Всемирная организация здравоохранения (ВОЗ / WHO) · Publications

Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ. Қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ»

Всемирная организация здравоохранения
Открыть оригинал документа

Полный текст размещён на сайте публикующей организации. lawenc.com индексирует метаданные и ведёт на официальный источник.

Полный текст

Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат: Дастур оид ба ТСҶ.

1. Раҳнамо. 2. Сиёсати тандурустӣ. 3. Хизматрасонихои тиббӣ дар ҷамоатҳо. 4. Одамони дорои маълулият. 5. Адолати иҷтимоӣ. 6. Ҳуқуқи инсон 7. Иштироки истифодабарандагон. 8. Тавонбахшӣ. I. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. II. ЮНЕСКО. III.Ташкилоти байналмилалии меҳнат. IV. Иттиҳодӣ байналмилалии рушд оид ба маълулон.

Дастур оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат (с. 2010 ISBN № 978 92 4 15 484805 2) дар доираи лоиҳаи «Маъюбӣ ва тавонбахшӣ»-и намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.

© Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 2014 с. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд.

Дизайн ва саҳифабандӣ: Дустов Рустам Дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон чоп шудааст.

Нашри маводи зерин бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА нест.

Қисми

«Масъалаҳои иҷтимоӣ» Мундариҷа Муқаддима........................................................................................3 Ёрии инфиродӣ...............................................................................9 Муносибатҳо, издивоҷ ва оила..................................................21 Маданият ва фарҳанг ..................................................................29 Истироҳат, фароғат ва варзиш .................................................37 Адлия..............................................................................................45

Муқаддима Иштироки фаъол дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ҷамъиятии оила барои рушди инфиродӣ хеле муҳим мебошад. Имконияти иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ба шахсияти инсон, сатҳи худбаҳодиҳӣ, сифати ҳаёт ва вазъи иҷтимоии ӯ таъсири сахт мерасонад. Аз сабаби он, ки одамони дорои маълулият дар ҷамъият бо монеаҳои бисёр дучор мешаванд, аксар вақт онҳо барои иштирок дар чорабиниҳои чамъиятӣ имконияти камтар доранд. Дар гузашта аксари барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳо (ТСҶ) диққати худро бештар ба масъалаҳои тандурустӣ ва фаъолияти тавонбахшӣ ҷалб менамуданд ва талаботи иҷтимоии одамони дорои маълулиятро сарфи назар менамуданд. Ҳатто, имрӯзҳо, дидабароии чунин мавзӯъҳо ба монанди муносибатҳои байнишахсӣ, издивоҷ, тарбияи кӯдакон ва дастрасӣ ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, хеле ҳассос ва мураккаб буда, роҳ ёфтан ба фаъолияти фарҳангӣ, варзишӣ ва истироҳатӣ нолозим ҳисобида мешавад. Қисми мазкури дастурамал муҳим будани ин масъалаҳоро дар ҳаёти одамони дорои маълулият махсус қайд намуда, зарурати ҷалби онҳоро ба барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳо бо мақсади ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилиҳои номбурда зери муҳокима қарор медиҳад.

Мақсад Одамони дорои маълулият дар оила ва ҷамоат нақш ва масъулияти муҳими иҷтимоӣ доранд ва ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷамъият шинохта шудаанд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши ТСҶ, аз ҳамкорӣ бо ҳамаи тарафҳои ба масъала шавқманд бо мақсади таъмини иштироки ҳаматарафаи одамони дорои маълулият дар ҳаёти иҷтимоии оила ва ҷамоатҳояшон иборат аст. Барномаҳои ТСҶ одамони дорои маълулиятро бо мақсади воридсозии тағйиротҳои иҷтимоии мусбӣ дар ҳаёташон ба воситаи бартараф намудани поймолкунии ҳуқуқ, тамғагузорӣ ва табъиз дастгирӣ менамоянд.

Натиҷаҳои чашмдошт • О дамони дорои маълулият ҳамчун аъзои оила қадр карда шуда, нақшҳо ва масъулиятҳои гуногуни иҷтимоиро ба дӯш доранд. • 4 Одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо барои истифодаи малакаю захираҳо бо мақсади саҳмгузорӣ ба рушди ҷамоат дастгирӣ карда мешаванд. • Ҷамоатҳо одамони дорои маълулиятро чун аъзоёни пурарзиши худ эътироф намуда, мутмаинанд, ки онҳо дар рушди ҷамоатҳо саҳми муносиб мегузоранд. • Монеаҳое, ки иштироки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маъракаҳои иҷтимоӣ маҳдуд месозанд, муайян ва бартараф карда мешаванд. • 4 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳоро қонеъ намуда, дастгирии иҷтимоии самаранок ва хизматрасониҳоро дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин менамоянд.

МУҚАДДИМА

3

ЗАМИМАИ 1

Таъмини иштироки пурраи аъзоёни ҷамоат «Пина Палмера», созмони ғайридавлатӣ мебошад, ки дар қисми ҷанубии штати Оахакаи Мексика фаъолият мекунад. «Пина Палмера», фаъолияти худро дар сатҳи ҷамоат аз соли 1989 оғоз намуда, имрӯзҳо дар ҳафт ҷамоатҳои деҳот барои қонеъ намудани талаботи рӯзмарраи одамони дорои маълулият ва аъзоҳои оилаи онҳо заҳмат мекашад. Созмони мазкур, ҳамчунин бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, омӯзгорон, кормандони нақлиёти чамъиятӣ ва кормандони соҳаи тиб бо мақсади бартараф намудани монеаҳо ва ҷалби иҷтимоии одамони дорои маълулият дар фаъолиятҳои ҷамоатҳо ҳамкории зич дорад. «Пина Палмера» як қатор чорабиниҳоро амалӣ месозад, ки он ба ҷузъиёти мавзӯъҳои қисми «Масъалаҳои иҷтимоӣ»-и Дастур оид ба ТСҶ, мутобиқат мекунад. Созмони «Пина Палмера» ба одамони дорои маълулият, хусусан ба кӯдакон ва онҳое, ки ба бемориҳои ҷиддӣ ё якчанд осебу ноқисиҳо гирифторанд, ёрии инфиродӣ мерасонад. Ба одамони дорои маълулият кормандони воҳидӣ ё ихтиёриён ёрӣ мерасонанд ва ба он беҳдошти шахсӣ, ҳаракатҳо дар қаламрави ҷамоатҳо ва фаъолияти ҷамъиятӣ дохил мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ ёрии инфиродӣ инчунин ба кормандони «Пина Палмера», ки худ низ маъюб мебошанд, бо мақсади осон намудани татбиқи вазифаҳои хизматӣ расонида мешавад. «Пина Палмера» одамони дорои маълулиятро барои иштирок дар чорабиниҳои варзишию фароғатӣ тарғибу ташвиқ менамояд. Созмони мазкур бо одамони дорои маълулият ва варзишгарони маҳаллӣ ҳамкорӣ намуда, онҳоро бо манбаю мавод таъмин менамояд, то фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои варзишиеро ташкил намоянд, ки дар он ҳам одамони дорои маълулият ва ҳам дорои маълулият набуда иштирок карда тавонанд. Дар ҳолати зарурӣ воситаҳои ёрирасон ва таҷҳизоти мутобиқкардашудаи варзишӣ пешниҳод карда мешавад, то ба одамони дорои маълулият имконияти иштирок дар чорабиниҳо фароҳам оварда шавад. Дар натиҷа, якчанд нафар одамони дорои маълулият аз тарафи дастаи яккачини миллии баскетболбозони бо аробачаҳо ҳаракаткунанда баромад намуданд. «Пина Палмера» барои одамони дорои маълулият омӯзишҳоро дар мавзӯъҳои «Муоширати самаранок», «Бартараф намудани низоъ», «Кор дар гурӯҳ», «Эҳтиромгузорӣ», «Баробарии гендерӣ ва муносибатҳои ҷинсӣ» ташкил намуданд. Омӯзишҳои мазкур ба одамони дорои маълулият имконияти васеъ намудани шабакаҳои иҷтимоии хешро медиҳанд, ки доираи шиносоиро васеътар менамоянд. Дар ҳолати зарурӣ «Пина Палмера» ба одамони дорои маълулият инчунин, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ машварат низ пешниҳод менамояд. Ҳангоми машваратдиҳӣ забони оддии оммафаҳм истифода мешавад, то одамони дорои маълулият иттилоотро хуб азхуд намуда дар ҳолати зарурӣ худро аз ҳама амалҳои беадолатона ҳифз карда тавонанд.

Мексика

4

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Мафҳумҳои асосӣ

Нақшҳои иҷтимоӣ Нақшҳои иҷтимоӣ кадомҳоянд? Нақшҳои иҷтимоӣ, ин мавқеи одамон дар ҷамъият мебошад, ки бо як қатор ӯҳдадориҳо ва фаъолиятҳои муайян вобастаанд. Ба намудҳои гуногуни нақшҳои иҷтимоӣ онҳое дохил мешаванд, ки бо муносибатҳо (масалан, шавҳар, зан, модар, падар, бародар, хоҳар, дӯст), фаъолият (масалан омӯзгор, ходими ҷамъиятӣ, фермер), кори ҳамарӯза (масалан фаррош, ошпаз), вақтхушӣ ва варзиш (масалан футболбоз, қартабоз) ё ҷамоат (масалан корманди ихтиёрӣ, сарвари маҳалла) алоқаманданд. Ба нақшҳои иҷтимоии одамон, чунин омилҳо ба монанди: синну сол, ҷинс (муносибатҳои иҷтимоӣ), фарҳанг ва маълулият таъсир мерасонанд. Нақшҳои иҷтимоии одамон дар давоми ҳаёт иваз мешаванд ва аксари ҷамоатҳо ин гузаришро бо расму русум ва амалҳои муҳим қайд мекунанд. Чаро нақшҳои иҷтимоӣ муҳиманд? Нақшҳои иҷтимоӣ аз он сабаб муҳиманд, ки ба ҳаёт аслият ва маънӣ мебахшанд. Ба мавқеи иҷтимоие, ки инсон дар ҷомеа дорад, нақшҳои дигари иҷтимоии вай дар дохили ҷамоат таъсир мерасонанд. Масалан, аз он, ки инсон метавонад шавҳар/зан, падар/модар ё коргаре бошад, ки маош мегирад, баҳои баланд гирифта метавонад ва бинобар ин ба вазъияти иҷтимоии ӯ таъсири мусбӣ мерасонад; дар ҳамин ҳол набудани зан/шавҳар, кӯдак ё кор метавонад паст баҳо дода шавад ва ба вазъияти иҷтимоии ӯ таъсири манфӣ расонад. Ҳангоме, ки шахси дорои маълулият имконият дорад нақшҳои мусбии иҷтимоиро дар ҷомеаи худ бозад, муносибат нисбати маълулияти ӯ метавонад тағйир ёбад. Масалан, фарогирии бомуваффақияти кӯдаки дорои маълулият дар мактаб ё шахси калонсоли дорои маълулият дар корхона воситаи пурқуввати тағйирёбии муносибати ҷамъият нисбати одамони дорои маълулият шуда метавонад. Дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади таъмини бехатарии нақшҳои муҳими иҷтимоӣ. Роҳҳои хеле зиёде, мавҷуданд, ки бо истифодаи онҳо одамони дорои маълулиятро барои комёб шудан ба нақшҳои бебаҳои иҷтимоӣ дастгирию рӯҳбаланд намудан мумкин аст. Дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади беҳтар намудани малака ва маҳоратҳо, тарғиби таассуроти мусбӣ дар ҷамоатҳо ва фаъолият намудан оид ба тағйир додани муносибат нисбати онҳо, усулҳои аз ҳама муфиданд. (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият).

Монеаҳо ба иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ Номгӯи зиёди монеаҳо мавҷуданд, кӣ метавонанд иштироки одамони дорои маълулиятро дар ҳаёти ҷомеа маҳдуд намоянд. Масалан: • одамони дорои маълулият мумкин аст, сатҳи пасти худбаҳодиҳӣ дошта бошанд ва дар чунин ақида бошанд, ки сазовор ё қудрати иштирок карданро дар фаъоМУҚАДДИМА 5

лияту чорабинӣ ё ҳодисаҳо надоранд; • а 4 ъзоёни оила метавонанд ҳис намоянд, ки доштани аъзои дорои маълулият дар оила шармовар аст, бинобар ин онҳо ба аъзои дорои маълулият иштирок намуданро дар ҳаёти ҷамъиятӣ иҷозат намедиҳанд ё ҳавасманд нестанд; • 4 аъзоёни ҷомеа метавонанд нисбати одамони дорои маълулият тафаккури бемантиқона дошта бошанд, ба монанди, он ки одамони дорои маълулият метавонанд ҷойҳои муқаддасро ҳаром кунанд, онҳо лаънатшудаанд ва онҳоро тоза кардан лозим аст, ё онҳо қувваи фавқулодда ё ҳалоккунанда доранд; • 4 ба монеаҳои табиӣ дар роҳи иштирок дар ҳаёти иҷтимоӣ инҳо дохил мешаванд: воситаҳои нақлиёт, биноҳо, масалан, марказҳои фарҳангӣ-иҷтимоии ҷамоат, мавзеъҳои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, кинотеатрҳо ва дигарон, ки барои одамони дорои маълулият дастнорас мебошанд.

ЗАМИМАИ 2

Монеаҳои табиӣ барои иштирок «Сари чанд вақт мо мехостем ба кинотеатр ба тамошои филм равем, аммо мутаассифона, даромадан ба бино бо аробачаи маълулӣ пешбинӣ нашудааст. Мо дар ҷойҳои ба мо пешкаш шуда нишаста наметавонем, зеро дар назди нишастгоҳ ҷои холӣ нест. Агар мо бо дархост муроҷиат намоем, ба суханҳои мо касе аҳамият намедиҳад (1).

Баробарии гендерӣ Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст занҳои дорои маълулият барои иҷрои нақшҳои муайяни иҷтимоӣ, масалан, тарбияи кӯдак, одатан имконияти маҳдуд доранд. Баъзе оилаҳо метавонанд парастории зиёд зоҳир намоянд ва ба зани дорои маълулият иҷозат надиҳанд, ки дар чорабиниҳои иҷтимоии берун аз хона иштирок намояд. Илова бар ин, ҳарчанд, баробарии гендерӣ ҷанбаи муҳими рушд бошад ҳам, занон ва духтарони дорои маълулият аз барномаҳои асосии соҳаи рушд берун мемонанд. Занҳои дорои маълулият ба раванди қабули қарор кам ҷалб ва ба қадри нокифоя муаррифӣ карда мешаванд, масалан, нодуруст шарҳ медиҳанд, ки гӯё ғамхорӣ нисбати чунин занҳо, бояд аз ғамхорӣ нисбати занҳои дорои маълулият набуда фарқ мекунад. Инчунин, эҳтимолияти фарогирии духтарони дорои маълулият ба барномаҳои Ҷавонон ё истироҳатию фароғатӣ камтар аст.

Кӯдакони дорои маълулият Муҳити бехатар ва бомуҳаббат ба ҳамаи кӯдакон зарур аст, аз ҷумла барои кӯдакони дорои маълулият, ки ба онҳо низ муҳаббату дилбастагӣ ва имконияти омӯзиш ва рушд зарур аст. Барномаҳои ТСҶ метавонанд нақши муҳимро дар тарғибу ташвиқи ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маълулият бозида, ба оилаҳои онҳо дар мубориза бар зидди тамғагузорӣ ва поймолкунии ҳуқуқ, ки ба иштироки онҳо дар ҳаёти оила ва ҷомеа монеъ мешавад, ёрӣ расонанд.

6

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Бобҳои ин қисм Ёрии инфиродӣ Баъзе одамони дорои маълулият барои дастрас намудани имконияти иштирок дар ҳаёти оила ва ҷамоат ба ёрии инфиродӣ эҳтиёҷ доранд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҷубронҳо хеле маҳдуданд, бинобар ин, оила сарчашмаи асосӣ ё ягонаи дастгирӣ мебошад. Аз сабаби хеле маҳдуд будани имкониятҳои расмӣ (давлатӣ), боби мазкур оид ба роҳҳои сафарбар намудани захираҳои ҷамоат аз тарафи барномаҳои ТСҶ бо мақсади дастрас шудани одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо ба ёрии инфиродии ба эҳтиёҷоти шахсӣ ва афзалиятҳои онҳо мувофиқ, нақл менамояд.

Муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила Муносибати шахсӣ барои одамони дорои маълулият, чун барои ҳамаи одамони дигар хеле муҳим мебошад. Дар боби мазкур роҳҳои гуногуне муҳокима мешаванд, ки бо истифодаи онҳо барномаҳои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулиятро барои манфиат дидан аз нақшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ӯҳдадориҳои ба муносибатҳои шахсӣ вобаста, дастгирӣ намоянд. Дар ҳамкории зич бо як қатор шахсони ба масъала шавқманди ҷамоат барномаҳои ТСҶ метавонанд, сатҳи огоҳии мардумро оид ба масъалаҳои маълулят баланд бардошта, муносибатҳои манфии оила ва ҷамоатро муҳокима намоянд ва ба зоҳир шудани зӯроварӣ ва табъиз нисбати одамони дорои маълулият роҳ надиҳанд.

Фарҳанг ва санъат Иштирок дар фаъолиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ барои рушду ташаккулёбии шахсият хеле муҳим мебошад. Он барои устуворгардонии комили шахсият, рушди фаҳмиши муҳиммияти худ ва таалуқ доштан (масалан ба оила ва ҷамоат), инчунин имкониятҳои одамони дорои маълулиятро барои саҳмгузорӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ тарбия мекунад. Дар боби мазкур монеаҳое, ки ба иштироки одамони дорои маълулият дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳунарии оила ва ҷамоат халал мерасонанд, муайян ва роҳҳои ҳалли онҳо дида баромада мешаванд. Дар он инчунин, нақше, ки маданият ва санъату ҳунар дар мубориза зидди тамғагузорӣ ва табъизи ҳуқуқи одамони дорои маълулият ва дар тарғибу ташвиқи гуногуниҳо, ҷалбшавӣ ва иштирок мебозанд, таҳлил карда мешаванд.

Истироҳату фароғат ва варзиш Чорабиниҳои ба истироҳат, фароғат ва варзиш вобаста, барои саломатӣ ва некӯаҳволӣ, инчунин барои муттаҳидшавии аъзоёни ҷамоат муҳим мебошанд. Ин чорабиниҳо ба одамони дорои маълулият чӣ манфиат доранд ва тавсияҳои амалӣ нисбати он, ки чӣ тавр барномаҳои ТСҶ метавонанд бо шахсони гуногуни ба масъала шавқманд бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳо барои ҷалбшавӣ ва иштироки одамони дорои маълулият ҳамкорӣ намоянд, муҳокима мешаванд. Аҳамияти фаъолияти бевосита бо тарафҳои ба масъала шавқманд дар таҳияи барномаҳо ва банақшагирии чорабиниҳо, ки ба талаботи ҷамоатҳои маҳаллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯй аст, махсус қайд карда мешаванд. МУҚАДДИМА 7

Адлия Ба ҳамаи аъзоёни ҷамоат дар ягон муддати вақт мумкин аст, эҳтиёҷоти муроҷиат намудан ба адолати ҳуқуқӣ пайдо шавад. Дар сатҳи маҳаллӣ огоҳ будан аз қонунҳои ҳуқуқии мавҷуда, хеле зарур аст, зеро онро бо мақсади амалӣ намудани кафолати он ки одамони дорои маълулият метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқ ва имтиёзҳояшон, чӣ тавре дар Конвенсияи дар бораи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ишора шудааст, истифода карда тавонанд. (2). Диққати асосӣ дар ин боб ба он дода мешавад, ки чӣ тавр барномаҳои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулиятро барои талаб намудани ҳуқуқҳояшон ба воситаи баланд намудани сатҳи огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дастгирӣ намоянд. Онҳо инчунин, раҳнамоии дастрасии онҳоро ба равандҳои гуногуни ҳуқуқӣ бо мақсади дидабароии масъалаҳои ба беадолатӣ бахшида амалӣ менамоянд.

8

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Ёрии инфиродӣ Муқаддима Ба баъзе одамони дорои маълулият ёрии инфиродӣ бо мақсади раҳнамоии фарогирии пурра ва иштироки онҳо дар ҳаёти оила ва ҷамоат лозим шуданаш мумкин аст. Аз рӯи омилҳои муҳитӣ ёрии инфиродӣ зарур шуданаш мумкин аст, (масалан, вақте ки муҳити беруна дастнорас бошад), ё аз он сабаб, ки одамон мумкин аст ноқисӣ ё мушкилоти ҳаракатӣ дошта бошанд, ки он барои мустақилона иҷро намудани амал ва вазифаҳо халал мерасонад. Ёрии инфиродӣ ба одами дорои маълулият имконият медиҳад, ки дар лаҳзаи дилхоҳ аз ҷои хоб хезад ё хобад, хӯроки дилхоҳро дар лаҳзаҳои дилхоҳ истеъмол намояд, корҳои хонаро иҷро намояд, дар чорабиниҳои иҷтимоии берун аз хона иштирок намуда, ба таҳсилот дастрасӣ дошта бошад, даромади молиявӣ ва нигоҳубину ғамхории оилаашро ба ӯҳда дошта бошад. Ёрии инфиродӣ ба таври ғайрирасмӣ, масалан аз тарафи аъзоёни оила, дӯстон, ё дар шакли расмӣ, масалан ба воситаи кормандони кироя ё хадамоти иҷтимоӣ расонида мешавад. Агарчӣ дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ё миёна, маблағгузории системаи расмӣ одатан маҳдуд аст, аксари мамлакатҳо тарҳи ҳимояи иҷтимоиро таҳия кардаанд – масалан дар Бразилия, Ҳиндустон, Африкаи Ҷанубӣ ва ба наздикӣ инчунин дар Бангладеш. Умед ҳаст, ки бо рафти рушди ин система имкониятҳои ТСҶ оид ба дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади ёфтани имкониятҳо ба ёрии инфиродӣ афзун мегардад (нигаред ба қисми «Худтаъминкунӣ», боби «Ҳифзи иҷтимоӣ»).

ЗАМИМАИ 3

Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, моддаи 19 «Тарзи ҳаёти мустақил ва ҷалбшавӣ ба фаъолиятҳои ҷамоат» ( 2) «Мамлакатҳо-иштирокчиёни Конвенсияи мазкур ҳуқуқи баробари одамони дорои маълулиятро барои зистан дар ҷойҳои муқаррарии зист, бо интихоби баробар чун дигарон эътироф менамояд ва чораҳои самаранок ва лозимаро меандешанд, то ин ки онҳо барои ҳуқуқҳои худро амалӣ сохтан, ҷалб намудани онҳо ба ҷамоати маҳаллӣ ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ мусоидат намоянд, аз ҷумла ба воситаи таъмин намудани он ки: a. одамони дорои маълулият дар баробари одамони дигар ҳуқуқи интихоби ҷойи зист, дар куҷо ва бо кӣ бо ҳуқуқҳои баробар бо дигарон зиндагӣ карданро интихоб намоянд, ва вазифадор нестанд, ки дар кадом як шароитҳои муайяни манзилӣ зиндагӣ намоянд. b. одамони дорои маълулият ба як қатор хизматрасониҳо дар хона, дар ҷои зист ва дигар ёрирасониҳо дар заминаи ҷамоат роҳ ёбанд, аз ҷумла ёрии шахсӣ, ки барои дастгирии ҳаёт дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷалбшавию иштирок дар он зарур аст, инчунин роҳ надодан ба канорамонӣ ва тамғагузорӣ дар сатҳи ҷамоат. c. хизматрасониҳо ва воситаҳои дар сатҳи ҷамоат ва муассаҳои истифодабарии умумӣ пешбинӣ шуда, дар андозаи баробар бояд ба одамони дорои маълулият дастрас ва ба талаботу эҳтиёҷоти онҳо ҷавобгӯ бошад. ЁРИИ ИНФИРОДӢ 9

ЗАМИМАИ 4

Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ

Ёрӣ дар ҳолати зарурӣ Ҷе Хван, писарбачаи сездаҳсола ҳамроҳи модаркалон, хоҳар ва ду холабачааш дар шаҳри Сеул, Кореяи Ҷанубӣ, зиндагӣ мекунад . Вақте ки ӯ чорсола буд ба ў «харобшавии (дистрофияи) мушакҳо» ташхис гузоштанд. Дар синни нӯҳсолагӣ ӯ мустақилона ҳаракат карда наметавонист, ба мактаб низ рафта натавониста рӯҳафтода мешуд. Вақте, ки кормандони барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат бори аввал бо Ҷе Хван вохӯрданд, вай сездаҳсола шуда буд. Мутахассисони барнома писарбачаро ба беморхонаи Миллии тавонбахшӣ равон намуданд, ки дар он ҷо ӯ ба тавонбахшии тиббӣ ва табобат роҳ ёфт. Ба ӯ инчунин, аробачаи маълулии худгардро бо нишастгоҳи махсус, аз тарафи Маркази тадқиқот дар соҳаи воситаҳои ёрирасон доданд. Ҳамин, ки ҳолаташ устувор гардид, Ҷе Хван хоҳиш пайдо кард, ки омӯзишро дар мактаб давом диҳад. Аммо ӯ ин корро бе ёрии инфиродӣ карда наметавонист. Корманди иҷтимоӣ аз беморхона Ҷе Хванро бо корманди ихтиёрӣ аз донишгоҳ шинос намуд, ки ин корманд ба ӯ барои ба итмом расонидани таҳсилот аз рӯи барномаи мактаби ибтидоӣ ёрӣ расонд. Ба ғайр аз ин ба писарбача маслиҳат доданд, ки ба созмони ғайридавлатии маҳаллӣ муроҷиат намояд, ва аз рӯи реҷаи кории созмони мазкур ба назди Ҷе Хван ҳар ҳафта кормандони ихтиёрӣ омадан гирифтанд. Онҳо ба писарбача китоб мехонданд ва ба ӯ ёрӣ медоданд, ки сурат кашад ва лоиҳаҳои аввалинашро таҳия намояд. Ба ӯ инчунин ёрӣ намуданд, ки хонаашро таъмир намуда мутобиқ гардонад, то барои бо аробача ҳаракат кардан қулай бошад. Корманди дигари ихтиёрӣ, мунтазам омада ба модаркалони ӯ ба корҳои хона ёрӣ мерасонд, масалан, хонаро рӯбучин мекард. Ҷе Хван ҳатто аъзои гурӯҳи худёрирасон дар созмони Хазинаи кореягии харобшавии (атрофияи) мушакҳо гардид. Ҳаёти Ҷе Хван ба туфайли ҳамкории байни ТСҶ, беморхонаи Миллии тавонбахшӣ, Хазинаи кореягии атрофияи мушакҳо, Маркази тадқиқот дар соҳаи таҳияи воситаҳои ёрирасон ва созмонҳои дигари ғайридавлатии маҳаллӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Кормандони иҷтимоӣ ва ихтиёриёни маҳаллӣ барои таъмини дастгирӣ ва гирифтани ёрии инфиродӣ нақши муҳим бозиданд.

10

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Мақсад Одамони дорои маълулият аз Ёрии инфиродӣ истифода мебаранд, ки талаботу эҳтиёҷоти онҳоро қонеъ гардонида ба онҳо имконияти бурдани ҳаёти фаъол ва пурарзишро имконпазир гардонидааст.

Нақши ТСҶ Нақши барномаҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоат аз дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади дастрас шудан ва фаъолона идоракунии ёрии инфиродӣ, бо мақсади бурдани ҳаётӣ мустақил ва эътибору манзалат иборат аст.

Натиҷаҳои чашмдошт • ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият якҷоя фаъолият менамоянд, то ин ки тарзҳои ёрии инфиродии сифату меъёрҳояш мувофиқ дар сатҳи ҷамоат дастрас бошанд. • одамони дорои маълулият нақшаи дастгирии инфиродиро доранд. • одамони дорои маълулият ба омӯзишҳое дастрасӣ доранд, ки ба онҳо идора намудани талаботу эҳтиёҷоташонро имконпазир мегардонад. • омӯзиш ҳам барои ёрдамчиёни расмӣ ва ҳам барои ёрдамчиёни ғайрирасмӣ дастрас аст. • ёрӣ барои он оилаҳое дастрас аст, ки ёрии инфиродиро дар шакли ғайрирасмӣ таъмин менамоянд. • дар оила ва ҷамоат механизмҳои ҷавоб гуфтан ба ҳолатҳои бӯҳронӣ амал мекунанд, ки фиристондани одамони дорои маълулиятро ба муассисаҳои махсуси шакли пӯшида пешгирӣ менамоянд. • ҷамоатҳои маҳаллӣ ба одамони дорои маълулият имконияти расонидани ёрии инфиродиро дар сатҳи ҷамоат дастгирӣ ва пешниҳод менамоянд.

Мафҳумҳои асосӣ Парастории одамони дорои маълулият дар муассисаҳои тиббии махсус ва зиндагии мустақил Дар давоми якчанд даҳсолаҳо мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд аз муносибати «парастории одамони дорои маълулият дар муассисаҳои махсус» ба муносибати «зиндагии мустақил» барои онҳо гузаштанд. «Зиндагии мустақил» маънои онро надорад, ки одамони дорои маълулият ҳама чизро мустақил иҷро карда метавонанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо худ интихоб ва ҳаёти худро мисли дигар одамони маълулият надошта назорат карда метавонанд. Одамони дорои маълулият оид ба талаботу эҳтиёҷоти худ мутахассисони беҳтарин ба ҳисоб мераванд, бинобар ин онҳо барои ҳаёти худ бояд масъул бошанд, инчунин мисли дигар одамони маълулият надошта аз номи худ андеша намоянд ва сухан ронанд. Ёрии инфиродӣ яке аз роҳҳои асосии гузариш аз ҷойгирнамоии одамони дорои маълулият дар муассисаҳои махсуси тиббӣ ба зиндагии мустақил мебошад.

ЁРИИ ИНФИРОДӢ

11

ЗАМИМАИ 5

Ёрии инфиродӣ барои зиндагии мустақил «Ҳаракат барои зиндагии мустақилона» шабакаи байналмиллалӣ буда, барои он мубориза мебарад, ки одамони дорои маълулият ба ҳамон сатҳи қаноатмандӣ ва мустақилият дар оила, ки барои кӯдакон, дӯстон ва ҳамсояҳои дорои маълулият набудаи онҳо дар ҷамоат муқаррар аст, дастрасӣ дошта бошанд. Ин махсусан ба одамоне тааллуқ дорад, ки ба дастгирӣ эҳтиёҷи баланд доранд, масалан дар иҷрои амалҳои зиндагии ҳамарӯза, ба мисли либоспӯшӣ, қазои ҳоҷат, ғизогирӣ, муошират ва батартибдарории рӯзи худ, ва умуман, зинда мондани онҳо аз ёрии амалии одамони дигар вобаста аст. Истилоҳи «ёрии инфиродӣ» аз тарафи «Ҳаракат барои зиндагии мустақилона» барои фаъолиятҳои дар боло зикршуда, танҳо ҳамон вақт истифода бурда мешавад, ки агар истифодабарандаи мушаххас қудрати мустақилона қарор доданро дошта бошад, ки иҷрои кадом вазифаро ба кӣ ваколат диҳад ва, инчунин кай ва чӣ гуна онро ҳал намояд. Ин гуна назорат, танҳо ҳамон вақт имконпазир мешавад, ки агар истифодабарандагон манбаъҳои кифояи молиявӣ барои харидорӣ намудани хизматрасонӣ аз рӯи интихоби худ ё барои кироя намудани одамон ба сифати ёвар (аз ҷумла аъзоёни оила) дошта бошанд. Аз сабаби он, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо одатан манбаъҳои кифояи молиявӣ надоранд, пардохти давлатӣ лозим мешавад. Баъзе одамон, масалан, кӯдакони дорои маълулият ё шахсони ноқисии зеҳнӣ дошта, барои амалӣ намудани чунин назорат ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд. Вазифаҳои ёрии инфиродӣ Ёрии инфиродӣ на танҳо барои дастгирӣ дар ҳал намудани вазифаҳои шахсии маҳрамона вобаста аст. Ба он метавонад инчунин, дастгирӣ ҳангоми иҷроиши доираи васеи вазифаҳо дар шароити гуногун дохил шавад: масалан, дар хона (ёрӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ ва амалӣ намудани нигоҳубин), дар мактаб, дар ҷои кор, дар ҷамоат (масалан ҳангоми интиқол, рафтан ба мағоза, истифода бурдан аз хизматрасонии бонкҳо), инчунин ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва истифода бурдани хизматрасонии хадамоти наҷотдиҳӣ. Новобаста аз он, ки ёрии инфиродӣ ба таври расмӣ ё ғайрирасмӣ расонида мешавад, муҳим он аст, ки ин ёрӣ дар ҳаҷм ва бо сифате пешниҳод гардад, ки шахси дорои маълулият ба таври пурра ва қурбу манзалати баланд дар ҳаёти оила ва ҷамоат иштирок карда тавонад. Дарки мафҳуми «инфиродӣ» дар ёрии инфиродӣ Калимаи «инфиродӣ» дар ибораи ёрии инфиродӣ бо мақсади инъикоси он истифода бурда мешавад, ки ҳар як одам хусусияти ба худ хос ва маҷмӯи талаботу эҳтиёҷоти нодир дорад. Ёрии инфиродӣ – ин ёфтани роҳҳои ҳалли масъала, ки ба шахси мушаххас мутобиқ аст, мебошад. Тарзи гуногуни ёрӣ (яъне набудани ёрӣ, ёрии нопурра ё пурра) метавонад барои вазифаи гуногун ва лаҳзаи гуногун лозим шавад, зеро талабот вобаста аз вазъияти мушаххас тағйир меёбад, масалан, тағйир ёфтани нақши иҷтимоӣ ё ҳолати саломатӣ. Барои ҳар як шахси мушаххас мувозинати дуруст ёфтан хеле муҳим аст. 12 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Муҳимияти назорат Ёрии инфиродиро одатан ҳамчун коре, ки нисбати шахси дорои маълулият ва барои ӯ карда мешавад, дар назар доранд, ва инсон ҳамчун қабулкунандаи ғайрифаъол арзёбӣ мешавад. Чунин фаҳмиш дигар қобили қабул нест; айни замон амиқ эътироф шудааст, ки афроди дорои маълулият бояд дар назорат намудани самти ҳаёти худ озод бошанд, бинобар ин дар маркази раванди қабули қарор, вобаста ба талаботи онҳо нисбати ёрии инфиродӣ қарор дошта бошанд (нигаред ба замимаи 5).

Тарзҳои дастгирӣ Ёрии ғайрирасмӣ Дар тамоми ҷаҳон, тарзҳои асосии ёрӣ ба одамони дорои маълулият асосан намуди ёрии ғайрирасмиро мегирад (3). Ёрии ғайрирасмиро аъзоёни оила, дӯстон, ҳамсояҳо ё кормандони ихтиёрӣ пешкаш карда метавонанд. Ёрии расмӣ Ёрии инфиродӣ метавонад ба таври расмӣ расонида шавад. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд намудҳои сершумор ва гуногуни дастгирии расмӣ расонида мешаванд, чунин муносибат дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст низ афзалият пайдо карда истодааст (3). Хизматрасонии мазкурро созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва хусусӣ низ пешниҳод карда метавонанд. Дар ҳоле, ки қисми зиёди буҶаҳо ғайримарказӣ мешаванд, маблағҳо барои хизматрасониҳои дастгирӣ метавонад тариқи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ба мисли Вазорати таъминоти иҷтимоӣ, дастрас шавад. Барои маблағгузории Ёрии инфиродӣ метавонанд ёрдампулиҳо, ба мисли нафақа аз рӯи маълулият, иловапулӣ барои парасторӣ ё пардохт барои шахсоне, ки парасторӣ менамоянд, дастрас шаванд.

Мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он Имкониятҳои маҳдуд дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст. Мушкилиҳои ба дастрасии ёрии инфиродӣ вобаста дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд ва мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, гуногунанд. Ҳангоми, кӯшиши таъмин намудани дастрасии одамони дорои маълулият ба ёрии инфиродӣ, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, барномаҳои ТСҶ ба мушкилот дучор шуда метавонанд, ба монанди: • сатҳи пасти огоҳӣ оид ба кўмаки инфиродӣ ва талаботи кам ба он аз тарафи одамони дорои маълулият, аъзоёни оилаи онҳо ва созмонҳои одамони дорои маълулият; • кам будани барномаҳое, ки дар нақшаҳояшон барои кормандони ёрии инфиродӣ омӯзишу дастгириро пешбинӣ кардаанд; • набудани стратегия ва барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои дастгирии ёрии инфиродӣ, масалан, ёрипулӣ, грантҳо ё нафақа аз рӯи маъюбӣ (танҳо дар қисми ками мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст); ЁРИИ ИНФИРОДӢ 13

• миқдори ками таҳияи муқаррарот ва меъёрҳои (стандартҳои) дар сатҳи миллӣ мувофиқа кардашуда оид ба ёрирасонии инфиродӣ ва роҳҳои санҷишу арзёбии он. Ҳолатҳои бӯҳронӣ Вақте, ки системаи дастгирӣ аз кор мемонад, одамони дорои маълулият ба ҳолати бӯҳронӣ гирифтор шуданашон мумкин аст. Дар баъзе ҳолатҳо ин маънои онро дорад, ки одамони дорои маълулиятро одатан, бар хилофи ихтиёрашон, ба муассисаҳои махсус равон менамоянд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, ки дастгирии инфиродиро одатан аъзоёни оилаашон мерасонанд, сабабҳои зиёд мавҷуд ҳастанд, ки фаъолияти дастгирӣ боздошта шавад. Масалан, дар ҳолати марги яке аз аъзоёни оила, метавонад мушкилоти молиявӣ ё ихтилофи дохили оилавӣ ба вуҷуд ояд. Дар баъзе ҳолатҳо оилаҳо мумкин аст аз сабаби сарбории зиёд ва таниши асабҳо (стресс), ки ба расонидани ёрии инфиродӣ вобаста аст, инчунин бо имконияти ками дастрасӣ ба ёрию омӯзиш, хеле хаста шаванд. Аҳамияти ёрии ғайрирасмиро барои одамони дорои маълулият ва мавқеъи марказии оиларо дар кулли фарҳангҳо ба назар гирифта, қайд намудан ҷоиз аст, ки хизматрасониҳо барои оилаҳое, ки аъзои дорои маълулият доранд, нақши муҳим мебозанд (3). Осеббинӣ ва хавфи муомилаи дурушт Одамоне, ки дар ягон марҳилаи ҳаёташон ба хизматрасонии дастгирӣ эҳтиёҷ доранд, одатан нисбати одамоне, ки ба ин тарзи хизматрасонӣ эҳтиёҷ надоранд, зиёдтар озурдаанд (3). Ба одамоне, ки нисбати онҳо муомилаи дурушт кардаанд ё онҳоро озурдаанд, одатан оид ба ҳодисаи содиршуда хабардор кардан ё онро тағйир додан хеле мушкил мебошад, махсусан агар шахси таҳқиркунанда ёвари шахсии онҳо бошад (нигаред ба боби «Муносибати инфиродӣ, издивоҷ ва оила»).

Фаъолиятҳои тавсияшаванда Ҳамкорӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият Дар аксар ҳолатҳо ба одамони дорои маълулият мустақилона дифоъ ва қонеъ намудани талаботашон ба ёрии инфиродӣ хеле мушкил аст. Аммо, агар одамони дорои маълулият якҷоя кор кунанд, дар он ҳолат ноил шудан ба тағйир додани вазъият осонтар аст. Хеле муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ нақши созмонҳои одамони дорои маълулиятро дар таъмини имкониятҳо барои ёрии инфиродӣ эътироф ва бо онҳо ҳамкорӣ намоянд: • стандартҳои мутобиқкарда шуда барои дастрасӣ ба ёрии инфиродӣ таҳия ва тарғиб мешаванд; • одамони дорои маълулият оид ба тарзҳои мавҷудаи ёрии инфиродӣ маълумоти кифоя доранд; • дар он ҷамоатҳое, ки ёрии инфиродӣ дастнорас аст, имкониятҳо барои дастрас шудан ба чунин хизматрасониҳо фароҳам оварда шудааст; • раванди рушд ва санҷишу арзёбии хизматрасониҳои ёрии инфиродии мувофиқ барои одамони дорои маълулият татбиқ мешавад; • барпо намудани алоқа байни одамони дорои маълулият, хусусан онҳое, ки бемории вазнин ё ноқисиҳои ҷиддӣ доранд, бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон.

14

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

ЗАМИМАИ 6

Тағйир додани ҳаёт ба сӯи беҳбудӣ бо истифодаи ёрии инфиродӣ Пас аз он, ки дар Сербия бори аввал хадамоти ёрии инфиродии таҳти назорати худи истеъмолкунандагон ташкил шуд, ҳаёти одамони зиёди дорои маълулият дар сатҳи инфиродӣ тағйир ёфт. Акнун одамони дорои маълулиятро барои дастаҷамъона фаъолият намудан сафарбар менамоянд. Масалан, дар натиҷаи амалҳои ин хадамот яке аз истифодабарандагони хизматрасонӣ сарвари фаъоли одамони дорои маълулият гардид. Агар, пештар ӯ доимо дар хона қарор дошта, ба китобхонӣ машғул мешуд ва дер-дер ба сайругашт мебаромад, акнун бошад бо ёрии ёвари шахсӣ се маротиба дар як ҳафта аз хона мебарояд, то ин ки раванди банақшагирии фаъолияти созмони одамони дорои маълулиятро роҳбарӣ намояд. Созмони одамони дорои маълулият бомуваффақият ҷамоатро дастгирӣ менамояд ва онҳоро барои ташкили зершӯъбаи маҳаллии хадамот бо мақсади рушд додани зиндагонии мустақил рӯҳбаланд намуд. Биноро бошад, барои идораи зершӯъба шаҳрдорӣ ҷудо намуд.

Сербия

Ёрӣ расонидан ба одамони дорои маълулият бо мақсади таҳияи нақшаи инфиродӣ. Таъмин намудани ёрии инфиродии ба вазъияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мутобиқ ва нисбати эҳтиёҷоти гендерӣ ва талаботи синну солӣ ҳассос, ниҳоят муҳим аст. Барномаҳои ТСҶ ба одамони дорои маълулият дар корҳои зерин ёрӣ намуда метавонанд: • муайян намудани он, ки иҷроиши кадом вазифаҳо ёриро талаб менамояд, айни ҳол набояд пешакӣ эҳтимолан пешгӯӣ намуд, ки сухан дар бораи кадом вазифаҳо меравад. • азнавдидабароии (таҷдиди) имкониятҳои гуногуни ёрии инфиродӣ, ки дар сатҳи маҳал мавҷуд аст; ақидаи таҷриба намудани имкониятҳои гуногуни дастрас хеле муфид аст, зеро муайян карда мешавад, ки кадоме аз онҳо самараноктаранд. • бо ёварони шахсӣ оид ба кадом вазифаҳо ёриро талаб менамоянд, дар кадом муддат ва чӣ тавр онро бояд иҷро кард иттилоот додан; • новобаста аз он, ки ёрии инфиродӣ аз тарафи кормандони муздгиранда ё ихтиёрӣ амалӣ мегардад, шартномаи хаттӣ бояд таҳия ва имзо карда шавад. • эҳтиёҷоту талаботро ба ёрии инфиродӣ бояд мунтазам санҷишу арзёбӣ намуда тағйиротҳои дар сатҳи саломатӣ, машғулиятҳои ҳаррӯза, муҳити беруна рухдодаро бояд ба нақшаи ёрии инфиродӣ ворид намуд.

ЁРИИ ИНФИРОДӢ

15

ЗАМИМАИ 7

Банақшагирии Ёрии инфиродӣ

Филиппин

Дар Филиппин Созмони Миллии одамони дорои маълулият дар якҷоягӣ бо идораи маориф ва ассотсиатсияи падару модарон барномаи серсоҳаеро таҳия намуд. Нақши муҳими барномаи мазкур аз пешниҳоди омӯзишҳо оид ба усулҳои расонидани ёрии инфиродӣ ба кӯдакони гирифтори ноқисиҳои ҷиддӣ, ба волидону омӯзгорон, бо мақсади фарогирӣ ва таҳсили онҳо дар мактабҳои ибтидоии маҳаллӣ иборат буд. Ин барнома бо зиёда аз 13 ҳазор кӯдакон аз ноҳияҳои деҳот хизмат расонда, омӯзишҳои якҷояро бо кӯдакони синну соли томактабӣ, волидон ва омӯзгорон мегузаронанд ва мақсад аз ин таҳия намудани нақшаи ёрии инфиродии мувофиқу мутобиқкарда барои ҳар як кӯдак мебошад. Барномаи мазкур дар омода намудан ва фарогирии кӯдакони ба дастгирӣ ва таҳсил дар мактабҳои ибтидоии маҳаллӣ дар баробари дигар ҳамсолони худ ниёз дошта, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст.

Қонеъгардонии талабот ба омӯзишҳо Одамони дорои маълулият мумкин аст ба омӯзиш ниёз дошта бошанд, ки ба онҳо барои эътимод ба имкониятҳои худ ва рушди малакаҳои муайян ва идоранамоии эҳтиёҷоташон ба ёрии инфиродӣ зарур аст. Ба ёварони шахсӣ низ омӯзишҳое, ки ба онҳо барои инкишоф додани малакаҳо бо мақсади иҷро намудани нақш ва ӯҳдадориҳояшон ёрӣ мерасонанд, зарур аст. Омӯзишҳо барои одамони дорои маълулият Барои он, ки одамони дорои маълулият кўмаки инфиродии сифаташ баландро гирифта тавонанд, ба онҳо малакаҳои ба таври эътимоднок ифода карда тавонистани эҳтиёҷот ва интизориҳояшон аз ёрии инфиродӣ зарур аст. Барномаҳои ТСҶ ба одамони дорои маълулият дар ин ҷода чунин ёрӣ дода метавонанд: • дар таъмини дастрасӣ ба омӯзишҳо бо мақсади ташаккул додани малакаҳои муошират ва босуботӣ (худбоварӣ) дар худ (нигаред ба қисми «Васеъ намудани ҳуқуқ ва имконият», боби «Муҳофизат ва муошират»); • дар гирифтани дастрасӣ ба иттилоот оид ба ёрии инфиродӣ; • дар баланд бардоштани сатҳи дониш оид ба тарзҳои самараноки муайянкунӣ, ташкил ва идоракунии эҳтиёҷоти худ ба ёрии инфиродӣ; • дар баланд намудани сатҳи огоҳӣ оид ба усулҳои гуфтушуниди самаранок оид ба қонеъ намудани талаботи худ ба ёрии инфиродӣ дар оила, ҷамоат, мактаб ва дар ҷои кор. Имкониятҳо барои омӯзиш мумкин аст тариқи як қатор манбаъҳо дастрас шаванд, аз ҷумла созмони одамони дорои маълулият, хадамоти маҳаллии давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, барномаҳои ТСҶ ва ёварони шахсии таҷрибанок. Созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон одатан сарчашмаи асосӣ ва беҳтарини дастгирӣ, иттилоот ва омӯзиш барои одамони дорои маълулият оид ба идоракунии ёрии инфиродӣ мебошанд. Дар он ҷамоатҳое, ки созмони одамони дорои маълулият вуҷуд надорад, ба барномаҳои ТСҶ ба танзим 16 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

даровардани алоқа байни одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо бо дигарон, ки дар вазъияти монанд қарор доранд, муфид мебошад.

Омӯзиш барои ёварони шахсӣ Барои ёварони шахсӣ босуботу дилпур ва салоҳиятдор будан дар нақши худ ва ӯҳдадориҳояшон хеле муҳим мебошад. Дар аксари ҳолатҳо ёварони шахсӣ, хусусан онҳое, ки ба таври ғайрирасмӣ дастгирӣ менамоянд, оид ба вазифаҳои иҷро мекардаашон, ягон хел омӯзиш намегузаранд. Таъмини омӯзиш ба ёварони шахсӣ хеле муҳим мебошад, зеро ба татбиқи масъалаҳо зерин ба онҳо ёрӣ мерасонад: дарк намудани муҳимияти нақшашон; • эътироф намудани маҳдудияти доираи фаъолияти худ; • бодиққат ва самаранок гӯш кардан ва ҷавоб гуфтан ба талабҳои шахсе, ки ба вай ёрӣ мерасонанд; • малакаи заруриро барои ҳал намудани вазифаҳои дар пеш истода ташаккул диҳад; • вақт ва вазифаҳои худро идора намояд, хусусан дар шароите, ки онҳо инчунин нақш ва вазифаҳои дигарро низ ба ӯҳда доранд. Ба одамони дорои маълулият барои гузаронидани омӯзиш ба ёварони худ дастгирӣ лозим шуданаш мумкин аст. Барномаҳои ТСҶ, созмони одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон дар чунин шароит метавонанд чун воситаю манбаи хуб истифода шаванд. Дар ҷамоат низ, мумкин аст барномаҳои омӯзишӣ вуҷуд дошта бошанд ва онҳоро муайян намудан роҳи дигари қобили қабул аст.

Дастгирии аъзоёни оила, ки чун ёвари ёрии инфиродӣ фаъолият мекунанд Аъзоёни оила, ки ёрии инфиродӣ мерасонанд, одатан ин корро чун масъулияти иловагӣ ба нақш ва вазифаҳои худ иҷро мекунанд. Одатан ин кор онҳоро хеле хаста месозад ва барои қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ вақт намемонад. Ба ғайр аз ин, одатан аъзоёни оила худашон барои зисту зиндагонӣ ягон манбаи даромад надоранд. Барномаҳои ТСҶ аъзоёни оилаҳоро метавонанд бо роҳҳои зерин дастгирӣ намоянд: • муайян намудани имкониятҳо барои ёрии таъҷилӣ ё истироҳат; • барқарор намудани алоқа бо оилаҳои дигар, ки дар вазъияти монанд қарор доранд, масалан аз рӯи самти гурӯҳҳои худёрирасон, созмони одамони дорои маълулият, созмонҳои оилавӣ ё волидон; • гӯш кардани арзу ташвишҳои онҳо, гузаронидани мусоҳиба оид ба мушкилиҳо ва пайдо намудани роҳи ҳалли онҳо, ки барои самаранок аз ӯҳдаи вазифаҳои ёвари шахсӣ баромадан мусоидат мекунанд; • ҷалби аъзоёни оила ба омӯзишҳо, то ин ки малакаҳои бартараф намудани мушкилотро аз худ намоянд; • таъмин намудани истироҳат ва имконияти ба мактаб рафтани аъзоёни хурдсоли оила, ки нақши ёвари ёрии инфиродиро иҷро менамоянд. ЁРИИ ИНФИРОДӢ 17

Омодагӣ барои ҳолатҳои бӯҳронӣ ва идора кардани чунин ҳолатҳо Ҳатто дар сурати аз кор баромадани системаи дастгирӣ, талаботи одамони дорои маълулият бояд қонеъ карда шаванд. Ба барномаҳои ТСҶ дар якҷоягӣ бо дигар тарафҳои ба масъала вобаста пештар таҳия намудани нақшаи омодагӣ барои ҳолатҳои бӯҳронӣ зарур аст. Ҷамоатҳо сарчашмаи бои дастгирӣ мебошанд ва метавонанд захира ва имкониятҳои мувофиқ пешниҳод намоянд, махсусан дар вазъияти бӯҳронӣ. Роҳҳои ҳалли дар сатҳи ҷамоат пешниҳодшуда, одатан аз ҳама мувофиқ мебошанд, чӣ дар ҳолати фаврӣ ва чӣ дар дурнамои давомдор. Агар роҳбарони барномаҳои ТСҶ бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва мақомоти маҳаллии ҳокимият якҷоя фаъолият намуда, оид ба стратегияи идоракунии бӯҳрон мувофиқат ба даст оваранд ин хеле муфид аст. Дар зер саволҳое оварда шудаанд, ки ёфтани ҷавоби мукаммал ба онҳо то саршавии бӯҳрон мувофиқи мақсад аст: • оё дастаи ҷавобгӯй ба вазъияти бӯҳронӣ вуҷуд дорад, ки ба он муроҷиат кардан мумкин бошад? Дастаи мазкур бояд аз корманди иҷтимоӣ аз мақомоти маҳаллии ҳокимият, намояндаи созмони одамони дорои маълулият, ки аз омӯзишҳои мувофиқ гузаштааст, намояндаи мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ ва корманди барномаи ТСҶ ташкил карда шавад. • оё дар ҷамоат имкониятҳое вуҷуд доранд, ки аз онҳо муваққатан истифода бурдан мумкин бошад? Яке аз роҳҳо - истифодаи хонаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳҳо бо мақсади нигоҳубин ё тавонбахшии муваққатӣ мебошад. • оё дар ҷамоат сарпаноҳи эътимоднок (меҳмонхона, хобгоҳ) барои дастгирии занон ва духтароне, ки таҳти зӯроварии шаҳвонӣ ё хонаводагӣ қарор гирифтанд, вуҷуд дорад? Аз рӯи зарурият ин гуна муассисаҳоро аз нав таҷҳизонидан ва мутобиқ сохтан лозим аст, то ин ки онҳо занон ва духтарони дорои маълулиятро қабул карда тавонанд. • оё кормандони иҷтимоӣ, ки оилаҳоро дар ҳолатҳои бӯҳронӣ дастгирӣ менамоянд, барои кор бо одамони дорои маълулият омӯзонида шудаанд? Агар не бошад, пас, оё созмонҳои одамони дорои маълулият ва барномаҳои ТСҶ метавонанд ин гуна омӯзишро ташкил намоянд? • оё хешовандони дур метавонанд муваққатан онҳоро дастгирӣ намоянд, то он даме, ки дигар роҳҳои ҳалли масъала пайдо шавад? • оё созмонҳои одамони дорои маълулият ва барномаҳои ТСҶ метавонанд оилаҳоеро, ки мехоҳанд ба дигар оилаҳои аз вазъи бӯҳронӣ осебдида ғамхорию дастгирӣ кардан мехоҳанд, муайян намоянд? • оё гурӯҳҳои худёрирасон ҳам барои дастгирии одамони дорои маълулият ва ҳам аъзоёни оилаҳои онҳо дастрасанд? Дар ҳолати бӯҳронӣ, оилаҳо ва одамони дорои маълулият метавонанд ба ёрӣ ва дастгирӣ аз тарафи раҳнамоёни беруна эҳтиёҷ дошта бошанд. Барномаҳои ТСҶ ин вазифаро мустақим ё бавосита иҷро менамоянд, масалан ба тариқи барқарор намудани алоқа бо созмонҳои одамони дорои маълулият, гурӯҳҳои худёрирасон ё барномаҳои таъминоти иҷтимоӣ. Дар ҳолате, ки роҳи ҳалли қобили қабулро ёфтан ғайриимкон аст ва хусусан, вақте ки инсон шахсан зери хатар қарор дорад, ҳолати бӯҳрониро безарар кардан ва имкониятҳои алтернативии зист пайдо кардан хеле муҳим аст.

18

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Аз ҷойгирнамоии одамони дорои маълулият дар муассисаҳои тиббии махсус даст кашидан Аз рӯи анъана одамони дорои маълулиятро, ки ба ёрии инфиродии ҷиддӣ ниёз доштанд, ба муассисаҳои тиббии махсус равон мекарданд. Ҳарчанд, вазъият дар ин соҳа тағйир ёфта бошад ҳам, муассисаҳои тиббии махсус дар аксари мамлакатҳо арзи вуҷуд доранд ва барои баъзе одамони дорои маълулият онҳо имконияти ягонаи ҳалли масъала мебошанд. Бисёр муҳим аст, ки барномаҳои ТСҶ ва созмонҳои одамони дорои маълулият бо ҷалби муассисаҳои тиббии махсус ва вазоратҳои дахлдор якҷоя фаъолият намуда, роҳҳои аз ҳама мувофиқ ва беҳтарини ҳалли масъалаи мазкурро барои одамони дорои маълулият таҳқиқ намоянд. Мамлакатҳое, ки аз ҷойгирнамоӣ ва парастории одамони дорои маълулият дар муассисаҳои махсус даст кашидаанд, бомуваффақият сохторҳои худро ба муассисаҳои интихобии (алтернативӣ) дигар табдил доданд, ба монанди: • марказҳои омӯзиши касбӣ ва марказҳои захиравӣ; • марказҳои тавонбахшӣ; • манзили махсус, ки дар он ҷо одамони дорои маълулият зиндагии мустақилона мебаранд ва дар мавриди зарурӣ ба ёрии муайян низ дастрасӣ доранд; • истироҳатгоҳҳои муваққатӣ (пансионатҳо), ки одамони дорои маълулият ба муддати кӯтоҳ ҷойгир карда мешаванд; дар ин муддат аъзоёни оилаи онҳо аз иҷрои вазифаи ёвари шахсӣ истироҳат мекунанд. • ҷойҳои махсус барои ҷойгирнамоии ҳамаи аъзоёни ҷамоат дар ҳолати фавқулодда пешбинӣ шуда, на танҳо барои одамони дорои маълулият, ки ба ҳар навъи зӯроварӣ осебпазиранд.

ЁРИИ ИНФИРОДӢ

19

Муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила Муқаддима Муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила асоси ҳар як ҷамоат аст. Дар тамоми ҷаҳон, оила чун сарчашмаи муҳими дастгирӣ ва бехатарӣ эътироф шудааст. Оила метавонад муҳити устувор ва бехатарро таъмин намояд, ки он ба рушду инкишофи ҳар як аъзои он дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт, аз таваллуд то куҳансолӣ ғизо медиҳад. Оилаҳо гуногунанд ва онҳо зери таъсири омилҳои мухталиф қарор мегиранд, аз ҷумла фарҳангӣ, анъанавӣ ва динӣ. Оилаҳо метавонанд ба оилаҳои нуклеарӣ оилае, ки аз волидону фарзандон иборат аст, оила бо яке аз волидон, оилае, ки дар он кӯдакон сарвари хоҷагии худ мебошанд, оила бо васоят, оила бо пи сархондӣ ё духтархондӣ тақсим шаванд. Ин гуногуниро эътироф намудан лозим аст, инчунин ҳуқуқи одамони дорои маълулиятро низ барои ташкил кардани оилаи алоҳида этироф намудан бисёр муҳим аст. Дар моддаи 23-и Конвенсияи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият қайд карда шудааст, ки «мамлакатҳо-иштирокчиён чораҳои зарурӣ ва самаранокро барои бартараф намудани поймолкунии ҳуқуқи одамони дорои маълулият дар ҳама гуна масъалаҳо, вобаста ба издивоҷ, оила, падарӣ, модарӣ, муносибатҳои шахсӣ дар асоси баробарӣ ба ҳамаи одамони дигар меандешанд» (2). Дар боби мазкур муҳиммияти дастгирии одамони дорои маълулият дар роҳи ба танзим дарории муносибатҳои худ, издивоҷ ва падару модар гардидан, агар онҳо худашон ин роҳро интихоб карда бошанд, қайд гардидааст. Боби мазкур, инчунин ба масъалаи зӯроварӣ, ки одамони дорои маълулият дар чорчӯбаи муносибатҳои шахсӣ, издивоҷ ва оила рӯ ба рӯ мегарданд, инчунин муҳимияти эътироф намудани ин масъала ва кор оид ба бартараф намудани он қайд гардидааст.

МУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ, ИЗДИВОҶ ВА ОИЛА

21

ЗАМИМАИ 8

Сафари шуҷоатмандона ба сӯи модар шудан «Ҳоло синну соли ман аз чил гузаштааст ва ман фахр аз он дорам, ки ҳар як қадами худро дар роҳи зиндагӣ бо ҷасорат ва собиткорона мегузоштам ва билохира он нафаре шудам, ки ҳоло ҳастам. Аз вақте, ки ба синни балоғат наздик шудам, орзуи кӯдакдор шуданро дар дил мепарваридам, чунки ҳамаи хоҳарони ман шавҳар ва кӯдак доштанд. Онҳо кӯдакони худро ба назди ман равон мекарданд, то онҳо ба ман барои корҳои хона ёрӣ намоянд, аммо иҷозат намедоданд, ки шаб дар хонаи ман истанд. Ман дар хонаи худ ҳамчун шахси мустақил кор ва зиндагӣ мекардам, аммо ба ман ҳамчун ба кӯдак рафтор мекарданд. Шабҳо ман худро танҳо ҳис мекардам, касе набуд, ки бо ман сӯҳбат кунад, ба ман об ё хӯрок диҳад. Ин даҳшатовар буд. Дар синни 25 солагӣ, ман ҳомиладор шудам. Ин хабар хешу табори маро ба хиҷолат овард, онҳо инро аз ман интизор набуданд. Онҳо мегуфтанд, ки таваллуди кӯдак – ин даҳшат аст ва ман аз сабаби доштани маълулият инро ба худ иҷозат дода наметавонам… Хабари ғамангез дар он буд, ки ман бояд ҳомиладории худро қатъ менамудам, чунки ҳамаи хоҳарони ман, ки кӯдак доштанд, дар чунин ақида буданд, ки ман аз ӯҳдаи таваллуд кардан намебароям. Онҳо маро метарсонданд ва мегуфтанд, ки «Занҳои солим ҳангоми таваллуд мемиранд, ту кӣ ҳастӣ, ки кӯшиш таваллуд кунӣ?» Онҳо ҳатто ба марде, ки маро ҳомиладор намуд, мактуб равон намуданд ва таҳдид намуданд, ки ба политсия арз менамоянд. Ман ба онҳо гуфтам, ки он мард рафтори нодурусти худро эътироф намуд, ҳатто розӣ шуд, ки маро ба занӣ гирад. Хоҳарон ва холаам омода буданд маро ба беморхона баранд, то ин ки ман исқоти ҳамл намоям, вале онҳо намедонистанд, ки ман қарор додам ҳомиладории худро нигоҳ дорам, ман бисёр мехостам кӯдаки худро бинам. Ман ба назди табиби хусусӣ рафтам, то оид ба ҳомиладорӣ машварат гирам. Ӯ маро бовар кунонд, ки ман қодир ҳастам кӯдаки солим таваллуд намоям. Вақташ омад ва ман духтарчаи зебое таваллуд кардам. Ин лаҳзаи хурсандӣ ва оштипазирӣ барои тамоми оила гардид. Онҳо ҳама хушбахт буданд ва маро дастгирӣ намуданд. Пас аз чанд сол ман завҷаи он мард гардидам ва писарчаи дӯстрӯ таваллуд намудам. Ман модари хушбахти ду фарзанд мебошам. Духтарам 18-сола ва писарчаам 14-солаанд. Фарзандони ман ҳама чизро мефаҳманд ва ба онҳо маъқул аст, ки ман модари онҳо мебошам. Ин таҷрибаи шахсӣ мебошад, ки ман, -зани дорои маълулият барои модар шудан мубориза бурдам. Ман қарор қабул намудам ва қавиирода шудам. Дар таҷрибаи шахсӣ ман боварӣ ҳосил намудам, ки модаршавии зани дорои маълулият барои ҷамъияти одамони дорои маълулият набуда номатлуб аст. Ҳар як шахс бояд донад, ки қарори доштан ё надоштани кӯдак, ё фарзандхондӣ – ин ҳуқуқ ва масъулияти шахсӣ аст, аз ҷумла шахси дорои маълулият – Ҷулиан Пристсилла Мабангве, Шӯрои давлатии Малавӣ оид ба кор бо одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ. 22 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Малавӣ

Мақсад Одамони дорои маълулият пурра мавқеъ ва нақши худро дар оила ва ҷамоат амалӣ месозанд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади амалӣ намудани муносибати қаноатмандона бо аъзоёни оила ва аъзоёни ҷамоати худ иборат мебошад.

Натиҷаҳои чашмдошт • одамони дорои маълулият метавонанд ҳаёти шахсии пурмаънӣ дошта, издивоҷ намоянд ва соҳиби фарзанд бошанд ва ин аз тарафи аъзоёни ҷамоат хуб дарк ва эътироф шудааст • волидоне, ки худ дорои маълулиятанд ва волидоне, ки дар оила фарзанди дорои маълулият доранд ба хизматрасониҳои мувофиқ ва барномаҳо барои амалӣ кардани вазифаҳои падарию модарӣ дастрасӣ доранд. • фарзандони дорои маълулият аз тарафи аъзоёни оилаҳо ҳаматарафа барои ҷалб шудан ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва рушди муносибатҳои шахсӣ дар сатҳи ҷамоат ҳавасманд ва дастгирӣ карда мешаванд. • ҳамаи тарафҳои ба масъала шавқманд якҷоя кор карда одамони дорои маълулиятро аз зӯроварӣ муҳофизат мекунанд ва барои ҳалли масъалаҳои ба он вобаста кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. • одамони дорои маълулият, ки ба шабакаҳои иҷтимоии мавҷуда алоқаи маҳдуд доранд, аз дастгирии зарурӣ дар ҷамоати худ хуб истифода мебаранд.

Мафҳумҳои асосӣ Муносибатҳои шахсӣ Таъмину қонеъ намудани муносибатҳои шахсӣ барои ҳама муҳим буда, махсусан барои рушду инкишофи инфиродӣ хеле заруранд. Муносибатҳои доимии рӯҳбаландкунанда ва қаноатмандкунанда бо аъзоёни оила, дӯстону шарикон барои ҳамаи одамон, аз ҷумла барои одамони дорои маълулият афзалияти баланд доранд.

Оила Мансубият ба оила Калимаи «оила» барои одамони гуногун метавонад маънои гуногун дошта бошад. Оилаҳо дар шакл ва ҳаҷми гуногун вуҷуд доранд, аммо ҳамаи онҳо як умумият доранд, онҳо ҳиссиёти мансубиятро медиҳанд. Оилаҳо инчунин, муҳитро барои омӯзишу рушд фароҳам меоваранд, бехатариро барои кӯдакон ва аъзоёни осебдидаи оила, аз ҷумла одамони дорои маълулият таъмин менамоянд.

МУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ, ИЗДИВОҶ ВА ОИЛА

23

Муассиршавии оила ба маълулият Ҳар як оила ба маълулият ба тарзи худ муносибат менамояд. Ба як оила қабул намудани таваллуди кӯдак бо ин ё он ноқисӣ хеле мушкил аст; оилаи дигарро метавонад ҳисси тарсу ваҳм фаро гирад ва ин оила ба маълумоти зиёд эҳтиёҷ дорад, ки дар оянда чӣ мешуда бошад; дар оилаи сеюм бошад, новобаста аз дороии маълулият таваллуди кўдаки худро қайд менамояд. Оилаҳо метавонанд чун ташвиқотчии самаранок ва пурқуввати тағйирот бо мақсади эътирофу фарогирии одамони дорои маълулият дар худи оила ва ҷамъият баромад намоянд. Онҳо метавонанд ба умедвориҳои аъзоёни оила, ки дорои маълулиятанд, инчунин ба муносибатҳои ҷамоат нисбати масъалаи мазкур таъсири мусбӣ расонанд.

Муносибатҳои ҷинсӣ Муносибатҳои ҷинсӣ қисми муҳими саломатӣ ва некӯаҳволӣ мебошад. Аммо, дар аксари мамлакатҳо ин масъала барои муҳокима хеле ҳассос, ҳатто манъшуда ба ҳисоб меравад, хусусан агар он бо масъалаҳои маълулият алоқаманд бошад, ки дар атрофи он ривоят ва тасаввуроти бардурӯғи то ин дам ба қадри бояду шояд муҳокимаю ҳалнашуда хеле зиёд аст. Масалан, ба одамони дорои маълулият одатан чун одамони аз муносибатҳои ҷинсӣ орӣ, бенасл, ё баракс талаботи хеле зиёд ба муносибати ҷинсӣ дошта менигаристанд. Чунин нуқтаи назарро, на танҳо аъзоёни ҷамоат, балки табибони касбӣ ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо худи одамони дорои маълулият низ дастгирӣ мекарданд. Дарк намудани он, ки талаботи шаҳвонии одамони дорои маълулият мисли одамони дигар мебошад, хеле муҳим аст. Аммо амри воқеъи талх дар он аст, ки ин талабот ё ба эътибор гирифта намешавад, ё рад карда мешавад (нигаред ба Дастури иловагӣ, боби «Барномаҳои ТСҶ ва ВНМО/ БПНМ).

ЗАМИМАИ 9

Уганда

Тасаввуроти иштибоҳнок Зани ҷавон, ки аъзои Шӯрои миллии одамони дорои маълулияти Уганда мебошад, қайд намуд: «Моро барои иштирок дар барномаҳои иҷтимоӣ, ки ҳама вақт дар марказҳои тиббӣ гузаронида мешаванд, даъват наменамоянд… Воқеан, одамон дар чунин ақидаанд, ки мо аз сабаби доштани маълулият дар масъалаи алоқаи ҷинсӣ фаъол нестем».

Издивоҷ ва ҳуқуқи падару модар будан Одатан одамон фикр мекунанд, ки аз одамони дорои маълулият албатта, кӯдаки маълул таваллуд мешавад. Одамон эътиқоди қавӣ доранд, ки одамони дорои маълулият барои ғамхорӣ намудан нисбати кӯдакони худ қодир нестанд ва онҳоро мустақилона дастгирӣ карда наметавонанд. Дар ҳолатҳои фавқулодда одамони дорои маълулият, хусусан духтарони наврас ва занони ноқисро бе розигӣ ё огоҳкунӣ тамъиз (стерилизатсия) мекарданд. Дар моддаи 23-и Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият оид ба издивоҷ ва ҳуқуқи падарию модарии одамони дорои маълулият ба: издивоҷ намудан ва ташкил намудани оила, ҳалли озод ва масъулиятнок оид ба миқдор ва ҷойгиркунии кӯдакон, дастрасӣ ба иттилоот, ки ба синну соли онҳо мутобиқ аст, маърифати репродуктивӣ ва банақшагирии оила ва нигоҳ доштани қобилияти бордоршавӣ таъкид шудааст (2).

ЗАМИМАИ 10

Хоҳиши барпо намудани оила «Ман орзу доштам, ки хона ва фарзанд дошта бошам, аммо волидонам ба ман гуфтанд, ки издивоҷ барои ман нест, чунки ман нисбати оилаи худ ғамхорӣ карда наметавонам. Ман аз ин нобоварӣ андӯҳгин шудам» (5).

Зуроварӣ Зуроварӣ дар ҳар қисми ҷамъият, дохили оила ва ташкилоту муассисаҳои гуногун, инчунин мактабҳо, дар ҷои кор ва ҷамоат ба вуқӯъ мепайвандад; барои он шахсони зиёди мухталиф масъуланд. Одамони дорои маълулият ба таври номутаносиб аз зӯроварӣ осебпазиранд, махсусан бо сабаби тамғагузорӣ, ақидаҳои манфии анъанавӣ ва ҷоҳилӣ. Онҳо зери хавфу хатари қурбонии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ, равонию, ҳиссӣ, беэътиноӣ ва истисмори молиявӣ шудан қарор доранд. Занони дорои маълулият, махсусан зери хавфи ба таври маҷбурӣ аз қобилияти бордоршавӣ маҳрумкунӣ (стерилизация) ё таҷовуз ба номусашон қарор доранд.

Чорабиниҳои тавсияшаванда Мубориза зидди тамғагузорӣ, хурофот ва табъиз Муносибати манфӣ, мавҳумот (хурофот) ва урфу одат нисбати одамони дорои маълулият дар аксари ҷамоатҳо ҷой дорад. Барномаҳои ТСҶ бар зидди онҳо бо ин роҳҳо метавонанд мубориза баранд: • кор бо васоити ахбори омма (ВАО) бо мақсади тарғибу ташвиқи симо ва нақши мусбии одамони дорои маълулият; • гузаронидани омӯзиш барои кормандони касбии тиббӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо оид ба он, ки хизматрасониҳои ҷинсӣ ва тазаккур, ба монанди банақшагирии оила барои одамони дорои маълулият дастрас аст; • ҳамкорӣ бо сарварони ҷамоат, масалан бо пешвоёни дин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои маълулият ва даъват намудан ба мубориза зидди тамғагузорӣ ва табъиз ба воситаи фароҳам овардани имконият барои муҳокимаи дастаҷамъонаи масъалаҳои мазкур, ки муносибати хеле нозуку ҳассосро тақозо менамоянд.

МУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ, ИЗДИВОҶ ВА ОИЛА

25

ЗАМИМАИ 11

Либерия

Таҳқиқи масъалаҳои ба муносибати ҷинсӣ ва маълулият вобаста Кормандони барномаи ТСҶ дар Ҷумҳурии Либерия, ки аз тарафи созмони маҳаллии ғайридавлатӣ татбиқ мешуд, ба хулосае омаданд, ки онҳо ягон маротиба масъалаҳои ба алоқаи ҷинсӣ ва одамони дорои маълулият вобастаро зери таҳқиқ қарор надодаанд. Онҳо қарор доданд масъалаҳои мазкурро ба воситаи ташкили мубоҳисаҳо бо одамони дорои маълулият таҳқиқ намоянд. Мубоҳисаҳо бо занони дорои маълулият нишон дод, ки қобилияти ифшо намудани талабот ба алоқаи ҷинсӣ хеле муҳим аст; ҳарчанд, қисмати зиёди онҳо аз сухан намудан дар ин бора ҳарос доштанд. Онҳо инчунин, ақидаи худро оид ба муҳим будани муносибати ҷинсӣ барояшон қайд намуданд, зеро онҳо метавонанд модар шаванд, ки вазифаи муҳим ва арзишноки иҷтимоӣ дар ҷамоати онҳо мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо мардони маълулият надошта зӯроварии шаҳвониро нисбати занони дорои маълулият истифода мебурданд. Аз рўи ҳиссиёт, зӯроварӣ бо сабаби муносибати манфӣ нисбати маълулият доштан ба миён меомад, чунки мардон фикр мекарданд, ки муносибати ошкорона бо зани дорои маълулият ба онҳо тамға мегузорад.

Таъмини дастгирӣ ба волидон Барои он, ки волидон қарорҳои мувофиқ оид ба тарбияи фарзандон қабул намоянд, ба онҳо дастгирӣ ва дастрасӣ ба иттилоот зарур аст. Барномаҳои ТСҶ бояд ҳам ба волидони худашон дорои маълулият буда ва ҳам ба волидоне, ки кӯдаки дорои маълулият доранд, муроҷиат намоянд. Онҳоро бо воситаҳои зерин дастгирӣ намудан қобили қабул аст: • муайян намудани хизматрасониҳои маҳаллӣ, ки метавонанд ба волидон, дар масъалаҳои ба солимии муносибатҳои ҷинсӣ ва репродуктивӣ, саломатии модару кӯдак, инчунин ба дастгирии оилаҳо вобаста ёрӣ расонанд. • дар якҷоягӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва дигар муассисаҳо барои фарогирии волидони дорои маълулият ва волидоне, ки кӯдаки дорои маълулият доранд, ба хизматрасонӣ ва барномаҳои соҳаҳои умумӣ ташвиқот намоянд. • дастгирии системаи равонасозӣ ба назди мутахассисони касбӣ бо мақсади осон намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва барномаҳо барои одамони дорои маълулият, хусусан барои занон ва наврасон; • ҳамкорӣ бо таъминкунандагони хизматрасониҳо бо мақсади паҳн намудани иттилооти дақиқ оид ба солимии шаҳвонӣ ва репродуктивӣ дар шакли дастрас тавассути барномаҳои ТСҶ.

Кор бо оилаҳо бо мақсади мусоидат намудан ба мустақилияти одамони дорои маълулият Баъзан хешовандон одамони дорои маълулиятро аз ҳад зиёд парасторӣ менамоянд. Онҳо одамони дорои маълулиятро дар хона нигоҳ дошта, имконияти ҷалб шудани онҳоро ба чорабиниҳои иҷтимоӣ маҳдуд мегардонанд. Ин бошад, имконияти онҳоро барои ривоҷ додани муносибат бо одамони дигар, омӯхтану истифода бурдани малакаю маҳоратҳои гуногун низ, маҳдуд месозанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бо оилаҳо кор карда аз ҷумла: 26 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

• иттилоот ва дастгириро бо мақсади ёфтани роҳҳои бартараф намудани ташвишҳо оид ба аъзоёни дорои маълулият дар оила, инчунин барои муайян намудани мавқеъи шахсии онҳо дар ҷамоат пешниҳод намоянд; • ба оилаҳо дар фаҳмишу эътирофи оқибатҳои манфии парастории аз ҳад зиёд ёрӣ расонанд; • аъзоёни оилаҳоро бо мақсади тағйир додани муносибатҳои манфӣ нисбати одамони дорои маълулият ва чун муҳофизони ҳуқуқҳои онҳо баромад кардан даъват менамоянд; • одамони дорои маълулиятро ба муоширати самаранок ва муҳофизати хоҳишу талаботҳои худ даъват менамоянд.

Ёрӣ бо мақсади пешгирии табъиз Зуроварӣ дар ҳар шакл метавонад ба фаъолияти кормандони ТСҶ мушкилот эъҷод намояд. Азбаски барномаҳои ТСҶ дар муҳити гуногун (масалан, дар хона, мактаб, дар ҷои кор, дар ҷамоат) фаъолият мекунанд, имконият доранд, ки шабакаҳои пурқудрати иҷтимоӣ ва дастгириро дар сатҳи ҷамоат бо мақсади ҳимояи одамони дорои маълулият аз зӯроварӣ ташкил намоянд (нигаред инчунин ба боби «Адлия»). Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • ба баланд бардоштани малакаю иқтидори кормандони барномаҳои ТСҶ оид ба муайян намудани аломату нишонаҳои зӯроварӣ, ва донистани он, ки аз куҷо ва чӣ тавр маслиҳатҳои мувофиқи ҳуқуқиро барои одамони дорои маълулият пайдо намудан мумкин аст, мусоидат намоянд; • дар ҷамоатҳо оид ба масъалаҳои зӯроварӣ ва маълулият, инчунин оид ба фаъолиятҳое, ки барои ҳимояи одамони дорои маълулият татбиқ карда мешаванд, маълумоти кифоя пешниҳод намоянд; • алоқаҳоро бо тарафҳои мувофиқ (масалан, бо оила, созмони одамони дорои маълулият, кормандони системаи таълими кормандони ҳифзи саломатӣ, маориф ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин пешвоёни ҷамоату мақомотҳои маҳаллии ҳокимият) барқарор намуда, оид ба нақши онҳо дар ҳимояи одамони дорои маълулият аз зӯроварӣ сӯҳбатҳо ташкил намоянд. • дар якҷоягӣ бо тарафҳои манфиатдор усулҳоеро, ки ба одамони дорои маълулият имконияти ба тарзи махфӣ огоҳ намуданро дар бораи ҳолатҳои зӯроварӣ таъмин менамояд, омӯзонанд; • таъмин намудани имконияти иштирок дар ҳаёти ҷамоат ба одамони дорои маълулият бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худбаҳодиҳӣ ва дилпурӣ, инчунин таҳияи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба онҳо барои ҳимоя намудан аз зӯроварӣ ёрӣ мерасонанд; • сўҳбат кардан бо одамони дорои маълулият, ки қурбонии зӯроварӣ гардидаанд ва ба онҳо, дар дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва инчунин, дар таҳияи қарор ва қабули чораҳо ёрӣ мерасонанд; • таъмин намудани татбиқи стратегияҳои барномавӣ ва ташкилии мавҷуда оид ба санҷиши он, ки кормандон ва ихтиёриёни барномаҳои ТСҶ собиқаи ҷиноии бо зӯроварӣ вобаста надоранд.

Дастгирии одамони робитаҳои маҳдуди иҷтимоӣ дошта Баъзе одамони дорои маълулият мумкин аст оила надошта бошанд ё оилаи онҳо барои қонеъ намудани талабу эҳтиёҷоташон ёрӣ ва дастгирии мувофиқро таъмин карда наметавонанд. Бинобар ин баъзе одамони дорои маълулият дар муассиМУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ, ИЗДИВОҶ ВА ОИЛА 27

саҳои махсуси шакли пӯшида, санатория, ҷамоати динӣ, манзилҳои ҳифзшуда зиндагӣ мекунанд, ё бехона ҳастанд. Дар чунин ҳолатҳо барномаҳои ТСҶ метавонанд: • одамони дорои маълулиятро ба шабакаҳои мутобиқи иҷтимоӣ дар ҷамоат, масалан бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон пайванд намоянд; • бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ барои таъмини иштирок ва ҷалби одамони дорои маълулият ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намоянд; • ба одамони дорои маълулият барои дастрасӣ ба тарзи ҳаёти худашон имтиёз дода дастгирӣ намоянд; • ба одамони дорои маълулият, ки ҷои зист надоранд барои дарёфти ҷои зисти муносиб, бо додани афзалият дар сатҳи ҷамоати худашон ёрӣ расонанд; • назорат намудани нишондиҳандаҳои табъиз дар муҳите, ки одамони дорои маълулият зиндагӣ мекунанд.

28

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

ФАРҲАНГ ВА ҲУНАР Муқаддима Калимаи «фарҳанг» маъноҳои зиёдро дарбар мегирад. Дар ин боби дастур он барои маънидод намудани тарзи ҳаёти гурӯҳи муайяни одамон истифода бурда мешавад. Ҳамин тариқ ба фарҳанг бисёр чизҳо дохил мешаванд, масалан, сару либос, ғизо, забон, арзишу эътиқодҳо, ақидаҳои динӣ, расму русум ва таҷриба. Ҳунар бо фарҳанг зич вобаста буда ба он рассомӣ, мусиқӣ, рақс, адабиёт, синамо, ва аксбардорӣ дохил мешаванд. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки фарогирии одамони дорои маълулият ба соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар ҷамоати худ ва дастгирии иштироки онҳо ҳатмӣ нест. Қобилияти эҷодкорӣ, ифшои фикру андешаҳои худ ва маънавиёт барои одамони дорои маълулият одатан камаҳамият ба ҳисоб меравад. Масалан, аксари оилаҳо кӯшиш менамоянд, то ин, ки хеш ё аъзои оилаи худро, ки дорои маълулият аст, дар муассисаи тиббии шакли пӯшида ҷойгир намоянд, аммо шояд андеша накунанд, ки ба чорабинии фарҳангии маҳаллӣ бо худ бурдани ӯ низ хеле муҳим аст. Имконияти иштирок намудан дар ҳаёти фарҳангӣ ҳуқуқи инсонӣ мебошад (нигаред ба замимаи поёнтар), ки барои ҳар фард, оила, ҷамоат ва дар умум тамоми ҷамъият муфид аст.

ЗАМИМАИ 12

Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, Моддаи 30 «Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, гузаронидани вақти истироҳатию фароғатӣ ва машғулият бо варзиш» 1. «Давлатҳо-иштирокчиён ҳуқуқи одамони дорои маълулиятро дар баробари дигар одамон иштирок намудан дар ҳаёти фарҳангӣ эътироф менамоянд ва чораҳои заруриро барои таъмини он, ба одамони дорои маълулият амалӣ мекунанд, аз ҷумла: а) ба асарҳои фарҳангӣ дар шакли барояшон мувофиқ дастрасӣ дошта бошанд; б) ба барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, театр ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар шакли дастрас роҳ ёбанд; с) ба чорабиниҳо ё хизматрасонии фарҳангӣ, ба мисли театр, осорхона, кинотетар, китобхона ё хизмати сайёҳӣ дастрас бошанд, инчунин дар сатҳи имконпазир ба муҷассама ё ёдгорӣ, ки аҳамияти миллии фарҳангӣ доранд, дастрас гарданд. 2. Давлатҳо-иштирокчиён чораҳои заруриро меандешанд, то ин ки одамони дорои маълулият имконияти рушд ва истифодаи иқтидори эҷодӣ, ҳунарӣ ва зеҳниашон, на танҳо барои манфиати худ, балки барои ғанӣ гардонидани тамоми ҷамъият ато кунанд. 3. Давлатҳо-иштирокчиён мутобиқи ҳуқуқи байналмиллалӣ чораҳои заруриро барои таъмини он меандешанд, ки қонунҳои ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ монеаи беасос ё поймолкунанда барои дастрасии одамони дорои маълулият ба асарҳои фарҳангӣ нагардад. 4. Одамони дорои маълулият дар баробари одамони маълулият надошта барои эътироф ва дастгирии хусусияти фарҳангӣ ва забонии худ, аз ҷумла забони имову ишора ва фарҳанги одамони маълулияти шунавоӣ дошта ҳуқуқ доранд». ФАРҲАНГ ВА ҲУНАР 29

ЗАМИМАИ 13

Истифодаи санъат барои гузаронидани тавонбахшии кӯдакон дар шакли бозӣ Дар шаҳри Букамарангаи Колумбия хазинаи «Дӯстони кӯдакони дорои маълулият барои ҷалбу фарогирии онҳо ба ҷамоат» вуҷуд дорад, ки бо кӯдакони дорои маълулият фаъолият мекунад. Мақсади хазина аз он иборат аст, ки кӯдакони дорои маълулиятро дар чорчӯбаи барномаҳои ТСҶ ба ҷамоат ҷалб намояд. Яке аз лоиҳаҳо – лоиҳаи рақсӣ барои кӯдакони дорои маълулият мақсад дорад, ки: • имкониятҳоро барои рушди қобилияти ҷисмонӣ ва ҳунарӣ фароҳам оваранд; • барои дар гурӯҳҳо фаъолият кардан ва фарогирӣ ҳавасманд намоянд; • сатҳи огоҳиро оид ба масъалаҳои маълулият дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи инфиродӣ, ҷамоат, ва созмонҳои ғайридавлатию давлатӣ баланд бардоранд. Дувоздаҳ нафар кӯдакони синни 5 то 21 солаи дорои маълулияти ҷисмонӣ ва зеҳнӣ дар гурӯҳи рақсӣ иштирок менамоянд. Хоҳар ва бародарони онҳо, инчунин бо мақсади мусоидат намудан ба ҷалб ва фарогирӣ ҳавасманд карда мешуданд. Бо як раққоси касбӣ шартнома баста шуд, ки ҳафтае як маротиба ба кӯдакон нозукиҳои рақсро омӯзонад, дар рӯзҳои боқимонда бошад, кормандони ихтиёрӣ бо кӯдакон кор мекунанд. Ба кӯдакон рақсҳои содда омӯзонда шуда бо гузаштани вақти муайян ҳаракатҳои мураккабтар омӯзонда мешуданд. Ба ғайр аз ин рақс ба кӯдакон, инчунин машқҳои ёзонидан ва пурқувваткунанда омӯзонда шуда, кӯдакон дар чорабиниҳои дигари иҷтимоӣ низ иштирок мекарданд. Кӯдаконро барои рақс кардан бо муҳаббати зиёд ҳидоят намуда, калонсолон ҷидду ҷаҳд зоҳир менамуданд, ки ҳунари онҳоро ба таври мусбӣ арзёбӣ намоянд ва дар натиҷаи чунин муносибат дар кӯдакон малакаҳои худбоварӣ ташаккул меёбад. Аз рӯи арзёбии фаъолияти хазинаи «Дӯстони кӯдакони дорои маълулият барои ҷалбу фарогирии онҳо ба ҷамоат», рақс стратегияи беҳтарин мебошад, барои: • табдил додани раванди тавонбахшӣ ба чорабинии бозӣ барои кӯдакони дорои маълулият; • беҳтар гардонидани фаъолиятҳои ҳаракатии кӯдакони дорои маълулият; • фароҳам овардани имконият барои муошират ва фарогирии иҷтимоӣ дар сатҳи ҷамоат; • беҳтар гардонидани робитаҳои дутарафа байни кӯдакони дорои маълулият, аъзоёни оилаҳои онҳо ва одамони дигар; • бартараф намудани монеаҳо, ки дар натиҷаи хурофоти иҷтимоӣ пайдо гардидаанд.

Колумбия

30

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Мақсад Одамони дорои маълулият саҳми худро ба ҳаёти фарҳангӣ ва ҳунарии оилаи худ ва ҷамоат мегузоранд ва дар он иштирок мекунанд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз ҳамкорӣ бо тарафҳои салоҳиятдори ба масъала шавқманд, бо мақсади фароҳам овардани имконият ба одамони дорои маълулият барои баҳравар шудан аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва фаъолияти эҷодӣ, иборат аст.

Натиҷаҳои чашмдошт • ақидаю муносибати нодуруст ба монанди тамғагузорӣ ва табъиз бо сабаби доштани маълулият муайян карда шуда, мубориза барои тағйир додан ва ҳалли мушкилоти мазкур бо истифода аз чорабиниҳои маданию фарҳангӣ рафта истодааст. • одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо дар як қатор чорабинию фаъолиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ иштирок менамоянд. • созмону гурӯҳҳои дар самти фарогирӣ фаъолияткунанда раванди ҷалбсозии одамони дорои маълулиятро ба барнома ва чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ дастгирӣ ва татбиқ карда истодаанд. • одамони дорои маълулият ба васоити ахбори омма (ВАО) ва ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, дастрасӣ доранд. • сарварони маънавӣ ва динӣ одамони дорои маълулиятро ба фаъолиятҳои худ фаро гирифтаанд.

Мафҳумҳои асосӣ Намудҳои иштирок Роҳҳои зиёде ҳастанд, ки бо воситаи онҳо одамони дорои маълулият ба ҳаёти фарҳангӣ ва бадеии оила ва ҷамоати худ фаро гирифта шаванд. Онҳо метавонанд иштирокчии фаъол бошанд, масалан бевосита ба эҷодкунӣ, коргардонӣ, навиштан ва намоиш додан машғул бошанд, ё метавонанд иштирокчии ғайрифаъол бошанд, масалан, дар тан либоси миллии анъанавӣ пӯшида, дар намоишномаҳои театрикунонидашуда, ва киносеансҳо иштирок намоянд.

Манфиати иштирок Иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ на танҳо фараҳангез аст, балки кӣ буданашонро низ ба инсонҳо меомӯзонад. Раванди иштирок варзидан мумкин аст барои инсонҳо пурқувваткунанда бошад, ба онҳо барои ёфтани мавқеъ ва овози худ, инчунин шунида шудан аз тарафи одамони дигар, ёрӣ расонад. Ин раванд барои саломатӣ низ якчанд ҷиҳатҳои мусбӣ дорад. Барои баъзе одамони дорои маълулият чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ шояд воситаи ягонаи ба таври худ ва дар асоси баробарӣ бо одамони дигар ошно намудани олами ботинӣ бошад. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ дар сатҳи ҷамоат ба таври назаррас ба некӯаҳволии аъзоёни он саҳми арзанда мегузоранд. Ин чорабиниҳо муносибатҳоро дар дохил ва байни ҷамоатҳо нумӯ бахшида, беҳтар мегардонанд, қобилияту иқтидори аъзоёни ҷамоатро баланд намуда, ба рушд ва азнавсозии ҷамоат мусоидат меФАРҲАНГ ВА ҲУНАР 31

намоянд. Ҷалб намудани одамони дорои маълулият ба ҳаёти фарҳангию ҳунарии ҷамоат, одатан нишонаи он аст, ки аъзоёни ҷамоат нисбати одамони дорои маълулият муносибати мусбӣ доранд.

Фарҳанг ва санъат воситаи мусоидат намудан ба тағйироти иҷтимоӣ Санъат аз рӯи анъана воситаи ихтиёрӣ (ғайризӯроварона) ба шумор меравад, ки одамон ба воситаи он урфу одат ва анъанаҳои бетараҳҳум ва ё поймолкунии ҳуқуқро танқид менамоянд. Одатан он яке аз роҳҳои бехатар мебошад, ки ба воситаи он одамони осебдида метавонанд ба масъалаҳои нозук ё мамнӯъ дахл намоянд. Одамони дорои маълулият одатан санъатро барои муборизаи зидди фаҳмишҳои мавҷуда оид ба масъалаҳои маълулият истифода менамоянд. Барои одамони дорои маълулият санъат метавонад воситаи инъикоси назарияи фарогир ба олами воқеъӣ бошад.

ЗАМИМАИ 14

Тамошо дар торикӣ (7)

Бангладеш

Намоишгоҳи бадеии «Тамошо дар торикӣ», ки дар толори намоишгоҳи «Друпад»-и шаҳри Дакка, Бангладеш моҳи декабри соли 2003 баргузор гардид, бо муваффақият анҷом ёфт. Ин намоишгоҳ самараи ҳамкории созмони “Ёрии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ба шахсони дорои маълулияти ҷисмонӣ”ва “Ҳелслинк волдвайд” ва як қисмати лоиҳаи «Муошират бо мақсади тарғибот» буд. Дар омода сохтани намоиш гурӯҳи корӣ иборат аз 25 нафар одамони дорои маълулияти биноӣ ва 5 нафар одамони дорои маълулияти ҷисмонӣ, инчунин 1 рассоми хориҷӣ иштирок намуданд. Ин на танҳо як намоиши бадеӣ буд; дар он мушкилоте, ки бо он одамони дорои маълулият дар ҳаёти ҳаррӯзаашон дучор мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд. Толори намоишгоҳ ба торикӣ фурӯ рафта, ва ҳаёти Дакка ба воситаи садо ва ламскунӣ, бо рикшаҳояш, боғу пайраҳаҳо ва мағозаҳо, аз нав дарк карда шуданд. Тамошобинон якҷоя бо роҳбаладии шахси маълулияти биноӣ дошта аз ҷое ба ҷое мегузаштанд. Аз тамошобинон хоҳиш карда шуд, ки пас аз тамошои намоишгоҳ, таассуроти худ, ақида ва пешниҳодҳояшонро дар «девори граффитӣ» (расмкашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад) нависанд. Натиҷаҳои мусбии намоиш: баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дониш оид ба масъалаҳои маълулият дар байни тамошобинон; ҳамкорӣ байни иштирокчиёни лоиҳа ва тамошобинон; ва Бонки Бангладеш ваъда дод, ки дар фаъолиятҳои минбаъдаи худ масъалаи арзкардаи одамони дорои маълулияти биноиро оид ба ҳаҷми пулҳои коғазин ба назар гирад, зеро онҳоро бо сабаби якхела андоза доштанашон фарқ кардан мушкил аст.

Фаъолияти эҷодии одамони дорои маълулият Дар аксари мамлакатҳо одамони дорои маълулият ба санъат ҳамчун тарзи ташаккули эҳтиром нисбати худ, баланд бардоштани сатҳи фаҳмиш оид ба бартараф намудани монеа ва созмон додани ҳамфикрӣ дар дохили ҷамоат рӯ меоваранд. Театр, рақс, адабиёт ва санъати визуалӣ – ҳамаи ин барои тарғиби муносибати ҳуқуқӣ, инсонӣ нисбати одамони дорои маълулият истифода бурда мешавад. Суруд бо имову ишора, рақс дар аробачаи маъюбӣ ва шаклҳои дигари навоварӣ дар ҷамоат ба туфайли шахсиятҳо ва гурӯҳҳои эҷодкор пайдо шуданд. Дар байни одамони дорои маълулияти равонӣ эҷодиёти бадеӣ, санъати намоишӣ ва тасвирӣ метавонанд воситаи пурқувват барои ифода намудани ҳиссиёт ва табодули таҷриба гарданд. 32 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Мисолҳо чун намунаи ибрат Аксари рассомону ҳунармандони дорои маълулият сазовори эътирофи миллӣ ва байналмиллалӣ гашта, барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии одамон нисбати масъалаҳои маълулият мусоидат намуданд ва чун намунаи илҳомбахши ибрат гаштаанд. Ба ғайр аз ин аксари рассомону ҳунармандон истеъдод ва ҷидду ҷаҳди худро барои дастгирии рушди ҷамоати фарогир равона сохтаанд.

ЗАМИМАИ 15

Қосидони сулҳ барои баланд намудани сатҳи огоҳӣ ёрӣ мерасонанд Сеюми декабри соли 2009 (дар Рӯзи байналмилалии одамони дорои маълули ят) Созмони Милали Муттаҳид сарояндаи маъруф ва муаллифи сурудҳо Стиви Вондерро Қосиди сулҳ бо ишораи махсус ба масъалаҳои одамони дорои маълулият эълон намуд. Қосидони сулҳ, одамони сазовори эътирофи умум дар соҳаи санъат, илм, адабиёт, варзиш ва чорабиниҳои фароғатӣ мебошанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардумон оид ба мақсадҳои олӣ ва фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ёрӣ мерасонанд. Ба туфайли пайдо шудан дар байни тамошобинон, робитаҳо бо Васоити ахбори оммаи (ВАО) байналмиллалӣ ва кори хайрия онҳо дониши аҳли ҷамъиятро нисбати он, ки чӣ тавр СММ барои беҳтар намудани ҳаёти одамон дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ёрӣ мерасонад, васеъ менамоянд (8).

Чорабиниҳои тавсияшаванда Мусоидат ба истифодаи фарҳанг ва санъат барои амалӣ намудани тағйиротҳои иҷтимоӣ Чорабинӣ ва маъракаҳои ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои маълулият бахшида самараноктар мешаванд, агар онҳо ба васоити ахбори оммаи (ВАО) аз ҷиҳати фарҳангию бадеӣ мувофиқ такя намоянд. Бинобар ин, барномаҳои ТСҶ бояд имконияти истифодаи ВАО-ро бо мақсади ноил гаштан ба тағйироти иҷтимоӣ нисбати масъалаҳои маълулият ба назар гиранд. Барномаҳо метавонанд: • якҷоя бо арбобони санъат фаъолият намуда, чорабиниҳои театрикунонидашуда, бадеӣ ва мусиқӣ ташкил намоянд, то он чорабиниҳо ба барҳам додани тамғагузорӣ ва табъизи ҳуқуқ, ки эҳтимолияти зоҳиршавиашон дар ҷамоат баланд аст, мувофиқат намоянд. • омӯхтани мақсаднокии истифодаи жанри мазҳака, филм ва расмҳои ҳаҷвӣ, чун тарзҳои оммафаҳм ва беозори санъат барои рӯ овардан ба мавзӯҳое, ки муҳокимаи онҳо дар сатҳи ҷамоат мамнӯъ аст;

ФАРҲАНГ ВА ҲУНАР

33

• дастгирии тасвири мусбии одамони дорои маълулият ва масъалаҳои маълулият дар ВАО-и фарҳангӣ-бадеӣ, масалан драма, театр ва синамо.

ЗАМИМАИ 16

Сармоягузорӣ ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанг Амаду ва Мариам, ду сарояндаи маъруф аз Мали, ки сазовори эътирофи байналмиллалӣ гардидаанд, истеъдоди худро баҳри инъикоси масъалаҳои ба маълулият вобаста ва интиқоди тафаккури якхела равона кардаанд. Амаду ва Мариам ба барномаҳои баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷавонони дорои маълулият ёрии молиявӣ мерасонанд, то онҳо тавонанд малакаҳои истеъдодӣ ва касбии худро ташаккул дода, орзу ва шавқу рағбати худро амалӣ намоянд.

Мали

Дастгирии оилаҳо бо мақсади таъмини иштирок Дар хотир доштан лозим аст, ки аксари оилаҳои аъзои дорои маълулият дошта, шояд ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва марказҳои дилхушкунанда аз хавфи тамғагузорӣ ё табъиз ташриф наоранд. Онҳо метавонанд ҳиссиёти хиҷолат ё шарм, инчунин муносибати ғайри дӯстонаро дар тӯй, ҳангоми ибодат, дар тарабхона ё кинотеатр эҳсос намоянд. Муҳим он аст, ки барномаҳои ТСҶ бо оилаҳо дар якҷоягӣ фаъолият намуда: • ба суханони аъзоёни оилаҳо гӯш андозанд ва барои ифшо ва эътирофи хавфҳо ва ёфтани роҳҳои бартараф намудани онҳо ёрӣ расонанд; • байни оилаҳои таҷрибаю хавфҳои монанд дошта алоқа барпо намоянд; • раванди рушди робитаҳоро бо созмонҳои маҳаллии одамони дорои маълулият бо мақсади таҳқиқи ҳама гуна тасаввуроти нодуруст, ки дар оила мавҷуд аст, инчунин баланд бардоштани сатҳи эътимоду интизорӣ ва шавқу рағбат дастгирӣ намоянд.

Дастгирии одамони дорои маълулият бо мақсади таъмини иштирок Барномаҳои ТСҶ метавонанд одамони дорои маълулиятро барои иштирок ба тариқи зерин дастгирӣ намоянд: • барпо намудани робита бо гурӯҳҳо ва созмонҳои одамони дорои маълулият бо мақсади пайдо ва мулоқот намудан бо ҳаммаслакон дар самти фарҳанг ва санъат, рушду инкишофи эътимод ба худ, ки барои иштирок дар ҳар гуна чорабиниҳо зарур аст; • муайян намудани кормандони соҳаи фарҳанг, ки бо эҷодиёти худ қобили эътироф гардидаанд ва дорои ягон навъи маълулиянд ва аз рӯи имконият онҳоро ба таҳия ва амалигардонии чорабиниҳо дар чорчӯбаи барномаҳо ҷалб намояд; • кор кардан бо тарафҳои манфиатдор барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои махсус, вобаста аз фаъолияти эҷодии одамони дорои маълулият; 34 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

• таҷрибаи одамони дорои маълулиятро, ки дар ташаккули шаклҳои нави бадеӣ, ба мисли театри қиёфа ва имову ишора, инчунин шаклҳои бадеӣ, ки бомуваффақият барои дарк намудан аз тарафи оммаи васеъ мутобиқ карда шудааст, таблиғу ташвиқ намоянд; • дастгирӣ ва таблиғи рақс, драма ва мусиқӣ ҳамчун воситаи ёрирасони табобату тавонбахшии одамони дорои маълулият.

Бурдани кор бо созмону гурӯҳҳои ба масъалаҳои фарогирӣ вобаста Нақши муҳими барномаҳои ТСҶ аз кор бо созмону гурӯҳҳои ба масъалаҳои фарогирӣ вобаста, бо мақсади ташаккул додани малака ва эътимоднокии одамони дорои маълулият барои ҷалбшавӣ ба барномаҳои фарҳангӣ ва бадеӣ иборат мебошад. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • корро бо тарафҳои манфиатдор барои даровардани баъзе дигаргуниҳо бо мақсади таъмини сатҳи дастрасии ҷисмонӣ ба одамони дорои маълулият, масалан, аз нав таҷҳизонидани биноҳо барои осон намудани дастрасӣ (марказҳои ҷамоатӣ маъмурӣ, фарҳангӣ, ҷой барои ибодат, кинотеатр, ҷойҳои тамошобоби сайёҳӣ ё иттилоот ва маводҳои рекламавиро дар намуди дастрас) пешниҳод намоянд; • рушди ҳамкориҳоро бо гурӯҳҳои занон барои баланд бардоштани сатҳи фарогирии занони дорои маълулият ба барномаҳои фарҳангии ба фарогирӣ равонашуда дастгирӣ намоянд; • маърифати фарогирии бадеиро дар кӯдакии бармаҳал ва мактаб ҳавасманд намояд, то ин ки кӯдакони дорои маълулият аз кӯдакӣ имконияти ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва бадеӣ иштирок намуданро дошта бошанд; • ба одамони дорои маълулият ва созмонҳои одамони дорои маълулият барои таҳия ва амалисозии омӯзиш дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангӣ бо иштироки кормандони барномаҳои ҳунарӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои одамони дорои маълулият ва фарогирӣ дастгирӣ намояд; • ҳавасманд намудан барои иштирок дар омӯзиш ва бо кор таъминкунӣ дар барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо мақсади таъмини иштироки одамони дорои маълулият дар идоракунӣ ва роҳбарии барномаҳо.

ЗАМИМАИ 17

Ба барномаҳои фарҳангӣ фарогирии одамони дорои маълулият Ташаббуси на он қадар калон, ки аз тарафи барномаҳои ТСҶ дар Фаластин соли 2000 татбиқ шуд, ки аз фиристондани кӯдакони дорои маълулият барои истироҳат ба лагерҳои тобистона иборат буд. Ин ташаббус хеле бомуваффақият анҷом ёфт ва акнун фарогирии одамони дорои маълулият ба ҳамаи лагерҳои тобистона амалияи меъёрӣ гардидааст. Дар ҳамин ҳол сарварони ҷавони ин лагерҳо кӯдакони дорои маълулиятро ба барномаҳои дигари фарогирӣ дар давоми сол ворид намуданро оғоз карданд. Масалан, дар спектакли «Хокистарак» (аз рӯи афсонаи маъруфи кӯдакона) ба нақши асосӣ духтараки дорои маълулиятро тасдиқ намуданд. Ин на танҳо ба фаҳмишҳои қолабӣ интиқод намуд ва сатҳи огоҳиро нисбати масъалаҳои одамони дорои маълулият баланд бардошт, балки чун намунаи ибрати мусбӣ барои ҷавонони дорои маълулият гардид.

Фаластин

ФАРҲАНГ ВА ҲУНАР

35

Кор бо пешвоёни мазҳабию динӣ ва гурӯҳҳо Пешвоёни мазҳабию динӣ метавонанд паҳнкунандагони пурқуввати тағйиротҳои иҷтимоӣ бошанд: аммо онҳо инчунин метавонанд ба паҳн кардани муносибатҳои манфӣ низ мусоидат намоянд. Бинобар ин барои барномаҳои ТСҶ бурдани кор бо пешвоёни динӣ ва аъзоҳои гурӯҳҳои динӣ дар ҷамоат хеле муҳим аст, то ин ки барои ҷалб намудани одамони дорои маълулият ба фаъолияти худ мусоидат намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • баланд бардоштани сатҳи ҳассосияти сарварон нисбати масъалаҳои одамони дорои маълулият, дарк ва мусоидат намудан ба муҳимияти ҷалб намудани онҳо ба раванди чорабиниҳои мазҳабию динӣ; • сарваронроро барои маҳкум намудани одатҳои ба поймолкунии ҳуқуқ ва зарарнок нисбати одамони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо дар ҷамоат рӯҳбаланд созанд; • ба одамони дорои маълулият дастрасӣ ба ёрии инфиродӣ кафолат дода шавад, то ин ки имконияти иштироки онҳо дар ибодатҳои динӣ/рӯҳонӣ ва барномаҳо таъмин карда шавад; • ба сарварон бо мақсади дастрасӣ ба иттилоот машварат ва ёрӣ дода шавад, масалан тарҷимаи имову ишораи (сурдоперевод) намоз, хондани сурудҳои динӣ ва матнҳои динӣ, ки бо ҳарфҳои калон ҳуруфчинӣ карда шудааст, аз рӯи системаи Брайл, дар шакли аудиоформат; • бо сарварон кор бурда шавад, то ин ки ҷои намозхонӣ ва зиёрат барои одамони дорои маълулият дастрас бошад, урфу одат ва маросимҳои динӣ барои қулай будан ба одамони дорои маълулият мутобиқ карда шаванд.

36

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Истироҳат, фароғат ва варзиш

Муқаддима Истироҳату фароғат ва варзиш дар баробари фарҳанг ва санъат дар ҷамоат нақши муҳим мебозанд. Манфиати асосии онҳо аз беҳтаршавии саломатӣ ва некӯаҳволии фард, мусоидат ба амалисозии ҳуқуқи инфиродӣ ва рушди ҷамоатҳои фарогир иборат аст. Ба чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ одамони гуногун, гурӯҳҳо, дастаҳо ва пурра ҷамоатҳоро фаро гирифта метавонанд, барои одамони синну солашон, қобилияташон гуногун ва сатҳи гуногуни ташаккули малака дастрас мешаванд. Намудҳои чорабиниҳо дар соҳаи истироҳат, фароғат ва варзиш, ки дар он одамон иштирок менамоянд, вобаста аз шароити маҳаллӣ хеле гуногун мебошанд ва системаи иҷтимоӣ ва арзиши фарҳангиро инъикос менамоянд. Иштирок дар чорабиниҳои истироҳатӣ, фароғатӣ ва варзишӣ метавонад барои одамони дорои маълулият яке аз имкониятҳои камтарин барои ворид шудан ба ҳаёти ҷамоат, берун аз чорчӯбаи оила бошад. Ҳуқуқи иштирок кардан дар ин чорабиниҳо дар замимаи дар зер инъикос мегардад. Ҳамчуноне, ки дар ҳолат бо фарҳанг ва санъат, одамони дорои маълулият метавонанд намуди фаъоли иштирок (масалан, ҳамчун аъзоёни дастаи баскетбол) ва намуди ғайрифаъолро (масалан, ба сифати тамошобин дар бозии футбол) интихоб намоянд.

ЗАМИМАИ 18

Конвенсия оид ба ҳуқуқи одамони дорои маълулият, моддаи 30, банди 5 «Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, истироҳату фароғат ва машғулият бо варзиш» (2) «Барои он ки ба одамони дорои маълулият имконияти баробар бо одамони дигар дар гузаронидани истироҳату фароғат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ дода шавад, давлатҳо-иштирокчиён чораҳои зарурӣ меандешанд: a. ҳавасмандкунӣ ва таблиғ намудан барои иштирок то ҳадди пурраи имконпазири одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои варзишии умумӣ дар ҳама сатҳҳо; b. имконият доштан барои ташкилу рушд додани чорабиниҳо, c. иштирок намудан дар чорабиниҳои варзишӣ ва фароғатии махсус барои одамони дорои маълулият; d. дастрасӣ доштан ба чорабиниҳои варзишӣ, истироҳатию фароғатӣ ва сайёҳӣ; e. мутмаин будан, ки кӯдакони дорои маълулият дастрасии баробарро бо кӯдакони дорои маълулият набуда барои иштирок дар бозиҳо, фароғату истироҳат ва чорабиниҳои варзишӣ дошта бошанд; f. ба хизматрасониҳо аз ҷумла онҳое, ки дар фаъолиятҳои фароғатию истироҳатӣ, сайёҳӣ ва чорабиниҳои варзиширо ташкил менамояд, дастрас бошанд.

ИСТИРОҲАТ ФАРОҒАТ ВА ВАРЗИШ

37

ЗАМИМАИ 19

Шоҳигарии Марокаш

Истифодаи варзиш бо мақсади фарогирии иҷтимоӣ ва рушди инфиродӣ (9) Лоиҳаи «Варзиш, ҳамчун воситаи фарогирии иҷтимоӣ ва рушди инфиродӣ» аз тарафи созмони «Ҳендикэп интернешнл» дар Марокаш соли 2007 оғоз шуда буд. Дар соли 2004 ташкилот пешакӣ арзёбии вазъият гузаронида, муайян намуд, ки зиёда аз 1,5 миллион марокашиҳо дорои ягон навъи малулиятанд. Мақсади барнома аз васеъ намудани имконияти одамони дорои маълулият барои машғулият бо варзиш ва бартараф намудани нобаробарӣ дар дастрасӣ ба тавонбахшӣ, ҳифзи саломатӣ ва ҷалбшавии иҷтимоӣ иборат буд. Барнома ба се самт нигаронида шуда буд: 1. рушди қобилияту иқтидор ва созмон додани шабакаи ҳамкорӣ дар байни муассисаҳои Марокаш. Кормандони барнома бо Федератсияи варзиши Шоҳигарии Марокаш (мутахассисони соҳаи варзиши умумӣ, ки аз рӯи масъалаҳои маъюбӣ дониши маҳдуд доштанд), инчунин бо тахминан 600 асотстиатсияи одамони дорои маълулияти Марокаш, ки дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва маориф тахассус доштанд, ба онҳо дар ташаккули ҳамкории стратегӣ, миллӣ ва байналмиллалӣ ёрӣ мерасонданд. Инчунин, ба лоиҳаҳои хурд ва клубҳои варзишӣ ба воситаи ташкили омӯзишҳо оид ба малакаҳои идоракунӣ, таҳияи лоиҳаи барномаҳо, навиштани пешниҳодҳо бо мақсади дастрас намудани ёрии молиявӣ дастгирӣ пешниҳод шуда буд. 2. пешниҳод намудани таҷҳизоти варзишии мутобиқ шуда, аз ҷумла аробачаҳо барои одамони дорои маълулият, сару либос ва таҷҳизоти мутобиқ, масалан тӯбҳое, ки ҳангоми бозии одамони дорои маълулияти биноӣ, садо мебароранд. 3. ташкил намудани чорабиниҳои фарогирии варзишӣ. Як қатор чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуда буд. Дар байни он мусобиқаҳо бахшида ба рӯзи байналмиллалии одамони дорои маълулият, инчунин «Дав барои ҳама» ки зиёда аз 2 ҳазор даванда, дар байни онҳо одамони дорои маълулият ва онҳое, ки дорои маълулият набуданд, ҷалб шуда буданд. Инчунин, мусобиқаи муҳими футбол барои одамони дорои маълулият гузаронида шуд. Он аз тарафи Шоҳи Марокаш маблағгузорӣ шуда, тариқи телевизиони Марокаш барои зиёда аз 20 ҳазор тамошобин намоиш дода шуд. Ин барнома ба якчанд натиҷаҳо ноил гашт: • зиёда аз 1500 нафар одамони дорои маълулият ба фаъолияти клубҳои варзишӣ ва чорабиниҳои варзишӣ фаро гирифта шуданд. • одамони дорои маълулият ба хизматрасонии баландсифат, аз ҷумла технология ва таҷҳизоти мутобиқ, инунин ҳайати коркунони баландихтисос, ки метавонанд машварат диҳанд, дастрас шуданд; • одамони дорои маълулият барои мулоқот ва ҳамкорӣ бо дигар одамони дорои маълулият ва дорои маълулият набуда имконият пайдо карданд.

38

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Мақсад Одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ хеле фаъолона ва бо ҳуқуқҳои бо дигарон баробар, чун тамошобин ва чун иштирокчӣ баромад мекунанд.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз мусоидат ба афзоиши иштироки одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои истироҳатӣ, фароғатӣ ва варзиш, инчунин дастгирӣ ба ташкилотҳо ва барномаҳои соҳаи умумӣ иборат мебошад, то ин ки ба одамони дорои маълулият имконият дода шавад, иқтидори худро мустаҳкам намоянд ва чорабиниҳои муносиб ва дастраси истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ пешниҳод карда шавад.

Натиҷаҳои чашмдошт • Одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишии дар сатҳи ҷамоат мавҷуда, иштирок менамоянд. • Мақомоти маҳаллӣ, федералӣ, байналмиллалӣ ва ассотсиатсияҳо одамони дорои маълулиятро ба барномаҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ ҷалб менамоянд. • Оилаҳо, омӯзгорон ва аъзоёни ҷамоат ҳуқуқ ва имконияти одамони дорои маълулиятро эътироф намуда, онҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ ташвиқу тарғиб менамоянд. • Одамони дорои маълулият ва одамони дорои маълулият набуда, якҷоя дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд. • Одамони дорои маълулият ба мавзею биноҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ дастрасӣ доранд. • Таҷҳизоти барои истироҳату фароғат ва варзиш истифода шаванда, ба талаботу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият дар ҳолатҳои зурурӣ мутобиқ карда мешаванд. • чорабинӣ ва барномаҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишии махсус барои одамони дорои маълулият дар ҳолатҳои зарурӣ таҳия карда мешаванд.

Мафҳумҳои асосӣ Муқаррарот Дар ин боб: Истироҳат: ба он ҳамаи фаъолиятҳои интихобкардаи инсон, ки ба бадан ва рӯҳи ӯ таровати нав бахшида, фароғаташро шавқовару дилписанд месозад, дохил мешавад. Мисоли чорабиниҳо дар самти истироҳат: сайру гашт, шиноварӣ, мулоҳиза (медитатсия), китобхонӣ, бозӣ, рақс. Калимаи «фароғат» маънои вақти холиро мефаҳмонад, ки инсон онро бидуни ӯҳдадориҳои ҳамарӯза метавонад гузаронад (масалан берун аз кор ё машғулияти хона), то ин ки истироҳат намояд ва зиндагиашро ором ва хуш гузаронад. Одамон дар чорабиниҳои истироҳатӣ ва варзишӣ маҳз дар вақти фароғатӣ иштирок менамоянд. ИСТИРОҲАТ ФАРОҒАТ ВА ВАРЗИШ 39

Варзиш маънои намуди ҳамаи фаъолияти ҷисмониро дорад, масалан, футбол, регби, баскетбол, атлетикаи сабук ва вазнин.

Масъалаҳои истироҳату фароғат ва варзиш дар сатҳи ҷамоат Дар аксар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст, дар ҷое, ки одамон ҳамарӯза бо мақсади зинда мондан кор мекунанд, мафҳуми истироҳат на ҳама вақт фаҳмо буда, талаботи аввалиндараҷа низ нест. Феълан, аксари машғулиятҳо, ки дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон баланд фароғатӣ ҳисобида мешаванд, масалан, моҳигирӣ ё косибӣ, дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст чун воситаи зиндагӣ ва рӯзгор фаҳмида мешаванд. Дар аксари ҷамоатҳо тарзҳои чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ, ки одамон бо он машғуланд, аз рӯи синну сол, ҷинс, шароити маҳаллӣ (масалан, зиндагӣ дар ноҳияҳои деҳот ё шаҳр) ва мавқеи (статуси) иҷтимоӣ-иқтисодӣ муайян мегардад. Масалан, дар ҷамоатҳои камбизоат, кӯдакон ҳангоми бозӣ маводҳои табииро ба мисли санг ва чӯб, ё маҳсулоти партофташудаи истеҳсолотро ба мисли шинаи резинии мошин ё арғамчинро истифода мебаранд. Ба ғайр аз ин, гузаронидани вақти фароғатӣ дар заминаи машғулияти фарҳангӣ тартиб дода мешавад, масалан рақси анъанавӣ, нақл кардани афсона, ибодат ва идҳои динӣ, баромади ҳунармандон. Дар аксари ҷамоатҳои камбизоат ва деҳотӣ одамон ҷои мушаххас барои гузаронидани вақти фароғатӣ, ба мисли варзишгоҳ (стадион) ё маркази ҷамоатӣ надоранд. Бинобар ин одатан дар биноҳои барои намозгузорӣ, мағозаҳои чойфурӯшӣ, дар хона ё ҷои кушод ҷамъ мешаванд. Дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ҷамоатҳо одатан вазифаҳои аввалиндараҷаи муҳим ва буҷаи маҳдуд доранд. Дар натиҷа ташкили чорабинию барномаҳои расмӣ дар самти истироҳат ва варзиш одатан аз сармоягузор (донор) вобаста аст. Бисёр муҳим аст, ки маблағгузории беруна барои таъмини барномаю чорабиниҳои ба шароити маҳаллӣ мутобиқ ва мувофиқ истифода карда шавад.

Афзалиятҳои иштирок Иштирок дар чорабиниҳои варзишию истироҳатӣ метавонад ҳам барои фард ва ҳам барои ҷамоат манфиату бартарии зиёд оварад. Ба ин манфиатҳо: • пурқувватгардонии саломатӣ ва пешгирии бемориҳо: барномаю чорабиниҳои варзишӣ ва истироҳатӣ тарзи самаранок ва дилписанди пурқувватгардонии саломатӣ ва некӯаҳволӣ мебошанд; онҳо таниши асабро (стресс) паст намуда, саломатии равонӣ ва зеҳниро беҳтар мегардонанд ва рушди бемориҳои музмин аз ҷумла бемориҳои рагу дилро пешгирӣ менамоянд; • рушди малакаҳо: малакаҳои ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ, он малакаҳое мебошанд, ки онҳоро бо воситаи иштирок дар чорабиниҳои варзишию истироҳатӣ ташаккул додан мумкин аст. • баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, паст намудани сатҳи тамғагузорӣ ва фарогирии иҷтимоӣ: чорабиниҳои варзишию истироҳатӣ воситаи пурқувват ва камарзишанд, ки боиси баланд бардоштани сатҳи фарогирии одамони дорои маълулият мегарданд; онҳо одамони ҳама синну сол ва қобилиятро барои хурсандӣ муттаҳид месозанд ва ба одамони дорои маълулият имконият медиҳанд, ки тарафҳои қавӣ ва қобилияти худро намоиш диҳанд, инчунин нақши мусбии одамони дорои маълулиятро чун намунаи ибрат таблиғ мекунанд; • сулҳ ва рушди байналмилалӣ: варзиш забони умумифаҳм (универсалӣ) мебошад ва ба сифати воситаи пурқувват ба сулҳ, таҳаммулнокӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ 40 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

бо роҳи муттаҳид сохтани одамон новобаста аз сарҳад, фарҳанг ва дин мусоидат менамояд (10); • васеъ кардани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо: чорабиниҳои истироҳатӣ ва варзишӣ ҳуқуқ ва имконияти одамони дорои маълулиятро васеъ намуда, ба ҳисси боварӣ ва эътимоднокӣ нисбати худ таъсири мусбӣ расонанд.

ЗАМИМАИ 20

Эритрея

Ветеранҳои ҷанг ҳамчун намунаи ибрат Дар Эритрея собиқадорони ҷанг, ки дорои маълулиятанд, аз омӯзишҳо барои фаъолият намудан чун менеҷер ва мураббии дастаи футбол гузаштанд ва онҳо нақши асосиро барои амалӣ намудани чорабиниҳои футболи кӯдакона бозиданд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 2 ҳазор кӯдак дар пойтахти мамлакат шаҳри Асмара иштирок намуд. Ин ҷалбшавӣ ба чорабинӣ тасаввуроти собиқадорони ҷангро нисбати худ ба таври куллӣ тағйир дода, ба тасаввуроти кӯдакон дар бораи одамони дорои маълулият ба таври мусбӣ таъсир расонд, дар як вақт чун мисоли мусбӣ ва намунаи ибрат барои одамони дорои маълулият гардид. Дар асоси намунаи бомуваффақият, акнун клуби варзишӣ омӯзишҳоро оид ба бозии футбол барои кӯдакони сатҳи шунавоияшон паст ба сифати қадами аввал барои ҷалб намудани кӯдакон ба чорабиниҳои варзишӣ ташкил намуд.

Чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ имкониятҳои дигарро мукаммал месозанд Манфиати зиёди чорабиниҳои истироҳатию варзиширо таъкид намуда, бояд дар хотир дошт, ки онҳоро ба сифати ҷуброн барои дастрасии маҳдуд ба имкониятҳои дигар, ба монанди таҳсилот ё худтаъминкунӣ, истифода бурдан нодуруст аст.

ЗАМИМАИ 21

Омӯзиши ҳаракат бо дучарха (велосипед)

Афғонистон

Барномаи афғонии тавонбахшӣ ва фаъолияти фароғатии дучархаронҳо бо дасту пои ампутатсия шуда, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалӣ мегардад, барномаи омӯзишӣ оид ба рондани дучарха барои одамони дасту пояшон буридашуда (ампутатсия шуда) бо мақсади беҳтар намудани худҳаракатии функсионалӣ ва мустақилият, инчунин барои таъмини равуо аз кор ва ба кор, ва сарфаи пардохти хароҷоти нақлиёт мебошад.

Осон намудани дастрасӣ ба истироҳат, фароғат ва варзиш Барои иштирок дар чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзиш ба одамони дорои маълулият мутобиқшавии оқилона зарур аст. Бо истифодаи андак зиракӣ ва ИСТИРОҲАТ ФАРОҒАТ ВА ВАРЗИШ 41

чобукӣ бе хароҷоти зиёдатӣ чорабинӣ ва таҷҳизотро мутобиқ намудан мумкин аст, ки фарогирӣ ва иштироки одамони дорои маълулият таъмин гардад.

ЗАМИМАИ 22

Мутобиқсозии чорабиниҳои варзишӣ Мутобиқсозии қоида ва системаи ҳисобкунии холҳо дар бозиҳо ба одамони қобилият ва синну соли гуногун имконият медиҳад, ки якҷоя бе ягон хароҷот бозӣ намоянд. Истифодаи масолеҳи маҳаллӣ барои мутобиқгардонии таҷҳизоти камарзиш, масалан истифодаи кадуи хушк бо тухмиҳояш барои сохтани тӯб, ки садо мебарорад, ё тақсим намудани бозингарон ба ҷуфтҳо барои бозии якҷоя, метавонад сатҳи иштироки ҳамаи аъзоёни ҷамоатро баланд бардорад.

Чорабиниҳои тавсияшаванда Муайян намудани имкониятҳои маҳал барои истироҳат, фароғат ва варзиш Қадами аввал аз муайян намудани он, ки кадом имкониятҳои истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ дар ҷамоат ва гирду атрофи он мавҷуданд, иборат мебошад. Барои муайян намудани он барномаҳои ТСҶ бояд бо гурӯҳҳои ҷамоатӣ, масалан, гурӯҳҳои занон ва ҷавонон, клуби кӯдакон, инчунин бо одамони дорои маълулият ҳамкорӣ намоянд. Раҳнамоии раванди иштироки одамони дорои маълулият. Чорабиниҳо ҳамон вақт муваффақ мешаванд, ки агар онҳо: бо дархости ашхоси алоҳида ва ҷамоат амалӣ гарданд, аз ҷиҳати фарҳангӣ қобили қабул буда, онҳоро қонеъ гардонанд, ҳангоми таҳия ва амалисозии бардавом хароҷоти зиёдро талаб накунанд. Барои сабук намудани иштироки одамони дорои маълулият дар чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ тавсия дода мешавад, ки барномаҳои ТСҶ: • ба одамони дорои маълулият оид ба чорабиниҳои истироҳатию варзишии дар ҷойҳои дастраси ҷамоатҳояшон мавҷуда иттилоот пешниҳод намоянд; • одамони дорои маълулиятро бо клубу (ассотсиатсияҳо) бо мақсади дастрасӣ ба чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ алоқаманд намоянд; • ба кӯдакони маъюб талқин намоянд, ки онҳо аз ҳама ҳуқуқу афзалияте, ки кӯдакони дорои маълулият надошта баҳраваранд, низ баҳраваранд ва ҳуқуқи ба таври пурра иштирок карданро дар чорабиниҳои истироҳатию варзишии мактаб доранд; • имкониятҳоро оид ба пешниҳоди ёрии инфиродӣ, барои таъмин намудани иштироки фаъол ё ғайрифаъоли одамони дорои маълулият таҳқиқ менамоянд • роҳнамоии раванди инъикоси мусбии мавзӯъҳои истироҳатию варзишии одамони дорои маълулият дар васоити ахбори омма бо мақсади ҳавасманд ва ҷалб намудани шумораи бештари онҳо ба чунин чорабиниҳо. 42 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Истифодаи чорабиниҳои истироҳатию варзишӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба фарогирӣ Маъракаҳои калон ба монанди Рӯзи байналмиллалии одамони дорои маълулият, барои дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарогирӣ ва истироҳатию варзишӣ имконияти васеъ медиҳад. Ин гуна чорабиниҳо одатан диққати мусбии васоити ахбори оммаро (ВАО) ба худ ҷалб менамоянд, ки ин метавонад сатҳи огоҳии оммаи васеъро баланд бардорад.

ЗАМИМАИ 23

Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба крикет дар байни одамони дорои маълулияти биноӣ Баъд аз ба таври васеъ чоп намудани мақолаҳои мусбӣ дар бораи мусобиқаи Ҷаҳонӣ оид ба крикет аз тарафи васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва миллӣ байни одамони дорои маълулияти биноӣ дар Ҷумҳурии Покистон, баъзе аз барномаҳои ТСҶ қайд намуданд, ки миқдори волидони бо масъалаи имконияти ташкили омӯзиш ва чорабиниҳои фароғатӣ барои кӯдакони дорои маълулияти биноӣ, муроҷиаткарда чанд маротиба афзуд.

Покистон

Барномаҳои умумиро барои фарогир шудан таблиғ намудан Одатан барномаҳои умумии варзишию истироҳатӣ фарогирии одамони дорои маълулиятро пешбинӣ намекунанд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд бо ин барномаҳо ҳамкорӣ намуда, роҳҳои чӣ тавр фарогир ва дастрас намудани онҳоро ба ҳама муайян намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • бо созмонҳои миллӣ ва байналмиллалӣ машварат гузаронда, муайян намоянд, ки барномаҳо аз ҷиҳати фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ махсус буда, барои одамони дорои маълулияти гуногун, синну сол, қобилият ва ҷинсҳо, ки дар шаҳр ё деҳот умр ба сар мебаранд дастрасанд; • фикру ақида ва тавсияҳоро оид ба чӣ тавр мутобиқ намудани фаъолиятҳо, таҷҳизот ва биноҳои истифодашавандаро пешниҳод менамоянд, бо махсус қайд кардани он, ки аксари фаъолиятҳо бо арзиши хеле кам ё бепул мутобиқ карда мешаванд; • раванди омӯзиши кормандони барномаи умумиро бо мақсади ташаккул додани малака ва худбоварии онҳо барои ҷалби одамони дорои маълулият ба барномаҳои мазкур раҳнамоӣ мекунанд. • бо созмони одамони дорои маълулият дар якҷоягӣ фаъолиятҳои фаҳмондадиҳиро оид ба дастрасии одамони дорои маълулият ба чорабиниҳои варзишию фароғатӣ ва истироҳатӣ таъмин менамоянд. Иттилооти муфассал ва намунаи онро, ки чи гуна фарогириро дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст дастгирӣ намудан мумкин аст, дар нашрияҳо, ба мисли маълумотномаи Истироҳати фарогир (11) ва Варзишу истироҳат ва бозӣ (12) дастрас намудан мумкин аст.

ИСТИРОҲАТ ФАРОҒАТ ВА ВАРЗИШ

43

ЗАМИМАИ 24

Рӯзҳои варзиш дар мактаб Барномаҳои ТСҶ метавонанд рӯзҳои варзишро дар мактаб, ки имконияти фарогириро амалӣ мекунанд, ҳавасманд ва дастгирӣ намоянд. Ин рӯзҳои варзишӣ метавонанд сатҳи огоҳӣ ва фаҳмишро дар байни кӯдакони синни мактабӣ беҳтар гардонанд ва имкониятро барои иштироки якҷояи кӯдакони дорои маълулият ва маълулият надоштаро дар чорабиниҳои варзишӣ фароҳам оварад. Ин гуна чорабиниҳо метавонанд ба ҳамаи иштирокчиён таъсири мусбӣ расонанд, аз ҷумла ба кӯдакон, волидон, омӯзгорон, кормандони ихтиёрӣ ва мансабдорони соҳаи варзиш. Онҳо метавонанд ба дарки мусбии муносибат ва ақидаҳо оид ба масъалаҳои маълулият таъсир расонанд ва сатҳи огаҳиро оид ба қобилияти варзишии кӯдакони дорои маълулият баланд бардоранд.

Дастгирии барномаҳои махсус, ки барои одамони дорои маълулият таҳия шудаанд. Барномаҳое, ки махсус барои одамони дорои маълулият таҳия шудаанд, ба онҳо имконият медиҳанд, ки бо дигар одамони дорои маълулият, ки малакаҳои ба ҳам монанд доранд мулоқот ва мусобиқа намоянд. Барномаҳои ТСҶ метавонанд: • ба одамони дорои маълулият малакаҳои сарварӣ ва нақши муҳимро дар раванди қабули қарор таъмин намоянд, то ин ки барномаҳои истироҳатию варзишӣ ба талаботи онҳо мувофиқ бошанд; • ба одамони дорои маълулият, ки хоҳиши таъсис додани гурӯҳу клубҳои варзишӣ ва истироҳатиро доранд, омӯзиши мутобиқ ва маводу воситаҳои заруриро таъмин намоянд; • робитаҳои гурӯҳҳои (клубҳои) маҳаллиро дар соҳаи варзиш ва истироҳат бо созмонҳои миллӣ ва байналмиллалӣ, ба монанди Ассотсиатсияи Байналмилалии варзишгарони дорои маълулияти зеҳнӣ, кумитаи байналмиллалии параолимпӣ, созмони байналмилалии «Special Olympics International» ва Кумитаи байналмиллалии варзишгарони дорои маълулияти шунавоӣ ба роҳ монад.

ЗАМИМАИ 25

Бангладеш

Робитаҳо ба воситаи бозии шоҳмот Яке аз калонтарин шабакаҳои иҷтимоӣ, ки одамони дорои маълулияти биноиро дар Бангладеш муттаҳид месозад, клуби шоҳмоти Брайл мебошад, ки шабакаи клубҳоро дар ноҳияҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ дорад. Ин шабакаи иҷтимоӣ на танҳо имконияти мусобиқа кардан ва ташаккул додани малакаҳоро пешниҳод менамояд, балки барои фарогирии иҷтимоӣ ва аз рӯи рағбати умумӣ муттаҳид сохтани одамон имкон фароҳам меоварад.

44

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Адлия Муқаддима Дастрасӣ ба адлия мафҳуми васеъ мебошад, ки маънои имконияти дастрасии инсонро ба системаҳо, тартибу қоидаҳо, иттилоот ва биное ки барои иҷро намудани маъмурияти адлия истифода бурда мешавад, дорад (13). Ҳамаи одамон озод ва баробарҳуқуқ бо қурбу манзалат ва ҳуқуқи худ таваллуд мешаванд (14), бинобар ин ҳамаи одамон ҳангоми қурбу манзалат ва ҳуқуқи онҳо поймол карда мешаванд, бояд ба адлия дастрасии баробар дошта бошанд (15) Одатан одамон ба системаи адлия дар мамлакати худ он вақт муроҷиат менамоянд, ки ба онҳо осебе расад ё ба онҳо фишор оваранд, масалан, вақте, ки онҳо қурбонии ҷиноят мешаванд. Дастрасӣ ба адлия яке аз ҳуқуқҳои инсон мебошад, аммо ҳамзамон дигар ҳуқуқҳои инсонӣ низ мавриди истифода буданаш, хеле муҳим мебошад; масалан, агар ҳуқуқи одами дорои маълулият ба меҳнат поймол гардад, ӯ метавонад ба системаи адлия барои ҳалли (ҳифзи) судӣ муроҷиат намояд (13). Одамони зиёд аз гӯрӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, аз ҷумла одамони дорои маълулият ҳангоми муроҷиат ба системаи адлия ба монеаҳо дучор мегарданд (15). Бе дастрасӣ ба адлия овози онҳоро ҳеҷ кас намешунавад, онҳо ҳуқуқи худро амалӣ карда наметавонанд, ба поймолкунандагони ҳуқуқ баҳс карда наметавонанд, аз одамоне, ки қарор қабул менамоянд, ҳисобот талаб карда наметавонанд (16). Дар натиҷа онҳо осебпазиртар ва мискинтар мешаванд (15). Дар боби мазкур иттилоот дар бораи баъзе мафҳумҳои ба дастрасии одамони дорои маълулият ба адлия вобаста пешниҳод гардидаст. Дар он инчунин, тавсияҳо дар бораи он ки чӣ тавр бо ёрии барномаҳои ТСҶ роҳҳои бартараф намудани монеаҳои одамони дорои маълулият ҳангоми ба адлия муроҷиат кардан дучор мегарданд, муҳокима мешавад. Иштироки одамони дорои маълулият дар иҷрои адлия, масалан ба ҳайси шоҳид, вакили маҳкамаи суд, ҳуқуқшинос ва ғайра низ хеле муҳим мебошад, аммо дар боби мазкур муҳокима намешавад.

ЗАМИМАИ 26

Конвенсияи оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият , моддаи 13 «Дастрасӣ ба адлия» (2) 1. Давлатҳо-иштирокчиён ба одамони дорои маълулият баробари одамони дигар дастрасии самаранок ба адлияро таъмин менамоянд, аз ҷумла бо назардошти ислоҳи мурофиавӣ ва мутобиқ ба синну сол, ки ба онҳо иҷроиши самараноки нақши иштирокчии мустақим ва ғайримустақим, аз ҷумла шоҳидиро дар ҳамаи марҳилаи мурофиаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла марҳилаи тафтишот ва марҳилаҳои истеҳсолоти пешакиро осон менамояд. 2. Барои таъмини дастрасии самараноки одамони дорои маълулият ба адлия, давлатҳои иштирокчӣ ба омӯзиши мувофиқи шахсони дар иҷроиши адлия, аз ҷумла полис ё системаи ҷазодиҳӣ кор мекунанд, мусоидат менамоянд». АДЛИЯ 45

ЗАМИМАИ 27

Озмоиши сахт, ки ба сари Нетсанест аз сабаби муносибати манфии ҷамоат нисбати одамони дорои маълулият афтод Нетсанест, духтараки чордаҳсола мебошад. Ӯ дар кӯдакӣ ба иллати нобиноӣ дучор гардид, аммо аниқ дар хотир надорад, ки ин ҳодиса кай рух дода буд. Вай дар деҳаи худ чун шахси аз малакаи биноӣ маҳрум ба воя мерасид ва одат карда буд, ки ӯ одами беманфиат аст, ва ӯро аксар бо лақабҳои носазо ба монанди «аблаҳи нобино» ном мебаранд. Вақте ки ба хонаи онҳо меҳмон меомад, ӯ пинҳон мешуд, то оилаашро шарманда насозад, рӯзҳои ид бошад, ба вай иҷозат намедоданд, ки дар маъракаҳои идона иштирок намояд. Боре холааш ба меҳмонии онҳо омада ба хешовандонаш дар бораи мактаб барои кӯдакони маълулияти биноӣ дошта, ки дар деҳаи ҳамсоя ҷойгир будааст, нақл кард. Бо иҷозати волидон Нетсанест ба он мактаб рафтан гирифт. Ба ӯ мактаб мақбул омад, ба зудӣ ӯ хондан, навиштан, хӯрок пухтан ва мустақилона дар деҳа роҳ гаштанро ёд гирифт. Пас аз ин ӯ ва якчанд дӯстонаш хонаеро иҷора гирифтанд ва ба он ҷо кӯчиданд. Боре бегоҳӣ ба назди ӯ марде аз деҳаашон наздик шуд ва пешниҳод намуд, ки бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намояд, вай бошад маблағи таҳсили ӯро дар мактаб пардохт менамояд. Нетсанест пешниҳоди ӯро рад намуд, ва гуфт, ки ӯ омода нест ба шавҳар барояд, ӯ мехоҳад ҳамаи диққати худро ба хатми омӯзиш равона созад. Пас аз чанд рӯз, вақте ки дӯстонаш дар хона набуданд, он мард боз омад ва гуфт, ки агар Нетсанест розӣ бошад, ин ҳаёти ӯро дигар месозад ва чун сирри байни онҳо пинҳон мемонад. Нетсанест боз пешниҳоди ӯро рад кард. Ин дафъа он мард ба номуси ӯ таҷовуз кард. Нестанест нола кард, дод зад, аммо касе ба ёрии ӯ наомад. Рӯзи дигар омӯзгоронаш аз воқеа дарак ёфтанд ва Нетсанестро назди полис бурданд. Аммо, ба ҷои ба духтарак ёрӣ расондан, кормандони полис дар воқеа худи Нетсанестро гунаҳкор намуданд. Чанд нафар духтари дигари аз биноӣ маҳруми деҳа низ аз сабаби муносибати манфии ҷамоат ва ақидаҳои ба маълулият вобаста, таҳти таҷовуз ба номус қарор гирифтанд, чунки одатан одамон фикр мекарданд, ки маълулият ин гуноҳи худи онҳост. Хабар дар деҳа зуд паҳн гардид, модари таҷовузгар ба назди Нетсанест омад ва доду войкунон, ӯро гунаҳкор намуд: «Ту чи кор карда истодаӣ? Аввал ту писари маро васваса намудӣ, маҷбур намудӣ, ки амали пургуноҳ содир намояд, акнун кӯшиш намуда истодаӣ, ки ӯро бадном кунӣ…». Вақте, ки хабар ба волидони Нетсанест расид, онҳо намедонистанд чӣ кор кунанд. Аз як тараф онҳо метарсиданд, ягон кор кунанд, чунки барои бехатарии Нетстанест хавотир буданд ва аз он шармандагие, ки ин вазъият ба оилаи онҳо оварда метавонист, дар ҳарос буданд. Аммо аз тарафи дигар онҳо барои Нетстанест адолатро хоҳон буданд. ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

46

Мақсад Одамони дорои маълулият аз дастрасии худ ба адлия баробари одамони дигар истифода мебаранд, дар натиҷа амалишавии пурра ва эҳтироми ҳуқуқи инсон таъмин мегардад.

Нақши барномаҳои ТСҶ Нақши барномаҳои ТСҶ аз баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ва расонидани ёрӣ ба онҳо ва аъзоёни оилаи онҳо барои дастрас шудан ба адлия, дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба поймолкунии ҳуқуқ ва беэътиноӣ, иборат аст.

Натиҷаҳои чашмдошт Барномаҳои ТСҶ қодиранд, дар сурати пайдо шудани зарурат ба одамони дорои маълулият барои дастрасӣ ба масъалаҳои адлия ёрӣ намоянд. Одамони дорои маълулият аз ҳуқуқу имконият ва усулҳои дастрасӣ ба системаи адолат хабардоранд. Тарафҳои ба масъала шавқманд дар соҳаи адлия нисбати талаботу эҳтиёҷоти одамони дорои маълулият муносибати эҳтиромона дошта, дар амалҳои ҳуқуқҳоро поймолкунанда иштирок намекунанд. Одамони дорои маълулият ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳояшон метавонанд ба механизмҳои ғайрирасмии адлия муроҷиат намоянд. Одамони дорои маълулият ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳояшон метавонанд ба механизмҳои расмии адлия муроҷиат намоянд.

Мафҳумҳои асосӣ Соҳибони ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо Фаҳмиши алоқамандӣ байни соҳибони ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо ҳангоме, ки гап дар бораи дар назар доштани ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият меравад мафҳуми муҳим буда ба онҳо имконияти дастрасӣ ба адолати ҳуқуқиро имконпазир мегардонад. Соҳибони ҳуқуқ. Одамони дорои маълулият соҳибҳуқуқ мебошанд, яъне ҳуқуқ ва масъулият доранд. Ҳамчун соҳибҳуқуқ онҳо ҳуқуқ доранд, масалан, ба истифода аз хизматрасониҳои тандурустӣ, таҳсилот, худтаъминкунӣ, инчунин ҳуқуқ ба замин, манзил ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ. Ҳамаи ин ҳуқуқҳо, инчунин дигар ҳуқуқҳо дар Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият номбар шудаанд (2). Соҳибони ӯҳдадориҳо. Ҳангоме ки як нафар ҳуқуқро дорост, нафари дигар вазифадор аст, ки ин ҳуқуқро эҳтиром, ҳифз ва риоя намояд. Ба гурӯҳи шумораи соҳибони ӯҳдадорӣ ходимони давлатӣ (ҳукуматӣ) ва ғайридавлатӣ (масалан, созмонҳои ғайридавлатӣ, пешвоёни динӣ, волидон) дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ дохил мешаванд. Ӯҳдадориҳои давлат низ дар Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият инъикос ёфтаанд (2).

АДЛИЯ

47

Монеа барои адлия Доираи шахсоне, ки ба адлия дастрасӣ доранд, одатан бо одамони сарватманд, ки робитаҳои сиёсӣ доранд, ва дар шаҳрҳо истиқомат доранд, маҳдуд мегардад. Одамони дорои маълулият, махсусан дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна, бо як қатор монеаҳо, ҳангоми дастрасӣ ба адлия дучор мегарданд. Ба монанди: • набудани қонунгузории муносиб ва чораҳои сиёсӣ оид ба ҳимояи одамони дорои маълулият: дар аксари мамлакатҳо қонунҳои махсус барои ҳимояи ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият вуҷуд надоранд (15); • монеаҳои табиӣ: идораи полис, суд ва иморатҳои дигари ҷамъиятӣ, мумкин аст ба одамони дорои маълулият дастнорас бошанд (13); • монеа дар муошират: одамони дорои маълулият мумкин аст бо кормандони соҳаи адлия аз сабаби набудани маводи ёрирасони мувофиқ, масалан, тарҷумони забони имову ишора барои одамони дорои маълулияти шунавоӣ, самаранок муошират карда натавонанд; • набудани иттилооти дастрас: бе ин гуна иттилоот одамони дорои маълулият мумкин аст надонанд, ки системаи адлия чи гуна кор мекунад, ҳуқуқ ва масъулияти он аз чӣ иборат аст (13); • монеаи иқтисодӣ: пардохти хизмати ҳимоятчӣ, хароҷоти судӣ ва пардохтҳои дигар метавонанд барои одамони дорои маълулият хеле гарон бошанд; • надонистани талабот: полис ва мансабдорони дигар метавонанд, талаботи хусусии одамони дорои маълулиятро ҳангоми дастрасӣ ба адлия дарк накунанд ё иттилоот нисбати он, ки мутобиқсозии заруриро чӣ тавр гузаронидан лозим аст, надошта бошанд (13) .

Қобилияти ҳуқуқӣ Моддаи 12-и Конвенсияи ҳуқуқи одамони дорои маълулият қайд менамояд: «Давлатҳо-иштирокчиён эътироф менамоянд, ки одамони дорои маълулият дар баробари одамони маълулият надошта дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт қобилияти ҳуқуқӣ доранд» (2). Ба аксари одамони дорои маълулият иҷозат дода нашудааст, ки қобилияти ҳуқуқии худро истифода баранд, масалан ба онҳо ичозат намедиҳанд, ки дар тафтишоти судӣ иштирок намоянд ва дар суд нишондод диҳанд. Ин аз он сабаб рух медиҳад, ки аксари одамон фикр мекунанд, ки одамони дорои маълулият қобили фаъолият нестанд. Конвенсия инчунин эътироф менамояд, ки ба баъзе одамони дорои маълулият ҳангоми амалисозии қобилияти ҳуқуқӣ дастгирӣ лозим мешавад. Чунин тарзи дастгирии қабули қарор метавонад шакли гуногун гирад, чунки одамоне, ки ба одамони дорои маълулият ёрӣ мерасонанд, метавонанд дар бораи нияти онҳо ба дигарон маълумот диҳанд ё ба одамони дорои маълулият ёрӣ расонанд, ки имкониятҳои мавҷудбудаи интихобро дарк намоянд; онҳо ба одамони дигар ёрӣ мерасонанд, то онҳо дарк намоянд, ки шахси дорои маълулияти мураккаб низ инсон буда таърихи худ, шавқу ҳавас ва мақсади ҳаёти худро дорост, ки қобилияти ҳуқуқии худро амалӣ карда метавонад (17) .

Мусоидат ба дастрасии адлия Ҳимояи ҳуқуқӣ Бисёр зарур аст, ки ҳуқуқи одамони дорои маълулият дар конститутсияҳои миллӣ, қонунгузорӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ эътироф гарданд. Ҳамин ки ҳуқуқи одамони дорои маълулият аз ҷиҳати ҳуқуқ эьтироф гарданд, судҳо, мақомоти маъмурӣ, трибуналҳои ҳарбӣ ва дар баъзе ҳолатҳо муассисаҳои ҳимояи ҳуқуқ, метавонанд қарорро дар ҳолати вайрон намудани ҳуқуқи одамони дорои маълулият пешниҳод 48 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

намоянд. Намуди воситаи ҳимояи судӣ аз он вобаста мешавад, ки кадом ноадолатиро бояд ислоҳ намуд, масалан талаб карда шавад, ки кӯдаки дорои маълулият ба мактаб қабул шавад, бинои муассисаи давлатӣ дастрас гардад, корфармо дар вақти поймол намудани ҳуқуқ, ҳангоми қабул ба кор ҷарима андохта шавад, мақомоти ҳифзи саломатӣ маҷбур карда шавад, ки харитаи суғуртаи тиббиро барорад, гунаҳкори зуроварӣ ё муомилаи дурушт ҷазо дода шавад. Механизми ғайрирасмӣ. Амалияи бевиҷдононона ва ғайриадолатнокро дар аксари вақт самаранок дар сатҳи ҷамоат бартараф кардан мумкин аст. Механизмҳои ғайрирасмии ҳимояи ҳуқуқӣ метавонанд дастрас бошанд, масалан, дар самти созмонҳои динӣ, ташкилотҳое, ки бо масъалаҳои рушд машғуланд, пешвоёни қабила, сарварони деҳот, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳо, мутахассисони соҳаи маориф ва ҳифзи саломатӣ, кормандони иҷтимоӣ ва сарварони ҳоҷагии алоҳида, яъне хонаводаҳо.

ЗАМИМАИ 28

Ҳиндустон

Адлияи ғарирасмӣ ба худ роҳ мекушояд Дар Ҳиндустон, дар штати Орисса барномаи ёрӣ ба одамони гирифтори бемории ҷузом дар сатҳи ҷамоат, бо пирони кор ва пешвоёни динӣ якҷоя фаъолият намуда роҳи ҳалли масъалаи шахсеро, ки бо сабаби гирифтори бемории ҷузом гардидан, маҷбур буд аз хона ва деҳа баромада равад, кор бурда истодаанд. Онҳо ба як қарор омаданд, ки пас аз тағйири номи динӣ ва гузаронидани маросими таҷаддуд (аз нав зиндашавӣ) ӯ метавонад ба оилаи худ зери номи нав баргардад ва дар ҳаёти ҷамоат иштирок намояд.

Механизмҳои расмӣ. Вақте ки инсон ба ҳуқуқҳои худ бо воситаҳои ғайрирасмӣ дастрас шуда наметавонад, истифодаи воситаҳои расмии ҳимояи ҳуқуқ, ба мисли даъвои судӣ зарур аст. Одатан ин қадами охирин буда, онро вақте истифода мебаранд, ки воситаҳои дигар аллакай таҷриба шудаанд, зеро амали мазкур гаронарзиш, давомнок ва машварати ҳуқуқшиноси касбиро тақозо менамояд. Барои одамони дорои маълулият, ки дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст зиндагӣ мекунанд, одатан ин танҳо бо дастгирии марказҳои ёрии ройгони ҳуқуқӣ, созмонҳои ҳимояи ҳуқуқ, ассотсиатсияи одамони дорои маълулият ё созмонҳое, ки бо масъалаҳои рушд машғуланд, имконпазир аст. Муҳим он аст, ки ҳама гуна қарор оид ба расонидани даъвои судӣ бевосита аз тарафи шахсони манфиатдор ё гурӯҳи шахсон қабул карда шавад.

АДЛИЯ

49

ЗАМИМАИ 29

Филиппинҳо

Ҷӯстуҷӯи адолат бо истифодаи ёрии ройгони ҳуқуқӣ Аксари зиёди кормандони қобилияти сусти шунавоӣ дошта, ки чун ҳисобкунаки маблағҳо дар бонк кор мекарданд, пас аз он ки бонки калон бо корхонаи асосӣ дар шаҳри Манила, мошинҳоро барои ҳисоби пул харидорӣ намуд, аз кор ронда шуданд. Бо дастгирии Федератсияи миллии созмони одамони дорои маълулияти Филиппин кормандон ба гурӯҳи ҳимоячиён (адвокатҳо) муроҷиат намуданд ва онҳо розӣ шуданд ба одамони дорои маълулият ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонанд. Пас аз чанд сол суди Олии Филиппин дар асоси қонунгузории миллӣ оид ба норавогии поймолкунии ҳуқуқи одамони дорои маълулият қарор баровард, ки аз кор озод кардани одамони дорои маълулият ғайриқонунӣ буд ва ҳуқуқи одамони дорои маълулиятро поймол намуд. Ба бонк фармуда шуд, ки ба кормандон музди кор барои ҳамаи ин солҳо пардохт карда шавад ва пас ҳамаи одамони дорои маълулият дар вазифаҳояшон барқарор карда шаванд. Ба ҷои ба кори пештараи худ баргаштан, кормандон ҷубронпулиро бо мақсади кушодани тиҷорати хурди худ истифода бурданд.

Огоҳии ҳуқуқӣ Огоҳ будан аз масъалаҳои ҳуқуқӣ асоси мубориза зидди беадолатӣ мебошад. Одамони дорои маълулият наметавонанд воситаҳои ҳимояи ҳуқуқиро ҷустуҷӯ намоянд, агар онҳо надонанд, ки ҳуқуқҳои онҳо аз нуқтаи назари қонун аз чӣ иборат мебошанд (18). Вақте ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаи онҳо аз ҳуқуқҳои худ хабардор бошанд, онҳо беҳтар қобиланд, ки ин ҳуқуқҳоро ҳимоя намоянд ва ақидаи худро дар сурати вайронкунии ҳуқуқи одамони дигар мушоҳида намоянд. Ёрии ҳуқуқӣ Хароҷотҳое, ки бо тартиби муроҷиати расмии ҳуқуқӣ алоқманданд, хеле гаронанд ва одатан одамон аз дастрас намудани адолати ҳуқуқӣ даст кашанд. Пешниҳод намудани ёрии ҳуқуқӣ метавонад ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, аз ҷумла одамони дорои маълулият барои муҳофизати ҳуқуқҳои худ арз кунанд (18). Механизмҳои ёрии ҳуқуқӣ, метавонад маблағгузорӣ ва дастгириро таъмин намоянд; масалан: машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, шарҳдиҳии ҳуқуқ ва мавқеи қонунгузорӣ оид ба намояндагии одамон дар суд.Одатан таъмин намудани ёрии ҳуқуқӣ, вазифаи давлат аст, аммо дар он ҷое, ки давлат барои иҷрои вазифаҳои худ иқтидори маҳдуд дорад, созмонҳои ғайридавлатӣ сарчашмаи муҳими ёрию дастгирӣ мебошанд (18). Марказҳои ҳуқуқии ҷамоатӣ Яке аз воситаҳои пешкаш намудани хизматрасонии ҳуқуқӣ ба одамони камбизоат, ки ҳуқуқи гирифтани ёриҳои имтиёзнокро надоранд, истифодаи марказҳои ҳуқуқии ҷамоатӣ (МҲҶ) ё машваратгоҳ дар назди донишкадаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Марказҳои ҳуқуқии ҷамоатӣ одатан созмонҳои хурди ғайритиҷоратӣ мебошанд, ки доираи васеи хизматрасонии ҳуқуқиро пешниҳод менамоянд. Онҳо сарчашмаи муҳим мебошанд; кори онҳо аз пешниҳоди машварату маслиҳат ва ёрӣ, равонасозӣ ба назди мутахассис, намояндагӣ дар суд (аз рӯи зарурат) ва пешниҳод намудани 50 ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

иттилоот оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дохил мешаванд. Онҳо инчунин дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, маърифатнокии ҷамоат аз рӯи масъалаҳои ҳуқуқӣ, музокирот ва коркарди чораҳои сиёсӣ (масалан, барои дастгирии рушди системаи адолати ҳуқуқӣ), инчунин дар кор оид ба ислоҳоти амалҳои ҳуқуқӣ ва идоракунӣ нақши муҳимро мебозанд. Хусусияти асосии марказҳои ҳуқуқии ҷамоатӣ, истифодаи кормадони ихтиёрӣ ҳангоми амалисозии хизматрасонӣ мебошад. Бинобар ин мафҳуми «ҷамоатӣ» дар ҳолати мазкур ба маънои «дар асоси ҷамъиятӣ амалкунанда» бо истифодаи вақти кори пардохтнашаванда ва дониши ҳимоячиёни таҷрибадор, донишомӯзон, ёрдамчиёни ҳуқуқшиносон ва дигаронро дорад. Марказҳо метавонанд ҳамкориҳоро бо ҳуқуқшиносони хусусӣ ташкил диҳанд, яъне оид ба фаъолияти бепардохт бо ҳимоячиёни хусусӣ ва инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мактабҳои олии ҳуқуқӣ қарор диҳанд.

ЗАМИМАИ 30

Эквадор

Расонидани ёрӣ ба кӯдакон бо мақсади баргаштан ба мактаб Ба духтараки наврас аз Кито, Эквадор барои таҳсил иҷозат намедоданд, чунки волидон ӯро маҷбур месохтанд, ки дар кӯча садақа талаб намояд. Модаркалони духтар аз ин хеле дар ташвиш буд. Пас аз кӯшишҳои зиёди дар дохили оила ҳал намудани, мушкилот, модаркалон ба барномаи ТСҶ барои ёрӣ дар ҳалли масъалаи мазкур, яъне ба расмият даровардани васоят аз болои наберааш муроҷиат намуд. Барнома бо мақсади дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ бо «Ҷамъияти ёрии ҳуқуқӣ» алоқа барқарор намуд, то ҷамъият ба модаркалони духтар маслиҳату машварад диҳад ва ба ҳалли масъала мусоидат намояд. Кормандон розӣ шуданд, ки бо ин масъала машғул шаванд, акнун модаркалон васии наберааш буда, духтарак аз имконияти баргаштан ба мактаб сарфароз аст.

Чорабиниҳои тавсияшаванда Барномаҳои ТСҶ метавонанд барномаю фаъолиятҳои гуногунро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва дигар тарафҳои ба масъала шавқманди ҷамъияти шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ба одамони дорои маълулият таҳия намоянд.

Рушди фаҳмиш оид ба вазъияти маҳаллӣ Барои самаранок ёрӣ расондан ба одамони дорои маълулият бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, барномаҳои ТСҶ бояд шароити маҳаллеро, ки дар фаъолият мекунанд хуб арзёбӣ ва таҳлил намоянд. Тавсия карда мешавад, ки барномаҳои ТСҶ: • сатҳи огаҳиро дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ (қонунгузории хислати умумӣ дошта ва қонунҳои бевосита ба одамони дорои маълулият дахлдоштаро) васеъ намоянд; Созмонҳои одамони дорои маълулият ва хадамоти ёрии ҳуқуқӣ ба сифати сарчашма, ба кормандони барномаҳои ТСҶ барои дуруст фаҳмидани қонунгузорӣ ёри мерасонанд; • сатҳи фаҳмишу донишро оид ба системаи истифодаи ҳуқуқии қонунгузорӣ ташаккул диҳанд; кормандони маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масалан корманАДЛИЯ 51

дони полисро ба сифати сарчашма, ки ба кормандони барномаҳои ТСҶ дар бораи ба куҷо оид ба ҷинояти содиршуда хабар додан мумкин аст, фаҳмидани он, ки кадом механизмҳо барои ҳимояи қурбонӣ ва шоҳидони ҷиноят мавҷуданд истифода бурдан мумкин аст. • сарчашмаҳои мавҷударо (ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмиро), ки дар маҳалу ноҳияҳо мавҷуданд, муайян намоянд, зеро онҳо метавонанд ба одамони дорои маълулият барои дастрас шудан ба адолати ҳуқуқӣ ёрӣ расонанд. Илова бар ин сарварони ҷамъиятӣ (ҳукумати маҳаллӣ, қабилаҳо, сарварони деҳа ва динӣ), омӯзгорон, созмонҳои одамони дорои маълулият, кормандони касбии тиб, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати кормандони суд, хадамоти ёрии ҳуқуқӣ ва марказҳои ҳуқуқӣ, низ барои дастрас шудан ба адолати ҳуқуқӣ ёрӣ расонда метавонанд.

Рушди шабакаи ҳамкорӣ ва иттиҳод бо тарафҳои ба масъала шавқманд Барномаҳои ТСҶ бояд паҳлӯ ба паҳлӯ бо созмонҳои одамони дорои маълулият ва гурӯҳҳои худёрирасон фаъолият намуда, муносибатҳои хуби шарикиро бо аъзоёни бонуфузи ҷамоат ва гурӯҳҳо ташкил диҳанд, ки ба ҳар аломати ноадолатӣ ё амалҳои ғайриқонунӣ, ки ба поймолкунии ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият нигаронида шудааст, аз назар берун намонда, ба он баҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ дода шавад.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳуқуқ Барномаҳои ТСҶ стратегияҳои мусоидат намудан ба баландсозии сатҳи огоҳии ҳуқуқиро татбиқ мекунанд; онҳо: • бо созмонҳои одамони дорои маълулият якҷоя фаъолият намуда, мутмаин бошанд, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо аз ҳуқуқҳои худ ба таври кифоя огоҳанд. • иттилоотро оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият дар шакли дастрас паҳн намуда ва чӣ тавр аз ин ҳуқуқҳо истифода бурдан лозим аст, фаҳмонанд; • дар чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо созмонҳои одамони дорои маълулият, созмонҳои ҳуқуқи башар ва гурӯҳҳои худёрирасон иштирок менамоянд; • созмонҳои одамони дорои маълулият ва созмонҳои ҳимояи ҳуқуқро, дар гузаронидани омӯзишҳо оид ба масъалаҳои маълулият барои кормандони соҳаҳои асосӣ ва шахсоне, ки дар сатҳи ҷамоат ва ноҳия барои қабули қарорҳо масъуланд, (масалан, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо, кормандони тиб ва ҳуқуқшиносон, пешвоёни дин ва тиҷорат, муаллимон, сарварони дин ва тоҷиронро) дастгирӣ мекунанд.

52

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

ЗАМИМАИ 31

Эфиопия

Ёрӣ дар таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳо Лоиҳаи таҷрибавии сесола ба ташвиқу тарғиби ҳуқуқу имкониятҳои одамони дорои маълулият дар ноҳияи Йека-Сабситии пойтахти Эфиопия шаҳри Адис-Абеба, аз тарафи созмони “Ҳандикэп интернешнл” дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии Эфиопия оид ба маълулияти зеҳнӣ ва Ассотсиатсияи ҳимоягарони Эфиопия татбиқ гардида буд. Лоиҳаи мазкур ба таъмини ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият бо мақсади паст кардани сатҳи осебпазирии онҳо аз зӯроварии шаҳвонӣ ва сирояти ВНМО/БПНМ машғул буд. Тадқиқоти ибтидоӣ оид ба масъалаҳои зӯроварии шаҳвонӣ нисбати одамони дорои маълулият муайян намуд, ки 46% пурсидашудагон ба зӯроварии шаҳвонӣ дучор гардида будаанд, 83,5% ба ягон шакли омӯзиш, ё раванди худогоҳии ҷинсӣ (ё муносибатҳои иҷтимоӣ, гендерӣ) дастрас набудаанд, 88,3% ба иттилоот нисбати маърифати ҷинсӣ, дониш дар соҳаи солимии репродуктивӣ, инчунин омӯзише, ки ба баланд бардоштани эътимоднокӣ равона шудааст, дастрас набуданд, ё ин ки аз ҷавоб гуфтан ба саволи мазкур саркашӣ мекарданд. Мусоҳибаҳо бо шахсони алоҳида ва дар гурӯҳҳои мақсаднок барои ҷамъоварии далелҳои зиёд ва равшанӣ андохтан ба хулосаҳои пурсиш, инчунин муайян намудани чораҳои мутобиқи дахолат, бо мақсади ёфтани сабабҳои амиқи табъиз ва роҳҳои ҳалли он, ёрӣ намуданд. Лоиҳа, инчунин раванди таҷдиду таҳлили қонунҳои амалкунандаи Эфиопияро дастгирӣ намуд; кормандони мақомоти адлия ва мақомоти назораткунанда, инчунин намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ ва аъзоёни ҷамоат, аз омӯзишҳо гузаштанд; системаи равонасозӣ ба назди мутахассисисони касбӣ таҳия карда шуд; дастур нисбати истифодабарандаи дӯстона бо мақсади осон намудани раванди равонасозӣ ба назди мутахассисони касбӣ таҳия ва чоп карда шуд; ва ба пешниҳод намудани машварати ройгони равонӣ ва ҳуқуқӣ инчунин муаррифии одамони дорои маълулият дар суд мусоидат карда шуд

Ҳангоми зарурат муроҷиат намудан ба механизмҳои ғайрирасмӣ Усулҳои расмии ҳуқуқии мавҷуда на ҳама вақт метавонанд механизми аз ҳама мувофиқ бошанд. Баъзан, механизмҳои ғайрирасмӣ метавонанд самараноктар бошанд ва барои аъзоёни ҷамоат одатан босуръаттар, камхароҷоттар ва дастрастар мебошанд. Намунаи чунин усулҳо, ки барномаҳои ТСҶ метавонанд ба тарзи ғайрирасмии адлия дастрас шаванд, дар зер оварда шудаанд: • бо мактабҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ намуда онҳоро барои фарогирии кӯдакони дорои маълулият ба мактаб ҳавасманд гардонанд; • муроҷиат ба сарварони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва динӣ барои ҳал намудани баҳсҳои оилавӣ, масалан, баҳс оид ба ҳуқуқи издивоҷ намудан дар ҳолатҳое, ки як ё ҳарду шарик дорои маълулиятанд; • гузаронидани кор бо кооперативҳои хоҷагии деҳот барои таъмин намудани он, ки фермерҳо-одамони дорои маълулият ба манбаъи дастаҷамъии ҷамоат дастрас бошанд; • бо бонкҳо ҳамкорӣ намуда, ба мизоҷони дорои маълулият оид ба идора намудани суратҳисоби худ ва дастрасӣ ба қарзгирӣ машварату вохӯриҳо ташкил намоянд; АДЛИЯ 53

• ба духтури маҳаллӣ барои ҷалб намудани тарҷумони имову ишора ёрӣ расонанд, то аъзоёни дорои маълулияти шунавоӣ доштаи ҷамоат аз хизматрасонии тиббӣ истифода бурда тавонанд; • гузаронидани кор бо сарварони қабила ё динӣ, ва сарварони оила бо мақсади дастгирии одамони дорои маълулият ҳангоми даъвои ҳуқуқӣ ба мерос.

ЗАМИМАИ 32

Дастрасӣ ба адлия тариқи шабакаи иҷтимоии ҷамоат Марде аз Гана якҷоя бо духтари ягонаи худ умр ба сар мебурд, ки маълулияти биноӣ дошт. Вақте он мард бемор шуд, духтараш ӯро то дами маргаш нигоҳубин мекард. Ҳамин ки хешовандон аз марги ӯ огоҳ шуданд, омада ҳама ҷиҳози хона ва чизу чораашро бурданд, ба духтараш бошад таҳдид намуданд, ки аз хона меронанд. Духтарак барои машварати ҳуқуқӣ ба шабакаи иҷтимоии ҷамоат муроҷиат намуд ва дар натиҷа тавонист нафақа гирад ва амволро баргардонад, ки аз рӯи қонун ба ӯ тааллуқ дошт, аз ҷумла амволи падарашро низ.

Гана

Аз рӯи зарурат дастгирӣ намудани мурофиаи судӣ Ба барномаҳои ТСҶ муҳим аст, ки: • бо шахсони ҳуқуқии эътимодноку бовариноки ҷамоат муносибатҳои мустаҳкам ва иттиҳод созмон диҳанд; • барои муайян намудани он ки кадом санадҳои меъёриро барои мубориза бар зидди намудҳои гуногуни поймолкунии ҳуқуқ истифода бурдан мумкин аст: масалан, қарордоди маҳаллӣ, қонунгузории миллӣ ё конвенсияҳои байналмиллалӣ, пактҳо ба машварати ҳуқуқӣ муроҷиат намоянд; • эҳтиром намудани қарори одами дорои маълулият, ки барои муваффақ шудан ба суд муроҷиат намудааст; • арзёбӣ намудани хавфҳои мавҷуда барои иштирок дар мурофиаи судӣ, масалан вақт, хароҷотҳои судӣ ва мулоҳизаи бехатарӣ, махсусан дар ҳолатҳое, ки санадҳои самараноки қонунгузорӣ ва механизми ҳимоя вуҷуд надоранд; • мутмаин будан, ки одамони дорои маълулият ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба мурофиаҳои судӣ ҷалбанд, бо хавфҳои ба амалҳои ҳуқуқӣ вобаста ошно карда шудаанд; • баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ё якҷоя фаъолият намудан бо кормандони созмонҳое, ки хизматрасонии ҳуқуқиро ба табақаи камбизоаттарини ҷамоат ба ӯҳда гирифтаанд (масалан, марказҳои ҷамоат ё маркази ёрии ҳуқуқӣ, гурӯҳи ҳимоягарон, созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқ ё созмонҳое, ки бо масъалаҳои рушд машғуланд).

54

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

ЗАМИМАИ 33

Непал

Муборизаи бомуваффақият барои адолат Созмони одамони дорои маълулияти Непал ба Суди олии мамлакат нисбати Ҳукумати Непал даъво намуд, ки Ҳукумат Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро вайрон намуд, зеро маҷбур сохт кӯдакони аз ҳуруфоти Брайл истифодабаранда, имтиҳонҳои хатмкуниро дар давоми ҳамон мӯҳлате, ки барои кӯдакони маълулияти биноӣ надошта пешбинӣ намудаанд бояд супоранд. Созмон парвандаро бурид ва мутобиқи он талабот ҷорӣ гардид, ки ба кӯдакони аз ҳуруфоти Брайл истифодабаранда, ҳангоми супоридани ҳар имтиҳон ба таври илова боз 30 дақиқа вақт ҷудо карда шавад.

Библиография 1. Dhunagna BM . The lives of disabled women in Nepal: vulnerability without support. Master’s thesis, Asian Institute of Technology, Thailand, 2003. 2. Конвенсияи њуќуќњои одамони дорои маълулият . Ню-Йорк, Созмони Милали Муттањид, 2006. (http:// www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/ disability.shtml, санаи дастрасї: 16 июни с. 2010) . 3. World report on disability. Geneva, World Health Organization, 2010 (http://www. who .int/disabilities/ world_report/2011/report/en/index.html). [Бо забони русї ниг. ба.: http://www.who .int/disabilities/ world_report/2011/report/ru/index.html]. 4. Mabangwe JP. Disability to become a parent and enjoy the benefit of parenthood in the community. Community based rehabilitation, Africa network (www.afri-can .org/ MA%20DISABILITY%20AND%20 PARENTHOOD.php, accessed 17 June 2010). 5. Limaye S . Sexuality and women with sensory disabilities. In: Hans A, Patri A, eds. Women, disability and identity. London, Sage Publications, 2003. 6. The right to health (Fact Sheet No . 31). Geneva, Office of the United Nations High Commissioner for Human Rights, 2008 (www.ohchr.org/Documents/Publications/ Factsheet31.pdf, accessed 16 June 2010) . 7. Giving voice to the voiceless. A communicating for advocacy learning publication. Cambodia Health Education Media Services (CHEMS), Cambodia, Healthlink Worldwide, Health Action Information Network (HAIN), the Philippines, Social Assistance and Rehabilitation for the Physically Vulnerable (SARPV), Bangladesh, 2007 (www.healthlink.org.uk/PDFs/cfalearningpublication.pdf, accessed 17 June 2010) . 8. Singer-songwriter Stevie Wonder designated UN Messenger of Peace. UN News centre, 2009 (www. un. org/apps/news/story. asp?NewsID=33118&Cr=disable& Cr1=, accessed 17 June 2010). 9. From the field: sport for development and peace in action . Sport for Development and Peace International Working Group, 2007 (www.righttoplay.com/International/ news-and-media/Documents/Policy%20 Reports%20docs/From_the_Field_Full_ Doc_Web.pdf, accessed 16 June 2010). 10. Kidd, B . A new social movement: Sport for development and peace. Sport in Society, 2008, 11:370-380. 11. Fun inclusive: sports and games as means of rehabilitation, interaction and integration for children andyoung people with disabilities. Handicap International, Gesellschaft fur Technische ZusammenarbeitGmbH (gtz), Medico International, 2008 (www.sportanddev.org/learnmore/?uNewsID=12, accessed16 June 2010) . 12. Sport, recreation and play. UNICEF, 2004 (www.unicef.org/publications/ index_23560.html, accessed 16 June 2010) . АДЛИЯ 55

13. Lord JE, Guernsey KN, Balfe JM, Karr VL, Flowers N (eds) . Human rights. Yes! Action and advocacy on the human rights of persons with disabilities. University of Minnesota Human Rights Resource Center, 2007 (www1.umn.edu/humanrts/ edumat/hreduseries/TB6/pdfs/Manuals/final_pdf_default_withcover.pdf). 14. Баёноти умумии њуќуќњои инсон. Ню-Йорк, Созмони Милали Муттањид 1948 (http://www.un.org/ru/documents/decl_conv/declarations/declhr. shtml, санаи дастрасї: 18 августи с.2010). 15. Programming for justice: access for all: a practitioner’s guide to a human rightsbased approach to access to justice. United Nations Development Programme, Bangkok, 2005 (http://hrbaportal.org/ wp-content/files/1233230279_8_1_1_resfile. pdf, accessed 8 August 2010). 16. Access to Justice and Rule of Law. United Nations Development Programme (www. undp.org/ governance/focus_justice_law.shtml, accessed 8 August 2010). 17. Chapter six: from provisions to practice: implementing the Convention: legal capacity and supporteddecision-making . In: Handbook for parliamentarians on the Convention on the Rights of Persons with Disabilities . UN Enable (www.un. org/ disabilities/default. asp?id=212), accessed 1 July 2010). 18. Access to justice: practice note. United Nations Development Programme, 2004, (www.undp . org/governance/docs/Justice_PN_English.pdf, accessed 16 June 2010).

Адабиёти тавсияшаванда Griffo G, Ortali F, eds. Training manual on the human rights of persons with disabilities . Bologna, AIFO, 2007 (www.aifo .it/english/resources/online/books/cbr/manual_human_ rights-disability-eng07 .pdf, accessed 16 June 2010). International Committee of Sports for the Deaf: www. deaflympics .com (accessed 16 June 2010). International Sports Federation for People with Intellectual Disability: www.inas-fid.org (accessed 16 June 2010). International Paralympic Committee: www.paralympic.org (accessed 16 June 2010). Harnessing the power or sport for development and peace: recommendations to governments. Right to Play, 2008 (www.righttoplay.com/International/news-and-media/ Documents/Final%20Report%20revised%20 2010.pdf, accessed 16 June 2010). Special Olympics International: www. specialolympics .org (accessed 16 June 2010). Thomas M, Thomas MJ . Addressing concerns of women with disabilities in CBR. UN ESCAP Workshop on Women and Disability. Bangkok: Thailand, 2003 (www.worldenable. net/wadbangkok2003/paperthomas. htm, accessed 17 June 2010). UNESCAP. Focus on ability, celebrate diversity: highlights of the Asian and Pacific Decade of Disabled Persons, 1993-2002. Social Policy Paper No. 13, 2003 (www.unescap. org/ esid/psis/publications/spps/13/Focus-T. pdf, accessed 16 June 2010) United Nations Sport for Development and Peace: www.un. org/themes/sport/ (accessed 16 June 2010) .

56

ДАСТУР ОИД БА ТСҶ > 5.МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

ТОҶИКӢ

МАТРИТСА ТСҶ Саломатӣ Маълумот Худтаъмин кунӣ Рушди малакаҳо Масъалаҳои иҷтимоӣ Васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳо

Идоракунии саломатӣ

Кӯдакии бармаҳал

Кӯмаки фардӣ Муносибатҳои шахсӣ, никоҳ ва оила

Адвокатсия ва робита Сафарбарии ҷамоатҳо Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ Гурӯҳи худкӯмакрасон

Пешгирӣ

Ибтидоӣ

Худшуғлбудан

Кӯмаки тиббӣ

Миёна ва олӣ

Меҳнати киро Хизматрасониҳои молиявӣ

Маданият ва санъат Фароғат, вақтхушӣ ва варзиш Адлия

Барқарорсозӣ

Ғайрирасмӣ

Асбобҳои ёрирасон

Таҳсил дар давоми ҳаёт

Ҳифзи иҷтимоӣ

Ташкилотҳои маълулон

Ҳаракат ва фаъолият ба ҳамагон Барномаи тавонбахшии маъюбон - Бартарафгардонии монеаҳо - Таъмини имкониятҳо барои ҳамагон

Намояндагии Ташкилоти умумиљањонии тандурустї дар Тољикистон кўч. Бохтар 37/1, ш. Душанбе, 6 ошёна тел.: +992 48 701 14 72

Основные сведения
Тип документа Publications
Дата принятия
Источник Всемирная организация здравоохранения