палатаи маҳаллии савдо ё сохтори махсуси давлатӣ, ба монанди Вазорати меҳнат гирифта шаванд. Имкониятҳои бо кор таъминкуниро инчунин, бо роҳи гузаронидани тадқиқоти оддӣ, ки аз арзёбии талаботҳои корхонаҳо, талаботҳои онҳо ба қувваи корӣ ва инчунин, пешниҳоди кормандони касбҳои мувофиқро пешбинӣ менамояд, муайян намудан мумкин аст. 44 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Арзёбӣ ва дастгирии одамони дорои маълулияте, ки ба ҷои кор ниёз доранд. Пеш аз шахсони дорои маълулияти ба ҷои корӣ ниёздоштаро бо кор таъмин намудан, бояд муайян намоед, ки ӯ бо кадом кор машғул шудан мехоҳад. Шавқмандӣ, мақсадҳо, малакаю маҳоратҳо, истеъдодҳо ва шаклҳои дастгириро (масалан, аз оила) фаҳмида гиред. Инро ҳангоми сӯҳбат бо ӯ масалан, сатҳи маълумотнокӣ, сатҳи омодагӣ ва собиқаи меҳнатиаш, машғулиятҳои ҳаррӯза, мақсаду шавқмандиҳо, инчунин, мушоҳида намудан ҳангоми кори ҳаррӯза ё ташкил намудани санҷиш барои ӯ фаҳмидан мумкин аст. Расонидани ёрӣ дар муайян намудани мувофиқатии корманд ба талаботҳои тахассусӣ Яке аз элементҳои муҳими ёрӣ ба одамони дорои маълулият, ки ба ҷои кор ниёз доранд муқоиса намудани имкониятҳои онҳо бо тавсифи кор (ва дастури хизматӣ) мебошад (масалан, малакаю, истеъдодҳо, зарурати дастгирӣ дар ҷои корӣ). Барои дуруст муайян намудани кори мувофиқ барои онҳо, таҳлили вазифаҳои хизматӣ ё ҷои корӣ лозим шуда метавонад, ки таҳлили вазифаи мавҷударо дар бар мегирад ва муайян менамояд, ки корманд бо чӣ машғул аст, чӣ тавр ва дар кадом шароитҳо фаъолият менамояд ва чӣ гуна малакаҳо ва қобилиятҳо талаб карда мешаванд. Муайян намудани талаботу эҳтиёҷот ба дастгирӣ Фаҳмидани он, ки чӣ тавр норасоии ҷисмонии одамон ба онҳо дар ҷои кор таъсир мерасонад, хеле муҳим аст. Ин корро ба роҳи рӯирост аз одами дорои маълулият пурсидан, амалӣ кардан мумкин аст. Инчунин, назорату мушоҳидаи шахс дар ҷои кораш ё ҳангоми иҷро намудани фаъолиятҳои ҳаётии ҳаррӯза манфиатнок аст. Дар асоси ин маълумот муайян намудани намуди ёрӣ ё мутобиқшавӣ ба шахси дорои маълулият дар муҳити корӣ зарур аст, масалан, вақти иловагӣ барои ба итмом расонидани супориш, тарҷимон, таҷҳизоти махсус, ёрӣ бо нақлиёт имконпазир аст. Гузаронидани омӯзиш оид ба малакаҳои ҷустуҷӯи кор Бисёр одамони дорои маълулият барои худашон қобилияти ҷустуҷӯй намудани корро доранд. Аммо, барои рушди ин малакаҳо дар худ ба онҳо омӯзиш гузаронидан зарур аст, масалан, оид ба маҳорати тартиб додани тарҷимаи ҳол, ёфтани кор аз рӯи эълони рӯзномаҳо, бо ёрии аъзоёни оила ва хешовандон пур кардани саволномаҳо, гуфтугӯ бо телефон ё тартиб додани мактубҳо ва инчунин, ҳангоми сӯҳбат таассуроти хуб гузоштан. Инчунин, ба ҷӯяндагон пешниҳод намудани дастрасӣ ба таҷҳизоте, ки ҷустуҷӯи корро осон менамояд, муҳим аст, масалан, телефон, компютер, мизи корӣ.
МЕҲНАТИ КИРОЯ
45
ЗАМИМАИ 28
Камбоҷа
Мувофиқати ҷӯяндагон ба ҷойҳои кории холӣ Шӯрои кории машваратӣ аз Камбоҷа гурӯҳи ихтиёрӣ буда, роҳбарони бизнес (соҳибкоронро) муттаҳид менамояд, ки якҷоя барои васеъ намудани имконияту дастрасии одамони дорои маълулият ба ҷои кор, ёрӣ расонанд. Яке аз вазифаҳои Шӯро, аз ҷумла, ин муайян намудани ҷойҳои холии корӣ бо ёрии аъзоёни худ мебошад ва баъд аз он, бо Созмони ғайридавлатӣ маҳаллӣ ва Маркази миллии одамони дорои маълулият робита намуда, чӯяндагони корро муайян менамояд, ки то кадом дараҷа ба ҷойҳои холӣ мувофиқ мебошанд.
Расонидани ёрӣ ба кормандон – одамони дорои маълулият дар нигоҳ доштани ҷои кор Истифодабарии алоқаҳои мавҷуда Оила ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба баъзе одамони дорои маълулият дар ёфтан ва нигоҳ доштани кори кироя ёрӣ расонанд. Масалан, ҳангоме, ки ёфтани ҷои кор осон нест, хешовандони наздик ва рафиқонро барои расонидани ёрӣ даъват намудан мумкин аст. Одами дорои маълулият инчунин, метавонад аз шабакаю робитаҳои онҳо шаклҳои амалии ёриро дастрас намояд: масалан, аз ҳамсояаш илтимос намояд, ки ӯро ба кор бурда расонад ё маълу мотро оид ба ҷойҳои холӣ аз рафиқони кор мекардагӣ ва аъзоёни дигари оила, ки кор мекунанд, ҷустуҷӯ намояд. Таъмини дастгирии доимӣ бо ёрии роҳбаладон, раҳнамоёни соҳаи соҳибкорӣ ва шарикон Ҳамин, ки ягон шахси дорои маълулият ба кор гирифта шуд, барномаи ТСҶ метавонад ба ӯ барои дастрас намудани коргари ёрирасон, дастурдиҳанда оид ба кори нав, корманди корхонаи мазкур, ихтиёрӣ аз ассотсиатсия ё шахсеро, ки ба ӯ мунтазам барои ислоҳҳои зарурӣ ё мутобиқкунии ҷои корӣ ёрӣ расонад, то ин ки ба кортаъминкунанда ва коргар дар ҳалли мушкилиҳои имконпазир ёрӣ расонида ва иҷрои мувофиқи вазифаҳои хизматиро таъмин намояд. Чунин хизматрасониҳои иловагиро одатан созмонҳои ғайридавлатӣ ё сохторҳои соҳаи шуғл таъмин мекунанд; эҳтимол барои он, ки кормандони барномаи ТСҶ мунтазам одамони дорои маълулиятро дар ҷои корӣ хабар гиранд ва муайян намоянд, ки корҳои ӯ чӣ тавр рафта истодаанд ва оё ӯ ба ёрӣ мӯҳтоҷ аст ё не.
46
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
ЗАМИМАИ 29
Ҳиндустон
Расидан ба натиҷаҳо бо ёрии истодагарӣ ва дастгирӣ Срини дар яке аз ширкатҳои калони Ҳиндустон, Випро, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият намуда 44 ҳазор нафар кормандон дорад, кор мекунад. Ҷавон гирифтори фалаҷи майнаи сар (серебралӣ) буда мавқеи имрӯзаашро ба воситаи ҷуръату истодагарии худ ва ёрии волидон ба даст овардааст. Вақте, ки Срини кӯдак буд, падару модари ӯ қарор доданд, ки ба ӯ аз рӯи ҳама кӯшишҳои имконпазир ҳаёти беҳтарин пешниҳод намоянд. Тарбияи ӯ лоиҳаи ҷолиби диққати якҷоя бо иштироки худи Срини, волидон ва дигар шахсони ба ӯ боваридошта шуд. Вақте, ки Срини 12 сола буд, падараш ба ӯ мошини хатнависиро харид, ки писарча дар он зуд чопкуниро омӯхт ва вазифаҳои мактабиро иҷро менамуд. Мактабро хатм намуда, ӯ ба курсҳои омӯзиши компютерии 6 моҳа дохил шуд ва дар он ҷо тамоми малакаҳои заминавиро азхуд намуд. Ҳамон вақт вай ҳамчун ихтиёрӣ дар «Ҷамъияти одамони фалаҷи майнаи сар» ба кор шурӯъ намуд ва ба дигар талабагон истифодаи компютерро омӯзонд. Дар ин ҷо қисмати хушбахт ба ӯ насиб гардид. Вақте, ки ноиб - президенти ширкати Випро ба ширкат ташриф овард, кори Сриниро дида монд ва ба ӯ ҷой таклиф намуд. Срини дар ширкат аллакай ҳафт сол боз меҳнат менамояд. Ӯ бо масъалаҳои маъмурӣ, таъмини техникии конфронсҳо ва семинарҳо, инчунин даровардани иттилоот ва дигар супоришҳоро дар компютер машғул аст. Ба он нигоҳ накарда, ки Срини аз маълулияти нуқсони нутқ азият мекашад, ӯ бо кормандон, махсусан бо почтаи электронӣ, робитаи хуб дорад.
Ташкил намудани шарикӣ ва шабакаҳои хамкориҳо бо сохтори шуғл. Ҳангоми расонидани ёрӣ ба одамони дорои маълулият дар ҷустуҷӯи кор, барномаҳои ТСҶ набояд танҳо фаъолият намоянд. Дар бисёр мамлакатҳо муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мавҷуданд, ки ба онҳо метавонанд ёрӣ расонанд. Ҳатто сохторҳои касбӣ, махсусан асотсиатсияҳои табибони ба воситаи меҳнат табобаткунанда (трудотерапевтҳо) метавонанд дар ёфтан ва нигоҳ доштани ҷои кор ба одамони дорои маълулият, ёрӣ расонанд. Созмонҳои бо кор таъминкунандаро барои ба кор гирифтани одамони дорои маълулият ҳавасманд намудан Созмонҳои бо кор таъминкунанда, махсусан палатаҳои савдо, клубҳои одамони ӯҳдабаро (Ротари – клубҳо), асотсиатсияҳои собиқ ҳатмкунандагони марказҳои таълимӣ ва дигарон метавонанд иттилооти манфиатнокро оид ба талабот ба қувваи корӣ, ҷойҳои холӣ, талаботҳои бозор, норасоиҳо дар омода намудани кадрҳо ва дигар маълумотро оид ба масъалаҳои шуғл пешниҳод намоянд. Барномаҳои ТСҶ якҷоя бо созмонҳои одамони дорои маълулият метавонанд аксияҳои тарғиботиро ба нақша гиранд, ки мақсади онҳо – ин водор намудани ҳамаи бо кор таъминкунандагон, аз бизнеси хурд, миёна ва калон – имконияти киро намудани одамони дорои маълулиятро дида баромадан аст ва такя намудан ба мисолҳои дар боло зикр гардида ва таҷрибаи иттиҳодҳои шахсии худ, зарурати онро фаҳмонда диҳанд. Баъзе бо кор таъминкунандагон барои таъмин намудани одамони дорои маълулият бо кор, фаъолона иштирок менамоянд. МЕҲНАТИ КИРОЯ 47
ЗАМИМАИ 30
Шри-Ланка
Бартараф намудани монеаҳо барои шуғл Бо иқдоми Федератсияи бо кор таъминкунандагони Сейлон шабакаи Шри-ланкии бо кор таъминкунандагон оид ба мушкилотҳои маълулият ташкил шудааст, ки дар он гурӯҳи соҳибкорон бо масъалаҳои бартараф намудани монеаҳо, ки одамони дорои маълулият бо онҳо во мехӯранд, машғул мебошанд. Он бо созмони байналмилалии ғайридавлатии «Ҳавасмандкунӣ» бо мақсади ташкил намудани якчанд ярмаркаҳои ҷойҳои холӣ барои одамони дорои маълулият дар алоқа шуд. «Ҳавасмандкунӣ» номзадҳоро мувофиқи талаботҳои бо кор таъминкунандагон интихоб менамояд ва ба онҳо имконият медиҳад, ки баъди гирифтани омӯзиш оид ба малакаҳои бо кор таъминшавӣ, худро ба бозор пешниҳод намоянд ва дар ярамаркаҳои ҷойҳои холӣ иштирок намоянд. Шабакаи Шри-ланкии бо кор таъминкунандагон дар бисёр дигар чорабиниҳо иштирок намуданд, баъзан танҳо, баъзан бо ёрии сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ. Дар қатори ин чорабиниҳо – семинарҳо барои бо кор таъминкунандагон, аксияҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ, таҳияи CD-ROM барои омӯзиши менеҷерони забони имову ишора ва инчунин, таҳия ва паҳнкунии «Кодекси амалияи бо кор таъминкунандагони Шри-Ланка, ки дар он оид ба чӣ тавр киро ва ҷалб намудани одамони дорои маълулият дар ҷои кор маълумот дода шудааст.
Ташкил намудани ҳамкориҳо бо иттифоқи касаба ва созмонҳои меҳнаткашон Барномаҳои ТСҶ ҳамчунин, метавонанд ҳамкориҳоро бо иттифоқҳои касаба ва созмонҳои меҳнаткашон ташкил намоянд. Азбаски ин сохторҳо тарафдори ақидаҳои баробарӣ, ҳамфикрӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошанд, онҳо дорои имконияти беназир барои ташвиқу раҳнамоии имкониятҳои баробар ва муносибат нисбати кормандони дорои маълулият мебошанд. Иттифоқҳои касаба метавонанд ҳуқуқҳои одамони дорои маълулиятро тарафдорӣ намоянд, барои ёфтани ҷои кор ташвиқу ёрӣ расонда ва дар ҷои кор дастгирӣ намоянд. Расонидани ёрӣ барои бо кор таъмин намудани одамони дорои маълулият дар созмонҳои ғайридавлатӣ Созмонҳо, махсусан, онҳое ки бо мушкилиҳои одамони дорои маълулият, тавонбахшӣ ва рушд машғуланд, бояд рафтори ба таъминкунии одамони дорои маълулият ё аъзоёни оилаи онҳоро дар ҷои кор, намоиш диҳанд. Барномаҳои ТСҶ бояд дар қатори афзалият, одамони дорои маълулият, махсусан занонро ҳамчун кормандони фаврӣ ё менеҷерон киро намоянд. Ин обрӯи созмонро баланд намуда, бовариро ба он ва барномаи ТСҶ-ро зиёд менамояд ва онҳоро барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни онҳо бештар қабулшаванда мекунад. Азбаски таҷрибаи зиёд доранд, ин одамон мушкилотҳои одамони дорои маълулиятро хуб дарк менамоянд ва барои онҳое, ки барнома онҳоро бояд фаро гирад, ҳамчун намуна мебошанд.
48
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Хизматрасониҳои молиявӣ Муқаддима Ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҷамъоварии маблағ, додани қарзҳо ва грантҳо, суғурта ва амалиётҳои интиқоли маблағҳо дохил мешаванд. Мафҳуми «қарзҳои хурд» мушаххас ба қарзҳои ҳаҷмашон хурд ва талаботҳои қарзии муштариён дахл дорад, дар сурате, ки маблағгузории хурд маҷмӯи калони хизматрасониҳоро фаро мегирад, масалан, пасандозҳо, суғурта, гаравҳо ва интиқоли маблағҳое, ки аз онҳо одамони дорои маълулият ва корхонаҳои хурд истифода мебаранд. Муассисаи маҳалии маблағгузории хурд метавонад маблағгузорӣ ва инчунин, фаъолиятҳои ба рушд нигарондаро ба монанди, омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ ва ҳаётӣ, машваратҳо нисбати ҳар гуна масъалаҳо, масалан саломатӣ, ғизо, беҳдошт, беҳтар намудани шароитҳои зист, таълими кӯдаконро пешниҳод намояд. Дастгирии ғайрирасмии молиявӣ аз дохили ҷамоат, масалан, аз аъзоёни оила, созмонҳои динӣ, ҳамсояҳо, дӯстон, гурӯҳҳои худёрирасон – ҳамеша нишонаи махсуси ҷамоатҳои камбизоат буда, шарти асосии зиндамонии онҳо мемонад. Намудҳои нисбатан ғайрирасмии таъминкунандагон аз кооперативҳо, бонкҳои деҳотӣ, созмонҳои суғуртавӣ ва қарздиҳӣ, фоидахӯрони анъанавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои микромолиявӣ иборатанд. Ин хизматрасониҳо ба камбизоатон ёрӣ мерасонанд, ки бо судхӯрони хусусӣ ва қарз диҳандагон ҳамкорӣ нанамоянд, ки онҳо маблағҳоро бо гарав кам менамоянд ва одатан фоизҳои калон мегиранд, ва ниҳоят оиларо маҷбур менамоянд, ки ба камбизоатӣ ҳар чӣ зиёдтар ғӯтида раванд. Бисёр оилаҳои камбизоат аз дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, бо сабаби набудани таъминоти гаравӣ ё кафолатдиҳанда, истифода намебаранд, қисми зиёди одамони дорои маълулият бошанд, ҳатто ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳуқуқи онҳоро ба моликият ё ҳуқуқро ба минтақае, ки дар он зиндагӣ менамоянд, надоранд ва ин ба онҳо имконияти гирифтани ёрии молиявиро маҳдуд мегардонад. Вазифаи барномаи ТСҶ аз расонидани ёрӣ, дар ҳолати зарурӣ, ва ҳамчун миёнрав баромад намудан иборат аст.
ЗАМИМАИ 31
Хизматрасониҳои молиявӣ барои дастгирии фаъолияте, ки даромад меорад Одамони дорои маълулият одатан ҳангоми кӯшиши ба даст овардани хизматрасониҳои молиявӣ барои дастгирии манбаъҳои даромади худ, ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Инро ба назар гирифта, лоиҳаи ТСҶ дар ноҳияи дурдасти музофоти Саваннакхетии Ҷумҳурии халқӣ демократии Лаос барои ташкил намудани Хазинаи деҳотии суғуртавӣ чун имконият барои одамони дорои маълулият, дар қатори дигар аъзоёни ҷамоат барои бартараф намудани мушкилот мусоидат менамояд. Дар деҳаи Фоксай, ноҳияи Сепон, Кумитаи молиявии деҳот таъсис дода шудааст, ки ба он ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам одамони дорои маълулият набуда, дохил мешаванд. Гурӯҳи кормандони ТСҶ омӯзиши аҳолии деҳотро оид ба малакаҳои пасандозҳо, идоракунӣ ва шӯъбаи ҳисобу китоб, ташкил намудааст. Аъзогӣ дар хазина фарогир буда, барои ҳамаи аҳолии деҳот кушода аст, ки ин ба одамони дорои маълулият имконияти иштирок намудан дар қабули қарорҳои асосӣ дар ҷамоатҳои худро медиҳад. Ҳар як аъзои хазина ҳар моҳ маблағи муайянро ба он ворид менамояд ва аз ин маблағҳо қарзҳои баргарданда дода мешаванд. Одамони дорои маълулият аз ҳуқуқи афзалиятноки гирифтани маблағҳо, ки барои дастгирии фаъолияти даромаднок зарур аст, истифода мебаранд. ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ 49
Лаос
ЗАМИМАИ 32
Ҳиндустон
Ташкил намудани гурӯҳҳо барои ҷамъоварии маблағҳои коллективӣ Дар Ҳиндустон ҳазорон гурӯҳҳои худёрирасон мавҷуданд, ки ҳаҷми умумии ҷамъовариҳои коллективии онҳо ба миллионҳо рупияҳо баробар аст. Соҳиби чунин маблағҳо, гурӯҳҳо метавонанд ба бонкҳо бо истифодаи пасандозҳои худ ба сифати таъминоти гаравӣ барои қарзҳои калон муроҷиат намоянд, ки ин ба онҳо барои иҷрои лоиҳаҳои нисбатан калонтар ва раҳо шудан аз камбизоатӣ имконият медиҳад. Яке аз чунин гурӯҳҳои худёрирасон аз 12 нафар одамони дорои маълулият (нӯҳ мард ва се зан), аз онҳо 10 нафар аз оқибатҳои бемории фалаҷ азият мекашанд, як нафар дорои маълулияти шунавоӣ ва ба яктоашон таҳсил гирифтан хеле мушкил аст. Ҳар як аъзои гурӯҳ ҳар моҳ 30 рупияро сарфа менамояд (0,66 доллари ИМА). Маблағи умумии сарфашуда ба 360 рупия дар як моҳ баробар аст (8 долл. ИМА) ва ба ҳисоби амонатӣ дар банк дохил мешавад. Аъзоёни гурӯҳ метавонанд аз қарзҳои маблағи пасандозҳо истифода баранд. Пардохтҳо барои бартараф намудани қарзҳо аз маоши фоизии баробар ба 2% дар як моҳ (24% дар як сол), иборат аст. Одатан пардохт дар тӯли 6 моҳ ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо якчанд намунаи қарзҳое, ки аз маблағи пасандози коллективӣ гирифта шудаанд, оварда шудааст: • Зане 1000 рупияро (22,2 долл. ИМА) барои гирифтани мавод баҳри тайёр намудани хушбӯйҳои динӣ қарз гирифт. Ба маблағе, ки аз фурӯши ин маводҳо ба даст омаданд, ӯ модари худро нигоҳубин менамояд. • Дигар зан 1000 рупияро (22,2 долл. ИМА) баҳри харидани маводҳо барои гулдӯзӣ сарф кардааст. Вай тақрибан 300 рупия (6,6 долл. ИМА) дар як ҳафта даромад дорад ва модари кӯҳансоли худро нигоҳубин менамояд. Ба шарофати иштирок дар барномаи омӯзишии давлатӣ ӯ малакаҳои гулдӯзиро азхуд намуд. • Ҷавоне аз гурӯҳ 500 рупияро (11 долл. ИМА) барои пардохти таълим дар коллеҷ қарз гирифт. Ӯ иқтисодиёт ва асосҳои ҳуқуқҳои шаҳрвандиро меомӯзад ва мехоҳад, ки омӯзгор шавад. Аз давлат ӯ стипендия мегирад, аммо он танҳо дар охири сол пардохт карда мешавад ва то он лаҳза ӯ ба маблағ мӯҳтоҷ аст. Вай қарзи худро дар назди гурӯҳ баъди гирифтани стипендия адо менамояд. Гурӯҳ худаш андозаи фоизи қарзро муайян менамояд ва ҳисоб мекунад, ки ин пардохт даромади гурӯҳро тартиб медиҳад, бинобар ин, барои аъзоёни он зарар ҳисоб намешавад.
50
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Мақсад Одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ дастрасии баробар доранд ва ба туфайли ин, рушди иқтисодиёти худ ва дигар фаъолиятро дастгирӣ менамоянд ва сатҳи зиндагонии худро беҳтар мекунанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз муайян, осон ва васеъ намудани имкониятҳои дастрасии одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои молиявӣ иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият аз дастрасӣ ба маблағҳои бебозгашт, қарз ҳо ва дигар нақшаҳои ёрии молиявӣ аз сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ, мутобиқи мафҳумҳои камбизоатӣ, истифода мебаранд. • Дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ба одамони дорои маълулият имконият медиҳад, ки талаботҳои худро қонеъ намоянд, бизнеси хурдро, ки ба онҳо даромад меорад, ташкил ва рушд диҳанд. • Одамони дорои маълулият, махсусан занҳо назорати худро аз болои маблағҳо беҳтар намуда, қобилияти беҳтар идоракунии онҳоро доранд. • Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ қоидаҳои худ, сохторҳо ва муҳитро чунон мутобиқ менамоянд, ки аз онҳо одамони дорои маълулият истифода бурда тавонанд.
Мафҳумҳои асосӣ Намудҳои хизматрасониҳои молиявӣ Панҷ намуди асосии хизматрасониҳои молиявӣ мавҷуданд: пасандозҳо, қарзҳо, грантҳо, суғурта ва хизматрасониҳо оид ба интиқоли маблағҳо. Пасандозҳо Пасандоз, ин одате мебошад, ки дар асоси системаи эътимод ба қувваи худ асос меёбад. Пасандози мунтазам, то ҳатто маблағҳои начандон калон, барои одамоне, ки барои зиндамонӣ мубориза мебаранд, имконияти амалӣ медиҳад, ки идоракунии маблағҳоро омӯзанд. Он сармояи капитали молиявиро ташкил медиҳад, ҳисси аҳамиятнокии худ ва ҳамфикрии гурӯҳиро баланд менамояд, қобилияти қарздиҳиро барои гирифтани хизматрасониҳои молиявӣ, ташкил менамояд. Ҳеҷ кас хеле қашшоқ барои сарфа намудан, ҳисоб карда намешавад ва мавҷудияти маълулият низ набояд сабаби рад кардани пасандозҳо шавад, шахсони дорои имконияташон маҳдуд бошанд, набояд маълулиашонро ҳамчун баҳонаи сарфа накардан дида бароянд. Пасандозҳоро барои таҳсилот, омӯзиш ё баланд бардоштани сатҳи соҳибкорӣ сарф кардан мумкин аст. Бисёр намудҳои соҳибкорӣ (фаъолнокии корӣ) сармоягузории шахсиро дар ин ё он намуд металабад. Муассисаҳои қарзӣ одатан на он қадар ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ 51
хайрхоҳона ба аъзоёни нав, ки қобилияти сарфа карданро дар намуди пулӣ ё аслӣ (табиӣ) нишон надодаанд, муносибат менамоянд. Қарз Кредит, қарзе мебошад, ки одатан бо фоизҳояш дар вақти муайяншуда баргардонида шавад. Қарзҳо бо ҳар гуна роҳҳо пешниҳод карда мешаванд, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои худёрирасон, кооперативҳои қарзӣ ва амонатӣ, сохторҳои маблағгузории хурд ва бонкҳои тиҷоратӣ. Грантҳо Грантҳо дар намуди нақд ё аслӣ пешниҳод карда мешаванд, масалан дар намуди асбобу анҷом ва таҷҳизот, ҳайвонот ё маводҳои хоҷагии қишлоқ. Бисёр вақт онҳо аз тарафи барномаҳои давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, хазинаю ассотсиатсияҳо ё сохторҳои маҳаллӣ, ки барои расонидани ёрӣ ба гурӯҳҳои осебпазир ташкил шудаанд, пешниҳод мешаванд. Суғурта Ҳар гуна намудҳои суғурта мавҷуданд, ба монанди суғуртаи ҳосил, ҳаёт ё саломатӣ. Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баъзан суғуртаро ҳамчун илова ба қарз таъмин менамоянд. Баъзеҳо инчунин, суғуртаро аз навъҳои гуногуни маълулият пешниҳод менамоянд, ки механизми муҳими пешгирӣ мебошад ва барои наҷот ёфтан аз бенавоии иқтисодӣ ҳангоми гирифтани корношоямии эҳтимолӣ, мусоидат менамояд. Системаи интиқоли маблағ Барои он одамоне, ки кор карда наметавонанд ва аз дастгирии дигар шахсон вобастаанд, берун аз ҷамоати худ қарор доранд, дастрасӣ ба системаи самаранок ва оддии интиқоли маблағҳо аҳамияти муҳим доштанаш мумкин аст. Дар баъзе давлатҳо системаи ғайрирасмӣ, ки бо бонкҳо вобаста нестанд, истифода бурда мешаванд. Дастрасӣ ба амалиётҳои интиқолӣ инчунин, метавонад ҳангоми кушодани соҳибкорӣ (бизнес) зарур шавад.
Намудҳои таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар умум метавонанд ба се гурӯҳ тақсим карда шаванд: таъминкунандагони махсусгардонидашуда, ғайрирасмӣ ва ғайримахсусгардонидашуда. Таъминкунандагони махсусгардонидашуда Муассисаю созмонҳои гуногун хизматрасониҳои молиявии гуногунро пешниҳод менамоянд. Масалан, ширкатҳои суғуртавӣ суғуртаро таъмин менамоянд, ширкатҳо оид ба пардохти интиқолӣ бошад, ба монанди «Вестерн юнион», бо маблағгузаронӣ машғуланд. Одатан бонкҳои ба танзим дароварда шудаи тиҷоратӣ ҳар гуна намудҳои хизматрасониҳои молиявиро пешниҳод менамоянд, бонкҳои почтавӣ бошанд, бештар танҳо суратҳисобҳои амонатиро пешниҳод менамоянд. Сохторҳои махсусгардонидашудаи молиявии хурд, як қисми созмонҳои ғайридавлатӣ, ширкатҳои молиявӣ ва ҳатто бонкҳо мебошанд, ки ба пешниҳод наму-
дани қарзҳо машғуланд ва айни замон, бештар пешниҳод намудани амалиётҳои амонатӣ, интиқоли маблағ ва хизматрасониҳои суғуртавиро низ оғоз намудаанд. Кооперативҳои амонатӣ ва қарзӣ ба аъзоёни худ хизматрасониҳоро дар соҳаи амонатгузорӣ ва қарздиҳии маблағҳо татбиқ мекунанд. Таъминкунандагони ғайрирасмӣ Дар байни гурӯҳҳои худидорашаванда маблағгузориҳои баргарданда бештар паҳн шудаанд; дар баъзе давлатҳо онҳо ҳамчун системаҳои «чархуфалакӣ» маълуманд, дар дигар мавридҳо бошад, номҳои дигар доранд. Дар системаи мазкур як гурӯҳ одамон ихтиёран, дар ҳар ҳафта ё моҳ ҳаққи муайян ба «деги» умумӣ ворид менамоянд ва баъд маблағи ҷамъшуда якбора ба ягон нафар аз иштирокчиён дар намуди қарз ё грант, дода мешавад. Ин система ва гурӯҳ боз бо номи «Ассотсиатсияи пасандозҳои қарзии баргарданда» машҳур аст. Ин яке аз намудҳои хеле васеъ паҳншудаи фаъолияти бисёр гурӯҳҳои худёрирасон мебошад (ниг. ба қисми «Бо шуғли даромаднок банд будан» дар ҳамин қисм ва инчунин боби «Гурӯҳҳои худёрирасон» дар қисми «Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо»). Чунин намудҳои анъанавӣ тарзи самараноки кори бонкиро дар сатҳи ҷамоатҳо ифода менамоянд, ки аъзоёнаш метавонанд ба осонӣ маблағҳои яквақтаро ҷамъ намоянд ва барои эҳтиёҷоти мушаххас, онро дастрас намоянд. Системаҳои ғайрирасмии мазкур дар ҷамоатҳо пасандозҳои маҳалиро сафарбар ва нигоҳ медоранд ва бештар дар асоси боварӣ фаъолият намуда, ба рушди ҳамфикрии пурзӯри гурӯҳӣ ва сармояи иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Таъминкунандагони ғайримахсусгардонидашуда Бисёр вақт созмонҳои ғайримахсусгардонидашудаи ғайридавлатӣ, созмонҳои динӣ, созмонҳои одамони дорои маълулият ва муассисаҳои давлатӣ хизматрасониҳои молиявиро дар намуди грантҳо ва қарзҳо пешниҳод менамоянд. Фаъолияти асосии созмонҳои ғайримахсусгардонидашуда аз расонидани хизматрасониҳои молиявӣ иборат набуда, хизматрасониҳои молиявиро чун фаъолияти иловагӣ амалӣ мекунанд. Тарафҳои қавии фаъолияти таъминкунандагони ғайримахсусгардонидашуда чунинанд: • қарзҳо дар маҷмӯъ бо омӯзиши малакаҳои техникӣ ва соҳибкорӣ пешниҳод карда мешаванд; • хизматрасониҳо дар намуди нақдӣ ё аслӣ пешниҳод шуданашон мумкин аст, масалан, дар охири омӯзиши касбомӯзӣ ба шунавандагон метавонанд ҷамъи қисмҳои эҳтиётӣ, мошинаи дарздӯзӣ ё воситаҳои ёридиҳанда, аз ҷумла, аробачаи маълулиро тақсим намоянд. Тарафҳои заифи фаъолияти таъминкунандагони ғайримахсус гардонида шуда чунинанд: • вақт ва таҷрибаи касбӣ, ки барои пешниҳод намудани хизматрасониҳои қарзӣ заруранд, одатан ба таври кифоя ба эътибор гирифта намешаванд; ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ 53
• раванди арзёбии пешакии мизоҷони дорои маълулият баъзан саҳлгирона гузаронида шуда, ба он оварда мерасонад, ки шахсони шавқ ё майлу рағбати сарфаи самараноки маблағҳоро надошта онро дастрас мекунанд; • фоизи қарзӣ одатан дотатсия мешавад ва адо намудани қарз хеле суст меравад; • хароҷотҳои идоракунии қарз дар муқоиса бо натиҷаҳои ба даст омада метавонанд мутаносибан хеле баланд бошанд; аз ҷумла дуруст истифода накар дани маблағи қарз бо сабаби суст пардохт намудани фоизи қарз метавонад ба ноустувории тамоми фаъолиятҳо оварда расонад.
Фаъолиятҳои пешниҳодгардида Ташвиқи рушди одат бо мақсади пасандози маблағ Пасандозҳо яке аз воситаҳои асосии бомуваффақияти рушди манбаъҳои зиндагӣ, махсусан барои одамони камбизоат ва осебпазир мебошанд. Агар одам сарфа карданро наомӯхта бошад, ба ӯ қарз гирифтан маслиҳат дода намешавад. Эҳтиёткорӣ ба одамон ягон чизро қурбонӣ кардан ва барои оянда пасандоз карданро ёд медиҳад. Ин дониш ва малакаҳо барои бомуваффақият кандани ҳар кадом қарзи оянда, аҳамияти муҳим доранд. Айни замон, ташкил намудани маблағҳо тавассути ҷамъовариҳо одамро барои гирифтани маблағҳои хурд ва сарфаи самараноки қарзҳои хурдро дар ҳолати беҳтар мегузорад. Аъзогӣ дар гурӯҳҳои амонатии ғайрирасмӣ ба монанди «Ассотсиатсияи пасандозҳои қарзии баргарданда» метавонанд ба хизматрасониҳои молиявӣ роҳ кушоянд. Аммо, иштирок дар чунин гурӯҳҳо дар назар дорад, ки одамони дорои маълулият ҳар ҳафта ё ҳар моҳ маблағҳои қайд карда шударо, пардохт намоянд. Ин инчунин, дар назар дорад, ки худи гурӯҳҳо тайёранд, ки ба сафҳои худ одамони дорои маълулиятро қабул намоянд. Ин одатан кори мушкил мебошад, чунки ин гурӯҳҳо ба монанди ҷамоат дар умум, майли ихтисорнамудани одамони дорои маълулиятро доранд. Дар ҷавоб ба муносибати мазкур, баъзе одамони дорои маълулият гурӯҳҳои шахсии «пасандозҳои қарзии баргарданда» -и худро ташкил намуданд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулият ва оилаи онҳоро оид ба пасандоз намудани маблағҳо бо намудҳои зерин, ба таври далелнок омӯзонанд: • ташкили гурӯҳҳои амонатиро дар байни одамони дорои маълулият раҳнамоӣ намоянд; • ба шахсони алоҳида барои кушодани суратҳисобҳо дар сохторҳои бонкии боэътимод ёрӣ расонанд; • ба одамони дорои маълулият барои аъзо шудан ба гурӯҳҳои худёрирасон ва гурӯҳҳои монанди амонатӣ ёрӣ расонанд; • пурқувватгардонӣ ва рушди иқтидори аъзоёни гурӯҳҳоро дар соҳаи маъмурӣ ва менеҷменти молиявӣ таъмин намоянд.
54
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
ЗАМИМАИ 33
Ҳиндустон
Гурӯҳҳои фарогири худёрирасон ҳаётро ба самти беҳбудӣ тағйир медиҳанд Созмони ғайридавлатии «Четаналя», ки дар шаш минтақаҳои ноободи Деҳлӣ, Ҷумҳрии Ҳиндустон фаъолият менамояд, камбизоатонро, аз ҷумла одамони дорои маълулиятро барои ташкил намудани гурӯҳҳои худёрирасони худ, тарғиб менамоянд. Бузургӣ ва андозаи сармояҳои аз тарафи чунин иттиҳодияҳо чамъшуда, ҳаёти чандин камбизоатонро ба таври қатъӣ дигаргун намудааст. Созмони «Четаналя» зери сарпарастии худ 578 гурӯҳҳои худёрирасонро, ки дар ҳамаи 6 минтақаҳо фаъолият менамоянд ва пасандозҳои онҳо хеле калон мебошанд, дастгирӣ менамояд. Маблағҳое, ки гурӯҳи хос ҷамъоварӣ менамояд, барои таъмири хона, пардохти қарзҳо, пардохти ҳисобҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ, маълумотгирӣ, сафарҳо, тӯй, бизнес, таъмири воситаҳои нақлиёт, пардохти хизматрасониҳои тиббӣ, маросими дафн, харидани велорикша, қабули меҳмонон, кушодани мағозаи начандон калон, кушодани ҳисоби бонкӣ, харидани баллонҳои газ, китобҳои дарсӣ ва телевизор, истифода бурда шуданд. Дар ин барномаҳо одамони дорои маълулият ва модарони кӯдакони дорои маълулият гурӯҳҳои худёрирасони шахсии худро ташкил намедиҳанд, балки ба гурӯҳҳои омехта якҷоя мешаванд (бо одамони дорои маълулият набуда). Дар таркиби онҳо тақрибан 6 фоиз аъзоён одамони дорои маълулият мебошанд.
Расонидани ёрӣ дар амалиётҳои зидди худканорагирӣ Таҷрибаи такроршаванди истисно ё нодида гирифтан ва инчунин, васояти беандоза дар синни кӯдакӣ метавонанд дар инсон сатҳи худбаҳодиҳии паст ва беэътимодиро нисбати худ тақвият диҳанд. Ин метавонад ба осонӣ ба худистисноии ӯ аз соҳаи хизматрасониҳо ба монанди дастрасӣ ба қарзҳои хурд, оварда расонад. Дигар намуди худистисноӣ, ин эътимоднокӣ дар байни баъзе гурӯҳҳои одамони дорои маъюбият ва аъзоёни оилаҳои онҳо мебошад, ки онҳо бояд ҳамеша объекти ёрию хайрия бошанд. Бартараф намудани монеаҳои худистисноӣ мушкил аст, аммо то он даме, ки одамони дорои маълулият аз ӯҳдаи ин даъват набароянд, эҳтимол онҳо аз фоидаи дигар намудҳои дахолат истифода бурда натавонанд. Бартараф намудани худистисноӣ, пеш аз ҳама вазифаи худи одами дорои маълулият ва аъзоёни оилаи ӯ мебошад. Созмонҳои одамони дорои маълулият ва барномаҳои ТСҶ ба чунин одамони дорои маълулият дар бартараф намудани худистисноӣ бо роҳи пешниҳоди маслиҳату машваратҳои бодиққат ва нозук нақши асосиро мебозанд.
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ
55
ЗАМИМАИ 34
Уганда
Осак устохонаи таъмири дучархаҳоро мекушояд Осак аз Уганда дар кӯдакиаш ба бемории фалаҷ гирифтор шуда буд, ки ин ба вайроншавии ҷиддии функсияҳои узвҳои такяву ҳаракат оварда расонд ва боварӣ ба худашро хеле паст намуд. Ба назари ӯ чунин менамуд, ки ӯ дигар ҳеҷ вақт барои оилаи худ такягоҳ шуда наметавонад. Ба ин нигоҳ накарда, дар доираи барномаи ТСҶ ӯ таҳти назорати челонгари таҷрибанок, таъмир намудани дучархаҳоро омӯхт. Баъди се моҳ Осак на фақат малакаҳои заруриро аз худ намуд, балки маблағи заруриро барои харидории маҷмӯи асбобу қисмҳои эҳтиётӣ ҷамъ намуд. Имрӯз Осак бо соҳибкории даромаднок машғул шуда, нуқтаи таъмирро дар таги дарахт кушодааст. Вай ҳамеша мизоҷони зиёд дорад ва чор шогирд гирифтааст, ки аз онҳо ду нафарашон дорои маълулият мебошанд. Ба ғайр ин, Осак анбори қисмҳои эҳтиётиро ташкил намуд. Вай кушодани суратҳисобро дар Созмони молиявии хурд ба нақша гирифтааст ва умедвор аст, ки барои ташкили устохонаи доимӣ, қарз гирад.
Муайян намудани намунаҳо барои ибрат Ба одамони дорои маълулият мисолҳои мусбӣ чун намунаи ибрат заруранд, ки онҳоро барои машғул шудан бо меҳнати ҳаваскорона рӯҳбаланд менамояд. Соҳибкорони бомуваффақият аз ҳисоби одамони дорои маълулият дар бисёр ҷамоатҳо ҳастанд; агар онҳоро ба системаи барномаҳои ТСҶ ворид намоянд, онҳо на фақат дигар одамони дорои маълулиятро ҳидоят менамоянд, балки барои дигаргун шудани муносибат нисбати онҳо, дар умум ҳам аз тарафи ҷамоатҳо ва ҳам аз тарафи сохторҳои молиявии хурд мусоидат менамоянд.
ЗАМИМАИ 35
Хитой
Ванг барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ аст Ванг, дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳии Хитой зиндагӣ мекунад ва дар натиҷаи як ҳодисаи фавқулодда аз қобилияти биноӣ маҳрум гардидааст. Ин барои оилаи вай бадбахтии калон буд, зеро Ванг дигар бо меҳнати фермерӣ машғул шуда наметавонад ва оилаашро низ таъмин карда наметавонад. Аммо, ба шарофати барномаи маҳаллии ТСҶ Ванг малакаҳои ҳаракат карданро омӯхт ва мустақилият ба даст овард. Вай масҳкуниро омӯхта, барои кушодани соҳибкории хусусӣ дар шаҳри наздиктарин қарз гирифт. Имрӯз вай салони масҳкунии тез инкишофёбандаро идора менамояд, ки дар он боз 10 нафар одамони сатҳи биноияшон паст фаъолият менамоянд, Даромади ӯ барои таъмини оила ва додани маълумот ба духтарони дугоникаш даромади кифояро медиҳад. Инчунин, ӯ боз ба 60 нафар одамони сатҳи биноияшон паст малакаҳои масҳ карданро омӯзонд ва айни замон ҳамчун намунаи ибрат барои одамони дорои маълулият дар ноҳияи худ ба ҳисоб меравад.
Раҳнамоии раванди дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявии умумӣ Одамони дорои маълулият дар баробари одамони дорои маълулият надошта бояд ба хизматрасониҳои молиявӣ дастрас бошанд. Кормандон таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бо сабаби монеаҳои ҷисмонӣ ё фарҳангӣ ё муносибати манфӣ нисбати одамони дорои маълулият аз тарафи онҳо барои ихтисор намудани 56 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
одамони дорои маълулият, майл доранд. Барномаҳои ТСҶ дастрасиро бо роҳҳои зерин раҳнамоӣ карда метавонанд: • барои дастрасии баробари одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои молиявии умумӣ баромад намоянд; • ба таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ пешниҳод намудани соҳибкорони дорои маълулият ҳамчун мизоҷони имконпазир; • ба таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ барои ҳассос ва хушмуомила будан нисбати одамони дорои маълулият ёрӣ расонанд, то ин ки аз ҳисоби фарогирии одамони дорои маълулият онҳо тавонанд шумораи мизоҷони худро васеъ намоянд; • пеш бурдани ақидаи бо кор таъминкунии кормандони ихтисосманди дорои маълулият ба сохторҳои таъминкунандагони молиявӣ; • таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявиро барои дар хотир доштани эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият рӯҳбаланд намоянд; кормандон оид ба огоҳ будан аз талаботу эҳтиёҷотҳои гуногуни онҳо, инчунин оид ба тайёр ва мутобиқ намудани муҳит ба талаботҳои одамони дорои маълулият омӯзонида шудаанд; • ба одамони дорои маълулият чӣ тавр бо таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ муносибат кардан лозим аст ва ҳангоме, ки сухан оид ба хизматрасониҳо ва ӯҳдадориҳо равад, чиро бояд мунтазир шуд омӯзиш гузаронанд; • ба занҳои дорои маълулият барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ёрӣ расонанд; • занҳои дорои маълулият одатан хонаводаашонро худ идора менамоянд, барои тарбияи фарзандон ва дастгирии волидони кӯҳансолашон ҷавобгӯ мебошанд, бинобар ин, барои беҳтар таъмин намудани талаботҳои оилаашон, онҳо бояд имконияти назорат ва идоракунии маблағҳои худро дошта бошанд.
ЗАМИМАИ 36
Эфиопия
Ёрӣ барои дастрас намудани қарз Дар Эфиопия занҳои дорои маълулият, ки бо соҳибкории (бизнеси) хурд машғуланд, ба қарзҳои аз тарафи созмонҳои молиявии умумӣ Гаша («Gasha MFI»), ки бо маблағгузории хурд машғуланд, дастрасӣ доранд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Созмони Умумиҷаҳонии Меҳнат татбиқ мешавад. Дар доираи ин лоиҳаи якҷоя СУМ бо Гаша ба созиш омаданд, ки талабот ба қарзҳо аз тарафи соҳибкорон, занҳои дорои маълулият дар асоси ҳамон меъёрҳое, ки аз дигар дархосткунандагони дорои маълулият набуда меоянд, дида баромада ва тасдиқ шаванд. Барои бартараф намудани бемайлии созмонҳои бо маблағгузориҳои хурд машғул оид ба пешниҳод намудани қарз ба ин гурӯҳҳои «дар сатҳи баланди хавф қарордошта», хазинаи қарзҳои ҳатмӣ таъсис дода шуд. Дар доираи лоиҳа, ба ғайр аз ин, дар байни кормандони Созмони молиявӣ маъракаи баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият гузаронида шуд. Бештар аз 150 занҳои дорои маълулият то имрӯз аллакай қарзҳоро аз муассисаи маблағгузории хурд дастрас намудаанд.
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ
57
Ҳифзи иҷтимоӣ Муқаддима Чораҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақсади пешниҳоди системаи таъмини бехатарии иқтисодӣ мебошад, ки бояд аҳолиро аз камбизоатӣ, надоштан ё гум кардани манбаи даромад бо сабаби беморӣ, маълулият ё пиронсолӣ ҳимоя намоянд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд, аксари зиёди аҳолӣ аз хизматра сониҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар намуди ёрипулӣ ё нафақае, ки аз тарафи давлат ва ё барномаҳои соҳаи хусусӣ пардохт мешавад, истифода мебаранд. Аксарияти одамон инчунин, ба ёрии тиббию санитарӣ дастрасанд, ки аз ҳисоби андозҳо ё суғуртаи тиббӣ маблағгузорӣ мешаванд. Дар ин мамлакатҳо одамоне, ки кор карда наметавонанд, аз камбизоатӣ тавассути гирифтани ёрипулӣ оид ба бекорӣ, маълулият ё дигар намудҳои дастгирӣ, ҳимоя шудаанд. Барои одамоне, ки дар натиҷаи фалокат дар истеҳсолот ё беморӣ маълул шудаанд, чораҳои иҷтимоӣ, ба монанди ҷубронпулӣ, нигоҳдории даромад ва пардохти табобатро дар бар мегиранд. Одамони дорои маълулият метавонанд намудҳои ёрии гуногуни молиявиро гиранд, ба монанди ёрипулӣ барои хароҷоти нақлиёт ё барои корношоямӣ. Дар ин мамлакатҳо чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба он равона шудаанд, ки дастрасӣ ба молҳо ва хизматрасониҳое, ки барои ҳаёти сазовор заруранд, кафолат дода мешаванд. Вазъият дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст аз сатҳи рушди иқтисодиёт ва захираҳои давлатӣ вобастааст, аммо дар умум аз хизматрасониҳои ҳифзи иҷтимоӣ на ҳама истифода бурда метавонанд. Одамоне, ки ба меҳнати кироя дар иқтисодиёти расмӣ машғуланд, метавонанд ба нафақа ва дигар намудҳои таъминоти иҷтимоӣ умед банданд, аммо аксарияти аҳолӣ барои зиндамонӣ дар сохтори ғайрирасмӣ, ки дар он ҳифзи расмӣ дар натиҷаи гум кардани даромад дар пиронсолӣ ё бо сабаби беморӣ ё маълулият дар назар дошта нашудааст, мубориза мебаранд. Хизматрасониҳои соҳаи тандурустии давлатӣ мумкин аст қайриқаноатбахш бошанд, хизматрасониҳои хусусӣ бошад, ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ бо сабаби гаронарзишӣ дастнорасанд. Барои одамони дорои маълулият қисми зиёди воситаю маводи ёридиҳанда, ки ҳаёти бештар арзандаро имконпазир мегардонанд, дастнорасанд. Бинобар ин, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, аксарияти аҳолӣ, ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам одамоне, ки дорои маълулият нестанд, ба системаҳои ғайрирасмии ҳифзи иҷтимоии дар сатҳи оила ва ҷамоат асосёфта такя менамоянд. Барои одамоне, ки бо сабаби мураккабии маълулияташон кор карда наметавонанд, роҳи ягонаи халосӣ аз вартаи камбизоатӣ, ин дастрасӣ ба таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ шуда метавонад. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият (3) аз давлатҳо эътирофи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулиятро ба ҳифзи иҷтимоӣ ва истифодабарии ин ҳуқуқҳо бе табъиз аз рӯи аломати маълулият талаб менамояд (Моддаи 28). Дар он қайд шудааст, ки барои ба одамони дорои маълулият пурра манфиат бардоштан аз ҳуқуқҳои мазкур, чӣ зарур мебошад, масалан: дастрасӣ ба ғизои кифоя, сару либос, дастрасӣ ба оби тоза, хизматрасониҳои қобили қабул, восита ва маводи ёрирасон ва дигар дастгириҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷотҳои бо маълулият вобаста, ба ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 59
барномаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ, омӯзиш мувофиқ, машваратдиҳии зарурӣ, ёрии молиявӣ ва нигоҳубини муваққатӣ таҳти назорати табибон (патронажӣ), барномаҳои манзили давлатӣ, барномаҳо таъминоти нафақа мебошанд.
ЗАМИМАИ 37
Зимбабве
Офа нисбат ба ҷузъиёти хурд бодиққат аст Офа зани дорои маълулият аз шаҳри Булавайои Зимбабве буда бо аробача ҳаракат мекунад. Вай дар бозор меваю сабзавот мефурӯшад ва аъзои чор гурӯҳҳои гуногуни амонатӣ (гурӯҳи занҳо як миқдор даромади худро ҷамъ мекунанд ва он барои ҳалли ягон мушкилоти иқтисодии онҳо сарф карда мешавад) мебошад: • дар гурӯҳи занон, ки аз тарафи созмони ғайридавлаии маҳаллии одамони дорои маълулият ташкил карда шудааст; • дар гурӯҳи назди калисо фаъолияткунанда; • дар гурӯҳи амонатҳои начандон калон; • дар ассотсиатсияи истиқоматкунандагон. Дар ҳамаи ин гурӯҳҳо ӯ ягон намуди пардохт менамояд: • дар гурӯҳи занҳо Офа ба як намуди амонати суғуртавӣ саҳм мегузорад,-«ин маблағ барои маросими дафн» мебошад. Пас аз вафоти вай, хоҳарзодааш, ки зери сарпарастии ӯ зиндагӣ мекунад, ёрии як маротибаинаи молиявиро барои пардохти маросими дафн ё дигар хизматҳо дастрас менамояд; • дар калисои маҳаллӣ ӯ ба гурӯҳе саҳмгузорӣ мекунад, ки амонатҳои он барои эҳтиёҷоти хонаводагӣ, сарф карда мешавад; • гурӯҳи сеюм - ин «Ассотсиатсияи маблағҳои амонатӣ ва қарзии баргарданда» (ниг. ба боби «Хизматрасониҳои молиявӣ») байни 5 нафар дӯстон ташкил карда шудааст; Офа бо навбат маблағи чамъшударо дастрас намуда, ба таври яклухт меваю сабзавотро барои савдо харид менамояд, ки ин ба ӯ имконияти баланд бардоштани гардиши мол (ва даромади бештарро) медиҳад; • ассотсиатсияи истиқоматкунандагон, ки ӯ ба он дохил мешавад, дуруст ҳисоб намудани маблағи иҷора ва коммуналиро назорат намуда, барои таъмири бино ва ҳуҷрае, ки ҳоло Офа дар он иҷоранишин аст, маблағ ҷамъ менамояд. Ба он нигоҳ накарда, ки савдои меваю сабзавот даромади калон намеоранд, Офа бо мисоли худ нишон медиҳад, ки даромади кам ба камбағалии шахсӣ оварда намерасонад. Эҳтиёткорӣ ва иштирок дар гурӯҳҳои ҷамъоварии амонатҳо ба ӯ имконияти идоракунии ҳаёти худ ва расонидани ёрӣ ба таҳсилоти хоҳарзодааш дар мактаб шароит фароҳам меоварад. Ҳангоми дастрас набудани ягон системаи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ, механизмҳои дастгирӣ дар сатҳи ҷамоатҳо барои миллионҳо одамони дорои маълулият дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст, хеле муҳим аст. Офа мегӯяд: «Ман аз худо метарсам. Ман пулҳоро бемулоҳиза сарф наменамоям. Ман нисбати ҳар як ҷузъиёт хеле бодиққат мебошам. Ман бо харидоронам дӯстам. Шояд, бо ҳамин сабаб ҳама маро муваффақ меҳисобанд».
60
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
Мақсад Одамони дорои маълулият, ки ҷои кор надоранд, фаъолият карда наметавонанд ё даромадашон барои таъмини рӯзғорашон нокифоя аст, аз чораҳои ҳадди ақали ҳифзи иҷтимоӣ баҳраваранд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз раҳнамоии раванди дастрасии одамони дорои маълулият ба ҷалбшавӣ ё ёрипулии иҷтимоии умумӣ ё махсус ва тарғиби чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат намудан иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият, ҳамчун дигар одамони дорои маълулият набуда ба тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ, дар натиҷаи гум кардани соҳаи даромад бо сабаби пиронсолӣ, беморӣ ё маълулият ҳуқуқи дастрасии якхела дошта, аз он истифода мебаранд. • Одамони дорои маълулият, ки ҷои кор гум кардаанд, даромадашон барои таъмини рӯзғори сазовор нокифоя аст, ё корношоям мебошанд, ба чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии мавҷуда дастрасӣ дошта, аз он истифода мебаранд. • Таъминкунандагони хизматарсониҳои иҷтимоии амалкунанда, аз мушкилиҳои махсуси одамони дорои маълулият огоҳ буда, нисбати онҳо мушфиқанд ва хизматрасонии худро ба таври мувофиқ мутобиқ намудаанд. • Таъминкунандагони ҳифзи иҷтимоӣ робитаҳои ҳамкориро бо одамони дорои маълулият ва ташкилоту таъминкунандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба онҳо мустаҳкам намуда, фаъолияташонро ба талаботҳои мушаххаси онҳо мутобиқ намудаанд.
Мафҳумҳои асосӣ Барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ мақсад доранд, ки шахсони ба барномаҳояшон ҷалб (яъне истифодабарандагон) аз меъёрҳои ҳади ақали зиндагии сазовор баҳравар бошанд. Дар умум, барномаҳои ҳифзи иҷтимоиро ба шакли расмӣ, (ки аз тарафи давлат ва созмонҳои калон амалӣ мешаванд) ва ғайрирасмӣ (механизмҳое, ки дар сатҳи ҷамоатҳо амалӣ мешаванд), ҷудо намудан мумкин аст.
Барномаҳои расмӣ Ба одамони дорои маълулият ягон намуди ҳифзи иҷтимоии расмӣ расонида мешавад ё не, асосан аз иқтисодиёт ва захираҳои давлатӣ вобастаанд. Барномаҳои расмии ёрии иҷтимоӣ метавонанд ба табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, ба воситаи барномаҳои паст ё кам кардани сатҳи камбизоатӣ умуман, ё бевосита ба одамони дорои маълулият равона карда бошанд.
Барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ҳамчун мисолҳои чорабиниҳо дар доираи барномаҳои мазкур, ки одатан аз тарафи давлат ё созмонҳои калон амалӣ мешаванд, ёрии озуқаворӣ, ёрии камарзиши ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 61
моддии манзилӣ, барномаҳои шартии бо интиқоли молиявӣ вобаста ва барномаҳои корҳои ҷамъиятӣ, ки дар онҳо меҳнати кирояи камбизоатон аз рӯи усули «ғизо ба ивази кор» ё «маблағ ба ивази кор» истифода бурда мешаванд, шуда метавонанд. Чунин нақшаҳо дар бисёр мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст вуҷуд доранд ва ба он мумкин аст, одамони дорои маълулият низ фаро гирифта шаванд ё фаро гирифта нашаванд.
ЗАМИМАИ 38
Ҳиндустон
Барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъмин намудан ба ҷойҳои кориро кафолат намедиҳад Дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Қонун оид ба одамони дорои маълулият ҳукуматҳои иёлатҳоро вазифадор менамояд, ки на камтар аз 3%-и одамони дорои маълулият ба тамоми Барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ фаро гирифта шаванд. Аммо, ҷалби одамони дорои маълулият ба ин гуна барномаҳо, дар воқеъ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Дар соли 2005 Ҳиндустон Қонун оид ба нақшаи миллии кафолати шуғлро дар ноҳияҳои деҳотӣ қабул намуд, ки он ба ҳар як хонаводаи деҳотӣ ҳуқуқи 100 рӯзи кафолатии кор карданро аз рӯи воҳидҳои қонунии музди меҳнат ё барои гирифтани ёрипулӣ, агар кор дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи бақайдгирӣ пешниҳод нагардад, медиҳад. Ба шарофати ҳамин кафолатҳои меҳнати кироя қонуни мазкур бояд «ҳуқуқ ба меҳнат»-ро, ки дар Конститутсия қайд шудааст, ҳифз намояд ва ин худ элементи марказии амалишавии «ҳуқуқ ба ғизо» ба ҳисоб меравад. Аммо, дар ин қонун эзоҳот оид ба фарогирии ҳатмии 3%-и шахсони дорои маълулият, ки дар Қонун оид ба одамони дорои маълулият инъикос ёфтааст дода нашудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки ҳангоми татбиқи Қонун оид ба нақшаи миллӣ ба табъизи ҷиддӣ аз рӯи нишонаҳои табақа, ҷинс ва маълулият роҳ дода мешавад (6).
Барномаҳои дастгирии иҷтимоӣ Чорабиниҳои дастгирии иҷтимоӣ расонидани ёрии иҷтимоии асосиро барои онҳое, ки дар бозори кушод барои ҳаёти худ пул кор карда наметавонанд, ифода намуда, ёриро дар сурати бекорӣ, ёрипулӣ барои маълулият ва пардохти нафақаро дар бар мегирад. Ҳамчун, чорабиниҳои таъминоти бехатарии иҷтимоӣ, дастгирии иҷтимоӣ дар давлатҳои сатҳи даромадашон баланд пешниҳод мегардад, аммо дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст, чунин муносибат хеле кам таҳти татбиқ қарор мегирад. Ба ҳамин монанд, дар давлатҳои сатҳи даромадашон баланд дар доираи чорабиниҳои дастгирии иҷтимоӣ, хароҷотҳои иловагии вобаста ба маълулият метавонанд ҷуброн карда шаванд (пардохти меҳнати шахсоне, ки нигоҳубин менамоянд, пардохти хароҷоти нақлиёт, хароҷоти мутобиқкунии ҷои истиқомат ва диг.), дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст бошад, чунин муносибат хеле кам таҳти татбиқ қарор мегирад. Дар баъзе давлатҳои хеле камбағал дастгирии бевоситаи одамони дорои маълулият пешниҳод карда намешавад, дар дигар давлатҳо бошад, ба баъзе гурӯҳҳои одамони дорои маълулият интиқоли рамзии пулӣ пардохт карда мешаванд. Аз тарафи дигар, давлатҳои дорои иқтисодиёти азими расмӣ ва заминаи хуби андоз дошта, метавонанд маблағҳои кифояро барои зиндамонии оила пардохт намоянд. Ҳангоми татбиқи чунин нақшаҳо дар давлатҳои сатҳи даромадашон хеле паст мушкилотҳои зерин ба вуҷуд меоянд: 62 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
• Омор дар бораи одамони дорои маълулият дар давлатҳои сатҳи даромадашон паст, одатан эътимоднок нест ва бештари ҳукуматҳое, ки чунин ёриро мерасонанд, тақрибан 1% ё шумораи аз ин камтарро истифода мебаранд, ки ин аз ҳиссаи воқеии одамони дорои маълулият хеле паст аст. • Маблағи ёрипулӣ аз хароҷоти сафар барои гирифтани он метавонад хеле камтар бошад. • Бисёр одамони дорои маълулият, ки дар ноҳияҳои дурдасти деҳотӣ зиндагӣ менамоянд, оид ба мавҷуд будани нақшаҳои дастгирии иҷтимоӣ хабар надоранд ё метавонанд ба ёрипулиҳои пешбинишуда дастрасӣ надошта бошанд.
ЗАМИМАИ 39
Яман
Механизми интиқоли пул Хазинаи некӯаҳволии иҷтимоии Яман, ки зертобеи Вазорати корҳои иҷтимоӣ ва меҳнат аст, механизми пардохти пулиро барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба хонаводаҳое, ки аз тарафи занҳо сардорӣ карда мешаванд, ба одамони дорои маълулият ва ятимон ба роҳ мондааст. Ба таври назариявӣ, чунин шакли ёрӣ ба ҳамаи одамони гурӯҳҳои мазкур, ки ҳар моҳ барои пардохти маблағҳо муроҷиат мекунанд, дастрасанд. Айни замон, қайд намудан ҷоиз аст, ки аз чунин имкониятҳо шумораи ками одамон огаҳанд ва пардохтҳои шахсӣ низ хеле маҳдуданд. Пардохти маблағҳо дар нуқтаҳои шаҳрӣ амалӣ мешаванд, ва ба он ҷой расидани истиқоматкунандагони деҳот хеле мушкил аст.
Накшаҳои ҷубронии «корфармо - корманд» Барои миқдори ками вазифаҳо дар иқтисодиёти расмӣ ҷубронҳо ба кормандони кироя, ки дар натиҷаи фалокат дар ҷои кор ё бемории касбӣ дорои маълулият гаштаанд, пешбинӣ шудаанд. Одатан ин ҷубронҳо аз тарафи суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ пардохт мешаванд. Дар баъзе мамлакатҳо иловапулиҳо ба системаи бехатарии суғуртаи иҷтимоӣ аз хазинаҳои ҳатмии ғуншавандаи миллии суғуртавӣ барои кормандон як қатор имтиёзҳоро оид ба пардохти хароҷоти масъалаҳои корношоямӣ, маълулият, пиронсолӣ ва дигар хатарҳо муайян намудааст. Дар мавриди нақшаҳои суғуртаи иҷтимоӣ бошад, онҳо ҳамон вақт, пардохт карда мешаванд, ки агар корманд дар соҳаи расмӣ кор мекарда бошад.
Нақшаҳои ғайрирасмӣ Азбаски дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, танҳо ҳиссаи хурди аҳолӣ дар соҳаи расмӣ ба кор машғул аст, онҳо танҳо ба нақшаҳои некӯаҳволии иҷтимоии мавҷуда, ки асосан хосияти рамзӣ дошта нокифояанд, аксарияти кормандон ба нақшаҳои ғайрирасмии истодагарӣ барои зиндамонӣ дар марҳилаҳои хатарноки беморӣ, маълулият, пиронсолӣ ва гум кардани ҷои кор, такя менамоянд. Ба монанди: • • • • дастгирии инфиродӣ ё дастгирӣ аз тарафи оила; гурӯҳҳои ҷамоатӣ (ё ассотсиатсияҳои) ёрирасон; гурӯҳҳои худёрирасон; барномаҳои суғуртавии хурд. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 63
Дастгирӣ аз тарафи оила Барои аксарияти аҳолии мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст оила воситаи асосии дастгирӣ дар тӯли тамоми ҳаёт мебошад. Он бештар ҳамчун воҳиди иқтисодӣ, дар муқоиса бо мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд фаъолият менамояд, Аммо, азбаски ҳиссаи иқтисодӣ аҳамияти калон дорад, одамони дорои маълулият метавонанд дар оила ба табъиз дучор шаванд, махсусан, агар қобилияти ба он саҳм гузоштанро надошта бошанд. Азбаски, барномаҳои ТСҶ бо оилаҳо фаъолият менамоянд, бояд ба одамони дорои маълулият ва хешовандони онҳо дар муайян намудани он, ки чӣ тавр саҳмгузорӣ намудан лозим аст, ёрӣ расонанд. Гурӯҳҳои ҷамоатӣ ва ассотсиатсияҳои ёрирасон Гурӯҳҳои хайриявӣ, созмонҳои динӣ ва ҷамоатӣ ба одамони осебдида, аз ҷумла одамони дорои маълулият метавонанд ёрии яккарата ё мунтазам расонанд. Онҳо метавонанд дар хариди аробача ва дигар воситаҳои ёрирасони мутобиқкардашуда ба онҳо ёрӣ расонанд ва чун иттифоқчии имконпазир ва захираҳои самараноки барномаҳои ТСҶ фаъолият намоянд. Гурӯҳҳои худёрирасон Гурӯҳҳои худёрирасон, ки бо мақсади захира намудани маблағ ва расонидани дигар намудҳои дастгирии ҳамдигар таъсис дода шудаанд, шакли самараноки ҳифзи иҷтимоӣ барои одамони дорои маълулият дар ҷамоатҳои камбизоат мебошанд. Шакли «Ассотсиатсияи маблағҳои амонатӣ ва қарзии баргарданда» аз ҳама бештар паҳн шуда мебошад (ниг. ба боби «Хизматарасониҳои молиявӣ»). Дигар намудҳои гурӯҳҳои амонатӣ (захиравӣ) мақсадҳои бештар маҳдуд доранд. Баъзе занон метавонанд гурӯҳро барои ҷамъ намудани маблағ барои харидории ашёи рӯзғор, иваз намудани бом ё барои ҷамъоварии «маблағҳо барои дафн» таъсис намоянд. Чунин гурӯҳҳо, одатан пурра захираҳои худро идора менамоянд. Афзалияти чунин гурӯҳҳои худёрирасон дар он аст, ки ҳамаи маблағҳо на аз берун, балки аз тарафи аъзоёни он ворид мешаванд. Ин гурӯҳҳо воситаи самараноки баланд бардоштани боварӣ ба қувваи худ ва сармояи иҷтимоӣ мебошанд. Барномаҳои ТСҶ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ташкилёбии гурӯҳҳо ҳамчун стратегияи асосии фарогирии одамони дорои маълулият барои расонидани ёрӣ ба онҳо дар баромадан аз вартаи камбизоатӣ, аҳамияти махсус медиҳанд. Дар дигар мамлакатҳо гурӯҳҳои худёрирасон камтар инкишоф ёфтаанд ва барномаҳои ТСҶ метавонанд дар ташкили онҳо нақши асосиро бозанд. Барномаҳои суғуртавии хурд. Ҳангоми набудани барномаҳои расмии ҳифзи иҷтимоӣ бисёр ҷамоатҳо дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст Барномаҳои суғуртавии хурдро ташкил намуданд, ки бояд талаботи онҳоро барои таъмин ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва идоранамоии хавфҳо қонеъ намоянд. Ин барномаҳои ихтиёрӣ аз тарафи иттифоқи касаба, хадамоти шаҳрӣ, ширкатҳои шахсии суғуртавӣ, сохторҳои молиявии хурд, таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамоатии солимгардонӣ таъсис дода мешаванд; дар ин маврид хоҷагиҳо ҳаққи начандон калонро барои қисман пӯшидани зарар ҳангоми гум кардани воситаҳои зиндагӣ, бемориҳо, фалокатҳо ва маълулшавӣ пардохт менамоянд. Онҳо метавонанд ҳамчун барномаҳои инфиродии суғуртавӣ фаъолият намоянд, аммо аксар 64 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
вақт нақшаҳои гурӯҳие мебошанд, ки дар доираи онҳо хатарҳои умумӣ ҷамъбаст шуда, дар вазъияти зарурӣ аъзоёни ба ёрӣ ниёз дошта аз тарафи онҳое, ки дар ин марҳила ба ёрӣ ниёз надоранд, дастгирӣ карда мешаванд. Одатан аъзоёни гурӯҳ дар қабули қарорҳо иштирок намуда, ба интихоб ва татбиқи амалиётҳои барнома таъсир мерасонанд. Баъзан, ба ин гуна барномаҳо давлат ёрӣ мерасонад, ки он дар шакли саҳмгузорӣ озод намудан аз андоз ё қабули қонунгузории мусоидаткунанда татбиқ мегардад.
ЗАМИМАИ 40
Бенин
Ширкати молиявии хурд барои занҳо Ассотсиатсияи ёрии ҳамдигарии байни занҳо ширкати молиявии хурд мебошад, ки ба занҳои дорои даромади паст аз ноҳияҳои камбизоати пойтахт ва наздикии он, хизмат мерасонад. Суғуртаи хурди тиббӣ, ки ширкат пешниҳод менамояд, барои мизоҷон хеле манфиатнок аст, чунки онҳо ба таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ, ки фаъолияташон шартномавӣ мебошад, муроҷиат менамоянд; дар ин сурат ба ҳамаи хизматҳо якбора пардохт намудан зарур мешавад.
Мушкилот дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ Кадом шакли ҳифзи иҷтимоие, ки мавриди муҳокима қарор нагирад, ҳамеша баҳсу мунозираҳои шадид дар атрофи киро муҳофизат намудан лозим аст ва чӣ тавр, рух медиҳад. Саволҳои кадом ашхосро дорои маълулият ҳисоб намудан лозим аст ва кӣ барои гирифтани ёрии махсуси иҷтимоӣ бештар ниёз дорад, пайдо мешаванд. Дар вазъияти рухдода фарқи байни ҳуқуқҳо ва ёрии хайриявӣ дар чист? Оё ҳифзи иҷтимоӣ бо ақидаи олии мустақилияти моддӣ мутобиқат менамояд? Барномаҳои ТСҶ вазифадоранд ба ин масъалаҳо дахолат намоянд ва ба натиҷаҳо таъсир бахшанд; онҳо ба монанди созмонҳои одамони дорои маълулият бояд ба сифати пешбарандаҳо, маълумотдиҳандаҳо, ҳимоякунандаҳо ва устодон амал намоянд. Агар онҳо ин корро накунанд, ба одамони дорои маълулият хатари бе нақшаҳои ҳифзи иҷтимоӣ мондан таҳдид менамояд.
Фаъолиятҳои пешниҳодшуда Барномаҳои ТСҶ бояд дар ҳамкорӣ бо одамони дорои маълулият ва ташкилотҳое, ки онҳоро намояндагӣ менамоянд, дар чорабиниҳои дар зер оварда, фаъолият намоянд.
Ноил шудан ба он, ки одамони дорои маълулият бо чорабиниҳои мавҷуда фаро гирифта шудаанд Таъмини ҳифзи иҷтимоӣ – ин ҷузъи ҷудонопазири муносибати ҳамаҷониба нисбати масъалаҳои маълулият аст. Барномаҳои ТСҶ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият фаъолият менамоянд, то мутмаин бошанд, ки онҳо, новобаста аз аз он, ки хизматрасониҳои мазкур ба воситаи системаи суғуртаи иҷтимоӣ, барномаҳои ёрии иҷтимоӣ ё сохторҳои ғайрирасмӣ расонида мешаванд, ба чорабиҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 65
ниҳои мавҷудаи ҳифзи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Барои татбиқи самараноки ин барномаҳо ТСҶ бояд: • оид ба бандҳои дахлдори қонун, ба монанди ҳуқуқҳои кормандон ва ҳар гуна ҳуқуқҳои дигаре, ки одамони дорои маълулият метавонанд талаб намоянд, масалан, дастрасӣ ба хизматрасонии нақлиёт, таълим дар мактаб, таълими касбӣ ва воситаю маводи ёрирасон маълумоти пурра дошта бошанд; • ноил шудан ба он, ки ҳамаи одамони дорои маълулият, ки бо онҳо кор карда истодаанд, бо ҳуқуқҳои мазкур ва чӣ тавр онҳоро ба даст овардан мумкин аст шинос бошанд; • ташкил намудани захираи иттилоотӣ оид ба ҳамаи шаклҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ мавҷуданд ва ноил шудан ба он, ки ҳамаи одамони дорои маълулият ба ин иттилоот дастрасанд; захираи иттилоотӣ бояд меъёрҳои интихоб, қоидаҳои тартиб додани талабот ва манфиатҳои пешниҳодшавандаро дар бар гирад; • раҳнамоии созмонҳои одамони дорои маълулият ва созмонҳои волидон, барои барпо намудани робита ва ҳамкориҳо бо сохторҳои асосии таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои мавҷуда ва мутмаин будан, ки онҳо вазъияти одамони дорои маълулиятро дуруст дарк карда, фаъолиятҳояшонро ба эҳтиёҷоту талаботҳои махсуси одамони дорои маълулият мутобиқ намудаанд. • Ҷалб ва муттаҳид намудани тарғиботчиён ва фаъолон бо мақсади таъмин ва муҳофизати ҳуқуқҳои ба одамони дорои маълулият додашуда дар он ҷойҳое, ки таъмини ҳуқуқҳои мазкур риоя намешаванд.
Мусоидат намудан ба васеъшавии дастрасии одамони дорои маълулият ба ғизо, об ва системаи корезӣ (махсусан ҳоҷатхонаҳо) Барномаҳои ТСҶ бояд оид ба барномаҳои амалкунанда ва сохторҳои мавҷуда иттилоот дошта бошанд, то оилаҳо бо ғизо ва об таъмин бошанд ва махсусан масъалаи эҳтёҷоту талаботҳои махсуси одамони дорои ҳар гуна шаклҳои маълулият ба таври зарурӣ ба инобат гирифта шаванд. Ин корҳоро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият иҷро кардан қобили қабул аст. Дар бисёр минтақаҳои тараққикардаистодаи дунё яке аз мушкилоти калон набудани ҳоҷатхонаҳо мебошад, набудани онҳо дар бисёр хонаводаҳо одамонро маҷбур месозанд, ки қазои ҳоҷатро дар ҳавои кушод бароранд. Ба одамони дорои маълулият, махсусан занҳо ин хеле душвор аст. Барномаҳои ТСҶ бояд дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳукумати маҳаллӣ дар ин самт ва инчунин, дар соҳаи бо об таъминкунӣ, вазъиятро беҳтар намоянд.
Расонидани ёрӣ дар ҳалли мушкилии таъминот бо манзил ва дастрасии он Барои одамони дорои маълулият дар муқоиса бо одамоне, ки дорои маълулият нестанд, иҷора гирифтани манзил метавонад хеле гарон афтад (чунки, масалан, ба шахси дорои маълулият хона дар ошёнаи якум лозим шуданаш мумкин аст) ва ин хароҷоти одамонеро, ки даромади ҳаррӯзаашон бе ин ҳам хеле кам аст, зиёд менамояд. Одамони дорои маълулият бисёр вақт ҳангоми иҷора гирифтани хона ба табъиз дучор мешаванд. Барномаҳои ТСҶ бояд оид ба масъалаи мазкур иттилоот 66 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
дошта бошанд ва ҳангоми дар робита шудан бо идораҳои дахлдори ҳукуматӣбарои ҳалли он ва таъмини имкониятҳои баробар истодагарӣ намоянд. Дастрасии манзил низ барои одамони дорои маълулият мушкилот шуда метавонад, махсусан ҳангоми аз хона ба ҷои дигар бо мақсади иштирок дар омӯзиш сафар кардан, ёфтани ҷои кори ба манзил наздик ва ё кори хусусии худро кушодан. Одамони дорои маълулият баъзан аз манзили худ бо сабаби ҷойгиршавии ноқулай, дуруст истифода бурда наметавонанд. Барномаҳои ТСҶ бояд аз талаботҳои одамони дорои маълулият оид ба дастрасӣ огоҳ бошанд ва дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдори давлатӣ ва хусусӣ ба онҳо барои ёфтани манзили муносиб ёрӣ расонанд. Агар, дар ягон ҷой сохтмони давлатии манзил ба нақша гирифта шавад, бояд кӯшиш намуд, ки ин манзил барои одамони дорои маълулият аз рӯи ҷойгиршавӣ ва арзиш пурра дастрас бошад ва чунон тарҳрезӣ карда шавад, ки барои иштироки пурраи одамони дорои маълулият дар ҳаёти ҷамоати худ мусоидат намояд.
Таъмини дастрасӣ ба ёрии тиббию санитарӣ ва воситаҳои ёрирасон Барои одамони дорои маълулият дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ бояд дар асоси баробар бо одамони дорои маълулият набуда пешниҳод гардад. Ба баъзе одамони дорои маълулият ёрии тиббию санитарӣ вобаста аз бемориашон зарур шуда метавонад (масалан, доруҳо аз бемории саръ). Ба онҳо инчунин, воситаҳои ёрирасон зарур шуда метавонанд (ниг. ба қисми «Саломатӣ»). Барномаҳои ТСҶ бояд мавзеи ҷойгиршавии нуқтаҳои тиббӣ ва нуқтаҳои пешниҳод намудани воситаҳои ёрирасонро муайян намуда, иттилооти мазкурро ба одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо расонанд. Дар баъзе мавридҳо барномаҳои ТСҶ метавонанд бевосита, нигоҳубини заруриро ташкил ва пешниҳоди воситаҳои ёрирасонро осон намоянд. Агар воситаҳои ёрирасон аз тарафи созмонҳои давлатӣ ё ғайридавлатӣ пешниҳод гарданд, пас бо ин иттилоот одамони дорои маълулиятро ҳаматарафа шинос намудан лозим аст.
ЗАМИМАИ 41
Перу
Ёрӣ ба модарон дар дохил намудани кӯдаконашон ба барномаҳои тандурустӣ Барномаи ТСҶ дар ноҳияҳои деҳотии Перу муайян намуд, ки аксарияти модарони кӯдакони дорои маълулият ба марказҳои тиббӣ барои ташхис ё дар ҳолати бемор шудани онҳо муроҷиат наменамоянд. Барномаи ТСҶ ба барои фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба барномаи ройгони тандурустӣ ба модарон ёрӣ расонд. Ин иқдоми ТСҶ дар байни таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва оилаҳои кӯдакони дорои маълулият робитаи хуб барқарор намуд.
ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
67
Ташкил намудани ёрии инфиродӣ ҳангоми зарурат Баъзе одамони дорои маълулият ба ёрии инфиродӣ дар шакли нигоҳубини ҳаррӯза ва дастгирӣ ниёз доранд. Чунин ёрӣ дар сатҳи ҷамоатҳо метавонад аз тарафи ихтиёриён расонида шавад, аксар вақт ин аъзоёни оила мебошанд, ки барои татбиқи чунин фаъолиятҳо махсус омӯзонда шудаанд. Дар он ҷойҳое, ки созмонҳои одамони дорои маълулият ё созмонҳои ғайридавлатӣ чунин омӯзишро пешниҳод намекунанд, нақши асосиро дар ин самт метавонанд кормандони ТСҶ бозанд. Ҳангоми пешниҳод намудани ёрии инфиродӣ шарти асосӣ, аз эътироф намудани он аст, ки шахси дорои маълулият бояд воситаҳои ёрирасонро худ интихоб намояд (ниг. ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ», боби «Ёрии инфиродӣ») .
Ҳангоми зарурат пардохт намудани хароҷотҳои бо маълулият вобаста Дар баъзе мамлакатҳо давлат ба одамони дорои маълулият ёрипулӣ барои пардохти хароҷотҳои бо маълулият вобастаро пешниҳод менамояд, ки он ҳамчун илова ба меъёри хароҷоти ҳаррӯзаи ҳаёти онҳо ба ҳисоб меравад. Ин хароҷотҳои иловагӣ метавонанд бо нақлиёт, манзили дастрас, воситаҳои ёрирасон ё мутобиқсозӣ барои истифодабарии маводҳои ҳаррӯза ва таҷҳизот вобаста бошанд. Онҳо инчунин, ҷуброни гум шудани музди меҳнатро барои онҳое, ки ихтиёран ба одамони дорои маълулият нигоҳубин менамоянд, ва аксар занҳо мебошанд, пардохт менамоянд. Ин хароҷотҳо дар сурате ҷуброн карда мешаванд, ки агар одамони дорои маълулият дар ҳаёти оила ва ҷамоат пурра иштирок намоянд, аммо дар сурати одамони дорои маълулият ва оилаи онҳо дар қашшоқӣ ҳаёт ба сар мебаранд, масусан хеле мушкил ҷуброн намудан мумкин аст. Дар он ҷое, ки чунин қарорҳои ташкилотчигӣ татбиқ мешаванд, барномаҳои ТСҶ бояд оид ба онҳо иттилоот дошта бошад, онро дастрас намояд ва барои истифода бурдан аз ин имтиёзҳо ба одамони дорои маълулият мусоидат намоянд. Ба шарофати дастрасӣ ба ин гуна дастгирӣ бояд гузариш аз истисноӣ ба ҷалбшавӣ ва аз иштироки нопурра дар ҳаёти ҷамоат ва ҷомеа ба ба иштироки пурра табдил гардад.
Библиография 1. Конвенсия оид ба табъиз дар соҳаи меҳнат ва шуғл [Конвенсия 111]. Женева, Созмони Байналмилалии меҳнат, 1958 (http://www. un. org/ru/documents/decl_ conv/ conventions/labour.shtml, санаи дастрасӣ: 15 маи с. 2010). 2. Конвенсия оид бабарқарорсозии касбӣ ва шуғли одамони дорои маълулият [Конвенсия 159]. Женева, Созмони Байналмилалии меҳнат, 1983 (http://www.ilo .org/ilolex/russian/docs/conv159. htm, санаи дастрасӣ: 15 маи с. 2010). 3. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 2006. (Error! Hyperlink reference not valid.www.un.org/ru/documents/ decl_conv/conventions/disability.shtml, санаи дастрасӣ: 30 марти с.2010). 68 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
4. CBR: A strategy for rehabilitation, equalization of opportunities, poverty reduction and social inclusion of people with disabilities (ILO, UNESCO, WHO Joint Position Papers). ILO/UNESCO/WHO, 1994-2004 (2004 paper available at: www.who. int/ disabilities/publications/cbr/en/index.html, accessed 30 March 2010). 5. Decent work. Geneva, International Labour Organization (undated) (www.ilo.org/ global/Themes/ Decentwork/lang - en/index .htm, accessed 15 May 2010) . 6. India’s rural job scheme plagued by discrimination. One World South Asia, 2006 (http://southasia. oneworld .net/, accessed 15 May 2010).
Адабиёти тавсияшаванда Achieving equal employment opportunities for people with disabilities through legislation. Guidelines. Geneva, International Labour Organization, 2007. Albu M. Economic empowerment of disabled people: lessons from northern Uganda about developing the market for enterprise-based skills development services. Moretonin-Marsh, APT Enterprise Development, 2005. Assisting people with disabilities in finding employment: a resource book for trainers of employment service personnel. Geneva, International Labour Organization, 2004. Carney D. Sustainable livelihoods approaches: Progress and possibilities for change. London, Department for International Development, 2002 (www.eldis.org/vfile/upload/1/ document/0812/SLA_Progress.pdf, accessed 22 May 2010). CGAP Microfinance Gateway: (www.microfinancegateway.org, accessed 22 May 2010). Churchill C, Frankiewicz C. Making microfinance work: managing for improved performance. Geneva, International Labour Organization, 2006. Decent work and poverty reduction strategies (PRS): A reference manual for ILO staff and constituents . Geneva, International Labour Organization, 2005 (www.ilo.org/dyn/ infoecon/docs/627/F286029509/DecentWork-PRSstextpdf, accessed 22 May 2010). Doing business in Addis Ababa: case studies of women entrepreneurs with disabilities in Ethiopia Geneva, International Labour Organization, 2003 (www.ilo.org/wcmsp5/groups/ public/—ed_emp/—ifpskills/documents/publication/wcms_106562.pdf, accessed 22 May 2010). Doing business in Tigray: case studies of women entrepreneurs with disabilities in Ethiopia. Geneva, International Labour Organization, 2003 (www.ilo.org/wcmsp5/groups/ public/—ed_emp/—ifpskills/ documents/publication/wcms_106563.pdf, accessed 22 May 2010). Dudzik P, McLeod D Including the most vulnerable: social funds and people with disabilities (Social Protection Discussion Paper No. 0023). Washington, DC, World Bank, 2000 (http://siteresources.worldbank.org/ SOCIALPROTECTION/Resources/SPDiscussion-papers/Disability-DP/0023.pdf, accessed 22 May 2010). Good practices for the economic inclusion of people with disabilities in developing countries: funding mechanisms for self-employment. London, Handicap International, 2006 (www.handicap-international . org/uploads/media/goodpractices-GB-2coul .PDF, accessed 22 May 2010). Guarantee funds for small enterprises: a manual for guarantee fund managers Geneva, International Labour Organization, 2004 (www.ilo. org/public/libdoc/ilo/2004/104B09_435_ engl .pdf, accessed 22 May 2010) . ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ 69
Harris C . Self-employment of disabled people in developing countries . Disability World, 2003, 21:Nov-Dec (www.disabilityworld .org/11-12_03/employment/selfemployment. shtml, accessed 22 May 2010) . Heron R. Job and work analysis: guidelines on identifying jobs for persons with disabilities. Geneva, International Labour Organization, 2005 (www.ilo.org/wcmsp5/groups/public/— ed_emp/—ifp skills/ documents/publication/wcms_111484.pdf, accessed 22 May 2010). Heron R, Murray B . Assisting disabled persons in finding employment: a practical guide - Asian and Pacific edition, 2nd ed. Bangkok, International Labour Office, 2003 (www. ilo. org/skills/what/pubs/lang - en/ docName - WCMS_106577/index.htm, accessed 22 May 2010). Human Resources Development Recommendation, 2004 (No. 195). Geneva, International Labour Organization, 2005 (www.ilo . org/ilolex/cgi-lex/convde.pl?R195, accessed 22 May 2010). Hussein K. Livelihoods approaches compared: A multi-agency review of current practice. London, Department for International Development, 2002 (www.eldis.org/vfile/upload/1/ document/0812/LAC .pdf, accessed 22 May 2010). Johanson R, Adams A. Skills development in sub-Saharan Africa. Washington, DC, World Bank, 2004 (Error! Hyperlink reference not valid.info.worldbank.org/etools/docs/ library/235731/Skills%20Development%20in%20Sub%20Saharan%20 Africa.pdf, accessed 22 May 2010) . Karlsson L . How to start a small business: a manual for community workers assisting persons with disabilities . Geneva, International Labour Office, 1992 (available to purchase at www.ilo .org/global/What_we_do/ Publications/ILOBookstore/Orderonline/ Books/lang - en/docName - WCMS_PUBL_9221096092_EN/ index.htm, accessed 22 May 2010. Photocopy available from Skills and Employability Department, ILO, Geneva). Mersland R. Microcredit for self-employed disabled persons in developing countries . Social Science Research Network (SSRN), 2005 (http://ssrn.com/abstract=970519, accessed 22 May 2010). MicroInsurance Centre: (www.microinsurancecentre.org, accessed 22 May 2010). Mitra S . Disability and social safety nets in developing countries (Social Protection Discussion Paper No. 0509). Washington, DC, World Bank, 2005 (http://siteresources .worldbank.org/SOCIALPROTECTION/ Resources/0509.pdf, accessed 22 May 2010). Moving forward: toward decent work for people with disabilities. Examples of good practices in vocational training and employment from Asia and the Pacific. Geneva, International Labour Organization, 2003 (www. ilo. org/public/libdoc/ilo/2003/103B09_417_engl .pdf, accessed 22 May 2010) . Murray B, Heron R. Assisting disabled persons in finding employment: a practical guide - Caribbean edition, 2nd ed. Port of Spain, International Labour Office, 2003 (www.ilo. org/wcmsp5/groups/public/-ed_emp/---ifp_skills/documents/publication/wcms_113832. pdf, accessed 22 May 2010). Optional Protocol to the Convention on the Rights of Persons with Disabilities . New York, United Nations, 2006 (www.un.org/disabilities/convention/optprotocol .shtml, accessed 22 May 2010) . O’Reilly A. The right to decent work of persons with disabilities. Geneva, International Labour Office, 2007 (www.ilo . org/public/english/region/ampro/cinterfor/news/rightto. pdf, accessed 22 May 2010) . 70 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ 4. ҚИСМИ «МАСЪАЛАҲОИ ХУДТАЪМИНКУНӢ»
People with disabilities. Pathways to decent work. Report of a Tripartite Workshop, Malawi, Lilongwe, 16-17 May 2006. Geneva, International Labour Office, 2007 (www. ilo. org/wcmsp5/groups/public/-ed_emp/---ifp_skills/documents/publication/wcms_107785. pdf, accessed 22 May 2010). Perry DA. EmployAbility: a resource guide on disability for employers in Asia and the Pacific. Bangkok, International Labour Office, 2007 (http://bravo. ilo.org/wcmsp5/groups/ public/—asia/—ro-bangkok/ documents/publication/wcms_bk_pb_98_en.pdf, accessed 22 May 2010). Resolution and conclusions concerning decent work and the informal economy (document ILC90-PR25-292-En. Doc). Geneva, International Labour Organization, 2002 (www.ilo. org/wcmsp5/groups/public/-ed_norm/---relconf/documents/meetingdocument/wcms_ gb_298_esp_4_en .pdf, accessed 22 May 2010). Roth J, McCord M, Liber D. The landscape of microinsurance in the world’s 100poorest countries. Appleton, WI, Microinsurance Centre, 2007 (www.microinsurancecentre.org/ UploadDocuments/Landscape%20 study°%20paper.pdf, accessed 22 May 2010) . Skills development through community based rehabilitation (CBR). A good practice guide. Geneva, International Labour Organization, 2008 (www.ilo . org/skills/what/pubs/ lang - en/nextRow - 41/index. htm, accessed 22 May 2010). Strategies for skills acquisition and work for persons with disabilities in Southern Africa. Synthesis report -Malawi, South Africa, Zambia. Geneva, International Labour Organization, 2007 (www. ilo.org/wcmsp5/ groups/public/—ed_emp/—ifp_skills/ documents/publication/wcms_107784.pdf, accessed 22 May 2010). Technical and vocational education and training forthe twenty-first century: UNESCO and ILO Recommendations. Paris, UNESCO/ILO, 2002 (http://unesdoc.unesco.org/ images/0012/001260/126050e.pdf, accessed 22 May 2010). Training and skills acquisition in the informal sector: A literature review (InFocus Programme on Skills, Knowledge and Employability Working Paper No. 9) . Geneva, International Labour Organization, 2002 (www. ilo.org/wcmsp5/groups/public/—ed_ emp/—ifp_skills/documents/publication/wcms_104010.pdf, accessed 22 May 2010). Training for work in the informal sector: new evidence from Kenya, Tanzania and Uganda (InFocus Programme on Skills, Knowledge and Employability Working Paper No. 11). Geneva, International Labour Organization, 2002 (www.ilo .org/wcmsp5/groups/public/— ed_emp/—ifp_skills/documents/publication/ wcms_103995.pdf, accessed 22 May 2010) Van Adams A, Middleton J, Ziderman A. Skills for productivity: vocational education and training in developing countries . New York, Oxford University Press/World Bank, 1993 (www-wds .worldbank.org/external/default/ WDSContentServer/WDSP/IB/2000/07/19/0 00009265_3970128105228/Rendered/PDF/multi_page.pdf, accessed 22 May 2010). Vargas Zuniga F. Key competencies and lifelong learning: three perspectives on these subjects in Latin America and the Caribbean. Montevideo, International Labour Office/ CINTERFOR, 2005 (www.ilo .org/public/ english/region/ampro/cinterfor/publ/vargas/ index.htm, accessed 22 May 2010).
ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
71
Барои қайдҳо
ТОҶИКӢ
МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо
Идоракунии саломатӣ
Кӯдакии бармаҳал
Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила
Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон
Пешгирӣ
Ибтидоӣ
Худшуғлбудан
Кӯмаки тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ
Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Барқарорсозӣ
Ғайрирасмӣ
Асбобҳои ёрирасон
Таҳсил дар давоми ҳаёт
Ҳифзи иҷтимоӣ
Ташкилотҳои маълулон
Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон
Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72
Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.
1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо.
Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.
© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.
Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.
Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.
Қисми
«Масъалаҳои иҷтимоӣ» Мундариҷа Муқаддима........................................................................................3 Ёрии инфиродӣ...............................................................................9 Муносибатҳо, издивоҷ ва оила..................................................21 Маданият ва фарҳанг ..................................................................29 Истироҳат, фароғат ва варзиш .................................................37 Адлия..............................................................................................45
Муқаддима Иштироки фаъол дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ҷамъиятии оила барои рушди инфиродӣ хеле муҳим мебошад. Имконияти иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ба шахсияти инсон, сатҳи худбаҳодиҳӣ, сифати ҳаёт ва вазъи иҷтимоии ӯ таъсири сахт мерасонад. Аз сабаби он, ки одамони дорои маълулият дар ҷамъият бо монеаҳои бисёр дучор мешаванд, аксар вақт онҳо барои иштирок дар чорабиниҳои чамъиятӣ имконияти камтар доранд. Дар гузашта аксари барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ) диққати худро бештар ба масъалаҳои тандурустӣ ва фаъолияти тавонбахшӣ ҷалб менамуданд ва талаботи иҷтимоии одамони дорои маълулиятро сарфи назар менамуданд. Ҳатто, имрӯзҳо, дидабароии чунин мавзӯъҳо ба монанди муносибатҳои байнишахсӣ, издивоҷ, тарбияи кӯдакон ва дастрасӣ ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, хеле ҳассос ва мураккаб буда, роҳ ёфтан ба фаъолияти фарҳангӣ, варзишӣ ва истироҳатӣ нолозим ҳисобида мешавад. Қисми мазкури дастурамал муҳим будани ин масъалаҳоро дар ҳаёти одамони дорои маълулият махсус қайд намуда, зарурати ҷалби онҳоро ба барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳо бо мақсади ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилиҳои номбурда зери муҳокима қарор медиҳад.
Мақсад Одамони дорои маълулият дар оила ва ҷамоат нақш ва масъулияти муҳими иҷтимоӣ доранд ва ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷамъият шинохта шудаанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши ТСҶ, аз ҳамкорӣ бо ҳамаи тарафҳои ба масъала шавқманд бо мақсади таъмини иштироки ҳаматарафаи одамони дорои маълулият дар ҳаёти иҷтимоии оила ва ҷамоатҳояшон иборат аст. Барномаҳои ТСҶ одамони дорои маълулиятро бо мақсади воридсозии тағйиротҳои иҷтимоии мусбӣ дар ҳаёташон ба воситаи бартараф намудани поймолкунии ҳуқуқ, тамғагузорӣ ва табъиз дастгирӣ менамоянд.
Натиҷаҳои чашмдошт • О дамони дорои маълулият ҳамчун аъзои оила қадр карда шуда, нақшҳо ва масъулиятҳои гуногуни иҷтимоиро ба дӯш доранд. • 4 Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо барои истифодаи малакаю захираҳо бо мақсади саҳмгузорӣ ба рушди ҷамоат дастгирӣ карда мешаванд. • Ҷамоатҳо одамони дорои маълулиятро чун аъзоёни пурарзиши худ эътироф намуда, мутмаинанд, ки онҳо дар рушди ҷамоатҳо саҳми муносиб мегузоранд. • Монеаҳое, ки иштироки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маъракаҳои иҷтимоӣ маҳдуд месозанд, муайян ва бартараф карда мешаванд. • 4 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳоро қонеъ намуда, дастгирии иҷтимоии самаранок ва хизматрасониҳоро дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин менамоянд.
МУҚАДДИМА
3
ЗАМИМАИ 1
Таъмини иштироки пурраи аъзоёни ҷамоат «Пина Палмера», созмони ғайридавлатӣ мебошад, ки дар қисми ҷанубии штати Оахакаи Мексика фаъолият мекунад. «Пина Палмера», фаъолияти худро дар сатҳи ҷамоат аз соли 1989 оғоз намуда, имрӯзҳо дар ҳафт ҷамоатҳои деҳот барои қонеъ намудани талаботи рӯзмарраи одамони дорои маълулият ва аъзоҳои оилаи онҳо заҳмат мекашад. Созмони мазкур, ҳамчунин бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, омӯзгорон, кормандони нақлиёти чамъиятӣ ва кормандони соҳаи тиб бо мақсади бартараф намудани монеаҳо ва ҷалби иҷтимоии одамони дорои маълулият дар фаъолиятҳои ҷамоатҳо ҳамкории зич дорад. «Пина Палмера» як қатор чорабиниҳоро амалӣ месозад, ки он ба ҷузъиёти мавзӯъҳои қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ»-и Дастур оид ба ТСҶ, мутобиқат мекунад. Созмони «Пина Палмера» ба одамони дорои маълулият, хусусан ба кӯдакон ва онҳое, ки ба бемориҳои ҷиддӣ ё якчанд осебу ноқисиҳо гирифторанд, ёрии инфиродӣ мерасонад. Ба одамони дорои маълулият кормандони воҳидӣ ё ихтиёриён ёрӣ мерасонанд ва ба он беҳдошти шахсӣ, ҳаракатҳо дар қаламрави ҷамоатҳо ва фаъолияти ҷамъиятӣ дохил мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ ёрии инфиродӣ инчунин ба кормандони «Пина Палмера», ки худ низ маъюб мебошанд, бо мақсади осон намудани татбиқи вазифаҳои хизматӣ расонида мешавад. «Пина Палмера» одамони дорои маълулиятро барои иштирок дар чорабиниҳои варзишию фароғатӣ тарғибу ташвиқ менамояд. Созмони мазкур бо одамони дорои маълулият ва варзишгарони маҳаллӣ ҳамкорӣ намуда, онҳоро бо манбаю мавод таъмин менамояд, то фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои варзишиеро ташкил намоянд, ки дар он ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам дорои маълулият набуда иштирок карда тавонанд. Дар ҳолати зарурӣ воситаҳои ёрирасон ва таҷҳизоти мутобиқкардашудаи варзишӣ пешниҳод карда мешавад, то ба одамони дорои маълулият имконияти иштирок дар чорабиниҳо фароҳам оварда шавад. Дар натиҷа, якчанд нафар одамони дорои маълулият аз тарафи дастаи яккачини миллии баскетболбозони бо аробачаҳо ҳаракаткунанда баромад намуданд. «Пина Палмера» барои одамони дорои маълулият омӯзишҳоро дар мавзӯъҳои «Муоширати самаранок», «Бартараф намудани низоъ», «Кор дар гурӯҳ», «Эҳтиромгузорӣ», «Баробарии гендерӣ ва муносибатҳои ҷинсӣ» ташкил намуданд. Омӯзишҳои мазкур ба одамони дорои маълулият имконияти васеъ намудани шабакаҳои иҷтимоии хешро медиҳанд, ки доираи шиносоиро васеътар менамоянд. Дар ҳолати зарурӣ «Пина Палмера» ба одамони дорои маълулият инчунин, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ машварат низ пешниҳод менамояд. Ҳангоми машваратдиҳӣ забони оддии оммафаҳм истифода мешавад, то одамони дорои маълулият иттилоотро хуб азхуд намуда дар ҳолати зарурӣ худро аз ҳама амалҳои беадолатона ҳифз карда тавонанд.
Мексика
4
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Мафҳумҳои асосӣ
Нақшҳои иҷтимоӣ Нақшҳои иҷтимоӣ кадомҳоянд? Нақшҳои иҷтимоӣ, ин мавқеи одамон дар ҷамъият мебошад, ки бо як қатор ӯҳдадориҳо ва фаъолиятҳои муайян вобастаанд. Ба намудҳои гуногуни нақшҳои иҷтимоӣ онҳое дохил мешаванд, ки бо муносибатҳо (масалан, шавҳар, зан, модар, падар, бародар, хоҳар, дӯст), фаъолият (масалан омӯзгор, ходими ҷамъиятӣ, фермер), кори ҳамарӯза (масалан фаррош, ошпаз), вақтхушӣ ва варзиш (масалан футболбоз, қартабоз) ё ҷамоат (масалан корманди ихтиёрӣ, сарвари маҳалла) алоқаманданд. Ба нақшҳои иҷтимоии одамон, чунин омилҳо ба монанди: синну сол, ҷинс (муносибатҳои иҷтимоӣ), фарҳанг ва маълулият таъсир мерасонанд. Нақшҳои иҷтимоии одамон дар давоми ҳаёт иваз мешаванд ва аксари ҷамоатҳо ин гузаришро бо расму русум ва амалҳои муҳим қайд мекунанд. Чаро нақшҳои иҷтимоӣ муҳиманд? Нақшҳои иҷтимоӣ аз он сабаб муҳиманд, ки ба ҳаёт аслият ва маънӣ мебахшанд. Ба мавқеи иҷтимоие, ки инсон дар ҷомеа дорад, нақшҳои дигари иҷтимоии вай дар дохили ҷамоат таъсир мерасонанд. Масалан, аз он, ки инсон метавонад шавҳар/зан, падар/модар ё коргаре бошад, ки маош мегирад, баҳои баланд гирифта метавонад ва бинобар ин ба вазъияти иҷтимоии ӯ таъсири мусбӣ мерасонад; дар ҳамин ҳол набудани зан/шавҳар, кӯдак ё кор метавонад паст баҳо дода шавад ва ба вазъияти иҷтимоии ӯ таъсири манфӣ расонад. Ҳангоме, ки шахси дорои маълулият имконият дорад нақшҳои мусбии иҷтимоиро дар ҷомеаи худ бозад, муносибат нисбати маълулияти ӯ метавонад тағйир ёбад. Масалан, фарогирии бомуваффақияти кӯдаки дорои маълулият дар мактаб ё шахси калонсоли дорои маълулият дар корхона воситаи пурқуввати тағйирёбии муносибати ҷамъият нисбати одамони дорои маълулият шуда метавонад. Дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади таъмини бехатарии нақшҳои муҳими иҷтимоӣ. Роҳҳои хеле зиёде, мавҷуданд, ки бо истифодаи онҳо одамони дорои маълулиятро барои комёб шудан ба нақшҳои бебаҳои иҷтимоӣ дастгирию рӯҳбаланд намудан мумкин аст. Дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади беҳтар намудани малака ва маҳоратҳо, тарғиби таассуроти мусбӣ дар ҷамоатҳо ва фаъолият намудан оид ба тағйир додани муносибат нисбати онҳо, усулҳои аз ҳама муфиданд. (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият).
Монеаҳо ба иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ Номгӯи зиёди монеаҳо мавҷуданд, кӣ метавонанд иштироки одамони дорои маълулиятро дар ҳаёти ҷомеа маҳдуд намоянд. Масалан: • одамони дорои маълулият мумкин аст, сатҳи пасти худбаҳодиҳӣ дошта бошанд ва дар чунин ақида бошанд, ки сазовор ё қудрати иштирок карданро дар фаъоМУҚАДДИМА 5
лияту чорабинӣ ё ҳодисаҳо надоранд; • а 4 ъзоёни оила метавонанд ҳис намоянд, ки доштани аъзои дорои маълулият дар оила шармовар аст, бинобар ин онҳо ба аъзои дорои маълулият иштирок намуданро дар ҳаёти ҷамъиятӣ иҷозат намедиҳанд ё ҳавасманд нестанд; • 4 аъзоёни ҷомеа метавонанд нисбати одамони дорои маълулият тафаккури бемантиқона дошта бошанд, ба монанди, он ки одамони дорои маълулият метавонанд ҷойҳои муқаддасро ҳаром кунанд, онҳо лаънатшудаанд ва онҳоро тоза кардан лозим аст, ё онҳо қувваи фавқулодда ё ҳалоккунанда доранд; • 4 ба монеаҳои табиӣ дар роҳи иштирок дар ҳаёти иҷтимоӣ инҳо дохил мешаванд: воситаҳои нақлиёт, биноҳо, масалан, марказҳои фарҳангӣ-иҷтимоии ҷамоат, мавзеъҳои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, кинотеатрҳо ва дигарон, ки барои одамони дорои маълулият дастнорас мебошанд.
ЗАМИМАИ 2
Монеаҳои табиӣ барои иштирок «Сари чанд вақт мо мехостем ба кинотеатр ба тамошои филм равем, аммо мутаассифона, даромадан ба бино бо аробачаи маълулӣ пешбинӣ нашудааст. Мо дар ҷойҳои ба мо пешкаш шуда нишаста наметавонем, зеро дар назди нишастгоҳ ҷои холӣ нест. Агар мо бо дархост муроҷиат намоем, ба суханҳои мо касе аҳамият намедиҳад (1).
Баробарии гендерӣ Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст занҳои дорои маълулият барои иҷрои нақшҳои муайяни иҷтимоӣ, масалан, тарбияи кӯдак, одатан имконияти маҳдуд доранд. Баъзе оилаҳо метавонанд парастории зиёд зоҳир намоянд ва ба зани дорои маълулият иҷозат надиҳанд, ки дар чорабиниҳои иҷтимоии берун аз хона иштирок намояд. Илова бар ин, ҳарчанд, баробарии гендерӣ ҷанбаи муҳими рушд бошад ҳам, занон ва духтарони дорои маълулият аз барномаҳои асосии соҳаи рушд берун мемонанд. Занҳои дорои маълулият ба раванди қабули қарор кам ҷалб ва ба қадри нокифоя муаррифӣ карда мешаванд, масалан, нодуруст шарҳ медиҳанд, ки гӯё ғамхорӣ нисбати чунин занҳо, бояд аз ғамхорӣ нисбати занҳои дорои маълулият набуда фарқ мекунад. Инчунин, эҳтимолияти фарогирии духтарони дорои маълулият ба барномаҳои Ҷавонон ё истироҳатию фароғатӣ камтар аст.
Кӯдакони дорои маълулият Муҳити бехатар ва бомуҳаббат ба ҳамаи кӯдакон зарур аст, аз ҷумла барои кӯдакони дорои маълулият, ки ба онҳо низ муҳаббату дилбастагӣ ва имконияти омӯзиш ва рушд зарур аст. Барномаҳои ТСҶ метавонанд нақши муҳимро дар тарғибу ташвиқи ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маълулият бозида, ба оилаҳои онҳо дар мубориза бар зидди тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқ, ки ба иштироки онҳо дар ҳаёти оила ва ҷомеа монеъ мешавад, ёрӣ расонанд.
6
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Бобҳои ин қисм Ёрии инфиродӣ Баъзе одамони дорои маълулият барои дастрас намудани имконияти иштирок дар ҳаёти оила ва ҷамоат ба ёрии инфиродӣ эҳтиёҷ доранд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҷубронҳо хеле маҳдуданд, бинобар ин, оила сарчашмаи асосӣ ё ягонаи дастгирӣ мебошад. Аз сабаби хеле маҳдуд будани имкониятҳои расмӣ (давлатӣ), боби мазкур оид ба роҳҳои сафарбар намудани захираҳои ҷамоат аз тарафи барномаҳои ТСҶ бо мақсади дастрас шудани одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо ба ёрии инфиродии ба эҳтиёҷоти шахсӣ ва афзалиятҳои онҳо мувофиқ, нақл менамояд.
Муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила Муносибати шахсӣ барои одамони дорои маълулият, чун барои ҳамаи одамони дигар хеле муҳим мебошад. Дар боби мазкур роҳҳои гуногуне муҳокима мешаванд, ки бо истифодаи онҳо барномаҳои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулиятро барои манфиат дидан аз нақшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ӯҳдадориҳои ба муносибатҳои шахсӣ вобаста, дастгирӣ намоянд. Дар ҳамкории зич бо як қатор шахсони ба масъала шавқманди ҷамоат барномаҳои ТСҶ метавонанд, сатҳи огоҳии мардумро оид ба масъалаҳои маълулят баланд бардошта, муносибатҳои манфии оила ва ҷамоатро муҳокима намоянд ва ба зоҳир шудани зӯроварӣ ва табъиз нисбати одамони дорои маълулият роҳ надиҳанд.
Фарҳанг ва санъат Иштирок дар фаъолиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ барои рушду ташаккулёбии шахсият хеле муҳим мебошад. Он барои устуворгардонии комили шахсият, рушди фаҳмиши муҳиммияти худ ва таалуқ доштан (масалан ба оила ва ҷамоат), инчунин имкониятҳои одамони дорои маълулиятро барои саҳмгузорӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ тарбия мекунад. Дар боби мазкур монеаҳое, ки ба иштироки одамони дорои маълулият дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳунарии оила ва ҷамоат халал мерасонанд, муайян ва роҳҳои ҳалли онҳо дида баромада мешаванд. Дар он инчунин, нақше, ки маданият ва санъату ҳунар дар мубориза зидди тамғагузорӣ ва табъизи ҳуқуқи одамони дорои маълулият ва дар тарғибу ташвиқи гуногуниҳо, ҷалбшавӣ ва иштирок мебозанд, таҳлил карда мешаванд.
Истироҳату фароғат ва варзиш Чорабиниҳои ба истироҳат, фароғат ва варзиш вобаста, барои саломатӣ ва некӯаҳволӣ, инчунин барои муттаҳидшавии аъзоёни ҷамоат муҳим мебошанд. Ин чорабиниҳо ба одамони дорои маълулият чӣ манфиат доранд ва тавсияҳои амалӣ нисбати он, ки чӣ тавр барномаҳои ТСҶ метавонанд бо шахсони гуногуни ба масъала шавқманд бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳо барои ҷалбшавӣ ва иштироки одамони дорои маълулият ҳамкорӣ намоянд, муҳокима мешаванд. Аҳамияти фаъолияти бевосита бо тарафҳои ба масъала шавқманд дар таҳияи барномаҳо ва банақшагирии чорабиниҳо, ки ба талаботи ҷамоатҳои маҳаллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯй аст, махсус қайд карда мешаванд. МУҚАДДИМА 7
Адлия Ба ҳамаи аъзоёни ҷамоат дар ягон муддати вақт мумкин аст, эҳтиёҷоти муроҷиат намудан ба адолати ҳуқуқӣ пайдо шавад. Дар сатҳи маҳаллӣ огоҳ будан аз қонунҳои ҳуқуқии мавҷуда, хеле зарур аст, зеро онро бо мақсади амалӣ намудани кафолати он ки одамони дорои маълулият метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқ ва имтиёзҳояшон, чӣ тавре дар Конвенсияи дар бораи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ишора шудааст, истифода карда тавонанд. (2). Диққати асосӣ дар ин боб ба он дода мешавад, ки чӣ тавр барномаҳои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулиятро барои талаб намудани ҳуқуқҳояшон ба воситаи баланд намудани сатҳи огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дастгирӣ намоянд. Онҳо инчунин, раҳнамоии дастрасии онҳоро ба равандҳои гуногуни ҳуқуқӣ бо мақсади дидабароии масъалаҳои ба беадолатӣ бахшида амалӣ менамоянд.
8
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Ёрии инфиродӣ Муқаддима Ба баъзе одамони дорои маълулият ёрии инфиродӣ бо мақсади раҳнамоии фарогирии пурра ва иштироки онҳо дар ҳаёти оила ва ҷамоат лозим шуданаш мумкин аст. Аз рӯи омилҳои муҳитӣ ёрии инфиродӣ зарур шуданаш мумкин аст, (масалан, вақте ки муҳити беруна дастнорас бошад), ё аз он сабаб, ки одамон мумкин аст ноқисӣ ё мушкилоти ҳаракатӣ дошта бошанд, ки он барои мустақилона иҷро намудани амал ва вазифаҳо халал мерасонад. Ёрии инфиродӣ ба одами дорои маълулият имконият медиҳад, ки дар лаҳзаи дилхоҳ аз ҷои хоб хезад ё хобад, хӯроки дилхоҳро дар лаҳзаҳои дилхоҳ истеъмол намояд, корҳои хонаро иҷро намояд, дар чорабиниҳои иҷтимоии берун аз хона иштирок намуда, ба таҳсилот дастрасӣ дошта бошад, даромади молиявӣ ва нигоҳубину ғамхории оилаашро ба ӯҳда дошта бошад. Ёрии инфиродӣ ба таври ғайрирасмӣ, масалан аз тарафи аъзоёни оила, дӯстон, ё дар шакли расмӣ, масалан ба воситаи кормандони кироя ё хадамоти иҷтимоӣ расонида мешавад. Агарчӣ дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ё миёна, маблағгузории системаи расмӣ одатан маҳдуд аст, аксари мамлакатҳо тарҳи ҳимояи иҷтимоиро таҳия кардаанд – масалан дар Бразилия, Ҳиндустон, Африкаи Ҷанубӣ ва ба наздикӣ инчунин дар Бангладеш. Умед ҳаст, ки бо рафти рушди ин система имкониятҳои ТСҶ оид ба дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади ёфтани имкониятҳо ба ёрии инфиродӣ афзун мегардад (нигаред ба қисми «Худтаъминкунӣ», боби «Ҳифзи иҷтимоӣ»).
ЗАМИМАИ 3
Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, моддаи 19 «Тарзи ҳаёти мустақил ва ҷалбшавӣ ба фаъолиятҳои ҷамоат» ( 2) «Мамлакатҳо-иштирокчиёни Конвенсияи мазкур ҳуқуқи баробари одамони дорои маълулиятро барои зистан дар ҷойҳои муқаррарии зист, бо интихоби баробар чун дигарон эътироф менамояд ва чораҳои самаранок ва лозимаро меандешанд, то ин ки онҳо барои ҳуқуқҳои худро амалӣ сохтан, ҷалб намудани онҳо ба ҷамоати маҳаллӣ ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ мусоидат намоянд, аз ҷумла ба воситаи таъмин намудани он ки: a. одамони дорои маълулият дар баробари одамони дигар ҳуқуқи интихоби ҷойи зист, дар куҷо ва бо кӣ бо ҳуқуқҳои баробар бо дигарон зиндагӣ карданро интихоб намоянд, ва вазифадор нестанд, ки дар кадом як шароитҳои муайяни манзилӣ зиндагӣ намоянд. b. одамони дорои маълулият ба як қатор хизматрасониҳо дар хона, дар ҷои зист ва дигар ёрирасониҳо дар заминаи ҷамоат роҳ ёбанд, аз ҷумла ёрии шахсӣ, ки барои дастгирии ҳаёт дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷалбшавию иштирок дар он зарур аст, инчунин роҳ надодан ба канорамонӣ ва тамғагузорӣ дар сатҳи ҷамоат. c. хизматрасониҳо ва воситаҳои дар сатҳи ҷамоат ва муассаҳои истифодабарии умумӣ пешбинӣ шуда, дар андозаи баробар бояд ба одамони дорои маълулият дастрас ва ба талаботу эҳтиёҷоти онҳо ҷавобгӯ бошад. ЁРИИ ИНФИРОДӢ 9
ЗАМИМАИ 4
Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ
Ёрӣ дар ҳолати зарурӣ Ҷе Хван, писарбачаи сездаҳсола ҳамроҳи модаркалон, хоҳар ва ду холабачааш дар шаҳри Сеул, Кореяи Ҷанубӣ, зиндагӣ мекунад . Вақте ки ӯ чорсола буд ба ў «харобшавии (дистрофияи) мушакҳо» ташхис гузоштанд. Дар синни нӯҳсолагӣ ӯ мустақилона ҳаракат карда наметавонист, ба мактаб низ рафта натавониста рӯҳафтода мешуд. Вақте, ки кормандони барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат бори аввал бо Ҷе Хван вохӯрданд, вай сездаҳсола шуда буд. Мутахассисони барнома писарбачаро ба беморхонаи Миллии тавонбахшӣ равон намуданд, ки дар он ҷо ӯ ба тавонбахшии тиббӣ ва табобат роҳ ёфт. Ба ӯ инчунин, аробачаи маълулии худгардро бо нишастгоҳи махсус, аз тарафи Маркази тадқиқот дар соҳаи воситаҳои ёрирасон доданд. Ҳамин, ки ҳолаташ устувор гардид, Ҷе Хван хоҳиш пайдо кард, ки омӯзишро дар мактаб давом диҳад. Аммо ӯ ин корро бе ёрии инфиродӣ карда наметавонист. Корманди иҷтимоӣ аз беморхона Ҷе Хванро бо корманди ихтиёрӣ аз донишгоҳ шинос намуд, ки ин корманд ба ӯ барои ба итмом расонидани таҳсилот аз рӯи барномаи мактаби ибтидоӣ ёрӣ расонд. Ба ғайр аз ин ба писарбача маслиҳат доданд, ки ба созмони ғайридавлатии маҳаллӣ муроҷиат намояд, ва аз рӯи реҷаи кории созмони мазкур ба назди Ҷе Хван ҳар ҳафта кормандони ихтиёрӣ омадан гирифтанд. Онҳо ба писарбача китоб мехонданд ва ба ӯ ёрӣ медоданд, ки сурат кашад ва лоиҳаҳои аввалинашро таҳия намояд. Ба ӯ инчунин ёрӣ намуданд, ки хонаашро таъмир намуда мутобиқ гардонад, то барои бо аробача ҳаракат кардан қулай бошад. Корманди дигари ихтиёрӣ, мунтазам омада ба модаркалони ӯ ба корҳои хона ёрӣ мерасонд, масалан, хонаро рӯбучин мекард. Ҷе Хван ҳатто аъзои гурӯҳи худёрирасон дар созмони Хазинаи кореягии харобшавии (атрофияи) мушакҳо гардид. Ҳаёти Ҷе Хван ба туфайли ҳамкории байни ТСҶ, беморхонаи Миллии тавонбахшӣ, Хазинаи кореягии атрофияи мушакҳо, Маркази тадқиқот дар соҳаи таҳияи воситаҳои ёрирасон ва созмонҳои дигари ғайридавлатии маҳаллӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Кормандони иҷтимоӣ ва ихтиёриёни маҳаллӣ барои таъмини дастгирӣ ва гирифтани ёрии инфиродӣ нақши муҳим бозиданд.
10
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Мақсад Одамони дорои маълулият аз Ёрии инфиродӣ истифода мебаранд, ки талаботу эҳтиёҷоти онҳоро қонеъ гардонида ба онҳо имконияти бурдани ҳаёти фаъол ва пурарзишро имконпазир гардонидааст.
Нақши ТСҶ Нақши барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат аз дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади дастрас шудан ва фаъолона идоракунии ёрии инфиродӣ, бо мақсади бурдани ҳаётӣ мустақил ва эътибору манзалат иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият якҷоя фаъолият менамоянд, то ин ки тарзҳои ёрии инфиродии сифату меъёрҳояш мувофиқ дар сатҳи ҷамоат дастрас бошанд. • одамони дорои маълулият нақшаи дастгирии инфиродиро доранд. • одамони дорои маълулият ба омӯзишҳое дастрасӣ доранд, ки ба онҳо идора намудани талаботу эҳтиёҷоташонро имконпазир мегардонад. • омӯзиш ҳам барои ёрдамчиёни расмӣ ва ҳам барои ёрдамчиёни ғайрирасмӣ дастрас аст. • ёрӣ барои он оилаҳое дастрас аст, ки ёрии инфиродиро дар шакли ғайрирасмӣ таъмин менамоянд. • дар оила ва ҷамоат механизмҳои ҷавоб гуфтан ба ҳолатҳои бӯҳронӣ амал мекунанд, ки фиристондани одамони дорои маълулиятро ба муассисаҳои махсуси шакли пӯшида пешгирӣ менамоянд. • ҷамоатҳои маҳаллӣ ба одамони дорои маълулият имконияти расонидани ёрии инфиродиро дар сатҳи ҷамоат дастгирӣ ва пешниҳод менамоянд.
Мафҳумҳои асосӣ Парастории одамони дорои маълулият дар муассисаҳои тиббии махсус ва зиндагии мустақил Дар давоми якчанд даҳсолаҳо мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд аз муносибати «парастории одамони дорои маълулият дар муассисаҳои махсус» ба муносибати «зиндагии мустақил» барои онҳо гузаштанд. «Зиндагии мустақил» маънои онро надорад, ки одамони дорои маълулият ҳама чизро мустақил иҷро карда метавонанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо худ интихоб ва ҳаёти худро мисли дигар одамони маълулият надошта назорат карда метавонанд. Одамони дорои маълулият оид ба талаботу эҳтиёҷоти худ мутахассисони беҳтарин ба ҳисоб мераванд, бинобар ин онҳо барои ҳаёти худ бояд масъул бошанд, инчунин мисли дигар одамони маълулият надошта аз номи худ андеша намоянд ва сухан ронанд. Ёрии инфиродӣ яке аз роҳҳои асосии гузариш аз ҷойгирнамоии одамони дорои маълулият дар муассисаҳои махсуси тиббӣ ба зиндагии мустақил мебошад.
ЁРИИ ИНФИРОДӢ
11
ЗАМИМАИ 5
Ёрии инфиродӣ барои зиндагии мустақил «Ҳаракат барои зиндагии мустақилона» шабакаи байналмиллалӣ буда, барои он мубориза мебарад, ки одамони дорои маълулият ба ҳамон сатҳи қаноатмандӣ ва мустақилият дар оила, ки барои кӯдакон, дӯстон ва ҳамсояҳои дорои маълулият набудаи онҳо дар ҷамоат муқаррар аст, дастрасӣ дошта бошанд. Ин махсусан ба одамоне тааллуқ дорад, ки ба дастгирӣ эҳтиёҷи баланд доранд, масалан дар иҷрои амалҳои зиндагии ҳамарӯза, ба мисли либоспӯшӣ, қазои ҳоҷат, ғизогирӣ, муошират ва батартибдарории рӯзи худ, ва умуман, зинда мондани онҳо аз ёрии амалии одамони дигар вобаста аст. Истилоҳи «ёрии инфиродӣ» аз тарафи «Ҳаракат барои зиндагии мустақилона» барои фаъолиятҳои дар боло зикршуда, танҳо ҳамон вақт истифода бурда мешавад, ки агар истифодабарандаи мушаххас қудрати мустақилона қарор доданро дошта бошад, ки иҷрои кадом вазифаро ба кӣ ваколат диҳад ва, инчунин кай ва чӣ гуна онро ҳал намояд. Ин гуна назорат, танҳо ҳамон вақт имконпазир мешавад, ки агар истифодабарандагон манбаъҳои кифояи молиявӣ барои харидорӣ намудани хизматрасонӣ аз рӯи интихоби худ ё барои кироя намудани одамон ба сифати ёвар (аз ҷумла аъзоёни оила) дошта бошанд. Аз сабаби он, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо одатан манбаъҳои кифояи молиявӣ надоранд, пардохти давлатӣ лозим мешавад. Баъзе одамон, масалан, кӯдакони дорои маълулият ё шахсони ноқисии зеҳнӣ дошта, барои амалӣ намудани чунин назорат ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд. Вазифаҳои ёрии инфиродӣ Ёрии инфиродӣ на танҳо барои дастгирӣ дар ҳал намудани вазифаҳои шахсии маҳрамона вобаста аст. Ба он метавонад инчунин, дастгирӣ ҳангоми иҷроиши доираи васеи вазифаҳо дар шароити гуногун дохил шавад: масалан, дар хона (ёрӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ ва амалӣ намудани нигоҳубин), дар мактаб, дар ҷои кор, дар ҷамоат (масалан ҳангоми интиқол, рафтан ба мағоза, истифода бурдан аз хизматрасонии бонкҳо), инчунин ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва истифода бурдани хизматрасонии хадамоти наҷотдиҳӣ. Новобаста аз он, ки ёрии инфиродӣ ба таври расмӣ ё ғайрирасмӣ расонида мешавад, муҳим он аст, ки ин ёрӣ дар ҳаҷм ва бо сифате пешниҳод гардад, ки шахси дорои маълулият ба таври пурра ва қурбу манзалати баланд дар ҳаёти оила ва ҷамоат иштирок карда тавонад. Дарки мафҳуми «инфиродӣ» дар ёрии инфиродӣ Калимаи «инфиродӣ» дар ибораи ёрии инфиродӣ бо мақсади инъикоси он истифода бурда мешавад, ки ҳар як одам хусусияти ба худ хос ва маҷмӯи талаботу эҳтиёҷоти нодир дорад. Ёрии инфиродӣ – ин ёфтани роҳҳои ҳалли масъала, ки ба шахси мушаххас мутобиқ аст, мебошад. Тарзи гуногуни ёрӣ (яъне набудани ёрӣ, ёрии нопурра ё пурра) метавонад барои вазифаи гуногун ва лаҳзаи гуногун лозим шавад, зеро талабот вобаста аз вазъияти мушаххас тағйир меёбад, масалан, тағйир ёфтани нақши иҷтимоӣ ё ҳолати саломатӣ. Барои ҳар як шахси мушаххас мувозинати дуруст ёфтан хеле муҳим аст. 12 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Муҳимияти назорат Ёрии инфиродиро одатан ҳамчун коре, ки нисбати шахси дорои маълулият ва барои ӯ карда мешавад, дар назар доранд, ва инсон ҳамчун қабулкунандаи ғайрифаъол арзёбӣ мешавад. Чунин фаҳмиш дигар қобили қабул нест; айни замон амиқ эътироф шудааст, ки афроди дорои маълулият бояд дар назорат намудани самти ҳаёти худ озод бошанд, бинобар ин дар маркази раванди қабули қарор, вобаста ба талаботи онҳо нисбати ёрии инфиродӣ қарор дошта бошанд (нигаред ба замимаи 5).
Тарзҳои дастгирӣ Ёрии ғайрирасмӣ Дар тамоми ҷаҳон, тарзҳои асосии ёрӣ ба одамони дорои маълулият асосан намуди ёрии ғайрирасмиро мегирад (3). Ёрии ғайрирасмиро аъзоёни оила, дӯстон, ҳамсояҳо ё кормандони ихтиёрӣ пешкаш карда метавонанд. Ёрии расмӣ Ёрии инфиродӣ метавонад ба таври расмӣ расонида шавад. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд намудҳои сершумор ва гуногуни дастгирии расмӣ расонида мешаванд, чунин муносибат дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст низ афзалият пайдо карда истодааст (3). Хизматрасонии мазкурро созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва хусусӣ низ пешниҳод карда метавонанд. Дар ҳоле, ки қисми зиёди буҶаҳо ғайримарказӣ мешаванд, маблағҳо барои хизматрасониҳои дастгирӣ метавонад тариқи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ба мисли Вазорати таъминоти иҷтимоӣ, дастрас шавад. Барои маблағгузории Ёрии инфиродӣ метавонанд ёрдампулиҳо, ба мисли нафақа аз рӯи маълулият, иловапулӣ барои парасторӣ ё пардохт барои шахсоне, ки парасторӣ менамоянд, дастрас шаванд.
Мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он Имкониятҳои маҳдуд дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст. Мушкилиҳои ба дастрасии ёрии инфиродӣ вобаста дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд ва мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, гуногунанд. Ҳангоми, кӯшиши таъмин намудани дастрасии одамони дорои маълулият ба ёрии инфиродӣ, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, барномаҳои ТСҶ ба мушкилот дучор шуда метавонанд, ба монанди: • сатҳи пасти огоҳӣ оид ба кўмаки инфиродӣ ва талаботи кам ба он аз тарафи одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаи онҳо ва созмонҳои одамони дорои маълулият; • кам будани барномаҳое, ки дар нақшаҳояшон барои кормандони ёрии инфиродӣ омӯзишу дастгириро пешбинӣ кардаанд; • набудани стратегия ва барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои дастгирии ёрии инфиродӣ, масалан, ёрипулӣ, грантҳо ё нафақа аз рӯи маъюбӣ (танҳо дар қисми ками мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст); ЁРИИ ИНФИРОДӢ 13
• миқдори ками таҳияи муқаррарот ва меъёрҳои (стандартҳои) дар сатҳи миллӣ мувофиқа кардашуда оид ба ёрирасонии инфиродӣ ва роҳҳои санҷишу арзёбии он. Ҳолатҳои бӯҳронӣ Вақте, ки системаи дастгирӣ аз кор мемонад, одамони дорои маълулият ба ҳолати бӯҳронӣ гирифтор шуданашон мумкин аст. Дар баъзе ҳолатҳо ин маънои онро дорад, ки одамони дорои маълулиятро одатан, бар хилофи ихтиёрашон, ба муассисаҳои махсус равон менамоянд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, ки дастгирии инфиродиро одатан аъзоёни оилаашон мерасонанд, сабабҳои зиёд мавҷуд ҳастанд, ки фаъолияти дастгирӣ боздошта шавад. Масалан, дар ҳолати марги яке аз аъзоёни оила, метавонад мушкилоти молиявӣ ё ихтилофи дохили оилавӣ ба вуҷуд ояд. Дар баъзе ҳолатҳо оилаҳо мумкин аст аз сабаби сарбории зиёд ва таниши асабҳо (стресс), ки ба расонидани ёрии инфиродӣ вобаста аст, инчунин бо имконияти ками дастрасӣ ба ёрию омӯзиш, хеле хаста шаванд. Аҳамияти ёрии ғайрирасмиро барои одамони дорои маълулият ва мавқеъи марказии оиларо дар кулли фарҳангҳо ба назар гирифта, қайд намудан ҷоиз аст, ки хизматрасониҳо барои оилаҳое, ки аъзои дорои маълулият доранд, нақши муҳим мебозанд (3). Осеббинӣ ва хавфи муомилаи дурушт Одамоне, ки дар ягон марҳилаи ҳаёташон ба хизматрасонии дастгирӣ эҳтиёҷ доранд, одатан нисбати одамоне, ки ба ин тарзи хизматрасонӣ эҳтиёҷ надоранд, зиёдтар озурдаанд (3). Ба одамоне, ки нисбати онҳо муомилаи дурушт кардаанд ё онҳоро озурдаанд, одатан оид ба ҳодисаи содиршуда хабардор кардан ё онро тағйир додан хеле мушкил мебошад, махсусан агар шахси таҳқиркунанда ёвари шахсии онҳо бошад (нигаред ба боби «Муносибати инфиродӣ, издивоҷ ва оила»).
Фаъолиятҳои тавсияшаванда Ҳамкорӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият Дар аксар ҳолатҳо ба одамони дорои маълулият мустақилона дифоъ ва қонеъ намудани талаботашон ба ёрии инфиродӣ хеле мушкил аст. Аммо, агар одамони дорои маълулият якҷоя кор кунанд, дар он ҳолат ноил шудан ба тағйир додани вазъият осонтар аст. Хеле муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ нақши созмонҳои одамони дорои маълулиятро дар таъмини имкониятҳо барои ёрии инфиродӣ эътироф ва бо онҳо ҳамкорӣ намоянд: • стандартҳои мутобиқкарда шуда барои дастрасӣ ба ёрии инфиродӣ таҳия ва тарғиб мешаванд; • одамони дорои маълулият оид ба тарзҳои мавҷудаи ёрии инфиродӣ маълумоти кифоя доранд; • дар он ҷамоатҳое, ки ёрии инфиродӣ дастнорас аст, имкониятҳо барои дастрас шудан ба чунин хизматрасониҳо фароҳам оварда шудааст; • раванди рушд ва санҷишу арзёбии хизматрасониҳои ёрии инфиродии мувофиқ барои одамони дорои маълулият татбиқ мешавад; • барпо намудани алоқа байни одамони дорои маълулият, хусусан онҳое, ки бемории вазнин ё ноқисиҳои ҷиддӣ доранд, бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон.
14
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
ЗАМИМАИ 6
Тағйир додани ҳаёт ба сӯи беҳбудӣ бо истифодаи ёрии инфиродӣ Пас аз он, ки дар Сербия бори аввал хадамоти ёрии инфиродии таҳти назорати худи истеъмолкунандагон ташкил шуд, ҳаёти одамони зиёди дорои маълулият дар сатҳи инфиродӣ тағйир ёфт. Акнун одамони дорои маълулиятро барои дастаҷамъона фаъолият намудан сафарбар менамоянд. Масалан, дар натиҷаи амалҳои ин хадамот яке аз истифодабарандагони хизматрасонӣ сарвари фаъоли одамони дорои маълулият гардид. Агар, пештар ӯ доимо дар хона қарор дошта, ба китобхонӣ машғул мешуд ва дер-дер ба сайругашт мебаромад, акнун бошад бо ёрии ёвари шахсӣ се маротиба дар як ҳафта аз хона мебарояд, то ин ки раванди банақшагирии фаъолияти созмони одамони дорои маълулиятро роҳбарӣ намояд. Созмони одамони дорои маълулият бомуваффақият ҷамоатро дастгирӣ менамояд ва онҳоро барои ташкили зершӯъбаи маҳаллии хадамот бо мақсади рушд додани зиндагонии мустақил рӯҳбаланд намуд. Биноро бошад, барои идораи зершӯъба шаҳрдорӣ ҷудо намуд.
Сербия
Ёрӣ расонидан ба одамони дорои маълулият бо мақсади таҳияи нақшаи инфиродӣ. Таъмин намудани ёрии инфиродии ба вазъияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мутобиқ ва нисбати эҳтиёҷоти гендерӣ ва талаботи синну солӣ ҳассос, ниҳоят муҳим аст. Барномаҳои ТСҶ ба одамони дорои маълулият дар корҳои зерин ёрӣ намуда метавонанд: • муайян намудани он, ки иҷроиши кадом вазифаҳо ёриро талаб менамояд, айни ҳол набояд пешакӣ эҳтимолан пешгӯӣ намуд, ки сухан дар бораи кадом вазифаҳо меравад. • азнавдидабароии (таҷдиди) имкониятҳои гуногуни ёрии инфиродӣ, ки дар сатҳи маҳал мавҷуд аст; ақидаи таҷриба намудани имкониятҳои гуногуни дастрас хеле муфид аст, зеро муайян карда мешавад, ки кадоме аз онҳо самараноктаранд. • бо ёварони шахсӣ оид ба кадом вазифаҳо ёриро талаб менамоянд, дар кадом муддат ва чӣ тавр онро бояд иҷро кард иттилоот додан; • новобаста аз он, ки ёрии инфиродӣ аз тарафи кормандони муздгиранда ё ихтиёрӣ амалӣ мегардад, шартномаи хаттӣ бояд таҳия ва имзо карда шавад. • эҳтиёҷоту талаботро ба ёрии инфиродӣ бояд мунтазам санҷишу арзёбӣ намуда тағйиротҳои дар сатҳи саломатӣ, машғулиятҳои ҳаррӯза, муҳити беруна рухдодаро бояд ба нақшаи ёрии инфиродӣ ворид намуд.
ЁРИИ ИНФИРОДӢ
15
ЗАМИМАИ 7
Банақшагирии Ёрии инфиродӣ
Филиппин
Дар Филиппин Созмони Миллии одамони дорои маълулият дар якҷоягӣ бо идораи маориф ва ассотсиатсияи падару модарон барномаи серсоҳаеро таҳия намуд. Нақши муҳими барномаи мазкур аз пешниҳоди омӯзишҳо оид ба усулҳои расонидани ёрии инфиродӣ ба кӯдакони гирифтори ноқисиҳои ҷиддӣ, ба волидону омӯзгорон, бо мақсади фарогирӣ ва таҳсили онҳо дар мактабҳои ибтидоии маҳаллӣ иборат буд. Ин барнома бо зиёда аз 13 ҳазор кӯдакон аз ноҳияҳои деҳот хизмат расонда, омӯзишҳои якҷояро бо кӯдакони синну соли томактабӣ, волидон ва омӯзгорон мегузаронанд ва мақсад аз ин таҳия намудани нақшаи ёрии инфиродии мувофиқу мутобиқкарда барои ҳар як кӯдак мебошад. Барномаи мазкур дар омода намудан ва фарогирии кӯдакони ба дастгирӣ ва таҳсил дар мактабҳои ибтидоии маҳаллӣ дар баробари дигар ҳамсолони худ ниёз дошта, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст.
Қонеъгардонии талабот ба омӯзишҳо Одамони дорои маълулият мумкин аст ба омӯзиш ниёз дошта бошанд, ки ба онҳо барои эътимод ба имкониятҳои худ ва рушди малакаҳои муайян ва идоранамоии эҳтиёҷоташон ба ёрии инфиродӣ зарур аст. Ба ёварони шахсӣ низ омӯзишҳое, ки ба онҳо барои инкишоф додани малакаҳо бо мақсади иҷро намудани нақш ва ӯҳдадориҳояшон ёрӣ мерасонанд, зарур аст. Омӯзишҳо барои одамони дорои маълулият Барои он, ки одамони дорои маълулият кўмаки инфиродии сифаташ баландро гирифта тавонанд, ба онҳо малакаҳои ба таври эътимоднок ифода карда тавонистани эҳтиёҷот ва интизориҳояшон аз ёрии инфиродӣ зарур аст. Барномаҳои ТСҶ ба одамони дорои маълулият дар ин ҷода чунин ёрӣ дода метавонанд: • дар таъмини дастрасӣ ба омӯзишҳо бо мақсади ташаккул додани малакаҳои муошират ва босуботӣ (худбоварӣ) дар худ (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият», боби «Муҳофизат ва муошират»); • дар гирифтани дастрасӣ ба иттилоот оид ба ёрии инфиродӣ; • дар баланд бардоштани сатҳи дониш оид ба тарзҳои самараноки муайянкунӣ, ташкил ва идоракунии эҳтиёҷоти худ ба ёрии инфиродӣ; • дар баланд намудани сатҳи огоҳӣ оид ба усулҳои гуфтушуниди самаранок оид ба қонеъ намудани талаботи худ ба ёрии инфиродӣ дар оила, ҷамоат, мактаб ва дар ҷои кор. Имкониятҳо барои омӯзиш мумкин аст тариқи як қатор манбаъҳо дастрас шаванд, аз ҷумла созмони одамони дорои маълулият, хадамоти маҳаллии давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, барномаҳои ТСҶ ва ёварони шахсии таҷрибанок. Созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон одатан сарчашмаи асосӣ ва беҳтарини дастгирӣ, иттилоот ва омӯзиш барои одамони дорои маълулият оид ба идоракунии ёрии инфиродӣ мебошанд. Дар он ҷамоатҳое, ки созмони одамони дорои маълулият вуҷуд надорад, ба барномаҳои ТСҶ ба танзим 16 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
даровардани алоқа байни одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо бо дигарон, ки дар вазъияти монанд қарор доранд, муфид мебошад.
Омӯзиш барои ёварони шахсӣ Барои ёварони шахсӣ босуботу дилпур ва салоҳиятдор будан дар нақши худ ва ӯҳдадориҳояшон хеле муҳим мебошад. Дар аксари ҳолатҳо ёварони шахсӣ, хусусан онҳое, ки ба таври ғайрирасмӣ дастгирӣ менамоянд, оид ба вазифаҳои иҷро мекардаашон, ягон хел омӯзиш намегузаранд. Таъмини омӯзиш ба ёварони шахсӣ хеле муҳим мебошад, зеро ба татбиқи масъалаҳо зерин ба онҳо ёрӣ мерасонад: дарк намудани муҳимияти нақшашон; • эътироф намудани маҳдудияти доираи фаъолияти худ; • бодиққат ва самаранок гӯш кардан ва ҷавоб гуфтан ба талабҳои шахсе, ки ба вай ёрӣ мерасонанд; • малакаи заруриро барои ҳал намудани вазифаҳои дар пеш истода ташаккул диҳад; • вақт ва вазифаҳои худро идора намояд, хусусан дар шароите, ки онҳо инчунин нақш ва вазифаҳои дигарро низ ба ӯҳда доранд. Ба одамони дорои маълулият барои гузаронидани омӯзиш ба ёварони худ дастгирӣ лозим шуданаш мумкин аст. Барномаҳои ТСҶ, созмони одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон дар чунин шароит метавонанд чун воситаю манбаи хуб истифода шаванд. Дар ҷамоат низ, мумкин аст барномаҳои омӯзишӣ вуҷуд дошта бошанд ва онҳоро муайян намудан роҳи дигари қобили қабул аст.
Дастгирии аъзоёни оила, ки чун ёвари ёрии инфиродӣ фаъолият мекунанд Аъзоёни оила, ки ёрии инфиродӣ мерасонанд, одатан ин корро чун масъулияти иловагӣ ба нақш ва вазифаҳои худ иҷро мекунанд. Одатан ин кор онҳоро хеле хаста месозад ва барои қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ вақт намемонад. Ба ғайр аз ин, одатан аъзоёни оила худашон барои зисту зиндагонӣ ягон манбаи даромад надоранд. Барномаҳои ТСҶ аъзоёни оилаҳоро метавонанд бо роҳҳои зерин дастгирӣ намоянд: • муайян намудани имкониятҳо барои ёрии таъҷилӣ ё истироҳат; • барқарор намудани алоқа бо оилаҳои дигар, ки дар вазъияти монанд қарор доранд, масалан аз рӯи самти гурӯҳҳои худёрирасон, созмони одамони дорои маълулият, созмонҳои оилавӣ ё волидон; • гӯш кардани арзу ташвишҳои онҳо, гузаронидани мусоҳиба оид ба мушкилиҳо ва пайдо намудани роҳи ҳалли онҳо, ки барои самаранок аз ӯҳдаи вазифаҳои ёвари шахсӣ баромадан мусоидат мекунанд; • ҷалби аъзоёни оила ба омӯзишҳо, то ин ки малакаҳои бартараф намудани мушкилотро аз худ намоянд; • таъмин намудани истироҳат ва имконияти ба мактаб рафтани аъзоёни хурдсоли оила, ки нақши ёвари ёрии инфиродиро иҷро менамоянд. ЁРИИ ИНФИРОДӢ 17
Омодагӣ барои ҳолатҳои бӯҳронӣ ва идора кардани чунин ҳолатҳо Ҳатто дар сурати аз кор баромадани системаи дастгирӣ, талаботи одамони дорои маълулият бояд қонеъ карда шаванд. Ба барномаҳои ТСҶ дар якҷоягӣ бо дигар тарафҳои ба масъала вобаста пештар таҳия намудани нақшаи омодагӣ барои ҳолатҳои бӯҳронӣ зарур аст. Ҷамоатҳо сарчашмаи бои дастгирӣ мебошанд ва метавонанд захира ва имкониятҳои мувофиқ пешниҳод намоянд, махсусан дар вазъияти бӯҳронӣ. Роҳҳои ҳалли дар сатҳи ҷамоат пешниҳодшуда, одатан аз ҳама мувофиқ мебошанд, чӣ дар ҳолати фаврӣ ва чӣ дар дурнамои давомдор. Агар роҳбарони барномаҳои ТСҶ бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва мақомоти маҳаллии ҳокимият якҷоя фаъолият намуда, оид ба стратегияи идоракунии бӯҳрон мувофиқат ба даст оваранд ин хеле муфид аст. Дар зер саволҳое оварда шудаанд, ки ёфтани ҷавоби мукаммал ба онҳо то саршавии бӯҳрон мувофиқи мақсад аст: • оё дастаи ҷавобгӯй ба вазъияти бӯҳронӣ вуҷуд дорад, ки ба он муроҷиат кардан мумкин бошад? Дастаи мазкур бояд аз корманди иҷтимоӣ аз мақомоти маҳаллии ҳокимият, намояндаи созмони одамони дорои маълулият, ки аз омӯзишҳои мувофиқ гузаштааст, намояндаи мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ ва корманди барномаи ТСҶ ташкил карда шавад. • оё дар ҷамоат имкониятҳое вуҷуд доранд, ки аз онҳо муваққатан истифода бурдан мумкин бошад? Яке аз роҳҳо - истифодаи хонаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳҳо бо мақсади нигоҳубин ё тавонбахшии муваққатӣ мебошад. • оё дар ҷамоат сарпаноҳи эътимоднок (меҳмонхона, хобгоҳ) барои дастгирии занон ва духтароне, ки таҳти зӯроварии шаҳвонӣ ё хонаводагӣ қарор гирифтанд, вуҷуд дорад? Аз рӯи зарурият ин гуна муассисаҳоро аз нав таҷҳизонидан ва мутобиқ сохтан лозим аст, то ин ки онҳо занон ва духтарони дорои маълулиятро қабул карда тавонанд. • оё кормандони иҷтимоӣ, ки оилаҳоро дар ҳолатҳои бӯҳронӣ дастгирӣ менамоянд, барои кор бо одамони дорои маълулият омӯзонида шудаанд? Агар не бошад, пас, оё созмонҳои одамони дорои маълулият ва барномаҳои ТСҶ метавонанд ин гуна омӯзишро ташкил намоянд? • оё хешовандони дур метавонанд муваққатан онҳоро дастгирӣ намоянд, то он даме, ки дигар роҳҳои ҳалли масъала пайдо шавад? • оё созмонҳои одамони дорои маълулият ва барномаҳои ТСҶ метавонанд оилаҳоеро, ки мехоҳанд ба дигар оилаҳои аз вазъи бӯҳронӣ осебдида ғамхорию дастгирӣ кардан мехоҳанд, муайян намоянд? • оё гурӯҳҳои худёрирасон ҳам барои дастгирии одамони дорои маълулият ва ҳам аъзоёни оилаҳои онҳо дастрасанд? Дар ҳолати бӯҳронӣ, оилаҳо ва одамони дорои маълулият метавонанд ба ёрӣ ва дастгирӣ аз тарафи раҳнамоёни беруна эҳтиёҷ дошта бошанд. Барномаҳои ТСҶ ин вазифаро мустақим ё бавосита иҷро менамоянд, масалан ба тариқи барқарор намудани алоқа бо созмонҳои одамони дорои маълулият, гурӯҳҳои худёрирасон ё барномаҳои таъминоти иҷтимоӣ. Дар ҳолате, ки роҳи ҳалли қобили қабулро ёфтан ғайриимкон аст ва хусусан, вақте ки инсон шахсан зери хатар қарор дорад, ҳолати бӯҳрониро безарар кардан ва имкониятҳои алтернативии зист пайдо кардан хеле муҳим аст.
18
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Аз ҷойгирнамоии одамони дорои маълулият дар муассисаҳои тиббии махсус даст кашидан Аз рӯи анъана одамони дорои маълулиятро, ки ба ёрии инфиродии ҷиддӣ ниёз доштанд, ба муассисаҳои тиббии махсус равон мекарданд. Ҳарчанд, вазъият дар ин соҳа тағйир ёфта бошад ҳам, муассисаҳои тиббии махсус дар аксари мамлакатҳо арзи вуҷуд доранд ва барои баъзе одамони дорои маълулият онҳо имконияти ягонаи ҳалли масъала мебошанд. Бисёр муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият бо ҷалби муассисаҳои тиббии махсус ва вазоратҳои дахлдор якҷоя фаъолият намуда, роҳҳои аз ҳама мувофиқ ва беҳтарини ҳалли масъалаи мазкурро барои одамони дорои маълулият таҳқиқ намоянд. Мамлакатҳое, ки аз ҷойгирнамоӣ ва парастории одамони дорои маълулият дар муассисаҳои махсус даст кашидаанд, бомуваффақият сохторҳои худро ба муассисаҳои интихобии (алтернативӣ) дигар табдил доданд, ба монанди: • марказҳои омӯзиши касбӣ ва марказҳои захиравӣ; • марказҳои тавонбахшӣ; • манзили махсус, ки дар он ҷо одамони дорои маълулият зиндагии мустақилона мебаранд ва дар мавриди зарурӣ ба ёрии муайян низ дастрасӣ доранд; • истироҳатгоҳҳои муваққатӣ (пансионатҳо), ки одамони дорои маълулият ба муддати кӯтоҳ ҷойгир карда мешаванд; дар ин муддат аъзоёни оилаи онҳо аз иҷрои вазифаи ёвари шахсӣ истироҳат мекунанд. • ҷойҳои махсус барои ҷойгирнамоии ҳамаи аъзоёни ҷамоат дар ҳолати фавқулодда пешбинӣ шуда, на танҳо барои одамони дорои маълулият, ки ба ҳар навъи зӯроварӣ осебпазиранд.
ЁРИИ ИНФИРОДӢ
19
Муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила Муқаддима Муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила асоси ҳар як ҷамоат аст. Дар тамоми ҷаҳон, оила чун сарчашмаи муҳими дастгирӣ ва бехатарӣ эътироф шудааст. Оила метавонад муҳити устувор ва бехатарро таъмин намояд, ки он ба рушду инкишофи ҳар як аъзои он дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт, аз таваллуд то куҳансолӣ ғизо медиҳад. Оилаҳо гуногунанд ва онҳо зери таъсири омилҳои мухталиф қарор мегиранд, аз ҷумла фарҳангӣ, анъанавӣ ва динӣ. Оилаҳо метавонанд ба оилаҳои нуклеарӣ оилае, ки аз волидону фарзандон иборат аст, оила бо яке аз волидон, оилае, ки дар он кӯдакон сарвари хоҷагии худ мебошанд, оила бо васоят, оила бо пи сархондӣ ё духтархондӣ тақсим шаванд. Ин гуногуниро эътироф намудан лозим аст, инчунин ҳуқуқи одамони дорои маълулиятро низ барои ташкил кардани оилаи алоҳида этироф намудан бисёр муҳим аст. Дар моддаи 23-и Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият қайд карда шудааст, ки «мамлакатҳо-иштирокчиён чораҳои зарурӣ ва самаранокро барои бартараф намудани поймолкунии ҳуқуқи одамони дорои маълулият дар ҳама гуна масъалаҳо, вобаста ба издивоҷ, оила, падарӣ, модарӣ, муносибатҳои шахсӣ дар асоси баробарӣ ба ҳамаи одамони дигар меандешанд» (2). Дар боби мазкур муҳиммияти дастгирии одамони дорои маълулият дар роҳи ба танзим дарории муносибатҳои худ, издивоҷ ва падару модар гардидан, агар онҳо худашон ин роҳро интихоб карда бошанд, қайд гардидааст. Боби мазкур, инчунин ба масъалаи зӯроварӣ, ки одамони дорои маълулият дар чорчӯбаи муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила рӯ ба рӯ мегарданд, инчунин муҳимияти эътироф намудани ин масъала ва кор оид ба бартараф намудани он қайд гардидааст.
МУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ, ИЗДИВОҶ ВА ОИЛА
21
ЗАМИМАИ 8
Сафари шуҷоатмандона ба сӯи модар шудан «Ҳоло синну соли ман аз чил гузаштааст ва ман фахр аз он дорам, ки ҳар як қадами худро дар роҳи зиндагӣ бо ҷасорат ва собиткорона мегузоштам ва билохира он нафаре шудам, ки ҳоло ҳастам. Аз вақте, ки ба синни балоғат наздик шудам, орзуи кӯдакдор шуданро дар дил мепарваридам, чунки ҳамаи хоҳарони ман шавҳар ва кӯдак доштанд. Онҳо кӯдакони худро ба назди ман равон мекарданд, то онҳо ба ман барои корҳои хона ёрӣ намоянд, аммо иҷозат намедоданд, ки шаб дар хонаи ман истанд. Ман дар хонаи худ ҳамчун шахси мустақил кор ва зиндагӣ мекардам, аммо ба ман ҳамчун ба кӯдак рафтор мекарданд. Шабҳо ман худро танҳо ҳис мекардам, касе набуд, ки бо ман сӯҳбат кунад, ба ман об ё хӯрок диҳад. Ин даҳшатовар буд. Дар синни 25 солагӣ, ман ҳомиладор шудам. Ин хабар хешу табори маро ба хиҷолат овард, онҳо инро аз ман интизор набуданд. Онҳо мегуфтанд, ки таваллуди кӯдак – ин даҳшат аст ва ман аз сабаби доштани маълулият инро ба худ иҷозат дода наметавонам… Хабари ғамангез дар он буд, ки ман бояд ҳомиладории худро қатъ менамудам, чунки ҳамаи хоҳарони ман, ки кӯдак доштанд, дар чунин ақида буданд, ки ман аз ӯҳдаи таваллуд кардан намебароям. Онҳо маро метарсонданд ва мегуфтанд, ки «Занҳои солим ҳангоми таваллуд мемиранд, ту кӣ ҳастӣ, ки кӯшиш таваллуд кунӣ?» Онҳо ҳатто ба марде, ки маро ҳомиладор намуд, мактуб равон намуданд ва таҳдид намуданд, ки ба политсия арз менамоянд. Ман ба онҳо гуфтам, ки он мард рафтори нодурусти худро эътироф намуд, ҳатто розӣ шуд, ки маро ба занӣ гирад. Хоҳарон ва холаам омода буданд маро ба беморхона баранд, то ин ки ман исқоти ҳамл намоям, вале онҳо намедонистанд, ки ман қарор додам ҳомиладории худро нигоҳ дорам, ман бисёр мехостам кӯдаки худро бинам. Ман ба назди табиби хусусӣ рафтам, то оид ба ҳомиладорӣ машварат гирам. Ӯ маро бовар кунонд, ки ман қодир ҳастам кӯдаки солим таваллуд намоям. Вақташ омад ва ман духтарчаи зебое таваллуд кардам. Ин лаҳзаи хурсандӣ ва оштипазирӣ барои тамоми оила гардид. Онҳо ҳама хушбахт буданд ва маро дастгирӣ намуданд. Пас аз чанд сол ман завҷаи он мард гардидам ва писарчаи дӯстрӯ таваллуд намудам. Ман модари хушбахти ду фарзанд мебошам. Духтарам 18-сола ва писарчаам 14-солаанд. Фарзандони ман ҳама чизро мефаҳманд ва ба онҳо маъқул аст, ки ман модари онҳо мебошам. Ин таҷрибаи шахсӣ мебошад, ки ман, -зани дорои маълулият барои модар шудан мубориза бурдам. Ман қарор қабул намудам ва қавиирода шудам. Дар таҷрибаи шахсӣ ман боварӣ ҳосил намудам, ки модаршавии зани дорои маълулият барои ҷамъияти одамони дорои маълулият набуда номатлуб аст. Ҳар як шахс бояд донад, ки қарори доштан ё надоштани кӯдак, ё фарзандхондӣ – ин ҳуқуқ ва масъулияти шахсӣ аст, аз ҷумла шахси дорои маълулият – Ҷулиан Пристсилла Мабангве, Шӯрои давлатии Малавӣ оид ба кор бо одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ. 22 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Малавӣ
Мақсад Одамони дорои маълулият пурра мавқеъ ва нақши худро дар оила ва ҷамоат амалӣ месозанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади амалӣ намудани муносибати қаноатмандона бо аъзоёни оила ва аъзоёни ҷамоати худ иборат мебошад.
Натиҷаҳои чашмдошт • одамони дорои маълулият метавонанд ҳаёти шахсии пурмаънӣ дошта, издивоҷ намоянд ва соҳиби фарзанд бошанд ва ин аз тарафи аъзоёни ҷамоат хуб дарк ва эътироф шудааст • волидоне, ки худ дорои маълулиятанд ва волидоне, ки дар оила фарзанди дорои маълулият доранд ба хизматрасониҳои мувофиқ ва барномаҳо барои амалӣ кардани вазифаҳои падарию модарӣ дастрасӣ доранд. • фарзандони дорои маълулият аз тарафи аъзоёни оилаҳо ҳаматарафа барои ҷалб шудан ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва рушди муносибатҳои шахсӣ дар сатҳи ҷамоат ҳавасманд ва дастгирӣ карда мешаванд. • ҳамаи тарафҳои ба масъала шавқманд якҷоя кор карда одамони дорои маълулиятро аз зӯроварӣ муҳофизат мекунанд ва барои ҳалли масъалаҳои ба он вобаста кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. • одамони дорои маълулият, ки ба шабакаҳои иҷтимоии мавҷуда алоқаи маҳдуд доранд, аз дастгирии зарурӣ дар ҷамоати худ хуб истифода мебаранд.
Мафҳумҳои асосӣ Муносибатҳои шахсӣ Таъмину қонеъ намудани муносибатҳои шахсӣ барои ҳама муҳим буда, махсусан барои рушду инкишофи инфиродӣ хеле заруранд. Муносибатҳои доимии рӯҳбаландкунанда ва қаноатмандкунанда бо аъзоёни оила, дӯстону шарикон барои ҳамаи одамон, аз ҷумла барои одамони дорои маълулият афзалияти баланд доранд.
Оила Мансубият ба оила Калимаи «оила» барои одамони гуногун метавонад маънои гуногун дошта бошад. Оилаҳо дар шакл ва ҳаҷми гуногун вуҷуд доранд, аммо ҳамаи онҳо як умумият доранд, онҳо ҳиссиёти мансубиятро медиҳанд. Оилаҳо инчунин, муҳитро барои омӯзишу рушд фароҳам меоваранд, бехатариро барои кӯдакон ва аъзоёни осебдидаи оила, аз ҷумла одамони дорои маълулият таъмин менамоянд.
МУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ, ИЗДИВОҶ ВА ОИЛА
23
Муассиршавии оила ба маълулият Ҳар як оила ба маълулият ба тарзи худ муносибат менамояд. Ба як оила қабул намудани таваллуди кӯдак бо ин ё он ноқисӣ хеле мушкил аст; оилаи дигарро метавонад ҳисси тарсу ваҳм фаро гирад ва ин оила ба маълумоти зиёд эҳтиёҷ дорад, ки дар оянда чӣ мешуда бошад; дар оилаи сеюм бошад, новобаста аз дороии маълулият таваллуди кўдаки худро қайд менамояд. Оилаҳо метавонанд чун ташвиқотчии самаранок ва пурқуввати тағйирот бо мақсади эътирофу фарогирии одамони дорои маълулият дар худи оила ва ҷамъият баромад намоянд. Онҳо метавонанд ба умедвориҳои аъзоёни оила, ки дорои маълулиятанд, инчунин ба муносибатҳои ҷамоат нисбати масъалаи мазкур таъсири мусбӣ расонанд.
Муносибатҳои ҷинсӣ Муносибатҳои ҷинсӣ қисми муҳими саломатӣ ва некӯаҳволӣ мебошад. Аммо, дар аксари мамлакатҳо ин масъала барои муҳокима хеле ҳассос, ҳатто манъшуда ба ҳисоб меравад, хусусан агар он бо масъалаҳои маълулият алоқаманд бошад, ки дар атрофи он ривоят ва тасаввуроти бардурӯғи то ин дам ба қадри бояду шояд муҳокимаю ҳалнашуда хеле зиёд аст. Масалан, ба одамони дорои маълулият одатан чун одамони аз муносибатҳои ҷинсӣ орӣ, бенасл, ё баракс талаботи хеле зиёд ба муносибати ҷинсӣ дошта менигаристанд. Чунин нуқтаи назарро, на танҳо аъзоёни ҷамоат, балки табибони касбӣ ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо худи одамони дорои маълулият низ дастгирӣ мекарданд. Дарк намудани он, ки талаботи шаҳвонии одамони дорои маълулият мисли одамони дигар мебошад, хеле муҳим аст. Аммо амри воқеъи талх дар он аст, ки ин талабот ё ба эътибор гирифта намешавад, ё рад карда мешавад (нигаред ба Дастури иловагӣ, боби «Барномаҳои ТСҶ ва ВНМО/ БПНМ).
ЗАМИМАИ 9
Уганда
Тасаввуроти иштибоҳнок Зани ҷавон, ки аъзои Шӯрои миллии одамони дорои маълулияти Уганда мебошад, қайд намуд: «Моро барои иштирок дар барномаҳои иҷтимоӣ, ки ҳама вақт дар марказҳои тиббӣ гузаронида мешаванд, даъват наменамоянд… Воқеан, одамон дар чунин ақидаанд, ки мо аз сабаби доштани маълулият дар масъалаи алоқаи ҷинсӣ фаъол нестем».
Издивоҷ ва ҳуқуқи падару модар будан Одатан одамон фикр мекунанд, ки аз одамони дорои маълулият албатта, кӯдаки маълул таваллуд мешавад. Одамон эътиқоди қавӣ доранд, ки одамони дорои маълулият барои ғамхорӣ намудан нисбати кӯдакони худ қодир нестанд ва онҳоро мустақилона дастгирӣ карда наметавонанд. Дар ҳолатҳои фавқулодда одамони дорои маълулият, хусусан духтарони наврас ва занони ноқисро бе розигӣ ё огоҳкунӣ тамъиз (стерилизатсия) мекарданд. Дар моддаи 23-и Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият оид ба издивоҷ ва ҳуқуқи падарию модарии одамони дорои маълулият ба: издивоҷ намудан ва ташкил намудани оила, ҳалли озод ва масъулиятнок оид ба миқдор ва ҷойгиркунии кӯдакон, дастрасӣ ба иттилоот, ки ба синну соли онҳо мутобиқ аст, маърифати репродуктивӣ ва банақшагирии оила ва нигоҳ доштани қобилияти бордоршавӣ таъкид шудааст (2).
ЗАМИМАИ 10
Хоҳиши барпо намудани оила «Ман орзу доштам, ки хона ва фарзанд дошта бошам, аммо волидонам ба ман гуфтанд, ки издивоҷ барои ман нест, чунки ман нисбати оилаи худ ғамхорӣ карда наметавонам. Ман аз ин нобоварӣ андӯҳгин шудам» (5).
Зуроварӣ Зуроварӣ дар ҳар қисми ҷамъият, дохили оила ва ташкилоту муассисаҳои гуногун, инчунин мактабҳо, дар ҷои кор ва ҷамоат ба вуқӯъ мепайвандад; барои он шахсони зиёди мухталиф масъуланд. Одамони дорои маълулият ба таври номутаносиб аз зӯроварӣ осебпазиранд, махсусан бо сабаби тамғагузорӣ, ақидаҳои манфии анъанавӣ ва ҷоҳилӣ. Онҳо зери хавфу хатари қурбонии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ, равонию, ҳиссӣ, беэътиноӣ ва истисмори молиявӣ шудан қарор доранд. Занони дорои маълулият, махсусан зери хавфи ба таври маҷбурӣ аз қобилияти бордоршавӣ маҳрумкунӣ (стерилизация) ё таҷовуз ба номусашон қарор доранд.
Чорабиниҳои тавсияшаванда Мубориза зидди тамғагузорӣ, хурофот ва табъиз Муносибати манфӣ, мавҳумот (хурофот) ва урфу одат нисбати одамони дорои маълулият дар аксари ҷамоатҳо ҷой дорад. Барномаҳои ТСҶ бар зидди онҳо бо ин роҳҳо метавонанд мубориза баранд: • кор бо васоити ахбори омма (ВАО) бо мақсади тарғибу ташвиқи симо ва нақши мусбии одамони дорои маълулият; • гузаронидани омӯзиш барои кормандони касбии тиббӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо оид ба он, ки хизматрасониҳои ҷинсӣ ва тазаккур, ба монанди банақшагирии оила барои одамони дорои маълулият дастрас аст; • ҳамкорӣ бо сарварони ҷамоат, масалан бо пешвоёни дин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои маълулият ва даъват намудан ба мубориза зидди тамғагузорӣ ва табъиз ба воситаи фароҳам овардани имконият барои муҳокимаи дастаҷамъонаи масъалаҳои мазкур, ки муносибати хеле нозуку ҳассосро тақозо менамоянд.
МУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ, ИЗДИВОҶ ВА ОИЛА
25
ЗАМИМАИ 11
Либерия
Таҳқиқи масъалаҳои ба муносибати ҷинсӣ ва маълулият вобаста Кормандони барномаи ТСҶ дар Ҷумҳурии Либерия, ки аз тарафи созмони маҳаллии ғайридавлатӣ татбиқ мешуд, ба хулосае омаданд, ки онҳо ягон маротиба масъалаҳои ба алоқаи ҷинсӣ ва одамони дорои маълулият вобастаро зери таҳқиқ қарор надодаанд. Онҳо қарор доданд масъалаҳои мазкурро ба воситаи ташкили мубоҳисаҳо бо одамони дорои маълулият таҳқиқ намоянд. Мубоҳисаҳо бо занони дорои маълулият нишон дод, ки қобилияти ифшо намудани талабот ба алоқаи ҷинсӣ хеле муҳим аст; ҳарчанд, қисмати зиёди онҳо аз сухан намудан дар ин бора ҳарос доштанд. Онҳо инчунин, ақидаи худро оид ба муҳим будани муносибати ҷинсӣ барояшон қайд намуданд, зеро онҳо метавонанд модар шаванд, ки вазифаи муҳим ва арзишноки иҷтимоӣ дар ҷамоати онҳо мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо мардони маълулият надошта зӯроварии шаҳвониро нисбати занони дорои маълулият истифода мебурданд. Аз рўи ҳиссиёт, зӯроварӣ бо сабаби муносибати манфӣ нисбати маълулият доштан ба миён меомад, чунки мардон фикр мекарданд, ки муносибати ошкорона бо зани дорои маълулият ба онҳо тамға мегузорад.
Таъмини дастгирӣ ба волидон Барои он, ки волидон қарорҳои мувофиқ оид ба тарбияи фарзандон қабул намоянд, ба онҳо дастгирӣ ва дастрасӣ ба иттилоот зарур аст. Барномаҳои ТСҶ бояд ҳам ба волидони худашон дорои маълулият буда ва ҳам ба волидоне, ки кӯдаки дорои маълулият доранд, муроҷиат намоянд. Онҳоро бо воситаҳои зерин дастгирӣ намудан қобили қабул аст: • муайян намудани хизматрасониҳои маҳаллӣ, ки метавонанд ба волидон, дар масъалаҳои ба солимии муносибатҳои ҷинсӣ ва репродуктивӣ, саломатии модару кӯдак, инчунин ба дастгирии оилаҳо вобаста ёрӣ расонанд. • дар якҷоягӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва дигар муассисаҳо барои фарогирии волидони дорои маълулият ва волидоне, ки кӯдаки дорои маълулият доранд, ба хизматрасонӣ ва барномаҳои соҳаҳои умумӣ ташвиқот намоянд. • дастгирии системаи равонасозӣ ба назди мутахассисони касбӣ бо мақсади осон намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва барномаҳо барои одамони дорои маълулият, хусусан барои занон ва наврасон; • ҳамкорӣ бо таъминкунандагони хизматрасониҳо бо мақсади паҳн намудани иттилооти дақиқ оид ба солимии шаҳвонӣ ва репродуктивӣ дар шакли дастрас тавассути барномаҳои ТСҶ.
Кор бо оилаҳо бо мақсади мусоидат намудан ба мустақилияти одамони дорои маълулият Баъзан хешовандон одамони дорои маълулиятро аз ҳад зиёд парасторӣ менамоянд. Онҳо одамони дорои маълулиятро дар хона нигоҳ дошта, имконияти ҷалб шудани онҳоро ба чорабиниҳои иҷтимоӣ маҳдуд мегардонанд. Ин бошад, имконияти онҳоро барои ривоҷ додани муносибат бо одамони дигар, омӯхтану истифода бурдани малакаю маҳоратҳои гуногун низ, маҳдуд месозанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бо оилаҳо кор карда аз ҷумла: 26 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
• иттилоот ва дастгириро бо мақсади ёфтани роҳҳои бартараф намудани ташвишҳо оид ба аъзоёни дорои маълулият дар оила, инчунин барои муайян намудани мавқеъи шахсии онҳо дар ҷамоат пешниҳод намоянд; • ба оилаҳо дар фаҳмишу эътирофи оқибатҳои манфии парастории аз ҳад зиёд ёрӣ расонанд; • аъзоёни оилаҳоро бо мақсади тағйир додани муносибатҳои манфӣ нисбати одамони дорои маълулият ва чун муҳофизони ҳуқуқҳои онҳо баромад кардан даъват менамоянд; • одамони дорои маълулиятро ба муоширати самаранок ва муҳофизати хоҳишу талаботҳои худ даъват менамоянд.
Ёрӣ бо мақсади пешгирии табъиз Зуроварӣ дар ҳар шакл метавонад ба фаъолияти кормандони ТСҶ мушкилот эъҷод намояд. Азбаски барномаҳои ТСҶ дар муҳити гуногун (масалан, дар хона, мактаб, дар ҷои кор, дар ҷамоат) фаъолият мекунанд, имконият доранд, ки шабакаҳои пурқудрати иҷтимоӣ ва дастгириро дар сатҳи ҷамоат бо мақсади ҳимояи одамони дорои маълулият аз зӯроварӣ ташкил намоянд (нигаред инчунин ба боби «Адлия»). Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • ба баланд бардоштани малакаю иқтидори кормандони барномаҳои ТСҶ оид ба муайян намудани аломату нишонаҳои зӯроварӣ, ва донистани он, ки аз куҷо ва чӣ тавр маслиҳатҳои мувофиқи ҳуқуқиро барои одамони дорои маълулият пайдо намудан мумкин аст, мусоидат намоянд; • дар ҷамоатҳо оид ба масъалаҳои зӯроварӣ ва маълулият, инчунин оид ба фаъолиятҳое, ки барои ҳимояи одамони дорои маълулият татбиқ карда мешаванд, маълумоти кифоя пешниҳод намоянд; • алоқаҳоро бо тарафҳои мувофиқ (масалан, бо оила, созмони одамони дорои маълулият, кормандони системаи таълими кормандони ҳифзи саломатӣ, маориф ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин пешвоёни ҷамоату мақомотҳои маҳаллии ҳокимият) барқарор намуда, оид ба нақши онҳо дар ҳимояи одамони дорои маълулият аз зӯроварӣ сӯҳбатҳо ташкил намоянд. • дар якҷоягӣ бо тарафҳои манфиатдор усулҳоеро, ки ба одамони дорои маълулият имконияти ба тарзи махфӣ огоҳ намуданро дар бораи ҳолатҳои зӯроварӣ таъмин менамояд, омӯзонанд; • таъмин намудани имконияти иштирок дар ҳаёти ҷамоат ба одамони дорои маълулият бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ ва дилпурӣ, инчунин таҳияи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба онҳо барои ҳимоя намудан аз зӯроварӣ ёрӣ мерасонанд; • сўҳбат кардан бо одамони дорои маълулият, ки қурбонии зӯроварӣ гардидаанд ва ба онҳо, дар дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва инчунин, дар таҳияи қарор ва қабули чораҳо ёрӣ мерасонанд; • таъмин намудани татбиқи стратегияҳои барномавӣ ва ташкилии мавҷуда оид ба санҷиши он, ки кормандон ва ихтиёриёни барномаҳои ТСҶ собиқаи ҷиноии бо зӯроварӣ вобаста надоранд.
Дастгирии одамони робитаҳои маҳдуди иҷтимоӣ дошта Баъзе одамони дорои маълулият мумкин аст оила надошта бошанд ё оилаи онҳо барои қонеъ намудани талабу эҳтиёҷоташон ёрӣ ва дастгирии мувофиқро таъмин карда наметавонанд. Бинобар ин баъзе одамони дорои маълулият дар муассиМУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ, ИЗДИВОҶ ВА ОИЛА 27
саҳои махсуси шакли пӯшида, санатория, ҷамоати динӣ, манзилҳои ҳифзшуда зиндагӣ мекунанд, ё бехона ҳастанд. Дар чунин ҳолатҳо барномаҳои ТСҶ метавонанд: • одамони дорои маълулиятро ба шабакаҳои мутобиқи иҷтимоӣ дар ҷамоат, масалан бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон пайванд намоянд; • бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ барои таъмини иштирок ва ҷалби одамони дорои маълулият ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намоянд; • ба одамони дорои маълулият барои дастрасӣ ба тарзи ҳаёти худашон имтиёз дода дастгирӣ намоянд; • ба одамони дорои маълулият, ки ҷои зист надоранд барои дарёфти ҷои зисти муносиб, бо додани афзалият дар сатҳи ҷамоати худашон ёрӣ расонанд; • назорат намудани нишондиҳандаҳои табъиз дар муҳите, ки одамони дорои маълулият зиндагӣ мекунанд.
28
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
ФАРҲАНГ ВА ҲУНАР Муқаддима Калимаи «фарҳанг» маъноҳои зиёдро дарбар мегирад. Дар ин боби дастур он барои маънидод намудани тарзи ҳаёти гурӯҳи муайяни одамон истифода бурда мешавад. Ҳамин тариқ ба фарҳанг бисёр чизҳо дохил мешаванд, масалан, сару либос, ғизо, забон, арзишу эътиқодҳо, ақидаҳои динӣ, расму русум ва таҷриба. Ҳунар бо фарҳанг зич вобаста буда ба он рассомӣ, мусиқӣ, рақс, адабиёт, синамо, ва аксбардорӣ дохил мешаванд. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки фарогирии одамони дорои маълулият ба соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар ҷамоати худ ва дастгирии иштироки онҳо ҳатмӣ нест. Қобилияти эҷодкорӣ, ифшои фикру андешаҳои худ ва маънавиёт барои одамони дорои маълулият одатан камаҳамият ба ҳисоб меравад. Масалан, аксари оилаҳо кӯшиш менамоянд, то ин, ки хеш ё аъзои оилаи худро, ки дорои маълулият аст, дар муассисаи тиббии шакли пӯшида ҷойгир намоянд, аммо шояд андеша накунанд, ки ба чорабинии фарҳангии маҳаллӣ бо худ бурдани ӯ низ хеле муҳим аст. Имконияти иштирок намудан дар ҳаёти фарҳангӣ ҳуқуқи инсонӣ мебошад (нигаред ба замимаи поёнтар), ки барои ҳар фард, оила, ҷамоат ва дар умум тамоми ҷамъият муфид аст.
ЗАМИМАИ 12
Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, Моддаи 30 «Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, гузаронидани вақти истироҳатию фароғатӣ ва машғулият бо варзиш» 1. «Давлатҳо-иштирокчиён ҳуқуқи одамони дорои маълулиятро дар баробари дигар одамон иштирок намудан дар ҳаёти фарҳангӣ эътироф менамоянд ва чораҳои заруриро барои таъмини он, ба одамони дорои маълулият амалӣ мекунанд, аз ҷумла: а) ба асарҳои фарҳангӣ дар шакли барояшон мувофиқ дастрасӣ дошта бошанд; б) ба барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, театр ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар шакли дастрас роҳ ёбанд; с) ба чорабиниҳо ё хизматрасонии фарҳангӣ, ба мисли театр, осорхона, кинотетар, китобхона ё хизмати сайёҳӣ дастрас бошанд, инчунин дар сатҳи имконпазир ба муҷассама ё ёдгорӣ, ки аҳамияти миллии фарҳангӣ доранд, дастрас гарданд. 2. Давлатҳо-иштирокчиён чораҳои заруриро меандешанд, то ин ки одамони дорои маълулият имконияти рушд ва истифодаи иқтидори эҷодӣ, ҳунарӣ ва зеҳниашон, на танҳо барои манфиати худ, балки барои ғанӣ гардонидани тамоми ҷамъият ато кунанд. 3. Давлатҳо-иштирокчиён мутобиқи ҳуқуқи байналмиллалӣ чораҳои заруриро барои таъмини он меандешанд, ки қонунҳои ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ монеаи беасос ё поймолкунанда барои дастрасии одамони дорои маълулият ба асарҳои фарҳангӣ нагардад. 4. Одамони дорои маълулият дар баробари одамони маълулият надошта барои эътироф ва дастгирии хусусияти фарҳангӣ ва забонии худ, аз ҷумла забони имову ишора ва фарҳанги одамони маълулияти шунавоӣ дошта ҳуқуқ доранд». ФАРҲАНГ ВА ҲУНАР 29
ЗАМИМАИ 13
Истифодаи санъат барои гузаронидани тавонбахшии кӯдакон дар шакли бозӣ Дар шаҳри Букамарангаи Колумбия хазинаи «Дӯстони кӯдакони дорои маълулият барои ҷалбу фарогирии онҳо ба ҷамоат» вуҷуд дорад, ки бо кӯдакони дорои маълулият фаъолият мекунад. Мақсади хазина аз он иборат аст, ки кӯдакони дорои маълулиятро дар чорчӯбаи барномаҳои ТСҶ ба ҷамоат ҷалб намояд. Яке аз лоиҳаҳо – лоиҳаи рақсӣ барои кӯдакони дорои маълулият мақсад дорад, ки: • имкониятҳоро барои рушди қобилияти ҷисмонӣ ва ҳунарӣ фароҳам оваранд; • барои дар гурӯҳҳо фаъолият кардан ва фарогирӣ ҳавасманд намоянд; • сатҳи огоҳиро оид ба масъалаҳои маълулият дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи инфиродӣ, ҷамоат, ва созмонҳои ғайридавлатию давлатӣ баланд бардоранд. Дувоздаҳ нафар кӯдакони синни 5 то 21 солаи дорои маълулияти ҷисмонӣ ва зеҳнӣ дар гурӯҳи рақсӣ иштирок менамоянд. Хоҳар ва бародарони онҳо, инчунин бо мақсади мусоидат намудан ба ҷалб ва фарогирӣ ҳавасманд карда мешуданд. Бо як раққоси касбӣ шартнома баста шуд, ки ҳафтае як маротиба ба кӯдакон нозукиҳои рақсро омӯзонад, дар рӯзҳои боқимонда бошад, кормандони ихтиёрӣ бо кӯдакон кор мекунанд. Ба кӯдакон рақсҳои содда омӯзонда шуда бо гузаштани вақти муайян ҳаракатҳои мураккабтар омӯзонда мешуданд. Ба ғайр аз ин рақс ба кӯдакон, инчунин машқҳои ёзонидан ва пурқувваткунанда омӯзонда шуда, кӯдакон дар чорабиниҳои дигари иҷтимоӣ низ иштирок мекарданд. Кӯдаконро барои рақс кардан бо муҳаббати зиёд ҳидоят намуда, калонсолон ҷидду ҷаҳд зоҳир менамуданд, ки ҳунари онҳоро ба таври мусбӣ арзёбӣ намоянд ва дар натиҷаи чунин муносибат дар кӯдакон малакаҳои худбоварӣ ташаккул меёбад. Аз рӯи арзёбии фаъолияти хазинаи «Дӯстони кӯдакони дорои маълулият барои ҷалбу фарогирии онҳо ба ҷамоат», рақс стратегияи беҳтарин мебошад, барои: • табдил додани раванди тавонбахшӣ ба чорабинии бозӣ барои кӯдакони дорои маълулият; • беҳтар гардонидани фаъолиятҳои ҳаракатии кӯдакони дорои маълулият; • фароҳам овардани имконият барои муошират ва фарогирии иҷтимоӣ дар сатҳи ҷамоат; • беҳтар гардонидани робитаҳои дутарафа байни кӯдакони дорои маълулият, аъзоёни оилаҳои онҳо ва одамони дигар; • бартараф намудани монеаҳо, ки дар натиҷаи хурофоти иҷтимоӣ пайдо гардидаанд.
Колумбия
30
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Мақсад Одамони дорои маълулият саҳми худро ба ҳаёти фарҳангӣ ва ҳунарии оилаи худ ва ҷамоат мегузоранд ва дар он иштирок мекунанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз ҳамкорӣ бо тарафҳои салоҳиятдори ба масъала шавқманд, бо мақсади фароҳам овардани имконият ба одамони дорои маълулият барои баҳравар шудан аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва фаъолияти эҷодӣ, иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • ақидаю муносибати нодуруст ба монанди тамғагузорӣ ва табъиз бо сабаби доштани маълулият муайян карда шуда, мубориза барои тағйир додан ва ҳалли мушкилоти мазкур бо истифода аз чорабиниҳои маданию фарҳангӣ рафта истодааст. • одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дар як қатор чорабинию фаъолиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ иштирок менамоянд. • созмону гурӯҳҳои дар самти фарогирӣ фаъолияткунанда раванди ҷалбсозии одамони дорои маълулиятро ба барнома ва чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ дастгирӣ ва татбиқ карда истодаанд. • одамони дорои маълулият ба васоити ахбори омма (ВАО) ва ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, дастрасӣ доранд. • сарварони маънавӣ ва динӣ одамони дорои маълулиятро ба фаъолиятҳои худ фаро гирифтаанд.
Мафҳумҳои асосӣ Намудҳои иштирок Роҳҳои зиёде ҳастанд, ки бо воситаи онҳо одамони дорои маълулият ба ҳаёти фарҳангӣ ва бадеии оила ва ҷамоати худ фаро гирифта шаванд. Онҳо метавонанд иштирокчии фаъол бошанд, масалан бевосита ба эҷодкунӣ, коргардонӣ, навиштан ва намоиш додан машғул бошанд, ё метавонанд иштирокчии ғайрифаъол бошанд, масалан, дар тан либоси миллии анъанавӣ пӯшида, дар намоишномаҳои театрикунонидашуда, ва киносеансҳо иштирок намоянд.
Манфиати иштирок Иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ на танҳо фараҳангез аст, балки кӣ буданашонро низ ба инсонҳо меомӯзонад. Раванди иштирок варзидан мумкин аст барои инсонҳо пурқувваткунанда бошад, ба онҳо барои ёфтани мавқеъ ва овози худ, инчунин шунида шудан аз тарафи одамони дигар, ёрӣ расонад. Ин раванд барои саломатӣ низ якчанд ҷиҳатҳои мусбӣ дорад. Барои баъзе одамони дорои маълулият чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ шояд воситаи ягонаи ба таври худ ва дар асоси баробарӣ бо одамони дигар ошно намудани олами ботинӣ бошад. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ дар сатҳи ҷамоат ба таври назаррас ба некӯаҳволии аъзоёни он саҳми арзанда мегузоранд. Ин чорабиниҳо муносибатҳоро дар дохил ва байни ҷамоатҳо нумӯ бахшида, беҳтар мегардонанд, қобилияту иқтидори аъзоёни ҷамоатро баланд намуда, ба рушд ва азнавсозии ҷамоат мусоидат меФАРҲАНГ ВА ҲУНАР 31
намоянд. Ҷалб намудани одамони дорои маълулият ба ҳаёти фарҳангию ҳунарии ҷамоат, одатан нишонаи он аст, ки аъзоёни ҷамоат нисбати одамони дорои маълулият муносибати мусбӣ доранд.
Фарҳанг ва санъат воситаи мусоидат намудан ба тағйироти иҷтимоӣ Санъат аз рӯи анъана воситаи ихтиёрӣ (ғайризӯроварона) ба шумор меравад, ки одамон ба воситаи он урфу одат ва анъанаҳои бетараҳҳум ва ё поймолкунии ҳуқуқро танқид менамоянд. Одатан он яке аз роҳҳои бехатар мебошад, ки ба воситаи он одамони осебдида метавонанд ба масъалаҳои нозук ё мамнӯъ дахл намоянд. Одамони дорои маълулият одатан санъатро барои муборизаи зидди фаҳмишҳои мавҷуда оид ба масъалаҳои маълулият истифода менамоянд. Барои одамони дорои маълулият санъат метавонад воситаи инъикоси назарияи фарогир ба олами воқеъӣ бошад.
ЗАМИМАИ 14
Тамошо дар торикӣ (7)
Бангладеш
Намоишгоҳи бадеии «Тамошо дар торикӣ», ки дар толори намоишгоҳи «Друпад»-и шаҳри Дакка, Бангладеш моҳи декабри соли 2003 баргузор гардид, бо муваффақият анҷом ёфт. Ин намоишгоҳ самараи ҳамкории созмони “Ёрии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ба шахсони дорои маълулияти ҷисмонӣ”ва “Ҳелслинк волдвайд” ва як қисмати лоиҳаи «Муошират бо мақсади тарғибот» буд. Дар омода сохтани намоиш гурӯҳи корӣ иборат аз 25 нафар одамони дорои маълулияти биноӣ ва 5 нафар одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, инчунин 1 рассоми хориҷӣ иштирок намуданд. Ин на танҳо як намоиши бадеӣ буд; дар он мушкилоте, ки бо он одамони дорои маълулият дар ҳаёти ҳаррӯзаашон дучор мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд. Толори намоишгоҳ ба торикӣ фурӯ рафта, ва ҳаёти Дакка ба воситаи садо ва ламскунӣ, бо рикшаҳояш, боғу пайраҳаҳо ва мағозаҳо, аз нав дарк карда шуданд. Тамошобинон якҷоя бо роҳбаладии шахси маълулияти биноӣ дошта аз ҷое ба ҷое мегузаштанд. Аз тамошобинон хоҳиш карда шуд, ки пас аз тамошои намоишгоҳ, таассуроти худ, ақида ва пешниҳодҳояшонро дар «девори граффитӣ» (расмкашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад) нависанд. Натиҷаҳои мусбии намоиш: баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дониш оид ба масъалаҳои маълулият дар байни тамошобинон; ҳамкорӣ байни иштирокчиёни лоиҳа ва тамошобинон; ва Бонки Бангладеш ваъда дод, ки дар фаъолиятҳои минбаъдаи худ масъалаи арзкардаи одамони дорои маълулияти биноиро оид ба ҳаҷми пулҳои коғазин ба назар гирад, зеро онҳоро бо сабаби якхела андоза доштанашон фарқ кардан мушкил аст.
Фаъолияти эҷодии одамони дорои маълулият Дар аксари мамлакатҳо одамони дорои маълулият ба санъат ҳамчун тарзи ташаккули эҳтиром нисбати худ, баланд бардоштани сатҳи фаҳмиш оид ба бартараф намудани монеа ва созмон додани ҳамфикрӣ дар дохили ҷамоат рӯ меоваранд. Театр, рақс, адабиёт ва санъати визуалӣ – ҳамаи ин барои тарғиби муносибати ҳуқуқӣ, инсонӣ нисбати одамони дорои маълулият истифода бурда мешавад. Суруд бо имову ишора, рақс дар аробачаи маъюбӣ ва шаклҳои дигари навоварӣ дар ҷамоат ба туфайли шахсиятҳо ва гурӯҳҳои эҷодкор пайдо шуданд. Дар байни одамони дорои маълулияти равонӣ эҷодиёти бадеӣ, санъати намоишӣ ва тасвирӣ метавонанд воситаи пурқувват барои ифода намудани ҳиссиёт ва табодули таҷриба гарданд. 32 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Мисолҳо чун намунаи ибрат Аксари рассомону ҳунармандони дорои маълулият сазовори эътирофи миллӣ ва байналмиллалӣ гашта, барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии одамон нисбати масъалаҳои маълулият мусоидат намуданд ва чун намунаи илҳомбахши ибрат гаштаанд. Ба ғайр аз ин аксари рассомону ҳунармандон истеъдод ва ҷидду ҷаҳди худро барои дастгирии рушди ҷамоати фарогир равона сохтаанд.
ЗАМИМАИ 15
Қосидони сулҳ барои баланд намудани сатҳи огоҳӣ ёрӣ мерасонанд Сеюми декабри соли 2009 (дар Рӯзи байналмилалии одамони дорои маълули ят) Созмони Милали Муттаҳид сарояндаи маъруф ва муаллифи сурудҳо Стиви Вондерро Қосиди сулҳ бо ишораи махсус ба масъалаҳои одамони дорои маълулият эълон намуд. Қосидони сулҳ, одамони сазовори эътирофи умум дар соҳаи санъат, илм, адабиёт, варзиш ва чорабиниҳои фароғатӣ мебошанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардумон оид ба мақсадҳои олӣ ва фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ёрӣ мерасонанд. Ба туфайли пайдо шудан дар байни тамошобинон, робитаҳо бо Васоити ахбори оммаи (ВАО) байналмиллалӣ ва кори хайрия онҳо дониши аҳли ҷамъиятро нисбати он, ки чӣ тавр СММ барои беҳтар намудани ҳаёти одамон дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ёрӣ мерасонад, васеъ менамоянд (8).
Чорабиниҳои тавсияшаванда Мусоидат ба истифодаи фарҳанг ва санъат барои амалӣ намудани тағйиротҳои иҷтимоӣ Чорабинӣ ва маъракаҳои ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои маълулият бахшида самараноктар мешаванд, агар онҳо ба васоити ахбори оммаи (ВАО) аз ҷиҳати фарҳангию бадеӣ мувофиқ такя намоянд. Бинобар ин, барномаҳои ТСҶ бояд имконияти истифодаи ВАО-ро бо мақсади ноил гаштан ба тағйироти иҷтимоӣ нисбати масъалаҳои маълулият ба назар гиранд. Барномаҳо метавонанд: • якҷоя бо арбобони санъат фаъолият намуда, чорабиниҳои театрикунонидашуда, бадеӣ ва мусиқӣ ташкил намоянд, то он чорабиниҳо ба барҳам додани тамғагузорӣ ва табъизи ҳуқуқ, ки эҳтимолияти зоҳиршавиашон дар ҷамоат баланд аст, мувофиқат намоянд. • омӯхтани мақсаднокии истифодаи жанри мазҳака, филм ва расмҳои ҳаҷвӣ, чун тарзҳои оммафаҳм ва беозори санъат барои рӯ овардан ба мавзӯҳое, ки муҳокимаи онҳо дар сатҳи ҷамоат мамнӯъ аст;
ФАРҲАНГ ВА ҲУНАР
33
• дастгирии тасвири мусбии одамони дорои маълулият ва масъалаҳои маълулият дар ВАО-и фарҳангӣ-бадеӣ, масалан драма, театр ва синамо.
ЗАМИМАИ 16
Сармоягузорӣ ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанг Амаду ва Мариам, ду сарояндаи маъруф аз Мали, ки сазовори эътирофи байналмиллалӣ гардидаанд, истеъдоди худро баҳри инъикоси масъалаҳои ба маълулият вобаста ва интиқоди тафаккури якхела равона кардаанд. Амаду ва Мариам ба барномаҳои баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷавонони дорои маълулият ёрии молиявӣ мерасонанд, то онҳо тавонанд малакаҳои истеъдодӣ ва касбии худро ташаккул дода, орзу ва шавқу рағбати худро амалӣ намоянд.
Мали
Дастгирии оилаҳо бо мақсади таъмини иштирок Дар хотир доштан лозим аст, ки аксари оилаҳои аъзои дорои маълулият дошта, шояд ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва марказҳои дилхушкунанда аз хавфи тамғагузорӣ ё табъиз ташриф наоранд. Онҳо метавонанд ҳиссиёти хиҷолат ё шарм, инчунин муносибати ғайри дӯстонаро дар тӯй, ҳангоми ибодат, дар тарабхона ё кинотеатр эҳсос намоянд. Муҳим он аст, ки барномаҳои ТСҶ бо оилаҳо дар якҷоягӣ фаъолият намуда: • ба суханони аъзоёни оилаҳо гӯш андозанд ва барои ифшо ва эътирофи хавфҳо ва ёфтани роҳҳои бартараф намудани онҳо ёрӣ расонанд; • байни оилаҳои таҷрибаю хавфҳои монанд дошта алоқа барпо намоянд; • раванди рушди робитаҳоро бо созмонҳои маҳаллии одамони дорои маълулият бо мақсади таҳқиқи ҳама гуна тасаввуроти нодуруст, ки дар оила мавҷуд аст, инчунин баланд бардоштани сатҳи эътимоду интизорӣ ва шавқу рағбат дастгирӣ намоянд.
Дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади таъмини иштирок Барномаҳои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулиятро барои иштирок ба тариқи зерин дастгирӣ намоянд: • барпо намудани робита бо гурӯҳҳо ва созмонҳои одамони дорои маълулият бо мақсади пайдо ва мулоқот намудан бо ҳаммаслакон дар самти фарҳанг ва санъат, рушду инкишофи эътимод ба худ, ки барои иштирок дар ҳар гуна чорабиниҳо зарур аст; • муайян намудани кормандони соҳаи фарҳанг, ки бо эҷодиёти худ қобили эътироф гардидаанд ва дорои ягон навъи маълулиянд ва аз рӯи имконият онҳоро ба таҳия ва амалигардонии чорабиниҳо дар чорчӯбаи барномаҳо ҷалб намояд; • кор кардан бо тарафҳои манфиатдор барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои махсус, вобаста аз фаъолияти эҷодии одамони дорои маълулият; 34 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
• таҷрибаи одамони дорои маълулиятро, ки дар ташаккули шаклҳои нави бадеӣ, ба мисли театри қиёфа ва имову ишора, инчунин шаклҳои бадеӣ, ки бомуваффақият барои дарк намудан аз тарафи оммаи васеъ мутобиқ карда шудааст, таблиғу ташвиқ намоянд; • дастгирӣ ва таблиғи рақс, драма ва мусиқӣ ҳамчун воситаи ёрирасони табобату тавонбахшии одамони дорои маълулият.
Бурдани кор бо созмону гурӯҳҳои ба масъалаҳои фарогирӣ вобаста Нақши муҳими барномаҳои ТСҶ аз кор бо созмону гурӯҳҳои ба масъалаҳои фарогирӣ вобаста, бо мақсади ташаккул додани малака ва эътимоднокии одамони дорои маълулият барои ҷалбшавӣ ба барномаҳои фарҳангӣ ва бадеӣ иборат мебошад. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • корро бо тарафҳои манфиатдор барои даровардани баъзе дигаргуниҳо бо мақсади таъмини сатҳи дастрасии ҷисмонӣ ба одамони дорои маълулият, масалан, аз нав таҷҳизонидани биноҳо барои осон намудани дастрасӣ (марказҳои ҷамоатӣ маъмурӣ, фарҳангӣ, ҷой барои ибодат, кинотеатр, ҷойҳои тамошобоби сайёҳӣ ё иттилоот ва маводҳои рекламавиро дар намуди дастрас) пешниҳод намоянд; • рушди ҳамкориҳоро бо гурӯҳҳои занон барои баланд бардоштани сатҳи фарогирии занони дорои маълулият ба барномаҳои фарҳангии ба фарогирӣ равонашуда дастгирӣ намоянд; • маърифати фарогирии бадеиро дар кӯдакии бармаҳал ва мактаб ҳавасманд намояд, то ин ки кӯдакони дорои маълулият аз кӯдакӣ имконияти ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва бадеӣ иштирок намуданро дошта бошанд; • ба одамони дорои маълулият ва созмонҳои одамони дорои маълулият барои таҳия ва амалисозии омӯзиш дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангӣ бо иштироки кормандони барномаҳои ҳунарӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият ва фарогирӣ дастгирӣ намояд; • ҳавасманд намудан барои иштирок дар омӯзиш ва бо кор таъминкунӣ дар барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо мақсади таъмини иштироки одамони дорои маълулият дар идоракунӣ ва роҳбарии барномаҳо.
ЗАМИМАИ 17
Ба барномаҳои фарҳангӣ фарогирии одамони дорои маълулият Ташаббуси на он қадар калон, ки аз тарафи барномаҳои ТСҶ дар Фаластин соли 2000 татбиқ шуд, ки аз фиристондани кӯдакони дорои маълулият барои истироҳат ба лагерҳои тобистона иборат буд. Ин ташаббус хеле бомуваффақият анҷом ёфт ва акнун фарогирии одамони дорои маълулият ба ҳамаи лагерҳои тобистона амалияи меъёрӣ гардидааст. Дар ҳамин ҳол сарварони ҷавони ин лагерҳо кӯдакони дорои маълулиятро ба барномаҳои дигари фарогирӣ дар давоми сол ворид намуданро оғоз карданд. Масалан, дар спектакли «Хокистарак» (аз рӯи афсонаи маъруфи кӯдакона) ба нақши асосӣ духтараки дорои маълулиятро тасдиқ намуданд. Ин на танҳо ба фаҳмишҳои қолабӣ интиқод намуд ва сатҳи огоҳиро нисбати масъалаҳои одамони дорои маълулият баланд бардошт, балки чун намунаи ибрати мусбӣ барои ҷавонони дорои маълулият гардид.
Фаластин
ФАРҲАНГ ВА ҲУНАР
35
Кор бо пешвоёни мазҳабию динӣ ва гурӯҳҳо Пешвоёни мазҳабию динӣ метавонанд паҳнкунандагони пурқуввати тағйиротҳои иҷтимоӣ бошанд: аммо онҳо инчунин метавонанд ба паҳн кардани муносибатҳои манфӣ низ мусоидат намоянд. Бинобар ин барои барномаҳои ТСҶ бурдани кор бо пешвоёни динӣ ва аъзоҳои гурӯҳҳои динӣ дар ҷамоат хеле муҳим аст, то ин ки барои ҷалб намудани одамони дорои маълулият ба фаъолияти худ мусоидат намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • баланд бардоштани сатҳи ҳассосияти сарварон нисбати масъалаҳои одамони дорои маълулият, дарк ва мусоидат намудан ба муҳимияти ҷалб намудани онҳо ба раванди чорабиниҳои мазҳабию динӣ; • сарваронроро барои маҳкум намудани одатҳои ба поймолкунии ҳуқуқ ва зарарнок нисбати одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо дар ҷамоат рӯҳбаланд созанд; • ба одамони дорои маълулият дастрасӣ ба ёрии инфиродӣ кафолат дода шавад, то ин ки имконияти иштироки онҳо дар ибодатҳои динӣ/рӯҳонӣ ва барномаҳо таъмин карда шавад; • ба сарварон бо мақсади дастрасӣ ба иттилоот машварат ва ёрӣ дода шавад, масалан тарҷимаи имову ишораи (сурдоперевод) намоз, хондани сурудҳои динӣ ва матнҳои динӣ, ки бо ҳарфҳои калон ҳуруфчинӣ карда шудааст, аз рӯи системаи Брайл, дар шакли аудиоформат; • бо сарварон кор бурда шавад, то ин ки ҷои намозхонӣ ва зиёрат барои одамони дорои маълулият дастрас бошад, урфу одат ва маросимҳои динӣ барои қулай будан ба одамони дорои маълулият мутобиқ карда шаванд.
36
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Истироҳат, фароғат ва варзиш
Муқаддима Истироҳату фароғат ва варзиш дар баробари фарҳанг ва санъат дар ҷамоат нақши муҳим мебозанд. Манфиати асосии онҳо аз беҳтаршавии саломатӣ ва некӯаҳволии фард, мусоидат ба амалисозии ҳуқуқи инфиродӣ ва рушди ҷамоатҳои фарогир иборат аст. Ба чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ одамони гуногун, гурӯҳҳо, дастаҳо ва пурра ҷамоатҳоро фаро гирифта метавонанд, барои одамони синну солашон, қобилияташон гуногун ва сатҳи гуногуни ташаккули малака дастрас мешаванд. Намудҳои чорабиниҳо дар соҳаи истироҳат, фароғат ва варзиш, ки дар он одамон иштирок менамоянд, вобаста аз шароити маҳаллӣ хеле гуногун мебошанд ва системаи иҷтимоӣ ва арзиши фарҳангиро инъикос менамоянд. Иштирок дар чорабиниҳои истироҳатӣ, фароғатӣ ва варзишӣ метавонад барои одамони дорои маълулият яке аз имкониятҳои камтарин барои ворид шудан ба ҳаёти ҷамоат, берун аз чорчӯбаи оила бошад. Ҳуқуқи иштирок кардан дар ин чорабиниҳо дар замимаи дар зер инъикос мегардад. Ҳамчуноне, ки дар ҳолат бо фарҳанг ва санъат, одамони дорои маълулият метавонанд намуди фаъоли иштирок (масалан, ҳамчун аъзоёни дастаи баскетбол) ва намуди ғайрифаъолро (масалан, ба сифати тамошобин дар бозии футбол) интихоб намоянд.
ЗАМИМАИ 18
Конвенсия оид ба ҳуқуқи одамони дорои маълулият, моддаи 30, банди 5 «Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, истироҳату фароғат ва машғулият бо варзиш» (2) «Барои он ки ба одамони дорои маълулият имконияти баробар бо одамони дигар дар гузаронидани истироҳату фароғат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ дода шавад, давлатҳо-иштирокчиён чораҳои зарурӣ меандешанд: a. ҳавасмандкунӣ ва таблиғ намудан барои иштирок то ҳадди пурраи имконпазири одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои варзишии умумӣ дар ҳама сатҳҳо; b. имконият доштан барои ташкилу рушд додани чорабиниҳо, c. иштирок намудан дар чорабиниҳои варзишӣ ва фароғатии махсус барои одамони дорои маълулият; d. дастрасӣ доштан ба чорабиниҳои варзишӣ, истироҳатию фароғатӣ ва сайёҳӣ; e. мутмаин будан, ки кӯдакони дорои маълулият дастрасии баробарро бо кӯдакони дорои маълулият набуда барои иштирок дар бозиҳо, фароғату истироҳат ва чорабиниҳои варзишӣ дошта бошанд; f. ба хизматрасониҳо аз ҷумла онҳое, ки дар фаъолиятҳои фароғатию истироҳатӣ, сайёҳӣ ва чорабиниҳои варзиширо ташкил менамояд, дастрас бошанд.
ИСТИРОҲАТ ФАРОҒАТ ВА ВАРЗИШ
37
ЗАМИМАИ 19
Шоҳигарии Марокаш
Истифодаи варзиш бо мақсади фарогирии иҷтимоӣ ва рушди инфиродӣ (9) Лоиҳаи «Варзиш, ҳамчун воситаи фарогирии иҷтимоӣ ва рушди инфиродӣ» аз тарафи созмони «Ҳендикэп интернешнл» дар Марокаш соли 2007 оғоз шуда буд. Дар соли 2004 ташкилот пешакӣ арзёбии вазъият гузаронида, муайян намуд, ки зиёда аз 1,5 миллион марокашиҳо дорои ягон навъи малулиятанд. Мақсади барнома аз васеъ намудани имконияти одамони дорои маълулият барои машғулият бо варзиш ва бартараф намудани нобаробарӣ дар дастрасӣ ба тавонбахшӣ, ҳифзи саломатӣ ва ҷалбшавии иҷтимоӣ иборат буд. Барнома ба се самт нигаронида шуда буд: 1. рушди қобилияту иқтидор ва созмон додани шабакаи ҳамкорӣ дар байни муассисаҳои Марокаш. Кормандони барнома бо Федератсияи варзиши Шоҳигарии Марокаш (мутахассисони соҳаи варзиши умумӣ, ки аз рӯи масъалаҳои маъюбӣ дониши маҳдуд доштанд), инчунин бо тахминан 600 асотстиатсияи одамони дорои маълулияти Марокаш, ки дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва маориф тахассус доштанд, ба онҳо дар ташаккули ҳамкории стратегӣ, миллӣ ва байналмиллалӣ ёрӣ мерасонданд. Инчунин, ба лоиҳаҳои хурд ва клубҳои варзишӣ ба воситаи ташкили омӯзишҳо оид ба малакаҳои идоракунӣ, таҳияи лоиҳаи барномаҳо, навиштани пешниҳодҳо бо мақсади дастрас намудани ёрии молиявӣ дастгирӣ пешниҳод шуда буд. 2. пешниҳод намудани таҷҳизоти варзишии мутобиқ шуда, аз ҷумла аробачаҳо барои одамони дорои маълулият, сару либос ва таҷҳизоти мутобиқ, масалан тӯбҳое, ки ҳангоми бозии одамони дорои маълулияти биноӣ, садо мебароранд. 3. ташкил намудани чорабиниҳои фарогирии варзишӣ. Як қатор чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуда буд. Дар байни он мусобиқаҳо бахшида ба рӯзи байналмиллалии одамони дорои маълулият, инчунин «Дав барои ҳама» ки зиёда аз 2 ҳазор даванда, дар байни онҳо одамони дорои маълулият ва онҳое, ки дорои маълулият набуданд, ҷалб шуда буданд. Инчунин, мусобиқаи муҳими футбол барои одамони дорои маълулият гузаронида шуд. Он аз тарафи Шоҳи Марокаш маблағгузорӣ шуда, тариқи телевизиони Марокаш барои зиёда аз 20 ҳазор тамошобин намоиш дода шуд. Ин барнома ба якчанд натиҷаҳо ноил гашт: • зиёда аз 1500 нафар одамони дорои маълулият ба фаъолияти клубҳои варзишӣ ва чорабиниҳои варзишӣ фаро гирифта шуданд. • одамони дорои маълулият ба хизматрасонии баландсифат, аз ҷумла технология ва таҷҳизоти мутобиқ, инунин ҳайати коркунони баландихтисос, ки метавонанд машварат диҳанд, дастрас шуданд; • одамони дорои маълулият барои мулоқот ва ҳамкорӣ бо дигар одамони дорои маълулият ва дорои маълулият набуда имконият пайдо карданд.
38
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Мақсад Одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ хеле фаъолона ва бо ҳуқуқҳои бо дигарон баробар, чун тамошобин ва чун иштирокчӣ баромад мекунанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз мусоидат ба афзоиши иштироки одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои истироҳатӣ, фароғатӣ ва варзиш, инчунин дастгирӣ ба ташкилотҳо ва барномаҳои соҳаи умумӣ иборат мебошад, то ин ки ба одамони дорои маълулият имконият дода шавад, иқтидори худро мустаҳкам намоянд ва чорабиниҳои муносиб ва дастраси истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ пешниҳод карда шавад.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишии дар сатҳи ҷамоат мавҷуда, иштирок менамоянд. • Мақомоти маҳаллӣ, федералӣ, байналмиллалӣ ва ассотсиатсияҳо одамони дорои маълулиятро ба барномаҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ ҷалб менамоянд. • Оилаҳо, омӯзгорон ва аъзоёни ҷамоат ҳуқуқ ва имконияти одамони дорои маълулиятро эътироф намуда, онҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ ташвиқу тарғиб менамоянд. • Одамони дорои маълулият ва одамони дорои маълулият набуда, якҷоя дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд. • Одамони дорои маълулият ба мавзею биноҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ дастрасӣ доранд. • Таҷҳизоти барои истироҳату фароғат ва варзиш истифода шаванда, ба талаботу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият дар ҳолатҳои зурурӣ мутобиқ карда мешаванд. • чорабинӣ ва барномаҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишии махсус барои одамони дорои маълулият дар ҳолатҳои зарурӣ таҳия карда мешаванд.
Мафҳумҳои асосӣ Муқаррарот Дар ин боб: Истироҳат: ба он ҳамаи фаъолиятҳои интихобкардаи инсон, ки ба бадан ва рӯҳи ӯ таровати нав бахшида, фароғаташро шавқовару дилписанд месозад, дохил мешавад. Мисоли чорабиниҳо дар самти истироҳат: сайру гашт, шиноварӣ, мулоҳиза (медитатсия), китобхонӣ, бозӣ, рақс. Калимаи «фароғат» маънои вақти холиро мефаҳмонад, ки инсон онро бидуни ӯҳдадориҳои ҳамарӯза метавонад гузаронад (масалан берун аз кор ё машғулияти хона), то ин ки истироҳат намояд ва зиндагиашро ором ва хуш гузаронад. Одамон дар чорабиниҳои истироҳатӣ ва варзишӣ маҳз дар вақти фароғатӣ иштирок менамоянд. ИСТИРОҲАТ ФАРОҒАТ ВА ВАРЗИШ 39
Варзиш маънои намуди ҳамаи фаъолияти ҷисмониро дорад, масалан, футбол, регби, баскетбол, атлетикаи сабук ва вазнин.
Масъалаҳои истироҳату фароғат ва варзиш дар сатҳи ҷамоат Дар аксар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, дар ҷое, ки одамон ҳамарӯза бо мақсади зинда мондан кор мекунанд, мафҳуми истироҳат на ҳама вақт фаҳмо буда, талаботи аввалиндараҷа низ нест. Феълан, аксари машғулиятҳо, ки дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд фароғатӣ ҳисобида мешаванд, масалан, моҳигирӣ ё косибӣ, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст чун воситаи зиндагӣ ва рӯзгор фаҳмида мешаванд. Дар аксари ҷамоатҳо тарзҳои чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ, ки одамон бо он машғуланд, аз рӯи синну сол, ҷинс, шароити маҳаллӣ (масалан, зиндагӣ дар ноҳияҳои деҳот ё шаҳр) ва мавқеи (статуси) иҷтимоӣ-иқтисодӣ муайян мегардад. Масалан, дар ҷамоатҳои камбизоат, кӯдакон ҳангоми бозӣ маводҳои табииро ба мисли санг ва чӯб, ё маҳсулоти партофташудаи истеҳсолотро ба мисли шинаи резинии мошин ё арғамчинро истифода мебаранд. Ба ғайр аз ин, гузаронидани вақти фароғатӣ дар заминаи машғулияти фарҳангӣ тартиб дода мешавад, масалан рақси анъанавӣ, нақл кардани афсона, ибодат ва идҳои динӣ, баромади ҳунармандон. Дар аксари ҷамоатҳои камбизоат ва деҳотӣ одамон ҷои мушаххас барои гузаронидани вақти фароғатӣ, ба мисли варзишгоҳ (стадион) ё маркази ҷамоатӣ надоранд. Бинобар ин одатан дар биноҳои барои намозгузорӣ, мағозаҳои чойфурӯшӣ, дар хона ё ҷои кушод ҷамъ мешаванд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ҷамоатҳо одатан вазифаҳои аввалиндараҷаи муҳим ва буҷаи маҳдуд доранд. Дар натиҷа ташкили чорабинию барномаҳои расмӣ дар самти истироҳат ва варзиш одатан аз сармоягузор (донор) вобаста аст. Бисёр муҳим аст, ки маблағгузории беруна барои таъмини барномаю чорабиниҳои ба шароити маҳаллӣ мутобиқ ва мувофиқ истифода карда шавад.
Афзалиятҳои иштирок Иштирок дар чорабиниҳои варзишию истироҳатӣ метавонад ҳам барои фард ва ҳам барои ҷамоат манфиату бартарии зиёд оварад. Ба ин манфиатҳо: • пурқувватгардонии саломатӣ ва пешгирии бемориҳо: барномаю чорабиниҳои варзишӣ ва истироҳатӣ тарзи самаранок ва дилписанди пурқувватгардонии саломатӣ ва некӯаҳволӣ мебошанд; онҳо таниши асабро (стресс) паст намуда, саломатии равонӣ ва зеҳниро беҳтар мегардонанд ва рушди бемориҳои музмин аз ҷумла бемориҳои рагу дилро пешгирӣ менамоянд; • рушди малакаҳо: малакаҳои ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ, он малакаҳое мебошанд, ки онҳоро бо воситаи иштирок дар чорабиниҳои варзишию истироҳатӣ ташаккул додан мумкин аст. • баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, паст намудани сатҳи тамғагузорӣ ва фарогирии иҷтимоӣ: чорабиниҳои варзишию истироҳатӣ воситаи пурқувват ва камарзишанд, ки боиси баланд бардоштани сатҳи фарогирии одамони дорои маълулият мегарданд; онҳо одамони ҳама синну сол ва қобилиятро барои хурсандӣ муттаҳид месозанд ва ба одамони дорои маълулият имконият медиҳанд, ки тарафҳои қавӣ ва қобилияти худро намоиш диҳанд, инчунин нақши мусбии одамони дорои маълулиятро чун намунаи ибрат таблиғ мекунанд; • сулҳ ва рушди байналмилалӣ: варзиш забони умумифаҳм (универсалӣ) мебошад ва ба сифати воситаи пурқувват ба сулҳ, таҳаммулнокӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ 40 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
бо роҳи муттаҳид сохтани одамон новобаста аз сарҳад, фарҳанг ва дин мусоидат менамояд (10); • васеъ кардани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо: чорабиниҳои истироҳатӣ ва варзишӣ ҳуқуқ ва имконияти одамони дорои маълулиятро васеъ намуда, ба ҳисси боварӣ ва эътимоднокӣ нисбати худ таъсири мусбӣ расонанд.
ЗАМИМАИ 20
Эритрея
Ветеранҳои ҷанг ҳамчун намунаи ибрат Дар Эритрея собиқадорони ҷанг, ки дорои маълулиятанд, аз омӯзишҳо барои фаъолият намудан чун менеҷер ва мураббии дастаи футбол гузаштанд ва онҳо нақши асосиро барои амалӣ намудани чорабиниҳои футболи кӯдакона бозиданд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 2 ҳазор кӯдак дар пойтахти мамлакат шаҳри Асмара иштирок намуд. Ин ҷалбшавӣ ба чорабинӣ тасаввуроти собиқадорони ҷангро нисбати худ ба таври куллӣ тағйир дода, ба тасаввуроти кӯдакон дар бораи одамони дорои маълулият ба таври мусбӣ таъсир расонд, дар як вақт чун мисоли мусбӣ ва намунаи ибрат барои одамони дорои маълулият гардид. Дар асоси намунаи бомуваффақият, акнун клуби варзишӣ омӯзишҳоро оид ба бозии футбол барои кӯдакони сатҳи шунавоияшон паст ба сифати қадами аввал барои ҷалб намудани кӯдакон ба чорабиниҳои варзишӣ ташкил намуд.
Чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ имкониятҳои дигарро мукаммал месозанд Манфиати зиёди чорабиниҳои истироҳатию варзиширо таъкид намуда, бояд дар хотир дошт, ки онҳоро ба сифати ҷуброн барои дастрасии маҳдуд ба имкониятҳои дигар, ба монанди таҳсилот ё худтаъминкунӣ, истифода бурдан нодуруст аст.
ЗАМИМАИ 21
Омӯзиши ҳаракат бо дучарха (велосипед)
Афғонистон
Барномаи афғонии тавонбахшӣ ва фаъолияти фароғатии дучархаронҳо бо дасту пои ампутатсия шуда, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалӣ мегардад, барномаи омӯзишӣ оид ба рондани дучарха барои одамони дасту пояшон буридашуда (ампутатсия шуда) бо мақсади беҳтар намудани худҳаракатии функсионалӣ ва мустақилият, инчунин барои таъмини равуо аз кор ва ба кор, ва сарфаи пардохти хароҷоти нақлиёт мебошад.
Осон намудани дастрасӣ ба истироҳат, фароғат ва варзиш Барои иштирок дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзиш ба одамони дорои маълулият мутобиқшавии оқилона зарур аст. Бо истифодаи андак зиракӣ ва ИСТИРОҲАТ ФАРОҒАТ ВА ВАРЗИШ 41
чобукӣ бе хароҷоти зиёдатӣ чорабинӣ ва таҷҳизотро мутобиқ намудан мумкин аст, ки фарогирӣ ва иштироки одамони дорои маълулият таъмин гардад.
ЗАМИМАИ 22
Мутобиқсозии чорабиниҳои варзишӣ Мутобиқсозии қоида ва системаи ҳисобкунии холҳо дар бозиҳо ба одамони қобилият ва синну соли гуногун имконият медиҳад, ки якҷоя бе ягон хароҷот бозӣ намоянд. Истифодаи масолеҳи маҳаллӣ барои мутобиқгардонии таҷҳизоти камарзиш, масалан истифодаи кадуи хушк бо тухмиҳояш барои сохтани тӯб, ки садо мебарорад, ё тақсим намудани бозингарон ба ҷуфтҳо барои бозии якҷоя, метавонад сатҳи иштироки ҳамаи аъзоёни ҷамоатро баланд бардорад.
Чорабиниҳои тавсияшаванда Муайян намудани имкониятҳои маҳал барои истироҳат, фароғат ва варзиш Қадами аввал аз муайян намудани он, ки кадом имкониятҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ дар ҷамоат ва гирду атрофи он мавҷуданд, иборат мебошад. Барои муайян намудани он барномаҳои ТСҶ бояд бо гурӯҳҳои ҷамоатӣ, масалан, гурӯҳҳои занон ва ҷавонон, клуби кӯдакон, инчунин бо одамони дорои маълулият ҳамкорӣ намоянд. Раҳнамоии раванди иштироки одамони дорои маълулият. Чорабиниҳо ҳамон вақт муваффақ мешаванд, ки агар онҳо: бо дархости ашхоси алоҳида ва ҷамоат амалӣ гарданд, аз ҷиҳати фарҳангӣ қобили қабул буда, онҳоро қонеъ гардонанд, ҳангоми таҳия ва амалисозии бардавом хароҷоти зиёдро талаб накунанд. Барои сабук намудани иштироки одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ тавсия дода мешавад, ки барномаҳои ТСҶ: • ба одамони дорои маълулият оид ба чорабиниҳои истироҳатию варзишии дар ҷойҳои дастраси ҷамоатҳояшон мавҷуда иттилоот пешниҳод намоянд; • одамони дорои маълулиятро бо клубу (ассотсиатсияҳо) бо мақсади дастрасӣ ба чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ алоқаманд намоянд; • ба кӯдакони маъюб талқин намоянд, ки онҳо аз ҳама ҳуқуқу афзалияте, ки кӯдакони дорои маълулият надошта баҳраваранд, низ баҳраваранд ва ҳуқуқи ба таври пурра иштирок карданро дар чорабиниҳои истироҳатию варзишии мактаб доранд; • имкониятҳоро оид ба пешниҳоди ёрии инфиродӣ, барои таъмин намудани иштироки фаъол ё ғайрифаъоли одамони дорои маълулият таҳқиқ менамоянд • роҳнамоии раванди инъикоси мусбии мавзӯъҳои истироҳатию варзишии одамони дорои маълулият дар васоити ахбори омма бо мақсади ҳавасманд ва ҷалб намудани шумораи бештари онҳо ба чунин чорабиниҳо. 42 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Истифодаи чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба фарогирӣ Маъракаҳои калон ба монанди Рӯзи байналмиллалии одамони дорои маълулият, барои дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарогирӣ ва истироҳатию варзишӣ имконияти васеъ медиҳад. Ин гуна чорабиниҳо одатан диққати мусбии васоити ахбори оммаро (ВАО) ба худ ҷалб менамоянд, ки ин метавонад сатҳи огоҳии оммаи васеъро баланд бардорад.
ЗАМИМАИ 23
Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба крикет дар байни одамони дорои маълулияти биноӣ Баъд аз ба таври васеъ чоп намудани мақолаҳои мусбӣ дар бораи мусобиқаи Ҷаҳонӣ оид ба крикет аз тарафи васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва миллӣ байни одамони дорои маълулияти биноӣ дар Ҷумҳурии Покистон, баъзе аз барномаҳои ТСҶ қайд намуданд, ки миқдори волидони бо масъалаи имконияти ташкили омӯзиш ва чорабиниҳои фароғатӣ барои кӯдакони дорои маълулияти биноӣ, муроҷиаткарда чанд маротиба афзуд.
Покистон
Барномаҳои умумиро барои фарогир шудан таблиғ намудан Одатан барномаҳои умумии варзишию истироҳатӣ фарогирии одамони дорои маълулиятро пешбинӣ намекунанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бо ин барномаҳо ҳамкорӣ намуда, роҳҳои чӣ тавр фарогир ва дастрас намудани онҳоро ба ҳама муайян намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • бо созмонҳои миллӣ ва байналмиллалӣ машварат гузаронда, муайян намоянд, ки барномаҳо аз ҷиҳати фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ махсус буда, барои одамони дорои маълулияти гуногун, синну сол, қобилият ва ҷинсҳо, ки дар шаҳр ё деҳот умр ба сар мебаранд дастрасанд; • фикру ақида ва тавсияҳоро оид ба чӣ тавр мутобиқ намудани фаъолиятҳо, таҷҳизот ва биноҳои истифодашавандаро пешниҳод менамоянд, бо махсус қайд кардани он, ки аксари фаъолиятҳо бо арзиши хеле кам ё бепул мутобиқ карда мешаванд; • раванди омӯзиши кормандони барномаи умумиро бо мақсади ташаккул додани малака ва худбоварии онҳо барои ҷалби одамони дорои маълулият ба барномаҳои мазкур раҳнамоӣ мекунанд. • бо созмони одамони дорои маълулият дар якҷоягӣ фаъолиятҳои фаҳмондадиҳиро оид ба дастрасии одамони дорои маълулият ба чорабиниҳои варзишию фароғатӣ ва истироҳатӣ таъмин менамоянд. Иттилооти муфассал ва намунаи онро, ки чи гуна фарогириро дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст дастгирӣ намудан мумкин аст, дар нашрияҳо, ба мисли маълумотномаи Истироҳати фарогир (11) ва Варзишу истироҳат ва бозӣ (12) дастрас намудан мумкин аст.
ИСТИРОҲАТ ФАРОҒАТ ВА ВАРЗИШ
43
ЗАМИМАИ 24
Рӯзҳои варзиш дар мактаб Барномаҳои ТСҶ метавонанд рӯзҳои варзишро дар мактаб, ки имконияти фарогириро амалӣ мекунанд, ҳавасманд ва дастгирӣ намоянд. Ин рӯзҳои варзишӣ метавонанд сатҳи огоҳӣ ва фаҳмишро дар байни кӯдакони синни мактабӣ беҳтар гардонанд ва имкониятро барои иштироки якҷояи кӯдакони дорои маълулият ва маълулият надоштаро дар чорабиниҳои варзишӣ фароҳам оварад. Ин гуна чорабиниҳо метавонанд ба ҳамаи иштирокчиён таъсири мусбӣ расонанд, аз ҷумла ба кӯдакон, волидон, омӯзгорон, кормандони ихтиёрӣ ва мансабдорони соҳаи варзиш. Онҳо метавонанд ба дарки мусбии муносибат ва ақидаҳо оид ба масъалаҳои маълулият таъсир расонанд ва сатҳи огаҳиро оид ба қобилияти варзишии кӯдакони дорои маълулият баланд бардоранд.
Дастгирии барномаҳои махсус, ки барои одамони дорои маълулият таҳия шудаанд. Барномаҳое, ки махсус барои одамони дорои маълулият таҳия шудаанд, ба онҳо имконият медиҳанд, ки бо дигар одамони дорои маълулият, ки малакаҳои ба ҳам монанд доранд мулоқот ва мусобиқа намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • ба одамони дорои маълулият малакаҳои сарварӣ ва нақши муҳимро дар раванди қабули қарор таъмин намоянд, то ин ки барномаҳои истироҳатию варзишӣ ба талаботи онҳо мувофиқ бошанд; • ба одамони дорои маълулият, ки хоҳиши таъсис додани гурӯҳу клубҳои варзишӣ ва истироҳатиро доранд, омӯзиши мутобиқ ва маводу воситаҳои заруриро таъмин намоянд; • робитаҳои гурӯҳҳои (клубҳои) маҳаллиро дар соҳаи варзиш ва истироҳат бо созмонҳои миллӣ ва байналмиллалӣ, ба монанди Ассотсиатсияи Байналмилалии варзишгарони дорои маълулияти зеҳнӣ, кумитаи байналмиллалии параолимпӣ, созмони байналмилалии «Special Olympics International» ва Кумитаи байналмиллалии варзишгарони дорои маълулияти шунавоӣ ба роҳ монад.
ЗАМИМАИ 25
Бангладеш
Робитаҳо ба воситаи бозии шоҳмот Яке аз калонтарин шабакаҳои иҷтимоӣ, ки одамони дорои маълулияти биноиро дар Бангладеш муттаҳид месозад, клуби шоҳмоти Брайл мебошад, ки шабакаи клубҳоро дар ноҳияҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ дорад. Ин шабакаи иҷтимоӣ на танҳо имконияти мусобиқа кардан ва ташаккул додани малакаҳоро пешниҳод менамояд, балки барои фарогирии иҷтимоӣ ва аз рӯи рағбати умумӣ муттаҳид сохтани одамон имкон фароҳам меоварад.
44
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Адлия Муқаддима Дастрасӣ ба адлия мафҳуми васеъ мебошад, ки маънои имконияти дастрасии инсонро ба системаҳо, тартибу қоидаҳо, иттилоот ва биное ки барои иҷро намудани маъмурияти адлия истифода бурда мешавад, дорад (13). Ҳамаи одамон озод ва баробарҳуқуқ бо қурбу манзалат ва ҳуқуқи худ таваллуд мешаванд (14), бинобар ин ҳамаи одамон ҳангоми қурбу манзалат ва ҳуқуқи онҳо поймол карда мешаванд, бояд ба адлия дастрасии баробар дошта бошанд (15) Одатан одамон ба системаи адлия дар мамлакати худ он вақт муроҷиат менамоянд, ки ба онҳо осебе расад ё ба онҳо фишор оваранд, масалан, вақте, ки онҳо қурбонии ҷиноят мешаванд. Дастрасӣ ба адлия яке аз ҳуқуқҳои инсон мебошад, аммо ҳамзамон дигар ҳуқуқҳои инсонӣ низ мавриди истифода буданаш, хеле муҳим мебошад; масалан, агар ҳуқуқи одами дорои маълулият ба меҳнат поймол гардад, ӯ метавонад ба системаи адлия барои ҳалли (ҳифзи) судӣ муроҷиат намояд (13). Одамони зиёд аз гӯрӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, аз ҷумла одамони дорои маълулият ҳангоми муроҷиат ба системаи адлия ба монеаҳо дучор мегарданд (15). Бе дастрасӣ ба адлия овози онҳоро ҳеҷ кас намешунавад, онҳо ҳуқуқи худро амалӣ карда наметавонанд, ба поймолкунандагони ҳуқуқ баҳс карда наметавонанд, аз одамоне, ки қарор қабул менамоянд, ҳисобот талаб карда наметавонанд (16). Дар натиҷа онҳо осебпазиртар ва мискинтар мешаванд (15). Дар боби мазкур иттилоот дар бораи баъзе мафҳумҳои ба дастрасии одамони дорои маълулият ба адлия вобаста пешниҳод гардидаст. Дар он инчунин, тавсияҳо дар бораи он ки чӣ тавр бо ёрии барномаҳои ТСҶ роҳҳои бартараф намудани монеаҳои одамони дорои маълулият ҳангоми ба адлия муроҷиат кардан дучор мегарданд, муҳокима мешавад. Иштироки одамони дорои маълулият дар иҷрои адлия, масалан ба ҳайси шоҳид, вакили маҳкамаи суд, ҳуқуқшинос ва ғайра низ хеле муҳим мебошад, аммо дар боби мазкур муҳокима намешавад.
ЗАМИМАИ 26
Конвенсияи оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият , моддаи 13 «Дастрасӣ ба адлия» (2) 1. Давлатҳо-иштирокчиён ба одамони дорои маълулият баробари одамони дигар дастрасии самаранок ба адлияро таъмин менамоянд, аз ҷумла бо назардошти ислоҳи мурофиавӣ ва мутобиқ ба синну сол, ки ба онҳо иҷроиши самараноки нақши иштирокчии мустақим ва ғайримустақим, аз ҷумла шоҳидиро дар ҳамаи марҳилаи мурофиаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла марҳилаи тафтишот ва марҳилаҳои истеҳсолоти пешакиро осон менамояд. 2. Барои таъмини дастрасии самараноки одамони дорои маълулият ба адлия, давлатҳои иштирокчӣ ба омӯзиши мувофиқи шахсони дар иҷроиши адлия, аз ҷумла полис ё системаи ҷазодиҳӣ кор мекунанд, мусоидат менамоянд». АДЛИЯ 45
ЗАМИМАИ 27
Озмоиши сахт, ки ба сари Нетсанест аз сабаби муносибати манфии ҷамоат нисбати одамони дорои маълулият афтод Нетсанест, духтараки чордаҳсола мебошад. Ӯ дар кӯдакӣ ба иллати нобиноӣ дучор гардид, аммо аниқ дар хотир надорад, ки ин ҳодиса кай рух дода буд. Вай дар деҳаи худ чун шахси аз малакаи биноӣ маҳрум ба воя мерасид ва одат карда буд, ки ӯ одами беманфиат аст, ва ӯро аксар бо лақабҳои носазо ба монанди «аблаҳи нобино» ном мебаранд. Вақте ки ба хонаи онҳо меҳмон меомад, ӯ пинҳон мешуд, то оилаашро шарманда насозад, рӯзҳои ид бошад, ба вай иҷозат намедоданд, ки дар маъракаҳои идона иштирок намояд. Боре холааш ба меҳмонии онҳо омада ба хешовандонаш дар бораи мактаб барои кӯдакони маълулияти биноӣ дошта, ки дар деҳаи ҳамсоя ҷойгир будааст, нақл кард. Бо иҷозати волидон Нетсанест ба он мактаб рафтан гирифт. Ба ӯ мактаб мақбул омад, ба зудӣ ӯ хондан, навиштан, хӯрок пухтан ва мустақилона дар деҳа роҳ гаштанро ёд гирифт. Пас аз ин ӯ ва якчанд дӯстонаш хонаеро иҷора гирифтанд ва ба он ҷо кӯчиданд. Боре бегоҳӣ ба назди ӯ марде аз деҳаашон наздик шуд ва пешниҳод намуд, ки бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намояд, вай бошад маблағи таҳсили ӯро дар мактаб пардохт менамояд. Нетсанест пешниҳоди ӯро рад намуд, ва гуфт, ки ӯ омода нест ба шавҳар барояд, ӯ мехоҳад ҳамаи диққати худро ба хатми омӯзиш равона созад. Пас аз чанд рӯз, вақте ки дӯстонаш дар хона набуданд, он мард боз омад ва гуфт, ки агар Нетсанест розӣ бошад, ин ҳаёти ӯро дигар месозад ва чун сирри байни онҳо пинҳон мемонад. Нетсанест боз пешниҳоди ӯро рад кард. Ин дафъа он мард ба номуси ӯ таҷовуз кард. Нестанест нола кард, дод зад, аммо касе ба ёрии ӯ наомад. Рӯзи дигар омӯзгоронаш аз воқеа дарак ёфтанд ва Нетсанестро назди полис бурданд. Аммо, ба ҷои ба духтарак ёрӣ расондан, кормандони полис дар воқеа худи Нетсанестро гунаҳкор намуданд. Чанд нафар духтари дигари аз биноӣ маҳруми деҳа низ аз сабаби муносибати манфии ҷамоат ва ақидаҳои ба маълулият вобаста, таҳти таҷовуз ба номус қарор гирифтанд, чунки одатан одамон фикр мекарданд, ки маълулият ин гуноҳи худи онҳост. Хабар дар деҳа зуд паҳн гардид, модари таҷовузгар ба назди Нетсанест омад ва доду войкунон, ӯро гунаҳкор намуд: «Ту чи кор карда истодаӣ? Аввал ту писари маро васваса намудӣ, маҷбур намудӣ, ки амали пургуноҳ содир намояд, акнун кӯшиш намуда истодаӣ, ки ӯро бадном кунӣ…». Вақте, ки хабар ба волидони Нетсанест расид, онҳо намедонистанд чӣ кор кунанд. Аз як тараф онҳо метарсиданд, ягон кор кунанд, чунки барои бехатарии Нетстанест хавотир буданд ва аз он шармандагие, ки ин вазъият ба оилаи онҳо оварда метавонист, дар ҳарос буданд. Аммо аз тарафи дигар онҳо барои Нетстанест адолатро хоҳон буданд. 46 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
Мақсад Одамони дорои маълулият аз дастрасии худ ба адлия баробари одамони дигар истифода мебаранд, дар натиҷа амалишавии пурра ва эҳтироми ҳуқуқи инсон таъмин мегардад.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва расонидани ёрӣ ба онҳо ва аъзоёни оилаи онҳо барои дастрас шудан ба адлия, дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба поймолкунии ҳуқуқ ва беэътиноӣ, иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт Барномаҳои ТСҶ қодиранд, дар сурати пайдо шудани зарурат ба одамони дорои маълулият барои дастрасӣ ба масъалаҳои адлия ёрӣ намоянд. Одамони дорои маълулият аз ҳуқуқу имконият ва усулҳои дастрасӣ ба системаи адолат хабардоранд. Тарафҳои ба масъала шавқманд дар соҳаи адлия нисбати талаботу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият муносибати эҳтиромона дошта, дар амалҳои ҳуқуқҳоро поймолкунанда иштирок намекунанд. Одамони дорои маълулият ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳояшон метавонанд ба механизмҳои ғайрирасмии адлия муроҷиат намоянд. Одамони дорои маълулият ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳояшон метавонанд ба механизмҳои расмии адлия муроҷиат намоянд.
Мафҳумҳои асосӣ Соҳибони ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо Фаҳмиши алоқамандӣ байни соҳибони ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо ҳангоме, ки гап дар бораи дар назар доштани ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият меравад мафҳуми муҳим буда ба онҳо имконияти дастрасӣ ба адолати ҳуқуқиро имконпазир мегардонад. Соҳибони ҳуқуқ. Одамони дорои маълулият соҳибҳуқуқ мебошанд, яъне ҳуқуқ ва масъулият доранд. Ҳамчун соҳибҳуқуқ онҳо ҳуқуқ доранд, масалан, ба истифода аз хизматрасониҳои тандурустӣ, таҳсилот, худтаъминкунӣ, инчунин ҳуқуқ ба замин, манзил ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ. Ҳамаи ин ҳуқуқҳо, инчунин дигар ҳуқуқҳо дар Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият номбар шудаанд (2). Соҳибони ӯҳдадориҳо. Ҳангоме ки як нафар ҳуқуқро дорост, нафари дигар вазифадор аст, ки ин ҳуқуқро эҳтиром, ҳифз ва риоя намояд. Ба гурӯҳи шумораи соҳибони ӯҳдадорӣ ходимони давлатӣ (ҳукуматӣ) ва ғайридавлатӣ (масалан, созмонҳои ғайридавлатӣ, пешвоёни динӣ, волидон) дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ дохил мешаванд. Ӯҳдадориҳои давлат низ дар Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият инъикос ёфтаанд (2).
АДЛИЯ
47
Монеа барои адлия Доираи шахсоне, ки ба адлия дастрасӣ доранд, одатан бо одамони сарватманд, ки робитаҳои сиёсӣ доранд, ва дар шаҳрҳо истиқомат доранд, маҳдуд мегардад. Одамони дорои маълулият, махсусан дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна, бо як қатор монеаҳо, ҳангоми дастрасӣ ба адлия дучор мегарданд. Ба монанди: • набудани қонунгузории муносиб ва чораҳои сиёсӣ оид ба ҳимояи одамони дорои маълулият: дар аксари мамлакатҳо қонунҳои махсус барои ҳимояи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият вуҷуд надоранд (15); • монеаҳои табиӣ: идораи полис, суд ва иморатҳои дигари ҷамъиятӣ, мумкин аст ба одамони дорои маълулият дастнорас бошанд (13); • монеа дар муошират: одамони дорои маълулият мумкин аст бо кормандони соҳаи адлия аз сабаби набудани маводи ёрирасони мувофиқ, масалан, тарҷумони забони имову ишора барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ, самаранок муошират карда натавонанд; • набудани иттилооти дастрас: бе ин гуна иттилоот одамони дорои маълулият мумкин аст надонанд, ки системаи адлия чи гуна кор мекунад, ҳуқуқ ва масъулияти он аз чӣ иборат аст (13); • монеаи иқтисодӣ: пардохти хизмати ҳимоятчӣ, хароҷоти судӣ ва пардохтҳои дигар метавонанд барои одамони дорои маълулият хеле гарон бошанд; • надонистани талабот: полис ва мансабдорони дигар метавонанд, талаботи хусусии одамони дорои маълулиятро ҳангоми дастрасӣ ба адлия дарк накунанд ё иттилоот нисбати он, ки мутобиқсозии заруриро чӣ тавр гузаронидан лозим аст, надошта бошанд (13) .
Қобилияти ҳуқуқӣ Моддаи 12-и Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият қайд менамояд: «Давлатҳо-иштирокчиён эътироф менамоянд, ки одамони дорои маълулият дар баробари одамони маълулият надошта дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт қобилияти ҳуқуқӣ доранд» (2). Ба аксари одамони дорои маълулият иҷозат дода нашудааст, ки қобилияти ҳуқуқии худро истифода баранд, масалан ба онҳо ичозат намедиҳанд, ки дар тафтишоти судӣ иштирок намоянд ва дар суд нишондод диҳанд. Ин аз он сабаб рух медиҳад, ки аксари одамон фикр мекунанд, ки одамони дорои маълулият қобили фаъолият нестанд. Конвенсия инчунин эътироф менамояд, ки ба баъзе одамони дорои маълулият ҳангоми амалисозии қобилияти ҳуқуқӣ дастгирӣ лозим мешавад. Чунин тарзи дастгирии қабули қарор метавонад шакли гуногун гирад, чунки одамоне, ки ба одамони дорои маълулият ёрӣ мерасонанд, метавонанд дар бораи нияти онҳо ба дигарон маълумот диҳанд ё ба одамони дорои маълулият ёрӣ расонанд, ки имкониятҳои мавҷудбудаи интихобро дарк намоянд; онҳо ба одамони дигар ёрӣ мерасонанд, то онҳо дарк намоянд, ки шахси дорои маълулияти мураккаб низ инсон буда таърихи худ, шавқу ҳавас ва мақсади ҳаёти худро дорост, ки қобилияти ҳуқуқии худро амалӣ карда метавонад (17) .
Мусоидат ба дастрасии адлия Ҳимояи ҳуқуқӣ Бисёр зарур аст, ки ҳуқуқи одамони дорои маълулият дар конститутсияҳои миллӣ, қонунгузорӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ эътироф гарданд. Ҳамин ки ҳуқуқи одамони дорои маълулият аз ҷиҳати ҳуқуқ эьтироф гарданд, судҳо, мақомоти маъмурӣ, трибуналҳои ҳарбӣ ва дар баъзе ҳолатҳо муассисаҳои ҳимояи ҳуқуқ, метавонанд қарорро дар ҳолати вайрон намудани ҳуқуқи одамони дорои маълулият пешниҳод 48 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
намоянд. Намуди воситаи ҳимояи судӣ аз он вобаста мешавад, ки кадом ноадолатиро бояд ислоҳ намуд, масалан талаб карда шавад, ки кӯдаки дорои маълулият ба мактаб қабул шавад, бинои муассисаи давлатӣ дастрас гардад, корфармо дар вақти поймол намудани ҳуқуқ, ҳангоми қабул ба кор ҷарима андохта шавад, мақомоти ҳифзи саломатӣ маҷбур карда шавад, ки харитаи суғуртаи тиббиро барорад, гунаҳкори зуроварӣ ё муомилаи дурушт ҷазо дода шавад. Механизми ғайрирасмӣ. Амалияи бевиҷдононона ва ғайриадолатнокро дар аксари вақт самаранок дар сатҳи ҷамоат бартараф кардан мумкин аст. Механизмҳои ғайрирасмии ҳимояи ҳуқуқӣ метавонанд дастрас бошанд, масалан, дар самти созмонҳои динӣ, ташкилотҳое, ки бо масъалаҳои рушд машғуланд, пешвоёни қабила, сарварони деҳот, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳо, мутахассисони соҳаи маориф ва ҳифзи саломатӣ, кормандони иҷтимоӣ ва сарварони ҳоҷагии алоҳида, яъне хонаводаҳо.
ЗАМИМАИ 28
Ҳиндустон
Адлияи ғарирасмӣ ба худ роҳ мекушояд Дар Ҳиндустон, дар штати Орисса барномаи ёрӣ ба одамони гирифтори бемории ҷузом дар сатҳи ҷамоат, бо пирони кор ва пешвоёни динӣ якҷоя фаъолият намуда роҳи ҳалли масъалаи шахсеро, ки бо сабаби гирифтори бемории ҷузом гардидан, маҷбур буд аз хона ва деҳа баромада равад, кор бурда истодаанд. Онҳо ба як қарор омаданд, ки пас аз тағйири номи динӣ ва гузаронидани маросими таҷаддуд (аз нав зиндашавӣ) ӯ метавонад ба оилаи худ зери номи нав баргардад ва дар ҳаёти ҷамоат иштирок намояд.
Механизмҳои расмӣ. Вақте ки инсон ба ҳуқуқҳои худ бо воситаҳои ғайрирасмӣ дастрас шуда наметавонад, истифодаи воситаҳои расмии ҳимояи ҳуқуқ, ба мисли даъвои судӣ зарур аст. Одатан ин қадами охирин буда, онро вақте истифода мебаранд, ки воситаҳои дигар аллакай таҷриба шудаанд, зеро амали мазкур гаронарзиш, давомнок ва машварати ҳуқуқшиноси касбиро тақозо менамояд. Барои одамони дорои маълулият, ки дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст зиндагӣ мекунанд, одатан ин танҳо бо дастгирии марказҳои ёрии ройгони ҳуқуқӣ, созмонҳои ҳимояи ҳуқуқ, ассотсиатсияи одамони дорои маълулият ё созмонҳое, ки бо масъалаҳои рушд машғуланд, имконпазир аст. Муҳим он аст, ки ҳама гуна қарор оид ба расонидани даъвои судӣ бевосита аз тарафи шахсони манфиатдор ё гурӯҳи шахсон қабул карда шавад.
АДЛИЯ
49
ЗАМИМАИ 29
Филиппинҳо
Ҷӯстуҷӯи адолат бо истифодаи ёрии ройгони ҳуқуқӣ Аксари зиёди кормандони қобилияти сусти шунавоӣ дошта, ки чун ҳисобкунаки маблағҳо дар бонк кор мекарданд, пас аз он ки бонки калон бо корхонаи асосӣ дар шаҳри Манила, мошинҳоро барои ҳисоби пул харидорӣ намуд, аз кор ронда шуданд. Бо дастгирии Федератсияи миллии созмони одамони дорои маълулияти Филиппин кормандон ба гурӯҳи ҳимоячиён (адвокатҳо) муроҷиат намуданд ва онҳо розӣ шуданд ба одамони дорои маълулият ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонанд. Пас аз чанд сол суди Олии Филиппин дар асоси қонунгузории миллӣ оид ба норавогии поймолкунии ҳуқуқи одамони дорои маълулият қарор баровард, ки аз кор озод кардани одамони дорои маълулият ғайриқонунӣ буд ва ҳуқуқи одамони дорои маълулиятро поймол намуд. Ба бонк фармуда шуд, ки ба кормандон музди кор барои ҳамаи ин солҳо пардохт карда шавад ва пас ҳамаи одамони дорои маълулият дар вазифаҳояшон барқарор карда шаванд. Ба ҷои ба кори пештараи худ баргаштан, кормандон ҷубронпулиро бо мақсади кушодани тиҷорати хурди худ истифода бурданд.
Огоҳии ҳуқуқӣ Огоҳ будан аз масъалаҳои ҳуқуқӣ асоси мубориза зидди беадолатӣ мебошад. Одамони дорои маълулият наметавонанд воситаҳои ҳимояи ҳуқуқиро ҷустуҷӯ намоянд, агар онҳо надонанд, ки ҳуқуқҳои онҳо аз нуқтаи назари қонун аз чӣ иборат мебошанд (18). Вақте ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо аз ҳуқуқҳои худ хабардор бошанд, онҳо беҳтар қобиланд, ки ин ҳуқуқҳоро ҳимоя намоянд ва ақидаи худро дар сурати вайронкунии ҳуқуқи одамони дигар мушоҳида намоянд. Ёрии ҳуқуқӣ Хароҷотҳое, ки бо тартиби муроҷиати расмии ҳуқуқӣ алоқманданд, хеле гаронанд ва одатан одамон аз дастрас намудани адолати ҳуқуқӣ даст кашанд. Пешниҳод намудани ёрии ҳуқуқӣ метавонад ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, аз ҷумла одамони дорои маълулият барои муҳофизати ҳуқуқҳои худ арз кунанд (18). Механизмҳои ёрии ҳуқуқӣ, метавонад маблағгузорӣ ва дастгириро таъмин намоянд; масалан: машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, шарҳдиҳии ҳуқуқ ва мавқеи қонунгузорӣ оид ба намояндагии одамон дар суд.Одатан таъмин намудани ёрии ҳуқуқӣ, вазифаи давлат аст, аммо дар он ҷое, ки давлат барои иҷрои вазифаҳои худ иқтидори маҳдуд дорад, созмонҳои ғайридавлатӣ сарчашмаи муҳими ёрию дастгирӣ мебошанд (18). Марказҳои ҳуқуқии ҷамоатӣ Яке аз воситаҳои пешкаш намудани хизматрасонии ҳуқуқӣ ба одамони камбизоат, ки ҳуқуқи гирифтани ёриҳои имтиёзнокро надоранд, истифодаи марказҳои ҳуқуқии ҷамоатӣ (МҲҶ) ё машваратгоҳ дар назди донишкадаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Марказҳои ҳуқуқии ҷамоатӣ одатан созмонҳои хурди ғайритиҷоратӣ мебошанд, ки доираи васеи хизматрасонии ҳуқуқиро пешниҳод менамоянд. Онҳо сарчашмаи муҳим мебошанд; кори онҳо аз пешниҳоди машварату маслиҳат ва ёрӣ, равонасозӣ ба назди мутахассис, намояндагӣ дар суд (аз рӯи зарурат) ва пешниҳод намудани 50 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
иттилоот оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дохил мешаванд. Онҳо инчунин дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, маърифатнокии ҷамоат аз рӯи масъалаҳои ҳуқуқӣ, музокирот ва коркарди чораҳои сиёсӣ (масалан, барои дастгирии рушди системаи адолати ҳуқуқӣ), инчунин дар кор оид ба ислоҳоти амалҳои ҳуқуқӣ ва идоракунӣ нақши муҳимро мебозанд. Хусусияти асосии марказҳои ҳуқуқии ҷамоатӣ, истифодаи кормадони ихтиёрӣ ҳангоми амалисозии хизматрасонӣ мебошад. Бинобар ин мафҳуми «ҷамоатӣ» дар ҳолати мазкур ба маънои «дар асоси ҷамъиятӣ амалкунанда» бо истифодаи вақти кори пардохтнашаванда ва дониши ҳимоячиёни таҷрибадор, донишомӯзон, ёрдамчиёни ҳуқуқшиносон ва дигаронро дорад. Марказҳо метавонанд ҳамкориҳоро бо ҳуқуқшиносони хусусӣ ташкил диҳанд, яъне оид ба фаъолияти бепардохт бо ҳимоячиёни хусусӣ ва инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мактабҳои олии ҳуқуқӣ қарор диҳанд.
ЗАМИМАИ 30
Эквадор
Расонидани ёрӣ ба кӯдакон бо мақсади баргаштан ба мактаб Ба духтараки наврас аз Кито, Эквадор барои таҳсил иҷозат намедоданд, чунки волидон ӯро маҷбур месохтанд, ки дар кӯча садақа талаб намояд. Модаркалони духтар аз ин хеле дар ташвиш буд. Пас аз кӯшишҳои зиёди дар дохили оила ҳал намудани, мушкилот, модаркалон ба барномаи ТСҶ барои ёрӣ дар ҳалли масъалаи мазкур, яъне ба расмият даровардани васоят аз болои наберааш муроҷиат намуд. Барнома бо мақсади дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ бо «Ҷамъияти ёрии ҳуқуқӣ» алоқа барқарор намуд, то ҷамъият ба модаркалони духтар маслиҳату машварад диҳад ва ба ҳалли масъала мусоидат намояд. Кормандон розӣ шуданд, ки бо ин масъала машғул шаванд, акнун модаркалон васии наберааш буда, духтарак аз имконияти баргаштан ба мактаб сарфароз аст.
Чорабиниҳои тавсияшаванда Барномаҳои ТСҶ метавонанд барномаю фаъолиятҳои гуногунро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва дигар тарафҳои ба масъала шавқманди ҷамъияти шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ба одамони дорои маълулият таҳия намоянд.
Рушди фаҳмиш оид ба вазъияти маҳаллӣ Барои самаранок ёрӣ расондан ба одамони дорои маълулият бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, барномаҳои ТСҶ бояд шароити маҳаллеро, ки дар фаъолият мекунанд хуб арзёбӣ ва таҳлил намоянд. Тавсия карда мешавад, ки барномаҳои ТСҶ: • сатҳи огаҳиро дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ (қонунгузории хислати умумӣ дошта ва қонунҳои бевосита ба одамони дорои маълулият дахлдоштаро) васеъ намоянд; Созмонҳои одамони дорои маълулият ва хадамоти ёрии ҳуқуқӣ ба сифати сарчашма, ба кормандони барномаҳои ТСҶ барои дуруст фаҳмидани қонунгузорӣ ёри мерасонанд; • сатҳи фаҳмишу донишро оид ба системаи истифодаи ҳуқуқии қонунгузорӣ ташаккул диҳанд; кормандони маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масалан корманАДЛИЯ 51
дони полисро ба сифати сарчашма, ки ба кормандони барномаҳои ТСҶ дар бораи ба куҷо оид ба ҷинояти содиршуда хабар додан мумкин аст, фаҳмидани он, ки кадом механизмҳо барои ҳимояи қурбонӣ ва шоҳидони ҷиноят мавҷуданд истифода бурдан мумкин аст. • сарчашмаҳои мавҷударо (ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмиро), ки дар маҳалу ноҳияҳо мавҷуданд, муайян намоянд, зеро онҳо метавонанд ба одамони дорои маълулият барои дастрас шудан ба адолати ҳуқуқӣ ёрӣ расонанд. Илова бар ин сарварони ҷамъиятӣ (ҳукумати маҳаллӣ, қабилаҳо, сарварони деҳа ва динӣ), омӯзгорон, созмонҳои одамони дорои маълулият, кормандони касбии тиб, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати кормандони суд, хадамоти ёрии ҳуқуқӣ ва марказҳои ҳуқуқӣ, низ барои дастрас шудан ба адолати ҳуқуқӣ ёрӣ расонда метавонанд.
Рушди шабакаи ҳамкорӣ ва иттиҳод бо тарафҳои ба масъала шавқманд Барномаҳои ТСҶ бояд паҳлӯ ба паҳлӯ бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон фаъолият намуда, муносибатҳои хуби шарикиро бо аъзоёни бонуфузи ҷамоат ва гурӯҳҳо ташкил диҳанд, ки ба ҳар аломати ноадолатӣ ё амалҳои ғайриқонунӣ, ки ба поймолкунии ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият нигаронида шудааст, аз назар берун намонда, ба он баҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ дода шавад.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳуқуқ Барномаҳои ТСҶ стратегияҳои мусоидат намудан ба баландсозии сатҳи огоҳии ҳуқуқиро татбиқ мекунанд; онҳо: • бо созмонҳои одамони дорои маълулият якҷоя фаъолият намуда, мутмаин бошанд, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо аз ҳуқуқҳои худ ба таври кифоя огоҳанд. • иттилоотро оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият дар шакли дастрас паҳн намуда ва чӣ тавр аз ин ҳуқуқҳо истифода бурдан лозим аст, фаҳмонанд; • дар чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият, созмонҳои ҳуқуқи башар ва гурӯҳҳои худёрирасон иштирок менамоянд; • созмонҳои одамони дорои маълулият ва созмонҳои ҳимояи ҳуқуқро, дар гузаронидани омӯзишҳо оид ба масъалаҳои маълулият барои кормандони соҳаҳои асосӣ ва шахсоне, ки дар сатҳи ҷамоат ва ноҳия барои қабули қарорҳо масъуланд, (масалан, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо, кормандони тиб ва ҳуқуқшиносон, пешвоёни дин ва тиҷорат, муаллимон, сарварони дин ва тоҷиронро) дастгирӣ мекунанд.
52
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
ЗАМИМАИ 31
Эфиопия
Ёрӣ дар таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳо Лоиҳаи таҷрибавии сесола ба ташвиқу тарғиби ҳуқуқу имкониятҳои одамони дорои маълулият дар ноҳияи Йека-Сабситии пойтахти Эфиопия шаҳри Адис-Абеба, аз тарафи созмони “Ҳандикэп интернешнл” дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии Эфиопия оид ба маълулияти зеҳнӣ ва Ассотсиатсияи ҳимоягарони Эфиопия татбиқ гардида буд. Лоиҳаи мазкур ба таъмини ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият бо мақсади паст кардани сатҳи осебпазирии онҳо аз зӯроварии шаҳвонӣ ва сирояти ВНМО/БПНМ машғул буд. Тадқиқоти ибтидоӣ оид ба масъалаҳои зӯроварии шаҳвонӣ нисбати одамони дорои маълулият муайян намуд, ки 46% пурсидашудагон ба зӯроварии шаҳвонӣ дучор гардида будаанд, 83,5% ба ягон шакли омӯзиш, ё раванди худогоҳии ҷинсӣ (ё муносибатҳои иҷтимоӣ, гендерӣ) дастрас набудаанд, 88,3% ба иттилоот нисбати маърифати ҷинсӣ, дониш дар соҳаи солимии репродуктивӣ, инчунин омӯзише, ки ба баланд бардоштани эътимоднокӣ равона шудааст, дастрас набуданд, ё ин ки аз ҷавоб гуфтан ба саволи мазкур саркашӣ мекарданд. Мусоҳибаҳо бо шахсони алоҳида ва дар гурӯҳҳои мақсаднок барои ҷамъоварии далелҳои зиёд ва равшанӣ андохтан ба хулосаҳои пурсиш, инчунин муайян намудани чораҳои мутобиқи дахолат, бо мақсади ёфтани сабабҳои амиқи табъиз ва роҳҳои ҳалли он, ёрӣ намуданд. Лоиҳа, инчунин раванди таҷдиду таҳлили қонунҳои амалкунандаи Эфиопияро дастгирӣ намуд; кормандони мақомоти адлия ва мақомоти назораткунанда, инчунин намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ ва аъзоёни ҷамоат, аз омӯзишҳо гузаштанд; системаи равонасозӣ ба назди мутахассисисони касбӣ таҳия карда шуд; дастур нисбати истифодабарандаи дӯстона бо мақсади осон намудани раванди равонасозӣ ба назди мутахассисони касбӣ таҳия ва чоп карда шуд; ва ба пешниҳод намудани машварати ройгони равонӣ ва ҳуқуқӣ инчунин муаррифии одамони дорои маълулият дар суд мусоидат карда шуд
Ҳангоми зарурат муроҷиат намудан ба механизмҳои ғайрирасмӣ Усулҳои расмии ҳуқуқии мавҷуда на ҳама вақт метавонанд механизми аз ҳама мувофиқ бошанд. Баъзан, механизмҳои ғайрирасмӣ метавонанд самараноктар бошанд ва барои аъзоёни ҷамоат одатан босуръаттар, камхароҷоттар ва дастрастар мебошанд. Намунаи чунин усулҳо, ки барномаҳои ТСҶ метавонанд ба тарзи ғайрирасмии адлия дастрас шаванд, дар зер оварда шудаанд: • бо мактабҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ намуда онҳоро барои фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба мактаб ҳавасманд гардонанд; • муроҷиат ба сарварони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва динӣ барои ҳал намудани баҳсҳои оилавӣ, масалан, баҳс оид ба ҳуқуқи издивоҷ намудан дар ҳолатҳое, ки як ё ҳарду шарик дорои маълулиятанд; • гузаронидани кор бо кооперативҳои хоҷагии деҳот барои таъмин намудани он, ки фермерҳо-одамони дорои маълулият ба манбаъи дастаҷамъии ҷамоат дастрас бошанд; • бо бонкҳо ҳамкорӣ намуда, ба мизоҷони дорои маълулият оид ба идора намудани суратҳисоби худ ва дастрасӣ ба қарзгирӣ машварату вохӯриҳо ташкил намоянд; АДЛИЯ 53
• ба духтури маҳаллӣ барои ҷалб намудани тарҷумони имову ишора ёрӣ расонанд, то аъзоёни дорои маълулияти шунавоӣ доштаи ҷамоат аз хизматрасонии тиббӣ истифода бурда тавонанд; • гузаронидани кор бо сарварони қабила ё динӣ, ва сарварони оила бо мақсади дастгирии одамони дорои маълулият ҳангоми даъвои ҳуқуқӣ ба мерос.
ЗАМИМАИ 32
Дастрасӣ ба адлия тариқи шабакаи иҷтимоии ҷамоат Марде аз Гана якҷоя бо духтари ягонаи худ умр ба сар мебурд, ки маълулияти биноӣ дошт. Вақте он мард бемор шуд, духтараш ӯро то дами маргаш нигоҳубин мекард. Ҳамин ки хешовандон аз марги ӯ огоҳ шуданд, омада ҳама ҷиҳози хона ва чизу чораашро бурданд, ба духтараш бошад таҳдид намуданд, ки аз хона меронанд. Духтарак барои машварати ҳуқуқӣ ба шабакаи иҷтимоии ҷамоат муроҷиат намуд ва дар натиҷа тавонист нафақа гирад ва амволро баргардонад, ки аз рӯи қонун ба ӯ тааллуқ дошт, аз ҷумла амволи падарашро низ.
Гана
Аз рӯи зарурат дастгирӣ намудани мурофиаи судӣ Ба барномаҳои ТСҶ муҳим аст, ки: • бо шахсони ҳуқуқии эътимодноку бовариноки ҷамоат муносибатҳои мустаҳкам ва иттиҳод созмон диҳанд; • барои муайян намудани он ки кадом санадҳои меъёриро барои мубориза бар зидди намудҳои гуногуни поймолкунии ҳуқуқ истифода бурдан мумкин аст: масалан, қарордоди маҳаллӣ, қонунгузории миллӣ ё конвенсияҳои байналмиллалӣ, пактҳо ба машварати ҳуқуқӣ муроҷиат намоянд; • эҳтиром намудани қарори одами дорои маълулият, ки барои муваффақ шудан ба суд муроҷиат намудааст; • арзёбӣ намудани хавфҳои мавҷуда барои иштирок дар мурофиаи судӣ, масалан вақт, хароҷотҳои судӣ ва мулоҳизаи бехатарӣ, махсусан дар ҳолатҳое, ки санадҳои самараноки қонунгузорӣ ва механизми ҳимоя вуҷуд надоранд; • мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба мурофиаҳои судӣ ҷалбанд, бо хавфҳои ба амалҳои ҳуқуқӣ вобаста ошно карда шудаанд; • баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ё якҷоя фаъолият намудан бо кормандони созмонҳое, ки хизматрасонии ҳуқуқиро ба табақаи камбизоаттарини ҷамоат ба ӯҳда гирифтаанд (масалан, марказҳои ҷамоат ё маркази ёрии ҳуқуқӣ, гурӯҳи ҳимоягарон, созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқ ё созмонҳое, ки бо масъалаҳои рушд машғуланд).
54
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
ЗАМИМАИ 33
Непал
Муборизаи бомуваффақият барои адолат Созмони одамони дорои маълулияти Непал ба Суди олии мамлакат нисбати Ҳукумати Непал даъво намуд, ки Ҳукумат Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро вайрон намуд, зеро маҷбур сохт кӯдакони аз ҳуруфоти Брайл истифодабаранда, имтиҳонҳои хатмкуниро дар давоми ҳамон мӯҳлате, ки барои кӯдакони маълулияти биноӣ надошта пешбинӣ намудаанд бояд супоранд. Созмон парвандаро бурид ва мутобиқи он талабот ҷорӣ гардид, ки ба кӯдакони аз ҳуруфоти Брайл истифодабаранда, ҳангоми супоридани ҳар имтиҳон ба таври илова боз 30 дақиқа вақт ҷудо карда шавад.
Библиография 1. Dhunagna BM . The lives of disabled women in Nepal: vulnerability without support. Master’s thesis, Asian Institute of Technology, Thailand, 2003. 2. Конвенсияи њуќуќњои одамони дорои маълулият . Ню-Йорк, Созмони Милали Муттањид, 2006. (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/ disability.shtml, санаи дастрасї: 16 июни с. 2010) . 3. World report on disability. Geneva, World Health Organization, 2010 (http://www. who .int/disabilities/ world_report/2011/report/en/index.html). [Бо забони русї ниг. ба.: http://www.who .int/disabilities/ world_report/2011/report/ru/index.html]. 4. Mabangwe JP. Disability to become a parent and enjoy the benefit of parenthood in the community. Community based rehabilitation, Africa network (www.afri-can .org/ MA%20DISABILITY%20AND%20 PARENTHOOD.php, accessed 17 June 2010). 5. Limaye S . Sexuality and women with sensory disabilities. In: Hans A, Patri A, eds. Women, disability and identity. London, Sage Publications, 2003. 6. The right to health (Fact Sheet No . 31). Geneva, Office of the United Nations High Commissioner for Human Rights, 2008 (www.ohchr.org/Documents/Publications/ Factsheet31.pdf, accessed 16 June 2010) . 7. Giving voice to the voiceless. A communicating for advocacy learning publication. Cambodia Health Education Media Services (CHEMS), Cambodia, Healthlink Worldwide, Health Action Information Network (HAIN), the Philippines, Social Assistance and Rehabilitation for the Physically Vulnerable (SARPV), Bangladesh, 2007 (www.healthlink.org.uk/PDFs/cfalearningpublication.pdf, accessed 17 June 2010) . 8. Singer-songwriter Stevie Wonder designated UN Messenger of Peace. UN News centre, 2009 (www. un. org/apps/news/story. asp?NewsID=33118&Cr=disable& Cr1=, accessed 17 June 2010). 9. From the field: sport for development and peace in action . Sport for Development and Peace International Working Group, 2007 (www.righttoplay.com/International/ news-and-media/Documents/Policy%20 Reports%20docs/From_the_Field_Full_ Doc_Web.pdf, accessed 16 June 2010). 10. Kidd, B . A new social movement: Sport for development and peace. Sport in Society, 2008, 11:370-380. 11. Fun inclusive: sports and games as means of rehabilitation, interaction and integration for children andyoung people with disabilities. Handicap International, Gesellschaft fur Technische ZusammenarbeitGmbH (gtz), Medico International, 2008 (www.sportanddev.org/learnmore/?uNewsID=12, accessed16 June 2010) . 12. Sport, recreation and play. UNICEF, 2004 (www.unicef.org/publications/ index_23560.html, accessed 16 June 2010) . АДЛИЯ 55
13. Lord JE, Guernsey KN, Balfe JM, Karr VL, Flowers N (eds) . Human rights. Yes! Action and advocacy on the human rights of persons with disabilities. University of Minnesota Human Rights Resource Center, 2007 (www1.umn.edu/humanrts/ edumat/hreduseries/TB6/pdfs/Manuals/final_pdf_default_withcover.pdf). 14. Баёноти умумии њуќуќњои инсон. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттањид 1948 (http://www.un.org/ru/documents/decl_conv/declarations/declhr. shtml, санаи дастрасї: 18 августи с.2010). 15. Programming for justice: access for all: a practitioner’s guide to a human rightsbased approach to access to justice. United Nations Development Programme, Bangkok, 2005 (http://hrbaportal.org/ wp-content/files/1233230279_8_1_1_resfile. pdf, accessed 8 August 2010). 16. Access to Justice and Rule of Law. United Nations Development Programme (www. undp.org/ governance/focus_justice_law.shtml, accessed 8 August 2010). 17. Chapter six: from provisions to practice: implementing the Convention: legal capacity and supporteddecision-making . In: Handbook for parliamentarians on the Convention on the Rights of Persons with Disabilities . UN Enable (www.un. org/ disabilities/default. asp?id=212), accessed 1 July 2010). 18. Access to justice: practice note. United Nations Development Programme, 2004, (www.undp . org/governance/docs/Justice_PN_English.pdf, accessed 16 June 2010).
Адабиёти тавсияшаванда Griffo G, Ortali F, eds. Training manual on the human rights of persons with disabilities . Bologna, AIFO, 2007 (www.aifo .it/english/resources/online/books/cbr/manual_human_ rights-disability-eng07 .pdf, accessed 16 June 2010). International Committee of Sports for the Deaf: www. deaflympics .com (accessed 16 June 2010). International Sports Federation for People with Intellectual Disability: www.inas-fid.org (accessed 16 June 2010). International Paralympic Committee: www.paralympic.org (accessed 16 June 2010). Harnessing the power or sport for development and peace: recommendations to governments. Right to Play, 2008 (www.righttoplay.com/International/news-and-media/ Documents/Final%20Report%20revised%20 2010.pdf, accessed 16 June 2010). Special Olympics International: www. specialolympics .org (accessed 16 June 2010). Thomas M, Thomas MJ . Addressing concerns of women with disabilities in CBR. UN ESCAP Workshop on Women and Disability. Bangkok: Thailand, 2003 (www.worldenable. net/wadbangkok2003/paperthomas. htm, accessed 17 June 2010). UNESCAP. Focus on ability, celebrate diversity: highlights of the Asian and Pacific Decade of Disabled Persons, 1993-2002. Social Policy Paper No. 13, 2003 (www.unescap. org/ esid/psis/publications/spps/13/Focus-T. pdf, accessed 16 June 2010) United Nations Sport for Development and Peace: www.un. org/themes/sport/ (accessed 16 June 2010) .
56
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ
ТОҶИКӢ
МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо
Идоракунии саломатӣ
Кӯдакии бармаҳал
Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила
Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон
Пешгирӣ
Ибтидоӣ
Худшуғлбудан
Кӯмаки тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ
Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Барқарорсозӣ
Ғайрирасмӣ
Асбобҳои ёрирасон
Таҳсил дар давоми ҳаёт
Ҳифзи иҷтимоӣ
Ташкилотҳои маълулон
Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон
Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72
Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.
1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо.
Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.
© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.
Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.
Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.
Қисми «Васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо»
МУНДАРИҶА Сарсухан .......................................................................3 Таблиғу ҳимояи ҳуқуқ ва муошират............................ 10 Сафарбарнамоии ҷамоат............................................19 Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ.......................................... 28 Гурӯҳҳои худёрирасон................................................ 35 Созмонҳои одамони дорои маълулият...................... 49
САРСУХАН
1
2
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Муқаддима «Васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо» - қисмати хотимавии матритсаи барномаи тавонбахшии саломатӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) ва яке аз мавзӯъҳои фаъолияти байни соҳавӣ аст. Дар сурате, ки чор қисми аввали матритса ба соҳаҳои асосии рушд (ба монанди, тандурустӣ, таълим, худтаъминкунӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ) бахшида шудаанд, қисми панҷуми он ба муҳимияти пурқувватгардонии одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаи онҳова ҷамоатҳо бо мақсади раҳнамоии раванди фарогирии масъалаҳои маълулият дар ҳар як соҳа ва мутмаин будан, ки ҳар кас ба ҳуқуқ ва имтиёзҳои худ дастрасӣ дошта бошад, бахшида шудааст. Истилоҳи «empowerment» (васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо) дар ҳар гуна матнҳо маънои гуногун дорад ва бо мушкилӣ ба дигар забонҳо тарҷума мегардад.Тавсифи соддаи маънои «empowerment»: баён кардани нуқтаи назари худ ва расониданион ба дигарон, мустақил будан, мустақилона қабул намудани қарор, худро идора карда тавонистан ё зери назорат гирифтани ягон чиз, озод ва мустақил будан, қобилияти мубориза бурдан барои ҳуқуқҳои худ ва дигарон, соҳиби эҳтиром будан ва эътироф гардидан чун инсон ва шаҳрванди комилҳуқуқе, ки қудрати ба ҷомеа саҳмгузориро дорад (1,2). Аксарияти барномаҳои ТСҶ ба намунаи (модели) тиббӣ диққати асосӣ медоданд, яъне пешниход намудани тавонбахшии саломатӣ ба шахсони дорои маълулият бе ягон талабот ба ивази он.Чунин муносибат ҳарчанд барои шумораи зиёди одамони дорои маълулият натиҷаҳои мусбӣ оварда бошад ҳам, лекин он ба рушди намунаи (модели) тобеият мусоидат намуд, яъне тафаккури «пешниҳод кардан – қабул намудан». Васеъкунии ҳуқуқу имконият дар он ҳолат сар мешавад, ки фарди алоҳида ё гурӯҳи одамон дарк мекунанд, ки онҳо вазъияти худро дигаргун карда метавонанд ва ба дигаргунӣ оғоз мекунанд. Ҷараёни мазкур, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва рушди малакаю маҳорат ва иқтидорҳоеро талаб мекунад, ки он ба васеъккунии сатҳи иштирок дар ҷомеа, дастрас кардани қудрати бештар дар қабули қарорҳо, назорат ва амалиётҳо бо мақсади ноил шудан ба дигаргунию тағйирот мусоидат менамояд (2). Одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаи онҳо ва ҷамоатҳо дар барномаи ТСҶ ҷойи марказиро ишғол менамоянд. Дар дастури мазкур гузариш аз модели анъанавии ТСҶ ба модели рушди фарогир дар сатҳи ҷомеа таблиғ карда мешавад. Барои ҳар як барномаи ТСҶ нуқтаи асосӣ бояд аз васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият , аъзоёни оиЊељ чиз дар бораи мо ва бидуни мо лаи онҳо ва ҷомеа оғоз ёбад, зеро он барои ноилшудан ба мақсадҳои интиҳоии чашмдошт ва таъмини устувории онҳо ёрӣ мерасонад.
САРСУХАН
3
ЗАМИМАИ 1
ҶУМҲУРИИ МАЛАВИЯ
Назаррас, шунаво, фаъол Шӯрои ҷумҳуриявии кор бо одамони дорои маълулият зерсохтори Вазорати кор бо одамони дорои маълулият ва кӯҳансолон буда, барои татбиқи барномаи миллии тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) масъул мебошад. Шӯро дар якҷоягӣ бо дигар вазоратҳо ба монанди, вазорати тандурустӣ, маориф, молия, банақшагирии иқтисод, муносибатҳои гендерӣ, рушди кӯдакон ва рушди ҷамоат, ғайр аз он бо Федератсияи ҷамъияти одамони дорои маълулияти Малавия, созмонҳои «Миссияи Кристоффел Блинден», ва «Муҳофизон барои таъмини биноӣ интернешнэл» ва Ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти Норвегия фаъолият менамояд. Дастури раҳнамои намунавии ТСҶ, бо истифода аз бандҳои Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва талаботи даҳсолаи Африко оид ба кор бо одамони дорои маълулият чорчӯбаи асосии сохтори барномаи миллии ТСҶ- ро таҳия намуданд. Ҳукумати Малавия барномаи ТСҶ-ро ҳамчунмуносибати афзалиятнок барои фарогирии одамони дорои маълулият дар тамоми ҷумҳурӣэътироф намуд.Шӯрои ҷумҳурии кор бо одамони дорои маълулият барои татбиқ намудани қисматҳои матритсаи ТСҶ «Саломатӣ», «Маориф» ва «Худидоракунӣ» масъул аст. Ғайр аз он, ӯ дар якҷоягӣ бо Федератсияи ҷамъияти одамони дорои маълулият дар Малавия, бо дигар созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва Созмонҳои одамони дорои маълулият дар татбиқи қисматҳои «Масъалаҳои иҷтимоӣ» ва «Васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо» иштирок менамояд. Ин ду созмони номбурда ва шарикони онҳо новобаста бо одамони дорои маълулият дар сатҳи минтақаҳо оид ба васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо фаъолият мекунанд. Васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо дар ҷамоатҳо аз маъракаҳои иттилоотӣ-тарғиботӣ, сафарбарнамоии ҷамоатҳо, муттаҳид намудани одамони дорои маълулият дар созмонҳо ва ташкили кумитаи одамони дорои маълулият оғоз меёбад. Пас аз он, намояндаҳои кумита бо мақсади беҳтар фаҳмидани мафҳумҳои ТСҶ ва фарогирӣ, гузаронидани музокираҳо бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дастрасӣ ба манфиатҳои чорабиниҳои ба самти рушд равонашуда, ба омӯзишҳо даъват карда мешаванд. Ҳамин тавр, одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва имкониятҳои дарёфти воситаҳои зиндагонӣ (худтаъминнамоӣ) дастрасӣ пайдо менамоянд; акнун онҳоро ҳама мушоҳида мекунанд (мебинанд), нуқтаи назари онҳоро ба инобат мегиранд ва онҳо фаъолмешаванд, ва метавонанд дар зиндагии ҷамоат иштирок намуда, ба имкониятҳои баробар ва баланд бардоштани сатҳи боварӣ нисбати худ ноил гарданд. Арзёбии ба қарибӣ аз тарафи ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти Норвегия гузаронда, нишон дод, ки ҳарчанд Шӯрои ҷумҳурии Малавия дар татбиқи панҷ қисми матритсаи ТСҶ иштирок намояд ҳам, диққати асосӣ ва нуқтаи асосии ҷалб кардани ӯ аз қисмати «васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият, алал хусус дар самти сиёсат ва иқтисодиёт» оғоз мешавад. Ғайр аз ин, маълум гардид, ки барномаи ТСҶ-и Малавия босамар ва муфид мебошад, зеро, он диққати вазоратҳои гуногун, созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятии одамони дорои маълулиятро муттаҳид менамояд.
4
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Мақсад Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо мустақилона қарорҳо мебароранд ва барои тағйир додани шароити ҳаётии худ ва ҷамоаташон масъулият ба дӯш мегиранд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаи ТСҶ аз расонидани ёрӣ ба раванди васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо ба воситаи ҳавасмандкунӣ, фаъолона дастгирӣ намудани иштироки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ҳалли масъалаҳое, ки ба зиндагии онҳо дахолат доранд, иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият метавонанд қарорҳои ҳаматарафа мулоҳиза карда қабул намоянд. • Одамони дорои маълулият фаъолона дар зиндагии оилаҳои худ ва ҷомеа иштирок мекунанд ва саҳми худро мегузоранд . • Монеаҳо дар дохили ҷомеа бартараф карда шуда, одамони дорои маълулият ҳамчун инсонҳои дорои салоҳияту қобилиятҳои гуногуни муайян шинохта мешаванд. • Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо метавонанд аз манфиатҳоирушд ва хизматрасониҳо дар ҷомеаи худ истифода баранд. • Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо муттаҳид мешаванд, гурӯҳҳо ва созмонҳои худро барпо мекунанд, барои ҳалли мушкилиҳои умумӣ фаъолият мекунанд.
Мафҳумҳои асосӣ Маҳдуд кунии ҳуқуқ ва имкониятҳо Аксарияти одамони дорои маълулият дар оила ва ҷамоатҳои худ бо маҳдудияти ҳуқуқҳо ва имкониятҳои худ дучор мешаванд. Одатан, аъзоёни оила одамони дорои маълулиятро дастгирӣ намуда, қисми зиёди корҳоро ба ҷои онҳо иҷро мекунанд, айни замон онҳоро метавонанд аз ҳаёт ва фаъолиятҳои ҷамоат бо сабаби табъизи ҳуқуқҳо ва лақабгузорӣ маҳрум намоянд. Ин далели он аст, ки одамони дорои маълулият имконият ва интихоби ниҳоят маҳдуд доранд; онҳо чун қурбонӣ ва фарди барои дилсӯзӣ ниёздошта, на ҳамчун шахсони амалкунандае, ки метавонанд ба ҳаёт тағйирот ворид намоянд, қабул карда мешаванд. Муносибати манфӣ ва интизориҳои паст боиси пайдо шудани ҳиссиёти беҳуқуқӣ, ва гӯё надоштани қобилият барои иҷрои ягон кор ё тағйир додани ҳаёти худ, ҳиссиёти ношоямӣ ва ноӯҳдабароӣ, инчунин қадр карда натавонистани манзалати худ оварда мерасонад. Маҳз ҳамин таҷрибаи маҳдудиятҳои номбурда барои ёфтани роҳу усулҳои азхудкунии малакаҳои пурқувватгардонии ҳуқуқ ва имкониятҳо водор месозанд.
Васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо ва ҳавасмандкунӣ Васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо – ҷараёни мураккаб мебошад. Он наметавонад якбора пайдо шавад ё ба ягон кас тӯҳфа шавад (2). Дигаргунӣ дар ҳаёти одамони дорои маълулият ҳамон вақт оғоз мешавад, ки онҳо тафаккури худро дигаргун мекунанд, яъне гузаштан аз мавқеи қабулкунандаи ғайрифаъол ба мавқеи фаъол ва саҳмгузор. Чунин тағйирёбии тафаккур барои бартараф намудани муносибату монеаҳои равонӣ, ба таври расмӣ қабулшуда ва ҷисмонӣ, ки мумкин аст дар сатҳи САРСУХАН 5
ҷамоат мавҷуд бошад, аҳамияти калон дорад. Барномаҳои ТСҶ метавонанд раванди мазкурро раҳнамоӣ намоянд, масалан ба воситаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, пешниҳоди иттилооти гуногун, рушди малакаҳои зарурӣ ва таблиғу тарғиби иштироки васеъ ва фаъолона, ки ба сахттар намудани худназоратӣ ва қабули қарорҳо мусоидат менамояд.Тавсияҳои мазкур дар ҳамаи қисматҳои Дастури ТСҶ зикр гардидаанд.
Огоҳӣ, бохабар будан Бохабарбудан ин сатҳи фаҳмиши одамони алоҳида дар бораи мавқеи худ дар ҷамъияте, ки дар он зиндагонӣ мекунанд, мебошад. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии одамон барои мушоҳида намудани зарурат ва имкониятҳои воридсозии тағйирот ёрӣ мерасонад. (3). Баланд бардоштани сатҳи огоҳии оилаҳо ва ҷамоатҳо оид ба масъалаҳои ба одамони дорои маълулият ва ҳуқуқҳои онҳо вобаста метавонад, инчунин дар бартараф намудани монеаҳое, ки дар назди онҳо меистад, мусоидат намоянд, то онҳо барои иштирок намудан дар ҳаёти ҷамъият ва қабули қарорҳо озодии бештар дошта бошанд.
Иттилоот Иттилоот ин қувва ва яке аз фаъолиятҳои асосии барномаи ТСҶ оид ба паҳн намудани маълумот мебошад. Чӣ қадар, ки шахс камбизоат бошад, ҳамон қадар имконияти дастрасии ӯ ба дониши заминавӣ оид ба ҳуқуқу имтиёзҳо кам мешавад; пешниҳоди иттилоот ба одамон имконият медиҳад, ки малакаҳои худро беҳтар истифода бурда, ба хизматрасониҳо, амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ, бомуваффақият бурдани музокираҳо дастрас шуда, инчунин ба он муваффақ шаванд, ки шахсони масъул оид ба фаъолиятҳои худ ҳисобот диҳанд. Одамони дорои маълулият то он даме, ки иттилооти мувофиқро саривақт ва дар шакли фаҳмо ба даст наоваранд, наметавонанд ба чорабиниҳои мувофиқ шурӯъ кунанд ва ба амалӣ шудани дигаргунӣ ё тағйирот ноил гарданд (1) .
Барпокунии иқтидор Одамони дорои маълулият ба гурӯҳи муайяни малака ва донишҳое ниёз доранд, ки ба онҳо барои фаъолона ва пурмазмун дар ҳаёти оилаҳои худ ва ҷамоат иштирок ва саҳмгузорӣ намудан имконият медиҳад. Азхудкунии малакаю донишҳо метавонад сатҳи худбоварию худбаҳодиҳӣ ва эътирофи қадру манзалати худро баланд бардорад, ки он яке аз қисмҳои муҳими раванди васеъкунии ҳуқуқ ва имкониятҳо мебошад.
Дастгирӣ аз тарафи дигар одамони дорои маълулият Аксарияти одамони дорои маълулият тасаввур мекунанд, ки танҳо онҳо бо ин ё он мушкилиҳои махсус рӯ ба рӯ мешаванд, вале вақте, ки бо дигар одамони мушкилиҳои монанд дошта вомехӯранд, ба онҳо маълум мегардад, онҳо танҳо нестанд ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳоро дар якҷоягӣ ёфтан мумкин аст. Якҷоя будан ва якҷоя амал кардан ба паст кардани сатҳи истисношавӣ ва канорамонӣ, ва баланд намудани сатҳи дастгирии якдигар ёрӣ мерасонад (ниг. ба қисми «Гурӯҳҳои худёрирасон» ва «Созмонҳои одамони дорои маълулият», ки дар зер оварда шудаанд). Иштирок дар ҳаёти ҷамоат Вақто, ки шахс ба ҳаёти ҷамъият саҳмгузор аст, ӯ эътирофи ҷамъиятро ба даст меорад ва ин дар раванди васеъкунии ҳуқуқ ва имкониятҳо аҳамияти калон дорад. Одамони дорои маълулият метавонанд дар сатҳҳои гуногуни ҳаёти ҷамъият иштирок ва саҳми босамар гузоранд. Масалан, дар сатҳи хонавода онҳо метавонанд 6 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
дар фаъолиятҳои зиёд иштирок намоянд, ғамхорӣ нисбати дигар аъзоёни оила, нигоҳубини ҳайвонот, овардани об, тайёр намудани хӯрок, рӯбучини хонаю ҳавлӣ; дар сатҳи ҷамоат бошад, расонидани ёрии дӯстона ба дигар одамоне, ки ба наздикӣ дорои маълулият гардидаанд, инчунин аъзо шудан ба сафи гурӯҳҳо ё созмонҳо. Иттиҳод ва шарикию ҳамкориҳо Бинобар кам будани шумораашон одамони дорои маълулият, бо дигар гурӯҳҳое иттиҳод ва шарикию ҳамкориҳо мебанданд, ки мақсадҳои якхеларо дар соҳаи фарогирӣ ва рушд ҷорӣ менамоянд. Фарогирӣ дар он ҳолат самаранок мешавад, ки дар он дигар гурӯҳҳо низ иштирок намоянд. Фаъолиятҳои якҷоя ва татбиқи чорабиниҳои гуногун ба баланд бардоштани нақш ва ҳисси соҳибияти ҷамоат мусоидат мекунад.
ЗАМИМАИ 2
ҶУМҲУРИИ ФИЛИППИН
Мила намунаи ибрат ва пайравии хуб нишон медиҳад Мила, духтари филиппинӣ бо бемории модарзодии сутунмӯҳра, ки ба фалаҷи қисмҳои поёнии бадан ва баъзан ба маълулияти ақлонӣ меоварад таваллуд шудааст. Ҳанӯз дар кӯдакӣ ӯ фаҳмид, ки чӣ қадар иллатҳои вай ба зиндагиаш таъсири сахт мерасонад. Сатҳи худбоварӣ ва худбаҳодиҳию устувории ман хеле паст буд, нақл мекунад Мила. – Ман беист аз худ суол мекардам: Барои чи ман? Ҳатто, фикри худкушӣ низ ба сарам меомад. Бо мурури замон ман бо камбудиҳои ҷисмонии худ зиндагӣ кардан ва аз малакаҳои худ истифода бурдан одат кардам. Бо дастгирии лоиҳаи ТСҶ ва ёрии пулии «Хазинаи Симон аз Кирена» мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва курсҳои омӯзиши муҳосибиро хатм намудам (соли 2007). Пас, аз он ман дар омӯзиш оид бамасъалаҳои рушди худ ва малакаҳои роҳбарӣ иштирок намудам. Аз ҳамон вақт зиндагонии ман дигаргун шуд. Ман як шӯъбаи созмони одамони дорои маълулиятро дар музофоти Албай роҳбарӣ мекунам. Сатҳи худбоварию устуворӣ ва тағйир додани тарзи фикрронӣ ба ман имконият доданд, ки ҳақиқати воқеъии маълулиамро комилан арзёбӣ ва эътироф намоям. Ман аз гӯшанишинии худ баромадам ва ҳоло ҳаракат мекунам, ки барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ бошам. Аввалин, чизе, ки мо метавонем ба дигарон тӯҳфа намоем, барои онҳо намуна будан аст. Дорои маълулият будан набояд ба одам барои бадаст овардани мақсадҳояш монеъ шавад».
Бобҳои қисмати мазкури дастур Таблиғ ва ҳимояи ҳуқуқ ва муошират Боби мазкур дар бораи таблиғи худмуҳофизаткунӣ буда, маънои онро дорад, ки одамони дорои маълулият аз номи худ ва ба ҳимояи ақидаҳои худ, инчунин муоширату робита, яъне тарзи фиристодан ва қабули иттилоот, ки барои ҳудҳимоянамоӣ аҳамияти калон дорад, баромад менамоянд. Ҳар дуи ин далелҳо дар ҳолати раҳнамоии раванди пурқувватгардонии одамони дорои маълулият бояд ба инобат гирифта шаванд:онҳо одамони дорои маълулиятро бо оилаи худ ва ҷамоатҳо мепайванданд, ба онҳо имконияту иқтидори интихоб намудан, фикри худро баён намудан ва қабули қарорҳое, ки дар навбати худ, сатҳи устуворӣ ва худбаҳодиҳиро баланд мегардонад, таблиғу рӯҳбаланд менамоянд. Барномаҳои ТСҶ дар гузаронидани кор бо одамони дорои маълулият бо мақсади такмил додани қобилиятҳои онҳо барои муошират ва ҳамкорӣ бо дигар одамон, ки дар охир ба аз худкунии малакаю қобилиятҳои худмуҳофизатнамоӣ оварда мерасонад, нақши муҳим мебозад.
САРСУХАН
7
Сафарбаркунии ҷамоат Иштироки ҷамоат дар комёбшавии барномаҳои ТСҶ нақши калон мебозад ва сафарбарии ҷомеа стратегияе мебошад, ки онҷалб намудани аъзоёни ҷамоат ва васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо бо мақсади воридсозии тағйирот ва иҷрои амалҳо равона карда шудааст. Стратегия мазкур дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст зуд-зуд бо мақсади ҳалли мушкилиҳои рушди ҷамоат ба корбурда мешавад, он инчунин аз тарафи барномаҳои ТСҶ бо мақсади пурқувватгардонии ҷамоатҳо барои ёфтани роҳҳои қонеъ гардонидани талаботи одамонидорои маълулият ва оилаҳои онҳо истифода мешавад.
Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Тарғибу ташвиқи иштироки одамони дорои маълулият дар ҳаёти сиёсӣ муносибати хелемуҳим дар васеъкунии ҳуқуқ ва имкониятҳо мебошад. Қабули қарорҳо дар сиёсат нақши асосиро мебозад, бинобар ин, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ба одамони мушкилӣ дошта имконият медиҳад, ки дар маркази қабули қарорҳо ва таъсиррасонӣ ба дигаргунӣ ва тағйиротҳо бошанд. Роҳу усулҳои зиёд мавҷуданд, ки бо истифодаи онҳо одамон дар сиёсат иштирок менамоянд, аз он ҷумла, иштироки расмӣ (масалан, сиёсати ҳизбӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ ва миллӣ) ва ғайрирасмӣ (масалан, дар баҳсҳои сиёсӣ бо дӯстон ва аъзоёни оилаҳои онҳо). Дар боби мазкур,роҳҳои амалии таъмини, он ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо метавонанд ба раванди қабули қарорҳо таъсир расонанд ва ба ҳуқуқҳою имкониятҳои баробар ноил гарданд, дида баромада мешавад.
Гурӯҳҳои худёрирасон Гурӯҳҳои худёрирасон, ин муттаҳидшавии ғайрирасмии одамонест, ки барои ҳалли амалҳои муайян ё ҳалли мушкилиҳои умумӣ муттаҳид мешаванд. Барномаҳои ТСҶ дар фаъолияти худ бояд аз чорчӯбаи манфиатҳои шахси алоҳида бароянд ва одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳоро барои ташкили гурӯҳҳои худёрирасон ташвиқу тарғиб намоянд, ё ба гурӯҳҳои мавҷуда аъзошуда дар фаъолиятҳои онҳо иштирок намоянд. Иштирок дар гурӯҳи худёрирасон метавонад шаффофияти фаъолиятҳоро бо одамони дорои маълулият дар ҷамоати худ беҳтар гардонад, дастгирии дутарафа ва истифодаи якҷояи захираҳоро таъмин намуда, барои ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилиҳо якҷоя баромад намоянд, ки он бабаланд бардоштани қобилияту худбаҳодиҳӣ мусоидат менамояд. Маҳз ба воситаи гурӯҳҳои худёрирасон ТСҶ метавонад ба аксари мақсадҳо ноил гардида, ҷараёни васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳоро роҳнамоӣ намояд. Дар ин боб диққати асосӣ ба он ҷудо карда шудааст, ки чи тавр барномаҳои ТСҶ метавонанд раванди ташкили гурӯҳҳои худёрирасонро дастгирӣ намуда таъсиси гурҳҳои ёрирасонро осон гардонад.
Созмонҳои одамони дорои маълулият Онҳо одатан дорои структураи расмӣ мебошанд ва чорабиниҳои васеъро амалӣ менамоянд, аз он ҷумла ҳимояи ҳуқуқҳо ва намояндагӣ. Дастгирии созмону ит8 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
тиҳодҳо яке аз роҳҳои васеъкунии ҳуқуқ ва имкониятҳои одамони дорои маълулият мебошад. Дар ҷамоатҳое, ки барномаҳои ТСҶ ва созмони одамони дорои маълулият мавҷуданд, онҳо бояд якҷоя амал намоянд. Агар созмони одамони дорои маълулият набошад, пас барномаи ТСҶ бояд барои дар сатҳи ҷамоат ташкил намудани он ёрӣ расонад. Дар боби мазкур ба таври самаранок ташкил намудани он нишон дода шудааст.
САРСУХАН
9
Тарғибу ҳимояи ҳуқуқ ва муошират Муқаддима Масъалаи тарғибу ташвиқ барои ноил шудан ба адолати иҷтимоӣ, чун фаъолият дар ҳама қисматҳои дастури ТСҶ тавсия шудааст. Фаъолияти мазкур бо истифодаи усулу роҳҳои гуногун аз тарафи одамони гуногун, амалӣ мегардад: масалан, аъзоёни гурӯҳи худёрирасон ё созмони одамони дорои маълулият метавонанд дар якҷоягӣ фаъолиятҳои тарғиботиро барои таъсир расонидан ба қабулкунандагони қарорҳо бо мақсади ноил шудан ба тағйирот ва таъмини сиёсату барномаҳои фарогир барои одамони дорои маълулият ташкил намоянд. Вале қобили қайд аст, ки боби мазкур диққати асосиро ба тарғибнамоӣ барои худ, яъне баромад намудан аз номи худ ба ҳимояи худ бахшида шудааст. Босамар ва муваффақ будани раванди тарғибу ташвиқ аз муҳимияти паёме, ки муҳокима ва шунида мешавад, вобастагӣ дорад. Мутаасифона,қисми зиёди одамони дорои маълулият дар муошират мушкилӣ доранд, бинобар ин аксар вақт овози онҳо шунида намешавад ва онҳо барои таъсир расонидан ба қабули қарорҳо, сиёсат ва хизматрасониҳо, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонад, имконияти нокифоя доранд (4). Дар Конвенсия оид ба ҳуқуқи одамони дорои маълулият муҳимияти муошират барои одамони дорои маълулият махсус қайд карда шудааст. Моддаи 9 давлатҳо-иштирокчиёни Конвенсияро даъват менамояд, ки дастрасии одамони дорои маълулият дар асоси баробарӣ бо дигарон ба «....иттилоот ва муоширату алоқа, бо иловаи технологияҳо ва системаҳои иттилоотӣ ва муоширатӣ...», таъмин карда шаванд, ва Моддаи 21 ҳуқуқи «......озодона баён намудани фикр ва ақида, ҳамчунин озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани маълумот ва ақидаҳоро дар асоси баробарҳуқуқӣ бо дигарон ва ба воситаи истифодаи ҳамаи шаклҳои муошират аз рӯи интихобашонро.....», тасдиқ мекунад (5). Таблиғи ҳуқуқҳои худ ва муоширати сифатнок қисми асосии раванди таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият мебошад. Боби мазкур муҳимияти ҳар яке аз ҷанбаҳои номбаршударо махсус қайд карда, тавсияҳои умумиро пешниҳод менамояд, ки онҳоро барномаи ТСҶ метавонад амалӣ намояд.
10
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
ЗАМИМАИ 3
ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
Роҳи Ханса ба ҳаёти самаранок Ханса дар оилаи деҳқон, дар деҳаи дурдасти Дханкии аёлати Гуҷарати Ҷумҳурии Ҳиндустон таваллуд шудааст, волидони ӯ коргарони кирояанд ва воситаҳои зиндагиро аз фаъолиятҳои ҳаррӯза дастрас менамоянд.Ханса дорои маълулияти биноӣ, шунавоӣ ва ақибмонӣ аз рушд аст. Дар деҳа ба ӯ лақаби , «Лаънаткардаи худо» гузошта буданд. Аҳолии деҳа хонаи онҳоро давр зада, аз рӯ ба рӯ шудан ба аъзоёни оила канораҷӯӣ мекарданд. Ҳатто, чунин ҳисоб мекарданд, ки вохӯрдан бо аъзоёни ин оила дар саҳро ё дар хонаи дигар деҳқонон гӯё сабабгори нохушӣ мегардад. Азбаски, ризқу рӯзии хонаводаи Ханса аз ёфтани фаъолияти ҳаррӯза вобаста буд, лақабгузорӣ ва табъиз нисбати духтарча ҳамчун бори гарони вазнин ба тамоми оила бор буд. Мавқеи Ханса ва аъзоёни оилаи ӯ танҳо ҳамон вақт дигаргун шуд, ки корманди ТСҶ ба хонаи онҳо ташриф овард. Корманди мазкур малакаҳои зарурии кор кардан бо одамони дорои маълулиятро дар омӯзишҳои созмони «Сенс интернэшнел»аз худ карда буд. Вай ба хонаи Хансаи но мунтазам омада, ба вай барои кашфи муҳити атроф ба воситаи бозӣ ва фаъолиятҳои гуногун ёрӣ мерасонд. Пас аз чанд вақт Ханса каму беш ҷавоб медодагӣ шуда ба аз худкунии баъзе малакаҳои зарурӣ ноил гардид. Ӯ бо забони имову ишора муошират кардан, бо ёрии мӯҳраҳо ҳисоб кардан ва татбиқи амалҳои оддии арифметикиро аз худ намуд. Ӯ ба модараш дар корҳои рӯзғор ёрӣ медодагӣ шуд. Аз як кӯдаки жулидамӯй ва гӯшанишин, Ханса ба навраси озода ва нисбати худ боэътимод мубаддал гашт. Ба сокинони деҳа барои тағйир додани нуқтаи назари худ нисбати Ханса як муддати муайян лозим буд ва бо гузашти вақт эътирофи духтарак назаррас гардид. Фермерҳо аз нав волидони Хансаро барои кор киро мекарданд ва ба мавҷудияти малакаю қобилиятҳои гуногуни духтарча низ аҳамият медодагӣ шуданд. Ҳоло ӯ дар саҳро кор карда ба даромади оилавӣ саҳмгузор аст. Аъзоёни оиларо боз ба чорабиниҳои иҷтимоӣ ва ҷамоатӣ таклиф мекунанд. Ханса бошад, як гурӯҳ дӯстонро аз ҳисоби ҳамсолонаш пайдо кардааст.
ТАРҒИБУ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚ ВА МУОШИРАТ
11
Мақсад Одамони дорои маълулият қобилияти ҳимояи манфиатҳои худро доранд.
Нақши барномаи ТСҶ Нақши барномаи ТСҶ аз дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади рушди малакаҳои ҳимояи манфиатҳои худ ва муошират, ва таъмини имкониятҳои мувофиқ ва дастгирӣ, ки ба онҳодар қабули қарорҳо ва ифшои самараноки эҳтиёҷоту хоҳишҳояшон ёрӣ мерасонад, иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо маълумот ва воситаҳоиҳои муоширати беҳтарро истифода мебаранд. • Монеаҳо барои муошират, ки дар назди одамони дорои маълулият меистад, кам ва барҳам дода шудаанд. • Одамони дорои маълулият ва оилаи онҳо намояндагии худашонро дар ҷамоат таъмин менамоянд. • Кормандони барномаи ТСҶ чун муоширатчиёни фаъол шинохта шудаанд ва иттилооти мавҷударо боҳамаи тарафҳои манфиатдор бо иловаи одамони дорои маълулияти ба нутқ вобаста мубодила мекунанд.
Мафҳумҳои асосӣ Ҳимояи (таблиғи) манфиатҳои худ чист? Аксари одамон ҳамарӯза ҳимояи манфиатҳои худро барои қонеъ гардонидани талаботи шахсии худ истифода мебаранд. Дар ин ҷо ҳимояи (таблиғи) манфиатҳои худ гуфта, маънои баён карда тавонистани фикри худ, дар назар дошта шудааст, ки он аз донистан ва ҳимоя карда тавонистани ҳуқуқ ва вазифаҳои худ, имконияти интихоб, инчунин, қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои ба ҳаёти худ вобаста иборат аст.
Барои чӣ ин муҳим аст? Таблиғу ҳимояи манфиатҳои худ қисми асосии раванди баланд бардоштани салоҳият ва имкониятҳо мебошад. Аз аксари одамони дорои маълулият дар давоми зиндагиашон касе нуқтаи назари онҳоро намепурсад ва доимо ба онҳо нишон медиҳанд, ки чӣ кор кардан лозим аст. Қарорҳои ба ҳаёти онҳо дахлдор асосан аз тарафи дигарон қабул карда мешаванд. Пас аз ба даст овардани малакаҳои таблиғу ҳимояи манфиатҳои худ, одамони дорои маълулият имконияти дифоъ кардан аз ҳуқуқҳои худро пайдо мекунанд, зиндагонии худро идора намуда, қарорҳои аз ҳама барои худ мувофиқу мусоидро қабул менамоянд. Таблиғу ҳимояи манфиатҳои худ метавонад барои одамони дорои маълулият хеле оддӣ бошад, ба монанди интихоб намудани ғизо барои хӯрдан, кадом либосро пӯшидан ё агар сатҳи баландтарро гирем он маънои озодона изҳори фикру ақида намудан оид ба масъалаҳои барои онҳо муҳим, масалан, дар бораи сифати хизматҳое, ки ба онҳо расонда мешавад ва ғайра.
12
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
ЗАМИМАИ 4 Таблиғу ҳимояи самараноки манфиатҳои худ Кӯдакони дорои маълулият дар раванди мубоҳисаю музокираҳо оид ба таҳияи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият нақши муҳим бозиданд. Дар моҳи январи соли 2006 дар раванди даври шашуми гуфтушунидҳо, гурӯҳи кӯдакон аз Ҷумҳуриҳои Халқии Бангладеш, Чин ва Шоҳигарии Британияи Кабир ба НьюЙорк сафар карданд, то ин ки нуқтаи назари худро оид ба зарурати ворид намудани чораҳои махсус дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, ба Конвенсия баён намоянд. Дар баёнияи васеи хаттии худ онҳо зарурати хотима бахшидан ба масъалаи ҷойгирнамоии кӯдакони дорои маълулият ба муассисаҳои шакли пӯшида, мубориза зидди хушунату табъиз нисбати онҳо ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳоро таъкид намуданд. Дар маросими ба имзо расидани Конвенсия дар моҳи марти соли 2007, ду нафар ҷавонон, фаъолони ҳаракати одамони дорои маълулият аз Никарагуа ва Арманистон ба вакилон хотиррасон намуданд, ки дар вақти амалигардонии Конвенсияи нав ба вазъияти кӯдакони дорои маълулият диққати махсус дода шавад. Иштироки ин ду ҷавон бори дигар нишон дод, ки кӯдакони дорои маълулият метавонанд, чун ҳомиёни самараноки ҳуқуқҳои худ баромад намуда салоҳияти иштирок ва қабул намудани қарорҳои ба ҳаёти онҳо дахлдоштаро доранд (6,7,8,9) . Кадом тарзҳои дастгирӣ заруранд? Дар бисёр ҳолатҳо одамони дорои маълулият ба лақабгузорӣ ва табъиз гирифтор мешаванд, ва ба онҳо фикр, орзу ва талаботи худро баён намудан хеле мушкил аст. Аксар вақт, ба чунин одамон барои азхуднамоии малакаҳои таблиғу ҳимояи манфиатҳои худ ёрӣ лозим мешавад (ниг. Ба фаъолиятҳои пешниҳодшуда). Ҳарчанд, таблиғу ҳимояи манфиатҳои худ барои одамони дорои маълулият мақсади ниҳоӣ бошад ҳам, баъзе ҳолатҳо ба онҳо маслиҳату дастгирӣ ё ёрии ҳимоятгар лозим мешавад. Чунин ҳимоятгар метавонад аъзои оила, дӯст, намояндаи ҷамъияти одамони дорои маълулият, ҳимоятгар-ихтиёрӣ аз ҷамоат ё ин ки корманди ТСҶ бошад. Чунин шахс метавонад барои одами дорои маълулият маълумоти лозимаро дастрас намояд, дар вохӯриҳо ва машваратҳо, барои навиштани мактуб оид ба масъалаҳои ҳалталаб ёрӣрасонда, аз номи ӯ дар ҳолатҳои вазнин ва фавқулода баромад намояд.
Муошират Муошират чист? Муошират ин усули интиқоли иттилоот ё мактуб аз як шахс ба шахси дигар мебошад, он инчунин воситаест, ки бо ёрии он муносибатҳои иҷтимоӣ байни фарди алоҳида ва ҷамоатбарпо ва мустаҳкам карда мешавад. Се ҷузъи асосӣ барои муоширати самаранок: восита, сабаб ва имконият ҷудо карда мешавад. • «Восита» - ба чӣ тавр фиристодани иттилоот дахл дорад. Он дар шакли шифоҳӣ ё ба таври хаттӣ, бо забони имову ишора ё ба воситаҳои таҷҳизоти муоширатии ёрирасон рух доданаш мумкин аст. Одамон мехоҳанд ба воситаҳои муоширатие дастрасӣ дошта бошанд, ки он аз ҳама бештар ба талаботи онҳо мувофиқат мекунад (ниг. ба қисми «Тандурустӣ» ва «Воситаҳои ёрирасон»). • «Сабаб» - ба барои чӣ рух додани муошират дахл дорад. Ба рӯйихати сабабҳои хеле зиёд: ифодаи талабу эҳтиёҷоти амалӣ, ба монанди: хоҳиши пурсидани об барои нӯшидан, баёни фикрҳо, нуқтаи назар ваҳиссиёт, пурсидани номи ягон шахс, шинос шудан ё латифа нақл кардан дохил мешавад. • 4 «Имконият» - ба одамон барои муошират намудан бо дигар одамон имконияти доимӣ лозим аст. Аксари одамони дорои маълулият чунин имконият надоранд: ТАРҒИБУ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚ ВА МУОШИРАТ
13
масалан, вақте ки ба хона меҳмон меояд кӯдакони дорои маълулиятро пинҳонмекунанд, шахси калонсоли дорои маълулият, ки пас аз зарбаи асаб (инсулт) гап зада наметавонад, ба муҳокимаи масъалаҳои оилавӣ даъват карда намешавад, шахси дорои маълулияти шунавоӣ дар ҷаласаи шӯро иштирок карда наметавонад, агар тарҷумони забони имову ишора набошад, Чунин имконияти маҳдуд метавонад ба раванди омӯзиш, рушди муошират ва дигар малакаҳо таъсир расонад. Ҳатто бе овоз ҳам одамон муошират карда метавонанд. Агарчи мафҳуми таблиғу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ барои одамони дорои маълулият аз доштани овози худ иборат бошад ҳам, ин айнан маънои доштани овозро надорад. Баъзе одамони дорои маълулият наметавонанд гап зананд ё бо дигарон ба осонӣ муошират намоянд. Одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, шунавоӣ, биноӣ ва ақлонӣ метавонанд ба тарзи муошират ва фаҳмиши соддаи дигар одамони дорои маълулият таъсир расонанд. Аммо, дар хотир доштан лозим аст, ки ҳар як шахс қобилияти муошират намуданро дорад, ҳатто дар сурати гап зада натавонистан ҳам: муошират на танҳо нутқи шифоҳиро дар назар дорад. Одами дорои маълулият метавонад таваҷҷӯҳи худро оид ба он чӣ ки ба вай маъқул аст ё маъқул нест, хоҳишу талаботашро ғайришифоҳӣ баён намояд. Ба муошират инчунин, «…намоиши матн, навиштани ахборот бо ҳуруфи Брайл, алоқа ба воситаи палмосидан, истифодаи ҳуруфи калон, мултимавод ва аудиомаводҳои хаттӣ ва содда, қироаткунанда, воситаҳои ёрирасон ва алтернативии муошират, бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-муоширатӣ» дохил мешаванд(5). (Ниг. қисмати «Тандурустӣ», ва «Воситаҳои ёрирасон»). ЗАМИМАИ5
ЗАМИМАИ 5
ВЕТНАМ
Транг муносибат намуданро меомӯзад Транги чордаҳсола бо оилаи худ дар деҳаи дурдасти кӯҳӣ зиндагӣ мекунад. Ӯ ба бемории фалаҷи майнаи сар дучор шуда буд, ки он ба вайроншавии нутқ овард.Хешу табор ва дӯстон гапзадани ӯро намефаҳманд, ӯ бошад, забони имову ишораро аз сабаби тағйир ёфтани ҳаракатҳои мувозинатӣ истифода бурда наметавонад. Аз сабаби он, ки Транг дорои малакаҳои маҳдуди муоширатӣ мебошад, аксари одамон ӯро аз ҷиҳати ақлонӣ низ таъсирдида ҳисоб мекунанд. Боре холаи писарбача барои ёрӣ ба барномаи ТСҶ муроҷиат намуд. Кормандони барнома барои сохтани тахтаи муошират, ки дар он тасвири фаъолиятҳо ва чизҳои асосӣ, ки дар ҳаёти Транг ёрӣ мерасонанд инъикос шуда буд. Ҳоло Транг ин тахтаро истифода мебарад, илова бар ин вай бо ҳаракати чашмон изҳори талаби худ, ва мубодилаи маълумотбо хешон ва дӯстон менамояд. Ғайр аз он, кормандони барномаи ТСҶ наздикони Трангро розӣ карданд, таълими хонданро бо ӯ оғоз намоянд.
14
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Монеаҳо барои муошират Таблиғу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ инчунин маънои шунидани овози одамони дорои маълулиятро дорад. Барои ҳамин монеаҳои муоширатро муайян намудан лозим аст. Чор монеаи асосӣ муайян шудааст: монеаҳои ҷисмонӣ, масалан, масофаи калон ёмуҳити номувофиқ, ки ба ҳаракат монеъ мешавад; монеаҳои маъноӣ, масалан, истифодабарии калимаҳои мураккаби касбӣ ва монеаҳои ба муносибат вобаста, масалан муошират накардан бо шахсе, ки бо сабаби хашмгинӣ ё назарбаландӣ мушкилии баёни фикру ақидаи худро дорад; монеаҳое, ки бо ҷойгирнамоии маълумот вобаста аст, масалан муайян накардани вақти мувофиқ ё пешниҳоди иттилооти зиёд. Барои он, ки муошират босамар бошад, монеаҳои мавҷуда бояд муайян карда шуда, нақшаи қадам ба қадам бартараф намудани онҳо таҳия карда шавад.
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда
Барои дастгирии раванди таблиғу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳоихуд ва рушди муоширати босамар бо мақсади васеъкунии ваколату имкониятҳои одамони дорои маълулият кормандони ТСҶ набояд танҳо, ба фарди муайян ва муҳити атрофи ӯ диққат диҳанд, балки барои беҳтар намудани малакаҳои муоширатиихуд низ диққат диҳанд.
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Барои дастгирии раванди таблиғу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ ва рушди муоширати босамар бо мақсади васеъкунии ваколату имкониятҳои одамони дорои маълулият кормандони ТСҶ набояд танҳо, ба фарди муайян ва муҳити атрофи ӯ диққат диҳанд, балки барои беҳтар намудани малакаҳои муоширатии худ низ диққат диҳанд.
Гузаронидани арзёбии умумии муошират Маълумоти ҳаматарафаро оид ба гузаронидани арзёбии умумии муошират аз маводи зерин дастрас намудан мумкин аст: «Биёед муошират мекунем. Дастур барои одамоне, ки бо кӯдакони дорои мушкилии муоширатӣ кор мекунанд»,(10). Дар зер якчанд ақидаҳо, ки дар вақти гузаронидани арзёбии сифати муошират ба инобат гирифтан лозим аст, оварда шудаанд: • Кадом усулҳои муошират имрӯзҳо истифода мешаванд? • Онҳо то кадом дараҷа хуб истифода мешаванд? (малакаҳои ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам дорои маълулият набударо арзёбӣ намоед) • Оё системаи муошират барои ҳама фаҳмо аст? • Оё одами дорои маълулият набуда, дар ҳақиқат талаботи одамони дорои маълулиятро мефаҳмад? • Одами дорои маълулият бештар бо кӣ муошират мекунад? • Одами дорои маълулият барои чӣ муошират менамояд? Бо мақсади ҷалбшавӣ, изҳори талаботи махсуси амалӣ ё барои изҳори ҳиссиётҳои худ? • Фарди алоҳида кадом имкониятҳои муошират намуданро дорост? Оё одамони зиёде барои бо ӯ муошират намудан ҳастанд, ё ӯ дар канормонда ва танҳо аст? • Оё барои муоширати хуб боз монеаҳои дигар мавҷуданд? • Оё мавқеъ, қудрат ва нақш ба раванди муошират таъсир мерасонанд? Масалан, оё зани дорои маълулият дар назди мард баромад мекунад? Оё аъзоёни ТАРҒИБУ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚ ВА МУОШИРАТ
15
оила аз иҷозат додан барои муошират бо дигарон ба аъзои оилаашон, ки дорои маълулият мебошад, шарм медоранд?
Дастгирии раванди рушди малакаҳои муошират Кормандони ТСҶ бояд бевосита бо одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо фаъолият баранд, то мутмаин бошанд, ки онҳо малакаҳои муоширатро азхуд намудаанд. Дастгирӣ ба талаботҳои фардӣ ва вазъият такя намуда новобаста аз тарафи кормандони барномаи ТСҶ ё дигарон расонида мешавад. Дар манбаъҳои аллакай номбаркарда ба монанди: «Биёед муошират мекунем» маслиҳатҳои зиёдро дар ин бора дарёфт намудан мумкин аст. Бо муайян намудани одамони дорои маълулияти муоширатӣ кормандони барномаи ТСҶ метавонанд: • Раҳнамоии раванди равонасозӣ ба назди мутахассисони касбӣ, албатта дар он маҳалҳое, ки онҳо мавҷуданд, бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасониҳои, масалан, мутахассис оид ба нутқ ва забон (логопед); • 4 ба аъзоёни оила фаҳмонидани он, ки баъзе одамон, мумкин аст, гап зада наметавонанд ва таъмини иттилоот оид ба тарзҳои дигари муошират, масалан, забони имову ишора ё тахтаи муошират; • 4 мутмаин будан, ки одамони ба воситаҳои ёрирасон ниёздошта дар ҳолати зарурӣ онҳоро дастрас мекунанд аз; он ҷумла ташкили, омӯзишҳо барои сохтани чунин таҷҳизотҳо (ниг. қисмати«Тандурустӣ» ва «Воситаҳои ёрирасон»); • 4 мутмаин будан, ки одамони ба воситаҳои ёрирасони шунавоӣ ниёздошта, маълумотро оид ба он, ки аз куҷо чунин таҷҳизотро дастрас, чӣ тавр онро интихоб, истифода ва нигоҳубин кардан мумкин аст, иттилооти пурра дошта бошанд; • гузаронидани омӯзиш ба одамони дорои маълулият оид ба забони имову ишора ё пешниҳоди иттилоот оид ба дастрас намудани дастурамал оид ба истифодаи забони имову ишора; • 4 таблиғу рӯҳбаланд ва ҷалб намудани одамони дорои мушкилиҳои муоширатӣ ба ҳаёти ҳаррӯза (масалан, рафтан ба бозор,тайёр намудани хӯрок, рӯбучини хона, овардани об) ва омӯзонидани калима ва ибораҳои соддаи имову ишора, кӣ барои муошират дар сатҳи ҷамоат лозим шуданашон мумкин аст; • барпо намудани робита бо гурӯҳу клубҳо, бо мақсади рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ, масалан, клубҳои одамони дорои маълулияти шунавоӣ, одамоне, ки аз зарбаи асаб азоб мекашанд, сексияҳои варзишӣ ва клубҳои бозиҳои фарогир барои одамони дорои маълулият ва ғайра
ЗАМИМАИ 6 Стефани ҷаҳони навро мешунавад Кӯдакони дорои маълулияти шунавоӣ мумкин аст, ба воситаҳои шунавоӣ, ки алоқаро бо оила, дӯстон ва омӯзгорон осон мекунанд, ниёз дошта бошанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд барои дастрасӣ ба воситаҳои ёрирасон ва омӯзиш оид ба истифодабарӣ ва нигоҳубини онҳо ёрӣрасонанд.Онҳо инчунин барои ёфтани суроғаи мағозаи батареяҳои арзон ва дар ҳолати зарурӣ тарғиби истифодаи забони имову ишора низ ёрӣ расонда метавонанд. Иллати ношунавоии Стефани солҳои зиёд ташхис накарда буд. Ӯ дар танҳоӣ зиндагӣ мекард ва танҳо бо модараш дар муошират буд.Табиби ихтиёрии барномаи маҳаллии ТСҶ муқаррар намуд, ки ӯ дорои маълулияти шунавоӣ аст ва ба индарнатиҷаи гирифтор шудан ба бемории сирояти гӯш дучор гардидааст. Ба духтарак табобатро таъин намуданд ва пас, аз он бо воситаи шунавоӣ таъмин намуданд. Стефани ба мактаби ибтидоӣ рафтанро сар кард ва ин саҳифаҳои навро дар ҳаёти ӯ оғоз намуд. Ӯ дигар худро дарканормонда ҳис намекунад ва ҳамарӯза бо дӯстони худ рафтуомад мекунад. 16 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Бартараф намудани монеаҳо барои муошират Барномаҳои ТСҶ метавонанд барои паст ва бартараф кардани монеаҳо барои муошират дар муҳит, ёрӣ расонанд: • таблиғи муносибатҳои мусбӣ дар муҳити хонавода бо мақсади ҳарчӣ баланд намудани имкониятҳои муошират барои кӯдакон ва калонсолони дорои маълулият; • муайян намудани ҳамсӯҳбатони асосӣ барои одамони дорои маълулият, ки барои шунидани фикру ақидаҳои онҳо шавқманданд; • 4 табодули иттилоот бо дигарон дар бораи воситаҳои муоширати писандидаи онҳо; инкишоф додани чунин усулҳое, ки ба одамони дорои маълулият имконияти мустақилона муошират намуданро фароҳам меоварад, масалан: барномаи ТСҶ метавонадбарои одами дорои маълулият «варақаи муошират»-ро таҳия намояд, ки дар он бо истифода аз кадом усул бо ӯ муошират намудан беҳтар аст, дарҷ гардида бошад; • 4 ба аъзоёни оила ва ҷамоат омӯзонидани стратегияҳои муошират, ки барои одамони дорои маълулият мувофиқ бошанд: масалан, бисёртар ҷудо намудани вақт барои сӯҳбат кардан, истифодабарии суханронии содда, имову ишора, нишонаҳо, расмҳо ё алифбои Брайл; • 4 пешниҳод намудани маслиҳатҳо оид ба мутобиқнамоии муҳит барои муоширати беҳтар: масалан, ҷудо намудани манзили ором барои гуфтугӯ бо шахсоне, кисатҳи шунавоияшон паст аст, пешбинии равшании комил барои сӯхбат намудан бо шахси дорои маълулият, ки аз лаб мехонад; • 4 мусоидат намудан барои ташкил намудани гурӯҳи тарҷумонҳои болаёқати забони имову ишора, дар ҳамкорӣ бо Созмонҳои одамони дорои маълулият, хеле манфиатнок аст; • истифода бурдани чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки ВАО бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба мушкилиҳои одамони дорои маълулияти нутқ; • дар якҷоягӣ бо Созмонҳои одамони дорои маълулият таблиғ намудани зарурати истифодаи иттилооти мавҷуда ва гунаҳои муоширатӣ дар ҳама фаъолиятҳо, ба монанди омӯзишҳо, чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва барномаҳои ба рушд равонашуда.
Хуш омадед Ассотсиатсияи занњои ношунаво Вилояти марказї
ТАРҒИБУ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚ ВА МУОШИРАТ
17
ЗАМИМАИ 7
ҶУМҲУРИИ ФИЛЛИПИН
Имзогузорӣ барои ояндаи беҳтар Дар ҷазираи Бохоли Ҷумҳурии Филиппин барномаи маҳаллии ТСҶ омӯзиши заминавии забони имову ишоратро барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ, аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҷамоатҳо ташкил намуд. Дар соли 2006 ин забонро зиёда аз 200 нафар одамони гуногуни синни аз 8 то 68 сола аз худ карданд ва пас, аз он омӯзиши дигар аъзоёни оилаҳои худ ва ҷамоатҳоро оғоз намуданд.Ташаббуси мазкур мақсади беҳтар иттилоот додан дар бораи маданияти одамони дорои маълулияти шунавоӣ, бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбати онҳо ва хоҳиши муошират намудан бо онҳоро дорад. Дар охири яке аз чунин даврҳои омӯзиши чорҳафтаина тренерон (қисми зиёди онҳо калонсолони дорои маълулияти шунавоиянд) барои гузаронидани барномаҳои таълимии забони имову ишора ба донишгоҳи маҳаллӣ даъват шуданд. Донишгоҳ музди гузаронидани омӯзишро пардохт намуд. Се нафар хатмккунандаи беҳтарини ин донишгоҳ ҳоло дар лоиҳаи ТСҶ ба ҳайси омӯзгор барои донишҷӯёни дорои маълулияти шунавоӣ, ки дар мактаби олӣ таҳсил мекунанд, фаъолият менамоянд.
Пешниҳоди ёрӣ барои таблиғу ҳимояи манфиатҳои худ Кормандони барномаи ТСҶ бояд: • а 4 з одамони дорои маълулият ба чӣ ниёз доштанашонро пурсон шуданро ҳамеша дар хотирдошта бошанд; • 4 ба одамони дорои маълулият дар бораи маълулияташон иттилоот диҳанд; • 4 ба одамон модели муносибати иҷтимоиро фаҳмонанд; • 4 ба одамони дорои маълулият оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон иттилоот пешниҳод намоянд; • 4 одамони дорои маълулиятро дар раванди қабули қарорҳо барои иштирок дар барномаи ТСҶ ҷалб намоянд; • 4 ба одамон оид ба хизматрасониҳои дар сатҳи ҷамоат мавҷудбуда, иттилоот пешниҳод намоянд; • 4 ба одамони дорои маълулият барои барпо намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои худёрирасон ва созмони одамони дорои маълулият, агар дар ҷамоат мавҷуд бошад, ёрӣ расонанд.
Ноил шудан ба он, ки кормандони ТСҶ муоширатчиёни таъсирбахш бошанд Бо мақсади дастгирии одамони дорои маълулият ба воситаи чорабиниҳои таблиғотӣ-иттилоотӣ ба кормандони ТСҶ муоширатчиёни таъсирбахш будан зарур аст. Аз кормандони ТСҶ талаб карда мешавад, ки бо одамони табақаҳои гуногун ва соҳаҳои фаъолияти гуногуни ҷамъият дар алоқа шаванд ва ба таври буррою фаҳмо муошират намоянд, махсусан агар мавзӯъҳо мушкил ё ҳассос бошанд, мавқеъ 18 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
ва сатҳи фаъолият гуногун бошад, шояд забони якхелаи гуфтугӯӣ набошад ё сатҳи саводнокию маърифатнокӣ гуногун бошад.Ба кормандони ТСҶ зарур аст, ки: • 4 муҳити мусоид ва дӯстонаро бо мақсади ҳавасманд намудан ва дастгирии одамони дорои мушкилӣ дар муошират барои ифшо намудани нуқтаи назари худ тайёр намоянд; • 4 бо забон ва лаҳҷаи маҳаллӣ гуфтугӯ намоянд; • 4 забони имову ишораи маҳаллиро донанд ва дигар усулҳои (алтернативии) муоширатро истифода бурда тавонанд; • тафовутҳои фарҳангӣ, синфӣ ва табақавиро фаҳманд ва риоя намоянд; бояд намунаи муносибати боэҳтиромона бо одамони дорои маълулият, занҳо ва дигар гурӯҳҳои осебпазир бошанд; • 4 мунтазам бо тарафҳои гуногуни манфиатдори соҳаи тандурустӣ, маориф, худтаъминкунӣ ва корҳои иҷтимоӣ муошират намуда, раванди мубоҳисаҳоро ҳангоми вохӯриҳои тарафҳои манфиатдор раҳнамоӣ намоянд; • 4 воситаҳои афкори умумро барои муошират бо аҳли ҷомеа истифода баранд.
САФАРБАРНАМОИИ ҶАМОАТ
19
Сафарбарнамоии ҷамоат Муқаддима Сафарбарнамоии ҷамоат ин ҷараёни муттаҳиднамоии шумораи имконпазири тарафҳои манфиатдор бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва талабот ба барномаи махсус, бо мақсади ёрӣ расонидан дар пешниҳоди захираҳо ва хизматрасониҳо, пурқувватгардонии иштироки ҷамоатҳо ва таъмини устуворӣ ва боварӣ ба иқтидори худ, мебошад. Агар одамон аз қисмҳои гуногуни ҷамоат мақсади умумӣ дошта бошанд ва фаъолона ҳам дар муайян намудани талаботҳо ва ҳам дар татбиқу ҳал намудани онҳо иштирок намоянд, пас ба бисёр чизҳо ноил шудан мумкин аст. Сафарбарнамоии ҷамоат ба васеъкунии ҳуқуқу ваколатҳои онҳо мусоидат намуда имконият медиҳад, ки бо ҳар гуна иқдомҳо баромад намоянд ва ҷараёни рушди худро назорат намоянд. То ин ки дастгирӣ аз тарафи ҷамоат таъмин нагардад ва соҳаҳои гуногуни ҷамъият фаъолона ба раванди воридсозии тағйирот ҷалб нашаванд, дар масъалаи фарогирии одамони дорои маълулият ба ҳаёти ҷамоат ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудан номумкин аст (11). Барномаҳои ТСҶ метавонанд сафарбарнамоии ҷамоатро барои як ҷо ҷамъ овардани тарафҳои гуногуни манфиатдор истифода баранд, масалан, одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо, гурӯҳҳои худёрирасон, созмонҳои одамони дорои маълулият, аъзоёни ҷамоат, мақомотҳои маҳаллии ҳокимият, пешвоёни маҳаллӣ, шахсоне, ки қарорҳо қабул менамоянд ва таҳиягарони сиёсатро барои бурдани кор бо мақсади бартараф намудани монеаҳои дохили ҷамоатӣ, таъмини боммуваффақиятонаи фарогирии одамони дорои маълулият ба ҳаёти ҷамоат бо ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробар истифода бурдан мумкин аст. Дар боби мазкур, диққати асосӣ ба он дода мешавад, ки чӣ тавр барномаҳои ТСҶ метавонанд одамонро барои амалҳои якҷоя муттаҳид намоянд ва барои ҷамоатҳое, ки дар он ҷо онҳо кор мекунанд, ба дигаргунию тағйирот ноил шаванд. Сурати 1. Чор марҳилаи сафарбарии ҷамоат
1. Муттањидшавии одамон
4. Осон ва мустањкам намудани иштирок дар њаёти љамоат
Барномаи муаянкунандаи устуворї ва боварї ба имкониятњои шахсї
2. Бењтарсозии иттилоотнокии одамон
3. Расонидани ёрї дар самти захирањо ва хизматрасонињо
20
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
ЗАМИМАИ 8
ҶУМҲУРИИ КОЛУМБИЯ
Васеъкунии ваколатҳо ва имкониятҳо ба воситаи гузоштани баъзе вазифаҳои роҳбар ба дигар кормандон Дар бисёр мунитсипалитетҳои Ҷумҳурии Колумбия барномаҳои ТСҶ, ки аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимият маблағгузорӣ ва идора карда мешаванд, фаъолият мекунанд. Дар соли 2002 баъди якчанд соли кори амалӣ, маъмурияти яке аз ноҳияҳо дарк намуданд, ки бисёр барномаҳое, ки онҳо амалӣ менамоянд, устувор нестанд ва иштироки ҷамоатҳоро пешбинӣ наменамоянд. Бинобар ин татбиқи лоиҳаи таҷрибавии «Фонди одамони дорои маълулияти Каукасия»ро дар мунитсипалитети Каукасия дар шимоли мамлакат оғоз намуданд. Мақсади асосии лоиҳа аз раҳнамоии раванди пурқувватнамоии одамони дорои маълулият бо роҳи гузоштани баъзе вазифаҳои роҳбарикунанда ба дӯши онҳо дар барномаҳои ТСҶ ва иҷро намудани нақши муҳим ва мустақилӣ дар банақшагирӣ ва идоракунии ҳаёти худ, ва мусоидат намудан ба васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият буд. Лоиҳа бисёр аъзоёни ҷамоатро, аз ҷумла одамони дорои маълулият, волидони онҳо, шахсонеро, ки одамони дорои маълулиятро нигоҳубин менамоянд, муҳоҷирони муваққатӣ, намояндагони аҳолии маҳаллӣ, аъзоён ва пешсафони ҷамоатро водор намуд, ки муттаҳид шаванд ва барномаро дастгирӣ намоянд. Айни замон фонд 218 иштирокчӣ дорад ва 20 ихиёриро ҷалб намудааст, ки ҳамчун кормандони барномаи ТСҶ фаъолият менамоянд. Вазифаҳои ин кормандон аз он иборат аст, ки дар навбати аввал одамони дорои маълулиятро муайян намоянд ва ба онҳо ва аъзоёни оилаи онҳо ёрии зарурӣ расонанд. Онҳо оид ба баланд намудани худбаҳодиҳии одамони дорои маълулият, мусоидат намудан ба фарогирӣ дар оилаҳо, беҳтар намудани дастрасӣ ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, меҳнат ва шуғл, кор мебаранд. Фонд якчанд нобаробариро аз сар гузаронид: масалан, баъзе аз иштирокчиёни лоиҳа манфиатҳои худро аз манфиатҳои гурӯҳ болотар мегузоштанд, норасогии захираҳо барои ҳалли мушкилоти одамони дорои маълулият дар сатҳи мунитсипалӣ ҳис карда мешуд, сохторҳо бошанд (таъминкунандагони хизматрасониҳо) баъзан ба мушкилоти одамони дорои маълулият бетарафӣ зоҳир менамуданд. Аммо, бо гузаштани вақт дар натиҷаи кори бошиддат кормандони Фонд ин мушкилотро бартараф намуда, тавонистанд хазинаи устувор ва ботартибро ташкил намоянд. Ба шарофати стратегияи сафарбарнамоии пай дар пайи ҷамоат, кормандони лоиҳа аҳолии онро барои зоҳир намудани шавқ ба мушкилоти мазкур ва барои машғул шудан бо кор бо одамони дорои маълулият, рӯҳбаланд намуданд. Онҳо барои наздик шудани одамони дорои маълулият ва ҷамоатҳои онҳо мусоидат намуда, ва пешсафони ҷамоатҳоро барои тарафдорӣ намудани манфиатҳои одамони дорои маълулият дар сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ таблиғ менамоянд.
САФАРБАРНАМОИИ ҶАМОАТ
21
Мақсад Ҷамоатҳои маҳаллӣ қобилияту имконияти бартараф намудани монеаҳое, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, доранд ва дар раванди фарогирии онҳо ба ҳаёти ҷамоатҳо нақши фаъолро мебозанд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз сафарбаркунии ҷамоатҳо бо мақсади дигаргун намудани муносибати манфӣ нисбати онҳо ва аъзоёни оилаҳои онҳо, таъмини дастгирии барномаҳои ТСҶ аз тарафи ҷамоатҳо ва ба назар гирифтани мушкилиҳои одамони дорои маълулият дар ҳамаи сохторҳои рушд, иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Ҷ 4 амоатҳо аз эҳтиёҷоту талаботи одамони дорои маълулият огоҳанд ва беҳтар намудани сифати ҳаёти ин одамон ва оилаҳои онҳоро мақсади худ қарор додаанд; • 4 Монеаҳои дохили ҷамоатӣ барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо паст ё бартараф шудаанд. • 4 Ҷамоатҳо оид ба барномаҳои ТСҶ ва оид ба он, ки чӣ тавр захираҳои онҳоро барои рушд ва дастгирии барномаҳои ТСҶ истифода баранд, донишу малакаи кифоя доранд. • 4 Ҷамоатҳо дар банақшагирӣ ва амалишавии барномаҳои ТСҶ ва инчунин, дар идоракунии онҳо иштирок менамоянд.
Мафҳумҳои асосӣ Муайян намудани мафҳуми «ҷамоат» Мафҳуми «тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат» аллакай нишон медиҳад, ки ҷамоат дар ҳар гуна барномаи ТСҶ нақши асосиро мебозад. «Ҷамоат»-ро ҳамчун ҷамъи одамоне, ки дар асос ё шакли муташаккили иҷтимоӣ истиқомат менамоянд, муайян намудан мумкин аст. Аммо, ҳамчун қоида, ҷамоатҳо якхела нестанд ва аъзоёни онҳо одатан хусусиятҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, манфиатҳо ва орзуҳо доранд (12). Масалан, аъзоёни ҷамоати деҳотии «анъанавӣ» метавонанд ба гурӯҳҳои гуногуни этникӣ мансуб бошанд, бо забонҳои гуногун суханронӣ намоянд, назарияҳои гуногуни диниро тарафдорӣ намоянд ва дар амалҳои гуногуни маданӣ иштирок намоянд.
Тарафҳои манфиатдор дар ҷамоат Ҷамоатҳо аз одамон, гурӯҳҳо ва созмонҳои гуногун иборатанд, ки қисми зиёди онҳо тарафҳои манфиатдори муҳими барномаҳои ТСҶ мебошанд. Ба онҳо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ҳамсояҳо ва дӯстонашон, муаллимони мактабҳо, гурӯҳҳои худёрирасон, Созмонҳои одамони дорои маълулият ва намояндагони мақомотҳои маҳаллии ҳокимият дохил мешаванд. Боби «Идоракунӣ» (дар қисмати Муқаддимавӣ) оид ба тарафҳои манфиатдор иттилооти муфассал, аз ҷумла хулосаи нақшу масъулиятҳои асосии онҳоро пешниҳод менамояд. Бояд қайд кард, ки дар ҳар як ҷамоат баъзе тарафҳои мафиатдор (масалан, пешсафони қабилагӣ, динӣ ё сиёсӣ) назар ба дигарон бештар обрӯманд мебошанд ва ҳангоми қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои ба ҷамоатҳо вобаста салоҳияти бештар доранд. 22 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Маълулият чун мушкилии ҷамоатӣ Ҳамаи мушкилоти рушди ҷамоатҳо, ки бо саломатӣ, маориф, таъминот бо об ва системаи корезӣ, сохтмони манзил, нақлиёт ва муҳити зист ба пайдоиш ва паҳншавии маълулият таъсир мерасонанд (ниг. ба қисми «Саломатӣ»). Ҳамин тавр, маълулият масъалаи муҳими ҳаёти ҷамоатҳо аст, ки мутассифона ҳанӯз ба эътибор гирифта намешавад. Дар бисёр ҷамоатҳо монеаҳое мавҷуданд, ки ба сифати ҳаёти одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо таъсир мерасонанд. Ба онҳо монеаҳое, ки бо муҳити ҷисмонӣ, муносибат, маданият, дастрасии хизматрасониҳо ва инчунин, монеаҳои хизматрасонӣ ва сиёсӣ алоқаманданд, дохил мешаванд. Тавсифи муфассалтари намудҳои гуногуни монеаҳо, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо бо онҳо метавонанд рӯ ба рӯ шаванд, дар қисмҳои алоҳидаи Дастури мазкур оварда мешаванд. Муҳим он аст, ки барномаҳои ТСҶ дар ҳар як ҷамоат тавонанд монеаҳоеро, ки бисёртар ба ҳаёти одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо таъсир мебахшанд, дарк ва муайян намоянд.
Сафарбарнамоии ҷамоат Дар масъалаҳои соҳаи рушд ба ҷамоатҳо аҳамияти калон дода мешавад, ки онҳо на танҳо қабулкунандаи ёри пулӣ ва хизматрасониҳо мебошанд, балки нақши асосиро дар фаъолияти ба рушд равонашуда мебозанд. Чунин ақида мавҷуд аст, ки ҷамоат мушкилиҳои худро аз ҳама беҳтар арзёбӣ карда метавонад ва барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ низ андешида метавонад. Барномаи ТСҶ стратегияи рушди фарогир дар сатҳи ҷамоат мебошад, бинобар ин, муҳимияти иштироки он эътироф гардидааст – масалан, ақидаи ҷамоатҳо ба назар гирифта мешаванд ва онҳо бевосита дар қабули қарорҳо инчунин, дар фаъолияте, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонадд, иштирок менамоянд (ниг. ба қисми «Иттилооти муқаддимавӣ»). Сафарбаркунии ҷамоатҳо – ин стратегияе мебошад, ки онро барномаҳои ТСҶ метавонанд истифода намуда, масъалаҳои одамони дорои маълулиятро на танҳо кори худи одамони дорои маълулият, балки кори ҳар шаҳрванд намоянд. Ин стратегияе мебошад, ки аз тарафи барномаҳои ТСҶ барои ҷалби тарафҳои манфиатдор дар сатҳи ҷамоат дар чорабиниҳояшон бояд истифода бурда шавад, ба рушди фарогир мусоидат намоянд. Вақте, ки барномаҳои ТСҶ ҷамоатҳоро ба кори худ ҷалб менамоянд, эҳтимолияти манфиатбинии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҳатто, пас аз қатъ гардидани маблағгузорӣ ва дастгирии онҳо низ давом меёбад.
САФАРБАРНАМОИИ ҶАМОАТ
23
ЗАМИМАИ 9
ЭФИОПИЯ
Сохтани кӯпрукҳо барои ҳавасмандии ҷамоатҳо Дар музофоти Адаамаи Ҷумҳурии Федеративӣ Демократии Эфиопия корманди ТСҶ аз шикастани кӯпруки деҳа огоҳ гардид, ки мушкилии вазнин на танҳо барои одамони дорои маълулият, балки барои ҳамаи одамони маҳал буд:масалан, як писарбача аз ноилоҷӣ аз дарёча шино карда гузаштанӣ шуда, дасташро шикастааст. Корманди ТСҶ бо маъмурияти мактаб ва мақомоти маҳаллии ҳокимият дар тамос шуда, кумитаи маҳаллиро созмон дод, то дастрасиро ба ҳамаи қисматҳои маҳал таъмин намоянд. Кумита ҷамоатро сафарбар намуда, қарор доданд, ки бо маблағ ва қувваи корӣ барои барқарорсозии кӯпрук ёрӣ диҳанд. Дар натиҷа, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, ки раҳнамоии раванди сохтмонро ба ӯҳда гирифт, кӯпруки нав сохта шуд. Баъди ба итмом расидани сохтмон, кумита мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барои давом додани фаъолиятҳо бо мақсади таъмини фарогирии одамони дорои маълулият ба ҳаёти ҷамоат рӯҳбаланд намуд. Мақомоти маҳаллии ҳокимият ва кумитаи ҷамоатӣ қарор қабул намуданд, ки ба инфрастуктураи мактаби маҳаллӣ баъзе навгониҳоро ворид намуда, барои бештар дастрас шудани он ба кӯдакони дорои маълулият мусоидат намоянд. Кормандони барномаи ТСҶ дарк намуданд, ки ҷамоат, захираи асосӣ ва муҳим буда, онро бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии одамони дорои маълулият ва умуман аҳолии ҷамоат ба воситаи фаҳмондадиҳӣ ва рӯҳбаланднамоӣ сафарбар намудан муҳим аст. Ҳатто бо захираҳои начандон калон ба муваффақияти калон ноил гардидан мумкин аст, махсусан агар ташаббус аз тарафи худи аъзоёни ҷамоат пешниҳод шавад
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Азбаски сафарбарии ҷамоат, раванди давомнок аст, дар боби мазкур дар бораи он дастури муфассал оварда нашуда,фаъолиятҳое пешниҳод мешаванд, ки хосияти умумӣ дошта, таҳти сарлавҳаҳои асосӣ пешниҳод мегарданд. Бисёре аз он фаъолиятҳо ба фаъолиятҳои дигар қисматҳои Дастури мазкур монанд буда, қобили истифодабарӣ мебошанд (махсусан нигаред ба боби «Идоракунӣ»).
Ҷамъ намудани иттилоот дар бораи ҷамоат Барои сафарбар намудани ҷамоат бо мақсади ҳал намудани мушкилиҳои одамони дорои маълулият ва дастгирии раванди таҳия ва татбиқи барномаҳои ТСҶ, пеш аз ҳама дар бораи он иттилооти кофӣ доштан зарур аст. Барномаи ТСҶ бояд оид ба шароитҳое, ки одамон зиндагӣ менамоянд, масалан, вазъу муҳити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва инчунин мушкилиҳое, ки аҳолии ҷамоат бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, фаҳмиши умумӣ пайдо намоянд. Воситаи аз ҳама самараноки рушди чунин фаҳмиш,таҳлили вазъ мебошад, ки тавсифи он дар боби «Идоракунӣ» дода шудааст. Ҷузъи муҳими сафарбарии ҷамоат муайян намудани сохторҳои салоҳиятноки он мебошад. Шахсони вазифадорро муайян намудани зарур аст, масалан роҳбарони маъмурияти маҳаллӣ, фаъолони гурӯҳҳои ҷамоатӣ ва созмонҳо (гурӯҳҳои худёри24 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
расон, созмонҳои одамони дорои маълулият) ва инчунин, дигар аъзоёни ҷамоат, ки дар соҳаҳои гуногуни рушд метавонанд таъсир расонанд (масалан, омӯзгорон дар соҳаи маориф). Муҳим аст, ки ба барномаҳои ТСҶ оид ба ин сохторҳои қудратнок маълумот дошта бошанд, зеро танҳо одамони қудратнок ва таъсиррасон метавонанд дигаронро барои дастгирии ташаббусҳои ҷамоатӣ сафарбар намоянд. Ҳангоми омӯхтани ҷамоат инчунин, муайян намудани муносибату рафтор нисбати одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ҷамоат хеле муҳим аст. Рафтори одамон нисбати дигарон муносибати онҳоро намоиш медиҳад ва ҳангоми мушоҳида намудан, инро фаҳмидан мумкин аст, ки масалан,онҳо беэътиборона, назарбаландона ё бераҳмона муносибат менамоянд.
Барпо намудани муҳити боварӣ ва эътимоднок дар ҷамоат Ба барномаҳои ТСҶ зарур аст, ки барои барпо намудани боварӣ ва эътимоднокӣбо тарафҳои асосии ҳавасманд дар ҷамоат, вақт ҷудо намоянд. Бинобар ин, онҳо бояд: • 4 аз ҳокимияти маҳаллӣ барои кор кардан бо ҷамоат иҷозат гиранд; • 4 дар фаъолиятҳои ҷамоат намоён ва фаъол буда, кӯшишҳои дигар тарафҳои манфиатдорро дастгирӣ намоянд; • 4 бо тарафҳои манфиатдори гуногун дар сатҳи ҷамоат бо мақсади шинос шудан бо мушкилиҳои онҳо ва ёфтани роҳҳои беҳтарини ҳамкорӣ бо онҳо алоқа барқарор намоянд; • 4 иттилооти муҳим ва навтаринро оид ба барномаи ТСҶ мунтазам мубодила намоянд; • 4 бовиҷдон бошанд ва дар фаъолиятҳояшон шаффофиятро риоя намуда ба ҷамоат ваъдаҳои иҷронашавандаро надиҳанд.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷамоат Барои бомуваффақият сафарбар намудани ҷамоат ва таъмини дастгирии иқдомҳои ба масъалаҳои маълулият вобаста, пеш аз ҳама сатҳи огоҳии аъзоёни ҷамоатро баланд бардоштан зарур аст, то онҳо донанд, ки барои чӣ масъалаҳои мазкур муҳиманд ва кадом фаъолиятҳоро онҳо метавонанд барои ҳалли ин мушкилиҳо татбиқ намоянд. Қисми зиёди аъзоёни ҷамоат оид ба масъалаҳои ба маълулият вобаста иттилооти нокифоя доранд ва муносибату рафтори манфӣ нисбати одамони дорои маълулият аз ноогоҳӣ аст; аксарият онро танҳо чун мушкилии саломатӣ меҳисобанд, ки сабабгори диққату дилсӯзӣ ё лақабгузорӣ мешавад Усулҳои зиёди таълим ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои маълулият дар сатҳи ҷамоат вуҷуд доранд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд масалан, муҳокима дар гурӯҳҳо, нақшбозӣ, варақаҳои матндор ва суратдор, нақлҳои даҳонӣ ва сурудҳо, намоишномаҳои театрӣ, намоишҳои лӯхтакӣ, плакатҳо, филмҳо ва радиоро истифода баранд. Ҳангоми баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои маълулият ба одамон, чиҳатҳои муҳими дар зер овардаро бояд дар хотир дошт: • паёмҳо бояд содда бошанд; • усулҳои истифодашаванда бояд ба фарҳанги маҳал мувофиқат намоянд; • 4 чорабиниҳои тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои маълулият дар сатҳи ҷамоат, ҳамон вақт самараи бештар медиҳанд, ки САФАРБАРНАМОИИ ҶАМОАТ 25
агар худи одамони дорои маълулият дар раванди татбиқи он иштирок намоянд; • т 4 ағйир додани муносибату рафтор, вақт талаб менамояд ва раванди давомнок мебошад.
ЗАМИМАИ 10
ҶУМҲУРИИ КЕНИЯ
Тағйир додани муносибат Калуме,навраси гирифтори бемории саръ мебошад, ки дар яке аз ҷамоати деҳотии Ҷумҳурии Кения бо оилаи худ зиндагӣ мекунад. Калуме аз иллати узвҳои такяву ҳаракат, ки дар натиҷаи кашидашавии бофтаҳои мушакҳои (контрактураи) пой, (ҳангоми хурӯҷи саръ дар оташи гулхан афтода пойҳояш сӯхта буданд) пайдо гашта азият мекашад. Рушди бисёр малакаҳои ӯ, аз ҷумла малакаҳои муоширатӣ бо сабаби, дар хона ва аз дигарон ҷудо нигоҳ доштани писарбача хеле ақиб мондаанд. Бо сабаби бемории Калуме, оилаи ӯ дар ҷамоат радди маърака буд ва дар натиҷа бо азоб эҳтиёҷотҳои асосии ҳаётро қонеъ менамуд. Воқеаи Калуме ҳангоми дар ноҳия гузаронидани арзёбӣ бо мақсади муайян намудани мушкилиҳои одамони дорои маълулият, муайян гашт. Корманди барномаи ТСҶ писарчаро ба маркази тиббӣ бурд, ки дар он ҷо ба ӯ ҳабҳои пешгирикунандаи хурӯҷҳоро таъин ва таъмин намуданд. Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои тиббӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти Кения барои Калуме амалиёти ҷарроҳиро бо мақсади ислоҳ намудани кашидашавии мушакҳо (контрактура) ташкил намуданд. Ба писарча инчунин, ёрии муолиҷавии умумӣ бо мақсади такмил додани малакаҳо, расонида шуд. Дар моҳҳои оянда кормандони деҳотии Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои тиббӣ ҳар моҳ ба назди Калуме ва оилаи ӯ ба ҷамоат ташриф меоварданд. Ба ғайр аз ин, чорабиниҳои баландбардории сатҳи огоҳии мардум оид ба масъалаҳои маълулият (аз ҷумла, сабабҳои эҳтимолии он) дар вохӯриҳои маҳалла аз тарафи фаъолони маҳалла гузаронида шуданд. Кормандони Пажӯҳишгоҳитадқиқотҳои тиббӣ ба сокинон барои фаҳмидани он, ки бемории саръ гузаранда набуда, пайдошавии маълулият бо ҷодугарӣ ягон алоқамандие надорад ва дастгирии кӯдакони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо вазифаи ҳар як аъзои ҷамоат аст, муҳокимаю сӯҳбатҳои таблиғотӣ ташкил менамуданд. Робитаҳои мунтазам бо сокинони деҳа барои дигаргун намудани муносибати онҳо нисбати одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо ёрӣ расониданд ва ҳатто аъзоёни ҷамоат барои оилаи Калуме хонаи истиқоматӣ сохта доданд.
26
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Тарғибу ташвиқи ҷамоат барои иштирок Ба барномаҳои ТСҶ зарур аст, ки шахсони манфиатдорро барои ҳалли мушкилиҳои ба маълулият вобаста ва таъмини рушди фарогир дар сатҳи ҷамоат тарғиб намоянд. Бояд ба ҳар як тарафи манфиатдор дар сатҳи ҷамоат муносибати зарурӣ ёфта, онҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои умумӣ бо мақсади тағйир додани баъзе муносибатҳо ва ҷорӣ намудани навгониҳо тарғиб намудан лозим ааст. Кормандони ТСҶ бояд онҳоро бовар намоянд, ки дар натиҷаи дахолати онҳо на танҳо одамони дорои маълулият, балки тамоми ҷамоат манфиат мебинад.Татбиқи барномаҳои ТСҶ, на танҳо ба одамони дорои маълулият, балки ба ҳамаи аъзоёни ҷамоат манфиат меорад. Бинобар ин, баланд бардоштани таъсирпазирӣ ва хабардор намудани аъзоёни ҷамоат аз стратегияи ТСҶ (консепсияҳо, фалсафа, мақсаду вазифаҳо) ва чӣ тавр он метавонад ба онҳо ёрӣ расонад, фаъолияти муҳим аст. Фаҳмидани он, ки кадом фаъолиятҳо метавонанд диққат ва рағбати шахсони манфиатдори ҷамоатро ҷалб намоянд, хеле муҳиманд. Дар марҳилаҳои аввали сафарбаркунии ҷамоат омилҳое, ки ҳавасмандии тарафҳоро баланд менамояд, лозим шуданашон мумкин аст(11). Ба ин нигоҳ накарда, дар назар дошта шудааст, ки на омилҳо ва мукофотҳое, ки онҳо ҷорӣ менамоянд, балки худи барномаҳои ТСҶ ба одамон фаҳмиши манфиатнок будани иштирок дар чорабиниҳо ва қаноатманд будан аз ин корро медиҳанд. Барномаҳо масалан, метавонанд шахсони манфиатдорро дар ҷамоат (фаъолон) пешниҳод намоянд, ки татбиқи барномаи ТСҶ-ро назорат намоянд ё барои онҳо сафари корӣ ба дигар ҷамоатҳо, ки дар он ҷо барномаҳои ТСҶ хуб татбиқ шуда истодаанд, ташкил намоянд.
Мусоидат намудан ба иштироки аъзоёни ҷамоатҳо Ҷамоатҳо аз бисёр шахсони манфиатдор иборат мебошанд, ки ақидаҳо, фикрҳо, афзалиятҳо ва нақшаҳои гуногун доранд. Барои сафарбарнамоии аъзоёни ҷамоат дар як вақт ҳамаи онҳоро фаро гирифтан зарур нест; қисмҳои гуногуни ҷамоатро дар вақти муайян, барои иштирок дар ҷанбаҳои гуногуни барномаҳои ТСҶ сафарбар намудан мумкин аст. Шахсони манфиатдорро барои иштирок дар чорабиниҳои гуногуни барномаи ТСҶ таклиф намудан мумкин аст: масалан, дар гузаронидани таҳлили вазъ, ки ба муайян намудан ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи талабот, ҳуқуқҳо, захираҳо, иқтидор ва нақшҳои ҷамоат мусоидат менамояд (ниг. Ба қисми «Идоракунӣ». Барномаҳои ТСҶ бояд монеаҳоро, ки ба иштироки намояндагони манфиатдори ҷамоатҳо қобилияти халал расонидан доранд, муайян намоянд ва якҷоя бо онҳо барои бартараф намудани ин монеаҳо кор кунанд. Ба монеаҳо барои иштирок мумкин аст, норасоии вақт, маҳдудиятҳои фарҳангӣ, иҷрои масъулиятҳои оилавӣ ва меҳнатӣ, масъулиятҳои корӣ ё сатҳи пасти худбаҳодиҳӣ дохил шаванд.
САФАРБАРНАМОИИ ҶАМОАТ
27
Муттаҳид намудани тарафҳои манфиатдори мувофиқ Дар як ҷой ҷамъ овардани намояндагони тарафҳои манфиатдор бо мақсади ташкили муҳокима ва музокираҳо, ки барои фаъолиятҳои амалӣ ва дастрас шудан ба тағйироту дигаргуниҳо заруранд. Усули самараноки расидан ба ин мақсад, мунтазам гузаронидани ҷаласаҳо бо иштироки тарафҳои манфиатдори гуногун дар сатҳи ҷамоат мебошад. Дар ин гуна ҷаласаҳо бояд мувозинаи иштироки намояндагонимақомоти давлатӣ бо мақсади роҳ надодан ба истисношавии гурӯҳҳои осебпазир ё маҳдудияти ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо, ба инобат гирифта шавад.
Пурқувват намудани иқтидори ҷамоат Аъзоёни ҷамоат дар барномаҳои ТСҶ нақши ҳаётан муҳимро мебозанд, бинобар ин арзёбӣ намудан лозим аст, ки онҳо барои такмили донишу малакаҳои худ боз ба кадом омӯзишҳо ниёз доранд. Дар ин ҷо мо масъалаҳои рушди қобилияту иқтидорро дида намебароем, чунки он дар боби «Идоракунӣ» муфассал баён шудааст.
Қайд намудани муваффақиятҳо Бо мақсади таъмин намудани раванди ҳавасмандӣ ва иштироки тарафҳои манфиатдори ҷамоат, мунтазам саҳм ва дастовардҳои онҳоро эътироф ва қайд намудан зарур аст. Махсус қайд намудани саҳми ҷамоат метавонад рағбати онҳоро барои фаъолият дар дохили ҷамоат ва берун аз он афзуда, инчунин, дастгирии барномаҳои ТСҶ ва чорабиниҳоро оид ба рушди фарогир пурқувват намояд.
28
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Муқаддима Тавсифи кӯтоҳи сиёсат бо фаъолияти ҳукуматҳо, ходимони сиёсӣ ва ҳизбҳо вобастагӣ дорад. Тавсифи васеътари он бошад,муносибатҳои байни одамон, мардону занон, волидону фарзандон, одамони дорои маълулият ва маълулият надошта,фаъолияти ҳокимиятро дар ҳар сатҳи муносибатҳои инсонӣ дарбар мегирад. Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ доираи васеи фаъолиятҳоро фаро мегирад, ки бо ёрии онҳо одамон ақидаҳои худро нисбат ба ҷаҳон ва чӣ тавр онро идора намудан лозим аст, изҳор менамоянд ва кӯшиш менамоянд, ки дар таҳия ва тасвияти қарорҳое, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мебахшанд, иштирок намоянд. Ин фаъолиятҳо хеле гуногунанд, масалан таҳияи фаҳмиш оид ба масъалаҳои маълулият ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ дар сатҳи инфиродӣ ё оила, ҷалб шудан ба созмонҳои одамони дорои маълулият ё дигар гурӯҳу созмонҳо, иштирок дар чорабиниҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ё миллӣ, ба равандҳои сиёсати расмӣ, ба монанди: овоздиҳӣ, аъзо шудан ба ҳизби сиёсӣ ё гузоштани номзадии худ дар интихобот ва ғайра. Одамони оддӣ метавонанд дар сиёсат иштирок намоянд ва ҳар як инсон, аз он ҷумла шахси дорои маълулият дорои ин ҳуқуқ аст. Дар моддаи 29-и Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият «Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ» эълон шудааст, ки: «Давлатҳо – иштирокчиён ба одамони дорои маълулият ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имкониятҳои истифодабарии онҳоро баробари дигарон кафолат медиҳад» (5). Одамони дорои маълулият дар роҳи иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ бо бисёр монеаҳо рӯ ба рӯ мешаванд, бинобар ин, бисёре аз онҳо бо сиёсат робита надоштанро афзалтар мешуморанд, чунки мазӯъҳои диққатҷалбкунандаи онҳо аксар вақт ба эътибор гирифта намешаванд ё онҳо худро на он қадар тавоно ҳисоб мекунанд, ки ба дигаргуниҳо ноил гарданд ва барои қабул намудани қарорҳо таъсир бахшида тавонанд. Васеъкунии иштироки одамони дорои маълулият дар ҳаёти сиёсӣ қисми муҳими раванди васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои онҳо мебошанд. То он лаҳзае, ки иштироки одамони дорои маълулият дар ҳаёти сиёсӣ кам аст, садои одамони дорои маълулият шунида намешавад, ҳуқуқҳои онҳо ба имкониятҳои баробар ва дастрасӣ ба тандурустӣ, маориф, худтаъминкунӣ ва соҳаи иҷтимоӣ маҳдуд мешавад. ЉАМЪИЯТ «Занњои маълул даъват мекунанд»
ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ
29
ЗАМИМАИ 11 Таҷрибаи Гулу
ҶУМҲУРИИ УГАНДА
Шӯрои миллии одамони дорои маълулияти Ҷумҳурии Уганда дар соли 1987 бо мақсади таблиғи таъмини баробарии имкониятҳо барои одамони дорои маълулият ва васеъ намудани иштироки онҳо дар чорабиниҳои сиёсӣ, банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳои ба масъалаҳои маълулият бахшида, дар ҳамкории зич бо ҳукумат, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа , таъсис дода шуда буд. Баъди фаъолияти бисёрсола дар сатҳи таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳои сиёсӣ, аз тарафи Шӯрои миллии одамони дорои маълулият, айни замон манфиатҳои одамони дорои маълулиятро панҷ аъзои парламент ва шумораи зиёди мушовирон дар мақомоти маҳаллии сатҳҳои вилоятию ноҳиявӣ муҳофизат мекунанд. Ба монанди бисёр дигар мамлакатҳо, дар Уганда қонунҳое қабул гардиданд, ки ба одамони дорои маълулият тааллуқ доранд, аз он ҷумла Қонун дар бораи маълулият, соли 2003, Сиёсат дар соҳаи маъюбӣ, соли 2003, Қонун оид ба одамони дорои маълулият, соли 2006 ва Қонун оид ба имкониятҳои баробар, соли 2007.Дар Қонуни соли 2006 дастур дар бораи дастрасӣ ва ҷазо барои онҳое, ки қонунҳоро риоя наменамоянд, дохил карда шудааст. Қонунҳои монанд дар бисёр мамлактаҳо мавҷуданд, аммо татбиқи онҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст ва аксар вақт ҷомеа оид ба мавҷуд будан ва натиҷаҳои истифодаи онҳо иттилоот надорад.Шӯрои миллии одамони дорои маълулият чунин меҳисобад, ки«агар шахсони манфиатдор оид ба ҳуқуқҳои худ изҳор нанамоянд, пас қонунҳои дахлдор танҳо дар рӯи қоғаз мемонанд ва ягон манфиат расонида наметавонанд». «Бонки рушди деҳот, Сентенери» дар шаҳри Гулуи Ҷумҳурии Уганда барои ташрифи одамони дорои маълулият дастнорас буд. Бино зинаҳои пурпечу тобе дошт, ки барои одамони мушкилии узвҳои такяву ҳаракат дошта, махсусан, ашхоси аз аробачаҳо истифодабаранда, барои ҳаракат дар дохили бинои бонк имконият надоштанд. Шӯрои миллии одамони дорои маълулият бо роҳбарияти бонк ин масъаларо муҳокима намуданд, аммо онҳо аз такмилдиҳӣ ва мутобиқу дастрас намудани бино барои одамони дорои маълулият розӣ нашуданд. Қонун оид ба одамони дорои маълулияти соли 2006 эътироф менамояд, ки «ба доираи масъулияти тамоми мақомотҳои сохторҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ таъмини дастрасии қобили қабул барои одамони дорои маълулият ва меъёрии дар дунё қабулшудаи сохти ҳоҷатхонаҳо» дохил мешаванд. Шӯрои миллии одамони дорои маълулият корро ба суд дод ва баъди чанд гӯшкунӣ суд масъаларо ба фоидаи Шӯро ҳал намуда, қарор қабул намуд ва бонкро вазифадор кард, ки даромадгоҳи биноро беҳтар намуда, тамоми хароҷотҳои судиро, ки Шӯрои миллии одамони дорои маълулият дошт, пардохт намояд. Баъди ин, роҳбарияти бонк ба ҳамаи шӯъбаҳои худ дар мамлакат супориш дод, ки дастрасии биноҳои худро барои одамони дорои маълулият таъмин намоянд. Таҷрибаи Гулу намунаи хуби ибрату пайравӣ барои ҳаракати таъмини ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият мебошад. Барои татбиқи ҳуқуқҳои худ одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо бояд донишҳои сиёсӣ дошта бошанд. Ин мисол нишон дод, ки одамон барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва ноил шуданба дигаргуниҳо бояд сафарбар карда шуда, дар ҷамоатҳои худ муттаҳидона баромад намоянд.
30
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Мақсад Одамони дорои маълулият дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар асоси баробарӣ бо дигар одамон иштирок менамоянд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз таъмин намудани: • 4 дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба иттилоот ва малакаю донишҳои барои ҷалб ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ мусоидаткунанда; ва • шаффофияти масъалаҳои ба маълулият вобастава ҳангоми қабули қарорҳои сиёсӣ оид ба стратегияҳо ва барномаҳои соҳаи рушд дар маркази диққат доштан ва ба инобат гирифта шудани онҳо иборат аст.
Натиҷаҳои чашмдошт • С 4 атҳи огоҳии кормандони барномаҳои ТСҶ оид ба системаи сиёсӣ баланд шудааст. • Сатҳи огоҳии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ беҳтар шудааст. • Ҳукуматҳо ва ҷамъияти шаҳрвандӣ аз мушкилиҳои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо огоҳ буда ҳуқуқҳои онҳоро барои иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ эътироф менамоянд. • Монеаҳо дар роҳи иштироки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ҳаёти сиёсӣ кам ё бартараф шудаанд.
Мафҳумҳои асосӣ Ҳокимият (қудрат) ва қабули қарорҳо Ҳокимият (қудрат) – ин қобилияти интихоби асоснок намудан ва озодии амал кардан аст. Қарорҳо аз тарафи одамоне, ки дорои қудрат мебошанд, қабул карда мешаванд ва дар ҳама ҷамъиятҳо одамоне ҳастанд, ки назар ба дигарон вобаста аз чунин омилҳо, ба монанди синну сол, нақши гендерӣ, мансубияти этникӣ, ба сиёсат наздикӣ доштан, вазъи иқтисодӣ,қудрати бештар доранд (13). Қудрат дар ҳар сатҳи ҷамъият мавҷуд аст, аз оила сар карда то ҳукумат, - ва дарки он, ки кӣ қудрат дорад ва метавонад қарорҳо қабул намояд ва барои чӣ ӯ салоҳияти ин корро иҷро кардан дорад, қадами якум ва муҳим дар роҳи иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ мебошад.
Монеаҳо дар роҳи иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ Монеаҳо дар роҳи иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ, ки одамон метавонанд бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд ба он монеаҳое, ки дар қисмҳои дигари Дастур оид ба ТСҶ зикр шуданд, монанданд. Хулосаҳои умумӣ чунинанд: • 4 Камбизоатӣ: фаъолияти одамони камбизоат асосан ба зиндамонӣ равона шудааст ва аксар вақт онҳо кӯшиш менамоянд, ки пеш аз он, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок карда тавонанд, аввал талаботҳои аввалиндараҷаи худро қонеъ намоянд; бинобар ин, вақти холии онҳо ё ҳавасмандиашон маҳдуд аст. • 4 Таҳсилот: ҳангоми набудани иттилоот ва дониш иштироки пурмазмун дар сиёсат мушкил аст. • 4 Ҷудокунии иҷтимоӣ: маҳдудияти шабакаи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ. • 4 Омилҳои шахсӣ: ба одамон барои иштирок намудан дар ҳаёти ҷамъиятӣ шояд, эътимод нисбати худ ё ҳавасмандӣ нарасад. ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ 31
• Л 4 ақабгузорӣ ва табъиз: гурӯҳҳои бештари аҳолӣ нисбати одамони дорои маълулият ақидаҳои хурофотӣ, тарс ё нороҳатӣ доранд, бинобар ин, барои иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ муқовимат нишон медиҳанд. • Набудани воситаю равандҳои нисбати одамони дорои маълулият дӯстона:монеаҳо барои дастрасӣ ба иштироки одамони дорои маълулият дар ҳаёти ҷамъиятӣ, масалан қуттиҳои овоздиҳӣ, ки барои истифодабарии одамони дорои маълулият мувофиқ нестанд. • Набудани намунаҳои ибрат: дар бисёр давлатҳо ва ҷамоатҳо одамоне намерасанд, ки ба маълулият нигоҳ накарда, ба туфайли иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, шӯҳрати калон пайдо намудаанд. • Монеаҳои ҳуқуқӣ - дар бисёр давлатҳо одамони дорои маълулият ҳуқуқи овоз доданро надоранд, масалан одамони дорои маълулияти ақлонӣ ҳуқуқи овоз доданро надоранд. Хеле муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ нисбат ба сатҳи имконпазири иштироки одамони дорои маълулият дар ҷамоатҳои камбизоат воқеона муносибат намоянд ва ҳангоми таҳияи чорабиниҳои дахолат монеаҳои эҳтимолиро низ ба назар гиранд.
Маълулият ҳамчун масъалаи сиёсӣ Бисёр ҳолатҳое, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳоро дар ҳолати ногувор мегузорад, аз он сабаб ба вуҷуд меоянд, ки ҳукумат ва таҳиягарони сиёсат баъзе мушкилиҳои асосии одамони дорои маълулиятро нодида мегиранд, масалан мушкилиҳои иҷтимоӣ ва табъиз. Талаботҳои одамони дорои маълулият гоҳ - гоҳ дар байни бандҳои асосии рӯзномаҳои сиёсӣ, махсусан дар ноҳияҳои дорои захираҳои маҳдуд пайдо мешаванд. Дар натиҷа, дар он ҷойҳо барномаҳои миқдоран ками фарогир ва хизматрасонӣ, ки ба одамони дорои маълулият равона шудаанд, мушоҳида мешаванд. Аммо дар он ҷойҳое, кимушкилиҳои одамони дорои маълулият дар барномаҳои сиёсӣ ба инобат гирифта мешаванд, татбиқи чорабиниҳо аксар вақт суст аст ва дар натиҷа, барои одамони дорои маълулият дар ҷамъият чун пештара монеаҳои зиёд боқӣ мемонанд.
Давлат Фаҳмиши фаъолияти он, ки давлат чӣ тавр фаъолият менамояд – масалан, дониш оиди сохторҳо ва равандҳои сиёсӣ, оиди он, ки бо ёрии онҳо чӣ тавр ҳокимият кор мекунад ва чӣ тавр ба онҳо таъсир расонидан мумкин аст – барои гузаронидани таблиғот бо мақсади ташаккули иттиҳодҳо ва таъсир ба дигаргуниҳо метавонад манфиатнок бошад. Умуман, се шохаи ҳокимият мавҷуд аст: қонунгузор (масалан, парламент), иҷрокунанда (ҳукумат ва хизмати давлатӣ) ва судӣ (суд). Давлатҳо ба воҳидҳои маъмурӣ тақсим шудаанд ва сатҳҳои гуногуни мақомотҳои ҳокимият мавҷуданд- маҳаллӣ, музофотӣ, минтақавӣ ва умумимиллӣ. Дар ҳар як сатҳ ин шохаҳо метавонанд мақомотҳои қонунгузори интихоби демократӣ дошта бошанд, ки қонунҳоро қабул менамоянд. Шохаи қонунгузори ҳокимият аз тарафи аҳолии маҳаллӣ интихоб мегардад. Дар сатҳи поён ин метавонад шӯрои деҳот бошад, баъд музофотӣ ё ассамблеяи минтақавӣ ва дар охир парламенти миллӣ.
Квотаҳои сиёсӣ Бо мақсади таъмин намудани намояндагии сиёсӣ бисёр давлатҳо дар мақомотҳои интихобии сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ фоизи муайяни ҷойҳои корӣ ё фоизи муайяни вазифаҳои давлатиро барои гурӯҳҳои алоҳида – масалан, барои занҳо, аққалияти этникӣ, одамони дорои маълулият, ҷудо менамоянд. Ин «квотаҳо», «фаъолиятҳои мусбӣ», ё «табъизи мусбӣ» ном дорад.
32
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Таъмини сатҳи огоҳии кормандони барномаҳои ТСҶ оид ба системаи сиёсӣ Кормандони барномаҳои ТСҶ оид ба тарзҳои фаъолияти амалии давлат иттилооти кифоя дошта бошанд, зеро он барои ташкили ҳамкориҳо ва таъсиррасонӣ ба раванди воридсозии тағйирот мусоидат менамояд. Онҳо метавонанд иттилоотнокиро ба воситаи: • ҳ 4 уҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии асосӣ ва чорабиниҳои сиёсиро, ки ба маълулият ва соҳаҳои рушд алоқаманд мебошанд, муайян намоянд; • таҳқиқи нақши ҳукумат ва вазифаҳои ҳар як вазорат: кадоме аз онҳо барои татбиқи кадом корҳо масъул аст ва кӣ қудратуҳуқуқи қабул намудани қарорҳоро дорад; • 4 гирифтани иттилоот оид ба сохтори сиёсӣ дар сатҳи маҳаллӣ: оид ба он, ки чӣ тавр қарорҳои ҳукумати марказӣ ба онҳо мерасанд ва оё дар ин сатҳ қудрати қабули қарорҳо мавҷуданд; • 4 вохӯрии мунтазам бо ходимони сиёсӣ, аз он ҷумла новобаста аз хайрхоҳии шахсӣ, бо намояндагони ҳизбҳои мухолиф; кормандони барномаҳои ТСҶ бояд ғайриҳизбӣ бошанд, яъне тарафдори ягон ҳизби мушаххас ё сохтори ҳокимиятӣ ҳисоб нашаванд.
Мусоидат намуданба рушди донишҳои сиёсӣ Сатҳи шуурнокии сиёсии бисёр одамон, аз ҷумла одамони дорои маълулият, махсусан камбизоатон метавонад хеле паст бошад, масалан, онҳо метавонанд надонанд, ки чӣ тавр дар овоздиҳӣ иштирок намоянд ё оид ба мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии миллӣ оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ё созишномаҳои мувофиқи байналмиллалӣ, ба монанди Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, гумон ҳам набаранд. Барои ҳавасманд кардани фаъолнокӣ барномаҳои ТСҶ метавонанд: • одамони дорои маълулияти калонсолро барои иштирок намудан дар барномаҳои саводнокӣ тарғибу ташвиқнамоянд (ниг. ба қисми «Маориф»); • 4 дастрасии одамони дорои маълулиятро ба омӯзишҳои ташвиқу тарғиботӣ ва ба ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии онҳо равонашуда таъмин намоянд; • 4 ба одамони дорои маълулият дар барқарор намудани робита бо гурӯҳҳои худёрирасон ва созмонҳои одамони дорои маълулият бо мақсади рушд ва такомули малакаҳои манфиатнок,оид ба фаъолиятҳои сиёсӣ ёрӣ расонанд, масалан иштирок дар чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, озодона баромад намудан дар назди мардум, ҳалли мушкилиҳои мавҷуда ва ташкили чорабиниҳо дар сатҳи ҷамоат; • фарогирӣ ва иштироки кӯдакон ва наврасонро дар чорабиниҳое,таъмин намоянд, ки онҳо тавонанд озодона ақидаҳои худро баён намоянд, қарорҳои мувофиқ қабул намоянд ва оқибатҳои амалиётҳои худро арзёбӣ намуда тавонанд.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони сохторҳои сиёсӣ оид ба масъалаҳои маълулият Аксар вақт табъиз ва истисноии одамони дорои маълулият бо сабаби нофаҳмӣ ва норасоии дониш дар сатҳи ҳукумат ба миён меояд. Бо ин сабаб як қисми таркибии стратегия, ки ба васеъ намудани иштироки одамони дорои маълулият дар сиёсатравона шудааст, баланд бардоштани иттилоотнокии худи ходимони сиёсӣ мебошад. Фаъолиятҳои пешниҳодгардида инҳоро дар бар мегиранд: ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ 33
• п 4 ешниҳоди иттилоот ба намояндагони сиёсӣ ва мансабдорон дар бораи мавҷудияти қонунҳо оид ба маълулият; • 4 дар шӯроҳои маҳаллӣ гузаронидани омӯзиш оид ба масъалаҳои ба маълулият вобаста ва ҷалб намудани одамони дорои маълулият барои гузаронидани омӯзишҳои мазкур; • 4 ҷалб кардани сиёсатмадорони пешсаф ва дигар намояндагони сиёсӣ дар фаъолиятҳое, ки аз тарафи барномаҳои ТСҶ ва одамони дорои маълулият гузаронида мешаванд: масалан, таклиф намудани сиёсатмадорон барои иштирок намудан дар муаррифии барномаи нави ТСҶ ё дар чорабиниҳои ба рӯзи Байналмилалии одамони дорои маълулият бахшида. Мақсад аз ин нишон додани сиёсатмадорон чун одамоне мебошад, ки ба беҳбудии интихобкунандагонашонсаҳм гузоранд ва барномаҳои ТСҶ аз ин бояд истифода намоянд;
Раҳнамоии раванди дастрасӣ ба фаъолиятҳои сиёсӣ Кормандони ТСҶ бояд монеаҳои зиёдеро, ки дар роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ меистанд, бояд фаҳманд ва дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои худёрирасон, созмонҳои одамони дорои маълулият ва дигар сохторҳо дар паст ё бартараф намудани ин монеаҳо кор кунанд. Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда инҳоро дар бар мегиранд: • пешниҳод намудани тавсияҳо ба мақомотҳои маҳалии ҳокимият дар марҳилаи омодагӣ ба интихобот ба монанди ташкили минтақаҳои интихоботӣ ва тартиби овоздиҳӣ, ки ба одамони дорои маълулият дастрас бошанд; ба ин таъмини дастрасии ҷисмонӣ, маводҳои интихоботӣ, ки барои одамони дорои якчанд маълулият содда ва ба осонӣ аз худ шаванда бошанд. • 4 бовар кунонидани комиссияҳои миллии интихоботӣ ва созмонҳои муҳофизати ҳуқуқ оид ба зарурати ошно намудани одамони дорои маълулият ба ҳуқуқҳои онҳо ба интихобкунӣ ва дар бораи он, ки барои иштирок дар интихобот ба одамони дорои маълулият кадом шакли ёрию дастгирӣ расонида мешавад. • 4 бовар кунонидани сарварони сиёсӣ ва ҳизбҳо ба зарурати таҳияи маводҳои тарғиботии дастрас ва шинос намудани одамони дорои маълулият бо онҳо; • 4 омӯхтани имкониятҳои даБарои страсии нақлиёт ба одамони раъйдињї дорои маълулият, махсусаншахсоне, ки мушкилии узвҳои такяву ҳаракат доранд, то ба онҳо барои расидан ба минтақаҳои интихоботӣ ёрӣ расонида шавад; • муайян намудани вазифаҳои интихобии сиёсӣ ва давлатӣ, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи осебпазир ҷудо карда шудаанд ва таблиғ намудани одамони дорои маълулият барои ишғол намудани ин вазифаҳо.
34
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
ЗАМИМАИ 12
ҶУМҲУРИИ ГАНА
Таъмин намудани имконияти овоздиҳӣ барои одамони дорои маълулияти биноӣ Хазинаи байналмилалии системаҳои интихоботӣ аз Вазорати корҳои хориҷӣ қарзи бебозгашт барои таҳия ва санҷиши таҷрибавии варақаҳои интихоботӣ барои Ҷумҳурии Гана гирифт, ки он ба одамони дорои маълулияти биноӣ имконият медод, ки ба таври махфӣ ва мустақилона овоз диҳанд. Чун,дар дигар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, дар Ҷумҳурии Гана интихобкунандагони дорои маълулияти биноӣ ҳангоми овоздиҳӣ одатан аз хизмати ёрирасонҳо истифода мебаранд. Дар варақаи интихоботӣ, ки санҷиши озмоиширо гузашт, ба ҷои алифбои Брайл нишонаҳои ламсӣ истифода бурда шуданд, чунки дар Гана камтар аз 1% калонсолони дорои маълулияти биноӣ саводноканд. Варақаи интихоботӣ дар интихоботи соли 2006 аз санҷиш гузашт; он дар ҳамкорӣ бо комиссияи интихоботӣ, Федератсияи ассотсиатсияи одамони дорои маълулияти Гана ва созмони «Фаъолиятҳо дар соҳаи маълулият ва рушд дар ҶумҳурииГана» (14) таҳия шудааст.
ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ
35
36
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Гурӯҳҳои худёрирасон Муқаддима Гурӯҳҳои худёрирасон иттиҳодияи ғайрирасмии одамон мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои барои ҳамаашон умумӣ ҷамъ меоянд. Ба он нигоҳ накарда, ки худёрирасонӣ ба шахси алоҳида диққат бахшиданро низ дар назар дошта метавонад, хусусияти муҳими гурӯҳҳои худёрирасон ақидаи дастгирии ҳамдигар мебошад, яъне, одамон ба якдигар ёрӣ мерасонанд. Ин гуна гурӯҳҳо барои мақсадҳои гуногуни дигар низ вобаста аз вазъият ва талаботҳо, хизмат расонда метавонанд (15). Масалан, дар соҳаи рушд гурӯҳҳои худёрирасон ҳамчун стратегияҳои самараноки паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтидори инсон ва васеъкунии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ истифода бурда мешаванд (16). Бинобар ин, чунин гурӯҳҳо аксар вақт ба фаъолшавии барномаҳои қарздиҳии хурд ва фаъолияте, ки ба гирифтани даромад равона шудааст, кор мекунанд (ниг. ба қисмати «Худтаъминкунӣ) . Дар 20 соли охир гурӯҳҳои худёрирасон дар шаклҳои гуногуни соҳаи маълулият истифода бурда мешуданд, гурӯҳҳои худёрирасон, ки аз одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо иборатанд, дар чорабиниҳои зиёд иштирок менамоянд, аз ҷумла ёрӣи тиббию санитарӣ, тавонбахшӣ, маориф, қарздиҳии хурд ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – тарғиботӣ. Гурӯҳҳои худёрирасон метавонанд раванди васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳоро роҳнамоӣ намоянд: мансубият ба гурӯҳ (ё созмон) яке аз тарзҳои муҳими таъмини иштироки одамони дорои маълулият дар ҳаёти ҷамоат мебошад (ниг. ба қисми «Созмонҳои одамони дорои маълулият»), ва ба шарофати аъзогӣ дар ин гуна гурӯҳҳо онҳо метавонанд иттилоотнокии худ ва қобилияти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ва инчунин, фаъол намудани дигаргуниҳоро инкишоф диҳанд (2). Ба он нигоҳ накарда, ки барномаҳои ТСҶ кори худро ба сатҳи шахси алоҳида равона намудаанд - масалан, расонидани ёрии бевосита ба монанди табобати асосӣ, онҳоро инчунин барои муттаҳид намудани одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба гурӯҳҳои худёрирасон барои ҳалли мушкилотҳояшон водор менамоянд. Гурӯҳҳои худёрирасон ҷузъи муҳими матритсаи ТСҶ мебошанд ва метавонанд ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳои нави ТСҶ дар соҳаи фарогирӣ, баланд бардоштани ташаббусҳои одамони дорои маълулият ва пурзӯр намудани иштироки онҳо дарраванди рушд, хизмат намоянд (15). Дар ин боби дастурамал диққати асосӣ ба роҳнамоии барномаҳои ТСҶ ва ташкили гурӯҳҳои нави худёрирасон бахшида шудааст, дода мешавад, аммо инчунин дар онҳо ҳамкории барномаҳои ТСҶ бо гурӯҳҳои худёрирасони аллакай мавҷудаи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои худёрирасони умумӣ баён мешавад.
ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ
37
ЗАМИМАИ 13
ҶУМҲУРИИ СОТСИАЛИСТИИ ВЕТНАМ
Гурӯҳҳои худёрирасон, ки аз минаҳои заминӣ зарар диданд Дар соли 2003 дар музофоти Куангбини Ветнам Шабакаи зарардидагон аз минаҳои заминӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Он барои ташкил намудани 15 гурӯҳҳои худёрирасон барои зарардидагон ёрӣ расонид. Бисёре аз ин одамон аз бемориҳое, ки сабабашон захм мебошад, азият мекашанд, аммо хусусияти нодири ин гурӯҳҳо он аст, ки онҳо инчунин одамонеро дар бар мегиранд, ки маъюбии онҳо бо низои мусаллаҳ вобаста нест. Ин гуна гурӯҳҳо дар пеши худ мақсад мегузоранд, ки ба раванди васеъкунии мустақили ҳуқуқҳо бо роҳи бартараф кардани истисноии иҷтимоӣ, васеъкунии сатҳи иштирок дар раванди қабули қарорҳо ва инчунин, баланд намудани сифати ҳаёт, мусоидат намоянд. Мақсади охирони созмони «Шабакаи зарардидагон аз минаҳои заминӣ» - ин ташкили гурӯҳҳои худёрирасон дар ҳамаи ҷамоатҳо мебошад. Кормандони иҷтимоии Шабака, ки қисми зиёдашон маъюб мебошанд, барои ёрӣ ба ҷамоатҳое, ки нисбат ба ташкили гурӯҳҳои худёрирасон шавқ зоҳир намуданд, ҷавоб медиҳанд. Ин кормандон аз пурзӯр намудани робита бо мақомоти маҳаллии ҳокимият ва инчунин, бо созмонҳои калони бонуфуз, ба монанди Ассотсиатсияи фермерон, Иттиҳоди занҳо ва Ассотсиатсияи ветеранҳо,оғоз менамоянд. Онҳо омӯзиши консепсияи гурӯҳҳои худёрирасонро барои аъзоёни гурӯҳи навтаъсисшаванда ташкил мекунанд ва фаъолиятҳои ҳуқуқиро оид ба бақайдгирии гурӯҳҳо аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимият ва гузаронидани ҷаласаи аввалини шахсони манфиатдорро раҳнамоӣ менамоянд. Баъди ташкил ва бақайдгирии расмии гурӯҳҳо онҳо дар реҷаи худидоракунӣ, фаъолиятро оғоз менамоянд. Ҳангоми зарурат кормандони иҷтимоӣ ба онҳо дастгирии навбатӣ мерасонанд. Чунончи, онҳо метавонанд барои аъзоёни гурӯҳҳо омӯзиш оид ба масъалаҳои маълулият ё идоракунии гурӯҳро ташкил намоянд (масалан, оид ба он, ки чӣ тавр ҷаласаро бурдан лозим аст). Аъзоёни гурӯҳ барои идоракунии чорабиниҳое, ки инҳоро метавонанд дар бар гиранд, ҷавоб медиҳанд: таклиф намудани намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимият барои муҳокимаи масъалаҳои хизматрасониҳои тиббии одамони дорои маълулият, кор бо мақомоти маҳаллии ҳокимият оид ба беҳтар намудани сифат ва дастрасии ин хизматрасониҳо, гузаронидани чорабиниҳои маҳаллии варзишӣ, иштирок дар мусобиқаҳои варзишии миллӣ, ташкили устодӣ оид ба масъалаҳои нигоҳубини тиббӣ ва табобат, ташкили корхонаҳои хурд ва имкониятҳо барои бо кор таъминкунӣ ва инчунин, тарғиби симои мусбии одами дорои маълулият дар ҷамоати маҳаллӣ. Бисёр гурӯҳҳои худёрирасон масъулият ба дӯш гирифтанд, ки дар Ветнам Рӯзи миллии одамони дорои маълулиятро гузаронанд, барномаи ин Рӯзро таҳия намуда, чорабиниҳои ботантанаро роҳнамоӣ намуданд. Яке аз муваффақиятҳои калони гурӯҳҳои ёрирасон и мусоидат намудани онҳо ба беҳгардонии сатҳи иттилоотнокии кормандони ҳокимияти маҳаллӣ оид ба талаботу эҳтиёҷотҳои одамони дорои маълулият ва нақши худи онҳо дар таъмину татбиқи он талаботу эҳтиёҷотҳо аст. Қадами МАРКАЗИ АЗ МИНА ЉАБРДИДАГОН оянда ҷамъ овардани ҳамаи LSN ВЕТНАМ гурӯҳҳои худёрирасон дар як Ба болотар баро, ҷо ва ташкили иттиҳод мебобо дигарон њамќисмат шад. бош
38
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Мақсад Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар фаъолияти гурӯҳҳо бо мақсади ҳалли мушкилиҳои умумӣ, баланд бардоштани тарафҳои қавии хеш ва беҳтар намудани сифати ҳаёт, иштирок менамоянд.
Нақши барномаҳоитТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз расонидани ёрӣ ва мусоидат намудан ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ташкили гурӯҳҳои нави худёрирасон ё пурқувватгардонии гурӯҳҳои мавҷуда, иборат аст. Агар дар ҷамоат гурӯҳҳои фарогирии умумӣ, масалан гурӯҳҳои занон ё гурӯҳҳои қарздиҳӣ мавҷуд бошанд, вазифаи ТСҶ аз мусоидат намудан ба иштироки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ин гурӯҳҳо иборат аст
Натиҷаҳои чашмдошт • Д 4 ар ҷамоатҳои маҳаллӣ гурӯҳҳои худёрирасон барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо амал мекунанд. • 4 Аъзоёни гурӯҳҳои худёрирасон дониш ва малакаҳоеро рушд медиҳанд, ки ба онҳо имконияти ба ҳаёти оила ва ҷамоат саҳмгузорӣ карданро фароҳам меоварад. • 4 Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо метавонанд ба гурӯҳҳои худёрирасони фарогир, ки дар онҳо дигар аъзоёни ҷамоат низ иштирок менамоянд,аъзо шаванд. • 4 Гурӯҳҳои худёрирасон барои амалӣ шудани барномаҳои ТСҶ мусоидат менамоянд ва аъзоёни онҳо дар раванди банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳои ТСҶ иштирок менамоянд. • 4 Гурӯҳҳои худёрирасон ба иттиҳодҳо муттаҳид шуда, дорои мустақилият мешаванд.
Мафҳумҳои асосӣ Гурӯҳҳои худёрирасон Хусусиятҳо Баъзе хусусиятҳои умумии гурӯҳҳои худёрирасон, ки бо барномаҳои ТСҶ вобастаанд: • и 4 хтиёрӣ будан: гурӯҳҳо аз тарафи аъзоёнашон идора мешаванд, барои қаноат намудани талаботҳои онҳо ташкил шудаанд, ҷаласаҳои мунтазам мегузаронанд ва барои қабули дигар иштирокчиён кушодаанд (17); • 4 умуман барои ҳалли ягон масъалаи мушаххас ташкил шудаанд (масалан, мушкилоти набудани дастрасӣ ба таҳсилот барои кӯдакони дорои маълулият, имкониятҳои маҳдуд барои дастрас намудани ҷои кор барои гирифтани даромад); • 4 мақсадҳо амиқ, ки аз талаботҳои аъзоёни гурӯҳҳо муайян шудаанд, ба ҳамаи аъзоён фаҳмо ҳастанд ва аз тарафи онҳо дастгирӣ мешаванд(15); • 4 мавҷуд будани сохтори ғайрирасмӣ ва қоидаҳои заминавӣ, дастурҳо ва тавсияҳое, ки ба аъзоёни гурӯҳҳо оид ба чӣ тавр самараноктар якҷоя кор кардан лозим аст, фаҳмонида медиҳад; • 4 хосияти иштирокварзӣ дорад, аз ҷумла дастрас кардани ёрӣ, табодули донишу таҷриба, пешниҳод намудани ёрӣ, омӯзиш бо мақсади ёрирасонӣ ба худ ва дигарон (18); ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ 39
• м 4 асъулияти якҷояи аъзоёни гурӯҳ: ҳар яки онҳо нақши муайян дорад ва саҳми худро ба захираҳои гурӯҳ мегузорад; • 4 ба таври демократӣ қабул намудани қарорҳо; • 4 худидоракунӣ,истифодабарии дастурдиҳандаи берунӣ, танҳо дар давраи ташкилӣ, агар ҳангоми ташкили гурӯҳ ба ин зарурат бошад; • тадриҷан васеъ намудани доираи вазифаҳо бо мақсади ҳалли масъалаҳои бамиёномада; • •имконияти якҷоя шудан дар минтақаи васеътар бо дигар гурӯҳҳо бо мақсади созмон додани иттиҳод.
ЗАМИМАИ 14
ҶУМҲУРИИ ГАНА
Гурӯҳҳои худёрирасон воситаҳои зиндагониро таъмин менамоянд Дар Кодобеда, музофоти Ҷанубии Аквапим, Ҷумҳурии Гана, чор нафар одамони дорои маълулият қарор доданд, ки барои беҳтар намудани шароити моддӣ гурӯҳи худёрирасон ташкил намоянд. Дар вохӯрӣ бо пешво ва кӯҳансолони деҳа онҳо илтимос намуданд, ки барои оғоз намудани фаъолияти чорводорӣ ба онҳо себуз диҳанд. Хоҳиши онҳо қонеъ гардонида шуд ва гурӯҳ ба кор шурӯъ намуд. Бузҳо ба зудӣ насл оварданд. Бузичаҳоро барои калон кардан ба яке аз аъзоёни гурӯҳ доданд, бузҳои калон бошанд дар нигоҳубини иштирокчии дигар монданд.Вақте, ки бузҳо боз насл оварданд, ин насл дар дасти ин аъзои гурӯҳ монд, худи бузҳоро бошад, фурӯхтанд. Маблағи ба даст овардаро барои харидории боз як бузи дигар барои аъзои навбатии гурӯҳ сарф карданд. Ҷараён то он лаҳзае давом дод, ки ҳамаи аъзоёни гурӯҳ соҳиби бузҳои худ шуданд ва бо ин, имконияти гирифтани даромади кифоя барои зиндагонӣ пайдо гардид.
Узвият Аъзоёни гурӯҳ ихитёриёне мебошанд, ки меҳнати онҳо пардохт карда намешавад, аммо онҳо мунтазам ва мураттаб кор мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки ба ёрии якдигар такя карда, мавқеи худро иваз намоянд. Дар матни барномаи ТСҶ гурӯҳҳои худёрирасон одатан, аз одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо иборатанд. Ин гурӯҳҳо хурд буда, аз якчанд аъзо иборатанд, вале бо мурури замон метавонанд то 7 – 30 нафар зиёд шаванд. Гурӯҳҳои хурд ба ҳамаи аъзоёни худ имконият медиҳанд, ки дар муҳокимаҳо ва қабули қарорҳо иштирок намоянд, гурӯҳҳои калонтар бошанд метавонанд қудрати бузург ва таъсири калон дошта бошанд.
Роҳнамоӣ ва идоракунӣ Аз кормандони барномаҳои ТСҶ баъзан хохиш менамоянд, ки ба сифати раҳнамо, дастурдиҳанда фаъолият намоянд, махсусан ҳангоми ташкил шудани гурӯҳи нав. Кормандони ТСҶ барои он, ки пешсафони интихобшуда мавқеи бартаридоштаро дар гурӯҳ ишғол нанамоянд, метавонанд вазифаҳои роҳбариро иҷро намоянд; онҳо инчунин, метавонанд ба таври беадолатона соҳиб шудан ба неъматҳоро аз тарафи шахсони алоҳида пешгирӣ ваҳавасмандии одамонро дастгирӣ намоянд ва оид ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти гурӯҳ омӯзишҳо гузаронанд (15). Барои бурдани кор бо одамони дорои маълулият ҳатмӣ нест, ки худ дорои маълулият бошӣ, аммо 40 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
таҷрибаи аз сар гузаронидаи табъиз метавонад ҳамдигарфаҳмӣ ва таваҷҷӯҳ байни дастурдиҳандаи берунӣ ва гурӯҳро пурзӯр намояд. Ба ғайр аз ин, дастурдиҳандаи дорои маълулият метавонад барои дигар аъзоёни гурӯҳ намунаи ибрату пайравӣ гардад.
ЗАМИМАИ 15
ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ
Рушди гурӯҳҳои худёрирасон Лоиҳаи ТСҶ дар минтақаи мухтори Тибет, Ҷумҳурии Халқии Чин бо волидони кӯдакони дорои маълулият бо мақсади таҳияи роҳҳои нави қонеъ намудани талаботҳои онҳо ҳамкорӣ менамояд. Волидон дарк намуданд, ки хурофот ва зоҳир намудани табъиз нисбат ба кӯдакони онҳо мушкилии афзалиятнок аст, чунки ба кӯдакон барои ташриф овардан ба мактаб халал мерасонад ва иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷамоат мушкил менамояд. Кормандони ТСҶ, ки пештар бо консепсияи гурӯҳҳои худёрирасон шинос шуда буданд, ба хулосае омаданд, ки ташкили чунин гурӯҳ барои волидон манфиатнок мебошад. Якчанд волидон қарор доданд, ки гурӯҳи худёрирасонро ташкил намоянд ва аз шарҳдиҳӣ ба одамон оид ба мушкилиҳои одамони дорои маълулият оғоз намуданд. Вохӯриҳои худро оид ба ин масъала онҳо дар чойхонаҳои маҳаллӣ мегузарониданд. Вақте, ки волидон якдигарро беҳтар мефаҳмидагӣ ва бодиққат ба таҷрибаи дигарон муносибат мекардагӣ шуданд, миқдори аъзоёни гурӯҳ аз 2 то 12 нафар зиёд гардид. Ҷамоат ин ташаббусро мусбӣ баҳо дод ва оҳиста – оҳиста ба одамони дорои маълулият муносибати худро иваз кард, аъзоёни зиёди он ёрии худро барои гузаронидани ин гуна ҷаласаҳои фаҳмондадиҳӣ пешниҳод намуданд, аз ҷумла дар шакли харидории аробачаҳои махсус барои одамони дорои маълулият дар раванди гузаронидани омӯзишҳо. Ин ташаббус сарчашмаи пурқувватгардонӣ ва шавқмандиро барои ёрирасонӣ ба миён овард. Ба ғайр аз ин, бисёр кӯдакони дорои маълулият ба мактаб рафтанро оғоз намуданд ва оилаҳои онҳо айни замон эътироф шуда, ба ҳаёти ҷамоат шомил шуданд. Гурӯҳи худёрирасон бо дастгирии гурӯҳи ТСҶ тадриҷан фаъолияти худро васеъ намуд. Онҳо чойхона кушоданд ва даромад аз фаъолияти он барои дастгирии оилаҳои камбизоат, ки аъзоёнашон дорои маълулият буданд, равона мешуд. Барномаи ТСҶ ёрии моддии ибтидоиро пешниҳод намуд ва омӯзишҳоро барои кушодани корхонаҳои хурд ва умуман дастрас кардани воситаҳои зиндагӣ гузаронд. Ба ғайр аз ин, аъзоёни гурӯҳ ба хонаводаҳо ташриф оварданро оғоз намуданд ва дар ҳолате, ки ба волидон иҷро намудани нақшаи тавонбахшии кӯдак бо сабаби сатҳи пасти дастовардҳо дар таҳсилот ё банд будан дар кор мушкил буд, ёрӣ расонданд. Барномаи ТСҶ барои аъзоёни гурӯҳ оид ба усулҳои оддии тавонбахшӣ барои расонидани ёрӣ ба рушди кӯдакон омӯзишҳо гузаронданд, кормандони ТСҶ бошанд, ҳангоми ташриф ба хонаҳо онҳоро ҳамроҳӣ менамуданд, тадриҷан сатҳи ихтисос ва бовариро ба қувваи худ баланд менамуданд. Муваффақияти ин гурӯҳи худёрирасон дигаронро барои ташкил намудани чунин гурӯҳҳо рӯҳбаланд намуд.
ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ
41
Мушкилиҳои ташкили гурӯҳҳои худёрирасон Гурӯҳҳои худёрирасони деҳотӣ ва шаҳрӣ Таҷрибаи татбиқи барномаҳои ТСҶ нишон медиҳад, ки аксар вақт ташкил намудани гурӯҳҳои худёрирасон дар деҳотҷойҳо осонтар аст. Созмон додани онҳо дар шароити шаҳр бо сабаби тез – тез пайдо шудани муҳоҷират ва мушкилиҳо барои ноил шудан ба боварии дутарафа ва ҳисси алоқамандӣ дар аъзоёни гурӯҳ, кори душвор мебошад (15).Аммо,бояд эътироф намуд, ки дар деҳотҷойҳо дурии географӣ ва масофаҳои калон, ки онҳоро бояд аъзоёни гурӯҳ тай намоянд ва инчунин, маҳдудияти воситаҳои муошират метавонанд гузаронидани ҷаласаҳои мунтазамро душвор намоянд.
Занҳо ва мардҳо Таҷрибаи ТСҶ нишон медиҳад, ки ҳамчун қоида занҳоро нисбат ба мардҳо даргурӯҳҳо муттаҳид намудан осонтар аст. Дар занҳо ҳисси ҳамфикрӣ бо якдигар сахттар зоҳир мегардад ва онҳо бо якдигар осонтар ҳамкорӣ менамоянд. Агар гурӯҳҳо таркиби омехта дошта бошанд, бояд намояндагии занон дар нақшҳои роҳбарӣ, ва имконияти шунидани овози онҳо оид ба масъалаҳое, ки онҳоро ба ташвиш меандозанд, бояд муҳокима ва таъмин карда шавад.
Сатҳи маърифатнокӣ Аъзоёни гурӯҳҳои худёрирасон метавонанд сатҳи гуногуни саводу маърифатнокӣ дошта бошанд. Эҳтимол, дар одамони дорои маълулият он пасттар мешавад ва бинобар ин, онҳо метавонанд аз ин таъсир бинанд. Бо ин сабаб хеле муҳим аст, ки ҷаласаҳои гурӯҳӣ аз тарафи одамони таҳсилоташон баландтар монополия карда нашаванд ва нисбат ба гурӯҳҳои худёрирасоне, ки бо қарзҳои хурд кор мекунанд, муҳим аст, ки тақсимоти неъматҳо боадолатона бошад. Барои ба зиёдшавии нобаробарӣ дар дохили гурӯҳҳо роҳ надодан, дар марҳилаи барвақти ташкилӣ ба пурқувватгардонии қобилияту салоҳият ва рӯҳбаландии муттаҳидӣ ва инчунин, ба васеъшавии ҳуқуқҳо ва имкониятҳо дар байни ашхоси сатҳи саводнокиашон пасттар бояд бештар диққат дода шавад.
Гурӯҳҳое, ки аъзоёнашон танҳо як навъи маълулияти монанд доранд Бисёр гурӯҳҳо аз тарафи одамоне, ки аъзоёнашон маълулияти монанд доранд, сохта шудаанд. Ба он нигоҳ накарда, ки ин гуна гурӯҳҳои монанд мақсадҳои равшан ва аниқи муайян доранд, дар ҷамоатҳои начандон калон, ки дар онҳо миқдори ками одамони дорои маълулияти якхела мавҷуданд, ташкили гурӯҳҳои омехта мувофиқи мақсад аст. Новобаста аз навъи маълулият, талаботҳои заминавии ҳамаи одамони дорои маълулият якхелаанд, масалан ин: ғизо, манзили зист, нигоҳубини тиббӣ, таҳсилот. Гурӯҳҳои якхела аксар вақт одамони дорои маълулиятро ҷудо менамоянд ва рақобат барои захираҳои маҳдуд ба вуҷуд меоранд.
Мутеият Дорои маълулият будан аксар вақт маънои аз касе вобаста буданро дорад, масалан ягон корро ба ҷои одами дорои маълулият иҷро кардан, на бо ҳамроҳии худи ӯ иҷро кардан. Дар натиҷа, одамони дорои маълулият, ки одатан танҳо қабулкунандаи ёрӣ буданд, на саҳмгузор, мумкин аст, барои иштирок дар гурӯҳҳо ва чорабиниҳо оид ба худёрирасонӣ ҳавасмандӣ ва худбоварии заруриро надошта бошанд. 42 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Дастгирии раванди ташкили гурӯҳҳои нави худёрирасон Барномаҳои ТСҶ бояд дар ташкил намудани гурӯҳҳои худёрирасон аз ҳисоби одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо нақши фаъол бозанд. Раванди ташкили ин гуна гурӯҳҳо вобаста аз вазъияти маҳал,сатҳи дастгирии зарурӣ фарқ мекунад. Дар зер фаъолиятҳои умумии пешниҳодшаванда оварда шудаанд.
Аз чӣ бояд оғоз намуд Кормандони барномаҳои ТСҶ одатан бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар хонаи онҳо корро бо муайян намудани талаботу эҳтиёҷоти онҳо, пешниҳоди иттилоот оид ба масъалаҳои маълулият ва шаклҳои ёрию дастгирии мавҷуда оғоз менамоянд. Ба андозаи зиёд шудани боварӣ ва дилпурӣ байни онҳо, лаҳзаи ташвиқу тарғиб барои вохӯрӣ бо дигар одамон, ки таҷрибаи монанд доранд, фаро мерасад. Дар ин марҳила кормандони ТСҶ метавонанд: • ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба консепсияи гурӯҳҳои худёрирасон нақл намоянд ва онҳоро барои ташкили гурӯҳҳои мазкур дар ҷамоаташон рӯҳбаланд намоянд;ин раванд шарҳи бартарии аъзои гурӯҳ будан ва инчунин, ҳалли масъалаҳои ба ин вобастаро дар бар мегирад, масалан, ҳангоми ташкили гурӯҳ, пеш аз ҳама бояд ёфтани манбаи даромад бо мақсади таъмини воситаҳои зиндагонӣ барои оила муҳокима шавад, одамон эҳтимол, мехоҳанд фаҳманд, ки гурӯҳи мазкур чӣ тавр бевосита метавонад барои ёфтани ҷои кори доимӣ ва манбаи даромад ба онҳо ёрӣ мерасонад; • 4 одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳоро барои муайян намудани одамоне, ки барои дохил шудан ба гурӯҳ ва бо онҳо сӯҳбат намудан ҳавасманд мебошанд, таблиғ намоянд; • дар ҳолати мавҷуд будани сабабҳои кифоя ва ҳавасмандӣ барои ташкили гурӯҳ, дар ҷои барои одамони дорои маълулият дастрас ва мувофиқ вохӯрии расмӣ барои таҳияи нақшаи корӣ ташкил намоянд.
Банақшагирӣ • М 4 уҳокимаи ташвишҳои умумӣ ва муайян намудани вазифаи аввалиндараҷаи гурӯҳ: масалан, мубодилаи ҳиссиётҳо ва таҷриба, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, мубодилаи иттилоот ва захираҳо. • 4 Аз одамон пурсида шавад, ки онҳо кадом захираҳоро ба манфиати гурӯҳ саҳмгузорӣ карда метавонанд. • Муайян намудани роҳбар ё ҳамоҳангсози гурӯҳ; эҳтимол барои иҷрои ин вазифа зиёда аз як нафар лозим шавад. • Аз рӯи имконият тезтар тақсим намудани вазифаҳо дар байни аъзоёни гурӯҳ; ин имкон медиҳад, ки ҳисси соҳибият ва масъулият пурзӯр шавад. • Пас аз ташкили гурӯҳ ба он номи мувофиқ гузоред. • Муҳокимаи аъзогӣ, яъне кӣ метавонад ба гурӯҳ дохил шавад; аввал бояд кӯшиш намуд, ки шумораи на чандон калони гурӯҳ нигоҳ дошта шавад, чунки ин ба ҳама имконияти зоҳир намудани фаъолнокӣ ва иштирокро медиҳад. • Ҳал намудани масъалаи кай гузаронидани ҷаласаю вохӯриҳои гурӯҳ бо муайян намудани сана ва вақт барои ҷаласаи аввалин. Гузаронидани ҷаласаҳо дар ҷойҳои барои одамони дорои маълулият дастрас ва на он қадар дур аз мавзеи зисти аъзоёни гурӯҳ бояд таъмин карда шавад. Бояд имконияти гузаронидани вохӯриҳо дар биноҳои ҷамоат дида баромада шавад (масалан, дар мактабҳо), бо он сабаб, ки фаъолияти гурӯҳ ва барномаҳои ТСҶ шинохта шаванд. ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ 43
• Ҳангоми зарурат фикр кардан лозим аст, ки чӣ тавр иттилоотро оид ба ташкил намудани гурӯҳ паҳн намудан мумкин аст, то ки дигар одамонро барои иштирок намудан дар ҷаласаи якуми он рӯҳбаланд намоянд. Инро бо роҳи гузаронидани сӯҳбатҳо, овезон кардани овезаҳо ё бо ёрии эълон (таблиғ) намудан дар радиои маҳаллӣ ё дар маҷалла, амалӣ кардан мумкин аст.
Гузаронидани ҷаласаҳо Ба он нигоҳ накарда, ки ба кормандони ТСҶ гирифтани масъулият оид ба гузаронидани ҷаласаҳои гурӯҳҳои худёрирасон тавсия намешавад, онҳо бояд бо тартиби асосии гузаронидани чунин ҷаласаҳо шинос бошанд, ки ҳангоми зарурат гурӯҳро дастгирӣ намоянд. Структураи ҷаласа инҳоро дар бар мегирад: • м 4 уборакбодии шахсони ба ҷаласа омада; • 4 ифтитоҳи ҷаласа ва хоҳиш аз иштирокчиён барои муаррифии худ; • қабул намудани «Қоидаҳои тиллоӣ» оид ба раванди ҷаласа, масалан, риояи қоидаҳои махфӣ (бо мақсади ошкор накардани он, ки чӣ муҳокима мешавад ва дар ҷаласа чӣ рӯй медиҳад), чунки ҳар гуна маданиятҳо метавонанд мафҳуми «махфӣ»-ро гуногун шарҳ диҳанд. Барои ин, бояд зуд қарор додан даркор аст, ки маҳз чиро гурӯҳ мехоҳад аз дигарон махфӣ нигоҳ дорад; • 4 иҷрои мақсадҳои асосии вохӯрӣ; • таҳияи протоколи ҷаласа, бақайдгирии ҳозирин, мавзӯъҳои асосии муҳокимашуда ва қарорҳои қабулшуда; • 4 масъалаҳои маъмурӣ, муайян намудани сана, мавзеъ барои гузаронидани ҷаласаи оянда; • пӯшидашавии ҷаласа.
Раҳнамоии фаъолиятҳо Барномаҳои ТСҶ ба гурӯҳҳои худёрирасон барои дуруст ва самаранок кор кардани онҳо, раҳнамоӣ ва мусоидат намоянд. Масалан, барномаҳои ТСҶ метавонанд: • д 4 ар ҳолати ба онҳо муроҷиат намудан ба роҳбарони гурӯҳ, ёрӣ ва дастгирӣ пешниҳод намоянд; • раванди бурдани ҷаласаҳоро таъмин намоянд, то ки ҳамаи аъзоёни гурӯҳ масъалаи муҳокима шудаистодаро хуб дарк кунанд ва имконияти иштирок карданро дошта бошанд; • 4 гурӯҳро барои бо навбат иҷро намудани вазифаҳо ва ӯҳдадориҳо ҳавасманд намоянд; • ба аъзоёни гурӯҳ дар фаҳмидани он, ки чӣ тавр онҳо метавонанд якдигарро дастгирӣ намоянд: масалан, оид ба муошират, ҳамроҳии кӯдакон ба мактаб, оғози ташкили ҷамъоварии пасандозҳо ёрӣ расонанд; • бо мақсади боварӣ ҳосил кардан, ки фоидаи аз фаъолияти гурӯҳ бадастомада боадолатона ва дар асоси шаффофият тақсим мешавад, санҷишҳо гузаронанд; • 4 дар таҳияи дастурҳо ва қоидаҳо, пас аз ба таври мукаммал ташкил шудани гурӯҳ ёрӣ расонанд; • пешниҳод намудани саҳмҳои молиявӣ ба гурӯҳ, масалан, аз рӯи маблағгузории ибтидоӣ ё ёрии модии ҳиссагӣ, ки ба гурӯҳи худёрирасон имконияти васеъ намудани минтақаи фаъолият ва кушодани ҳисоби бонкиро фароҳам меоварад.
Рушди қобилияту иқтидор Барои самаранок ва мустақилона фаъолият намудан одатан ба гурӯҳҳо дастгирӣ дар рушди қобилияту иқтидор зарур мешавад. Малакаҳое, ки ба аъзоёни гурӯҳ муҳиманд, инҳоро дар бар мегиранд: таҳияи рӯзнома, гузаронидани ҷаласа, дилпурона баромад карда тавонистан дар назди шунавандагон, омода намудани прото44 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
колҳо, ба низом даровардани низоъҳо, ҳалли мушкилиҳо, қабули қарорҳо бо роҳи демократӣ, бо навбат иҷро намудани вазифаҳо, санҷишу арзёбии пешравӣ. Баъзан ба гурӯҳҳои худёрирасон соҳиб шудан ба малакаҳои мушаххас зарур мешавад, аммо баъзан дар гурӯҳ иштирокчиёне ҳастанд, ки аллакай дорои чунин малакаҳо мебошанд. Худи гузаронидани ҷаласаҳои гурӯҳ ба аъзоёнаш имконияти хуби истифодаи малакаю маҳоратҳои навро дар амал пешниҳод менамояд. Гурӯҳҳои худёрирасони нав метавонанд, аз таҷрибаи гурӯҳҳое, ки аллакай дар ҷамоат фаъоланд, низ омӯзанд. Ба гурӯҳҳои нав таклиф намудани аъзоёни гурӯҳҳои аллакай ташкилшуда манфиатнок аст: гурӯҳҳои нав қисми зиёди таҷрибаи одамонеро, ки дар шароитҳои монанд кор мекунанд, мусбӣ қабул менамоянд. Робитаи барвақти байни гурӯҳҳои худёрирасон дар байни одамони дорои маълулият аҳамияти муҳим дорад, чунки ин имконияти омӯхтан, ба роҳ мондани муошират ва дастгирии дутарафаро медиҳад. Аз аввал гурӯҳҳо оид ба иштироки онҳо дар фаъолияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ беҷуръатӣ нишон медиҳанд ва ҳисоб менамоянд, ки барои ин таҷриба ва дониши кофӣ надоранд. Аммо бо гузаштани вақт, босабрӣ ва ҳавасмандӣ аъзоёни гурӯҳ дар худ қобилияти дарк намудан, нақшакашӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳое, ки барои дигаргун намудани вазъ зарур аст, ошкор менамоянд; масалан, сафарбар намудани ҷамоат барои пешниҳод намудани арзномаи дастаҷамъӣ ба мақомотҳои маҳаллии ҳокимият қадами аввалин дар роҳи таъминот бо оби тоза ва системаи корезии беҳтаршуда мебошад.
ЗАМИМАИ 16
ҶУМҲУРИИ ДОМИНИКАН
Гурӯҳи худёрирасони модарон ҳаёти кӯдаконро беҳтар менамояд Дар маҳаллаи ноободи Сантяго, Ҷумҳурии Доминикан бо кӯмаки яке аз созмонҳои байналмилалӣ гурӯҳи худёрирасони модароне, ки кӯдакони дорои маълулият доранд,ташкил шуда буд. Мақсади умумии иштирокчиёни он ба кӯдаконашон таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳо буд. Ҳукумат ба эҳтиёҷоти ин кӯдакон оид ба саломатӣ ва таҳсилоташон беаҳамиятӣ зоҳир намуд. Дастгирии давлатиро наёфта, модарон қарор доданд, ки худашон хизматрасониҳои заминавиро оид ба тавонбахшӣ ва таҳсилот ташкил медиҳанд. Онҳо тайёриро дар яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ гузаштанд ва бо гузаштани вақт хизматрасониҳои худро ба дигар маҳаллаҳои ноободи шаҳр паҳн намуданд. Зиёдшавии гурӯҳи модарон давом медод ва сохторҳои иловагӣ барои одамони дорои маълулият, наврасон ва инчунин хазинаи қарзҳои баргарданда ташкил доданд. Бо масъалаҳои ташкил ва идоракунии ин хазина кор карда, гурӯҳ ба сохтори ҳаракати кооперативӣ барои ёрии машваратӣ муроҷиат намуд. Гурӯҳ рушдро давом дода, доираҳои нави ба кор андохтани қувваро меёбад; айни ҳол он чорабиниҳои иҷтимоӣ, фаҳмондадиҳӣ, манбаъҳои даромадро ташкил менамояд. Модарон аз дастовардҳои худ ва инчунин, кӯдакон ва наврасони худ фахр менамоянд.
ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ
45
Рушди ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои худёрирасони мавҷуда Дар бисёр ҷамоатҳо гурӯҳҳои худёрирасони одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо аз барномаҳои ТСҶ новобаста вуҷуд доранд ва фаъолият менамоянд. Чунин гурӯҳҳо метавонанд барои одамони дорои маълулияти мушаххас ташкил карда шаванд, масалан барои одамони дорои маълулияти биноӣ, шунавоӣ, беморони гирифтори бемории ҷузом ё аз минаҳои заминӣ ҷабрдида. Баъзе гурӯҳҳо қувваи худро ба масъалаҳои мушаххас ҷалб менамоянд,масалан, ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, ташкил намудани манбаъҳои даромад, мушкилиҳои занҳо ва ғайра. Гурӯҳҳои худёрирасон метавонанд бо ҳар гуна номҳо ташкил шаванд, ба монанди гурӯҳҳои маҳаллии одамони дорои маълулият, гурӯҳҳои волидон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳои ҳамсолон, клубҳо ё гурӯҳҳои худёрирасон. Ин гуна иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои худёрирасон, ки бо иқдоми барномаҳои ТСҶ ташкил шудаанд, тез – тез вазифаҳои монандро ҳал менамоянд. Бинобар ин бояд, ки барномаҳои ТСҶ ҳамаи гурӯҳҳоеро, ки айни замон фаъолият доранд, муайян намоянд, ва бо мақсади мубодилаи дониш, захираҳо ва фарогирии миқдори зиёди одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо муошират ва ҳамкорӣ намоянд.
Ҳавасмандкунии иштироки одамони дорои маълулият дар гурӯҳҳои худёрирасони умумӣ Ба он нигоҳ накарда, ки гурӯҳҳои худёрирасон, ки барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо муқаррар шуда нақши муҳим мебозанд, барномаҳои ТСҶ бояд инчунин, одамони дорои маълулият ва наздикони онҳоро барои дохил шудан ба гурӯҳҳои худёрирасони умумии занон, ҷавонон, гурӯҳҳои қарздиҳии хурд, гурӯҳҳои фермерӣ рӯҳбаланд намоянд. Фаъолиятҳои зерин пешниҳод мегарданд: • гурӯҳҳои худёрирасони умумиро барои фарогирии одамони дорои маълулият, ҳамчун аъзоёни доимӣ ва комилҳуқуқ рӯҳбаланд намоянд: масалан, ташкил намудани ҷаласаҳо дар толорҳое, ки ба одамони дорои маълулият дастрас мебошанд; • ҷудо намудани масъалаҳое, ки ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам одамони дорои маълулият набударо ба ташвиш меоранд: масалан, агар дар гурӯҳи занон муҳокима оид ба табъизи гендерӣ ташкил карда шавад ва қайд шавад, ки мушиклоти мазкур ҳамаи занҳоро ба ташвиш мондааст, ин метавонад гурӯҳҳои худёрирасони умумиро водор намояд, ки бо гурӯҳҳои худёрирасони одамони дорои маълулият ҳамкорӣ намоянд ё одамони дорои маълулиятро ба қатори худ қабул намоянд; • 4 дар гурӯҳҳои худёрирасони умумӣ муайян намудани одамони дорои маълулият ё шахсоне, ки ягон аъзои оилаашон дорои маълулиятанд ва онҳоро бовар кунондан, ки нисбати ин мушкилот ақидаҳои худро баён намоянд ва маълулиро дар гурӯҳҳои худкӯмакрасони худ мавзӯи муҳокима кунанд; • таъмин намудани он, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо то ворид шудан ба гурӯҳҳои соҳаи умумӣ малака ва донишҳои заруриро гиранд, чунки дар акси ҳол онҳо метавонанд ба табъиз дучор шаванд.
Ҳавасмандкунии аъзоёни гурӯҳҳои худёрирасон барои иштирок намудан дар барномаҳои ТСҶ Аъзоёни гурӯҳҳои худёрирасон (ҳам барои одамони дорои маълулият ва ҳам барои соҳаи умумӣ) метавонанд захираи муҳими барномаҳои ТСҶ шаванд, бинобар ин, бояд оиди онҳо хуб иттилоот дошта бошанд. Гурӯҳҳои худёрирасон метавонанд дар фаҳмондадиҳии масъалаҳои маълулият ва дастгирии рушди фарогир нақши муҳим бозанд. Эҳтимол, аъзоёни гурӯҳҳо метавонанд вақт ҷудо намоянд ва дар 46 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
асоси ихтиёрӣ дар фаъолияти барномаҳои ТСҶ иштирок намоянд, Масалан дар ҷамоат одамони дорои маълулиятро дарёфт намоянд, ба чораҳои тавонбахшӣ кӯмак расонанд ва назорати минбаъда гузаронанд. Гурӯҳҳои махсусгардонидашудаи одамони дорои маълулиятро бояд барои ҳарчӣ бештар иштирок намудан дар барномаҳои ТСҶ, махсусан ташвиқу тарғиб намудан лозим аст. Иштироки онҳо дар идоракунии барномаҳои ТСҶ (банақшагирӣ, татбиқи чорабиниҳо ва санҷишу арзёбӣ) метавонад ин барномаҳоро қобили қабул, устувор ва эътимоднок намоянд.
Клуби
фермерон
Ҳавасмандкунии муттаҳидшавии гурӯҳҳои худёрирасон Ба он нигоҳ накарда, ки гурӯҳҳои худёрирасон барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар сатҳи маҳаллӣ метавонанд ба дигаргуниҳои мусбӣ ноил шаванд, иштирокчиёни онҳо қувваи иҷроиши фаъолиятро дар сатҳи каме баландтар надоранд. Дар ин ҷо аллакай миқдори зиёди одамон лозиманд, бинобар ин қадами навбатӣ аз он иборат аст, ки гурӯҳҳои худёрирасонро (чӣ бо иқдоми барномаҳои ТСҶ ташкил шуда ва чӣ мустақил) бовар кунонанд, то дар зери як «чатр», яъне дар намуди иттиҳод, баромад намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд барои ташкили иттиҳоди гурӯҳҳои худёрирасон, ки дар таркиби худ як ё ду намояндаи интихобӣ аз ҳар як гурӯҳ доранд, мусоидат намоянд. Иттиҳоди гурӯҳҳои худёрирасон бояд намояндагии баробари гурӯҳҳои гуногунро таъмин намояд (масалан, шахсони синну солашон гуногун бо ҳар гуна бемориҳо, ҷинс ва вазъи иҷтимоию иқтисодии гуногун). Чунин иттиҳод метавонад вазифаҳои васеътар дошта бошад ва як рӯз аз рӯи вазъи ҳуқуқии худ ба созмони расмӣ мубаддал гардад.
ЗАМИМАИ 17
ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ БАНГЛАДЕШ
Қувва дар миқдор Азгар яке аз аввалин аъзоёни гурӯҳи худёрирасон дар деҳаи Белгачии Ҷумҳурии Халқии Бангладеш шуд. Ба шарофати ғайрати худ ва меҳнати устуворона, ӯро роҳбари гурӯҳ интихоб намуданд. Имрӯзҳо гурӯҳ 21 нафар аъзо дорад, барои муҳокимаи мушкилиҳо ва ҳалли эҳтимолии онҳо ҳар ҳафта вомехӯранд. Маълулияти ҷисмонии Азгар ва дастрасии маҳдуди ӯ ба замин маънои онро дорад, ки ба ӯ дастгирии оила бениҳоят вазнин аст. Одатан ӯ дар як моҳ танҳо 10-12 рӯз кор дошт. Ӯ ба ҳукумат барои иҷозат додани коркарди замини ноободи наздики хонааш муроҷиат намуд. Ба он нигоҳ накарда, ки баъзе сокинони деҳот ба ин муқобил буданд, гурӯҳи худёрирасон ёрии худро ба ӯ давом медод. Вақте, ки ба Азгар минтақаи андозааш ба як акр баробар ҷудо шуда буд, яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ ӯро ба омӯзиши усулҳои агротехникӣ даъват намуд. Айни замон ӯ сабзавот парвариш менамояд ва онро мефурӯшад ва ҳаёти оилаи худро рӯ ба беҳбудӣ овард. Азгар номзадии худро дар интихоботи иттиҳоди гурӯҳҳои худёрирасони музофоти Порадх пешниҳод намуда, ноиб – раиси он интихоб гардид. Ӯ мансабдори ҳукуматиро бовар кунонд, ки барои иттиҳод минтақаи начандон калони заминҳои ноободро ҷудо намоянд ва ба аъзоёни иттиҳод пешниҳод намуд, ки бамбук ҷамъ оранд, ки аз он барои гузаронидани ҷаласаҳо хона созанд. Вазифаи навбатии ӯ, риоя намудани ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва таъмини эътирофи ин ҳуқуқҳо аз тарафи ҷамоат мебошад.
ИШТИРОК ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ
47
48
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Созмонҳои одамони дорои маълулият Муқаддима Дар тамоми ҷаҳон одамони дорои маълулият ба созмонҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муттаҳид мегарданд, то ба одамони дар ҳукумат ва ҳамаи сохторҳои ҷамъият буда, ки қарорҳо қабул менамоянд, таъсир расонанд (18). Ин созмонҳо ҳамчун созмонҳои одамони дорои маълулият маълуманд. Ин созмонҳо ҳамчун ҷавоб ба монеаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки барои иштироки баробарҳуқуқи одамони дорои маълулият дар ҳаёти ҷамъият монеъ мешаванд ва чун эътироз бар зидди назорати одамони дорои маълулият аз тарафи дигар одамон мебошанд. Дар тӯли вақти дуру дароз ба ҷои одамони дорои маълулият кормандони тиб, оилаҳои онҳо ва дигар одамон, ки талабот, афзалият ва интихоби онҳоро ба назар намегирифтанд, суханронӣ менамуданд. Дар ҳақиқат, худи одамони дорои маълулият дар бораи худ аз ҳама беҳтар сухан гуфта метавонанд ва худро муаррифӣ менамоянд, чунки аз дигарон бештар талабот ва саъю кӯшиши худро медонанд (19). Созмонҳои одамони дорои маълулият одатан дар сатҳҳои минтақавӣ ва миллӣ фаъолият менамоянд, масалан дар шаҳрҳои калон. Онҳо метавонанд гурӯҳҳои одамони дорои як навъи алоҳидаи маълулиятро муттаҳид намоянд ва одамонеро пешниҳод намоянд, ки шаклҳои муайяни бемориҳо, масалан иллати шунавоӣ ё биноӣ доранд (ҳамчун мисол метавонем шӯъбаи умумиҷаҳонии одамони дорои маълулияти биноӣ дар ҳамаи давлатҳоро номбар намоем), ё одамони дорои якчанд навъҳои маълулиятро муттаҳид намоянд ё ҳамаи гурӯҳҳои одамони дорои маълулиятро дар бар гиранд (масалан, иттиҳоди Миллии шахсони дорои маълулияти ҷисмонӣ ва равонӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Мавритания мавҷуд аст). Дар бисёр мамлакатҳо инчунин, шабакаҳои Созмонҳои одамони дорои маълулият мавҷуданд (масалан, Иттиҳоди одамони дорои маълулият дар Бурунди). Созмонҳои одамони дорои маълулият дар сатҳи байналмилалӣ низ фаъолият менамоянд, иттиҳоди Умумиҷаҳонии одамони дорои маълулияти биноӣ, “Дисейблд пиплз итернешнл”; бисёре аз онҳо сохтори шабакаи байналмилалӣ бо номи Иттиҳоди байналмиллии одамони дорои маълулиятро ташкил намудаанд. Аз ҷиҳати таърихӣ барномаҳои ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият на он қадар зич ҳамкорӣ менамоянд. Созмонҳои одамони дорои маълулият метавонанд ба зарурати ҳамкорӣ бо барномаҳои ТСҶ бо як қатор сабабҳо шубҳа намоянд, аз ҷумла бо сабаби он, ки дар гузашта бисёре аз ин барномаҳо ба модели тиббии маълулият такя менамуданд ва аз тарафи одамоне, ки дорои маълулият нестанд ва мутахассисон бе иштироки фаъоли одамони дорои маълулият, идора карда мешуданд. Ба ғайр аз ин, бисёр барномаҳои ТСҶ одамони дорои маълулияти мушаххасро фаро гирифта натавонистанд, масалан бо иллати шунавоӣ ё биноӣ, онҳо бошанд гурӯҳҳои афзалиятнокро дар бисёр созмонҳои одамони дорои маълулият ташкил медиҳанд. Ба он нигоҳ накарда, ки созмонҳои одамони дорои маълулият ва барномаҳои ТСҶ аз рӯи пайдоишашон ва стратегияҳо фарқ менамоянд, бе шубҳа онҳо мақсадҳои якхела доранд – таъмин намудани имкониятҳои баробар ва фарогирии иҷтимоии одамони дорои маълулият. Зарур аст, ки ҳарду сохтори мазкур якдигарро эҳтиром намоянд ва дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо барои бомуваффақият амалӣ намудани мақсадҳои умумӣ ва амалӣ намудани Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, фаъолият намоянд(5). СОЗМОНҲОИ ОДАМОНИ ДОРОИ МАЪЛУЛИЯТ 49
ЗАМИМАИ 18
ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
Қаҳрамони ҳақиқӣ Ладакх – вилоят дар Ҳимолой, дар қисми шимолии Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад,ки дар он ҷо одамон дар шаҳракҳои хурд ва деҳотҳо дар баландиҳо ва шароитҳои сахт ҳаёт ба сар мебаранд. Дар он ҷо ҳаёт ба ҳар як кас, махсусан ба одамони дорои маълулият хеле душвор аст. Ба он нигоҳ накарда, ки иқдомҳо дар соҳаи рушд ягон чизи нав барои ин ноҳия нестанд, мушкилиҳои маълулият дар ягон чунин барномаҳо то худи соли 2000, вақте, ки созмони ғайридавлатии донишкадаи Намгялӣ барои одамони дорои маълулият созмон дода шуд, ба инобат гирифта намешуданд. Мақсади асосии ташкили донишкада – ворид намудани мавзӯи маълулият ба барномаҳои рушд ва қонеъ намудани талаботҳои одамони дорои маълулият буд. Одамони дорои маълулият нақши асосиро дар бисёр дигаргуниҳое, ки дар Ладакх ба вуҷуд омада буданд, мебозиданд. Яке аз ин одамон Муҳаммад Иқбол аст, президенти Гурӯҳи фаъолиятҳои халқӣ барои фарогирӣ ва ҳуқуқҳо, ки дар Ладакх дар соли 2006 ташкил шуда буд. Дар З0 соли аввали ҳаёташ Иқбол бо фаъолияти сермаҳсул машғул набуд: ӯ дар бистар дар хона хоб буд, мусиқӣ гӯш мекард ва бо дӯстонаш сӯҳбат менамуд. Аммо дар синни 45 солагӣ (соли 2008) ӯ соҳибкори бомуваффақият ва сарвари созмони ғайридавлатии донишкадаи Намгялӣ барои одамони дорои маълулият шуд. Ӯ бо ҷасорат аз «маълули бечора» ба шакли одаме, ки муҳити зистро назорат карда метавонад, мубаддал гашт. Иқбол ва гурӯҳи созмони ғайридавлатии донишкадаи Намгялӣ барои одамони дорои маълулият натиҷаи ҷараёни рушди ҳафтсолаи мусбии ҷамоати Ладакх мебошад. Яке аз лоиҳаҳои асосии гурӯҳ барномаи безараргардонии партовҳо мебошад, ки аз тарафи ҷамоат амалӣ мешавад ва ба шарофати он зиёда аз 200 нафар одамон имконияти даромад доранд. «Барномаи мо оид ба безараргардонии партовҳо ҳамчун иқдом оид ба таъмини одамони дорои маълулият бо кор оғоз намуд, нақл менамояд, Муҳаммад Иқбол - аммо имрӯз он ба сатҳи ҳалли мушкилоти партовҳо дар шаҳр бардошта шудааст. Мо миқдори зиёди партовҳоро ҷамъоварӣ менамоем, коркард намуда, аз нав кор карда мебароем ва бо ҳамин барои аҳолӣ муҳити тозаи аҳолинишин ташкил менамоем. Ба мо ҳоло боз бисёр кор кардан лозим аст, ки пурра ин мушкилиро ҳал намоем. Аммо кор оғоз шуд – оғозе, ки дар он одамони дорои маълулият ҳаракат барои безараргардонии партовҳоро сарварӣ менамоянд ва ҷамоатро дар умум бо кор таъмин менамоянд». Донишкадаи Намгялӣ ва маркази Захиравӣ дар соҳаи иллатҳои рушди ақлӣ кори худро дар Ладакх давом дода истодаанд. Айни замон гурӯҳи фаъолиятҳои халқӣ бозингари асосӣ мебошад, ки одамони дорои маълулиятро ташкил менамояд, ҳуқуқҳо ва имкониятҳои онҳоро васеъ менамояд ва иқтидори онҳоро бо шарофати амалӣ намудани ҳар гуна фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи бартараф намудани камбизоатӣ пурқувват менамояд. Бистуми марти соли 2010 дар Мумбай шабакаи ҳиндииахборотии СНН ба Муҳаммад Иқбол мукофоти «Инъом барои қаҳрамони ҳақиқӣ»–ро барои саҳми барҷастаи Гурӯҳи фаъолиятҳои халқӣ дар ташкили ҷамъияти фарогир супорид.
партови электронї
барои коркард
партов барои коркарди ПИГР
50
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Мақсад Барномаҳои ТСҶ ва Созмонҳои одамони дорои маълулият барои таъмини татбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва рушди фарогир дар сатҳи ҷамоатҳо якҷоя фаъолият менамоянд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз фаъолияту ҳамкориҳо бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва дар он ҷое, ки созмонҳо мавҷуд нестанд, барои ташкили онҳо дастгирии зарурӣ расондан иборат мебошад
Натиҷаҳои чашмдошт • Барномаҳои ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият якҷоя оид ба банақшагирӣ, татбиқ ва санҷишу назорати барномаҳои нав ё амалкунандаи ТСҶ кор мекунанд. • Созмонҳои одамони дорои маълулият барномаҳои ТСҶ-ро бо мақсади фаъол ва фарогиршудан дастгирӣ менамоянд • Фаъолияти Созмонҳои одамони дорои маълулият барои таҳия ва татбиқи барномаҳои ТСҶ дар ҷамоатҳое, ки созмонҳо ҳанӯз мавҷуд нестанд, равона шудаанд. Дар сатҳи маҳаллӣ созмонҳои нави одамони дорои маълулият (дар он ҷое, ки то ҳол мавҷуд набуданд), ташкил дода мешаванд, ва бо созмонҳои одамони дорои маълулият дар сатҳи минтақавӣ ё миллӣ ҳамкорӣ барпо менамоянд.
Мафҳумҳои асосӣ Созмонҳои одамони дорои маълулият Хусусиятҳо Созмонҳои одамони дорои маълулият аксар вақт созмонҳои тарғиби ҳуқуқу манфиатҳои одамон буда, дар сатҳҳои минтақавӣ ё миллӣ, бо мақсади тағйир додани сиёсат ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои одамони дорои маълулият фаъолият менамоянд.Онҳо ба таври расмӣ аз қайд гузашта ва сохтори расмӣ низ доранд ва одатан тавре фаъолият менамоянд, ки дигар созмонҳо ё муассисаҳо фаъолият менамоянд. Аввал гурӯҳи хурди одамони дорои маълулият ҷамъ мешаванд ва гурӯҳи мувофиқеро ташкил медиҳанд, ки чунин фаъолият дорад: • зиёд намудани шумораи аъзоён; • таҳияи низомномаи созмон ва бақайдгирии он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ; • ташкили идораи умумии ташкилӣ аз ҳисоби аъзоёни он; • 4 интихоби идораи роҳбарикунанда (тавассути идораи умумӣ); • интихоби шахсони вазифадор барои идораи роҳбарикунанда; • 4 воридшавӣ ба таркиби сохторҳо ва ҳаракатҳои миллӣ ва байналмиллалӣ.
Узвият Созмонҳои одамони дорои маълулият шиори «Ҳеҷ чиз дар бораи мо, бе иштироки мо»-ро тарғиб менамоянд: онҳо созмонҳое мебошанд, ки аз тарафи одамони дорои маълулият барои одамони дорои маълулият ва намояндагони одамони дорои маълулият таъсис дода шудаанд. Бинобар ин, дар идораи роҳбарикунанда ва дар сатҳи узвият (19) онҳо аз тарафи аксарият, ки аз одамони дорои маълулият иборатанд, назорат карда мешаванд. Хусусияти узвият аз навъи созмон вобаста аст. Созмонҳое, ки ягон навъи мушаххаси маълулиятро фаро мегиранд, ба узвияти СОЗМОНҲОИ ОДАМОНИ ДОРОИ МАЪЛУЛИЯТ 51
онҳо дохилшавии шахсони дорои дигар маълулиятҳо маҳдудаст, масалан, ассотсиатсияи одамони маълулияти биноӣ дошта, сохтори «якхела» мебошад, созмонҳои «маълулияти омехта» бошанд, узвияти фарогири васеътарро пешбинӣ менамоянд, яъне ассотсиатсияҳое, ки одамони дорои маълулияти шунавоӣ, биноӣ, иллатҳои ҷисмонӣ ва равониро низ дарбар мегиранд. Вобаста аз талаботу эҳтиёҷот, мазмун ва имкониятҳо навъҳои гуногуни созмонҳои одамони дорои маълулият метавонанд вуҷуд дошта бошанд. Одамони дорои маълулияти шунавоӣ аксар вақт мехоҳанд, ки сохтори хусусии худро дошта бошанд, на ба созмонҳои навъи омехта муттаҳид шаванд. Шахсони дорои ақибмонии ақлӣ метавонанд дар созмонҳои омехта аз овоз маҳрум бошанд ва бинобар ин, мехоҳанд, ки гурӯҳҳои шахсии ҳифзи манфиатҳои худро ташкил диҳанд, баъзан инро бо дастгирии мувофиқ аз тарафи одамони дорои маълулият набуда татбиқ мекунанд. Ба он нигоҳ накарда, ки намуд ва андозаи созмон чӣ гуна аст, хеле муҳим аст, ки рӯзномаро одамони дорои маълулият муқаррар намоянд, созмон ба фарқияте, ки дар ҷамъияти одамони дорои маълулият мавҷуд аст, эҳтиром зоҳир намояд: масалан, ба ақидаи занҳо ва пиронсолоне, ки дорои маълулиятанд, гӯш диҳанд.
Гурӯҳҳои худёрирасон ва созмонҳои одамони дорои маълулият Тавсифномаҳои гурӯҳҳои худёрирасон ва созмонҳои одамони дорои маълулият аз мамлакат ба мамлакати дигар фарқ мекунад ва баъзан фарқиятро байни ду намуд муайян намудан душвор аст. Масалан, дар бисёр мамлакатҳо гурӯҳҳои худёрирасон - созмонҳои одамони дорои маълулият ном доранд, махсусан агар онҳо муттаҳид шуда, сохторҳои «чатрӣ» шуда бошанд. Дар Дастури ТСҶ гурӯҳҳои худёрирасон ҳамчун гурӯҳҳое муайян мешаванд, ки дар маҳалҳо ташкил шуда, дар асоси ғайрирасмӣ фаъолият доранд ва ба ҳалли мушкилиҳои аъзоёни шахсии худ, ки ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам одамони дорои маълулият набударо дарбар мегиранд, масалан аъзоёни оилаҳо, диққати асосӣ медиҳанд. Созмонҳои одамони дорои маълулият чун созмонҳое муайян шудаанд, ки сохтори расмӣ дошта, қисми зиёди роҳбарию назорат ба дӯши одамони дорои маълулият гузошта шудаанд. Онҳо одатан дар чорчӯбаи васеътар фаъолият намуда, ба таблиғу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои инсон банд буда, кӯшиш менамоянд ба сиёсат ва тақсимоти захираҳо таъсир бахшанд.
Ҳамкорӣ байни созмонҳои одамони дорои маълулият ва барномаҳои ТСҶ Бисёр созмонҳои миллӣ ва байналмилалии одамони дорои маълулият дар ҳамкорӣ бо созмонҳои СММ, мамлакатҳо – иштирокчиён ва созмонҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ нақши асосиро дар таҳияи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият бозиданд. Фавқулодда муҳим он аст, ки ҳуқуқҳо ба одамони дорои маълулият ҳеҷ чиз намедиҳанд то он лаҳзае, ки чорабиниҳои муҳим ва барномаҳо татбиқ ва риоя нашаванд (20). Айни замон, дар мамлакатҳои камбизоат миқдори зиёди одамони дорои маълулият, махсусан онҳое, ки дар маҳалҳои ноободи шаҳрӣ, инчунин дар ноҳияҳои деҳотӣ ва дурдаст ҳаёт ба сар мебаранд, аз Конвенсия ягон манфиат намебинанд. Дар Дастури мазкур ба барномаҳои ТСҶ, ки дар онҳо ба рушди фарогир дар сатҳи ҷамоат диққати калон дода мешавад, ба одамони дорои маълулият дастрасии баробар ба хизматрасониҳо ва имкониятҳоро пешниҳод менамояд. ТСҶ – ин стратегия ва воситаест, ки барои мусоидат намудан ба татбиқи Конвенсия дар сатҳи ҷамоат қобилият дорад. Ба он нигоҳ накарда, ки ТСҶ дар гузашта ҳамчун стратегияи «аз боло ба поён» шинохта мешуд, усулҳои нав эътироф менамоянд, ки иштироки одамони дорои маълулият барои муваффақияти ТСҶ хеле муҳим аст. Созмонҳои одамони дорои маълулият бошанд, ки таърихан маълулиятро чун масъалаи ҳуқуқҳои инсон дида мебаромаданд, айни замон эътироф менамоянд, ки 52 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
он ҳамчунин масъалаи рушд низ мебошад. Дар амал қисми зиёди созмонҳои одамони дорои маълулият татбиқи барномаҳои ТСҶ-ро оғоз намуданд (21) - масалан, дар Ҳиндустон, Хитой, Малави ва Непал. Ин тағйиротҳо имкониятҳои навро барои ҳамкориҳои пурқувват ва самаранок байни барномаҳои ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият фароҳам меоваранд. Барномаҳои ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият имконият доранд, ки якҷоя оид ба он масъалаҳое кор баранд, ки дониш, маҳорат ва захираҳои онҳо то ҳамаи одамони дорои маълулият, оилаҳои онҳо ва ҷамаотҳо расанд. Дар ин маъно барномаҳои ТСҶ пешниҳод менамоянд, ки шиори «Ҳеҷ чиз дар бораи мо, бе иштироки мо» амалӣ шавад, ки дар раванди он ҳамаи тарафҳои манфиатдор кӯшиш намоянд, то ба фарогирии одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоат ноил шаванд. Аз тарафи худ, ҳамкориҳо самаранокӣ ва устовории дарозмӯҳлати ҳар ду гурӯҳро, ҳам созмонҳои одамони дорои маълулият ва ҳам барномаҳои ТСҶ-ро таъмин менамоянд.
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Якҷоя фаъолият намудан бо созмонҳои одамони дорои маълулият Барномаҳои ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият мақсад, дониш, таҷриба ва захираҳои монанд дошта метавонанд онро, барои манфиатҳои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳоионҳо мубодила ва истифода намоянд.Ҳарчанд оид ба фаъолиятҳои якҷоя дар дигар қисмҳои Дастури мазкур қайд шуда бошад ҳам,ба таври мухтасар намунаҳоро дар зер меоварем: • 4 барномаҳои ТСҶ созмонҳои одамони дорои маълулиятро ба раванди банақшагирӣ, татбиқ ва санҷишу арзёбии ТСҶ мутобиқи консепсияи «Ҳеҷ чиз дар бораи мо, бе иштироки мо» ҷалб менамоянд; масалан созмонҳои одамони дорои маълулият метавонанд дар фаъолияти ба кор гирифтани кормандони ТСҶ иштирок намоянд; • 4 барномаҳои ТСҶ метавонанд намояндагон ва аъзоёни созмонҳои одамони дорои маълулиятро ҳамчун манбаъ ва воситаи фаъолкунонӣ, ҳангоми гузаронидани омӯзишҳо оид ба ТСҶ барои кормандони давлатӣ, пешвоёни маҳаллӣ ва таъминкунандагони хизматрасониҳо дар соҳаи тиб, маориф, худхизматрасониҳо ва масъалаҳои иҷтимоӣ истифода баранд. • созмонҳои одамони дорои маълулият ба кормандони ТСҶ ва аъзоёни гурӯҳҳои худёрирасон омӯзишҳоро оид ба масъалаҳои сиёсат, таблиғу ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва талаботу Ташк. эҳтиёҷоти онҳо мегузаронанд; Маълулон • 4 ҳамкорӣ оид ба ташкили захираҳои умумӣ - масалан, ТСЉ таҳияи маводҳои омӯзишӣ ва маълумотномаҳо оид ба захираҳои ҷамоат барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо; • ҳамкорӣ оид ба васеъкунии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои одамони дорои маълулият ба воситаи таблиғу дастгирии раванди татбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият.
СОЗМОНҲОИ ОДАМОНИ ДОРОИ МАЪЛУЛИЯТ
53
Таъмини дастрасии барномаҳои ТСҶ барои аъзоёни созмонҳои одамони дорои маълулият Бисёр барномаҳои ТСҶ таҷрибаи расонидани як қатор хизматрасониҳои махсусро доранд. Бисёр аъзоёни созмонҳои одамони дорои маълулият, мумкин аст ба хизматрасониҳое ниёз дошта бошанд, ки ба онҳо барои қонеъ намудани талаботҳои асосӣ, манфиат дидан аз ҳуқуқҳои инсонии худ ва бартараф намудани камбизоатӣ ёрӣ расонанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд аъзоёни созмонҳои одамони дорои маълулиятро бо роҳи пешниҳод намудани ҳамаи намудҳои фаъолияти ТСҶ, дастгирӣ намоянд.
Таблиғ намудани созмонҳои одамони дорои маълулият барои эътироф намудани ТСҶ чун стратегия Созмонҳои одамони дорои маълулият метавонанд барномаҳои ТСҶ-ро ба воситаи фаъолиятҳои зерин дастгирӣ намоянд: • тарғиби барномаҳои ТСҶ ҳамчун стратегияи рушди фарогир дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва дастрасии одамони дорои маълулият ба манфиатҳои дар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва Мақсадҳои рушди ҳазорсолаи СММ баён гардида; • таблиғу ташвиқи воридсозии стратегияҳои ТСҶ ба сиёсату барномаҳои давлатӣ; гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ барои дастрасӣ ба ёрии молиявии буҷавӣ; • 4 сафарбарнамоии ҷамоатҳо ба воситаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба маъалаҳои маълулият. Муҳимияти ТСҶ ва ҳавасманд намудани одамони дорои маълулият барои иштирок намудан дар ҳамаи ҷанбаҳои барномаҳои ТСҶ; • 4 дастгирии раванди ташкили гурӯҳҳои худёрирасон барои одамони дорои маълулият дар маҳалҳои ноободи шаҳрӣ ва деҳотҳо; расонидани кӯмак ба рушди иқтидори ин гурӯҳҳо. Ин гурӯҳҳо метавонанд ҷузъи асосии таркибӣ барои ташкили созмонҳои одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоатҳо шаванд; • 4 барномаҳои ТСҶ-ро бевосита дар асоси матритсаи ТСҶ татбиқ намоянд.
Дастгирии ташкили созмонҳои одамони дорои маълулият дар ҷамоатҳо Дар бисёр мамлакатҳо созмонҳои одамони дорои маълулият дар шаҳрҳои калон ташкил карда мешаванд ва аксар вақт намояндагии заруриро дар сатҳи поёнӣ надоранд; аммо истисноҳо мавҷуданд – масалан, дар Бангладеш, Салвадор, Уганда ва Африқои Ҷанубӣ. Бартарӣ ва тарафи қавии барномаҳои ТСҶ аз он иборат аст, ки онҳо бевосита бо одамони дорои маълулият дар сатҳҳои поёнӣ алоқа доранд ва бинобар ин, ба онҳое ки мехоҳанд созмонҳои худро ташкил диҳанд, ёрӣ мерасонанд. Одамони дорои маълулият худашон бояд рушди сохторҳои худро идора намоянд, аммо кормандони ТСҶ инчунин, метавонанд кӯшиши онҳоро бо роҳҳои зерин дастгирӣ намуда, нақши муҳимро бозанд: • муайян намудани одамони дорои маълулият, ки дар ташкил намудани созмонҳои шахсии худ ҳавасманд мебошанд ва таъмин намудани намояндагии одамони дорои маълулият – занҳо ва кӯдакон, ҳамаи гурӯҳҳои одамони дорои маълулият (махсусан шахсони дорои маълулияти вазнин ё якчанд навъи маълулият) ва инчунин намояндагон аз гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ; • пешниҳоди иттилоот оид ба манфиатҳои ташкили созмони одамони дорои маълулият; айни ҳол бояд фарқияти байни вазифаҳо ва масъулиятҳои барномаҳои ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулиятро ба таври фаҳмо ва аниқ муайян намуда, инчунин махсус қайд кардан лозим аст, ки ин ду сохтор чӣ тавр якҷоя 54 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
фаъолият мекунанд; • дар ҳамкорӣ бо сохторҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалии одамони дорои маълулият ташкил намудани омӯзишҳо бо мақсади пурзӯр намудани иқтидори созмонҳои маҳаллии одамони дорои маълулият; • расонидани ёрӣ дар таҳияи сохтори идоракунӣ, тасвият намудани мақсаду вазифаҳо ва нақшаи амалҳо, сабт дар мақомоти маҳаллии ҳокимият, кушодани ҳисоби бонкӣ, иҷроиши ҳамаи дигар расмиятҳои зарурӣ; • расонидани ёрии доимӣ ба созмонҳои одамони дорои маълулият аз лаҳзаи ташкилшавии он, масалан, бо роҳи таклиф намудани аъзоёни маҳаллии он ба омӯзишҳое, ки барномаҳои ТСҶ бо он мақсад мегузаронанд, то ки онҳо ба муносибатҳои тарафҳои манфиатдори асосӣ ба мушкилотҳои маълулӣ баҳо дода тавонанд (яъне пешсафони маҳаллӣ).
Эзоҳҳо 1. Empowerment and poverty reduction: a sourcebook. Washington, DC, World Bank, 2002 (http://web.worldbank.org/WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/EXTPOVERTY/EXT EMPOWERMENT/0„contentMDK:2026 0036~menuPK:543261~pagePK:148956~p iPK:216618~theSitePK:486411,00.html, accessed 10 June 2010). 2. Karl M . Women and empowerment: participation and decision making. London/New Jersey, Zed Books Ltd, 1995. 3. Guidelines for the social and economic rehabilitation of people affected by leprosy. London, International Federation of Anti-Leprosy Associations (ILEP), 1999 (www. ilep.org .uk/fileadmin/uploads/Documents/ Technical_Guides/sereng .pdf, accessed 10 June 2010). 4. Giving voice to the voiceless: A communicating for advocacy learning publication. London, Healthlink, 2007 (www.healthlink.org .uk/PDFs/cfalearningpublication.pdf, accessed 10 June 2010). 5. Конвенция о правах инвалидов. Нью-Йорк, Организация Объединенных Наций, 2006. (http:// www.un .org/ru/documents/decLconv/conventions/disability.shtml, дата доступа: 30 марта 2010 г) . 6. Disabled youth plead for inclusion at UN meeting on disability rights treaty. London, Child Rights Information Network, 2006 (www.crin.org/resources/infodetail .asp?ID=6973&flag='news; accessed 10 June 2010) . 7. Children's statement at the 7th meeting. London, Child Rights Information Network, 2006 (www. crin. org/resources/infodetail . asp?ID=6970&flag='news; accessed 10 June 2010). 8. With participation of disabled youth, UN treaty on the rights of the disabled signed. New York, United Nations Children's Fund (UNICEF), 2007 (www.unicef.org/ infobycountry/usa_39285.html, accessed 10 June 2010) . 9. Be in the know: Convention on the Rights of Persons with Disabilities . New York, United Nations Children's Fund (UNICEF) (undated) (www.unicef.org/voy/explore/ rights/explore_3742.html, accessed 10 June 2010). 10. Let's communicate: a handbook for people working with children with communication difficulties. Geneva, World Health Organization, 1997 (www.who.int/disabilities/ publications/care/en/index.html, accessed 10 June 2010). 11. Training manual for community-based initiatives: a practical tool for trainers and trainees. Cairo, WHO Regional Office for the Eastern Mediterranean, 2006 (www. emro.who. int/cbi/pdf/cbi_training_manual.pdf, accessed 10 June 2010). 12. Helander E . Prejudice and dignity: an introduction to community-based rehabilitation. New York, United Nations Development Programme, 1993 (www. einarhelander. com/PD-overview.pdf, accessed 10 June 2010). 13. A community-based approach in UNHCR operations. Geneva, Office of the United Nations High Commissioner for Refugees, 2008 (www.unhcr. org/47ed0e212 .html, accessed 10 June 2010). СОЗМОНҲОИ ОДАМОНИ ДОРОИ МАЪЛУЛИЯТ 55
14. Finnish grant awarded to IFES'disability project. Washington, DC, International Foundation for Electoral Systems, 2009 (www. electionaccess . org/publications/ news/02_01_04_Finland_Release .htm, accessed 10 June 2010). 15. Thomas M, Thomas MJ . Manual for CBR planners. Bangalore, Asia Pacific Disability Rehabilitation Journal Group Publication, 2003 (www.aifo.it/english/resources/online/ apdrj7Manual%20for%20 cbr_planners.pdf, accessed 10 June 2010). 16. Das M. Karnataka human development report 2005: investing in human development. Bangalore, Government of Karnataka, 2006 (http://planning.kar.nic.in/khdr2005/ English/Main%20Report/ Prelims .pdf, accessed 10 June 2010) . 17. Starting a self-help group. Toronto, Self Help Resource Centre, 2009 (www.selfhelp. on.ca/start.html, accessed 10 June 2010). 18. World Programme of Action concerning Disabled Persons, 7982 (www.un.org/ disabilities/default. asp?id=23, accessed 10 June 2010) . 19. Enns H. The role of organizations of disabled people: a disabled peoples' international discussion paper. Stockholm, Independent Living Institute (undated) (www. independentliving.org/docs5/ RoleofOrgDisPeople.html, accessed 10 June 2010). 20. Cornielje H.The role and position of disabled people's organizations in community based rehabilitation: balancing between dividing lines . Asia Pacific Rehabilitation Journal, 2009, 20(1):3-14 (www.aifo .it/ english/resources/online/apdrj/apdrj0109/ dpo_cbr_cornielje.pdf, accessed 10 June 2010). 21. International consultation to review community-based rehabilitation Geneva, World Health Organization, 2003 (www.aifo . it/english/resources/online/books/cbr/ reviewofcbr/ReportHelsinki . CBR.May.pdf, accessed 10 June 2010).
Адабиёти тавсияшуда Carter I . Mobilising the community and building the capacity of local groups. A Pillars Guide. London, Tearfund, 2001 (available at: http://tilz .tearfund . org/Publications/ PILLARS/, accessed 10 June 2010). Charlton J . Nothing about us without us: disability, oppression and empowerment. Berkeley, CA, University of California Press, 1998. Community mobilization and capacity building: key facets. Washington, DC, WorldBank,2009(http://web.worldbank.org/WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/ EXTSOCIALDEVELOPMENT/EXTCDD/0,,contentMDK:20384443~menuPK:60822 2~pagePK:148956~piPK:216618~theSitePK:430161~isCURL:Y~isCURL:Y,00 .html, accessed 10 June 2010). Hartley S . CBR: a participatory strategy in Africa . London, University College London Centre for International Child Health, 2001 (www. asksource .info/cbr-book/cbr.pdf, accessed 10 June 2010). Lynton RP, Pareek U . Training for development. New Delhi, Vistar Publications, 1990.
56
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ; 6 ҚИСМИ ВАСЕЪГАРДОНИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲО
Барои қайдҳо ........................................................................................................................ ........................................................................................................................ ....................................................................................................................... ........................................................................................................................ ....................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... ГУРӮҲҲОИ ХУДЁРИРАСОН 57
Барои қайдҳо ........................................................................................................................ ........................................................................................................................ ....................................................................................................................... ........................................................................................................................ ....................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... ........................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... .......................................................................................................................... 58
ТОҶИКӢ
МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо
Идоракунии саломатӣ
Кӯдакии бармаҳал
Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила
Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон
Пешгирӣ
Ибтидоӣ
Худшуғлбудан
Кӯмаки тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ
Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Барқарорсозӣ
Ғайрирасмӣ
Асбобҳои ёрирасон
Таҳсил дар давоми ҳаёт
Ҳифзи иҷтимоӣ
Ташкилотҳои маълулон
Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон
Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72
Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.
1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо.
Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.
© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.
Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.
Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.
Буклети иловагӣ Мундариҷа Муқаддима Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) ва саломатии равонӣ.................…5 ТСҶ ва ВНМО/БПНМ...............................................................................…….25 ТСҶ ва ҷузом..........................................................................................……..39 ТСҶ ва бӯҳрони гуманитарӣ........................................……..........................53
Муқаддима Дастури мазкур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) барои ҳамаи гурӯҳҳои дорои маълулият қобили истифода аст. Аммо зарурият ба буклети иловагӣ барои равшанӣ андохтан ба як қатор масъалаҳо пайдо гардид, ки онҳо аз рӯи анъана дар ТСҶ ба ҳисоб гирифта нашудаанд: ба монанди, масъалаҳои саломатии равонӣ, ҷузом ва бӯҳронҳои гуманитарӣ. Шояд ин масъалаҳо бо чанд сабаб аз назар дур мондаанд. Аз ибтидо барномаҳои ТСҶ ба масъалаҳое диққати худро ҷалб намуда буданд, ки он вақт ҳамчун аввалиндараҷа ҳисобида мешуданд, чунончи масъалаи фалаҷ ва бемориҳои дигари сирояткунанда. Айни замон ҷалби мутахассисони дараҷаҳои гуногун дар татбиқи барномаҳои ТСҶ, аз ҷумла физио-терапевтҳо, масъалаҳои ба нуқсонҳои ҷисмонӣ вобастаро дар маркази диққат гузошт. Аммо имрӯз диққати асосӣ ва мавзӯи ташвиш дигар аст. Шояд роҳбарони барномаҳои ТСҶ дар интихоби усулҳои татбиқи масъалаҳои нав донишу эътимоднокии кам доранд, ба замми ин аксари ин масъалаҳо ҳанӯз ба таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ) ва поймолкунии ҳуқуқҳо вобаста аст. Чӣ тавре дар Дастури мазкур қайд гардидааст, назар ба 30 соли гузашта, айни ҳол оид ба ТСҶ иттилооти бештар маълум аст. ТСҶ таҳаввулоти (эволютсияи) ҷиддиро аз сар гузаронид. ТСҶ стратегияи рушди фарогирро ифода менамояд, ва он принсипҳоеро ба назар мегирад, ки дар Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон дарҷ гардидаанд, масалан поймол накардани ҳуқуқ ва шомил намудани ҳамаи одамони дорои маълулият ба амалӣ сохтани ташаббусҳо дар соҳаи рушд. Ҳамин тариқ, бисёр муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ қадамҳоро дар ҳалли масъалаҳое, ки онҳо ба таври анъанавӣ ҷалб набуданд, ба монанди масъалаҳои саломатии равонӣ, ВНМО/БПНМ, ҷузом ва бӯҳрони гуманитарӣ. Агарчӣ, барои ворид намудан ба буклети мазкур ин чор масъала интихоб шуда буданд, тавсия дода мешавад, ки мустахассисони барномаҳои ТСҶ дар болои масъалаҳои дигар низ ба таври ҷиддӣ мулоҳиза намоянд (ба мисли ТСҶ ва кӯдакон, ТСҶ ва пешравӣ), ки ин масъалаҳо доғи рӯз мебошанд ва метавонанд дар нашрияҳои ояндаи Дастур инъикос гарданд.
3
Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) ва саломатии равонӣ Муқаддима Саломатии равонӣ гуфта, чунин ҳолати беҳбудиеро меноманд, ки дар он инсон имкониятҳои худро дарк менамояд, қодир аст фишорҳои меъёрии (стресси) ҳаётро идора намояд, метавонад пурмаҳсул фаъолият намуда ба ҷамоати худ манфиат орад (7). Саломатии равонӣ қисми ҷудонопазири саломатии умумӣ буда, маҳаки асосӣ барои некӯаҳволӣ ва фаъолияти фарди алоҳида, оила, ҷамоат ва ҷамъият аст (нигаред ба қисми «Саломатӣ»). Саломатии равонӣ дар мундариҷаи масъалаҳои рушд ва дар ҷамъият дар умум афзалияти паст дорад. Дар ҳолати норасоии мавҷудаи дониш оид ба масъалаҳои саломатии равонӣ, таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ), хурофот ва поймолкунии ҳуқуқ, васеъ паҳн гардидаанд. Дар ҳама ҷамоатҳо одамоне ҳастанд, ки мушкилоти равонӣ доранд; барои ин гуна одамон эҳтимолияти ҷудо мондан, рў бар рў шудан ба муомилаи дурушт, поймолкунии ҳуқуқҳои асосӣ, хеле баланд аст. Дар Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон (2) қайд гардидааст, ки ба маъюбон шахсони «нуқсони равонӣ дошта» мансубанд ва зарурияти: (1) амалисозии пурра ва баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ; (2) ба иштироки онҳо дар ҳама ҷабҳаҳои асосии ҳаёти шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баробари одамони дигар мусоидат карда шавад. Барои одамони нуқсонҳои саломатии равонӣ дошта дастрасӣ ба ёрӣ ва хизматрасониҳои ҳифзи саломатӣ хеле маҳдуд аст, махсусан дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст; ба ғайр аз ин ба тарзи таърихӣ онҳо аз доираи барномаҳои ТСҶ берун мондаанд. Аммо арзёбии барномаҳои ТСҶ барои шахсони гирифтор маҷзубияти (шизофренияи) дарозмуддат дар ноҳияҳои деҳоти Ҳиндустон нишон медиҳад, ки барномаҳои ТСҶ метавонанд ба натиҷаҳои мусбӣ барои одамони мушкилоти равонӣ дошта ноил гарданд, хусусан дар муҳити норасоии захираҳо. (3) «Дастур оид ба ТСҶ»-и мазкур ба ҳамаи гурӯҳҳои дорои маълулият дахл дорад, аз ҷумла ба одамони дорои маълулияти равонӣ, омилҳои зиёди ба чунин одамон таъсиркунанда, ба он омилҳое шабоҳат доранд, ки ҳамаи одамони дорои дигар намудҳои маълулият дучор мегарданд ва дар бораи онҳо дар қисмҳои дигар сухан меравад. Аммо, дар боби мазкур тавсияҳои иловагӣ оид ба фарогирии одамони дорои маълулияти равонӣ дар барномаҳои ТСҶ дода мешаванд, чунки маълум аст, ки барномаҳои зиёди ТСҶ дар ин соҳа таҷрибаи маҳдуд доранд. Забоне, ки барои тавсифи одамони дорои маълулияти равонӣ истифода бурда мешавад, метавонад аз сабаби истифодаи истилоҳҳои гуногун печдарпечии фикрро ташкил намояд: масалан, бемории равонӣ, бемории вазнини равонӣ, хароб ё вайроншавии равонӣ, ҳолати патологии равонӣ, норасоиҳо дар рафтор, девонагӣ, харобшавии равонӣ, истифодабарандагони хизматрасониҳои психиатрӣ ва қурбониёни он, корношоямии равонӣ-иҷтимоӣ. Дар боби мазкур истилоҳи «шахсони дорои маълулияти равонӣ» истифода бурда мешавад, чунки он барои фаҳмиш ва тарҷима осон аст. Ба он шахсони дорои чунин беморӣ, ба мисли афсурдаҳолии (депрессияи) дарозмуддат, маҷзубияти (шизофрения) музмин, вайроншавии биполярӣ дохил мешаванд, ки бо сабаби сӯиистифода аз моддаҳои психоактивӣ рух додаанд. ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 5
ЗАМИМАИ 1 «Кокорон»
Япония
Соли 2002 дар префектураи Фукусима (Ҷопон) аз тарафи аъзоёни ҷамоати маҳаллӣ, аз ҷумла мири шаҳр ва мутахассиси маҳаллӣ оид ба саломатии равонӣ, ташкилоти ғайритиҷоратии «Кокорон» ташкил карда шуд. Ин ном, ки дар забони ҷопонӣ «дил» ё/ва «хирад» маъно дорад, аз тарафи сокинони маҳаллӣ интихоб шуда буд. Масъалаи рушди ҷамоат дар маркази диққати ташкилоти «Кокорон» буд, чунки камбизоатӣ мушкилоти асосӣ дар минтақа ба ҳисоб мерафт. Фаъолияти ташкилот ба рушд ва дастгирии ҷамоат дар умум равона шуда, мақсад аз он ҳам ба одамони дорои маълулият ва дорои маълулият набуда баҳравар гардидан аз ҳуқуқҳо, бехатарӣ ва қурбу манзалати баробар иборат буд. Дар раванди се соли аввали фаъолияти худ ташкилоти «Кокорон» ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иқтидори аъзоёни ҷамоат, инчунин кормандон ва аъзоёни идоракунӣ бо ёрии гузаронидани силсилаи омӯзишҳо машғул буд. Бо дастгирии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва аъзоёни ҷамоат барои гузаронидани омӯзиш мутахассисон аз соҳаҳои гуногуни рушд даъват мегардиданд. Пас аз он ташкилот ба созмон додани як қатор намуди даромадноки фаъолият дар дохили ҷамоат гузашт. Аз сабаби он, ки сарчашмаи асосии даромад дар маҳалли мазкур хоҷагии деҳот мебошад, намуди асосии фаъолияти ташкилоти «Кокорон» бо ин соҳа вобаста буд. Мағозаҳо ва қаҳвахонаҳои «Кокороя» кушода шуданд, ки дар он маҳсулоти маҳаллӣ – сабзавот, замбурӯғ, меваҷот ва сакэ фурӯхта мешуд, инчунин ба мизоҷон хӯрок ва шириниҳо пешниҳод мекарданд. Ба зудӣ «Кокороя» ҷои дӯстдоштаи сокинони маҳаллӣ гардид, хусусан пас аз он, ки дар бораи он дар рӯзнома ва телевизион барномаи таблиғотӣ сабт карданд. Моҳи марти соли 2004 ташкилоти «Кокорон» дар деҳоти Изумизаки барои дастгирии одамони дорои маълулияти рӯҳи маркази чамоатӣ кушод. Чӣ тавре, кормандони «Кокорон» муайян намуданд, одамони дорои ягон навъи маълулият, аз ҷумла, маълулияти равонӣ аз иштирок дар ташаббусҳои умумӣ оид ба рушди ҷамоат дур мондаанд. «Кокорон» як қатор чорабиниҳоро оид ба дастгирии чунин одамон, аъзоёни оилаи онҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои машваратдиҳӣ, мутобиқкунии шароити зист, омӯзишҳо оид ба маърифати санитарӣ, омӯзиши амалӣ ва дастгирӣ дар ҷои корро ташкил намуд. Аксари одамони дорои маълулияти равонӣ айни ҳол ба намудҳои гуногуни фаъолияти тиҷоратии ташкилоти «Кокорон» (масалан, онҳо қисмати асосии ҳайати коркунони шабакаи «Кокорон» мебошанд), инчунин ба чорабиниҳои дигари ҷамоат низ ҷалб гардидаанд. Ҳаёти онҳо дигаргун гашт; онҳо дигар дар ҳолати ҷудоии иҷтимоӣ, ки бо буду бош дар муассисаҳои бемориҳои равонӣ вобастааст, қарор надоранд, метавонанд дар шароити мусоиди мутобиқшуда кор кунанд, саломатӣ ва ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо беҳтар гардид ва ҳоло онҳо аз мустақилияти худ қаноатманданд. Фаъолияти ташкилоти «Кокорон» мисоли хуби рушди фарогирӣ дар сатҳи ҷамоат шуда метавонад, ки дар он ҷо одамони дорои маълулият, махсусан, онҳое, ки дорои маълулияти рӯҳианд, қисми ҷудонашаванда ва таркибии ҷамоат ва ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд.
6
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Мақсад Дастгирии одамони дорои маълулияти равонӣ бо мақсади, татбиқи фарогирӣ ва таъмини иштироки онҳо дар ҳама ҷодаҳои ҳаёти ҷамоат.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз пешбарӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулияти равонӣ, мусоидат намудан ба раванди шифоёбӣ ва фарогирию иштирок дар ҳаёти оила ва ҷамоат иборат мебошад. Барномаҳои ТСҶ инчунин ба пешгирии мушкилоти равонӣ саҳм гузошта ба нигоҳдории саломатии равонии ҳамаи аъзоёни ҷамоат мусоидат менамоянд.
Натиҷаҳои чашмдошт • Ҳамаи аъзоёни ҷамоат аҳамияту зарурияти саломатии равониро барои рушди ҷамоат дарк ва эътироф менамоянд. • Одамони дорои маълулияти равонӣ ба барномаҳои ТСҶ ҷалб гардидаанд. • Ҷамоатҳо сатҳи огоҳии худро оид ба мушкилоти саломатии равонӣ баланд мебардоранд; сатҳи таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи маълулият ё ҳолати иҷтимоӣ) ва поймолкунии ҳуқуқи чунин одамон устуворона паст мешавад. • Одамони дорои маълулияти равонӣ барои дастгирии раванди шифоёбӣ аз чорабиниҳои тиббӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бархӯрдоранд. • Аъзоёни оилаи онҳо аз ҷиҳати маънавию амалӣ дастгирӣ мешаванд. • Ҳуқуқ ва имкониятҳои одамони дорои маълулияти равонӣ васеъ, сатҳи фарогирии онҳо баланд ва иштирокашон дар ҳаёти оила ва ҷамоат фаъол мегардад.
ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ
7
ЗАМИМАИ 2
Ҳиндустон
Ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ба барномаҳои ТСҶ
Дар қисматҳои хеле камбизоати деҳоти Ҳиндустон, Чаттерҷӣ ва ҳамкоронаш (3) принсипҳои ТСҶ, махсусан истифодаи захираҳои маҳаллӣ ва ҷалби одамони дорои маълулияти равонӣ, аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҷамоатҳои маҳаллиро– чун илова ба хизматрасонии мутахассисони соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ, мутобиқ ва амалӣ намуданд, ки он ба беҳтар намудани дастрасӣ, баробарии имкониятҳо ва пазируфтани дахолат мусоидат намуд. Аъзоёни ҷамоатҳои маҳаллӣ ба ҳайси кормандони барномаҳои ТСҶ оид ба расонидани хизматрасониҳои ҳаматарафа дар хона, ба мисли муайян намудани одамони гирифтори бемории маҷзубияти (шизофренияи) музмин ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии дар маҳалли наздиктарин ҷойгирбуда, мушоҳида ва арзёбии мунтазами сатҳи саломатӣ, гузаронидани омӯзишҳо барои одамон ва аъзоёни оилаи онҳо, инчунин банақшагирии чорабиниҳои тавонбахшӣ омӯзонида шуданд. Ба ғайр аз ин, фаъолиятҳои мувофиқ кардашуда дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, бартараф намудани таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ) ва роҳнамоии тавонбахшии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузаронида шуданд. Дар аксари деҳаҳо аъзоёни оилаҳои одамони дорои маълулияти равонӣ ва дигар шахсони нисбати ҳамдеҳагон бетараф набуда бо мақсади аз нав ҷалбнамоии иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони маҳаллӣ, ки дорои маълулияти равонии вазнинанд, гурӯҳҳои худкӯмакрасон ташкил карданд. Натиҷаҳои клиникӣ ва бо ягон навъи маълулият вобастаи иштирокчиёни барномаҳои ТСҶ назар ба он шахсоне, ки кӯмаки амбулаторӣ ва тиббӣ-санитариро дар алоҳидагӣ гирифтаанд, хеле беҳтар буд. Чунин тарзи муносибат ба хизматрасониҳо, пурқувватгардонии мизоҷон, сафарбаркунии захираҳои мавҷудаи ҷамоат, рушди робитаҳои байнисоҳавӣ (иҷтимоӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва соҳаи ҳифзи саломатӣ), инчунин риояи ҳуқуқи инсонро дар маркази диққат гузоштааст. Муваффақияти барномаҳои ТСҶ кумитаи ҳифзи саломатии назди мақомоти маҳаллии ҳокимиятро водор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, масъалаи хизматрасониро ба одамони дорои маълулияти равонӣ ба нақша ва буҷаи соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ дохил намуда, васеъ намудани барномаро дар миқёси тамоми минтақа пешбинӣ намояд (4).
Мафҳумҳои асосӣ Саломатии равонӣ ва рушди ҷамоат Камбизоатӣ бо мушкилоти саломатии равонӣ алоқаманд аст (нигаред ба қисматҳои «Пешсухан» ва «Саломатӣ»); дар ҳамин ҳол камбизоатӣ метавонад ҳам сабаби пайдоиш ва ҳам натиҷаи он бошад. Одамон ва ҷамоатҳо, ки дар камбизоатӣ умр ба сар мебаранд, зери бори гарони фишорҳои (стрессҳои) табиӣ ва равонӣ қарор доранд (ба мисли зӯроварӣ, дастрасии маҳдуд ба захираҳо, бекорӣ, ҷудокунии иҷтимоӣ, бепаноҳӣ) ва бо хатари баланди пайдоиши мушкилоти равонӣ рӯ ба рӯ мешаванд (5). Камбизоатӣ ба шиддат гирифтани мушкилоти мавҷудбудаи саломатии равонӣ метавонад мусоидат намуда, ҳиссиёти ноумедӣ ва нотавониро пурзӯр намояд (5). Одамони дорои маълулияти равонӣ бо камбизоатӣ рӯ ба рӯ мешаванд, чунки онҳо мунтазам бо монеа дар роҳи маърифат, шуғл, пешкаш намудани манзил ва таъмини фарогирӣ дучор мегарданд; ин доираи сарбаста мебошад, ки аз он раҳоӣ ёфтан мушкил аст. 8 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Рушди ҷомеа ва вазъи иқтисодӣ метавонад барои барқарор ва беҳтар намудани саломатии равонӣ истифода бурда шавад. Барномаҳои рушди ҷамоат, ки бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гаштан ба мустақилияти иқтисодӣ ва пурқувватгардонии занон, паст намудани сатҳи камғизоӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокӣ ва пурқувватгардонии эътирофи ҳуқуқ ва имкониятҳои гурӯҳҳои бепаноҳи аҳолӣ татбиқ мешаванд ба беҳтар намудани саломатии равонӣ ва пешгирии мушкилоти равонӣ мусоидат мекунанд. (5). Ҷамоатҳое, ки аъзоёни он бо саломатии хуби равонӣ фарқ мекунанд, одатан барои ҳалли мушкилоти худ хубтар омодаанд, робитаҳои иҷтимоиро ташкил медиҳанд ва кӯмаки ҳамдигариро таъмин менамоянд. Барномаҳои ТСҶ ҳамчун унсури рушди ҷамоат бояд талаботҳои соҳаи саломатии равонии ҳамаи аъзоёни ҷамоатро ба назар гирифта, пешвоён ва аъзоёни ҷамоатро ба раванди мазкур ҷалб намоянд. Одамони дорои маълулияти равонӣ ба рушди ҷамоаташон саҳм гузошта метавонанд.
Ривоятҳои паҳншуда оид ба мушкилоти саломатии равонӣ Аксар вақт ҷамъият оид ба мушкилоти саломатии равонӣ маълумоти хеле кам дорад, дар натиҷа ривоятҳои бисёр пайдо мешаванд. Ба ривоятҳои паҳншуда инҳо дохил мешаванд: • Мушкилоти саломатии равонӣ хеле кам во мехӯрад. Дар асл мушкилоти саломатии равонӣ дар намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои синну сол, минтақа, мамлакат ва ҷамоат дучор мешаванд. Аз рӯи арзёбӣ тахминан 450 миллион одам бо мушкилоти саломатии равонӣ дучор буда, ҳар чорумин сокини Замин дар ин ё он марҳилаи зиндагӣи худ онро аз сар мегузаронад (6). • Одамони дорои маълулияти равонӣ, хусусан хислати психотикӣ дошта, ба монанди маҷзубият (шизофрения), зӯровар мебошанд ва агар онҳоро аз ҷамъият ҷудо насозанд, одамони гирду атрофро зери хатар қарор медиҳанд. Дар асл аксари одамони дорои маълулияти равонӣ зӯровар нестанд. Танҳо дар қисми ками одамони дорои маълулияти равонӣ хатари баланди ошкоршавии зӯроварӣ мушоҳида мешавад. (6,7). Аксар вақт хатари зӯроварӣ ба омилҳои иловагӣ вобастаанд, ба мисли сӯиистифода аз маводҳои психоактивӣ, таҷрибаи шахсӣ ва омилҳои шиддатовари (стресс) муҳити беруна (8). Одатан ба ҷои зӯроварӣ одамоне, ки дорои маълулияти равонианд, бештар метарсанд, ошуфтахотиранд ва ноумедӣ ҳис мекунанд. • Табобати одамони дорои маълулияти равонӣ хеле мушкил аст ва одамоне, ки ба он гирифторанд, шифо намеёбанд. Ҳарчанд, роҳҳои зиёди мудохилаи самаранок нисбати чунин беморон вуҷуд дорад; он метавонад ба шифоёбии комил ё таҳти назорат доштани нишонаҳои ошкоршавии беморӣ оварда расонад. • Маълулияти равонӣ дар натиҷаи сустиродагии хислат рух медиҳад. Дар асл маълулияти равонӣ маҳсули таъсири омилҳои биологӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Таҳрим ва табъиз Таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ) ва поймолкунии ҳуқуқи одамони дорои маълулияти равонӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз он ҷумла дар ҳаёти шахсию оилавӣ ва фаъолияти меҳнатӣ васеъ паҳн гашта, ва ҳатто ба қобилияти одамон оид ба нигоҳдорию таъмини меъёрҳои асосии зиндагӣ таъсир мерасонанд. Одамони дорои маълулияти равонӣ таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқро, ки бо он дучор мегарданд, одатан аз азоби ҳолати бемории худ бадтар тасвир менамоянд. Аъзоёни оилаи одамони дорои маълулияти равонӣ низ, одатан аз нофаҳмӣ, хурофот ва рафтори поймолкунии ҳуқуқ азият мекашанд (7). ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 9
Вақте ки, одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаи онҳо муносибати манфии ҷамъиятро нисбати худ эҳсос мекунанд, ин метавонад ба худтаҳримкунӣ (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ) оварда расонад (9); дар оқибат онҳо худ ба он, ки нисбати онҳо одамони гирду атроф чӣ андеша доранд ва мегӯянд, бовар мекунанд ва ин одатан ба худайбдоркунӣ ва паст шудани сатҳи худбаҳодиҳӣ оварда мерасонад. Интизории эътироф нашудан, ки бо сабаби таҳрим (тағмагузорӣ) ба вуҷуд омадааст, дар аксари одамони дорои маълулият ҳисси маҳдуд намудани робитаҳои иҷтимоӣ ва истифода набурдан аз имкониятҳои пешниҳодшударо бедор мекунад. Ин дар навбати худ метавонад ба худро аз ҷамоат дур нигоҲдоштан, бекорӣ ва паст шудани даромад оварда расонад (9). Аз сар гузаронидани поймолкунии ҳуқуқ ё тарси ба он дучор шудан мумкин аст, сабаби асосии пинҳон кардани мушкилоти равонӣ ва муроҷиат накардан барои ёрӣ аз тарафи одамони дорои чунин мушкилот бошад.
Ҳуқуқи инсон Дар аксари мамлакатҳо одамони дорои маълулияти равонӣ мунтазам ба вайрон кардани ҳуқуқҳои инсониашон рӯбарӯ мешаванд. Чунин ҳуқуқвайронкуниҳо аксари зиёди вақт дар муассисаҳои тиббии равонӣ дар шакли табобат ва нигоҳубини комилан номувофиқ, хоркунанда ва зараррасон, инчунин шароити ифлос ва ғайриинсонии зист ифода меёбанд. Вайронкунии ҳуқуқҳо инчунин дар худи ҷомеа, ки одамони дорои маълулияти равонӣ наметавонанд аз озодиҳои шаҳрвандӣ баҳравар гарданд ва ба таҳсилот, ҷои кору манзил дастрасии маҳдуд доранд, рух медиҳад (10). ҳар як инсон, аз ҷумла одамони дорои маълулияти равонӣ, ҳуқуқҳои инсониро соҳибанд. Ҳамаи Конвенсияҳои умумии ҳуқуқи инсон инчунин ба одамони дорои маълулияти равонӣ низ дахл дошта ҳуқуқҳои онҳоро аз рӯи принсипҳои баробарӣ ва поймол накардани ҳуқуқи инсон, ҳифз менамояд (7). (масалан, Декларатсияи умумибашарии ҳуқуқҳои инсон). Илова бар ин, як қатор конвенсияҳои махсус мавҷуд мебошанд, ки барои одамони дорои маълулияти равонӣ қобили истифодаанд, масалан, Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон (2). Дар ҳолате, ки барои таъмину риояи ҳуқуқи инсон нисбати одамони дорои маълулияти равонӣ, чораҳои сиёсӣ ва қонунбарорӣ дар сатҳи давлат лозиманд, ҳамаи ҷамоатҳо метавонанд бетаъхир, дар самти ҳимоя, дастгирӣ ва беҳтар намудани сифати ҳаёт ва некӯаҳволии одамони дорои маълулияти равонӣ фаъолият намоянд.
Кӯмаки тиббӣ-санитарӣ Одамони дорои маълулияти равонӣ метавонанд ба хизматрасонии махсус ва умумии тиббӣ эҳтиёҷ дошта бошанд.
10
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Кӯмаки тиббӣ-санитарӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ. Якчанд усулхои дахолат мавҷуд мебошад, ки ба шифоёбии одамони дорои маълулияти равонӣ мусоидат менамояд. Ба дахолати тиббӣ таъин намудани маводи доругии психотропӣ (маводи зидди психотикӣ, доруҳои зиддиафсурдаҳолӣ (антидепрессантҳо), устуворкунандаи ҳолат, инчунин табобати бемориҳои вобастабудаи ҷисмонӣ (соматикӣ) дохил мешаванд. Ба дахолати равонӣ фаъолиятҳои маърифатӣ оид ба беморӣ ва табобати интихобӣ (алтернативӣ), машваратдиҳӣ, табобати равонии (психотерапияи) фардӣ ва гурӯҳӣ, таъсири аъзоёни оила, инчунин якҷоякунии якчанд тарзҳои дахолатро номбар намудан мумкин аст Дар аксари фарҳангҳо мафҳуми саломатии равонӣ бо консепсяии динӣ, маънавӣ ва эътимод ба фавқуттабиа алоқамандӣ дорад. Бинобар ин, одатан одамон аввал ба пешвоёни маънавӣ ва табибони анъанавӣ муроҷиат менамоянд. Бояд дар назар дошт, ки амали табибони анъанавӣ, чун баъзе усулҳои тибби анъанавӣ аз ҳамдигар ба таври куллӣ фарқ мекунанд: баъзеи онҳо метавонанд зарарнок бошанд, аммо дигараш бошад – не. Муносибат ба ҳифзи саломатӣ бояд нисбати фарҳанг ҳассос бошад, яъне анъанаҳои маҳаллии табобатро ба назар гирифта, мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамдигарфаҳмиро дарбар гирад.
ЗАМИМАИ 3
Ҳамкорӣ бо табибони анъанавӣ Дар Гана зиёда аз 75% одамони дорои маълулияти равонӣ дар навбати аввал бо табибони анъанавӣ машварат мекунанд. Пас, ҳамкорӣ бо табибони анъанавӣ барои таъмини аҳволи хуби одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаи онҳо зарур аст. Ташкилоти «Эҳтиёҷотҳои асосӣ, Гана» бо табибони анъанавӣ барои таъмини тағйироти мусбӣ ва пешравӣ дар масъалаҳои саломатии равонӣ дар Гана кор бурда истодааст. Ташкилот форуми Ассотсиатсияи табибони анъанавиро таъсис дода, барномаҳои омӯзишӣ ва шиносоӣ аз рӯи мавзӯъҳои саломатии равонӣ, аз ҷумла тавонбахшӣ пешниҳод менамояд.
Гана
Дар ҳолате, ки чораҳои самараноки дахолат ба мушкилоти саломатии равонӣ маълум аст, дастрасӣ ба кӯмаки касбии тиббӣ қатъиян маҳдуд мебошад. Дар байни монеаҳои асосӣ дар роҳи пешкаш намудани табобат ва кӯмак дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст – нарасидани табибони равонӣ, рӯҳшинос, ҳамшираи шафқати соҳаи психиатрӣ ва кормандони иҷтимоиро номбар намудан мумкин аст (77). Агар табобат дастрас бошад, арзиши он, инчунин арзиши доруворӣ одатан хеле гарон аст, ки дастрасии қисми назарраси аҳолии мамлакатҳои даромадашон пастро ба он маҳдуд месозад. Ба ғайр аз ин, дар он ҳолатҳое, ки кӯмаки махсус гардонидашуда ё касбии тиббӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ дастрас бошад, сифати он одатан ғайриқаноатбахш мебошад. Поймолкунии ҳуқуқҳои инсон нисбати мизоҷони дорои бемориҳои равонӣ аз рӯи анъана дар аксари мамлакатҳо ба қайд гирифта мешавад ва ба онҳо маҳдудкунии озодии тағйири макон, ҷудокунӣ ва ба эътибор нагирифтани талаботи асосӣ, аз ҷумла талабот ба «фазои инфиродӣ» дохил мешаванд (77). Аксари одамони дорои маълулияти равонӣ аз тарси ба муассисаҳои тиббии равонӣ маҳбас шуда, курси табобатро ба таври маҷбурӣ гирифтан, барои кӯмак муроҷиат ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 11
намекунанд (12). Одамоне, ки барои гирифтани кӯмаки равонӣ муроҷиат намудаанд ва онро гирифтанд, одатан муносибати мағрурона ва таҳқиромезро аз тарафи духтурони равонӣ нисбати худ эҳсос менамоянд; ба онҳо оид ба вазъи саломатиашон иттилоот намедиҳанд ва чунин ҳисобида мешавад, ки гӯё онҳо қодир нестанд барои ҳаёти худ масъулиятро ба дӯш гиранд ё қарор қабул намоянд.
Кӯмаки умумии тиббӣ санитарӣ Одамони дорои маълулияти равонӣ одатан нисбати аҳолӣ дар умум, сатҳи баландтари бемориҳои ҷисмонӣ доранд. Ин гуна одамон бо мушкилоти саломатӣ, ба монанди фарбеҳӣ, фишори баланди шараёнӣ ва бемории қанд (диабет) бештар рӯ ба рӯ мешаванд (13). Одамони гирифтори бемории маҷзубият (шизофрения) зиёдтар ба бемории системаи рагҳои хунгарди дил дучор мешаванд, миқдори фавт дар байни онҳо назар ба аҳолӣ дар умум баландтар буда, инчунин эҳтимолияти бемории сирояткунанда ва роҳҳои нафас (респираторӣ), баъзе намудҳои саратон ва ВНМО баландтар аст. Ба сабабҳо он омилҳое дохил мешаванд, ки бо мушкилоти мушаххаси равонӣ вобастаанд (аз ҷумла, таъсири иловагии дорувориҳо), омилҳои ба рафтор вобаста – тамокукашӣ ва камфаъолиятии ҷисмонӣ, инчунин омилҳои ба системаи ҳифзи саломатӣ вобаста (14). Дастрасии паст ба кӯмаки тиббӣ-санитарӣ барои одамони дорои маълулияти равонӣ– ин падидаи глобалӣ буда он бо эҳтимолияти баланди пайдо шудани хатар барои саломатӣ ва мушкилоти ҷиддии тиббӣ ифода меёбад. Сабабҳои маҳдудият ба кӯмаки тиббӣ-санитарӣ мураккаб мебошанд ва ба онҳо нокомии (деприватсияи) иҷтимоӣ, душвории дастрасӣ ба ташхиси саривақтӣ ва нодуруст муайянкунии бемориҳои соматикӣ (ҷисмонӣ), табобати назоратнашаванда ва ташкили ғайриқаноатбахши хизматрасониҳои тиббӣ дохил мешаванд (13).
Шифоёбӣ Шифоёбӣ – консепсияи мазкур аз тарафи одамони дорои таҷрибаи бевоситаи ҳаётӣ оид ба маълулияти равонӣ таҳия шудааст (15). Таърифи ягона қабулшудаи маҳфуми умуми шифоёбӣ вуҷуд надорад, ин раванди инфиродӣ мебошад, ки барои одамони мухталиф мазмуни гуногун дорад. Дар ҳоле, ки барои аксари кормадони тиб калимаи «шифоёбӣ» маънои «муолиҷашавӣ» дорад, консепсияи шифоёбӣ маънои васеътар дорад ва ҳамаи ҷанбаи амалҳоро дида мебарояд. Шифоёбӣ – ин раванди ташаккули шахсият ва шакливазкунӣ, бартараф намудани азият ва истисноии иҷтимоӣ мебошад. Ин раванди васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳо мебошад, ки ба тарафҳои қавии инсон ва қобилияти ӯ барои ҳаёти пурарзиш зистан ва қаноатмандӣ аз онро қайд менамояд. Одамони дорои маълулияти равонӣ метавонанд шифоёбиро ҳамчун қобилияти хурсанд будан аз зиндагӣ, иҷро гардидани майлу рағбат ва ноил гаштан ба мақсадҳои инфиродӣ, ташаккули муносибатҳои байнишахсии ҳамдигарро қонеъ кунанда, қобилияти бартараф намудани мушкилоти саломатии равонӣ, қатъи назар аз аломатҳои беморӣ ва бадшавии муваққатии саломатӣ, паст шудани миқдори такроршавии беморӣ, гум шудани аломатҳо, ҳаёти берун аз беморхона ва дарёфт намудани ҷои кор, тасвир намоянд (7).
12
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
ЗАМИМАИ 4
Андешаи шахсӣ оид ба шифоёбӣ Барои ман шифоёбӣ маънои эҳсоси оромӣ, хушбахтӣ, набудани низоъ бо олам ва одамони дигар, эҳсосоти умед ба ояндаро дорад. Ин маънои одами хуб шудан ба воситаи такя намудан ба ҳамаи таҷрибаи манфии шахсиро дорад. Он маънои наҳаросидан аз он, ки ман кӣ ҳастам ва чиро эҳсос менамоямро дорад. Он маънои қобилияти истифода бурдан аз имконияти мусоид барои ҳаётро дорад. Он маънои наҳаросидан аз зиндагӣи имрӯзаро дорад. Он маънои дарки шахсияти худ ва имконияти бо худ дар қаноатмандӣ буданро дорад (16).
Масъалаҳои мушаххаси бо саломатии равонӣ алоқаманд Кӯдакон ва наврасон Ба мисли калонсолон, кӯдакон ва наврасон низ бо мушкилоти саломатии равонӣ дучор мегарданд, аммо мушкилоти онҳо одатан инкор карда мешавад ё ҳамчун вайроншавии рушди зеҳнӣ нодуруст ташхис карда мешавад. Чунин ҳисобида мешавад, ки дар олам тахминан 20% кӯдакон ва наврасон аз мушкилоти саломатии равонӣ азият мекашанд, зимнан намудҳои мушкилот дар фарҳангҳои гуногун якхелаанд (77). Оқибатҳои бедиққатӣ нисбати саломатии равонии кӯдакон ва наврасон метавонад дар давоми тамоми ҳаёти онҳо таъсир дошта бошад. Ба вазъи саломатии равонии кӯдакон ва наврасон оила, муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Инчунин, ба саломатии равонии кӯдакон ва наврасон таҷрибаи камбизоатӣ, муомилаи дурушт, зӯроварии шаҳвонӣ ва ҷисмонӣ, беэътиноӣ ва набудани омилҳои ҳавасмандкунанда таъсир расонида метавонанд. Робитаи байни саломатии равонии модар, рушди зеҳнӣ (когнитивӣ), иҷтимоӣ ва ҳиссии кӯдаки ӯ бо далелҳо исботи худро ёфтаанд. (78). Кӯдаконе, ки волидонашон аз мушкилоти саломатии равонӣ азият мекашанд, инчунин осеб мебинанд, чунки, эҳтимол, таваҷҷӯҳи кофӣ ва ғамхорӣ дарёфт наменамоянд, баръакс, одатан онҳо барои волидайни худ масъулият ба дӯш мегиранд, ки ин масъулият аз имкониятҳои онҳо зиёдтар аст. Мушкилоти равонии кӯдакон ва наврасонро зери диққат дошта табобат намудан лозим аст, аммо ҳамзамон набояд ба ташхиси аз ҳад зиёд роҲдода тамғаи бемориҳои равониро ба мушкилоти меъёрии раванди ҳаёт ва рушди онҳо дар ин давра гузошт, зеро он метавонад ҳам барои кӯдакон ва ҳам оилаҳои онҳо оқибатҳои манфӣ дошта бошад.
Масъалаҳои гендерӣ Новобаста аз он, ки сатҳи миёнаи паҳншавии мушкилоти саломатии равонӣ дар байни мардон ва занон баробар аст, ҳангоми дида баромадани мушкилоти мушаххаси равонӣ тафовути гендерӣ ошкор мегардад. Масалан, дар байни занон бо эҳтимолияти баланд чунин мушкилоти паҳншудаи саломатии равонӣ ба монанди воҳима ва афсурдаҳолӣ, дар байни мардон бошад - вобастагии машруботӣ (79) ва ҳодисаҳои худкушӣ бештар ба назар мерасанд. ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 13
Ба занон хавфи пайдоиши як қатор мушкилоти васеъ паҳншудаи равонӣ дар асоси омилҳои махсуси гендерӣ номутаносибан таҳдид мекунад. Дар аксари ҷамъиятҳо занон назар ба мардон мавқеи (статуси) пасттари иҷтимоӣ доранд, ки ба онҳо рафтори тобеъ будан, нотавонӣ ва худбаҳодиҳии пастро талқин менамояд, дар натиҷа занҳо аз малакаи лозимаи мутобиқшавии (адаптатсияи) равонӣ маҳрум мегарданд. Одатан занон назар ба мардон қудрати пасттар, дастрасии камтар ба захираҳо дошта ба андозаи камтар ҳаёти худро назорат менамоянд. Муомилаи дурушт, зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ нисбати занон ба таҳқир, тобеъият ва ҳиссиёти ноилоҷӣ оварда мерасонад ва ҳамаи ин ба нобаробарии гендерӣ вобаста аст. Одатан, таҳқири шаҳвонӣ нисбати занони дорои маълулияти равонӣ мушкилоти маъмул аст. Ба ғайр аз ин, занон дар муқоиса бо мардон ба поймолкунии ҳуқуқҳояшон ҳангоми ҳамкорӣ бо хадамоти ҳифзи саломатӣ бештар рӯ ба рӯ мегарданд. Вазъияти бӯҳронӣ Дар вазъияти баъди бӯҳронӣ талаботи шахсони осебдидаро дар соҳаи саломатии равонӣ бояд ба назар гирифт, чунки таҷрибаи ҷангҳо ва мусибатҳои бузурги дигар бо тезутундшавии мушкилоти равонӣ вобаста аст (11). Дар аксар ҳолатҳо, захираҳои мавҷуда одатан нокифояанд, аммо омили вақт, ки барои бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои вазнини осебовар лозим аст, дуруст ба эътибор гирифта намешавад. Одамони дорои маълулияти равонӣ, ки бо осеб вобаста аст, ба дастгирии ботаҳаммул, омӯзиш ва ҳавасмандкунӣ бо истифодаи усулҳои мусбии мутобиқшавии (адаптатсияи) равонӣ эҳтиёҷ доранд. Баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ, масалан, одамони дорои маълулияти равонӣ, аз ҷумла шахсоне, ки аллакай аз чунин мушкилот ранҷ мебаранд, ба хавфи бештари рушди мушкилоти иҷтимоӣ ё равонӣ дар вазъияти бӯҳронӣ мубтало мегарданд (20). Одамони дорои маълулияти равонӣ дар вазъияти бӯҳронӣ аз сабаби ҷудошавӣ, таҳрим, бедиққатӣ нисбати саломатии худ, маълулият ва дастрасии мушкил, мумкин аст барои дастгирӣ муроҷиат нанамоянд. Дастгирии иҷтимоӣ, ки пештар ба онҳо дастрас буд, дар натиҷаи бӯҳрон метавонад аз даст равад. Онҳо инчунин метавонанд зери хатари аз тарафи оилаи худ партофта шудан қарор гиранд, чунки оилаи онҳо шояд қудрати нигоҳубини онҳоро надошта бошад (20). Муҳим он аст, ки барномаҳои ТСҶ дар вазъияти бӯҳронӣ одамони дорои маълулияти равониро ба таври муттамарказ таҳти диққат қарор диҳанд, чунки дар акси ҳол ин одамон метавонанд бетаваҷҷӯҲмонанд ё фаромӯш гарданд (нигаред ба боби «ТСҶ ва бӯҳрони гуманитарӣ).
Амалҳои пешниҳодшаванда Мусоидат ба саломатии равонӣ Барои мусоидат намудан ба саломатии равонӣ нишондиҳандаҳои маданӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии саломатии равониро ба мисли камбизоатӣ, беэътиноӣ, зӯроварию таҳқири шаҳвонӣ ба воситаи гузаронидани фаъолиятҳои якҷоя бо соҳаҳои мувофиқ бартараф намудан имконпазир аст. Барномаҳои ТСҶ барои таъмини саломатии равонӣ дар ҷамоатҳои худ бо истифодаи усулҳои зерин мусоидат намуда метавонанд:
14
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
• Барпо намудани муҳити фарогир, ки ҳуқуқҳои асосии ҳамаи аъзоёни ҷамоатро, аз ҷумла одамони дорои маълулияти равониро, эҳтиром ва ҳимоя менамояд. • Мустаҳкам намудани робитаҳои иҷтимоӣ дар ҷамоат ва рушди масъулияти умумӣ бо мақсади пешгирии сӯистифода аз машрубот ва маводҳои психоактивӣ, поймолкунии ҳуқуқи гендерӣ, инчунин зӯроварӣ дар ҷамоат ва оила. • Ташкил додани ҳамкориҳо бо тарафҳои дигари манфиатдор, ки ба раванди мусоидат намудан ба саломатии равонӣ ва некаҳволӣ ҷалб гардидаанд, масалан, бурдани кор бо клубҳои занон оид ба масъалаҳои гендерӣ ё ташкилотҳои маҳаллии ғайриҳукуматӣ, дар маркази диққати гузоштани масъалаҳои дахолати бармаҳал нисбати кӯдакон. • Мусоидат намудан ба муносибатҳои дутарафа байни волидайн ва кӯдакон бо мақсади беҳтар намудани рушди кӯдакон. • Мусоидат намудан ба амалӣ шудани барномаҳо дар мактабҳо, ки дар таҷрибаи амалӣ асос ёфтаанд, барои беҳтар гардонидани салоҳияти иҷтимоӣ ва ҳиссиётии мактаббачагон бо мақсади пешгирӣ намудани сӯиистифода аз маводҳои психоактивӣ ва зӯроварӣ. • Гузаронидани кор бо васоити ахбори омма (ВАО) барои тағйир додани қиёфаи манфии одамони дорои маълулияти равонӣ. (Нигаред ба қисми «Саломатӣ», боби «Пурзўр намудани саломатӣ»).
ЗАМИМАИ 5
Мусоидат ба робитаҳои дутарафаи мусбӣ Дар Ямайка барномаи аёдати мунтазами модарони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир дар хона бо мақсади ҳавасманд кардани рушди бармаҳали кӯдакони синни то 1 сола татбиқ гардид, ки самараи мусбии дарозмуддатро нисбати саломатии равонии наврасон имконпазир гардонд. Баланд шудани сатҳи худбаҳодиҳӣ, паст шудани миқдори кӯдакони мактабро тарккарда ва миқдори ҳодисаҳои рафтори зиддиҷамъиятӣ чун нишондиҳандаи самараи мусбӣ қабул шуда буданд.
Ямайка
Раҳнамоии раванди ҷалбшавӣ ба барномаҳои ТСҶ Барои осон намудани иштироки одамони дорои маълулияти равонӣ дар барномаҳои ТСҶ чунин чорабиниҳо тавсия дода мешаванд: • Мутмаин будан, ки ҳайати кормандони ТСҶ аз омӯзишҳои мувофиқ оид ба масъалаҳои саломатии равонӣ гузашта ва нисбати дастгирӣ ва фарогирии одамони дорои маълулияти равонӣ муносибати мусбӣ доранд. • Бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо машварат намуда, онҳоро ба раванди банақшагирӣ, татбиқ ва санҷиши барномаҳои ТСҶ ҷалб намоянд. • Дар якҷоягӣ бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо муайян намудани монеаҳо дар роҳи қонеъ намудани талаботи асосӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ, таҳсилот, имконияти худтаъминкунӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва пайдо намудани роҳҳои бартараф намудани онҳо. ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 15
• Муайян намудани мутахассисони тиб, истифодабарандагони хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ ва/ё аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба ҳайси коршинос дар раванди омӯзиши ҳайати кормандони ТСҶ иштирок карда метавонанд.
Бартараф намудани таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ дар ҷамоат Ҷамъият нисбати мушкилоти саломатии равонӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо дониши маҳдуд дорад. Барои иштироки фаъолонаи одамони дорои маълулияти равонӣ дар ҳаёти ҷамъият ривоятҳои васеъ паҳн гардида, хурофот ва поймолкунии ҳуқуқро бартараф намудан зарур аст. Барномаҳои ТСҶ метавонанд дар ин кор нақши асосиро бозанд. Чорабиниҳои зерин тавсия дода мешаванд: • Таъмини муносибати эҳтиромона ва риояи тағйирнопазири эътибори одамон аз тарафи ҳайати кормандони ТСҶ. • Муайян намудани аъзоёни боҳурмати ҷамоат, ки барои паҳн намудани ақида ва нақши мусбии саломатии равонӣ ба барномаҳои ТСҶ кӯмак карда метавонанд. Ба ин гурӯҲодатан шахсони мӯътабар, масалан, пешвоёни маҳаллии сиёсӣ ё динӣ дохил мешаванд. • Барпо намудани робита бо одамони муайянгардида ва таъмин намудани онҳо бо иттилоот нисбати масъалаҳои саломатии равонӣ дар ҷамоат, масалан даъват намудани онҳо ба ҳайси меҳмони мӯътабар ба чорабиниҳое, ки аз тарафи барномаҳои ТСҶ гузаронида мешаванд. • Муҳокима намудани усулҳое, ки бо ёрии онҳо шахсони мӯътабар метавонанд ақидаҳои асосиро оид ба ҳифзи саломатии равонӣ паҳн намоянд. Масалан, пешвоёни динӣ метавонанд ин ақидаҳоро дар раванди муошират бо пайравони худ паҳн намоянд. • Ошкор намудани аъзоёни ҷамоат ва гурӯҳҳои алоҳида, ки бо эҳтимолияти баланд метавонанд бо одамони дорои маълулияти равонӣ робита дошта бошанд ё шояд бар зидди онҳо мафкураи манфӣ дошта бошанд, масалан, кормандони полис, корманди тиб, ё табибони анъанавӣ. • Ташкил намудани маърифати санитарӣ ва омӯзиши амалӣ барои аъзоёни ҷамоат ва гурӯҳҳои алоҳида. Ба онҳо бояд иттилооти саҳеҲоид ба мушкилоти саломатии равонӣ бо мақсади барҳам додани ривоятҳо дода шавад (масалан оид ба он, ки гӯё одамони мушкилоти равонӣ дошта зӯровар мебошанд) ва ба онҳо фаҳмонидани он ки усулҳои самараноки муолиҷа вуҷуд доранд, масалан мудохилаи тиббӣ ва равонӣ, ки қодиранд одамони дорои маълулияти равониро табобат намоянд. • Таъмини риояи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо рафтори поймолкунии ҳуқуқ, дар сурати рух додани он дар ҷамоат нисбати одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаи онҳо. Онҳо бояд ҳамчун намуна барои тақлид буда рафтори мусбиро намоиш диҳанд.
16
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
ЗАМИМАИ 6
Иваз намудани фаҳмиш оид ба саломатии равонӣ ба воситаи робитаи шахсӣ
Маълум аст, ки робитаи мустақими шахсӣ байни одамони дорои маълулияти равонӣ ва дигар аъзоёни ҷамоат воситаи самараноки бартараф намудани муносибати манфӣ мебошад. Одамони дорои маълулияти равониро ба мулоқот бо мактаббачагон ва аъзоёни дигари ҷамоат даъват намоед, то ин ки онҳо аз таҷрибаи ҳаётиашон мубодилаи таҷриба намоянд. Одамоне, ки мушкилоти равониро бартараф намуда оила созмон додаанд, ҷои кор ёфтаанд ва нақши муҳимро дар ҷамоат мебозанд, ҳимоягарони муҳим дар мубориза бар зидди поймолкунии ҳуқуқ мебошанд.
Дастгирии раванди шифоёбӣ Ҷараёни шифоёбӣ бояд диққати асосиро ба тарафҳои қавии одамон ва қобилияти бурдани ҳаёти пурсамар ва қаноатмандона равона намояд. Шифоёбӣ – ин раванди ҳаматарафа мебошад, ки ба он мудохилаи тиббӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дохил мешавад. Раҳнамоии дастрасӣ ба ёрии тиббӣ Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ба одамони дорои маълулияти равонӣ аз сабаби камбизоатӣ, дур ва кам будани миқдори марказҳои махусгардонидашуда дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ мушкил аст. Барномаҳои ТСҶ бо системаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ бояд корро ба роҲмонанд ва захираҳои маҳаллии ҳифзи саломатиро истифода бурда, дастрасиро ба кӯмаки махсусгардонидашуда ва тиббии умумӣ таъмин намоянд. Барои татбиқ чорабиниҳои зерин тавсия дода мешаванд: • Муайян намудани сохторҳои мутобиқи мавҷуда, суроғаҳо, захираҳои кадрӣ ва моддии кӯмаки махсусгардонида шуда дар соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ, масалан, клиника, беморхона, пансион, марказҳои ҷамоатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ. Чунин фаъолиятро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва/ё давлатӣ гузаронидан мумкин аст. • Ташриф овардан ба марказҳои кӯмак дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва барпо намудани муносибатҳои хуб бо онҳо. Таъмин намудани мубодилаи иттилоот ва пурсиш оид ба хизматҳои расонидашуда (аз ҷумла, оид ба дастрасии дорувориҳои психотропӣ), стратегияҳо, механизми равон намудан ба назди мутахассис, вақти кор ва арзиши хизмат, пешниҳод намудани иттилоот оид ба барномаҳои ТСҶ ва чӣ тавр барномаҳои мазкур ба онҳо дар корашон кӯмак расонида метавонанд. • Тартиб додани рӯйихати табибони анъанавӣ ва пешвоёни динӣ бо мақсади мубодилаи таҷрибаю ақида. Ташкили вохӯриҳо бо мақсади рушди ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар низ мувофиқи мақсад аст. • Мутмаин будан, ки кормандони системаи кӯмаки аввалини тиббӣ-санитарӣ ва ҳайати кормандони барномаҳои ТСҶ, тартиби содда карда шудаи равон намудани беморонро ба назди мутахассис-равоншинос медонанд ва ҳангоми зарурат таъмин менамоянд; Раҳнамунсозии омӯзишҳоро оид ба мавзӯҳои зарурӣ амалӣ мекунанд. • Мутмаин будан ки сатҳи огоҳии одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба таъсири иловагии маводҳои дорувории психотропӣ баланд буда ва санҷидани он ки иттилоот дуруст дарк карда шудааст. ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 17
• Мусоидат намудан ба ҳамкории табибони анъанавӣ бо кормандони тиб ва бо ҳамин таъмин намудани ёрӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ. • Ба одамони дорои маълулияти равонӣ дастрас намудани истифодаи системаи ёрии умумии тиббӣ-санитарӣ; барои ин ба кормандони тиббӣ, ки кӯмаки аввалияи тиббию-санитариро таъмин менамоянд, пешниҳод намудани иттилооти мувофиқ. • Рушди ҳамкориҳо дар ҷамоатҳое, ки барномаҳои ҳифзи саломатии равонӣ амалӣ карда мешаванд: масалан, барномаҳои ҳифзи саломатии равонӣ метавонанд талаботи кӯмаки тиббӣ-санитариро қонеъ гардонанд, барномаҳои ТСҶ бошанд – бо дигар масъалаҳо машғул мешуданд, аз ҷумла – бо ташкил намудани имкониятҳои худтаъминкунӣ. (Нигаред ба қисми «Саломатӣ», боби «Кӯмаки тиббӣ-санитарӣ»)
ЗАМИМАИ 7
Белиз
Муносибати ҳаматарафа ба ҳифзи саломатии равонӣ Дар Белиз, ҳамшираҳои шафқат, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ кор мекунанд, бо табибони анъанавӣ бо мақсади табодули таҷриба ва усулҳои фаъолият мулоқот менамоянд. Ҳамшираҳои тиббӣ ба хулосае омаданд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо табибони анъанавӣ метавонад воситаи самаранок барои қонеъ намудани талаботи ҷамоат дар соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ бошад. Ҳам нуқтаи назари расман эътироф гардида ва ҳам ғайрирасмӣ оид ба ҳифзи саломатии равонӣ дар маҷмӯъ истифода шуда, муносибати ҳаматарафа ба ҳифзи саломатии равонӣ таъмин мегардад.
Раҳнамоии дастрасӣ ба ёрии равонӣ Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст дастрасӣ ба ёрии мутахассис-равоншинос метавонад хеле маҳдуд бошад; аммо воситаҳои асосии дахолатро бо қувваи кормандони барномаҳои ТСҶ татбиқ намудан мумкин аст. Барои татбиқ чорабиниҳои зерин тавсия дода мешаванд: • Ташкил намудан ё бо қувваи худ гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони барномаҳои ТСҶ ва кормандони системаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ оид ба асосҳои ёрии равонӣ. Ин омӯзиш бояд хусусияти фарҳангиро, ки ба он усулҳои идоракунии эҳсосот (малакаҳои асосии машваратдиҳӣ), барқарор намудани боварӣ ба худ, иттилоотдиҳӣ, инчунин усулҳои оромгардонӣ (релаксатсия) дохил мешавад, дарбар гирад. • Рушди муносибатҳои мусбии дутарафа бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар асоси муоширати озод ва боварӣ. Мунтазам ба назди одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаи онҳо ташриф оварда, аз аҳволашон ва халли мушкилоташон пурсон шуда, барои гӯш кардан вақти кифоя ҷудо кардан лозим аст. 18 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
• Бо одамони дорои маълулияти равонӣ робитаи зич барпо намуда, ба онҳо барои ҳалли масъалаҳо, идора ва бартараф намудани фишор (стресс) ва рушди малакаҳои мутобиқшавии равонӣ ёрӣ расонидан зарур аст. • Муайян намудани он, ки кадом чораҳои дахолати равониро табибони анъанавӣ ва пешвоёни маънавӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ дошта ва аъзоёни оилаҳои онҳо пешниҳод намуда метавонанд ва чӣ тавр ба ин гуна кӯмак дастрасӣ пайдо намудан мумкин аст. • Ҳавасмандкунӣ барои ташкили гурӯҳҳои худкӯмакрасонӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, бо мақсади таъмини дастгирии муштарак ва васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳо. Агар гурӯҳҳои худкӯмакрасон аллакай дар ҷамоат вуҷуд дошта бошанд, пас раванди ҷалби одамони дорои маълулияти равонӣ ба он гурӯҳҳоро, агар мувофиқ бошад, раҳнамоӣ намудан лозим аст. Раҳнамоии дастрасӣ ба ёрии иҷтимоӣ Барномаҳои ТСҶ метавонанд дастрасиро ба кӯмаки иҷтимоӣ бо тарзҳои зерин осон намоянд: • муайян намудани хизматрасонии мувофиқи иҷтимоӣ, ки дар ҷамоати мазкур пешниҳод мегардад; • муайян намудани талаботи иҷтимоӣ ва ба нақшагирии роҳҳои имконпазири ҳал дар якҷоягӣ бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо; • ҳамкорӣ намудан бо оилаҳо бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқи одамони дорои маълулияти равонӣ ва қонеъ намудани талаботи асосии онҳо (масалан, ба ғизо, либос, беҳдошт ва манзил); • пешниҳод намудани тавсияҳо ба аъзоёни оилаҳо оид ба усули ҷалб намудани одамони дорои маълулияти равонӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи оила. • дастгирии муносибати одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо бо хешовандон ва дӯстон, дар ҳолати зарурӣ барқарор намудани муносибатҳо; шояд ба одамони дорои маълулияти равонӣ барои огоҲнамудани хешовандон ва дӯстонашон оид ба ҳолати равониашон омӯзиш гузаронидан лозим шавад. • муайян намудани чорабиниҳои ҷамоатӣ, ки дар он одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо иштирок намоянд. Шояд ҳангоми ҳаракат намудан дар ҷамоат онҳоро ҳамроҳӣ намудан лозим шавад, агар онҳо нисбати худ боварии комил надошта бошанд ё монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд дошта бошанд. • барқарор намудани робитаҳои мунтазам бо одамоне, ки ба шабакаи иҷтимоии дастгирӣ ҷалб нагардидаанд, зери осмони кушод умр ба сар мебаранд ва аз таҳрим (тамғагузории иҷтимоӣ) азият мекашанд; • рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо соҳаҳои гуногуни рушд барои қонеъ намудани талаботи одамони дорои маълулияти равонӣ, аз ҷумла бо ғизо, манзили арзанда, ва таҳсилоту меҳнат; • агар дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ бо омилҳои молиявӣ вобаста бошад, пас роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ кардан лозим аст. (Нигаред ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ»). Раҳнамоии дастрасӣ ба манбаъҳои васоити зиндагӣ Иштирок дар фаъолият оид ба худтаъминкунӣ қисми муҳими шифоёбӣ мебошад. Ба ҷуз гирифтани даромад ин гуна фаъолият ба мустақилият, соҳибихтиёрӣ, баланд бардоштани ҳисси худбаҳодиҳӣ, созмон додани шабакаи кӯмаки муштарак, ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 19
ноил гаштан ба аҳамиятнокии иҷтимоӣ ва назорат аз болои ҳаёти шахсӣ мусоидат менамояд. Барои баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва имкониятҳои худтаъминкунӣ, аз ҷумла чораҳои зерин тавсия дода мешаванд: • муайян намудани ташаббусҳо дар соҳаи рушд, дар ҷамоатҳо ки ба гирифтани даромад равона карда шудаанд. Бо ин ташаббусҳо робита ва ҳамкорӣ барқарор намуда мутмаин шудан, ки оё онҳо иқтидори ҷалб намудани одамони дорои маълулияти равониро дошта бошанд. • муайян намудани дигар манбаъҳои васоити зиндагӣ, ки барои одамони дорои маълулияти равонӣ дастрас бошанд. Ба ин расонидани кӯмак ба одамон барои баргаштан ба ҷои пештараи кор ё барқарор намудани робита бо одамони соҳибкор, ки омодаанд, одамони дорои маълулияти равониро бо кор таъмин намоянд. • дар ҳолатҳое, ки одамон қодиранд ба ҷои кори пештара баргарданд, бо кор таъминкунандагон бояд ҳамкорӣ намуд, то ин ки ба муҳити корӣ тағйироти зарурӣ дароварда шавад, масалан, бояд тавсия дода шавад, ки ҷои кори ором пешниҳод гардад, агар корманд мушкилоти тамаркуз (консентратсия) ва ҳассосӣ ба ғавғо дошта бошад, ҷадвали махсуси кор пешниҳод мешавад, давомнокии рӯзи корӣ тадриҷан дароз карда мешавад; • ба кортаъминкунандагон дар бораи ӯҳдадории ҳуқуқии онҳо нисбати бо кор таъмин намудани одамони дорои маълулияти равонӣ вобаста ба қонунгузории мутобиқи миллӣ иттилоот дода шавад. (Нигаред ба қисми «Масъалаҳои таъмини васоити зиндагӣ»).
ЗАМИМАИ 8
Танзания
Бурдани ҳаёти пурмаънӣ Барномаи ҳифзи саломатии равонӣ дар музофоти Мтвара (Танзания) бо панҷ департаменти музофотии тиббӣ ҳамкорӣ намуда фаъолиятро дар сатҳи ҷамоат дар масофаи дастрас, аз ҷиҳати арзиш қобили қабул ва интихоби тарзҳои ба ҳамдигар алоқаманди табобати одамони дорои маълулияти равонӣ оғоз намуд. Дар марҳилаи аввали лоиҳаи санҷишӣ 1026 нафар одамон дар масофаи як қадам дастрасӣ аз хонаи худ табобат гирифтанд, баъдтар шумораи табобатгирифтагон то 4 711 нафар зиёд шуд. Дастрасии табобат ва дастгирии равонӣ сифати ҳаёти шумораи зиёди одамони дорои маълулияти равониро беҳтар намуд. Ҳаёти онҳо устувортар гардид: аксари онҳо ба машғулияти пештараашон баргаштанд, дигарон бошанд дар ҷамоати худ кори нав ёфтанд. Аз рӯи гуфтаҳои роҳбари барнома, «ҳамин ки одамони дорои маълулияти равонӣ беҳшавии нишонаҳои бемориашонро ҳис намуданд ва дар фаъолиятҳои пурмаъно иштирок мекардагӣ шуданд, муносибати ҷамъият нисбати онҳо тадриҷан тағйир ёфт. Афзалияти муносибати фаъолият дар сатҳи ҷамоат дар муқоиса бо ҷойгирнамоии беморон дар муассисаҳои табобатии типи пӯшида (институтсионалӣ) аз ҳамин иборат аст».
Дастгирии аъзоёни оила Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, оила манбаи аз ҳама муҳими нигоҳдории саломатии равонӣ мебошад. Барои дастгирии аъзоёни оила чорабиниҳои зерин тавсия дода мешаванд: 20 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
• ба аъзоёни оила пешниҳод намудани иттилоот оид ба мушкилоти равонӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо. Дар хотир доред, ки пеш аз паҳн намудани иттилоот иҷозати шахсеро, ки иттилооти мазкур ба ӯ дахл дорад, гирифтан лозим аст; • бо мақсади аз хасташавиӣ ва ноилоҷӣ наҷот додани оилаҳое, ки шумораи аъзоёни дорои маълулияти зиёд доранд, вазифаҳоро байни аъзоёни дигари оила ва ҷамоат тақсим намуда дар нигоҳубин ёрӣ расондан мувофиқи мақсад аст. • ҳавасманд намудан барои иштирок дар гурӯҳҳои худкӯмакрасон бо мақсади табодул ва омӯзиш аз таҷрибаи ҳамдигар.
ЗАМИМАИ 9
Уганда
Модарон табодули таҷриба мекунанд. Гурӯҳи модарон дар Уганда ба ташкилоте аъзо мешаванд, ки он волидони кӯдакони дорои маълулиятро муттаҳид месозад. Онҳо мунтазам ба таваллудхонаи маҳаллӣ бо мақсади аёдати модарони кӯдаки дорои маълулият таваллуд карда ташриф меоранд. Онҳо ба дарди дили ин модарон гӯш мекунанд, ба бадбахтиашон ҳамдардӣ мекунанд, табодули таҷриба намуда, умед ба фардоро бедор месозанд.
Саҳмгузорӣ ба раванди васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо Шифоёбӣ аз бемориҳои равонӣ бо васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо зич вобаста аст. Он чиз бояд ба назар гирифта шавад, ки шарҳи муфассали раванди васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо дар қисми «Васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо» оварда шудааст, баъзе аз чорабиниҳоро номбар менамоем: • мутмаин будан, ки кормандони ТСҶ ҳангоми муошират бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо муносибати эҳтиромона доранд. • эътироф намудани он, ки одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо дониш ва малакаи махсуси худро доранд. Диққати асосӣ бояд ба тарафҳои қавии одамон бахшида шуда, онҳоро барои фаъолона иштирок намудан дар раванди шифоёбӣ рӯҳбаланд намудан зарур аст. • пешниҳод намудани иттилоот ба одамон (агар мувофиқ бошад, инчунин ба аъзоёни оилаҳо онҳо) оид ба одамони дорои маълулияти равонӣ бе ягон тамғагузорӣ. Мутмаин бошед, ки онҳо аз ҳуқуқҳои инсонии худ бохабаранд ва риоя намудани онҳоро талаб карда метавонанд. • пешниҳод намудани иттилоот ба одамон оид ба тарзҳои муолиҷа ва дастгирӣ, ки дар ҷамоати онҳо дастрас аст, то ин ки онҳо қарорҳои асоснокро оид ба амалҳои минбаъдаи худ қабул карда тавонанд. • одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо бояд бо гурӯҳҳои худкӯмакрасон муттаҳид шаванд; • гурӯҳҳои худкӯмакрасон бо мақсади рушди хизматрасониҳои дастрас, камарзиш ва қобили қабул ба одамони дорои маълулияти равонӣ дар сатҳи ҷамоат рӯҳбаланд ва дастгирӣ карда шаванд. • баланд бардоштани сатҳи огоҳии одамон оид ба Конвенсияи ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамкорӣ бо дигарон ва мусоидат намудан ба истифодаи қонунгузории маҳаллӣ ва умумимиллӣ аз тарафи одамони дорои маълулияти равонӣ бо мақсади амалӣ ва ҳифз намудани ҳуқуқҳояшон. (Нигаред ба қисми «Васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо»). ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 21
Библиография 1. Promoting mental health. Concepts, emerging evidence, practice. Summary report. Geneva, World Health Organization, 2004 (www.who.int/mental_health/evidence/ en /promoting_mhh.pdf, accessed 30 April 2010). 2. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 2006. (http:/www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability. shtml, санаи дастрасӣ: 30 марти с. 2010). 3. Chatterjee S et al. Evaluation of a community-based rehabilitation model for chronic schizophrenia in rural India. British Journal of Psychiatry, 2003, 182:57-62. 4. Patel V et al . Global mental health 3: treatment and prevention of mental disorders in low-income and middle-income countries. The Lancet, 2007, 370:991-1005. 5. mhGAP: Mental health gap action programme: scaling up care for mental, neurological and substanceuse disorders. Geneva, World Health Organization, 2008 (www.who.int/mental_health/mhgap_final_ english.pdf, accessed 30 April 2010). 6. Маърўза оид ба њолати тандурустї дар љањон 2007. Саломатии рўњї: фањмиши нав, умеди нав. Женева, 2001 (http://www.who. int/whr/previous/ru//, санаи дастрасї: 30 апрели с. 2010). 7. 4 Thornicroft G . Shunned: discrimination against people with mental illness. New York, Oxford University Press, 2006 8. Elbogen EB, Johnson SC . The intricate link between violence and mental disorder: results from the national epidemiologic survey on alcohol and related conditions . Archives of General Psychiatry, 2009,66(2):152-161 9. Watson AC et al . Self-stigma in people with mental illness. Schizophrenia Bulletin, 2007 (http://schizophreniabulletin.oxfordjournals.org/cgi/content/abstract/sbl076v1, accessed 30 April 2010). 10. 10 Mental health, human rights and legislation: WHO's framework. Geneva, World Health Organization (undated) (www. who . int/mental_health/policy/fact_sheet_ mnh_hr_leg_2105. pdf, accessed 30 April 2010). 11. 70 facts on mental health. Geneva, World Health Organization (undated (www.who. int/features/ factfiles/mental_health/mental_health_facts/en/index.html, accessed 30 April 2010). 12. Маълумотномаи иттилооти заминавии ТУТ оид ба саломатии руҳӣ, ҳуқуқҳои инсон ва қонунгузорӣ. Женева, с.2005 (http://www.who.int/mental_health/policy/ WHO_Resource_Book_MH_LEG_Russian.pdf, санаи дастрасӣ: 30 апрели с.2010). 13. Senior K. Greater needs, limited access . Bulletin of the World Health Organization, 2009, 87:252-253. 14. Robson D, Gray R. Serious mental illness and physical health problems: a discussion paper. International Journal of Nursing Studies, 2007, 44:457-466. 15. Bonney S, Stickley T. Recovery and mental health: a review of the British literature. JournalofPsychiatric and Mental Health Nursing, 1008, 15:140-153. 16. Schiff AC . Recovery and mental illness: analysis and personal reflections . Psychiatric Rehabilitation Journal, 2004, 27(3):212-218. 17. Caring for children and adolescents with mental disorders. Setting WHO directions . Geneva, World Health Organization, 2003 (www.who. int/mental_health/media/ en/785.pdf, accessed 30 April 2010). 18. Prince M et al . Global mental health 1: No health without mental health. The Lancet, 2007, 370:859-877. 19. Gender and women's mental health. Geneva, World Health Organization, (undated) www.who . int/ mental_health/prevention/genderwomen/en/, accessed 30 April 2010). 20. Inter-Agency Standing Committee (IASC) . IASC guidelines on mental health and psychosocial supportin emergency settings. Geneva, 2007 (www.who.int/ mental_ health/ emergencies/ guidelines_iasc_mental_health_psychosocial_june_2007. pdf, accessed 30 April 2010) .
22
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Адабиёти тавсияшуда Basic Needs. Mental health and development. E-journal (www mentalhealthanddevelopment.org/, accessed 30 April 2010). Cohen A, Kleinman A, Saraceno B, eds . World mental health casebook. Social and mental health programs in low-income countries. New York, Kluwer Academic/Plenum Publishers, 2002. Community mental health policy (update of mental health policy from 2001). CBM, 2008 (www. cbm . org/ en/general/downloads/19914/CBM_Community_Mental_ Health_Policy.pdf, accessed 30 April 2010). Fisher D, Chamberlin J . Consumer-directed transformation to a recovery based mental health system, 2004 (www.power2u . org/downloads/SAMHSA .pdf, accessed 30 April 2010). Global Forum for Community Mental Health. Mission statement, experiences, contacts, resources, undated (www.gfcmh.com/, accessed 30 April 2010). Leff J, Warner R. Social inclusion of people with mental illness. Cambridge, Cambridge University Press, 2006. Patel V. Where there is no psychiatrist. A mental health care manual. London, Gaskell, 2003. Stastny P, Lehmann P, eds . Alternatives beyond psychiatry. Berlin, Peter Lehmann Publishing, 2007. World Association for Psychosocial Rehabilitation. WAPR Bulletin (www.wapr. info/ wapr_bulletins.htm, accessed 30 April 2010). World Network of Users and Survivors of Psychiatry. Human rights position paper of WNUSP, 2001 (www. wnusp .net/wnusp%20evas/Dokumenter/Human%20Rights%20 Position%20Paper.html, accessed 30 April 2010).
ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ
23
ТСҶ ва ВНМО/БПНМ Муқаддима Барномаҳои мубориза бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) одатан ба гурӯҳҳои асосии аҳолӣ, ки бо хатари калони гирифтор шудан ба ин бемориҳо дучор мешаванд, равона карда шудааст, масалан, коргарон-муҳоҷирон, кормандони саноати шаҳвонӣ, мардон, ки бо мардони дигар алоқаи ҷинсӣ доранд (алоқаи ҳамҷинсон), шахсоне, ки маводи нашъаоварро тариқи сӯзандору истеъмол менамоянд, инчунин мардуми таҳҷоӣ (1). Аммо гурӯҳи аз ҳама осебпазир – шахсони дорои вайроншавии ҷисмонӣ, равонӣ, сенсориро – қариб пурра аз назар дур менамоянд (2). Одатан чунин ҳисобида мешавад, ки одамони дорои маълулият зери хатари баланди гирифтор шудан ба ин беморӣ қарор намегиранд, чунки аз рӯи алоқаи ҷинсӣ фаъол набуда, хеле кам маводи нашъаовар истеъмол менамоянд, зери хатари камтари зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ қарор доранд (3). Дар ҳуҷҷати кӯтоҳи сиёсӣ оид ба маълулият ва ВНМО, ки ба қарибӣ аз тарафи Барномаи Якҷояи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон омода намудаанд, қайд шудааст, ки шахсони дорои маълулият зери хатари калони гирифтор шудан ба ин беморӣ қарор мегиранд (4). Аммо ҳукуматҳо ва таҳиягарони сиёсат масъалаи маълулиятро дар стратегия ва нақшаи мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ одатан ба назар намегиранд. Ин мушкилот ва як қатор монеаҳои дигар барномаҳо ва хизматрасониҳо оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО, нигоҳубини беморон ва дастгири одамони дорои маълулиятро дастнорас месозанд. Ҳарчанд боби мазкур асосан ба одамони дорои маълулият, осебпазирии онҳо ба ВНМО\БПНМ ва дастрасии маҳдуди барномаҳо ва хизматрасонии соҳаи умумӣ бахшида шуда бошанд ҳам, барномаҳои ТСҶ бояд имконияти пайдошавии маълулиятро дар беморони гирифтори ВНМО/БПНМ дар натиҷаи худи беморӣ ё табобати он, ба назар гиранд. Одамоне, ки бо сирояти ВНМО зиндагонӣ мекунанд, дар он сурат маълул ҳисобида мешаванд, ки дар онҳо вайроншавиҳое, ки дар якҷоягӣ бо муҳити беруна иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷамъият дар баробари одамони дигар маҳдуд месозад, ташаккул меёбанд (5). Аксари барномаҳои ТСҶ ба масъалаҳои маълулият ва ВНМО/БПНМ диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Аммо ба ҳайси стратегияи рушди фарогир барномаҳои БСҶ метавонанд дар баланд бардоштани афзалияти масъалаҳои маълулият дар барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ самаранок бошанд. Барномаҳои ТСҶ қонеъ намудани талаботи шахсони дорои маълулиятро таъмин менамоянд, инчунин ҷалбнамоӣ ва баробарии имкониятҳоро барои одамоне, ки бо бемории ВНМО/БПНМ зиндагонӣ менамоянд ва метавонанд маълул гарданд, дастгирӣ мекунанд. ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 25
ЗАМИМАИ 10
Намибия
Алексия барои қабули қонунҳо оид ба одамони дорои маълулият мубориза мебарад Алексия Маномбе-Нкуме, якумин дар таърих аъзои парламент, ки худ маълулият дорад, аз Намибия хабар медиҳад, ки дар аксари мамлакатҳои Африқо фоизи сироятшудагони ВНМО/БПНМ дар байни одамони дорои маълулият нисбат ба аҳолии боқимонда хеле баланд аст. Ӯ изҳор дошт, ки сабаби ин, дар канор мондани одамони дорои маълулият аз ҳаёти ҷамъият мебошад. Масалан, одамон бо маҳдудияти биноӣ наметавонанд плакатҳои иттилоотиро дар мавзӯи саломатӣ ва рекламаро қироат намоянд. Одамони дорои маълулияти шунавоӣ аз барномаҳои радиоӣ ва телевизионии ба мавзӯи пешгирии паҳншавии сироят бахшида бехабар мемонанд. Одамони дорои маълулияти ҳаракат одатан наметавонанд ба марказҳои ҳифзи саломатӣ бо мақсади машваратгирӣ ё аз ташхис гузаштан раванд. Маводи таълимӣ оид ба саломатӣ хеле кам бо шаклҳои дигар, масалан бо алифбои Брайл ё забони имову ишора нашр мешаванд. Баъзан одамони дорои маълулиятро махсус зери таҳқир интихоб мекунанд. Духтарон ва занон, ки маҳдудияти зеҳнӣ доранд, ба таклифи машғул шудан ба шаҳвонияти ҳифзнашуда зуд розӣ мешаванд. Аммо кадом кормандони тиббӣ ин масъалаҳоро ҳангоми таҳияи барномаҳо ба назар мегиранд? Хонум Маномбе-Нкубе мавқеи худро истифода мебарад, то ин ки қонунҳои навро вобаста ба маъюбӣ, барои дида баромадан дар парламенти Намибия пешниҳод намояд. Дастрасии одамони дорои маълулиятро ба табобат ва усулҳои пешгирии сироятшавии ВНМО/БПНМ таъмин накарда, ноил шудан ба мақсади №6-и Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи рушд, ки дар Изҳороти ҳазорсола ифода шудааст: Барҳам задани ВНМО/БПНМ ва бемориҳои дигар, ғайриимкон аст. Мутобиқ шудааст аз (5) .
26
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Мақсад Дастрасии ҳаматарафа ба пешгирии ВНМО/БПНМ, табобат, нигоҳубин ва барномаҳои дастгирӣ ва хизматрасониҳо барои одамони дорои маълулият дар са росари олам.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз инҳо иборатанд: Мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо аз барномаҳои мубориза зидди ВНМО/БПНМ ва хизматрасониҳо дар сатҳи ҷамоатҳо огоҳанд; Мутмаин будан, ки барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва хизматрасониҳо ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дастрасанд ва ба барномаҳои ТСҶ одамони бо ВНМО/БПНМ сироятшуда, ки аз маълулияти муваққатӣ ё доимӣ азоб мекашанд ҷалб карда шаванд
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият имконияти ҷалб шуданро ба барномаҳои мавҷудаи асосӣ ва хизматрасонии зидди ВНМО/БПНМ доранд. • Одамони дорои маълулият, ки ба ВНМО/БПНМ вобаста аст, ба барномаҳои ТСҶ дохил карда мешаванд. • Тарафҳои манфиатдори мувофиқ оид ба масъалаҳои маълулият ва ВНМО/ БПНМ огоҳӣ доранд. • Шабакаҳо ва ҳамкорӣ байни иштирокчиёни барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои маълулият созмон дода шудаанд. • Секторҳои асосии фаъолият дар соҳаи рушд одамонеро, ки бо сирояти ВНМО/ БПНМ зиндагӣ мекунанд, ҷалб намудаанд. • Қоидаҳои ҳифзи меҳнат дар ҷои кор, ки хатари сирятшавии ВНМО/БПНМ-ро барои кормандони барномаҳои ТСҶ паст менамоянд, инчунин дастгирии онҳоеро, ки бо бемории ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекунанд, таъмин менамоянд. • Одамони дорои маълулият ба барномаҳои миллӣ ва нақшаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ҷалб гардидаанд..
Мафҳумҳои асосӣ ВНМО/БПНМ ВНМО – ин вируси бемории норасоии масунияти одам аст, ки ба БПНМ оварда мерасонад. Он ҳангоми алоқаи бевосита бо хун ва дигар моеъи физиологии одамон, ки вируси ВНМО сироят шудаанд, мегузарад, яъне агар инсон алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда дошта бошад, ё аз як сӯзандору бо одами сирояти ВНМО дошта истифода барад, гирифтори ин беморӣ мешавад. Кӯдаки навзод инчунин метавонад дар ҷараёни то ва баъди таваллуд сироятнок шавад, агар модараш сироятшуда бошад. БПНМ – марҳилаи охирини сирояти ВНМО мебошад. БПНМ ба системаи масуният таъсир мекунад ва қобилияти организмро барои ба беморӣ муқовимат нишон додан камқувват месозад. Дар натиҷаи бемор шудан ба БПНМ метавонад сироят, ки ба ҳаёт хатар дорад, баъзе шаклҳои саратон пайдо шаванд, инчунин, системаи асаб таназзул меёбад. На ҳамаи беморони бо ВНМО сироят ёфта ба БПНМ гирифтор мешаванд, аз байн чанд сол мегузарад, то сирояти ВНМО худро дар шакли БПНМ зоҳир намояд. Табобати зиддиретровирусӣ метавонад ташаккули сирояти ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 27
ВНМО-ро суст намояд, аммо наметавонад пурра бемори ВНМО/БПНМ-ро табобат намояд. Айни замон, пешгирӣ тарзи ягона ва беҳтарини табобат аст.
Одамоне, ки бо сирояти ВНМО зиндагӣ мекунанд ва маълулият Аксари одамон, ки бо ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекунанд, дар натиҷаи рушди беморӣ метавонанд маълулият пайдо кунанд. Табобати зиддиретровирусӣ метавонад давомнокии умрро дароз кунад; аммо ин маънои онро дорад, ки онҳо гирифтори бемории музмин бо марҳилаҳои беҳтаршавӣ ва бадтаршавӣ мебошанд (6). Одамоне, ки бо ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, метавонанд дар натиҷаи табобат ё авҷгирии беморӣ бо як қатор душвориҳои муваққатӣ ё доимӣ (ҷисмонӣ, зеҳнӣ ё сенсорӣ) дучор гарданд. Масалан, таъсири иловагии дар натиҷаи табобат рухдиҳанда метавонад сабабгори хастагӣ, мушкилот бо ҳазми хӯрок, бо пӯст ва ё харобшаваии асаб гардад.. Ҳамаи ин метавонад ба мушкилоти функсионалӣ (душворӣ ҳангоми роҲрафтан, қабули душ, рондани мошин) ё маълулияти одамоне, ки бо бемориҳои ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, оварда расонад. Аксари одамоне, ки бо бемориҳои ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, бо мушкилоти таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ рӯ ба рӯ мешаванд. ВНМО/БПНМ бо рафторе вобаста карда мешавад, ки аз тарафи чамъияту ҷамоат чун фаъолияти иҷтимоии ғайри мақбул шинохта шуда ба тарзи васеъ маҳкум карда мешавад. Одамоне, ки бо бемориҳои ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, бо таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ дучор мешаванд; аксари онҳоро аз ҷои кор меронанд, наздикон аз онҳо рӯй мегардонанд ва ҳатто ҳолатҳои куштани онҳо низ маълуманд (7).
Одамони дорои маълулият ва ВНМО/БПНМ Шаҳвоният Шаҳвоният - ин тарзи ифодаи худшиносӣ ҳамчун субъекти шаҳват мебошад ва ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои ВНМО/БПНМ мавзӯи муҳим ба ҳисоб меравад. Дар аксари ҷамъиятҳо манъҳои фарҳангӣ, (мавзӯҳое, ки дар бораи он гап задан манъ аст) муҳокимаи озоди масъалаҳои муносибатҳои ҷинсиро маҳдуд месозанд; масалан, аксари одамон ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои муносибатҳои ҷинсиро вобаста ба маълулият худро дар хиҷолат ҳис мекунанд. Аммо ин масъала дар ҳаёти аксари одамони дорои маълулият хеле ҷиддӣ мебошад ва онро набояд сарфи назар намуд (8). Одамони дорои маълулиятро одатан ғайришаҳвонӣ меҳисобанд, чунки дар назари одамон онҳо бегуноҳ, ба монанди кӯдак ношуд ва дар натиҷа ба муносибатҳои маҳрамона қодир набуда ва дорои талаботи пасти шаҳвонӣ ба назар мерасанд. Аммо ин ривояте беш нест, одамони дорои маълулият чун одамони дигар аз назари муносибатҳои ҷинсӣ фаъол мебошанд ва зери хатари сирояти ВНМО/БПНМ қарор мегиранд. Омилҳои хатар Таҳқиқоти глобалӣ оид ба сирояти ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои маълулият нишон дод, ки дар одамони дорои маълулият ҳамаи омилҳои маълуми хавф оид ба сирояти ВНМО/БПНМ баландар аст (10). Баъзе аз онҳо дар зер оварда шудаанд. Бесаводӣ. Саводнокӣ барои дарк ва фаҳмиши маълумот оид ба сирояти ВНМО ва истифодаи ин фаҳмиш барои тағйир додани рафтор вобаста бо хатари сирояти 28 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
ВНМО хеле муҳим аст (8). Дар қисми «Маърифат» қайд карда шудааст, ки одамони дорои маълулият нисбат ба аҳолии боқимонда дорои сатҳи пасти маърифат мебошанд ва зери хавфи бештари сирояти ВНМО қарор доранд (нигаред ба қисми «Маърифат»). Сатҳи пасти огоҳӣ ва дониши маҳдуд оид ба ВНМО/БПНМ- одамони дорои маълулият оид ба алоқаҳои ҷинсӣ (9) ва ВНМО (11) огоҳӣ ва дониши хеле маҳдуд доранд. Ин метавонад натиҷаи норасоии иттилоот оид ба масъалаи мазкур дар хона ва мактаб бошад, ё иттилоот ва тавсияҳои асосӣ нисбати сирояти ВНМО дар шакли дастрас пешкаш карда намешаванд. Масалан, агар чорабинӣ оид ба пешгирии ВНМО, танҳо бо воситаи рӯзнома ё плакат гузаронида шавад, иттилоот барои нобиноҳо дастнорас мемонад; агар чорабинӣ танҳо дар радио гузаронида шавад, иттилоот ба одамони дорои маълулияти шунавоӣ дошта намерасад; агар чорабинӣ иттилооти мукаммал ва мураккабро истифода барад, он ба одамони дорои маълулияти зеҳнӣ нофаҳмо мемонад (3).
ЗАМИМАИ 11
Эътирофи шаҳвоният
Мозамбик
Дар Мозамбик таҳлилҳо дар мавзӯи ВНМО ва масъалаҳои маълулият гузаронидашуда муайян намуданд, ки сабаби асосии ҷалб нашудани одамони дорои маълулият ба муҳокимаи барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, радкунӣ ё хоҳиш надоштани дида баромадани одамони дорои маълулият ҳамчун шахсоне, ки дорои шаҳвоният ҳастанд, мебошад. Ҳисобот нишон медиҳад, ки ин таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ мебошад, ки бар муқобили чунин одамон равона шудааст (12). Рафтори вобаста бо хатари сироятшавии ВНМО. Алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, истифодаи маводи нашъаовари тазриқӣ ва кор дар саноати шаҳвонӣ, хатари сирояти ВНМО-ро зиёд мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки одамони дорои маълулият, инчунин ба ин намуди рафтор мубтало ҳастанд (10). Худбаҳодиҳии паст ва ҳиссиёти дилнокашии шахсӣ метавонад ба рафтори хатарноки шаҳвонӣ оварда расонад (9). Масалан, наврасони маълул вобаста ба талабот, одатан зери фишор қарор мегиранд ва онҳо иҷборан ба муносибатҳои ҷинсӣ дохил мешаванд, зеро онҳо мехоҳанд аз тарафи ҷамъият қабул ва ба ҳаёт ҷалб карда шаванд, бинобар ин онҳо барои истодагарӣ кардан ва муҳокима намудани алоқаи ҷинсии бехатар имконияти камтар доранд (3). Зӯроварии шаҳвонӣ. Одамони дорои маълулият дар тамоми ҷаҳон нисбат ба одамони дигар зиёдтар зери хатари қурбонии зӯроварии шаҳвонӣ шудан қарор доранд (4), ки ин хатари сирояти ВНМО баландтар мегардонад. Омилҳои зиёд одамони дорои маълулиятро ба зӯроварии шаҳвонӣ осебпазиртар мегардонанд, масалан вобастагӣ аз кӯмак аз тарафи одамони дигар, ҳаёт дар муассисаҳои тиббии шакли пӯшида ва дастрасии нокифоя ба воситаҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ (10) (нигаред ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ»).
ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ
29
Монеаҳо дар роҳи пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирии одамони ВНМО/БПНМ дошта. Одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои вобаста бо ВНМО/БПНМ, масалан гузаронидани ташхису машварат, доруҳо ва нигоҳубин дастрасии маҳдуд доранд. (10, 13). Монеаҳое, ки чунин одамон рӯ ба рӯ мешаванд ба он монеъаҳои дар қисмати «Саломатӣ» дида баромада, монанд мебошанд ва аз инҳо иборатанд, дастрасӣ ба: Сиёсат. Зеро, аксари одамон дар чунин ақидаанд, одамони дорои маълулият сатҳи пасти зиндагӣ доранд ва барои самаранок саҳмгузорӣ намудан дар ҳаёти ҷамъиятӣ қодир нестанд (14), таҳиягарони сиёсат одатан тахмин мекунанд, ки вақт, қувва ва захираҳо дар навбати аввал бояд барои дастгирии гурӯҳи одамони маълулият надоштаи аҳолӣ равона карда шаванд (8). Дар он ҷое, ки дастрасӣ ба табобати зидди ретровирусӣ маҳдуд ва кӯмаку хизматрасониҳо нокифояанд, маълум мешавад, ки одамони дорои маълулият одатан дар рӯйихати кӯмакгирандагон охирин мебошанд (2,8). Монеаҳо вобаста ба муҳит ва муошират. Хизматрасониҳои аз тарафи беморхонаҳо, клиникаҳо ва дигар муассисаҳо пешкашшаванда, мумкин аст аз ҷиҳати ҷисмонӣ дастнорас бошанд, масалан роҳравҳои махсус (пандус) барои онҳое, ки бо аробача ҳаракат мекунанд, набудани забони имову ишора, яъне дастрас набудани иттилооти пешниҳодшуда – бо забони Брайл, аудиоӣ ё ягон шакли дигари содда карда шуда (5). Муносибати номатлуб (манфӣ) ва сатҳи дониши кормандони ҳифзи саломатӣ. Аксари одамони дорои маълулият ҳангоми муроҷиат ба кормандони ҳифзи саломатӣ бо мақсади дастрас намудани иттилоот оид ба саломатии ҷинсӣ ё репродуктивӣ, зери масхара ё беаҳамиятӣ қарор мегиранд (14). Дар аксари мамлакатҳо одамони дорои маълулият маълумот медиҳанд, ки ҳатто дар сурати то маркази ташхиси (тестӣ) ВНМО омада тавонанд ҳам, ба онҳо барои гузаштани ташхис (тест) иҷозат намедиҳанд, дар он асос, ки гӯё чунин одамон наметавонанд ба ВНМО сироят шаванд (8). Дилсӯзӣ нисбати саломатӣ. Одамони дорои маълулият наметавонанд аз хизматрасонии пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ баҳравар шаванд ва барои ин сабабҳои бисёр вуҷуд доранд: муносибати манфии кормандони тандурустӣ метавонад хоҳиши муроҷиат намуданро барои кӯмак вобаста ба саломати ҷинсӣ ба нестӣ барад (11); тамғагузорӣ ва таҳқири одамони сирояти ВНМО/БПНМ дошта, хоҳиши пинҳон ё инкор намудани сироятро пайдо мекунонад ва барои гузоштани санҷиши сирояти ВНМО монеъ мешавад (9); то муассисаи тиббӣ рафтан, ба аксари одамони дорои маълулият кӯмаку дастгирии дӯстон ё хешовандон лозим аст, бинобар ин онҳо аз имконияти муроҷиат намудан ба кӯмаки тиббӣ истифода намебаранд, чунки шарм медоранд ё метарсанд, ки одамон аз вазъи сироятшавии онҳо бо ВНМО/ БПНМ хабардор мешаванд.
Таъсири ВНМО/БПНМ ба оилаҳо Сироятшавӣ бо ВНМО/БПНМ, ки дар оила ошкор гардидааст, ба аъзоёни дорои маълулият низ таъсир мерасонад. Аз сабаби он, ки онҳо одатан дар корҳои ҳамарӯза аз аъзоёни оила вобастаанд (дастнигаранд), инчунин талаботу эҳтиёҷоти иловагӣ дар соҳаи кӯмаки тиббӣ-санитарӣ, маърифатӣ ва тавонбахшӣ доранд, дар вазъияти нав талаф додани даромади оилавӣ, захира ва вақт вобаста бо бемории ВНМО/БПНМ, мумкин аст ба онҳо диққат надиҳанд, сарфи назар намоянд. Аз рӯи таҳлилҳои гуногун, тақрибан 4-5% кӯдакон, ки як ё ҳар ду волидонро бо сабаби БПНМ талаф додаанд, маълулият доранд. (5). Дар чунин вазъият онҳо ба камғизоӣ, 30 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
фаромӯшӣ гирифтор шуда дар муассисаҳои шакли пӯшида ҷой дода мешаванд ё волидон аз нигоҳубини онҳо даст мекашанд. (10). Кӯдакони дорои маълулият, ки худашон низ сироятшудаанд, эҳтимолияти зиёд дорад, ки ба танҳоӣ, поймолшавии ҳамаи ҳуқуқҳо ва махсусан ҳуқуқ ба таҳсилот дучор шаванд.
Ҷалби одамони дорои маълулият Фарогирии одамони дорои маълулият ба барнома ва хизматрасониҳои ВНМО/БПНМ Аксари одамони дорои маълулият ба барномаҳо ва хизматрасониҳои умумии пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ ҷалб карда намешаванд, зеро аксарият фикр мекунанд, ки ин хеле гарон ва мураккаб аст. Аммо тарзҳои бисёр мавҷуд ҳастанд, ки бо кӯмаки онҳо барномаҳои ТСҶ, ташкилотҳои одамони дорои маълулият, муҳофизони ҳуқуқи сироятшудагони ВНМО, кормандони соҳаи маориф ва таҳиягарони сиёсат метавонанд ба ҷалби онҳо мусоидат кунанд. Аксари ақидаҳои амалӣ дар боби «Амалҳои пешниҳодшаванда» номбар шудаанд, аммо дар умум тарзҳои зеринро бояд қайд кард: • Раҳнамоии раванди ҷалби одамони дорои маълулият ба барномаҳо ва хизматрасониҳои ба масъалаҳои умумии пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ нигаронида шуда. • Мутобиқкунонии барномаҳои соҳаи умумӣ оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ бо мақсади ҷалб ва иштироки одамони дорои маълулият дар он. • Таҳия ва ташкили чорабиниҳои махсуси дахолат барои одамони дорои маълулият, ки наметавонанд ба барномаи умумӣ оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ ҷалб карда шаванд. Бояд дар хотир дошт, ки ҷамъи чорабиниҳои номбаршуда бо мақсади ҷалби ҳамаи одамони дорои маълулият ташкил карда мешавад.
Тавонбахшӣ Тавонбахшӣ барои ҳамаи одамоне, ки дар натиҷаи сироятшавӣ ба ВНМО/БПНМ маълул гардидаанд торафт муҳимияти калон пайдо мекунад. Раванди тавонбахшӣ бадшавии вазъияти сироятшудагони ВНМО/БПНМ, пастар намуда ба онҳо имконияти дастрас шудан ба мустақилият ва нигоҳдории онро фароҳам оварад (5). Дар дастури мазкур масъалаҳои тавонбахшӣ ба таври муфассал таҳлил намешавад, зеро қисми «Саломатӣ» ба он бахшида шудааст; аммо бояд дар хотир дошт, ки дар сатҳи ҷамоат барномаҳои ТСҶ метавонанд дар ҳалли мушкилоти функсионалии одамоне, ки бо бемории ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекунанд, нақши асосиро бозад. Ба ғайр аз ин, имкониятҳои дигари дастгирӣ ва ҷиҳати дигари тавонбахширо дида баромадан зарур аст, масалан, тавонбахшии касбӣ, ки метавонад ба одамоне, ки аз сабаби бемории ВНМО/БПНМ маълул гардидаанд, барои барпо кардани тарзи ҳаёти сермаҳсул ва солим кӯмак расонад. ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 31
Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Раҳнамоии дастрасӣ ба пешгирии ВНМО, табобат ва нигоҳубину дастгирӣ Барномаҳои ТСҶ бояд ба бартараф намудани монеаҳо, ки дастрасии комили одамони дорои маълулиятро ба воситаҳои пешгирии ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ маҳдуд месозанд, бо тарзҳои зерин татбиқ намояд: • баланд намудани сатҳи огоҳии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба барнома ва хизматрасониҳоҳои сирояти ВНМО/БПНМ, инчунин фаҳмонидани он, ки одамони дорои маълулият барои иштирок намудан ҳуқуқи комил доранд; • мутмаин будан, ки барномаҳо ва хизматрасониҳо оиди мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар масофаи дастрас ҷойгиранд, масалан барномаҳои ТСҶ метавонанд барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ-ро водор созанд, қабули мизоҷонашонро дар ҷойҳои барои одамони дорои маълулият қулай амалӣ созанд ё ба онҳо барои мутобиқшавӣ маслиҳату кӯмак пешниҳод намоянд. • барнома ва хизматрасониҳои зидди сирояти ВНМО/БПНМ-ро барои ворид намудани акси одамони дорои маълулият дар овеза, девораҳои рекламавӣ ва маводҳои дигар, ки барои аҳли васеи ҷамоат пешбинӣ шудаанд рӯҳбаланд намоянд, масалан ба гурӯҳи одамони ғайримаъюб одамро дар аробачаи маъюбӣ ё шахси нобиноро бо асо дохил намоянд; • дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият фаъолият намуда, ба онҳо оид ба барномаҳо ва хизматрасониҳои сирояти ВНМО/БПНМ, оид ба тарзҳои соддаи мутобиқгардонии чорабиниҳои банақшагирифтаашон маслиҳат намоянд ва мутмаин бошанд, ки дастурҳои медодаашон ба одамони дорои маълулият фаҳмо бошанд. Масалан, ба барандаи вохӯрӣ маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми гузаронидани машғулият ба иштирокчиён рифолаҳо тақсим карда шаванд, то ин ки шунавандагони биноӣ дошта фаҳманд, ки ин чӣ аст, ва онро чӣ тавр бояд истифода бурд); • ба гурӯҳи одамони дорои маълулият, ки зери хавф қарор доранд, ҳангоми тақсим намудани маводҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ оид ба пешгирии сирояти ВНМО/БПНМ, мутмаин будан лозим аст, ки онҳо мавзӯъро хуб фаҳмидаанд ва маводи мазкурро истифода мебаранд. • дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият фаъолият намуда, ба барномаю хизматрасониҳои зидди сироятшавӣ ВНМО/БПНМ оид ба масъалаҳои мутобиқгардонии маводҳои мавҷудбуда бо мақсади беҳтар намудани дастрасии онҳо, маслиҳат додан лозим мешавад, масалан барои одамони маълулияти шунавоӣ дошта ба воситаи субтитр (дар экран нишон додани матн) ё сурдотарҷума (бо имою ишора); ба одамони маълулияти биноӣ дошта маводҳои аудиоӣ ё маводҳо аз рӯи системаи Брайлро пешниҳод намудан ва ба одамои маълулияти зеҳнӣ дошта аз суратҳо истифода намудан мувофиқи мақсад аст. • дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият таҳия намудани барномаҳои нав, хизматрасонӣ ва маводҳо барои одамони дорои маълулият, ки маводҳои барои аҳли ҷамъияти васеъ пешбинӣ шуда ба онҳо дастнорасанд, масалан, ба воситаи ташкили барномаҳои махсуси маърифатӣ барои маълулон; • пешниҳод намудани ёрии амалӣ, масалан пешниҳоди нақлиёт, барои беҳтар намудани ҷалбшавиӣ ва дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо ба барномаҳои хизматрасонӣ; • Пас аз огоҲшудани одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо аз сироятшавии худ ба ВНМО, таъмин намудани онҳо бо дастгирӣ ва табобату ғамхории мувофиқ. 32 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
ЗАМИМАИ 12
Зани ҷавон сари вақт ба табобати ВНМО оғоз намуда муваффақ гардид Дар Уганда зане, ки малулияти шунавоӣ дошт, бо марди ВНМО сироятшуда алоқаи ҷинсӣ дошт. Ӯ ҳомиладор гашт, мард бошад масъулиятро барои алоқа ва таваллуди кӯдак ба гардан нагирифт. Аъзоёни оила дар ташвиш буданд, ки мабода вай сироят гирифта бошад ва ӯро ба назди машваратчӣ оид ба ВНМО/БПНМ бурданд. Натиҷаи ташхис мусбӣ буд ва зан табобати зидди ретровирусиро оғоз намуд. Ҳоло вазъияти ӯ ва кӯдакаш (санҷиши кӯдак ба ВНМО манфӣ баромад) хуб аст. Ӯ мунатазам табобат мегирад, кор мекунад ва ба оилааш кӯмак мерасонад. Хешовандони ӯ акнун дигар оилаҳоеро, ки аъзои дорои маълулият доранд барои дастрас намудани иттилоот ва кӯмак оид ба сирояти ВНМО/БПНМ, муроҷиат намудан рӯхбаланд менамоянд.
Уганда
Ҷалб намудани одамони бо ВНМО/БПНМ сироятшуда, ба барномаҳои ТСҶ. Азбаски барномаҳои ТСҶ хеле фаъолона ақидаҳои фарогириро тарғиб менамоянд, онҳо бояд талаботи одамони дорои маълулиятро, ки бо сирояти ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, қонеъ гардонанд. Ба баъзеи онҳо, дастрасӣ ба хизматрасониҳои махсуси тиббӣ, ба мисли тавонбахшӣ ва воитаҳои ёридиҳанда лозим аст. Барномаи ТСҶ онро таъмин карда метавонад.
Баланд бардоштани нерӯ Аксари тарафҳои манфиатдор метавонанд аз баланд бардоштани нерӯ фоида гиранд, аз ҷумла одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо, кормандони ТСҶ, ташкилоти одамони дорои маълулият, кормандони соҳаи тандурустӣ ва аъзоёни ҷамоат. Барномаҳои ТСҶ чорабиниҳои зеринро гузаронида метавонанд: • мусоидат намудан ба гузаронидани фаъолият ва дастгирии чорабиниҳо дар ҷамоатҳо, ки ба баланд бардоштани нақшу нерӯи занон дар қабули қарорҳо оид ба сирояти ВНМО ва масъалаҳои маълулият мусоидат менамояд; • мутмаин будан, ки кормандони барои гузаронидани омӯзиш ва дастгирии одамони дорои маълулият ва сироятшудагони ВНМО (масалан ба аъзоёни оилаи онҳо) мутасаддиянд, худ ба омӯзишу дастгирии мувофиқ фаро гирифта шаванд • барномаҳои худро пурқувват гардонидан бо мақсади таъмини он ки масъалаҳои ба сирояти ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои дигари вобаста, ба монанди шаҳвоният (ҳиссиёти ҷинсӣ), солимии репродуктивӣ ва зӯроварии шаҳвонӣ ҳал карда шуда оид ба он қисматҳое, ки таҳлилу омӯзиши иловагиро талаб мекунанд барои кормандони ТСҶ омӯзишҳои иловагӣ гузаронида шаванд. • ҷалб намудани ташкилотҳои одамони дорои маълулият ва худи одамони дорои маълулият ба фаъолиятҳо оид ба сирояти ВНМО/БПНМ. Масалан, ба одамони дорои маълулият гузаронидани омӯзишҳо чун тренери масъалаҳои сирояти ВНМО/БПНМ дар ҷамоати худ ё гурӯҳи алоҳидаи одамони дорои маълулият. ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 33
• дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият, гузаронидани омӯзиш барои тренерон, кормандони саҳроӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба сирояти ВНМО/БПНМ, ва рӯҳбаланд сохтани онҳо барои таҷдиди муносибатҳои манфӣ ва мусоидат намудан ба фарогирии онҳо дар ҷамоатҳо. • гузаронидани омӯзиш барои пешвоёни ҷамоатӣ ва динӣ оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият ва сирояти ВНМО/БПНМ ва рӯҳбаланд намудани онҳо барои таҷдиди муносибатҳои манфӣ ва мусоидат намудан ба фарогирии онҳо дар ҷамоатҳо. • гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, масалан, полис, ҳуқуқшиносон (адвокатҳо) ва судяҳо оид ба масъалаҳои маълулият ва сирояти ВНМО/БПНМ, инчунин зарурати ҳифзи бехатарӣ ва риояи ҳуқуқи инсонии одамони дорои маълулият.
ЗАМИМАИ 13
Барномаҳои сирояти ВНМО дар ҷамъияти одамони дорои маълулияти шунавоӣ ва гуфтугӯӣ Дар баъзе мамлакатҳо гурӯҳҳои одамони дорои маълулияти шунавоӣ ва гуфтугӯӣ барномаҳои мубориза бар зидди сирояти ВНМО/БПНМ тадбиқ намуда оид ба таҷрибаи тарзҳои бехатари ҳаёти солим омӯзишҳо мегузаронанд. Онҳо инчунин маълумоти бештарро дар бораи васеъгардонии сатҳи огоҳии ташкилотҳои зидди сирояти ВНМО/БПНМ фаъолияткунанда ва барномаҳои давлатӣ пешниҳод мекунанд; илова бар ин онҳо оид ба зарурати зиёд намудани усулҳое, ки ба воситаи он маълумот оид ба ВНМО/БПНМ бо мардум пешниҳод мешавад, муҳокимаронӣ мекунанд.
Созмон додани шабакаи иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ Азбаски байни маъюбӣ ва ВНМО/БПНМ робита вуҷуд дорад (масалан, одамони дорои маълулият зери хатари сироятшавии ВНМО/БПНМ қарор доранд, ва сироятшудагони ВНМО/БПНМ дар навбати худ мумкин аст дорои маълулият бошанд), созмон додани шабака ва ҳамкорӣ байни тарафҳои манфиатдор дар соҳаи мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва одамони дорои маълулият зарур аст. Ба барномаҳои ТСҶ тавсия дода мешавад, ки фаъолиятҳои зеринро татбиқ намоянд: • дар чорабиниҳо ва машваратҳо оид ба масъалаҳои сирояти ВНМО/БПНМ, ки дар ҷамоатҳо ташкил карда мешаванд, иштирок намудан маънои онро дорад, ки ба масъалаҳои одамони дорои маълулият диққат дода мешавад; дар айни ҳол барномаҳои ТСҶ метавонанд намояндагони сироятшудагони ВНМО-ро ба чорабиниҳо ва машваратҳо бахшида ба маъюбӣ даъват намоянд; • ба роҲмондани ҳамкории зич бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият, дар он ҷойҳое, ки имконпазир аст, бо мақсади таҳияи стратегияи дастрас намудани иттилоот ва маърифати санитарӣ оид ба сирояти ВНМО/БПНМ ба онҳо; муайян намудани талабот ба омӯзиш дар ҷамоат ва гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони барномаи сирояти ВНМО/БПНМ, оид ба масъалаҳои маълулият. • мубодила намудани таҷриба ва дониш оид ба масъалаҳои тавонбахшии барномаи ТСҶ бо шабакаи барномаҳои зидди сирояти ВНМО/БПНМ ба воситаи гузаронидани омӯзиш оид ба масъалаҳои маълулият ва манфиати тавонбахшӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба он ки одамони дорои маълулият низ зери хатари сироятшавӣ ба ВНМО/БПНМ қарор доранд. • даъват намудани намояндагони барномаҳо ва хадамот оиди мубориза бар зидди ВНМО барои мубодилаи малакаҳои махсус ва дониш бо кормандони ТСҶ 34 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
ва ташкилотҳои одамони дорои маълулият, бо мақсади ҷавоб гуфтан ва қонеъ намудани талаботи кормандон, иштирокчиён ва мизоҷон. • созмон додани системаи умумии равонасозӣ байни барномаҳои ТСҶ ва барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ.
Мусоидат ба ҷорӣ намудани муносибати бисёрсоҳавӣ ҳам масъалаи маълулият ва ҳам сирояти ВНМО/БПНМ ба масъалаҳои рушд тааллуқ доранд. Ҳар ду ин масъала нуқтаи якхелаи зиёд доранд, аз ҷумла камбизоатӣ, тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқ, зӯроварӣ ва намудҳои дигари нобаробарӣ, ба монанди дастрасии маҳдуд ба маърифат ва имкониятҳои ёфтани васоити зиндагӣ. Ҳамин тариқ, хеле муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ ҷалби ҳамаи соҳаҳоро, ҳангоми таҳияи барномаҳо, чӣ аз рӯи масъалаҳои ВНМО/БПНМ, ва чӣ аз рӯи масъалаҳои маълулият дар назар гирад. Таҷдиди қисмҳои «Саломатӣ», «Маърифат», «Масъалаҳои худтаъминкунӣ», «Масъалаҳои иҷтимоӣ» ва «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият» тарҳи ҳамаи фаъолияту чорабиниҳои тавсияшударо дарбар гирифтааст, ки баъзе аз онҳо: • дида баромадани масъалаҳои ба маълулият ва ВНМО/БПНМ вобаста ва ҳалли таҳриму (тамғагузорӣ аз рӯи маълулият ё ҳолати иҷтимоӣ) поймолкунии ҳуқуқ, ки дар сатҳи ҷамоат ва соҳаҳои гуногун зоҳир мегарданд; • мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ба таҳсилот, аз ҷумла ба таълими муносибатҳои ҷинсӣ; мутмаин будан, ки муҳит фарогир ва дастрас аст (ниг. ба қисми «Маърифат»); • мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва бо ВНМО/БПНМ сироятшуда, инчунин аъзоёни оилаи онҳо аз имконияти дастрасӣ ба васоити зиндагӣ (худтаъминкунӣ) баҳраваранд (ниг. ба қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ»); • мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва бо ВНМО/БПНМ сироятшуда метавонанд ба системаи расмӣ ва ғайрирасмии таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ дастрасӣ дошта бошанд (ниг. ба қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ»); • мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ба барномаҳо ва механизмҳое, ки бо мақсади пешгирии сирояти ВНМО/БПНМ, инчунин пешгирии ҳамла ба номус ва зӯроварӣ таҳия шудаанд дастрасӣ доранд (ниг. ба қисми (Иҷтимоӣ, ҷузъҳои боби «Муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила», дастрасӣ ба «Адолат»).
Тадбиқ намудани чорабиниҳо бар зидди сирояти ВНМО/БПНМ дар ҷойи корӣ ВНМО/БПНМ –инчунин масъалаи истеҳсолӣ низ мебошад. Дар аксари мамлакатҳо кормандони барномаҳои ТСҶ ва аъзоёни оилаҳои онҳо зери хатари сироятшавии ВНМО/БПНМ ё таъсири дигари ин беморӣ қарор доранд. Бинобар ин, барномаҳои ТСҶ бояд чорабиниҳои мутобиқро дар ҷойҳои корӣ тадбиқ намоянд, то: • имконияти сироятшавии кормандони ТСҶ бо ВНМО/БПНМ кам карда ё барҳам дода шавад • мутмаин будан, ки кормандони ТСҶ, ки худ ВНМО сироят шудаанд, таъсир дидаанд, ё хешованди сироятшуда доранд, хуб дастгирӣ карда шаванд. • ба зоҳиршавии таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ дар ҷои корӣ роҲдода нашавад. Сиёсати мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, дар ҷои кор бояд чунин масъалаҳоро дар бар гирад: ҳифзи ҳуқуқи сироятшудагони ВНМО, пешгирии бемории ВНМО ба воситаи баланд кардани сатҳи огоҳӣ, маърифати санитарӣ ва омӯзиши амалӣ; ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 35
пешниҳод намудани кӯмаки тиббӣ-санитарӣ ва дастгирии кормандон ва аъзоёни оилаҳои онҳо. (15)
Мусоидат намудан ба сиёсати миллии фарогир ва таҳияи барномаҳо Аз сабаби он, ки одамони дорои маълулият аксар вақт ҳангоми таҳияи сиёсати миллӣ ва барномаҳои мубориза зидди сирояти ВНМО/БПНМ ба назар гирифта намешаванд, барномаҳои ТСҶ бояд бо дигар гурӯҳи фаъолон муттаҳид шаванд, то ин ки тағйиротро дар ин соҳа ворид намоянд. Масалан, маъракаи баланд намудани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои маълулият ва сирояти ВНМО/БПНМ дар Африқо бахшида, дар соли 2007 оғоз гардида, чун ташкилоти муттаҳидкунада, ки зери роҳбарии он ташкилотҳои одамони дорои маълулият, ташкилотҳои шахсоне, ки бо бемории ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, хадамот оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ, кормадони илмӣ, фаъолон ва дигар шаҳрвандони оддӣ, якҷоя бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини дастрасии баробар ба барномаҳои зидди сирояти ВНМО, иштироки ҳаматарафа дар чорабиниҳои мубориза бар зидди БПНМ ва таҳияи нақшаҳои стратегӣ барои одамони дорои маълулият фаъолият менамоянд (16).
ЗАМИМАИ 14
Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ
Марҳалаҳои нав Бори аввал манфиатҳои одамони дорои маълулият дар нақшаи стратегии миллии мубориза бар зидди ВНМО дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ барои солҳои 2007-2009 инъикос ёфта буданд. Ин ба туфайли якҷояшавии аъзоён тарафдорони ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият дар дохили ҳукумат, роҳбарияти пурқуввати соҳаи кор бо одамони дорои маълулият, намояндагии худи одамони дорои маълулият дар шӯрои миллии Африқои Ҷанубӣ оид ба масъалаҳои ВНМО/БПНМ таъмин карда шуд (5).
Библиография 1. Hanass-Hancock J, Nixon SA. The files of HIV and disability: past, present and future. Journal of the International AIDS Society, 2009, 12(28):1-14 (www.jiasociety. org/, accessed 30 March 2010) . 2. Groce N . HIV/AIDS and individuals with disability. Health and Human Rights, 2005, 8(2):215-224 (http://v1. dpi . org/lang-en/resources/details?page=526, accessed 30 March 2010). 3. Groce N . HIV/AIDS and people with disability. The Lancet, 2003, 361:1401-1402 (http://globalsurvey.med.yale.edu/lancet.html, accessed 30 March 2010). 4. UNAIDS, WHO and OHCHR policy brief: disability and HIV. Geneva, UNAIDS/ World Health Organization/ Office of the United Nations High Commissioner for Human Rights, 2009 (www.who. int/disabilities/ jc1632_policy_brief_disability_ en.pdf, accessed 30 March 2010) . 5. HIV/AIDS higher among disabled. International Disability and Development Consortium (undated) (www.includeeverybody.org/cs-hiv.php, accessed 30 March 2010). 6. 4 Rusch M et al Impairments, activity limitations and participation restrictions: 36 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
prevalence and associations among persons living with HIV/AIDS in British Columbia. Health and Quality of Life Outcomes, 2004, 2:46 7. Stigma and discrimination. UNAIDS, 2009 (www.unaids.org/en/PolicyAndPractice/ StigmaDiscrim/ default. asp, accessed 30 March 2010) . 8. Disability and HIV/AIDS: at a glance. Washington, DC, World Bank, 2004 (http:// web. worldbank. org/ WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/EXTSOCIALPROTECTION/ EXTDISABILITY/0„contentMDK:20208464~me nuPK:488268~pagePK:148956~pi PK:216618~theSitePK:282699,00.html, accessed 30 March 2010) . 9. Rohleder P et al . HIV/AIDS and disability in Southern Africa: a review of relevant literature. Disability and Rehabilitation, 2009, 31(1):51-59. 10. Groce N . HIV/AIDS & disability: capturing hidden voices, global survey on HIV/ AIDS and disability. New Haven, Yale University, 2004 (http://web.worldbank.org/ WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/ EXTSOCIALPROTECTION/EXTDISABILITY/0,,c ontentMDK:20208464~menuPK:488268~pagePK:1489 56~piPK:216618~theSite PK:282699,00.html, accessed 30 March 2010) . 11. Yousafzai AK et al. Knowledge, personal risk and experiences of HIV/AIDS among people with disabilities in Swaziland. International Journal of Rehabilitation Research, 2004, 27:247-251. 12. Disability and HIV & AIDS in Mozambique: a research report by Disability and Development Partners April 2008. London, Disability and Development Partners, 2008. (www.reliefweb .int/rw/RWFiles2008.nsf/FilesByRWDocUnidFilename/EDIS7J7PFZ-full_report . pdf/$File/full_report . pdf, accessed 30 March 2010) 13. Yousafski A, Edwards K. Double burden: a situation analysis of HIV/AIDS and young people with disabilities in Rwanda and Uganda. London, Save the Children, 2004. (http://v1.dpi.org/files/uploads/1600_ DoubleBurden.pdf, accessed 30 March 2010). 14. HIV, AIDS and disability. Ottawa, Interagency Coalition on AIDS and Development (ICAD), 2008 (www. aidslex. org/site_documents/DB-0038E .pdf, accessed 30 March 2010). 15. The ILO and HIV/AIDS. Geneva, International Labour Organization (undated) (www. ilo.org/public/ english/protection/trav/aids/aboutiloaids.htm, accessed 30 March 2010) . 16. Disability and HIV & AIDS . The Africa campaign on disability and HIV & AIDS (www. africacampaign.org, accessed 10 August 2010).
Адабиёти тавсияшуда Bridging the gap: a call for cooperation between HIV/AIDS activists and the global disability movement Tataryn M, 2005 (http://v1. dpi. org/lang-en/resources/details .php?page=325, accessed 30 March 2010) . International guidelines on HIV/AIDS and human rights, 2006 consolidated version. UNAIDS, 2006 (http:// data.unaids . org/Publications/IRC-pub07/jc1252internguidelines_ en.pdf?preview=true, accessed 30 March 2010). MacNaughton G. Women's human rights related to health-care services in the context of HIV/AIDS (Health and Human Rights Working Paper Series, No 5) Geneva, World Health Organization, 2004 (www who int/hhr/information/Series_5_womenshealthcarerts_ MacNaughtonFINAL pdf, accessed 10 August 2010).
ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ
37
ТСҶ ва ҷузом
Муқаддима Ҷузом – ин бемории музмини сирояткунанда мебошад, ки аз давраҳои қадим вуҷуд дорад. Сабаби пайоиши он бактерияҳо буда, дар ҳолати табобат накардан метавонад ба иллатнокии инкишофёбанда ва устувори пӯст, торҳои асаб, дасту по ва чашм оварда расонад (1). Дар соли 2008 тахминан 249 ҳазор ҳодисаҳои нави беморӣ ба қайд гирифта шуда буд (1). Ҳарчанд усули самараноки табобати ҷузом (махав) вуҷуд дошта бошад ҳам, аммо аз рӯи таҳлилҳо, тахминан 3 миллион нафар одамон аз сабаби гирифтори бемории ҷузом шудан, дорои маълулият гардиданд (2). То пайдо шудани усули табобати самаранок, ки қодир аст ба табобати пурраи бемории ҷузом оварад, ҷамъиятро ҳисси тарсу ваҳм назди ин беморӣ фаро гирифта буд ва беморон зери таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ қарор мегирифтанд (3). Аксари онҳо маҷбур буданд оилаҳои худро тарк намоянд ва дар ҷузомхона ё қарияҳои махсус зиндагӣ кунанд, ки дар он ҷо онҳо аз ҷамъият ҷудо шуда буданд ва ба кӯмак ва дастгирӣ дастрасӣ надоштанд. Ин ҷудошавӣ сабаби пурзӯршавии фарогирӣ ва ба таҳриму таҳқир шудани онҳо саҳм гузошт. Бо инкишофи табобат бо доруворӣ ва ҷарроҳӣ нуқтаи назар оид ба масъалаи дар муассисаҳои алоҳидаи пӯшида ҷой додани беморони ҷузом аз байн рафт (3). Ҳоло одамоне, ки гирифтори бемории ҷузом шудаанд, одатан дар хона ва ҷамоатҳояшон умр ба сар мебаранд, ва фаъолияти мубориза бар зидди ҷузом ба системаи умумии ҳифзи саломатӣ дохил карда шудааст (4). Аммо сарфи назар аз табобати самараноки ҷузом, маъракаи иттилоотӣ ва воридшавии мубориза бар зидди ҷузом ба системаи умумии ҳифзи саломатӣ, таҳрим то ҳол мушкилоти ҷиддӣ барои шахсони гирифтори бемории ҷузом мебошад (5). Аксари одамон то ҳол бо истисноии иҷтимоӣ дучор мегарданд ва ҳангоми дастрасӣ ба хизматрасонии умумӣ, ба мисли барномаҳои ТСҶ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, ба ҳазорон беморони гирифтори ҷузом шояд хизматрасонии тавонбахшӣ лозим шавад, аммо танҳо қисми ками онҳо ба ин хизматрасониҳо дастрасӣ доранд (5). ТСҶ – стратегияе мебошад, ки пурра нисбати ҳамаи беморони ҷузом истифода мешавад (4). Дар рӯйхати пешниҳодҳои тавсиявии дар поён оварда шуда чӣ гуна беморони ҷузомро ба барномаи ТСҶ ҷалб намудан ва ба ҳаёти ҷамоат дохил кардан мумкин аст, пешниҳод карда мешавад. Боварӣ дорем, ки ин боб сатҳи огоҳии кормандони тиббӣ, ки дар соҳаи мубориза бар зидди ҷузом кор мекунанд, баланд бардошта, барои дарк намудани муҳиммияти ҷалби дигар одамон, ки сабаби маълулияташон низ дигар бемориҳо аст, кӯмак менамояд. ТСҶ ВА ҶУСОМ 39
ЗАМИМАИ 15
Ҳиндустон
Шиврао Шиврао дар деҳаи хурдакаки музофоти Мандяи штати Карнатакаи ҷануби Ҳиндустон зиндагӣ мекунад. Се нафар аъзои оилаи ӯ гирифтори бемории ҷузом шуданд ва дар натиҷаи ин беморӣ маъюб гардиданд. Дар синни 15-солагӣ дар чеҳраи ӯ доғи сурхи гирд пайдо шуд. Ба хонаи Шиврао ташриф оварда, Амбуйя, корманди барномаи расонидани кӯмаки тиббӣ дар ноҳияҳои деҳот ба номи Мария Оливия Боналдо, ки дар соҳаи мубориза бар зидди бемории ҷузом мутахассис буд, ин доғро пай бурд. Ӯ тахмин кард, ки сабаби он метавонад ҷузом бошад ва Шивраоро ба беморхонаи шаҳри Мандя бурд, ки дар он ҷо писарбача аз ташхис гузашта, бемориаш муайян ва табобат оғоз гардид. Бо сабаби номаълум хабари он, ки Шиврао табобат гирифта истодааст, то мактаби ӯ рафта расид ва муаллимони Шиврао изҳор доштанд, ки ӯ бояд дигар ба мактаб наравад. Ҳангоми ташрифи навбатӣ ба хонаи Шиврао, Амбуйя дар бораи ин дарак ёфт ва қарор дод, ки бо муаллимони мактаб сӯҳбат намояд. Ӯ ба онҳо фаҳмонд, ки Шиврао табобат гирифта истодааст ва хатари сирояти кӯдакони дигар вуҷуд надорад. Ў аз муаллимон илтимос кард, ки ба Шиврао иҷозат диҳанд, то дар дарсҳо иштирок намояд. Аммо ӯ натавонист муаллимонро розӣ кунад, ва онҳо хоҳиш карданд, ки аз беморхона маълумотнома биёрад. Амбуйя якҷоя бо Шиврао ба беморхона рафтанд ва аз духтур маълумотнома гирифтанд ва танҳо пас аз ин ба Шиврао иҷозат доданд, ки ба мактаб баргардад. Соли 2001 барномаи расонидани кӯмаки тиббӣ дар ноҳияҳои деҳа (МОБ) ба амалӣ намудани чорабиниҳои ТСҶ оғоз намуд ва Амбуйя дар қатори аввалинҳо аз омӯзиши такмли ихтисос гузашт. Пас аз омӯзиш Амбуйя қарор дод, ки гурӯҳи худкӯмаккунандаро барои одамони дорои маъюбият ташкил диҳад. Ӯ ба хонаи Шифрао ташриф овард ва хоҳиш кард, ки яке аз аъзоёни оилаи Шиврао ба гурӯҲшомил шавад. Аммо аъзоёни оилаи Шиврао аз шомил шудан ба гурӯҳи худкўмакрасон метарсиданд, чунки гумон доштанд, ки аъзоёни дигари гурӯҲаз онҳо рӯй мегардонанд. Аммо пас аз баҳси тӯлонӣ модари Шиврао қарор дод, ки ба маҷлиси гурӯҲташриф оварад. Ӯ ба фаъолият нисбати ҷамъоварии маблағ шомил гардид, ки ҳар аъзои гурӯҲдар як ҳафта бояд маблағи на он қадар зиёд ҷамъоварӣ менамуд. Амбуйя мунтазам ба хонаи Шиврао ташриф меовард. Ӯ ба Шиврао маслиҳат медод, ки чӣ гуна пойҳояшро нигоҳубин намояд, вақте ки ошкор намуд, ки пойҳои Шиврао ҳассосияти худро дар натиҷаи беморӣ гум кардаанд. Ӯ ҳатто ба Шиврао як ҷуфт пойафзоли махсус аз номи Барномаи мубориза бар зидди ҷузом дод, то ин ки пойҳояшро аз харобӣ эмин дорад. Соли 2003 Шиврао қарор дод, ки ба Барномаи маҳаллии ТСҶ ба кор ба сифати корманди воҳидӣ дохил шавад. Таҷрибаи корӣ ба Шиврао боварӣ бахшид ва ӯ дар бораи имкониятҳои зиёд, ки барои маъюбон фароҳам оварда шудааст, хабардор шуд. Писарбача ба шӯъбаи ғоибонаи донишгоҲдохил шуд. Ҳоло ӯ ба ҳайси муаллими мактаб кор мекунад, хонадор шуд ва духтарчааш калон шуда истодааст. Ӯ ба барномаи ТСҶ дар деҳаи худ фаъолона кӯмак менамояд. 40 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Мақсад Ҳуқуқҳои беморони ҷузом риоя мегарданд ва ин одамон аз дастрасӣ ба кӯмак ва хизматрасонӣ дар сатҳи маҳаллӣ барои баланд бардоштани сифати ҳаёт ва таъмини иштирок дар ҳаёти ҷамоат баробари одамони дигар баҳра мебаранд.
Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ иборат аст аз: 1. Ҷалб намудани одамоне, ки бемории ҷузомро аз сар гузаронидаанд ба чорабиниҳои худ; 2. Барномаҳо ва хадамотро оид ба мубориза бар зидди бемории ҷузом водор намояд, одамони дорои маълулиятро ба фаъолияти худ ҷалб намояд.
Натиҷаҳои дилхоҳ • Талаботи одамони бемории ҷузомро аз сар гузаронда, оид ба тавонбахшӣ ба воситаи барномаҳои ТСҶ ва системаи равон намудан ба назди мутахассис қонеъ карда мешавад; • Марказҳо ва барномаҳои тавонбахшии махсус барои беморони ҷузом ба шахсоне, ки дар натиҷаи дигар бемориҳо дорои маълулият гардидаанд, аз ҷумла онҳое, ки ба барномаҳои ТСҶ ҷалб шудаанд, хизмат мерасонанд. • Таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқи онҳое, ки аз бемории ҷузом таъсир дидаанд ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ҷамоат камтар шудааст. • Малака ва дониши ҳамаи шахсони манфиатдор, ки барои ҳал намудани мушкилиҳои ба ҷузом вобаста зарур аст, беҳтар гардидааст.
Мафҳумҳои асосӣ Дарк намудани ҷузом Бемории ҷузом чист? Ҷузом беморие мебошад, ки аз тарафи бактерияи Mycobacterium leprae ангехта шудааст, ва асосан ба пӯст ва торҳои асаб таъсир мерасонад. Ҷузомро одатан бемории Хансен (ҳансен) бо номи олиме, ки бактерияро ошкор намудааст, ном мебаранд. Беморӣ ба одамони ҳамаи синну сол ва ҷинс осеб мерасонад. Он хеле суст авҷ мегирад ва аз лаҳзаи сироятшавӣ то пайдошавии аломатҳо ва зуҳуроти ошкор метавонад якчанд сол гузарад. Яке аз аломатҳои мунтазам вохӯранда ин ба ном «ҳалқаи пустӣ» мебошад, ки рангаш аз паридаранг то сурхча ё мисин тағйир меёбад. Ин қитъачаҳо метавонанд ҳамвор ё андак боло шуда, дар сатҳи пӯст бошанд, ҳассосии пӯст дар ин доира мавҷуд нест. Ин ташкилаҳо метавонанд дар ҳама қитъаи бадан пайдо шаванд, хоришро ба вуҷуд намеоранд ва одатан дард намекунанд (6).
ТСҶ ВА ҶУСОМ
41
Иштибоҳи паҳншуда оид ба бемории ҷузом. Новобаста аз он, ки бо мурури замон сатҳи огоҳӣ ва дониш оид ба бемории ҷузом беҳтар мешавад, то ҳол иштибоҳи васеъ паҳншуда вуҷуд дорад. Ба монанди: • Бемории ҷузом даво надорад. Ин нодуруст аст. Табобати муштараки доругӣ (ТМД) ба бемории ҷузом даво мебахшад. Дар 20 соли охир зиёда аз 14 миллион одамон аз ин беморӣ даво ёфтаанд. (1). Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба ҳамаи мамлакатҳои эҳтиёҷманд дар чорчӯбаи барномаи худ оид ба решакан кардани ҷузом табобати муштараки доругӣ пешниҳод менамояд. Ин табобат дар муассисаҳои тиббӣ ройгон пешниҳод карда мешавад (6). • Сатҳи сироятшавӣ ба бемории ҷузом хеле баланд аст. Ин нодуруст аст. Ҷузом метавонад аз инсон ба инсон гузарад (бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ ба воситаи даҳону бинӣ), аммо ин бемории сатҳи сироятшавиаш баланд нест. Дигаронро танҳо онҳое сироят карда метавонанд, ки дар организмашон миқдори зиёди бактерия вуҷуд дорад; пас, аксари беморони ҷузом сирояткунанда ҳисобида намешаванд. Ба ғайр аз ин, аз рӯи арзёбӣ, зиёда аз 95% аҳолии Замин ба ҷузом устувории модарзод доранд, ки ин сироятшавиро аз эҳтимол дур месозад. Табобати муштараки доругӣ бар зидди бактерия самаранок мебошад; ҳамин тариқ, пас аз оғози табобати муштараки доругӣ беморон сирояткунанда намешаванд (7). Таасури бадан ба бемории ҷузом Баъзе аз беморон метавонанд ба ном «Аксуламали ҷузомро» аз сар гузаро нанд. Он қисми ҷавоби системавии организм ба сироятшавӣ мебошад ва маъ нои онро надорад, ки беморӣ авҷ гирифт ё табобат бесамар аст (6). Он бештар ба аксуламали аллергикӣ шабоҳат дорад: организм ба мавҷудияти бактери яҳои ҷузом мутаассир мешавад, ки дар навбати худ метавонад ба харобша вии бофтаи худ оварда расонад. Аз сабаби он, ки бактерияҳои ҷузом торҳои асабро хароб месозанд, маҳз торҳои асаб мунтазам дар натиҷаи аксуламали ҷузом зарар мебинанд. Харобшавии торҳои асаб метавонанд зуд ташаккул ёбанд, пас, барои пешгирии зарарҳои бебозгашт ташхиси бармаҳал ва равон намудан барои табобат ба муассисаи мувофиқи тиббӣ хеле муҳим мебошад. Ошкоркунии бармаҳал ва табобати торҳои асаби харобгардида мушкилоти ҷиддӣ барои барномаи табобати ҷузом мебошад. То 30% беморони ҷузом зери хатари аксуламали ҷузом ва харобшавии торҳои асаб қарор доранд. Харобшавӣ дар натиҷаи бемории ҷузом. Харобшавии торҳои асаб, ки аз ҷузом ангехта шудааст, метавонад ба вайроншавии сершумор оварда расонад (9). Он метавонад сабаби вайроншавии ҳиссӣ (сенсорӣ) гардад: масалан, беморони ҷузом ҳасосии пой ва дастро гум мекунанд. Харобшавии торҳои асаб инчунин метавонад ба вайроншавии ҳаракат (моторика) оварда расонад, масалан, мушакҳои даст, пой ё чашми бемор метавонад суст ё фалаҷ гардад. Ҷузом инчунин, аз сабаби харобшавии торҳои асаб, ки арақбарориро назорат менамояд, ба ниҳоят хушк шудани пӯст оварда мерасонад. Барои аксари одамон ин вайроншавиҳо метавонад ба пайдошавии минбаъдаи мушкилот ва оризаҳо оварда расонад. Масалан, одамоне, ки ҳассосияти дасту пойро гум мекунанд, одатан худро ҷароҳатнок месозанд ва инро пайхас наменамоянд. Аз сабаби он, ки онҳо дарди 42 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
ҷароҳатро ҳис намекунанд, метавонанд барои табобат муроҷиат нанамоянд ва ин ба сироят, харобшавии бофта ва устухон ва эҳтимол, ба талафи дасту пой оварда расонад. Сустӣ ва фалаҷи дасту пой одатан ба шахшавӣ ва тағйири шакли буғумҳо оварда мерасонад. Сустшавии мушакҳои чашм метавонад дар ниҳоӣ, ба нобиноӣ оварда расонад, чунки бе мижазании мунтазам ва маҳкамшавии пурраи чашм шабона, чашм зуд хушк ва хароб мешавад (10). Пӯсти хушк метавонад кафад, ин барои ворид шудани сироят роҲмекушояд, сироят ба осонӣ ба буғумҳо ва устухон паҳн мегардад, ки метавонад, масалан, ба талафи ангушти сироятшуда оварда расонад (1).
Таъсири бемории ҷузом Таъсир ба фаъолият Харобшавӣ, ки бо ҷузом ангехта шудааст, метавонад иҷрои машғулияти ҳамарӯзаро барои одамон ниҳоят мушкил созад. Масалан, барои одамоне, ки ҳассосияти дастро гум кардаанд, иҷро намудани вазифаи оддитарин хеле мушкил аст, масалан, риштаро аз сӯзан гузаронидан ё қошуқро нигоҲдоштан; ба одамоне, ки пояшонро бардошта наметавонанд (ба ном «овезонии кафи пой»), ҳангоми роҲрафтан ба мушкилот дучор мегарданд. Аз рӯи таҳлилҳо, 20-25% беморони ҷузом дорои маълулият мегарданд (9). Воситаи асосии пешгирии маълулшавӣ – ин ошкорнамоии саривақтӣ ва табобати дуруст якҷоя бо муоинаи мунтазами тиббӣ мебошад (11). Таъсири иҷтимоӣ Одатан барои одамони дорои маълулият мушкилоти зиёдро на харобиҳои ҷисмонӣ ва ҳатто на маҳдудсозии кор эҷод месозанд. Баръакс, таҳрим ва истисноии иҷтимоӣ мушкилоти зиёдро ба бор меоранд. Одамоне, ки дар баданашон аломатҳои ҷузом дида мешаванд, одатан кор ёфта наметавонанд ё издивоҷ карда наметавонанд ва пас, ба дастгирии молиявӣ ва нигоҳубин ниёз доранд, ки онро одамони дигар пешниҳод менамоянд. Инчунин, худтаҳрим паҳн гардидааст: одамон худро гунаҳкор меҳисобанд, ки бемор шудаанд, ин ба эҳсосоти ношоямӣ, гум кардани ҳисси эҳтиром нисбати худ, умед ва мақсади ҳаётӣ оварда мерасонад. Аксар вақт, ҳатто онҳое, ки аз ҷузом солим шудаанд, нисбати онҳо таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ давом мекунад. Дар яке аз бобҳои Дастури мазкур гуфта мешуд, ки занон-дорои маълулият одатан осебпазир мебошанд ва ҳисси бебаҳрагирро дар ҷамъият нисбат ба мардон зиёдтар эҳсос менамоянд. Ин инчунин нисбати заноне, ки гирифтори бемории ҷузом мебошанд, дахл дорад. Набудани иттилоот ва дониш оид ба бемории ҷузом, ки дар ҷамъият васеъ паҳн гардидааст, масалан он, ки оё ин беморӣ меросӣ, сироятӣ ё табобатшаванда мебошад, ба муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила таъсири худро мерасонад. Аксари занҳоро, хусусан онҳоеро, ки ба наздикӣ ба шавҳар баромадаанд, шавҳарашон тарк мекунанд, барои аксари занҳои ба шавҳар набаромада бемории ҷузом метавонад имконияти дар оянда ба шавҳар баромаданро маҳдуд созад. Таъсири иқтисодӣ Ҷузом метавонад ба фард ва аъзоёни оилаи онҳо таъсири ҷиддии иқтисодӣ расонад. Дар натиҷаи харобшавӣ, ки дар заминаи ҷузом ташаккул ёфтааст, одамон метавонанд қобилияти кор кардан ё давом додани корро аз даст диҳанд. Онҳо инчуТСҶ ВА ҶУСОМ 43
нин, аз сабаби доғи шармандагӣ, ки бо ҷузом вобаста аст, метавонанд аз кор маҳрум гарданд. Одамон одатан намехоҳанд, ки аз шахси ба бемории ҷузом гирифторшуда мол, аз ҷумла маводи хӯрока харанд, чунки метарсанд, ки сироят мегиранд. Ба ғайр аз ин, хароҷот вобаста бо табобат дар назар аст. Агарчӣ, табобати доругӣ ройгон аст, аммо дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ-санитарӣ бо хароҷоти нақлиёт ва нигоҳдории маблағ аз музди меҳнат вобаста аст. Хароҷоти иловагӣ низ барои табобат зарур шуданаш мумкин аст, масалан пул барои бистарӣ намудан ё нархи пойафзоли ортопедӣ, ортез ё протез. Барои аксари одамон ин хизматрасонӣ хеле гарон аст. Дар натиҷа дар онҳо метавонад бемории такрорӣ авҷ гирад, ва сатҳи корношоямӣ баланд гардад. Ҷузомхонаҳо Якчанд даҳсолаҳо қабл дорую давои самаранок аз бемории ҷузом вуҷуд надошт ва одамони гирифтори ин бемориро дар колония барои ҷузомҳо ё ҷузомхона ҷудо нигоҲмедоштанд. Ин стратегия одатан дар асоси қонун истифода мешуд. Пас аз он, ки усулҳои самараноки табобат пайдо шуданд, аксари ин колонияҳо баста шуданд, аммо дар баъзе мамлакатҳо онҳо арзи вуҷуд доранд. Аксари одамон солҳои дароз дар чунин деҳаҳо азият мекашанд, бо хешовандон ва хона робита надоранд. Барои одамони дорои маълулияти вазнин ягона сарчашмаи восита барои ҳастӣ метавонад талбандагӣ ё садақаи хайркунандаҳо бошад (4).
ЗАМИМАИ 16
Ҳиндустон
Колонияҳо барои беморони ҷузом Дар Ҳиндустон ҳамеша шумораи беморони ҷузом аз ҳама зиёд буд. Соли 2005 яке аз ташкилотҳо, ки гирифторони ин бемориро муттаҳид месохт, муоинаи миллии ҷузомхонаҳоро дар Ҳиндустон гузаронд. Чӣ тавре, ки муоина нишон дод, то ҳол 700 ҷузомхонаҳо вуҷуд дорад, ки дар он 200 ҳазор беморони ҷузом ва аъзоёни оилаи онҳо умр ба сар мебаранд. Аз онҳо тахминан 25 ҳазор нафар бо талбандагӣ рӯз мегузаронанд. Дар аксари чунин деҳаҳо ҳоҷатхона, оби ошомиданӣ, роҳи омад ва мактаб вуҷуд надошт. Деҳаҳои ҳамсоя аз ин деҳа ҳазар менамуданд, ва дар натиҷа онҳо ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳои дигар, ки давлат ба ихтиёр дода буд, азият мекашиданд.
Бисёр муҳим аст, ки давлат ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ воридшавии беморони гирифтори ҷузомро ба ҷамоатҳои маҳаллӣ дастгирӣ мекарданд, дар бораи ҳуқуқҳояшон иттилоот медоданд, бо онҳо оид ба бартараф намудани таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ кор мебурданд. Барномаҳои ТСҶ дар ин раванд нақши муайянро мебозанд. Дар он ҷойҳое, ки варианти интиқоли беморон ба ҷамоат дида баромада намешавад, - масалан одамон намехоҳанд ҷузомхонаро тарк намоянд, - барномаҳои ТСҶ метавонанд муносибатро бо ҷамоатҳои ҳамсоя ба ҳам мувофиқ созанд ва тадриҷан колонияи худро барои зисти одамони дигар кушоянд. Дар мамлакатҳои ҷаҳон мисолҳое ҳастанд, ки ҷузомхонаҳо тадриҷан ба деҳаҳои оддӣ мубаддал гаштаанд.
44
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
ЗАМИМАИ 17
Бразилия
Инкишофи ҷамоат ба туфайли хукуматҳои кӯмакрасон Дар охирҳои солҳои 1980 ҷузомхонаҳо дар шаҳри Манус (дар қисмати шимолу ғарбии Бразилия) баста шуд, ва беморон ба гирду атрофи Лагу-ле-Алейша кӯчонида шуданд. Дар он замонҳо дар Лагу-де-Алейша инфрасохтор ташаккул наёфта буд, ва хизматрасонии кам расонида мешуд, аз ҷумла на оби ошомиданӣ, на мактаб вуҷуд надоштанд. Бо дастгирӣ аз тарафи калисои маҳаллӣ беморони гирифтори ҷузом ба кооператив барои ҳал намудани ин масъалаҳо муттаҳид шуданд. Онҳо заводи хишт бунёд намуданд ва системаи обтақсимкунӣ созмон доданд, баъдан вақте, ки ҷамоат устувор гардид, фабрикаи мурғправарӣ, тарабхона ва мактаб кушоданд. Ҷамоат инкишоф ёфт ва пас аз он, ки давлат барои васеъ намудани инфрасохтор кӯмак намуд ва хизматрасониҳои дигарро пешниҳод шуданд, ба ин ҷо тадриҷан одамон кӯчида омадан гирифтанд. Имрӯз Лагу-де-Алейша ба ҳайати шаҳрҳои бузург дохил шуд, ва аксари одамон ҳатто намедонанд, ки он як вақт колония барои беморони ҷузом буд.
Якҷоякунии чорабиниҳо дар муборизаи зидди ҷузом ва барномаҳои ТСҶ Новобаста аз он, ки ҷузом, эҳтимол, бемории сатҳи паҳншавиаш паст аст, дар баъзе минтақаҳо ҳатто хеле кам ба қайд гирифта мешавад, хизматрасониҳоро оид ба мубориза бар зидди он – ташхис, табобат, пешгирии маълулшавӣ, нигоҳубини одамони дорои маълулият ва тавонбахширо, ҳатто дар асри ХХ1 низ давом додан зарур аст (9). Дар гузашта ин хизматрасониҳо махсусгардонидашуда ва тафқиқшуда буд, аммо дар айни замон воридшавӣ ба системаи умумии ҳифзи саломатӣ стратегияи аз ҳама мувофиқ ба ҳисоб меравад (9). Ин ҳам ба усули амалӣ кардани хизматрасонӣ оид ба тавонбахшӣ таъсир мерасонад. Тавонбахшии беморони ҷузом одатан якҷоя бо барномаҳои тавонбахшии «умумӣ» амалӣ карда мешавад. Масалан, аксари ташкилотҳои байналмиллалӣ ва миллӣ барномаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодиро барои беморони ҷузом ба кор андохтанд, аммо аз тарафи дигар барномаҳои барқарорсозиии «умумӣ», ба мисли ТСҶ, беморони гирифтори ҷузомро ҷалб наменамоянд. Тахмин меравад, ки сабаби асосии истисно шудани беморони гирифтори ҷузом аз барномаҳои ТСҶ ин таҳрим аст ва инчунин, барои онҳо мавҷуд будани барномаҳои махсусгардонидашудаи тавонбахшӣ, мебошад (12). Айни ҳол пешкаш намудани хизматрасонӣ аз тарафи марказҳои махсусгардонидашудаи тавонбахшии беморони гирифтори ҷузом ба гурӯҳҳои дигари аҳолӣ ҳавасманд карда мешавад, чунки ихтисос ва захираи мутахассисони ин марказҳо метавонанд ба гурӯҳҳои васеи аҳолӣ муфид бошанд. Барои барномаҳои ТСҶ онҳо метавонанд марказҳои муфиди равонсозӣ ба назди мутахассис шаванд, чунки дар онҳо беморони ин барномаҳо метавонанд барои табобат равон карда шаванд; масалан, барномаи ТСҶ метавонад одамони дорои маълулиятро бо харобшавии ҷисмонӣ ба омӯзиши ортопедӣ равон намояд, ки ба он одатан беморони гирифтори ҷузом ташриф меоранд. Инчунин, пешкаш намудани хизматрасонӣ оид ба барқарорсозии беморони гирифтори ҷузом дар самти ТСҶ ҳавасманд карда мешавад, ТСҶ ВА ҶУСОМ 45
чунки эътироф гардидааст, ки стратегияи ТСҶ барои ин гурӯҳи аҳолӣ ниҳоят самаранок мебошад (4). Ба қарибӣ тахмин шуда буд, ки маҳз ТСҶ стратегияи асосии интихоб барои беморони ҷузом ва ниёзмандони тавонбахшӣ мебошад (12).
Амалҳои тавсияшуда Азбаски ТСҶ – ин стратегияе мебошад, ки барои ҳамаи одамони дорои маълулият истифода мешавад, аксари чорабиниҳои дар Дастури мазкур овардашударо, инчунин барои беморони гирифтори ҷузом истифода бурдан мумкин аст. Пас, тахмин меравад, ки боби мазкур бояд дар қатори қисмҳои дигари матритсаи ТСҶ - қисмҳои «Саломатӣ», «Маърифат», «Масъалаҳои худтаъминкунӣ» ва «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият» омӯхта шавад. Ба ғайр аз ин, шарҳи муфассали чораҳои тавсияшуда барои менеҷерон ва кормандони барномаҳои ТСҶ дар чунин нашрияҳо ба мисли «Дастури техникии ТУТ/ПЛЛ оид ба ТСҶ ва ҷузом» оварда шудааст (4) .
Дохил намудани беморони ҷузом ба барномаҳои ТСҶ Тарзҳои ҳалли мушкилот, ки беморони гирифтори ҷузом бо он дучор мегарданд, аз нуқтаи назари рушд бояд арзёбӣ гарданд (2). Ҳамин тариқ, барномаҳои ТСҶ бояд дар ҳама самтҳо кор баранд, то ин ки дастрасии беморони гирифтори ҷузом ба барномаҳо ва чорабиниҳои ихтисоси умумӣ дар соҳаи рушд таъмин гарданд. Аз сабаби он, ки занҳои дар натиҷаи бемории гирифтори ҷузом маъюб гашта, дар назди поймолкунии ҳуқуқ ва камбизоатӣ озурда ҳастанд, ҳангоми амалисозии барномаҳои ТСҶ иштироки занон дар он бояд таъмин карда шавад, то ин ки онҳо ҳам аз барномаҳои ТСҶ манфиатдор шаванд. Саломатӣ Одамони аз харобшавӣ азияткашанда, ки дар натиҷаи бемории ҷузом ташаккул ёфтааст, ба дахолати тиббӣ ниёз доранд: 1) нигоҳдории ҳаракати торҳои асаб; 2) нигоҳдории мутаҳаррикии буғумҳо; 3) нигоҳдории сатҳи биноӣ; 4) омӯзиш оид ба худкӯмакрасонӣ/худхизматрасонӣ; 5) дастрас намудани пойафзоли бароҳат (ҳифзкунанда); ва дар охир, 6) дастрас кардани воситаҳои ёридиҳанда. Барномаҳои ТСҶ метавонанд дахолатҳои ба саломатӣ вобастаи тиббиро дастгирӣ намоянд, ба воситаи: • Мутмаин будан, ки беморони гирифтори ҷузом ва аъзоёни оилаи онҳо оид ба муассисаҳои тиббии дар ноҳияҳои онҳо мавҷуд буда ва чӣ тавр дастрасӣ ёфтан ба онҳо огоҳанд; • Роҳбаланд намудани одамоне, ки табобати ҷамъи дорувориҳоро мегиранд ба қабули мунтазами воситаҳои доругин то бомуваффақият ба охир расидани табобат ва пешкаш намудани иттилоот оид ба аксуламали ҷузом, то ин ки беморон тавонанд онро сари вақт ошкор намоянд ва фавран барои табобат муроҷиат намоянд; • дастгирии рушди гурӯҳҳои худкӯмакрасон, ки дар он ҷо беморони гирифтори ҷузом тавонанд мунтазам барои мубодилаи таҷриба вохӯранд ва иттилоотро оид ба табобати мустақили беморӣ/худкӯмакрасонӣ дастрас намоянд, ва бо ҳамин харобшавии мавҷудаи узвҳоро пешгирӣ ё табобат намоянд (нигаред ба қисми «Саломатӣ», боби «Пешгирӣ»). • машваратдиҳии шахсоне, ки ҳассоси узвҳои баданашоро талаф додаанд, оид ба зарурияти ҳимояи даст, кафи пой ва чашм, масалан бо роҳи истифодаи дастпӯшаки матоъӣ ҳангоми кор бо маводҳои гарм, масалан, деги сирдор; иттилооти муфассалтар оиди пешгирии захм ва шаклдигаркунӣ дар одамон бо вайрон46 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
шавии ҳассосӣ дастурамали «Омӯзишҳо барои одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоат» оварда шудааст (13); • раҳнамоӣ барои дастрас намудани воситаҳои ёрирасон, масалан, пойафзоли махсус, инчунин таъмир ва хизматрасонии техникӣ (нигаред ба қисми «Саломатӣ», боби «Пешгирӣ»).
ЗАМИМАИ 18
Эфиопия
Рушди ҳисси эҳтиром ва эътибори шахсӣ ба воситаи созмон додани гурӯҳои худкӯмакрасон АЛЕРТ – муассиссаи тиббие мебошад, ки дар канори шаҳри Адис-Абеба (Эфиопия) ҷойгир шудааст ва дар табобати ҷузом мавқеи махсус дорад. Соли 1995 кормандони АЛЕРТ изҳори нигаронӣ карданд, ки миқдори зиёди одамон аз бемористони АЛЕРТ ва дармонгоҳи маҳаллӣ барои муоилиҷаи захмҳо (масалан, захм дар кафи пой) истифода мебаранд, новобаста аз он, ки барои онҳо дар давоми солҳои дароз чорабиниҳо оид ба маърифати санитарӣ гузаронида мешуданд. Ин барои АЛЕРТ сарбории иловагӣ овард, чунки ин ташкилот барои харидорӣ намудани маводҳои ҷароҳатбандӣ ва доруворӣ барои табобати ҷароҳат воситаҳои маҳдуди молиявӣ дошт. Барои ҳалли ин мушкилот таҳти роҳбарии АЛЕРТ гурӯҳҳои худкӯмакрасон созмон дода шуданд, ки одамонро барои табобат ва нигоҳубини ҷароҳаташон масъул буданро водор месохт. То соли 1999 72 гурӯҲсозмон дода шуд, ки ба як қатор натиҷаҳои мусбӣ оварда расонд: миқдори ҷароҳат кам гардид ва дар аъзоёни гурӯҲҳисси эҳтирому эътибори шахсӣ баланд гардид. Илова бар ин сатҳи иштироки мардум дар ҳаёти ҷамъият васеъ гардид (14).
Маърифат Кӯдакон на танҳо худ гирифтори бемории ҷузом мешаванд, балки дар натиҷаи бемории волидон ё хешовандонашон азият мекашанд. Дар натиҷа ба мактаб рафтани онҳо манъ карда мешавад, онҳо аз дӯстонашон ҷудо мешаванд, аз хешовандон пинҳон мешаванд ва аз рӯи зарурият барои дарёфти васоити зиндагӣ ба кор медароянд (4). Барномаҳои ТСҶ якчанд воситаҳое доранд, ки дастрасии кӯдакон ва калонсолонро ба дастрасии омӯзишҳои маърифатӣ таъмин менамоянд, ба мисли гузаронидани ҷаласаҳо бо омӯзгорон ва волидон, ки муносибатро ба талабагони гирифтори ҷузом тағйир медиҳанд. Ба рӯйхати муфассал, ки дар қисми «Маърифат» оварда шудааст, нигаред. Худтаъминкунӣ Беморони гирифтори ҷузом одатан хеле камбизоат ҳастанд. Мушкилоти иловагӣ – таҳрим, поймолкунии ҳуқуқ ва гирифтори маълулият, ки бо бемории ҷузом вобаста аст – одатан имкониятҳои одамонро барои меҳнат кардан маҳдуд ва ваъзияти молиявии онҳоро бадтар месозад. Азхуд кардани малака ва меҳнати шоиста метавонад барои воридшавӣ ба ҷамъият ва механизм барои рахна кардани ҳалқаи сарбастаи ҷудошавӣ, вобастагӣ ва камбизоатӣ, ки одатан бо камбизоатӣ вобаста аст, сабаб мешавад. Вақте, ки одамони дорои маълулият метавонанд саҳми худро ба даромади оила гузоранд, ин одатан аз ҷалбшавии онҳо ба ҳаёти оила, аз ҷумла иштирок дар қабули қарорҳо, хабар медиҳад. (15). Барномаҳои ТСҶ воситаҳои ТСҶ ВА ҶУСОМ 47
зиёд барои дастгирии худтаъминкунии одамон доранд, масалан, онҳо метавонанд ба ҳайси миёнарав баромад кунанд, ё барои кортаъминкунандаи имконпазир, ки нисбати ба кор қабул намудани беморони гирифтори ҷузом изҳори нигаронӣ мекунанд, иттилоот пешниҳод намоянд. Рӯйихати муфассали чорабиниҳоро дар қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ» нигаред.
ЗАМИМАИ 19
Эфиопия
Истифодаи салоҳият барои мубориза бар зидди таҳрим ва қашшоқӣ Ассотсиатсияи миллии беморони гирифтори ҷузоми Эфиопия (ЭНАПАЛ) бо беҳдошти вазъияти аъзоёни он машғул аст ва ҳамин тариқ ба онҳо барои барқарор намудани эҳтиромӣ ва эътибори худ ёрӣ мерасонад. Айни ҳол ба ассотсиатсия 20 ҳазор аъзо ва 54 ассотсиатсияи маҳаллӣ дар ҳафт ноҳияи Эфиопия дохил мешавад. Ассотсиатсия лоиҳаҳоро дар самти баланд сохтани сатҳи огоҳӣ, ҳимоя ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии беморони гирифтори ҷузом бо дастгирии ташкилотҳои миллӣ ва байналмиллалӣ ба ҳаёт татбиқ месозад. Лоиҳаҳои ба беҳдошти васоити зиндагӣ ба он нигаронида шудаанд, ки беморони гирифтори ҷузом чун дигар одамон сермаҳсул ҳастанд. ЭПАНАЛ хазинаи аз нав барқароршударо барои аъзоёни ассотсиатсия истифода мебарад, то ин ки иштироки онҳоро дар фаъолияте, ки ба гирифтани даромад равона аст, таъмин намояд. Ассотсиатсия инчунин, имкониятро барои омӯзиши кӯдакони аъзоёнаш фароҳам оварда, ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳоро васеъ мегардонад, то ин ки ҳалқаи сарбастаи таҳрим ва камбизоатиро бишканад. Бо ин мақсад ассотсиатсия гурӯҳҳои худкӯмакрасонро барои занони гирифтори бемории ҷузом низ, ташкил додааст. Амалӣ сохтани ин стратегия бомуваффақият буданашро исбот намуд.
Ҷанбаи иҷтимоӣ Таҳрим (тамғагузорӣ ва таҳқир), поймолкунии ҳуқуқ ва тасаввуроти бардурӯғ оид ба бемории ҷузом ба он оварда мерасонад, ки одамон барои хизматрасонии соҳаи умум дастрасӣ наёфта дар ҳаёти ҷамоат иштирок карда наметавонанд. Кормандони ТСҶ дар маҳдуд сохтани мақсадҳои равонии таҳрим нақши муҳимро, бо роҳҳои зерин, бозида метавонанд: • бо омӯзгорон, пешвоёни ҷамоатӣ, динӣ ва ғайра якҷоя амалӣ намудани фаъолият, масалан, оид ба паҳн намудани ақидаҳои мусбӣ дар бораи беморони гирифтори ҷузом; • ташкил намудани маъракаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи ҷузом (ё иштирок дар ин гуна маъракаҳо) бо истифодаи намоишномаи театрикунонидашуда ё тақсим намудани варақаҳо; чунин маъракаҳо метавонанд дар як қатор ҷойҳо, масалан дар бозорҳо, ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ, дар муассиссаҳои тиббӣ, мактабҳо ва ғайра гузаронида шаванд; • ташкил намудани чорабиниҳои муштарак, масалан, барномаҳои варзишӣ ё фарҳангӣ, ки дар он беморони гирифтори ҷузом, одамони дорои маълулият ва маълулият надошта метавонанд вохӯранд; ин бошад исбот менамояд, ки одамони дорои маълулият низ метавонанд аъзои комили ҷамоатанд ва барои ин соҳибҳуқуқанд. 48 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият Муҳим аст, ки беморони гирифтори бемории ҷузом ҳуқуқҳои худро донанд, онҳоро ҳимоя карда тавонанд ва ба хизматрасонию захираҳо дастрасӣ дошта бошанд. Воситаи самараноки ба ин мақсад расидан, метавонад худташкилкунӣ бошад. Бинобар ин дар тамоми ҷаҳон беморони гирифтори ҷузом гурӯҳҳо ва ассотсиатсияҳо ташкил мекунанд. Мисоли чунин ташкилӣ метавонад Ҷунбиш оид ба азнавҷалбшавии (реинтегратсияи) одамони гирифтори бемории Хансен (МОРХАН) дар Бразилия, Ассотсиатсия оид ба реинтегратсияи беморони гирифтори ҷузом (АРПАЛ) дар Ангола, ва форуми миллӣ дар Ҳиндустон бошанд. Қисме аз ин гурӯҳ муттаҳид гардида ва Ассотсиатсияи Байналмиллалиро барои ҷалбшавӣ (интеграция), қадру қиммат ва тараққиёти иқтисодӣ (ИДЕА) созмон доданд. Баъзе одамон инчунин, ба ташкилоти маҳаллии одамони дорои маълулият дохил мешаванд. Ин ассотсиатсияҳо омӯзишҳоро оид ба васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳо, дигар чорабиниҳои мавзӯӣ, ба монанди «Конвенсияи Байналмиллалии ҳуқуқи маъюбон» ташкил менамоянд (16). Барномаҳои ТСҶ ба беморони гирифтори ҷузом барои дастрасӣ ба гурӯҳҳои худкӯмакрасон ва ташкилотҳои одамони дорои маълулият дар ҷои зист кӯмак менамоянд (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳо», боби «Гурӯҳҳои худкӯмакрасон ва ташкилотҳои одамони дорои маълулият»).
Барномаҳои мубориза бар зидди ҷузомро барои фарогир будан руҳбаланд сохтан Барномаҳои ТСҶ бояд барномаҳои тавонбахшии беморони гирифтори ҷузомро водор созанд, ки хизматрасонии онҳо барои дигар одамони дорои маълулият дастрас бошанд. Ин метавонад фоидаи зиёд оварад, масалан, таҳримро паст намояд, хизматрасониро оид ба мубориза зидди ҷузом ба системаи ҳифзи саломатии ҷараёни умумӣ ворид намуда, ба миқдори зиёди одамон кӯмак пешниҳод намояд. Дар он ноҳияҳое, ки танҳо барномаҳо ва хизматрасониҳои махсусгардонида шуда оид ба муборизаи зидди ҷузом вуҷуд доранд, истифодаи стратегияи ТСҶ барои ҷалб намудани одамони дорои намудҳои дигари маълулият ҳавасманд карда шаванд (4). Ҳангоми ҳамкорӣ бо ин барномаҳо мубодилаи иттилоот, такрор нашудани хизматрасонии пешниҳодшаванда кам карда шаванд ва омӯзиши усулҳои нави қонеъ намудани талабот ба тавонбахшӣ ба роҲмонда шаванд.
Рушди нерӯ Барномаҳои ТСҶ ба ташкил намудани нерӯи ҳамаи тарафҳои манфиатдор диққати махсус диҳанд, то онҳо имконияти муносибати фарогирро ТСҶ интихоб намоянд (17). Тарафҳои манфиатдор метавонанд кормандони ТСҶ, ҳайати кормандони барномаҳо ва хизматрасониҳои зидди ҷузом, одамони аз бемории ҷузом таъсирдида ва аъзоёни оилаҳои онҳо, одамони дорои маълулият ва ташкилоти одамони дорои маълулиятро дохил кунанд. Ба чорабиниҳои тавсия шуда инҳо дохил мешаванд: • гузаронидани омӯзиш ва бозомӯзӣ ба кормандони барномаҳои ТСҶ, то ин ки онҳо имконият дошта бошанд беморони гирифтори ҷузомро ба барномаҳои ТСҶ ворид намоянд; таъмини иштироки мутахассисони ботаҷриба оид ба ҷузом дар гузаронидани ин барномаҳои таълимӣ. • водор сохтани барномаҳо ва хизматрасониҳоро оид ба мубориза бар зидди ҷузом, ки ба кормандони худ аз рӯи стратегияи ТСҶ омӯзиш гузаронанд; таъмини иштироки мутахассисони ТСҶ дар ташкил ва гузаронидани барномаи таълимӣ. • баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҷузом байни одамони дорои маълулият, ки ба барномаҳои ТСҶ ҷалб гардидаанд; таъмин кардани муносибати мусбии онҳо нисбати иштироки беморони гирифтори ҷузом дар барномаҳои ТСҶ ; ТСҶ ВА ҶУСОМ 49
• раҳнамоии омӯзишҳои таълимӣ маърифатнокӣ барои беморони гирифтори ҷузом ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва таъмин намудани он, ки онҳо барои табобати мустақилона ва идоракунии бемориашон ва харобшавии узвҳои бадан вобаста аз беморӣ масъулиятро бар дӯш гиранд; • ташкилотҳои маҳаллии одамони дорои маълулиятро барои омӯзиши масъалаҳои ҷузом ва қабули одамони аз бемори ҷузом таъсирдида ба ҳайси аъзои комилҳуқуқ ва имкониятҳои баробар ба ташкилот рӯҳбаланд намоянд.
ЗАМИМАИ 20
Судон
Муносибати мусбӣ нисбати беморони ҷузом Дар Няла (Судон), ба ҷамъияти маъюбон беморони гирифтори ҷузомро қабул намекарданд. Кормандони Миссияи мубориза бар зидди ҷузом барои аъзоёни Ҷамъият даврҳои омӯзишӣ дар мавзӯи ҷузом ташкил намуданд. Дар машғулиятҳо, масалан фаҳмонида мешуд, ки бемороне, ки ТМД қабул менамоянд, сирояткунанда намебошанд. Пас аз анҷоми омӯзиш Ҷамъият тасмим гирифт, ки ТМД-ро ба шумораи хизматрасонии пешниҳодшаванда дохил намояд ва беморони гирифтори ҷузомро ба аъзои ташкилот қабул намояд.
Библиография 1. Лепра. Женева, Ташкилоти умумиљањонии тандурустї, 2012 (http://www.who. int/ mediacentre/factsheets/fs101/ru/, санаи дастрасї: 21 сентябри с. 2012). 2. Disabilities and rehabilitation. In: WHO Expert Committee on Leprosy, seventh report, Chapter 6 (WHOTechnical Report Series, No. 874). Geneva, World Health Organization, 1997 (www.who. int/lep/ resources/Expert06 .pdf, accessed 30 March 2010). 3. Guidelines for the social and economic rehabilitation of people affected by leprosy. London, ILEP,1999 (www. ilep .org. uk/fileadmin/uploads/Documents/ Technical_Guides/sereng.pdf, accessed30 March 2010). 4. WHO/ILEP technical guide on community-based rehabilitation and leprosy. Geneva, World Health Organization, 2007 (www.who. int/disabilities/publications/cbr/cbrleng. pdf, accessed 30 March 2010) . 5. Van Brakel WH. Disability and leprosy: the way forward . Annals of the Academy of Medicine of Singapore, 2007, 36(1):86-87 (www.annals.edu.sg/ pdf/36VolNo1Jan2007/V36N1p86.pdf, accessed30 March 2010) 6. Guide to eliminate leprosy as a public health problem. Geneva, World Health Organization, 2000 (www. who. int/lep/resources/Guide_Int_E .pdf, accessed 30 March 2010). 7. Frist TF. Don't treat me like I have leprosy! London, ILEP, 2003 (www. ilep.org .uk/ fileadmin/uploads/ Documents/Non-ILEP_Publications/dtml .pdf, accessed 30 March 2010). 8. Consensus statement on prevention of disability. Pan American Health Organization, 2006 (www.paho. org/English/AD/DPC/CD/lep-consensus-stmt-pod .doc, accessed 30 March 2010) . 9. ILEP technical guide. Facilitating the integration process: a guide to the integration of leprosy services within the general health system. London, ILEP, 2003 (www. ilep.org .uk/library-resources/ilep-publications/ english/, accessed 30 March 50 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
2010). 10. Learning Guide 4 - How to prevent disabilities in leprosy. London, International Federation of Anti-Leprosy Associations (ILEP), 2006 (www.ilep.org.uk/ fileadmin/ uploads/Documents/Learning _Guides/ lg4eng1 .pdf, accessed 30 March 2010). 11. Meima A et al . Dynamics of impairment during and after treatment: the AMFES cohort. Leprosy Review,2001, 72(2):158-170. 12. Finkenflugel H, Rule S . Integrating community-based rehabilitation and leprosy rehabilitation services into an inclusive development approach. Leprosy Review, 2008, 79(1):83-91 (www.leprosy-review. org. uk/, accessed 30 March 2010). 13. Helander E et al . Training in the community for people with disabilities. Geneva, World Health 14. Organization, 1989 (www.who. int/disabilities/publications/cbr/training/en/index. html, accessed 30 March 2010).14. Benbow C, Tamiru T. The experience of selfcare groups with people affected by leprosy: ALERT, Ethiopia . Leprosy Review, 2001, 72(3):311-321 (www.leprosy-review.org.uk/, accessed 30 March 2010). 15. Ebenso B et al . Impact of socio-economic rehabilitation on leprosy stigma in Northern Nigeria: findings of a retrospective study. Asia Pacific Disability Rehabilitation Journal, 2007, 18(2):98-119 (www. aifo. it/ english/resources/online/apdrj/apdrj207/ leprosy_nigeria.pdf, accessed 30 March 2010). 16. Конвенсияи њуќуќњои маъюбон. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттањид, 2006. (http:// www.un. org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability.shtml, санаи дастрасӣ: 30 марти с.2010). 17. Cornielje H et al. Inclusion of persons affected by leprosy in CBR. Leprosy Review, 2008, 79(1):30-35 (www.leprosy-review.org.uk/, accessed 30 March 2010).
Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда Infolep Leprosy Information Services. London, ILEP (undated) (www.infolep.nl, accessed 30 March 2010) . International Federation of Anti-Leprosy Associations (ILEP) (www.ilep.org .uk/, accessed 30 March 2010). ILEP Learning Guide 7 - How to diagnose and treat leprosy. London, ILEP, 2001 (www. ilep.org.uk/fileadmin/ uploads/Documents/Learning_Guides/lg1eng.pdf, accessed 30 March 2010) . Special issue on CBR and leprosy. Leprosy Review, 2008, 79(1) (www.leprosy-review. org .uk/, accessed 30 March 2010). WHO Goodwill Ambassador's newsletter for the elimination of leprosy. Nippon Foundation (undated) (www. nippon-foundation. or.jp/eng/leprosy/2006736/20067361. html, accessed 30 March 2010).
ТСҶ ВА ҶУСОМ
51
ТСҶ ва бӯҳрони гуманитарӣ Муқаддима Бӯҳрони гуманитарӣ – ин вазъияте мебошад, ки ҳангоми рух додани ягон ҳодиса (масалан, низоъи мусаллаҳ, фалокати табиӣ, эпидемия ва гуруснагӣ) ё як қатор ҳодисаҳо ба саломатӣ, бехатарӣ ва некӯаҳволии ҷамоат ё гурӯҳи калони дигари одамон таҳдид менамоянд. Иқтидори мавҷуда барои бартараф намудани мушкилот нокифоя мебошад ва кӯмаки беруна лозим мешавад (1). Бӯҳронҳои гуманитарӣ метавонанд ба одамон, ба воситаи захмдоршавӣ, фавт ва паст шудани қобилияти қонеъ гардонидани талаботи асосӣ ба ғизо, об, паноҳгоҲва сатҳи беҳдошт таъсири зиёд расонанд Онҳо инчунин ба воситаи нест кардани инфрасохтор, ҳосил, манзилгоҳҳо, сатҳи бекориро зиёд намуда таъсири зиёди иқтисодӣ мерасонанд (2). Бӯҳронҳои гуманитарӣ ба масъалаҳои маълулият ва тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат алоқаманданд, чунки онҳо метавонанд ба одамони дорои маълулият таъсири ғайримутаносиби сахт расонида ба пайдоиши насли нави одамони дорои маълулият мусоидат намоянд, ки ба онҳо кӯмак ва дастгирӣ лозим мешавад (3). Солҳои охир дар соҳаи муқовимат ба бӯҳронҳои гуманитарӣ тағйироти куллӣ ба амал омад, ки он ба баланд бардоштани натиҷаҳо ва самаранокии иқтисодии чорабиниҳои гуманитарӣ равона карда шудааст. Дар қисми мазкури «Дастури иловагӣ» баъзе аз ин тағйиротҳо инъикос ёфта, нақши барномаҳои ТСҶ дар давраи бӯҳрони гуманитарӣ тадқиқ карда мешавад. Дар охир тавсияҳо оид ба фарогирӣ ва таъмини иштироки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дар фаъолияти гуманитарӣ пешниҳод карда мешавад.
ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ
53
ЗАМИМАИ 21
Шри-Ланка
«Дастрасӣ барои ҳама» Маъракаи «Дастрасӣ барои ҳама» 26 декабри соли 2004, баъд аз рух додани сунами, ки қисми зиёди ноҳияҳои назди соҳилии Шри-Ланкаро хароб кард, оғоз гардид. Он аз тарафи Фронти Муттаҳидаи ташкилоти одамони дорои маълулият (ташкилоте, ки 18 ташкилотҳои одамони дорои маълулияти маҳаллиро муттаҳид сохтааст), Ассотсиатсияи одамони ҷароҳатҳои сутунмӯҳра дошта, ташкилотҳои «Motivation», CBM, «John Grooms», «Handicap International» ва Вазорати тандурустӣ (Шӯъбаи ҷавонон, одамони пиронсоли дорои малулият ва шахсони иҷборан тағйири ҷои зист карда) ташкил шуда буд. Мақсади чорабинӣ аз мусоидат намудан ба фарогирии ҳамаи одамони дорои маълулият ва ба қайд гирифтани талаботи онҳо дар расонидани кӯмаки гуманитарӣ, азнавсозӣ ва тавонбахшӣ дар Шри-Ланка иборат буд. Аз ҷумла, чорабинӣ оид ба «барқарорсозии Шри-Ланкаи барои ҳамаи одамони дорои маълулият дастрас» ба таври мутамарказ ба таъмини дастрасии ҷисмонии ҳамаи иморатҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойҳои кор, хизматрасонӣ ва инфрасохтор бахшида шуда буд. Ҳатто то рух додани сунами низ дастрасии иншоотҳои гуногун барои сокинони дорои маълулият дар Шри-Ланка осон набуд; Аммо зарурияти барқарорсозии бузург барои ба қайд гирифтан ва қонеъ намудани талаботи онҳо имкониятҳои созгор фароҳам овард. Пас аз ду ҳафтаи рух додани сунами кумитаи маъракаи «Дастрасӣ барои ҳама» гузаронидани вохӯриҳоро оғоз намуд, ки ба онҳо меҳмонон ва мутасаддиёни барқарорсозиро аз ҷумла мансабдорони ҳукумат, намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ, миллии ғайриҳукуматӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои сохтори давлатӣ, инчунин ҳамаи хоҳишмандонро даъват намуд. Мақсад аз ин ба диққати ҳама расонидани зарурияти таъмини дастрасии одамони дорои маълулият (аз ҷумла дастрасӣ ба тақсимоти кӯмаки хайрия ва паноҳгоҳи муваққатӣ) ва пешниҳод намудани машварати техникӣ, мавод ва дастгирӣ буд. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи «Дастрасӣ барои ҳама» ташкилотҳое, ки дар фаъолиятҳо оид ба тавонбахшӣ иштирок доштанд, қарор доданд талаботи одамони дорои маълулиятро ба қайд гирифта, қонеъ намоянд. Дастурамалҳо оид ба дастрасӣ истифода бурда шуда ҳангоми сохтмони иморатҳои нав ҳамаи масъалаҳои дастрасии маълулон бояд ба назар гирифта шаванд, он иморатҳое, ки барои одамони дорои маълулият дастнорас буданд, дар мӯҳлати муқарраршуда бояд дастрас шаванд. Маъракаи «Дастрасӣ барои ҳама» идома дорад ва айни ҳол дар Шри Ланка масъалаҳои умумии риояи ҳуқуқи одамони дорои маълулият ва таъмини имкониятҳои баробар ҳангоми гирифтани маълумот ва бо ҷои кор таъминкунӣ дар маркази диққат қарор дорад. Аз (4) мутобиқ шудааст
54
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Мақсад Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба маъракаҳои гуманитарӣ ҷалб шудаанд, аз ҷумла ба фаъолиятҳои таъмини омодагӣ, расонидани кӯмаки фавқулодда ва фаъолияти тавонбахшӣ.
Нақши ТСҶ Нақши ТСҶ аз инҳо иборат аст: (1) расонидани кӯмак ба одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҷамоат бо мақсади омодасозӣ ба бӯҳронҳои эҳтимолии гуманитарӣ; (2) мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ба кӯмаки гуманитарӣ таъмин ва ба чорабиниҳо оид ба барқарорсозии баъди бӯҳронӣ ҷалб гардидаанд; ва (3) фарогирӣ ва таъмини дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба хизматрасонӣ ва кӯмак, ки бо роҳи гуманитарӣ пешкаш шудааст.
Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба таассури ҷавобӣ дар марҳилаи бӯҳрони гуманитарӣ омода шудаанд; • Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо муайян карда шуда, талаботашон, ҳангоми амалӣ сохтани маъракаҳои гуманитарӣ қонеъ гардонида мешаванд; • Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба нақшагирӣ ва амалӣ сохтани чорабиниҳои гуманитарӣ ва фаъолияти тавонбахшӣ ҷалб гардидаанд; • Инфрасохтор, ки баъди бӯҳрони гуманитарӣ аз нав барқарор мешавад, барои одамони дорои маълулият дастрас аст; • Хизматрасонӣ ва дастгирӣ ки баъди бӯҳрон барқарор ё аз нав ташкил карда мешавад, барои одамони дорои маълулият дастрас ва ба талаботи онҳо ҷавобгӯянд.
Мафҳумҳои асосӣ Масъалаҳои маълулият ва бӯҳрони гуманитарӣ Одамони дорои маълулият, яке аз гурӯҳҳое мебошанд, ки ҳангоми рух додани бӯҳрони гуманитарӣ мунтазам зери хатар қарор доранд (5). Дар зер рӯйихати омилҳое оварда шудаанд, ки одамони дорои маълулиятро осебпазиртар мегардонанд. Мадди назар нагирифтани одамони дорои маълулият: Сиёсату таҷрибаи номуносиби ҷамоатҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, ки расонидани кӯмаки гуманитарӣ ва чораҳои дахолат ба дӯши онҳо аст, ба фаромӯшӣ ё истиснои одамони дорои маълулият оварда мерасонад (6,7). Паст будани сатҳи огоҳӣ (бехабарӣ). Одатан иттилоот оид ба хавфу хатар, огоҳӣ аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ ва амалҳои тавсияшуда дар раванди ё пас аз рух додани ҳолати бӯҳронӣ тавре пешкаш мегарданд, ки барои одамони дорои маълулият дастрас нестанд. Шояд, аз ҳамин сабаб барои онҳо дидани аломатҳои огоҳикунанда, дарк ва амал намудан азт рӯи дастурамалҳо, ки чӣ бояд кард, ба куҷо бояд рафт ва ба кӣ барои кӯмак бояд муроҷиат намуд, мушкил бошад (7). ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ 55
Вайронкунии шабакаҳои дастгирии иҷтимоӣ. Шабакаҳои иҷтимоӣ барои одамони дорои маълулият, ки мунтазам ба кӯмак ва дастгирии оила, дӯстон ва ҳамсоягон ниёз доранд махсусан муҳим мебошанд (нигаред ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ» боби «Кӯмаки инфиродӣ»). Ин робитаҳо мунтазам дар давраи бӯҳронӣ вайрон мешаванд, масалан, одамони дорои маълулият метавонанд аз одамоне, ки нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд, ҷудо карда шаванд; ба ғайр аз ин, ин одамон метавонанд захм бардоранд ё ҳалок гарданд. Монеаҳои табиӣ. Одатан муҳити табии дар ҳолати бӯҳронӣ тағйир меёбад, монеаҳои мавҷудбударо барои одамони дорои маълулият зиёд мегардонад ё монеаҳои нав бунёд месозад. Аксари маъюбон метавонанд асбобҳои ёрирасонро гум кунанд, масалан, узви сунъӣ (протез), роҳравакҳо, воситаи шунавоӣ ва айнак (4). Дар натиҷа ба аксари одамони дорои маълулият гирифтани кӯмак ва дастгирӣ дар ҳолати бӯҳронӣ мушкилтар мешавад, масалан, дастрас намудани ғизо, об, паноҳгоҳ, ҳоҷатхона ва кӯмаки тиббӣ-санитарӣ (4).
Фарогирии одамони дорои маълулият ба чорабиниҳои гуманитарӣ Ба осебпазирии баланди одамони дорои маълулият дар марҳилаи бӯҳронӣ мисолҳои зиёд шаҳодат диҳанд, онҳоро мунтазам аз доираи диққат ҳангоми фаъолияти гуманитарӣ истисно менамоянд (8,9). Масъалаҳои одамони дорои маълулият ҳангоми гузаронидани ҳамаи чорабиниҳои гуманитарӣ, мутобиқи моддаи 11-и Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият бояд дида баромада шаванд: «Мамлакатҳо-иштирокчиён мутобиқи ӯҳдадории худ оид ба ҳуқуқи байналмиллалӣ, аз ҷумла конуни ҳуқуқи гуманитарии байналмиллалӣ ва ҳуқуқи байналмиллалии инсон, чораҳои заруриро барои таъмини ҳифз ва бехатарии одамони дорои маълулият дар ҳолатҳои хавф, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳ, ҳолатҳои фавқулоддаи гуманитарӣ ва офати табиӣ андешанд» (10). Ҷанбаи муҳим дар марҳилаи бӯҳрони гуманитарӣ – ин иштироки гурӯҳҳои ҷабрдидаи аҳолӣ мебошад (5). Муҳим аст, ки одамони дорои маълулият ва ташкилотҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, ба чорабиниҳо на танҳо ҳамчун дарёфткунандани кӯмак, балки чун шарик ҳангоми амалӣ намудани кӯмаки гуманитарӣ ва баҳрабаранда ҷалб карда шаванд. Ин чунин маъно дорад, ки ҷалбшавии оно ба раванди арзёбии пешакӣ, коркард, тадбиқ, мушоҳида ва арзёбии минбаъда амалӣ кара шавад.
Муносибати кластерӣ Аз соли 2005 ин ҷониб саъю кӯшиши зиёд барои баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои байналмиллалии ҷавобӣ ба бӯҳрони гуманитарӣ ба харҷ дода шуд. Мақсади ниҳоии ин кӯмак ва ҳифзи ҳаматарафа, аз рӯи ниёзҳои воқеъӣ асосёфта мебошад, ки бояд шумораи зиёди одамонро ба таври самаранок ва сари вақт дарбар гирад. Яке аз тағйироти ҷиддӣ дар соҳаи ҷавоб гуфтан ба фаъолияти гуманитарӣ, ин коркард ва истифодаи муносибати кластерӣ мебошад. Муносибати кластерӣ ҳамоҳангсозиро дар самтҳои алоҳидаи фаъолияти гуманитарӣ ва байни онҳо (ба мисли саломатӣ, маориф, пешкаш намудани паноҳгоҲба таври фавқулодда) бо ёрии муайянсозии аниқи нақш ва функсияҳо дар марҳилаи алоҳидаи бӯҳрон пурзӯр месозад. Муносибати кластерӣ ба он равона карда шудааст, ки иттиҳоди байналмиллалии гуманитарӣ структураи муайян, ҳисботдиҳанда ва касбӣ гардад, то ин ки он ба ҳукуматҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва ҷамъияти маҳаллии шаҳрвандӣ ҳамкори самаранок гардад. 56 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Дар сатҳи глобалӣ 11 кластер мавҷуд аст (нигаред ба ҷадвали 1). Ҳар як кластерро ташкилоти махсус роҳбарӣ менамояд, масалан кластери глобалии ҳифзи саломатиро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ роҳбарӣ менамояд, ки барои муайян намудани стандартҳо ва сиёсат, рушди иқтидори ҷавобгӯи ба ҳолати бӯҳронӣ, таассур ва пешкаш намудани дастгирии фаврӣ масъул мебошад. Дар дохили ҳар як кластер як қатор агентиҳо ва ташкилот фаъолият менамояд, ки барои таъмини чораҳои ҷавобии ҳамоҳангшуда дар марҳилаи бӯҳрони гуманитарӣ бояд якҷоя кор кунанд, масалан, ба таркиби кластери глобалии ҳифзи саломатӣ 30 агентӣ ва ташкилот ба мисли Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Федератсияи байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБ СС ва ҲА) ва ташкилоти «Handicap inter n ational” дохил мешаванд. Дар сатҳи мамлакат ҳангоми сар задани бӯҳрони гуманитарӣ як ё якчанд кластер метавонад фаъол карда шавад. Аммо бояд қайд кард, ки онҳо метавонанд номҳои гуногун дошта бошанд, масалан «соҳа» номгузорӣ карда шаванд ва зери назорати идораҳои гуногун қарор гиранд. Ба ғайр аз ин, дар сатҳи мамлакат аъзогӣ барои ҳамаи шахсони манфиатдор ва ташкилот, ки дастгирӣ ё хизматрасониро дар ноҳияҳои ҷабрдида мерасонад, аз ҷумла донорҳо, кушода аст. Дар сатҳи мам лакат кластерҳо барои таъмини ҳамоҳангсозии фарогир ва самаранок бо мақсадҳои зерин масъул аст: • • • • • • • арзёбӣ ва таҳлили вазъият (эҳтиёҷот); таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда; ба нақшагирӣ ва таҳияи стратегия; истифодаи стандартҳо; мониторинг (санҷиш) ва ҳисоботдиҳӣ; ҳимоя ва сафарбаркунии захираҳо; омӯзиши амалӣ ва рушди иқтидор.
Муносибати кластерӣ ба барномаҳои ТСҶ, ки дар ноҳияҳои зери бӯҳрони гуманитарӣ қарор гирифта кор мекунанд, мувофиқ аст. Барномаҳои ТСҶ дар соҳаҳои гуногуни рушд, ба мисли саломатӣ, маърифат, таъмини васоити зист ва секторҳои иҷтимоӣ бо мақсади таъмини фарогирии онҳо ва дастрасӣ барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо амалӣ мешавад. Дар марҳилаи бӯҳрони гуманитарӣ нақши барномаҳои ТСҶ тағйир намеёбад. Аммо ба ғайр аз ин барномаҳои ТСҶ бояд дар ҳамкорӣ бо ҳар як кластер/сектори гуманитарӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва/ё ҷамоатӣ мутамарказ гардад, то ин ки талаботи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳоро таъмин намояд. Муно сибати кластерӣ инчунин ба барномаҳои ТСҶ имконият медиҳад, ки ба сарчашмаҳои иловагӣ (масалан молиявӣ ё техникӣ) барои гузаронидани чорабиниҳо, ки ба дастгирии одамони дорои маълулият дар ҳолати бӯҳронӣ равона карда шудааст, дастрасӣ намояд.
ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ
57
Ҷадвали 1: Кластерҳои глобалии гуманитарӣ гуманитарные кластеры Кластер/соҳа СОҲАИ ТЕХНИКӢ Кластери саломатӣ Кластери ғизо Кластери таъмини об, системаи коррезӣ ва беҳдошт Кластери таъмини фаврии паноҳгоҳва таъминот бо маводи ғайрихӯрока Кластери таҳсилот ва маърифат Кластери хоҷагии қишлоқ СОҲАҲОИ ВОБАСТА Кластери ҳамоҳангсозӣ идоракунии лагерҳои гурезагон Кластери ҳимоя Кластери барқарорсозии бармаҳал Кластери логистикӣ Кластери таъминоти телекоммуникатсионӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва Раёсати комиссари Олии корҲбо гурезагон (РКОКГ) ва ташкилоти Байналмиллалии муҳоҷирон (МОМ) РКОКГ Барномаи рушди СММ (ПРООН) Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Дар ҳолати низоъҳои мусаллаҳона – Раёсати комиссари Олии кор бо гурезагон (РКОКГ); дар ҳолати садама – Федератсияи Байналмиллалии Салиби сурх ва ҳилоли Аҳмар (ФБ СС ва ҲА) ЮНИСЕФ ва ташкилоти «Наҷоти кӯдакон» Ташкилоти озуқа ва хоҷагии қишлоқи СММ (ФАО) Ташкилоти масъул
СОҲАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ УМУМӢ Барномаи умумиҷаҳонии ғизо (БУҒ) Шӯъбаи ҳамоҳангсозии маъаракаҳои гуманитарӣ (OCHA), ЮНИСЕФ ва БУҒ
Гузариш аз бӯҳрон ба рушд Дар ҳолатҳои бӯҳронҳои гуманитарӣ одатан фаъолшавии ташкилотҳои беруна мушоҳида мешаванд, ки дар натиҷаи он одамони дорои маълулият муайян мекунанд, ки сатҳи хизматрасониҳои ба онҳо пешкаш шаванда назар ба пештара баландар аст (7). Маълулият ин мушкилоти дарозмуддати рушд мебошад; бинобар ин, барои ташкилотҳои беруна бо ҷамоатҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ намудан хеле муҳим аст, то ин ки имконияти амалҳои дуру дароз ва рушди устувор дар ҳолате, ки бозингарони беруна фаъолияти худро дар ноҳияи ҷабрдида қатъ менамоянд, таъмин карда шавад.
Амалҳои пешниҳодшаванда Чорабиниҳое, ки дар поён номбар шудаанд, аз рӯи се соҳа ба сохтор дароварда шудааст: таъмини омодагӣ (фаъолият ва чорабиниҳое, ки то фаро расидани ҳолати имконпазири бӯҳронӣ бо мақсади паст намудани таъсири он гузаронида мешавад); чораҳои фаврии ҷавоб гуфтан (муассиршавӣ: пешкаш намудани кӯмак оид ба қонеъ 58 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
намудани талабот дар нигоҳдории ҳаёт ва нигоҲдоштани шароити асосии зиндагӣи аҳолии ҷабрдида); ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолати бӯҳронӣ (барқарор намудан ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ, ки то бӯҳрон вуҷуд дошт).
Омода намудани одамони дорои маълулият ба ҳолати имконпазири бӯҳронӣ Чорабиниҳои зиёд мавҷуд ҳастанд, ки дар чорчӯбаи барномаҳои ТСҶ амалӣ карда мешаванд ва метавонанд одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҷамоатҳоро ба ҳолатҳои имконпазири бӯҳронӣ, ба мисли ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ омода намоянд. Дар шумораи ин чорабиниҳо: • баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷамоат дар бораи муҳимияти ҷалби одамони дорои маълулият ба чорабиниҳо ба фаъолиятҳои омодагӣ нисбати масъалаҳои одамони дорои маълулият, масалан, ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои маъюбон барои намояндагони маъмурияти маҳаллӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳайати кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ, инчунин барои аъзоёни ҷамоат; • огоҲнамудани одамони дорои маълулият оид ба раванди банақшагирии таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар ҷамоат ва ҳавасманд намудани онҳо барои иштирок, масалан дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда; • муайян ва ба қайдгирии одамони дорои маълулият, ки дар ҷамоати мазкур умр ба сар мебаранд, аз ҷумла иттиллот дар бораи ҷои зист ва талабот, ки дар ҳолати бӯҳронӣ метавонанд, сар занад; • нусхабардории захиравии базаи маълумот ва нигоҳдории он дар якчанд ҷой (масалан, дар қароргоҳи ситод ё ташкилоти ҳамкор) аз он сабаб, ки дар ҳолати бӯҳронӣ иттилоот одатан талаф дода мешавад; • баланд намудани сатҳи огоҳии одамони дорои маълулият оид ба чорабиниҳои омодагӣ, ки дар ҷамоатҳо гузаронида мешаванд ва ҳавасманд намудани онҳо барои иштирок, масалан, иштирок дар машқ/коркарди амал ҳангоми таҳлия (эвакуатсия); • машваратдиҳии тарафҳои манфиатдор оид ба он, ки чӣ тавр чораҳои омодагӣ (масалан, системаи огоҳонӣ, маросими таҳлия ва паноҳгоҳи муваққатӣ) барои одамони дорои маълулият дастрас гардонда шаванд; • дастгирӣ ва кӯмак ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар амалисозии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои бӯҳронӣ дар хона: –– муайян намудани одамони боваринок, ки қодир ҳастанд дар ҳолати фавқулодда кӯмак расонанд. –– нигоҳдории дорувории ҳаётан муҳим, масалан, доруҳои зидди саръ, инчунин таҷҳизот ва мавод (масалан, қабулкунаки пешоб (мочеприёмник) барои одамон бо харобии сутунмӯҳра гирифтор) ва воситаҳои ёрирасон; –– таҳия ва таҷдиди иттилоот дар варақаҳои иттилоотӣ оид ба эҳтёҷоти инфиродӣ, масалан ба маводҳои доруворӣ ва воситаҳои алоқа; –– коркарди маросими таҳлия, масалан истифода аз роҳҳои эвакуатсионӣ ба паноҳгоҳ.
ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ
59
Мутмаин будан, ки чораҳои ҷавобӣ фарогирии одамони дорои маълулиятро дар ҳолатҳои фавқулодда дар назар дорад. Дастрас намудани иттилоот оид ба вазъияти ҷорӣ аз ҷамоат • Таҷдиди махзани маълумот оид ба одамони дорои маълулият ва пешкаш намудани он ба шахсоне, ки дар гузаронидани чораҳои ҷавобии фаврӣ иштирок менамоянд. • Муайян намудани сатҳи коршоямии хизматрасониҳое, ки дар сатҳи ҷамоат пеш аз рух додани вазъияти бӯҳронӣ мавҷуд буданд. Созмон додани ҳамкорӣ бо иштирокчиёни нави чорабиниҳои гуманитарӣ • Муайян намудани иштирокчиёни нави чорабинии гуманитарӣ дар ҷамоати мазкур ва барқарор намудани робита бо онҳо; • Нақш, вазифаҳо, инчунин, кадом хизматрасонӣ ва захираҳоро пешниҳод менамоянд, муайян намоед. • Ба онҳо пешниҳод намудани иттилоот оид ба шароиту вазъияти ҷорӣ; равона намудани диққати асосӣ ба вазъияти одамони дорои маълулият. • Ба онҳо барои муайян ва таҳлил намудани талаботи аъзоёни ҷамоат, аз ҷумла одамони дорои маълулият ёрӣ расонед. • Ба онҳо барои муайян ва таҳлил намудани иқтидори аъзоёни ҷамоат, аз ҷумла одамони дорои маълулият ёрӣ расонед. • Ба онҳо оид ба иқтидори барномаҳои ТСҶ, масалан, инфрасохтор, ҳайати кормандон, робитаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, намудҳои фаъолият ва ғайра бо гузоштани диққати асосӣ ба вазъияти одамони дорои маълулият иттилоот пешниҳод намоед. • Созмон додани механизмҳои равонасозӣ ба назди мутахассис, ки дастрасии одамони дорои маълулиятро ба дастгирӣ ва хизматрасонӣ, ки аз тарафи иштирокчиёни нави чорабиниҳои гуманитарӣ пешкаш мегардад, осон месозад. • Муҳокима намудани чорабиниҳои имконпазир бо барномаҳои ТСҶ ва пешкаш намудани лоиҳаҳо бо мақсади дастрас намудани захираҳо аз кластер ва соҳаҳои мувофиқ. Мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо иттилооти кофӣ дошта бошанд. • Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо одамони дорои маълулият дар ҷои зист бо мақсади таъмин намудани онҳо бо маълумоти кофӣ ва нав оид ба вазъияти ҷорӣ. • Аз рӯи имконият дар ҷамоат ташкил намудани ягон мавзеи дастрас бо мақсади ба одамони дорои маълулият пешниҳод намудани иттилоот оиди чорабиниҳои гузаронида шуда шаклҳои дастраси кӯмак барои маъюбон ва аъзоёни оилаҳои онҳо. • Таъмин намудани иштироки маъюбон дар созмон додан ва паҳн намудани хабарҳои асосии иттилоотӣ. • Таъмини дастрасии ҳамаи иттилоот ба одамони дорои маълулият ва роҳҳои пешниҳоди он. Чорабиниҳои тавсияшуда барои кластерҳои алоҳида Барномаҳои ТСҶ, якҷоя бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо тарафҳои масъулро дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмиллалӣ барои ба назар гирифтани эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият ва ҷалби онҳо ба раванди тат60 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
биқи фаъолиятҳои банақшагирӣ ва амалӣ сохтани фаъолияти гуманитарӣ дохил намоянд. Баъзе фаъолиятҳои пешниҳодшуда барои барномаҳои ТСҶ, ки ба ҳар як кластер/сектор мувофиқанд, инҳоянд.
Кластер ё соҳаи тандурустӣ • Муайян намудани он ки кадом гурӯҳи одамон ба кӯмаки аввалиндараҷаи тиббӣ-санитарӣ ниёз доранд (масалан, ҳангоми ҷароҳат бардоштан ва пешниҳод намудани кӯмаки асосии аввала) ва равона намудани онҳо ба хадамоти мувофиқ. • Ивазкунии воситаҳои ёрирасон, ки гум ё хароб гардидаанд ва пешниҳоди воситаҳои нави ёрирасон ба одамоне, ки ҷароҳат ё зарба гирифтаанд, пешкаш карда шаванд. • Ташкили мушоҳидаи минбаъда, нигоҳубини асосӣ ва тавонбахшии одамони ҷароҳатнок ё дорои маълулият бояд таъмин карда шавад.
Кластер/сектори ғизо ва таъминкунӣ • Барои расонидани кӯмак ба одамони дорои маълулият дар дарёфти маводи ғизоӣ ихтёриёнро муайян намоед. • Пешниҳоди тавсияҳо ва кӯмак ба намояндагони ташкилоти гуманитарӣ барои тақсимоди маводи ғизо, бо роҳи ташкил намудани навбатҳои алоҳида, ҷойҳои махсуси тақсимот, таъмин намудани ҷои тақсимот бо пандус. • Мутмаин будан, ки вояи хӯроки махсус барои одамони дорои маълулият, ки мумкин аст, талаботи мушаххаси хӯрока доранд, таъмин карда шавад, масалан, пешниҳод намудани ғизои махсус, ки онро ба осонӣ майда кардан ё ба пюре мубаддал кардан мумкин аст, барои одамоне, ки мушкилоти хоиш ё фурӯбарӣ доранд.
Кластер/сектори пешниҳод намудани паноҳгоҲва маводҳои ғайрихӯрока дар ҳолатҳои фавқулодда • Машварат ва кӯмак расонидани ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ барои дастрас намудани паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои одамони дорои маълулият. • Машварат ва кӯмак расонидан ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ барои таъмин намудани одамони дорои маълулият бо кӯрпа, боронии обногузар, воситаҳои беҳдошт, либос ва маводи тозагӣ санитарӣ. • Дар ҳолатҳои зарурӣ маводҳои тақсимотиро бурда бевосита ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо супоридан лозим аст.
Кластер/сектори обтаъминкунӣ, системаи коррезӣ ва беҳдошт • Машварату ёрӣ расонидан ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ дар ташкили обхона ва ҳоҷатхонаи муваққатӣ ва маводи гигиенӣ тозагии мувофиқ ба одамони дорои маълулият. • Машварату кӯмак расонидан ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ оид ба таъмини дастрасӣ ба нуқтаи тақсимоти об, чоҳ, насосҳои обӣ ва ғайра ба одамони дорои маълулият. ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ 61
• Иттилоот додан ба одамони дорои маълулият, ки кай ва дар куҷо об ва иншоотҳои беҳдоштӣ дастрас мешаванд. • Пешниҳод намудани иттилоот дар шакли дастрас оид ба пешгирии бемориҳои бо об ва тозагӣ вобаста.
Кластер/сектори таълимӣ маърифатӣ • Мутмаин будан, ки барномаҳои маърифатӣ кӯдакони дорои маълулиятро низ фаро гирифтаанд. • Ба омӯзгорону ташкилкунандагони чорабиниҳо барои истифодаи роҳу усулҳои фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба барномаҳои маърифатию омӯзишӣ ёрӣ расонед.
Кластер/сектори масъалаҳои ҳимоя • Баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии ҳамаи намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ оид ба масъалаҳои кӯдакони дорои маълулият, аз ҷумла зӯроварӣ, истисмор, муносибати бераҳмона ва поймолкунии ҳуқуқ, хусусан нисбати одамон бо вайроншавии рушди зеҳнӣ, инчунин занон ва духтарони дорои маълулият. • Машварат додан ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо барои баланд бардоштани сатҳи бехатарии кӯдакони дорои маълулият ҳангоми қарор доштан дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ, бо роҳи девор гирифтани қитъаҳои хавфнок, таъмин намудани равшании кофӣ ва зуд пайваст намудани маъюбон бо оилаҳояшон ва одамоне, ки онҳоро нигоҳубин менамоянд. • Муайян намудани минтақаҳое, ки нисбати кӯдакон дӯстона, бехатар аст ва андешидани чораҳои дигар оиди ҳифзи кӯдакон, инчунин осон намудани фарогирии кӯдакони ягон навъи маълулиятдошта. • Ташкил намудани фаъолиятҳои аз ҳамсол ба ҳамсол ва дастгирии раванди ташкили гурӯҳҳои худкӯмакрасон (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият» боби «Гурӯҳҳои худкӯмакрасон»). • муайян намудани хадамоте, ки дастгирии равонӣ-иҷтимоиро бо мақсади пешниҳод ва таъмин намудани фарогирии дастрас ва пурраи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо фарогир ва дастрас бошанд.
Кластер/сектори барқарорсозии бармаҳали хоҷагии қишлоқ ва ҳимояи хоҷагии қишлоқ Ҳар чи зудтар пешкаш намудани воситаҳо барои худтаъминкунӣ (масалан, воситаҳои кор дар хоҷагии қишлоқ ва маблағ барои харидорӣ намудани тухмӣ) бо мақсади баланд бардоштани мустақилияти одамон.
Расонидани кӯмак ба маъюбон барои тавонбахшӣ ва/ё беҳтар намудани сифати ҳаёт дар давраи бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда. Ҳангоме, ки бӯҳрони гуманитарӣ ба марҳилаи устуворӣ медарояд, инфрасохтор тадриҷан барқарор мешавад, хадамот вазифаҳои маъмули худро иҷро менамояд. Бӯҳрон метавонад имкониятҳои нави мусоид барои рушд фароҳам оварад (11) ва барномаҳои ТСҶ онро ҳангоми барқарор сохтани ҷамоати фарогир метавонад истифода баранд. Тавсия дода мешавад, ки дар чорчӯбаи барномаҳои ТСҶ амалҳои зерин гузаронида шаванд: 62 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
• Давом додани раванди ҷалбкунии диққати тарафҳои манфиатдор, масалан, намояндагони маъмурияти маҳаллӣ ва ташкилотҳои «ихтисоси умумӣ» оид ба соҳаи рушд, ба масъалаҳо ва талаботи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо. • Пешкаш намудани иттилоот ва мавод оид ба масъалаҳои дастрасӣ, аз ҷумла ба манзил, ба таъмини об, системаи коррезӣ, мактаб, иморатҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт вобастаанд. Ба тарафҳои манфиатдор, ки дар азнавсозӣ иштирок менамоянд, стандартҳои минималӣ, тавсияҳои амалӣ, мисоли таҷрибаи муносиб, ва принсипҳои универсалии банақшагирию тарҳсозӣ муфид хоҳанд буд. • Ҳамкорӣ намудан бо соҳаи маориф, кӯмак расонидан ба кӯдакон барои баргаштан ба мактаб (нигаред ба қисми «Маориф»). • ҳамкорӣ намудан бо тарафҳои мутобиқи манфиатдор дар масъалаи бозгашти одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба сарчашмаи пешинаи худтаъминкунӣ, инчунин пайдо кардани имкониятҳои нави худтаъминкунӣ дар он ҷое, ки ин зарур аст (нигаред ба қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ). • ҳамкорӣ намудан бо тарафҳои мутобиқи манфиатдор ва таъмин намудани он, ки одамони дорои маълулият дастгирии лозимаи иҷтимоиро барои барқарор намудани робита бо оила ва дӯстон гирифта тавонанд ва қодир бошанд, ки дар фаъолияти ҷамоат иштирок намоянд. (нигаред ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ). • Гурӯҳҳои худкӯмакрасон, ки аз тарафи одамони бӯҳронро аз сар гузаронида ташкил шудаанд, дастгирӣ карда шаванд (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият», боби «Гурӯҳи худкӯмакрасон»).
ЗАМИМАИ 22
Индонезия
Созмон додани ҷои кор дар кооператив Пас аз заминларзаи харобовар дар Индонезия одамони зиёд маълулият бардоштанд, сарчашмаи даромадро талаф доданд, ва дар онҳо шиддати пас аз зарбахӯрӣ (харобшавии асаб ё стресс) рушд намуд. Гурӯҳи чунин одамон тасмим гирифтанд, ки якҷоя фаъолият намоянд, то вазъиятро ба тарафи беҳтаршавӣ тағйир диҳанд. Бо кӯмаки барномаи ТСҶ онҳо кооператив ташкил намуданд. Ташкилоти ғайридавлатӣ ба онҳо маблағ ва дастгирии техникӣ пешниҳод намуд. Кооператив ба онҳо барои бурдани соҳибкорӣ қарз ҷудо намуда, омӯзишу машварати заруриро низ ба аъзоёнаш пешниҳод намуд, масалан, оид ба истеҳсоли хишт, нақшу нигори матоъ ва фурӯши маводи ғизоӣ. Тадриҷан кооператив имкониятҳои худро оид ба кортаъминкунӣ барои сокинони ҷамоати маҳаллӣ васеъ намуд ва даромади аъзоёнаш низ баланд гардид.
Библиография 1. Inter-agency field manual on reproductive health in humanitarian settings. Interagency Working Group on Reproductive Health in Crises, 2010 (www.iawg .net/ IAFM%202010.pdf, accessed 30 March 2010). 2. Disaster statistics 7997-2005. United Nations International Strategy for Disaster Reduction (ISDR), 2006 (www.unisdr.org/disaster-statistics/introduction.htm, accessed 30 March 2010). 3. Disasters, disability and rehabilitation. World Health Organization, 2005 (www.who. int/violence_ injury_prevention/other_injury/en/disaster_disability.pdf, accessed 30 March 2010) . ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ 63
4. Adapted from: CBM (undated) (www. cbm .org/en/general/CBM_EV_EN_general_ article_75271 .html, accessed 30 March 2010) 5. Humanitarian charter and minimum standards in disaster response. Sphere Project, 2004 (www. sphereproject .org/content/view/27/84, accessed 15 June 2010). 6. Protecting persons affected by natural disasters - IASC operational guidelines on human rights and naturaldisasters. Inter-Agency Standing Committee (IASC), 2006 (www.brookings .edu/reports/2006/11_ natural_disasters .aspx, accessed 30 March 2010). 7. World disasters report 2007 - Focus on discrimination. International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies (IFRC), 2007 (www.ifrc.org/publicat/ wdr2007/summaries.asp, accessed 15 June 2010). 8. Disability and early tsunami relief efforts in India, Indonesia and Thailand. Center for International Rehabilitation/International Disability Rights Monitor, 2005 (www. idrmnet. org/reports .cfm, accessed 30 March 2010). 9. Kett M et al ., for International Disability and Development Consortium. Disability in conflict and emergency situations: focus on tsunami-affected areas. 2005 (www. iddcconsortium.net/joomla/index. php/conflict-and-emergencies/key-resources, accessed 30 March 2010). 10. Конвенция о правах инвалидов. Нью-Йорк, Организация Объединенных Наций, 2006. (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability. shtml, дата доступа: 30 марта 2010 г. ) . 11. How to include disability issues in disaster management, following floods 2004 in Bangladesh. Handicap International, 2005 (www.handicap-international .fr/ documentation-presse, accessed 30 March 2010).
Адабиёти тавсияшуда Accessibility for the disabled. A design manual for a barrier free environment. New York, United Nations, 2004 (www.un.org/esa/socdev/enable/designm/, accessed 30 March 2010). Building an inclusive society. CBM, 2009 (www. cbm .org/en/general/downloads/48197/ CBM_Profile_2009. pdf, accessed 30 March 2010). Disaster preparedness for people with disabilities, American Red Cross (undated) (www.redcross.org/www-files/Documents/pdf/Preparedness/Fast%20Facts/Disaster_ Preparedness_for_PwD-English .pdf, accessed 30 March 2010). Disaster psychological response: handbook for community counsellor trainers. Geneva, Academy for Disaster Management Education Planning and Training (ADEPT), 2005 (www.preventionweb.net/english/professional/trainings-events/edu-materials/v. php?id=7708, accessed 30 March 2010) . E-discussion: disabled and other vulnerable people in natural disasters. Washington, DC, World Bank, 2006 (http://web . worldbank .org/WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/ EXTSOCIALPROTECTION/EXTDISABILITY/0,contentMDK:20922http://web. worldbank. org/WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/EXTSOCIALPROTECTION/EXTDISA BI LITY/0,,contentMDK:20922979~pagePK:210058~piPK:210062~theSitePK:282699,00. html, accessed 30 March 2010). Guidance note on using the cluster approach to strengthen humanitarian response. Inter-agency Standing Committee (IASC), 2006 (www. humanitarianreform.org/humanitarianreform/Portals/1/Resources%20 &%20tools/ IASCGUIDANCENOTECLUSTERAPPROACH.pdf, accessed 30 March 2010).
64
ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ
Health cluster guide: a practical guide for country-level implementation of the health cluster. Geneva, World Health Organization, 2009 (www.who. int/hac/global_health_ cluster/guide/en/index.html, accessed 30 March 2010). Hyogo framework for action 2005-2075. Geneva, International Strategy for Disaster Reduction, 2005 (www. unisdr. org/eng/hfa/hfa.htm, accessed 30 March 2010). Older people in disasters and humanitarian crises: Guidelines for best practice. HelpAge International, 2005 (www.helpage. org/Resources/Manuals, accessed 30 March 2010). Older people's associations in community disaster risk reduction. HelpAge International, 2007 (www.helpage. org/Resources/Manuals, accessed 30 March 2010). Oxfam GB/Emergency Capacity Building Project. Impact, measurement and accountability in emergencies: the good enough guide. Oxfam, Oxfam GB, 2007 (http://publications. oxfam.org.uk/oxfam/display. asp?isbn=0855985941, accessed 30 March 2010). Promoting access to the built environment - guidelines. CBM, 2008 (www.cbm.org.au/ documents/Be%20 Active/Access%20to%20built%20environment%20guidlines%20 -%20CBM .pdf, accessed 30 March 2010). Scherrer V. Disability in emergency: accessing general assistance and addressing specific needs. Voice Out Loud Newsletter, No. 5, May 2007 (http://60gp.ovh.net/~ngovoice/ documents/VOICE%20out%20 loud%205_final .pdf, accessed 30 March 2010). Scherrer V et al . Towards a disability-inclusive emergency response: saving lives and livelihoods for development. Journal for Disability and International Development, 2006,1:3-21 (www. ineesite.org/toolkit/ docs/Journal_for_Disability_MSEE .pdf, accessed 30 March 2010).
ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ
65
Барои қайдҳо
Барои қайдҳо
Барои қайдҳо
ТОҶИКӢ
МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо
Идоракунии саломатӣ
Кӯдакии бармаҳал
Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила
Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон
Пешгирӣ
Ибтидоӣ
Худшуғлбудан
Кӯмаки тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ
Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Барқарорсозӣ
Ғайрирасмӣ
Асбобҳои ёрирасон
Таҳсил дар давоми ҳаёт
Ҳифзи иҷтимоӣ
Ташкилотҳои маълулон
Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон
Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72
ТОҶИКӢ
МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо
Идоракунии саломатӣ
Кӯдакии бармаҳал
Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила
Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон
Пешгирӣ
Ибтидоӣ
Худшуғлбудан
Кӯмаки тиббӣ
Миёна ва олӣ
Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ
Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия
Барқарорсозӣ
Ғайрирасмӣ
Асбобҳои ёрирасон
Таҳсил дар давоми ҳаёт
Ҳифзи иҷтимоӣ
Ташкилотҳои маълулон
Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон
Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72