Organisation mondiale de la santé (OMS) · Publications

Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. Буклети иловагӣ

Organisation mondiale de la santé
Voir le document original

Le texte intégral est hébergé par l’organisation qui le publie. lawenc.com indexe les métadonnées et renvoie vers la source officielle.

Texte intégral

Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ.

1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.

Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.

© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.

Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.

Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.

Буклети иловагӣ Мундариҷа Муқаддима Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) ва саломатии равонӣ.................…5 ТСҶ ва ВНМО/БПНМ...............................................................................…….25 ТСҶ ва ҷузом..........................................................................................……..39 ТСҶ ва бӯҳрони гуманитарӣ........................................……..........................53

Муқаддима Дастури мазкур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) барои ҳамаи гурӯҳҳои дорои маълулият қобили истифода аст. Аммо зарурият ба буклети иловагӣ барои равшанӣ андохтан ба як қатор масъалаҳо пайдо гардид, ки онҳо аз рӯи анъана дар ТСҶ ба ҳисоб гирифта нашудаанд: ба монанди, масъалаҳои саломатии равонӣ, ҷузом ва бӯҳронҳои гуманитарӣ. Шояд ин масъалаҳо бо чанд сабаб аз назар дур мондаанд. Аз ибтидо барномаҳои ТСҶ ба масъалаҳое диққати худро ҷалб намуда буданд, ки он вақт ҳамчун аввалиндараҷа ҳисобида мешуданд, чунончи масъалаи фалаҷ ва бемориҳои дигари сирояткунанда. Айни замон ҷалби мутахассисони дараҷаҳои гуногун дар татбиқи барномаҳои ТСҶ, аз ҷумла физио-терапевтҳо, масъалаҳои ба нуқсонҳои ҷисмонӣ вобастаро дар маркази диққат гузошт. Аммо имрӯз диққати асосӣ ва мавзӯи ташвиш дигар аст. Шояд роҳбарони барномаҳои ТСҶ дар интихоби усулҳои татбиқи масъалаҳои нав донишу эътимоднокии кам доранд, ба замми ин аксари ин масъалаҳо ҳанӯз ба таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ) ва поймолкунии ҳуқуқҳо вобаста аст. Чӣ тавре дар Дастури мазкур қайд гардидааст, назар ба 30 соли гузашта, айни ҳол оид ба ТСҶ иттилооти бештар маълум аст. ТСҶ таҳаввулоти (эволютсияи) ҷиддиро аз сар гузаронид. ТСҶ стратегияи рушди фарогирро ифода менамояд, ва он принсипҳоеро ба назар мегирад, ки дар Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон дарҷ гардидаанд, масалан поймол накардани ҳуқуқ ва шомил намудани ҳамаи одамони дорои маълулият ба амалӣ сохтани ташаббусҳо дар соҳаи рушд. Ҳамин тариқ, бисёр муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ қадамҳоро дар ҳалли масъалаҳое, ки онҳо ба таври анъанавӣ ҷалб набуданд, ба монанди масъалаҳои саломатии равонӣ, ВНМО/БПНМ, ҷузом ва бӯҳрони гуманитарӣ. Агарчӣ, барои ворид намудан ба буклети мазкур ин чор масъала интихоб шуда буданд, тавсия дода мешавад, ки мустахассисони барномаҳои ТСҶ дар болои масъалаҳои дигар низ ба таври ҷиддӣ мулоҳиза намоянд (ба мисли ТСҶ ва кӯдакон, ТСҶ ва пешравӣ), ки ин масъалаҳо доғи рӯз мебошанд ва метавонанд дар нашрияҳои ояндаи Дастур инъикос гарданд.

3

Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (ТСҶ) ва саломатии равонӣ Муқаддима Саломатии равонӣ гуфта, чунин ҳолати беҳбудиеро меноманд, ки дар он инсон имкониятҳои худро дарк менамояд, қодир аст фишорҳои меъёрии (стресси) ҳаётро идора намояд, метавонад пурмаҳсул фаъолият намуда ба ҷамоати худ манфиат орад (7). Саломатии равонӣ қисми ҷудонопазири саломатии умумӣ буда, маҳаки асосӣ барои некӯаҳволӣ ва фаъолияти фарди алоҳида, оила, ҷамоат ва ҷамъият аст (нигаред ба қисми «Саломатӣ»). Саломатии равонӣ дар мундариҷаи масъалаҳои рушд ва дар ҷамъият дар умум афзалияти паст дорад. Дар ҳолати норасоии мавҷудаи дониш оид ба масъалаҳои саломатии равонӣ, таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ), хурофот ва поймолкунии ҳуқуқ, васеъ паҳн гардидаанд. Дар ҳама ҷамоатҳо одамоне ҳастанд, ки мушкилоти равонӣ доранд; барои ин гуна одамон эҳтимолияти ҷудо мондан, рў бар рў шудан ба муомилаи дурушт, поймолкунии ҳуқуқҳои асосӣ, хеле баланд аст. Дар Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон (2) қайд гардидааст, ки ба маъюбон шахсони «нуқсони равонӣ дошта» мансубанд ва зарурияти: (1) амалисозии пурра ва баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ; (2) ба иштироки онҳо дар ҳама ҷабҳаҳои асосии ҳаёти шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баробари одамони дигар мусоидат карда шавад. Барои одамони нуқсонҳои саломатии равонӣ дошта дастрасӣ ба ёрӣ ва хизматрасониҳои ҳифзи саломатӣ хеле маҳдуд аст, махсусан дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст; ба ғайр аз ин ба тарзи таърихӣ онҳо аз доираи барномаҳои ТСҶ берун мондаанд. Аммо арзёбии барномаҳои ТСҶ барои шахсони гирифтор маҷзубияти (шизофренияи) дарозмуддат дар ноҳияҳои деҳоти Ҳиндустон нишон медиҳад, ки барномаҳои ТСҶ метавонанд ба натиҷаҳои мусбӣ барои одамони мушкилоти равонӣ дошта ноил гарданд, хусусан дар муҳити норасоии захираҳо. (3) «Дастур оид ба ТСҶ»-и мазкур ба ҳамаи гурӯҳҳои дорои маълулият дахл дорад, аз ҷумла ба одамони дорои маълулияти равонӣ, омилҳои зиёди ба чунин одамон таъсиркунанда, ба он омилҳое шабоҳат доранд, ки ҳамаи одамони дорои дигар намудҳои маълулият дучор мегарданд ва дар бораи онҳо дар қисмҳои дигар сухан меравад. Аммо, дар боби мазкур тавсияҳои иловагӣ оид ба фарогирии одамони дорои маълулияти равонӣ дар барномаҳои ТСҶ дода мешаванд, чунки маълум аст, ки барномаҳои зиёди ТСҶ дар ин соҳа таҷрибаи маҳдуд доранд. Забоне, ки барои тавсифи одамони дорои маълулияти равонӣ истифода бурда мешавад, метавонад аз сабаби истифодаи истилоҳҳои гуногун печдарпечии фикрро ташкил намояд: масалан, бемории равонӣ, бемории вазнини равонӣ, хароб ё вайроншавии равонӣ, ҳолати патологии равонӣ, норасоиҳо дар рафтор, девонагӣ, харобшавии равонӣ, истифодабарандагони хизматрасониҳои психиатрӣ ва қурбониёни он, корношоямии равонӣ-иҷтимоӣ. Дар боби мазкур истилоҳи «шахсони дорои маълулияти равонӣ» истифода бурда мешавад, чунки он барои фаҳмиш ва тарҷима осон аст. Ба он шахсони дорои чунин беморӣ, ба мисли афсурдаҳолии (депрессияи) дарозмуддат, маҷзубияти (шизофрения) музмин, вайроншавии биполярӣ дохил мешаванд, ки бо сабаби сӯиистифода аз моддаҳои психоактивӣ рух додаанд. ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ

5

ЗАМИМАИ 1 «Кокорон»

Япония

Соли 2002 дар префектураи Фукусима (Ҷопон) аз тарафи аъзоёни ҷамоати маҳаллӣ, аз ҷумла мири шаҳр ва мутахассиси маҳаллӣ оид ба саломатии равонӣ, ташкилоти ғайритиҷоратии «Кокорон» ташкил карда шуд. Ин ном, ки дар забони ҷопонӣ «дил» ё/ва «хирад» маъно дорад, аз тарафи сокинони маҳаллӣ интихоб шуда буд. Масъалаи рушди ҷамоат дар маркази диққати ташкилоти «Кокорон» буд, чунки камбизоатӣ мушкилоти асосӣ дар минтақа ба ҳисоб мерафт. Фаъолияти ташкилот ба рушд ва дастгирии ҷамоат дар умум равона шуда, мақсад аз он ҳам ба одамони дорои маълулият ва дорои маълулият набуда баҳравар гардидан аз ҳуқуқҳо, бехатарӣ ва қурбу манзалати баробар иборат буд. Дар раванди се соли аввали фаъолияти худ ташкилоти «Кокорон» ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иқтидори аъзоёни ҷамоат, инчунин кормандон ва аъзоёни идоракунӣ бо ёрии гузаронидани силсилаи омӯзишҳо машғул буд. Бо дастгирии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва аъзоёни ҷамоат барои гузаронидани омӯзиш мутахассисон аз соҳаҳои гуногуни рушд даъват мегардиданд. Пас аз он ташкилот ба созмон додани як қатор намуди даромадноки фаъолият дар дохили ҷамоат гузашт. Аз сабаби он, ки сарчашмаи асосии даромад дар маҳалли мазкур хоҷагии деҳот мебошад, намуди асосии фаъолияти ташкилоти «Кокорон» бо ин соҳа вобаста буд. Мағозаҳо ва қаҳвахонаҳои «Кокороя» кушода шуданд, ки дар он маҳсулоти маҳаллӣ – сабзавот, замбурӯғ, меваҷот ва сакэ фурӯхта мешуд, инчунин ба мизоҷон хӯрок ва шириниҳо пешниҳод мекарданд. Ба зудӣ «Кокороя» ҷои дӯстдоштаи сокинони маҳаллӣ гардид, хусусан пас аз он, ки дар бораи он дар рӯзнома ва телевизион барномаи таблиғотӣ сабт карданд. Моҳи марти соли 2004 ташкилоти «Кокорон» дар деҳоти Изумизаки барои дастгирии одамони дорои маълулияти рӯҳи маркази чамоатӣ кушод. Чӣ тавре, кормандони «Кокорон» муайян намуданд, одамони дорои ягон навъи маълулият, аз ҷумла, маълулияти равонӣ аз иштирок дар ташаббусҳои умумӣ оид ба рушди ҷамоат дур мондаанд. «Кокорон» як қатор чорабиниҳоро оид ба дастгирии чунин одамон, аъзоёни оилаи онҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои машваратдиҳӣ, мутобиқкунии шароити зист, омӯзишҳо оид ба маърифати санитарӣ, омӯзиши амалӣ ва дастгирӣ дар ҷои корро ташкил намуд. Аксари одамони дорои маълулияти равонӣ айни ҳол ба намудҳои гуногуни фаъолияти тиҷоратии ташкилоти «Кокорон» (масалан, онҳо қисмати асосии ҳайати коркунони шабакаи «Кокорон» мебошанд), инчунин ба чорабиниҳои дигари ҷамоат низ ҷалб гардидаанд. Ҳаёти онҳо дигаргун гашт; онҳо дигар дар ҳолати ҷудоии иҷтимоӣ, ки бо буду бош дар муассисаҳои бемориҳои равонӣ вобастааст, қарор надоранд, метавонанд дар шароити мусоиди мутобиқшуда кор кунанд, саломатӣ ва ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо беҳтар гардид ва ҳоло онҳо аз мустақилияти худ қаноатманданд. Фаъолияти ташкилоти «Кокорон» мисоли хуби рушди фарогирӣ дар сатҳи ҷамоат шуда метавонад, ки дар он ҷо одамони дорои маълулият, махсусан, онҳое, ки дорои маълулияти рӯҳианд, қисми ҷудонашаванда ва таркибии ҷамоат ва ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд.

6

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Мақсад Дастгирии одамони дорои маълулияти равонӣ бо мақсади, татбиқи фарогирӣ ва таъмини иштироки онҳо дар ҳама ҷодаҳои ҳаёти ҷамоат.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз пешбарӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулияти равонӣ, мусоидат намудан ба раванди шифоёбӣ ва фарогирию иштирок дар ҳаёти оила ва ҷамоат иборат мебошад. Барномаҳои ТСҶ инчунин ба пешгирии мушкилоти равонӣ саҳм гузошта ба нигоҳдории саломатии равонии ҳамаи аъзоёни ҷамоат мусоидат менамоянд.

Натиҷаҳои чашмдошт • Ҳамаи аъзоёни ҷамоат аҳамияту зарурияти саломатии равониро барои рушди ҷамоат дарк ва эътироф менамоянд. • Одамони дорои маълулияти равонӣ ба барномаҳои ТСҶ ҷалб гардидаанд. • Ҷамоатҳо сатҳи огоҳии худро оид ба мушкилоти саломатии равонӣ баланд мебардоранд; сатҳи таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи маълулият ё ҳолати иҷтимоӣ) ва поймолкунии ҳуқуқи чунин одамон устуворона паст мешавад. • Одамони дорои маълулияти равонӣ барои дастгирии раванди шифоёбӣ аз чорабиниҳои тиббӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бархӯрдоранд. • Аъзоёни оилаи онҳо аз ҷиҳати маънавию амалӣ дастгирӣ мешаванд. • Ҳуқуқ ва имкониятҳои одамони дорои маълулияти равонӣ васеъ, сатҳи фарогирии онҳо баланд ва иштирокашон дар ҳаёти оила ва ҷамоат фаъол мегардад.

ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ

7

ЗАМИМАИ 2

Ҳиндустон

Ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ба барномаҳои ТСҶ

Дар қисматҳои хеле камбизоати деҳоти Ҳиндустон, Чаттерҷӣ ва ҳамкоронаш (3) принсипҳои ТСҶ, махсусан истифодаи захираҳои маҳаллӣ ва ҷалби одамони дорои маълулияти равонӣ, аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҷамоатҳои маҳаллиро– чун илова ба хизматрасонии мутахассисони соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ, мутобиқ ва амалӣ намуданд, ки он ба беҳтар намудани дастрасӣ, баробарии имкониятҳо ва пазируфтани дахолат мусоидат намуд. Аъзоёни ҷамоатҳои маҳаллӣ ба ҳайси кормандони барномаҳои ТСҶ оид ба расонидани хизматрасониҳои ҳаматарафа дар хона, ба мисли муайян намудани одамони гирифтори бемории маҷзубияти (шизофренияи) музмин ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии дар маҳалли наздиктарин ҷойгирбуда, мушоҳида ва арзёбии мунтазами сатҳи саломатӣ, гузаронидани омӯзишҳо барои одамон ва аъзоёни оилаи онҳо, инчунин банақшагирии чорабиниҳои тавонбахшӣ омӯзонида шуданд. Ба ғайр аз ин, фаъолиятҳои мувофиқ кардашуда дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, бартараф намудани таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ) ва роҳнамоии тавонбахшии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузаронида шуданд. Дар аксари деҳаҳо аъзоёни оилаҳои одамони дорои маълулияти равонӣ ва дигар шахсони нисбати ҳамдеҳагон бетараф набуда бо мақсади аз нав ҷалбнамоии иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони маҳаллӣ, ки дорои маълулияти равонии вазнинанд, гурӯҳҳои худкӯмакрасон ташкил карданд. Натиҷаҳои клиникӣ ва бо ягон навъи маълулият вобастаи иштирокчиёни барномаҳои ТСҶ назар ба он шахсоне, ки кӯмаки амбулаторӣ ва тиббӣ-санитариро дар алоҳидагӣ гирифтаанд, хеле беҳтар буд. Чунин тарзи муносибат ба хизматрасониҳо, пурқувватгардонии мизоҷон, сафарбаркунии захираҳои мавҷудаи ҷамоат, рушди робитаҳои байнисоҳавӣ (иҷтимоӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва соҳаи ҳифзи саломатӣ), инчунин риояи ҳуқуқи инсонро дар маркази диққат гузоштааст. Муваффақияти барномаҳои ТСҶ кумитаи ҳифзи саломатии назди мақомоти маҳаллии ҳокимиятро водор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, масъалаи хизматрасониро ба одамони дорои маълулияти равонӣ ба нақша ва буҷаи соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ дохил намуда, васеъ намудани барномаро дар миқёси тамоми минтақа пешбинӣ намояд (4).

Мафҳумҳои асосӣ Саломатии равонӣ ва рушди ҷамоат Камбизоатӣ бо мушкилоти саломатии равонӣ алоқаманд аст (нигаред ба қисматҳои «Пешсухан» ва «Саломатӣ»); дар ҳамин ҳол камбизоатӣ метавонад ҳам сабаби пайдоиш ва ҳам натиҷаи он бошад. Одамон ва ҷамоатҳо, ки дар камбизоатӣ умр ба сар мебаранд, зери бори гарони фишорҳои (стрессҳои) табиӣ ва равонӣ қарор доранд (ба мисли зӯроварӣ, дастрасии маҳдуд ба захираҳо, бекорӣ, ҷудокунии иҷтимоӣ, бепаноҳӣ) ва бо хатари баланди пайдоиши мушкилоти равонӣ рӯ ба рӯ мешаванд (5). Камбизоатӣ ба шиддат гирифтани мушкилоти мавҷудбудаи саломатии равонӣ метавонад мусоидат намуда, ҳиссиёти ноумедӣ ва нотавониро пурзӯр намояд (5). Одамони дорои маълулияти равонӣ бо камбизоатӣ рӯ ба рӯ мешаванд, чунки онҳо мунтазам бо монеа дар роҳи маърифат, шуғл, пешкаш намудани манзил ва таъмини фарогирӣ дучор мегарданд; ин доираи сарбаста мебошад, ки аз он раҳоӣ ёфтан мушкил аст. 8 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Рушди ҷомеа ва вазъи иқтисодӣ метавонад барои барқарор ва беҳтар намудани саломатии равонӣ истифода бурда шавад. Барномаҳои рушди ҷамоат, ки бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гаштан ба мустақилияти иқтисодӣ ва пурқувватгардонии занон, паст намудани сатҳи камғизоӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокӣ ва пурқувватгардонии эътирофи ҳуқуқ ва имкониятҳои гурӯҳҳои бепаноҳи аҳолӣ татбиқ мешаванд ба беҳтар намудани саломатии равонӣ ва пешгирии мушкилоти равонӣ мусоидат мекунанд. (5). Ҷамоатҳое, ки аъзоёни он бо саломатии хуби равонӣ фарқ мекунанд, одатан барои ҳалли мушкилоти худ хубтар омодаанд, робитаҳои иҷтимоиро ташкил медиҳанд ва кӯмаки ҳамдигариро таъмин менамоянд. Барномаҳои ТСҶ ҳамчун унсури рушди ҷамоат бояд талаботҳои соҳаи саломатии равонии ҳамаи аъзоёни ҷамоатро ба назар гирифта, пешвоён ва аъзоёни ҷамоатро ба раванди мазкур ҷалб намоянд. Одамони дорои маълулияти равонӣ ба рушди ҷамоаташон саҳм гузошта метавонанд.

Ривоятҳои паҳншуда оид ба мушкилоти саломатии равонӣ Аксар вақт ҷамъият оид ба мушкилоти саломатии равонӣ маълумоти хеле кам дорад, дар натиҷа ривоятҳои бисёр пайдо мешаванд. Ба ривоятҳои паҳншуда инҳо дохил мешаванд: • Мушкилоти саломатии равонӣ хеле кам во мехӯрад. Дар асл мушкилоти саломатии равонӣ дар намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои синну сол, минтақа, мамлакат ва ҷамоат дучор мешаванд. Аз рӯи арзёбӣ тахминан 450 миллион одам бо мушкилоти саломатии равонӣ дучор буда, ҳар чорумин сокини Замин дар ин ё он марҳилаи зиндагӣи худ онро аз сар мегузаронад (6). • Одамони дорои маълулияти равонӣ, хусусан хислати психотикӣ дошта, ба монанди маҷзубият (шизофрения), зӯровар мебошанд ва агар онҳоро аз ҷамъият ҷудо насозанд, одамони гирду атрофро зери хатар қарор медиҳанд. Дар асл аксари одамони дорои маълулияти равонӣ зӯровар нестанд. Танҳо дар қисми ками одамони дорои маълулияти равонӣ хатари баланди ошкоршавии зӯроварӣ мушоҳида мешавад. (6,7). Аксар вақт хатари зӯроварӣ ба омилҳои иловагӣ вобастаанд, ба мисли сӯиистифода аз маводҳои психоактивӣ, таҷрибаи шахсӣ ва омилҳои шиддатовари (стресс) муҳити беруна (8). Одатан ба ҷои зӯроварӣ одамоне, ки дорои маълулияти равонианд, бештар метарсанд, ошуфтахотиранд ва ноумедӣ ҳис мекунанд. • Табобати одамони дорои маълулияти равонӣ хеле мушкил аст ва одамоне, ки ба он гирифторанд, шифо намеёбанд. Ҳарчанд, роҳҳои зиёди мудохилаи самаранок нисбати чунин беморон вуҷуд дорад; он метавонад ба шифоёбии комил ё таҳти назорат доштани нишонаҳои ошкоршавии беморӣ оварда расонад. • Маълулияти равонӣ дар натиҷаи сустиродагии хислат рух медиҳад. Дар асл маълулияти равонӣ маҳсули таъсири омилҳои биологӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Таҳрим ва табъиз Таҳрим (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ) ва поймолкунии ҳуқуқи одамони дорои маълулияти равонӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз он ҷумла дар ҳаёти шахсию оилавӣ ва фаъолияти меҳнатӣ васеъ паҳн гашта, ва ҳатто ба қобилияти одамон оид ба нигоҳдорию таъмини меъёрҳои асосии зиндагӣ таъсир мерасонанд. Одамони дорои маълулияти равонӣ таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқро, ки бо он дучор мегарданд, одатан аз азоби ҳолати бемории худ бадтар тасвир менамоянд. Аъзоёни оилаи одамони дорои маълулияти равонӣ низ, одатан аз нофаҳмӣ, хурофот ва рафтори поймолкунии ҳуқуқ азият мекашанд (7). ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 9

Вақте ки, одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаи онҳо муносибати манфии ҷамъиятро нисбати худ эҳсос мекунанд, ин метавонад ба худтаҳримкунӣ (тамғагузорӣ аз рӯи беморӣ ё ҳолати иҷтимоӣ) оварда расонад (9); дар оқибат онҳо худ ба он, ки нисбати онҳо одамони гирду атроф чӣ андеша доранд ва мегӯянд, бовар мекунанд ва ин одатан ба худайбдоркунӣ ва паст шудани сатҳи худбаҳодиҳӣ оварда мерасонад. Интизории эътироф нашудан, ки бо сабаби таҳрим (тағмагузорӣ) ба вуҷуд омадааст, дар аксари одамони дорои маълулият ҳисси маҳдуд намудани робитаҳои иҷтимоӣ ва истифода набурдан аз имкониятҳои пешниҳодшударо бедор мекунад. Ин дар навбати худ метавонад ба худро аз ҷамоат дур нигоҲдоштан, бекорӣ ва паст шудани даромад оварда расонад (9). Аз сар гузаронидани поймолкунии ҳуқуқ ё тарси ба он дучор шудан мумкин аст, сабаби асосии пинҳон кардани мушкилоти равонӣ ва муроҷиат накардан барои ёрӣ аз тарафи одамони дорои чунин мушкилот бошад.

Ҳуқуқи инсон Дар аксари мамлакатҳо одамони дорои маълулияти равонӣ мунтазам ба вайрон кардани ҳуқуқҳои инсониашон рӯбарӯ мешаванд. Чунин ҳуқуқвайронкуниҳо аксари зиёди вақт дар муассисаҳои тиббии равонӣ дар шакли табобат ва нигоҳубини комилан номувофиқ, хоркунанда ва зараррасон, инчунин шароити ифлос ва ғайриинсонии зист ифода меёбанд. Вайронкунии ҳуқуқҳо инчунин дар худи ҷомеа, ки одамони дорои маълулияти равонӣ наметавонанд аз озодиҳои шаҳрвандӣ баҳравар гарданд ва ба таҳсилот, ҷои кору манзил дастрасии маҳдуд доранд, рух медиҳад (10). ҳар як инсон, аз ҷумла одамони дорои маълулияти равонӣ, ҳуқуқҳои инсониро соҳибанд. Ҳамаи Конвенсияҳои умумии ҳуқуқи инсон инчунин ба одамони дорои маълулияти равонӣ низ дахл дошта ҳуқуқҳои онҳоро аз рӯи принсипҳои баробарӣ ва поймол накардани ҳуқуқи инсон, ҳифз менамояд (7). (масалан, Декларатсияи умумибашарии ҳуқуқҳои инсон). Илова бар ин, як қатор конвенсияҳои махсус мавҷуд мебошанд, ки барои одамони дорои маълулияти равонӣ қобили истифодаанд, масалан, Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон (2). Дар ҳолате, ки барои таъмину риояи ҳуқуқи инсон нисбати одамони дорои маълулияти равонӣ, чораҳои сиёсӣ ва қонунбарорӣ дар сатҳи давлат лозиманд, ҳамаи ҷамоатҳо метавонанд бетаъхир, дар самти ҳимоя, дастгирӣ ва беҳтар намудани сифати ҳаёт ва некӯаҳволии одамони дорои маълулияти равонӣ фаъолият намоянд.

Кӯмаки тиббӣ-санитарӣ Одамони дорои маълулияти равонӣ метавонанд ба хизматрасонии махсус ва умумии тиббӣ эҳтиёҷ дошта бошанд.

10

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Кӯмаки тиббӣ-санитарӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ. Якчанд усулхои дахолат мавҷуд мебошад, ки ба шифоёбии одамони дорои маълулияти равонӣ мусоидат менамояд. Ба дахолати тиббӣ таъин намудани маводи доругии психотропӣ (маводи зидди психотикӣ, доруҳои зиддиафсурдаҳолӣ (антидепрессантҳо), устуворкунандаи ҳолат, инчунин табобати бемориҳои вобастабудаи ҷисмонӣ (соматикӣ) дохил мешаванд. Ба дахолати равонӣ фаъолиятҳои маърифатӣ оид ба беморӣ ва табобати интихобӣ (алтернативӣ), машваратдиҳӣ, табобати равонии (психотерапияи) фардӣ ва гурӯҳӣ, таъсири аъзоёни оила, инчунин якҷоякунии якчанд тарзҳои дахолатро номбар намудан мумкин аст Дар аксари фарҳангҳо мафҳуми саломатии равонӣ бо консепсяии динӣ, маънавӣ ва эътимод ба фавқуттабиа алоқамандӣ дорад. Бинобар ин, одатан одамон аввал ба пешвоёни маънавӣ ва табибони анъанавӣ муроҷиат менамоянд. Бояд дар назар дошт, ки амали табибони анъанавӣ, чун баъзе усулҳои тибби анъанавӣ аз ҳамдигар ба таври куллӣ фарқ мекунанд: баъзеи онҳо метавонанд зарарнок бошанд, аммо дигараш бошад – не. Муносибат ба ҳифзи саломатӣ бояд нисбати фарҳанг ҳассос бошад, яъне анъанаҳои маҳаллии табобатро ба назар гирифта, мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамдигарфаҳмиро дарбар гирад.

ЗАМИМАИ 3

Ҳамкорӣ бо табибони анъанавӣ Дар Гана зиёда аз 75% одамони дорои маълулияти равонӣ дар навбати аввал бо табибони анъанавӣ машварат мекунанд. Пас, ҳамкорӣ бо табибони анъанавӣ барои таъмини аҳволи хуби одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаи онҳо зарур аст. Ташкилоти «Эҳтиёҷотҳои асосӣ, Гана» бо табибони анъанавӣ барои таъмини тағйироти мусбӣ ва пешравӣ дар масъалаҳои саломатии равонӣ дар Гана кор бурда истодааст. Ташкилот форуми Ассотсиатсияи табибони анъанавиро таъсис дода, барномаҳои омӯзишӣ ва шиносоӣ аз рӯи мавзӯъҳои саломатии равонӣ, аз ҷумла тавонбахшӣ пешниҳод менамояд.

Гана

Дар ҳолате, ки чораҳои самараноки дахолат ба мушкилоти саломатии равонӣ маълум аст, дастрасӣ ба кӯмаки касбии тиббӣ қатъиян маҳдуд мебошад. Дар байни монеаҳои асосӣ дар роҳи пешкаш намудани табобат ва кӯмак дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст – нарасидани табибони равонӣ, рӯҳшинос, ҳамшираи шафқати соҳаи психиатрӣ ва кормандони иҷтимоиро номбар намудан мумкин аст (77). Агар табобат дастрас бошад, арзиши он, инчунин арзиши доруворӣ одатан хеле гарон аст, ки дастрасии қисми назарраси аҳолии мамлакатҳои даромадашон пастро ба он маҳдуд месозад. Ба ғайр аз ин, дар он ҳолатҳое, ки кӯмаки махсус гардонидашуда ё касбии тиббӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ дастрас бошад, сифати он одатан ғайриқаноатбахш мебошад. Поймолкунии ҳуқуқҳои инсон нисбати мизоҷони дорои бемориҳои равонӣ аз рӯи анъана дар аксари мамлакатҳо ба қайд гирифта мешавад ва ба онҳо маҳдудкунии озодии тағйири макон, ҷудокунӣ ва ба эътибор нагирифтани талаботи асосӣ, аз ҷумла талабот ба «фазои инфиродӣ» дохил мешаванд (77). Аксари одамони дорои маълулияти равонӣ аз тарси ба муассисаҳои тиббии равонӣ маҳбас шуда, курси табобатро ба таври маҷбурӣ гирифтан, барои кӯмак муроҷиат ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 11

намекунанд (12). Одамоне, ки барои гирифтани кӯмаки равонӣ муроҷиат намудаанд ва онро гирифтанд, одатан муносибати мағрурона ва таҳқиромезро аз тарафи духтурони равонӣ нисбати худ эҳсос менамоянд; ба онҳо оид ба вазъи саломатиашон иттилоот намедиҳанд ва чунин ҳисобида мешавад, ки гӯё онҳо қодир нестанд барои ҳаёти худ масъулиятро ба дӯш гиранд ё қарор қабул намоянд.

Кӯмаки умумии тиббӣ санитарӣ Одамони дорои маълулияти равонӣ одатан нисбати аҳолӣ дар умум, сатҳи баландтари бемориҳои ҷисмонӣ доранд. Ин гуна одамон бо мушкилоти саломатӣ, ба монанди фарбеҳӣ, фишори баланди шараёнӣ ва бемории қанд (диабет) бештар рӯ ба рӯ мешаванд (13). Одамони гирифтори бемории маҷзубият (шизофрения) зиёдтар ба бемории системаи рагҳои хунгарди дил дучор мешаванд, миқдори фавт дар байни онҳо назар ба аҳолӣ дар умум баландтар буда, инчунин эҳтимолияти бемории сирояткунанда ва роҳҳои нафас (респираторӣ), баъзе намудҳои саратон ва ВНМО баландтар аст. Ба сабабҳо он омилҳое дохил мешаванд, ки бо мушкилоти мушаххаси равонӣ вобастаанд (аз ҷумла, таъсири иловагии дорувориҳо), омилҳои ба рафтор вобаста – тамокукашӣ ва камфаъолиятии ҷисмонӣ, инчунин омилҳои ба системаи ҳифзи саломатӣ вобаста (14). Дастрасии паст ба кӯмаки тиббӣ-санитарӣ барои одамони дорои маълулияти равонӣ– ин падидаи глобалӣ буда он бо эҳтимолияти баланди пайдо шудани хатар барои саломатӣ ва мушкилоти ҷиддии тиббӣ ифода меёбад. Сабабҳои маҳдудият ба кӯмаки тиббӣ-санитарӣ мураккаб мебошанд ва ба онҳо нокомии (деприватсияи) иҷтимоӣ, душвории дастрасӣ ба ташхиси саривақтӣ ва нодуруст муайянкунии бемориҳои соматикӣ (ҷисмонӣ), табобати назоратнашаванда ва ташкили ғайриқаноатбахши хизматрасониҳои тиббӣ дохил мешаванд (13).

Шифоёбӣ Шифоёбӣ – консепсияи мазкур аз тарафи одамони дорои таҷрибаи бевоситаи ҳаётӣ оид ба маълулияти равонӣ таҳия шудааст (15). Таърифи ягона қабулшудаи маҳфуми умуми шифоёбӣ вуҷуд надорад, ин раванди инфиродӣ мебошад, ки барои одамони мухталиф мазмуни гуногун дорад. Дар ҳоле, ки барои аксари кормадони тиб калимаи «шифоёбӣ» маънои «муолиҷашавӣ» дорад, консепсияи шифоёбӣ маънои васеътар дорад ва ҳамаи ҷанбаи амалҳоро дида мебарояд. Шифоёбӣ – ин раванди ташаккули шахсият ва шакливазкунӣ, бартараф намудани азият ва истисноии иҷтимоӣ мебошад. Ин раванди васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳо мебошад, ки ба тарафҳои қавии инсон ва қобилияти ӯ барои ҳаёти пурарзиш зистан ва қаноатмандӣ аз онро қайд менамояд. Одамони дорои маълулияти равонӣ метавонанд шифоёбиро ҳамчун қобилияти хурсанд будан аз зиндагӣ, иҷро гардидани майлу рағбат ва ноил гаштан ба мақсадҳои инфиродӣ, ташаккули муносибатҳои байнишахсии ҳамдигарро қонеъ кунанда, қобилияти бартараф намудани мушкилоти саломатии равонӣ, қатъи назар аз аломатҳои беморӣ ва бадшавии муваққатии саломатӣ, паст шудани миқдори такроршавии беморӣ, гум шудани аломатҳо, ҳаёти берун аз беморхона ва дарёфт намудани ҷои кор, тасвир намоянд (7).

12

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

ЗАМИМАИ 4

Андешаи шахсӣ оид ба шифоёбӣ Барои ман шифоёбӣ маънои эҳсоси оромӣ, хушбахтӣ, набудани низоъ бо олам ва одамони дигар, эҳсосоти умед ба ояндаро дорад. Ин маънои одами хуб шудан ба воситаи такя намудан ба ҳамаи таҷрибаи манфии шахсиро дорад. Он маънои наҳаросидан аз он, ки ман кӣ ҳастам ва чиро эҳсос менамоямро дорад. Он маънои қобилияти истифода бурдан аз имконияти мусоид барои ҳаётро дорад. Он маънои наҳаросидан аз зиндагӣи имрӯзаро дорад. Он маънои дарки шахсияти худ ва имконияти бо худ дар қаноатмандӣ буданро дорад (16).

Масъалаҳои мушаххаси бо саломатии равонӣ алоқаманд Кӯдакон ва наврасон Ба мисли калонсолон, кӯдакон ва наврасон низ бо мушкилоти саломатии равонӣ дучор мегарданд, аммо мушкилоти онҳо одатан инкор карда мешавад ё ҳамчун вайроншавии рушди зеҳнӣ нодуруст ташхис карда мешавад. Чунин ҳисобида мешавад, ки дар олам тахминан 20% кӯдакон ва наврасон аз мушкилоти саломатии равонӣ азият мекашанд, зимнан намудҳои мушкилот дар фарҳангҳои гуногун якхелаанд (77). Оқибатҳои бедиққатӣ нисбати саломатии равонии кӯдакон ва наврасон метавонад дар давоми тамоми ҳаёти онҳо таъсир дошта бошад. Ба вазъи саломатии равонии кӯдакон ва наврасон оила, муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Инчунин, ба саломатии равонии кӯдакон ва наврасон таҷрибаи камбизоатӣ, муомилаи дурушт, зӯроварии шаҳвонӣ ва ҷисмонӣ, беэътиноӣ ва набудани омилҳои ҳавасмандкунанда таъсир расонида метавонанд. Робитаи байни саломатии равонии модар, рушди зеҳнӣ (когнитивӣ), иҷтимоӣ ва ҳиссии кӯдаки ӯ бо далелҳо исботи худро ёфтаанд. (78). Кӯдаконе, ки волидонашон аз мушкилоти саломатии равонӣ азият мекашанд, инчунин осеб мебинанд, чунки, эҳтимол, таваҷҷӯҳи кофӣ ва ғамхорӣ дарёфт наменамоянд, баръакс, одатан онҳо барои волидайни худ масъулият ба дӯш мегиранд, ки ин масъулият аз имкониятҳои онҳо зиёдтар аст. Мушкилоти равонии кӯдакон ва наврасонро зери диққат дошта табобат намудан лозим аст, аммо ҳамзамон набояд ба ташхиси аз ҳад зиёд роҲдода тамғаи бемориҳои равониро ба мушкилоти меъёрии раванди ҳаёт ва рушди онҳо дар ин давра гузошт, зеро он метавонад ҳам барои кӯдакон ва ҳам оилаҳои онҳо оқибатҳои манфӣ дошта бошад.

Масъалаҳои гендерӣ Новобаста аз он, ки сатҳи миёнаи паҳншавии мушкилоти саломатии равонӣ дар байни мардон ва занон баробар аст, ҳангоми дида баромадани мушкилоти мушаххаси равонӣ тафовути гендерӣ ошкор мегардад. Масалан, дар байни занон бо эҳтимолияти баланд чунин мушкилоти паҳншудаи саломатии равонӣ ба монанди воҳима ва афсурдаҳолӣ, дар байни мардон бошад - вобастагии машруботӣ (79) ва ҳодисаҳои худкушӣ бештар ба назар мерасанд. ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 13

Ба занон хавфи пайдоиши як қатор мушкилоти васеъ паҳншудаи равонӣ дар асоси омилҳои махсуси гендерӣ номутаносибан таҳдид мекунад. Дар аксари ҷамъиятҳо занон назар ба мардон мавқеи (статуси) пасттари иҷтимоӣ доранд, ки ба онҳо рафтори тобеъ будан, нотавонӣ ва худбаҳодиҳии пастро талқин менамояд, дар натиҷа занҳо аз малакаи лозимаи мутобиқшавии (адаптатсияи) равонӣ маҳрум мегарданд. Одатан занон назар ба мардон қудрати пасттар, дастрасии камтар ба захираҳо дошта ба андозаи камтар ҳаёти худро назорат менамоянд. Муомилаи дурушт, зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ нисбати занон ба таҳқир, тобеъият ва ҳиссиёти ноилоҷӣ оварда мерасонад ва ҳамаи ин ба нобаробарии гендерӣ вобаста аст. Одатан, таҳқири шаҳвонӣ нисбати занони дорои маълулияти равонӣ мушкилоти маъмул аст. Ба ғайр аз ин, занон дар муқоиса бо мардон ба поймолкунии ҳуқуқҳояшон ҳангоми ҳамкорӣ бо хадамоти ҳифзи саломатӣ бештар рӯ ба рӯ мегарданд. Вазъияти бӯҳронӣ Дар вазъияти баъди бӯҳронӣ талаботи шахсони осебдидаро дар соҳаи саломатии равонӣ бояд ба назар гирифт, чунки таҷрибаи ҷангҳо ва мусибатҳои бузурги дигар бо тезутундшавии мушкилоти равонӣ вобаста аст (11). Дар аксар ҳолатҳо, захираҳои мавҷуда одатан нокифояанд, аммо омили вақт, ки барои бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои вазнини осебовар лозим аст, дуруст ба эътибор гирифта намешавад. Одамони дорои маълулияти равонӣ, ки бо осеб вобаста аст, ба дастгирии ботаҳаммул, омӯзиш ва ҳавасмандкунӣ бо истифодаи усулҳои мусбии мутобиқшавии (адаптатсияи) равонӣ эҳтиёҷ доранд. Баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ, масалан, одамони дорои маълулияти равонӣ, аз ҷумла шахсоне, ки аллакай аз чунин мушкилот ранҷ мебаранд, ба хавфи бештари рушди мушкилоти иҷтимоӣ ё равонӣ дар вазъияти бӯҳронӣ мубтало мегарданд (20). Одамони дорои маълулияти равонӣ дар вазъияти бӯҳронӣ аз сабаби ҷудошавӣ, таҳрим, бедиққатӣ нисбати саломатии худ, маълулият ва дастрасии мушкил, мумкин аст барои дастгирӣ муроҷиат нанамоянд. Дастгирии иҷтимоӣ, ки пештар ба онҳо дастрас буд, дар натиҷаи бӯҳрон метавонад аз даст равад. Онҳо инчунин метавонанд зери хатари аз тарафи оилаи худ партофта шудан қарор гиранд, чунки оилаи онҳо шояд қудрати нигоҳубини онҳоро надошта бошад (20). Муҳим он аст, ки барномаҳои ТСҶ дар вазъияти бӯҳронӣ одамони дорои маълулияти равониро ба таври муттамарказ таҳти диққат қарор диҳанд, чунки дар акси ҳол ин одамон метавонанд бетаваҷҷӯҲмонанд ё фаромӯш гарданд (нигаред ба боби «ТСҶ ва бӯҳрони гуманитарӣ).

Амалҳои пешниҳодшаванда Мусоидат ба саломатии равонӣ Барои мусоидат намудан ба саломатии равонӣ нишондиҳандаҳои маданӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии саломатии равониро ба мисли камбизоатӣ, беэътиноӣ, зӯроварию таҳқири шаҳвонӣ ба воситаи гузаронидани фаъолиятҳои якҷоя бо соҳаҳои мувофиқ бартараф намудан имконпазир аст. Барномаҳои ТСҶ барои таъмини саломатии равонӣ дар ҷамоатҳои худ бо истифодаи усулҳои зерин мусоидат намуда метавонанд:

14

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

• Барпо намудани муҳити фарогир, ки ҳуқуқҳои асосии ҳамаи аъзоёни ҷамоатро, аз ҷумла одамони дорои маълулияти равониро, эҳтиром ва ҳимоя менамояд. • Мустаҳкам намудани робитаҳои иҷтимоӣ дар ҷамоат ва рушди масъулияти умумӣ бо мақсади пешгирии сӯистифода аз машрубот ва маводҳои психоактивӣ, поймолкунии ҳуқуқи гендерӣ, инчунин зӯроварӣ дар ҷамоат ва оила. • Ташкил додани ҳамкориҳо бо тарафҳои дигари манфиатдор, ки ба раванди мусоидат намудан ба саломатии равонӣ ва некаҳволӣ ҷалб гардидаанд, масалан, бурдани кор бо клубҳои занон оид ба масъалаҳои гендерӣ ё ташкилотҳои маҳаллии ғайриҳукуматӣ, дар маркази диққати гузоштани масъалаҳои дахолати бармаҳал нисбати кӯдакон. • Мусоидат намудан ба муносибатҳои дутарафа байни волидайн ва кӯдакон бо мақсади беҳтар намудани рушди кӯдакон. • Мусоидат намудан ба амалӣ шудани барномаҳо дар мактабҳо, ки дар таҷрибаи амалӣ асос ёфтаанд, барои беҳтар гардонидани салоҳияти иҷтимоӣ ва ҳиссиётии мактаббачагон бо мақсади пешгирӣ намудани сӯиистифода аз маводҳои психоактивӣ ва зӯроварӣ. • Гузаронидани кор бо васоити ахбори омма (ВАО) барои тағйир додани қиёфаи манфии одамони дорои маълулияти равонӣ. (Нигаред ба қисми «Саломатӣ», боби «Пурзўр намудани саломатӣ»).

ЗАМИМАИ 5

Мусоидат ба робитаҳои дутарафаи мусбӣ Дар Ямайка барномаи аёдати мунтазами модарони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир дар хона бо мақсади ҳавасманд кардани рушди бармаҳали кӯдакони синни то 1 сола татбиқ гардид, ки самараи мусбии дарозмуддатро нисбати саломатии равонии наврасон имконпазир гардонд. Баланд шудани сатҳи худбаҳодиҳӣ, паст шудани миқдори кӯдакони мактабро тарккарда ва миқдори ҳодисаҳои рафтори зиддиҷамъиятӣ чун нишондиҳандаи самараи мусбӣ қабул шуда буданд.

Ямайка

Раҳнамоии раванди ҷалбшавӣ ба барномаҳои ТСҶ Барои осон намудани иштироки одамони дорои маълулияти равонӣ дар барномаҳои ТСҶ чунин чорабиниҳо тавсия дода мешаванд: • Мутмаин будан, ки ҳайати кормандони ТСҶ аз омӯзишҳои мувофиқ оид ба масъалаҳои саломатии равонӣ гузашта ва нисбати дастгирӣ ва фарогирии одамони дорои маълулияти равонӣ муносибати мусбӣ доранд. • Бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо машварат намуда, онҳоро ба раванди банақшагирӣ, татбиқ ва санҷиши барномаҳои ТСҶ ҷалб намоянд. • Дар якҷоягӣ бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо муайян намудани монеаҳо дар роҳи қонеъ намудани талаботи асосӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ, таҳсилот, имконияти худтаъминкунӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва пайдо намудани роҳҳои бартараф намудани онҳо. ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 15

• Муайян намудани мутахассисони тиб, истифодабарандагони хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ ва/ё аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба ҳайси коршинос дар раванди омӯзиши ҳайати кормандони ТСҶ иштирок карда метавонанд.

Бартараф намудани таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ дар ҷамоат Ҷамъият нисбати мушкилоти саломатии равонӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо дониши маҳдуд дорад. Барои иштироки фаъолонаи одамони дорои маълулияти равонӣ дар ҳаёти ҷамъият ривоятҳои васеъ паҳн гардида, хурофот ва поймолкунии ҳуқуқро бартараф намудан зарур аст. Барномаҳои ТСҶ метавонанд дар ин кор нақши асосиро бозанд. Чорабиниҳои зерин тавсия дода мешаванд: • Таъмини муносибати эҳтиромона ва риояи тағйирнопазири эътибори одамон аз тарафи ҳайати кормандони ТСҶ. • Муайян намудани аъзоёни боҳурмати ҷамоат, ки барои паҳн намудани ақида ва нақши мусбии саломатии равонӣ ба барномаҳои ТСҶ кӯмак карда метавонанд. Ба ин гурӯҲодатан шахсони мӯътабар, масалан, пешвоёни маҳаллии сиёсӣ ё динӣ дохил мешаванд. • Барпо намудани робита бо одамони муайянгардида ва таъмин намудани онҳо бо иттилоот нисбати масъалаҳои саломатии равонӣ дар ҷамоат, масалан даъват намудани онҳо ба ҳайси меҳмони мӯътабар ба чорабиниҳое, ки аз тарафи барномаҳои ТСҶ гузаронида мешаванд. • Муҳокима намудани усулҳое, ки бо ёрии онҳо шахсони мӯътабар метавонанд ақидаҳои асосиро оид ба ҳифзи саломатии равонӣ паҳн намоянд. Масалан, пешвоёни динӣ метавонанд ин ақидаҳоро дар раванди муошират бо пайравони худ паҳн намоянд. • Ошкор намудани аъзоёни ҷамоат ва гурӯҳҳои алоҳида, ки бо эҳтимолияти баланд метавонанд бо одамони дорои маълулияти равонӣ робита дошта бошанд ё шояд бар зидди онҳо мафкураи манфӣ дошта бошанд, масалан, кормандони полис, корманди тиб, ё табибони анъанавӣ. • Ташкил намудани маърифати санитарӣ ва омӯзиши амалӣ барои аъзоёни ҷамоат ва гурӯҳҳои алоҳида. Ба онҳо бояд иттилооти саҳеҲоид ба мушкилоти саломатии равонӣ бо мақсади барҳам додани ривоятҳо дода шавад (масалан оид ба он, ки гӯё одамони мушкилоти равонӣ дошта зӯровар мебошанд) ва ба онҳо фаҳмонидани он ки усулҳои самараноки муолиҷа вуҷуд доранд, масалан мудохилаи тиббӣ ва равонӣ, ки қодиранд одамони дорои маълулияти равониро табобат намоянд. • Таъмини риояи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо рафтори поймолкунии ҳуқуқ, дар сурати рух додани он дар ҷамоат нисбати одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаи онҳо. Онҳо бояд ҳамчун намуна барои тақлид буда рафтори мусбиро намоиш диҳанд.

16

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

ЗАМИМАИ 6

Иваз намудани фаҳмиш оид ба саломатии равонӣ ба воситаи робитаи шахсӣ

Маълум аст, ки робитаи мустақими шахсӣ байни одамони дорои маълулияти равонӣ ва дигар аъзоёни ҷамоат воситаи самараноки бартараф намудани муносибати манфӣ мебошад. Одамони дорои маълулияти равониро ба мулоқот бо мактаббачагон ва аъзоёни дигари ҷамоат даъват намоед, то ин ки онҳо аз таҷрибаи ҳаётиашон мубодилаи таҷриба намоянд. Одамоне, ки мушкилоти равониро бартараф намуда оила созмон додаанд, ҷои кор ёфтаанд ва нақши муҳимро дар ҷамоат мебозанд, ҳимоягарони муҳим дар мубориза бар зидди поймолкунии ҳуқуқ мебошанд.

Дастгирии раванди шифоёбӣ Ҷараёни шифоёбӣ бояд диққати асосиро ба тарафҳои қавии одамон ва қобилияти бурдани ҳаёти пурсамар ва қаноатмандона равона намояд. Шифоёбӣ – ин раванди ҳаматарафа мебошад, ки ба он мудохилаи тиббӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дохил мешавад. Раҳнамоии дастрасӣ ба ёрии тиббӣ Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ба одамони дорои маълулияти равонӣ аз сабаби камбизоатӣ, дур ва кам будани миқдори марказҳои махусгардонидашуда дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ мушкил аст. Барномаҳои ТСҶ бо системаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ бояд корро ба роҲмонанд ва захираҳои маҳаллии ҳифзи саломатиро истифода бурда, дастрасиро ба кӯмаки махсусгардонидашуда ва тиббии умумӣ таъмин намоянд. Барои татбиқ чорабиниҳои зерин тавсия дода мешаванд: • Муайян намудани сохторҳои мутобиқи мавҷуда, суроғаҳо, захираҳои кадрӣ ва моддии кӯмаки махсусгардонида шуда дар соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ, масалан, клиника, беморхона, пансион, марказҳои ҷамоатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ. Чунин фаъолиятро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва/ё давлатӣ гузаронидан мумкин аст. • Ташриф овардан ба марказҳои кӯмак дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва барпо намудани муносибатҳои хуб бо онҳо. Таъмин намудани мубодилаи иттилоот ва пурсиш оид ба хизматҳои расонидашуда (аз ҷумла, оид ба дастрасии дорувориҳои психотропӣ), стратегияҳо, механизми равон намудан ба назди мутахассис, вақти кор ва арзиши хизмат, пешниҳод намудани иттилоот оид ба барномаҳои ТСҶ ва чӣ тавр барномаҳои мазкур ба онҳо дар корашон кӯмак расонида метавонанд. • Тартиб додани рӯйихати табибони анъанавӣ ва пешвоёни динӣ бо мақсади мубодилаи таҷрибаю ақида. Ташкили вохӯриҳо бо мақсади рушди ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар низ мувофиқи мақсад аст. • Мутмаин будан, ки кормандони системаи кӯмаки аввалини тиббӣ-санитарӣ ва ҳайати кормандони барномаҳои ТСҶ, тартиби содда карда шудаи равон намудани беморонро ба назди мутахассис-равоншинос медонанд ва ҳангоми зарурат таъмин менамоянд; Раҳнамунсозии омӯзишҳоро оид ба мавзӯҳои зарурӣ амалӣ мекунанд. • Мутмаин будан ки сатҳи огоҳии одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба таъсири иловагии маводҳои дорувории психотропӣ баланд буда ва санҷидани он ки иттилоот дуруст дарк карда шудааст. ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 17

• Мусоидат намудан ба ҳамкории табибони анъанавӣ бо кормандони тиб ва бо ҳамин таъмин намудани ёрӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ. • Ба одамони дорои маълулияти равонӣ дастрас намудани истифодаи системаи ёрии умумии тиббӣ-санитарӣ; барои ин ба кормандони тиббӣ, ки кӯмаки аввалияи тиббию-санитариро таъмин менамоянд, пешниҳод намудани иттилооти мувофиқ. • Рушди ҳамкориҳо дар ҷамоатҳое, ки барномаҳои ҳифзи саломатии равонӣ амалӣ карда мешаванд: масалан, барномаҳои ҳифзи саломатии равонӣ метавонанд талаботи кӯмаки тиббӣ-санитариро қонеъ гардонанд, барномаҳои ТСҶ бошанд – бо дигар масъалаҳо машғул мешуданд, аз ҷумла – бо ташкил намудани имкониятҳои худтаъминкунӣ. (Нигаред ба қисми «Саломатӣ», боби «Кӯмаки тиббӣ-санитарӣ»)

ЗАМИМАИ 7

Белиз

Муносибати ҳаматарафа ба ҳифзи саломатии равонӣ Дар Белиз, ҳамшираҳои шафқат, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ кор мекунанд, бо табибони анъанавӣ бо мақсади табодули таҷриба ва усулҳои фаъолият мулоқот менамоянд. Ҳамшираҳои тиббӣ ба хулосае омаданд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо табибони анъанавӣ метавонад воситаи самаранок барои қонеъ намудани талаботи ҷамоат дар соҳаи ҳифзи саломатии равонӣ бошад. Ҳам нуқтаи назари расман эътироф гардида ва ҳам ғайрирасмӣ оид ба ҳифзи саломатии равонӣ дар маҷмӯъ истифода шуда, муносибати ҳаматарафа ба ҳифзи саломатии равонӣ таъмин мегардад.

Раҳнамоии дастрасӣ ба ёрии равонӣ Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст дастрасӣ ба ёрии мутахассис-равоншинос метавонад хеле маҳдуд бошад; аммо воситаҳои асосии дахолатро бо қувваи кормандони барномаҳои ТСҶ татбиқ намудан мумкин аст. Барои татбиқ чорабиниҳои зерин тавсия дода мешаванд: • Ташкил намудан ё бо қувваи худ гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони барномаҳои ТСҶ ва кормандони системаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ оид ба асосҳои ёрии равонӣ. Ин омӯзиш бояд хусусияти фарҳангиро, ки ба он усулҳои идоракунии эҳсосот (малакаҳои асосии машваратдиҳӣ), барқарор намудани боварӣ ба худ, иттилоотдиҳӣ, инчунин усулҳои оромгардонӣ (релаксатсия) дохил мешавад, дарбар гирад. • Рушди муносибатҳои мусбии дутарафа бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар асоси муоширати озод ва боварӣ. Мунтазам ба назди одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаи онҳо ташриф оварда, аз аҳволашон ва халли мушкилоташон пурсон шуда, барои гӯш кардан вақти кифоя ҷудо кардан лозим аст. 18 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

• Бо одамони дорои маълулияти равонӣ робитаи зич барпо намуда, ба онҳо барои ҳалли масъалаҳо, идора ва бартараф намудани фишор (стресс) ва рушди малакаҳои мутобиқшавии равонӣ ёрӣ расонидан зарур аст. • Муайян намудани он, ки кадом чораҳои дахолати равониро табибони анъанавӣ ва пешвоёни маънавӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ дошта ва аъзоёни оилаҳои онҳо пешниҳод намуда метавонанд ва чӣ тавр ба ин гуна кӯмак дастрасӣ пайдо намудан мумкин аст. • Ҳавасмандкунӣ барои ташкили гурӯҳҳои худкӯмакрасонӣ ба одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, бо мақсади таъмини дастгирии муштарак ва васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳо. Агар гурӯҳҳои худкӯмакрасон аллакай дар ҷамоат вуҷуд дошта бошанд, пас раванди ҷалби одамони дорои маълулияти равонӣ ба он гурӯҳҳоро, агар мувофиқ бошад, раҳнамоӣ намудан лозим аст. Раҳнамоии дастрасӣ ба ёрии иҷтимоӣ Барномаҳои ТСҶ метавонанд дастрасиро ба кӯмаки иҷтимоӣ бо тарзҳои зерин осон намоянд: • муайян намудани хизматрасонии мувофиқи иҷтимоӣ, ки дар ҷамоати мазкур пешниҳод мегардад; • муайян намудани талаботи иҷтимоӣ ва ба нақшагирии роҳҳои имконпазири ҳал дар якҷоягӣ бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо; • ҳамкорӣ намудан бо оилаҳо бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқи одамони дорои маълулияти равонӣ ва қонеъ намудани талаботи асосии онҳо (масалан, ба ғизо, либос, беҳдошт ва манзил); • пешниҳод намудани тавсияҳо ба аъзоёни оилаҳо оид ба усули ҷалб намудани одамони дорои маълулияти равонӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи оила. • дастгирии муносибати одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо бо хешовандон ва дӯстон, дар ҳолати зарурӣ барқарор намудани муносибатҳо; шояд ба одамони дорои маълулияти равонӣ барои огоҲнамудани хешовандон ва дӯстонашон оид ба ҳолати равониашон омӯзиш гузаронидан лозим шавад. • муайян намудани чорабиниҳои ҷамоатӣ, ки дар он одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо иштирок намоянд. Шояд ҳангоми ҳаракат намудан дар ҷамоат онҳоро ҳамроҳӣ намудан лозим шавад, агар онҳо нисбати худ боварии комил надошта бошанд ё монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд дошта бошанд. • барқарор намудани робитаҳои мунтазам бо одамоне, ки ба шабакаи иҷтимоии дастгирӣ ҷалб нагардидаанд, зери осмони кушод умр ба сар мебаранд ва аз таҳрим (тамғагузории иҷтимоӣ) азият мекашанд; • рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо соҳаҳои гуногуни рушд барои қонеъ намудани талаботи одамони дорои маълулияти равонӣ, аз ҷумла бо ғизо, манзили арзанда, ва таҳсилоту меҳнат; • агар дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ бо омилҳои молиявӣ вобаста бошад, пас роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ кардан лозим аст. (Нигаред ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ»). Раҳнамоии дастрасӣ ба манбаъҳои васоити зиндагӣ Иштирок дар фаъолият оид ба худтаъминкунӣ қисми муҳими шифоёбӣ мебошад. Ба ҷуз гирифтани даромад ин гуна фаъолият ба мустақилият, соҳибихтиёрӣ, баланд бардоштани ҳисси худбаҳодиҳӣ, созмон додани шабакаи кӯмаки муштарак, ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 19

ноил гаштан ба аҳамиятнокии иҷтимоӣ ва назорат аз болои ҳаёти шахсӣ мусоидат менамояд. Барои баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва имкониятҳои худтаъминкунӣ, аз ҷумла чораҳои зерин тавсия дода мешаванд: • муайян намудани ташаббусҳо дар соҳаи рушд, дар ҷамоатҳо ки ба гирифтани даромад равона карда шудаанд. Бо ин ташаббусҳо робита ва ҳамкорӣ барқарор намуда мутмаин шудан, ки оё онҳо иқтидори ҷалб намудани одамони дорои маълулияти равониро дошта бошанд. • муайян намудани дигар манбаъҳои васоити зиндагӣ, ки барои одамони дорои маълулияти равонӣ дастрас бошанд. Ба ин расонидани кӯмак ба одамон барои баргаштан ба ҷои пештараи кор ё барқарор намудани робита бо одамони соҳибкор, ки омодаанд, одамони дорои маълулияти равониро бо кор таъмин намоянд. • дар ҳолатҳое, ки одамон қодиранд ба ҷои кори пештара баргарданд, бо кор таъминкунандагон бояд ҳамкорӣ намуд, то ин ки ба муҳити корӣ тағйироти зарурӣ дароварда шавад, масалан, бояд тавсия дода шавад, ки ҷои кори ором пешниҳод гардад, агар корманд мушкилоти тамаркуз (консентратсия) ва ҳассосӣ ба ғавғо дошта бошад, ҷадвали махсуси кор пешниҳод мешавад, давомнокии рӯзи корӣ тадриҷан дароз карда мешавад; • ба кортаъминкунандагон дар бораи ӯҳдадории ҳуқуқии онҳо нисбати бо кор таъмин намудани одамони дорои маълулияти равонӣ вобаста ба қонунгузории мутобиқи миллӣ иттилоот дода шавад. (Нигаред ба қисми «Масъалаҳои таъмини васоити зиндагӣ»).

ЗАМИМАИ 8

Танзания

Бурдани ҳаёти пурмаънӣ Барномаи ҳифзи саломатии равонӣ дар музофоти Мтвара (Танзания) бо панҷ департаменти музофотии тиббӣ ҳамкорӣ намуда фаъолиятро дар сатҳи ҷамоат дар масофаи дастрас, аз ҷиҳати арзиш қобили қабул ва интихоби тарзҳои ба ҳамдигар алоқаманди табобати одамони дорои маълулияти равонӣ оғоз намуд. Дар марҳилаи аввали лоиҳаи санҷишӣ 1026 нафар одамон дар масофаи як қадам дастрасӣ аз хонаи худ табобат гирифтанд, баъдтар шумораи табобатгирифтагон то 4  711 нафар зиёд шуд. Дастрасии табобат ва дастгирии равонӣ сифати ҳаёти шумораи зиёди одамони дорои маълулияти равониро беҳтар намуд. Ҳаёти онҳо устувортар гардид: аксари онҳо ба машғулияти пештараашон баргаштанд, дигарон бошанд дар ҷамоати худ кори нав ёфтанд. Аз рӯи гуфтаҳои роҳбари барнома, «ҳамин ки одамони дорои маълулияти равонӣ беҳшавии нишонаҳои бемориашонро ҳис намуданд ва дар фаъолиятҳои пурмаъно иштирок мекардагӣ шуданд, муносибати ҷамъият нисбати онҳо тадриҷан тағйир ёфт. Афзалияти муносибати фаъолият дар сатҳи ҷамоат дар муқоиса бо ҷойгирнамоии беморон дар муассисаҳои табобатии типи пӯшида (институтсионалӣ) аз ҳамин иборат аст».

Дастгирии аъзоёни оила Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, оила манбаи аз ҳама муҳими нигоҳдории саломатии равонӣ мебошад. Барои дастгирии аъзоёни оила чорабиниҳои зерин тавсия дода мешаванд: 20 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

• ба аъзоёни оила пешниҳод намудани иттилоот оид ба мушкилоти равонӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо. Дар хотир доред, ки пеш аз паҳн намудани иттилоот иҷозати шахсеро, ки иттилооти мазкур ба ӯ дахл дорад, гирифтан лозим аст; • бо мақсади аз хасташавиӣ ва ноилоҷӣ наҷот додани оилаҳое, ки шумораи аъзоёни дорои маълулияти зиёд доранд, вазифаҳоро байни аъзоёни дигари оила ва ҷамоат тақсим намуда дар нигоҳубин ёрӣ расондан мувофиқи мақсад аст. • ҳавасманд намудан барои иштирок дар гурӯҳҳои худкӯмакрасон бо мақсади табодул ва омӯзиш аз таҷрибаи ҳамдигар.

ЗАМИМАИ 9

Уганда

Модарон табодули таҷриба мекунанд. Гурӯҳи модарон дар Уганда ба ташкилоте аъзо мешаванд, ки он волидони кӯдакони дорои маълулиятро муттаҳид месозад. Онҳо мунтазам ба таваллудхонаи маҳаллӣ бо мақсади аёдати модарони кӯдаки дорои маълулият таваллуд карда ташриф меоранд. Онҳо ба дарди дили ин модарон гӯш мекунанд, ба бадбахтиашон ҳамдардӣ мекунанд, табодули таҷриба намуда, умед ба фардоро бедор месозанд.

Саҳмгузорӣ ба раванди васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо Шифоёбӣ аз бемориҳои равонӣ бо васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо зич вобаста аст. Он чиз бояд ба назар гирифта шавад, ки шарҳи муфассали раванди васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо дар қисми «Васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо» оварда шудааст, баъзе аз чорабиниҳоро номбар менамоем: • мутмаин будан, ки кормандони ТСҶ ҳангоми муошират бо одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо муносибати эҳтиромона доранд. • эътироф намудани он, ки одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо дониш ва малакаи махсуси худро доранд. Диққати асосӣ бояд ба тарафҳои қавии одамон бахшида шуда, онҳоро барои фаъолона иштирок намудан дар раванди шифоёбӣ рӯҳбаланд намудан зарур аст. • пешниҳод намудани иттилоот ба одамон (агар мувофиқ бошад, инчунин ба аъзоёни оилаҳо онҳо) оид ба одамони дорои маълулияти равонӣ бе ягон тамғагузорӣ. Мутмаин бошед, ки онҳо аз ҳуқуқҳои инсонии худ бохабаранд ва риоя намудани онҳоро талаб карда метавонанд. • пешниҳод намудани иттилоот ба одамон оид ба тарзҳои муолиҷа ва дастгирӣ, ки дар ҷамоати онҳо дастрас аст, то ин ки онҳо қарорҳои асоснокро оид ба амалҳои минбаъдаи худ қабул карда тавонанд. • одамони дорои маълулияти равонӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо бояд бо гурӯҳҳои худкӯмакрасон муттаҳид шаванд; • гурӯҳҳои худкӯмакрасон бо мақсади рушди хизматрасониҳои дастрас, камарзиш ва қобили қабул ба одамони дорои маълулияти равонӣ дар сатҳи ҷамоат рӯҳбаланд ва дастгирӣ карда шаванд. • баланд бардоштани сатҳи огоҳии одамон оид ба Конвенсияи ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамкорӣ бо дигарон ва мусоидат намудан ба истифодаи қонунгузории маҳаллӣ ва умумимиллӣ аз тарафи одамони дорои маълулияти равонӣ бо мақсади амалӣ ва ҳифз намудани ҳуқуқҳояшон. (Нигаред ба қисми «Васеъшавии ҳуқуқ ва имкониятҳо»). ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ 21

Библиография 1. Promoting mental health. Concepts, emerging evidence, practice. Summary report. Geneva, World Health Organization, 2004 (www.who.int/mental_health/evidence/ en /promoting_mhh.pdf, accessed 30 April 2010). 2. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид, 2006. (http:/www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability. shtml, санаи дастрасӣ: 30 марти с. 2010). 3. Chatterjee S et al. Evaluation of a community-based rehabilitation model for chronic schizophrenia in rural India. British Journal of Psychiatry, 2003, 182:57-62. 4. Patel V et al . Global mental health 3: treatment and prevention of mental disorders in low-income and middle-income countries. The Lancet, 2007, 370:991-1005. 5. mhGAP: Mental health gap action programme: scaling up care for mental, neurological and substanceuse disorders. Geneva, World Health Organization, 2008 (www.who.int/mental_health/mhgap_final_ english.pdf, accessed 30 April 2010). 6. Маърўза оид ба њолати тандурустї дар љањон 2007. Саломатии рўњї: фањмиши нав, умеди нав. Женева, 2001 (http://www.who. int/whr/previous/ru//, санаи дастрасї: 30 апрели с. 2010). 7. 4 Thornicroft G . Shunned: discrimination against people with mental illness. New York, Oxford University Press, 2006 8. Elbogen EB, Johnson SC . The intricate link between violence and mental disorder: results from the national epidemiologic survey on alcohol and related conditions . Archives of General Psychiatry, 2009,66(2):152-161 9. Watson AC et al . Self-stigma in people with mental illness. Schizophrenia Bulletin, 2007 (http://schizophreniabulletin.oxfordjournals.org/cgi/content/abstract/sbl076v1, accessed 30 April 2010). 10. 10 Mental health, human rights and legislation: WHO's framework. Geneva, World Health Organization (undated) (www. who . int/mental_health/policy/fact_sheet_ mnh_hr_leg_2105. pdf, accessed 30 April 2010). 11. 70 facts on mental health. Geneva, World Health Organization (undated (www.who. int/features/ factfiles/mental_health/mental_health_facts/en/index.html, accessed 30 April 2010). 12. Маълумотномаи иттилооти заминавии ТУТ оид ба саломатии руҳӣ, ҳуқуқҳои инсон ва қонунгузорӣ. Женева, с.2005 (http://www.who.int/mental_health/policy/ WHO_Resource_Book_MH_LEG_Russian.pdf, санаи дастрасӣ: 30 апрели с.2010). 13. Senior K. Greater needs, limited access . Bulletin of the World Health Organization, 2009, 87:252-253. 14. Robson D, Gray R. Serious mental illness and physical health problems: a discussion paper. International Journal of Nursing Studies, 2007, 44:457-466. 15. Bonney S, Stickley T. Recovery and mental health: a review of the British literature. JournalofPsychiatric and Mental Health Nursing, 1008, 15:140-153. 16. Schiff AC . Recovery and mental illness: analysis and personal reflections . Psychiatric Rehabilitation Journal, 2004, 27(3):212-218. 17. Caring for children and adolescents with mental disorders. Setting WHO directions . Geneva, World Health Organization, 2003 (www.who. int/mental_health/media/ en/785.pdf, accessed 30 April 2010). 18. Prince M et al . Global mental health 1: No health without mental health. The Lancet, 2007, 370:859-877. 19. Gender and women's mental health. Geneva, World Health Organization, (undated) www.who . int/ mental_health/prevention/genderwomen/en/, accessed 30 April 2010). 20. Inter-Agency Standing Committee (IASC) . IASC guidelines on mental health and psychosocial supportin emergency settings. Geneva, 2007 (www.who.int/ mental_ health/ emergencies/ guidelines_iasc_mental_health_psychosocial_june_2007. pdf, accessed 30 April 2010) .

22

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Адабиёти тавсияшуда Basic Needs. Mental health and development. E-journal (www mentalhealthanddevelopment.org/, accessed 30 April 2010). Cohen A, Kleinman A, Saraceno B, eds . World mental health casebook. Social and mental health programs in low-income countries. New York, Kluwer Academic/Plenum Publishers, 2002. Community mental health policy (update of mental health policy from 2001). CBM, 2008 (www. cbm . org/ en/general/downloads/19914/CBM_Community_Mental_ Health_Policy.pdf, accessed 30 April 2010). Fisher D, Chamberlin J . Consumer-directed transformation to a recovery based mental health system, 2004 (www.power2u . org/downloads/SAMHSA .pdf, accessed 30 April 2010). Global Forum for Community Mental Health. Mission statement, experiences, contacts, resources, undated (www.gfcmh.com/, accessed 30 April 2010). Leff J, Warner R. Social inclusion of people with mental illness. Cambridge, Cambridge University Press, 2006. Patel V. Where there is no psychiatrist. A mental health care manual. London, Gaskell, 2003. Stastny P, Lehmann P, eds . Alternatives beyond psychiatry. Berlin, Peter Lehmann Publishing, 2007. World Association for Psychosocial Rehabilitation. WAPR Bulletin (www.wapr. info/ wapr_bulletins.htm, accessed 30 April 2010). World Network of Users and Survivors of Psychiatry. Human rights position paper of WNUSP, 2001 (www. wnusp .net/wnusp%20evas/Dokumenter/Human%20Rights%20 Position%20Paper.html, accessed 30 April 2010).

ТСҶ ВА САЛОМАТИИ РӮҲӢ

23

ТСҶ ва ВНМО/БПНМ Муқаддима Барномаҳои мубориза бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) одатан ба гурӯҳҳои асосии аҳолӣ, ки бо хатари калони гирифтор шудан ба ин бемориҳо дучор мешаванд, равона карда шудааст, масалан, коргарон-муҳоҷирон, кормандони саноати шаҳвонӣ, мардон, ки бо мардони дигар алоқаи ҷинсӣ доранд (алоқаи ҳамҷинсон), шахсоне, ки маводи нашъаоварро тариқи сӯзандору истеъмол менамоянд, инчунин мардуми таҳҷоӣ (1). Аммо гурӯҳи аз ҳама осебпазир – шахсони дорои вайроншавии ҷисмонӣ, равонӣ, сенсориро – қариб пурра аз назар дур менамоянд (2). Одатан чунин ҳисобида мешавад, ки одамони дорои маълулият зери хатари баланди гирифтор шудан ба ин беморӣ қарор намегиранд, чунки аз рӯи алоқаи ҷинсӣ фаъол набуда, хеле кам маводи нашъаовар истеъмол менамоянд, зери хатари камтари зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ қарор доранд (3). Дар ҳуҷҷати кӯтоҳи сиёсӣ оид ба маълулият ва ВНМО, ки ба қарибӣ аз тарафи Барномаи Якҷояи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон омода намудаанд, қайд шудааст, ки шахсони дорои маълулият зери хатари калони гирифтор шудан ба ин беморӣ қарор мегиранд (4). Аммо ҳукуматҳо ва таҳиягарони сиёсат масъалаи маълулиятро дар стратегия ва нақшаи мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ одатан ба назар намегиранд. Ин мушкилот ва як қатор монеаҳои дигар барномаҳо ва хизматрасониҳо оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО, нигоҳубини беморон ва дастгири одамони дорои маълулиятро дастнорас месозанд. Ҳарчанд боби мазкур асосан ба одамони дорои маълулият, осебпазирии онҳо ба ВНМО\БПНМ ва дастрасии маҳдуди барномаҳо ва хизматрасонии соҳаи умумӣ бахшида шуда бошанд ҳам, барномаҳои ТСҶ бояд имконияти пайдошавии маълулиятро дар беморони гирифтори ВНМО/БПНМ дар натиҷаи худи беморӣ ё табобати он, ба назар гиранд. Одамоне, ки бо сирояти ВНМО зиндагонӣ мекунанд, дар он сурат маълул ҳисобида мешаванд, ки дар онҳо вайроншавиҳое, ки дар якҷоягӣ бо муҳити беруна иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷамъият дар баробари одамони дигар маҳдуд месозад, ташаккул меёбанд (5). Аксари барномаҳои ТСҶ ба масъалаҳои маълулият ва ВНМО/БПНМ диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Аммо ба ҳайси стратегияи рушди фарогир барномаҳои БСҶ метавонанд дар баланд бардоштани афзалияти масъалаҳои маълулият дар барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ самаранок бошанд. Барномаҳои ТСҶ қонеъ намудани талаботи шахсони дорои маълулиятро таъмин менамоянд, инчунин ҷалбнамоӣ ва баробарии имкониятҳоро барои одамоне, ки бо бемории ВНМО/БПНМ зиндагонӣ менамоянд ва метавонанд маълул гарданд, дастгирӣ мекунанд. ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 25

ЗАМИМАИ 10

Намибия

Алексия барои қабули қонунҳо оид ба одамони дорои маълулият мубориза мебарад Алексия Маномбе-Нкуме, якумин дар таърих аъзои парламент, ки худ маълулият дорад, аз Намибия хабар медиҳад, ки дар аксари мамлакатҳои Африқо фоизи сироятшудагони ВНМО/БПНМ дар байни одамони дорои маълулият нисбат ба аҳолии боқимонда хеле баланд аст. Ӯ изҳор дошт, ки сабаби ин, дар канор мондани одамони дорои маълулият аз ҳаёти ҷамъият мебошад. Масалан, одамон бо маҳдудияти биноӣ наметавонанд плакатҳои иттилоотиро дар мавзӯи саломатӣ ва рекламаро қироат намоянд. Одамони дорои маълулияти шунавоӣ аз барномаҳои радиоӣ ва телевизионии ба мавзӯи пешгирии паҳншавии сироят бахшида бехабар мемонанд. Одамони дорои маълулияти ҳаракат одатан наметавонанд ба марказҳои ҳифзи саломатӣ бо мақсади машваратгирӣ ё аз ташхис гузаштан раванд. Маводи таълимӣ оид ба саломатӣ хеле кам бо шаклҳои дигар, масалан бо алифбои Брайл ё забони имову ишора нашр мешаванд. Баъзан одамони дорои маълулиятро махсус зери таҳқир интихоб мекунанд. Духтарон ва занон, ки маҳдудияти зеҳнӣ доранд, ба таклифи машғул шудан ба шаҳвонияти ҳифзнашуда зуд розӣ мешаванд. Аммо кадом кормандони тиббӣ ин масъалаҳоро ҳангоми таҳияи барномаҳо ба назар мегиранд? Хонум Маномбе-Нкубе мавқеи худро истифода мебарад, то ин ки қонунҳои навро вобаста ба маъюбӣ, барои дида баромадан дар парламенти Намибия пешниҳод намояд. Дастрасии одамони дорои маълулиятро ба табобат ва усулҳои пешгирии сироятшавии ВНМО/БПНМ таъмин накарда, ноил шудан ба мақсади №6-и Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи рушд, ки дар Изҳороти ҳазорсола ифода шудааст: Барҳам задани ВНМО/БПНМ ва бемориҳои дигар, ғайриимкон аст. Мутобиқ шудааст аз (5) .

26

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Мақсад Дастрасии ҳаматарафа ба пешгирии ВНМО/БПНМ, табобат, нигоҳубин ва барномаҳои дастгирӣ ва хизматрасониҳо барои одамони дорои маълулият дар са росари олам.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз инҳо иборатанд: Мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо аз барномаҳои мубориза зидди ВНМО/БПНМ ва хизматрасониҳо дар сатҳи ҷамоатҳо огоҳанд; Мутмаин будан, ки барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва хизматрасониҳо ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дастрасанд ва ба барномаҳои ТСҶ одамони бо ВНМО/БПНМ сироятшуда, ки аз маълулияти муваққатӣ ё доимӣ азоб мекашанд ҷалб карда шаванд

Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият имконияти ҷалб шуданро ба барномаҳои мавҷудаи асосӣ ва хизматрасонии зидди ВНМО/БПНМ доранд. • Одамони дорои маълулият, ки ба ВНМО/БПНМ вобаста аст, ба барномаҳои ТСҶ дохил карда мешаванд. • Тарафҳои манфиатдори мувофиқ оид ба масъалаҳои маълулият ва ВНМО/ БПНМ огоҳӣ доранд. • Шабакаҳо ва ҳамкорӣ байни иштирокчиёни барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои маълулият созмон дода шудаанд. • Секторҳои асосии фаъолият дар соҳаи рушд одамонеро, ки бо сирояти ВНМО/ БПНМ зиндагӣ мекунанд, ҷалб намудаанд. • Қоидаҳои ҳифзи меҳнат дар ҷои кор, ки хатари сирятшавии ВНМО/БПНМ-ро барои кормандони барномаҳои ТСҶ паст менамоянд, инчунин дастгирии онҳоеро, ки бо бемории ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекунанд, таъмин менамоянд. • Одамони дорои маълулият ба барномаҳои миллӣ ва нақшаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ҷалб гардидаанд..

Мафҳумҳои асосӣ ВНМО/БПНМ ВНМО – ин вируси бемории норасоии масунияти одам аст, ки ба БПНМ оварда мерасонад. Он ҳангоми алоқаи бевосита бо хун ва дигар моеъи физиологии одамон, ки вируси ВНМО сироят шудаанд, мегузарад, яъне агар инсон алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда дошта бошад, ё аз як сӯзандору бо одами сирояти ВНМО дошта истифода барад, гирифтори ин беморӣ мешавад. Кӯдаки навзод инчунин метавонад дар ҷараёни то ва баъди таваллуд сироятнок шавад, агар модараш сироятшуда бошад. БПНМ – марҳилаи охирини сирояти ВНМО мебошад. БПНМ ба системаи масуният таъсир мекунад ва қобилияти организмро барои ба беморӣ муқовимат нишон додан камқувват месозад. Дар натиҷаи бемор шудан ба БПНМ метавонад сироят, ки ба ҳаёт хатар дорад, баъзе шаклҳои саратон пайдо шаванд, инчунин, системаи асаб таназзул меёбад. На ҳамаи беморони бо ВНМО сироят ёфта ба БПНМ гирифтор мешаванд, аз байн чанд сол мегузарад, то сирояти ВНМО худро дар шакли БПНМ зоҳир намояд. Табобати зиддиретровирусӣ метавонад ташаккули сирояти ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 27

ВНМО-ро суст намояд, аммо наметавонад пурра бемори ВНМО/БПНМ-ро табобат намояд. Айни замон, пешгирӣ тарзи ягона ва беҳтарини табобат аст.

Одамоне, ки бо сирояти ВНМО зиндагӣ мекунанд ва маълулият Аксари одамон, ки бо ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекунанд, дар натиҷаи рушди беморӣ метавонанд маълулият пайдо кунанд. Табобати зиддиретровирусӣ метавонад давомнокии умрро дароз кунад; аммо ин маънои онро дорад, ки онҳо гирифтори бемории музмин бо марҳилаҳои беҳтаршавӣ ва бадтаршавӣ мебошанд (6). Одамоне, ки бо ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, метавонанд дар натиҷаи табобат ё авҷгирии беморӣ бо як қатор душвориҳои муваққатӣ ё доимӣ (ҷисмонӣ, зеҳнӣ ё сенсорӣ) дучор гарданд. Масалан, таъсири иловагии дар натиҷаи табобат рухдиҳанда метавонад сабабгори хастагӣ, мушкилот бо ҳазми хӯрок, бо пӯст ва ё харобшаваии асаб гардад.. Ҳамаи ин метавонад ба мушкилоти функсионалӣ (душворӣ ҳангоми роҲрафтан, қабули душ, рондани мошин) ё маълулияти одамоне, ки бо бемориҳои ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, оварда расонад. Аксари одамоне, ки бо бемориҳои ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, бо мушкилоти таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ рӯ ба рӯ мешаванд. ВНМО/БПНМ бо рафторе вобаста карда мешавад, ки аз тарафи чамъияту ҷамоат чун фаъолияти иҷтимоии ғайри мақбул шинохта шуда ба тарзи васеъ маҳкум карда мешавад. Одамоне, ки бо бемориҳои ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, бо таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ дучор мешаванд; аксари онҳоро аз ҷои кор меронанд, наздикон аз онҳо рӯй мегардонанд ва ҳатто ҳолатҳои куштани онҳо низ маълуманд (7).

Одамони дорои маълулият ва ВНМО/БПНМ Шаҳвоният Шаҳвоният - ин тарзи ифодаи худшиносӣ ҳамчун субъекти шаҳват мебошад ва ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои ВНМО/БПНМ мавзӯи муҳим ба ҳисоб меравад. Дар аксари ҷамъиятҳо манъҳои фарҳангӣ, (мавзӯҳое, ки дар бораи он гап задан манъ аст) муҳокимаи озоди масъалаҳои муносибатҳои ҷинсиро маҳдуд месозанд; масалан, аксари одамон ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои муносибатҳои ҷинсиро вобаста ба маълулият худро дар хиҷолат ҳис мекунанд. Аммо ин масъала дар ҳаёти аксари одамони дорои маълулият хеле ҷиддӣ мебошад ва онро набояд сарфи назар намуд (8). Одамони дорои маълулиятро одатан ғайришаҳвонӣ меҳисобанд, чунки дар назари одамон онҳо бегуноҳ, ба монанди кӯдак ношуд ва дар натиҷа ба муносибатҳои маҳрамона қодир набуда ва дорои талаботи пасти шаҳвонӣ ба назар мерасанд. Аммо ин ривояте беш нест, одамони дорои маълулият чун одамони дигар аз назари муносибатҳои ҷинсӣ фаъол мебошанд ва зери хатари сирояти ВНМО/БПНМ қарор мегиранд. Омилҳои хатар Таҳқиқоти глобалӣ оид ба сирояти ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои маълулият нишон дод, ки дар одамони дорои маълулият ҳамаи омилҳои маълуми хавф оид ба сирояти ВНМО/БПНМ баландар аст (10). Баъзе аз онҳо дар зер оварда шудаанд. Бесаводӣ. Саводнокӣ барои дарк ва фаҳмиши маълумот оид ба сирояти ВНМО ва истифодаи ин фаҳмиш барои тағйир додани рафтор вобаста бо хатари сирояти 28 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

ВНМО хеле муҳим аст (8). Дар қисми «Маърифат» қайд карда шудааст, ки одамони дорои маълулият нисбат ба аҳолии боқимонда дорои сатҳи пасти маърифат мебошанд ва зери хавфи бештари сирояти ВНМО қарор доранд (нигаред ба қисми «Маърифат»). Сатҳи пасти огоҳӣ ва дониши маҳдуд оид ба ВНМО/БПНМ- одамони дорои маълулият оид ба алоқаҳои ҷинсӣ (9) ва ВНМО (11) огоҳӣ ва дониши хеле маҳдуд доранд. Ин метавонад натиҷаи норасоии иттилоот оид ба масъалаи мазкур дар хона ва мактаб бошад, ё иттилоот ва тавсияҳои асосӣ нисбати сирояти ВНМО дар шакли дастрас пешкаш карда намешаванд. Масалан, агар чорабинӣ оид ба пешгирии ВНМО, танҳо бо воситаи рӯзнома ё плакат гузаронида шавад, иттилоот барои нобиноҳо дастнорас мемонад; агар чорабинӣ танҳо дар радио гузаронида шавад, иттилоот ба одамони дорои маълулияти шунавоӣ дошта намерасад; агар чорабинӣ иттилооти мукаммал ва мураккабро истифода барад, он ба одамони дорои маълулияти зеҳнӣ нофаҳмо мемонад (3).

ЗАМИМАИ 11

Эътирофи шаҳвоният

Мозамбик

Дар Мозамбик таҳлилҳо дар мавзӯи ВНМО ва масъалаҳои маълулият гузаронидашуда муайян намуданд, ки сабаби асосии ҷалб нашудани одамони дорои маълулият ба муҳокимаи барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, радкунӣ ё хоҳиш надоштани дида баромадани одамони дорои маълулият ҳамчун шахсоне, ки дорои шаҳвоният ҳастанд, мебошад. Ҳисобот нишон медиҳад, ки ин таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ мебошад, ки бар муқобили чунин одамон равона шудааст (12). Рафтори вобаста бо хатари сироятшавии ВНМО. Алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, истифодаи маводи нашъаовари тазриқӣ ва кор дар саноати шаҳвонӣ, хатари сирояти ВНМО-ро зиёд мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки одамони дорои маълулият, инчунин ба ин намуди рафтор мубтало ҳастанд (10). Худбаҳодиҳии паст ва ҳиссиёти дилнокашии шахсӣ метавонад ба рафтори хатарноки шаҳвонӣ оварда расонад (9). Масалан, наврасони маълул вобаста ба талабот, одатан зери фишор қарор мегиранд ва онҳо иҷборан ба муносибатҳои ҷинсӣ дохил мешаванд, зеро онҳо мехоҳанд аз тарафи ҷамъият қабул ва ба ҳаёт ҷалб карда шаванд, бинобар ин онҳо барои истодагарӣ кардан ва муҳокима намудани алоқаи ҷинсии бехатар имконияти камтар доранд (3). Зӯроварии шаҳвонӣ. Одамони дорои маълулият дар тамоми ҷаҳон нисбат ба одамони дигар зиёдтар зери хатари қурбонии зӯроварии шаҳвонӣ шудан қарор доранд (4), ки ин хатари сирояти ВНМО баландтар мегардонад. Омилҳои зиёд одамони дорои маълулиятро ба зӯроварии шаҳвонӣ осебпазиртар мегардонанд, масалан вобастагӣ аз кӯмак аз тарафи одамони дигар, ҳаёт дар муассисаҳои тиббии шакли пӯшида ва дастрасии нокифоя ба воситаҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ (10) (нигаред ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ»).

ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ

29

Монеаҳо дар роҳи пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирии одамони ВНМО/БПНМ дошта. Одамони дорои маълулият ба хизматрасониҳои вобаста бо ВНМО/БПНМ, масалан гузаронидани ташхису машварат, доруҳо ва нигоҳубин дастрасии маҳдуд доранд. (10, 13). Монеаҳое, ки чунин одамон рӯ ба рӯ мешаванд ба он монеъаҳои дар қисмати «Саломатӣ» дида баромада, монанд мебошанд ва аз инҳо иборатанд, дастрасӣ ба: Сиёсат. Зеро, аксари одамон дар чунин ақидаанд, одамони дорои маълулият сатҳи пасти зиндагӣ доранд ва барои самаранок саҳмгузорӣ намудан дар ҳаёти ҷамъиятӣ қодир нестанд (14), таҳиягарони сиёсат одатан тахмин мекунанд, ки вақт, қувва ва захираҳо дар навбати аввал бояд барои дастгирии гурӯҳи одамони маълулият надоштаи аҳолӣ равона карда шаванд (8). Дар он ҷое, ки дастрасӣ ба табобати зидди ретровирусӣ маҳдуд ва кӯмаку хизматрасониҳо нокифояанд, маълум мешавад, ки одамони дорои маълулият одатан дар рӯйихати кӯмакгирандагон охирин мебошанд (2,8). Монеаҳо вобаста ба муҳит ва муошират. Хизматрасониҳои аз тарафи беморхонаҳо, клиникаҳо ва дигар муассисаҳо пешкашшаванда, мумкин аст аз ҷиҳати ҷисмонӣ дастнорас бошанд, масалан роҳравҳои махсус (пандус) барои онҳое, ки бо аробача ҳаракат мекунанд, набудани забони имову ишора, яъне дастрас набудани иттилооти пешниҳодшуда – бо забони Брайл, аудиоӣ ё ягон шакли дигари содда карда шуда (5). Муносибати номатлуб (манфӣ) ва сатҳи дониши кормандони ҳифзи саломатӣ. Аксари одамони дорои маълулият ҳангоми муроҷиат ба кормандони ҳифзи саломатӣ бо мақсади дастрас намудани иттилоот оид ба саломатии ҷинсӣ ё репродуктивӣ, зери масхара ё беаҳамиятӣ қарор мегиранд (14). Дар аксари мамлакатҳо одамони дорои маълулият маълумот медиҳанд, ки ҳатто дар сурати то маркази ташхиси (тестӣ) ВНМО омада тавонанд ҳам, ба онҳо барои гузаштани ташхис (тест) иҷозат намедиҳанд, дар он асос, ки гӯё чунин одамон наметавонанд ба ВНМО сироят шаванд (8). Дилсӯзӣ нисбати саломатӣ. Одамони дорои маълулият наметавонанд аз хизматрасонии пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ баҳравар шаванд ва барои ин сабабҳои бисёр вуҷуд доранд: муносибати манфии кормандони тандурустӣ метавонад хоҳиши муроҷиат намуданро барои кӯмак вобаста ба саломати ҷинсӣ ба нестӣ барад (11); тамғагузорӣ ва таҳқири одамони сирояти ВНМО/БПНМ дошта, хоҳиши пинҳон ё инкор намудани сироятро пайдо мекунонад ва барои гузоштани санҷиши сирояти ВНМО монеъ мешавад (9); то муассисаи тиббӣ рафтан, ба аксари одамони дорои маълулият кӯмаку дастгирии дӯстон ё хешовандон лозим аст, бинобар ин онҳо аз имконияти муроҷиат намудан ба кӯмаки тиббӣ истифода намебаранд, чунки шарм медоранд ё метарсанд, ки одамон аз вазъи сироятшавии онҳо бо ВНМО/ БПНМ хабардор мешаванд.

Таъсири ВНМО/БПНМ ба оилаҳо Сироятшавӣ бо ВНМО/БПНМ, ки дар оила ошкор гардидааст, ба аъзоёни дорои маълулият низ таъсир мерасонад. Аз сабаби он, ки онҳо одатан дар корҳои ҳамарӯза аз аъзоёни оила вобастаанд (дастнигаранд), инчунин талаботу эҳтиёҷоти иловагӣ дар соҳаи кӯмаки тиббӣ-санитарӣ, маърифатӣ ва тавонбахшӣ доранд, дар вазъияти нав талаф додани даромади оилавӣ, захира ва вақт вобаста бо бемории ВНМО/БПНМ, мумкин аст ба онҳо диққат надиҳанд, сарфи назар намоянд. Аз рӯи таҳлилҳои гуногун, тақрибан 4-5% кӯдакон, ки як ё ҳар ду волидонро бо сабаби БПНМ талаф додаанд, маълулият доранд. (5). Дар чунин вазъият онҳо ба камғизоӣ, 30 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

фаромӯшӣ гирифтор шуда дар муассисаҳои шакли пӯшида ҷой дода мешаванд ё волидон аз нигоҳубини онҳо даст мекашанд. (10). Кӯдакони дорои маълулият, ки худашон низ сироятшудаанд, эҳтимолияти зиёд дорад, ки ба танҳоӣ, поймолшавии ҳамаи ҳуқуқҳо ва махсусан ҳуқуқ ба таҳсилот дучор шаванд.

Ҷалби одамони дорои маълулият Фарогирии одамони дорои маълулият ба барнома ва хизматрасониҳои ВНМО/БПНМ Аксари одамони дорои маълулият ба барномаҳо ва хизматрасониҳои умумии пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ ҷалб карда намешаванд, зеро аксарият фикр мекунанд, ки ин хеле гарон ва мураккаб аст. Аммо тарзҳои бисёр мавҷуд ҳастанд, ки бо кӯмаки онҳо барномаҳои ТСҶ, ташкилотҳои одамони дорои маълулият, муҳофизони ҳуқуқи сироятшудагони ВНМО, кормандони соҳаи маориф ва таҳиягарони сиёсат метавонанд ба ҷалби онҳо мусоидат кунанд. Аксари ақидаҳои амалӣ дар боби «Амалҳои пешниҳодшаванда» номбар шудаанд, аммо дар умум тарзҳои зеринро бояд қайд кард: • Раҳнамоии раванди ҷалби одамони дорои маълулият ба барномаҳо ва хизматрасониҳои ба масъалаҳои умумии пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ нигаронида шуда. • Мутобиқкунонии барномаҳои соҳаи умумӣ оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ бо мақсади ҷалб ва иштироки одамони дорои маълулият дар он. • Таҳия ва ташкили чорабиниҳои махсуси дахолат барои одамони дорои маълулият, ки наметавонанд ба барномаи умумӣ оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ ҷалб карда шаванд. Бояд дар хотир дошт, ки ҷамъи чорабиниҳои номбаршуда бо мақсади ҷалби ҳамаи одамони дорои маълулият ташкил карда мешавад.

Тавонбахшӣ Тавонбахшӣ барои ҳамаи одамоне, ки дар натиҷаи сироятшавӣ ба ВНМО/БПНМ маълул гардидаанд торафт муҳимияти калон пайдо мекунад. Раванди тавонбахшӣ бадшавии вазъияти сироятшудагони ВНМО/БПНМ, пастар намуда ба онҳо имконияти дастрас шудан ба мустақилият ва нигоҳдории онро фароҳам оварад (5). Дар дастури мазкур масъалаҳои тавонбахшӣ ба таври муфассал таҳлил намешавад, зеро қисми «Саломатӣ» ба он бахшида шудааст; аммо бояд дар хотир дошт, ки дар сатҳи ҷамоат барномаҳои ТСҶ метавонанд дар ҳалли мушкилоти функсионалии одамоне, ки бо бемории ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекунанд, нақши асосиро бозад. Ба ғайр аз ин, имкониятҳои дигари дастгирӣ ва ҷиҳати дигари тавонбахширо дида баромадан зарур аст, масалан, тавонбахшии касбӣ, ки метавонад ба одамоне, ки аз сабаби бемории ВНМО/БПНМ маълул гардидаанд, барои барпо кардани тарзи ҳаёти сермаҳсул ва солим кӯмак расонад. ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 31

Фаъолиятҳои пешниҳодшаванда Раҳнамоии дастрасӣ ба пешгирии ВНМО, табобат ва нигоҳубину дастгирӣ Барномаҳои ТСҶ бояд ба бартараф намудани монеаҳо, ки дастрасии комили одамони дорои маълулиятро ба воситаҳои пешгирии ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ маҳдуд месозанд, бо тарзҳои зерин татбиқ намояд: • баланд намудани сатҳи огоҳии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо оид ба барнома ва хизматрасониҳоҳои сирояти ВНМО/БПНМ, инчунин фаҳмонидани он, ки одамони дорои маълулият барои иштирок намудан ҳуқуқи комил доранд; • мутмаин будан, ки барномаҳо ва хизматрасониҳо оиди мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар масофаи дастрас ҷойгиранд, масалан барномаҳои ТСҶ метавонанд барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ-ро водор созанд, қабули мизоҷонашонро дар ҷойҳои барои одамони дорои маълулият қулай амалӣ созанд ё ба онҳо барои мутобиқшавӣ маслиҳату кӯмак пешниҳод намоянд. • барнома ва хизматрасониҳои зидди сирояти ВНМО/БПНМ-ро барои ворид намудани акси одамони дорои маълулият дар овеза, девораҳои рекламавӣ ва маводҳои дигар, ки барои аҳли васеи ҷамоат пешбинӣ шудаанд рӯҳбаланд намоянд, масалан ба гурӯҳи одамони ғайримаъюб одамро дар аробачаи маъюбӣ ё шахси нобиноро бо асо дохил намоянд; • дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият фаъолият намуда, ба онҳо оид ба барномаҳо ва хизматрасониҳои сирояти ВНМО/БПНМ, оид ба тарзҳои соддаи мутобиқгардонии чорабиниҳои банақшагирифтаашон маслиҳат намоянд ва мутмаин бошанд, ки дастурҳои медодаашон ба одамони дорои маълулият фаҳмо бошанд. Масалан, ба барандаи вохӯрӣ маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми гузаронидани машғулият ба иштирокчиён рифолаҳо тақсим карда шаванд, то ин ки шунавандагони биноӣ дошта фаҳманд, ки ин чӣ аст, ва онро чӣ тавр бояд истифода бурд); • ба гурӯҳи одамони дорои маълулият, ки зери хавф қарор доранд, ҳангоми тақсим намудани маводҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ оид ба пешгирии сирояти ВНМО/БПНМ, мутмаин будан лозим аст, ки онҳо мавзӯъро хуб фаҳмидаанд ва маводи мазкурро истифода мебаранд. • дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият фаъолият намуда, ба барномаю хизматрасониҳои зидди сироятшавӣ ВНМО/БПНМ оид ба масъалаҳои мутобиқгардонии маводҳои мавҷудбуда бо мақсади беҳтар намудани дастрасии онҳо, маслиҳат додан лозим мешавад, масалан барои одамони маълулияти шунавоӣ дошта ба воситаи субтитр (дар экран нишон додани матн) ё сурдотарҷума (бо имою ишора); ба одамони маълулияти биноӣ дошта маводҳои аудиоӣ ё маводҳо аз рӯи системаи Брайлро пешниҳод намудан ва ба одамои маълулияти зеҳнӣ дошта аз суратҳо истифода намудан мувофиқи мақсад аст. • дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият таҳия намудани барномаҳои нав, хизматрасонӣ ва маводҳо барои одамони дорои маълулият, ки маводҳои барои аҳли ҷамъияти васеъ пешбинӣ шуда ба онҳо дастнорасанд, масалан, ба воситаи ташкили барномаҳои махсуси маърифатӣ барои маълулон; • пешниҳод намудани ёрии амалӣ, масалан пешниҳоди нақлиёт, барои беҳтар намудани ҷалбшавиӣ ва дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо ба барномаҳои хизматрасонӣ; • Пас аз огоҲшудани одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо аз сироятшавии худ ба ВНМО, таъмин намудани онҳо бо дастгирӣ ва табобату ғамхории мувофиқ. 32 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

ЗАМИМАИ 12

Зани ҷавон сари вақт ба табобати ВНМО оғоз намуда муваффақ гардид Дар Уганда зане, ки малулияти шунавоӣ дошт, бо марди ВНМО сироятшуда алоқаи ҷинсӣ дошт. Ӯ ҳомиладор гашт, мард бошад масъулиятро барои алоқа ва таваллуди кӯдак ба гардан нагирифт. Аъзоёни оила дар ташвиш буданд, ки мабода вай сироят гирифта бошад ва ӯро ба назди машваратчӣ оид ба ВНМО/БПНМ бурданд. Натиҷаи ташхис мусбӣ буд ва зан табобати зидди ретровирусиро оғоз намуд. Ҳоло вазъияти ӯ ва кӯдакаш (санҷиши кӯдак ба ВНМО манфӣ баромад) хуб аст. Ӯ мунатазам табобат мегирад, кор мекунад ва ба оилааш кӯмак мерасонад. Хешовандони ӯ акнун дигар оилаҳоеро, ки аъзои дорои маълулият доранд барои дастрас намудани иттилоот ва кӯмак оид ба сирояти ВНМО/БПНМ, муроҷиат намудан рӯхбаланд менамоянд.

Уганда

Ҷалб намудани одамони бо ВНМО/БПНМ сироятшуда, ба барномаҳои ТСҶ. Азбаски барномаҳои ТСҶ хеле фаъолона ақидаҳои фарогириро тарғиб менамоянд, онҳо бояд талаботи одамони дорои маълулиятро, ки бо сирояти ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, қонеъ гардонанд. Ба баъзеи онҳо, дастрасӣ ба хизматрасониҳои махсуси тиббӣ, ба мисли тавонбахшӣ ва воитаҳои ёридиҳанда лозим аст. Барномаи ТСҶ онро таъмин карда метавонад.

Баланд бардоштани нерӯ Аксари тарафҳои манфиатдор метавонанд аз баланд бардоштани нерӯ фоида гиранд, аз ҷумла одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо, кормандони ТСҶ, ташкилоти одамони дорои маълулият, кормандони соҳаи тандурустӣ ва аъзоёни ҷамоат. Барномаҳои ТСҶ чорабиниҳои зеринро гузаронида метавонанд: • мусоидат намудан ба гузаронидани фаъолият ва дастгирии чорабиниҳо дар ҷамоатҳо, ки ба баланд бардоштани нақшу нерӯи занон дар қабули қарорҳо оид ба сирояти ВНМО ва масъалаҳои маълулият мусоидат менамояд; • мутмаин будан, ки кормандони барои гузаронидани омӯзиш ва дастгирии одамони дорои маълулият ва сироятшудагони ВНМО (масалан ба аъзоёни оилаи онҳо) мутасаддиянд, худ ба омӯзишу дастгирии мувофиқ фаро гирифта шаванд • барномаҳои худро пурқувват гардонидан бо мақсади таъмини он ки масъалаҳои ба сирояти ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои дигари вобаста, ба монанди шаҳвоният (ҳиссиёти ҷинсӣ), солимии репродуктивӣ ва зӯроварии шаҳвонӣ ҳал карда шуда оид ба он қисматҳое, ки таҳлилу омӯзиши иловагиро талаб мекунанд барои кормандони ТСҶ омӯзишҳои иловагӣ гузаронида шаванд. • ҷалб намудани ташкилотҳои одамони дорои маълулият ва худи одамони дорои маълулият ба фаъолиятҳо оид ба сирояти ВНМО/БПНМ. Масалан, ба одамони дорои маълулият гузаронидани омӯзишҳо чун тренери масъалаҳои сирояти ВНМО/БПНМ дар ҷамоати худ ё гурӯҳи алоҳидаи одамони дорои маълулият. ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 33

• дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият, гузаронидани омӯзиш барои тренерон, кормандони саҳроӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба сирояти ВНМО/БПНМ, ва рӯҳбаланд сохтани онҳо барои таҷдиди муносибатҳои манфӣ ва мусоидат намудан ба фарогирии онҳо дар ҷамоатҳо. • гузаронидани омӯзиш барои пешвоёни ҷамоатӣ ва динӣ оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият ва сирояти ВНМО/БПНМ ва рӯҳбаланд намудани онҳо барои таҷдиди муносибатҳои манфӣ ва мусоидат намудан ба фарогирии онҳо дар ҷамоатҳо. • гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, масалан, полис, ҳуқуқшиносон (адвокатҳо) ва судяҳо оид ба масъалаҳои маълулият ва сирояти ВНМО/БПНМ, инчунин зарурати ҳифзи бехатарӣ ва риояи ҳуқуқи инсонии одамони дорои маълулият.

ЗАМИМАИ 13

Барномаҳои сирояти ВНМО дар ҷамъияти одамони дорои маълулияти шунавоӣ ва гуфтугӯӣ Дар баъзе мамлакатҳо гурӯҳҳои одамони дорои маълулияти шунавоӣ ва гуфтугӯӣ барномаҳои мубориза бар зидди сирояти ВНМО/БПНМ тадбиқ намуда оид ба таҷрибаи тарзҳои бехатари ҳаёти солим омӯзишҳо мегузаронанд. Онҳо инчунин маълумоти бештарро дар бораи васеъгардонии сатҳи огоҳии ташкилотҳои зидди сирояти ВНМО/БПНМ фаъолияткунанда ва барномаҳои давлатӣ пешниҳод мекунанд; илова бар ин онҳо оид ба зарурати зиёд намудани усулҳое, ки ба воситаи он маълумот оид ба ВНМО/БПНМ бо мардум пешниҳод мешавад, муҳокимаронӣ мекунанд.

Созмон додани шабакаи иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ Азбаски байни маъюбӣ ва ВНМО/БПНМ робита вуҷуд дорад (масалан, одамони дорои маълулият зери хатари сироятшавии ВНМО/БПНМ қарор доранд, ва сироятшудагони ВНМО/БПНМ дар навбати худ мумкин аст дорои маълулият бошанд), созмон додани шабака ва ҳамкорӣ байни тарафҳои манфиатдор дар соҳаи мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва одамони дорои маълулият зарур аст. Ба барномаҳои ТСҶ тавсия дода мешавад, ки фаъолиятҳои зеринро татбиқ намоянд: • дар чорабиниҳо ва машваратҳо оид ба масъалаҳои сирояти ВНМО/БПНМ, ки дар ҷамоатҳо ташкил карда мешаванд, иштирок намудан маънои онро дорад, ки ба масъалаҳои одамони дорои маълулият диққат дода мешавад; дар айни ҳол барномаҳои ТСҶ метавонанд намояндагони сироятшудагони ВНМО-ро ба чорабиниҳо ва машваратҳо бахшида ба маъюбӣ даъват намоянд; • ба роҲмондани ҳамкории зич бо ташкилотҳои одамони дорои маълулият, дар он ҷойҳое, ки имконпазир аст, бо мақсади таҳияи стратегияи дастрас намудани иттилоот ва маърифати санитарӣ оид ба сирояти ВНМО/БПНМ ба онҳо; муайян намудани талабот ба омӯзиш дар ҷамоат ва гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони барномаи сирояти ВНМО/БПНМ, оид ба масъалаҳои маълулият. • мубодила намудани таҷриба ва дониш оид ба масъалаҳои тавонбахшии барномаи ТСҶ бо шабакаи барномаҳои зидди сирояти ВНМО/БПНМ ба воситаи гузаронидани омӯзиш оид ба масъалаҳои маълулият ва манфиати тавонбахшӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба он ки одамони дорои маълулият низ зери хатари сироятшавӣ ба ВНМО/БПНМ қарор доранд. • даъват намудани намояндагони барномаҳо ва хадамот оиди мубориза бар зидди ВНМО барои мубодилаи малакаҳои махсус ва дониш бо кормандони ТСҶ 34 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

ва ташкилотҳои одамони дорои маълулият, бо мақсади ҷавоб гуфтан ва қонеъ намудани талаботи кормандон, иштирокчиён ва мизоҷон. • созмон додани системаи умумии равонасозӣ байни барномаҳои ТСҶ ва барномаҳои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ.

Мусоидат ба ҷорӣ намудани муносибати бисёрсоҳавӣ ҳам масъалаи маълулият ва ҳам сирояти ВНМО/БПНМ ба масъалаҳои рушд тааллуқ доранд. Ҳар ду ин масъала нуқтаи якхелаи зиёд доранд, аз ҷумла камбизоатӣ, тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқ, зӯроварӣ ва намудҳои дигари нобаробарӣ, ба монанди дастрасии маҳдуд ба маърифат ва имкониятҳои ёфтани васоити зиндагӣ. Ҳамин тариқ, хеле муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ ҷалби ҳамаи соҳаҳоро, ҳангоми таҳияи барномаҳо, чӣ аз рӯи масъалаҳои ВНМО/БПНМ, ва чӣ аз рӯи масъалаҳои маълулият дар назар гирад. Таҷдиди қисмҳои «Саломатӣ», «Маърифат», «Масъалаҳои худтаъминкунӣ», «Масъалаҳои иҷтимоӣ» ва «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият» тарҳи ҳамаи фаъолияту чорабиниҳои тавсияшударо дарбар гирифтааст, ки баъзе аз онҳо: • дида баромадани масъалаҳои ба маълулият ва ВНМО/БПНМ вобаста ва ҳалли таҳриму (тамғагузорӣ аз рӯи маълулият ё ҳолати иҷтимоӣ) поймолкунии ҳуқуқ, ки дар сатҳи ҷамоат ва соҳаҳои гуногун зоҳир мегарданд; • мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ба таҳсилот, аз ҷумла ба таълими муносибатҳои ҷинсӣ; мутмаин будан, ки муҳит фарогир ва дастрас аст (ниг. ба қисми «Маърифат»); • мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва бо ВНМО/БПНМ сироятшуда, инчунин аъзоёни оилаи онҳо аз имконияти дастрасӣ ба васоити зиндагӣ (худтаъминкунӣ) баҳраваранд (ниг. ба қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ»); • мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва бо ВНМО/БПНМ сироятшуда метавонанд ба системаи расмӣ ва ғайрирасмии таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ дастрасӣ дошта бошанд (ниг. ба қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ»); • мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ба барномаҳо ва механизмҳое, ки бо мақсади пешгирии сирояти ВНМО/БПНМ, инчунин пешгирии ҳамла ба номус ва зӯроварӣ таҳия шудаанд дастрасӣ доранд (ниг. ба қисми (Иҷтимоӣ, ҷузъҳои боби «Муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила», дастрасӣ ба «Адолат»).

Тадбиқ намудани чорабиниҳо бар зидди сирояти ВНМО/БПНМ дар ҷойи корӣ ВНМО/БПНМ –инчунин масъалаи истеҳсолӣ низ мебошад. Дар аксари мамлакатҳо кормандони барномаҳои ТСҶ ва аъзоёни оилаҳои онҳо зери хатари сироятшавии ВНМО/БПНМ ё таъсири дигари ин беморӣ қарор доранд. Бинобар ин, барномаҳои ТСҶ бояд чорабиниҳои мутобиқро дар ҷойҳои корӣ тадбиқ намоянд, то: • имконияти сироятшавии кормандони ТСҶ бо ВНМО/БПНМ кам карда ё барҳам дода шавад • мутмаин будан, ки кормандони ТСҶ, ки худ ВНМО сироят шудаанд, таъсир дидаанд, ё хешованди сироятшуда доранд, хуб дастгирӣ карда шаванд. • ба зоҳиршавии таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ дар ҷои корӣ роҲдода нашавад. Сиёсати мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, дар ҷои кор бояд чунин масъалаҳоро дар бар гирад: ҳифзи ҳуқуқи сироятшудагони ВНМО, пешгирии бемории ВНМО ба воситаи баланд кардани сатҳи огоҳӣ, маърифати санитарӣ ва омӯзиши амалӣ; ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ 35

пешниҳод намудани кӯмаки тиббӣ-санитарӣ ва дастгирии кормандон ва аъзоёни оилаҳои онҳо. (15)

Мусоидат намудан ба сиёсати миллии фарогир ва таҳияи барномаҳо Аз сабаби он, ки одамони дорои маълулият аксар вақт ҳангоми таҳияи сиёсати миллӣ ва барномаҳои мубориза зидди сирояти ВНМО/БПНМ ба назар гирифта намешаванд, барномаҳои ТСҶ бояд бо дигар гурӯҳи фаъолон муттаҳид шаванд, то ин ки тағйиротро дар ин соҳа ворид намоянд. Масалан, маъракаи баланд намудани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои маълулият ва сирояти ВНМО/БПНМ дар Африқо бахшида, дар соли 2007 оғоз гардида, чун ташкилоти муттаҳидкунада, ки зери роҳбарии он ташкилотҳои одамони дорои маълулият, ташкилотҳои шахсоне, ки бо бемории ВНМО/БПНМ умр ба сар мебаранд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, хадамот оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО/БПНМ, кормадони илмӣ, фаъолон ва дигар шаҳрвандони оддӣ, якҷоя бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини дастрасии баробар ба барномаҳои зидди сирояти ВНМО, иштироки ҳаматарафа дар чорабиниҳои мубориза бар зидди БПНМ ва таҳияи нақшаҳои стратегӣ барои одамони дорои маълулият фаъолият менамоянд (16).

ЗАМИМАИ 14

Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ

Марҳалаҳои нав Бори аввал манфиатҳои одамони дорои маълулият дар нақшаи стратегии миллии мубориза бар зидди ВНМО дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ барои солҳои 2007-2009 инъикос ёфта буданд. Ин ба туфайли якҷояшавии аъзоён тарафдорони ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият дар дохили ҳукумат, роҳбарияти пурқуввати соҳаи кор бо одамони дорои маълулият, намояндагии худи одамони дорои маълулият дар шӯрои миллии Африқои Ҷанубӣ оид ба масъалаҳои ВНМО/БПНМ таъмин карда шуд (5).

Библиография 1. Hanass-Hancock J, Nixon SA. The files of HIV and disability: past, present and future. Journal of the International AIDS Society, 2009, 12(28):1-14 (www.jiasociety. org/, accessed 30 March 2010) . 2. Groce N . HIV/AIDS and individuals with disability. Health and Human Rights, 2005, 8(2):215-224 (http://v1. dpi . org/lang-en/resources/details?page=526, accessed 30 March 2010). 3. Groce N . HIV/AIDS and people with disability. The Lancet, 2003, 361:1401-1402 (http://globalsurvey.med.yale.edu/lancet.html, accessed 30 March 2010). 4. UNAIDS, WHO and OHCHR policy brief: disability and HIV. Geneva, UNAIDS/ World Health Organization/ Office of the United Nations High Commissioner for Human Rights, 2009 (www.who. int/disabilities/ jc1632_policy_brief_disability_ en.pdf, accessed 30 March 2010) . 5. HIV/AIDS higher among disabled. International Disability and Development Consortium (undated) (www.includeeverybody.org/cs-hiv.php, accessed 30 March 2010). 6. 4 Rusch M et al Impairments, activity limitations and participation restrictions: 36 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

prevalence and associations among persons living with HIV/AIDS in British Columbia. Health and Quality of Life Outcomes, 2004, 2:46 7. Stigma and discrimination. UNAIDS, 2009 (www.unaids.org/en/PolicyAndPractice/ StigmaDiscrim/ default. asp, accessed 30 March 2010) . 8. Disability and HIV/AIDS: at a glance. Washington, DC, World Bank, 2004 (http:// web. worldbank. org/ WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/EXTSOCIALPROTECTION/ EXTDISABILITY/0„contentMDK:20208464~me nuPK:488268~pagePK:148956~pi PK:216618~theSitePK:282699,00.html, accessed 30 March 2010) . 9. Rohleder P et al . HIV/AIDS and disability in Southern Africa: a review of relevant literature. Disability and Rehabilitation, 2009, 31(1):51-59. 10. Groce N . HIV/AIDS & disability: capturing hidden voices, global survey on HIV/ AIDS and disability. New Haven, Yale University, 2004 (http://web.worldbank.org/ WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/ EXTSOCIALPROTECTION/EXTDISABILITY/0,,c ontentMDK:20208464~menuPK:488268~pagePK:1489 56~piPK:216618~theSite PK:282699,00.html, accessed 30 March 2010) . 11. Yousafzai AK et al. Knowledge, personal risk and experiences of HIV/AIDS among people with disabilities in Swaziland. International Journal of Rehabilitation Research, 2004, 27:247-251. 12. Disability and HIV & AIDS in Mozambique: a research report by Disability and Development Partners April 2008. London, Disability and Development Partners, 2008. (www.reliefweb .int/rw/RWFiles2008.nsf/FilesByRWDocUnidFilename/EDIS7J7PFZ-full_report . pdf/$File/full_report . pdf, accessed 30 March 2010) 13. Yousafski A, Edwards K. Double burden: a situation analysis of HIV/AIDS and young people with disabilities in Rwanda and Uganda. London, Save the Children, 2004. (http://v1.dpi.org/files/uploads/1600_ DoubleBurden.pdf, accessed 30 March 2010). 14. HIV, AIDS and disability. Ottawa, Interagency Coalition on AIDS and Development (ICAD), 2008 (www. aidslex. org/site_documents/DB-0038E .pdf, accessed 30 March 2010). 15. The ILO and HIV/AIDS. Geneva, International Labour Organization (undated) (www. ilo.org/public/ english/protection/trav/aids/aboutiloaids.htm, accessed 30 March 2010) . 16. Disability and HIV & AIDS . The Africa campaign on disability and HIV & AIDS (www. africacampaign.org, accessed 10 August 2010).

Адабиёти тавсияшуда Bridging the gap: a call for cooperation between HIV/AIDS activists and the global disability movement Tataryn M, 2005 (http://v1. dpi. org/lang-en/resources/details .php?page=325, accessed 30 March 2010) . International guidelines on HIV/AIDS and human rights, 2006 consolidated version. UNAIDS, 2006 (http:// data.unaids . org/Publications/IRC-pub07/jc1252internguidelines_ en.pdf?preview=true, accessed 30 March 2010). MacNaughton G. Women's human rights related to health-care services in the context of HIV/AIDS (Health and Human Rights Working Paper Series, No 5) Geneva, World Health Organization, 2004 (www who int/hhr/information/Series_5_womenshealthcarerts_ MacNaughtonFINAL pdf, accessed 10 August 2010).

ТСҶ ВА ВНМО/БПНМ

37

ТСҶ ва ҷузом

Муқаддима Ҷузом – ин бемории музмини сирояткунанда мебошад, ки аз давраҳои қадим вуҷуд дорад. Сабаби пайоиши он бактерияҳо буда, дар ҳолати табобат накардан метавонад ба иллатнокии инкишофёбанда ва устувори пӯст, торҳои асаб, дасту по ва чашм оварда расонад (1). Дар соли 2008 тахминан 249 ҳазор ҳодисаҳои нави беморӣ ба қайд гирифта шуда буд (1). Ҳарчанд усули самараноки табобати ҷузом (махав) вуҷуд дошта бошад ҳам, аммо аз рӯи таҳлилҳо, тахминан 3 миллион нафар одамон аз сабаби гирифтори бемории ҷузом шудан, дорои маълулият гардиданд (2). То пайдо шудани усули табобати самаранок, ки қодир аст ба табобати пурраи бемории ҷузом оварад, ҷамъиятро ҳисси тарсу ваҳм назди ин беморӣ фаро гирифта буд ва беморон зери таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ қарор мегирифтанд (3). Аксари онҳо маҷбур буданд оилаҳои худро тарк намоянд ва дар ҷузомхона ё қарияҳои махсус зиндагӣ кунанд, ки дар он ҷо онҳо аз ҷамъият ҷудо шуда буданд ва ба кӯмак ва дастгирӣ дастрасӣ надоштанд. Ин ҷудошавӣ сабаби пурзӯршавии фарогирӣ ва ба таҳриму таҳқир шудани онҳо саҳм гузошт. Бо инкишофи табобат бо доруворӣ ва ҷарроҳӣ нуқтаи назар оид ба масъалаи дар муассисаҳои алоҳидаи пӯшида ҷой додани беморони ҷузом аз байн рафт (3). Ҳоло одамоне, ки гирифтори бемории ҷузом шудаанд, одатан дар хона ва ҷамоатҳояшон умр ба сар мебаранд, ва фаъолияти мубориза бар зидди ҷузом ба системаи умумии ҳифзи саломатӣ дохил карда шудааст (4). Аммо сарфи назар аз табобати самараноки ҷузом, маъракаи иттилоотӣ ва воридшавии мубориза бар зидди ҷузом ба системаи умумии ҳифзи саломатӣ, таҳрим то ҳол мушкилоти ҷиддӣ барои шахсони гирифтори бемории ҷузом мебошад (5). Аксари одамон то ҳол бо истисноии иҷтимоӣ дучор мегарданд ва ҳангоми дастрасӣ ба хизматрасонии умумӣ, ба мисли барномаҳои ТСҶ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, ба ҳазорон беморони гирифтори ҷузом шояд хизматрасонии тавонбахшӣ лозим шавад, аммо танҳо қисми ками онҳо ба ин хизматрасониҳо дастрасӣ доранд (5). ТСҶ – стратегияе мебошад, ки пурра нисбати ҳамаи беморони ҷузом истифода мешавад (4). Дар рӯйхати пешниҳодҳои тавсиявии дар поён оварда шуда чӣ гуна беморони ҷузомро ба барномаи ТСҶ ҷалб намудан ва ба ҳаёти ҷамоат дохил кардан мумкин аст, пешниҳод карда мешавад. Боварӣ дорем, ки ин боб сатҳи огоҳии кормандони тиббӣ, ки дар соҳаи мубориза бар зидди ҷузом кор мекунанд, баланд бардошта, барои дарк намудани муҳиммияти ҷалби дигар одамон, ки сабаби маълулияташон низ дигар бемориҳо аст, кӯмак менамояд. ТСҶ ВА ҶУСОМ 39

ЗАМИМАИ 15

Ҳиндустон

Шиврао Шиврао дар деҳаи хурдакаки музофоти Мандяи штати Карнатакаи ҷануби Ҳиндустон зиндагӣ мекунад. Се нафар аъзои оилаи ӯ гирифтори бемории ҷузом шуданд ва дар натиҷаи ин беморӣ маъюб гардиданд. Дар синни 15-солагӣ дар чеҳраи ӯ доғи сурхи гирд пайдо шуд. Ба хонаи Шиврао ташриф оварда, Амбуйя, корманди барномаи расонидани кӯмаки тиббӣ дар ноҳияҳои деҳот ба номи Мария Оливия Боналдо, ки дар соҳаи мубориза бар зидди бемории ҷузом мутахассис буд, ин доғро пай бурд. Ӯ тахмин кард, ки сабаби он метавонад ҷузом бошад ва Шивраоро ба беморхонаи шаҳри Мандя бурд, ки дар он ҷо писарбача аз ташхис гузашта, бемориаш муайян ва табобат оғоз гардид. Бо сабаби номаълум хабари он, ки Шиврао табобат гирифта истодааст, то мактаби ӯ рафта расид ва муаллимони Шиврао изҳор доштанд, ки ӯ бояд дигар ба мактаб наравад. Ҳангоми ташрифи навбатӣ ба хонаи Шиврао, Амбуйя дар бораи ин дарак ёфт ва қарор дод, ки бо муаллимони мактаб сӯҳбат намояд. Ӯ ба онҳо фаҳмонд, ки Шиврао табобат гирифта истодааст ва хатари сирояти кӯдакони дигар вуҷуд надорад. Ў аз муаллимон илтимос кард, ки ба Шиврао иҷозат диҳанд, то дар дарсҳо иштирок намояд. Аммо ӯ натавонист муаллимонро розӣ кунад, ва онҳо хоҳиш карданд, ки аз беморхона маълумотнома биёрад. Амбуйя якҷоя бо Шиврао ба беморхона рафтанд ва аз духтур маълумотнома гирифтанд ва танҳо пас аз ин ба Шиврао иҷозат доданд, ки ба мактаб баргардад. Соли 2001 барномаи расонидани кӯмаки тиббӣ дар ноҳияҳои деҳа (МОБ) ба амалӣ намудани чорабиниҳои ТСҶ оғоз намуд ва Амбуйя дар қатори аввалинҳо аз омӯзиши такмли ихтисос гузашт. Пас аз омӯзиш Амбуйя қарор дод, ки гурӯҳи худкӯмаккунандаро барои одамони дорои маъюбият ташкил диҳад. Ӯ ба хонаи Шифрао ташриф овард ва хоҳиш кард, ки яке аз аъзоёни оилаи Шиврао ба гурӯҲшомил шавад. Аммо аъзоёни оилаи Шиврао аз шомил шудан ба гурӯҳи худкўмакрасон метарсиданд, чунки гумон доштанд, ки аъзоёни дигари гурӯҲаз онҳо рӯй мегардонанд. Аммо пас аз баҳси тӯлонӣ модари Шиврао қарор дод, ки ба маҷлиси гурӯҲташриф оварад. Ӯ ба фаъолият нисбати ҷамъоварии маблағ шомил гардид, ки ҳар аъзои гурӯҲдар як ҳафта бояд маблағи на он қадар зиёд ҷамъоварӣ менамуд. Амбуйя мунтазам ба хонаи Шиврао ташриф меовард. Ӯ ба Шиврао маслиҳат медод, ки чӣ гуна пойҳояшро нигоҳубин намояд, вақте ки ошкор намуд, ки пойҳои Шиврао ҳассосияти худро дар натиҷаи беморӣ гум кардаанд. Ӯ ҳатто ба Шиврао як ҷуфт пойафзоли махсус аз номи Барномаи мубориза бар зидди ҷузом дод, то ин ки пойҳояшро аз харобӣ эмин дорад. Соли 2003 Шиврао қарор дод, ки ба Барномаи маҳаллии ТСҶ ба кор ба сифати корманди воҳидӣ дохил шавад. Таҷрибаи корӣ ба Шиврао боварӣ бахшид ва ӯ дар бораи имкониятҳои зиёд, ки барои маъюбон фароҳам оварда шудааст, хабардор шуд. Писарбача ба шӯъбаи ғоибонаи донишгоҲдохил шуд. Ҳоло ӯ ба ҳайси муаллими мактаб кор мекунад, хонадор шуд ва духтарчааш калон шуда истодааст. Ӯ ба барномаи ТСҶ дар деҳаи худ фаъолона кӯмак менамояд. 40 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Мақсад Ҳуқуқҳои беморони ҷузом риоя мегарданд ва ин одамон аз дастрасӣ ба кӯмак ва хизматрасонӣ дар сатҳи маҳаллӣ барои баланд бардоштани сифати ҳаёт ва таъмини иштирок дар ҳаёти ҷамоат баробари одамони дигар баҳра мебаранд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ иборат аст аз: 1. Ҷалб намудани одамоне, ки бемории ҷузомро аз сар гузаронидаанд ба чорабиниҳои худ; 2. Барномаҳо ва хадамотро оид ба мубориза бар зидди бемории ҷузом водор намояд, одамони дорои маълулиятро ба фаъолияти худ ҷалб намояд.

Натиҷаҳои дилхоҳ • Талаботи одамони бемории ҷузомро аз сар гузаронда, оид ба тавонбахшӣ ба воситаи барномаҳои ТСҶ ва системаи равон намудан ба назди мутахассис қонеъ карда мешавад; • Марказҳо ва барномаҳои тавонбахшии махсус барои беморони ҷузом ба шахсоне, ки дар натиҷаи дигар бемориҳо дорои маълулият гардидаанд, аз ҷумла онҳое, ки ба барномаҳои ТСҶ ҷалб шудаанд, хизмат мерасонанд. • Таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқи онҳое, ки аз бемории ҷузом таъсир дидаанд ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар ҷамоат камтар шудааст. • Малака ва дониши ҳамаи шахсони манфиатдор, ки барои ҳал намудани мушкилиҳои ба ҷузом вобаста зарур аст, беҳтар гардидааст.

Мафҳумҳои асосӣ Дарк намудани ҷузом Бемории ҷузом чист? Ҷузом беморие мебошад, ки аз тарафи бактерияи Mycobacterium leprae ангехта шудааст, ва асосан ба пӯст ва торҳои асаб таъсир мерасонад. Ҷузомро одатан бемории Хансен (ҳансен) бо номи олиме, ки бактерияро ошкор намудааст, ном мебаранд. Беморӣ ба одамони ҳамаи синну сол ва ҷинс осеб мерасонад. Он хеле суст авҷ мегирад ва аз лаҳзаи сироятшавӣ то пайдошавии аломатҳо ва зуҳуроти ошкор метавонад якчанд сол гузарад. Яке аз аломатҳои мунтазам вохӯранда ин ба ном «ҳалқаи пустӣ» мебошад, ки рангаш аз паридаранг то сурхча ё мисин тағйир меёбад. Ин қитъачаҳо метавонанд ҳамвор ё андак боло шуда, дар сатҳи пӯст бошанд, ҳассосии пӯст дар ин доира мавҷуд нест. Ин ташкилаҳо метавонанд дар ҳама қитъаи бадан пайдо шаванд, хоришро ба вуҷуд намеоранд ва одатан дард намекунанд (6).

ТСҶ ВА ҶУСОМ

41

Иштибоҳи паҳншуда оид ба бемории ҷузом. Новобаста аз он, ки бо мурури замон сатҳи огоҳӣ ва дониш оид ба бемории ҷузом беҳтар мешавад, то ҳол иштибоҳи васеъ паҳншуда вуҷуд дорад. Ба монанди: • Бемории ҷузом даво надорад. Ин нодуруст аст. Табобати муштараки доругӣ (ТМД) ба бемории ҷузом даво мебахшад. Дар 20 соли охир зиёда аз 14 миллион одамон аз ин беморӣ даво ёфтаанд. (1). Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба ҳамаи мамлакатҳои эҳтиёҷманд дар чорчӯбаи барномаи худ оид ба решакан кардани ҷузом табобати муштараки доругӣ пешниҳод менамояд. Ин табобат дар муассисаҳои тиббӣ ройгон пешниҳод карда мешавад (6). • Сатҳи сироятшавӣ ба бемории ҷузом хеле баланд аст. Ин нодуруст аст. Ҷузом метавонад аз инсон ба инсон гузарад (бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ ба воситаи даҳону бинӣ), аммо ин бемории сатҳи сироятшавиаш баланд нест. Дигаронро танҳо онҳое сироят карда метавонанд, ки дар организмашон миқдори зиёди бактерия вуҷуд дорад; пас, аксари беморони ҷузом сирояткунанда ҳисобида намешаванд. Ба ғайр аз ин, аз рӯи арзёбӣ, зиёда аз 95% аҳолии Замин ба ҷузом устувории модарзод доранд, ки ин сироятшавиро аз эҳтимол дур месозад. Табобати муштараки доругӣ бар зидди бактерия самаранок мебошад; ҳамин тариқ, пас аз оғози табобати муштараки доругӣ беморон сирояткунанда намешаванд (7). Таасури бадан ба бемории ҷузом Баъзе аз беморон метавонанд ба ном «Аксуламали ҷузомро» аз сар гузаро нанд. Он қисми ҷавоби системавии организм ба сироятшавӣ мебошад ва маъ нои онро надорад, ки беморӣ авҷ гирифт ё табобат бесамар аст (6). Он бештар ба аксуламали аллергикӣ шабоҳат дорад: организм ба мавҷудияти бактери яҳои ҷузом мутаассир мешавад, ки дар навбати худ метавонад ба харобша вии бофтаи худ оварда расонад. Аз сабаби он, ки бактерияҳои ҷузом торҳои асабро хароб месозанд, маҳз торҳои асаб мунтазам дар натиҷаи аксуламали ҷузом зарар мебинанд. Харобшавии торҳои асаб метавонанд зуд ташаккул ёбанд, пас, барои пешгирии зарарҳои бебозгашт ташхиси бармаҳал ва равон намудан барои табобат ба муассисаи мувофиқи тиббӣ хеле муҳим мебошад. Ошкоркунии бармаҳал ва табобати торҳои асаби харобгардида мушкилоти ҷиддӣ барои барномаи табобати ҷузом мебошад. То 30% беморони ҷузом зери хатари аксуламали ҷузом ва харобшавии торҳои асаб қарор доранд. Харобшавӣ дар натиҷаи бемории ҷузом. Харобшавии торҳои асаб, ки аз ҷузом ангехта шудааст, метавонад ба вайроншавии сершумор оварда расонад (9). Он метавонад сабаби вайроншавии ҳиссӣ (сенсорӣ) гардад: масалан, беморони ҷузом ҳасосии пой ва дастро гум мекунанд. Харобшавии торҳои асаб инчунин метавонад ба вайроншавии ҳаракат (моторика) оварда расонад, масалан, мушакҳои даст, пой ё чашми бемор метавонад суст ё фалаҷ гардад. Ҷузом инчунин, аз сабаби харобшавии торҳои асаб, ки арақбарориро назорат менамояд, ба ниҳоят хушк шудани пӯст оварда мерасонад. Барои аксари одамон ин вайроншавиҳо метавонад ба пайдошавии минбаъдаи мушкилот ва оризаҳо оварда расонад. Масалан, одамоне, ки ҳассосияти дасту пойро гум мекунанд, одатан худро ҷароҳатнок месозанд ва инро пайхас наменамоянд. Аз сабаби он, ки онҳо дарди 42 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

ҷароҳатро ҳис намекунанд, метавонанд барои табобат муроҷиат нанамоянд ва ин ба сироят, харобшавии бофта ва устухон ва эҳтимол, ба талафи дасту пой оварда расонад. Сустӣ ва фалаҷи дасту пой одатан ба шахшавӣ ва тағйири шакли буғумҳо оварда мерасонад. Сустшавии мушакҳои чашм метавонад дар ниҳоӣ, ба нобиноӣ оварда расонад, чунки бе мижазании мунтазам ва маҳкамшавии пурраи чашм шабона, чашм зуд хушк ва хароб мешавад (10). Пӯсти хушк метавонад кафад, ин барои ворид шудани сироят роҲмекушояд, сироят ба осонӣ ба буғумҳо ва устухон паҳн мегардад, ки метавонад, масалан, ба талафи ангушти сироятшуда оварда расонад (1).

Таъсири бемории ҷузом Таъсир ба фаъолият Харобшавӣ, ки бо ҷузом ангехта шудааст, метавонад иҷрои машғулияти ҳамарӯзаро барои одамон ниҳоят мушкил созад. Масалан, барои одамоне, ки ҳассосияти дастро гум кардаанд, иҷро намудани вазифаи оддитарин хеле мушкил аст, масалан, риштаро аз сӯзан гузаронидан ё қошуқро нигоҲдоштан; ба одамоне, ки пояшонро бардошта наметавонанд (ба ном «овезонии кафи пой»), ҳангоми роҲрафтан ба мушкилот дучор мегарданд. Аз рӯи таҳлилҳо, 20-25% беморони ҷузом дорои маълулият мегарданд (9). Воситаи асосии пешгирии маълулшавӣ – ин ошкорнамоии саривақтӣ ва табобати дуруст якҷоя бо муоинаи мунтазами тиббӣ мебошад (11). Таъсири иҷтимоӣ Одатан барои одамони дорои маълулият мушкилоти зиёдро на харобиҳои ҷисмонӣ ва ҳатто на маҳдудсозии кор эҷод месозанд. Баръакс, таҳрим ва истисноии иҷтимоӣ мушкилоти зиёдро ба бор меоранд. Одамоне, ки дар баданашон аломатҳои ҷузом дида мешаванд, одатан кор ёфта наметавонанд ё издивоҷ карда наметавонанд ва пас, ба дастгирии молиявӣ ва нигоҳубин ниёз доранд, ки онро одамони дигар пешниҳод менамоянд. Инчунин, худтаҳрим паҳн гардидааст: одамон худро гунаҳкор меҳисобанд, ки бемор шудаанд, ин ба эҳсосоти ношоямӣ, гум кардани ҳисси эҳтиром нисбати худ, умед ва мақсади ҳаётӣ оварда мерасонад. Аксар вақт, ҳатто онҳое, ки аз ҷузом солим шудаанд, нисбати онҳо таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ давом мекунад. Дар яке аз бобҳои Дастури мазкур гуфта мешуд, ки занон-дорои маълулият одатан осебпазир мебошанд ва ҳисси бебаҳрагирро дар ҷамъият нисбат ба мардон зиёдтар эҳсос менамоянд. Ин инчунин нисбати заноне, ки гирифтори бемории ҷузом мебошанд, дахл дорад. Набудани иттилоот ва дониш оид ба бемории ҷузом, ки дар ҷамъият васеъ паҳн гардидааст, масалан он, ки оё ин беморӣ меросӣ, сироятӣ ё табобатшаванда мебошад, ба муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила таъсири худро мерасонад. Аксари занҳоро, хусусан онҳоеро, ки ба наздикӣ ба шавҳар баромадаанд, шавҳарашон тарк мекунанд, барои аксари занҳои ба шавҳар набаромада бемории ҷузом метавонад имконияти дар оянда ба шавҳар баромаданро маҳдуд созад. Таъсири иқтисодӣ Ҷузом метавонад ба фард ва аъзоёни оилаи онҳо таъсири ҷиддии иқтисодӣ расонад. Дар натиҷаи харобшавӣ, ки дар заминаи ҷузом ташаккул ёфтааст, одамон метавонанд қобилияти кор кардан ё давом додани корро аз даст диҳанд. Онҳо инчуТСҶ ВА ҶУСОМ 43

нин, аз сабаби доғи шармандагӣ, ки бо ҷузом вобаста аст, метавонанд аз кор маҳрум гарданд. Одамон одатан намехоҳанд, ки аз шахси ба бемории ҷузом гирифторшуда мол, аз ҷумла маводи хӯрока харанд, чунки метарсанд, ки сироят мегиранд. Ба ғайр аз ин, хароҷот вобаста бо табобат дар назар аст. Агарчӣ, табобати доругӣ ройгон аст, аммо дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ-санитарӣ бо хароҷоти нақлиёт ва нигоҳдории маблағ аз музди меҳнат вобаста аст. Хароҷоти иловагӣ низ барои табобат зарур шуданаш мумкин аст, масалан пул барои бистарӣ намудан ё нархи пойафзоли ортопедӣ, ортез ё протез. Барои аксари одамон ин хизматрасонӣ хеле гарон аст. Дар натиҷа дар онҳо метавонад бемории такрорӣ авҷ гирад, ва сатҳи корношоямӣ баланд гардад. Ҷузомхонаҳо Якчанд даҳсолаҳо қабл дорую давои самаранок аз бемории ҷузом вуҷуд надошт ва одамони гирифтори ин бемориро дар колония барои ҷузомҳо ё ҷузомхона ҷудо нигоҲмедоштанд. Ин стратегия одатан дар асоси қонун истифода мешуд. Пас аз он, ки усулҳои самараноки табобат пайдо шуданд, аксари ин колонияҳо баста шуданд, аммо дар баъзе мамлакатҳо онҳо арзи вуҷуд доранд. Аксари одамон солҳои дароз дар чунин деҳаҳо азият мекашанд, бо хешовандон ва хона робита надоранд. Барои одамони дорои маълулияти вазнин ягона сарчашмаи восита барои ҳастӣ метавонад талбандагӣ ё садақаи хайркунандаҳо бошад (4).

ЗАМИМАИ 16

Ҳиндустон

Колонияҳо барои беморони ҷузом Дар Ҳиндустон ҳамеша шумораи беморони ҷузом аз ҳама зиёд буд. Соли 2005 яке аз ташкилотҳо, ки гирифторони ин бемориро муттаҳид месохт, муоинаи миллии ҷузомхонаҳоро дар Ҳиндустон гузаронд. Чӣ тавре, ки муоина нишон дод, то ҳол 700 ҷузомхонаҳо вуҷуд дорад, ки дар он 200 ҳазор беморони ҷузом ва аъзоёни оилаи онҳо умр ба сар мебаранд. Аз онҳо тахминан 25 ҳазор нафар бо талбандагӣ рӯз мегузаронанд. Дар аксари чунин деҳаҳо ҳоҷатхона, оби ошомиданӣ, роҳи омад ва мактаб вуҷуд надошт. Деҳаҳои ҳамсоя аз ин деҳа ҳазар менамуданд, ва дар натиҷа онҳо ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳои дигар, ки давлат ба ихтиёр дода буд, азият мекашиданд.

Бисёр муҳим аст, ки давлат ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ воридшавии беморони гирифтори ҷузомро ба ҷамоатҳои маҳаллӣ дастгирӣ мекарданд, дар бораи ҳуқуқҳояшон иттилоот медоданд, бо онҳо оид ба бартараф намудани таҳрим ва поймолкунии ҳуқуқ кор мебурданд. Барномаҳои ТСҶ дар ин раванд нақши муайянро мебозанд. Дар он ҷойҳое, ки варианти интиқоли беморон ба ҷамоат дида баромада намешавад, - масалан одамон намехоҳанд ҷузомхонаро тарк намоянд, - барномаҳои ТСҶ метавонанд муносибатро бо ҷамоатҳои ҳамсоя ба ҳам мувофиқ созанд ва тадриҷан колонияи худро барои зисти одамони дигар кушоянд. Дар мамлакатҳои ҷаҳон мисолҳое ҳастанд, ки ҷузомхонаҳо тадриҷан ба деҳаҳои оддӣ мубаддал гаштаанд.

44

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

ЗАМИМАИ 17

Бразилия

Инкишофи ҷамоат ба туфайли хукуматҳои кӯмакрасон Дар охирҳои солҳои 1980 ҷузомхонаҳо дар шаҳри Манус (дар қисмати шимолу ғарбии Бразилия) баста шуд, ва беморон ба гирду атрофи Лагу-ле-Алейша кӯчонида шуданд. Дар он замонҳо дар Лагу-де-Алейша инфрасохтор ташаккул наёфта буд, ва хизматрасонии кам расонида мешуд, аз ҷумла на оби ошомиданӣ, на мактаб вуҷуд надоштанд. Бо дастгирӣ аз тарафи калисои маҳаллӣ беморони гирифтори ҷузом ба кооператив барои ҳал намудани ин масъалаҳо муттаҳид шуданд. Онҳо заводи хишт бунёд намуданд ва системаи обтақсимкунӣ созмон доданд, баъдан вақте, ки ҷамоат устувор гардид, фабрикаи мурғправарӣ, тарабхона ва мактаб кушоданд. Ҷамоат инкишоф ёфт ва пас аз он, ки давлат барои васеъ намудани инфрасохтор кӯмак намуд ва хизматрасониҳои дигарро пешниҳод шуданд, ба ин ҷо тадриҷан одамон кӯчида омадан гирифтанд. Имрӯз Лагу-де-Алейша ба ҳайати шаҳрҳои бузург дохил шуд, ва аксари одамон ҳатто намедонанд, ки он як вақт колония барои беморони ҷузом буд.

Якҷоякунии чорабиниҳо дар муборизаи зидди ҷузом ва барномаҳои ТСҶ Новобаста аз он, ки ҷузом, эҳтимол, бемории сатҳи паҳншавиаш паст аст, дар баъзе минтақаҳо ҳатто хеле кам ба қайд гирифта мешавад, хизматрасониҳоро оид ба мубориза бар зидди он – ташхис, табобат, пешгирии маълулшавӣ, нигоҳубини одамони дорои маълулият ва тавонбахширо, ҳатто дар асри ХХ1 низ давом додан зарур аст (9). Дар гузашта ин хизматрасониҳо махсусгардонидашуда ва тафқиқшуда буд, аммо дар айни замон воридшавӣ ба системаи умумии ҳифзи саломатӣ стратегияи аз ҳама мувофиқ ба ҳисоб меравад (9). Ин ҳам ба усули амалӣ кардани хизматрасонӣ оид ба тавонбахшӣ таъсир мерасонад. Тавонбахшии беморони ҷузом одатан якҷоя бо барномаҳои тавонбахшии «умумӣ» амалӣ карда мешавад. Масалан, аксари ташкилотҳои байналмиллалӣ ва миллӣ барномаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодиро барои беморони ҷузом ба кор андохтанд, аммо аз тарафи дигар барномаҳои барқарорсозиии «умумӣ», ба мисли ТСҶ, беморони гирифтори ҷузомро ҷалб наменамоянд. Тахмин меравад, ки сабаби асосии истисно шудани беморони гирифтори ҷузом аз барномаҳои ТСҶ ин таҳрим аст ва инчунин, барои онҳо мавҷуд будани барномаҳои махсусгардонидашудаи тавонбахшӣ, мебошад (12). Айни ҳол пешкаш намудани хизматрасонӣ аз тарафи марказҳои махсусгардонидашудаи тавонбахшии беморони гирифтори ҷузом ба гурӯҳҳои дигари аҳолӣ ҳавасманд карда мешавад, чунки ихтисос ва захираи мутахассисони ин марказҳо метавонанд ба гурӯҳҳои васеи аҳолӣ муфид бошанд. Барои барномаҳои ТСҶ онҳо метавонанд марказҳои муфиди равонсозӣ ба назди мутахассис шаванд, чунки дар онҳо беморони ин барномаҳо метавонанд барои табобат равон карда шаванд; масалан, барномаи ТСҶ метавонад одамони дорои маълулиятро бо харобшавии ҷисмонӣ ба омӯзиши ортопедӣ равон намояд, ки ба он одатан беморони гирифтори ҷузом ташриф меоранд. Инчунин, пешкаш намудани хизматрасонӣ оид ба барқарорсозии беморони гирифтори ҷузом дар самти ТСҶ ҳавасманд карда мешавад, ТСҶ ВА ҶУСОМ 45

чунки эътироф гардидааст, ки стратегияи ТСҶ барои ин гурӯҳи аҳолӣ ниҳоят самаранок мебошад (4). Ба қарибӣ тахмин шуда буд, ки маҳз ТСҶ стратегияи асосии интихоб барои беморони ҷузом ва ниёзмандони тавонбахшӣ мебошад (12).

Амалҳои тавсияшуда Азбаски ТСҶ – ин стратегияе мебошад, ки барои ҳамаи одамони дорои маълулият истифода мешавад, аксари чорабиниҳои дар Дастури мазкур овардашударо, инчунин барои беморони гирифтори ҷузом истифода бурдан мумкин аст. Пас, тахмин меравад, ки боби мазкур бояд дар қатори қисмҳои дигари матритсаи ТСҶ - қисмҳои «Саломатӣ», «Маърифат», «Масъалаҳои худтаъминкунӣ» ва «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият» омӯхта шавад. Ба ғайр аз ин, шарҳи муфассали чораҳои тавсияшуда барои менеҷерон ва кормандони барномаҳои ТСҶ дар чунин нашрияҳо ба мисли «Дастури техникии ТУТ/ПЛЛ оид ба ТСҶ ва ҷузом» оварда шудааст (4) .

Дохил намудани беморони ҷузом ба барномаҳои ТСҶ Тарзҳои ҳалли мушкилот, ки беморони гирифтори ҷузом бо он дучор мегарданд, аз нуқтаи назари рушд бояд арзёбӣ гарданд (2). Ҳамин тариқ, барномаҳои ТСҶ бояд дар ҳама самтҳо кор баранд, то ин ки дастрасии беморони гирифтори ҷузом ба барномаҳо ва чорабиниҳои ихтисоси умумӣ дар соҳаи рушд таъмин гарданд. Аз сабаби он, ки занҳои дар натиҷаи бемории гирифтори ҷузом маъюб гашта, дар назди поймолкунии ҳуқуқ ва камбизоатӣ озурда ҳастанд, ҳангоми амалисозии барномаҳои ТСҶ иштироки занон дар он бояд таъмин карда шавад, то ин ки онҳо ҳам аз барномаҳои ТСҶ манфиатдор шаванд. Саломатӣ Одамони аз харобшавӣ азияткашанда, ки дар натиҷаи бемории ҷузом ташаккул ёфтааст, ба дахолати тиббӣ ниёз доранд: 1) нигоҳдории ҳаракати торҳои асаб; 2) нигоҳдории мутаҳаррикии буғумҳо; 3) нигоҳдории сатҳи биноӣ; 4) омӯзиш оид ба худкӯмакрасонӣ/худхизматрасонӣ; 5) дастрас намудани пойафзоли бароҳат (ҳифзкунанда); ва дар охир, 6) дастрас кардани воситаҳои ёридиҳанда. Барномаҳои ТСҶ метавонанд дахолатҳои ба саломатӣ вобастаи тиббиро дастгирӣ намоянд, ба воситаи: • Мутмаин будан, ки беморони гирифтори ҷузом ва аъзоёни оилаи онҳо оид ба муассисаҳои тиббии дар ноҳияҳои онҳо мавҷуд буда ва чӣ тавр дастрасӣ ёфтан ба онҳо огоҳанд; • Роҳбаланд намудани одамоне, ки табобати ҷамъи дорувориҳоро мегиранд ба қабули мунтазами воситаҳои доругин то бомуваффақият ба охир расидани табобат ва пешкаш намудани иттилоот оид ба аксуламали ҷузом, то ин ки беморон тавонанд онро сари вақт ошкор намоянд ва фавран барои табобат муроҷиат намоянд; • дастгирии рушди гурӯҳҳои худкӯмакрасон, ки дар он ҷо беморони гирифтори ҷузом тавонанд мунтазам барои мубодилаи таҷриба вохӯранд ва иттилоотро оид ба табобати мустақили беморӣ/худкӯмакрасонӣ дастрас намоянд, ва бо ҳамин харобшавии мавҷудаи узвҳоро пешгирӣ ё табобат намоянд (нигаред ба қисми «Саломатӣ», боби «Пешгирӣ»). • машваратдиҳии шахсоне, ки ҳассоси узвҳои баданашоро талаф додаанд, оид ба зарурияти ҳимояи даст, кафи пой ва чашм, масалан бо роҳи истифодаи дастпӯшаки матоъӣ ҳангоми кор бо маводҳои гарм, масалан, деги сирдор; иттилооти муфассалтар оиди пешгирии захм ва шаклдигаркунӣ дар одамон бо вайрон46 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

шавии ҳассосӣ дастурамали «Омӯзишҳо барои одамони дорои маълулият дар сатҳи ҷамоат» оварда шудааст (13); • раҳнамоӣ барои дастрас намудани воситаҳои ёрирасон, масалан, пойафзоли махсус, инчунин таъмир ва хизматрасонии техникӣ (нигаред ба қисми «Саломатӣ», боби «Пешгирӣ»).

ЗАМИМАИ 18

Эфиопия

Рушди ҳисси эҳтиром ва эътибори шахсӣ ба воситаи созмон додани гурӯҳои худкӯмакрасон АЛЕРТ – муассиссаи тиббие мебошад, ки дар канори шаҳри Адис-Абеба (Эфиопия) ҷойгир шудааст ва дар табобати ҷузом мавқеи махсус дорад. Соли 1995 кормандони АЛЕРТ изҳори нигаронӣ карданд, ки миқдори зиёди одамон аз бемористони АЛЕРТ ва дармонгоҳи маҳаллӣ барои муоилиҷаи захмҳо (масалан, захм дар кафи пой) истифода мебаранд, новобаста аз он, ки барои онҳо дар давоми солҳои дароз чорабиниҳо оид ба маърифати санитарӣ гузаронида мешуданд. Ин барои АЛЕРТ сарбории иловагӣ овард, чунки ин ташкилот барои харидорӣ намудани маводҳои ҷароҳатбандӣ ва доруворӣ барои табобати ҷароҳат воситаҳои маҳдуди молиявӣ дошт. Барои ҳалли ин мушкилот таҳти роҳбарии АЛЕРТ гурӯҳҳои худкӯмакрасон созмон дода шуданд, ки одамонро барои табобат ва нигоҳубини ҷароҳаташон масъул буданро водор месохт. То соли 1999 72 гурӯҲсозмон дода шуд, ки ба як қатор натиҷаҳои мусбӣ оварда расонд: миқдори ҷароҳат кам гардид ва дар аъзоёни гурӯҲҳисси эҳтирому эътибори шахсӣ баланд гардид. Илова бар ин сатҳи иштироки мардум дар ҳаёти ҷамъият васеъ гардид (14).

Маърифат Кӯдакон на танҳо худ гирифтори бемории ҷузом мешаванд, балки дар натиҷаи бемории волидон ё хешовандонашон азият мекашанд. Дар натиҷа ба мактаб рафтани онҳо манъ карда мешавад, онҳо аз дӯстонашон ҷудо мешаванд, аз хешовандон пинҳон мешаванд ва аз рӯи зарурият барои дарёфти васоити зиндагӣ ба кор медароянд (4). Барномаҳои ТСҶ якчанд воситаҳое доранд, ки дастрасии кӯдакон ва калонсолонро ба дастрасии омӯзишҳои маърифатӣ таъмин менамоянд, ба мисли гузаронидани ҷаласаҳо бо омӯзгорон ва волидон, ки муносибатро ба талабагони гирифтори ҷузом тағйир медиҳанд. Ба рӯйхати муфассал, ки дар қисми «Маърифат» оварда шудааст, нигаред. Худтаъминкунӣ Беморони гирифтори ҷузом одатан хеле камбизоат ҳастанд. Мушкилоти иловагӣ – таҳрим, поймолкунии ҳуқуқ ва гирифтори маълулият, ки бо бемории ҷузом вобаста аст – одатан имкониятҳои одамонро барои меҳнат кардан маҳдуд ва ваъзияти молиявии онҳоро бадтар месозад. Азхуд кардани малака ва меҳнати шоиста метавонад барои воридшавӣ ба ҷамъият ва механизм барои рахна кардани ҳалқаи сарбастаи ҷудошавӣ, вобастагӣ ва камбизоатӣ, ки одатан бо камбизоатӣ вобаста аст, сабаб мешавад. Вақте, ки одамони дорои маълулият метавонанд саҳми худро ба даромади оила гузоранд, ин одатан аз ҷалбшавии онҳо ба ҳаёти оила, аз ҷумла иштирок дар қабули қарорҳо, хабар медиҳад. (15). Барномаҳои ТСҶ воситаҳои ТСҶ ВА ҶУСОМ 47

зиёд барои дастгирии худтаъминкунии одамон доранд, масалан, онҳо метавонанд ба ҳайси миёнарав баромад кунанд, ё барои кортаъминкунандаи имконпазир, ки нисбати ба кор қабул намудани беморони гирифтори ҷузом изҳори нигаронӣ мекунанд, иттилоот пешниҳод намоянд. Рӯйихати муфассали чорабиниҳоро дар қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ» нигаред.

ЗАМИМАИ 19

Эфиопия

Истифодаи салоҳият барои мубориза бар зидди таҳрим ва қашшоқӣ Ассотсиатсияи миллии беморони гирифтори ҷузоми Эфиопия (ЭНАПАЛ) бо беҳдошти вазъияти аъзоёни он машғул аст ва ҳамин тариқ ба онҳо барои барқарор намудани эҳтиромӣ ва эътибори худ ёрӣ мерасонад. Айни ҳол ба ассотсиатсия 20 ҳазор аъзо ва 54 ассотсиатсияи маҳаллӣ дар ҳафт ноҳияи Эфиопия дохил мешавад. Ассотсиатсия лоиҳаҳоро дар самти баланд сохтани сатҳи огоҳӣ, ҳимоя ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии беморони гирифтори ҷузом бо дастгирии ташкилотҳои миллӣ ва байналмиллалӣ ба ҳаёт татбиқ месозад. Лоиҳаҳои ба беҳдошти васоити зиндагӣ ба он нигаронида шудаанд, ки беморони гирифтори ҷузом чун дигар одамон сермаҳсул ҳастанд. ЭПАНАЛ хазинаи аз нав барқароршударо барои аъзоёни ассотсиатсия истифода мебарад, то ин ки иштироки онҳоро дар фаъолияте, ки ба гирифтани даромад равона аст, таъмин намояд. Ассотсиатсия инчунин, имкониятро барои омӯзиши кӯдакони аъзоёнаш фароҳам оварда, ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳоро васеъ мегардонад, то ин ки ҳалқаи сарбастаи таҳрим ва камбизоатиро бишканад. Бо ин мақсад ассотсиатсия гурӯҳҳои худкӯмакрасонро барои занони гирифтори бемории ҷузом низ, ташкил додааст. Амалӣ сохтани ин стратегия бомуваффақият буданашро исбот намуд.

Ҷанбаи иҷтимоӣ Таҳрим (тамғагузорӣ ва таҳқир), поймолкунии ҳуқуқ ва тасаввуроти бардурӯғ оид ба бемории ҷузом ба он оварда мерасонад, ки одамон барои хизматрасонии соҳаи умум дастрасӣ наёфта дар ҳаёти ҷамоат иштирок карда наметавонанд. Кормандони ТСҶ дар маҳдуд сохтани мақсадҳои равонии таҳрим нақши муҳимро, бо роҳҳои зерин, бозида метавонанд: • бо омӯзгорон, пешвоёни ҷамоатӣ, динӣ ва ғайра якҷоя амалӣ намудани фаъолият, масалан, оид ба паҳн намудани ақидаҳои мусбӣ дар бораи беморони гирифтори ҷузом; • ташкил намудани маъракаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи ҷузом (ё иштирок дар ин гуна маъракаҳо) бо истифодаи намоишномаи театрикунонидашуда ё тақсим намудани варақаҳо; чунин маъракаҳо метавонанд дар як қатор ҷойҳо, масалан дар бозорҳо, ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ, дар муассиссаҳои тиббӣ, мактабҳо ва ғайра гузаронида шаванд; • ташкил намудани чорабиниҳои муштарак, масалан, барномаҳои варзишӣ ё фарҳангӣ, ки дар он беморони гирифтори ҷузом, одамони дорои маълулият ва маълулият надошта метавонанд вохӯранд; ин бошад исбот менамояд, ки одамони дорои маълулият низ метавонанд аъзои комили ҷамоатанд ва барои ин соҳибҳуқуқанд. 48 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият Муҳим аст, ки беморони гирифтори бемории ҷузом ҳуқуқҳои худро донанд, онҳоро ҳимоя карда тавонанд ва ба хизматрасонию захираҳо дастрасӣ дошта бошанд. Воситаи самараноки ба ин мақсад расидан, метавонад худташкилкунӣ бошад. Бинобар ин дар тамоми ҷаҳон беморони гирифтори ҷузом гурӯҳҳо ва ассотсиатсияҳо ташкил мекунанд. Мисоли чунин ташкилӣ метавонад Ҷунбиш оид ба азнавҷалбшавии (реинтегратсияи) одамони гирифтори бемории Хансен (МОРХАН) дар Бразилия, Ассотсиатсия оид ба реинтегратсияи беморони гирифтори ҷузом (АРПАЛ) дар Ангола, ва форуми миллӣ дар Ҳиндустон бошанд. Қисме аз ин гурӯҳ муттаҳид гардида ва Ассотсиатсияи Байналмиллалиро барои ҷалбшавӣ (интеграция), қадру қиммат ва тараққиёти иқтисодӣ (ИДЕА) созмон доданд. Баъзе одамон инчунин, ба ташкилоти маҳаллии одамони дорои маълулият дохил мешаванд. Ин ассотсиатсияҳо омӯзишҳоро оид ба васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳо, дигар чорабиниҳои мавзӯӣ, ба монанди «Конвенсияи Байналмиллалии ҳуқуқи маъюбон» ташкил менамоянд (16). Барномаҳои ТСҶ ба беморони гирифтори ҷузом барои дастрасӣ ба гурӯҳҳои худкӯмакрасон ва ташкилотҳои одамони дорои маълулият дар ҷои зист кӯмак менамоянд (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳо», боби «Гурӯҳҳои худкӯмакрасон ва ташкилотҳои одамони дорои маълулият»).

Барномаҳои мубориза бар зидди ҷузомро барои фарогир будан руҳбаланд сохтан Барномаҳои ТСҶ бояд барномаҳои тавонбахшии беморони гирифтори ҷузомро водор созанд, ки хизматрасонии онҳо барои дигар одамони дорои маълулият дастрас бошанд. Ин метавонад фоидаи зиёд оварад, масалан, таҳримро паст намояд, хизматрасониро оид ба мубориза зидди ҷузом ба системаи ҳифзи саломатии ҷараёни умумӣ ворид намуда, ба миқдори зиёди одамон кӯмак пешниҳод намояд. Дар он ноҳияҳое, ки танҳо барномаҳо ва хизматрасониҳои махсусгардонида шуда оид ба муборизаи зидди ҷузом вуҷуд доранд, истифодаи стратегияи ТСҶ барои ҷалб намудани одамони дорои намудҳои дигари маълулият ҳавасманд карда шаванд (4). Ҳангоми ҳамкорӣ бо ин барномаҳо мубодилаи иттилоот, такрор нашудани хизматрасонии пешниҳодшаванда кам карда шаванд ва омӯзиши усулҳои нави қонеъ намудани талабот ба тавонбахшӣ ба роҲмонда шаванд.

Рушди нерӯ Барномаҳои ТСҶ ба ташкил намудани нерӯи ҳамаи тарафҳои манфиатдор диққати махсус диҳанд, то онҳо имконияти муносибати фарогирро ТСҶ интихоб намоянд (17). Тарафҳои манфиатдор метавонанд кормандони ТСҶ, ҳайати кормандони барномаҳо ва хизматрасониҳои зидди ҷузом, одамони аз бемории ҷузом таъсирдида ва аъзоёни оилаҳои онҳо, одамони дорои маълулият ва ташкилоти одамони дорои маълулиятро дохил кунанд. Ба чорабиниҳои тавсия шуда инҳо дохил мешаванд: • гузаронидани омӯзиш ва бозомӯзӣ ба кормандони барномаҳои ТСҶ, то ин ки онҳо имконият дошта бошанд беморони гирифтори ҷузомро ба барномаҳои ТСҶ ворид намоянд; таъмини иштироки мутахассисони ботаҷриба оид ба ҷузом дар гузаронидани ин барномаҳои таълимӣ. • водор сохтани барномаҳо ва хизматрасониҳоро оид ба мубориза бар зидди ҷузом, ки ба кормандони худ аз рӯи стратегияи ТСҶ омӯзиш гузаронанд; таъмини иштироки мутахассисони ТСҶ дар ташкил ва гузаронидани барномаи таълимӣ. • баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҷузом байни одамони дорои маълулият, ки ба барномаҳои ТСҶ ҷалб гардидаанд; таъмин кардани муносибати мусбии онҳо нисбати иштироки беморони гирифтори ҷузом дар барномаҳои ТСҶ ; ТСҶ ВА ҶУСОМ 49

• раҳнамоии омӯзишҳои таълимӣ маърифатнокӣ барои беморони гирифтори ҷузом ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва таъмин намудани он, ки онҳо барои табобати мустақилона ва идоракунии бемориашон ва харобшавии узвҳои бадан вобаста аз беморӣ масъулиятро бар дӯш гиранд; • ташкилотҳои маҳаллии одамони дорои маълулиятро барои омӯзиши масъалаҳои ҷузом ва қабули одамони аз бемори ҷузом таъсирдида ба ҳайси аъзои комилҳуқуқ ва имкониятҳои баробар ба ташкилот рӯҳбаланд намоянд.

ЗАМИМАИ 20

Судон

Муносибати мусбӣ нисбати беморони ҷузом Дар Няла (Судон), ба ҷамъияти маъюбон беморони гирифтори ҷузомро қабул намекарданд. Кормандони Миссияи мубориза бар зидди ҷузом барои аъзоёни Ҷамъият даврҳои омӯзишӣ дар мавзӯи ҷузом ташкил намуданд. Дар машғулиятҳо, масалан фаҳмонида мешуд, ки бемороне, ки ТМД қабул менамоянд, сирояткунанда намебошанд. Пас аз анҷоми омӯзиш Ҷамъият тасмим гирифт, ки ТМД-ро ба шумораи хизматрасонии пешниҳодшаванда дохил намояд ва беморони гирифтори ҷузомро ба аъзои ташкилот қабул намояд.

Библиография 1. Лепра. Женева, Ташкилоти умумиљањонии тандурустї, 2012 (http://www.who. int/ mediacentre/factsheets/fs101/ru/, санаи дастрасї: 21 сентябри с. 2012). 2. Disabilities and rehabilitation. In: WHO Expert Committee on Leprosy, seventh report, Chapter 6 (WHOTechnical Report Series, No. 874). Geneva, World Health Organization, 1997 (www.who. int/lep/ resources/Expert06 .pdf, accessed 30 March 2010). 3. Guidelines for the social and economic rehabilitation of people affected by leprosy. London, ILEP,1999 (www. ilep .org. uk/fileadmin/uploads/Documents/ Technical_Guides/sereng.pdf, accessed30 March 2010). 4. WHO/ILEP technical guide on community-based rehabilitation and leprosy. Geneva, World Health Organization, 2007 (www.who. int/disabilities/publications/cbr/cbrleng. pdf, accessed 30 March 2010) . 5. Van Brakel WH. Disability and leprosy: the way forward . Annals of the Academy of Medicine of Singapore, 2007, 36(1):86-87 (www.annals.edu.sg/ pdf/36VolNo1Jan2007/V36N1p86.pdf, accessed30 March 2010) 6. Guide to eliminate leprosy as a public health problem. Geneva, World Health Organization, 2000 (www. who. int/lep/resources/Guide_Int_E .pdf, accessed 30 March 2010). 7. Frist TF. Don't treat me like I have leprosy! London, ILEP, 2003 (www. ilep.org .uk/ fileadmin/uploads/ Documents/Non-ILEP_Publications/dtml .pdf, accessed 30 March 2010). 8. Consensus statement on prevention of disability. Pan American Health Organization, 2006 (www.paho. org/English/AD/DPC/CD/lep-consensus-stmt-pod .doc, accessed 30 March 2010) . 9. ILEP technical guide. Facilitating the integration process: a guide to the integration of leprosy services within the general health system. London, ILEP, 2003 (www. ilep.org .uk/library-resources/ilep-publications/ english/, accessed 30 March 50 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

2010). 10. Learning Guide 4 - How to prevent disabilities in leprosy. London, International Federation of Anti-Leprosy Associations (ILEP), 2006 (www.ilep.org.uk/ fileadmin/ uploads/Documents/Learning _Guides/ lg4eng1 .pdf, accessed 30 March 2010). 11. Meima A et al . Dynamics of impairment during and after treatment: the AMFES cohort. Leprosy Review,2001, 72(2):158-170. 12. Finkenflugel H, Rule S . Integrating community-based rehabilitation and leprosy rehabilitation services into an inclusive development approach. Leprosy Review, 2008, 79(1):83-91 (www.leprosy-review. org. uk/, accessed 30 March 2010). 13. Helander E et al . Training in the community for people with disabilities. Geneva, World Health 14. Organization, 1989 (www.who. int/disabilities/publications/cbr/training/en/index. html, accessed 30 March 2010).14. Benbow C, Tamiru T. The experience of selfcare groups with people affected by leprosy: ALERT, Ethiopia . Leprosy Review, 2001, 72(3):311-321 (www.leprosy-review.org.uk/, accessed 30 March 2010). 15. Ebenso B et al . Impact of socio-economic rehabilitation on leprosy stigma in Northern Nigeria: findings of a retrospective study. Asia Pacific Disability Rehabilitation Journal, 2007, 18(2):98-119 (www. aifo. it/ english/resources/online/apdrj/apdrj207/ leprosy_nigeria.pdf, accessed 30 March 2010). 16. Конвенсияи њуќуќњои маъюбон. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттањид, 2006. (http:// www.un. org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability.shtml, санаи дастрасӣ: 30 марти с.2010). 17. Cornielje H et al. Inclusion of persons affected by leprosy in CBR. Leprosy Review, 2008, 79(1):30-35 (www.leprosy-review.org.uk/, accessed 30 March 2010).

Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда Infolep Leprosy Information Services. London, ILEP (undated) (www.infolep.nl, accessed 30 March 2010) . International Federation of Anti-Leprosy Associations (ILEP) (www.ilep.org .uk/, accessed 30 March 2010). ILEP Learning Guide 7 - How to diagnose and treat leprosy. London, ILEP, 2001 (www. ilep.org.uk/fileadmin/ uploads/Documents/Learning_Guides/lg1eng.pdf, accessed 30 March 2010) . Special issue on CBR and leprosy. Leprosy Review, 2008, 79(1) (www.leprosy-review. org .uk/, accessed 30 March 2010). WHO Goodwill Ambassador's newsletter for the elimination of leprosy. Nippon Foundation (undated) (www. nippon-foundation. or.jp/eng/leprosy/2006736/20067361. html, accessed 30 March 2010).

ТСҶ ВА ҶУСОМ

51

ТСҶ ва бӯҳрони гуманитарӣ Муқаддима Бӯҳрони гуманитарӣ – ин вазъияте мебошад, ки ҳангоми рух додани ягон ҳодиса (масалан, низоъи мусаллаҳ, фалокати табиӣ, эпидемия ва гуруснагӣ) ё як қатор ҳодисаҳо ба саломатӣ, бехатарӣ ва некӯаҳволии ҷамоат ё гурӯҳи калони дигари одамон таҳдид менамоянд. Иқтидори мавҷуда барои бартараф намудани мушкилот нокифоя мебошад ва кӯмаки беруна лозим мешавад (1). Бӯҳронҳои гуманитарӣ метавонанд ба одамон, ба воситаи захмдоршавӣ, фавт ва паст шудани қобилияти қонеъ гардонидани талаботи асосӣ ба ғизо, об, паноҳгоҲва сатҳи беҳдошт таъсири зиёд расонанд Онҳо инчунин ба воситаи нест кардани инфрасохтор, ҳосил, манзилгоҳҳо, сатҳи бекориро зиёд намуда таъсири зиёди иқтисодӣ мерасонанд (2). Бӯҳронҳои гуманитарӣ ба масъалаҳои маълулият ва тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат алоқаманданд, чунки онҳо метавонанд ба одамони дорои маълулият таъсири ғайримутаносиби сахт расонида ба пайдоиши насли нави одамони дорои маълулият мусоидат намоянд, ки ба онҳо кӯмак ва дастгирӣ лозим мешавад (3). Солҳои охир дар соҳаи муқовимат ба бӯҳронҳои гуманитарӣ тағйироти куллӣ ба амал омад, ки он ба баланд бардоштани натиҷаҳо ва самаранокии иқтисодии чорабиниҳои гуманитарӣ равона карда шудааст. Дар қисми мазкури «Дастури иловагӣ» баъзе аз ин тағйиротҳо инъикос ёфта, нақши барномаҳои ТСҶ дар давраи бӯҳрони гуманитарӣ тадқиқ карда мешавад. Дар охир тавсияҳо оид ба фарогирӣ ва таъмини иштироки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дар фаъолияти гуманитарӣ пешниҳод карда мешавад.

ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ

53

ЗАМИМАИ 21

Шри-Ланка

«Дастрасӣ барои ҳама» Маъракаи «Дастрасӣ барои ҳама» 26 декабри соли 2004, баъд аз рух додани сунами, ки қисми зиёди ноҳияҳои назди соҳилии Шри-Ланкаро хароб кард, оғоз гардид. Он аз тарафи Фронти Муттаҳидаи ташкилоти одамони дорои маълулият (ташкилоте, ки 18 ташкилотҳои одамони дорои маълулияти маҳаллиро муттаҳид сохтааст), Ассотсиатсияи одамони ҷароҳатҳои сутунмӯҳра дошта, ташкилотҳои «Motivation», CBM, «John Grooms», «Handicap International» ва Вазорати тандурустӣ (Шӯъбаи ҷавонон, одамони пиронсоли дорои малулият ва шахсони иҷборан тағйири ҷои зист карда) ташкил шуда буд. Мақсади чорабинӣ аз мусоидат намудан ба фарогирии ҳамаи одамони дорои маълулият ва ба қайд гирифтани талаботи онҳо дар расонидани кӯмаки гуманитарӣ, азнавсозӣ ва тавонбахшӣ дар Шри-Ланка иборат буд. Аз ҷумла, чорабинӣ оид ба «барқарорсозии Шри-Ланкаи барои ҳамаи одамони дорои маълулият дастрас» ба таври мутамарказ ба таъмини дастрасии ҷисмонии ҳамаи иморатҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойҳои кор, хизматрасонӣ ва инфрасохтор бахшида шуда буд. Ҳатто то рух додани сунами низ дастрасии иншоотҳои гуногун барои сокинони дорои маълулият дар Шри-Ланка осон набуд; Аммо зарурияти барқарорсозии бузург барои ба қайд гирифтан ва қонеъ намудани талаботи онҳо имкониятҳои созгор фароҳам овард. Пас аз ду ҳафтаи рух додани сунами кумитаи маъракаи «Дастрасӣ барои ҳама» гузаронидани вохӯриҳоро оғоз намуд, ки ба онҳо меҳмонон ва мутасаддиёни барқарорсозиро аз ҷумла мансабдорони ҳукумат, намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ, миллии ғайриҳукуматӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои сохтори давлатӣ, инчунин ҳамаи хоҳишмандонро даъват намуд. Мақсад аз ин ба диққати ҳама расонидани зарурияти таъмини дастрасии одамони дорои маълулият (аз ҷумла дастрасӣ ба тақсимоти кӯмаки хайрия ва паноҳгоҳи муваққатӣ) ва пешниҳод намудани машварати техникӣ, мавод ва дастгирӣ буд. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи «Дастрасӣ барои ҳама» ташкилотҳое, ки дар фаъолиятҳо оид ба тавонбахшӣ иштирок доштанд, қарор доданд талаботи одамони дорои маълулиятро ба қайд гирифта, қонеъ намоянд. Дастурамалҳо оид ба дастрасӣ истифода бурда шуда ҳангоми сохтмони иморатҳои нав ҳамаи масъалаҳои дастрасии маълулон бояд ба назар гирифта шаванд, он иморатҳое, ки барои одамони дорои маълулият дастнорас буданд, дар мӯҳлати муқарраршуда бояд дастрас шаванд. Маъракаи «Дастрасӣ барои ҳама» идома дорад ва айни ҳол дар Шри Ланка масъалаҳои умумии риояи ҳуқуқи одамони дорои маълулият ва таъмини имкониятҳои баробар ҳангоми гирифтани маълумот ва бо ҷои кор таъминкунӣ дар маркази диққат қарор дорад. Аз (4) мутобиқ шудааст

54

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Мақсад Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба маъракаҳои гуманитарӣ ҷалб шудаанд, аз ҷумла ба фаъолиятҳои таъмини омодагӣ, расонидани кӯмаки фавқулодда ва фаъолияти тавонбахшӣ.

Нақши ТСҶ Нақши ТСҶ аз инҳо иборат аст: (1) расонидани кӯмак ба одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҷамоат бо мақсади омодасозӣ ба бӯҳронҳои эҳтимолии гуманитарӣ; (2) мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ба кӯмаки гуманитарӣ таъмин ва ба чорабиниҳо оид ба барқарорсозии баъди бӯҳронӣ ҷалб гардидаанд; ва (3) фарогирӣ ва таъмини дастрасии одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба хизматрасонӣ ва кӯмак, ки бо роҳи гуманитарӣ пешкаш шудааст.

Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба таассури ҷавобӣ дар марҳилаи бӯҳрони гуманитарӣ омода шудаанд; • Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо муайян карда шуда, талаботашон, ҳангоми амалӣ сохтани маъракаҳои гуманитарӣ қонеъ гардонида мешаванд; • Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба нақшагирӣ ва амалӣ сохтани чорабиниҳои гуманитарӣ ва фаъолияти тавонбахшӣ ҷалб гардидаанд; • Инфрасохтор, ки баъди бӯҳрони гуманитарӣ аз нав барқарор мешавад, барои одамони дорои маълулият дастрас аст; • Хизматрасонӣ ва дастгирӣ ки баъди бӯҳрон барқарор ё аз нав ташкил карда мешавад, барои одамони дорои маълулият дастрас ва ба талаботи онҳо ҷавобгӯянд.

Мафҳумҳои асосӣ Масъалаҳои маълулият ва бӯҳрони гуманитарӣ Одамони дорои маълулият, яке аз гурӯҳҳое мебошанд, ки ҳангоми рух додани бӯҳрони гуманитарӣ мунтазам зери хатар қарор доранд (5). Дар зер рӯйихати омилҳое оварда шудаанд, ки одамони дорои маълулиятро осебпазиртар мегардонанд. Мадди назар нагирифтани одамони дорои маълулият: Сиёсату таҷрибаи номуносиби ҷамоатҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, ки расонидани кӯмаки гуманитарӣ ва чораҳои дахолат ба дӯши онҳо аст, ба фаромӯшӣ ё истиснои одамони дорои маълулият оварда мерасонад (6,7). Паст будани сатҳи огоҳӣ (бехабарӣ). Одатан иттилоот оид ба хавфу хатар, огоҳӣ аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ ва амалҳои тавсияшуда дар раванди ё пас аз рух додани ҳолати бӯҳронӣ тавре пешкаш мегарданд, ки барои одамони дорои маълулият дастрас нестанд. Шояд, аз ҳамин сабаб барои онҳо дидани аломатҳои огоҳикунанда, дарк ва амал намудан азт рӯи дастурамалҳо, ки чӣ бояд кард, ба куҷо бояд рафт ва ба кӣ барои кӯмак бояд муроҷиат намуд, мушкил бошад (7). ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ 55

Вайронкунии шабакаҳои дастгирии иҷтимоӣ. Шабакаҳои иҷтимоӣ барои одамони дорои маълулият, ки мунтазам ба кӯмак ва дастгирии оила, дӯстон ва ҳамсоягон ниёз доранд махсусан муҳим мебошанд (нигаред ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ» боби «Кӯмаки инфиродӣ»). Ин робитаҳо мунтазам дар давраи бӯҳронӣ вайрон мешаванд, масалан, одамони дорои маълулият метавонанд аз одамоне, ки нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд, ҷудо карда шаванд; ба ғайр аз ин, ин одамон метавонанд захм бардоранд ё ҳалок гарданд. Монеаҳои табиӣ. Одатан муҳити табии дар ҳолати бӯҳронӣ тағйир меёбад, монеаҳои мавҷудбударо барои одамони дорои маълулият зиёд мегардонад ё монеаҳои нав бунёд месозад. Аксари маъюбон метавонанд асбобҳои ёрирасонро гум кунанд, масалан, узви сунъӣ (протез), роҳравакҳо, воситаи шунавоӣ ва айнак (4). Дар натиҷа ба аксари одамони дорои маълулият гирифтани кӯмак ва дастгирӣ дар ҳолати бӯҳронӣ мушкилтар мешавад, масалан, дастрас намудани ғизо, об, паноҳгоҳ, ҳоҷатхона ва кӯмаки тиббӣ-санитарӣ (4).

Фарогирии одамони дорои маълулият ба чорабиниҳои гуманитарӣ Ба осебпазирии баланди одамони дорои маълулият дар марҳилаи бӯҳронӣ мисолҳои зиёд шаҳодат диҳанд, онҳоро мунтазам аз доираи диққат ҳангоми фаъолияти гуманитарӣ истисно менамоянд (8,9). Масъалаҳои одамони дорои маълулият ҳангоми гузаронидани ҳамаи чорабиниҳои гуманитарӣ, мутобиқи моддаи 11-и Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият бояд дида баромада шаванд: «Мамлакатҳо-иштирокчиён мутобиқи ӯҳдадории худ оид ба ҳуқуқи байналмиллалӣ, аз ҷумла конуни ҳуқуқи гуманитарии байналмиллалӣ ва ҳуқуқи байналмиллалии инсон, чораҳои заруриро барои таъмини ҳифз ва бехатарии одамони дорои маълулият дар ҳолатҳои хавф, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳ, ҳолатҳои фавқулоддаи гуманитарӣ ва офати табиӣ андешанд» (10). Ҷанбаи муҳим дар марҳилаи бӯҳрони гуманитарӣ – ин иштироки гурӯҳҳои ҷабрдидаи аҳолӣ мебошад (5). Муҳим аст, ки одамони дорои маълулият ва ташкилотҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, ба чорабиниҳо на танҳо ҳамчун дарёфткунандани кӯмак, балки чун шарик ҳангоми амалӣ намудани кӯмаки гуманитарӣ ва баҳрабаранда ҷалб карда шаванд. Ин чунин маъно дорад, ки ҷалбшавии оно ба раванди арзёбии пешакӣ, коркард, тадбиқ, мушоҳида ва арзёбии минбаъда амалӣ кара шавад.

Муносибати кластерӣ Аз соли 2005 ин ҷониб саъю кӯшиши зиёд барои баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои байналмиллалии ҷавобӣ ба бӯҳрони гуманитарӣ ба харҷ дода шуд. Мақсади ниҳоии ин кӯмак ва ҳифзи ҳаматарафа, аз рӯи ниёзҳои воқеъӣ асосёфта мебошад, ки бояд шумораи зиёди одамонро ба таври самаранок ва сари вақт дарбар гирад. Яке аз тағйироти ҷиддӣ дар соҳаи ҷавоб гуфтан ба фаъолияти гуманитарӣ, ин коркард ва истифодаи муносибати кластерӣ мебошад. Муносибати кластерӣ ҳамоҳангсозиро дар самтҳои алоҳидаи фаъолияти гуманитарӣ ва байни онҳо (ба мисли саломатӣ, маориф, пешкаш намудани паноҳгоҲба таври фавқулодда) бо ёрии муайянсозии аниқи нақш ва функсияҳо дар марҳилаи алоҳидаи бӯҳрон пурзӯр месозад. Муносибати кластерӣ ба он равона карда шудааст, ки иттиҳоди байналмиллалии гуманитарӣ структураи муайян, ҳисботдиҳанда ва касбӣ гардад, то ин ки он ба ҳукуматҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва ҷамъияти маҳаллии шаҳрвандӣ ҳамкори самаранок гардад. 56 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Дар сатҳи глобалӣ 11 кластер мавҷуд аст (нигаред ба ҷадвали 1). Ҳар як кластерро ташкилоти махсус роҳбарӣ менамояд, масалан кластери глобалии ҳифзи саломатиро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ роҳбарӣ менамояд, ки барои муайян намудани стандартҳо ва сиёсат, рушди иқтидори ҷавобгӯи ба ҳолати бӯҳронӣ, таассур ва пешкаш намудани дастгирии фаврӣ масъул мебошад. Дар дохили ҳар як кластер як қатор агентиҳо ва ташкилот фаъолият менамояд, ки барои таъмини чораҳои ҷавобии ҳамоҳангшуда дар марҳилаи бӯҳрони гуманитарӣ бояд якҷоя кор кунанд, масалан, ба таркиби кластери глобалии ҳифзи саломатӣ 30 агентӣ ва ташкилот ба мисли Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Федератсияи байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБ СС ва ҲА) ва ташкилоти «Handicap inter n ational” дохил мешаванд. Дар сатҳи мамлакат ҳангоми сар задани бӯҳрони гуманитарӣ як ё якчанд кластер метавонад фаъол карда шавад. Аммо бояд қайд кард, ки онҳо метавонанд номҳои гуногун дошта бошанд, масалан «соҳа» номгузорӣ карда шаванд ва зери назорати идораҳои гуногун қарор гиранд. Ба ғайр аз ин, дар сатҳи мамлакат аъзогӣ барои ҳамаи шахсони манфиатдор ва ташкилот, ки дастгирӣ ё хизматрасониро дар ноҳияҳои ҷабрдида мерасонад, аз ҷумла донорҳо, кушода аст. Дар сатҳи мам лакат кластерҳо барои таъмини ҳамоҳангсозии фарогир ва самаранок бо мақсадҳои зерин масъул аст: • • • • • • • арзёбӣ ва таҳлили вазъият (эҳтиёҷот); таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда; ба нақшагирӣ ва таҳияи стратегия; истифодаи стандартҳо; мониторинг (санҷиш) ва ҳисоботдиҳӣ; ҳимоя ва сафарбаркунии захираҳо; омӯзиши амалӣ ва рушди иқтидор.

Муносибати кластерӣ ба барномаҳои ТСҶ, ки дар ноҳияҳои зери бӯҳрони гуманитарӣ қарор гирифта кор мекунанд, мувофиқ аст. Барномаҳои ТСҶ дар соҳаҳои гуногуни рушд, ба мисли саломатӣ, маърифат, таъмини васоити зист ва секторҳои иҷтимоӣ бо мақсади таъмини фарогирии онҳо ва дастрасӣ барои одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо амалӣ мешавад. Дар марҳилаи бӯҳрони гуманитарӣ нақши барномаҳои ТСҶ тағйир намеёбад. Аммо ба ғайр аз ин барномаҳои ТСҶ бояд дар ҳамкорӣ бо ҳар як кластер/сектори гуманитарӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва/ё ҷамоатӣ мутамарказ гардад, то ин ки талаботи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳоро таъмин намояд. Муно сибати кластерӣ инчунин ба барномаҳои ТСҶ имконият медиҳад, ки ба сарчашмаҳои иловагӣ (масалан молиявӣ ё техникӣ) барои гузаронидани чорабиниҳо, ки ба дастгирии одамони дорои маълулият дар ҳолати бӯҳронӣ равона карда шудааст, дастрасӣ намояд.

ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ

57

Ҷадвали 1: Кластерҳои глобалии гуманитарӣ гуманитарные кластеры Кластер/соҳа СОҲАИ ТЕХНИКӢ Кластери саломатӣ Кластери ғизо Кластери таъмини об, системаи коррезӣ ва беҳдошт Кластери таъмини фаврии паноҳгоҳва таъминот бо маводи ғайрихӯрока Кластери таҳсилот ва маърифат Кластери хоҷагии қишлоқ СОҲАҲОИ ВОБАСТА Кластери ҳамоҳангсозӣ идоракунии лагерҳои гурезагон Кластери ҳимоя Кластери барқарорсозии бармаҳал Кластери логистикӣ Кластери таъминоти телекоммуникатсионӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва Раёсати комиссари Олии корҲбо гурезагон (РКОКГ) ва ташкилоти Байналмиллалии муҳоҷирон (МОМ) РКОКГ Барномаи рушди СММ (ПРООН) Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Дар ҳолати низоъҳои мусаллаҳона – Раёсати комиссари Олии кор бо гурезагон (РКОКГ); дар ҳолати садама – Федератсияи Байналмиллалии Салиби сурх ва ҳилоли Аҳмар (ФБ СС ва ҲА) ЮНИСЕФ ва ташкилоти «Наҷоти кӯдакон» Ташкилоти озуқа ва хоҷагии қишлоқи СММ (ФАО) Ташкилоти масъул

СОҲАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ УМУМӢ Барномаи умумиҷаҳонии ғизо (БУҒ) Шӯъбаи ҳамоҳангсозии маъаракаҳои гуманитарӣ (OCHA), ЮНИСЕФ ва БУҒ

Гузариш аз бӯҳрон ба рушд Дар ҳолатҳои бӯҳронҳои гуманитарӣ одатан фаъолшавии ташкилотҳои беруна мушоҳида мешаванд, ки дар натиҷаи он одамони дорои маълулият муайян мекунанд, ки сатҳи хизматрасониҳои ба онҳо пешкаш шаванда назар ба пештара баландар аст (7). Маълулият ин мушкилоти дарозмуддати рушд мебошад; бинобар ин, барои ташкилотҳои беруна бо ҷамоатҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ намудан хеле муҳим аст, то ин ки имконияти амалҳои дуру дароз ва рушди устувор дар ҳолате, ки бозингарони беруна фаъолияти худро дар ноҳияи ҷабрдида қатъ менамоянд, таъмин карда шавад.

Амалҳои пешниҳодшаванда Чорабиниҳое, ки дар поён номбар шудаанд, аз рӯи се соҳа ба сохтор дароварда шудааст: таъмини омодагӣ (фаъолият ва чорабиниҳое, ки то фаро расидани ҳолати имконпазири бӯҳронӣ бо мақсади паст намудани таъсири он гузаронида мешавад); чораҳои фаврии ҷавоб гуфтан (муассиршавӣ: пешкаш намудани кӯмак оид ба қонеъ 58 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

намудани талабот дар нигоҳдории ҳаёт ва нигоҲдоштани шароити асосии зиндагӣи аҳолии ҷабрдида); ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолати бӯҳронӣ (барқарор намудан ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ, ки то бӯҳрон вуҷуд дошт).

Омода намудани одамони дорои маълулият ба ҳолати имконпазири бӯҳронӣ Чорабиниҳои зиёд мавҷуд ҳастанд, ки дар чорчӯбаи барномаҳои ТСҶ амалӣ карда мешаванд ва метавонанд одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҷамоатҳоро ба ҳолатҳои имконпазири бӯҳронӣ, ба мисли ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ омода намоянд. Дар шумораи ин чорабиниҳо: • баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷамоат дар бораи муҳимияти ҷалби одамони дорои маълулият ба чорабиниҳо ба фаъолиятҳои омодагӣ нисбати масъалаҳои одамони дорои маълулият, масалан, ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои маъюбон барои намояндагони маъмурияти маҳаллӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳайати кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ, инчунин барои аъзоёни ҷамоат; • огоҲнамудани одамони дорои маълулият оид ба раванди банақшагирии таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар ҷамоат ва ҳавасманд намудани онҳо барои иштирок, масалан дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда; • муайян ва ба қайдгирии одамони дорои маълулият, ки дар ҷамоати мазкур умр ба сар мебаранд, аз ҷумла иттиллот дар бораи ҷои зист ва талабот, ки дар ҳолати бӯҳронӣ метавонанд, сар занад; • нусхабардории захиравии базаи маълумот ва нигоҳдории он дар якчанд ҷой (масалан, дар қароргоҳи ситод ё ташкилоти ҳамкор) аз он сабаб, ки дар ҳолати бӯҳронӣ иттилоот одатан талаф дода мешавад; • баланд намудани сатҳи огоҳии одамони дорои маълулият оид ба чорабиниҳои омодагӣ, ки дар ҷамоатҳо гузаронида мешаванд ва ҳавасманд намудани онҳо барои иштирок, масалан, иштирок дар машқ/коркарди амал ҳангоми таҳлия (эвакуатсия); • машваратдиҳии тарафҳои манфиатдор оид ба он, ки чӣ тавр чораҳои омодагӣ (масалан, системаи огоҳонӣ, маросими таҳлия ва паноҳгоҳи муваққатӣ) барои одамони дорои маълулият дастрас гардонда шаванд; • дастгирӣ ва кӯмак ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар амалисозии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои бӯҳронӣ дар хона: –– муайян намудани одамони боваринок, ки қодир ҳастанд дар ҳолати фавқулодда кӯмак расонанд. –– нигоҳдории дорувории ҳаётан муҳим, масалан, доруҳои зидди саръ, инчунин таҷҳизот ва мавод (масалан, қабулкунаки пешоб (мочеприёмник) барои одамон бо харобии сутунмӯҳра гирифтор) ва воситаҳои ёрирасон; –– таҳия ва таҷдиди иттилоот дар варақаҳои иттилоотӣ оид ба эҳтёҷоти инфиродӣ, масалан ба маводҳои доруворӣ ва воситаҳои алоқа; –– коркарди маросими таҳлия, масалан истифода аз роҳҳои эвакуатсионӣ ба паноҳгоҳ.

ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ

59

Мутмаин будан, ки чораҳои ҷавобӣ фарогирии одамони дорои маълулиятро дар ҳолатҳои фавқулодда дар назар дорад. Дастрас намудани иттилоот оид ба вазъияти ҷорӣ аз ҷамоат • Таҷдиди махзани маълумот оид ба одамони дорои маълулият ва пешкаш намудани он ба шахсоне, ки дар гузаронидани чораҳои ҷавобии фаврӣ иштирок менамоянд. • Муайян намудани сатҳи коршоямии хизматрасониҳое, ки дар сатҳи ҷамоат пеш аз рух додани вазъияти бӯҳронӣ мавҷуд буданд. Созмон додани ҳамкорӣ бо иштирокчиёни нави чорабиниҳои гуманитарӣ • Муайян намудани иштирокчиёни нави чорабинии гуманитарӣ дар ҷамоати мазкур ва барқарор намудани робита бо онҳо; • Нақш, вазифаҳо, инчунин, кадом хизматрасонӣ ва захираҳоро пешниҳод менамоянд, муайян намоед. • Ба онҳо пешниҳод намудани иттилоот оид ба шароиту вазъияти ҷорӣ; равона намудани диққати асосӣ ба вазъияти одамони дорои маълулият. • Ба онҳо барои муайян ва таҳлил намудани талаботи аъзоёни ҷамоат, аз ҷумла одамони дорои маълулият ёрӣ расонед. • Ба онҳо барои муайян ва таҳлил намудани иқтидори аъзоёни ҷамоат, аз ҷумла одамони дорои маълулият ёрӣ расонед. • Ба онҳо оид ба иқтидори барномаҳои ТСҶ, масалан, инфрасохтор, ҳайати кормандон, робитаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, намудҳои фаъолият ва ғайра бо гузоштани диққати асосӣ ба вазъияти одамони дорои маълулият иттилоот пешниҳод намоед. • Созмон додани механизмҳои равонасозӣ ба назди мутахассис, ки дастрасии одамони дорои маълулиятро ба дастгирӣ ва хизматрасонӣ, ки аз тарафи иштирокчиёни нави чорабиниҳои гуманитарӣ пешкаш мегардад, осон месозад. • Муҳокима намудани чорабиниҳои имконпазир бо барномаҳои ТСҶ ва пешкаш намудани лоиҳаҳо бо мақсади дастрас намудани захираҳо аз кластер ва соҳаҳои мувофиқ. Мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо иттилооти кофӣ дошта бошанд. • Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо одамони дорои маълулият дар ҷои зист бо мақсади таъмин намудани онҳо бо маълумоти кофӣ ва нав оид ба вазъияти ҷорӣ. • Аз рӯи имконият дар ҷамоат ташкил намудани ягон мавзеи дастрас бо мақсади ба одамони дорои маълулият пешниҳод намудани иттилоот оиди чорабиниҳои гузаронида шуда шаклҳои дастраси кӯмак барои маъюбон ва аъзоёни оилаҳои онҳо. • Таъмин намудани иштироки маъюбон дар созмон додан ва паҳн намудани хабарҳои асосии иттилоотӣ. • Таъмини дастрасии ҳамаи иттилоот ба одамони дорои маълулият ва роҳҳои пешниҳоди он. Чорабиниҳои тавсияшуда барои кластерҳои алоҳида Барномаҳои ТСҶ, якҷоя бо одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо тарафҳои масъулро дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмиллалӣ барои ба назар гирифтани эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият ва ҷалби онҳо ба раванди тат60 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

биқи фаъолиятҳои банақшагирӣ ва амалӣ сохтани фаъолияти гуманитарӣ дохил намоянд. Баъзе фаъолиятҳои пешниҳодшуда барои барномаҳои ТСҶ, ки ба ҳар як кластер/сектор мувофиқанд, инҳоянд.

Кластер ё соҳаи тандурустӣ • Муайян намудани он ки кадом гурӯҳи одамон ба кӯмаки аввалиндараҷаи тиббӣ-санитарӣ ниёз доранд (масалан, ҳангоми ҷароҳат бардоштан ва пешниҳод намудани кӯмаки асосии аввала) ва равона намудани онҳо ба хадамоти мувофиқ. • Ивазкунии воситаҳои ёрирасон, ки гум ё хароб гардидаанд ва пешниҳоди воситаҳои нави ёрирасон ба одамоне, ки ҷароҳат ё зарба гирифтаанд, пешкаш карда шаванд. • Ташкили мушоҳидаи минбаъда, нигоҳубини асосӣ ва тавонбахшии одамони ҷароҳатнок ё дорои маълулият бояд таъмин карда шавад.

Кластер/сектори ғизо ва таъминкунӣ • Барои расонидани кӯмак ба одамони дорои маълулият дар дарёфти маводи ғизоӣ ихтёриёнро муайян намоед. • Пешниҳоди тавсияҳо ва кӯмак ба намояндагони ташкилоти гуманитарӣ барои тақсимоди маводи ғизо, бо роҳи ташкил намудани навбатҳои алоҳида, ҷойҳои махсуси тақсимот, таъмин намудани ҷои тақсимот бо пандус. • Мутмаин будан, ки вояи хӯроки махсус барои одамони дорои маълулият, ки мумкин аст, талаботи мушаххаси хӯрока доранд, таъмин карда шавад, масалан, пешниҳод намудани ғизои махсус, ки онро ба осонӣ майда кардан ё ба пюре мубаддал кардан мумкин аст, барои одамоне, ки мушкилоти хоиш ё фурӯбарӣ доранд.

Кластер/сектори пешниҳод намудани паноҳгоҲва маводҳои ғайрихӯрока дар ҳолатҳои фавқулодда • Машварат ва кӯмак расонидани ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ барои дастрас намудани паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои одамони дорои маълулият. • Машварат ва кӯмак расонидан ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ барои таъмин намудани одамони дорои маълулият бо кӯрпа, боронии обногузар, воситаҳои беҳдошт, либос ва маводи тозагӣ санитарӣ. • Дар ҳолатҳои зарурӣ маводҳои тақсимотиро бурда бевосита ба одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо супоридан лозим аст.

Кластер/сектори обтаъминкунӣ, системаи коррезӣ ва беҳдошт • Машварату ёрӣ расонидан ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ дар ташкили обхона ва ҳоҷатхонаи муваққатӣ ва маводи гигиенӣ тозагии мувофиқ ба одамони дорои маълулият. • Машварату кӯмак расонидан ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ оид ба таъмини дастрасӣ ба нуқтаи тақсимоти об, чоҳ, насосҳои обӣ ва ғайра ба одамони дорои маълулият. ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ 61

• Иттилоот додан ба одамони дорои маълулият, ки кай ва дар куҷо об ва иншоотҳои беҳдоштӣ дастрас мешаванд. • Пешниҳод намудани иттилоот дар шакли дастрас оид ба пешгирии бемориҳои бо об ва тозагӣ вобаста.

Кластер/сектори таълимӣ маърифатӣ • Мутмаин будан, ки барномаҳои маърифатӣ кӯдакони дорои маълулиятро низ фаро гирифтаанд. • Ба омӯзгорону ташкилкунандагони чорабиниҳо барои истифодаи роҳу усулҳои фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба барномаҳои маърифатию омӯзишӣ ёрӣ расонед.

Кластер/сектори масъалаҳои ҳимоя • Баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии ҳамаи намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ оид ба масъалаҳои кӯдакони дорои маълулият, аз ҷумла зӯроварӣ, истисмор, муносибати бераҳмона ва поймолкунии ҳуқуқ, хусусан нисбати одамон бо вайроншавии рушди зеҳнӣ, инчунин занон ва духтарони дорои маълулият. • Машварат додан ба намояндагони ташкилотҳои гуманитарӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо барои баланд бардоштани сатҳи бехатарии кӯдакони дорои маълулият ҳангоми қарор доштан дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ, бо роҳи девор гирифтани қитъаҳои хавфнок, таъмин намудани равшании кофӣ ва зуд пайваст намудани маъюбон бо оилаҳояшон ва одамоне, ки онҳоро нигоҳубин менамоянд. • Муайян намудани минтақаҳое, ки нисбати кӯдакон дӯстона, бехатар аст ва андешидани чораҳои дигар оиди ҳифзи кӯдакон, инчунин осон намудани фарогирии кӯдакони ягон навъи маълулиятдошта. • Ташкил намудани фаъолиятҳои аз ҳамсол ба ҳамсол ва дастгирии раванди ташкили гурӯҳҳои худкӯмакрасон (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият» боби «Гурӯҳҳои худкӯмакрасон»). • муайян намудани хадамоте, ки дастгирии равонӣ-иҷтимоиро бо мақсади пешниҳод ва таъмин намудани фарогирии дастрас ва пурраи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо фарогир ва дастрас бошанд.

Кластер/сектори барқарорсозии бармаҳали хоҷагии қишлоқ ва ҳимояи хоҷагии қишлоқ Ҳар чи зудтар пешкаш намудани воситаҳо барои худтаъминкунӣ (масалан, воситаҳои кор дар хоҷагии қишлоқ ва маблағ барои харидорӣ намудани тухмӣ) бо мақсади баланд бардоштани мустақилияти одамон.

Расонидани кӯмак ба маъюбон барои тавонбахшӣ ва/ё беҳтар намудани сифати ҳаёт дар давраи бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда. Ҳангоме, ки бӯҳрони гуманитарӣ ба марҳилаи устуворӣ медарояд, инфрасохтор тадриҷан барқарор мешавад, хадамот вазифаҳои маъмули худро иҷро менамояд. Бӯҳрон метавонад имкониятҳои нави мусоид барои рушд фароҳам оварад (11) ва барномаҳои ТСҶ онро ҳангоми барқарор сохтани ҷамоати фарогир метавонад истифода баранд. Тавсия дода мешавад, ки дар чорчӯбаи барномаҳои ТСҶ амалҳои зерин гузаронида шаванд: 62 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

• Давом додани раванди ҷалбкунии диққати тарафҳои манфиатдор, масалан, намояндагони маъмурияти маҳаллӣ ва ташкилотҳои «ихтисоси умумӣ» оид ба соҳаи рушд, ба масъалаҳо ва талаботи одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо. • Пешкаш намудани иттилоот ва мавод оид ба масъалаҳои дастрасӣ, аз ҷумла ба манзил, ба таъмини об, системаи коррезӣ, мактаб, иморатҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт вобастаанд. Ба тарафҳои манфиатдор, ки дар азнавсозӣ иштирок менамоянд, стандартҳои минималӣ, тавсияҳои амалӣ, мисоли таҷрибаи муносиб, ва принсипҳои универсалии банақшагирию тарҳсозӣ муфид хоҳанд буд. • Ҳамкорӣ намудан бо соҳаи маориф, кӯмак расонидан ба кӯдакон барои баргаштан ба мактаб (нигаред ба қисми «Маориф»). • ҳамкорӣ намудан бо тарафҳои мутобиқи манфиатдор дар масъалаи бозгашти одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба сарчашмаи пешинаи худтаъминкунӣ, инчунин пайдо кардани имкониятҳои нави худтаъминкунӣ дар он ҷое, ки ин зарур аст (нигаред ба қисми «Масъалаҳои худтаъминкунӣ). • ҳамкорӣ намудан бо тарафҳои мутобиқи манфиатдор ва таъмин намудани он, ки одамони дорои маълулият дастгирии лозимаи иҷтимоиро барои барқарор намудани робита бо оила ва дӯстон гирифта тавонанд ва қодир бошанд, ки дар фаъолияти ҷамоат иштирок намоянд. (нигаред ба қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ). • Гурӯҳҳои худкӯмакрасон, ки аз тарафи одамони бӯҳронро аз сар гузаронида ташкил шудаанд, дастгирӣ карда шаванд (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият», боби «Гурӯҳи худкӯмакрасон»).

ЗАМИМАИ 22

Индонезия

Созмон додани ҷои кор дар кооператив Пас аз заминларзаи харобовар дар Индонезия одамони зиёд маълулият бардоштанд, сарчашмаи даромадро талаф доданд, ва дар онҳо шиддати пас аз зарбахӯрӣ (харобшавии асаб ё стресс) рушд намуд. Гурӯҳи чунин одамон тасмим гирифтанд, ки якҷоя фаъолият намоянд, то вазъиятро ба тарафи беҳтаршавӣ тағйир диҳанд. Бо кӯмаки барномаи ТСҶ онҳо кооператив ташкил намуданд. Ташкилоти ғайридавлатӣ ба онҳо маблағ ва дастгирии техникӣ пешниҳод намуд. Кооператив ба онҳо барои бурдани соҳибкорӣ қарз ҷудо намуда, омӯзишу машварати заруриро низ ба аъзоёнаш пешниҳод намуд, масалан, оид ба истеҳсоли хишт, нақшу нигори матоъ ва фурӯши маводи ғизоӣ. Тадриҷан кооператив имкониятҳои худро оид ба кортаъминкунӣ барои сокинони ҷамоати маҳаллӣ васеъ намуд ва даромади аъзоёнаш низ баланд гардид.

Библиография 1. Inter-agency field manual on reproductive health in humanitarian settings. Interagency Working Group on Reproductive Health in Crises, 2010 (www.iawg .net/ IAFM%202010.pdf, accessed 30 March 2010). 2. Disaster statistics 7997-2005. United Nations International Strategy for Disaster Reduction (ISDR), 2006 (www.unisdr.org/disaster-statistics/introduction.htm, accessed 30 March 2010). 3. Disasters, disability and rehabilitation. World Health Organization, 2005 (www.who. int/violence_ injury_prevention/other_injury/en/disaster_disability.pdf, accessed 30 March 2010) . ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ 63

4. Adapted from: CBM (undated) (www. cbm .org/en/general/CBM_EV_EN_general_ article_75271 .html, accessed 30 March 2010) 5. Humanitarian charter and minimum standards in disaster response. Sphere Project, 2004 (www. sphereproject .org/content/view/27/84, accessed 15 June 2010). 6. Protecting persons affected by natural disasters - IASC operational guidelines on human rights and naturaldisasters. Inter-Agency Standing Committee (IASC), 2006 (www.brookings .edu/reports/2006/11_ natural_disasters .aspx, accessed 30 March 2010). 7. World disasters report 2007 - Focus on discrimination. International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies (IFRC), 2007 (www.ifrc.org/publicat/ wdr2007/summaries.asp, accessed 15 June 2010). 8. Disability and early tsunami relief efforts in India, Indonesia and Thailand. Center for International Rehabilitation/International Disability Rights Monitor, 2005 (www. idrmnet. org/reports .cfm, accessed 30 March 2010). 9. Kett M et al ., for International Disability and Development Consortium. Disability in conflict and emergency situations: focus on tsunami-affected areas. 2005 (www. iddcconsortium.net/joomla/index. php/conflict-and-emergencies/key-resources, accessed 30 March 2010). 10. Конвенция о правах инвалидов. Нью-Йорк, Организация Объединенных Наций, 2006. (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/disability. shtml, дата доступа: 30 марта 2010 г. ) . 11. How to include disability issues in disaster management, following floods 2004 in Bangladesh. Handicap International, 2005 (www.handicap-international .fr/ documentation-presse, accessed 30 March 2010).

Адабиёти тавсияшуда Accessibility for the disabled. A design manual for a barrier free environment. New York, United Nations, 2004 (www.un.org/esa/socdev/enable/designm/, accessed 30 March 2010). Building an inclusive society. CBM, 2009 (www. cbm .org/en/general/downloads/48197/ CBM_Profile_2009. pdf, accessed 30 March 2010). Disaster preparedness for people with disabilities, American Red Cross (undated) (www.redcross.org/www-files/Documents/pdf/Preparedness/Fast%20Facts/Disaster_ Preparedness_for_PwD-English .pdf, accessed 30 March 2010). Disaster psychological response: handbook for community counsellor trainers. Geneva, Academy for Disaster Management Education Planning and Training (ADEPT), 2005 (www.preventionweb.net/english/professional/trainings-events/edu-materials/v. php?id=7708, accessed 30 March 2010) . E-discussion: disabled and other vulnerable people in natural disasters. Washington, DC, World Bank, 2006 (http://web . worldbank .org/WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/ EXTSOCIALPROTECTION/EXTDISABILITY/0,contentMDK:20922http://web. worldbank. org/WBSITE/EXTERNAL/TOPICS/EXTSOCIALPROTECTION/EXTDISA BI LITY/0,,contentMDK:20922979~pagePK:210058~piPK:210062~theSitePK:282699,00. html, accessed 30 March 2010). Guidance note on using the cluster approach to strengthen humanitarian response. Inter-agency Standing Committee (IASC), 2006 (www. humanitarianreform.org/humanitarianreform/Portals/1/Resources%20 &%20tools/ IASCGUIDANCENOTECLUSTERAPPROACH.pdf, accessed 30 March 2010).

64

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 7.БУКЛЕТИ ИЛОВАГӢ

Health cluster guide: a practical guide for country-level implementation of the health cluster. Geneva, World Health Organization, 2009 (www.who. int/hac/global_health_ cluster/guide/en/index.html, accessed 30 March 2010). Hyogo framework for action 2005-2075. Geneva, International Strategy for Disaster Reduction, 2005 (www. unisdr. org/eng/hfa/hfa.htm, accessed 30 March 2010). Older people in disasters and humanitarian crises: Guidelines for best practice. HelpAge International, 2005 (www.helpage. org/Resources/Manuals, accessed 30 March 2010). Older people's associations in community disaster risk reduction. HelpAge International, 2007 (www.helpage. org/Resources/Manuals, accessed 30 March 2010). Oxfam GB/Emergency Capacity Building Project. Impact, measurement and accountability in emergencies: the good enough guide. Oxfam, Oxfam GB, 2007 (http://publications. oxfam.org.uk/oxfam/display. asp?isbn=0855985941, accessed 30 March 2010). Promoting access to the built environment - guidelines. CBM, 2008 (www.cbm.org.au/ documents/Be%20 Active/Access%20to%20built%20environment%20guidlines%20 -%20CBM .pdf, accessed 30 March 2010). Scherrer V. Disability in emergency: accessing general assistance and addressing specific needs. Voice Out Loud Newsletter, No. 5, May 2007 (http://60gp.ovh.net/~ngovoice/ documents/VOICE%20out%20 loud%205_final .pdf, accessed 30 March 2010). Scherrer V et al . Towards a disability-inclusive emergency response: saving lives and livelihoods for development. Journal for Disability and International Development, 2006,1:3-21 (www. ineesite.org/toolkit/ docs/Journal_for_Disability_MSEE .pdf, accessed 30 March 2010).

ТСҶ ВА БӮҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ

65

Барои қайдҳо

Барои қайдҳо

Барои қайдҳо

ТОҶИКӢ

МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо

Идоракунии саломатӣ

Кӯдакии бармаҳал

Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила

Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон

Пешгирӣ

Ибтидоӣ

Худшуғлбудан

Кӯмаки тиббӣ

Миёна ва олӣ

Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ

Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия

Барқарорсозӣ

Ғайрирасмӣ

Асбобҳои ёрирасон

Таҳсил дар давоми ҳаёт

Ҳифзи иҷтимоӣ

Ташкилотҳои маълулон

Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон

Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72

Informations clés
Type de document Publications
Date d'adoption
Source Organisation mondiale de la santé